"Насими Исфара", № 13, от 9 апреля 2019 года

Page 1

АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 13 (9296) *** Сешанбе, 09. 04. 2019

ИСФАРА

"Табиист, ки ҳар як давлат барои таъмини суботу оромии ҷомеа, амнияти миллӣ, ҳимояи сарҳадоти худ ва муқовимат ба амалҳои тахрибкоронаи гурӯҳҳои ҷинояткори муосир ба Қувваҳои Мусаллаҳи тавоно, кадрҳои низомии сатҳи баланди тахассусӣ, ҷавонони соҳибкасбу ватандӯст ва ҳушёру зирак ниёз дорад". НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Аз 4 то 6 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жаниш Разақов ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Т

авре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои давом додани кашидани гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда, оид ба ивази эҳтимолии қитъаҳои замин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади бартараф кардани реза-қитъаҳо ва порча-қитъаҳо, инчунин таъмини амну субот дар сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва ба анҷом расонидани харитаҳои бузурги делимитатсионии топографии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расонида шуд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар асоси манфиати мутақобила ба анҷом расонидани муайянсозии хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки кафили субот ва ҳамсоягарии нек дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мегардад, баён намуданд.

Тоҷикистон, Тоҷикистон! Мекунам шукри каму бисёри ту, Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту, Аз ту ман сарват намехоҳам, Ватан ҳастӣ бас аст! Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст. Баъди хатми донишгоҳ ҳамроҳи додарам Ҳусейнҷон тасмим гирифтем, аз деҳаи Зархоки ҷамоати Хонобод барои адои рисолати ҷавонмардӣ, қарзи Ватан – Модар ва ҳимояи марзу буми он ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равем. 20 майи соли 2017-ум дар комиссариати ҳарбии шаҳрамон аз муоинаи тиббӣ гузаштем. Шукрона кардем, ки лоиқи хизмати ҳарбӣ гаштем ва худи ҳамон рӯз бо падару модарам ва аҳли пайвандонамон хайри хуш намуда, барои адои ҳам қарзу ҳам фарзи Ватан рафтем. Тӯли як сол дар пойтахтамон шаҳри Душанбе дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат

Дар комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ, афсарону аскарони қисмҳои низомӣ, собиқадорон, наврасону ҷавонон ва волидони даъватшавандагон маросими гусели гурӯҳи аввалини наваскарон ба хизмати Модар-Ватан дар мавсими баҳори соли 2019 баргузор гардид.

Ташрифи раиси вилояти Суғд ба Исфара Имрӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи сиёсиву ҷамъиятӣ ва оғоз бахшидани сохтмони якқатор сохтмонҳои иҷтимоӣ аз деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳ боздид ба амал меорад.

Гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ Ҷ

авонмардони асили диёрро муовини раиси шаҳр Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода бо накӯтарин таманниёт сидқан муборакбод гуфта, аз онҳо даъват намуд, ки ба Ватан содиқонаву софдилона хизмат кунанд ва бо сари баланд ба назди волидони худ баргарданд. Мавсуф хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароитҳои хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар

Дар Исфара даври шаҳрии фестивали "Ҳунар беҳтар аз зар бувад" баргузор гардид.

О

шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин раиси Шӯрои собиқадорони меҳнат Ҷамолиддин Нуриддинов, модари даъватшаванда Оминахон Фозилова ва муовини раиси шӯрои собиқадорони раванди барқароркунии сохти конститутсионӣ Икром Юсупов баромад намуда, ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори миннатдорӣ карданд. Сарбози ба тозагӣ аз адои хизмати ҳарбӣ баргашта Меҳрон Ҷӯрабоев аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷавонон набояд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ

кунанд. Зеро аскарӣ ба ҷуз адои қарзи шаҳрвандӣ будан, мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилона мебошад. Даъватшаванда Меҳрон Бобоҳоҷиев аз номи наваскарон баромад намуда, баробари ваъдаи хизмати содиқона ба Ватан, аз ҳамаи ҳамсолони худ даъват ба амал овард, ки қарзи ҷавонмардии худро дар назди мардуми меҳан бошарафона иҷро намоянд. Барномаи фарҳангии саршори меҳру муҳаббати ватандорӣ анҷомбахши тантанаи гусели наваскарон гардид.

2019-2021 - "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"

Ҳунар беҳтар аз зар бувад

н дар маҷмааи фарҳангию фароғатии "Навгилем" бо иштироки ҳунармандон аз ҳамаи қаннодӣ, дуредгариву армуғонсозӣ, ҷамоати шаҳраку деҳотҳо ва маркази гаҳворасозиву қуроқдӯзӣ, маҳсидӯзиву кулолгарӣ ва даҳҳоиҳунари шаҳр ҷараён гирифт. Дар саҳни маҷмаа ҳунармандон дигарро ба намоиш гузоштанд. Фестивал дар номинатсияҳои маҳсули дастранҷ ва навоварию "Беҳтарин таоми миллӣ ва нону навгонии худро дар самти ҳунарҳои "Беҳтарин ҳунари мардумӣ, аз қабили пухтани шириниҳо", мардумӣ бо истифода аз матоъ таомҳои милливу нону маҳсулоти

ва пашму пӯст", "Беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз чӯб ва гилу гаҷ" барпо гашт. Аз тарафи ҳакамони фестивал ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи номинатсияҳо муайян ва бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гаштанд. Барандагони ҷойҳои якум дар се номинатсия

Бино ба иттилои то ҳол дастрас гардида, бо иштироки раиси вилоят дар ҷамоати деҳоти Ворух дар маҳаллаи Сангтӯда ба бунёди мактаби нав, дар маҳаллаи Қалъача сохтмони толор ва майдончаи варзишӣ, ҳамчунин ба азнавсозии Қасри фарҳанг оғоз бахшида шуд. Интизор меравад, ки давоми рӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар МТМУ № 53-и ҷамоати деҳоти Ворух, дар бошишгоҳи саҳроии кооперативи тиҷоратии тухмипарварии "Чоркӯҳ" бо сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ мулоқот доир менамояд. Тафсилоти сафари кории раиси вилоят ба шаҳри Исфара дар шумораи оянда манзури хонандагони рӯзнома гардонида мешавад. С.Мамасолиев, М.Шодиева ва Ҳ.Аҳмедов дар бахши вилоятии фестивал ҳунармандони Исфараро муаррифӣ хоҳанд кард. Инчунин дар ҷараёни фестивал 12 нафар ҳунармандон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда шуданд. Барномаи фарҳангӣ ба ҳусни фестивал таровати тоза зам намуд. Фестивали мазкур аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр баргузор гашт.

Аз кӯлвори "Ватанпарвар"

Хизмати ҳарбӣ - давраи беҳтарини зиндагӣ намудем. Хизмат лаҳзаи беҳтарин ва хотирмонтарини ҳаётамон гашт. Аз ҳар гӯшаи кишварамон ҳамхизматон доштем, ки тӯли як сол дар як ҷой хизмат намудем. Пеш аз ба хизмати ҳарбӣ рафтанам як шеъреро хонда будам: Дӯстон се навъанд ар бидонӣ: Забонианду нонианду ҷонӣ. Ба нонӣ нон бидеҳ, аз дар биронаш, Навозиш кун ба ёрони забонӣ. Валекин ёри ҷониро нигаҳ дор, Ба ҷонаш ҷон бидеҳ, гар метавонӣ. Вале маънии онро нафаҳмидаву надида будам. Шояд то ба он дам, ки чӣ гуна аст, намефаҳмидам. Баъди ба хизмат рафтанам дар ҳаёт се навъи дӯстонро фарқ намудам. Дар хизмат хеле чизҳои ҷолиберо омӯхтам, ки дар

зиндагӣ истифода мебарам. Шароити хизмат беҳтарин буда, қаноатманд гаштам. Пас аз ду моҳи хизматамон моро роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, ки он вақт раисии ҷамоати Хонободро бар ӯҳда доштанд, Суруриддин Зиёваддинзода, барои аёдат ва хабаргирии ҳолу аҳволамон рафтанд, ки аз ин хеле шод шудем. Мутаассифона, як сол хеле тез гузашт ва мо хизматро ба итмом расонидем. Ба назди падару модарамон бо сари баланд баргаштем. Баъди адои хизмат бо фармони Вазири мудофиаи кишварамон генерал – полковник Шералӣ Мирзо соҳиби рутбаи лейтенанти хурд гаштем. Дар ҳар ҷашну тӯю маъракаҳо ба манзилгоҳҳои ҳамхизматон даъват мешавем, аз ҳолу аҳволи якдигар

хабар гирифта, ба рӯзи некашон шодишарик ҳастем. Бо ҳамин мақсад ба ҳамаи ҷавонони Исфара гуфтаниам, ки шароити хизмат беҳтарин буда, боварӣ дорам шароите, ки дар хизмати ҳарбӣ вуҷуд дорад, он шароит дар аксарияти хонадонамон муҳайё нест. Аз ин лиҳоз ҷавонон ба ҳар гуфтаву шунидаҳояшон бовар накарда, барои адои қарзи ҷавонмардии худ ба хизмати Ватан раванд, зеро хизматро мактаби мардонагӣ меноманд. Мо мардем, бояд мардонавор хизмат кунем. Хизмати ҳарбӣ давраи беҳтарин ва нотакрори зиндагӣ аст. Пас аз якчанд моҳи адои хизмати ҳарбиам бо дастгирии роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр С. Зиёваддинзода дар мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба фаъолият шурӯъ кардам. Ҳасанҷон ИСОЕВ, мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандон.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
"Насими Исфара", № 13, от 9 апреля 2019 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu