Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 14 (9429) *** Чоршанбе, 13. 04. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
З
Натиҷабардорӣ аз фаъолияти семоҳаи аввал Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода, бо ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхон Қодириён ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Д
ар ҷараёни он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми 3 моҳи сипаригаштаи соли 2022 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дода шуд. Сароғоз, оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми семоҳаи аввали соли 2022 муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён гузориш пеш овард. Тавре гуфта шуд, давоми семоҳаи якуми соли равон тамоми воситаю имкониятҳои мавҷуда баҳри татбиқи лоиҳаҳои дар соли равон ба нақша гирифташудаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2021-2025» ва дар ин замина ба таъмини рушди воқеии иқтисодию иҷтимоии шаҳр, вусъат додани раванди созандагию бунёдкорӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи накуаҳволии сокинон сафарбар карда шуданд. Дар се моҳи аввали соли 2022 воридоти буҷети давлатӣ ба андозаи 104%, воридоти буҷети маҳаллӣ бошад 105,4% - ро ташкил додааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ба буҷети давлатӣ ба андозаи 3 миллиону 76 ҳазору 270 сомонӣ, ба буҷети маҳаллӣ ба маблағи 3 миллиону 19 ҳазору 592
“Тоҷикон” ва Истиқлолият
М
о, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизат шаҳри Исфара дар баробари иҷрои вазифаҳои хидматӣ дар фурсатҳои фориғ аз кор бо мутолиаи китобҳо машғул мешавем. Дар ҳақиқат, китоб дӯсти беғарази инсон аст ва бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр шудан ва ба ҳар як оила туҳфа гардидани он моро хеле шоду мамнун кард. Китоби “Тоҷикон”-ро хонда ба хулоса
Бо иқдоми Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бахшида ба Рўзи байналмилалии тандурустӣ дар майдони назди Маркази савдои «Пайванд» аксия таҳти унвони «Сайёраи мо - саломатии мо» гузаронида шуд.
Ҳ
адаф аз баргузории чорабинӣ ҳифзи сиҳатмандии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа арзёбӣ гардид. Барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани
сомонӣ зиёдтар маблағ ворид гардидааст. Аз 8 намуди сарчашмаҳои андозбандӣ 1 намуди он - андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ иҷро нашуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 1 миллиону 260 ҳазору 433 сомонӣ камтар андоз ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 116 миллиону 210 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 128,3 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25 миллиону 612 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли ҷорӣ маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 65 миллиону 330,6 ҳазор сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 105 фоиз таъмин гардид. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, кишти саривақтии зироатҳо, зиёд намудани майдони кишти сабзавот, аз ҷумла картошка, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, ҷамъоварии саривақтии маблағи истифодаи барқ ва об, муташаккилона гузаронидани маъракаи баҳории даъвати ҷавонон, андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвияти корҳои тарғиботӣ, вусъати омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни 35 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд. Минбаъд, дар маҷлиси фаъолони шаҳр муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхон Қодириён вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда андешаҳояшонро иброз доштанд. омадем, ки дар гузашта аҷдодонамон мардуми баорияту бофарҳанг ва созандаю ободкор будаанду ба ин рӯзҳои нек ба осонӣ нарасидаем. Истиқлолият маҳз бо талошу муборизаҳои шахсоне ба мо насиб гардидааст, ки онҳо китоби мазкур ва дигар китобҳои бузургони дигарро мутолиа намуда, барои озодию бахту саодат мубориза бурдаанд. Мо ба ҳамдиёрон, хусусан ба ҷавонон муроҷиат мекунем, ки китоби “Тоҷикон” ва дигар китобҳои ба мавзуи ватандӯстӣ бахшидашударо хонанду ба қадри Ватан ва Истиқлолият расанд. Мануҷеҳр Исмоилзода, муҳандиси НДБС ҚМ-35-уми ХҲДО оид ба муҳофизат шаҳри Исфара, капитани хизмати дохилӣ.
Тани сиҳат бехи давлат
ин чорабинии тиббӣ - маърифатӣ фармони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузор намудани чорабинии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ба имзо расидааст. Дар доираи ин рўз бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва тасмими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон табибони тоҷик
имни суҳбат ҷонибҳо хостори тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати пешгирии муноқишаҳо ва ҳолатҳои ба муноқишаҳо сабабшаванда гардида, таъкид доштанд, ки мардумони ду кишвар асрҳо инҷониб дар канори ҳам зиндагӣ доранд ва бояд анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ минбаъд низ риоя карда шавад. Гуфта шуд, ки таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар ҳарду тараф низ масъалаи асосӣ буда, бояд ҷонибҳо дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ фаъолият намоянд.
