"Насими Исфара", № 13 от 6 апреля 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 13 (9428) *** Чоршанбе, 6. 04. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Роҳи бозору истгоҳи марказӣ низ мумфарш шуд Шаҳри Исфара бо амалишавии иқдомҳои созандаву ободкоронаи шаҳрдорӣ рӯз аз рӯз ба яке аз шаҳрҳои зебову хуррам ва шукуфои кишвар табдил меёбад.

гардиши фурудгоҳ бо дарозии 800 метр ва паҳноии 32 метр мумфарш карда шуд. Фармоишгари корҳо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, пудратчиёни роҳ ҶДММ «Ваҳдат-2017» - и шаҳри Хуҷанд ва Муассисаи назорати давлатии истифодабарии роҳҳои ар ин радиф таъмиру автомобилгарди шаҳри Исфара мумфаршкунии роҳҳо дар мебошанд. шаҳру деҳот бомаром идома Роҳсозон ба сифати масолеҳ ва дорад. Ахиран мумфаршкунии яке иҷрои корҳои таъмирӣ аҳамияти аз кӯчаҳои асосии маркази шаҳр, махсус зоҳир намуда, корҳои тахту кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамворкунӣ, мустаҳкамнамоии ба анҷом расид. қабати роҳ ва мумфаршкуниро дар Ин амали хайр дар заминаи муҳлати кӯтоҳ ва босифати баланд дастуру супоришҳои бунёдкоронаи анҷом доданд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Бояд тазаккур дод, ки дар - Пешвои миллат, Президенти доираи маъракаи густурдаи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ мумфаршкунии роҳҳо дар шаҳри Раҳмон ва бо маблағгузории Исфара бо дастгирии раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода давлатии вилояти Суғд сурат ҳамчунин 6 км роҳи хиёбони ба гирифт. номи Исмоили Сомонӣ бо харҷи 8 Бояд қайд намуд, ки роҳи мазкур миллион сомонӣ мумфарш карда аз назди бозори марказии шаҳр то мешавад.

Д

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати шашум)

ҚАРОР аз 17 марти соли 2022 № 11/7

шаҳри Исфара

“Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати шашум аз 30.12.2021, № 10/5 “Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2022” Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, банди 2 моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”, бо назардошти Амрномаи раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 9 феврали соли 2022, №03-А ва суратҷаласаи Шӯро оид ба танзими фаъолияти реклама аз 18 феврали соли 2022, иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара қарор мекунад: 1. Ба банди 3 қарори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум аз 30 декабри соли 2021 тағйирот ворид карда шуда, меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгир кардани рекламаи берунӣ мутаносибан 20 сомонӣ барои рекламаҳои одӣ ва 30 сомонӣ барои рекламаҳои мураккаб (бо истифодаи технологияҳои ҳозиразамон) барои 1 метри мураббаъ дар як моҳ муайян карда шавад. 2. Қарори мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ ба амал бароварда шавад. 3. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара оид ба ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет вогузор карда шавад. Раиси Маҷлис Баҳоваддин Баҳодурзода.

Минбаъд содироти маҳсулоти ҶДММ «Баракат – Исфара» ба Малайзия ба роҳ монда мешавад. Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муассиси ҶДММ «Баракат – Исфара» Борис Игнатенко ва директори генералии ширкат Дилшод Ҷабборӣ тазаккур дода шуд, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Содироти маҳсулоти ҶДММ "Баракат - Исфара" ба Малайзия

миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар аст. Дар ин росто бояд захираву имконият самаранок истифода гардида, корхонаҳои мавҷуда низ фаъолияти худро боз ҳам беҳтар намоянд», — иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода. имни мулоқот ҷонибҳо доир Иттилоъ дода шуд, ки ба фаъолияти имрӯзаи ҶДММ «Баракат-Исфара» корхона ва тавсеаи фаъолияти яке аз корхонаҳои муваффақ он мубодилаи афкор намуданд. буда, дар он 140 нафар кор Раиси вилоят аснои суҳбат мекунанд. Корхона ба банду таъкид кард, ки Пешвои баст ва коркарди мева машғул миллат, Президенти Ҷумҳурии буда, маҳсулоти он ба шаҳрҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Москва, Санкт-Петербург ва Раҳмон дар Паёми худ ба дигар минтақаҳои Русия содирот Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026- мегардад. Маҳсулоти «Баракатро Солҳои рушди саноат эълон Исфара» дар Чехия, Туркия, намуданд. Канада низ серхаридор буда, «Мақсад аз эълон шудани бо соҳибкорони Малайзия низ панҷсолаи рушди саноат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидан ба ҳадафҳои стратегии расид ва минбаъд содироти

З

ДАР МАРКАЗИ ШАҲР Гурӯҳи аввалини ҷавонони синни даъватии шаҳри Исфара, ки ихтиёран, бо амри дилу виҷдон азми хизмати Ватан - Модар карданд, ботантана ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.

маҳсулот ба ин мамлакат низ ба роҳ монда хоҳад шуд. Муассис ва роҳбарияти корхона ҳамзамон маълумот доданд, ки барои бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва фаъолсозии хатҳои нави истеҳсолӣ аз ҷониби мутахассисон корҳо ҷараён дошта, ояндаи наздик коркарди меваҷоти хушсифат зиёд карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи мазкур маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст.

Гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Б

а ин муносибат дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази шаҳр бо ширкати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайну пайвандони ҷавононе, ки хизмати Ватан - Модарро ихтиёр намудаанд, ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни ҳамоиш изҳор дошт, ки «нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъватӣ гувоҳӣ медиҳад. Зеро дар нахустин рӯзи маъракаи даъвати баҳорӣ ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ ва шаҳраки Нурафшон аз иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи даъватӣ бо сарбаландӣ мужда расониданд». Зикр шуд, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд. Бузургмардоне, чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигарон, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандории мо - тоҷикон мебошанд. Ва маҳз рӯҳи бегазанди онҳо имрӯз

ҳомиёни ояндаи Ватанро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят менамояд. Ширкатдорони ҳамоиш аз муқаддас будани Ватан ва ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, бо зикри зарурати дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони соҳибистиқлол ва шарафу номуси миллат, ба ҷавонон дар адои хизмати аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназир таманно намуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин собиқадори меҳнат Гулафзо Савриддинова ва модари даъватшаванда аз деҳаи Кулканд

Ӯғулхон Қудратова ба ҷавонони дар мавсими баҳорӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда барои дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ изҳори сипос карданд. Сарбози навдаъват Аҳадҷон Қудратов изҳор дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мукаммали ҳаёт ва обутоби ахлоқиву ҷисмонӣ, арсаи далерию мардонагӣ мебошад ва ҷавонони синни даъватӣ барои ба ҷо овардани хизмати Ватан Модар бояд камари ҳиммат банданд. (Давомаш дар саҳ 2).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
"Насими Исфара", № 13 от 6 апреля 2022 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu