Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 14 (9297) *** Чоршанбе, 17. 04. 2019
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Сафари кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ ва мулоқот бо сокинон ба ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ташриф овард.
Н
ахуст раиси вилоят ба маҳаллаи наздимарзии Сангтӯдаи ҷамоати деҳоти Ворух ташриф оварда, ба корҳои сохтмонии мактаби наву замонавӣ ҳусни оғоз бахшид. Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони маҳалла, омӯзгорон ва ҷавонони деҳот аз амалишавии ҳадафҳои инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон аз ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ дар вилоят, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳарф зад. Зимнан гуфта шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат алҳол ба рушди соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода шуда, мушкилоти мавҷудаи соҳа давра ба давра ҳаллу бартараф мешавад. Оғози бунёди мактаби нав дар деҳаи Сангтӯдаи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар заминаи дастуру супоришҳои роҳбарияти мамлакат ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд амалӣ мегардад. Фармоишгари иншооти мазкур Идораи сохтмони асосии вилоят буда, лоиҳаи онро ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдшаҳрофар» таҳия намудааст. Тибқи лоиҳа бинои мактаб аз 3 ошёна ва 12 синфхона иборат буда, барои таҳсили 720 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Раиси вилоят бо гузоштани санги асос ба сохтмони мактаби нав оғоз бахшида, сохтмончиёнро вазифадор намуд, ки иншоотро бо сифати баланд ва мутобиқ бо талаботи стандарти давлатӣ бунёд намоянд. Ҳамзамон, раиси вилоят бобати бунёди толори варзишӣ, чароғонкунӣ ва мумфарш намудани роҳи маҳаллаи мазкур ба масъулин дастур дод. Мавриди зикр аст, ки бунёди мактаби нав мушкилоти беш аз 500 нафар толибилмонеро, ки масофаи беш аз 5 километрро пиёда тай намуда, ба мактаби маҳаллаи дигар ба донишандӯзӣ мерафтанд, осон хоҳад кард. Омӯзгорон ва падару модарони мактабиён барои чунин ғамхорӣ миннатдории хешро
ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. *** аиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҳаллаи Қалъачаи ҷамоати деҳоти Ворух ба сохтмони толори варзишӣ санги асос гузошт. Ҳангоми мулоқот бо сокинони маҳал, ки аксаран дӯстдорони варзиш буданд, раиси вилоят бобати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зада, таъкид дошт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ин ҷашни бузург дар вилоят беш аз 6500 иншооти мухталиф мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд. -Дар ин раванд дар ҷамоати деҳоти Ворух якчанд иншоот, аз ҷумла мактабу толори варзишӣ ва кӯдакистони замонавӣ бунёд мегардад, ки ба беҳтар шудани сатҳу сифати таълиму тарбия, ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот, бахусус ба роҳи нек ҳидоят намудани ҷавонон мусоидат менамояд, - таъкид дошт раиси вилоят. Толори муосири варзишӣ, ки дорои 200 ҷойи нишаст хоҳад буд, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд хоҳад гашт. Ҳамзамон раиси вилоят иқдоми соҳибкорони маҳаллиро бобати бунёди кӯдакистон дар ин маҳалла боиси дастгирӣ арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати мусоидат ба корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ дастур дод. - Мо бояд ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон
Р
шароити мусоид фароҳам орем, иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода. Тибқи нақша дар ин мавзеъ ҳамчунин бинои нави ҷамоати деҳоти Ворух ва майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад гашт. Сокини деҳа Абдунӯъмон Ҳакимов аз номи аҳли ҷамоат барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд.
Р
***
аиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳоти Ворух ба вазъи корҳои азнавсозии Қасри фарҳанги ҷамоат ошноӣ пайдо намуд. Мавриди зикр аст, ки дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ин иншоот, ки солҳои сол дар ҳолати ҳузнангез қарор дошт, навсозӣ мегардад. Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, баҳри бо сифати баланд ва бо истифода аз ҳунарҳои миллӣ тавсеа додани корҳои азнавсозӣ ба сохтмончиён дастуру супоришҳо дод. Тасмим гирифта шуд, ки дар ошёнаҳои якум ва дуюми Қасри фарҳанг бунёди толори ақди никоҳ, китобхона, утоқҳо барои маҳфилҳои мухталиф ва кошонаи ҳусн ба роҳ монда шавад. Барои азнавсозии Қасри фарҳанг аз буҷети вилоятӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, алҳол корҳои сохтмонӣ вусъати тоза мегиранд. Раиси вилоят бо фарҳангдӯстони
намуда, роҷеъ ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр андешаҳои худро баён дошт. Зикр гардид, ки шаҳри Исфара потенсиали баланди саноатӣ ва кишоварзӣ дошта, имкониятҳои ҷойдошта пурсамар мавриди баҳрабардорӣ қарор намегиранд. Чунончӣ, давоми соли гузашта 13 корхонаи саноатии шаҳр умуман фаъолият накардааст, ки боиси нигаронист. Раиси вилоят бобати беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолии коргоҳҳо, ташкили корхонаҳои басту банди мева, коркарди маҳсулоти ширӣ, таъсиси коргоҳҳои маишӣ - хизматрасонӣ, ифтитоҳи тарабхонаву ошхонаҳои миллӣ масъулинро вазифадор намуд. Зикр гардид, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорон дар кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ мегардад ва соҳибкорони маҳаллӣ аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳанд ёфт. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба роҳбарияти шаҳр бобати самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
деҳоти мазкур мулоқот намуда, ҷиҳати таҳкими фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, ба роҳ мондани фаъолияти маҳфилу барномаҳои фарҳангӣ, эътибор додан ба *** китобхонии насли наврас, бахусус мактабиён, гузаронидани озмунҳои ар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳунарӣ, ба намоиш гузоштани мулоқоти раиси вилояти филмҳои таърихӣ дастуру Суғд бо фаъолони деҳа ва қабули ҳидоятҳои муфид дод. шаҳрвандон баргузор гардид, ки Воқеан ҳам азнавсозии Қасри дар он муовинони раиси вилоят, фарҳанг дар яке аз ҷамоатҳои роҳбарони ташкилоту идораҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ки дорои 650 вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷойи нишаст хоҳад буд, ба рушди ва сохторҳои дахлдор иштирок фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои намуданд. мардумӣ мусоидат хоҳад кард. Дар рафти қабули шаҳрвандон сокинони ҷамоат ба раиси вилоят *** оид ба мушкилиҳои мавҷудаи хеш муроҷиат карданд. Аз ҷумла, ар толори муассисаи Абдураҳмон Авезов, Ҳамдам таҳсилоти миёнаи умумии Ваҳҳобов, Абдурақиб Раҳмонов, № 53 – и ҷамоати деҳоти Ворух Раҳнамо Умедова ва дигарон бо мулоқоти раиси вилояти Суғд арзу дархости худ, асосан роҷеъ Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ба масоили мумфарш намудани ҷамоат баргузор гардид, ки дар роҳ, таъминоти оби полезӣ, бунёди он роҳбарони идораву сохторҳои бунгоҳи тиббӣ ва варзишгоҳ, вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи гирифтани қитъаи замини ҳуқуқ, роҳбарияти шаҳри Исфара наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд. ва масъулини соҳаҳо ширкат Раҷаббой Аҳмадзода масъалаҳои варзиданд. пешниҳоднамудаи шаҳрвандонро Раҷаббой Аҳмадзода дар саривақтӣ арзёбӣ намуда, мулоқот суханронӣ намуда, роҷеъ масъулинро вазифадор кард, ба ҷараёни корҳои омодагӣ ва ки дар муҳлатҳои наздиктарин рафти бунёди иншооти ҷашнӣ бобати ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ ба ифтихори 30 – солагии андешанд. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Мавриди зикр аст, ки ҷамоати Тоҷикистон дар вилоят, аз ҷумла деҳоти Чоркӯҳ яке аз ҷамоатҳои дар шаҳри Исфара ҳарф зад. калонтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб - Мулоқоти мо дар доираи дастуру ёфта, дорои 42 ҳазор нафар аҳолӣ супоришҳои Асосгузори сулҳу мебошад. Дар ҳудуди ҷамоат 12 ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муассисаи таҳсилоти миёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон умумӣ, 28 маҳалла, 10 муассисаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тиббӣ, ду варзишгоҳ ва ду хонаи эълон гардидани солҳои 2019-2021 фарҳанг амал менамоянд. “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегардад, www. sugd. tj - зикр дошт раиси вилоят. Раҷаббой Аҳмадзода вазъи иқтисодии шаҳри Исфара, аз ҷумла ҷамоати деҳоти Ворухро таҳлил
Д
Д
2
"Насими ИСФАРА"
Аз иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баргузор гардид.
