Skip to main content

08 2018 21 феврал

Page 1

25-умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак! Н/И

Минбари сармуҳаррир

Нақши Пешвои миллат дар рушди босуботи Тоҷикистон Яке аз хидмати бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърих дар он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳо ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуданд.

А

з ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллат ва давлати тоҷикон ҳастанд. Маҳз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон алайҳи фитнаи душманони миллати тоҷик, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ халқи моро борҳо ба гирдоби хун кашида буд, истодагарӣ кард. Ва ин дафъа бо хости сарнавишт дар сари давлати мо шахсияте қарор гирифтанд, ки ғайричашмдошти бисёриҳо тамоми ҳадафҳои бадхоҳони миллати тоҷикро барбод доданд. Сафари Пешвои миллатамон ба мамлакати ҷангзадаи Афғонистон, ба хотири ба ҳам овардани миллат хотима бахшидан ба ҷанги хонумонсӯз ва баргардонидани гурезагон қадами мондагор буд. Маҳз ҳамин қадами мондагори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди писанди бонуфузтарин ашхоси сиёсиву ҳарбии сатҳи ҷаҳонӣ гардид. Афкори баланду ватанпарастона ва азми устувори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи сарҷамъ кардани тоҷикистониён намунаи ибрати дигарон аст. Намунае, ки мислашро башарият надидааст. Агар ба масоили иқтисодии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки кишвари мо яке аз кишварҳои дар ҳоли рушд мебошад. Иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди аз сар гузаронидани буҳронҳои шадиди иқтисодии охири асри бист ва даҳаи аввали асри ҷорӣ, қобили ҳаёт будани худро собит намуд. Дар кишвар пешрафтҳое ба миён омаданд, ки халқи тоҷик даҳсолаҳо онро умед дошт. Ин ҳам дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар замони шӯравӣ барои иқтисоди ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ асосан манбаи ашёи хом ба ҳисоб мерафт. Дар охири солҳои ҳаштодум дар Тоҷикистон, ба ғайр аз соҳаи кишоварзӣ, ки асосан аз соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ ва истеҳсоли маҳсулоти полезӣ барои эҳтиёҷи дохили ҷумҳурӣ иборат буд, 2908 корхонаҳои истеҳсолӣ дар риштаҳои саноати нассоҷӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва инчунин дар истеҳсоли алюминий, семент фаъолият мекарданду халос. Барои эҳтиёҷоти хоҷагии халқи ҷумҳуриамон бошад, аз дигар манотиқи Иттиҳоди Шӯравӣ 2,5 миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, 1,5 миллион тонна ғалла, 2 миллиард метри мукааб гази табиӣ, наздик ба 350 000 тонна маводи хоми металлургӣ ва қисми зиёди маводи ғизоӣ ворид мешуд. Ҳанӯз то ба таври расмӣ барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар асари фалаҷ шудани дастгоҳи идораи ҳукумати шӯравӣ кумакҳое, ки барои

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №8 (9239) *** Чоршанбе, 21. 02. 2018

