15-16- 2016.qxp имруз_Layout 1 09.11.2016 11:49 Страница 1
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 16-17 (325-326)
аз 10 ноябри соли 2016
www:7imruz.wordpress.com
email: gazeta-imruz@mail.ru
Таҷлили Рӯзи Конститутсия
Дар Кохи фарҳанги маркази шаҳр ба ифтихори солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони шаҳру деҳоти Исфара ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинӣ нахуст раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ баромад намуда, бо баробари сидқан таҳният гуфтани аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми сокинони
шаҳру деҳоти Исфара ба ифтихори ин санаи фархунда, аз таърихи қабули қонуни асосии кишвар, нақши он дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлативу миллӣ ва рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ёдовар гардид. Мавсуф зимнан таъкид ба амал овард, ки дар давоми 22 сол мардуми Тоҷикистон дар зиндагиву фаъолияти ҳамарӯзаи худ итминон ҳосил кар-
«Конститутсия- бахтномаи миллат» таҳти ин унвон дар суди шаҳри Исфара бахшида ба 22-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад кормандони суди шаҳр иштирок намуда, оид ба аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Конститутсия, таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтанд. Раиси суди шаҳри Исфара Тоҷиддин Ҳафиззода солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки ба шарофати арзишҳои
данд, ки Конститутсияи мо ифодагари манфиатҳои олии миллату давлат, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлолияти иқтисодиву сиёсӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаолияти мунтазами макомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад. Конститутсия барҳақ мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст, номаи тақдири миллати созандаву сарбаланди тоҷик аст, ки роҳи ояндаи моро ба сӯи фатҳу кушоиши тоза, бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир асрҳои аср равшан хоҳад дошт. Тағйиротҳое, ки бо назардошти тараққиёти ҷомеа ба Конститутсия ворид гардидаанд, ин меъёрҳоро боз ҳам му-
Конститутсия бахтномаи миллат башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
каммал намуда, барои расидан ба марҳилаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд. Ба шарофати арзишҳои башардӯстонаи Конститутсия имрӯз миллати тоҷик таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мутамаддин ва демократӣ эътироф гардидааст. Конститутсия дар бароварда гардонидани орзуву ормони халқи Тоҷикистон, пойдорию бардавомии давлатдории миллӣ ва сулҳу Ваҳдат кафили рушди устувори ҷомеа ва ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни барномаи рангини фарҳангӣ, ки манзури иштирокдорон гардид, тавссути оҳангу таронаҳои дилнишин Истиқлолияти давлатӣ, бахтномаи мукаммали миллат ва ормонҳои неки мардуми Тоҷикистон ситоиш карда шуданд.
ояндаи дурахшони миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Конститутсия ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо мусоидат намуда, барои рушди соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Тағйиротҳое, ки бо назардошти тараққиёти ҷомеа солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия ворид гардидаанд, ин меъёрҳоро боз ҳам мукаммал намуда, барои расидан ба марҳилаи навбатии инкишофи ҷомеа, демократия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон мусоидат намуданд.
Тел: 2-61-62
Ягонагии халқ ва шарафи ҳарбӣ
Бо иқдоми Маркази фарҳангии русзабонҳои шаҳр дар толори Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи ягонагии халқ ва шарафи ҳарбии Русия чорабинии идона доир гардид. Рӯзи ягонагии халқ ва шарафи ҳарбӣ ибтидо аз соли 2005 ҳамасола санаи 4 ноябр дар саросари кишвари Русия таҷлил карда мешавад. Иди мазкур ба шарафи яке аз воқеаҳои муҳим дар таърихи Русия – озод карда шудани шаҳри Москва аз мудохилакорони Полша дар соли 1612 қабул гардидааст. Дар ин рӯз дар саросари Русия чорабиниҳои идона, сайругашти оммавӣ, барномаҳои консертиву варзишӣ доир мегарданд. Дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ҳамоишу раҳпаймоӣ ва чорабиниҳои хайриявӣ баргузор месозанд. Ширкатдорони чорабиниро раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, Консули генералии ФР дар шаҳри Хуҷанд Виталий Бондаренко, намояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Суғд Аскаралӣ Мирмахмедов ва сарвари Маркази фарҳангии русзабонҳои шаҳр Людмила Темирова самимона муборакбод намуда, аз шарикии стратегии Русия ва Тоҷикистон, рушду таҳкими рӯзафзуни муносибатҳои байнидавлатӣ, тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи кишвари тоҷикон бо Федератсияи Русия, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии байнидавлатӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф ёдовар шуданд. Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, толибилмони литсейҳои №5, 7, муассисаҳои таълимии рақамҳои 1, 9 ва 10 барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури ширкатдорони чорабинӣ гардонида шуд.
15-16- 2016.qxp имруз_Layout 1 09.11.2016 11:49 Страница 2
“Имрeз”
№ 15-16 (325-326) аз 10 ноябри соли 2016
Маҷлиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ: Аз иҷрои қарорҳо то пешбарии номзад
Маҷлиси кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара масъалаҳои “Рафти иҷрои қарорҳои анҷумани XII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва конференсияи XXIV кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб” ва “Пешниҳоди номзад ба вакилӣ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №24 “Зумрад””-ро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар раванди он оид ба рафти иҷрои қарорҳои анҷумани XII Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва конференсияи XXIV кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Алиматова М.А. гузориш пеш овард. Иштирокдорони анҷумани XII ҲХДТ, раиси комиссияи доимии кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ таҳкими оила, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Ёқубӣ М.Б., раиси кооперативи тухмипарварии тиҷоратии “Чоркӯҳ” Олимов Н. ба музокира баромаданд. Иштирокдори анҷуман, узви раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии
ҳизб, вакили Маҷлисҳои халқи шаҳр ва вилоят, раиси шаҳри Исфара Расулзода Д.Ҷ. аз анҷом ёфтани корҳои зиёд аз ҷониби кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва фаъолону ҷонибдорони ҳизб баҳри иҷрои муқаррароти ин санади муҳими сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ карда, нисбат ба масъалаи кадрӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони соҳиби касбу кори гуногуни ба ормонҳои ҳизбӣ содиқ, пешбурди корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, вусъати робита бо муҳоҷирони меҳнатӣ, таъсиси шӯрои занони ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дод. Маҷлис аз рӯйи масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул намуд. Номзадии директори ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад» Ҳалимов Абдумӯъмин Рауфович ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) аз ҳавзаи интихоботии №24 “Зумрад”, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) ба ивази вакили хориҷшуда интихобот таъин карда шудааст, бо дастгирии кулли аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрӣ пешбарӣ гардид.
Ҷамъбасти маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ
Дар к умитаи иҷроияи Ҳизби ха л қ и и д е м о к р ат и и То ҷ и к и с то н д а р ш а ҳ р и И с фара м а ш ва р ат и с и тод и о бу н а ба р ӯ з н о м а ҳ о и ҳ и зб ӣ “ М и н ба р и ха л қ ” ва “ С у ха н и халқ” барои с оли 2017 бо иштироки м уо в и н и а в ва л и раиси к ум и та и иҷроияи Ҳ и зб и ха л қ и и д е м о к р ат и и Тоҷикистон дар вил ояти Суғд м у ҳ та р а м Ҷ а л и л о в А . Р. ба р гузо р ш уд . Д а р р а ва н д и о н қ а й д га рд и д , к и то и н д а м ба 2 1 0 0 н ус ха “ М и н ба р и ха л қ ” ва 1 2 0 2 н ус ха ба “ С у ха н и ха л қ ”
о бу н а та ш к и л га рд и д , к и н аз а р ба с ол и г у з а ш та м у та н о с и ба н 3 0 0 ва 2 5 0 н ус ха з иё д а ст. М уо в и н и а в ва л и р а и с и к ум и та и иҷроияи вилоятии ҳ и зб Ҷ а л и л о в А . Р. ба с и тод и о бу н а ва кормандони д а с т го ҳ и к ум и та и и ҷ р о и я и шаҳрии ҳизб миннатдории к ум и та и иҷроияи вилоятии Ҳ и зб и ха л қ и и д е м о к р ат и и То ҷ икис то н р о ба ё н к а рд . М а рк а з и ит т илоот ию т а ҳ л ил ӣ ва зе ҳ н ии н а зд и к у мит а и иҷроияи Ҳ ХД Т д а р ш а ҳ ри И сфа ра
email: gazeta-imruz@mail.ru
Дар хоҷагии тухмипарварии «Чоркӯҳ» ба муносибати 22 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ барпо гардид. Раиси хоҷаӣ Неъматбой Олимов ҳозиринро бо солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта иброз дошт, ки кормандону мутахассисони хоҷагӣ бо истифода аз иқтидорҳои мавҷуда баҳри иҷрои босуботи ҳама нақшаву ниятҳо, боло бурдани ҳосилнокии зироатҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ тамоми донишу малака, кӯшишу ғайрат ва ҳунару маҳорати хешро равона менамоянд. Ҳамзамон сарвари хоҷагӣ таъ-
Ca[ифаи 2.
Таҷлил аз Конститутсия кид дошт, ки солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади олии ҳуқуқиест, ки сарнавишт ва роҳи пешрафти
ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди нодир буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, ифодаи воқеии анъанаҳо ва арзишҳои маънавии миллиро ҳифз менамояд. Дар ҷараёни ҷамъомад як қатор пешқадамони истеҳсолот бо сипосномаву тӯхфаҳои садорати хоҷагӣ қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла ба иттифоқи касабаи хоҷагӣ Сипосномаи Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи кишоварзӣ супорида шуд.
