Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №3 (9372) *** Чоршанбе, 20. 01. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Аз маҷлиси фаъолони шаҳр
Бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият ёбанд Таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ҷаласаи васеи фаъолон баргузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоиро дар давоми соли 2020 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дод.
Н
ахуст оид ба масъала муовини раиси шаҳр Ҷаъфархўҷа Ҳайдарзода гузориш пеш овард. Зикр карда шуд, ки дар соли сипаришуда нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,7 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 137 млн. 258,3 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 98,8 фоиз иҷро шуда, ба
буҷет 77 млн. 76,1 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 896,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ 111,7 фоиз таъмин гардида, ба он ба ҷойи 26 млн. 459 ҳазор сомонии нақша 29 млн. 545,7 ҳазор сомонӣ ва ё 3 млн. 86,7 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ пардохта шуд. Аз 11 намуди сарчашмаҳои андозбандӣ 1 намуди он - андоз аз
Ҳамкорӣ
3 миллиону 700 ҳазор рӯёнида шуд Дар назди Шуъбаи 1-уми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои истифодаи беҳудаи неруи барқ ва тарғиби сарфаю сариштакорӣ, ки метавонад иқтидори энергетикии мамлакатро боло барад, 4 гурӯҳи корӣ ташкил карда шудааст, ки таҳти роҳбарии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ фаъолият доранд.
А
з ҷониби ин гурӯҳҳо аз 10 декабр то 8 январ аз ҳисоби қарздорон ба андозаи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ рӯёнида шуд, - хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин нишондиҳанда худ ба хубӣ бозгӯӣ аз он дорад, ки гурӯҳҳои мазкур дар иҷрои талаботи барномаи давлатӣ, ки ҳадафи он таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад, фаъолияти пурсамар доранд. Ҳамчунин аз ҷониби аъзои гурӯҳҳо оид ба оқилонаву сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани нерӯи барқ, муҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи тоҷик» вобаста ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба истеҳсолу интиқоли саривақтии қувваи барқ пешниҳоди аҳолӣ гардонида мешавад. Вазъи баамаломада ҳамаи шаҳрвандон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳоро водор месозад, ки барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи он ҳисса гузоранд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро зарур аст, дар ҳолатҳои имконпазир истифодаи барқро бо дигар неруҳои гармидиҳӣ иваз намоянд ё ҷойи истифода аз таҷҳизоти баландшиддат технологияҳои каммасрафро ба кор баранд. Ҳамарӯза фаъолияти гурӯҳҳои корӣ таҳлилу ҷамъбаст ва барои натиҷабахшии фаъолият дастур дода мешавад. Имконияти самараноки кор бо муштариёни барқ ва аз ҳисоби қарздорон рӯёнидани маблағ мавзӯи меҳварии ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ аст. Тавре аз натиҷаҳои корбарӣ бармеояд, ҳолатҳои худсарона пайваст намудани ноқилҳои барқӣ берун аз ҳисобкунаки барқӣ — яъне дуздии барқ низ ҷой доранд, ки барои бартараф намудани чунин ҳолатҳо гурӯҳҳои корӣ аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ истифода мебаранд.
фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (85,6 фоиз) иҷро нашуда, аз ин ҳисоб ба буҷет 2 млн. 34,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид. Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 372,1 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 103,5 фоиз таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 560,4 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиши он 112,3 фоиз таъмин гардид. Кишоварзон дар давраи ҳисоботӣ 27 ҳазору 20 тонна картошка, 45
Дар қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Исфара мулоқоти гурўҳи тарғиботӣ иборат аз муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён ва чанде аз шоирону нависандагон бо сарбозону афсарон баргузор гардид.
Ҳ
адаф аз баргузории чунин мулоқотҳо баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва рӯҳияи ватандӯстии аскарон,
ҳазору 646 тонна сабзавот ва 24 ҳазору 351 тонна меваҷот ҷамъоварӣ намудаанд. Дар ҳудуди шаҳри Исфара 19 адад корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият бурда истодаанд, ки аз онҳо 4 адад ба коркарди меваю сабзавот, 3 адад ба коркарди маҳсулоти ширӣ ва 12 адад ба банду басти меваи хушк машғуланд. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, иҷрои саривақтӣ ва
Боздид
Дар қисмҳои низомӣ
талқини зарурати гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ чун истиқлолият ва сулҳу ваҳдат мебошад. Ҳамчунин дар ин рўз ба қисмҳои низомӣ Корвони модарон, ки ба он беш аз 50 нафар шомил буданд, ташриф овард. Ҳар нафаре аз онҳо барои сарбозон бо худ савғотиҳо дар шакли нону кулча ва фатирҳои ширмол, самбӯса ва шириниҳои лазизу меваҷот
Аз фаъолияти вакил
Мардумӣ ва боҳиммат
Савриддин Раҷабов соҳибкор, муассис ва сарвари ҶДММ “Таъминот”, вакили Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳри Исфара аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҳастанд ва доираи эҳсонкориҳои эшон ҳудуд надорад.
Р
ӯзи сипаригашта ҳамроҳ бо муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳр бо дастовези ғайримуқаррарӣ - асбобу абзори гуногуни варзишӣ ва лавозимоти машқу тамрин ба дидорбинию мулоқоти аскарбачагон рафтану дар муҷаҳҳазнамоии толори варзишии ҳомиёни Ватан саҳмгузорӣ намудани мавсуф боис шуд, ки матлаби зер иншо бишавад. Моҳи феврали соли гузашта,
вақте ки ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" бинобар вазъи изтиробангези саломатии кӯдаки маъсум Охунҷонзода Кабирҷон аз шаҳраки Шӯроб бонги изтироб зада буд, нахустин шахсе, ки вокуниш кард, соҳибкори эҳсонкор Савриддин Раҷабов буданд, ки баҳри наҷоти кӯдаки бемор аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 нафар духтурони ботаҷрибаро даъват намуда, то ҷое имконияту талабот буд, барои табобати ӯ мусоидат намудаю шароит фароҳам оварданд. Моҳи майи соли сипаришуда, вақте ки ҷавонмарди шуҷои чоркӯҳӣ Фозилов Фазлиддин дар раванди муноқишаи мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ аз захми 2 тири яроқи оташфишон ҷароҳатҳои вазнин бардоштаю ҷарроҳӣ шуда буд, аввалин шахсе, ки ба беморхона рафтаву то нимашаб, то анҷоми ҷарроҳии ӯ дар назди шуъбаи эҳё рост истода буд ва баҳри табобаташ кумаки арзишманди молиявӣ расонид, Савриддин Раҷабов буданд.
