1 2017

Page 1

СОЛИ НАВАТОН МУБОРАК БОШАД! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

***

ИСФАРА

№ 1 (9184) ***

Ҷумъа,

30 декабри соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ:

Сарсабзиву хонаободии мардум ҳадафу орзуи мост

Ҳамдиёрони арҷманд. Инак, соли нави 2017-уми мелодӣ фаро мерасад ва мову шумо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек, ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Ба ин муносибат ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Исфараи бостонӣ ва тамоми ҳамдиёрона-

монро сидқан табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям. Соли сипаришудаи 2016 дар саҳфаҳои таърихи нави давлатдорӣ ва дар хотироти мардуми фарҳангии мо чун соли баргузории ҷашни бузурги милливу давлатиамон 25умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли ташрифи навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара, соли таҷлили 830-солагии шоири маъруфи тоҷику форс Мавлоно Сайфиддини Исфарангӣ, “Соли Фарди солим», марҳилаи тозаи вусъатёбии иқдомоти созандагиву бунёдкорона баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ва маҷмӯъ ҳамчун як соли неку бобарор сабт хоҳад гашт.

Нарзулло АЗИЗИЁН

Дӯстони азиз. Соли фарорасидаи 2017 низ аз бисёр ҷиҳат барои мардуми озодандешу фарҳангдўсти мо ҳамчун соли муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро, дар ин сол ба санаи тақдирсози миллӣ - баргузории Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Тоҷикистон, ки оғози раванди барқарор гардидани сохти конститутсионӣ, таҳкими давлату давлатдории навини тоҷикон ва пойдор шудани суботу оромии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад, 25 сол пур мешавад. Инчунин, ҷашни 20-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи шоиста таҷлил хоҳад гашт. Боиси ифтихор ва сарфарозии ҷавонони накӯтолеъи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ

Соли Нав як тӯша файзи рӯзгор, Ҳадяе аз ҷониби фардо тӯӣ.

ҲАДЯИ ФАРДО Соли Наве пайки нави эҳё тӯӣ, Тозатақвими куҳандунё тӯӣ.

Медамӣ ҷон дар тани афсурдагон, Руҳи қудсӣ ё дами Исо тӯӣ.

Ман яқин дорам, на тақвиму гумон, Эй ки меоӣ, басо зебо тӯӣ.

Ду ҳазору ҳафту даҳ бор омадӣ, Боз ҳам нав, боз ҳам барно тӯӣ.

Дар остонаи Соли нави мелодии 2017 ироа гардидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ммлакат фоли нек аст. Зеро дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар баробари самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ҳамчунин дурнамои хаёти иҷтимоиву иқтисодии сокинони Тоҷикстони азизамон нек ва муассир инъикос ёфтаанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар сурати амалӣ шудани нуктаҳои Паёми мазкур пешрафту тараққиёти ҳамаи соҳаҳои мамлакат ва сатҳу сифати зиндагии мардуми мо боз ҳам хубтару накӯтар мегардад. Сарвари давлати тоҷикон чун ҳамешагӣ таваҷҷуҳи хосаи худро ба соҳаи афзалиятноки маориф зикр намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки ҷиҳати

ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2017 –ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли ҷавонон” эълон карда шавад. Ҳамчунон, бо қарори раиси вилояти Суғд соли 2017 дар вилояти Суғд «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» эълон ва доир ба ин масъала барномаи махсус қабул карда шудааст. Мақсад аз эълони «Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ» ин пеш аз ҳама дастрасии аҳолӣ ба оби босифати нӯшиданӣ, пешгирии касалиҳои сироятӣ ва ғайра ба ҳисоб рафта, дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор" барои солҳои 2018-2028 амалӣ карда мешавад. Мо ба оянда назари нек дорем ва бо итминони комил гуфта метавонем, ки соли нави 2017-ум дар таърихи рушди давлатдории миллӣ, инкишофи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон саҳифаҳои нав хоҳад кушод. Ба ҳар яки Шумо дар соли навин сиҳатмандӣ, сарсабзию сарбаландӣ, бахту иқболи хуҷаста, хонаи обод, пешомадҳои нек ва комёбиҳои рӯзафзун таманно дорам. Соли наватон муборак, дӯстони арҷманд!

Н/И

Дар партави Паём

Фоли неки Соли Нав

таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо муаллимони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан аз фанхои дақиқ ва забонхои хориҷӣ, инчунин бо кадрҳои таҳсилоти олии касбӣ таъмин кардани мактабҳои деҳот тадбирҳо андешида шаванд. Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Мо, омӯзгорон аз ғамхориҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар ба

соҳаи маориф ва кормандони он хеле руҳбаланд ҳастем ва дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо азму кушиш мекунем, ки дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои созандае, ки дар Паёми Пещвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён шудаанд, бо масъулияти комил саҳми хешро гузошта, баҳри таълиму тарбияи насли аз ҳар ҷиҳат босавод, маърифатдӯсту ватанпарвар нерӯ ва дониши худро истифода хоҳем бурд. Бо истифода аз фурсат мардуми боҳиммату меҳнатқарини Исфараро бо фарорасии Соли нав табрику таҳният гуфта, ба хонадони онҳо шодиву хурсандӣ, баракат ва амалӣ гаштани орзуву ниятҳои некашонро хоҳонам. Бобохон САИДОВ, сарвари мтму №21, деҳаи Ворух.

Дар иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баргузор ва он 8 масъала - тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба ивази вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии “Зумрад 24”, ҳисоботи раиси шаҳри Исфара дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар 11 моҳи соли 2016, қабули буҷети шаҳр барои соли 2017, оид ба муқаррар намудани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2017, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сурх 22”, дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияҳои доимии маҷлиси вакилони халқи шаҳр, номгузории объектҳои ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳрро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия вакилон Ҳалимов Абдулмӯминро ба ҷои вакили хориҷшуда ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Зумрад 24” қабул намуданд. Оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми 11 моҳи соли 2016 Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ назди ҳозирин маълумот дод. Сардори раёсати молияи шаҳр Башоратхон Лазизова оид ба қабули буҷети шаҳр барои соли 2017 маърӯза намуд. Баъдан ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Сурх 22” Субҳониддин Мусоев аз рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш шунида шуд. Дар иҷлосия вобаста ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, ки дар кори иҷлосия иштирок дошт, ба сухан баромада, роҷеъ ба комёбиву камбудиҳои мавҷудаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ҳарф зада, вакилону фаъолони шаҳрро ба иҷрои вазифаҳои муҳиму судбахш баҳри нафъи ҷомеа даъват намуд.

Духтарон шиносномаи оила

Дар пайи иҷрои нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаҳои таълимии №№ 12 , 69 ва литсейи №1 вохӯрии фаъолзанон ҳуқуқшинос Г. Темурова, духтури занон Ш. Рофиева, мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оила Г.Раҳимова бо толибагони синфҳои болоии мак-

табҳои мазкур ва модарони онҳо доир гардид. Муҳтавои асосии суҳбатҳо аз ҳусни муоширати духтарон, одобу рафтори онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, соҳибмаълумоту соҳибҳунар шудан, риояи расму русуми оиладорӣ, пешгирӣ аз ҳар гуна падидаҳои номатлуб ва ҷинояткорӣ, худдорӣ кардан аз истифодаи либосҳои бегона ва дигар масоили ба ҳаёту рӯзгори духтарон марбут иборат буд. Тавре қайд карда шуд, духтарон шиносномаи хонадон, ифодагари шахсияти ҳар оила, ҳифзкунандаи обрӯву этибори волидон ва дигар пайвандон мебошанд. С. АНУШЕРВОН.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.