14 2017 12 апрел

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24/04/1932 *** № 14 (9196) *** Чоршанбе, 12. 04. 2017

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тағйироту илова ворид мегардад

Д

Даъвати ҳарбӣ-2017

Мо Ватан дорему онро посбонӣ мекунем!

Гузориш аз гусели нахустини наваскарони Исфара ба хизмати ҳарбӣ нистон, истиқоматкунандаи деҳаи Чилгазӣ Ҷӯрабой Обидов сухан карда гуфт: -Се писари ман қарзи фарзандиашонро дар назди Ватан иҷро карда, бо рӯи сурху забони дароз баргаштанд. Бениҳоят хурсандам, ки писари чорумам низ ихтиёрӣ ба аскарӣ меравад ва ба Тоҷикистони азизамон хизмат мекунад.

ар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд. Вобаста ба ин ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 501, эзоҳи 1 бо мазмуни зерин илова гардид: «Моддаи 501, эзоҳи 1. Пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар». Барои аз ҷониби шаҳрванд пинҳон кардани иттилоот дар бораи доштани шаҳрвандии давлати дигар ҳангоми интихоб ва ё таъин шудан ба вазифаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият оид ба доштани шаҳрвандии давлати дигарро пешбинӣ менамояд, ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. www. khovar.tj

Ҳафтаи сипаригашта дар майдони пешорӯи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр маросими ботантанаи гусели ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Д

ар оғоз раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар ҳузури даъватшавандагон, волидайни онҳо, масъулини воҳидҳои сохтории МИҲД, роҳбарони идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва фаъолони шаҳр суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт: - Муҳаббат ба Ватан ва ватандӯстӣ аз ҷумлаи сифатҳои олӣ ва эҳсоси амиқи инсоният маҳсуб меёбад, ки ҳазорсолаҳо инҷониб дар зеҳну тафаккур ва вуҷуди миллати озодаю озодипарасти тоҷик маъво гирифтааст. Боиси ифтихори мост, ки шумораи ҷавонони баорияту бошарафе, ки бо хоҳиши худ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мешаванд, дар Исфара пайваста зиёд мешавад. Дар ибтидои маъракаи даъвати имсолаи баҳорӣ зиёда аз 100 нафар ҷавонони баномуси мо аз комиссияи тиббӣ гузашта, алҳол 11 нафар наваскарони ҷамоати деҳоти Ворух, 8 нафар аз Чоркӯҳ, 7 нафарӣ аз маркази шаҳр ва деҳоти Н/И

Кӯлканду Шаҳрак, 6 нафарӣ аз Навгилему Чилгазӣ, 2-3 нафарӣ аз дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷамъ 73 нафар ба хизмат сафарбар карда мешаванд. Мо боварии комил дорем, ки ҳар яки шумо ҳимояи Ватанро садоқатмандона ва сарбаландона ба ҷо оварда, обрӯву эътибори мардуми шарифи шаҳри Исфараро боз ҳам афзунтар мегардонед. Сарбози нав аз хизмати аскарӣ баргашта-фарзанди деҳаи Кӯлканд Хушнуд Исмонов бо ҳарорат ба даъватшавандагон чунин муроҷиат кард: - Ман фахр мекунам, ки бо сари баланд аз хизмати Ватан-Модар ба назди волидонам баргаштам. Шумо ҳеҷ гоҳ хавотир нашавед, дар қисмҳои ҳарбӣ ҳамаи шароит муҳайё аст, аз ҳама муҳимаш обутоб меёбед, дӯстони нав пайдо мекунед, ба қадри падару модар мерасед, одаму одамгарӣ меомӯзед. Аз номи падарони наваскарон иштирокчии набардҳо дар Афғо-

Ду хабар аз Лаккон

ҲАШАРИ МАРДУМӢ

Зиёда аз 1000 нафар сокинони деҳа ба ҳашар баромада, 8 км роҳи ҳудуди ҷамоатро хушсифат шағалпӯш карданд, қабристони деҳаро ба тартиб дароварда, зиёда аз 5 ҳазор метри мукааб ҷӯйборҳоро аз ифлосиҳо тоза намуданд. Дар ин кори хайр соҳибони воситаҳои нақлиёти боркашон Х. Шерматов, З. Носиров, Д. Болтаев, Ҳ. Ёқубов, У. Қосимов, А. Маликов, А. Азизов Р. Абдуманнонов, М. Тӯйчиев ва С. Тӯйчиев дар рӯзи ҳашар хизмати ройгон карданд. Ю. ФАЙЗИЕВ.

