13 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

Оғози нашр 24/04/1932 ***

№ 13 (9148) ***

Чоршанбе,

6 апрели соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Аз кӯлвори "Ватандор

Гусели ботантанаи ихтиёриён

Майдони Исмоили Сомонии маркази шаҳр намуди идона дошт. Пиру барно барои гусели наваскарони бо амри дил ба хизмати Модар-Ватан азм карда ҷамъ омада буданд.

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ наваскарон ва иштирокдорони тантанаро бо ин рӯзи фаромӯшнашаванда самимона табрик намуд. Зикр сохт, ки рӯҳияи эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар байни ҷавонони Исфара торафт боло меравад. Тантанаи имрӯза далел ба ин гуф-

Дар Исфара фестивали шаҳрии "Либосҳои миллӣ" доир карда мешавад.

таҳост. Аллакай беш аз 100 нафар ҷавонписарони бонангу номус ба хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон омода будани худро изҳор карданд. Шоистаи қайд аст, ки дар рӯзи аввали гусел ҷамоатҳои шаҳракҳои Нурафшон, Шӯроб ва Нефтобод нақшаи даъвати баҳоронаро иҷро намуданд. Аз

ҷамоатҳои деҳоти Навгилем 21 нафар, Чоркӯҳ 17 нафар ва Чилгазиву Кӯлканд 10 нафарӣ ба хизмати ҳарбӣ омода шуданд. Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати тарбияи ворисони арзандаи падарони шӯҳратманд ёдовар гашта, чун мисоли мушаххас ҷавондухтари Исфарагӣ Зӯҳро Давроноваро, ки дар Мактаби олии ҳарбӣ муваффақона таҳсил менамояд, боифтихор қайд намуд. Сарвари шаҳр ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона таманноҳои нек дархост кард. Наваскар аз деҳаи Чилгазӣ Аҳмадхӯҷа Акрамов ҳамаи ҳамсолони худро даъват намуд, ки қарзи ҷавонмардии худро дар назди Ватан бошарафона иҷро намоянд. Модари даъватшаванда аз деҳаи Кӯлканд Оминахон Эшонова, ки дуюмин фарзандаш ҳам хизмати ҳарбиро ихтиёр кардааст ва собиқадори меҳнат Алиҷон Абдуллозода бобати шароитҳои хуби хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ, нангу номуси ватандорӣ, сазовори боварии волидайн ва ҳамдиёрон гаштани наваскарон ҳарф зада, ба онҳо фотеҳаи нек доданд. Барномаи рангини фарҳангӣ анҷомбахши тантанаҳои гусели наваскарон гардид. С. АЗАМАТ.

мардона-дар алоҳидагӣ 3 ҷой), либоси расмӣ барои ҷавонон ва миёнасолон (занона ва мардона-дар алоҳидагӣ 3 ҷой), либоси миллии қадима (занона ва мардона-дар алоҳидагӣ 3 ҷой), либоси Дар ин хусус қарори марбутаи раиси идона (занона ва мардона-дар алоҳишаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба дагӣ 3 ҷой) муқаррар карда шуда, дар имзо расид. ҳар намуди либос ғолибон муқаррар Мақсад аз баргузории он рушди соҳаи Фестивал дар чор давр баргузор ва бо тӯҳфаҳои махсус қадрдонӣ карда саноати сабук ва ривоҷи истеҳсоли ма- гардида, ғолибони озмуни шаҳрӣ ба мешаванд. тоъҳои миллӣ, тарғиби сару либоси аз даври вилоятӣ роҳхат мегиранд. ОзҲар як тарроҳ ва иштирокчии фестиҷиҳати экологӣ безарар ва баланд бар- мун барои беҳтарин либоси кӯдакона вал бояд аз ҳар намуд на кам аз 2-3 доштани завқи либоспӯшии миллӣ ва ( дар алоҳидагӣ 3 ҷой), рӯзмарра ба- адад либосҳоро пешниҳод намояд. зебоипарастӣ мебошад. рои ҷавонон ва миёнасолон (занона ва

Н/И

Н/И

Анъана

Фестивали "Либосҳои миллӣ"

Аз мулоқотҳои раиси шаҳр

Боздид аз "Бедак" Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз дидбонгоҳи сарҳадии «Бедак» дидан намуд. Боздиди раиси шаҳр дар партави вазифагузориҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, зимни он Дилшод Расулзода бори дигар оид ба нақши сарҳадбонон

дар таъмини амнияти кишвар, ҳифзи марзу буми Тоҷикистон ҳарф зад. Таъкид дошт, ки оромии кишвар ва машғул шудани аҳолӣ ба корҳои созандагӣ аз шабҳои бедорхобии сарҳадбонон ва садоқати онҳо ба Ватан сарчашма мегирад. Гуфтанист, ки дидбонгоҳи дурдасти сарҳадии «Бедак» дар минтақаи баландкўҳи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир буда, дар масоили марзӣ яке аз минтақаҳои доғ ба ҳисоб меравад.

Дар маҳаллаҳои шаҳр

Н/И

Таассурот аз ташрифи Пешвои миллат

Шарафи бузург даст дод Маъруф БУЗУРГХӮҶАЕВ, мудири шӯъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроия:

-Бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва таъмини рушди ояндаи он пайваста дар сатҳи мақомоти иҷроия корҳои зиёде ба иҷро расонида шуда бошанд ҳам, зарурияти роҳандозии як механизми махсус ба миён омада буд. Дар ин доира пешниҳоди таъсиси Маркази хизматрасонии «Бизнес-инкубатор» ва Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ, ки соҳибкор тавонад дар як вақт ҳам тиҷорати худро таъсис намояд ва ҳам барои пешбурду рушди ояндаи он дастгиру муттако пайдо кунад, ба миён омаданд. Дар доираи вазифаҳои корӣ роҳбарияти шаҳр маро муаззаф сохтанд, ки дар бинои навбунёди соҳибкор Файзулло Нуриллоев оиди таъсиси Маркази хизматрасонии «Бизнес-инкубатор» ва Равзанаи ягонаи хизматрасонӣ, ки талаби давру замон аст, корбарӣ намоям. Дар мӯҳлатҳои муқарраршуда марказҳои мазкур таъсис ёфтанд ва ба истифодадиҳии он ба сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омад. Санаи 24-уми марти соли 2016 воқеан ҳам рӯзи фаромӯшношуданӣ аст, зеро он рӯз ба ман шарафи бузурги муаррифии марказҳои мазкур ба Пешвои миллат даст дод. Бовар кунед, вақте Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди бино гардиданд ва дасти маро фишурданд, маро эҳсосоти нотакроре фаро гирифт. Гӯиё ба ҷойи Дил Офтобро дар тани ман ҷой карданд. Дар Дили ман ягон зарра ҳам ҳиссиёти дигар набуд. Чунон равшан, чунон пурҷило буд…. медурахшид…

Қадами муборак - сабаби ободиҳо

Сабурхон АМОНУЛЛОЕВ, и.в. мудири бахши фарҳанг:

-Наврӯзи имсола барои сокинони шаҳру деҳотамон хотирмон ва таърихӣ буд, зеро дар доираи ҷашнгирии ин ид ба Исфара сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланд ҷараён гирифт. Аснои мулоқот Роҳбари давлат аз меҳру муҳаббати худ нисбат ба шаҳри Исфара, мардуми меҳнатписанду ташаббускори он бо самимият сухан карда, мардумро ба меҳнати фидокорона ва шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол даъват намуданд. Президенти мамлакат аз мусоид омадани обу ҳаво ва ҳосили фаровони имсолаи зардолу, ки ифтихори мардуми тоҷик аст, хушҳолӣ карда, супориш доданд, ки анъанаи хуби парвариши зардолу ва содироти онро ба дигар манотиқи Ҷумҳурӣ ҳам омӯзонанд. Воқеан, қадами мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар куҷое, ки расад, дар он ҷо албатта ободию хушҳолии мардум эҳсос карда мешавад.

ҳуҷҷат супоридаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили пешин зиёд мебошад. Дар ин мулоқот раиси шаҳр доири масъалаҳои меҳварии Паёми Дар як қатор маҳалПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон лаҳои шаҳр мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва Расулзода Д.Ҷ. доир шуд. зарурату аҳамияти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар суханронӣ Нахуст дар толори МТМУ № 6 му- намуд. лоқоти Расулзода Дилшод Ҷабборӣ Вобаста бо масъалаҳои пешгибо сокинони маҳаллаи Сари Осиё рии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу барпо гардид. ҳаракатҳои ғайрирасмиву ифротҚабл аз мулоқот раиси шаҳр аз гаро, оқибатҳои ногувори эҳтиром нуқтаи бақайдгирии Маркази мил- нагузоштани баъзе шаҳрвандон ба лии тестӣ, ки дар МТМУ № 6 фаъ- қонунҳои амалкунанда, зарурияти олият дорад, дидан намуд. Бино ба адои хизмати ҳарбӣ ба ҷавонон ва маълумот қабул аз 1-ми март оғоз шинохти масъулияти шаҳрвандӣ шуда, то 15-уми апрел давом хоҳад ибрози андеша кард. кард. То имрўз 1156 нафар довталаб Дар навбати худ сокинон дар

иртибот ба масъалаҳои ободонии маҳалла, ба роҳ мондани ҳаракати яксамтаи нақлиёт дар кўчаи паси бозори марказӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ, масъалаҳои экологии вобаста ба фаъолияти корхонаҳои консерв ва спиртбарорӣ ва ғайра таклифу дархостҳои хешро баён доштанд. *** Дар раванди мулоқот бо сокинони маҳаллаҳои Гузари Эшон, Носиробод, Ҷўи боло ва ба номи Лутфӣ Саиди маркази шаҳр, ки дар толори маҷмааи «Оятулло» сурат гирифт, сокинон ба бунёди бунгоҳи тиббӣ, вазъи ободонии кўчаҳо, ҳолати санитариву гигиении маҳаллаҳо, тоза кардани канали Зарбофт, таъминоти мардум бо об ва ғайра изҳори назар намуданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.