Таъмири роҳи асосии шаҳраки Нурафшон Роҳи асосии шаҳраки Нурафшон азнавсозӣ карда шуда истодааст. Дар партаву дастуру ҳидоятҳои раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бобати амалисозии нақшаву ниятҳо вобаста ба ободии роҳҳо, ривоҷ додани корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳраки мазкур иқдом намуданд, ки роҳи марказии шаҳракро таъмиру тармим намоянд. Бино ба гуфти раиси ҷамоати шаҳраки Нурафшон Муртазо Эгамзод ободии роҳҳо, гулзору кабудизорнамоии атроф ин пеш
аз ҳама аз ҳисси зебоипарастии аҳолӣ дарак медиҳад. Инчунин бо обод шудани роҳҳо эҳтимол дорад, ки раванди ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои рушди шаҳраки мазкур ва амали нуктаҳои “Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии Исфара дар соли 2013-2017”, ки ба Нурафшон марбутанд, тезонида шавад. Бояд гуфт, ки дарозии роҳи марказии шаҳрак беш аз 1000 метр буда, дар назар аст, ки байни ин роҳ гулкорӣ карда шавад ва ниҳолҳои сояафкани
ҳамешабаҳор шинонида шаванд. Ҳоло бо дастгирии аҳолии шаҳрак, ҶС “Заводи сементбарории ба номи Б.Самадов”, “Чароғ” корғо идома доранду дар ин амали хайр инчунин роғсозони хитоӣ низ дасти мадад расонида истодаанд.
Мизи гирди ҷавонон
Мизи мудаввар бо масъулон, сарварони муасиссаҳои таълимӣ ва сохторони масъули ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ баргузор карда шуд. Чорабинӣ бо ҳадафи роҳандозии ҳамкории сохторҳо бо Корхонаи воҳиди давлатии Маркази ҷавонони деҳоти Чоркӯҳ гузаронида шуд, ки дар он мутахасиссон вобаста ба рушд ва
Бемории зардпарвини "А" сироятӣ буда, аз одами бемор ба одами солим мегузарад. Беморӣ бо воситаи об ва хӯрокҳои сироятшуда ба ҷисми одам тавассути даҳон ворид мегардад.Охлот ва пешоби бемор манбаи паҳнгардии ин беморист. Аломатҳои беморӣ чунин аст: басташавии иштиҳо, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, дарди сар, дар баъзе ҳолатҳо дарунравӣ, дарди шикам, банур шудани ранги пешоб, бе ранг шудани миҷоз, зардшавии пӯсти бадан. Дар ин ҳолатҳо беморонро зарур аст, ки сари вақт ба духтур муроҷиат намоянд. Роҳҳои пешгирӣ аз беморӣ: 1. Бурдани тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш. 2. Истифода бурдани оби
ҷавонон аз мақомотҳои давлатӣ, маориф, сарварони муасиссаҳои таълимӣ аз ҷамоати деҳоти Чоркуҳ, пешвоёни ҷомеа ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ лоиҳаи низоми таъсиси Шӯрои ҷамъиятии ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар назди Маркази ҷавонони деҳоти Чоркӯҳ таҳия ва баррасӣ карда шуд. Ҳадафи асоси Шӯро роҳандозии ҳамкорӣ баҳри инкишофу рушди ҷомеаи ҷавонони деҳот ва инкишофи садоқадманд ба истиқлолияту ваҳдат мебошад. Мувофиқан нишастҳои корӣ ҳар моҳ як маротиба баргузор
карда мешавад. Ҳамчунин меморандуми ҳамкорӣ баррасӣ карда шуд, ки дар асоси ҳамкорӣ роҳандозӣ карда хоҳад шуд. Иштирокчиён аз авҷи нав гирифтани фаъолияти Марказ ҷонибдории хуш намуданд. Пешниҳод гашт, ки бештар чорабиниҳо бо фарогири духтарони маҳаллӣ баргузор шавад. Махсусан ба ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таълимӣ ва омӯзиши касб бештар диққат дода шавад. Бо ҳамин нишондоди таҳияи фазои ҳамкории зич баҳри ҷомеаи ҷавонон чорабинӣ ҷамъбаст гардид.
Зардпарвини “А” ва роҳҳои пешгирии он
тоза, ғизои босифат, риояи гигиенаи шахсӣ, яъне баъд аз қазои ҳоҷат шӯстани даст бо собун, пеш аз хӯрок хӯрдан ва пӯхтани он бо собун шӯстани дастҳо, дастпоккунаки алоҳида доштани ҳар як шахс. 3. Даст кашидан аз майнӯшӣ, тамокукашӣ ва роҳ надодан ба нашъамандӣ.
4. Оббозӣ накардан дар обҳои ифлоси ҷӯйю ҳавзҳо. 5. Дар хона ба тозагӣ риоя н а м у д а н , мудом истифодаи оби ҷӯшонидашуда, дар ҳолати тоза нигоҳ доштани дастшӯякҳо, дастпоккун ва собун. 6. Аз ҷӯйбор ва манбаъҳои об дуртар ҷойгир кардани ҳоҷатхона ва тоза нигоҳ доштани он. 7. Дар оби ҷӯйбор нашустани косаву табақ ва ҷомашӯйӣ накардан.
15-16- 2016.qxp имруз_Layout 1 09.11.2016 11:49 Страница 3
“Имрeз”
№
№ 15-16 (325-326) аз 10 ноябри соли 2016
email: gazeta-imruz@mail.ru
Вақте дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ, таърихи миллат сухан меравад, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем. Пас аз давлати асримиёнагии тоҷикон-давлати Сомониён то имрўз ин миллат чӣ қадар рўзҳоро аз сар гузаронид, ки ҳар лаҳза метавонист ба ҳолати нестӣ равад. Дур намеравем, оғози солҳои бистуми асри гузашта, ки қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ чӣ қадар ҷоннисориҳо барои пойдории миллат ба зуҳур овардааст. Ӯ танҳо барои ҳимояи вожаи тоҷик ва миллати тоҷик муборизаҳои сахтеро аз сар гузаронид. Имрўз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд. Чунин як равия дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Алмуваҳҳидун» номид. Таълимоти он бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рў, мардум онҳоро «ваҳҳобӣ» ва баъдан «салафӣ» ном ниҳоданд. Муассис ва идеологи салафия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омада, баъд аз омўзиши
Тоҷикистони обод бе ҲНИТ
Аз давраҳои қадим то инқилоби октябр хизмати полисӣ дар сарзамини қадимиву аҷдодии мо арзи вуҷуд дошт. Ҳангоми омӯзиши падидаҳои аввали хизмати полисӣ дар замони давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Сомониён, Темуриён ва хонигариҳои Осиёи Миёна дар охири асри XVIII то ғалабаи Инқилоби Октябр метавон ба ин хулоса омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволи худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» зикр кардааст: «Давлати Сомониёнро ба ҳеҷ ваҷҳ оғози давлату давлатдории тоҷикон хондан раво нест. Зеро халқи тоҷик то аҳди Сомониён силсилаи давлату давлатдориҳоро бунёд гузошта, дар ҳудуди Осиёи Миёна чун қадимтарин миллат шинохта шудааст ва саҳифаҳои нахустини фарҳангу тамаддуни аҳди қадимро дар ин сарзамин тарҳрезӣ ва поягузорӣ кардааст». Ҳанӯз дар миёнаҳои ҳазорсолаи якуми пеш аз милод Осиёи Миёна, ҳудуди давлатҳои Бохтар, Суғд, Хоразм ва қабилаҳои сакоию массагетӣ ба ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо дохил мешуданд. Шоҳони Ҳахоманишиён Куруши Кабир ва Дорои 1 мамлакатро бо мадади волиён, амалдорон ва артиш идора
Тоҷикон аз қадим полис доштанд
улуми исломӣ як қатор ақидаҳои худро паҳн намуд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ўро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд, Мадина, Кўфа, Бағдод ва дигар шаҳрҳое, ки он ҷо сукунат намуда, ақидаҳои худро паҳн менамуд, шармандавор ронданд. Имрўз пайравони ў, идеологҳои салафӣ аз қабили Ибни Таймия, Носируддин Албонӣ, ал-Усаймин, Ибни Боз ва дигарон бар он назаранд, ки Худованд дорои чеҳра, ду даст, ангуштон буда, дар болои Арш истиво дорад, ба осмони дунё фуруд меояд ва амсоли ин, ки мутааллиқ ба оёти муташобеҳ мебошад. Омили асосии ихтилофоти салафия бо мазҳабҳои чоргона- ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодот, ки бо далели возеҳ тасдиқ нашуда мебошад. Аз ҷумла, салафия «ломазҳабият», яъне бемазҳабиро авло дониста, тақлид, тавассул-дархост аз Худо ба воситаи Паёмбар (с), тавассул ба воситаи некўкорон, зиёрати қабрҳо, табаррук ҷустан, яъне баракат гирифтан аз осори Паёмбар (с), таҷлили мавлуди Набӣ (с),
мекарданд. Шоҳон дар идоракунии мамлакат ва нигаҳдории тартиботи дохилӣ аз мақомоти махсуси махфӣ истифода мебурданд, ки он ба полиси махфӣ монандӣ дошт. Атрофиён мақомотро «гӯшу чашми шоҳ» меномиданд. Вазифаи асосии онҳо аз сӯиқасди волиҳои шаҳру ноҳияҳо зидди шоҳ бохабар ва аз гуфтугузорҳои зидди шоҳ эмин шудан буд. Намояндагони «полиси махфӣ»-и шоҳ агар аз касе гумонбар мешуданд, дарҳол ӯро ба ҳабс мегирифтанд ва ҳатто ҳуқуқ доштанд ҳокимро низ ба қатл расонанд. Кормандони ин мақомотро танҳо шоҳ мешинохту халос. Шоҳ ба онҳо нишоне медод, ки дар гарданашон меовехтанд. Ин далелест, ки дар замонҳои қадим ҳам дар Осиёи Миёна, аз ҷумла давлатҳои Суғду Бохтар, Хоразм нигаҳбонони тартиботи ҷамъиятӣ, яъне полисҳо фаъолият доштанд. Аз охири асри XVIII то ибтидои асри XX дар аморати Бухоро ҳокимият дар дасти амир буд. Ҳокимият дар аморат пурра ба ӯ тааллуқ дошта, амалдорони маъмурӣ дар тобеияти амир қарор доштанд.
зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро бидъат эълон намуда, инчунин дар масоили фиқҳӣ, мисли тарзи адои намоз-бастани дастҳо, васеъ гузоштани пойҳо, гуфтани такбир, ишораи сабоба, намози таровеҳ тафовут доранд. Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала ҳамеша дар маърўзаву суханрониҳои хеш изҳори назар мекунанд, бо таассуф зикр мекунанд, ки ҷавонони мусулмон, бархе аз фарзандони миллати барўманди тоҷик имрўз дар кишварҳои Сурия, Покистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, аз ариқи телевизион ба мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунанд, равиши худро мазҳаб меноманд, Имоми Аъзамро муҷоҳид мегўянд. Шиносномаҳои худро сўзонида, аз Ватану миллат рўй гардониданд. Он кирдорҳоеро, ки аз тариқи телевизион намоиш дода шуданд, мардуми моро огоҳ намуд ва ҳушдор дод. Мо бояд бедор шавем, зеро имрўз ба ҳамаи мо хатар таҳдид мекунад. Дар ин раванди номатлуб Ҳизби назҳати ислом низ таъ-
Баъди амир дар муассисаҳои марказӣҳокимият ба қӯшбегӣ тааллуқ дошт. Ин шахси баландмақоми маъмурӣ буда, ҳангоми набудани амир тамоми мамлакатро идора мекард. Дар ихтиёри ӯ 125 нафар амалдорон буданд. Ба қӯшбегӣ Миршаб (полисмейстер) итоат мекард. Миршаб — дар идораи маъмурии аморат мақоми баланд дошта, тамоми кори полис ба дӯши ин мақомот буд. Миршаб, яъне мири шаб — ҳокими шаб буда, миршаби пойтахт — сардори полиси қаламрави аморат маҳсуб меёфт. Вазифаҳои асосии миршаб чунин буданд: мубориза бо дуздон ва авбошон; таъмин намудани оромии пойтахт; мубориза бо набаҳрасозон — шахсоне, ки пули қалбакӣ сохта, ба муомилот мебароварданд. Дар ихтиёри миршаб 70 нафар посбон баҳри нигаҳбонии шаҳр ва анборҳо фаъолият мебурданд. Миршаб дар Бухоро бевосита аз тарафи амир таъин ва аз вазифа сабукдӯш карда мешуд. Аз рӯйи фаъолияти миршаб ва зердастони ӯ шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Бухоро ба
сири худро гузошт. Фаъолияти он дар доираи қонун басе аъмоли ғайриқонуниро рўи кор овард. Бо баҳонаи тарғиби анъанаҳои неки исломӣ онҳо ғояҳоеро ташвиқ намуданд, ки зимнан мардум-хоса пайравони эшон дар ниҳодашон як андоза ғаразу кина ва адоватро нисбат ба Ватану кишвар пайдо карданд. Онҳо фаромўш карданд, ки дар дунё кишваре вуҷуд надорад, ки бе мушкиливу бе масоили ҳалталаби рўзмарра мардумаш умр ба сар барад. Онҳо фаромўш карданд, ки ин низоъҳои бебунёд метавонанд ба ҷангу ҷидол оранд ва мардумро аз зиндагии осоишта маҳрум созанд. Яъне ин ҷо метавон ҳадс зад, ки ҲНИТ то охир натавонист зери ниқоб амал кунад ва чеҳраи аслии хешро ифшо намуд. Аксари пайравон ва аъзои ҳизб низ дарк карданд, ки аз сарвари гурезаи эшон умеде нест ва тан ба тақдир супориданд. Қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ ҳарчанд дертар шуд, вале ба фоидаи миллати тоҷик мебошад. Аз соли 2006-ум инҷониб дар мамлакат фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла «Ҳизб-уттаҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ансоруллоҳ», «Гурўҳи 24», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», Салафия ва дигарҳо манъ карда шудааст. Вале ин гуруҳу ҳаракатҳо имрўз муборизаро бо шаклу намудҳои қисмҳои алоҳида тақсим шуда, онҳо саҳмҳо (аз забони арабӣ буда, маъноаш — қисм) ном доштанд. Ҳар як саҳм дар навбати худ ба ҷарибҳо (калимаи арабӣ буда, он ҳудудеро ифода мекард, ки тахминан ба 10 ҳазор метри мураббаъ баробар буд) тақсим мешуд. Сарвари ҷарибҳоро «бобо» ном мебурданд. Ҳар ҷариб ба «даҳбошӣ» итоат мекард. Дар зери итоати даҳбошӣ якчанд полис низ буданд, ки онҳоро «шабгард» меномиданд. Шабгардҳо — вазифаҳои назорати шабонгоҳии шаҳр, боздошти ашхоси шубҳанок ва оворагардро ба ҷо оварда, ба нафароне, ки бехатариашонро таъмин кардан зарур ояд, мадад мерасонданд. Шабгардҳо ҳангоми шаҳрро давр задан нақораи калонро мезаданд, ин маънои онро дошт, ки мардум бояд ба манзилашон баргарданд. Полисҳо танҳо шабона, вақте ки бозор ва дарвозаҳои шаҳр маҳкам мешуданд, ба фаъолият шурӯъ мекарданд. Баъди фарорасии торикӣ ҳар касе дар кӯча бошад, новобаста ба мавқеъ ва унвонаш миршабҳо ба миршабхона меоварданд ва то субҳ онҳоро нигоҳ дошта, баробари дамидани субҳ оташдонҳои ҳаммомро тоза карда, сипас иҷозат медоданд, ки ба манзилашон баргарданд. Шабона ду тоифа одамон — табибон ва момодояҳо, ки миршабҳо аксарияташонро мешинохтанд, ҳуқуқи дар
Ca[ифаи
3.
дигар ба роҳ мондаанд, ки ҷалби шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ба задухўрдҳои давлатҳои хориҷӣ — Сурияву Ироқ аз ҷумлаи онҳо аст. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дўст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем. Мо тоҷикон бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ бе мавҷудияти ҳизбу ҳаракат истифода намоем. Шарифхон Тиллоев, рўзноманигор, сиёсатшиноси ҳарбии собиқ ИҶШС, бознашр аз “Ховар”.
шаҳр аз рӯйи фаъолияташон иҷозати гаштугузор карданро доштанд. Ҳамин тавр, дар Аморати Бухоро то ибтидои асри XX мақомоти полисро — миршаб ва шабгардҳо меномиданд. Мақомоти полис дар ноҳия ҳои ҳозираи Тоҷикистони шимолӣ, ки баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи Русия ба ҳайати генерал-губернатории Туркистон дохил мешуданд, аз соли 1867 мунтазам ба тартиби кори таъмини тартиботи ҷамъиятии Русия, мубориза бар зидди шаклҳои ҳуқуқ вайронкунӣ гузаштанд. Ин услуби кор то охири соли 1917 идома ёфт. Хизмати полисӣ дар Тоҷикистони тоинқилобӣ дар асоси ҳуҷҷати муҳими «Низомнома дар бораи идоракунии кишвари Туркистон», ки 12 июни соли 1886 қабул шуда, санадҳои дигари ҳуқуқӣ, ки аз тарафи Департаменти полиси ВКД-и Русия нашр гардидаанд, амалӣ мешуд. Дар фаъолияти полиси тоинқилобии Тоҷикистони шимолӣ шаклҳои самаранок ва пешқадами фаъолият мушоҳида мешуданд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан, мақомоти вазифаи полисро иҷрокунанда аз замонҳои қадимтарин ва қадим, асрҳои миёнаву давраи нав вуҷуд доштаанд, вале номҳои ин мақомот дигар буданд.
15-16- 2016.qxp имруз_Layout 1 09.11.2016 11:49 Страница 4
Имрeз”
№15-16 (325-326) аз 10 ноябри соли 2016
email: gazeta-imruz@mail.ru
Исматуллоҳ Абдуллоҳ:
Ишқ аст зиндагӣ... Чун аҷзу фақр зинаест то авҷи Каҳкашон, Аз фахру нози одамакон гиря мекунам. Механдам аз сабӯрии зарҳои зери хок, З-азму талоши хору хасон гиря мекунам…
ҚАСАМ
БАХТ
Туро, ки рӯ ба рӯйи ман нишастаӣ, ай хуршед, Маҷӯ баҳона, ки бебаҳона дӯст медорам.