П
ас аз садо додани суруди миллӣ раиси маҷлис, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба кори иҷлосия ҳусни оғоз бахшид. Вакилон рӯзномаи кори иҷлосия ва ҳайати котиботи онро тасдиқ намуданд. Аз рӯи масъалаи аввал оид ба рафти амалигашти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Исфара муовини прокурори шаҳр Саминҷон Шарифзода маъруза кард. Муовини раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Қақир 19» Муртазо Эгамзод аз фаъолияти кори комиссия гузориш пешниҳод намуд. Дар идомаи иҷлосия вакилон ҳамчунин ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии № 22 Субҳон Мусоевро аз рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ва гузориши мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳр Мубашира Атохоноваро дар бораи номгузории объектҳои ҷуғрофӣ ва физикӣ шунида, ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ карданд. Дар иҷлосия вобаста ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Муовини раиси вилояти Суғд Баҳовуддин Баҳодурзода, ки дар кори иҷлосия иштирок дошт, роҷеъ ба комёбиву камбудиҳои мавҷудаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ҳарф зада, вакилону фаъолони шаҳрро ба иҷрои вазифаҳои муҳимму судбахш баҳри нафъи ҷомеа даъват намуд. Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар фарҷом, ба масъулин, аз ҷумла ба раисони чамоатҳои шаҳраку деҳот бобати рушди соҳаи саноат, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, вусъати корҳои кишоварзӣ, таъмини босифати нақшаи даъвати ҳарбӣ, вусъати омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибор ба амалишавии ҳадафҳои созанда ва тарҳу лоиҳаҳои бунёдкоронае, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯйи кор овардааст, дастуру супоришҳо дод.
Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо ширкати беш аз 50 нафар духтурони сироятшиноси вилояти Суғд ва 30 нафар пизишкони соҳаҳои дигар вобаста ба масъалаи мубориза алайҳи паҳншавии бемориҳои хавфноки сироятӣ конфронси илмӣ баргузор гардид. Сардухтури беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибиддин Муҳаммедов бо баробари хайрамақдами меҳмонон оид ба раванди тадбирандешиҳо ҷиҳати таҳкими пояҳои моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ дар шаҳру деҳоти Исфара ва ширкати табибон дар ҷараёни маъракаи бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш пеш оварда, бо ёдрасӣ аз нуктаҳои марбутаи Паёми Асосгузори сулҳу
17 апрели соли 2019
Куҳансолон ба хубӣ огаҳанд, ки деҳаи кӯчаки Душанбе то солҳои сиюм иборат аз ҳуҷраву кулбаҳои похсагини харобу нимвайрон буд. Таърих шаҳодат медиҳад, ки як вақтҳо ҳудуди имрӯзаи Душанбе ба ҳукуматдорони сулолаи Шумон дохил буд ва ҳудуди ин сулола аз Ҳисори Шодмон то Қалъаи деҳаи Симинганҷро дарбар гирифта, ба сулолаҳои Аҳорун, Кумиҷиён ва Чағониён ҳамҳудуд будааст. Чуноне, ки бостоншиноси маъруф М.М. Дяконов қайд намудааст: «Ҳисори Шодмону Қаълаи Шодмон ин ҳарду аввалу охири сарҳади сулолаи Шумон аст, ки бо мурури замон калимаи «шумон» ба тариқи «шодмон» талаффуз шуда, ба Ҳисору қалъаи деҳаи Симиганҷ табдил ёфтааст». Калимаи «шумон» (шуман) дар луғати «Занд» ва «Позанд»-и Зардушт (солҳои 600 пеш аз мелод) ишора шуда, дар забони паҳлавӣ ба маънии «пешоник», яъне пешона оварда шудааст. Аз ин маълум мешавад, ки калимаи «шумон» ба давраи аввали забони мардуми эронинажод қарор доштааст. Бостоншиносон нишонаҳои онро дар натиҷаи ҳафриёти харобаҳои Хайтгула, Чимқӯрғон ва Тухма ошкор намуданд. Шумон дар асрҳои 3-4 то милод дар ҳайати давлати Юнону Бохтар, асрҳои 4-1 то милод дар ҳайати давлати Кӯшониён буд. Маркази Шумон шаҳри Ҳамоварон буда, масоҳати он тақрибан 350 гаро ташкил медод. То ҳуҷуми арабҳо дини мардуми Шумон зардуштӣ, яъне оташпарастӣ будааст. Мувофиқи ахбори сайёҳи чинӣ Сюан Тсзан масоҳати он аз ғарб то шарқ чоррӯза роҳ будааст. Тахмин меравад, ки деҳаҳои Хонақоҳ, Варзоб ба Шумон дохил мешудаанд ва соҳили рости дарёи Кофарниҳон сарҳади шарқии он будааст. Дар ибтидои асри VIII Шумон аз тарафи гумоштаи Ҳаҷҷоҷ, яъне Муфаззал ибни Муҳаллаб фатҳ карда мешавад.
