10 11 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

5 4 9 1

Ҷашни Зафар МуБорак, дӯстони аЗиЗ!

20 15

10-11 2015.qxp имруз_Layout 1 07.05.15 9:27 Страница 1

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 10-11 (289-290)

аз 7 майи соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир:

КОРНАМОИАШОН ЧОВИДОНИСТ!

собиқадорони гиромӣ! Ҳамдиёрони азиз! имрўзҳо мардуми шарафманди тоҷикистон дар радифи халқу миллатҳои сулҳпарвар ва тараққихоҳи олам, ки дар солҳои Ҷанги дуюми Ҷаҳон ба муқобили хатарноктарин душмани аҳли башар – фашизми гитлерӣ мубориза бурдаанд, Ҷашни Ғалабаро бо ифтихору фараҳмандӣ, бо арҷгузориву қадрдониҳои ғолибони ҷанг, дар сатҳи шоиста, таҷлил менамоянд. Зеро, ба гуфтори Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон: - «ин санаи таърихӣ дар қатори собиқадорони ҷанг ва одамони калонсол барои наслҳои имрӯза ҳам гиромиву муқаддас аст, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мост». дар ин лаҳзаҳои фараҳафзо, ман ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба шарафи санаи бузург ва муқаддас - рўзи Ғалаба, ки 70 сол муқаддам ба яке аз ҷангҳои даҳшатноктарин ва фоҷиабори асри ХХ хотима гузоштааст, самимона табрик гуфта, бароятон сулҳу осоиш ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям. нӯҳуми май моҳиятан рӯзи шодиву нишот аст, вале ҳамчунон санаи ёдбуди онҳоест, ки барои халқу Ватан ҷони худро нисор кардаанд. Мо имрӯз дар назди хотираи тамоми қурбониёни ҷанг сари таъзим фуруд меорем. Ҳамаи он шаҳидону қаҳрамонони ҷанг бо кору пайкор, қаҳрамониву мардонагӣ ва шуҷоату матонати худ абадазиндаанд. Ҷойзи зикр аст, ки ҳарчанд ҷабҳаи ҷанг аз тоҷикистон фарсахҳо дур буд, вале таъсири он дар ҳама ҷо, аз ҷумла дар ҳар як хонаводаи шаҳру деҳоти исфара эҳсос мегардид. дар он давраи мудҳиш, бо вуҷуди тамоми мушкилоту маҳрумиятҳо кулли мардуми мо 9 майи соли 1945 рӯзи Ғалаба таври ҳамешагӣ рӯзи шодиву нишот ва ифтихормандии миллатҳои музаффар хоҳад буд. Рӯзҳои мудҳиши ҶБВ-ро ёдовар шуда, бояд дар бораи омилҳои барангезандаи эҳсосоти қаҳрамониву ҷонфидоии онҳое, ки барои ҳифзи Ватан сина сипар кардаанд, барои бо хӯроку пӯшок ва силоҳ таъмин кардани сарбозон дар ақибгоҳ заҳмат кашидаанд, андеша ронем, моҳияти масъаларо хубтар дарк кунем ва онро тарғиб намоем. Барои зинда гардонидани ному кори қаҳрамонони шаҳру деҳоти Исфара шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр аз рӯӣ ҳуҷчатҳои дар бойгонии Комиссариати ҳарбии шаҳр маҳфузбуда корбарӣ кард. Маълум шуд, ки дар солҳои ҶБВ аз шаҳру

– занону кӯдакон ва шахсони солхӯрда низ дар ақибгоҳ бо заҳмат ва фидокории бемисл, бо шиори «ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба», ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирўзӣ дар ҷанг фидокорона заҳмат мекашиданд. Ҳамзамон, тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои мардуми зиёди собиқ иттиҳоди шўравӣ хонаи дуюм гардида, аз тамоми гўшаву канори наздик ба хати ҷабҳаи мамлакати шӯравӣ зиёда аз 40 ҳазор нафар, аз ҷумла 9500 кўдаконро дар паноҳи худ гирифта буд, ки айни замон низ наслҳои онҳо, аз ҷумла дар шаҳри мо ҳаёти осудаҳолона доранд. дар бинои ҳозираи мактаби таҳсилоти миёнаи №1-и шаҳри мо солҳои ҷанг госпитали ҳарбии №4456 ташкил ёфтаву амал мекард, ки он ҷо садҳо ҷанговарон – маҷруҳони миллатҳои гуногун табобат гирифтаанд. Ҳамин зайл, Ғалабаи беназир бар фашизм ба ивази корнамоиву фидокориҳои бемислу монанд ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки озодихоҳонаи онҳо, аз ҷумла тоҷикон мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун иди зафар нақш бастааст. имрӯз мо 70-солагии Ғалабаи Бузургро дар Ҷанги дуюми Ҷаҳон таҷлил мекунем, аммо

www.tojinfo.ru

сабақу оқибатҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсўз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромўш нахоҳанд шуд. Мо имрӯз шукргузору фараҳманд ҳастем, ки 24 тан аз фарзандони зафарёри исфара иштирокчиёну собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буда, ҷашни 70умин солгарди Ғалабаи Бузурги худро якҷоя бо мо истиқболу таҷлил менамоянд. собиқадорони ҷангу меҳнат, нигаҳдоранда ва таҷассумкунандаи анъанаҳои пуршарафи наслҳои гузашта, намунаи барҷаста ва олии устуворӣ, мардонагӣ тимсоли мардонагӣ ва меҳанпарастӣ барои насли имрўзаи Ватани маҳбуби мо – тоҷикистон ҳастанд. Бино бар таъкидоти Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон: - «Ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромўш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем». Ҳамаи шумо раванди торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор аз ҷониби онҳо ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои чунин гурӯҳу созмонҳо мушоҳида мекунед. аз ин рў, мо наслҳои имрўз ва ҳам ояндаи кишварамон бояд ҳамеша барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кўшишу талош намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар рўҳияи сулҳу субот, ватанпарастиву башардўстӣ тарбия намоем. дар охир бори дигар ба ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат, хоса ба онҳое, ки дар солҳои ҷанг заҳмати вазнини ақибгоҳро бар дӯши худ доштанд, ба афсарону сарбозон, инчунин ба тамоми мардуми диёр иди Ғалабаро самимона табрик мегӯям. Бароятон тансиҳатӣ, осоиши рӯзгор, хонаи обод ва саодати ҷовидон таманно дорам.

АЗ ОНҲО МЕФАХРЕМ деҳоти Исфара 7389 нафар ҷавонон ба фронт сафарбар карда шудаанд ва аз онҳо 1949 нафарашон аз ҷанг бар нагаштанд. Аз байни ин ҷанговарон 604 нафар дар майдони ҷанг ҳалок шуда, 115 нафар бе ному нишон шудаанд. Қариб 200 нафарашон дар госпиталу қисмҳои санитарии беморхонаҳо вафот ва ҳамаи онҳо дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ дафн шудаанд. Солҳои ҶБВ барои мардуми ақибгоҳ низ осон набуд. Сокинони шаҳру деҳоти Исфара барои дастгирии ҷанговарони майдонҳои набард саҳми босазо гузоштаанд. Аз ҷумла, корга-

Исфара, кeчаи Марказb-10.

рони кони ангишти Шӯроб ӯҳдадор шуданд, ки меъёри корро 3-4 баробар зиёд ба иҷро расонанд. Коргарони заводи консерв бошанд, қарор доданд, ки ғайр аз маҳсулот ба фронт инчунин пул, сару либос, ғалла мефиристанд. То охири феврали соли 1942-ум ба фронт 437184 сӯм маблағ, 513 ҳазор сӯм заём, 39 тонна зардолую баргак, 6160 кг гӯшт, 7780 кг картошка, 282 кг равғани зард, 6060 кг орд, 3286 кг сабзавот фиристода шуд. Аз 11 то 26 декабри соли 1942 колхозчиёни Исфара барои тайёр кардани колоннаи танкии «Колхозчиёни Тоҷикистон» ба бонки давлатии ноҳия 3 миллион сӯм пули нақд гузарони-

Тел: 2-61-62

Ҳамватанони азиз! Мӯҳтарам собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ! Шуморо ба муносибати 70eмин солгарди Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод менамоем. Зеро Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои мост. Ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба, поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти адӯ саҳм мегирифтанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза аст. Дар баробари ин Рӯзи Ғалаба моро ҳушдор медиҳад, ки сулҳу амният, тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳоянд ва мо барои ҳифзи онҳо бояд ҳамеша омода бошем. Имрӯз комилан мусаллам аст: бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки ба шарофати корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан мемонанд. Торумор гардидани Германияи фашистӣ намунаи олии дӯстӣ, якдилӣ ва хизмати таърихии тамоми халқу миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015-ро Соли Оила эълон намуда, қайд намуданд, ки рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, ободониву бунёдкориҳои кишвар пеш аз ҳама ба меҳнати ҳалол ва якдиливу ҳамдигарфаҳмии тамоми меҳнаткашон вобаста буда, бунёди оилаҳои ҷавон зери таваҷҷӯҳӣ роҳбарияти давлат қарор дорад. Ва дар саргаҳи оилаи солим маҳз корнамоиҳои падарону бобоёнамон меистад. Онҳо буданд, ки имрӯз мо дар сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебарем ва ҷасорати онҳо барои ояндагон мактаби омӯзишист. Бори дигар ҳамаи шуморо бо Рӯзи Ғалабаи бузург табрик ва муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, рӯзгори обод ва саодати ҷовидон орзумандем. КИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА.

данд. Деҳқонону коргарони заводу фабрикаҳо ба ҳаракати «Стахановчӣ» ҳамроҳ шуда, нақшаҳои солонаро барзиёд иҷро мекарданд. Ба қарори комиҷроияи ноҳия аз 26 феврали 1945 барои дар солҳои ҶБВ ғайратмандона меҳнат кардан, шуҷоату корнамоӣ нишон додан 4609 нафар коргарону колхозчиён ва зиёиён ба гирифтани медал «Барои меҳнати шоён дар солҳои ҶБВ» мушараф гаштанд. Барои абадӣ гардонидани номи иштирокчиёни ҶБВ дар шаҳру деҳот се хоҷагии кишоварзӣ, як завод, 7 мактаб, 14 кӯчаҳо ба номи онҳо гузошта шудааст. Ин анъана дар арафаи 70 солагии Fалабаи Бузург идома доданд. Ба иштирокчиёни ҶБВ Мукаррамов Ҳамрохӯҷа ва Лутфулло Бузургзода

нимпайкара гузошта шудааст. Дар шаҳру деҳот барои ёдбуди шаҳидони ҶБВ 13 муҷассамаҳо,дар собиқ ҷойи кори 6 нафар иштирокчиёни ҶБВ лавҳаҳо гузошта шудаанд. Дар озмуни ба қариби гузаронидашудаи шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят ва раёсати маорифи вилоят бахшида ба 70 солагии Fалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 «Осорхонаи беҳтарини ҷангию меҳнатӣ» дар миқёси вилоят «Осорхонаи шӯҳрати ҷангу меҳнат»-и мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №36 деҳаи Чилгазӣ соҳиби мақоми сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуд. Карим МуЗАффАров, муовини раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр, нафақагири аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
10 11 2015 qxp имруз layout 1 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu