Рузи Модар муборак, хамдиёрони азиз! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24/04/1932 *** № 10 (9193) *** Чоршанбе, 8. 03. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА тарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад”. Аз ин лиҳоз, арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар яки мост. Тазаккур бояд дод, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ дар баробари таъмини риояи ҳуқуқҳои баробари занону мардон баҳри ҷалби занон ба корҳои идоракунии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои занон, тайёр намудани кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ, пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак ва ҳаллу фасли дигар мушкилоти иҷтимоии занон мунтазам чораҷӯйиву мусоидат менамояд.
Модар сарчашмаи зиндагӣ ва гармии хонадон аст Паёми муборакбодии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба муносибати Рӯзи Модар Модарони гиромиқадр ва хоҳарони азиз. Дар ин айёми фараҳафзо бо камоли хушиву сарфарозӣ фарорасии Баҳори хуҷастапай ва ҳам Рӯзи гиромидошти Модарро ба якояки Шумо ва дар симоятон ба кулли бонувони диёр табрику таҳният мегӯям. Таърих бар он аст, ки набзи зиндагии башар дар тамоми тӯли таърихи инсоният бо набзи Зан - Модар ҳамсадо, ҳамнаво ва ҳамоҳанг мебошад. Зеро, сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Бино бар гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - “Модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳо-
Дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳр кӯчае ба номи журналист ва нависанда Насрулло Асадуллоев номгузорӣ гардид. Ба ин хотир дар даромадгоҳи кӯчаи мазкур-назди беморхонаи деҳаи Чоркӯҳ маросими кушодашавӣ доир гардида, дар ҷараёни он парда аз рӯйи лавҳа бардошта шуд. Дар маросими номгузорӣ муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Уктам Халлоқов, дӯстону ҳампешагони қаламкаш Додохони Эгамзод ва Атобеков Бобоҷон Наврӯз, инчунин духтари Насрулло Асадуллоев
Хушбахтона, дар замони имрӯз занони Исфара нерӯи басо бузург буда, ҳамсафу ҳамқадами замон ҳастанд, дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, дар кулли сохторҳои давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ назаррас фаъолият мебаранд, дар пешбурди ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ саҳму нақши муассир доранд. Дӯстони азиз. Мавриди зикр аст, ки мо ба бузургию азамат ва хизматҳои бузургу шоёни дар назди халқу Ватан анҷомдодаи занони иззатманди шаҳр - собиқадорони меҳнат ҳамеша арҷгузор ва ҳамзамон ифтихорманд аз он ҳастем, ки дар замони имрӯз теъдоди занони фаъолу ташаббускор,
"Мо дар сурате ба пирӯзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсӯзиву ғамхории ӯ расем. Ҳамду сано ба зан-модар, ки муҳаббати ӯ интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ӯст." Эмомалӣ Раҳмон.
бомаърифату соҳибтадбир, обрӯманду соҳибмақом, ки рисолати созандаи хешро ба ҷо оварда, дар таҳким ва рушди ҷомеа, ободонию пешрафти Исфарамарз саҳми арзишманд мегузоранд, пайваста меафзояд. Бояд гуфт, ки нақши ҳар яке аз фаъолзанон, бонувони меҳнатдӯсту мушкилнописанд ва олиҳиммату ҳунарманди мо дар таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳр, болобурди сатҳи маънавиёти мардум ва бунёди оилаҳои хушбахт ниҳоят муҳиму чашмрас буда, мо аз ташаббускориву фаъолияти густурдаву пурсамари онҳо қонеъ ва сипосгузор ҳастем. Хоҳару модарони арҷманд! Мегӯянд, ки агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Яъне, шумо худ хуршеди оламафрӯзи мо ҳастед! Ҳар яки шумо хуб медонед, ки соли 2017 – Cоли ҷавонон, соли таҷлили ҷашнҳои саиди 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва 25умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар мавриди бо шукуҳу шаҳомати тоза баргузорсозии ин чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ мо аввалан ба нерӯ ва азму талоши ояндасози шумо занон такя хоҳем кард. Зеро, мо хуб медонем, ки шумо занону модарон ҳаёт ва неъматҳои бузурги он - озодӣ, сулҳу ваҳдат, рӯзгори ободу пурсаодат ва оромию осудагии сарзамини аҷдодии хешро бештар қадр мекунед. Таманнои онро дорам, ки ҳар кадоматон тандурусту саодатманд, дар ҷодаи таълиму тарбияи фарзандони солеҳ, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватандор ҳамеша комёбу сарбаланд бошед. Бигзор чеҳраи шумо, модарони азиз ва бонувони арҷманд ҳамеша чун гул хандону шукуфон ва қалбатон монанди чашмаҳои кӯҳистони Исфараи азиз поку мусаффо бошад. РӮЗИ МОДАР МУБОРАК БОШАД!
ёфтааст. Мухбири махсуси рӯзномаҳои «Комсомольская правда», «Правда», «Литературная газета» дар Тоҷикистон, ходими ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» шуда кор кардааст. Асадуллоев раиси Иттиҳоди муштариёни Тоҷикистон, Федератсияи каратэи Тоҷикистон, хазинаи ҳифзи иҷтимоии журнааз роҳи тайнамуда ва кору фаъо- листони Ҷумҳурии Тоҷикистон лияти нависанда ёдрас гаштанд. ва таъсисдиҳандаи ҳафтаномаи Бояд гуфт, ки лавҳаҳои ёдбуд ҳам «Тоҷикистон» мебошад. Асадуллодар оғоз ва ҳам дар анҷоми кӯча ев Насрулло вазифаҳои мушовири гузошта шудааст. Сарвазири Ҷумҳурӣ ва мушовир Насрулло Асадуллоев 14.08.1951 дар Дастгоҳи иҷроияи Президендар деҳаи Чоркӯҳи Исфара ба тро адо кардааст. дунё омодааст. Номбурда моҳи майи соли 1995 Фаъолияти меҳнатиаш дар рӯз- дар синни 44 солагӣ даргузашт. номаҳои «Тоҷикистони Советӣ» ва «Коммунист Таджикистана» оғоз Н/И
Гиромидошт
Кӯчаи журналист
Н/И
Мулоқот
Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Исфара
Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо донишҷӯёни Исфарагие, ки дар макотиби олию касбии шаҳри Душанбе мехонанд, мулоқот кард.
М
улоқоти мазкур дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон доир шуда, дар он беш аз 300 нафар донишҷӯён ва собиқадорони Исфара, ки муқими пойтахт ҳастанд, ширкат намуданд. Бино ба гуфти мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Исфара Субҳиддин Шарофов қабл аз мулоқот дидорбинӣ аз ҳолу аҳволи донишҷӯёни дар хобгоҳҳо зиндагидошта сурат гирифта, дар раванди он 130 нафар донишҷӯён бо маводи хӯрока ёрмандӣ карда шуд. Инчунин 60 нафари дигар бо маблағҳои пулӣ дастгирӣ ёфтанд. Дар мулоқот раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба зарурияти тарбияи кадрҳои ҷавони баландихтисос, оянда бо ҷойҳои доимии корӣ дар Исфара таъмин намудани онҳо, дастгирии ҳамаҷониба ва диққати хоса додан ба ҷавонон дахл намуд. Изҳор дошт, ки ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатии Исфара ба кадрҳои баландпоя ниёз дошта, донишҷӯёнро зарур аст, ки ҳамаи нозукиҳои пешаи интихобкардаашонро аз худ намоянд. Зеро онҳо оянда пешбарандаи ҷомеа мебошанд. Гуфтанист, ки мулоқоти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара буда, давоми фаъолиятии кории худ ба ҳайси нафари якуми шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бори дуввум аст, ки бо донишҷӯёни исфарагии Душанбе вомехӯрад.
сафарбарии ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии никоҳҳои барвақтӣ ва хешовандони наздик, роҳ надодан ба тақлидкорӣ ба либоспӯшии ба фарҳанги мо бегона доир шуд. Дар рафти он сармутахассиси шуъбаи мазкур М. Аҳмедов Ба хотири пешгирии оид ба масъалаҳои ҳалталаби шомилшавии ҷавонон ҷомеа изҳори назар карда, аз ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷумла қайд кард, ки раванди муҳоҷират дар ҷаҳони имрӯза ифротӣ силсилаи суҳяк амри табиист. Бинобар ин батҳо идома доранд. ҷавононро зарур аст, ки пеш аз Бо ибтикори шуъбаи хада- сафар ба кишвари дигар аз қомоти муҳоҷират дар шаҳри идаву қонунҳои он бохабар боИсфара дар деҳаҳои Воруху шанд, ҳуқуқҳои худро дифоъ Хонобод мулоқот оид ба пеш- намоянд. Барои ин донистани гирии шомилшавии ҷавонон забони давлати қабулкунанда ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, шарти муҳим аст. Н/И
Нишаст
Пешгирӣ аз шомилшавӣ