11 12 2016 qxp имруз layout 1

Page 1

11-12- 2016.qxp имруз_Layout 1 28.07.2016 10:02 Страница 1

Муҳимтарин дастоварди даврони истиқлолият ин бароямон давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки ғояи сиёсиву мафкуравии ин давлатро ваҳдат, ягонагӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон ташкил дода, раҳнамову ҳидояткораш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 11-12 (321-322)

аз 28 июли соли 2016

Доиргардии курс-конференсияи адибони ҷавон Дар маҷмааи «Ҷаҳони нав»-и шаҳри Исфара курс-конфронси адибони ҷавон доир гардид. Дар расми ифтитоҳи он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ изҳор дошт, ки Исфара аз қадим мулки шоирхез буда, ба олами адабиёт чеҳраҳои зиёдеро ато намудааст. Яке аз ин гуна чеҳраҳои олами адаб Сайфи Исфарангӣ мебошад, ки дар моҳи август аз 830-солагии ин шахсияти таърихӣ таҷлил карда мешавад. -Имрӯз низ, — қайд кард дар баромади худ шаҳрдори Исфара, — зодагони ин диёри бостонӣ аламбардорони назму насри муосир буда, дар байни эътиқодмандон ва ҳаводорони сухани ноб ҷойгоҳи хосаеро касб кардаанд. Ҳадафи имрӯзаи курс-конфронс низ тарбияи соҳибистеъдодҳо ва роҳ кушодан ба парвозҳои баланди онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки дар кори курс-конфронс як зумра адибон аз маркази вилоят, ба мисли шоира Адиба ва насрнавис Маъруфи Бобоҷон ширкат дошта, навиштаҳои адибони ҷавони Исфарамарзро ба риштаи таҳлил кашиданд. Дар ҷараёни ин нишаст аз ҷониби аҳли адаби Исфара шеърҳои ба тозагӣ эҷодшуда ва пораҳои насрӣ қироат карда шуд.

www:7imruz.wordpress.com

email: gazeta-imruz@mail.ru

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалигардонии нақшаҳои азими бунёдкориву созандагӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум ба масъалаи инкишофи соҳаи истихроҷи ангишт таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҷомеаи меҳнатии ҶСК «Ангишт» ба истиқболи сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда иҷроиши дастуру супоришоти Сарвари давлатро таъмин намояд. Дар ин радиф, дар самти афзун намудани ҳаҷми истихроҷи ангишт ва паст кардани арзиши ниҳоии он ҷомеаи меҳнатии мазкур аллакай аз тариқи азнавбарқарорсозии тамоили шарқии ҳаводиҳии кони рақами 8 қадами нахустин ва ҷиддӣ гузоштааст. Маросими мавриди истифода қарор додани системаи марказонидашудаи ҳаводиҳӣ дар яке аз қитъаҳои муҳими истеҳсолии конҳои ангишти Шўроб бо ширкати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, муовини раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва директори кулли корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти тоҷик» Илҳомиддин Неъматов сурат гирифт. Дар баромади худ шаҳрдори Исфара, муовини раиси вилоят ва директори кулли корхонаи воҳиди

www.tojinfo.ru

Исфара, кeчаи Марказb-10.

Тел: 2-61-62

ҶСШК “Ангишт”: тамоили шарқӣ барқарор шуд

давлатии «Ангишти тоҷик» дар баробари зикри нақши ангиштканон дар таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ва пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аҳамияти барқарорсозии тамоили шарқии ҳаводиҳии кони рақами 8-ро дар афзун намудани ҳаҷми истихроҷи ангишт тазаккур доданд. Лозим ба зикр аст, ки вазифаи тамоили мазкур аз таъмини кони рақами 8 бо баромадгоҳи эҳтиётӣ ва бо ҳавои тоза иборат буда, дар натиҷаи тадбирандешиҳои роҳбарияти корхона, дастгирии вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, КВД «Ангишти тоҷик» ва кўмаки молиявии ширкати «Нури нави Тоҷикистон» дар муддати кўтоҳ тамоили шарқӣ то уфуқи 878 метр аз сатҳи баҳр аз нав барқарор карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз ҷойҳои корӣ дар кони рақами 8 бо воситаи ҳаводиҳакҳои қитъавӣ бо

ҳавои тоза таъмин карда мешуданд. Пас аз барқарорсозии тамоили ҳаводиҳии шарқӣ шароит фароҳам омад, ки кони рақами 8 аз рӯйи схемаи ҳаводиҳии муттамарказ фаъолияташро ба роҳ монад. Имконият пеш омад, ки 150 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шаванду бо усули лаваҳо истихроҷ ба роҳ монда шавад. Бо усули лаваҳо истихроҷ намудани ангишт нисбат ба истихроҷ бо тариқи танeра аз ҷиҳати бехатарӣ ва талафоти истеҳсолӣ бартарият дорад. Зимни ҷамъомади тантанавӣ дар кони рақами 8 изҳори умедворӣ карда шуд, ки минбаъд бо истифода аз имкониятҳои созгори фароҳамомада ҷомеаи меҳнатии ҶСК «Ангишт» дар таъмини иҷроиши нақшаҳои бар дӯш гирифта муваффақ гардида, дар пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат саҳми босазо хоҳад гузошт.

Ни фа


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.