20 апрел - Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе ва сулолаи Шумон
Муаллифи “Футӯҳ-ул-булдон” Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ, ки дар асри Х зистааст, чунин меорад: “Муфаззал Шумон ва Аҳорунро бикушуд ва ғаноиме низ ба даст овард.” Сайёҳи машҳури асрҳои миёна ибни Хурдодбеҳ қайд кардааст, ки дар панҷ фарсахи Шумон (25-30км) шаҳри Ҳомоварон вуҷуд дорад. Бостоншиноси маъруф М.М.Дяконов дар асоси гуфтаи ибни Хурдодбеҳ ишора кардааст, ки мумкин шаҳри Ҳомоварон боқимондаи ҳамон Ҳомоварони машҳур аст, ки мувофиқи ривоятҳо сарвари он падари Судоба-зани Кайковус буд. Мухтасари ин қисса дар “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ чунин оварда шудааст: “Ҳомоварон яке аз вилоятҳои тобеи Кайковус буд. Вақте ки шоҳи ин вилоят аз додани боҷ саркашӣ мекунад, Кайковус лашкар кашида, Ҳомоваронро аз сари нав
Аз кӯлвори "Ватанпарвар"
Хизмати фарзандон сарбаландии волидон Ҳабибҷон Саидов зодаи шаҳри Исфара буда, то синфи 9 дар МТМУ №1 ба номи А.С.Пушкин таҳсил намудааст. Минбаъд бо мақсади соҳиби касб шудан ба литсейи №9 омада, ҳунарҳои кафшергарӣ ва ронандагиро омӯхт. Дар қатори аввалин ихтиёриён ариза навишта, ба хизмати Модар-Ватан рафт. Алҳол дар Қӯшунҳои зудамали қисми ҳарбии 02011 “б”-и ноҳияи Дарвоз хизмати ҳарбиро адо мекунад. Ҳабибҷон баъди хатми литсей довталабона дар радифи фарзандони шуҷоъ ва ватандӯсти кишварамон бо азми қавӣ, бо сари баланду ҳисси бузурги ватандорӣ хизмати ҳарбиро муқаддаму муқаддас донист, зеро ӯ ният
дорад, баъди адои қарзи фарзандӣ ба Академияи ҳарбии ВМ ҶТ дохил шуда, ҳомии марзу буми Ватани азизаш - Тоҷикистон гардад.
Равзанаи нишастҳо
Конференсияи сироятшиносон
ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26-уми декабри соли 2018) баландбардории сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, мубориза алайҳи паҳншавии бемориҳои сироятиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма арзёбӣ намуд. Сипас, дар назди ҳозирин сарвари ҷамъияти сироятшиносони вилояти Суғд Баҳодур Муъминов ва собиқ сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе Саймуъмин
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе, Хаёлам зеби дунёӣ, Душанбе.
№ 14 (9297)
Талабов баромад намуда, аҳдофи баргузории конфронси мазкур ва хавфу хатари ҷиддии бемориҳои сироятиро ба ҷомеа дар такя ба далелҳои дақиқу муътамад тазаккур доданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки алъон дар дунё теъдоди нафарони мубталои бемориҳои гепатити "В" ва "С" тадриҷан афзуда истодааст. Мувофиқ ба маълумотҳои оморӣ ба имрӯз дар ҷаҳон 1, 2 миллиард нафар гирифторони гепатити "В" ва 800 миллион нафар мубталоёни гепатити "С" ба қайд гирифта шудаанд ва ҳамарӯза аз оризаҳои бемориҳои мазкур нишондиҳандаи маъюбшавӣ ва
тобеъ менамояд. Кайковус хабар меёбад, ки шоҳи Ҳамоварон Судоба ном духтари соҳибҷамоле дорад. Ӯ аз шоҳи Ҳамоварон духтарашро хостгорӣ мекунад ва бо ҳамин восита байни онҳо муносибати хешовандӣ барқарор мегардад. Падари Судоба Кайковусро ҳамчун зӯровар бахшида натавониста, дар дил нияти ниқоргирӣ мепарварад. Боре ӯ Кайковус ва паҳлавононаш Гударз, Гев ва Тӯсро ба меҳмонӣ даъват намуда, онҳоро дар қалъае маҳбус менамояд. Аз ин Рустам хабар ёфта, ба Ҳамоварон меояд ва Кайковусу паҳлавононашро озод мекунад. Кайковус ба ивази чунин қаҳрамонию вафодориаш ба Рустам Сиистон ва Зобулистонро медиҳад. Ҳаким Фирдавсӣ Ҳамоваронро чунин тасвир кардааст: ... Ковус бар хирагӣ баста шуд, Ба Ҳамоварон Рай пайваста шуд. Яке кӯҳ будам сар андар саҳоб,
–Ҳар як падару модар вазифадор аст, ки барои фарзанд шароити хубу мусоид фароҳам оварад, то фарзандон соҳиби илму маърифат ва касбу ҳунар гарданд, - мегӯяд Мӯҳсинахон, модари Ҳабибҷон. -Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ фиристодани ҷавонписарон ва дар дили онҳо фурӯзон намудани меҳру муҳаббат нисбати Ватан-Модар яке аз қарзҳои муҳимтарини волидон ба шумор меравад,- афзуд Мӯсинахон. Падараш Ҳусейнҷон Саидов дар ҶДММ “Танзим” сардори шуъбаи истифодабарии нақлиёт шуда кор мекунад. Ҳусейнҷону Мӯҳсинахон соҳиби як оилаи соҳибэътибор буда, боз ду шоҳписар Ҳакимҷон ва Ҳадисҷон, ки алҳол дар муассисаҳои таълимии шаҳр касбу дониш меомӯзанд, дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия менамоянд. Акмалхӯҷа АКРАМОВ.
фавти одамон зиёд мешавад. Минбаъд, дар робита бо паҳлуҳои мухталифи масъала сармутахассиси шуъбаи сироятшиносии беморхонаи вилоятӣ Шариф Раҷабов, собиқ мудири шуъбаи сироятшиносии калонсолони беморхонаи марказии шаҳр Абдухаллоқ Абдуллоев, мудири шуъбаи сироятшиносии бачагона Абдуваққос Қамбаров, табиби шуъбаи сироятшиносии бачагона Шодрӯз Сангинов ва табибони беморхонаи вилоятии сироятшиносӣ М. Пӯлодова ва С. Собиров маърӯза намуда, бо баробари пеш овардани маълумот аз натиҷаи муоина, назорат, таҷриба, таҳлил ва таҳқиқи беморон, оид ба роҳҳои пешгирӣ ва муолиҷаи касалиҳои сироятӣ, хосса бемориҳои тавассути хун сирояткунанда андешаҳояшонро баён доштанд.
Баровардаш Эзид аз қаъри об. Яке диже бароварда дар кӯҳсор, Ту гуфтӣ сипеҳр асташ андар канор. Ин тасвири Ҳаким Фирдавсӣ ба маълумоте, ки дар китоби “Ҳудуд-улолам” доир ба Шумон оварда шудааст, ҳамбастагие дорад: ”Шумон шаҳрест устувор ва бари кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро кӯҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни кӯҳандиз чашмаи об аст бузург.” Дар фарҳанги “Бурҳони қотеъ” омадааст: “Ҳомоварон бар вазни номоварон; баъзе гӯянд номи вилоятест, ки падари Судоба, зани Кайковус подшоҳи ин вилоят буд, аммо нагуфтаанд, ки кадом вилоят аст.” Дар асрҳои IX-X вилояти Шумон бо шаҳрҳои асосиаш: Шумон, Аҳорун, Ҳомоварон, Регар (Регдашт), Зинур ва Сиём дар ҳайати давлати Сомониён буд. Шумон аз тарафи муғулон хароб карда шуд ва аз асри XV сар карда, Ҳисор ном гирифт. Аз ҳуҷҷате, ки соли 1676 хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба подшоҳи рус Фёдор Алексеевич фиристода буд, Душанбе ҳамчун деҳа ёдовар шудааст. Муаллифи асари таърихии “Убайдуллоҳнома” Мирмуҳаммадамини Бухороӣ (а.XVIII) низ дар бораи қалъаи начандон калони Душанбе маълумот додааст. То ибтидои асри XX Душанбе ба беки Ҳисор итоат мекард. Душанбе соли 1924 пойтахти Республикаи худмухтори Тоҷикистон ва аз соли 1929 пойтахти РСС Тоҷикистон аст. Соли 1929 Душанбе Сталинобод номгузорӣ мешавад ва соли 1961 ба номи аввалааш Душанбе баргардонида шуд. Фарҳод ҲАСАНОВ.
Номаи сарбоз Ассалому алейкум, бобоҷони бузурги ман! Ба шумо набераатон Ислом, ки ҳоло дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат менамояд, менависад. Бобоҷон! Ин номаи аввалини ман аст ва онро ба шумо менависам. Боварӣ дорам, ки чун ҳамеша бардаму боқувват ҳастед. Бо вуҷуди он ки маҳалли хизмати мо дар мавзеи дурдасти Тоҷикистон ҷойгир аст, он боду ҳавои хубу фораме дорад. Дар ин ҷо бачаҳо аз ноҳияҳои гуногун ҷамъ омада, адои хизмат менамоянд. Шароити хизматамон хуб аст ва муомилаву муошират ҳам чандон бад нест. Дар ин ҷо барои обутоб ёфтани бадан ҳама шароитҳои лозимӣ муҳайё карда шудааст. Ба ростӣ пазмонатон шудам, бобоҷон! Баъд аз фавти модарам шумо маро мисли гул нигоҳубин карда, ба воя расондед ва бароям муҳаббати зиёд бахшидед, то ман ятим буданамро эҳсос накунам. Ҳамеша ҳамаи розу ниёзамро ба шумо мегуфтам ва ба ман маслиҳат медодед, маро ба роҳи росткориву ростқавлӣ ҳидоят менамудед. Ин заҳматҳои барои ман кашидаатонро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Аз шумо барои ҳама заҳматҳоятон сипосгузорам. Шумо бароям арзандатарин инсон ҳастед. Бениҳоят шуморо дӯст медорам. Бобоҷон, воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд будааст, он далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист. Инро ман акнун дарк мекунам. Дар охир гуфтаниям, ки худатонро эҳтиёт кунед, ман баъд аз адои хизмат сарбаландона ба наздатон бармегардаму ҳамеша дар паҳлуятон ва мададрасонатон мешавам. Бо эҳтиром, набераатон Ислом ҲАКИМОВ, сарбози қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ч
и У а а
и 9 а
3
"Насими ИСФАРА"
17 апрели соли 2019
№ 14 (9297)
Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мы и наши права
Дело за Омбудсменом
Корҳои ободонӣ дар осоишгоҳи "Зумрад" Осоишгоҳи "Зумрад" кайҳост, ки ҳамчун яке аз гӯшаҳои зебо, хушбоду ҳаво ва шифобахшандаи ҷисму руҳ маълуму машҳур аст. Имрӯзҳо бошад, "Зумрад"-ро боз чун майдони ҷаҳдҳои наҷиби бунёдкориву созандагиҳои босуръат ном мебаранд. Воқеан ҳам таи чанд соли охир ба шарофати таваҷҷуҳи хосса ва дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати пайвастаи коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи "Сомонсуғд" дар самти ободонӣ, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ, муҳайё намудани шароити хуби истироҳату табобат ва тавонбахшӣ дар осоишгоҳ корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанду кунун ҳам идома доранд. Дар осоишгоҳ танҳо давоми чор моҳи охир 4 ҳазор бех дарахтони сӯзанбарг, 400 бех дарахти тӯси сафед, 800 бех дигар навъҳои дарахтони ороишии нодир, 40 бех бодому 20 бех чормағз, 45 ҳазор бех гулбуттаҳои бисёрсолаву 24 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд. Дар доираи чорабиниҳо баҳри амалигардонии ҳадафҳои "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ҷиҳати ба талаботи муосири соҳаи сайёҳӣ мутобиқсозии сатҳу сифати хизматрасонии осоишгоҳӣ тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар ин радиф ин ҷо сохтмони меҳмонхонаи нав идома дорад, ки аз таҳхона ва 9 ошёна иборат буда, дар таҳхона ташкил намудани хуҷраҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ ва ҳуҷраҳои қабули табибон, инчунин толори варзишӣ-фитнес, нуқтаҳои тиббӣ, фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо, армуғонҳо ва кошонаи ҳусн, дар ошёнаи дуюм маҷлисгоҳ, ошхона ва дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои истиқоматӣ барои 640 нафар истироҳаткунанда ба нақша гирифта шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳо мутобиқ ба талаботу меъёрҳои стандарти муосир бунёду муҷаҳҳаз ва бо шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст карда хоҳанд шуд. Боми бино низ барои истироҳату фароғат ва ҳам пешбурди амалҳои иқлимшифоӣ - табобат бо нури офтоб пешбинӣ шудааст. Дар шафати бинои мазкур мутобиқи лоиҳаи муосир аквапарк низ бунёд карда мешавад. Дар ҳудуди осоишгоҳ ҳамчунин сохтмони қабулгоҳ ва маркази ташхисиву табобатии чорошёна, тарабхона, қаҳвахона, маркази дилхушӣ, ҳавзи шиноварии бо шароитҳои ба талаботи рӯз ҷавобгӯй ва гармобаҳо бо суръат идома дорад. Чанде пеш дар шафати чойхонаи овозадори "Сино" сохтмони амфитеатр низ шурӯъ гардид. Дар ин ҷо ҳамчунин дар масоҳати 5,6 гектар замини ҷудогардида сохтмони қароргоҳи ҳукуматӣ барои қабули меҳмонони фахрӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналхалқӣ бунёд карда мешавад, ки аз меҳмонхона, табобатгоҳ, тарабхона, майдони
варзишӣ, ҳавзҳои тобистона ва зимистонаи шиноварӣ, толорҳо барои гузаронидани гуфтушуниду ҷаласаҳо, фаввораю гулгаштҳо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат хоҳад буд. Бино ба гуфти сардухтури осоишгоҳ Зуҳурулло Зоидбоев ташхиси дақиқу табобати дуруст омили асосии афзунгардонии теъдоди истироҳаткунандагон маҳсуб мешавад. Бо дарки амиқи ин нукта давоми як соли охир ба осоишгоҳ беш аз 40 адад дастгоҳу таҷҳизотҳои замонавии физиотерапевтӣ ворид карда шуд, ки бешак сатҳи самаранокии умури табобатро дар осоишгоҳ ба маротиб боло бурд. Сарвари Қасри "Шифокорон"-и осоишгоҳи "Зумрад" Мухтадил Ҷӯраев дар навбати худ изҳор медорад, ки аз ҷониби роҳбарияти осоишгоҳ ба масъалаи сифати хизматрасонӣ дар ошхона ва таркиби ғизои истироҳаткунандагон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Зеро дар "Зумрад" истироҳаткунандагон се маҳал бо хӯрокҳои табобативу парҳезӣ таъмин буда, ба ҳар истироҳаткунанда ба таври алоҳида тановули ин ё он таом бо дарназардошти натиҷаи ташхиси вазъи саломатиаш аз ҷониби пизишкон тавсия мегардад. Бо ин мақсад дар ҳудуди осоишгоҳ чанд моҳ пештар коргоҳи нонпазии худӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҳоло талаботи осоишгоҳро ба ин намуди озуқа комилан таъмин месозад. Бо мақсади таъмини пурраи ошхонаи осоишгоҳ бо гӯшт, шир, сабзавоту полезиҳо фермаи моливу ширӣ ва 4 адад гармхона ҳам фаъолият мебаранд. Дар гармхонаҳо меваҳои ситрусӣ, сабзавот, полезиҳо, ба монанди помидору бодиринг, қаламфури булғорӣ ва кабудиҳо парвариш карда мешаванд. Чанд рӯз пештар ба ин ҷо барои бунёди коргоҳи мурғпарварӣ ба теъдоди зарурӣ мурғҳои зотии тухмдеҳ низ ворид карда шуд, ки минбаъд талаботи ошхонаро ба гӯшт ва тухми мурғ ба пуррагӣ таъмин хоҳад кард. Дар осоишгоҳи "Зумрад" дар рӯзҳои фориғ аз табобат ба истироҳаткунандагон сайру саёҳатҳо ба маконҳои таърихиву тамошобоби шаҳри Исфара ва маркази вилояти Суғд ташкил карда мешаванд. Тибқи нақша дар осоишгоҳи "Зумрад" дар ояндаи наздик барои истироҳату фароғат ва табобати 1200 нафар шароитҳои ҷавобгӯй ба талаботи муосир фароҳам оварда хоҳад шуд. Ҳамзамон бо ин дар ин ҷо 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад, ки барои ба шуғл фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ҳамин зайл, осоишгоҳи "Зумрад" ба туфайли ҷаҳди пайваста ва самаровари роҳбарияти он, ба шарофати фазилати нек ва меҳнати софдилонаю ободкоронаи кормандонаш рӯз ба рӯз симои тозаву фараҳафзо ба худ мегирад. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.
Тоҷикистон! Сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст! Бари ҳар буттаву хори ту бароям чаман аст!
=Интервью с руководителем Общественной приёмной Уполномоченного по правам человека в городе Исфаре Мавлониддином Махкамовым=
- Расскажите о возложенных на Вас функциях, их целях и задачах? - Прежде всего, необходимо отметить, что структура Уполномоченного по правам человека в Таджикистане создана по инициативе Основателя мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона. 4 апреля 2008 года был принят Закон “Об Уполномоченном по правам человека в Республике Таджикистан”. С 2 июня 2014 года в городе Исфаре начала действовать Общественная приёмная по правам человека. Она является действенным помощником и консультантом при Омбудсмене (Уполномоченном по правам человека) и её деятельность заключается в оказании помощи обращающимся гражданам по вопросам прав и свобод человека, проведении обучающих мероприятий и разъяснительной работы. -Не секрет, что на приграничных территориях иногда случаются некоторые недоразумения и столкновения. Что надо сделать, чтобы не допустить подобных случаев и противоречий на этой почве в будущем? - Суть, на мой взгляд, заключается в усилении разъяснительной работы на местах. В сентябре 2016 года Министром иностранных дел РТ и региональным директором ООН в Таджикистане был подписан договор Проекта “Приграничное сотрудничество для мира и устойчивого развития”. К реализации данного Проекта подключёна также и Общественная приёмная по правам человека в г. Исфаре. Он охватывает сельские джамоаты Лаккон, Сурх,Чоркух и Ворух. В период с 2018 года по 1 апреля текущего года со стороны Общественной приёмной в вышеназванных джамоатах проведено 48 встреч с их жителями, общее число участников достигло 1470 человек. За этот период принято 195 обращений жителей города, которые все были своевременно рассмотрены. Юридические консультации оказаны бесплатно. Необходимо отметить, что в вышеназванных джамоатах согласно
разработанных планов регулярно проводятся встречи с жителями, которые осуществляются совместно с органами прокуратуры, МИОГВ, представителями погранвойск, ОМВД-2. Основной целью встреч с жителями приграничных с соседним Кыргызстаном махаллей, прежде всего, является поиск мирных путей решения проблем, соответствующего миролюбивого поведения соседей, выявление отдельных лиц, выбирающих провокационные действия, упреждение различных ссор, неприязненных отношений изза приграничных земельных и водных споров. В ходе встреч и после их завершения со стороны руководителя Общественной приёмной по правам человека все обращения граждан внимательно рассматриваются. Кроме этого, составлен специальный график приёма жителей, согласно которого приём проводится в первый вторник месяца в сельском джамоате Лаккон, во второй вторник – в джамоате Сурх, третий вторник – в джамоате Чоркух и четвертый вторник - в джамоате Ворух. - Жители приграничных территорий имеют какиелибо преимущества при осуществлении торговых сделок на рынках, расположенных вблизи границ или нет? -Как известно, в джамоатах Лаккон, Сурх, Чоркух функционируют как внутренние базары, так и приграничные, которыми пользуются и кыргызские жители, и наши. Они при купле- продаже своих товаров освобождаются от уплаты государственных налогов.
Диққат, музояда!
Иҷрочиёни хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара дар асоси истеҳсолоти иҷроишии № 1275/3 аз 29 декабри соли 2016, музоядаи омавиро оид ба фурӯши озоди амволи ба ҳабсгирифта, хонаи истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Исфара, маҳаллаи Навобод, хонаи 11, ҳуҷраи 4, ки ба қарздор Охонова Сафро тааллуқ дорад, эълон менамояд. Нархи ибтидоӣ: 68786 (шасту ҳашт ҳазору ҳафтсаду ҳаштоду шаш) сомонӣ. Вақти баргузорӣ: 10 майи соли 2019, соати 11.00.
ФУРӮХТА МЕШАВАД Иншоот бо масоҳати 70 метри квадратии хусусигардонидашуда воқеъ дар кӯчаи А. Ҷомӣ (дохили бозор) фурӯхта мешавад. Хоҳишмандон метавонанд бо воситаи телефони 92 720 - 63 - 43 дар тамос бошанд. Маъмурият ва иттифоқи касабаи Беморхонаи марказии шаҳр нисбати вафоти ҳамшираи шавкати шуъбаи осебшиносии БМШ БЕРДИЕВА АЗИЗА андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.
