10 2018 7 март

Page 1

Рӯзи Модар муборак, ҳамдиёрони гиромӣ! Тасдиқи рамзи Наврӯз

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2018 рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз – 2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст. www.president.tj

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 10 (9241) *** Чоршанбе, 7. 03. 2018

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

"Модарон аввалин мураббии оила буда, аз мактаби модар дида, бузургтар мактабе нест." Эмомалӣ Раҳмон.

Саломзода Сиҷоуддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара:

Модар - сарчашмаи ҳаёти музаффар

Модарону хоҳарон ва бонувони азизу гиромиқадр! Бо эҳтироми зиёда ва фараҳмандии афзун дар ин рӯзҳои мубораку хуҷаста Шуморо бо оғози зеботарин фасли сол-баҳори гулбасар ва фарорасии ҷашни фархундаи Рӯзи Модар табрик мегӯям. Хоса бояд қайд намуд, ки Шумо-занону модарон дар домони сабзи табиат монанди гулҳои зебову шукуфоне ҳастед, ки бо таровату малоҳати хоса, дастони ҳунарофар ва меҳру шафқати худ ба он ҳусни тоза мебахшед. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: -"Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда Н/И

ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад." Аз ин ҷост, ки аҳли ҷомеаи навини тоҷикон ба бузургӣ ва азамати Шумо-модарони поксиришти хеш дар сатҳи шоиста эҳтирому арҷ мегузорад, аз ин рӯ мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳолию нишоти хоса истиқбол мегирем. Дар маҷмуъ, ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагию қаҳрамонӣ маҳз натиҷа ва самараи заҳмати шабонарӯзии Шумо - Модарон аст. Тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогӯйи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон маҳз шумоед.

Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ

Конференсияи ҲХДТ доир шуд Вакилони конференсияи ХХVII-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара номзадии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддинро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V) пешбарӣ карданд.

К

онференсияи ХХVII-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси КИШ ҲХДТ Бурҳонбек Асадуллоев бо ширкати 225 нафар вакил аз ташкилотҳои ибтидоӣ, дар ҳузури раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V) Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев, собиқадорони ҳизб ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид. Он се масъала - ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати V) бар ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии “Бинокор” № 8 ва дар бораи самтҳои аз дастуру

супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли 2018 барояндаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар навбати аввал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба ҳайати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ворид карда шуд. Баъдан, вакил аз ташкилоти ибтидоии беморхонаи марказии шаҳр Саидахон Ӯлмасова номзадии Саломзода Сиҷоуддин – санаи таваллудаш 2-юми июни соли 1965, миллаташ тоҷик, таҳсило-

Дӯстони азиз! Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Аз ин лиҳоз, мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузорад ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки мо танҳо дар он сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзию ғамхории ӯ расем. Модарону хоҳарони арҷманд! Ҳамаи Шумо - гулҳои ҳамешабаҳори зиндагиро ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар самимона табрик мегӯям. Бароятон саломатӣ, бахту саодат, иқболи нек, хонадони ободу осуда, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва рӯзгори пур аз баҳорро орзу дорам. Бигзор дилҳои Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистонамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад. Рӯзи Модар бароятон муборак бошад! таш олӣ, хатмкардаи Донишкадаи политехникии ба номи Абурайҳон Берунии шаҳри Тошканд, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара (даъвати панҷум) аз ҳавзаи интихоботии “Бинокор” № 8 пешбарӣ намуд. Ин таклиф аз ҷониби собиқадори ҳизб Мирзошариф Исломидинов ва вакил аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар ҶСШК “Корхонаи кимиёвӣ” Рустамӣ Содиқҷон Абдукаримзода тақвият дода шуда, аз ҷониби вакилони конференсия якдилона дастгирӣ ёфт. Дар бораи самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, ки аз дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 16-уми феврали соли равон бармеоянд, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов баромад кард. Конференсияи 27-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул кард.

Боздид аз шаҳраки нефтчиён Ичрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин аз шаҳраки Нефтобод боздид ба амал овард.

Д

ар раванди сафари худ мавсуф аз муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, корхонаю коргоҳҳои истеҳсолии ҳудуди шаҳрак дидан намуд. Таассуроти Саломзода Сиҷоуддин аз шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбияи тарбиятгирандагон дар кӯдакистони №27 нек буд. Зимнан гуфта шуд, ки агарчи дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои толибилмон тамоми шарту шароити азхудсозии илму фан фароҳам оварда шуда бошанд ҳам, сатҳи донишомӯзии хонандагони синфҳои болоӣ беҳбудиро тақозо дорад.

Ҷаласаи навбатии шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакони назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар филиали Маркази таълими калонсолон доир гардид.

Д

ар кори он ба ғайр аз аъзои шӯро, ҳамоҳангсози барномаи мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ, мушовири директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Фаромузов ва танзимгари ҳамин барнома дар вилояти Суғд Умар Акрамов иштирок доштанд. Котиби шӯро Мусохӯҷа Тошхӯҷаев доир ба корҳои ба сомон расонидаи аъзои шӯро маълумот дод. Алишер Фаромузов аз фаъолияти шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар шаҳри Исфара изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла зикр кард, ки бо иқдоми аъзои шӯро бо ҷалби Ташкилоти байналмиллалии меҳнат шумораи зиёди кӯдаконе, ки ба корҳои вазнин машғул буданд, ба касбомӯзӣ дар Маркази таълими калонсолон фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин барои беҳтар гардонидани фаъолияти кори шӯроҳои дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят семина-

Фаъолияти литсейи саноати нафту гази шаҳраки Нефтобод дар самти омӯзиш ва омодасозии мутахассисони миёнаихтисоси соҳаҳои гуногун мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда шудааст. Саломзода Сиҷоуддин зимни ташриф ба корхонаҳои саноатии шаҳраки Нефтобод — ҶСК «Суғднефтугаз» ва ҶМ ДММ "Петролеум -Суғд" бо роҳбарият ва мутахассисони варзидаи соҳа вобаста ба дарёфти роҳҳои тақвиятбахшии фаъолияти ин корхонаҳо табодули назар кард. Сокинони шаҳраки нефтчиён дар мулоқоти рӯ ба рӯ бо шаҳрдор вобаста ба масъалаҳои ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмини хадамоти ёрии таъҷилӣ бо доруворӣ, баррасии масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани замин барои қабристон, ободонии варзишгоҳ, мусоидат барои ташкили раванди таълим бо равияи забони русӣ ва барқарор намудани хатҳои алоқа дар шаҳраки Нефтобод муроҷиат намуданд.

Н/И

Нишаст

Ҳифзи кӯдакон аз меҳнати вазнин ру машваратҳои омӯзишӣ доир намуд. Зимнан таваҷҷуҳи аъзоёни шӯро ба тақвият додани ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии меҳнат ва густариш бахшидани фаъолияти аъзои шӯро дар маҳалҳо дар самти пешгирии меҳнати вазнини кӯдакон ҷалб карда шуд. Танзимгари Барномаи барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар вилояти Суғд Умар Акрамов вобаста ба рафти корҳои марбута дар дигар шаҳру навоҳии вилоят маълумот пеш овард. Минбаъд чанде аз аъзои шӯро баромад намуда, баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият изҳори назар карданд. Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоён нақшаи кории шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар шаҳри Исфара барои нимсолаи аввали соли 2018 тасдиқ карда шуд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.