ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин намудани Аҳмадзода Р. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Аҳмадзода Раҷаббой иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. ш. Душанбе, 13 январи соли 2018, №988. Н/И
Аз маҷлиси ҷамъбастӣ
Натиҷабардорӣ аз фаъолият дар соли 2017 Таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр бургузор гардида, натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми соли сипаришуда мавриди баррасӣ қарор дод.
С
арогоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара давоми соли 2017 муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ гузориш пеш овард. Тавре гуфта шуд, новобаста аз тадбирҳои андешидашуда, давоми соли сипаригашта нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, аз ҷумла буҷети маҳаллӣ 92 фоиз иҷро гардид. Нақшаи худи андозҳо бошад, дар қисми даромади буҷети умумӣ 88,5% ва буҷети маҳаллӣ 87,2% иҷро гашта, нисбати нақша ба буҷети умумӣ 11,1 миллион сомонӣ ва ба буҷети Н/И
маҳаллӣ 10,9 млн сомонӣ кам маблағ ворид шудааст. Давоми сол ба маблағи 296,6 млн.сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин нишондод нисбати соли 2016 18,3 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 106,6% баробар гардид. Дар ин давра аз 49 корхонаи саноатӣ 43 корхона суръати афзоиши маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 муваффақона таъмин намуданд. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 376 миллион сомониро ташкил
Дар партави Паём
Паррандапарварӣ дар Чоркӯҳ Дар деҳаи Чоркӯҳ соҳибкор Баҳодур Абдухаллоқов ба парвариши мурғҳо машғул аст.
Д
ар Паёми Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22юми декабри соли 2017 ҷиҳати рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ зарурати ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз ба таври хоса тазаккур дода шуд. Соҳибкор Баҳодур Абдухаллоқов, сокини деҳаи Чоркӯҳ мегӯяд, ки ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардидани соҳаи паррандапарварӣ ин ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба истеҳсолкунандагони ватанӣ буда, аз ҳамаи андозу пардох-
тҳо озод карда шудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа иқдоми саривақтист. Зеро солҳои охир сатҳу сифати маҳсулоти ҳамсони аз хориҷа воридшаванда боиси нигарониҳои ҷиддӣ мегардад. Баҳодур Абдухаллоқов имрӯзҳо дар маҳалли зисташ бо парвариши беш аз 2 ҳазор сар мурғ машғул буда, то ҳадде дар коҳиш додани арзиши гӯшту тухми парранда дар деҳаи дорои аҳолии анқариб 40 ҳазор нафара саҳми шоён мегузорад. Ӯ мегӯяд, ки таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат нисбат ба соҳа барояш имконият фароҳам овард, ки минбаъд саршумори мурғ ва теъдоди ҷойи кориашро дар коргоҳаш ду маротиба афзун намояд.
Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №3 (9234) *** Чоршанбе 17. 01. 2018
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА дод, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҷойизи зикр аст, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ин ҷалби бештари сармоягузории хориҷӣ ва истифодаи мақсадноки кӯмакҳои молиявии беруна мебошад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ давоми соли сипаригардида дар ҳудуди шаҳри Исфара барои амалигашти лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ 13,1 млн.сомонӣ ҷалб карда шудааст. Дар раванди вусъатёбии корҳои созандагӣ давоми соли 2017 ҳаҷми корҳои сохтмониву васлкунӣ низ афзуда, маблағи 76 миллиону 376 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 миллиону 619 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, таъсиси коргоҳҳои нави саноатӣ, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои ҳадафҳои муҳим, таъмини иҷроиши барномаҳо ва рушди соҳаