Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №6 (9237) *** Ҷумъа, 09. 02. 2018
Н/И
Амри раиси шаҳр ба имзо расид Амри раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ "Дар бораи эълон намудани маъракаи 100 рӯзи ободонӣ дар шаҳру деҳоти Исфара" ба имзо расид.
ИСФАРА
Д
ар амри мазкур муқаррар карда шудааст, ки маъракаи "100 рӯзи ободонӣ" аз 1-уми феврал то 10-уми майи соли 2018 сурат хоҳад гирифт. Муассисаҳои хизматрасонӣ, раисони ҷамоатхои шаҳраку деҳот, кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр, ҷомеаҳои меҳнатӣ қатъи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон вазифадор шудаанд, ки дар раванди маъракаи 100 рӯзи ободонӣ ширкати фаъолона намоянд.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Дар комиссияҳои ҷамъиятӣ Н/И
Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ
Дар раёсати маорифи шаҳр дар доираи нақшаи кории комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вохӯрӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Дар ҷараёни он масъалаи сатҳи амалигашти “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20132020” дар соҳаи маорифи шаҳри Исфара мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вобаста ба масъала мушовири раёсати маорифи шаҳр Абдуғаффор Солиев ҷиҳати таъсиси комиссияи ҷамъиятии муқовимат бо коррупсия иборат аз 17 нафар, санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимиро дар мавриди пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ошкор гардидани ҳолатҳои пурра ҳуҷҷатгузорӣ нашудани воситаҳои асосӣ, таъхиркорӣ дар тартиб додани санадҳои зарурӣ вобаста ба таҷҳизоти воридгардида, аз хазинаи мактаб ҷудо шудани маблағ ба кормандони фаъолиятнадошта маълумот дод. Зикр кард, ки ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби аъзои комиссия тавсия дода шуд, ки дар оянда ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии амалҳои хусусияти коррупсионидошта тадбирҳои мушаххас андешанд. Муовини аввали раиси шаҳр, раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Содирхон Қосимӣ дар баробари зикри зарурати таъмини иҷрои “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020” дар назди ҳозирин бобати пешгирии амалҳои коррупсионӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои маблағситонӣ аз волидайн, насби камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, таъмини шаффофияти баргузории имтиҳонот ва олимпиадаҳои фаннӣ, риояи адолат ҳангоми муайян кардани гирандагони стипендияҳои мухталифи ҳавасмандгардонӣ вазифагузорӣ намуд. *** Ин гуна мулоқот ҳамчунин дар кумитаи идораи замини Исфара бо ширкати котиби комиссия, сармутахассис-ҳуқуқшинос Н.Хоҷаев баргузор шуд. *** Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бошад, Некзод Хоҷаев-ҳуқуқшинос, котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар паҳлуҳои вобаста ба мавзӯъ бо ширкати раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот семинар-машварат гузаронид.
Аъзои кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар ҷараёни ҷаласа дар ҳузури раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз фаъолияти худ дар соли 2017 натиҷабардорӣ карда, нақшаи кориро барои нимсолаи аввали соли 2018 тасдиқ намуданд.
Н/И
Дар доираи нақшаи кории муштараки мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара аз ҷониби гурӯҳои тарғиботӣ байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нуктаҳои умдаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуда, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва сатҳи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Дар ин радиф прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол, комиссари ҳарбии шаҳр Амирҳамза АваН/И
Ҳизбиён 1000 нафар зиёд шуданд
нафарро гирди ҳам овардааст. Ҳамин зайл дар давраи ҳисоботӣ кумитаи иҷроияи ибтидоӣ 1 адад, ташкилотҳои ибтидоӣ 18 адад ва бо назардошти теъдоди нафарони бо сабабҳои мухталиф аз қайд бароварда шуда аъзои ҳизб 826 нафар афзудаанд. Дар қисмати музокира раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб дар Н/И
вазорати мудофиа ва қӯшунҳои сарҳадӣ зарурати идомаи анъанаҳои неки аҷдодӣ дар боби ҳифзи марзу буми Ватани азизро ёдрас намуд. Сардори шуъбаи 2-юми ВКД ҶТ малӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии дар шаҳри Исфара Қосим НасимҶТ-ро тазаккур дода, масъалаҳои зода изҳор дошт, ки "Дар шароити муборизаи дастаҷамъӣ зидди мураккабу печидаи ҷаҳони муозуҳуроти хавфноки терроризму сир шаҳрвандон вазифадоранд, экстремизм, масъулияти падару барои ҳимояи марзу буми давламодар дар таълиму тарбияи фар- ти соҳибистиқлол, ҳифзи суботи занд ва даъвати ҷавонон ба сафи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ-ро ба ҳуқуқӣ доим омода бошанд". Мудири шуъбаи кор бо занон риштаи таҳлил кашид. ва оила Мавҷудахон Назирова Комиссари ҳарбии шаҳр Амирҳамза Авазализода дар таваҷуҳи аҳли нишастро бештар навбати худ бо баробари зикри ба масъалаҳои эҳёи ҳунарҳои пуршараф ва пурифтихор будани мардумӣ, рушди шуғли хонагии адои хизмати Ватан - Модар дар бонувон ва мубориза бо либоспӯсафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳу- шии ба фарҳанги мардуми тоҷик рии Тоҷикистон, шароитҳои хуби бегона ҷалб намуд. зисту хизмат дар ҷузъу томҳои
Равзанаи нишастҳо
Мулоқот дар деҳаи Сурх
зализода, сардори шуъбаи 2-юми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара Қосим Насимзода, мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо Саидҷон Мубинов ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Мавҷудахон Назирова бо беш аз 200 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Сурх мулоқоти судманду муфиде анҷом доданд. Прокурори шаҳри Исфара, мушовири адлияи дараҷаи 1-ум Раҳмонзода Анвар Хол дар маърӯзаи худ нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмо-
Дар арзҳои маориф
Эссеро чӣ тавр менависанд?
Тибқи нақшаи кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кохи фарҳанги шаҳр вохӯрии мудири бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд Мирзоаҳмад Аҳмадзода бо устодон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1 ва 12-и маркази шаҳр ва волидайни хонандагон баргузор гардид. Мирзоаҳмад Аҳмадзода оид ба
хуб арзёбӣ ва оид ба ҳалли мушкилотҳои мавҷуда, изҳори андеша карданд. Узви раёсати кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар партави нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои иҷрояшон аввалиндараҷаи аъзои ҳизбро барои давраи минбаъда гӯшзад намуд. Минбаъд тибқи қарорҳои раисони КИВ ва КИШ ҲХДТ як қатор раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, аъзои фаъол ва роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии фаъолияти пурсамар, иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо Ифтихорномаву Сипоснома ва беморхонаи марказии шаҳр Тайи- тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гарбиддин Муҳаммедов, хатмкардаи донида шуданд. мактаби кадрҳои захиравии ку- Дар маҷлиси кумитаи иҷроияи митаи иҷроияи шаҳрӣ Мавлонаи ҲХДТ дар шаҳри Исфара сардоМеҳрона, узви шӯрои собиқадо- ри раёсати ташкилӣ ва омори курони Ҳизби Халқии Демократии митаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Суғд Ф.Зоҳидов иштирок ва суҲайдархӯҷа Тухтаев фаъолияти ханронӣ кард. КИШ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфараро
Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ
В
обаста ба масъала гузориши раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Бурҳонбек Асадуллоев шунида шуд. Зимнан тазаккур ёфт, ки то ба санаи 1-уми декабри соли 2017 957 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабул карда шуданд. Агар КИШ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ба 1-уми январи соли 2017 дар 7 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 155 ташкилотҳои ибтидоӣ 12 ҳазору 37 нафар аъзои ҳизбро муттаҳид месохт, пас ба 1-уми декабри соли 2017 дар 8 кумитаи иҷроияи ибтидоӣ ва 173 ташкилотҳои ибтидоӣ 12 ҳазору 863
Набзи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ
принсип, хусусият ва марҳилаҳои асосии имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ, интихоби касб, гурӯҳи ихтисосҳо ва муассисаҳои таълимӣ, ҳамчунин дар боби тағйирот дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, аз ҷумла ҷорӣ шудани навиштани эссе маълумот пеш овард. Аз раёсати маорифи шаҳр ба мо иттилоъ доданд, ки чунин мулоқоту суҳбатҳо дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ то санаи 2-юми март баргузор карда хоҳанд шуд.
Бояд гуфт , ки аз 1 феврал дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти бори аввал ҷорӣ шудани дарси эссе дар имтиҳоноти дохилшавӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади омодагии хатмкунандагони синфи 11 навиштани эссе ҷорӣ гардид. Аз вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки дарси навиштани эссе дар байни синфҳои 11-и муассисаҳои таълимӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 1 феврали соли 2018 то анҷоми соли хониш ҷорӣ карда хоҳад шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, навиштани эссе дар як ҳафта се соат: як соат аз ҳисоби дарси забони модарӣ, як соат аз ҳисоби дарси адабиёт ва як соат аз ҳисоби дарсҳои факултативӣ, захиравӣ ва ё дигар имконоти дохилии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Омӯзгорони фанни забон ва адабиёт вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми тафтиши эссе бештар ба риояи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб диққат дода, хонандагонро талқин намоянд, ки дар навишти эссе аз истифодаи калимаю ибораҳои шевагӣ ва ҷумлаю ифодаҳои мушкилфаҳм худдорӣ намоянд.