Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 13 (9195) *** Чоршанбе, 05. 04. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Набзи мақомоти иҷроия
Хоҷаи Аъло: аз саҳми замин то кӯдакистони хусусӣ Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо мардум мулоқот кард.
Н
ахуст шаҳрдори Исфара бо ҷараёни бунёди майдончаи болопӯшидаи сунъии футбол дар деҳаи Чоркӯҳ ва раванди таҳсил дар МТМУ № 24-и деҳаи Хоҷаи Аъло шинос шуд. Сипас дар қисмати ифтитоҳии вохӯрӣ раиси шаҳр оид ба ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара сухан ронд. Зикр намуд, ки дар асоси вазифагузориҳои Пешвои миллат ва мутобиқи нақшаи чораН/И
биниҳо вохӯриву мулоқотҳои раиси шаҳр бо сокинони шаҳру деҳоти Исфара ташкилу баргузор карда мешавад. Дар мулоқоти худ раиси шаҳр ба масъалаҳои таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, бунёди марказҳои атласу адрас ва қолинбофӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта, ҷалби насли ҷавон ба омӯзиши илму дониш, азхудкунии фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникат-
Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ
Шӯрои бонувони ҲХДТ таъсис ёфт
Маҷлиси раёсати кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара барпо гардид.
Дар он масъалаҳои “Рафти иҷрои қарори раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара “Дар бораи роҳандозии банди якуми нақшаи чорабиниҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара оид ба амалигашти дастуру супоришҳои Раиси ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 4-уми декабри соли 2015 оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо баҳри пойдории амният, муборизаи зидди ифротгароӣ, терроризм, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва равияҳои ғайриқонунии мазҳабию динӣ”, аз 12 -уми феврали соли 2015 , №2/3”, “Таъсиси шӯрои занони назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара” ва масъалаи ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯйи масъалаи якум раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Асадуллоев Б.Ҷ. гузориш пеш овард ва аъзои раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб: раиси шаҳр Расулзода Д.Ҷ., муовини аввали раиси шаҳр Қосимӣ С., узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шораҳматов А.Ш., раиси ҷамоати шаҳраки Нурафшон Эгамзод М.М. ба музокира баромаданд. Аз рӯйи масъалаи дуюм аз ҳисоби бонувони озмуда ва чеҳраҳои нав шӯрои занони назди кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иборат аз 13 нафар таъсис ёфт. Аз рӯйи масъалаи сеюм Алиматова М.А. бинобар дар нафақа будан аз вазифаи муовини раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ озод карда шуд.
сионӣ ва касбу ҳунарҳои муосир, таълиму тарбияи насли наврас, ҳолати фарогирии толибилмон ба зинаи сеюми таҳсилот, дохилшавии хатмкунандагони мактабҳои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ҷамъоварии маблағи қувваи барқи истифодашуда, маъракаи даъвати баҳоронаи ҷавонон ба хизмат дахл намуд. Дар қисмати дуюми вохӯрӣ ширкаткунандагони мулоқот бо саволу дархостҳои худ ба раиси шаҳр муроҷиат намуданд. Аз ҷумла сокинони деҳа дар иртибот ба масъалаҳои ободонии маҳал, муаммои саҳм ва сертификати замин, бунёди толори варзишӣ, сохтмони кӯдакистони хусусӣ, баҳси амвол, таъминот бо қитъаҳои замини наздиҳавлигию оби нӯшокӣ ва ғайра ибрози андеша карданд. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ барои ҳалли масъалаҳои аз ҷониби шаҳрвандон дархостгашта ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Тасдиқи рамзи "Соли ҷавонон"
П
резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз миёни якчанд намуди рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар атрофаш ҳалқаи сабз тасвир ёфтааст, ки аз сарсабзии кишвар ва озодии ҷавонон шаҳодат медиҳад. Дар ҳалқа матни «СОЛИ ҶАВОНОН» ва «2017» ҷойгир шудааст, ки ифодагари моҳияти рамз мебошад. Дар мобайни рамз курраи замин, дар рӯи он харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами миллӣ ва тоҷ ҷойгир буда, аз ягонагӣ ва соҳибистиқлолии давлат далолат медиҳад. Дар болои харитаи Тоҷикистон ба таври рамзӣ се нафар ҷавонони дастбадаст бо рангҳои ҳамшабеҳи Парчами миллӣ тасвир ёфтаанд, ки ифодагари муттаҳидӣ, хушбахтӣ ва созандагии насли наврас мебошад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли ҷавонон» васеъ истифода баранд.
-Ташрифи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмо- Н/И Руҳбаландӣ аз малӣ Раҳмон ба осоишгоҳ ва мулоқот бо ҷомеаи меҳнатии мо руҳбаландии бузургро ба амал овард,-мегӯяд директори ин муассисаи истироҳативу табобатӣ, вакили Маҷлиси шаҳрӣ Абдулмумин Ҳалимов. -Сарвари давлат дар баробари гузоштани санги асос барои сохтмони бинои баландошёна ва шинонидани дарахт дар ҳудуди осоишгоҳ, ҳамчунин баҳри пешрафт ва ободонии «Зумрад» якчанд дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла: -ташкили ҳуҷраи нафаси намакӣ (галакамера) барои табобати истироҳаткунандагон; -ворид намудани дастгоҳу рахтони ороишӣ; таҷҳизотҳои нави муосири Баланд бардоштани савияи тиббӣ, васеъ истифода бур- дониш, малакаи касбии кордани гиёҳҳои шифобахши мандон ва ҷалби мутахассикишвар, бахусус навъҳои сони баландихтисоси соҳаи гуногуни зардолу барои му- тиб; олиҷа. Ҳангоми суҳбат муовини -ҷалби васеъи сайёҳони хо- сардухтури осоишгоҳ Зуҳуриҷӣ; рулло Зоидбоев, табиб Фоти-боз ҳам зиёд намудани да- ма Мусоева, сардори шуъбаи
ташрифи Пешвои миллат
"Зумрад" симои нав мегирад
М
увофиқ ба нақшаи кории кумитаи дав- Н/И Нишаст латии ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони фаъол баргузор гардид, ки дар ҷа- мудири бахши ҷавонон, варраёни он масъалаи саҳми зиш ва сайёҳии мақомоти ҷавонон дар бартарафсозии иҷроияи ҳокимияти давлатии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ шаҳр Субҳиддин Шарофов мавриди баррасӣ қарор дода вобаста ба масъала намошуд. яндагони кумитаи ҷавонон, Сароғоз дар толор филми варзиш ва сайёҳии назди Ҳумустанаде бо номи «Аси- кумати ҶТ Исмоил Шерхонов, рони доми ҷаҳолат» намо- шуъбаи 1-уми ВКД ҶТ дар иш дода шуд, ки дар хусуси шаҳри Исфара Дилшод Икропаёмадҳои фоҷианоки шо- мов, шуъбаи рушди иҷтимоӣ милшавии ҷавонон ба ҳизбу ва робита бо ҷомеаи мақомоҳаракатҳои террористиву ти иҷроияи ҳокимияти давлаэкстремистӣ ҳикоят мекунад. тии шаҳр Ибромҷон Икромов Пас аз сухани ифтитоҳии ва шуъбаи кор бо занон ва
ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ва ҷои дӯстдоштатарини мардуми Тоҷикистони азиз ва сайёҳони хориҷӣ табдил ёбад,-иброз медорад сарвари осоишгоҳ Абдулмумин Ҳакимов. Ёдовар мешавем, ки барои сохтмони меҳмонхонаи баландошёна, бинои табобатӣ, маркази ташхисӣ-табобатӣ ва аквапарк хароҷоти беш аз 150 миллион сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст. Дар урфият «Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост» мегӯянд. Аз иқдомҳои созандаи роҳкадрҳо Мунира Сангинова, барияти ҶСП «Сомонсуғд» сармуҳандис Қутфуллохон (сарвараш Нарзулло СоҳиБафоев ва муовини директо- бов), ки осоишгоҳ тобеи он ри осоишгоҳ Абдусалом Со- аст, боварӣ дорем нақшаву лиев низ таассуроти рангини ниятҳои эшон дар вақташ ва хешро аз мулоқот бо Пешвои бо сифати баланд амалӣ мемиллат баён доштанд. шавад. -Он рӯз дур нест, ки Мухтадил ҶӮРАЕВ. «Зумрад» ба яке аз осоишгоҳҳои ба стандартҳои
Нест бод ифротгароӣ!
оила Мавҷудахон Назирова маърӯза намуданд. Зимнан даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавонон бояд дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амния-
ти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори бошарафи ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд. Минбаъд чанде аз ҷавонони фаъол дар ҳошияи маърӯзаҳои шунида бо баробари ибрози қаноатмандии комил аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон дар иртибот ба роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ изҳори назар намуданд.