09 2018 28 феврал

Page 1

Н/И

Минбари сармуҳаррир

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Пешвои миллат: маориф асоси таҳкими давлат

Соҳаи маориф зери назорати доимӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Гуфтаҳои «Маориф омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст» роҳнамои ҳамешагии ҷомеа буда, дарак аз он медиҳад, ки Пешвои миллатамон барои пешрафти ин соҳаи басо муҳим азхуд гузаштанҳо кардаанд. Маҳз дар ин замина яке аз аввалин қонунҳои қабулнамуда пас аз барқарор шудани сохти конститутсионӣ ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ба шумор меравад. Гузашта аз ин дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ мутобиқи маълумоти сарчашмаҳо 126 муассисаи маориф пурра аз кор баромада буданду беш аз 25 ҳазор оила бесаробон шуданд ва 58 ҳазор нафар кӯдакон ятим монданд. Дар тӯли солҳои 1992-1995 беш аз 20 ҳазор нафар омӯзгорон кишварро тарк намуданд ва ҳазорон муаллимону хонандагону донишҷӯён гуреза шуданд. Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро на танҳо аз вартаи ҳалокат наҷот, балки пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқро ба роҳ монанд. Масалан агар дар соли 1991 дар Тоҷикистон 13 мактаби олӣ фаъолият мекарда бошад, шумораи онҳо ҳоло аз 30 адад Н/И

Равзанаи нишастҳо

Шиносоӣ бо аҳли қалам

Саломзода Сиҷоуддин бо эҷодкорони шаҳр, кормандони васоити ахбори умум, роҳбарияти бахшҳои шаҳрии Иттифоқҳои журналистон ва нависандагон мулоқот орост. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр бо баёни нақшаву ният, тарҳу лоиҳа ва иқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аҳли эҷодро ба ҳамназариву ҳамкорӣ даъват намуд. Аҳли қалам бошанд, пиромуни роҳҳои тақвиятбахшии ҳамкориҳои судманд, мусоидат ҷиҳати ташкилу баргузорнамоии ҳамоиши байналмиллалӣ бахшида ба арзишмандиҳои осори гаронбаҳои шоири маъруфи форсу тоҷик Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ, роҳандозии иқдомот ҷиҳати болобурди фарҳанги шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ, муаррифии ёдгориву обидаҳои таърихӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва амсоли ин андешаҳои худро иброз доштанд.

гузаштааст. Теъдоди донишҷӯён агар ҳамон вақтҳо 69 ҳазор бошад, ҳоло аз 180 ҳазор нафар зиёд аст. Ё худ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бунёди мактабҳо нисбат ба солҳои охири даврони шӯравӣ се маротиба зиёд шудаасту ҳамасола болоравии маоши кормандони соҳаи маориф бо ғамхориҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида мегардад. Оид ба қабули санаду ҳуҷҷатҳои ба пешрафти соҳаи маориф нигаронида шуда бошад, ҳоҷати сухан гуфтан нест. Танҳо як нуктаро аз Паёми имсолаи Пешвои миллатамон меорем, ки рӯшангари соҳаи маорифи кишвар аст: “Тибқи назарсанҷии созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф соли 2017 Тоҷикистон аз рӯйи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54 -ум ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои авалинро соҳиб шудааст". Ҳамаи ин ғамхориҳо ва ҷоннисориҳои Пешвои миллатамон моро водор мекунад, ки фарзандонро дар рӯҳияи ватанхоҳиву меҳнатдӯстӣ ба камол расонем ва аз онҳо СИПАРОНИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ, МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДА ВА НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ҶОМЕА тарбият кунем.

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ба дидорбинӣ ва муборакбодии чанд тан аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафт.

"Дар бораи тасдиқ намудани ҳудуди ҳавзаи интихоботии "Бинокор" № 8 оид ба интихоботи вакил ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда". Ҳавзаи интихоботии "Бинокор" № 8. (Марказаш мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 69. Теъдоди интихобкунандагон: 3465 нафар) Маҳаллаҳои 9,10, маҳаллаҳои Бинокор, кӯчаи Нарзӣ Ҳаитов аз чорроҳаи "Баҳор" то ҷӯйи Матпарӣ, кӯчаҳои Себзор ва Умари Хайём. Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Ҳ.Тӯхтаев. Котиби комиссияи шаҳрии интихобот О.Амонуллоев.

Т

адбири мазкур ба ифтихори 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сурат гирифта, дар доираи он зиёда аз 100 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони байналмилал, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ ва аҳли хонаводаи сарбозони ҷонфидои Ватан, инчунин шахсони маъюб ва ниёзманд аёдат карда шуданд.

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамчунин фаъолони шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва намояндагони воситаҳои иттилооти умум ширкат доштанд. Иҷлосия таҳти раёсати муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ сурат гирифт. Иҷлосия аризаи вакил аз ҳавзаи интихоботии "Бинокор" №8 Зоҳидзода Даврони Абдуқодирро оиди пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилиашро мавриди баррасӣ қарор дод. Ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Даврон Зоҳидзода бо са-

№1

Рӯ ба рӯ бо мардум

Дар Ворух

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бонкири пешбар оид ба инфрасохтор дар Россия ва Осиёи Марказии Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид Денис Курбатов ва сарпарасти лоиҳаҳо дар шуъбаи мунитсипиалӣ ва инфрасохторӣ Ҷамшед Холовро ба ҳузур пазируфт. Дар раванди мулоқоти мазкур роҳҳои самарабахши ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Исфара», масъалаи такмилу ташаккулдиҳии сохтори идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва ба меъёрҳои санитарӣ ва экологӣ мутобиқ намудани раванди

ҚАРОРИ комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум аз 27 феврали соли 2018

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №9 (9240) *** Чоршанбе, 28. 02. 2018

Н/И

Ҳамкорӣ

Харидории 12 техника ва 300 қуттӣ

мазкур, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, васеъ намудани доираи фарогирӣ ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии коммуналӣ мавриди баррасӣ қарор ёфт. Бояд тазаккур дод, маблағи лоиҳа 4 миллион доллари ИМА -ро ташкил медиҳад, ки 2 миллион доллари он ҳамчун грант ва 2 миллион доллари он ба тариқи қарзи имтиёзноки дарозмуҳлат – то 15 сол ба андозаи 1,8% солона Н/И

Иҷлосия

22 апрел рӯзи интихобот

баби барои истиқомат ва кори доимӣ аз ҳудуди марзию маъмурии дахлдор берун рафтан пеш аз муҳлат қатъ карда шуд. Ҳамзамон иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр «Дар бораи гузаронидани интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бар ивази вакили хориҷшуда» қарор қабул намуд, ки мувофиқ ба он дар ҳавзаи интихоботии "Бинокор" рақами 8 санаи 22 апрели соли 2018 интихоботи

ҚАРОРИ комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум аз 27 феврали соли 2018

№2

"Дар бораи ташкили комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати панҷум ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Бинокор" № 8. Ҳавзаи интихоботии "Бинокор" № 8. Муҳаммедов Тайибиддин, сардухтури БМШ - раиси комиссия, Ӯлмасов

пешниҳод мегардад. Тибқи нақша, дар доираи амалигашти лоиҳаи мазкур 12 адад техникаҳои махсуси партовкашон, наздик 300 адад қуттиҳои партовҷамъкунӣ харидорӣ гардида, партовгоҳи асосии шаҳрӣ мувофиқ ба талаботҳои байналхалқӣ пурра азнавсозӣ мегардад ва коргоҳи хурди коркарди партов сохта хоҳад шуд.

