05 2018 31 январ

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №5 (9236) *** Чоршанбе 31. 01. 2018

ИСФАРА

100 рӯзи ободкорӣ то Наврӯз Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ зимни муборакбодии хеш дар таҷлили иди Сада пешниҳод намуд, ки ба ифтихори ҷашни мазкур «100 рӯзи ободонӣ дар Исфарамарз» эълон карда шавад.

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Ба пешвози баҳор

Шанбегӣ дар Исфара

Дар шаҳру деҳоти Исфара мувофиқ ба даъвати мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.

С

арфи назар аз боду ҳавои сард дар ин чорабинии ободониву тамйизкорӣ кормандони тамоми шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву ташкилот, муассисаву хоҷагиҳо, муаллимону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ширкати фаъолона варзиданд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар ҷараёни шанбегӣ сокинони ҷамоатҳои деҳоти Навгилем, Шаҳрак, Чилгазӣ ва шаҳраки Нефтобод фаъолнокӣ нишон доданд. Дар ин ҷамоатҳо дар маҷмӯъ дар шанбегӣ 4256 нафар ширкат намуда, 560 метри мураббаъ деворҳо ва танаи 60 бех дарахтонро сафед карданд. Ҳудуди 4 ҳазору 50 метри мураббаъ саҳни корхонаву коргоҳ ва 1770 метри тӯлонӣ наҳру ҷӯйборро тоза намуда, ба маконҳои махсусгардонидашуда 12,5 тонна партов бароварда шуд. Аз ҷумлаи ҷомеаҳои меҳнатӣ дар раванди шанбегӣ саҳми кормандони осоишгоҳи "Зумрад", Н/И

"Петролеум-Суғд", заводи семент, идораи обу канализатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, бахши ҳифзи муҳити зист, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, "Тоҷиктелеком", маркази алоқаи почта, муассисаҳои нақлиётии автомобилии рақами 35, "Арсенал", "Танзим", маркази байторӣ, "Баракат-Исфара", коргоҳи картонбарориву "Агротехснаб" саҳми муносиб гузоштанд. Дар корхонаву коргоҳҳои мазкур дар ин рӯз дар умум 1320 нафар ба шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан, сафед кардани 920 метри мураббаъ девор ва танаи 52 бех дарахтон, рӯбучини 7120 метри мураббаъ қитъаҳо, тоза намудани 2740 метри тӯлонӣ наҳру ҷӯйборҳо ва баровардани беш аз 1464, 3 метри мукааб партов муваффақ гардиданд. Лозим ба зикр аст, ки дар рафти шанбегӣ ҳамчунин кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, иншоотҳои савдову хизматрасонӣ аз гардиши мағозаи

Гиромидошт

Кормандони бахши фарҳанг дар ҳузури муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ аз фаъолияти худ дар давраи соли 2017-ум натиҷабардорӣ намуданд.

Аҳли илму адаб ва зиёиёни Исфара таҳти таваҷҷуҳи хоса ва пуштибониҳои раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ қарор доранд.

ар Кохи фарҳанги шаҳр бо иқдоми шаҳрдор маҳфили эҷодии шоир Исматуллоҳи Абдуллоҳ хушоянди ширкатдоронаш ташкилу баргузор гардид. Дилшод Расулзода зимни суханронии хеш дар ин маҳфил изҳори қаноатмандӣ аз он дошт, ки «Соли 2017 аз ифтитоҳи муҷассамаи шоири классики тоҷик Сайфуддини Исфарангӣ, азнавсозии гулбоғи марказӣ, ки номи шоирро дорад, табъу нашри "Девон" ва «Осори мунтахаб»-и шоир, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат рӯйи кор омаданд, то ба баргузории маҳфил ба ифтихори 30-солагии фаъолияти эҷодии Нарзуллои Азизиён саршор аз рӯйдодҳои муҳим ва дар асл як соли фарҳангӣ буд. Баргузории маҳфилҳои илмию эҷодӣ бахшида ба ҷашни 120-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ – муҳаррири аввалини рӯзномаи «Насими Исфара» Ибниямин Асомиддинзода, зодрӯзи шахсиятҳои

И

н пешниҳоди Дилшод Расулзода аз ҷониби беш аз 4000 нафар сокинони шаҳр – ширкатдорони тантанаҳои ҷашни Сада, ки дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ ба ҳам омада буданд, мавриди пазироӣ қарор ёфт. Шаҳрдори Исфара дар раванди суханронии хеш ҳамзамон бо зикри арзишмандиҳои ин ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташу рӯшноӣ мебошад, ба мардум чунин таманно дошт: «… Бигзор ду ҷавҳари муқаддас, яъне Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии мо гармӣ бахшояд ва оташу рӯшноӣ қалбҳои мардуми моро мунаввар созанд». Мавсуф зимнан изҳор дошт, ки тибқи нақша баҳори соли равон бояд дар Исфара дар масоҳати наздик 100 гектар боғи нав бунёд ва дар майдони 200 гектар боғҳои куҳнаву бесамар аз нав барқарор карда шаванд. Ҳамчунон, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишоварзони Исфара бояд, ки

соли ҷорӣ дар масоҳати 1000 гектар картошка, дар майдони 600 гектар помидор кишту парвариш намоянд. «Агар, мо дар раванди маъракаи 100 рӯзи ободонӣ, ҳар яке лоақал 1 бехӣ ниҳол ва гулу гулбутта шинондаю сабз кунонем, бешак Исфараи зебоманзари мо ба боғшаҳр ва гулистони воқеӣ табдил хоҳад ёфт», - таъкид дошт Дилшод Расулзода. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи чорабиниҳои таҷлили ҷашни Сада дар пешгоҳи боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайфуддини Исфарангӣ намоишу фурӯши ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ҳосилдеҳ, навъҳои гуногуни тухмии зироатҳо ташкил гардида, ба сокинони шаҳр бо нархҳои нисбати бозор арзонтар маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ пешкаш карда шуд. Намоиши театрикунонидашуда ва барномаи ҷолиби консертӣ ба ҷашн ҳусни тозаву хотирмон бахшиданд.

мандон, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта, густариш бахшидани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани ҳаёти фарҳангии шаҳр таклифу пешниҳодоти худро арз доштанд. Пас аз зикри вазифаҳо ба давпеш оварда, бурду бохти аҳли фарҳангро дар давраи ҳисоботӣ раи минбаъда аз ҷониби муовини аввали раиси шаҳр Содирба риштаи таҳлил кашид. Минбаъд чанде аз кормандони хон Қосимӣ гурӯҳи кормандони обаста ба масъала муди- соҳаҳои мухталифи бахш ба му- пешқадами бахши фарҳанг бо ри бахши фарҳанги шаҳр зокира баромада, бо баробари ифтихорнома ва сипосномаҳо Сабурхон Амонуллоев гузориш зикри дастовардҳои шоёни кор- қадршиносӣ карда шуданд.

Маҳфили шеъри Исматулло

Д

"Баҳор" то кӯчаи Нарзӣ Ҳаитов ва байни сероҳаи нуқтаи сементфурӯшии кӯчаи Ҷомӣ то муҷассамаи "Зардолу", ҳамчунин муассисаҳои маорифу тандурустӣ фаъол буданд. *** Ҷомеаи меҳнатии ҶСК "Корхонаи кимиёвӣ" чун ҳамешагӣ даъвати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро оид ба ширкат дар шанбегии умумишаҳрӣ бо ризоияти комил пазируфта, дар ҷараёни он фаъолона ширкат варзид. Майдони умури ободониву тозакунии ҷомеаи меҳнатии мазкур дар ин рӯз ҳудуди идораи корхона ва шаҳраки Навободро дар бар мегирифт. Дар ин рӯз наздик ба 300 нафар 1500 метри тӯлонӣ наҳру ҷӯйборро аз хасу хошок ва гилу лой тоза намуда, 50 бех дарахтони ороишиву сояафкан шинониданд. Ҳамчунин 6 тонна партов ба партовгоҳҳо бароварда шуд. Бино ба иттилои раиси иттифоқи касабаи корхона С. Усмонов дар рӯзи шанбегӣ дар заминҳои кишт ва боғоти ҳудуди идораи коргоҳ ва шаҳраки кимиёгарон яхобмонӣ сурат гирифт. Ҳамзамон манбаъ изҳор дошт, ки ҷиҳати пешбурди корҳои ободониву сабзазоркунӣ дар гармхонаи корхона барои дар оянда дар қитъаҳои зарурӣ шинонидани беш аз 5 ҳазор қаламчаҳои гулҳои мухталифи ороишӣ парвариш карда мешаванд.

Н/И

Фарҳанг

Аз бурд то бохти соли 2017

В

адабпарвари диёр Лутфӣ ва Шавкат Саидовҳо, инчунин 40-солагии фаъолияти эҷодии адибу публитсисти маъруф Бобоҷони Икром дар зеҳну маънавиёти аҳли ҷомеа таъсиргузор буданд». Шаҳрдор ҳамзамон бо арзи сипос ба унвонии Исматуллоҳи Абдуллоҳ барои фаъолияти босамари меҳнатию эҷодӣ, ранҷу заҳматҳои зиёд ва саҳми чашмрасаш дар ҷодаи фарҳангу маънавиёт, густаришбахшии завқи зебоипарастонаи мардум ва таълиму тарбияи наврасон, изҳори умедворӣ аз он намуд, ки аҳли адаби Исфарамарз бо қалами сабз ва сухани созандаи худ дар оянда низ ба рушди фарҳанг ва болобарии маънавиёти аҳли ҷомеа саҳми хоссаи худро мегузоранд. Бино ба дастури раиси шаҳр Дилшод Расулзода маҳфили илмию адабӣ ва фарҳангии «Ганҷи Исфара» моҳе як маротиба ташкилу баргузор хоҳад гардид.

Н/И

Нишаст

Омӯзиши андоз

Барои шахсони ҳуқуқии дар низоми умумӣ ва соддакардашуда фаъолияткунанда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият доранд, семинари омӯзишӣ доир карда шуд. Дар ҷараёни он муовини аввали сардори раёсати андоз дар вилояти Суғд Қ. Қосимов ва сардори идораи андози шаҳри Исфара Ф. Пиров оид ба тағйироти воридгардида ба барномаи компютерии СИА «Андоз аз арзиши иловашуда ва пайгирии ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда», дар барномаи компютерӣ ташкил намудани анбори нигаҳдории мол, инчунин оид ба тартиби пешниҳоди эъломияи андоз аз фоида, андоз аз суди саҳмияҳо ва тавозуни муҳосибӣ ва маъмурикунонии андозҳо аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ маълумот доданд.

Дар Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни ярмаркаи мазкур 40 адад корхонаву муассиса ва ташкилотҳои ширкатдор ба интихоби корҷӯяндагон 305 адад ҷойҳои холии кориро бо музди аз 400 то 2000 сомонӣ пешниҳод намуданд. Дар натиҷа 5 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ ва 16 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ роҳхат

Н/И

Бозори шуғл

Ҷойи кор бо маоши то 2000 сомонӣ

гирифтанд. Ба иттилои сардори раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Нурилло Қурбонов дар шаҳри Исфара соли равон баргузории 14 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ дар назар дошта шудааст.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.