босифати воридот ба буҷети давлатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини иҷроиши барномаҳо ва рушди соҳаҳо, тақвияти корҳои тарғиботӣ, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи даъвати баҳорӣ, мавсими кишту кор ва амсоли ин ҷиддан вазифадор намуд. Муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ки дар маҷлис ҳузур ва суханронӣ дошт, изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатдӯсти Исфара аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда сарбаландона баромада, рушди воқеии иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳамаи самтҳо таъмин менамоянд ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо мегузоранд. Инчунин дар маҷлис намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Қосимзода иштирок ва суханронӣ намуд.
оварда буданд. Ин иқдоми неку шоиста бешак нишони арҷгузорӣ ба шуҷоату далерӣ ва мушкилнописандии сарбозон ва баёнгари эҳтирому эътимоди мардуми мо нисбат ба Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Модарони шомили корвони мазкур аз макони хизмату истироҳат, тамрингоҳҳо, таомхӯрӣ, амборҳои нигаҳдории маводи озуқа ва хобгоҳи ҳайати шахсии қисми низомӣ дидан намуданд. Зимни суҳбат бо аскарону афсарон бо баробари арзи ташаккур ба онҳо барои масъулияти баланди сарбозӣ, хизмати содиқонаи шабонарӯзӣ ва таъмини амнияту осоиши сокинони мамлакат, аз ҷумла гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сипари боэътимодест дар муқобили ҳамагуна кӯшишҳои нооромсозии маҷрои мӯътадили зиндагии мардуми кишвар ва неруи тавоноест дар ҷабҳаи пеши таҳкими дастовардҳои истиқлолияти милливу давлатӣ.
Вақте модари чоркӯҳие дар марз аз захми тири адӯ захмӣ ва дар беморхона бистарӣ гардид, боз ҳам нахустин шахсияте, ки бо эҳсоси баланди ватандориву инсондӯстӣ дасти кумаку мадад дароз намуд, Савриддин буданд. Вақте аз ифтитоҳи суратҳисоби махсуси умумиҷумҳуриявӣ, ки барои маблағгузории чорабиниҳои пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи COVID-19 пешбинӣ шудааст, иттилоъ паҳн гардид, дар пайгирӣ аз иқдоми эҳсонкоронаи Пешвои миллат мавсуф яке аз нахустин шахсиятҳое дар шаҳри Исфара буданд, ки маоши вазифавии якмоҳаи худро дар ҳаҷми 3000 сомонӣ ба он гузарониданд. Моҳи майи соли рафта, вақте ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиати видеоӣ оид ба зарурати расонидани кумаки моддию молиявӣ ба сокини 31-солаи ҷамоати шаҳраки Нефтобод Раҳимзода Сомонҷон нашр гардид, аввалин шахсе, ки амалан вокуниш кардаву ба суроғу дидорбинии бемор рафта, дасти сахову кумак дароз намуд, Савриддин Раҷабов буданд. Моҳи декабри соли сипаригашта, вақте, ки ташкилоти ҷамъиятии "Ормони дилҳо" тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба эҳсонкорону саховатмандони шаҳр бобати зарурати саҳмгузорӣ ҷиҳати баргузорсозии тӯйи арӯсии ҷавонон аз оилаҳои камбизоату бесаробону ниёзманд муроҷиат намуд, боз ҳам аввалин шуда вакилони мардумӣ Савриддин
Раҷабов, Абдулмумин Ҳалимов ва Таибиддин Мухаммедов омодагии хешро изҳор карданд. Аз ҳисоби сармояву пасандозҳои худ тӯйи арӯсиро ташкилу баргузор намуданд. Хонаи навхонадорон бо қолин, пардаҳо, печкаҳои гармидиҳанда ва дигар лавозимотҳои рӯзгор аз тарафи Таибиддин Мухаммедов таъмину муҷаҳҳаз гардидаву дигар хароҷотҳои баргузории тӯй аз тарафи вакилони мардумӣ Абдулмумин Ҳалимов ва Савриддин Раҷабов пурра пардохт карда шуд. Соли сипаригардида маҳз бо ташаббуси Савриддин Раҷабову саҳми асосиву арзишмандашон ва ҳамдастии аъзои кумитаи падару модарони толибилмон мактаби деҳаи Чоркӯҳ бо харҷи 45 ҳазор сомонӣ азнавсозию обод гардид. Савриддин Раҷабов ҳамзамон яке аз ангуштшумортарин шахсиятҳои равшанфикр ва ояндабини деҳаи Чоркӯҳ ҳастанд, ки маблағи равуои нафаре чанд аз омӯзгоронеро, ки аз деҳоти дигар ба Чоркӯҳ омадаву ба насли наврас ҳамарӯза дарс медиҳанд, аз ҳисоби худ пардохт мекунанд. Ва боз.... ба қарибӣ, ба 3 хонаводаи камбизоату маъюби ҷамоати деҳоти Хонобод, ки дар фасли сарди зимистон ҷиҳати дастрасӣ ба сӯзишворӣ беилоҷу ниёзманд буданд, як мошинӣ ҳезум фиристоданд . Алҳол ҳамин кофист, ки зикраш кардем. Иқбол ТЕШАЕВ.
2
"Насими ИСФАРА"
Мутобиқи моддаҳои 8, 11, 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», пешниҳоди раиси шаҳри Исфара №07/1 аз 05.01.21 “Оид ба ташкили участкаҳои интихоботӣ, бино ва ҳудуди участкаҳои интихоботӣ” панҷ участкаҳои интихобот бо нишон додани маркази онҳо, ҳудуд ва шумораи интихобкунандагон ба тариқи зайл ташкил карда шаванд: Ҳавзаи интихоботии "Айнӣ" № 1. Участкаи интихоботии № 1. Қароргоҳ: бинои МТМУ № 1, кӯчаи Марказӣ 40. Теъдоди интихобкунандагон: 2500 нафар. Ҳудуд: тарафи чапи кўчаи Б. Маҳкамов аз аввал то кўчаи Марказӣ, тарафи чапи кўчаи Марказӣ аз кўчаи Б. Маҳкамов то кўчаи Д. Шарипов, хонаҳои кўчаи Марказӣ №№14, 16, тарафи рости кўчаи Ғалаба то кўчаи Д. Шарипов, тарафи рости кӯчаи Д. Шарипов то кўчаи Н. Ҳаитов, тарафи чапи кўчаи Н. Ҳаитов то ҷўйи Матпарӣ, қад-қади ҷўйи Матпарӣ то аввали кўчаи Б. Маҳкамов бо ҳамроҳии кўчаҳои М. Турсунзода, Мичурин ва як қисми кўчаи Айнӣ аз буриши кўчаи Д. Шарипов то кўчаи Б. Маҳкамов. Тарафи рости кўчаи Б. Маҳкамов аз аввал то кўчаи Марказӣ, тарафи чапи кӯчаи Марказӣ то кӯпруки дарёи Исфара, аз кӯпруки дарёи Исфара қад-қади дарё то саршавии кўчаи Б.
01 хабар медиҳад
20 январи соли 2021
ҚАРОРИ КОМИССИЯИ ШАҲРИИ ИНТИХОБОТ ОИД БА ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ИСФАРА БА ИВАЗИ ВАКИЛОНИ ХОРИҶШУДА 15 январи соли 2021
1. Роҳбарони идораву муассиса ва корхонаву ташкилотҳои соҳаҳои мухталифро зарур аст, ки бо ҳамаи коргарону хизматчиёнашон оид ба риояи чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор (дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби кормандони хадамоти оташнишонӣ) дастурамалҳои дахлдорро гузаронанд. 2. Истифодабарии асбобҳои маишии барқӣ, компютерҳо, конденсионерҳо ва ғайраро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҳамарӯза баъди анҷоми кор шахсан оид ба хомӯш намудани онҳо аз шабакаи барқ эътимод ҳосил намоянд. 3. Вазъи нигоҳдории маводҳои сӯзандаро дар анборҳо ва утоқҳои кории муассисаҳо таҳти назорат қарор дода, ба нигаҳдории якҷояи маводҳои мухталиф роҳ надиҳанд. 4. Ҳафтае як маротиба аз вазъи ҳуҷраҳои хоҷагидории ёрирасон, таҳхонаҳо ва ҳуҷраҳои бинову иморатҳои ҳудуди иншооташон дидан намуда, дар ин ҷойҳо нигоҳ доштани партовҳо, қоғазпораҳо, боқимондаҳои мебел, инчунин ҳезум ва коҳро қатъиян манъ намоянд. 5. Кашидани тамокуро дар ҳудуди муассисаҳо қатъиян манъ намуда, бо ин мақсад ҷойҳои алоҳидаро
№4
Дар бораи тасдиқ кардани марказ, ҳудуд ва теъдоди интихобкунандагони панҷ участкаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати VI ба ивази вакилони хориҷшуда Маҳкамов бо ҳамроҳии кўчаҳои М. Эшонов, О. Қурбонов, И. Файзуллоев, Лоҳутӣ, Садои Шарқ ва як қисми кўчаи Айнӣ аз буриши кўчаи Б. Маҳкамов то кўчаи И. Файзуллоев . Ҳавзаи интихоботии "Тидон" № 16. Участкаи интихоботии №58. Қароргоҳ: бинои МТМУ № 21, кӯчаи Н. Пӯлодов б/р. Теъдоди интихобкунандагон: 2065 нафар. Ҳудуд: тарафи рости маҳаллаи Хушобод ва маҳаллаи Боғдории ҷамоати деҳоти Ворух. Участкаи интихоботии №59. Қароргоҳ: бинои МТМУ №45 кўчаи А.Ҳакимов б/р. Теъдоди интихобкунандагон: 2058 нафар. Ҳудуд: маҳаллаи Сари
Дашт, тарафи чапи маҳаллаи Хушободи ҷамоати деҳоти Ворух. Ҳавзаи интихоботии "Офтобрӯй" № 29. Участкаи интихоботии №62 Қароргоҳ: бинои МТМУ № 13, кӯчаи Офтобрӯй 147. Теъдоди интихобкунандагон: 2950 нафар. Ҳудуд: деҳаи Офтобрўй, ҷамоати деҳоти Навгилем. Участкаи интихоботии №63 Қароргоҳ: бинои МТМУ № 14, кӯчаи Орифон 124. Теъдоди интихобкунандагон: 1845 нафар. Ҳудуд: деҳаи Орифон, ҷамоати деҳоти Навгилем. С. БАҚОЕВ, раиси комиссия. З. ҲАСАНОВА, котиби комиссия.
«Интихобот ва шунидани ҳисоботи интихобшуда кори хеле муҳим аст.»
Интихобот
Пешбарии номзадҳо
Конференсияи ғайринавбатии XXXI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара баргузор ва он дар қатори дигар масъалаҳо масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлисҳои маҳаллӣ ба ивази вакилони хориҷшударо мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳ
амин тавр бо қарори дахлдори конференсия иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр
АРАСТУ.
Баҳодурзода Баҳоваддин номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум ба ҷойи вакили хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботии “Исфара”, № 8 интихоб гардид. Вобаста ба номзадҳо ба вакилӣ аз ҳавзаҳои интихоботии “Айнӣ” №1, “Тидон” № 16 ва “Офтобрӯй” № 29 ба ивази вакилони хориҷшуда ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бошад, конференсия чунин қарор қабул кард: Баҳодурзода Баҳоваддин – ҳавзаи интихоботии “Айнӣ” № 1; Шомирсаидов Рустам – ҳавзаи интихоботии “Тидон” № 16; Фозилов Алишер – ҳавзаи интихоботии “Офтобрӯй” № 29. Дар кори конференсия иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин ва роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исматҷонов Бахтиёр иштирок ва баромад доштанд.
Бақайдгирии номзадҳо Аз тарафи комиссияҳои ҳавзавии вилоятӣ ва шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба ивази вакилони хориҷшуда номзадҳо ба қайд гирифта шуда, ба онҳо ва шахсони боэътимодашон шаҳодатномаҳо супорида шуд.
раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ҳамчун номзад ба қайд гирифта шуд. Дар ҳавзаҳои шаҳрии интихоботӣ ба ивази вакилони хориҷшуда низ номзадҳои зерин ба қайд гирифта шуданд: Баҳодурзода Баҳоваддин – ҳавзаи интихоботии “Айнӣ” № 1; Шомирсаидов Рустам – ҳавзаи интихоботии “Тидон” № 16; Фозилов Алишер – ҳавзаи ар ҳавзаи вилоятии "Исфара" интихоботии “Офтобрӯй” № 29. Дар як вақт дар вазъияти № 8 ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, тантанавӣ ба онҳо ва шахсони даъвати шашум ба ивази вакили боэътимодашон шаҳодатномаҳоро хориҷшуда иҷрокунандаи вазифаи супориданд.
Д
заҳролудшавии одамон қубурҳои дудбаро ҳар ҳафта як маротиба аз дуд тоза карда шавад. 11. Хусусияти сохтмони болопӯши биноро ба инобат гирифта, қубурҳои дудбаро на аз болои бом, балки аз деворҳои канорӣ ба андозаи 1 метр бароварда шавад. 12. Ҷойгир намудани асбобҳои гармидиҳии барқӣ, ё печҳои ҳезумин дар наздикии деворҳои бо масолеҳи даргиранда рӯйпӯшшуда, инчунин дар атрофи гармкунакҳои барқӣ ва печҳои ҳезумӣ низ ҷойгир намудани масолеҳи даргиранда, аз қабили пардаи дару тирезаҳо, мизу курсиҳо ва палосу қолинҳо қатъиян роҳ дода нашаванд. 13. Дар болои асбобҳои барқии гармидиҳӣ ва печҳои ҳезумӣ хушк намудани либосу дигар маводҳои даргиранда роҳ дода нашавад. пешбинӣ намоянд. 14. Барои истифодабарии 6. Моҳе як маротиба вазъи гармидиҳии барқӣ, коршоямии қабату ноқилҳои барқӣ, асбобҳои инчунин асбобу таҷҳизоти барқиро печҳои ҳезумӣ, бурдани назорати мавриди санҷиш қарор дода, доимӣ, бо фармонҳои алоҳида ҷиҳати иваз намудани қитъаҳои шахсони масъул таъин карда шуда, корношоями шабакаи барқгузар вазифаҳои онҳо ба таври мушаххас ва таъмири таҷҳизоти корношоями муқаррар карда шавад. 15. Барои таҳкими бехатарӣ шабакаи барқгузар ва таъмири таҷҳизоти корношоям тадбирҳои аз сӯхтор дар назди ҳар як печ оташхомӯшкунаки дастии тамғаи таъхирнопазирро андешанд. 7. Ҳолати коршоямии воситаҳои ОП-5 гузошта шавад. аввалиндараҷаи оташнишониро Боварии комил дорем, ки бо риояи шахсан санҷида, ҷиҳати аз ӯҳдаи истифодабарии онҳо баромадани тавсияномаҳои болоӣ роҳбарони ҳар як корманд боварӣ ҳосил соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дар таҳкими бехатарӣ аз сӯхтори намоянд. 8. Ба ҳолатҳои банд кардани бинову иморатҳо, муҳимтар аз ҳама роҳҳои таҳлия дар биноҳо ва ба дар таъмини амнияти коргарону миён овардани монеаҳо дар роҳҳои хизматчиёнашон ва ҳифзи ҳаёту мошингарди атрофи иморатҳо роҳ саломатии онҳо саҳмгузор хоҳанд буд. надиҳанд. М. АБДУРАҲИМЗОДА, 9. Печҳои ҳезумӣ дар ҷойҳои капитани хизмати дохилӣ. махсус таҷҳизонидашуда дар болои тунукаи андозааш 1 ё 1,5 метр ҷойгир карда шавад. 10. Барои роҳ надодан ба
Хадамоти давлатии оташнишонӣ тавсия медиҳад Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Исфара барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор тавсия медиҳад:
№ 3 (9372)
Навиштаҳои навқаламон
Вазъи мактаб-интернат чӣ гуна аст? Мо, хонандагони риштаи рӯзноманигории мактаби санъати № 1 бо мақсади шиносоӣ ба мактаб – интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара рафтем. Дар мактаб 80 нафар хонандагони қувваи босираашон суст ва зарир аз минтақаҳои гуногуни вилояти Суғд ба табобат ва таълим фаро гирифта шудаанд. Дар мактаб тамоми шароит, аз ҷумла 10 синфхона, ошхона, майдони варзишӣ, ҳуҷраҳои хоб ва дарстайёркунӣ, китобхона ва толори фарҳангӣ барои хонандагон омода шудааст. Баъд аз дарс бархе аз хонандагон ба хонаҳои худ бармегарданд, боқӣ дар шароити хуб дар мактаб зиндагӣ мекунанд. Хонандагон баъд аз хӯроки нисфирӯзӣ ба бозиҳои шавқовари варзишӣ, таълим дар маҳфилу гурӯҳҳои махсус, хондани
китобҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ фаро гирифта мешаванд. Пас аз хӯроки шом ба тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ машғул шуда, баъдан якҷоя то вақти хоб телевизиор тамошо мекунанд. Ошхонаи мактаб бо маҳсулоти хӯрока таъмин буда, хонандагон дар як шабонарӯз 5 маротиба бо ғизоҳои гуногун дода мешаванд. Дар мактаб омӯзгорону мураббиён ғайр аз таълими фанҳои дарсӣ, инчунин дарсҳои одобу муошират ва тарбиявӣ, оиладорию рӯзгордориро меомӯзонанд. Хонандагон мисоли як оилаи хушбахт бо меҳру муҳаббати самимии омӯзгорон ба ояндаи неки зиндагӣ назар медӯзанд. Майсара ЭРГАШЕВА, хонандаи маҳфили рӯзноманигории мактаби санъати № 1.
Хонанда масъала мегузорад
Канӣ чойхонаҳо?
Дар замони шӯравӣ дар шаҳри Исфараи бостониамон дар ду тарафи дарё чойхонаҳои зебову ободи ба номи “Октябр”, “Ленин”, “Куйбишев”, инчунин дар маҳаллаҳою ҷамоатҳо ва шаҳракҳо низ чойхонаҳо мавҷуд буданд. Аз пагоҳирӯзӣ одамон гурӯҳ-гурӯҳ омада, бо ҳам сӯҳбаткунон бо қаймоқу асал чой менӯшиданд.
Дар ҳар чойхона радио, телевизор ва гӯшаҳои рӯзномаҳои даврӣ мавҷуд буд. Имрӯз ҷойи чойхонаҳоро тарабхонаву ошхонаҳо ва мағозаҳо гирифтааст. Ба фикри камина чойхонаҳоро аз нав эҳё намудан лозим аст. Бигузор барои ободии диёр ва дар арафаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорон камар баста, ақалан 1-2 чойхона бисозанду пирони барнодилу меҳмонони меомада як пиёла чой нӯшида, дуои нек кунанд. Муқсидҷон САТТОРОВ.
3
"Насими ИСФАРА"
Тоҷикистон табиати нотакрор ва гӯшаҳои зебои сайёҳӣ дорад, ки диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст. Яке аз ин гуна минтақаҳо ноҳияи Айнист. Ин лаҳза мехоҳем оид ба рӯзгори мардуми ин минтақа ба хонандагони худ маълумот диҳем ва дар як вақт дар рушди сайёҳии дохилӣ саҳмгузор бошем. Зеро Айнӣ ноҳияест, ки дар он зардолуҳои Исфараро ба сайёҳон пешкаш мекунанду минтақаи нодири Яғноб дораду Искандаркӯл.
20 январи соли 2021
№ 3 (9372)
«Зиндагӣ кардан муҳим нест, муҳим саёҳат кардан аст.» Уилям БЕРРОУЗ.
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Зардолуи Исфара дар ағба
Ғӯлинг гиред, гиред... Имомназар Бобоев аз зумраи пешбурди рӯзгор мебошад. Аз ин хоҳад дод. он нафароне мебошад, ки рӯ, ба қавли қаҳрамони мо, ҳар дар шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе қадаре сайёҳон аз Айнӣ бештар Зиндагӣ ба куллӣ дар растаҳои қади кӯча молу дидан намоянд, ҳамон қадар тағйир ёфт, аммо... маҳсулоти худро ба фурӯш рӯзгори мардуми ин минтақа мебарорад. Ӯ ҳосили боғоти беҳтару хубтар хоҳад гашт. Ӯзбакой Каримова раисии Шӯрои Турдимурод Ҷиянов бошад, худро, аз қабили зардолуву ҷамъиятии Айниро бар ӯҳда рӯзгори худро аз ҳисоби себ дар қатори қуруту гиёҳҳои дорад. Номбурда собиқаи кории меҳнатӣ пеш шифобахши кӯҳӣ ба харидорон муҳоҷирати 20 сола дар хизмати давлатӣ пешкаш мекунад ва рӯзгори мебарад. Соли гузашта аз сабаби дошта, бо зиндагии мардум аз паҳншавии коронавирус ва баста худро пеш мебарад. Аслан пешаи Имонназар омӯзгорист. Дар шудани сарҳадҳо натавонист, ки наздик ошност. Ӯ мегӯяд, давоми МТМУ № 49-и деҳаи Хушекат ба ба муҳоҷирати меҳнатӣ равад ва даҳ соли охир зиндагии мардум ба савдогарӣ дар баромадгоҳи беҳтар шуд ва тағйир ёфт. Ҳамаи кӯдакони хурдсол дарс мегӯяд. -Савдои қади кӯча, - мегӯяд нақби Шаҳристон машғул гардид. ин аз як тараф ба шарофати гардидани роҳи -Аз ин савдо пули бисёр ба даст мумфарш Имомназар, - манбаи иловагии Душанбе-Хуҷанд ва зиёд шудани даромади мост. Ҳар сол маҳсулоти наорем ҳам, - мегӯяд Турдимурод, шириву меваҷоти боғҳоямонро - аммо зиндагиро пеш бурдан сайёҳон бошад, аз тарафи дигар аст. Маҳсулоти аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатист. дар сари роҳи мошингард ба мумкин сайёҳону раҳгузарон пешкаш мефурӯхтаамон на ҳамеша аз - Дар беҳтаршавии рӯзгор, -мегӯяд мекунем. Каму беш савдо худи Айнист. Масалан зардолуи ҳамсуҳбати мо, - ҳоло ҳиссаи менамоем. Ҳам харидорон хушккардашударо аз Истаравшан муҳоҷирати меҳнатӣ зиёдтар хурсанд ҳастанд, ки маҳсулоти меорем. Истаравшаниҳо бошад, аст. Бояд дар оянда кӯшиш тозаи экологӣ гирифтанду ҳам дар навбати худ онро аз Исфара намуд, ки мардум зиндагиашонро мо, ки маҳсулоти деҳқониамонро меоранд. Қурут маҳсулоти худи дар худи ноҳия пайдо кунанд. Айнист, аммо қаймоқро барои Зеро дар Айнӣ ҷойҳои зиёди фурӯхтем. диданӣ ва тамошобоб, ба мисли Ба мисоли Имомназар Бобоев фурӯш аз Зафаробод меорем. Искандаркӯл, кӯли Аловуддин, Ба гуфтаи Турдимурод Ҷиянов метавон дар қади роҳи Хуҷанд кӯли Морон, оромгоҳи Шамси – Душанбе дар ноҳияи Айнӣ агар имсол низ сарҳадҳо баста Табрезӣ дар Вешаб, Манори Варз, нафарони хеле зиёдеро дучор бошанду имкони ба муҳоҷират кӯҳи Муғ мавҷуд ҳастанд. Дар рафтан наёбад, савдоро дар қади шуд. Барои аксарияти онҳо ҳамин савдо манбаи даромад ва шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе идома сурати мутобиқи замон кардани
Бемории зардпарвини "А" ва роҳҳои пешгирии он
Зардпарвин бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он вирус ба ҳисоб меравад. Ин вирус хеле устувор буда, давоми якчанд сол дар муҳити атроф вуҷуд дошта метавонад. Вируси зардпарвин бо воситаи дастон ва ашёҳо, масалан – бозичаҳо, рӯйҷо, сачоқ ва ғайраҳо ба организм ворид мешавад. Сарчашмаи ягонаи сироятёбӣ шахси бемор мебошад. Аломатҳои аввалини беморӣ гоҳо баландшавии ҳарорат, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, бемадорӣ буда, пӯсти бемор зард ва иштиҳо гум мешавад. Инчунин зардшавии сафедии чашм, сурхчатоб гаштани пешоб ва берангшавии ахлоти бемор ба чашм мерасад. Ҳангоми пайдоиши аломатҳои аввалини зоҳирӣ - зардшавии пӯст шахси мариз барои атрофиён хеле хатарнок аст. Дар чунин ҳолат шахси беморро бояд ҳатман аз дигарон ҷудо кард. Барои пешгирии беморӣ ин амалҳоро иҷро кардан зарур аст: - риоя намудани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ; - шустани меваю сабзавот бо оби ҷӯшонида; - тоза шустани ашёи таомпазӣ ва таомхӯрӣ, бо оби ҷӯш обгардон кардан;
ин ҷойҳои таърихӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои хуб, сохтани меҳмонхонаҳои наву таъсиси сохтори дахлдори рушди сайёҳӣ дар худи ноҳия эҳтимоли зиёдшавии сайёҳони хориҷиву дохилӣ гардад. –Вақти он аст, ки – идома медиҳад суханашро Ӯзбакой Каримова, Рушди сайёҳии - мо ба мардум тарзи тайёр дохилӣ кардани армуғонҳо, маданияти харидуфурӯш дар минтақаҳои Баста шудани марзҳо ва сайёҳиро омӯзонем. Дар хонаҳои паҳншавии коронавирус боиси сари роҳ истиқоматгоҳҳои кам омадани сайёҳони хориҷӣ на муваққатӣ барои меҳмонон бунёд кунем ва худи аҳолӣ бояд бештар танҳо ба ноҳияи Айнӣ, балки ба шавқманди ҷалб кардани сайёҳон қаламрави Тоҷикистон гардид. бошанд. Инчунин бояд теъдоди Аслан пандемия ба соҳаи сайёҳӣ ширкатҳои сайёҳӣ дар худи дар ҷаҳон зарбаи сахт зад ва Айнӣ зиёд карда шаванд ва онҳо ба гуфти мутахассисони соҳа тавассути интернет ва шабакаҳои имконият ҳаст, ки кам омадани иҷтимоӣ бевосита ба тарғибу сайёҳони хориҷиро аз ҳисоби ташвиқи минтақаҳои сайёҳӣ сайёҳони дохилӣ ҷуброн намуд. Дар ин бора мудири бахши рушди машғул гарданд. сайёҳии Исфара Муртазо Эгамзод мегӯяд, бояд дар радифи ҷалби Дар интизори сайёҳони хориҷӣ, ба сайёҳони рӯзҳои хуб дохилӣ низ диққати хосса дода шавад. Муҳайё кардани шароити Бино ба иттилои шуъбаи хуб, нархҳои дастрас, таъсиси иқтисод ва савдои мақомоти хатсайрҳои сайёҳӣ дар дохили иҷроияи ҳокимияти давлатии кишвар, ҳарчӣ бештар паҳн ноҳияи Айнӣ агар соли 2019 аз кардани иттилоот тавассути минтақаҳои сайёҳии Айнӣ 6010 сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ ва нафар сайёҳон дидан намуда ҳама гуна воситаҳои имконпазир бошанд, дар соли 2020 ин метавонад ба рушди сайёҳии нишондод 2729 нафарро ташкил дохилӣ таккони ҷиддӣ бахшад. Ба додааст. Сабаби асосии кам андешаи М.Эгамзод бояд худи шудан баста шудани марзҳо ва минтақаҳои сайёҳӣ барои ҷалби паҳнгардии бемории коронавирус сайёҳони ватанӣ ҳавасманд аст. Ба гуфти масъулин масъалаи бошанд ва ҳамкориҳоро бо рушди сайёҳӣ аз ҷониби мақомоти ҳамаи сохторҳои марбута, иҷроия ҳамеша пайгирӣ карда алалхусус маориф ҷоннок мешавад. Борҳо бо соҳибкорону кунанд. Дар ин самт муаррифӣ масъулин оид ба бунёди карда шудани мавзеъҳо, нишон меҳмонхонаву мағозаҳои фурӯши дода тавонистани расму русуми армуғонҳои сайёҳӣ суҳбату мардумӣ, бозиҳои халқӣ ва вохӯриҳо гузаронида шудаву умуман табиати афсункору интизор меравад, ки Айнӣ яке аз нотакрор нақши калидӣ дорад. минтақаҳои рушдкардаи сайёҳии кишвар хоҳад шуд. Абдумуталиб ШАРИФОВ. Дар ҳамин ҳол Сорбон Яҳёев
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд
Аз кулвори "Шифо"
- тоза нигоҳ доштани ҳоҷатхонаҳо (ҳоҷатхона бояд ҳадди имкон аз манбаи оби нӯшоки дур бошад). Агар бемор дар хона бошад, тадбирҳои зеринро бояд иҷро намуд: - ҷудо кардани косаву табақи бемор; - дар хонаи алоҳида ҷой додани бемор; - ҷӯшонидан ва дарзмол кардани либосҳои таги бемор; - бо собун шустани дастон баъд аз парастории бемор. Фаромӯш накунед, ки дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои беморӣ бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кард. Пешгирии беморӣ дар дасти худи Шумост! М. ҚАЮМОВ, мудири шуъбаи кӯдакони ширмак, М.СОЛИЕВ, мутахассиси МТТҲС.
корманди меҳмонхонаи “Кӯли Аловуддин” мегӯяд, бемории ҳамагири коронавирус дар соли гузашта ба фаъолияти онҳо таъсири бад расонид. Онҳо, ки фаъолияти мавсимӣ доранд, маҷбур шуданд, аз сабаби наомадани сайёҳон панҷ нафар кормандони худро ба рухсатии бемузд ҷавоб диҳанд. Имсол умед доранд, ки бемории коронавирус аз байн мераваду теъдоди сайёҳон меафзояд ва рӯзгорашон ба ҳолати аввала бар мегардад.
Аттестати маълумоти асосии №0732079, ки МТМУ № 64 соли хониши 2011 ба Шаҳринисо Тухтазода додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП № 012592, ки МТМУ № 27 солҳои хониши 1982-1983 ба Сафаров Ҳомидҷон Ҳамдамович додааст. *** Шартномаи хариду фурӯши дорухона СД № 1478218, таҳти феҳрасти 4Ш-190, аз 31 марти соли 2016 дар идораи нотариалии шаҳри Исфара ба номи Мирзоев Абдувалихӯҷа тасдиқ карда шудааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи А № 0224478, ки МТМУ № 17 соли хониши 1993 ба Валиев Илҳом Рабиевич додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи Кулли кормандони Ҷамъияти матлуботи шаҳр нисбати вафоти собиқадорони соҳаи кооператсияи матлуботи шаҳр ЮНУСОВ САДРИДДИН, ИБОДУЛЛОЕВ АТОБЕК, БОБОЕВА МУБАШИРХОН ва БОБОЕВ АБДУНАБӢ андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои мусибатбор ба наздикону пайвандони марҳумон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.
Т-ШТУ №0531772, ки МТМУ № 35 солҳои хониши 2011-2012 ба Ҳакимҷонова Навбаҳор Нематҷоновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи А № 143213, ки МТМУ № 5 солҳои хониши 1992-1993 ба Ҳакимова Мӯъмина Шарифовна додааст. *** Шиносномаи техникии трактори МТЗ-80, соли барориш 1984, рақами заводӣ 1601015, рақами муҳаррик Д-240368, ба номи Умедов Камол Аббосович додааст. *** Диплом таҳти № 617435, ки Омӯзишгоҳи касбии техникии № 10-и шаҳри Исфара (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии нефт ва гази шаҳри Исфара”) мувофиқи фармоиши № 13-к аз рӯйи ихтисоси “Тракторчӣ- мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ”-и дараҷаи сеюм аз 26.08.1990 ба Ҳамроқулов Абдумубин Набиевич додааст. Шӯрои собиқадорон ва ҳайати шахсии ШВКД-1-и шаҳри Исфара ба раиси Шӯрои собиқадорон Шарипов Ҷамолиддин нисбати даргузашти бармаҳали наберааш МУҲАММАДИҚБОЛ ХУРШЕДЗОДА ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои мусибат ба ӯву наздикону пайвандон ҳамдардии амиқ баён медоранд.
4
"Насими ИСФАРА"
20 января 2021 года
«Всякий истинный талант, платя дань веку, творит и для вечности». Н.М. КАРАМЗИН.
№ 3 (9372)
Незабытое «старое»
«Азбука» и «Арифметика» Льва Николаевича Толстого, математические задачи великого писателя Толстой не открыл наилучший способ обучения грамоте или простейший путь усвоения четырех действий арифметики. Но помещенными там рассказами он создал целую литературу для детского чтения. Задачки Льва Николаевича весьма популярны, а некоторые считаются логическими шедеврами. Вот пример одной из таких задач: «К одному продавцу пришел покупатель, который захотел купить шапку. Шапка стоила всего лишь 10 рублей, а у покупателя оказалась лишь одна купюра в 25 рублей. Продавец, чтобы не терять клиента, взял деньги, и отправил сына к соседке разменять купюру. Мальчик принес три купюры: 10, 10 и 5. Продавец отдал покупателю В 1872 году Лев Николаевич Толстой выпускает свою знаменитую сдачу 15 рублей и вручил ему шапку. четырёхтомную «Азбуку» - учебное Однако после ухода покупателя пособие для детей, ставящее прибежала соседка и заявила, что своей задачей научить малолетних деньги фальшивые. Продавец, не школьников – читать, писать и споря, отдал ей 25 рублей. На считать. К сожалению, первое сколько рублей был обманут бедный издание «Азбуки», несмотря на продавец?». Арифметическая часть как все её несомненные достоинства, было прохладно принято публикой «Азбуки», так и «Новой азбуки» была и великому писателю пришлось очень хорошо воспринята русскими в 1875 году выпустить полностью математиками. Виктор Яковлевич переработанное пособие под Буняковский, сам автор многих названием «Новая азбука». «Новая учебных пособий, в письме великому азбука» была очень хорошо писателю даёт такие отзывы о ней принята и после многократно (отрывки из письма): «Сложение переиздавалась. В четырёх томах и вычитание чисел объяснены первой «Азбуки» содержание во второй книге с возможной располагалось следующим образом: простотой и отчётливостью: против первая книга условно делилась ясности и естественности порядка на 4 части – в начале алфавит и употреблённых Вами приёмов едва собственно азбука, во второй части ли можно что-либо возразить... помещались нравоучительные Умножение и деление целых чисел рассказы и истории из жизни разных (третья книга) изложены так же народов, в третьей части приведены просто и естественно, как первые два отрывки из «Нестеровой летописи», действия… из письма Вашего, а равно «Четьих-миней», «Книги Бытия» и из Ваших сочинений, я заключаю, «Евангелия от Матфея», в четвёртой Граф, что Вы любите Математику и части первой книги даны основы уделяете ей свои досуги... » В вопросе о составлении и методике арифметики; во второй, третьей и решения задач Лев Николаевич четвёртых книгах (томах) материал расположен несколько иначе, но для сделал много дельных предложений. этих частей однородно - сначала Во-первых, он требовал ясного материал для самостоятельного изложения задач простым русским чтения, затем материалы на церковно- языком. Во-вторых, он на примерах славянском языке и в конце уроки по раскрывал их сущность. В-третьих, он требовал использования арифметике. Конечно же, своей «Азбукой» подготовительных задач, прежде
чем переходить к более сложному заданию. Приводим ещё одну популярную задачу Льва Николаевича о коровах: «Трава на лугу растет одинаково густо и быстро. 70 коров могут поесть ее за 24 дня, а 30 коров – за 60 дней. Сколько коров поели бы всю траву за 96 дней?» Поверьте, она будет интересна не только маленьким детям, но и многим взрослым. Толстой, сам неплохо зная математику, вёл занятия в своей школе в Ясной Поляне. Там зародились у него следующие задачи: «Муж и жена брали деньги из одного сундука, и ничего не осталось. Муж взял 7/10 всех денег, а жена 690 руб. Сколько было всех денег? Пять братьев разделили после отца наследство поровну. В наследстве было три дома. Три дома нельзя было делить, их взяли старшие три брата. А младшим за то выделили деньги. Каждый из старших заплатил по 800 рублей младшим. Меньшие разделили эти деньги между собой, и тогда у всех братьев стало поровну. Много ли стоили дома?». Методику Льва Николаевича поддержали известные педагогиматематики А.Н. Страннолюбский, С.И. Шохор-Троцкий и некоторые учителяпрактики. Граф Л.Н. Толстой привлек внимание общества к проблеме: чему и как учить в начальной школе и этим оказал весомую услугу народному образованию. Методика Льва Николаевича Толстого в постановке и решении различных математических задач не потеряла свою актуальность и в наш компьютерный век. Ведь, как бы далеко нас не завели технологии, главное в обучении математике, по словам великого писателя: «… не обучение счислению, но обучение приёмам человеческой мысли при исчислении». Ф. САЛИМОВ, С. В. ТАРАСОВА, М. ДАДАБОЕВ, ст. преподаватели, З. МАКСУДОВА, преподаватель филиала Технологического университета Таджикистана в г. Исфаре.
Корманди тиб бо дастгоҳи ултрасадо занро ташхис намуда, гуфт, ки “Дугонаҷон, ин дастгоҳ нишон медиҳад, ки фарзанди шашуми шумо боз духтар мешудааст. Агар духтар нахоҳед, мо имконияти исқоти ҳамлро дорем. Ҳоло вақт ҳаст, фикр карда бинед.” Аз ин натиҷаи ташхис зан ғамгин шуд, чунки шавҳарашРаҳимҷон ҳамеша таваллуди писарро мехост. Ин хабарро ӯ бегоҳ ба шавҳар гуфт. Шавҳараш ҳам аз ин хабар қаҳраш омаду иҷозат дод, ки пагоҳ ба шуъбаи занона рафта, ҳамлро исқот намояд. Занаш ҳам розӣ шуд. Шаб шавҳараш хоб дид. “Ман чӣ гуноҳ кардам, ки шумо маро ба несту нобуд кардан амр намудед? Ман ҳам мехостам дунёи равшан, моҳу ситора, оби софу дарахтони сабзу хуррам ва гулҳои рангоранро бинам. Дар рӯйи замин монанди дигар одамон роҳ гардам, бозӣ кунам ва аз ҳавои софу беғубор нафас кашам. Чаро шумо амр кардед, ки ин дасту почаҳои нозукаки маро бераҳмона қима-қима карда партоянд. Магар аз Худо наметарсед? Ин ҷо биёед, ман ҳам шуморо азоб медиҳам”, гӯён кӯдаки дӯстрӯяк якбора ба албастии бадҳайбат табдил ёфта, ба ӯ ҳуҷум кард. Ӯ аз чанголи ин албастӣ халос шуда натавониста, доду фарёд мезад. -Не, не, аз Худо метарсам.Тавба кардам. Маро азоб надиҳед,-гӯён Раҳимҷон тарсида, аз хоб додгӯён бедор шуд. Ба обу арақ ғӯтида буд. Аз дод гуфтани ӯ занаш бедор шуда, пурсид: -Чӣ хоби бад дидед, ки ин қадар доду фарёд кардед? Оё ягон кас шуморо азоб дод, ки тавба кардам гуфтед? -Э, напурс, занак, хайрият ин ҳама дар хоб будааст, - гуфт Раҳимҷон. - Қариб як гуноҳи азим карда, кӯдакро нобуд сохтем. Дар хоб кӯдаки дар батнбуда бо ман сухан гуфта, маро хеле ба ҳайрат овард ва панду насиҳат намуд. Як албастии бадҳайбат маро азоб доданӣ шуд. Агар ту розӣ бошӣ, пагоҳ ба назди табиб нарав, бигузор ин кӯдак ҳам зинда ба дунё биояд. -Ман ҳам аз ин кор ғамгин
Рангҳои рӯзгор
Ташхиси "ултрасадо" будам. Мани нодон ба таклифи шумо оид ба исқоти ҳамл барои он розӣ шудам, ки ҳамеша маро таъна мекардед ва таваллуди писарро мехостед,-гуфт занаш маҳзунона . -Худованд ба ҳар кас фарзанд намедиҳад. Баъзеҳо ба нохунаш зор мебошанд. Мо набояд ношукрӣ кунем. Духтар бошад, ҳам таввалуд мекунӣ,-гуфт шавҳараш. Аз ин сухани ӯ аз чашмони зан ашк ҷорӣ шуд ва онҳо якҷоя аз таҳти дил тавбаю тазарро карданд. Вақту соати тавллуд ҳам расида омад. Раҳимҷон бо ҳазор фикру хаёл дар лаби дари таваллудхона ба дунё омадани духтари шашумро бесаброна интизор буд, чунки бо ӯ аллакай дар хоб ҳамсуҳбат шуда буд. Дар кушода шуду ҳамшираи шафқати хандонрӯ баромада гуфт: Падарҷонаш шодиёна диҳед. Кӯдак сиҳату саломат таваллуд шуд. Модараш ҳам дуруст. Ӯ пули барои шодиёна мондаашро аз ҷайби костюмаш гирифта истода буд, ки сухани охирини ҳамшира “Шумо писардор шудед”-ро шунавида, карахт шуд. -Чӣ гуфтед? Писардор шудаммӣ? Боз як бори дигар такрор кунед! -Ҳа, писари паҳлавон таваллуд шуд. Чор килограмм, - гуфт ҳамшира. -Шукри Худованди бузург, ки ба мани ношукр писар ато намуд! Аз хурсандӣ ӯ мардҳои дар наздашбударо ба оғӯш гирифта, боло бардошта, як давр занонида, ба ҷояшон мегузошт. Аз чашмонаш ашки шодӣ ҷорӣ мешуд. Бобохон ҚАЮМОВ, омӯзгор.
ПӮШИДАНИ НИҚОБ
ШУСТАНИ ДАСТОН
Зарур аст, ки ҳангоми ба берун баромадан ҳар як аъзои оилаатон бо ниқоби тиббӣ (маска) бароянд. Аз нишастан ба нақлиёти ҷамъиятӣ ба қадри имкон худдорӣ кунанд. Ба бозор бе зарурият нараванд, дар ҳолати рафтан зуд харидорӣ карда, ба хона баргарданд.
Худ ва аҳли оиларо даъват намоед то дастҳоро бо собун ва моеъҳои спиртдор шӯянд. Бахусус вақте аз берун ба хона омадан ё ҳангоми қапидани ашёҳои дарберунбуда (дастаи дари мағоза, мактаб, беморхонаҳо, нақлиёт ва ғайра) шӯстани дастҳо шарти асосист.
САЛОМАТӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ
ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
Ба аҳли оила фаҳмонед, ки дар бозорҳо фосилаи байни одамонро риоя намоянд ва бо даст салом накунанд. Агар коргар бошанд, дар ҷойи корашон бояд фосилаи думетрӣ риоя карда шавад.
Агар хоҳед, ки саломатии Шумо ва аҳли оилаатон бардавом бошад, аз истеъмоли хӯрокҳои бадҳазм ва обҳои хунуку газдор худдорӣ намоед. Бештар об, мевагиҳо, асалчой, лимӯчой, сабзавоту мева ва хӯришҳои аз сабзавоти тару тоза омодашударо истеъмол кунед. Ғизои бой иммунитети аҳли оилаатонро баланд мебардорад.
ЧАНД ТАВСИЯҲОИ ДИГАР
ШАҲРВАНДОНИ АРҶМАНД!
Худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз намоед. Дониста бошед, ки агар имрӯз як нафар аз Шумо сироят ёфт, баъди ду ҳафта боиси сирояти садҳо нафар мешавад ва аз сироятшавӣ эҳтиёт кардани як нафар, садҳо нафари дигарро наҷот медиҳад. Агар Шумо беморед, кӯшиш кунед, ки касе аз хонадону наздиконатон сироят наёбад, агар сиҳат ҳастед, пас эҳтиёт кунед, то шумо сироят наёбед. Ҳангоми сулфа ва ё атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ва ё бо оринҷи даст пӯшонед. Машваратҳои табибони оилавӣ ва шахсони масъулро қатъиян риоя намоед.
Cаломатии аҳли оила, оромиши хонаводагӣ бештар аз Шумо вобаста аст. Маҳз Шумо тарбиятгари аслии фарзандон буда, ин масъулиятатон дар замони паҳншавии бемории COVID-19 бештар гардидааст. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос кӯшиш намоед, ки эҳсоси худро идора кунед ва аҳли оиларо барои риояи талаботҳои гигиенӣ сафарбар созед. Албатта, шояд то ҷое мушкил бошад, аммо боварӣ дорем, ШУМО МЕТАВОНЕД, зеро ОРОМИШИ ХОНАВОДАГӢ ҳадафи аслии МОву ШУМОст. Инак:
"Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97, аз 14 марти соли 2018.
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73; 2-44-57. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 19. 01. 2021. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Акмалхӯҷа АКРАМОВ, Тайибахон МАҲМУДОВА. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________