Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Тасдиқи рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №4 (9235) *** Чоршанбе 24. 01. 2018
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА таъмини рушди бештари соҳаи саноат ва иҷрои барномаҳои давлатӣ, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ (аз қабили корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти шириву макарон), афзун намудани содироти маҳсулот, коҳиш додани қарзи андози корхонаҳои саноатӣ ва Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокиҷамъоварии маблағи барқи истимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси фодашуда супоришҳои мушаххас дод. шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Ҳамчунин зарурати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарогирии ҳамаи заминҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳу- кишоварзӣ бо яхобмонӣ ба таври кумати ҷумҳурӣ санаи 18-уми январ ба миён гузошта хоса таъкид ёфт. Зимнан тазаккур дода шуд, ки шуданд, машварати корӣ баргузор гардид. фаъолияти корхонаҳои дӯзандагӣ вусъат дода шуда, таъминоти хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маҳсулоти коргоҳҳои худӣ роҳандозӣ гардад. Ин бошад, дар навбати худ имкон медиҳад, ки воридоти либосҳои пастсифату барои саломатии хонандагон зиёновар пешгирӣ карда шавад. Раёсати маориф вазифадор шуд, ки имсол ҷиҳати таъмири мактабҳои садамавӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти заруриву замонавӣ тадбирҳои муассир андешад. Ҳамчунин масъулин дар робита бо ташкили чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ар машварат муовинони ра- ти корӣ вазифаҳо барои соли ра- ҳунарҳои мардумӣ, сохтмони иниси шаҳр, роҳбарони воҳид- вон дар асоси супоришоти Сарва- шоотҳои варзишӣ, тарғиби тарзи ҳои сохтории мақомоти иҷроияи ри давлат дар маҷлиси фаъолони ҳаёти солим, оммавӣ гардонидамаҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор ни варзиш ва вусъати корҳои обомақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони дода шуд. дониву созандагӣ ба истиқболи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташки- Дар рафти ҷаласа раиси шаҳр 30 - солагии Истиқлолияти давлалоту идораҳо, соҳаи бонкдорӣ ва ба масъулини соҳаҳои дахлдор тии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру намояндагони расонаҳои хабарӣ вобаста ба истифодаи захираву ҳидоятҳо гирифтанд. ширкат варзиданд. Дар машвара- имкониятҳои мавчудаи истеҳсолӣ,
Бо натиҷабардорӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон
Д
Н/И
Тадбир
Баҳисобгирии боғу токзор
Б
о мақсади таъмини иҷрои Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 дар асоси мактуби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва амри раиси шаҳри Исфара "Оиди баҳисобгирии пурраи саршумори чорво ва боғу токзорҳои шаҳру деҳоти Исфара" таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳр Муҳаммадхӯҷа Муҳиддинзода гурӯҳи корӣ созмон дода шудааст, ки ба ҳайати он сарварони ниҳодҳои омор, раёсати кишоварзӣ, кумитаи идораи замин ва идораи байтории шаҳр шомил шудаанд. Имрӯзҳо раванди баҳисобгирии саршумори чорво ва боғу токзорҳо дар хоҷагиҳои аҳолӣ ва кишоварзии шаҳру деҳоти Исфара идома дошта, бояд санаи 25уми январи соли равон ба итмом расонида шавад.
Ҷ
аласаи навбатии шӯрои занони шаҳр доир шуд. Тавре мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Мавҷудахон Назирова иттилоъ дод, дар рафти нишасти мазкур дар радифи зикри зарурати рушди шуғли хонагии бонувон сардори раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Нурилло Қурбонов иброз доштааст, ки ниҳоди ӯ омодааст ба нафарони хоҳишманди шуғлварзӣ бо ҳунарҳои мардумӣ аз 500 то 3 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намояд. Дар ҷараёни ҷаласаи шӯрои занон ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон мудири бахши cабти асноди ҳолати
Д
ар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара мувофиқ ба нақшаи кории муштараки бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва бахши сайёҳии шаҳри Исфара бахшида ба эълон карда шудани соли 2018 чун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он мудирони бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Муртазо Эгамзод, кор бо ҷавонон ва варзиш Моҳрӯ Тӯраева, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шаира Юлдошева, директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара
Н/И
Равзанаи нишастҳо
Занонро ба шуғл таъмин бояд кард
шаҳрвандӣ Муҳиба Ёқубӣ ва сатҳи иҷрои барномаи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" нозири минтақавии Шӯъбаи 2-юми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара Одинамоҳ Саидова баромад намуданд. Вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои баррасишуда фаъолзанон Кубро Собитова, Гавҳар Мирҷумъаева, Башорат Раҳимова ва Меҳриниссо Алиматова изҳори назар карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд. Рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шакли доира буда, атрофи он бо ҳалқаҳои ҳамранги Парчами давлатӣ иҳота карда шудааст, ки аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Дар гирдогирди рамз бо забонҳои тоҷикию англисӣ матни «2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» оро ёфтааст, ки ифодакунандаи моҳияти рамз буда, истифодаи матн бо забони англисӣ барои тарғиби ташаббуси мазкур байни сайёҳон ва кишварҳои хориҷӣ мебошад. Дар миёни рамз кӯҳҳои осмонбӯсу сарбафалаки Тоҷикистон акс ёфта, дар болои яке аз қуллаҳои кӯҳ рамзи гардиши абадӣ, ки дар ҳунарҳои мардумӣ васеъ истифода мегарданд, ҳамчун хуршеди тобон нақш гирифтааст. Рамз ҳамчунин обҳои софи кишварро дар худ инъикос карда, расми сайёҳ ва нусхаи офтоба, ки ҳамчун нишони ҳунарҳои мардумист, бозгӯи рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» васеъ истифода баранд. www.president.tj муқарраршуда шаҳрвандон метавонанд ба маркази санҷишии минтақавии Тоҷикстандарт ё худ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат намоянд. Рӯзи якшанбе гурӯҳи наворбардории телевизиони Исфара аз бозори марказии шаҳр дидан Ибтидо аз 20-уми намуда, муайян кард, ки воқеан январи соли равон ҳам муқаррароти нави нархгузорӣ ба гӯшт аз ҷониби фурӯбо тавсия ва даъвати иҷрокунандаи вазифаи шандагон комилан риоя мешавад ва гузашта аз он соҳибони раиси вилояти Суғд нуқтаҳои савдо ба хубӣ моҳияти Раҷаббой Аҳмадзода ин иқдоми роҳбарияти вилоят ва ва тибқи дастури раиси шаҳрро дарк мекунанд ва дастгирӣ менамоянд. шаҳри Исфара РасулШаҳрвандон бошанд, бо қазода Дилшод Ҷабборӣ ноатмандӣ изҳор доштанд, ки дар ҳудуди шаҳру даъвати раиси вилояти Суғд деҳоти Исфара нархи 1 Раҷаббой Аҳмадзода ва дастури килограмм гӯшти гов 33 раиси шаҳр Расулзода Дилшод сомонӣ ва 1 килограмм Ҷабборӣ дар боби арзонкунии нархи гӯшт ва дастгирии иқдоми гӯшт ва равғани гӯсмазкур аз ҷониби фурӯшандагон фанд 36 сомонӣ муқар- саривақтӣ буд ва бозгӯӣ аз он рар карда шуд. дошт, ки сохторҳои давлатӣ аз вазъи иҷтимоиву маишии аҳолӣ Худи ҳамон рӯз бо дархости ба хубӣ огаҳӣ доранд ва дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти лаҳзаҳои зарурӣ омодаанд ва давлатии шаҳри Исфара тавас- қодиранд баҳри саҳлгардонии сути расонаҳои хабарии маҳал- мушкилоти рӯзгори мардум тадлӣ эълон карда шуд, ки дар су- бирҳои зарурӣ андешанд. рати аз ҷониби фурӯшандагон вайрон карда шудани нархи Н/И
Иқдом
Гӯшт арзон шуд
Фоидаи сайёҳӣ дар ҷойи сеюм Исмонҷон Неъматуллоев, муовини ӯ Муҷиба Ҷавҳарӣ ва мудири китобхонаи таълимгоҳи мазкур Наргис Ризобоева баромад намуда вобаста ба ҳадаф ва аҳамияти эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ изҳори назар карданд. Зимнан гуфта шуд, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори
сайёҳӣ Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Албатта, ин иқдоми шоистаи Сарвари давлат роҳи ҷомеаро барои расидан ба зиндагии арзанда равшан намуд. Умед аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ омили асосии пешрафти иқтисодиёти миллӣ хоҳад гардид. Зеро сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии
қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти коршиносон туризм аз соҳаҳои фоидаовар ба ҳисоб рафта, аз ҷиҳати даромаднокӣ баъди истеҳсоли нафт ва мошин дар ҷои сеюм қарор дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакат ба рушди он диққати ҷиддӣ медиҳад ва эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба равнақу ривоҷи ин соҳаи муҳим такони бузург хоҳад бахшид.