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

фаъолияти корхонаҳои ҷумҳурӣ расонида мешуданд, аз байн рафН/И Набзи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ танд. Имтиёзоти иҷтимоӣ, таъмини соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг батадриҷ коҳиш ёфта, дар охирҳои соли 1991 тамоман Иҷрокунандаи вазифаи қатъ гардид. Ба иллати вайрон шудани нираиси шаҳр Саломзода зоми ягонаи иқтисодии шӯравӣ Сиҷоуддин бо ходимони наворидоти маводи ғизоӣ дар ҳадмоёни давлатӣ, ҷамъиятию Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр ди ниҳоят кам гашт, корхонаҳои сиёсӣ Гулафзо Савриддиноҷумҳурӣ бо 15-20 дар сади иқтидоСаломзода Сиҷоуддин ҳокими ноҳияи Ботканд ва, Мирзошариф Исломиддири истеҳсолии худ кор мекарданд. Салихов Кенеш ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт. нов ва Холисҷон Темурҷонов Ҳанӯз дар Тоҷикистон ҷанг сар намулоқот анҷом дод. зада буд, вале мардум аз камбуди Дар мулоқот Саломзода Ҳокими ноҳияи Ботканд Салимаводи ғизоӣ азият мекашиданд. Сиҷоуддин аз ташриф ва сафа- хов Кенеш ба роҳбарияти шаҳр адаф аз баргузории вохӯрии Шукр, ки имрӯзҳо бошад, кишва- ри расмии Президенти Ҷумҳурии барои қабули гарму самимӣ мазкур омӯзиши андешаю ри мо ба яке аз кишварҳои содир- Қирғизистон Сооронбой Жээн- изҳори сипос карда, Саломзода кунандаи маҳсулоти сохтмонӣ, беков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сиҷоуддинро ҷиҳати ба вазифаи афкор, таклифу пешниҳодоти собиқ аз қабили семент табдил ёфтаву ки санаи 1 феврали соли равон пурмасъули раиси шаҳри Исфа- сарварони шаҳр ҷиҳати дарёфти кишвар аз бунбасти коммуникатси- дар руҳияи созанда ва ҳусни ра таъин гаштанаш самимона роҳҳои беҳтару босамари шаҳронӣ раҳо ёфтааст. Тоҷикистон дар тафоҳум сурат гирифт, ёдовар табрик гуфт ва дар кору фаъоли- дорӣ, таъмини рушди иқтисодию пешорӯйи истиқлолияти озуқаворӣ гашт. яти минбаъдааш комёбиву му- иҷтимоӣ ва ҳалли масоили марбут ба муаммоҳои наздисарҳадӣ буд. ва энергетикӣ истодааст. Тавре зикр гардид, мулоқоти хо- ваффақият таманно кард. Дар суҳбати Саломзода Гузашта аз ин ҳамасола бо даст- саи сарони давлатҳо, Асосгузори Дар мулоқот иҷрокунандаи вагирии бевоситаи Пешвои милла- сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои зифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бо Гулафзо Савриддитамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат, Президенти Ҷумҳурии Сиҷоуддин ва ҳокими ноҳияи нова масоили мухталифи шаҳрбарои омода намудани мутахас- Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Ботканд Салихов Кенеш омода- дорӣ, бо Мирзошариф Исломидсисон дар кишварҳои бонуфузи Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии гии худро барои боз ҳам динов ва Холисҷон Темурҷонов ҷаҳон ҷавонони лаёқатманд аз ҳи- Қирғизистон муҳтарам Соорон- мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, имконият ва заминаҳои воқеии рушсоби буҷети давлатӣ таҳсил карда бой Жээнбеков, ба имзо расида- аз ҷумла байни мақомоти корҳои ди саноати Исфара, алалхусус дар истодаанд ва дар байни онҳо ҷа- ни як қатор созишномаҳои ҳам- дохилӣ ва хадамоти сарҳадии соҳаи нафту газ, металлургия ва вонони Исфара низ кам нестанд. корӣ байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ҳар ду ҷониб, тарбияи насли ҷа- кӯҳкорӣ, самаранок истифода бурВақте мо ба ҷоннисориҳои Сар- муносибатҳои бисёрҷонибаи вон дар руҳияи дӯстиву рафоқат, дани иқтидорҳои истеҳсолии корвари давлат оид ба пешрафти Тоҷикистону Қирғизистонро ба ҳамзистии осоишта, ширкати хонаҳо, дар маҷмӯъ эҳёи дубораи Тоҷикистон, ғамхориҳояшон дар сатҳи сифатан нав баровард. намояндагони расмии тарафайн шуҳрати Исфара ҳамчун минтақаи ҳаққи мардуми кишвар шоҳид меСаломзода Сиҷоуддин ҳамчу- дар ҷашну маросимҳои милливу аз лиҳози саноатӣ пешрафта ҳаллу шавем, бояд шукрона намоем, ки нин афзуд, ки роҳбарияти мақо- давлатӣ, инчунин ташкилу баргу- фаслу шуданд.. чунин Пешво дорем. Пешвое до- моти иҷроияи ҳокимияти давла- зорнамоии чорабиниҳои мухтаИҷрокунандаи вазифаи раиси рем, ки кишвари моро ба яке аз тии шаҳри Исфара барои рушди лифи фарҳангӣ ва мусобиқаҳои шаҳр Саломзода Сиҷоуддин дар мамлакатҳои мутараққӣ табдил муносиботи дӯстӣ, ҳамзистии варзишӣ таъкид намуданд. интиҳои мулоқот ба ходимони надода истодаанд. Ва фаромӯш на- осоиштаи сокинон ва тақвияти моёни давлатию ҷамъиятӣ ҳамчун бояд кунем, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд МАРКАЗИ МАТБУОТИ рамзи эҳтиром ва туҳфаҳои хотиИмрӯз мо солиму бардам бо ҳукумати ноҳияи Ботканд ҳаРАИСИ ШАҲР. равӣ тақдим намуд. аз хоб хестем, дар ҳоле ки меша омода аст. ҳамарӯза беш аз 1 миллион инсон дар ҷаҳон вафот мекунаду Ҷаласаи солонаи шӯрои дамидани субҳро намебинад. шаҳрии Ҳаракати ваҳдати …Аз ҷанги хонумонсӯз дурему Ватанамон ором аст, гуруснамиллӣ ва эҳёи Тоҷикистон гиву ташнагиро ҳис намекунем. доир гардид. Пас мо хушбахттар аз 500 миллион нафар аҳолии рӯйи ишаст, ки бо ширкати иҷрозаминем. кунандаи вазифаи раиси …Дар яхдонамон хӯрок ҳаст, шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ва дар хонаамон нон дорему намояндаи бахши вилоятии Ҳалибосу озуқавории ниёзи авракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи валиямон дастрас аст, хонаву Тоҷикистон Шарифов Абдуҳаким дар дорему ҷойи хоб, пас мо барпо гашт, оид ба ҳисоботи бойтар аз 75 фоизи аҳолии фаъолияти шӯро дар соли 2017, Замин мебошем. нақшаи фаъолият дар соли 2018 …Дар хонаамон барои рӯзи ва масъалаҳои ташкилӣ қамабодо маблағи муайяне дорорҳои дахлдор қабул намуд. рем, бо худ андаке пул барои Нахуст масъалаи ташкилӣ баркисахарҷӣ дорем, пас мо ба расӣ ва ба ҳайати аъзои шӯро қатори 8 фоизи аҳолии Замин тағйирот ворид карда шуд. Иҷродохил мешавем, ки таъмин кунандаи вазифаи раиси шаҳр Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳастанд. Саломзода Сиҷоуддин раиси гузориш дод. Ходими намоёни шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бо давлатию ҷамъиятӣ Г. Саврид…Ҳамаи мо ин навиштаҳоро шӯрои шаҳрӣ, Алиматова Меҳрӣ мехонем, пас ОДАМИ ХУШБАХТ муовини озоди раиси шӯро, Аб- динова ва сармуҳаррири рӯз- ёдоварӣ аз заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои мебошем, зеро 2 миллиард думаннонова Шаҳло котиби номаи "Насими Исфара" А. Ша- миллат, Президенти Ҷумҳурии рифов андешаҳои худро оид ба аҳолии сайёраи мо хондаву шӯро, Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев раТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ навишта наметавонад. иси шӯрои кӯҳансолон интихоб фаъолияти шӯро дар соли 2017 Раҳмон дар рушди Тоҷикистон ва нақшаҳои дар пешистода шуданд. дар назди ҳозирин вазифаҳои ИН ХУШБАХТӢ БО ҶОННИСОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Оид ба фаъолияти шӯрои баён карданд. иҷрояшон ҳатмиро гузошта, таъДар маҷлис Абдуҳаким Шаришаҳрӣ дар соли 2017 бошад, мукид намуд, ки корҳои тарғиботию МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ОҒӮШИ ВАТАНЕ фов намояндаи бахши вилоятии дири шуъбаи иҷтимоиёт ва робиташвиқотӣ ҷоннок ва корбарӣ бо Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи НАСИБАМОН ГАШТААСТ, КИ НОМАШ ТОҶИКИСТОН АСТ! та бо ҷомеаи МИҲД И. Икромов Тоҷикистон суханронӣ намуд. мардум беҳтар бояд шавад.

Машварат идроку Мулоқоти Саломзода Сиҷоуддин ҳушёрӣ диҳад

бо Салихов Кенеш

Ҳ

Корҳои тарғиботиро тақвият диҳем

Н


Дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ 520 хоҷагӣ мавҷуд буда, қариб авлоде нест, ки фарзандашон афсар набошад.

Агар ба сафҳаҳои таърихи миллат назар андозем, бешак тӯли қарнҳои дароз тоҷикон рӯйдодҳои гуногуни зиндагиро паси сар гузоштаанд. Онҳо, ки мардуми озодазода, шаҳрсоз ва тамаддунофар буданд, дар дунёи муосир нақши амиқи худро гузоштаанд. Кохи фарҳанги деҳаи Хоҷаи Аъло. Толор моломоли ҷавонон, мардону занони деҳа, пирони рӯзгордида низ дар сафи аввал менишастанд. Маҳфиле ба хотири таҷлили солгарди тавлиди Артиши миллӣ баргузор мегашт. Маҳфили худшиносӣ ва таълими ватандӯстӣ дар байни мардум. Омӯзгори варзида Раҳматҷон Ҳакимзода дар ибтидо бо қироати барқияҳои расида аз шогирдони собиқ ва имрӯзаи деҳа, ки ҳоло либоси низомӣ дар бар намудаанд, маҳфилро оғоз бахшид. Подполковникҳо Неъматов Холмуҳаммад, Шарифзода Вафоиддин, дорандагони рутбаи майорӣ Абдуллоев Камолҷон, Сангинов Абдунасим, Абдуллоев МеН/И

Азизу ҷовидонаӣ, Ватан, Ватан.

