12 2017 29 март

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24/04/1932 *** № 12 (9194) *** Чоршанбе, 29. 03. 2017

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

24 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ба шаҳрамон ташриф оварданд. Дар рӯзҳои таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

С

арвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат-Исфара" ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соҳибкорони Федератсияи Русия, ки 97 дарсадро ташкил медиҳад, бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Маблағи умумӣ барои бунёд ва ба таври пурра ба роҳ мондани фаъолияти ин корхона 3 миллион доллари амрикоӣ, ё худ 24

Оғози фаъолияти ҶДММ "Баракат - Исфара"

миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат-Исфара" коркарди маҳсулот бо истифода аз буғи гарм, нарм сохтани зардолу ва сиёҳолу, гирифтани донак, коркарди безараркунӣ, ташхиси озмоишӣ, ба навъҳо ҷудо кардан ва банду басти меваҳо ба роҳ монда шудааст. Маҳсулоти коркардшуда асосан ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико содирот мегардад. Дар коргоҳ 70 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд, ки аз ин ҳисоб 65 нафар зан ва 5 каси дигар мардон мебошанд. Маоши кормандон вобаста аз мавсими корӣ аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад.

Сарвари давлат бо фаъолияти корхона бевосита шинос шуда, ба корҳои анҷом додашуда баҳои баланд доданд. Барои коркарди босифати маҳсулоти меваи хушк дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

муфид доданд. Намояндагии корхона дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд ҷойгир буда, аз коргоҳи банду басти меваи хушк ва сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти худи корхона пешбинӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин дар маҷмӯъ дар ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Баракат-Исфара" ва филиали он дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд 170 нафар ба стеҳсолгарон навъҳои маҳсулоти аз корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд. Таъкид меваи хушк омодагардидаро низ ба шуд, ки дар сурати пешрафти кор имкон намоиш гузоштанд. Сарвари дав- аст, ки шумораи кормандон боз ҳам бештар лат аз маҳсулоти истеҳсолкардаи соҳибко- карда шуда, то ба 250 нафар ба фаъолият рон дидан карда, барои бештар фаро ги- дар ин коргоҳ ҷалб карда шаванд. Дастрифтани бозори дохилӣ ва зиёд намудани гоҳҳои дар ин корхона насбу васлгардиистеҳсолоту ба ҳамин васила кам кардани да, аз Русия ва Туркия харидорӣ шудаанд. талафоти ҳосили мева дастуру тавсияҳои Маҳсулоти корхона ба меъёри талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй мебошад.

И

Дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Исфара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ин шаҳри бостонӣ дар маросими баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ширкат варзиданд.

Ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ

шаҳомати махсус ва руҳияи идонаи наврӯзӣ пазироӣ карданд. Лозим ба зикри хос аст, ки иқдоми навсозии ин боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Бояд гуфт, ки ин гӯшаи шаҳр нообод буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву иқдомоти бунёдкорӣ ба як минтақаи муносиби истироҳатӣ ва сайргоҳи бошандагони шаҳри Исфара табдил дода шуд. окинони шукргузор ва Тибқи нақшаҳои меъмории тасваҳдатсарои шаҳри Ис- диқгардида, дар Боғи фарҳанфара Пешвои миллат, гӣ-фароғатии ба номи Саймуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо фуддини Исфарангӣ бунёди

С

дарвоза-даромадгоҳ, фаввора ва шаршараҳо, минбар - нишастгоҳи бо тарзи миллӣ кандакоришуда, роҳравҳо, нишастгоҳҳо, чароғонкунии ороишӣ ва сабзазору кабудизоркунии ҳудуди боғ ба масоҳати 2,8 гектар сурат гирифт. Дар ҳамин мавзеъ муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шуд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз болои муҷассамаи шоири тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ бардошта, ба фаъолияти ин боғ оғози расмӣ бахшиданд. Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ аз зумраи шоирони но-

мовари адабиёти тоҷику форси садаи ХIII буда, дар адабиёт ва шеъру шоирӣ мавқею мақоми хос ва дар илму фан манзалати воло доштааст. (Давомаш дар саҳ.3).


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.