Н/И
Аз кӯлвори "Ватанпарвар"
Хизмати Ватан: ҳам қарз, ҳам фарз
Аслан калимаи «тарбият» дар луғат ба маънои эҷод кардани тағйироти матлубу шоиста, писандидаву ҳамида дар рафтору гуфтор ва пиндори муносибу мутобиқ ба одобу суннатҳои ҳар ҷомеа дар касе ва ё чизе мебошад. Аз ин рў такя ба Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки соли 2011 қабул карда шуду мавриди истифода қарор дорад, гиреҳи ҳамагуна мушкилоту муаммоҳои марбут ба тарбияро кушода метавонад. Ин қонун масъалаи таълиму тарбияи фарзандонро кори ҳамагон ва дастҷамъона қарор додааст. Он пеш аз ҳама ба волидайн тааллуқ дорад, зеро падару модарон дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият мебаранд ва дар корхонаҳо, маҳаллаҳо, дар масҷидҳо ҳангоми амри маъруфи домуллоҳо, дар маросимҳо бибиотунҳо ба мардум ёдрас карда истанд, ки ҳамаи такопўи мо баҳри таъмини ғизои моддии фарзандон аст аммо ғами таъмини ғизои маънавии онҳоро кӣ бояд хўрад, то ки фарзанд сазовор ва лоиқ ба воя расаду оянда ба гуфти халқ малҳами ҷону асои пирӣ гардад. Танҳо муаллим наметавонад имрўз таълиму тарбияро, ки хеле доманадор аст, бе ёрии ҷомеа ва падару модар босамар ба роҳ монад. Дар Паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 бори дигар ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи толибилмон диққати ҷиддӣ додани маорифчиёнро таъкид намуда, вазифа гузоштанд, ки насли наврасро дар рўҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба камол расонда, дар ниҳоди онҳо меҳри муҳаббатро ба хоку оби Ватан ташаккул диҳем. Як ҷузъи тарбия ин тарбияи ҳарбию ватандўстист, ки айни замон дар муассисаҳои таълимиамон дар сатҳи паст қарор дорад. Моро зарур аст , ки дар ин самт низ тағйироте ворид кунем. Ба синфҳои 10-11 омўзгорони таҷрибадорро ҷалб кардан зарур аст. Омўзгоронро лозим аст, ки ҳангоми интихоби мавзўъи соатҳои тарбиявӣ ба синну соли хонандагон аҳамият диҳанд. Шаклҳои кори тарбиявӣ аз қабили суҳбат , маърўза, ҷамъомад, шабнишинӣ, мусоҳиба ,вохўрӣ ва ғайраҳоро
дар мактаб ҷоннок бояд кард. Дар синфҳои 10-11 ҷаласаи падару модарон бо иштироки худи хонандагон гузаронида шавад. Ҷаласаҳо танҳо бо проблемаҳои мактаб ба охир нарасанд. Маҷлисҳои синфӣ бештар гузаронида шаванд. Дар ҷаласаҳои умумӣ аз ҷамоату шаҳракҳо масъулони хизмати ҳарбӣ, инчунин ҷавонони хизмати Ватанро сарбаландона адонамуда даъват карда шаванд. Дар соатҳои тарбиявӣ аз далерию қаҳрамонии шахсиятҳои таърихии халқи тоҷик ҳикоят карда, аз панду андарзҳои ниёгон бештар истифода кардан боманфиат аст. Дар тӯли 28 соли кориам ба хулосае омадам, ки аз роҳбар бисёр чиз вобаста аст. Бигзор роҳбари синф ҳамоне шавад, ки мехоҳад ин масъулиятро ба гардан гирад, бо бачаҳо кор карданро дўст дорад. Яке аз устодонам ин суханонро такрор ба такрор мегуфтанд: агар дониши омўзгорро бо ченак гирем, чӣ суд аз он омўзгоре, ки 1 кг дониш дораду ба хонанда 0,5 кг дода натавонад ё ин ки додан нахоҳад. Он омӯзгор беҳ , ки 0,5 кг дониш дораду ҳамаашро ба шогирдон дода метавонад. Ҳама хуб медонанд, ки хизмат ва ҳимояти Ватан аз даврони қадим вуҷуд дошт ва ин падидаи нав нест, ин қарзи мардон аст. Танҳо волидон метавонанд фарзанди хешро ба иҷрои ин қарз водор созанд Имрўз аскарбачаҳо хизмати Ватан-Модарро дар худи Тоҷикистон адо карда истодаанд, ҳолон ки дар замони Шўравӣ ҳазорон километр дур аз хона, дар ҷумҳуриҳои дигар ҳаёти сарбозиро аз сар мегузарониданд. Дар он айём падару модарон 2 сол фарзандонашонро дида наметавонистанд, лекин ҳоло агар хоҳиш дошта бошанд, ҳар моҳ рафта аскарбачаи худро хабар гирифта меоянд. Мақсад аз навиштани андешаҳои зайл ин буд, ки барои сохтмони заводу фабрика маблағ даркор, барои пешравии кишоварзӣ обу ҳавои мусоид ҳатмист, барои таълиму тарбияи фарзандон бошад, танҳо кўшишу ғайрат ва дилсӯзӣ лозим аст. Б. МУРТАЗОЕВА, муовини директори коллеҷи тиббӣ оид ба тарбия.
Пас дигар касро адаб омӯхтан. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд. Ҳоло ҳам ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Инсонҳое ба ин роҳ мераванд, ки аксар саводи динии дурусти исломӣ надоранд. Мафҳумҳои диниро нодуруст фаҳмида, танҳо фаҳмиши ба ном «домулло» ё «мулло»-ҳои камсаводро қабул мекунанд. Ин гуна шахсон ба меъёрҳои баланди динӣ эътибор намедҳанд. Дар бораи дини мубини ислом бисёр сухан ронда, бо таълимоти аслии дин амал намекунанд. Дар натиҷа гӯё фаҳмишу амали онҳо дуруст буда, дар ҷомеа боқӣ ҳама «фосиқ»-анд. Дар бораи тарзи фаҳмиш ва тарзи амали мусулмонони дигар ба осонӣ ҳукм бароварда, онҳоро «кофир» мехонанд. ҲНИТ, ки қаблан дар кишвари мо арзи вуҷуд дошту имрӯз фаъолияташ манъ шудааст, то ҳол дар ноором кардани вазъи кишвари азизамон дар ҳар гӯша кӯшиш мекунад. Аъзоёни ҲНИТ ва роҳбарияти он мехостанд Тоҷикистони азизи моро ба давлати «исломӣ» табдил диҳанду ҳокимиятро ба даст оваранд. Хушбахтона ин орзуи онҳо амалӣ нагашту ҲНИТ бо мақсаду маромҳои нопокаш, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, марги
Н/И
НАСИМИ ИСФАРА
Мавқеъ
Экстремизм ва терроризмҳаракатҳои ифротӣ даҳҳо ҳазор ва машаққати ҳазорон нафар гардида буд, дар нимароҳ раҳгум зад. Дар яке аз вохӯриҳо, соли 2013 ба раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Исфара як нафар омӯзгорзане, ки фарзнди худро дар роҳи ҳамин ҳизб талаф дода аст, бо як нафрати беандоза иброз карда буд: Фарзанди ман донишҷӯйи беҳтарин буд, ӯро пинҳонӣ ба сафи ҲНИТ бо ваъдаҳои бардурӯғ ҷалб карданд. Ӯ ба ин ҳизб аъзо шуда, натанҳо номи неки донишҷӯ, ҳатто зодгоҳашро аз даст дод. Ҳизби наҳзати ислом ҳизби наҳс ва касофат аст. Ман ба ту сардори ҳизб муроҷиат мекунам. Фарзанди амонатамро баргардон!». Кабирӣ ба ҳамҳизбони исфарагиаш муроҷиат карда гуфт, ки ба ин зан кӯмак расонед. Зани далеру шуҷоъ бори дигар ба сӯйи Кабирӣ нигаристу хитоб кард: «Ба ман кӯмаки ту ва ҳамҳизбонат лозим нест!... Ман ба ту гуфта истодаам, ки фарзанди ман ва даҳҳо ӯ барин ҷавонони фиребхӯрда, аз дасти ақидаҳои пучу бефарҳанги ҲНИТ роҳгумзадаро баргардон! Ту ва ҳамҳизбонат,
То сиришки ғам нарезем Инсонҳо бо хулқу рафтор, амалу кирдорҳои худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Амалу характери шахс метавонад дар давоми ҳаёт аз манфӣ ба мусбат, аз мусбат ба манфӣ табдил ёбад. Давраи балоғат, ки айёми тарбияи ҷавонону наврасон - духтарону писарон ба ҳисоб меравад, масъулияти зиёдеро пеш аз ҳама аз оила ва муассисаи таълимӣ талаб менамояд. Андаке бепарвоиву беназоратии мо–волидону омӯзгорон метавонад онро ба роҳи душвору хато ва ҳатто ба ҷиноят содир намудан сафарбар намояд. Зеро дар ин айём ҷавонон қодири ҳамаи амалҳои зишт шуда метавонанд. Ин гуна амалҳо дар натиҷаи дидани филмҳои фаҳш, кӯчагардиҳои зиёд, шабгардиҳои беҳуда, бо тақлиди кӯр-кӯрона либос пӯшидану суханҳои қабеҳ гуфтан ва алалхусус, аз беназоратии волидон рух медиҳад. Тамошои филмҳои фаҳш, ки дар он ҳама намуди зӯроварӣ аз қабили бераҳмӣ, беадолатӣ, дурӯғгӯйӣ, фоҳишагарӣ, дуздӣ, таҷовуз ва инчунин худкушиву куштор дида мешавад, дар замири бинандаву шунаванда бетаъсир нахоҳад монд. Дар ин ҳолат вазифаи асосии тарбиявии оила басо муҳиму масъулиятталаб аст. Сари вақт ташкил намудани сӯҳбатҳо, корҳои фаҳмондадиҳӣ, роҳу усулҳои гуногуни воситаи тарбия – мисол овардани ҳикоятҳои пандомез, тамошои филмҳои ахлоқӣ ва хулосабарорӣ бо ҳадисҳо ва ривоятҳо, ибрати оилаҳои рӯзгордидаву намунавӣ хеле бамавқеъ мебошад. Бояд тарбияро оила дар мадди назари худ нигоҳ дорад, зеро нақши он дар тарбия басо бузургу назаррас аст. Мутассифона, тарбиятгарони оила аз саҳар то шом барои ёфтани ризқу рӯзӣ ва дигар корҳое, ки дар дараҷаи дуввум меистанд овора мегарданду барои тарбияи фарзанди худ, ки оянда муаррифгари онҳо хоҳанд шуд, вақти кофӣ ҷудо намесозанд. Барҳақ муҳаққиқе гуфтааст: «Оилае, ки фарзандро дар хурдсолӣ ба рафтори ношоиста одат кунонида, ба вай одаму одамгарӣ, ахлоқу одоби некро наомӯзонида-
24. 01. 2018
Боядат аввал адаб андӯхтан,
№4
2
аст, барои инро аз муассисаву донишгоҳ талаб кардан ҳуқуқи маънавӣ надорад». Вақте ки тарбиятгарон ӯҳдадориҳои хешро нисбати тарбияи фарзандон ба сомон мерасонанд, дар амал тадбиқ менамоянд, хотирҷамъ ҳастанд. Зеро ки тарбияи хуб барои асрҳо кофӣ аст. Нуқтаи дигареро дар ин мавзӯъ қайд намудан зарур аст, ки агар фарзанде дар оила тарбия наёфтааст, дар ягон муассисаву донишгоҳ тарбия нахоҳад гирифт. Хислат ва рафтори вай маҳз аз оила сарчашма мегирад ва минбаъд дар муассиса ташаккул меёбад. Барҳақ шоири ватанпарвар Абулқосим Фирдавсӣ хеле бамаврид қайд намудааст: Ба нопокзодагон мадоред умед, Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед. Зи бадасл чашм беҳӣ доштан, Бувад хок дар дида анбоштан. Вақтҳои охир теъдоди ин қабил ҷавонон афзуда боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кӯчаву хиёбонҳо, дар тарабхонаву муассисаҳо беадабиҳоро дида, бо гӯши худ шунида бепарво мегузарем. Ин амали ношоиста ва бетарафии мо-волидону омӯзгорон ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест. Вобаста ба таълиму тарбия дар кишвари мо санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки паҳлӯҳои гуногуни таълиму тарбияро дарбар мегиранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуд, ки басо муҳиму саривақтист. Дар қонун вазифа ва ӯҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид гардида, шакл, усули тарбия муайян шудааст. Албатта, амалишавии бевоситаи қонун аз дастгирии падару модарон вобаста мебошад. Ӯҳдадории онҳо аз он иборат аст, ки тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона созанд, шароити лозимаро муҳайё намоянд, то фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шуда, ба ҳаёти мустақилона омода бошанд.