БА ФУРӮШ ГУЗОШТА ШУД! Филиали ҶСП “Аввалин Бонки Молиявии Хурд” дар шаҳри Хуҷанд бо қарори Раёсати бонк амволи ғайри манқули ба тавозун гирифташударо ба фурӯши оммавӣ баровардааст. Амволи ғайри манқул - ҳавлии истиқоматӣ дар
-При отсутствии чёткой линии разграничения приграничных территорий могут возникнуть ситуации, при которых граждане будут обвинены в нарушении госграницы. Ваши рекомендации по этому поводу? - Согласно действующих законов ответственность за такие нарушения возникает при наличии границы. Поскольку чёткой линии разграничения приграничных территорий пока нет, рекомендуем пользоваться официальным контрольно-пропускным пунктом “Гулистон”, расположенном в джамоате Кулканд. -Имеют ли жители приграничных территорий право на лечение в медицинских учреждениях соседей? - Да, на основании соглашения между Баткенской и Согдийской областями от 17 мая 2001 года, их жители могут беспрепятственно обращаться с личными документами в медицинские учреждения друг друга. - Были ли из опыта Вашей работы такие случаи, когда к Вам обращались жители приграничных кыргызских сёл по каким –либо вопросам? - Со стороны лиц кыргызской национальности, проживающих в нашем городе, обращения были, в отличие от жителей соседних приграничных кыргызских сёл. -Спасибо за интересную и содержательную беседу. - Взаимно. Беседу вёл А.ШАРИПОВ.
Ҷойи баргузорӣ: утоқи кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара дар Маркази адлия. Шахсони дар музояда иштирок менамуда, се рӯз пеш аз оғози музояда панҷ фоиз аз маблағи ибтидоӣ ба депозити иҷрочиёни суд, ки дар “Амонатбонк”-и шаҳри Исфара мавҷуд мебошад, супорида бо расид оиди пардохти маблағ метавонанд дар музояда иштирок намоянд. Маълумоти иловагиро аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара, ки дар бинои Маркази адлияи ҷойгир мебошад гирифта метавонед. ИҶРОЧИЁНИ ХАДАМОТИ ИҶРО ДАР ШАҲРИ ИСФАРА. шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Шаҳрак, кӯчаи Собитова № 25 ҷойгир буда, масоҳати умумии он 390,00 м2, масоҳати зери сохтмонҳо 259,10м2. Маълумоти иловагиро метавонед бо телефонҳои (93)880-27-76, (98)702-00-87 дастрас намоед. МХБ № 16 “АВВАЛИН БОНКИ МОЛИЯВИИ ХУРД” ДАР ШАҲРИ ИСФАРА.
4
"Насими ИСФАРА"
Донишманде ба шогирдонаш рӯй оварда, аз онҳо пурсидааст; - Бигӯед, ки барои шумо дар олам чӣ чиз аз ҳама азизтар аст? Ҷавобҳо гуногун будаанд. Яке падар гуфтаасту дигаре модар, сеюмӣ одобу ахлоқи инсониро тавсиф намудааст, чорумӣ саломатию панҷумӣ устодро, шашумӣ бошад, фарзандро азиз ҳисобидаанд. - Ҳамааш дуруст, - фикри шогирдонро тасдиқ кардааст донишманд. – Лек ҳамаи шумо як чизи муҳимму асосиро қатъи назар кардед. Барои инсон азизтарин, муқаддастарин неъмат ин заминест, ки ба он хуни нофаш рехтааст. Заминест, ки ӯро аз тифлӣ ба оғӯш гирифта, ба воя расонидааст. Зодгоҳи худ, диёри худ, Ватани худро дӯст надошта ва хуб нашинохта, инсони комил шудан мумкин нест. Касе, ки Ватанашро дӯст намедорад, ба он меҳру шафқат надорад, шабеҳи хорест, ки дар гулистон рӯйидаасту кандани он ба дигарон роҳат мебахшад. Агар инсон тан бошад, Ватан ҷони ӯст. Одами беватан як умр хору зор, дилшикаставу абгор аст. Беҳуда гузаштагон “Як каф хоки Ватан аз қасри Сулаймон беҳтар” нагуфтаанд. То дар ҳаёт ҳастем, бо Ватан бошем, онро дӯст дорем, чун гавҳараки чашм нигаҳбониву эҳтиёт кунем, қадрашро донем, ҳар лаҳзаю ҳар соат саҳмгузори пешравию ободиаш гардем. Ростӣ, рафтору кирдори ношоями ТТЭ ҲНИ ва раиси он Кабириро дидаю шунида, ривояти боло ба хотирам меояду андешаҳои зиёд азиятам медиҳанд. Ба ин тоифаи ношукру носипос, ки болои ҳама муқаддасоти миллат по мегузоранд, чӣ намерасад? Наход дар дили ин босмачиёни асри нав заррае меҳри падару модар, диёри биҳиштосо, устоду рафиқ ва муҳите, ки онҳоро ба
17 апрели соли 2019
Негматуллоев Илёсидин Бурҳонович синнаш ба 50 расида бошад ҳам, аз одати бад даст кашида натавонист. Ҳарчанд ӯ бо ҳукми суди шаҳри Исфара соли 2015 бо ҷурми дуздӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда , соли 2016 дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи авф” ба озодӣ баромада бошад ҳам, ислоҳ нашуд, ба худ хулосаи даркорӣ набаровард. Ба роҳи дурусту рост пой нагузошт. Амалҳоеро содир намуд, ки боиси афсӯсу пушаймонӣ мебошад. Негматуллоев И.Б. соли таваллудаш 1969, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёнаи махсус, муҷаррад, соҳиби 2 фарзанд, ҷойи истиқоматаш ҷамоати шаҳраки Нефтобод, кӯчаи Ҷ.Румӣ. Номбурда аввалҳои моҳи январи соли 2018 соати 02.00 дар ҳолати мастӣ ба нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови ҷамоати шаҳраки Нефтобод омада, торикии шабро ба худ фурсати муносиб дониста, қулфи дари мағозаро шикаста, аз он ҷо 12 адад нӯшокиҳои спиртии навъи “Истиқлол”-ро бо арзиши 240 сомонӣ тасарруф намуд. Ӯ такроран санаи 15-уми июни соли 2018 соати 22:00 дар ҳолат мастӣ аз назди дарвозаи Қасри фарҳанги ҷамоати шаҳраки Нефтобод як адад дучархаи тамғаи “Филиппс”, ки ба Абдураҳмонов А.А. тааллуқ дошт, тасарруф намуда, ба ӯ ба андозаи 300 сомонӣ зарар расонид. "Гадо , ки ба се дар дарояд шармаш мепарад", мегӯянд дар урфият. Минбаъд Негматуллоев И.Б. силсиладуздиҳое анҷом додааст, ки гӯиё ҳар дафъа сархуш будааст. Моҳи ноябри соли 2018 аз чойхонаи кӯчаи Б.Ғафуров як адад оҳанбураки тамғаи “Макита”-ро, ки 310 сомонӣ арзиш дошт, тасарруф
Қисмату ояндаи худро надонад одамӣ, Ман бидонам, Тоҷикистон қисмату фардои ман.
