Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
21 март дар варзишгоҳи ҷамоати деҳоти Чилгазӣ тантанаҳои Наврӯзи Исфара доир мегарданд. Инчунин дар ҳамаи шаҳраку деҳот ҷашни Наврӯзи байналмилал бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Марҳабо ба тантанаҳои наврӯзӣ!
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 11 (9194) *** Чоршанбе, 15. 03. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Таҷлили Рӯзи матбуот
ҷумла матбуоти шаҳри Исфара маърӯза намуда, аҳли қалам ва кормандони расонаҳои иттилоотиро бо иди касбиашон самимона шодбош гуфт. Минбаъд як қатор собиқадорон ва кормандони воситаҳои ахбори маҳаллӣ бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бахши шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Муовини прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Шарифзода Саминҷон Пӯлод барои ҳамкориҳои судманди нашрияи «Насими Исфара» бо прокуратураи шаҳр ба Абдумуталиб Шарифов сипосномаи ниҳодашро тақдим дошт. Дар фарҷом собиқадори соҳа, дорандаи ордени «Шараф», узви Иттифоқи журналистони овардани шароитҳои соз- Тоҷикистон Судуриддин Маҳкагор баҳри фаъолияти пурса- мов бо баробари таҳнияти ҳомари васоити ахбори омма зирин ба муносибати ҷашни ва нақши онҳо дар таҳкими саид ба кормандони расонаҳои дастoвардҳои истиқлолияти хабарӣ ва аҳли қалам баҳри давлативу ваҳдати миллӣ, дар иҷрои рисолати касбиашон ҳиробита бо таърихи ташкил ва доятҳои нек дод. такомули матбуоти тоҷик, аз
Аз 105-солагии "Бухорои шариф" то 85-солагии "Насими Исфара" Дар Исфара ба ифтихори 105-солагии матбуоти тоҷик бо ширкати намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ, собиқадорони соҳа ва аҳли қаламу кормандони расонаҳои хабарӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро раиси бахши шаҳрии Итттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара» Абдумуталиб Шарифов бо хайрамақдами ҳозирин ва таҳнияти самимонаи онҳо ифтитоҳ намуд.
М
Муовини раиси шаҳр Таборакхон Умарзода дар навбати худ дар радифи таъкиди таваҷҷуҳу ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳам
увофиқ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби дастгирии моддиву маънавии собиқадорони меҳнат ва кӯҳансолону маъюбон, дар доираи таҷлили 105-солагии матбуоти тоҷик ва 85-солагии рӯзномаи «Насими Исфара» раиси бахши шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара» Абдумуталлиб Шарифов, собиқадори соҳа Судуриддин Маҳкамов, аъзои Иттифоқи журналистон Владимир Мартиненко Н/И
Аёдати журналисти кӯҳансол
доштанд. Зимнан гуфта шуд, ки Абдуҳамид Ваҳҳобов давоми беш аз 40 сол дар рӯзномаи шаҳрии «Насими Исфара» баҳри баландбардории маърифати инсониву масъулияти шаҳрвандии мардуми диёр ва тарғибу ташвиқи ақидаҳои созанда дар ҷомеа пурмаҳсул заҳмат кашидаву зиндагии ӯ барои ва мухбири ҷамоатӣ Мухтадил Ҷӯраев ба қаламкашони ҷавон намунаи ибрат аст. аёдати собиқадори меҳнат, рӯзноманиго- Собиқадори соҳа дар навбати худ барои ри номӣ Абдуҳамид Ваҳҳобов рафта, бо таваҷҷуҳу меҳрубонии аёдаткунандагон баробари аз ҳолу аҳвол ва вазъи салома- арзи шукргузорӣ намуда, дар ҳаққи аҳли тиаш пурсон шудан, барояш дар шакли қалам ва мардуми шарифи сарзамин дуо маводи ғизоӣ савғотиҳои идонаро тақдим кард.
Н/И
Рушди ҳамкорӣ
Golden-Fruit муаррифгари меваҳои кишвар
Дар давлати Ҷопон беҳтарин намоишгоҳи озуқаворӣ дар Осиё — Japan Foodex 2017 доир шуда истодааст, ки дар он директори ширкати Golden- Fruit аз Исфара Хайрулло Ризоев ширкат дорад.
Б
ино ба гуфти Хайрулло Ризоев онҳо соли сеюм аст, ки дар ин гуна намоишгоҳ Тоҷикистонро дар байни 120 кишвари дунё муаррифӣ карда истодаанд ва кори он то 23 март идома хоҳад ёфт. -Мақсад аз иштирок дар ин гуна намоишгоҳҳои байналмилалӣ,- мегӯяд Хайрулло Ризоев, - ин аз як ҷониб муаррифии меваҳои шаҳдбори Исфара бошад, аз ҷониби дигар кушодани бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар аст. Ба гуфтаи номбурда ширкати исфарагии Golden-Fruit бо дигар ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дораду дар ин намоишгоҳ низ бастани шартномаҳои ҳамкорӣ рӯйи кор омадаанд. Бояд гуфт, ки ширкати Golden-Fruit асосан дар самти коркард ва банду басти меваи хушк фаъолият менамояд.
Аз саҳифаҳои таърих
Наврӯз: эҳёгари анъанаҳои суннатӣ
Ш
аҷараи таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз аз аҳди шаҳриёри асотирӣ Ҷамшед оғоз мешавад. Дарахти Наврӯз дар замини ориётаборон реша давонда сабзидаасту шохаву баргҳояш ба дигар сарзаминҳо соя афкандааст. Фараҳангшиносон пайдоиши Наврӯзро дар қолаби гумоне андар мурдани табиат дар фасли зимистон ва аз нав зинда шудани он дар баҳор маънидод мекунанд, ки дар қадимулзамон ба забони шеъру устура баён мешуд. Наврӯз аз нигоҳи ситорашиносон аз баробар шудани шабу рӯз ҳусни оғоз мегирад. Бо иборати дигар, Наврӯз ҷашни зодрӯзи Офтоб мебошад, чаро ки бо хости Яздони Гаргар ӯро дар силсилаи маротиби ҳастӣ волотарин мақом насиб шуда: "Яздон Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-ӯ парвариш дод". Ақидаҳое ҳаст, ки гӯё дини мубини Ислом бар хилофи таҷлили Наврӯз аст, вале аз маъхазҳо бармеояд, ки падари Имом Аъзам Собит Ибни Нуъмон рӯзи Наврӯз дар даст косаи ҳалво пеши Амиралмуъминин Алӣ меравад. Алӣ мегӯяд, ки боиси хушҳо-
лии шумо чист? Нуъмон хурраму хандон посух медиҳад, ки имрӯз Наврӯзи Аҷам аст. Алӣ ҳалворо чашида мегӯяд: "Куллан явмин Наврӯзан".(Яъне, Ҳар рӯзатон наврӯз бод). Ибораи "Ҳар рӯзатон Наврӯз бод" аз ҳамон солҳо то ба ҳол садо медиҳад. Хуллас, Наврӯз иди мардумист, реша дар таърих ва боварҳои мардум дорад. Наврӯз одобу ойини мардуми муқиминишину зироатпарварро инъикос менамояд. Мардуми муқиминишину зироатпарвар бешак тоҷикон буданд ва Наврӯз таҷассуми одоб, ойини мо буду ҳаст, вале манзурам ин нест, ки Наврӯз танҳо ҷашни як қавм бошад. Одобу ойини мардуми воҳаҳои тоҷикнишин дар маросими ҷашни Наврӯз умумият дошт. Масалан, аз нақли модарам огоҳ ҳастам, ки дар Чоркӯҳ ҳанӯз пештар аз оғози Наврӯз мардҳо ба тариқи ҳашар анҳору ҷӯйборҳоро тоза мекарданд, ба замини кишт порӯ мебароварданд, шикасти бому деворҳоро меловиданд, дар мазору масҷидҳо барои ҳашарчиён оши кӯча мепӯхтанд. Занон хонатаконӣ мекарданд, оташдонҳоро бо гил меловиданду болои он дегҳои калонро пури об карда, ба даруни об кӯҳгиёҳеро бо
номи "ушлон" (ушнон), меандохтанд, ки хосияти мулоим кардани обро дошт ва бо ин об палосу шолчаҳошонро мешӯстанд. Баъд аз тармими оташдони бузург, ки онро кӯтоҳ карда "ошдон" мегӯянд, деги калонҳаҷмро рӯйи он гузошта, аз сабзаи гандум суманак мепӯхтанд. Суманакро чоркуҳиён "ту" намегӯянд, ҳатто пӯсту оби сабзро ва обшустаи деги сумалакро ба бехи дарахте мерехтанд, то таги по нашавад. Дар давоми 10-12 соат суманакро занон бо пойи ботаҳорат мепӯхтанд.Чалпаку зағора ва чанд намуди атола омода менамуданд ва ба хонаҳои касалдор мефиристоданд ва худашон ҳамагӣ тановул мекарданд. Рӯзҳои Наврӯз дар сайлгоҳи деҳа ё бештар дар мазори "Лангари моҳиён", Сари бозор базмҳои осмонкаф барпо мешуд. Дар сайлгоҳ байни ҷавонони тануманд мусобиқаи "гӯштин" баргузор мегардид. Писарбачагони хурӯси дакангдошта бозии "хурӯсҷанг" ташкил менамуданд. Писарбачагони дигар бозии "алаку чилак" ташкил менамуданд ва ҳарифи бохта бояд аз паси чилаки бо алакзадаи ғолиб "зӯӯӯӯ"-гӯён
бо як овоз бидавад. Духтаракон бошанд,ба шохаҳои бузурги дарахт ресмон овехта арғунчакбозӣ мекарданд. Маҳз дар ҳамин маросим ҷавонони зангир ба дидани духтаракони рӯкушод меомаданд ва арӯсро интихоб менамуданд. Духтарони "бафотеҳа" барои номзадҳояшон дастрӯмолак мефиристоданд. Дар базмгоҳи наврӯзӣ баробари мақомҳои халқӣ хонда шудан, ашӯлаҳои рақсӣ ҳам иҷро карда мешуд, бештар аз нақораву доира истифода мекарданд. Моя ва маслаки қадимтарин ҷашни мардумии Наврӯз ин пайванд намудан аст. Яъне, Наврӯз хешу табор, як наслро ба насли дигар, наслҳоро ба аслҳои ҳастии иҷтимоӣ, гузаштаро бо ҳозира, ҳозираро бо оянда ва дар силсила Инсонро бо Коинот мепайвандад. Муҷибахон ҶАВҲАРОВА, муовини директори ФДТТИ.