Зодгоҳи афсарони Ватан

роҷиддин,Туйчиев Бахтиёрҷон, Туйчиева Сайёрабону, Туйчиев Муродҷон,Ҳоҷиев Шаҳобиддин, Қурбонов Ризошоҳ, Шарифов Ғолибҷон, Ҳомидов Ғоибҷон, Юнусов Ховар, Бобоев Парвизҷон, Шарифов Баҳодурчон, капитанҳо Сафаров Собирҷон, Шарифов Руҳилло, Шарифов Ҷаъфар ва даҳҳо низомиёни дигар ба ҳамдеҳагони худ баҳри ҳамеша омода будан барои ҳифзи якпорчагии Ватан, пойдории он, таҳкими сарҳадот, давом додани анъанаи ҷавонони деҳа дар интихоби касби бошарафи афсарӣ муроҷиатнома ирсол кардаанд.

Барқияи капитани қӯшунҳои сарҳадии кишвар Меҳровар Сатторов,ки дар яке аз минтақахои дурдасти кӯҳистон адои вазифа мекунад ва боре ҳамсинфи аз муҳоҷират баргаштаи «Мерседес»-савораш дар наздаш кафолати маблағи калонро намуд, вале барои Меҳровар нашъаи бӯи Ватан, бӯи гиёҳҳои дашту даманаш болотар аз ҷон буд ва ӯ таклифи дӯсташро қатъиян рад кард, дар сарҳад монд, зеро ҳимояи Ватан барояш муқаддас буд. Табрикоти дигар аз соҳили дарёи Панҷ, аз капитан Анорхӯҷаев Баҳманёр - афсари

Таклиф

ИНСОН бо ҳарфҳои калон Дар Исфара кам нестанд нафароне, ки ба қавле “хиште бар хиште зам намуда”-анду барои пешрафти соҳаҳо хидмат кардаанд. Хидмат намудаанд новобаста аз қавму миллат ва мансабу вазифа. Зеро хуб дарк кардаанд, ки барои хизмати мардумро кардан ҳатман “раис” ва ё “мансабдор” будан шарт нест, шарти муҳим ИНСОН будан аст. Қаҳрамони мо, ки қирғизтабор аст, маҳз чунин ИНСОН буд. Хоҷаалӣ Қурбонов. Ин ном ба хурду калони деҳаи Матпарӣ ошност. Зеро бо кору пайкораш мушкилоти нафарони зиёдро ҳал кардаасту наслҳои сазоворро ба воя расонидааст. Номбурда соли 1938 дар деҳаи

Матпарӣ ба дунё омада, пас аз хатми донишгоҳ соли 1961 фаъолияти меҳнатиашро дар мактаби миёнаи № 11-и шаҳри Шӯроб оғоз кардааст. Баъдан аз соли 1972 риштаи умри худро бо мактаби зодгоҳаш – мактаби № 20 пайваст намуда, то нафаси вопасин дар пешрафти ин муассисаи таълимӣ саҳмгузорӣ кардааст. Бунёди бинои дуошёнаи замонавии мактаби мазкур дар замони директории Хоҷаалӣ Қурбонов қомат афрохту синфхонаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Хонандагони болаёқат тарбият ёфтанду обрӯйи мактаб дар миқёси шаҳрамон ва берун аз он боло рафт. НаН/И

тиҷаи ҷонфидоиҳои ин марди заҳматқарин буд, ки иддае аз сокинони Матпарӣ имрӯзҳо низ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва берун аз он фаъолият мебаранд. Саҳмашон дар пешрафти Тоҷикистони азизамон муассир аст. Агар гӯем дастовардҳои имрӯ-

Ҷавонони номбардори Исфара

Фатҳи Скандинавия аз ҷониби тоҷикписар

Замоне, ки Муртазо Назаров роҳ ба сӯйи Скандинавия гирифт, аллакай дар Тоҷикистон соҳиби маълумоти мукаммал ва комёбиҳои илмӣ шуда буд. Ӯ аз асрори рақамҳо ба хубӣ огоҳ буда, имрӯзҳо ҳамарӯза аз онҳо донишҷӯёни донишгоҳи қадимтарини кишвари Шведсияро воқиф месозад. Муртазо Назаров дар деҳаи Кӯлканди шаҳри Исфара таваллуд шудаасту аз овони кӯдакӣ ба фанҳои дақиқ майлу рағбати азим дошт, дар озмунҳои фаннӣ бомуваффақият аз шаъну эътибори таълимгоҳаш ҳимоят

менамуд. Ҳамин зайл соли 1997 Муртазо Назаров дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ пирӯз гардида, ҳуқуқи таҳсил дар макотиби олии дилхоҳро ба даст овард. Ӯ факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷандро интихоб намуда, бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ донишҷӯй гардид. Минбаъд тавассути ҷаҳду талоши пайваста пас аз хатми донишгоҳ дар аспирантура таҳсил намуда, барои таҳсил дар магистратураи Донишкадаи технологии шоҳигарии шаҳри Стокголм аз рӯйи барномаи "Математикаи ҳисоббарор" ба дарёфти стипендия муваффақ гардид ва ба аспирантураи мактаби мазкур дохил шуд. Пас аз се сол Муртазо Назаров рисолаи илмиро

ҳимоя намуда, номзади илм ва соли 2011 бошад, доктори илмҳои математика гардид. Лозим ба зикр аст, ки ҳанӯз ҳангоми таҳсил Муртазо Назаров ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантҳо аз математикаи амалӣ сабақ мегуфт. Дарҳол пас аз соҳибият ба унвони олими ҷавон ӯро ба кор ба Донишгоҳи Техас - A&M (ИМА), ба ҳайси ассистенти профессор даъват намуданд. Муртазо Назаров се сол ба донишҷӯёни амрикоӣ дарс гуфт. Дар он ҷо олими ҷавони тоҷик дар баробари сабақгӯйӣ дар лоиҳаҳои шавқовар ширкат меварзид. Чунончи, ӯ масъалаи тавассути баҳисобгирии рақамии аэродинамикаи мошин ва ҳавопаймоҳо баландбардории самаранокии истифо-

неруҳои марзбонӣ мебошад. Ӯ ҳамдеҳагонашро ба интихоби касби афсарӣ даъват менамуд. Майори вазорати мудофиаи мамлакат Сафаров Махсум аз гӯшаи дигари ҷумҳурӣ аз ҷавонон доштани иродаи матин, дониши амиқ ва тамрини пайвастаи ҷисмониро хоҳиш кардааст. Омӯзгори омодагии дифои ҳарбӣ Р. Ҳакимзода изҳори хушнудӣ кард, ки донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи олии қушунҳои сарҳадӣ Ҳадисҷон Сафаров хонандагони синфҳои болоиро ба мактаби шуҷоату мардонагӣ- донишгоҳи ҳарбӣ таклиф мекунад. Дар арафаи 25-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурӣ пеши назар дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, зиндагии шоистаи аҳолӣ, кӯчаю хиёбонҳои биҳиштосои диёр, роҳу пулҳои зиёд, иншоотҳои тақдирсоз, ки бо заҳмат ва ҷонфидоии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, ҷилвагар мегардад. Ин дастовардҳо ҳамеша бо қимати ҷону тани ҳар сокини ин марзу бум ҳифз карда мешавад, ки дар сафҳои аввали он родмардони тавоною шикастнопазири Артиши миллӣ истодаанд. Абдухалил ШАРИФЗОДА, деҳаи Хоҷаи Аъло. заи матпаригиён ба ному пайкори Хоҷаалӣ Қурбонов сахт марбут аст, саҳве намешавад. Зеро ин инсони шариф падари маънавии чанд насли зодгоҳаш буда, бегонагӣ надошт, аз худиҳо худитар буд. Мегӯянд, яке аз роҳҳои муҳим ва таъсирбахши тарбияи ватанхоҳиву меҳнатдӯстии насли ҷавон ин арҷ гузоштан ба заҳматҳои гузаштагон мебошад. То даме, ки меҳнати гузаштагонамонро қадр намекунем, аз ояндагонамон эҳтиромеро чашм доштан хатост. Бинобар ин хуб мешуд, ба хотири гиромидошти Хоҷаалӣ Қурбонов дар МТМУ № 20 лавҳаеро ба номаш мегузоштем. Зеро: Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар, Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд. Ашим ҶӮРАЕВ, мудири шуъбаи эҳёи калонсолони БМШ, вакили Маҷлиси шаҳрӣ. даи сӯзишворӣ ва пешгирии садамаҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода, хулосаашро дар сомонаи "Осорхонаи таърихи компютерӣ" нашр намуд. Ин маҳсули кори ӯ дар Калифорния дар намоишгоҳи нақши математика дар ҳалли муаммоҳои ҷамъиятӣ ба намоиш гузошта шуд. Соли 2014-ум Муртазо Назаровро тақдир аз нав ба Шведсия овард. Ӯро ба Донишгоҳи Упсал ҳамчун олими ояндадор ва омӯзгори соҳибтаҷриба ба кор даъват намуданд, ки то ҳанӯз он ҷо фаъолияти пурсамар дорад. Чанде пеш ба Муртазо Назаров унвони профессорӣ доданд. Агарчӣ Амрико ва Шведсия мамлакатҳои пешрафта ҳастанду ӯ маҳз дар ин ин кишварҳо ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст, лекин Муртазо Назаров Тоҷикистонро сарзамини аз ҳама зебо ва ба дилаш наздик медонад ва орзу дорад, ки маҳз дар Ватан ба таълиму тарбияи олимон машғул шавад. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

НАСИМИ ИСФАРА Н/И

21. 02. 2018

Барои мо ягонаӣ, Ватан, Ватан,

№8

2

Равзанаи нишастҳо

Ҳисоботи собиқадорон

Аз фаъолияти шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр дар соли 2017 бо ширкати муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ натиҷабардорӣ карда шуда, нақшаҳо барои соли 2018 тасдиқ гардид Вобаста ба масъала раиси шӯро Ҷ. Нуриддинов маърӯза намуд. Дар қисмати музокирот фаъолони шӯро Б.Аҳмадзод, З. Сайфиддинов, Ҳ. Сафаров, М. Раззоқова ва И. Азимов баромад карданд. Муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ дар навбати худ пешниҳод кард, ки шӯро фаъолияташро дар самти тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии насли наврасу ҷавон ва дар ниҳоди онҳо ҷой додани эҳсоси дӯстдории давлату миллат боз ҳам бештар вусъат диҳад. Дар анҷом чанд тан аз фаъолоне, ки дар тақвиятбахшии фаъолияти шӯро саҳми муносиб гузоштаанд бо Сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Оилаҳо чаро вайрон мешаванд?

Кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр дар ҳузури мутахассиси пешбари раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фараҳманд Нарзизода, муовини сардухтури беморхонаи марказии шаҳр Насиба Мадибрагимова ва мутахассиси раёсати омор Гулбаҳор Қурбонова аз фаъолияти соли сипаришудаи худ ҳисобот доданд. Дар маърӯзаи ҳисоботии мудири бахши САҲШ Муҳиба Ёқубӣ гуфта шуд, ки дар давраи соли 2017 дар ҳудуди шаҳр ва 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 10 ҳазору 495 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2016ум 112 адад кам мебошад. Дар ин давра 5 ҳазору 832 адад таваллуд, 1030 адад вафот, 2 ҳазору 248 адад ақди никоҳ ва 479 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Муҳиба Ёқубӣ изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳолатҳои бекорнамоии ақди никоҳ соли 2017 нисбат ба соле пеш 57 адад зиёд гардидаасту шумораи фарзандони ноболиғе, ки никоҳи падару модарашон бекор шудааст 263 нафарро ташкил медиҳад. Сабабҳои асосии вайроншавии оилаҳои фарзандони ноболиғнадошта мувофиқ наомадани хислатҳои зану шавҳар, зӯроварӣ нисбат ба зан дар оила, бефарзандӣ, омодагӣ надоштани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва маишии оилаҳои никоҳшудагон ва муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ гардид. Н/И

Баёни меҳр

Баҳри ободии диёр Бо амри тақдир гузорам ба беморхонаи марказии шаҳри Исфара афтод. Навсозию бунёдкориҳое, ки солҳои охир бо ташаббуси сардухтури ин даргоҳ, табиби ҳозиқ ва шахси хеле кордон Тайибиддин Муҳаммедов ба вуқӯъ омадааст, касро бетараф намегузорад. Хусусан симои қисми даромадгоҳи беморхона куллан дигар шудааст. Дар назди шуъбаҳои эҳёи калонсолон ва кӯдакону таваллудхона ҷойҳои махсус барои соҳибони беморон сохта шудааст, ки дар фасли сармо онҳоро аз хунукӣ эмин нигоҳ медорад. Аксарияти шуъбаҳои беморхона аз таъмири куллӣ бароварда шудаанд. Сатҳи хизматрасонии табибон ба беморон низ баланду қонеъкунанда мебошад. Ба марди нексиришт Тайибиддин Муҳаммедов дар ин ҷодаи созандагиҳо комёбиҳо таманно дорам. Абдуҳабиб АКРАМОВ, омӯзгори собиқадор аз деҳаи Кӯлканд.