Мулоқоти навбатии раисони вилоятҳои Суғд ва Ботканд 12 апрел дар гузаргоҳи сарҳадии «Гулистон»-и шаҳри Исфара мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев баргузор гардид. Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки вобаста ба масъалаи истифода аз захираҳои обӣ дар сатҳи муовинони раисони вилоятҳо ва роҳбарони идораҳои обёрии ду тараф
гурӯҳи корӣ ташкил шуда, масъалаҳои мавҷуда дар ин самтро баррасӣ ва дар якҷоягӣ ҳал созанд.
Тағйироти кадрӣ
Парвиз Файзуллозода муовини аввали раиси шаҳр
Б
о розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парвиз Файзуллозода муовини аввали раиси шаҳри Исфара таъин гардид. Дар ин хусус қарори марбута ба имзо расид. Файзуллозода Парвиз 3 августи соли 1979 дар шаҳри Исфара таваллуд шуда, соли 2005 Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо
ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст. Номбурда фаъолияти меҳнатии худро соли 2003 ба сифати инструктор-методист оид ба варзиши ҶДММ “МНА-35” оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири гараж ва муовини директори генералии ҶДММ “МНА35” фаъолият кардааст. Солҳои 2016-2017 ба сифати сармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, солҳои 20172019 мудири бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва аз ноябри
соли 2019 то ба вазифаи муовини аввали раиси шаҳри Исфара таъин гардидан ҳамчун сардори Раёсати иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият дошт.
Суруриддин Зиёваддинзода – муовини раиси шаҳр Зиёваддинзода Суруриддин 12 августи соли 1975 дар Исфара таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Соҳиби ихтисосҳои муҳандисбарқчӣ, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аст. Фаъолияти меҳнатии С. Зиёваддинзода соли 1997 ба ҳайси о розигии Асосгузори барқчӣ дар бригадаи таъмири сулҳу ваҳдати миллӣ – асосӣ ва танзими таҷҳизоти барқӣ Пешвои миллат, Президенти дар иншоотҳои истеҳсоли нефт Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ва гази Иттиҳодияи истеҳсолии Эмомалӣ Раҳмон Зиёваддинзода “Ленинободнефтугаз” оғоз гардида, Суруриддин Рӯҳониддин муовини солҳои минбаъда дар ҳамин раиси шаҳри Исфара таъин гардид. корхона ба сифати устои бригадаи Дар ин бораи қарори дахлдор ба таъмири асосӣ ва танзими тасвиб расид. таҷҳизоти барқӣ, муҳандиси ба
Б
ба корафтодагон хизмати ройгони тиббӣ расониданд. Ба иттилои сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳр Ҳокимҷон Сафаров дар ҷараёни чорабинӣ бо мақсади расонидани иттилои бештар вобаста ба пешгирии бемориҳо ва интихоби тарзи ҳаёти солим байни аҳолӣ варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуданд. Лозим ба қайд аст, ки давоми рӯз беш аз 650 нафар сокинони шаҳру деҳоти Исфара имкон доштанд ба кормандони муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намуда, аз вазъи саломатии худ огоҳ шаванд.
Хунсупории беподош
Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара маъракаи «Хунсупории беподош» баргузор гардид.
Д
ар маросими расмии ифтитоҳи чорабинӣ кормадони соҳаи тиб, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷомеаҳои меҳнатӣ ширкат варзиданд. Мудири ҳуҷраи хунгузаронии
ҳисобгирӣ ва фурӯши қувваи барқ, ҳамчунин дар ҶДММ “ПетролеумСуғд” ба ҳайси сардори сехи таъмир ва танзими таҷҳизотҳои барқӣ дар истеҳсоли нефт ва газ кор кардааст. Васати солҳои 2014 - 2018 дар маснади раиси Ҷамоати деҳоти Хонобод фаъолият дошт. Солҳои 2018 - 2019 бошад, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Исфара буд. Аз соли 2019 то муовини раиси шаҳр таъин шудан ба сифати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара адои вазифа мекард.
Беморхонаи марказии шаҳр Равшанбек Ибодуллоев басо муҳим будани ташкили чунин маъракаҳоро тазаккур дода, таъкид намуд, ки ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ ба таври ихтиёрӣ расонидани кумаки амалӣ ба ниёзмандони хун мебошад. Мавсуф ҳамзамон тазаккур дод, ки мувофиқ ба далелҳои оморӣ 80 фисади ахолӣ дар ягон давраи ҳаёти худ ба хун ва ҷузъҳои хун эхтиёҷ пайдо мекунад. Дар ин рӯз даҳҳо нафар сокинони шаҳр ба макони баргузории чорабинӣ ҳозир шуда, омодагии хешро ҷиҳати хунсупории беподош изҳор доштанд.