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор мегардад. Минбаъд иҷлосия дар бораи ташкили комиссияи шаҳрии интихоботӣ дар ҳайъати 9 нафар; Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев- омӯзгори МТМУ № 10, Абдуманнон Эрматов - директори ҶДММ "Субҳи Ватан", Оятулло Амонуллоевсармутахассиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, Мансур Усмонов - раиси КИ ҲАТ дар шаҳри Исфара, Амрулло Сайфиддинов - муовини сардухтури БМШ, Абдураҳмон Самиев -- раиси КИ ҲИИТ дар шаҳри Исфара, Сабо Ҳусейнова - сардори Маркази алоқаи почта, Қутбиддин Эшонов - нафақагир ва Парвина Ҷӯраева - омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳр қарор қабул кард.

Азизхӯҷа, соҳибкор - муовини раиси комиссия, Раҷабова Муҳиба, омӯзгори МТМУ № 69-котиби комиссия. Аъзо: Аминҷонов Ниҳониддин, сарвари ширкати сохтмонии "Бинокор", Муллоҷонов Абдунабӣ, раиси кумитаи маҳаллаи "Себзор", Собитова Кубро, собиқадори меҳнат, Махсудова Амират, омӯзгори МТМУ № 69, Юнусова Зулфия, омӯзгори МТМУ № 69, Умурзоқов Илёс, мутахассиси КФ КВД "Лоиҳакаш", Амонов Сарвар, табиби Маркази саломатӣ, Турсунова Нигора, корманди Раёсати омор. Раиси комиссияи шаҳрии интихобот Ҳ.Тӯхтаев. Котиби комиссияи шаҳрии интихобот О.Амонуллоев.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин мулоқоти нахустини худро бо сокинони деҳаи Ворух баргузор намуд. Дар ҷараёни сафари корӣ мавсуф аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Ворух, муассисаҳои маорифу тандурустии деҳа дидан намуда, бо мардум мулоқот анҷом дод. Мушкилоти марбут ба сарҳадот, камзаминии деҳа ва эҳтиёҷмандии сокинон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, риоя нагардидани адолати иҷтимоӣ зимни тақсимоти саҳмияҳои замин, зарурати ободонии маҳалҳои зист, ғайриқаноатбахшии натиҷаҳои маъракаҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмин нагардидани пардохти пурраи андозбандиҳои ҷорӣ, маблағи барқи истифодашуда аз зумраи он масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқот баррасӣ гардиданд. Саломзода Сиҷоуддин дар иртибот бо масъалаю мушкилоти ҷойдошта роҳбарият ва масъулини ҷамоати деҳоти Ворухро интиқод ва ба онҳо таъкид намуд, ки вазифаҳои хизматии худро софдилонаю поквиҷдонона, бо дасту дили пок ба ҷо оварда, арзу шикоят ва дархосту муроҷиатҳои мардумро саривақт баррасӣ ва муаммову мушкилоти ҷойдоштаро дар доираи салоҳияту ваколати худ ҳаллу фасл намоянд.

Дар Чоркӯҳ

Саломзода Сиҷоуддин сароғоз аз варзишгоҳи деҳа, баъдан аз ёдгориҳои арзишманди таърихӣ – Ҳазрати Шоҳ ва Лангари Моҳиён дидан намуд. Сипас, дар маҷлисгоҳи кооперативи тиҷоратии тухмипарварии Чоркӯҳ мулоқот бо сокинон сурат гирифт. Дар мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ва сокинони деҳоти Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло пиромуни муҳимтарин мушкилоти иҷтимоии мавҷуда табодули назар карданд. Бо зикри арзу муроҷиатҳое, ки аз ҷониби сокинони деҳа санаи 24 феврали соли равон, дар раванди қабули шаҳрвандон баён гардиданд, Саломзода Сиҷоуддин роҳбарони Чоркӯҳро вазифадор кард, ки талаботу муқаррароти қонунгузориҳои амалкунандаро қатъиян риоя ва ба мушкили шаҳрвандон амалан расидагӣ кунанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
09 2018 28 феврал by Абдумуталиб Шарипов - Issuu