12 2018 20 март

Page 1

То ба гардун сухани Наврӯз аст, Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст. Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 12 (9243) *** Сешанбе, 20. 03. 2018

"Наврӯз аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона: дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстӣ, хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад." Эмомалӣ Раҳмон.

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Саломзода Сиҷоуддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара:

Қудуми сабзи Наврӯз бароятон муборак бод!

Ҳамдиёрони азиз. Инак, бо фаро расидани фасли гулу эҳёи табиат дар саросари кишварҳои хуршедии ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони кӯҳанбунёди мо, қадимтарин ва зеботарин иди мардумӣ, баёнгари рўзи тоза, ҷашни озодагӣ ва озодагон - Наврӯзи ҷаҳонафрӯз дар сатҳи шоиставу олӣ таҷлил мегардад. Бино бар суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Наврӯз таърихи зиндаву бедор, пояндагиву ҷовидонагӣ, ному нанг, ифтихору шараф ва ҳувияту бақои миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аст, ки бо гузашти 6 ҳазор сол ба тамаддуни ҷаҳонӣ хоса роҳ ёфтаву мақоми шоиставу бузурги зиндагисозро пайдо намудааст”. Дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки миллати тоҷик сарнавишти давлати худро ба дасти худ гирифт, Наврўз дар кишвари мо бо шарофати иқдомоти пайгиронаи фарҳангиву тамаддунпарваронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу ҷалоли худро аз нав пайдо кард ва ба ҷашну сурури

умумимиллӣ табдил ёфт. Боиси ифтихору сарфарозии мост, ки соли равон дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об - 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти

Суғд Ҷамолиён Ҷовид Илҳомзода, муовини раиси шаҳр Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода, муовини директори корхонаи сарпараст, муовини директори кулли ҶСК "Корхонаи кимиёвӣ" Ба ифтихори Ғайрат Мақсудов, намояндагони фарорасии ҷашни раёсати маориф ва кумитаи Наврӯзи Аҷам дар падару модарон доир гардид. мактаб-парваришгоҳи Дар ин рӯз аз тарафи ҶСК махсуси бачаҳои қувваи "Корхонаи кимиёвӣ" барои 79 нафар тарбиятгирандагон босираашон суст ва дастархони идона густурда шуда, зарири шаҳр маҳфили меҳмонони фахрӣ муҳассилинро идона ороста шуд. ба ифтихори Наврӯзи ҷаҳонӣ муборакбод гуфта, барояшон н бо ширкати намояндаи дар фатҳи қуллаҳои мақсуд мақомоти иҷроияи муваффақияту музаффариятҳо ҳокимияти давлатии вилояти таманно карданд. Н/И

Наврӯзиҳо

Шодии кӯдакон

О

мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Дӯстони гиромӣ. Таърих гувоҳ аст, ки мардуми фарҳангиву ҳунарманди Исфара ҳанӯз аз қадимулайём дар

Ба ифтихори Наврӯзи байналмилал фестивал - озмуни шаҳрии телевизионии "Хушдилон ва ҳозирҷавобон" оғоз шуд.

Т

авре корманди бахши фарҳанги шаҳр Фарҳодҷон Мамадов иттилоъ дод, ҷиҳати ширкат дар озмун 26 даста аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои таълимӣ ва Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара омодагии худро изҳор доштаанд. Озмун дар се давр моҳҳои март, апрел ва май сурат гирифта, дастаи мақоми аввалро ишғолнамуда бо 1500 сомонӣ, ҷойи дуюм бо 1000 сомонӣ ва

маросимҳою ҷашнҳо, ба монанди «Наврӯз», «Сайри гули лола», «Бойчечак» суруду таронаҳои ҷашнӣ, оҳангҳои дилфиреб навохта, мардум дастҷамъона нақшхонӣ мекарданд. Дар замони имрӯз низ ҳангоми расидани Наврўз дастархони идонаи худро бо ҳафтсин ё ҳафтшин меороянд, ба хонаи ҳамдигар бо либоси тозаву чеҳраи пуртабассум мераванд, орзуҳои неки осудагию оромӣ ва фаровонию сиҳатмандиро иброз медоранд. Ба ин маънӣ, ҷашни Наврӯз аз аҷдодон ба мо беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстиро ба мерос мондааст. Дӯстони арҷманд. Мавриди зикр аст, ки сокинони шаҳру деҳоти Исфара аз иқдомоту тозакориҳои роҳбарияти шаҳр ҷиҳати тозаю озода кардани кӯчаву хиёбонҳо, таъмиру ободонии иншоот ва кабудизору гулзорнамоии маҳалли зисти хеш амалан ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин ба ифтихори ин ҷашни саид дар ҷамоати деҳоти Хонобод 2 иншооти навбунёд - коргоҳи коркарди меваи хушк дар корхонаи “Субҳи Ватан” ва як варзишгоҳи хурди замонавӣ, инчунин дар муассисаи таълимии литсейи №1 маҷмааи муосири варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор ёфт. Нақшаву ният ва тарҳу лоиҳаҳои созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи мо хеле зиёданд ва боварии комил дорем, ки мардуми меҳнатқарин ва ободкори мо дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳои нек кумаку мусоидат хоҳанд кард. Дар интиҳо бароятон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, ба аҳли хонаводатон солимиву тандурустӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор таманно дорам. Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!

ШАМСИДДИНЗОДА Мавзуна Шарофиддин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Cарсабзии наврӯзӣ хоҳонам Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ки сокинони сарбаланди Тоҷикистон, мардуми машриқзамин ҷашни бузург – Наврӯзи байналмилалро таҷлил намуда истодаанд, бароятон хуррамиву сарсабзии наврӯзӣ, баҳори неку файзбор, тандурустиву саодати рӯзгор ва муваффақияту комёбиҳо орзу менамоям. Таманнои онро дорам, ки файзу баракати дастархони хонадони Шумо дучанд афзояд, кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсафи давлатҳои пешрафта гардад ва кулли фарзандони бонангу номуси мо парчамбардори миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ бошанд. Наврӯзатон фархундаву муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Маҳфили "Хушдилон ва ҳозирҷавобон"

ҷойи сеюм бо 500 сомонӣ қадршиносӣ карда хоҳанд шуд. Қувваозмоии нахустин байни дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2 ва 52 сурат гирифт. Дастаҳо мувофиқ ба низомномаи озмун байни ҳам дар 7 бахш: намоиши дастранҷи ҳунармандони халқӣ ва ихтироъкорон, саломнома (яъне муаррифии даста), сарояндагӣ

(иҷрои суруд бо тариқи зинда), рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, саволу ҷавоб ва истеъдоди фавқулодда мусобиқа карданд. Дар ҷамъбаст аъзои ҳакамон ба дастаи МТМУ №2 145 хол ва ба дастаи МТМУ №52 137 холро муносиб донистанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.