Пайғоми Аҷам резад, Наврӯз муборак бод! Хуршеди Ҳамал хезад, Наврӯз муборак бод! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 11 (9426) *** Чоршанбе, 16. 03. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА якхелаи қонунҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ, инчунин муқовимат бо экстремизм ва терроризм басо бузургу назаррас мебошад. Дар ин радиф кормандони прокуратураи Ба муносибати Рӯзи шаҳр низ вазифаҳои бошарафонаи Раиси вилояти Суғд худро тавассути ба амал кормандони мақомоти Раҷаббой Аҳмадзода бо баровардани назорати прокурорӣ прокуратура дар бинои фаъолияти корхонаҳое, ки ҷиҳати иҷрои дақиқ ва якхелаи қароргоҳи ин ниҳод дар ба истеҳсоли орду равған қонунҳо, таъмини волоияти қонун, шаҳр маҳфили ҷашнӣ таҳкими қонуният ва тартиботи машғул ҳастанд, шинос баргузор гардид. ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат гардид. ва шаҳрвандон, пешгириву ар ҷараёни он раиси ошкоркунии ҳуқуқвайронкуниҳо аиси вилоят аз ҷумла шаҳри Исфара Баҳоваддин ва мубориза бо ҷинояткорӣ аз корхонаҳои калони Баҳодурзода кормандони муваффақона ва сарбаландона "Фаровон", "Зерновая компания" прокуратураи шаҳрро бо иди иҷро менамоянд. ва "Зуҳал", ки дар таъмини касбиашон табрику муборакбод Сипас, ба кормандони амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки прокуратураи шаҳр сипосномаҳо саҳму нақши мақомоти прокуратура ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим доранд, боздид намуд. Ба роҳбари вилоят маълумот ҳамчун яке аз ниҳодҳои муҳимми карда шуд. дода шуд, ки дар анбори давлатдорӣ дар бунёди ҷомеаи Дар ҷараёни нишасти мазкур демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ҳамчунин сардори ШВКД-1 ҶТ дар корхонаҳои истеҳсолӣ захираи ки таъмини волоияти қонун шаҳри Исфара ва сардори КДАМ лозимаи ғалла мавҷуд буда, асоси онро ташкил медиҳад, дар дар шаҳр таманниёти худро баён воридсозии ғалла аз хориҷ мунтазам ба роҳ монда шудааст. назорати риояи дақиқ ва иҷрои доштанд. Бо дастгирии Пешвои миллат
Захираи зарурии ғалла
Таҷлил аз Рӯзи касбӣ
Д
Р
Қадршиносии аҳли матбуот Роҳбарияти шаҳр бо баргузорсозии як маҳфили ҷашнӣ кормандони воситаҳои ахбори омма ва собиқадорони соҳаро қадршиносӣ намуд.
М
уборакбодии самимонаи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ба ифтихори санаи муҳимми таърихиву фарҳангӣ, 110 – умин солгарди рӯзи нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ «Бухорои Шариф» ва ҳам Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷониби муовини раиси шаҳр Бобоиён Мадина Абдуяқинзода ба аҳли қалам ва ҳам ба кулли алоқамандони матбуот баён гардид. Мавсуф ҳамзамон бо зикри нақшу мақоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот ҳамчун яке аз рукнҳои асосӣ, муҳимтарин ва пешбарандаи ҷомеа, инчунин дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Рӯзи матбуоти тоҷик, ба тасвиб расидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оиди ташкил ва баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ» ва Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма»ро нишони таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти олии кишвар ба ҷойгоҳи воситаҳои ахбори омма
ва гувоҳи болоравии эътибори аҳли матбуот арзёбӣ намуд. Тавре зикр гардид, агар то соли 1991 дар шаҳри мо танҳо як рӯзнома - «Насими Исфара», ки дар гузашта «Коммунисти Исфара» унвон дошт, ба табъ расад, алҳол маҷаллаи адабию фарҳангии “Ганҷи Исфара”, нашрияҳои хусусиву идоравии «Имрӯз», «Хазинаи маърифат», “Навиди Донишгоҳ”, инчунин «Телевизиони Исфара», Муассисаи ғайридавлатии «Радиои Исфара» ва намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» фаъолияти босамари эҷодӣ доранд. Ҳар яке аз онҳо дар доираи имконоти эҷодӣ ва техникии худ фазои иттилоотиро пур карда, дар самти инъикоси ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва
фарҳангию маънавии шаҳр кор мебаранд. Бобоиён Мадина Абдуяқинзода зимни муборакбодии аҳли қалам изҳор дошт, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу амният ва оромиву суботи ҷомеа ганҷи бебаҳо буда, рӯзноманигоронро зарур аст, ки вобаста ба таҳаввулоти замони муосир тарғиби сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамонро бештар ба роҳ монда, ба хотири таъмини амният ва ҳифзи ин сарзамини муқаддас аз тамоми неру ва қобилияти эҷодии худ истифода намоянд. Вазифаи ҳар як соҳибқалам он аст, ки минбари суханро барои ҳифзи сарзамини муқаддас, амнияти давлат, тарғиби худогоҳиву худшиносии миллӣ, ғояҳои ватандӯстӣ, эҳтиром ба
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон асъори хориҷиро бемамоният аз бонкҳо дастрас намуда, ғалларо ворид ва коркард карда истодаанд. Бинобар 15 дарсад боло рафтани нархи ғалла дар минтақа, ки маҳсулоти воридшаванда аст, болоравии арзиши орд ба мушоҳида мерасад. Дар бозорҳо ҳоло нархи 50 килограмм орд 300-310 сомонӣ аст. Захираи маҳсулот дар корхонаҳо мавҷуд буда, барои таъмини аҳолӣ бо орд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат барои ба эътидол овардани нархи маводи ғизоӣ чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, барои танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввал ҳар ҳафта ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд. анъанаҳои фарҳангӣ, рушду густариши забони давлатӣ истифода карда, дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва мардуми шарифи кишвар ҳаргиз бетараф набошад. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як қатор кормандони васоити ахбори умуми Исфара бо Сипосномаву Ифтихорнома ва туҳфаҳою унвонҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара” Абдумуталиб Шарифов бо Ифтихорномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири ҳафтавори “Хазинаи маърифат” Исматҷон Пӯлодов бо унвони Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Маркази алоқаи почтаи Исфара Саҳобахон Ҳусейнова бо унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қардшиносӣ карда шуданд. Дар рафти маҳфили ҷашнӣ сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара”, раиси бахши шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Абдумуталиб Шарифов, журналисти ҷавон Фатҳулло Сайидов ва собиқадори соҳаи матбуот Судуриддин Маҳкамов фикру андешаҳояшонро оид ба нақши муҳимми журналист дар замони муосир ва аҳамияти дастгирии мунтазами Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар боби таҳкими пойгоҳи моддӣ-техникии рӯзномаи “Насими Исфара” ва дигар расонаҳои хабарии маҳаллӣ баён доштанд.
Тақдими кумакҳои моддӣ Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврўзи Аҷам бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба зиёда аз 80 нафар кормандони Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» кумакҳои моддӣ расонида шуд.
А
мали мазкур дар пайравӣ аз иқдомҳои башардўстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, кормандони ин соҳаи муҳимми шаҳрдорӣ мавриди таваҷҷуҳу меҳрубонӣ қарор дода шуданд. Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода зимнан изҳор дошт, ки имрӯзҳо кормандони соҳаи мазкур баҳри таъмини тозагиву ободонии шаҳр, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҳамчунин дар доираи андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, дар ташкили шанбегиҳо, ниҳолшинониву тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф фаъолона штирок мекунанд. Намои зебои иншоотҳои маишӣ ва хиёбону гулгаштҳое, ки мо дар ҳудуди шаҳр мебинем, маҳсули меҳнати софдилонаю хизматрасонии оқилона ва дастони гулкори коркунони хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад. Аз хизмати бошарафу беғарази кормандони ин соҳа рӯҳ болидаву табъи мардум дучанд хуш мегардад. Шаҳрдори Исфара ҳамзамон изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳа минбаъд низ бо истифода аз имконияту захираҳо сатҳу сифати хизматрасониро баланд мебардоранду баҳри ободонии шаҳр ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти сокинон нерую малака ва меҳнати фидокоронаи худро дареғ намедоранд.
2
"Насими ИСФАРА"
Аз таърихи Наврӯзи Аҷам
Дар аксари сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба даврони шоҳони Пешдодӣ нисбат медиҳанд ва гӯё Ҷамшед чаҳорумин шоҳи пешдодӣ бунёдгузори ҷашни Наврӯз ва оинҳои хос ба он мебошад. Дар бораи пайдоиши Наврӯз ва суннатҳои он ривоятҳои зиёде мавҷуданд. Ривояти аввал. Абулқосими Фирдавсӣ дар достони «Падид омадани Наврӯз» чунин ёдовар мешавад: вақте ки Ҷамшед аз корҳои давлатдорӣ биёсуд, бар тахти каёнӣ биншаст ва тамоми бузургони кишвар ва лашкар бар атрофи тахти ӯ давра нишастанд ва бар ӯ гуҳар пошиданд. Шоҳ Ҷамшед ин рӯзро, ки нахустин рӯзи Фарвардин ва оғози сол буд, Наврӯз номид. Яъне ҷашни фархундаи Наврӯз аз Каюмарсу Ҷамшед ва шоҳони бузурги ориёӣ ба ёдгор мондааст.
16 марти соли 2022
№ 11 (9426)
Аз таърихи Наврӯз
Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд...
Наврӯз ҷашни офариниши оламу одам аст. Тибқи гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯз зодаи сарзамини мардумони ориёинажод буда, таърихи шашҳазорсола дорад. Он барои мардумони ориёинажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад. Ин рамз пеш аз ҳама бедории табиат, шукуфоӣ, пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ, хубӣ ба бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, покию назофат бар касифӣ, шарофат бар разолат, маърифат бар ҷаҳолат, доноӣ бар нодонӣ, тандурустӣ бар беморӣ ба ҳисоб меравад. Наврӯз се ҳазор қабл аз зуҳури оини зардуштӣ дар байни мардумони ориёӣ пайдо шудаасту дар тӯли таърих ҳар сол дар айёми баҳорон таҷлил мегардад.
Ривояти дуюм. Мегӯянд, тақвими авестоӣ дар аҳди Сосониён ҷорӣ буд. Мувофиқи ин тақвим рӯзи аввали моҳҳоро дар хонадони Сосониён Ҳурмузд меномиданд, аз ин рӯ оғози Соли Нав аз рӯзи аввали моҳи Фарвардин ҳисоб карда мешуд.
Сафедӣ ва сафедхӯрӣ
Наврӯз ва кӯзаи сафол Дар гузашта пеш аз фарорасии Наврӯз ҳафтаи охирини соли сипаришавандаро "Чаҳоршанбеи охирон" мегуфтанд. Дар охирини ин ҳафта мардум пеш аз ғуруби офтоб дар чорраҳае оташ афрӯхта, хурду бузург аз болои он себорӣ парида, "Оташ, оташ, зардиву ранҷурии маро гиру сурхиву хуррамии худро ба ман деҳгӯён дар охир кӯзаи сафолинро ба оташ партофта, ба ақиби худ нигоҳ накарда, ба хонаҳо мерафтаанд. Тибқи боварҳои мардум оташ кулли балоҳоро сӯзонда нобуд мекардааст. Инчунин мардум дар арафаи Наврӯз тамоми кӯчаву паскӯча
маҳкумон ба иҷро расонд. Ба ақидаи муҳаққиқон дар даврони салтанати Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ ҳарчанд Наврӯз тобиши динӣ касб намуд, аммо махсусият ва вижагии ҳувиятии худро гум накард. Дар даврони Сосонӣ маросими иди Наврӯзро байни шаш то сӣ рӯз баргузор мекарданд ва рӯзи шашуми фарвардин ва ё Наврӯзи бузургро Хурдодрӯз меномиданд ва ин рӯзро мутааллиқ ба фариштаи муқаддаси Хурдод медонистанд. Подшоҳони Сосонӣ низ дар дарбор оинҳои Наврӯзро бо шукӯҳи хоссе баргузор мекардаанд ва шоҳон панҷ рӯзи аввал (ба унвони «Наврӯзи омма» маъруф аст) ба муроҷиати мардум расидагӣ мекардаанд ва ба рафъи ҳоҷатҳои мардум мепардохтаанд. Сипас, «Наврӯзи хосса» ё Наврӯзи бузургро, ки аз рӯзи шашуми фарвардин шуруъ мешуд, ба худ ва наздиконашон ихтисос дода, ба ҷашну шодмонӣ мепардохтанд ва навоҳои хоси Наврӯз дар ин айём дар дарбори подшоҳон навохта мешудааст.
3. Марҳилаи сеюми Наврӯзи бостонӣ бошад, ба давраи ҳукмронии сулолаи Сомониён марбут аст.
Ривояти сеюм. Таърихнигор Димишқӣ дар «Нахбат-уддаҳр» қайд намудааст, ки Наврӯз аз айёме, ки олам пайдо шудаасту ҷамъияти инсонӣ пойдор гардидааст, таҷлил карда мешавад.
Дар гузашта Наврӯзро асосан ба ранги сафед нисбат медоданд. Субҳи рӯзи Наврӯз бози сафедро бо умеди сулҳу осоиштагӣ ба ҳаво мепарониданд. Дар ин рӯз ҳар кас кӯшиш мекард, ки луқмае аз панири тоза ва шири навдӯшидаро тановул намояд. Инчунин вобаста ба рӯзи аввали сол фол мегирифтанд. Дар ин рӯз ба хона ашёи сиёҳ намеоварданд, чунки чизи сиёҳ аломати қувваи бадӣ –Аҳриман ва ашёи сафед нишонаи хуби хушнудӣ–Ҳурмузд ба ҳисоб мерафт. Ҳангоми омадани меҳмони аввалини наврӯзӣ соҳибони хона ба китфи рости ӯ сафедӣ мепошидаанд. Инчунин мардумони ориённажод аз аҳди бостон дар Наврӯз пероҳани сафед ба бар мекарданд. Шаби 21 март бошад, хӯрокҳоро аз сафедӣ, ба монанди ширбиринҷ, ширкаду ва ғайраро як деги пурра омода менамуданд.
Тамоми даҳр дорад бӯйи Наврӯз, Чӣ зебо ҳасту барно рӯйи Наврӯз.
ва ҳавливу кошонаи худро тозаву поккорӣ мекарданд. Занҳо чанд рӯз қабл аз Наврӯз маросиме бо номи "Хонабаророн" ё худ "Хонатаконӣ"-ро мегузаронданд. Тамоми палосу кӯрпаву лавозимоти манзилашонро офтоб дода, метакониданд. Хонаҳоро сафед намуда, тозаву озода месохтанд. Инчунин яке аз аркони муҳимми наврӯзӣ дар аҳди бостон анҷом додани ғусл - шустушӯи тамоми аъзои бадан буд. Илова бар ин дар Наврӯз маросими обпошӣ гузаронида мешуд ва он маънои эҳтиром ба обро дошт. Зеро гузаштагон обро сарманшаи ҳаёти инсон ва табиат меҳисобиданд.
Ҳафтсин, ҳафтшин ва хони наврӯзӣ Ба андешаи гузаштагон хони наврӯзӣ бояд дар ҷои беҳтарини манзил ва ё ҳуҷраи хубтарин ё худ гӯшаи ҳавлӣ тартиб дода шавад. Аввал дар болои дастурхон нонҳои махсуси наврӯзӣ: гирдача, ширмол, чаппотӣ, кулчаҳои равғанин ва ё нони қатмолро бояд гузошт. Сипас, "Ҳафтсин"-и маъмулӣ: сипанд, сабзаи суманак, санҷид, себ, сирко, сир ва сумоқ (сумоқро дар баъзе маҳалҳо қот, зелол ва зиришк низ мегӯянд) гузошта мешаванд. Ҳафтшин бошад, инҳост: шамъ, шароб, шир ,шамшод, шакар, шаҳд ва шоя (ҳафт мева). Ҷашни Наврӯз Мениҳоданд
аз замони Каён,
шакари ноб, Шамъу шамшоду шоя андар он. Гузаштагони мо хони наврӯзиро махсус меоростанд ва ҳар навъи маҳсулоти рӯйи хон маънои худро дошт. Масалан, шир мемонданд. Зеро ин аввалин чизест, ки инсон пас аз таваллуд истеъмол мекунад. Шароб мегузоштанд ва бовар доштанд, ки он рамзи саломатӣ ва хушбахтӣ аст. Сирпиёзро ба хотири хосиятҳои шифобахш доштанаш мегузоштанд ва он рамзи фазли абадӣ буд Сирко бошад, синну сол ва сабрро ифода мекунад. Себро ҳамчун рамзи зебоӣ ва саломатӣ маънидод менамуданд. Ширинӣ гузоштан маънои ширинкомаро дошт ва хушбахтиро ифода мекард.. Суманак бошад, ба ранги тулуи офтоб шабоҳат дорад ва онро оғози зиндагӣ медонистанд. Бояд гуфт, ки аз рӯйи боварҳои мардумӣ бояд дар гулдонҳо гул, дар моҳидон моҳӣ, ҷурғот, дар косаи чинӣ шир, оби тоза, дусе навъи самбӯсаҳои алафин, гӯштин, нахӯдин низ гузоранд. Тибқи боварҳои мардумӣ дар рӯзи Наврӯз баровардани хуни зиёд хуб нест, аз ин рӯ аз моҳӣ ва гӯшти паранда истифода намудан беҳтар дониста мешуд.
Наврӯз дар таърихи миллати мо
1. Наврӯз далели мардуми Эрон. худшиносии миллист. Шаҳду ширу шаробу
Дар давраи салтанати Сомониён (874-999) Наврӯз ба сифати ҷашни меҳварӣ мавриди таҷлил қарор мегирифтааст. Амирони Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист. Ин буд, ки дар давраи салтани амирони Сомонӣ, қатъи назар аз он ки неруҳои зиддимиллӣ фаъол буданд, раванди худогоҳию худшиносии миллӣ тавассути ҷашнгирии саросарии Наврӯз дар манотиқи қаламрави давлат таҳкиму тақвият меёфт. Ҳоло, бо гузашти садсолаҳо бисёриҳо Зеро он моро бо таърихи давлати Сомониёнро ба унвони халқамон шинос мекунад. қаламрави фарҳанги Наврӯз Марҳилаи аввали Наврӯз ба муаррифӣ мекунанд. шахсияти асотирии Ҷамшед вобастагӣ дорад. Ба қавли 4. Марҳилаи чоруми донишмандон, дар даврони Наврӯз охири солҳои Ҷамшед ва айёми Наврӯзӣ мардум ҳафтодуми асри гузашта. ба шукуфоии иқтисодӣ ва молӣ мерасанд, хонаҳои бошукуҳ барпо Зеро як зумра равшанфикрони мекунанд, гармобаҳо месозанд, миллӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар таҷлил шудани Наврӯз саъю нозу неъмат ғарқ мешаванд ва талош намуданд ва саҳифаи ин давра сесад солро дар бар тозаро дар китоби худшиносии миллӣ боз карданд. Ин кор ба мегирад. Ба гуфти Фирдавсӣ: заминаҳои рушди маросими миллӣ дар шароити нави таърихӣ Чунин сол сесад асос гузошт. ҳамерафт кор, Надиданд марг 5. Марҳилаи панҷуми андар он рӯзгор. Наврӯз ин давраи Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ, Истиқлолияти давлатӣ Миён баста девон мебошад. ба сони раҳӣ. Ба фармон-ш мардум Дар даврони истиқлолият ниҳода ду гӯш, масъалаҳои шинохт, таҳқиқ, Зи ромиш ҷаҳон буд омӯзиш, арҷгузорӣ ва ҷаҳонсозии пуровозу нӯш. Наврӯз баррасӣ шуданд. Дар саргаҳи ин кор бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ2. Марҳилаи дуввуми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Наврӯз ба давраҳои Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. салтанати ду сулола Дар ин марҳила истиқлолияти Ҳахоманишҳо ва Сосониён давлатӣ бо худогоҳӣ ва рост меояд. хештаншиносӣ пайваст мешавад, Баррасиҳои катибаю ки аз фарҳанги наврӯзӣ реша Фарҳанги наврӯзӣ сангнавиштаҳои баҷоймондаи мегирад. бошад, фарҳанги ватанпарастӣ, даврони Ҳахоманишӣ нишон медиҳанд, ки Куруши бузург эътидол, саломатӣ, тандурустӣ, огоҳӣ, доноӣ, Наврӯзро дар соли 538 (қабл хирадварзӣ, муҳаббату самимият, таҳаммулу аз мелод) ҷашни миллӣ эълом кард ва дар ин рӯз барномаҳои тафаккур ва шарофату адолат аст. вижае барои фароғати сарбозон, Таҳияи поксозии маконҳои ҳамагонӣ, М.ШАРИФОВ. хонаҳои шахсӣ ва бахшиши
3
"Насими ИСФАРА"
Аз кӯлвори "Шифо"
Зардпарвин ва роҳҳои пешгирии он Зардпарвин бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он вирус ба ҳисоб меравад. Ин вирус хеле устувор буда, давоми якчанд сол дар муҳити атроф вуҷуд дошта метавонад. Вируси зардпарвин бо воситаи дастон ва ашёҳо, масалан – бозичаҳо, рӯйҷо, сачоқ ва ғайраҳо ба организм ворид мешавад. Сарчашмаи ягонаи сироятёбӣ шахси бемор мебошад. Аломатҳои аввалини беморӣ гоҳо баландшавии ҳарорат, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, бемадорӣ буда, пӯсти бемор зард ва иштиҳо гум мешавад. Инчунин зардшавии сафедии чашм, сурхчатоб гаштани пешоб ва берангшавии ахлоти бемор ба чашм мерасад. Ҳангоми пайдоиши аломатҳои аввалини зоҳирӣ - зардшавии пӯст шахси мариз барои атрофиён хеле хатарнок аст. Дар чунин ҳолат шахси беморро бояд ҳатман аз дигарон ҷудо кард. Барои пешгирии беморӣ ин амалҳоро иҷро кардан зарур аст: - риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ; - шустани меваю сабзавот бо оби ҷӯшонида; - тоза шустани ашёи таомпазӣ ва таомхӯрӣ, бо оби ҷӯш обгардон кардан; - тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхонаҳо (ҳоҷатхона бояд ҳадди имкон аз манбаи оби нӯшоки дур бошад). Агар бемор дар хона бошад, тадбирҳои зеринро бояд иҷро намуд: - ҷудо кардани косаву табақи бемор; - дар хонаи алоҳида ҷой додани бемор; - ҷӯшонидан ва дарзмол кардани либосҳои таги бемор; - бо собун шустани дастон баъд аз парастории бемор. Фаромӯш накунед, ки дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои беморӣ бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард. М. СОЛИЕВ, И. АБДУЛЛОЕВ, мутахассисони МНДСЭ.
16 марти соли 2022 Кузоз (Tetanus), косашиканак, дарди шахак, як навъ бемории ниҳоят вазнин буда, аз замонҳои қадим маълум мебошад. Аломатҳои кузоз, ё худ столбнякро бори аввал Буқрот (Гиппократ) тавсиф кардааст, зеро писари ӯ аз ҳамин беморӣ фавтида буд. Солҳои пеш пайдоиши кузозро ба осеб ва захм бардоштан вобаста мекарданд. Он хусусан дар давраҳои ҷангу хунрезиҳо авҷ мегирифт. Ангезандаи беморӣ бактерияи Clostridium tetani мебошад. Он асосан аз ҷойҳои захмдори пӯст вориди организм мешаванд. Хусусан захмҳои чуқур, ки барои афзоишу ихроҷи заҳри ангезандаҳо мувофиқанд, хавфи калон доранд. Заҳр тавассути торҳои асаби канорӣ ва ҷараёни хун ба ҳароммағз, мағзи дарозрӯя ва ташкилаи мушаббаки (фарматсияи ретикулярӣ) тана меравад. Дар натиҷа нейронҳои васатии камонҳои рефлектории полисинапсӣ фалаҷ мешаванд. Бинобар ин ҷунбаҳо (импулсҳо) аз нейронҳои муҳаррик (мотонейронҳо) ба мушакҳо муттасил ва бенизом меоянд ва боиси ҳамеша дар ҳолати таранҷиш будани тонуси мушакҳои скелет мегарданд. Дар натиҷаи пӯрзур гаштани сели ҷунбаҳои марказрав (афферентӣ), ки ба ангезаҳои номахсус (садо, рӯшноӣ, бӯй ва ғ.) вобастаанд, ташаннуҷ ба вуҷуд меояд. Густариш ёфтани раванди беморӣ ба афзудани ҳаяҷони қишр, сохторҳои ретикулярии майна, иллати маркази нафаскашӣ ва ҳаста (ядро)-и асаби гумроҳ мусоидат мекунад. Бинобар рух намудани алоими ташаннуҷ, ки дар навбати хеш ташаннуҷҳои тонусӣ ва кузозиро тақвият медиҳад, асидози мубодилавӣ инкишоф меёбад. Баъди аз сар гузарондани кузоз масуният (иммунитет) ҳосил намешавад. Масунияти устувор фақат дар натиҷаи моякӯбӣ бо анатоксин
Меҳрубонӣ дар арафаи Наврӯз
Дар рӯйи хони Наврӯз бояд, ки боз бошад, Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
№ 11 (9426)
Бемории кузоз (столбняк) ба вуҷуд меояд. Аз сабаби ташаннуҷ мумкин аст шикастани устухон, хусусан устухони сутунмӯҳра (тетанускифоз), даридани мушаку пайҳо ба вуқӯъ ояд. Кузоз се намуди ворид шудан ба организмро дорад: 1) осебӣ (баъди захм, ҷарроҳӣ, таваллуд, дору фиристодан, сӯхтан ва барқ задан падид меояд; 2) илтиҳобӣ ва захмӣ (яра, кафидани омосҳо); 3) криптогенӣ (даромадгоҳи ангезаҳояш номаълум). Маризӣ чор давра дорад: ниҳонӣ, оғоз, авҷ ва шифоёбӣ. Давраи ниҳонии кузоз 5 - 14 рӯз, гоҳо 1 - 4 ё то 30 рӯз аст. Аломатҳои нахустини беморӣ дарди сар, пурҳаяҷонӣ, асабоният, серарақӣ ва паридани мушакҳои атрофи яра мебошанд. Бисёр вақт беморӣ шадид оғоз меёбад. Яке аз аломатҳои нахустини кузоз шах шудани ҷоғ аст (кушодани даҳон душвор мегардад). Ҳамзамон бо ин мушакҳои рӯй кашиш хӯрда, мариз ба худ қиёфаи махсус – табассуми гиряолуд мегирад (табассуми сардоникӣ – risus serdonicus); пешонӣ пурчин, даҳон боз, кунҷи лабҳо овезон аст. Дар айни замон аломатҳои дигар низ пайдо мешаванд: фурӯ бурда натавонистани луқма (бинобар кашиш хӯрдани мушакҳои гулӯ), дарди мушакҳои паси гардан ва ғ. Мушакҳо аз боло ба поён, яъне аз мушакҳои гардан сар карда, то мушакҳои тахтапушт, шикам, дасту пойҳо мепаранд. Вобаста ба таранҷиши ин ё он гурӯҳи мушакҳо, ҷисми мариз ҳолати гуногун мегирад (tetanus acrobaticus). Бинобар ташаннуҷи сахти мушакҳои тахтапушт сар қафо меравад, мариз дар рӯи бистар мисли камон қат шуда, фақат ба гардан ва кафи пой такя
н иқдом бо дастгирии соҳибкорони саховатпеша дар пайгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Cарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи иҷтимоии оилаҳои ниёзманд роҳандозӣ гардид. Дар ҷараёни чорабинӣ муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён баромад намуда, бо баробари таҳнияти ҳозирин, ҷанбаҳои бузурги ахлоқӣ ва ҷойгоҳу мақоми Наврӯзро дар фарҳанги мардуми тоҷик тазаккур дод. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва ятимпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону бепарасторон ва камбизоатон,
ки ба ғамхориву кумаки ҳамешагӣ ниёз доранд, таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мунтазам бо кумаки моддиву молӣ фаро гирифта мешаванд. Дар раванди чорабинӣ 200 нафар кўдакони имконияташон маҳдуд, нафарони яккаву танҳо ва ниёзманду маъюб ҳузур доштанд. Дар барномаи идона аҳли ҳунар бо суруду рақс ва таронаҳои наврӯзӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Мавриди зикр аст, ки дар арафа ва рўзҳои таҷлили Наврўзи байналмилалӣ аз ҷониби кормандони Маркази хизматрасонӣ дар хона ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нафарони барҷомонда низ аёдат карда шуда, ба онҳо кумаки яквақта расонида мешавад.
З. АҲМАДОВ, мудири шуъбаи бактериологӣ А. АЛИМОВ, мутахассиси МТТҲС.
Дар Наврӯз бо ёди Наврӯз
Бахшида ба ҷашни Наврӯзи фархундапай дар Маркази фарҳангии «Шоҳон» бо ибтикори Маркази хизматрасонӣ дар хонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои кўдакони имконияташон маҳдуд, нафарони яккаву танҳо ва ниёзманду маъюб чорабинии пуршукуҳ ороста шуд.
И
мекунад (opistotonus). Минбаъд мумкин мушакҳои дасту по ва мушакҳои шикам низ кашиш хӯрда, ба монанди чӯб сахт бигарданд. Мариз бардорузан мекунад, меларзад. Ташаннуҷ аз чанд сония то чанд дақиқа давом карда, бемор аз ҳолат меравад. Дар мавриди сабук будани беморӣ ташаннуҷи мушакҳо рӯзе 1 – 2 маротиба, дар лаҳзаҳои вазнин бошад, беист (дар тӯли як соат даҳҳо маротиба) ба вуҷуд меояд. Ҳини хурӯҷи ташаннуҷ рӯи беморро арақи дона-дона пахш мекунад, аз чеҳра осори андӯҳ падид меояд, ранги рӯ кабудча, ҷисм камоншакл мегардад, тарҳи мушакҳои гардан, бадан ва даст баръало намуда меистад. Мариз ба ҳарос афтода, дандон мехояд, аз дард нолиш мекунад. Ташаннуҷи мушакҳои нафас, роғи овоз ва диафрагма нафаскаширо якбора табоҳ сохта, мумкин боиси фавти мариз гардад. Дар чунин ҳолатҳо бемор, одатан, аз ҳуш намеравад, ки ин шиканҷаи ӯро дучанд месозад. Шахс бехобӣ мекашад, доруҳои хобовар таъсир намерасонанд. Кузоз 4 дараҷа дорад: бисёр вазнин (дараҷаи IV); вазнин (дараҷаи III); миёна (дараҷаи II); сабук (дараҷаи I). Кузози дараҷаи сабук хеле кам дучор меояд. Давраи ниҳонии он зиёда аз 20 рӯз аст. Аломатҳои маризӣ баъди 5 - 6 рӯз падиди меоянд. Давраи ниҳонии кузози вазниниаш миёна 15 - 20 рӯз мебошад. Аломатҳои саририи он дар муддати 3 - 5 рӯз инкишоф меёбанд. Гоҳо ҳарорати бадан баланд мешавад. Кузози вазнин давраи ниҳонии нисбатан кӯтоҳ (7 - 14 рӯз) дорад. Аломатҳои саририи беморӣ хеле зуд, дар зарфи 24 – 48 соат зуҳур мекунанд. Дар
аснои Кузози ниҳоят вазнин давраи ниҳонии маризӣ аз 7 рӯз кам аст. Беморӣ ба таври барқосо бо тахикардияи сахт, тахипноэ, ташаннуҷи сахт ва пай дар пай, сианоз, буғишавӣ оғоз меёбад. Баҳри ташхиси кузоз ба назар гирифтани зарбу лат ва захмҳои пешина низ муҳим аст. Аз аломатҳои маъмул ба эътибор гирифтани ҳаяҷонпазирии рефлексӣ, бисёр арақ кардан, табассуми «масхараомез», шах шудани ҷоғ (тризм) аҳамияти калон доранд. Муолиҷаи кузоз бояд комплексӣ бошад: 1) нест кардани ангезандаҳо дар манбаъҳои аввалини сироят; 2) безарар гардондани заҳре, ки ба хун афтодааст; 3) табобати ташаннуҷ; 4) ҳифз кардани амалҳои асосии барои ҳаёт муҳимми организм; 5) пешгирии гипертермия, асидоз, талафи об; 6) пешгирӣ ва табобати оризаҳо; 7) истеъмоли хӯроки серғизо, нигоҳубини дуруст. Тамоми захму ҷароҳатҳо бояд дуруст тоза ва безарар гардонда шаванд. Бо мақсади ба организм камтар афтодани заҳр атрофи захмро бо зардоби зидди кузоз «сӯзан задан» лозим аст. Амалиёти ҷарроҳӣ бояд зери наркоз гузаронида шавад, то ки эҳсоси дард боиси хурӯҷи ташаннуҷ нагардад. Барои пешгирии кузоз ҳамаи кӯдакони аз 5 - 6-моҳа то 12сола, ҳамчунин хонандагони мактабҳо, коргарони саноати мудофиа, сохтмончиён, варзишгарон, заминковон ва коргарони роҳи оҳан ҳатман ваксинатсия карда мешаванд.
Насли миёнасол ва калонсоли шаҳру деҳоти Исфара ба хубӣ дар ёд доранд, ки ин марди наҷиб чӣ гуна давоми солҳои дароз тавассути радиои ноқилӣ, ки байни мардум бо номи "Радиои 5 - сӯма" маъруфият дошт, бо садои ғулғуладор "Ин ҷо Исфара" - гӯён дар ҳар хонадон нуру зиё ва нишотро афзун мекарданд. Дар қароргоҳи радиошунавонии маҳаллӣ маҳфили ровиёни ҷавонро ташкил намуда, ба насли наврасу ҷавон аз нозукиҳои пешаи наттоқӣ сабақ мегуфтанд ва маҳз ин маҳфил минбаъд боиси ба майдон омадани як қатор наттоқон ва рӯзноманигорони тавоно шудааст.
Ҷашни зебои ниёгонамон Наврӯз фаро мерасад. Аммо сад дареғ, ки ҳамоне, ки барои мардуми шаҳру деҳоти Исфара чанд даҳсолаи охир бо номи Бобоҷон Наврӯз рамзи шодиву нишоти наврӯзӣ буд байнамон нест. Ба исми ин инсони шариф басо зебо часпидани тахаллуси "Наврӯз" бесабаб нест. Зеро маҳз шодравон устод Бобоҷон Атобеков буданд, ки охирҳои солҳои 60-уму ибтидои солҳои 70-уми қарни ХХ дар шаҳри мо ба мавзӯи зарурати эҳёи анъанаҳои неки таҷлили Наврӯз яке аз аввалинҳо шуда, рӯй оварданд ва дар ин саъй муваффақ ҳам шуданд. Ба банда низ муяссар гардида буд, ки васати солҳои 1992 - 1995 паҳлу ба паҳлу бо ин марди соҳибистеъдод кор кунам. Маро ҳамчун ровӣ ба назди наттоқи радиошунавонии деҳаи Навгилем Абдумалик Аҳмедов фиристоданд. Мо ҳар бегоҳӣ бо муаллим Аҳмедов ба самъи ҳамдеҳагон хабарҳои тозаро аз ҳаёти мардуми деҳа ва фаъолияти заҳматкашони хоҷагиҳои кишоварзӣ мерасонидем. Кори моро мудом таҳти назорати ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати ҷолиб ва ҳадафнок таҳия намудани гуфторҳои маҳаллӣ дастуру маслиҳатҳои муфид медоданд.
Ба таваҷҷуҳи ширкатҳои аудиторӣ
ҶСК “Корхонаи кимёвӣ”-и шаҳри Исфара ҷиҳати гузаронидани санҷиши аудиторӣ барои давраи фаъолияти солҳои 2021-2022 озмун эълон менамояд.
Гузашта аз он ҳамаи маводҳое, ки бо имзои устод дар матбуот ба табъ мерасиду басо шавқовар буданд, бо майли том ва кайфияти хосса мутолеа намуда, барои баландбардории маҳорати хабарнигорӣ сабақ ҳам мегирифтам. Сад дареғ, ки устод Бобоҷон Наврӯз ин навбат дар таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамроҳи мо нестанд. Аммо имонам комил аст, ки мардуми шаҳру деҳоти Исфара ҳини таҷлили Наврӯзи имсол ва солҳои минбаъда аз устоди зиндаёд ба некӣ ёд ва дар ҳаққашон дуоҳои хайр мекунанд. Муқсидҷон САТТОРОВ.
Ширкатҳои аудиторӣ пешниҳодҳои худро ба суроғаи шаҳри Исфара кӯчаи Марказӣ 85, тавассути почтаи электронии himzavd2002@maiI.ru ҷиҳати интихоб ирсол намоед. Қабули дархостҳо то санаи 31. Марти соли 2022. ҶСК “КОРХОНАИ КИМЁВӢ”.
4
"Насими ИСФАРА"
1. Кафедраи иқтисодиёт ва идора:
- мудири кафедра, номзади илм – 1 воҳиди корӣ; - номзади илмҳои иқтисод, дотсент – 2 воҳиди корӣ; - омӯзгори калон – 4 воҳиди корӣ; - ассистент (омӯзгор) – 3 воҳиди корӣ; Аз фанҳои назарияи иқтисодӣ ва фанҳои тахассусӣ барои ихтисоси “Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати хӯрокворӣ)”.
№ 11 (9426)
Бародар иди Наврӯзат, муборак! Баробар шуд шабу рӯзат, муборак!
Муассисаи давлатии таълимии Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Барои ишғоли ҷойҳои корӣ ба вазифаҳои мудири кафедра, профессор, дотсент, омӯзгори калон, ассистент (омӯзгор)-и кафедраҳо ва кормандони сохторҳои зерин озмун эълон менамояд:
2. Кафедраи технологияхои саноатӣ ва фанҳои табиӣ: - мудири кафедра, номзади илмҳои техникӣ – 1 воҳиди корӣ; - номзади илмҳои техникӣ, дотсент – 5 воҳиди корӣ; - номзади илмҳои химия, омӯзгори калон – 1 воҳиди корӣ; номзади илмҳои биология, омӯзгори калон – 1 воҳиди корӣ; - омӯзгори калон – 4 воҳиди корӣ; - ассистент (омӯзгор) – 5 воҳиди корӣ; Аз фанҳои бехатарии зисту фаъолият, консепсияи табиатшиносии муосир ва фанҳои бахши умумикасбӣ ва тахассусии ихтисосҳои амалкунандаи филиал:“Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ”, “Мошинҳо ва аппаратҳои истеҳсолоти химиявӣ ва корхонаҳои масолеҳи сохтмон”, “Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока”, Технологии вакуумӣ ва компрессорӣ”, “Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ”, “Саноати борпечонӣ (технология ва таҷҳизоти саноати
16 марти соли 2022
борпечонӣ)”, “Технологияи масолеҳи сохтмонӣ дар асоси моддаҳои часпак”.
3. Кафедраи технологияхои иттилоотӣ ва фанҳои физика-математика: - мудири кафедра, номзади илм – 1 воҳиди корӣ; - номзади илмҳои техникӣ, дотсент – 2 воҳиди корӣ; - номзади илмҳои физика ва математика, дотсент – 2 воҳиди корӣ; - саромӯзгор – 2 воҳиди корӣ; - омӯзгор – 4 воҳиди корӣ; - ассистент – 4 воҳиди корӣ. Аз фанни технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои автоматонидашудаи идоракунӣ, математикаи олӣ, физика, микроэлектроника, барномарезии микроконтроллерҳо, мехатроника, бунёди замимаҳои кроссплатформавӣ, идоракунӣ дар системаҳои техникӣ ва фанҳои бахши умумикасбӣ ва тахассусии ихтисосҳои: “Технология. Информатика”,
Бояд донед!
Оқибати дурӯғпарокандагӣ
Технология ва низоми иттилоотӣ (дар нақшакашӣ ва истеҳсолот).
4. Кафедраи фанҳои гуманитарӣ: - мудири кафедра, номзади илм – 1 воҳиди корӣ; - номзади илм, дотсент – 5 воҳиди корӣ; - омӯзгори калон – 2 воҳиди корӣ; - ассистент (омӯзгор) – 6 воҳиди корӣ. Аз фанҳои забонҳо (англисӣ, немисӣ, русӣ, тоҷикӣ), фарҳангшиносӣ ва диншиносӣ, таърихи муосири тоҷик, фалсафа, ҳуқуқ, ахлоқ ва зебоишиносӣ, педагогика, психология, сотсиология, сиёсатшиносӣ, тарбияи ҷисмонӣ.
5. Мудири шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва идораи лоиҳаҳо (номзади илм): 1 воҳиди корӣ.
6. Мудири шуъбаи илм, инноватсия ва нашрияҳои даврӣ(номзади илм): 1 воҳиди корӣ.
7. Мудири шуъбаи тарбия ва тарғибот: 1 воҳиди корӣ.
8. Мудири шуъбаи коргузорӣ ва бойгонӣ:
1 воҳиди корӣ.
9. Мудири шуъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот (номзади илм): 1 воҳиди корӣ.
10. Сардори шуъбаи таълим идораи сифати таҳсилот: 1 воҳиди корӣ.
кард. Баъди ҳуҷум маълум шуд, ки Наира Ассабоҳ духтари сафири Қувейт дар ИМА будааст. Нақли ӯ бошад, ин ҳама бофтаҳои хадамоти махсуси амрикоӣ бо дархости давлати Қувейт буда, бо мақсади паҳни иттилои бардурӯғ ва расидан ба ҳадаф роҳандозӣ карда шудааст. Барои иҷрои ин нақш ва додани маълумоти бардурӯғ ба Наира Ассабоҳ муддате аз ҷониби хадамоти амрикоӣ маҳорати актёрӣ омӯзонида шудааст. Ҳоло ин рафтори Наираро намунаи олии дурӯғпарокандагӣ ва додани маълумоти нодуруст меҳисобанд, ки боиси қатли ҳазорҳо ва парокандагии давлат шуд.
"Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
1 воҳиди корӣ.
11. Сардори маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ: 1 воҳиди корӣ.
12. Сардори бахши мониторинги раванди таълим ва сифати таҳсилот: 1 воҳиди корӣ.
13. Мудири китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ: 1 воҳиди корӣ. БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН ҲУҶҶАТҲОИ ЗЕРИН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД: - ариза ба номи директори филиал; - шарҳи ҳол; - нусхаи диплом; - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; - нусхаи шиноснома. Ҷиҳати иштирок дар озмун номзадон аз 1-уми марти соли 2022 то 1-уми апрели соли 2022 ба нишонии шаҳри Исфара, кӯчаи А.Ҷӯраев, 52 қабул карда мешаванд. Барои маълумоти муфассал ба телефонҳои 8-3462-2-23-68, 8-3462-2-43-59, 985-03-22-23, 918-87-33-49 муроҷиат карда метавонед.
10. Сардори маркази рушди касбият, инноватсия
Фурӯши озоди амволи молу мулки ба гарав гузошташуда
Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара, дар асоси истеҳсолоти иҷроиши № 30/3 аз санаи 10.01.2022 музоядаи оммавии такрорӣ оид ба фурӯши озоди амволи ба ҳабс гирифташударо эълон менамоянд: Хонаи истиқоматии воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара Ҷамоати шаҳраки Нефтобод, кӯчаи Пушкин, ҳавлии 14-б, ки ба қарздор Саломова Дилрабо тааллуқ дорад, бо нархи 25 фоиз камтар аз нархи ибтидоӣ, яъне 107753 (яксаду ҳафт ҳазору ҳафтсаду
10 октябри соли 1990 наврасдухтари 15-солаи қувейтӣ бо номи Наира Ассабоҳ дар назди комиссияи оид ба ҳуқуқи инсони Конгресси ИМА баромад намуд. Бо чашмони ашкбор ва ҳаяҷони зиёд изҳор дошт, ки ӯ дар яке аз беморхонаҳои Қувейт кор мекарду бо чашмони худ дид, ки чӣ тавр сарбозони ироқӣ ба беморхона ҳуҷум намуда, кӯдакони навтаваллудшударо қатли ом мекарданд. Сенаторон ва президенти ИМА борҳо суханони ӯро дар баромадҳои худ иқтибос меоварданд. Дар натиҷа ҷонибдорӣ аз ҳуҷум ба Ироқ барои дастгирии Қувейт зиёд гардид ва ИМА ба Ироқ ҳуҷум
ва таҷрибаомўзӣ:
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Аттестати маълумоти асосии А № 311122, ки МТМУ № 31 солҳои таҳсили 1994-1995 ба Мунаварова Гулбаҳорхон Бурҳоновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи АБ № 0134033, ки МТМУ № 1 солҳои хониши 20072008 ба Шарипов Абдураби Муқадимович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0005240, ки МТМУ №
панҷоҳу се ) сомонӣ Санаи баргузорӣ: 14-уми апрели соли 2022 соати 10.00. Ҷойи баргузорӣ: утоқи кории Иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара дар Маркази адлия. Шахсони дар музояда иштирок менамуда се рӯз пеш аз оғози музояда панҷ фоиз аз маблағи ибтидоӣ ба депозити иҷрочиёни суд, ки дар “Амонатбонк”-и шаҳри Исфара мавҷуд мебошад, супорида, бо расид оиди пардохти маблағ метавонанд дар музояда иштирок намоянд. Маълумоти иловагиро тавассути Хадамоти иҷро дар шаҳри Исфара, ки дар бинои Маркази адлия ҷойгир мебошанд, гирифта метавонед. ИҶРОЧИЁНИ ХАДАМОТИ ИҶРО ДАР ШАҲРИ ИСФАРА.
29 солҳои таҳсили 2004-2005 ба Ҳафизов Наим Саломович додааст. *** Аттестати маълумоти асосии силсилаи Т-ШТА № 0016806, ки МТМУ № 18 соли таҳсили 2005 ба Ҳоҷиакбарова Парвина Мурадыловна додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи А № 205096, ки МТМУ № 43 соли таҳсили 1989 ба Тӯхтаева Махфират додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи Т-АТУ № 0054888, ки МТМУ № 32 солҳои таҳсили 2013-2014 ба Умарова Мусаффохон Файзиллоевна додааст.
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Б.Маҳкамов, 63 Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст.
Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад.
Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 15. 03. 2022. Адади нашр 4300.
Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
*** Шаҳодатномаи хатми маълумоти миёнаи силсилаи АБ № 289355, ки МТМУ № 15 солҳои таҳсили 2000-2001 ба Тошматова Матлубахон Восидовна додааст. *** Дипломи силсилаи ДТК № 0090312, ки МДТ “Коллеҷи тиббӣ”и шаҳри Исфара соли хониши 2014 ба Абдулоева Кимьёхон Маликовна додааст. *** Аттестати маълумоти асосии Т-ШТА № 0113020, ки МТМУ № 12 солҳои таҳсили 20052006 ба Қароев Руҳиллохӯҷа Нусратуллоевич додааст.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________