№8

Мавқеъ

НАСИМИ ИСФАРА

«Ал-Аҳром»-и Миср: Харитаи паҳншавӣ ва фаъолияти ҷанговарони ТЭТ ҲНИТ дар сафи гурӯҳҳои террористии Ховари Миёна Рӯзномаи бонуфузтарини Ховари Миёна - «Ал-Аҳром», ки аз соли 1875 дар Ҷумҳурии Арабии Миср фаъолият дорад, дар бораи фаъолияти террористии ТЭТ ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон ва робитаи пинҳонии ин ташкилот бо ДИИШ, «Ҷабҳат ан-Нусра», «Ҷайш-ал-ҳур» (Лашкари озод), «Ихвон-ал-Муслимин» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ мақолаи таҳлилӣ нашр намуд. Зеро вақтҳои охир оид ба ҷиноятҳои пинҳонии аъзо ва роҳбарияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таваҷҷуҳи ҷомеа бештар аз пештар шудааст. Ба ибораи дигар, акнун дигар гуноҳу ҷурми наҳзатиҳо ба ҳама халқи ҷаҳон ошкор шудааст.

Б

айни ду гурӯҳи террористӣ Наҳзат ва ДИИШ дар робита ба кумакҳои логистикӣ ва тайёркунонии кадрӣ ҷиҳати пиёда намудани амалҳои террористӣ ҳамкориҳо роҳандозӣ гардидааст. Ин иқдом дар ҳолест, ки теъдоди зиёди аъзоёни Ҳизби Наҳзат дар сафи ташкилоти террористии “ДИИШ” дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Адади дигари онҳо таҳти парчами «Ҷабҳат ан-Нусра», “Лашкари озоди Сурия” ва Ҳаракати исломии Узбекистон ҷангида истодаанд. Додгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби Наҳзатро мамнуъ эълон намуда, ҳизбро дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дохил намуд. Ин воқеа баъд аз сар задани амали ҷинояткоронаи инқилоби нокоми аъзоёни Ҳизби Наҳзат бар зидди Ҳукумат, сурат гирифт. Ҳизби Наҳзат ин амали худро бо кумаки собиқ муовини Вазири мудофиа генерал Абдулҳалим Назарзода анҷом додан мехост. Дар асоси Созишномаи ваҳдати миллӣ, ки соли 1997 дар Москва сурат гирифт, А. Назарзода яке аз аъзоёни фаъоли ҳизб ба шумор мерафт.

М

Роҳҳо ва гурӯҳҳои махфии навпайдо

увофиқи гузориши хабарнигори “Ховар”, ТЭТ ҲНИТ аз таҷрибаи ДИИШ истифода бурда, роҳу василаҳои махфии наверо барои ҷалби ҷавонон мавриди истифода қарор додааст. Инчунин, чанд гурӯҳи террористӣ аз ҷониби Ҳизби Наҳзат ташкил ёфтааст. Роҳбарият ва созмондиҳандагони ташкилоти террористии ҲНИТ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ дар солҳои 70-уми асри гузашта, навъи гуногуни узвият ба наҳзатро ҷорӣ карда буданд, ки ҳоло низ ин тартиб истифода карда мешавад. Як навъи аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданд, ки дар байни одамон баромад мекарданд ва ташвиқот мебурданд. Дар солҳои шӯравӣ ин гуна ашхос дар сохторҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ ба корҳои сабук ва ба чашм ноаён (чун посбонҳои насосҳои обкашӣ, анборхонаву гаражҳо) ба кор даромада, дар миёни деҳқонон, ки қисми бештари ҷомеаро ташкил медоданд, шабона пинҳонӣ таблиғоту ташвиқот мебурданд. Аз ин гирдоби фалокат муҳоҷирини кории тоҷик, ки дар хориҷи кишвар ва хусусан дар аврупо қарор доранд, эмин намондаанд. Навъи дигари аъзои наҳзатро онҳое ташкил медоданду медиҳанд, ки дар лагерҳои ДИИШ таълим гирифта, бевосита ба содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш,

чун қатлу террори шахсони шинохта, одамрабоӣ ва одамкушӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ карда мешаванд ва онҳоро ҷанговари наҳзат ном мебурданд. Барои роҳбарияти наҳзати исломӣ муҳим набуду нест, ки одамкушӣ дар кадом ҳолат сурат мегирад, нисбат ба кӣ содир карда мешавад, бо дасти кӣ ва мусоидати киҳо амалӣ мешавад, шарт ҳамин буд, ки узви наҳзат будани ҷинояткор ҳатман пинҳон нигоҳ дошта шавад, зеро дар сурати ошкор шудан роҳбарияти ҲНИТ аз онҳо даст мекашад. Аз ҳама ҳайратовар ин аст, ки вақте дастгиршудагон ба забони худ изҳор мекарданду мекунанд, ки узви ҲНИТ ҳастанд, дар наҳзат буданд, бо супориши пинҳонии роҳбарияти наҳзат ҷиноятро содир карданд, баъзе аз аҳли ҷомеа ин суханҳоро нодида мегиранд, ба ин суханон, ки худи дастгиршудагон бо забони худ гуфтаву дигаронро аз хатари наҳзатиҳо огоҳ кардан мехоҳанд, бовар кардан намехоҳанд. Асоси ақидаи ДИИШ ва Ҳизби наҳзати Тоҷикистон ҳарду аз як масдар сарчашма мегиранд. Онҳо аз ақидаи Саид Қутб, пешвои ихвонулмуслимин, ки фикрҳои худро дар китоби “Маолим ала Тариқ” ҷой додааст, истифода мебаранд. Ҳамчунин равияҳои Ҷамоати муслимин, Такфир, Ҳиҷра ва гурӯҳҳои дигар низ аз ҳамин сарчашма неруи худро ба даст меоранд. Ҳамаи онҳо дар фикри барпо намудани “Давлати исломӣ” буда, барои расидан ба ин мақсад тамоми ваҳшониятҳоро зери парчами дин ва ислом амалӣ месозанд. Ҳол он ки дини Ислом аз ин корҳо пок аст. Рафтори ДИИШ дар минтақаҳое, ки зери нуфузи онҳо дар Сурия, Ироқ ва Либия қарор доштанд, равшантарин мисоле барои кирдори онҳо мебошад.

Ҷиноятҳои ҳамшакл ва якмуҳтавои ваҳшиёнаи ҳарду гурӯҳ

М

уқоисаи фаъолияти аъзоёни ДИИШ ва Ҳизби Наҳзати исломӣ, ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шӯравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кулоб ва Қурғонтеппа рух дод. Ин амали онҳо на танҳо мардумро дар ҳайрат гузошта буд. Баъд аз интиҳои намози ҷумъа, ғайри чашмдошт аъзоёни Ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда, ба мардуми ҳозиршуда дар намози ҷумъа ҳуҷум оварданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар

бар зидди ҳукуматҳои “кофир” дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” низ истифода бурданд. Дар аввал, адади зиёди аъзоёни Наҳзатро дар сафи гурӯҳҳои гуногун, ба монанди ДИИШ, Ҷабҳатун-нусра ва Ҷунбиши исломии Узбекистон, ки ҳамфикр буданд, тақсим намуданд. Ин “подоши некӣ”-и гурӯҳи Толибон маҳсуб мегардид, ки кумакҳои худро ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба Ҳизби Наҳзат тақдим намуда буд. Дар он вақт шахсе бо номи Амир Хаттоб, ки аслаш араб буд, ҷангҳои мусаллаҳонаро аз ҷониби Ҳизби Наҳзат пеш мебурд. ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба Ҳизби Наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию сиёсии Ҳизб ба шумор мерафт. Ҳадафи анҷом додани чунин як амали террористӣ ба даст овардани нуфузи имомхатибӣ дар дохили ҳарду масҷид буд. Бо вуҷуди он ки 99 дарсади аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби Имом Абуҳанифа пайравӣ мекунанд, аммо аъзоёни Ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум мунташир намоянд. Моҳи апрели соли 1992, ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, аввалин амали Ҳизб ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави Ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд. Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шиканҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъд аз озод намудани ин минтақа аз дасти аъзоёни Ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи Ҳизб пайдо гардидааст. Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуйян боқӣ монд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гӯшаи маҳбас ба чашм мерасид. Ҳамаи онҳо дар дохили як матоъ ҷамъ оварда, барояшон намози ҷаноза хонда, дар қабристони “Заргар” ба хок супурда шуд. Аз ин рӯ, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ ва Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рӯзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд. Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов яке аз масъулони ин маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли Маҷлиси сиёсии Ҳизб ба шумор меравад. Ҳоло дар кӯчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад. Ӯ баъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон барангезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хӯрдани ҳукми Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имкони расидан ба сари қудратро пайдо накард. Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзоёни Ҳизби Наҳзат, ки дар қатори гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо”

Т

«Ҷабҳат ан-Нусра»

оҷибоев Сайфиддин Маъмурович, соли таваллудаш 1983, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ сардори бахши ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Ҳамаи чорабиниҳои ин ҳизб дар ноҳияи Спитамен бо кумаки С.Тоҷибоев гузаронда мешуданд. Ҳоло ба сафи ташкилоти террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» шомил шуда, аз ҷониби роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ амири гурӯҳи ҷамъияти «Ӯзбекон» таъин гаштааст. Ӯ бо ҳар роҳу восита ҷавонони Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи ташкилоти мазкур даъват карда, то ҳол дар ҷангҳои Сурия иштирок дорад. С.Тоҷибоев бародари худ Иброҳими Иномро низ ба сафи ин ташкилот даъват кардааст ва ӯ низ ҳоло дар Сурия қарор дорад.

Ш

ДИИШ

ералиев Фаромуз Абдувалиевич, соли таваллудаш 1975, зодаи ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт, солҳои 1992 то 1994 дар мадрасаи шаҳри Душанбе таълим гирифтааст. Дар мадрасаи «Мутавассила»-и шаҳраки Шаҳидони ноҳияи Ашт ҳамчун муаллим кор карда, ҳамзамон соли 2004 ба сафи ТЭТ ҲНИТ шомил шудааст. Номбурда бо даъвати бародараш Шералиев Абдуманнон Абдувалиевич, соли таваллудаш 1973 ба ҳизби мазкур шомил шудааст. Шералиев А. дар айни замон дар Украина қарор дошта, барои сомонаи ТЭТ ҲНИТ мақолаҳо менависад. Дар мақолаҳояш ҷанбаҳои ҷараёни салафияро тарғиб менамояд. Шералиев Фаромуз соли 2014 ба сафи ташкилоти террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, то соли 2016 дар сафи ин ташкилоти террористӣ меҷангад ва соли 2016 ба ҳалокат расидааст. Ҳамсар ва фарзандонаш то ҳоло дар Ироқ қарор дошта, бо Шералиев А. дар алоқа мебошанд. айратов Муҳаммадҷон Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1986, зодаи шаҳри Кӯлоб, бо тахаллусҳои «Муҳаммад-таке», «Кабуд» ва «Абдусамад» шинохта мешавад. Аъзои ТЭТ ҲНИТ буда, соли 2010 бо кумаки молиявии амакаш Ғайратов Абдусамад Исмоилович барои таҳсили динӣ ба шаҳри Зоҳидони ҶИЭ фиристода мешавад. Номбурда баъди каме таҳсил дар ҶИЭ барои идома додани он ба ҶИП меравад. Сипас ба Сурия рафта, ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ пайваста, то ҳол дар сафи ташкилоти мазкур ҷангида истодааст. Инчунин ӯ тавассути саҳифаҳои

Ғ

21. 02. 2018

3

интернетӣ наворҳои ифротгароиро паҳн карда, дигар ҷавонони тоҷикро ба «ҷиҳод» даъват менамояд.

Лашкари озоди Сурия

А

ртиши озодихоҳи Сурия аз ҷониби кишварҳои бонуфузи минтақа дастгирӣ ёфта, кумакҳои он барои Ҳизби Наҳзат низ расидааст. Ба сафи ин гурӯҳ Табаров Мирзоҷума Иброҳимович, соли таваллудаш 1988, зодаи ноҳияи Нуробод пайваст гардид. Ӯ бо ташаббуси падараш соли 2009 ба мадрасаи ба номи «Бадриддин Ҳасанӣ»-и шаҳри Димишқи Ҷумҳурии Арабии Сурия дохил шуда, то соли 2012 дар мадрасаи мазкур таҳсил мекард. Табаров М.И. ҳангоми таҳсил дар Сурия ба иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайшал-ҳур» (Лашкари озод) шомил шуда, баъди баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таблиғи ақидаҳои ин иттиҳодияи ҷиноятиро ба роҳ мондааст. Соли 2017 бо ҷурми таблиғи иттиҳодияи ҷиноятии «Ҷайш-ал-ҳур» боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

М

Ҷунбиши исломии Узбекистон

амадшехова Шоиста Зикриллоевна, соли таваллудаш 1977, зодаи ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, собиқ раиси бахши занони ТЭТ ҲНИТ дар ноҳияи Спитамен. Номбурда аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон Фаррух Шодмонов ба сафи ташкилоти мазкур ҷалб карда шуда, ҳамроҳи ду фарзандаш Ӯринов Ҷавоҳир, соли таваллудаш 1999 ва Ӯринов Бегзод, соли таваллудаш 2003 ба Вазиристони шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки аъзои ташкилоти мазкур (ҲИӮ) дар онҷо қарор доранд, рафтааст. извонов Абдулвоҳид Аъзамович, соли таваллудаш 1985, зодаи шаҳри Роғун, собиқ аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Номбурда солҳои 2008 то 2010 дар мадрасаи «Таҷдид-ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Соли 2016 бо ҷурми пайравӣ, таблиғ ва узвияти ҷараёни салафия боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. соев Умед Ҳабибович масъули қисми даъват дар гурӯҳи Толибон ба шумор меравад. Исоев У. Ҳ. соли 1985 дар шаҳри Роғун таваллуд ёфта, аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИТ мебошад. Номбурда солҳои 2008 то 2009 дар мадрасаи «Таҷдид ул-Қурой»-и шаҳри Зоҳидони ҶИЭ таҳсил намудааст. Ӯ аъзои ташкилоти экстремистии салафия шуда, соли 2016 бинобар узвият ба ин ташкилот боздошт карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Р

И

Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд

Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0261927, ки МТМУ № 5 соли хониши 2008-2009 ба Зикриёев Сафиюллохӯҷа додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии Т-ШТА №023303, ки МТМУ № 49 соли хониши 1991-1992 ба Ульмасов Маҳмуд Ҳакимович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-АТУ №0253602, ки соли хониши 2015-2016 МТМУ №62 ба Қурбонгул Муталибзода додааст.


Н/И

К-ин раҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст.

2018 год – Год развития туризма и народных ремёсел

Тануры - ремесло древнее и редкое По утверждению классика таджикско-персидской литературы поэта Сайидои Насафи в средние века на территории современного Таджикистана было известно более двухсот разновидностей народных ремёсел. Наряду с текстильными, хлопчатобумажными, шёлковыми и кожевенными изделиями на внешний и внутренний рынок поставлялась различная гончарно-глиняная кустарная продукция местных умельцев.

Историки и писатели нередко старались воссоздать в полном объёме технику гончарно-глиняного мастерства, начиная с момента заготовки глинистого раствора до выхода готовых изделий с описаниями красочных и неповторимых рисунков. Но полностью и точно это сделать было невозможно, так как этих техник и методов было неисчерпаемое множество. С давних времён мастера глины не забывали и про массовое производство бытовых изделий. Одним из таких изделий из особой глины (хоки шур) был тандыр (танур) – специальная печь для выпечки национальных лепёшек и самбусы. Истоки появления танБидуни шак, дар ҷамъияти имрӯзаи озод ва рӯ ба инкишоф овардаи мо касе нест, ки аз ҳадафу ғаразҳои нопок ва муғризонаи душманони миллату давлати соҳибистиқлол ва соҳибиқболи тоҷикон огаҳӣ надошта бошад. Қариб, ки ҳама рӯз тариқи расонаҳои хабарӣ маводу наворҳое паҳн карда мешаванд, ки аз қисмати талхи ҷавонони ба доми фиреби думравони ҳизбу ташкилотҳои терористӣ-экстремистӣ афтида ҳикоят мекунанд. Мароми ин таблиғу тарғиб ҳушдор додан ба дигар наврасону ҷавонон мебошад, ки то онҳо ба монанди ҳамсолони гумроҳгаштаи худ ба роҳи хато нараванд, ба суханони дурӯғину ваъдаҳои пучи аҷнабиёну ифротиён бовар накунанд, баръакс дар пайи соҳибмаълумот шудану домани ягон касбу ҳунарро гирифтан кӯшиш намоянд, ба панду насиҳати волидайн гӯш диҳанд ва ояндаи неки худро фикр созанд. Мутаассифона, на ҳама вақт тақдири фоҷиабори ҷавонони ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва ҷиноятпеша шомилгашта ба баъзе аз ҷавонони мо дарси ибрат ва худдорӣ кардан аз ҳамнишиниву ҳамсуҳбатӣ бо тоифаи тундгаро мешавад. Ба таври мисол ба парвандаи ҷиноятии сокини деҳаи Навгилем Абдуваққос Олимов, соли таваллудаш 1989, оиладор, соҳиби як фарзанд, ки

дыров изучены еще не до конца, но часть учёных считает, что они появились с началом широкого использования огня первобытным человеком. Причём, в различных регионах Центральной Азии устанавливали тандыры по-разному: горизонтально или вертикально, в зависимости от их назначения. В кишлаке Ханабад живёт простой скромный рабочий человек – Абдурасул Джураев. В свободное от работы время он дома, на приусадебном участке изготавливает тандыры. Эта работа – продолжение ремесла его деда – Обидбоя Назирова. Однако, эту непростую и редкую профессию Абдурасул перенял у своего покойного отца – Тухтабоя Джураева. Опытный дехН/И

канин, получив сельскохозяйственное образование, он работал сначала отраслевым агрономом, затем и главным в бывшем колхозе им. Свердлова. Времени на выполнение заказов по изготовлению тандыров у него, конечно же, не хватало. Поэтому отец с раннего утра начинал работу и часть заготовок глины оставлял сыну для завершения. Наблюдательный с детства парень внимательно следил за работой отца, помогал ему во всём. А самое главное, у него в душе было огромное желание постичь все тонкости и секреты этого родового мастерства. Сегодня Абдурасул уже сам с удовольствием и в полном объёме выполняет все просьбы заказчиков, привлекая на помощь и

Иттилои прокуратура

Роҳ ба чоҳ

чанде пеш дар маҳкамаи муваққатии тафтишотии №2- шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт, рӯй меорем. Дар мурофиаи судӣ муайян шуд, ки судшаванда Абдуваққос Олимов дар ҳудуди шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор дошта, бо даъвати писарамакаш Суҳроб Олимов тариқи шабакаи интернетии «Одноклассники» ба ташкилоти экстремистӣ-террористии Давлати исломии Ироқу Шом шомил гашта, аввалҳои моҳи ноябри соли 2014 ба Ҷумҳурии Туркия меравад. Дар он ҷо бо аъзои фаъоли ДИИШ Абусаид ном шахс шинос шуда, ҳамроҳи чаҳор нафари дигар узви ташкилоти номбаршуда ба давлати Сурия рафта, дар шаҳри Раққаи ин кишвар дар дарсҳои аъзои ДИИШ иштирок менамояд. Ҳамзамон дар лагерҳои тайёрии ҷангӣ бо мақсади иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона муддати 15 рӯз омодагии ҷангӣ мебинад. Абдуваққос Олимов бо ҳаммаслакони худ соли 2015 дар деҳаи курднишини Сурия бо сокинони он ва ҳарбиёни ҳукуматӣ дар задухӯрдҳо ширкат менамояд. Тавре аз нишондоди

«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ

ӯ бармеояд, вай барои дар ҷангҳои ҷиҳод иштирок кардан аз идораи молиявии ДИИШ хар моҳ ба андозаи 100 доллари ИМА маош гирифтааст. Танҳо баъди он ки аз соли 2015 то соли 2017 неруҳои ҳавоии Федератсияи Россия ҳамаи бошишгоҳҳои аъзои ДИИШ-ро ки дар шаҳри Раққаи Сурия мавҷуд буданд, ба хок яксон менамоянд, Абдуваққос Олимов моҳи ноябри соли 2016 бо ҳамроҳии чанде аз шарикони зархаридаш ба шаҳри Азаз мегурезанд ва дар ин ҷо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати Сурия онҳоро дастгир ва тӯли нӯҳ моҳ дар зиндон нигоҳ дошта, баъд ба Ҷумҳурии Туркия месупоранд. Моҳи ноябри соли гузшта бо эҳтимоми кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар А. Олимов ба Тоҷикистон оварда мешавад. Аз гуфтаи Шукрона Олимова-ҳамсари Абдуваққос Олимов маълум мешавад, ки шавҳараш дар давлатҳои Туркия ва Сурия қарор доштанашро аз онҳо пинҳон дошта, дар бораи касбу кори худ дурӯғ мегуфтааст. Моҳи феврали соли 2015 кормандони мақомоти қудратӣ ӯро даъват намуда, аз хусуси дар Сурия, дар ҷангҳо иштирок карда

Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

обучая сыновей – Далера и младшего, названного в честь прадеда Обидбоем. Образцы их кропотливого труда побывали на выставках города и области. «Мы благодарны Лидеру нации, Президенту Республики Таджикистан, уважаемому Эмомали Рахмону, - говорит Абдурасул, - что текущий год объявлен Годом развития туризма и народных ремёсел. Тем более, изготовленные товары народных ремёсел освобождены от выплаты налогов. Значит, реализация тандыров становится хорошим подспорьем для бюджета семьи. Члены семьи Джураевых не ограничились только изготовлением тандыров. Мать Абдурасула – Муаззамхон Джураева вновь оживила шитьё тюбетеек, юрмы и сюзане для подушек, учит этому делу дочерей и внучек. Старшая дочь – Мунавархон Мадаминова, работая в лицее нефти и газа посёлка Нефтеабад, прекрасно овладела искусством целого ряда ремёсел. Вот так возрождаются и укрепляются ремесленные традиции таджикского народа на селе. М. ЁСИНЖАНОВ, наш обществ. корр. истодани шавҳараш хабар медиҳанд. Аз ин пас шавҳараш иқрор мешавад, ки воқеан ҳам дар Сурия аст ва ҳамсарашро низ даъват мекунад, ки ҳамроҳи фарзандашон ба назди ӯ раванд. Вале Шукрона ин таклифи шавҳарро қотеъона рад мекунад ва ӯву падари ҳамсараш ба РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд барои ба Ватан баргардонидани Абдуваққоси роҳгумзада муроҷиат менамоянд. Инак, суди шаҳр кирдорҳои ҷинояткоронаи Абдуваққос Олимовро ҳаматарафа санҷидаву таҳқиқ намуд ва ӯро бо моддаи 401 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 12 солу 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахт таъин кард. Чунин аст оқибати ношукрӣ аз обу ҳавои озодӣ, Ватани тинҷу обод, зану фарзанди азиз, падару модари меҳрубон, ёру дӯстони вафодор. Ношукрӣ ҳамавақт инсонро ба роҳе меандозад, ки дар интиҳояш чоҳ дорад, чоҳе, ки худи мо онро бо дастони хеш кандаем. ҲУСЕЙНЗОДА Эраҷ Сафар, муфаттиши прокуратураи шаҳр, Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, шореҳи ҳуқуқии «НИ».

Н/И

НАСИМИ ИСФАРА

21. 02. 2018

Тарсам нарасӣ ба Каъба, эй аъробӣ,

№8

4

Гуфтему боз мегӯем

Шахри ифлосу либосхои овезон Муҳтарам ро тоза кардан миёсокинони шаҳр! натон хам намехӯрад. Поруву мусоратонро Баъд аз ба шумо расонидани саломи бе- дида, гапамон гум. алангаи худ аз худатон Хайрият Шерлок Холмс ба каси дигар маълум нест, набошад аз партовҳои шумо дар як ва равшан набод, ки зум мегуфт, ки ҳафт аз кору бори шумо мо, аҳолии шаҳр ниҳоят пуштатон кию шаб ба чӣ кор машғул шудед. норозием. Баъзеҳоятон пули Дар бораи тозагӣ ва ободонӣ аъзои чароғро намедиҳетону гурӯҳҳои тарғиботӣ ва бар болои ин дар рӯзи равшан чароғатон депутатҳои Маҷлиси гирон. О, дар чиллашаҳрӣ дар ҷамъомаду мулоқотҳо бо аҳли ҷаатон чароғ надидамоатчигӣ он қадар гап ед-чӣ? Ё ба фикратон заданд, ки ба худашон кормандони шабакаҳои ҳам гап намонд. Вале барқ писарамакатон ҳамаи ин ба шумо асамешаванду “ягон бало” мекунанд? ре накарда, натиҷааш Шумо мардуми шаҳрсимчӯбро эм кардагӣ нишин, мувофиқи шаҳр барин шуда баромад. кор кунед-е, ҷӯраҳо, Масалан, маърифати шаҳрдории шуморо “бало” нашавед! гирем. О дар балкони Агар ин маъқул набошад, ба шумоён масбиноҳои истиқоматӣ лиҳат ҳамин, ки ҷуллу чор кас бинад гуфта, ҷиҳозатонро аз маркалибосҳоятонро баъди зи шаҳр рӯбучин карда, шустан қатор карда ба ягон ҷойи хилват мондаед. Охир шумо фикр намекунед-мӣ, ки гирифта равед. одамон ин либосҳои Бо эҳтироми шуморо дида, ҳар хел вадаванг уй карданашон мумкин. ДАНГАЛМАХСУМ. Ё худ барои дари даромадгоҳи хонаатон-

Фолбинхо даркор!

Ҳамин мегӯм, ҳалоли хаткашонҳои Исфара бод! Ҳалолашон бод, ки ҳам хаткашонӣ мекунанду ҳам фолбинӣ. О, фолбинӣ накунанд, аз куҷо суроғаву нишони мактубҳоро меёбанд. Дар шаҳрамон микроскоп

Ба диққати харидорон

Филали ҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд" дар шаҳри Хуҷанд бо қарори Раёсати бонк амволи ғайриманқули ба тавозун гирифташударо бо нархи ибтидоии 404858 (чорсаду чор ҳазору ҳаштсаду панҷоҳу ҳашт) сомонӣ ба фурӯши оммавӣ мебарорад. Амволи ғайриманқул ҳавлии истиқоматии воқеъ дар шаҳри Исфара, кӯчаи

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст. Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд. Дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № ____________ Адади нашр: 5200.

қатӣ ковед, якта-нимта номи кӯчаҳоро навиштагӣ меёбеду рақаммонӣ кардагӣ ҳавлиҳоро. Бинобар ин Саҳобахон Ҳусейнова - Маркази алоқаи почта, ба Шумо маслиҳат ҳамин, ки ҳангоми ба кор гирифтани корманди нав талаботи иловагӣ ҷорӣ кунед: ФОЛБИНӢ КАРДА ТАВОНИСТАН. Ошноятон ҶАЙРА.

Ф.Аттор, хонаи 10 ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замин 445,0 метри мураббаъ, 4 ҳуҷраи истиқоматӣ бо масоҳати умумии 247,84 метри мураббаъ ва 197,2 метри мураббаъ масоҳати замини наздиҳавлигӣ иборат мебошад. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои (93) 880-27-76; (93) 576-86-86 ва (83422) 6-27-01 гирифта метавонед. ФҶСП "Аввалин бонки молиявии хурд" дар шаҳри Хуҷанд.

Нишонии мо: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 20. 02. 2018.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
08 2018 21 феврал by Абдумуталиб Шарипов - Issuu