07 2018 14 феврал

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №7 (9238) *** Чоршанбе, 14. 02. 2018

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин намудани Саломзода С. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон фармон медиҳам: Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 9 феврали соли 2018, №1013.

Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи Душанбе

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар мони иттиҳодияи истеҳсолии "Наврӯз"-и шаҳри Кӯлоб, Масҷиди марказии ҷомеи муовини директори генералии ширкати "Саддам"-и шаҳри Душанбе шинос шаҳри Сарбанд, нозири кӯҳӣ -техникӣ дар Кумитаи на- шуданд.

Саломзода Сиҷоуддин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара

зорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сармуҳандис ва муҳандиси мудирияти сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун, муовини аввали сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиби корпоративии Шӯрои нозирони ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар намудааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то моҳи феврали соли 2018 ба сифати раиси шаҳри Турсунзода адои вазифа Сиҷоуддин Саломзода 2-юми июни соли 1965 тавал- кардааст. Хизматҳояш бо ордени "Шараф", дараҷаи 2 қадршилуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи политехникии ба носӣ карда шудааст. номи Абурайҳон Берунии шаҳри Тошканд мебошад. 9-уми феврали соли 2018 бо Фармони АсосгузоӮ давоми фаъолияти меҳнатӣ дар солҳои мухталиф ба ҳайси сардори дастаи сейсморазведка, муҳандис ри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президен- геофизики Экспедитсияи ҷанубии шаҳри Орҷони- ти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кидзеобод (имрӯза Ваҳдат), сардори минтақаи сохт- иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шуд. Н/И

Аз маҷлиси фаъолон

Барои ноил шудан ба пешрафтҳо Таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маҷлиси фаъолони шаҳр доир шуд.

Д

ар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят ҳозиринро бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод намудани Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шудани Саломзода Сиҷоуддин шинос ва ба собиқ раиси шаҳр барои фаъолияташ арзи сипос кард. Дар навбати худ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба мардум ва фаъолони шаҳру деҳоти Исфара барои меҳнати якҷояи пурмаҳсул ва ба роҳбарони ҷумҳуриявию вилоят барои дастгириашон миннатдорӣ изҳор намуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин барои эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ташаккур гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки дар якҷоягӣ бо фаъолон ва мардуми

шарифи диёр дар самти шукуфоии боз ҳам бештари Исфара саҳм хоҳад гузошт. Аз номи фаъолон раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Ҷамолиддин Нуриддинов ба сухан баромада, иҷрокунандагони вазифаҳои раисони вилоят ва шаҳрро барои таъин шудан ба вазифаҳои пурмасъул сидқан муборакбод намуд ва барояшон дар иҷрои рисолати бар дӯшашон вогузоргардида муваффақияту пирӯзиҳо таманно кард. Ҳамзамон ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ барои фаъолияти пурмаҳсул изҳори ташаккур намуд. Дар рафти ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиётро таҳлил намуда, масъулинро вазифадор кард, ки ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли равон тадбирҳои мушаххас андешанд. Дар ин радиф таваҷҷуҳи фаъолон ба иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет, ба рушди соҳаи саноат, ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва истифодаи самаранок аз иқтидорҳои мавҷуда, ба шаҳри содиркунандаи маҳсулоти саноативу кишоварзӣ табдил додани Исфара ва ҷамъоварии маблағҳои об ва барқи истифодашуда ҷалб карда шуд. Ҳамчунин вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар назди масъулин вазифагузорӣ сурат гирифт. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Д

ар асоси лоиҳа масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд. Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад. Айни ҳол ин ҷо беш аз 350 нафар коргарон фаъолият доранд. Корҳои сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ - пудратчии асосӣ ҶСК “СТС - Иншоот” ва ҶСК “Сомон таҷҳизот” анҷом ёфта,

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бо 74 нафар мӯйсафедони рӯзгордида ва собиқадорони ҷангу меҳнат мулоқот кард.

Н/И

дар давраи бунёди масҷид беш аз 700 нафар бинокорони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъминанд. Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ Сарвари давлат таваҷҷуҳи бинокоронро бештар ба иҷрои босифати корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунии атроф ва ҳудуди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҷалб намуданд. Дар ин ҷо бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз 1000 адад дарахтони зебои гулкунандаи ороишию нодир, инчунин гулу буттаҳои хушбӯй шинонида мешавад, ки ба ин мавзеъ ҳусн мебахшад ва ҳам ба саломатии одамон фоидаовар аст. Ба андешаи Президенти мамлакат иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо хизмат расонад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳо доданд. www.president.tj

Равзанаи нишастҳо

Мулоқот бо собиқадорон

Д

ар раванди мулоқот арбоби намоёни давлативу ҷамъиятӣ Савриддинова Гулафзо, собиқадорони меҳнат Шералӣ Миристоев, Абдусамад Шомирсаидов ва адиб Додохони Эгамзод суханронӣ намуда, ҳамзамон бо муборакбодӣ ва изҳори таманниёти нек ба раиси тозатаъини шаҳр Саломзода Сиҷоуддин, фикру ақида ва таклифу пешниҳодоти хешро вобаста ба роҳҳои таъмини пешрафту тараққиёти Исфара баён карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои эҳёи дубораи шуҳрати Исфара ҳамчун минтақаи аз лиҳози саноатӣ пешрафта, бунёди корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, роҳандозии иқдомот барои сохтмони хати оби худҷории «Сурх –Моҳпарӣ» ва дар ин замина тақвиятбахшии кор дар самти азхудкунии заминҳои ташналаби мавзеи Моҳпарӣ, ҳалли масъалаи

эҳтиёҷмандии шаҳрвандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди маҳаллҳои нави аҳолинишин, ташкили ҳамоишҳои илмию адабӣ бахшида ба арзишмандии осори шоири классики тоҷику форс Мавлоно Сайфуддини Исфарангӣ, бунёди гулгашт ва гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзона ва бузургмардони диёр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ, ватандӯстиву ватандории насли ҷавони ҷомеа, пешгирии гаравиши

онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифртгарову фарҳанги бегона ва амсоли ин мавриди гуфтугузори ҳозирин қарор ёфтанд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо арзи эҳтиром аз пирони рӯзгордида хоҳиш намуд, то дар ҳама ҷода раҳнамову ҳидоятгари аҳли ҷомеа ба рӯзгори неку шоиста, амалҳои писандида, иқдомоти созандаю бунёдкорона ва одобу ахлоқи ҳамида бошанд. Иқбол ИЛЁСЗОДА.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.