Хандаи бахти ман аз хандаи чашмони шумост, Гиряи бахти ман аз новаки мижгони шумост.
Туро, ки байти абрӯ бувад беҳтарин девон, Ба қалби хуну фигори шоирона дӯст медорам.
Напаронад варақи хотири ман ҳеҷ шамол, То хаёлам ба сари зулфи парешони шумост.
Кӣ гуфт шӯру шарори ошиқӣ бигзашт? Баҳори қадди туро ошиқона дӯст медорам.
Сарвсон сабитаму эминам аз арраи умр, Гавҳари зиндагӣ то шаддаи дандони шумост.
Ба пӯшт хирмани гесӯ, ки рашки шаршараҳост, Шамими анбари мӯят чу шона дӯст медорам.
Фалаки шеър кушудед, хушо, дар дили ман, Малаки шеър дуогӯю нигаҳбони шумост.
Ба ҳарфи аҳд чу ин дам вуҷуди сидқ хатост, Туро чу пайки садоқат содиқона дӯст медорам. Зи баъди ҳазрати Лоиқ гарам муҳаббат мурд, Ба қасди марг туро лоиқона дӯст медорам. Ҷаҳон ба яъсу хусумат, фиғон намеарзад, Ба рағми гиря туро чун тарона дӯст медорам. Ки то тиҳӣ зи муҳаббат наравам то канори гӯр, Ба даҳри беканор туро бекарона дӯст медорам. Туро, ки дар нигаҳ охир ғурури Ширин аст, Қасам ба ҳар ду ҷаҳон хусравона дӯст медорам.
Давлати ишқ сиёсат нашиносад зи азал, Сарватам ҷону пазиред,ки қурбони шумост. Шукри эъҷози Худо, ҳар қадаму дар ҳама ҷо, Кокули партави хуршед парафшони шумост…
ЁД Дилам зи ёдҳои ту ба сина об кардаам, Зи ғуссаи ҷудоият ба дил китоб кардаам. Зи ёди субҳи рӯйи ту расидаам ба рӯзи нав, Ба ёди мушки мӯйи ту шабона хоб кардаам. Зи ёди хандаҳои ту дарун-дарун гиристам, Дил аз шарори ишқи ту басе кабоб кардаам.
ГИРЯ
Ба ёди соғари лабат, ки буд насиби дигаре, Зи ғусса ёди соғару шароби ноб кардаам.
Бар ҳузни рӯйи фасли хазон гиря мекунам, Дар рӯзи марги нахли ҷавон гиря мекунам.
Зи хори ваъдаҳои ту зи ваъда гаштаам қимоб, Ба ҷои ваъдагоҳи ту басе шитоб кардаам.
Аз гиряҳои тифл бихандам ба завқ лек, Аз оҳи сарди қадди камон гиря мекунам.
Зи ёди шаҳри ҳусни ту, ки буд поку сабзу тар, Сутуну ошёни дил басе хароб кардаам.
Безорам аз тафохури шамшоду сарвҳо, Аз сархамии шохи разон гиря мекунам. Мушпарварист шеваи оғӯши моми даҳр, Аз филкушии дасти замон гиря мекунам.
Зи ёди кокулони ту, ки сарҳисоби ишқ буд, Шумори умри боқиям ба дил ҳисоб кардаам…
Қалбам гирифт аз ҳамагӯёни бенамак, Аз носипосӣ бар ҳамадон гиря мекунам.
НАРАФТ
Бокам набуда лаҳзае аз сангсору дор, Аз дарди сахти теғи забон гиря мекунам.
Рафтеду неши хоратон аз хотирам нарафт,
Гесӯйи обшоратон аз хотирам нарафт. Аз дарди ишқ мезанам дар хеш печ-печ, Чун зулфи тобдоратон аз хотирам нарафт. Дафъи хумор мекунам бо ҷому бода, лек Ду наргиси хуморатон аз хотирам нарафт. Аз гирудору ҷилваи якранги зиндагӣ, Садрангии баҳоратон аз хотирам нарафт. Байни ҳазор ахтари сунъии шабчароғ, Рухсори моҳворатон аз хотирам нарафт. Сад бор монда дар таҳи борону барфи умр, Чашмони меҳрборатон аз хотирам нарафт. Аз таънаҳои нокасон дуздида ашки хеш, Дар ишқ ифтихоратон аз хотирам нарафт. Бо нозу шӯхӣ гоҳ-гоҳ бар даври гарданам, Аз мӯй банди доратон аз хотирам нарафт. Дар роҳи рафту омадам рустию ошкор, Ду чашми интизоратон аз хотирам нарафт. Андар шумори турнаҳо бигзашт соли умр, Чил кокули қаторатон аз хотирам нарафт. Нашкаст ташнагии ман бо Сиру бо Сарез, Чун лаъли обдоратон аз хотирам нарафт...
ДИГАР НАЁМАДӢ Вақти гули анор шуд, дигар наёмадӣ, Пойизу дай баҳор шуд, дигар наёмадӣ. Гулдастае гирифтамат аз духтари баҳор, Гул дар раҳи ту хор шуд, дигар наёмадӣ. Гуфтӣ, ки лола бишкуфад, оям ба диданат, Сад ёла лолазор шуд, дигар наёмадӣ. Мурғони кӯчӣ омаданд бар сӯйи ошён, Дил дар ғамат фигор шуд, дигар наёмадӣ. Бе офтоби рӯйи ту анқост равшанӣ, Субҳам чу шоми тор шуд, дигар наёмадӣ. Дар хонаҳои чашми ман ду дидаи ятим, Безори интизор шуд, дигар наёмадӣ. Ларзида дил зи шӯриши кайҳони синаам, Дур аз хати мадор шуд, дигар наёмадӣ. Дар лавҳи сина ҳар касе дорад шиори хеш, Ишқат ба дил шиор шуд, дигар наёмадӣ. Домони ишқ будамон домони обшор, Даврони обшор шуд, дигар наёмадӣ. Аз сабзаҳои қомати сабзинагони шаҳр, Ҳар гӯша сабзазор шуд, дигар наёмадӣ. Вақти гули анор шуд, дигар наёмадӣ, Гул дар бари ҳазор шуд, дигар наёмадӣ…
ЧАШМИ ТУ Аз аламҳои заминӣ осмонам чашми ту, В-аз балоҳои каминӣ посбонам чашми ту. Чун дар ин дунё тариқи амну осоиш набуд, Хуштарин маъвои ишқу ошёнам чашми ту. Чун Сиёвӯш кӯҳи оташро ҳамесозам убур, Мегудозад мағз-мағзи устухонам чашми ту.
Cа[ифаи 4.
Қалбҳоро равғани фонус ин ҷо баски нест, Андар ин зулмот нури каҳкашонам чашми ту. Ҳар кӣ ҷӯяд маънии умр аз китоби рӯзгор, Беҳтарин маънои шеъру достонам чашми ту. Сар задам бар сад дару сад бор гаштам ноумед, Ғамзудою ғампазиро, остонам чашми ту. Чун зи шабнам дидам ин ҷо соғари гулҳо тиҳист, Чашмаи сероби меҳру меҳрубонам чашми ту. Чашми бадро бок не, то ҳаст чашмонат ба рӯ-м, Бармагир чашмат, ки аз ман ҷойи ҷонам чашми ту.
МӮЪҶИЗА Ишқро хор макун, Бо торҳои нозуки абрешимини ӯ, Дил гар надорӣ, умрро зоеъ макун, Мабоз, Маънии ишқ покию берун зи ҳадди оз, Саркардагон зи дарди ӯ афтода рӯйи роҳ, В-аз ишқ сарфикандагон гардида сарфароз. Ишқ аст зиндагию ҳам, Ишқ аст бандагӣ. Ҳаққо, ки кони роз, Хуллас, ҷаҳони роз… Зеро ки тухми ишқро ҷой аст осмон, Домони Каҳкашон, Ӯ армуғони қудсии ашки ситораҳост, Бо розҳои ширину нози фариштагон, Ҳамҷӯру ҳамновост, Ӯ ҳадяи Худост, Беошиқӣ балост… www.tajinfo300.ucoz.ru gazeta-imruz@mail.ru № 15-16 (325-326) аз 10.11.2016 ДИРЕКТОР Мустафо Эгамов. САРМУ{АРРИР Машрафxон Эгамов. ШEРОИ ТА{РИРИЯ Rудратулло Эшонов. Наимxон Юнусов. Са[обахон {усейнова. Зафар Амакxонов. ОРОИШ ВА СА{ИФАБАНД Фаридун Мустафои Эгамзод. {АМКОРОНИ МО: МИ{Д ша[ри Исфара; Медиа – холдинги Тоxикии “TAJINFO”, Телевизиони “ИСФАРА”, Рeзномаи “Насими Исфара”. СУРОUА: ша[ри Исфара, кeчаи Марказb, 10. ошёнаи 1 Тел: +992-3462-2-61-62 (904) 66-22-44 E-MAIL: gazeta-imruz@mail.ru Рeзнома ба хотири гуногунандешb маводеро низ ба табъ мерасонад, ки хилофи назараш аст. Барои са[е[иву дурустии факту раrам[о муаллифон xавобгаранд. Дастнавис ва сурат[ои ба идораи рeзнома воридшуда баргардонда намешавад. {УДУДИ ПА{НИ РEЗНОМА: Xум[урии Тоxикистон. Дар матбааи ба номи Н.Фахрии ша[ри Конибодом чоп гашта, супориши ______ мебошад. Адади нашр: 1300.