ки боиси марги ҳазорҳо ҷавонон гаштаед, шарму ҳаё доред ё не?.. Ман мегӯям, ҲНИТ ба Тоҷикистон ва мардуми он ғайр аз ҷабру ситам ва зулмот чизи дигаре дода наметавонад. Лаънати Худо бар ту ва ҳизби террористии ту!». Хушбахтона дар таърихи 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олӣ аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ гардонида шуд ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташ қатъ ва нашри рӯзномаи «Наҷот», сомонаи интернетии ҲНИТ баста шуд. Ба шаҳрвандони баору номуси кишвар гуфаниям, ки мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол, ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ва зиндагии орому осуда расида, ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои дасисабозон нашавем. Ҳама дар атрофи Прездентамон баҳри пойдории суботи сиёсии ҷомеа, баҳри ҳифзи сулҳу оромӣ муттаҳид бошем. Умияхон МАҲМУДОВА, директори МТМУ № 7.
Дар ин раванд ҳикмати пурмуҳтавои аҷдодонамонро доим дар хотир нигаҳ дошт, ки мегӯянд: «Фарзандони худро ҳунар ва илм омӯзед ва онҳоро чунон тарбия намоед, ки оқибат сиришки ғам аз дидаҳои пурумед нарезад». Доир ба масъалаи муҳими нақши падару модар дар тарбияи фарзанд асарҳои машҳури «Қобуснома»-и У. Кайковус, «Насиҳатнома»и Имоми Аъзам, «Ахлоқи Носирӣ»-и Н. Тӯсӣ, "Ахлоқи муҳсинӣ"-и В. Кошифӣ ва ғайраҳо таълиф шудаанд, ки на насли калонсол ва на ҷавонон рӯ ба хондани онҳо меоранд. Пас ояндаро чигуна тасаввур кардан мумкин аст. Мутафаккири бузурге дар бобати хондани китоб қайд намудааст. «Бо хондани ҳар як китоби нав дар худ мани дигареро дармеёбам». Хулоса, роҳандозии усулҳои мақбули тарбия дар оила дар вуҷуди фарзанд ба инсони комил будан заминаи асосӣ мегузорад. Дар баъзе ҳолатҳо падару модарон ба фарзандон серталабӣ менамоянд, аммо бобою бибиҳо тарафгири наберагон шуда, камбудиҳояшонро мепӯшонанд, ки дар натиҷа фарзанди эркаву дурӯя ба воя мерасад. Ривоятеро оиди эҳтироми падару модар мисол меорем. Шахсе назди Расулуллоҳ (С.А.С.) омада иҷозати ҷиҳод карданро мепурсад. Он ҳазрат фармуданд: -Оё падару модар дорӣ? Гуфт: -Бале. -Ҷиҳоди ту хизмати онҳост! Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба хизмати фарзандон, ба иззату икроми онҳо расидан мо-волидон, вазифадорем, ки наврасонро дар руҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти дарккунии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагиву хушбахтӣ, камолоту пешравӣ бештар мегардад. Барои ин худи мо сараввал боадаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро возеҳтар мегардонад: Боядат аввал адаб андӯхтан, Пас дигар касро адаб омӯхтан. Гавҳар УЗОҚОВА, муовини директор оид ба тарбияи МТМУ № 10.
Ҷашни Садаро Ҳаким Фирдавсӣ ба Ҳушанги Пешдодӣ нисбат додааст. Бино ба тасвири ин ҷашн дар «Шоҳнома», Ҳушанг бо сад нафар мулозимонаш ба самти кӯҳе ба номи Истахр рафт ва ҳангоми истироҳат баногоҳ мори сиёҳи азимҷуссаеро дид, ки аз даҳонаш дуд мебаромад. Ӯ сангеро гирифту ба тарафи мор партоб кард. Чун санги мазкур санги чақмоқӣ буд, он ба санги бузурги чақмоқии дигаре бархӯрд ва оташи бархоста аз он бар хасу хошок афтод ва морро бисӯхт. Ин устураи мазкур шомили ду рамз аст. Рамзи аввал ҳамон рамзи мори сиёҳ аст, ки аз даҳонаш дуд мебаромад ва он аз оташи ба вуқӯъ пайваста бисӯхт. Дар ин ҷо мори сиёҳ ва дуди даҳони ӯ ба торикию зулмат ишора мекунад, ки он дар суннати ниёгони ориёии мо рамзи бадӣ ва иғтишошу марг аст. Рамзи дуюм оташ аст, ки он намоди фурӯғи аҳуроӣ ва рамзи созандагию бақо, идомати зиндагӣ ва нуру равшанӣ мебошад. Ба ибораи дигар, ҳаким Фирдавсӣ дар мисоли амали Ҳушанг муборизаи нуру зулмат ва қувваҳои ба ҳам зидро нишон медиҳад, ки ин шаҳриёри пешдодӣ аз ғалабаи оташе, ки ба вуҷуд оварда буд, ба ваҷд меояд ва онро ҳамчун «фурӯғи эзидӣ» саҷдагоҳи худ қарор медиҳад. …К-ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод, Ҳамин оташ онгоҳ қибла ниҳод. Бигуфто фурӯғест ин эзидӣ, Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд, Сада номи ин ҷашни фархунда кард. Устураи дуюм низ дар бораи ҷашни Сада мавҷуд аст, ки мувофиқи он баъди марги аввалин кадхудои ҷаҳон – Каюмарс аз дасти неруҳои аҳриманӣ, нутфа (тухма)-и оташгунаи ӯ, ки ба зери хок афтода буд, бо гузашти чиҳил сол аввал ду растании баҳам печида ва аз онҳо завҷе (марду зан) бо номҳои Машяву Машяна пайдо шуданд ва аз насли онҳо авлоди башар арзи вуҷуд намуд. Бино ба гуфтаи Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор» вақте микдори аввалин инсонҳо аз авлоди Каюмарс ба 100 (сад) нафар расид, он рӯзро гиромӣ дошта, бо оташафрӯзӣ ҷашн гирифтанд ва ин ҷашнро Сада номгузорӣ карданд. Ҷашни Сада, амиро расми кибор бошад, Ин ойини Каюмарсу
Пешхабари навбаҳор Ниёгонамон барои мо мероси ғании фарҳангӣ, адабӣ, илмӣ ва ҷашну маросимҳои зиёдеро ба ёдгор гузоштаанд, ки дар байни онҳо идҳои сегона – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хеле дилчасп мебошанд. Ин ҷашнҳоро муҳити таърихиву иҷтимоӣ, табиию ҷуғрофӣ ва махсусан рӯзгори кишоварзону ҳунармандон ба вуҷуд овардаанд. Ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада ва дигар суннатҳои мардумии пешин барои тоҷикон ва умуман форсизабонон азизу мукаррам аст. Чунки ин ҷашнҳо аз даврони бостон рамзи оғози некӣ буда, инсонҳоро ба муттаҳиддиву ба зиндадилӣ ва шафқату меҳрубонӣ ҳидоят намудааст. Сада яке аз ҷашнҳои бостонии мост, ки рӯзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ – баҳман барпо мегардид. Азбаски аз даҳуми Баҳман то ҷашни Наврӯз панҷоҳ шабонарӯз аст, ин рӯзро Сада ном ниҳодаанд, зеро ниёго-
Н/И
Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст…
НАСИМИ ИСФАРА
Оини ниёгон
Сада гувоҳ аз пешомади Наврӯз Исфандиёр бошад… Аслаш зи нур бошад, фаръаш зи мор бошад, Чун бингарӣ ба арзаш аз кӯҳсор бошад Чу бингарӣ ба тӯлаш сарву чинор бошад… Чуноне ки мулоҳиза мешавад, дар ин шеъри Манучеҳрӣ низ кӯҳу мор тасвир шудааст, ки устураи аввалро тақвият мебахшад. Усулан ҷашни Сада бо нуру оташ робитаи ногусастанӣ дорад. Фаррухӣ низ дар шеъре, ки ба ҷашни Сада бахшидааст, оташ ва Хуршеду Моҳро нурҳое медонад, ки аз тобишу партавафшонии онҳо ба олами гетию миноӣ (сифлию улвӣ) аз ҷиҳати ҷаҳоншиносӣ ба вуҷуд омадани оламҳои нуронию (муҷарраду) зулмонӣ (моддӣ)-ро таъйид мекунад. Ҳамин масъала минбаъд инкишоф ёфта, дар Авесто аз забони Зардушт чунин садо додааст: «Ин нурро, ки дар баробараш истодаам, нури офариниши ту (яъне Аҳуромаздо – Ҳ.М.) медонам, онро ба манзилаи парастиши сӯ (қибла) мешиносам, ба василаи ин нур, ки заррае аз зарроти туст, хосторам, ки худамро бо нури ҳақиқати ту наздиктар кунам». Номи ҷашни Сада аз рақами 100 (сад) гирифта шудааст. Дар забони паҳлавӣ он дар шаклҳои гуногун (сат, сатаг, сазак ва ё саз) ва арабҳо онро «сазак» номидаанд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Ат-тафҳим» сабаби «Сада» номгузорӣ шудани ҷашни мазкурро мансуб ба миқдори рӯзҳои боқимонда то иди Наврӯз – яъне 50 шабу 50 рӯз медонад. Ҳамин фикрро ӯ дар «Осор-ул-боқия» чунин баён кардааст: «Эрониён пас аз он ки кабиса бартараф шуд, дар ин вақт (яъне ҳангоми ҷашни Сада) мунтазир буданд, ки сармо низ аз эшон бартараф шавад ва давраи он ба сар ояд, зеро онҳо оғози зимистонро аз панҷ рӯзе, ки
аз обонмоҳ (яъне 27 октябр) мешумориданд ва охири зимистони бузургро, ки 10 рӯз ба баҳманмоҳ мегузашт (яъне 30 январ) ба унвони Сада ҷашн мегирифтанд. Имомуддин Закариёи Қазвинӣ дар «Аҷоиб-ул-махлуқот» яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгонамон - Садаро ба Ардашери Бобакон ихтисос додааст. Берунӣ низ ин фикри ӯро дар осораш зикр намуда, хотирмон будани маросими ҷашни Сада дар аҳди Анӯшервони Одилро таъкид карда буд. Дар сарзамини Эрони бузург ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос аз 10-ум ба 11-уми баҳманмоҳ, яъне 30 январ ҳар сол ҳамчун охирин ҷашни ҳошиявии Наврӯзи ҳуҷастапай таҷлил мекарданд. Аз рӯи маълумоти Умари Хайём дар «Наврӯзнома» ҷашни Сада ба пирӯзии Фаридуни тилисмшикан бар Заҳҳоки морбардӯш (Аджи Даҳака) нисбат дода шудааст. Ӯ дар асари ёдшуда навиштааст: «… Ҳамон рӯзе, ки Заҳҳокро бигрифта ва мулк бар вай (яъне Фаридун – Ҳ.М.) рост гашт, ҷашни Сада бинҳод ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн кардандӣ ва ҳар сол то ба имрӯз ойини он подшоҳони некаҳд дар Эрону Тӯрон ба ҷой меоранд». Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афредуну в-аз Ҷам ёдгор аст… Бояд тазаккур дод, ки дар ин ривоят Заҳҳок ҳамон аждаҳо (Аджи Даҳак) ё худ Заҳҳоки морбардӯш аст, ки морҳои шонаи ӯ нишони аҳриманист ва киноя аз шайтонест, ки хоҳони нобасомонию иғтишош дар ҷомеа ва маргу нобуд сохтани инсону инсоният мебошад. Гузинаҳо (вариантҳо)-и гуногуни шарҳу баёни муносибати Фаридуну Заҳҳок дар адабиёти марбут ба ҷашнҳои ҳошиявӣ хеле зиёданд. Агар ба умқи ин гузинаҳо назар
ни мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд. Инчунин ҷашни Сада ба охиррасии фасли зимистон ва берун омадани офтоб аз хонааш ва рӯ ниҳодан ба баҳор баробар ба 30-юми январи моҳи мелодӣ рост меояд. Пеш гузаштагонамон дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва дар гирди он рақс мекарданду суруд мехонданд. Бинобар ин қариб ҳамаи шоирони классик ва муосир ин ҷашнҳои сегонаро дар беҳтарин ашъорашон васф намуданд, уламо роҷеъ ба ин ҷашнҳо рисолаҳо таълиф кардаанд, мусиқидонон оҳангу таронаҳо эҷод кардаанд, мусаввирон суратҳо кашидаанд ва аҳли меҳнат суруду таронаҳо гуфтаанд. Хушбахтона бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар баробари ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон аз нав эҳё карда шуда, соли равон дар сатҳи умумиҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Умуман ҷашни Сада мужда аз Нарӯз аст. Шоир БОБОЕВ, рӯзноманигор.
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд
Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0374431, ки МТМУ № 59 соли хониши 2009-2010 ба Судобаи Саъдуллодухт додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи ГТС № 0029996, ки МТМУ № 78 соли хониши 2002-2003 ба Турдиев Ривочиддин Бобоевич додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи А № 163589, ки МТМУ № 2 соли хониши 1987-1988 ба Азимова Муҳибахон Шарофовна додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0022181, ки МТМУ № 68 соли хониши 2005 ба Обидов Анвар Музафарович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-АТУ № 0253034, ки МТМУ № 31 соли хониши 2016 ба Атохонова Саёҳатхон Асадуллоевна до-
афканем, чунин ба назар мерасад, ки дар охирин ҷашни ҳошиявии қабл аз наврӯзӣ бештар муносибати тазодҳои иҷтимоии шадид морон ва Фаридуни тилисмшикан матраҳ шудааст. Яке аз шаҳриёрон бо фиребу найранг ҳукуматро ба даст гирифта, мехоҳад ҷомеаро ба вартаи ҳалокат қарор диҳад, дуюмӣ ба муқобили он мубориза бурда, ҷомеаро мехоҳад аз вартаи ҳалокат наҷот бидиҳад. Ин мубориза дар сатҳи шаҳриёрон, ки зимоми ҳукуматро дар даст доранд, сурат мегирад. Дар ин ҷо ғалаба бар Заҳҳок тавассути Фаридун намунаи беҳтарини пирӯзии некӣ бар бадӣ дар набарди ҳалокатбори нуру зулмат мебошад, ки мутаассифона, чунин ҳолатҳо низ дар таърихи ҳаёти иҷтимоии ниёгони ориёии мо ҷой доштааст. Ин ғалаба дар набарди қувваҳои мутазоди ҷомеа як ҳодисаи билқувва (потенсионалӣ) ҷойдоштаест, ки дар ҳаёти иҷтимоии ҳар халқу миллат ҷой дошта метавонад. Ҳушёрии миллат ва сарвари он дар он зоҳир мешавад, ки бо рафтори оқилона ва сиёсати одилона дар чунин набарди қувваҳои ба ҳам зидди иҷтимоӣ ғолиб ояд. Маҳз ғалабаи Фаридун бар Заҳҳок пешомади Наврӯзро таъмин карда тавонист. Одати асосӣ дар ҷашни Сада оташафрӯзӣ ва нӯшидани шароб аст. Нависандаи машҳури муосири Эрон Содиқ Ҳидоят дар «Найрангистон» ном асараш ҷашни Садаро «садасӯзӣ» ном ниҳода, маросими анҷоми ин ҷашнро дар шаҳру ноҳияҳои Эрон тасвир намуда, хусусиятҳои онро дар образҳои бадеӣ нишон додааст. Аз ҷумла, нависандаи мазкур қайд кардааст, ки ҷашни Сада аҳамияти кишоварзӣ дорад, чун баъд аз он аввал ҷараёни базрафшонӣ (омода намудани тухмӣ) сурат мегирад, баъд тайёрӣ ба кишту кор шурӯъ мешавад. дааст.
*** Шаҳодатномаи № 537802, ки ОКТ № 6 соли хониши 1990 бо ихтисоси челонгари КИПиА дараҷаи 3 ба Набиев Абдуруаф Халилович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии А № 005853, ки МТМУ № 28 соли хониши 1998-1999 ба Ҷаборов Машраф Абдумуқимович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи АБ № 0026607, ки МТМУ № 62 соли хониши 2004 ба Азамов Хушрӯз Набиювлоевич додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи А № 205872, ки МТМУ № 5 соли хониши 1988-1989 ба Мавлонов Абдуғаффор додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи № 0028645, ки МТМУ № 12 соли хониши 2005 ба Джураев Далер Одилович додааст. ***
24. 01. 2018
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
№ 4
3
Тибқи иттилои маъхазҳо дар аҳди Ҳахоманишиён ҷашни Сада бештар дар ҳавои озод, дар талу теппаҳо баргузор мегардид, шаҳриёрону ҳакимон назру ниёзи худро бо дархости саодату пирӯзӣ ба зердастону деҳқонон, эҳтиёҷманду камбағалон ба ҳайси ҳадоё медоданд. Маълумоти казоӣ дар бораи ҷашни Сада дар давраи Сосониён вуҷуд надорад, вале дар бораи ҷашни Сада барпо намудани Маликшоҳи Салҷуқӣ бо иштироки шоирону хунёнгарон иттилооти муфид боқӣ мондааст. Дар замони ҳукмронии Султон Масъуд ҷашни Сада дар ҷараёни сафари ӯ рост омадааст. Султон дастур дода, ки дар роҳи Марв саропардае дар лаби ҷӯй бизананд ва тахти баланде бисозанд. Вақте Сада фароз омад, нахуст султон ба сари он тахт нишаст, надимону мулозимон низ ҷамъ омаданд ва оташ ба ҳезум заданд, ки фурӯғи он, тавре ки дар маъхазҳо ишора шуда, аз 10 фарсах мушоҳида мешудааст. Чунин ҷашни пуршукӯҳи Сада дар Исфаҳон, дар канори дарёи Зояндаруд низ баргузор шуда, ки Ибни Асир роҷеъ ба он дар «Комил-ут-таворих» иттилоъ додааст. Саёқӣ мефармояд: Сада омад, ки тарабро сару солор бувад, Шодмониро з-ин пас ба(р) мо бор бувад. Бар рухи ҷашни Сада гарчи зимистон дор баст, Партави чеҳраи ӯ гуфт, ки ин ёр бувад… Анна Красноволская дар "Чанд чеҳраи калидӣ дар асотири гоҳшумории эронӣ" ҷашни Садаро пешомади намодини Наврӯз ва муҳимтарин ҷашни зимистонӣ ба қалам додааст, ки аз даврони куҳан ҳамчун иди ҳошиявии пешазнаврӯзӣ ҳар сол таҷлил мегардид. Артур Кристенсен ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва ҷашнҳои оташи роиҷ дар Аврупоро муқоиса намуда, оташи поки иди Фасхи насронӣ бо унвони растохези Масеҳ дар кишварҳои Урупоро ёде аз ҷашни Сада арзёбӣ намудааст. Оташи ҷашни Сада оташи меҳри Ватан аст, К-андарин мулк нахоҳад, ки шаби тор бувад. Муҳаммадқул ҲАЗРАТҚУЛОВ, доктори илмҳои фалсафа, профессор. www. anrt.tj.
Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0372917, ки МТМУ № 78 соли хониши 2009-2010 ба Ғоибназаров Ваҳдат Зафарович додааст. *** Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ, ки дар бойгонии КДФ «БММҒ» таҳти рақами 1895 дар суроғаи ҷамоати Навгилем, кӯчаи Боғдорӣ хонаи 34 ба номи марҳум Ғаниев Билолхон ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ, ки дар бойгонии КДФ «БММҒ» таҳти рақами инвентарии 629 дар суроғаи ҷамоати Хонобод деҳаи Зархок б/р ба номи Ҳусейнов Одина ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Б № 364278, ки МТМУ № 15 соли хониши 1981-1982 ба Фаттоев Абдухалил Бобохонович додааст.
Ҷомеаи меҳнатии МТМУ № 18 ба омӯзгорон Шарифҷон ва Анварҷон Деҳқоновҳо бинобар даргузашти МОДАРАШОН таъзия баён намуда, ба онҳо аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил хоҳон аст.
Н/И
Суғду Хатлону Бадахшон Ватанам. шо Компания» баргузор шуданд, ки басо хотирмон буд. Осоишгоҳ дорои осорхонаи хело ғанӣ ва толори варзишӣ мебошад, ки пурра бо таҷҳизотҳои муосир муҷаҳҳаз буда, ҳам барои мардҳо ва ҳам занҳо машғулиятҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Ин ҳам яке аз намудҳои беҳтарини табобат ба шумор меравад. Мо истироҳаткунандагон: зарафшонӣ, ҳисорию бадахшонӣ миннатдории худро ба тамоми кормандони ин осоишгоҳи табобатии нотакрор мерасонем. Давоми истироҳат дар ин даргоҳ мо бо табибону хоҳарони шафқат ва кормандонаш чунон унс гирифтем, ки намехостем дигар хайрухуш намоем, аммо чи илоҷ, ки вақт дигар имкон намедод. Чи тавре, ки бузургон фармудаанд: Боз омадан, зи рафтани хуршед дур нест, Гар зиндагист дидор ба дидор мерасад. То боздид!
2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Бардоштҳои ширин аз "Зумрад" Умрро бидон ғанимат ҳар нафас, Чун равад дигар наояд боз пас. Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст вилояти овозадори Суғд дар миқёси ҷумҳурии офтобрӯяамон тайи даҳсолаҳои охир босуръат рушд ёфта истодааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, ки дар вилояти Суғд қарор доштанд бори дигар собит намуданд, ки мардуми меҳнатқарини он баҳри ободию бунёдкорӣ саъю талош доранд, ки боиси аҳсан мебошад. Биноан мо тасмим гирифтем дар бораи яке аз мавзеҳои зебоманзари ин гӯшаи диёр осоишгоҳи «Зумрад», ки чанд муддате бо нафарони зиёд истироҳат намудем қисса намоем. Дар ҳақиқат мавзеи Зумрадшоҳ аз солҳои 70-уми қарни гузашта бо табиати афсункор, обҳои шифобахш, меваҳои шарбатрезу дарахту гулбуттаҳои ҳамешасабз маълуму машҳур гаштааст. Ҳар яки мо истироҳаткунандагони хатлонӣ бо як нияти нек натанҳо барои табобат, балки баҳри пайдо намудани дӯстони нав ва дидан
намудан аз мавзеи таърихию кишваршиносӣ иқдом пеша намудаем. Шахсан ман пеш аз ҳама орзу доштам, ки дар он ҷойе, ки падари бузургворам зиндаёд Саидмурод Муродов бо рафиқашон Сангинмурод Авғонбоев ҳамчун бригадирони пешқадами пахтакорӣ бо роҳхат борҳо омада буданд, хостам бо чашмони худ бинам ва паю қадами падари бузургворамро, ки 90 сол умр дида буданд, зиёрат намоям. Рости гап аз рӯзи аввали ба ин даргоҳи умедбахш омаданам ба чойхонаи ҳамонвақтаи ин мавзеъ, ки ҳоло ҳам фаъолият дорад даромада, дар ҳамон катҳое, ки бо нақшу нигори устоҳои чирадасти исфарагӣ кандакорӣ шудааст нишаста чой нӯшидам. Ҳамзамон аз хоҳари пешхизмат, ки номаш Марҳабо будааст пурсон шудам. Он кас гуфтанд, ки раҳматии падарашон Додохон Атобоев аз соли 1972 қариб 20 сол дар ҳамин чойхона ба истироҳаткунандагон хизмати беғаразона намуданд. Аз ҷумла падари ман ҳам борҳо бо ин марди саховатпеша ҳамнишин шудааст. Ман аз Марҳабо аксҳои ҳамонвақтаро дарёфт намудам, ки онҳо дӯстона суҳбат менамуданд.
Тоқӣ ба сарат, тоқии...
Чор тараф-рамзи ҳимоя аз бадӣ аз чор самти дунё Шакли қаланфур-нишонаи ҳаёт, осудагии хонавода ва нигаҳдоранда аз чашми бад
Матои сиёҳрамзи коинот
Оилаи хушбахт
Риштаи сафед-рӯшноӣ Далели мардонагиву ҷасорат
16 рамзи атрофи тоқӣ- силсилаи маргу тавлид, некӯаҳволӣ ва бойигарӣ
Н/И
Рости гап ман дар дигар осоишгоҳҳо будам, аммо сатҳи хизматрасонии кормандони осоишгоҳи "Зумрад" аз дигарҳо бо куллӣ фарқ доштааст. Дар бинои табобатӣ мо аз хизматрасонии ҳамшираҳои тиб Зайнурабону, Муаззама, Гулчеҳра, Маҳбуба ва дар бинои мумшифоӣ Фарҳод Мансуров, Саломатхон Абдуғаниева хело миннатпазирем. Инчунин дар хизматрасонии ошхонаи парҳезӣ бошад, сарошпаз Шуҳрат Рашидов ва пешхизматҳо Хушноза, Маҳфузахон, Райҳона ҳам бо хӯрокиҳои болаззат ва ҳам бо фарҳанги хизматрасониашон дар як баст табъи моро болида менамуданд ва дар як баст ба 300 нафар хизмат мерасонанд, ки боиси қадр аст. Агар гап дар бораи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ равад, қариб ҳар бегоҳ шаби рақсу бозӣ ва маҳфилҳои бадеӣ ороста мешуд. Махсусан мо аз баромадҳои санъаткорони қасри фарҳанги шаҳри Исфара бо роҳбарии Мустафо Сангинов хело шод гаштем. Инчунин бо ташаббуси масъули фарҳанги осоишгоҳ Мухтадил Ҷӯраев консертҳои устодони санъат Матлуба Раҳимова, Ҳасани Ҳайдар, «Ғариб-
Аз кӯлвори "Шифо"
Пародонт-пародонтоз чӣ гуна беморист? Ташхис ва табобати бемориҳои пародонт яке аз масъалаҳои актуалӣ мебошад, чунки 30-82 фоизи ин гурӯҳи касалӣ дар ҳамаи кишварҳои олам паҳн шудааст. Пародонт – ин маҷмӯи бофтаҳое мебошад, ки ба он дохил мешавад: дандон, милк, париодонт, устухони гирди дандон, сементи решаи дандон. Аз рӯйи тадқиқоти институти илмӣ-тадқиқоти стомотологӣ бемории пародонт ба чунин шакл тақсим шудааст. 1. Ингивит – илтиҳоби бофтаҳои атрофи милки дандон. 2. Периодантити маргиналӣ – илтиҳоби бофтаҳои периодант. 3. Пародантоз – илтиҳоби бофтаҳои пайвастӣ ва вайроншавии ин бофтаҳо. Дар натиҷаи вайрон шудани метаболизм ва дигаршавии иммунитет ба хӯрдашавии усту-
ва зарири шаҳр айни замон 77 нафар хонандагонро аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таълиму тарбия ва табобати доимӣ фаро гирифтааст. Муассиса дорои 3 хобгоҳ мебошад. Ду хобгоҳ дорои шароити хуб буда, аммо хобгоҳи сеюм ин гуна шароитро надошт. Бачаҳо, ки ҳама Мактаб-интернати махсуси ба- нуқсонҳои чашм доранду ба чагони қувваи босираашон суст гурӯҳҳои гуногуни маъюбӣ манН/И
Сухани гарм
Самараи некӣ
«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ
Музаффар Муродов аз шаҳри Қӯрғонтеппа, Каримхӯҷа, Нозимҷон, Исмоилҷон аз Мастчоҳ, Маҳбуба Саидалиева аз Данғара, Шералӣ аз Ҷ. Балхӣ, Нурмуҳаммад аз ноҳияи А. Ҷомӣ, Хайриддин аз Душанбе, Давлатҷон ва Шаҳзод аз Ворух, А. Абдуллоев аз Вахш, Маҳкамой, Ситора аз Панҷакент.
хонҳои дандон оварда мерасонад. Муҷиби асосии пайдошавии пародонтоз ин вайроншавии функсияи барерии пародонт ва қобилияти иммунологии организм, ки сабабгори равандҳои илтиҳобӣ ва деструктивӣ дар бофтаҳои пародонт мебошад. Усули пешгирии аввалиндараҷаи бемориҳои илтиҳоби пародонт: беҳдошти касбии даҳон, тозакунии саҳару бегоҳ баъд аз тановули хӯрок. Ба табиби стоматолог дар як сол ду маротиба муроҷиат кардан ва тоза кардани лоя ва сангҳои дандон. Табобати илтиҳоби милку дандон пешгирии касалии пародонт мебошад. Мирҳаё МИРЗАФАРОВ, табиб- стоматологи Маркази саломатии Кӯлканд.
субанд, хеле ба гармоба эҳтиёҷ доштанд. Хушбахтона ҷавонмарди хайрхоҳу саховатпеша ва ба қавли худ устувор, директори ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» Ҳокимҷон Набиев баъди аз муассиса дидан намудан изҳор карданд, ки то аз таътили зимистона баргаштани бачаҳо ин корро амалӣ менамоянд. Воқеан
Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.
НАСИМИ ИСФАРА
Н/И
24. 01. 2018
Боми сабзи кӯҳсорон Ватанам,
№4
4
01 хабар медиҳад
Ба қоидаҳо риоя кунед! Новобаста аз гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ-оташнишонӣ дар ҳудуди минтақаи хизматии ДА ҲХДО оид ба муҳофизати ҷамоати деҳоти Ворух яъне ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух давоми соли 2017 14 ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шуда, зарари моддӣ аз ин сӯхторҳо-164615 сомониро ташкил медиҳад ки нисбати соли 2016 ҳодисаҳои сӯхтор 4-адад афзуда, зарари моддӣ бошад, 120940 сомонӣ зиёд гардидааст. Ҳодисаи сӯхтор асосан дар манзилҳои истиқоматии шахсии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, 12 адад ё 85% сӯхторро ташкил карда зарари моддӣ 156865 сомонӣ аст. Аз ин ҳодисаҳо як адад дар нақлиёти шахсӣ зарари моддӣ 7600 сомонӣ, як ҳодиса дар бошишгоҳи саҳроии № 15-и КИ «Тухмипарварии Чоркӯҳ» ба қайд гирифта шуда, зарари моддӣ – 150 сомониро ташкил дод. Таҳлили сӯхторҳо дар ҷамоатҳо нишон медиҳад, ки дар ҷамоати Сурх 4-адад – зарари моддӣ 22300 сомонӣ, ҷамоати Чоркӯҳ 4-адад-зарари моддӣ 15780 сомонӣ, дар ҷамоати деҳоти Ворух 5-адад-зарари моддӣ 126530 сомонӣ мебошад. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст дар фасли зимистон шаҳрвандон манзилҳои истиқоматии худро бо ҳар роҳ яъне бо истифодаи печҳои буржавий, таҷҳизотҳои барқӣ, плитаҳои газӣ ва сандалиҳо гарм мекунанд ва дар натиҷаи риоя накардани қоидаи оддитарини бехатарӣ сӯхтор ба амал меояд. Инчунин аз ҳад зиёд дар ноқилҳои барқи васл кардани якчанд асбобҳои барқӣ сӯхторҳои ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд, ё ин ки ҳангоми истифодаи сандалиҳои миллӣ, печҳои бухорӣ оташи кушодро беэҳтиётона истифода намуда, лахчаҳои оташро дар болои матоҳо ва масолеҳҳои даргиранда меафтонанд, ки ин ҳолатҳо боиси сар задани ҳодисаҳои сӯхтор мегардад. Бинобар ин баҳри иҷрои фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 224 аз 16.04 соли 2015 чорабиниҳои профилактикӣ – оташнишонии рамзии «Муҳофиза» дар манзилҳои истиқоматӣ ва минтақаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркӯҳ, Ворух аз тарафи нозирони НДБС дидбонгоҳи алоҳидаи ҲХДО оид ба муҳофизат, нозирони минтақавии милитсия ва раисони кумитаҳои маҳаллаҳо аз 15 январи соли 2018 то 15 феврали соли 2018 санҷишу рейдҳои муштарак гузаронида мешавад. Роҳбарияти дидбонгоҳи алоҳидаи ҲХДО оид ба муҳофизати ҷ/д Ворух аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки одитарин қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар манзилҳои истиқоматиашон қатъиян риоя намуда, дар истифодабарии таҷҳизотҳои барқию газӣ ва истифодаи печҳои бухорӣ эҳтиёт кунанд. Ҳангоми сар задани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор ҳатман ба телефонҳои мобилии 101 ва телефонҳои 01 занг зада, кормандони хадамоти оташнишониро хабардор намоянд. О. АЛИҶОНОВ, нозири калони НДБС ДА ҲХДО оид ба муҳофизати ҷамоати деҳоти Ворух, майори хизмати дохилӣ.
ҳам чунин шуд. Бо ташаббус ва моянд. дастгирии ҳамарӯзаи роҳбари Дар ҳаққи чунин инсонҳои «Ҳумо» ҳамагӣ дар мӯҳлти 15 соҳибдил гуфтаанд: рӯз ин иқдоми нек амалӣ гардид. Дар гулистон на баҳору Маъмурияти муассиса, кулли на хазон мемонад, омӯзгорону кормандон ва тар- Самари боғи ту некист, биятгирандагон ба кормандони ҳамон мемонад. ТАҚХ «Ҳумо» хоса ба директори он Ҳ. И. Набиев миннатдории саҲамида ВОҲИДОВА, директомимӣ изҳор намуда, барори кору ри мактаб-интернат. саодати рӯзгорро таманно мена-
Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст. Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд. Дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № ____________ Адади нашр: 5200.
www.nasimisfara.info Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 16. 01. 2018.