Модари сарбоз аз деҳаи Чоркӯҳ Мавлуда Худойдодова аз иқдоми ватандӯстонаи фарзанди хеш изҳори хушнудӣ намуда қайд кард, ки ҷавонон маҳз дар артиши миллӣ дарси ҷавонмардиву инсонигариро ёд мегиранд. Даъваташаванда Шервон Турдиев аз деҳаи Ворух қавл дод, ки ӯву ҳамсолонаш бо хизмати аъло, иродаи қавӣ ва интизоми намунавӣ номбардори падару модар ва Исфараи нозанин мешаванд. Бо ибрози андешаҳои неку самимӣ доир ба ҳифзу гиромидошти обу хоки муқаддаси Меҳан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова ба наваскарон роҳи сафед орзу намуд. Мушоираи адабии гулдухтарони мактаби №6, намоишномаю сурудҳои санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр ва рақси наваскарону волидон ба маъракаи гусел рангу мазмуни хотирмон бахшид. Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.

ҚАДРИ КИТОБ

Бахшида ба ҳафтаи китоби кӯдакон дар китобхонаи деҳа чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мутахассиси китобхонаи марказии шаҳр Бахтиёр Холматов, мудири китобхонаи деҳа Икромиддин Деҳқонов, шоира Нодира Атохонова ва толибилмони мактабҳои деҳа доир ба қадру манзалати китоб суханронӣ карданд. Ба беҳтарин иштирокчиёни маҳфил адабиётҳои тозанашр тақдим карда шуд. И. ДЕҲҚОНОВ.

Хизмат қарзи мардон аст Хизмат ба Ватан қарзи ҳама мардон аст, Дурӣ зи Ватан шеваи номардон аст. Рав, бар ҳама ашхос бигӯ ҳарфи маро, Ин марзи Ватан ба аскарон пазмон аст.

В

оқеан, дар тӯли фаъолияти 24-солаи худ Артиши миллии кишвар аз чандин имтиҳони нангини таърихӣ гузашта, рӯз то рӯз пурзӯр гардидани ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷасорату мардонагӣ ва заҳмату талош баҳри оромии ин сарзамин, далериву ҷоннисории афсарону сарбозони бонангу номуси кишвар бараъло ба чашм мерасад. Имрӯз оромии кишвар ва осудагии мардум натиҷаи бехобиву ҷоннисории сарбозону аскарони далеру шуҷои Ватан мебошад. То бихобад миллате осуда дар болини хоб, Аскаре бояд, ки санги хораро бистар кунад. Дар яке аз ҳадисҳои пайғамбарамон, ҳазрати Муҳаммад (с) оварда шудааст, ки: “Дӯст доштани Ватан ва ҳимояи қавми худ аз гӯшаи имон аст”. Модоме, ки мо худро мусулмон мешуморем, пас ҳар яки мо муваззафем, ки баҳри ҳимояи ин сарзамин, таъмини оромии кишвар ва муҳайё сохтани шароити зиндагии арзанда баҳри наслҳои оянда ҷони худро дареғ надорем ва софдилонаву поквиҷдонона барои Ватани азизу маҳбубамон — Тоҷикистон хизмат намоем.

Сокини шаҳр, собиқадори меҳнат Турсунбой Ҷӯраев, ки дар даврони Шӯравӣ сарварии идораи хоҷагии оби шаҳрро бар ӯҳда дошт, имрӯзҳо ҳамҷоя бо аҳли оила бо истифода аз маблағҳои шахсӣ ба таъмиру тармими кӯпруки маркази деҳаи Чоркӯҳ машғуланд. Лозим ба ёдоварист, ки пояҳои кӯпруки деҳаи Чоркӯҳ соли гузашта дар пайи обхезиҳои афзун дар дарёи Исфара қисман хароб шуда буданду дар сурати мавсими баҳори имсола ҳам такрор

Н/И

Амали хайр

Таъмири кӯпрук аз ҳисоби оила шудани чунин ҳолат метавонист кӯпрук куллан корношоям гардад. Гузашта аз он писарони мӯйсафед шахсан дар корҳои бетонрезиву таҳкимбахшии пояҳои кӯпрук ширкат меварзанд. Агарчи худи Турсунбой Ҷӯраев бар асари куҳансолӣ

мисли ҷавонон бо белу каланд кор карда натавонад ҳам, лекин бо маслиҳатҳояш дастаи таъмиргаронро нерӯ мебахшад. Турсунбой Ҷӯраев мегӯяд, ки аслан фарзандонаш кайҳост, ки ба машваратҳои ӯ ниёз надоранд, чунки онҳо имрӯзҳо нозукиҳои кори худро ба хубӣ медонанд. Муҷиби ҳузури ӯ дар макони кор бошад, ҳамагӣ азми дидани барқароргардии кӯпруки 37 сол муқаддам дар сохтмонаш ширкаткардаи ӯ мебошад.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.