Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №1 (9416) *** Чоршанбе, 5. 01. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) таҳти раёсати Баҳодурзода Баҳоваддин баргузор гардид.
Аз иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ
Аз натиҷаҳои соли 2021 то интихобот
рушди сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориву раванди ободонӣ гузориш дод. Зикр кард, ки ба ҷойи 5 коргоҳу корхона дар Исфара ар он 32 нафар вакилони дар давраи ҳисоботӣ 7 коргоҳу Маҷлиси шаҳрӣ, фаъолони корхона бунёд гардида, нақшаи шаҳр, роҳбарони воҳидҳои корҳои сохтмону васлкунӣ 134,7 сохтории мақомоти иҷроияи фоиз иҷро гардиданд. Таҷлили ҳокимияти маҳаллӣ, макомоти 30-солагии Истиқлоли давлатии ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намояндагони воситаҳои ахбори сатҳи баланд доир карда шуда, умум ширкат доштанд. иншоотҳои зиёде ба истифода Нахуст вакилон рӯзномаи кори дода шуданд. Ба ҷойи бунёду иҷлосияро иборат аз 13 банд азнавсозии 457 иншоот 501 ва ҳайати котиботи онро тасдиқ иншоот ба истифода дода шуд, намуданд. ки 109 фоизи иҷрои интизориҳоро Аз рӯйи масъалаи якуми нишон медиҳад. рӯзнома ҳисоботи раиси шаҳри Вобаста ба масъалаи якум Исфара “Оид ба натиҷаҳои рушди вакилон А.Поччоев ва Р. иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Собирова ба музокира баромада, Исфара дар ёздаҳ моҳи соли андешаҳои худро баён доштанд. 2021” шунида шуд. Шаҳрдори Оид ба масъалаи иҷрои буҷети Исфара дар ҳисоботи худ ба соли 2020 ва тасдиқи буҷети ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дахл давлатии шаҳр барои соли намуда, вобаста ба иҷрои буҷет, 2022 сардори раёсати молия соҳаҳои маорифу тандурустӣ, Х.Абдушукурзода баромад кард. саноату сохтмон, кишоварзиву Ҳамзамон вакилон дар иҷлосия сатҳи ҷинояткорӣ, фарҳангу баъди шунидани гузориши
Д
Маъракаи созандагӣ идома дорад
Бо мақсади шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ раиси шахри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз чанде иншооти бунёдшаванда боздид ба амал овард.
Ш
дахлдори вобаста ба он қабул карда шуд. Дар кори иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ иштирок ва суханронӣ кард. Раиси шаҳри Исфара хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии “Хоҷаи Аъло” № Баҳоваддин Баҳодурзода дар 17 ва “Лаккон” № 40 санаи 20 фарҷом дар назди ҳозирон, аз феврали соли 2022 баргузор ҷумла раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини бурдани карда шавад. Дар идомаи кори иҷлосия корҳои тарғиботию ташвиқотӣ иҷрои саривақтии вакилон қарори дахлдорро оид бобати дарпешгузошта, ба тасдиқи нақшаи муфассали нақшаҳои тарҳрезии бинои истиқоматии аёдати собиқадорону оилаҳои баландошёна бо маркази савдо ниёзманд дар арафаи Соли Нави ва хизматрасонӣ дар ошёнаи милодӣ, эътибор ба амалишавии аввали он дар кӯчаи Марказии ҳадафҳои созанда ва тарҳу лоиҳаҳои бунёдкоронае, ки шаҳри Исфара қабул намуданд. Вобаста ба масъалаи дигари роҳбарияти Мақомоти иҷроияи рӯзномаи иҷлосия – номгузории ҳокимияти давлатии шаҳр рӯйи кор объектҳои ҷуғрофӣ муовини овардааст, ҷоннок намудани корҳо раиси шаҳр, раиси комиссияи вобаста ба фаҳмонида додани номгузорӣ Бобоиён Мадина нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои Абдуяқинзода маълумот дод. миллат ва дар асоси дастуроти Вакилон бо қабули қарор тағйир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣдодани номи як қатор ҷӯю кӯҳҳову Пешвои миллат, Президенти ҷар, дарё, каналҳову пойгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам обкашӣ, селроҳаҳову обченкунак Эмомалӣ Раҳмон тақвияти корҳо ва номгузории объектҳои ҷуғрофӣ вобаста ба омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва физикиро тасдиқ намуданд. Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вазифагузорӣ намуд. охирин банди рӯзномаи Иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ буд, ки қарори
аҳрдори Исфара зимни шиносоӣ бо рафти корҳо дар дигар иншоотҳои истеҳсолӣ бобати сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмониву ободонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Муассисаҳои хизматрасонӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, ҷомеаҳои меҳнатӣ қатъи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон вазифадор шуданд, ки дар раванди маъракаи мазкур ширкати фаъолона варзида, ҷиҳати тозаю озода ва кабудизор намудани ҳудуди маҳал, таъмиру азнавсозӣ ва ба тартиб овардану ороиши намои биноҳо, иншоотҳои маъмурӣ ва коргоҳҳои худ чораҳои мушаххас ва амалӣ андешанд.
сардори раёсати молияи Исфара ва қабули қарори дахлдор ба он, вобаста ба муқаррар намудани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2021 муносибати худро муайян карданд. Минбаъд ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Гузар” № 15 Некзод Хоҷазода шунида шуд. Даровардани илова ба дастури Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара банди дигари рӯзномаи иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ буд. Дар ҷараёни иҷлосия масъалаҳои пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаҳои интихоботии “Хоҷаи Аъло” № 17 Умарова Гулзира, “Лаккон” № 40 Назарова Муслима, таъсиси комиссияи интихоботии шаҳрӣ ва таъин намудани рӯзи интихоботи миёнадаврӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қарор дода шуд, ки интихоботи миёнадаврии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара ба ивази вакилони
Бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ворух утоқи рентгени рақамӣ ва бинои иловагии Маркази саломатии деҳоти Ворух мавриди истифода қарор гирифт. *** Шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар арафаи Соли Нави милодӣ оилаҳои шаҳидони муноқишаҳои назидсарҳадӣ, собиқадорони меҳнат, оилаҳои ниёзманд ва маъюбро аёдат ва ба онҳо кумакҳои моддиву туҳфаҳои солинавӣ инъом кард. *** Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ ба «Хонаи бачаҳо»-и шаҳраки Шӯроб рафта, кӯдаконро ба муносибати фарорасии Соли нави 2022 табрику таҳният гуфта, туҳфаҳо тақдим намуданд. *** Ба кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Исфара бахшида ба рӯзи касбиашон мошини хизматӣ тақдим гардид. *** Дар тӯйхонаи "Шоҳона" аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" бо кумаки саховатмандон барои 80 нафар кӯдакон дастархони идона ороста шуд. *** Маҷлиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор ва он доиргардии конференсияи ғайринавбатии ҳизбиро ба санаи 14 январи соли 2022 таъин кард. *** Аз ҷониби занону бонувони фаъоли шаҳр дар арафаи Соли
Исфара: бо як ҷумла
Нав дар қисмҳои ҳарбии 02215 ва роҳбияти ШВКД-2 байни духтарони 02267 - и шаҳри Исфара аёдати муассисаҳои таълимии деҳа озмун сарбозон бо дастовезҳои идона доир гардид, ки дар он хонандагони сурат гирифт. МТМУ № 27 ғолиб омаданд. *** *** Дар арафаи соли нави милодӣ Бо иштироки масъулини сардори раёсати маорифи шаҳри Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Исфара Саидзода Бобо Маҳмуд 8 шаҳри Исфара дар ҳамбастагӣ нафар ятими кулли муассисаҳои бо бахши дин, танзими анъана таҳсилоти миёнаи умумии ва ҷашну маросимҳои мақомоти №2,18,31,48 ва литсейи №6-ро ба иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳузур пазируфта, ба онҳо китобҳои ташкилоти ибтидоии "Маҷнунбед" бадеиву шириниҳои солинавӣ - и Ҷамоати деҳоти Навгилем оид тақдим намуд. ба пешгирии шомилшавии ҷавонон *** ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бо Дар Маркази ҷавонони Ҷамоати иштироки хонандагони синфҳои деҳоти Чоркӯҳ бо ибтикори болоӣ мулоқот доир гардид. масъулини ин марказ дар якҷоягӣ бо
2
"Насими ИСФАРА"
5 январи соли 2022
Пояи давлат набошад бе маориф устувор, Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
№ 1 (9416)
Дар партави Паёми Пешвои миллат
Аҳамияти аввалиндараҷа ба маориф
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, барои солҳои минбаъда дастури амал ва раҳнамо ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат тамоми паҳлуҳои хоҷагии халқро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ҳам пешравиву дастовард ва ҳам норасоиву камбудиҳоро номбар карданд, бобати бартараф кардани норасоиҳо ва роҳандозии пурсамари фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар Паём ба соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар эътибори махсус зоҳир карда шудааст. Чунонки Пешвои миллат таъкид карданд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Ҳамчунин афзуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор гирифт. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи
насли наврасу ҷавон ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ 28 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бунёд гардид ва шумораи онҳо ба 41 расонида шуд. Соли хониши ҷорӣ шумораи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки нисбат ба соли 1991-ум сею ним баробар зиёд мебошад. Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара зодаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад ва ҳамчунин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст. Устодони филиали Донишгоҳ баҳри омода намудани муҳандисони муосир ва ташаккули салоҳияти касбии онҳо, мутахассисони соҳибмаърифату маданӣ ва худогоҳу ватандор бевосита ба сатҳи азхудкунии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Чанде пеш муассисаи таълимии мо аз аттестатсияи давлатӣ гузашт ва дар асоси фармоиши директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17уми ноябри соли 2021 барои панҷ соли оянда ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, иловагӣ аз рӯйи самт, сатҳи таҳсилот, муҳлат бо дарназардошти теъдоди донишҷӯён, магистрантон, шунавандагон ва меъёрҳои муайянкунанда ва санҷишии
дар заминаи иҷозатнома дарҷгардида ба даст овард. Хушоянд он аст, ки бо фармоиши мазкур теъдоди ихтисосҳо аз 21 ба 31 номгӯй расид. Бар замми ихтисосҳои мавҷудаи технологию иқтисодӣ, омӯзгорию барномасозӣ ҳамчунин ихтисосҳои кишоварзиву омӯзгории аграрӣ, растанипарварӣ, роҳнамоии касбӣ, биология, химия физика, математика, география, педагогикаи иҷтимоӣ, таълими меҳнат, аз ҳама муҳим, аз рӯйи се ихтисос фаъолияти магистратура рӯзонаву фосилавӣ иҷозат дода шуд. Дар Паём таъкид мешавад, ки дар даврони истиқлолият барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ зиёда аз 315 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 115 ҳазор нафар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Бо вуҷуди ин, таъминнокии муассисаҳои таълимии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ, дар маҷмӯъ, 98,7 фоизро ташкил медиҳад. Ман гумон мекунам, дар таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо омӯзгорон фаъолияти филиал аз соли таҳсили нав саҳми назаррас мегузорад. Дар Паём омадааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст. Ҳар сол беш аз 5 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдод барои таҳсил ба мактабҳои олии хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Ҷаноби Олӣ ба таҳсили духтарон эътибори хосса зоҳир намуда, қайд карданд, ки дар замони истиқлолият
Дар синаҳои мардуми ориф мазорашон
Раисе, ки шоиста зисту сазовор рафт
Мӯйсафед, падарбузурги хонадон дар кати беморхона бистарӣ буданд. Дастони пуррагу пай бо мурури замон таровати худро гум карда, мисли оҳани гудохта сияҳранг, меҳнатӣ метофтанд. Ишора намуданд, ки наздашон нишинам. Ман мутеъона хоҳишро иҷро намудам. Чашмони чун барқ рахшон сӯям дӯхта шуданд. -Қотеъона мегӯям, каме дигар мондааст, меравам, ту бояд донӣ, ман розӣ меравам, ин қадар вуҷудам пур аз эҳсосоти қаноатмандию шукргузорӣ аст. Ҳоло ба чашмонам на хонаву дар ва на фарзандонам, менамоянд, агарчи Зайниддинам таҳамтани замон буд, қомати расо, бозувони бузурги ӯро, чеҳраи зебояшро бо худ мебарам. Писари кӯҳканам барвақт ҷаҳонро падруд гуфт. Ба ёд овардани ин хотира хеле гарон буд вақте, ки Бобоҷон Ғафуров солҳои ҳафтодум вақти сафари хизматӣ ба деҳаи Ворух
вақти гузаштан аз мавзеи Кӯтал ба садамаи сабук гирифтор шуда буданд, мошини "Волга" аз роҳ берун шуда, самти нишебӣ сарозер шуд. Ронанда бо як чолокии фавқуллода мошинро боз дошт, аммо ба қафо кашидани он номумкин гардид. Зайниддину Баҳриддин ва Орифҷони ҷавон ҳозир шуда, бо мадади чӯбдастаҳо мошини вазнинро боло кашиданд. Ғафуров ба тавоноии ҷавонои рустоӣ аҳсант гуфтанд, “Ана чеҳраҳои ориёӣ, ана тавоноии рустамона! Аҳсант, аҳсант! Мехоҳӣ, кумак мекунам ба донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Ленинград дохил мешавӣ, ана суроғаи ман.” Бобоқурбон писари худро ситоиш карда гуфтанд, - албатта, ба Россия меравӣ, ба донишкада, не! Ба Артиш! Ҳамин тавр мувофиқи супориши қатъии падар Сайфиддин дар Кушкаи Туркманистон, Зайниддин дар Лвови Украина, Баҳриддин
дар Читаи Россия адои хизмат намуданд. Овардани генератор (соли 1948) барои сохтмони ГЭС-и хурд аз шаҳри Тошкент ба деҳаи Хоҷаи Аъло хотироте буд рангин. Вақти ҳисобӣ расидааст. Мурдан душвор набудааст, агар амалҳои хайри карда ҳамроҳ ва мададгор бошанд. Шукр, ки ба хотири нафс ба роҳи хато нарафтам. Он нони ёфтаам, ки замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳи мардум хӯрдем, ҳамроҳи беваю бечорагон бо ҳам дидем, маро тасалло ва таскин медиҳад. Дар ҳақиқат Бобоқурбон Ашӯров – раиси колхози Октябр (солҳои 1937-1954) пас аз се рӯзи беморӣ ҷаҳонро тарк намуда, ба абадият пайвастанд. Мардум пайкари эшонро сари даст аз хонае, ки айвон надошт ва шабеҳи тамоми хонаҳои деҳа буд ба мазор бурданд. Раис розӣ аз худу аз тақдир рафтанд. Дар бисоташон чизе баарзиш
11500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Аз ҷумла дар ФДТТИ аз 580 нафар хатми панҷ соли охир 376 нафарашон духтарон мебошанд, ки 64,8 фоизро ташкил медиҳад. Аз 258 нафар қабули соли таҳсили равон 144 нафарашон духтаронанд, ки 56,8 фоиз аст. Ин далелҳо гувоҳи онанд ки филиали Донишгоҳ дар минтақаи наздисарҳадӣ воситаи дастраси соҳибмаълумот гардидани духтарони маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, Пешвои муаззами миллат зарур шумориданд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад. Бо ин мақсад, роҳбарони
надоштанд. Тавонистанд, ки солҳои ҷанг тамоми дороияшонро ҷамъ намуда, барои сохтани танк ба шаҳри Челябинск фиристанд. Дар ноҳияи Исфара аваллин шуда мукофоти давлатӣ "Москвич"- и замонавиро сазовор шуданд. Ҳатто чанбаракашро надошта, маблағашро ситониду ба суратҳисоби заводи танксозӣ ирсол карданд. Пири ин диёри куҳан, барзгари ботаҷриба Усто Ҳасанбой Ниматов, ки худ шоҳиди он айёми душвор барои мардуми Хоҷаи Аъло буданд, изҳор доштанд: “Он солҳо ба ҳама душвориҳо дошт. Гуруснагӣ гиребонгир буд, лекин Бобоқурбон нагузошт, як хӯша беҷо равад. Марди бенафси дасткӯтоҳ буданд. Ҳар як луқмаи нонро бо ҳамагон медиданд. Хоҷагӣ ҳосили гандуми беҳтаринро дар сатҳи ноҳия рӯёнид. Чӣ аз ҷиҳати сифат ва чӣ аз ҷиҳати миқдор. Ҷасорати шахсӣ то ба дараҷае буд, ки мардуми тангчашми аз кӯҳҳо фуруд омадаро нагузошт, ки атрофи деҳоти Чоркӯҳ мустақар шаванд. Агарчи ин тоифаи ваҳшонияти беандоза дошта аз ягон амали зишт парҳез намекарданд, ҷасорат ва матонати ҳар як бошандаи деҳа болотар аз амали сокинони аз дашту кӯҳсор сарозершудагон буданд. “Раҳми хӯрдану ё
муассисаҳои таълимиро вазифадор намуданд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд. Умуман, зарур шумориданд, ки таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» самтҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар солҳои наздик муайян карда, мо - роҳбарон, олимон, устодон ва ҳар як корманди мактаби олиро вазифадор менамояд, ки дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, мутахассисони ҷавобгӯйи бозори меҳнат, ҷавонони ватандӯсту меҳнатдӯст, донишманду забондон беш аз пеш меҳнат кунем, Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем. М. ХОЛИҚЗОДА, номзади илмҳо, директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара. кӯтоҳандешӣ кардани мо ҷабри баъдиҳо мегардад”,- андеша меронд, Раис. Дар ин амали хайр ҳамеша ба мардуми боҷасорат ва ватандӯст такя мекарданд. Муллоаюб ҳисобчии колхоз: "Марди босавод бо исрор мегуфтанд: "Аз Худо ва мардум шармам меояд, агар ваҷабе хоки моро истило кунад". Мулломухтор Аҳмедов имоми деҳа, оне, ки ҳашт сол дар Бухоро илму адаб омӯхта буд: "Хайри бемаврид ҷабр бувад, сустӣ кунем ба давлат ва миллат хиёнат мекунем" - ҳамеша вирди забонашон буд". Дар ин роҳ маротибае ҳам хато накард. Мардуми деҳа ба сухан ва амали ӯ бовар карда, марзи худро бешак аз бегонагон ҳифз намуданд. Бобоқурбон Ашӯров - "Орияти кӯҳистониро болотар аз ҳама чиз медонистанд." - Ягона раисро медонам, ки то ба ин рӯз дар ҳаққаш мардум дуо мефиристанд”, - мегӯяд куҳансолтарин зани деҳа Бибианбари наваду панҷ сола,Бобоқурбон шоиста зистанду сазовор рафтанд. А. ШАРИФЗОДА
3
"Насими ИСФАРА"
5 январи соли 2022
Бо репортёр то Корманди шоиста Бобоҷон Атобекови гиромиқадр!
Раёсати созмони вилояти суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Шуморо бо ҷашни фархундаи 75-солагиатон табрику муборакбод намуда, бароятон баракати умр, саодати рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно дорад. Ҷомеаи рӯзноманигорони кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, Шуморо ба сифати яке аз ҳампешаи ҳақиқатнигор, қаламкаши хушсалиқа ва ташкилотчии кордон пазируфтаанд. Зеро Шумо робитаи хешро бо матбуот ҳанӯз муҳассилини мактаби миёна будан ба роҳ монда, бахусус, бо рӯзномаҳои бачагона ва ноҳиявӣ ҳамкории зич доштед. Сипас, таҳсилро дар Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров (алҳол Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) идома дода, ҳамзамон ба ҳайси ходими адабӣ дар нашрияи “Коммунисти Исфара” (ҳоло “Насими Исфара”) фаъолият бурдед.
"Шеф"-и маъракаҳо Бо номи Бобоҷон Наврӯз беш аз ним аср муқаддам аснои дар мактаби миёна хонданам аз саҳифаҳои рӯзномаи “Коммунисти Исфара” ошноӣ пайдо карда будам. Баъд аз хатми донишгоҳ ба ин даргоҳ ба кор омада, бо ин ҷавонмарди шӯху зариф ва зиндадил аз наздик шинос шудам, ки вай алакай сабзида, ба ҳайси мухбири сайёри радиои вилоят дар шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ашт ифои вазифа менамуд. Туфайли қобилияти баланди касбӣ ва ташкилотчигиаш дар ин боргоҳи таблиғотӣ нуфузи баланд ва мавқеи хосса пайдо кард. Сипас, зимоми роҳбарии радиошунавоии маҳаллии шаҳри Исфараро ба даст гирифта, бо иқдому навҷӯиҳо кори радиожурналистони пешин Муқимҷон Абдураҳмонов, Бурҳонҷон Бобоев, Нусратулло Неъматов ва Абдусамӣ Қуддусовро (ёдашон ба хайр) идома дода, ба пояҳои баланд бардошт. Студияи радиоишунавоии маҳаллӣ бо дастгоҳҳои нав таҷҳизонида шуда, маҳфили “Радиожурналистон” ба фаъолият пардохт. Барномаҳои он торафт завқовар, рангу бӯи тоза гирифта, пуртаъсир гардиданд. Дар як вақт дар аксар ҷамоатҳои деҳот ва ҳатто мактабҳо низ радиоузилҳо ба кор шурӯъ намуданд. Бо баробари вусъати кори радиошунавоӣ Бобоҷон Наврӯз дар саҳифаҳои матбуотии маҳалливу вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ бо хабару мақолаҳои пурмазмун ва лавҳаву таронаву ҳикояҳои марғуб ширкат варзида, зина ба зина камол ёфта, соҳиби китобҳои мухталиф шуда, то ба дараҷаи устодӣ расид. Бо нишони “Аълочии радио ва телевизион” ва унвони баланди кормандони Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф шуд. Устод Бобоҷон Наврӯз шахси ниҳоят хоссакор, фариштакор, хушрӯзгор ва маъракаорост. Ҳар кадом маъракаву маҳфиле, ки ӯ ширкат меварзад, он ҷо фазои хандаву хушҳолӣ ҳукмфармост. Бо амри тақдир бо Любовь Алексеевна дар асоси ишқу муҳаббат оила барпо карда, се фарзанди солеҳро ба камол расониданд, ки онҳо дар зиндагӣ, ҷойгоҳи худро соҳиб гаштаанд ва имрӯз дар сояи фарзандони азиз давлати пирӣ меронанд. Бигзор давлати пириашон бардавому бегазанд бод. Судуриддин МАҲКАМОВ
Нишин ба суҳбати пирону тозарӯ бархез, Ки офтоб зи базми фалак ҷавон бархост.
№ 1 (9416)
Соли 1973 ба идораи рӯзномаи шаҳрӣ ба кор омадам.Ҳарчанд донишгоҳро хатм карда бошам ҳам, ҳанӯз таҷрибаи кофии кор надоштаму қадамҳои аввалинам ба арсаи эҷод он қадар устувор набуд. Ин инсони саропо меҳр, ки он айём дар идораи рӯзнома фаъолият доштанд, бо суханҳои самимӣ рӯҳамро мебардоштанд, дар кадом ҳолат, дар кадом нукта ба норасоӣ роҳ доданамро мефаҳмонданд. Мавзӯъҳои муҳимро номбар ва таъкид менамуданд, ки ҳаргиз аз душворӣ хаставу дилгир нашавам. Ҳеҷ кас якбора ба мурод нарасидааст. Барои ба зинаи боло расидан ба зинаҳои аввал далерона қадам бояд гузошт. Ёдам меояд, ки боре барои таъҷилан ба шумораи навбатии рӯзнома навиштани як гузориш ҳамроҳ ба яке аз бригадаҳои собиқ хоҷагии ба номи Ленин рафтем. Аз он ба ҳайрат омадам, ки қариб тамоми деҳқонон, ҳатто занон он касро хуб мешинохтаанд. Лаҳзае пас гирдашонро парвонавор печониданду суҳбати хосса ва хандаю шӯхӣ дар саҳро танинандоз шуд. Тасвири ин ҳолат ва овардани шаммае аз суҳбат боиси эҷоди мақолае шуд, ки писанди ҳамагон гашт. Ҳаминро дарк кардам, ки он кас тез - тез меҳмони аҳли меҳнат мешудаанду бо рафтори нек ва сухани
Шавқи беандоза ба қаламфарсоӣ имкон маҳорати мухбирии назди радиои маҳаллӣ дод, ки дар айёми хизмат дар сафи ва рӯзномаи “Насими Исфара”, ки Шумо яке Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ низ ба сифати аз устодони фаъоли он ҳастед, маҳфили хабарнигори рӯзномаи музофотӣ фаъолият мутахассисони соҳаҳои фарҳангу адабиёт, доштед. Баъди хизмат тақдир Шуморо илм ва матбуот, тарбияи кадрҳои ҷавону боз ба идораи рӯзномаи маҳаллии шаҳри умедбахши соҳаи журналистика дар шаҳри Исфара пайваст. Баъдтар, тайи понздаҳ Исфара маҳсуб мешавад. сол дар Кумитаи телевизион ва радиои Барои хизматҳои шоён, Шумо ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) ҷиҳати гирифтани мукофотҳои зиёди соҳавӣ рушду такомули журналистикаи тоҷик шарафёб гардидаед. Тақдиронида шудани заҳмат кашида, бо тахаллуси Бобоҷон Шумо бо унвони баланди Корманди шоистаи Наврӯз мавод омода кардед ва байни Тоҷикистон аҷргузории Пешвои муаззами тамошобинону шунавандагон маҳбубият миллат нисбати заҳмати қаламфарсоӣ пайдо намудед. маҳсуб мешавад. Илова бар ин, чанде аз Ба хотири баланд бардоштани малакаву асарҳоятон, ки ба мавзӯи тиб ва табобати маҳорати хеш бахши Институти мардумӣ бахшида шудаанд, аз китобҳои байналмилалии тележурналистикаи шаҳри дӯстдоштаи мухлисонатон ба ҳисоб Москваро дар шаҳри Тошканд хатм карда, рафта, мавқеи Шуморо дар ҷомеа афзун соҳиби маълумоти махсуси касбӣ гардидед. мегардонанд. Дар шаҳри Исфара маҳз бо иқдоми Шумо Соҳибҷашни муҳтарам! ва дастгирии ҳукумати маҳаллӣ кумитаи Бори дигар Шуморо бо милоди муборак телевизион ва радиошунавонии назди таҳният гуфта, ба Шумо кушоишҳои нави кумиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳр эҷодӣ дар ҷодаи хизмат ба халқу Ватани созмон дода шуд, ки то имрӯз фаъолона азизро таманно мекунем. амал мекунад. Созмони вилоятии Иттифоқи Зикраш бамаврид аст, ки мактаби журналистони Тоҷикистон.
Мушк он аст, ки ...
хуш ба дилу дидаи хурду бузург роҳ ёфта будаанд. Шояд таъсири ин гуна лаҳзаҳои ҷолиб ва ё ҳидоятҳои доимии устод буд, ки бо мардум унс мегирифтагӣ шудам, аз байнашон дӯстони зиёде пайдо кардам. Мушоҳидакорию ҳақиқатнигорӣ ба мақсаду маромам табдил ёфт, сабку услуби навиштам ба мардум наздиктар гашт. Дар пайравии устод шогирдони зиёдеро кор омӯхтам, ки сонитар бо навиштаҳои худ саҳмгири ободӣ, ислоҳи норасоиҳо гардиданд. Оре, Бобоҷон Атобеков (Наврӯз), ки дар бораашон сухан рафт, рисолати инсонии хешро дар зиндагӣ бошарафона иҷро карданду мекунанд. 33 сол қабл маҳз бо иқдоми он кас дар назди идораи рӯзномаи шаҳрӣ нахустин мактаби маҳорати мухбирию ровигӣ ташкил шуд. Дар гурӯҳи аввалин 25 нафар бачаҳои боистеъдод интихобан аз мактабҳои шаҳру деҳот таҳсил карда, соҳиби ҳуҷҷат гардиданд. Се сол устод роҳбарии ин мактабро бар уҳда доштанд. Хатмкардагони он то ба ҳол чун мухбирони ҷамоатӣ фаъолият доранд. Бисёриҳо Бобоҷонро чун табиби
Бобое, ки кайфияти наврӯзӣ ато мекунад
Ҷавонмарди чорпаҳлў, кулчарў, чеҳрахандон ва хушмуомила. Ба ҳафтоду панҷ даромадааст, аммо бе муболиға, панҷоҳу ҳафтсола менамояд. Ба чеҳра ва қаду қоматаш нигариста, чунин баҳо додан мумкин, аммо баҳои ҳақиқӣ: дилаш ҷавону табъаш наврўзист, суханонаш ҳам ҷавону сабз аст. Ҳиммату ғайрату ҳаракату кўшишу кораш мисли ҷавонҳост ва саволе пайдо мешавад: Чӣ тавр Бобоҷон Наврўз то ба синни ҳафтодупанҷсолагӣ (бигзор то садсолагӣ бошад!) дилаш, вуҷудашро ҷавон нигоҳ дошта тавонистааст? Яъне ҷавон мондааст? Бо шарофату баракати софдилӣ, беғаразӣ, хайрхоҳӣ, накўкорӣ ва омўзиши пайвастаю меҳнати самаранок. Меҳнаташ дар саҳифаҳои китобҳо, рўзномаю маҷаллаҳо ва тану равони одамон асар гузоштааст. Равоншинос, табиб аст, баробари ба мушкилоту дарди одамон илоҷу даво дарёфтан роҳу усул ва дармоне пайдо кардааст, то худро ҳам ҷавон нигаҳ дорад ва хоҳиш мекунем, ки дар бораи то ба садсолагӣ солиму ҷавон мондан китобе таълиф кунад. Омўзгор, боғбон ва қаламкаши пуркор Баҳодурхўҷа Ғиёсӣ таклиф кард, ки ёдбуди бародари ғӯрамаргаш Некулзамон баргузор мегардад. Шом ба манзилашон аҳли илму адаб таклиф шудаанд. Мо - дўстонро ҳам самимона даъват намуд. Ба деҳаи Ворух рафтан лозим. Модом, ки таклиф карданд, наравӣ, одамгарӣ
намешавад. Маслиҳатамон пухт. Ако Бобоҷон гуфтанд: - Ман шумоёнро бо сабукравам мебарам. - Зимистон, шаб, торикӣ, роҳи дуре, ки баъзан ба ҳудуди мамлакати ҳамсоя даромадааст ва дар он ҷо ноҳамвориҳо, чуқуриҳо ва каҷию килебиҳо дорад, мошинаи Шумо нав, қиматбаҳо,- гуфт Қудратулло Эшонов. - Мошинаи наву қиматбаҳои ман дар назди таклифи дўст арзон аст. Агар наравем, интизор мешаванд, шояд меранҷанд…Гапи бисёр ба хар бор. Рафтем. Моро дигар касеву коре аз роҳ гардонида наметавонад. Суханони қатъӣ, бо якравӣ гуфташуда ва инкорнопазир. - Бензинашро мерезем,- боз таклиф намуд Қудратулло. - Бензин-мензинашро намерезед, дар паҳлуям бошетон бас! Фақат як иллат аст. Медонетон, ки чашмони одам пас аз чилсолагӣ камнуру камқувват мешавад. Чашмони ман дар торикӣ ин қадар нағз намебинанд. - Шумо равоншиносу табибед, дигарҳоро бо хости Худо шифо бахшида метавонед, худро шифо бахшида наметавонед магар? гуфтам ман. - Ба худ шифо бахшидан мушкил, аммо кўшиш мекунам. Бо усули худмутаассиркунӣ ба худ дармон мебахшам. - Ин хел бошад, чашмонатона ба чашмони ҷавони бистсола табдил диҳед,-шўхиомез таклиф намудам.
мардумие, ки дастони сабуку шифобахш доранд, низ хуб мешиносанд. Баробари идома додани кори эҷодӣ устод дар Маркази байналмилалии паропсихологҳои шаҳри Москва муддате таҷриба омӯхтанд. Аз санҷишҳо сарбаландона гузашта, чун узви Академияи илмҳои равоншиносии Федератсияи Россия шинохта шудаанд. Ба Исфара омада, ин ҷо бахши Мактаби байналмилалии рӯҳшиносиро ташкил карданд, ки даҳҳо хоҳишмандон дар он таҳсил намуда, саҳмгузори барқарор намудани саломатии одамон гардиданд. Узви ИЖТ Бобоҷон Наврӯз дар такя ба таҷрибае, ки ҳангоми фаъолият дар комитети радио ва телевизиони вилоят ба даст оварда буданд, чун муҳаррир солҳои зиёд бобати таъсирнок, ба дилу дидаи мардум наздик гардидани гуфторҳои радиои маҳаллии Исфара заҳмати зиёде ба харҷ доданд. Агар устодро яке аз бунёдгузорони радио ва телевизиони шаҳрамон гӯем, иштибоҳе намешавад.Ҳарчанд синни муборакашон ба 75 расидааст, ҳамоно боғайрату зиндадил, ташкилотчиву маслиҳатгари беминнатанд.
“Мушк он аст, ки худ бибӯяд” гуфтаанд. Мақолаву мухбирнома, гузоришу фелъетонҳои зиёди устодро хонандагон хондаанду мехонанд ва бо сабку услуби хоссаи нигоришашон хуб шиносанд. Илова мекунам, ки Бобоҷон муаллифи 7 китоб низ мебошанд. Бо назардошти он ки саҳмашон дар рушди фарҳанг, адабиёт ва илм калон асту мақола ва асарҳои илмию тарбиявӣ эҷод намудаанд, соли 2001 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба устод унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд. Ҳамчунин мавсуф Аълочии ҳарбии ИҶШС буда, соҳиби чор медал мебошанд. Мо, аҳли қалам, аз ҷумла кормандони рӯзномаи “Хазинаи маърифат”, пири корро ба муносибати ба синни мубораки 75 расиданашон самимона шодбош мегӯем. Дар айёми пирӣ беҳтарин ва некӯтарин хушиҳои зиндагӣ насибатон гардад, устод. То дар ҳаёт ҳастед, дилатон саршори меҳри на танҳо собиқ ҳамкорон, дӯстону шогирдон, балки аҳли оила, пайвандон, аз ҷумла фарзандон ва наберагону аберагон бошад. Б. САИДШОЕВ,
Тозарӯйӣ аз суҳбати пирон аст
- Шудааст. Рафтем. Чашмонам!!! Ба ҳар дуят фармон медиҳам: аз ҳамин лаҳза шумоён чашмони ҷавони ҳаждаҳсолаед. Дар торикӣ ҳам гурбаи сиёҳро дида метавонед. Ба роҳ баромадем. Медидем, ҳис мекардем, ки ронанда дар зулмот устокорона мошин меронд, аз ҳар як пастию баландӣ ва ноҳамворӣ чап дода мегузаштем. Сабукрав чунон медавид, ки андаруни он ба пиёла чой рехта, бемалол нарезонидаю начаконида нўшидан мумкин буд. Ба табиби ҳозиқ, равоншиноси мўшикоф будани Атобеков Бобоҷон Наврўз бовар устувор гардид. Донистам, ки ҳар кас табиби худ аст ва пизишк бояд аввал ба дарди худ шифо бахшида тавонад. Дар Фаронса Людовик фармон бароварда буд, ки агар касе аз табибони дарбораш бемор шавад ва ба бемориаш худ шифо бахшида натавонад, аз музди меҳнат маҳрум мегардад. Он шаби торику сарду кўтаҳи фасли зимистон мо ба манзили равшану бароҳату пурнеъмату пур аз дўстони Баҳодурхӯҷа даромадем. Дили бародар ба назар равшану манзили шоири зиндаёд Некулзамон аз нури дидорҳо равшантар гардид ва ин ҳама аз самимияту эҳтирому дўстдорию қадрдониҳои ҳамдигар буд. Чеҳраи Бобоҷон Наврўз чун офтоб нур мерехт. Он шаб бори дигар итминон ҳосил кардам, ки ин рўзноманигору равоншиносу табиб чи тавр то ҳафтодупанҷсолагӣ ҷавон мондааст. Бо шарофату баракати пиндор, гуфтор ва кирдори нек, бо шарофату баракати дилёбӣ.
Гузашти умри инсонро ба оби равон монанд кардаанд, ки ҳақиқатро дорост. Гӯё дирӯзакак буд, ки бо Бобоҷон Наврӯз сари таълифоти шогирдон баҳсу мунозира доштем. Ман муаллими одди мактаби миёнаву он кас муҳаррир ва ровии радиои Исфара буданд. Гуфтанист, ки бунёди радиои Исфара ба номи Бобоҷон Наврӯз марбут аст. Радиои он вақта ҷолибу гӯш карданӣ буд. Хурду калон баробари шунидани садои “Ин ҷо Исфара” гӯш ба қимор мешуданд. Интизор буданд, ки дар Исфараи азиз чӣ навгонӣ аст, кадом воқеаи фараҳбахш ба амал омадааст, киро васф мекунаду киро зери тозиёнаи танқид мегирад.... Бо маслиҳати устод Бобоҷон Наврӯз дар мактаб маҳфили эҷодкорону адабиётдӯстонро таҳти унвони “Навниҳол” таъсис додам, ки натиҷаи хубе ба даст омад. Дар таълифи хабару мақола, шеъру ҳикоя ва лавҳаву латифа аъзоёни маҳфил Баҳодурхоҷа Саидшоев, Қобил Умаров, Замира Тӯраева, Шарофат Пулодова, Дилбар Умарова, Абдусабур Абдуваҳҳобов, Масликат Ҳомидова, Осим Муллоев хеле фаъол буданд. Шунидани навиштаи хеш аз радиои Исфара, ки бо кумаки устод Бобоҷон Наврӯз рӯи мавҷ мебаромаданд, ба бачаҳо шодиву хурсандии беинтиҳо ато мекард. Ҳамкорӣ бо устод Бобоҷон Наврӯз шахсро аз ҳар ҷиҳат обутоб медиҳад, нерӯ мебахшад, пухта мегардонад, сарбаланд менамояд. Бошад, ки ӯ чун имрӯз ҷавондилу ҷавонтабиат, сарбаланду комгор, хушбахту саодатманд бимонанд.
Субҳон ЁДГОРӢ.
Мукаррам МЕЛИЕВ.
4
"Насими ИСФАРА"
5 январи соли 2022
№ 1 (9416)
Сураткаши наққоши Чин, Рав сурати ёрам бубин,
Мусоҳибаи мо
Нафаре, ки одамонро дигар мекунад
Наим Бозоров 7 апрели соли 1996 дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Аз кӯдакӣ орзу дошт ороишгар шавад. Ин аст, ки дар давраи мактабхонӣ пайваста бо ороиши муйи сари ҳамсинфон машғул мешуд. Соли 2014 пас аз хатми мактаби миёна ба Маркази санъати машшотии “Фигаро” (Центр парикмахерского искусства)-и шаҳри Уфаи Федератсияи Россия дохил шуда, соли 2016 онро бомуваффақият хатм намудааст. Наим Бозоров дар шаҳри мо ягона мутахассис аз ҷумлаи мардон аст, ки бо ороиши муйи сар, абрӯ, лаб ва нохуни бонувон дар сатҳи касбӣ шуғл дорад ва то ҳадде шуҳрати хосса пайдо намудааст. Бо Наим Бозоров вобаста ба асрори касбаш суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони азиз мегардонем. - Ороишгар кист? Ороишгар мутахассисест, ки симои одамро тавассути ҳунараш дигаргун месозад. Зебогии зоҳирии пӯшидаи ҳар фардро бо маҳорати хосса дарёфт менамояд, эҳтироми шахсро нисбат ба худаш боло бурда, дили мизоҷашро шод мегардонад. - Ҳунари шумо ҳамчун ороишгар
дар чӣ ифода меёбад? Аслан ман аз уҳдаи ҳамагуна ороиши санъати машшотагии муосир баромада метавонам: ороиши мӯй, рӯй, лаб, абрӯ ва нохунҳо.
онҳоро ороиш медиҳам. Шодам, ки мардуми мо аксаран зебопарастанд. Натиҷаи корамро дида ҳамеша ба худ меболам. Ин ҳолат маро ба касбам ва зиндагӣ дилгарм мекунад.
- Маълум аст, ки асосан ба ороиши зоҳир занону духтарон майл доранд. Оё мард будани шумо дар ҷодаи хизматрасонӣ ба бонувон монеа эҷод намекунад? - Новобаста аз мард буданам аз ҷумлаи занону духтарон мизоҷони зиёде дорам. Ҳамаи онҳо бидуни шубҳаву дудилагӣ ба хизмати ман рӯй меоранд ва аз сифати корам ҳам қаноатманд мебошанд.
-Шумо имрӯзҳо дар соҳаи ороишгарӣ аллакай чун устои ҳунарманду соҳибтаҷриба маъруфият пайдо кардаед. Оё шогирдҳо ҳам доред? -Шогирдони зиёд дорам. Аксарияташон занону духтаронанд. Рӯзҳои муайян аз Хуҷанду Конибодом ва шаҳру деҳоти Исфара омада касб меомӯзанд. Бархе аз шогирдонам аллакай дар шаҳрҳои Душанбеву Москва фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
- Муносибати аҳли оила ва хешу ақрабо нисбат ба шуғли пешакардаи шумо чӣ гуна аст? Аз касби интихобнамудаам аҳли оила ҳамагӣ розӣ ҳастанд. Бидуни дуову дастгирии онҳо то ба ин дараҷа омада расиданам ба гумон мебуд. Бобоям ҳамеша таъкид мекарданд, ки дар Исфара тавассути ин касб нон ёфтан андак заҳматталаб аст. Зеро минталитети муайян дорему бо ин касб дар шаҳри мо ғолибан занҳо сарукор мегиранд. Аммо бобоям доимо таъкид мекарданд, ки агар ҳунарат ба мардум нишоту саодат бахшад, ба сухани мардум аҳамият надеҳ, коратро босифат анҷом деҳу нонатро ҳалол бихӯр. -Мизоҷони шумо одатан киҳо ҳастанд? -Мизоҷони ман бештар занони синну соли гуногун ва арӯсон мебошанд. Ҳамарӯза онҳо ташриф меоранд ва ман мӯйи сар, абрӯ ва нохунҳои
-Шаке нест, ки шумо низ мисли ҳамкасбони маъруфи худ дар озмунҳои мухталиф ширкат варзидаед. Кадоме аз ин озмунҳо бароятон хотирмон буд? -Соли 2016 дар фестивал-озмуни “Беҳтарин ороишгар”, ки дар шаҳри -Ба андешаи шумо асрори Уфаи Федератсияи Россия доир комёбии касби ороишгар дар чист? гардид, ширкат варзида, сазовори -Барои расидан то ба мақоми ҷои аввал гардидам ва соҳиби роҳхат баланди ороишгарӣ хатм кардани роҳхат ба кишвари Олмон шудам. коллеҷу донишгоҳ кифоя нест. Дар он ҷо қариб ду моҳ истироҳат Машшотони ҳақиқӣ дар хориҷа кардам ва то ҳадде дар он ҷон низ таҷриба меомӯзанд ва дар озмунҳои малакаамро сайқал додам. гуногун ширкат меварзанд. Албатта, омӯзиш маблағи муайянро талаб мекунад, аммо дар сурати азми қавӣ доштан ин касб тамоми хароҷотро метавонад ҷуброн кунад. Агар ин касбро бо тамоми назокаташ аз худ намуда, дархосту эҳтироми мизоҷонро ба таври бояду шояд анҷом диҳед, муҳтарамтарин ва доротарин мизоҷон худро ба хидматгузории шумо номнавис мекунанд. Лекин бояд таъкид созам, ки барои ман ба даст овардани маблағ ҳадафи аввалиндараҷа нест, муҳимтар аз ҳама қаноатмандиест, ки ман аз ин ҳунар ҳамарӯза дарёфт мекунам.
Бо қалами ҳаҷв
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд
Мехмони
Бегоҳ аз кор омадаму баъди хӯроки шом ҳамсарам сухан оғоз кард: - Шумо медонед, ки дугонаи ман Раҳима хонаи нав харидааст. Агар розӣ бошед, пагоҳ пас аз кор ба хонаи ӯ баҳри муборакбодӣ меравем. Хурсанд мешаванд. Охир онҳо чанд маротиба ба хонаи мо ба меҳмонӣ омада буданд-ку, - ва илова намуд, - Пагоҳ ягон туҳфаи дуруст ҳам гиред. Рӯзи дигар ҳамсарам 3 - 4 маротиба занг зада, меҳмонӣ рафтану харидани туҳфаи муносибро бароям ёдрас кард. Бегоҳӣ ману ҳамсарам ба мошин нишастему ба маҳаллаи нави шаҳр ба хонаи дугонааш Раҳима ба меҳмонӣ равон шудем. Раҳима аз омадани мо хеле шод шуду моро ба хона даъват кард. Ҳангоме нишастем дугонаи ҳамсарам узр пеш овард, ки шавҳараш бо кори заруре банд шудаасту ҳозир омада мемонад. Гирди дастархони пурнозу неъмат нишастему даст ба дуо бардоштем. Ман, ки аз кор гурусна омада будам, буридаи нонро гирифтаму даст ба табақчаи ангур ва меваҳо бурдам. Раҳима сертараддуд буду зуд - зуд аз сӯи ошхона назди мо меомад ва як суханро такрор мекард: - Гиред хӯрда шинед... ва боз бошитоб сӯи ошхона мерафт. Ниҳоят ӯ ба назди мо омада нишасту боз ба сухан оғоз кард: - Гиред, хӯрда шинед. Ҳарчанд луқма дар даҳон доштем, ӯ тӯтивор ин суханро такрор мекард: -Гиред, хӯрда шинед. -Медонед, - сухан оғоз кард дугонаи ҳамсарам, -Хитой ҳам намурад. Ба ҷое ба меҳмонӣ рафтам. Рӯи дастархон ончунон зебо буд, ки..., - ва илова намуд, - Соҳибхона тамоми анвои хӯрданиро, ки аз пластмасса "Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
-Ба нафароне, ки дар дил орзуи азхудсозии ҳунари ороишгариро мепарваранд, чӣ маслиҳат медодед? -Ҳунари мо ҳам санъат аст. Агар шумо хоҳед, ки шоҳасарҳои зеборо офаред, пайваста омӯзед ва меҳнат кунед. Ягон лаҳза дилсард нашавед. Зеро дар ҳама роҳи сафар азми расидан ба манзили орзу муҳаррики асосист.
сохта шуда будаасту истеҳсоли Хитой аст, рӯи дастархон гузоштааст. Бар замми ин аз бозор ним килоӣ пиставу бодому чормағзи сахт, ки шикаста намешавад, гузоштааст. Чунон зебо, ки мондан гиред. Яъне дастархон зебо ва аз ҳама муҳиммаш тоза меистад. Меҳмон ё бачаҳои ба меҳмонӣ меомада на чормағз шикаста метавонанду на пиставу бодом. -Чанд бор ба ҳамсарам гуфтам, ки мо ҳам ҳамин тавр кунем, хуб мешавад... Ҳамин вақт ҳамсари Раҳима бо ду сумкаи пурбор ба хона ворид шуд. Яқин, ки дар сумкаҳо лавозимоти пластмассии истеҳсоли Хитой буд, яъне ҳамсар супориши рафиқ занакро каме дер иҷро кард ва аниқ ки баъди рафтани мо танбеҳ хоҳад дид. Хӯрокро оварданду чун даст ба таом бурдем, боз зану шавҳар баробар тӯтивор такрор мекарданд: - Гиред, хӯрда шинед. Пас аз ин суханҳои зиёд ростӣ шарм доштаму аз хӯрдани таом худдорӣ намудам. Дидам, ки ҳамсарам низ аз қафои ман даст пок намуд. Бо соҳибхонаҳо хайрухуш намудему ба мошин нишастем. Дар роҳ ба ҳамсарам таклиф намудам, ки ба ягон ошхонаи канори роҳ истем. Ӯ маънидорона сӯи ман назар андохту розӣ шуд. Вай ҳам гурусна буд ва мехост, ки бемалол якҷо хӯроки шом хӯрем... Мухтадил ҶӮРАЕВ.
Аттестати маълумоти миёнаи А №181493, ки МТМУ №6 соли таҳсили 1994 ба Каюмова Мастура Хасанбоевна додааст. *** Аттестати маълумоти асосии №0015890, ки МТМУ №5 солҳои таҳсили 2004-2005 ба Дилрабохон Бахтиёрзода додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП №103723, ки МТМУ №18 солҳои таҳсили 1983-1984 ба Ҳамроқулова Насиба додааст. *** Диплом таҳти № 0011305 омӯзишгоҳи касбӣтехникии №10-и шаҳри Исфара (ҳоло МДТ “Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара”) мувофиқи фармоиши 3-к аз 21 июли соли 2006 аз рӯи ихтисоси “Монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ ” ба Бобобеков Ғайрат Ғайбуллоевич додааст. *** Аттестати маълумоти асосии А № 300322, ки МТМУ № 28 солҳои таҳсили 1975-1976 ба Толибова Зайнура Акрамбоевна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП № 306603, ки МТМУ № 33 солҳои таҳсили 1973-1974 ба Акрамов Исмонходжа додааст. *** Шиносномаи миллии Пӯлотова Нигора истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Кӯлканд, кӯчаи Махкамов № 34, ки ШВКД-1-и шаҳри Исфара додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи ШТС №0040857, ки МТМУ №12 солҳои таҳсили 2002-2003 ба Сайдиллоева Махфират Убайдиллоевна додааст.
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Б.Маҳкамов, 63 Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст.
Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад.
Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 4. 01. 2022. Адади нашр 4220.
Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
Ё сурате каш инчунин, Ё тарк кун суратгарӣ. -Аз фазои коргоҳ ва ашёҳои он эҳсос мешавад, ки шумо бештар ба ороиши мӯй таваҷҷуҳ медиҳед. -Сарфи назар аз он, ки шумо чӣ қадар оқилона либос мепӯшед, агар дар дар мӯйи сари шумо парокандагиву жӯлидагӣ дида шавад, пас таассуроти умумӣ манфӣ хоҳад буд. Мӯди муосири марбут ба мӯйро пайваста меомӯзам ва азхуд мекунам. Мӯйи ба таври дилписанд ороишёфта метавонад зебогии чеҳраро пурратар кунад ва ноқисиҳои дигари мавҷударо аз назарҳо пинҳон созад. -Ороишгар бояд кадом хислатҳоро дошта бошад? -Пеш аз ҳама мутахассиси соҳаи мо бояд аз санъат ва одоби муошират огоҳ бошад. Зеро ин талабот ба ҳамаи толорҳои ҳусн аввалиндараҷа аст. Дигараш ин, ки тафаккури таҳлилӣ, қобилияти пешгӯии натиҷаи кор, сабр ва муқовимат ба стрессро дошта бошад. Мудом саъй бояд кард, то мизоҷ аз кашолкорӣ ва сустии шумо хаста нашавад. Рӯзи дароз дар ду пой истодан то ҳадде омодагии хуби ҷисмониро ҳам тақозо дорад. -Барои суҳбат ташаккур. -Саломат бошед. Мусоҳиб Фатҳулло САЙИДОВ.
*** Аттестати маълумоти миёнаи № 0115788, ки МТМУ № 52 соли таҳсили 2007 ба Маҳмудов Шаҳбоз Мирсидиқович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи Т-АТУ № 0252562, ки МТМУ № 44 солҳои хониши 2015-2016 ба Исоқов Изатилло Қамбарович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП № 744212, ки МТМУ № 35 солҳои хониши 1980-1981 ба Мардонова Ҳадиса Абдумуқимовна додааст. *** Аттестати маълумоти асосии АБ № 025750, ки МТМУ № 32 солҳои таҳсили 1997-1998 ба Ризоева Раънохон Нусратиллоевна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0260064, ки МТМУ № 6 соли таҳсили 2009 ба Муқимзод Нодираи додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП № 069458, ки МТМУ № 31 солҳои хониши 1986-1987 ба Ибрагимов Зафар Шарифович додааст.
***
Шиносномаи миллии Нуриддинов Муҳаммадраҳим, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, кӯчаи Ф. Аттор № 56, ки ШВКД-1-и шаҳри Исфара додааст. *** Аттестати маълумоти асосии силсилаи АБ № 005475, ки МТМУ № 58 солҳои таҳсили 1998-1999 ба Каримова Шоирахон додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи БР № 013435, ки МТМУ № 32 солҳои таҳсили 1983-1984 ба Исмонова Раънохон Музафаровна додааст.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________