"Насими Исфара", № 15 от 28.04.2021

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 15 (9384) *** Чоршанбе, 28. 04. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

24 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

С

арвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Ориповро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол гирифт. Мулоқоти хоссаи роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ва мулоқоти ҷонибҳо дар доираи маҳдуд ва васеъ баргузор гардид. Зимни мулоқот самтҳои муҳим, аз ҷумла сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, маориф ва илм, фарҳанг, содироту воридоти маҳсулот, тандурустӣ, роҳи оҳан, гумрук, энергетика ва дигар бахшҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба тақвият бахшидани ҳамгироӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд. Таъкид гардид, ки дар доираи ҳадафҳои созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаи дӯстӣ миёни ин ду кишвар афзуда, дар ин самт дастовардҳои назаррас рӯи кор омад. Бунёду ба истифода супоридани иншооти таъиноти гуногун дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо саҳми ҳарду ҷониб собитгари робитаи нек доштани ин ду кишвари бо ҳам дӯст мебошад. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвари дўст дар соли 2020 333,8 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки дар самти раддабандии кишварҳои бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотдошта Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи сеюмро ишғол менамояд. Новобаста аз натиҷаҳои бадастомада афзун намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтмони иншооти таъиноти гуногун зарур шуморида шуд. Зикр карда шуд, ки дар самти равнақ бахшидани ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 29 созишномаву шартномаи нави ҳамкорӣ дар баррасӣ қарор дорад. Вобаста ба истифодаи имкониятҳои то ҳол истифоданашуда миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ниҳодҳои ваколатдор талаб карда шуд, ки дар ин самт ҳарчӣ зудтар чораҳои таъхирнопазир андешанд. Дар идома ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан карданд. Ба ҳайати меҳмонон расму оин, фарҳанг, таърих, мероси ғанӣ доштани миллати тоҷик ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол муаррифӣ карда шуд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Бозори шуғл Пешниҳоди 478 ҷойи холии корӣ

М

увофиқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар МТМУ № 22-и деҳаи Ворух ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва намоиши дастранҷи ҳунармандони мардумӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни ярмарка, ки 250 нафар корҷӯяндагон аз ҷумла сокинони деҳоти Ворух ширкат варзиданд. Намояндагони 12 корхонаву муассисаҳои ҳудуд ба интихоби иштирокдорон

Дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи бизнес-форуми "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст " мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд.

Д

ар ин мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, ҳокими вилояти Ботканд Омурбек Суваналиев суханронӣ намуда, хостори густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ шуданд. Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров нахуст меҳмононро ба Фарғона хайрамақдам гуфта, барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷониба таклифҳои худро пешниҳод кард. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон муносиботи вилоятҳои ҳаммарзи се мамлакат дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, ҷонибҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда

Дар толори Кохи фарҳанги тозабунёди деҳаи Ворух бахшида ба 70-солагии нависандаи маъруф ва ҳаҷвнигори шинохта Додохон Эгамзод маҳфили адабӣ баргузор гардид.

М

уовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён нишастро оғоз намуда, зикр дошт, ки сиёсати фарҳангиву фардоофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси равнақи ҳамаҷонибаи адабиёт, таъсиси мактабу доираҳои адабӣ ва фароҳамгардии шароитҳои муносиб барои кору эҷоди аҳли 478 адад ҷойҳои холии адаб шудааст. Мавсуф бо баробари кориро бо музди меҳнати аз муборакбодии 400 сомонӣ то 1800 сомонӣ расонидани пешниҳод карданд. 13 нафар самимона ва ҳам таманноҳои бекорон ба кори доимӣ роҳхат неки раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода ба гирифтанд ва 11 нафар бо кор Баҳоваддин таъмин гардиданд. 17 нафар Додохон Эгамзод барои фаъолияти меҳнатию эҷодӣ, бекорон ба касбомӯзӣ ва 20 босамари нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ранҷу заҳматҳои зиёд ва саҳми чашмрасаш дар ҷодаи фарҳангу номнавис карда шуданд. густаришбахшии Инчунин дар ҷараёни маънавиёт, завқи зебоипарастонаи мардум ва он намоиши дастранҷи ҳунармандони мардумие, ки бо таълиму тарбияи неки наврасон, гирифтани қарзҳои имтиёзнок изҳори умедворӣ аз он намуд, ки ба соҳибкорӣ машғуланд ва аҳли адаби Исфарамарз бо қалами хатмкунандагони курсҳои сабз ва сухани созандаи худ дар омӯзишии касбҳои қаннодӣ, оянда низ ба рушди фарҳанг ва пазандагӣ ва дӯзандагӣ болорафти маънавиёти аҳли ҷомеа ташкил гардида, ба 12 нафар саҳми хоссаи худро мегузоранд. Сипас, раиси ҷамоати деҳоти хатмкунандагон аз рӯи ихтисосҳои қаннод ва дӯзанда Ворух Меҳриниссо Раҳматова, шаҳодатномаҳо супорида шуд. раиси бахши вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири

Меморандуми ҳамкорӣ миёни Исфара ва Ӯзбекистон

барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳо корҳои муайянро ба иҷро расонанд. Ӯ ҳамзамон вобаста ба вазъи иқтисодии вилояти Суғд маълумот дода, иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо корхонаи нав бунёд гардида, имрӯз теъдоди корхонаҳо ба 700 расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ сол аз сол зиёд гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ имкониятҳо фаровон аст. Таъкид гардид, ки доираҳои тиҷоратии вилоятҳо метавонанд барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва содироту воридоти маҳсулот ҳамкориҳоро тақвият бахшанд. *** Дар Театри вилоятии ба номи Ислом Каримови шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мавзӯи "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст" бизнесфоруми минтақавӣ баргузор гардид. Дар кори бизнес-форум роҳбарони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд, инчунин намояндагони доираҳои тиҷоратии се вилояти ҳаммарз ширкат доштанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҳамоиши минтақавӣ омодагии вилояти Суғдро ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва муштарак баён дошт. Зикр гардид, ки ташкили ҳамоиши имрӯза баҳри тақвияти ҳамкориҳо заминаи воқеӣ гузошта, ҷонибҳоро итминон мебахшад, ки дар оянда баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ аз тамоми имкониятҳо истифода баранд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки минтақаҳои наздисарҳадӣ дар фазои сулҳ ва дӯстона бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ муносибатҳоро таҳким бахшида, барои зиёд шудани доду гирифти молу маҳсулот хизмат мекунанд. Дар охир миёни минтақаҳои вилоятҳои Суғд ва Фарғона - шаҳри Конибодом ва ноҳияи Бешариқ, шаҳри Гулистон ва ноҳияи Бувайда, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Данғара, шаҳри Исфара ва ноҳияи Ӯзбекистон, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Учкӯприк меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид.

Маҳфили адабӣ

Таҷлил аз 70-солагии Додохон Эгамзод халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, адибон Абдуҳамид Ҷўраев, Эгамназар Соҳибназаров, шоир Нарзуллои Азизиён, собиқадори соҳаи маориф Мирзоҳикмат Маҳкамов, сартабиби БМШ Тайибиддин Муҳаммедов, сарвари муассисаи нақлиётии «Наҷот» Наҷотхон Исомаддинова ва сарвари идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Рустам Шомирсаидов баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки Додохон Эгамзод ҳамчун узви фаъоли Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар тарғиби ғояҳои сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумат пайваста кӯшиш ба харҷ дода, бо асарҳои пурмазмун ва ҷолибу хондании худ дар дили ҳазорҳо хонандагону шогирдон ҷо гирифтааст. Ҷоизи зикр аст, ки Додохон Эгамзод узви Иттифоқи нависандагони СССР, муаллифи зиёда аз 10 асарҳои бадеӣпублитсистӣ мебошад. Романи таърихии «Нигина ва Мирмалик» яке аз асарҳои беҳтарини ӯ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин Д.Эгамзод барои кўдакон як силсила маводҳои ҷолибу пурмазмун навиштааст,

ки повести кўдаконаи «Фарзанди офтоб» яке аз онҳост. Соҳибҷашн бунёдгузори рӯзномаю маҷаллаҳои «Паёми Душанбе», «Тоҷикистон», «Пайванд», «Сорбон», «Нилуфар», «Сухани халқ», «Саломат бошед!», «Лочин», «Лаку Пак», «Суғдиёна», «Ганҷи сухан», «Ганҷи Ворух», «Ганҷи Исфара» , «Ноҳид» ва ғайра мебошад. Додохон Эгамзод дорандаи ордени “Шараф” (дараҷаи 2), нишони «Боргоҳи сухан», медали ҷашнии «100– солагии матбуоти тоҷик», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил мебошад. Чорабинӣ дар руҳияи идона ҷараён гирифта, дар рафти он ҳунармандон аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара бо барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.