Мавқеъ
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ... ин дараҷа расонидааст, набошад? миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Чаро онҳо ақидаҳои шахсиии худро Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар надоранду кӯр-кӯрона ба нафаре, ё бораи масъулияти падару модар гурӯҳе ба хотири соҳиб гаштан ба дар таълиму тарбияи фарзанд» пулу моли зиёд тобеъ мегарданд, қабул карда шуд. Амал кардан ба террор даст мезананд ва ё тарки аз рӯйи нишондодҳои он имрӯз диёр мекунанд? вазифаи ҷонии на танҳо волидайн, Шояд яке аз сабабҳои балки кулли тарбиятгарон аст. Охир, каҷрафтории Кабирӣ ва дар ӯ пайдо тамоми масъулиятро ба зиммаи гаштани фикрҳои ғайр баднафсию омӯзгору мактаб партофтан, дар фирефтаи пули хоҷагон шуданаш кори тарбия бетарафию бепарвоӣ бошад? зоҳир кардан ҳаргиз аз рӯи инсоф Лек, ба фикрам, ин як тарафи нест. Худ мулоҳиза кунед, бисёрии масъала аст. Агар инсон аз хурдӣ умри фарзанд на дар таълимгоҳ дар оила тарбияи хуб гирад, фикру балки дар оила, назди падару ақидаи хоси худро дошта бошад, модар, бобою бибӣ, бародар ва ё дар арсаи ҳаёт мавқеъ пайдо кунад, додару хоҳар мегузарад – ку! ба қадри меҳнати ҳалол, ҳаёти Асное ки аҳли оила нисбати орому осоишта мерасидагӣ шавад, рафтору гуфтори фарзанд ҳаргиз ба ин роҳи каҷ намеравад бепарвоанд, барои бача майдони ва фикрҳои нодурусту иғвоангез “фарох”-и фаъолият кушода паҳн намекунад. Имрӯз Кабирӣ мегардад. Бо хости дил амал ва паймони миллии бепаймону мекунад, ба куҷое хоҳад меравад, бемиллаташ тавассути интернет дар кӯчаҳо сарсарӣ мегаштагӣ мехоҳад андешаҳои ботилашро мешавад. Бо нафароне, ки барои паҳн намояд. Бинобар ин ба даст овардани пулу чизи муфт мо, калонсолонро зарур аст, ки ба роҳҳои ғайриқонунӣ қадам дар тарбияи фарзандонамон мезананд, ошно мегардад. Вақте ки диққати махсус диҳем, то онҳо ба дар вуҷуди вай хислатҳои нопок қадри оромӣ расанду фирефтаи арзи ҳастӣ карду бо торҳои ноаён кабирисифатҳо нашаванд. ҷисму ҷонашро печонид, ба роҳи Мардуми мо бе ҳикмат вақти дуруст андохтанаш ниҳоят душвор бардоштани дастархону даст ба ва баъзан ғайриимкон мешавад. рӯй кашидан аз Офаридагор тани Бемасъулиятию беназоратӣ дар сиҳату хотири осударо дархост оянда боиси ба ҳар гуна равияю намекарданду намекунанд. Барои ҳаракатҳои номатлуб шомил инсон ин неъмат асное насиб гаштани бача мегардад. Зеро дар мекунад, ки сулҳу ваҳдат дар вуҷудаш меҳру муҳаббат нисбати мамлакат пойдор бошад. оилаю атрофиён, замине, ки дар он Бо назардошти муҳиммии мавқеи зиндагӣ дорад, кофию самимӣ нест. оила дар ташаккули хислату Омили дигари шомил шудани характери насли наврас таҳти насли наврас ба гурӯҳҳои сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати ифротӣ бесаводию бетаҷрибагии
Иттилои прокуратура
ДУЗДИ CОБИҚАДОР ТАРКИ ОДАТ, АМРИ МАҲОЛ
№ 14 (9297)
намуд. 10 ноябри соли 2018 ба манзили истиқоматии Алфёров С. меҳмон шуда, аз киссаи ӯ як адад телефони тамғаи “Нокия”-ро дуздид, ки 80 сомонӣ арзиш дошт. Ӯ пештар аз мурғхонаи Алфёров С. як сар хурӯсро, ки 50 сомонӣ арзиш дошт, дуздида буд. Боз баъди чанд рӯз аз нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ, ки дар кӯчаи И.Сомонии ҷамоати шаҳраки Нефтобод ба роҳи шикастани қулфи мағоза вориди он шуда, як адад шарбати шафтолу ва як адад нӯшокии спиртии “Истиқлол” ва 10 сомонӣ пули нақд, ки дар маҷмӯъ 50 сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуд. Ӯ такроран боз аз ҳуҷраи посбони Қасри фарҳанги Нефтобод як адад радиои тамғаи “Тунинг”-ро, ки 50 сомонӣ арзиш дошт, тасарруф намуд. Ин дузди таҷрибадор боз санаи 24 январи соли 2019 соати 23:00 бо шикастани қулфи дари мағозаи хӯрокворӣ вориди он гардида як адад ҷурғоти “Файзи Расул”, 250 гр ҳасиби “Зарнистия” ва 100 сомониро тасарруф намудааст. Баъди ним соат қулфи даромадгоҳи дорухонаи дар кӯчаи Ҷ.Румӣ воқеъбударо шикаста, 300 сомонӣ пули нақдро тасарруф менамояд ва ниҳоят ба дасти кормандони милитсия меафтад. Суди шаҳри Исфара Негматуллоев Илёсидин Бурҳоновичро бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а,в,г”-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ба ӯ бо қисми ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 (чор) сол бо нигоҳ доштан дар колоннияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин намуд. ҲАЙДАРЗОДА А.Ғ, муфатиши калони прокуратура, мушовири адлияи дараҷаи 3.
ҲАЙФИ УМРИ ҶАВОНӢ Ҷавонӣ беҳтарин айёми умри инсон буда, инсон набояд ин
онҳост. Ҷавони 18-24 солаеро, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии зиндагӣ надорад, неку бадро пурра фарқ карда наметавонад, ҳавою ҳавас домангир аст. Падару модарон маҳз дар ҳамин синну сол онҳоро бепарвоёна ба муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристанд. Аз оқибати кор андеша намекунанд, бо киҳо ошно мешаванд, дар куҷо умр ба сар мебаранд, аз назорати онҳо берун аст. Ба намояндагони ташкилотҳои зархариди террористӣ ана ҳамин гуна инсонҳо заруранд, онҳо ин нафаронро таҳти назорат гирифта, бо осонӣ дилашонро ба даст меоранд ва бо ҳар гуна ваъдаҳои дурӯғ ба доми фалокатбори худ гирифтор месозанд. Бештари ҷавонони гумроҳ дар чорроҳаи зиндагӣ саргум мезананд. Ҳодисаи 29-уми июли соли 2018 рӯйдода бори дигар моро ҳушдор месозад, ки нисбат ба тақдири ҷавонон бетараф будан мумкин нест. Чӣ тавре ки яке аз волидони ҷавонони гумроҳшуда нақл кардааст, фарзандаш чанд моҳи охир дар Русия будаасту аз омадани вай ба Тоҷикистон хабар надоштааст. Охири чунин бепарвоӣ қурбони ҷаҳолат шудан аст. Ин гуна наврасон ҳатто сарфаҳм намераванд, ки мақсади қувваҳои носолим заиф сохтани пояҳои истиқлолияти Тоҷикистон аст, ки бо осонӣ ба даст наомадааст. Накӯ фармудааст шоир: Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ. Барои он ки фарзанд номбардори падару модар, дӯстдори Ватану
айёми беҳтарини умрро ройгон аз даст диҳад. Ҷавонӣ фурсатест, ки кас метавонад аз ин имконият истифода намуда, соҳиби илм ва касбу ҳунар гардад. Аммо, мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҷавононе пайдо мешаванд, ки ин давраи тиллоии умрро сарфи Шаҳодатномаи маълумоти асосии амалҳое месозанд, ки танҳо Т-ШТ № 0103292, ки МТМУ № 32 пайомадҳои нохуш дорад. Масалан соли хонши 1995-1996 ба Рустамов Изатилло Русланзода, соли таваллудаш 1993, зодаи шаҳри Ҳасан Абдунабиевич додааст. Исфара, ҷамоати деҳоти Шаҳрак, миллаташ тоҷик, маълумоташ *** миёнаи нопурра, бекор, муҷаррад, Шаҳодатномаи маълумоти асосии соҳиби як кӯдаки хурдсол, қаблан А № 124825, ки МТМУ № 32 соли бо ҳукми суди шаҳри Исфара моҳи марти соли 2015 бо моддаи 200 хониши 1992-1993 ба Собитова қисми 1-и КҶ ҶТ ба муҳлати 3 солу Ашӯрхон Миралиевна додааст. чор моҳ аз озодӣ маҳрум гардида буд, соли 2016 дар асосӣ Қонуни *** ҶТ "Дар бораи авф" аз адои ҷазо Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи озод карда шудааст. Номбурда Т-АТУ № 0348570, ки МТМУ № аз кирдори содиркардааш ба худ хулосаи лозимӣ набароварда, 12 соли хониши 2016-2017 ба санаи 25-уми январи соли равон Муртазоев Усмонбек Аҳмадбекович соати 23:00 дар кӯчаи Муҳаммедови додааст. ҷамоати деҳоти Шаҳрак, бо мақсади дуздӣ аз нақлиёти боркаши тамғаи *** “Ниссан”, ки ба шаҳрванд Фаёзов Шиносномаи техникӣ, ки дар Довуд Рӯзиевич тааллуқ дорад, ду адад аккумулятори навъи “Аком”- бойгонии КДФ “БММF” дар суроғаи ро, ки арзиши ҳар кадомаш 250 шаҳри Исфара Маҳаллаи 10-ум сомонӣ буда, ҷамъ 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои "Насими Исфара" оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Изатулло Русланзода дастгир ва ду адад Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти аккумулятор ҳамчун далели шайъӣ давлатии шаҳри Исфара. гирифта шуд. Суди шаҳри Исфара Изатилло Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Русланзодаро бо моддаи 244 қисми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта 2 банди “а” КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ №038/РЗ-97, ба муҳлати 3 солу 6 моҳ бо нигоҳ аз 14 марти соли 2018. доштан дар колоннияҳои ислоҳии Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи дорои низоми сахт таъин намуд. Як кӯтоҳандешӣ метавонад Марказӣ 10. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49инсонро чанд сол бадбахт гардонад. 73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru. Ҷаҳонгир ҶАЛИЛЗОДА, коромӯз дар вазифаи ёрдамчии Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ прокурори шаҳр. маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст.
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд
миллат, хештаншиносу ояндасоз гардад ва фирефтаи афкору андешаҳои ифротгаро нашавад, лаънатбиёру шармсор нагардад, ба кори тарбия ҳар лаҳзаву ҳар соат, алалхусус дар оила ва мактаб эътибор бояд дод. Бетарафӣ нисбат ба рафтори нодурусти насли наврас (багона, ё бегона бошад, фарқ надорад) ҷиноят аст. Аз ибтидо гуфтор, рафтор, амалҳои кӯдак то аснои ба воя расидан бояд таҳти назорати на танҳо волидайну мактаб, балки тамоми фаъолон, шахсони дорои таҷрибаи зиндагӣ, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси миллат қарор гирад. Дар ин маврид бачаҳоро ба иҷрои амалҳои нек тарғиб намудан, оид ба ваҳдат, якпорчагии сарзаминамон, зебоии он ҳарф задан, дар вуҷуди онҳо ҳисси хештаншиносиро бедор кардан муҳим аст. Дар як вақт танқиди рафторҳои ноҷову нодуруст, даст кашидан аз ҳама гуна одатҳои бади инсонӣ низ аз аҳамият холӣ нест. Танҳо бо дастҷамъӣ, даст ба даст додан ва кӯшиши якҷояе, ки ҳадафи асосиаш ҳаёти солим мебошад, мо метавонем раҳнамои насли наврас ба сӯйи қуллаҳои мурод бошем. Ватан азиз аст, лек ватандорӣ басо мушкил мебошад. Ҳамон ҷавонеро соҳибватан метавон ҳисобид, ки саҳмдори ободии диёру зодгоҳаш гардад, хубу аъло таҳсил намояд, ба омӯзиши забонҳо машғул шавад, масъулиятшинос бошад, дар ҳар маврид ва ҳар куҷову ҳар лаҳза тоҷику тоҷикистонӣ будани худро фаромӯш накунад, дӯстиву ҳамгароиро шарти муҳимми зиндагии хеш ҳисобад. Б. САИДШОЕВ, собиқадори матбуот, Аълочии матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
“Рембиттехника”ба номи Ахмедов Исмоилҷон Иброҳимович ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифта шудааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи АБ № 090186, ки МТМУ № 46 соли хониши 1998-1999 ба Қӯчқоров Мақсудҷон Мамурҷонович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии ШТС № 0017735, ки МТМУ № 30 соли хониши 2001-2002 ба Зоидов Бахтиёрхуҷа Тоҳирҷонович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи А № 059054, ки МТМУ № 35 соли хониши 1991-1992 ба Тӯхтаева Азизахон Тешабоевна додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии А № 119254, ки МТМУ № 49 соли хониши 1967 ба Абдуллоева Мунавар додааст.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ. ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Акмалхӯҷа АКРАМОВ, Гулчеҳрахон РАҲИМОВА. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________ Адади нашр 4600. Иҷозат ба чоп: 16. 04. 2019.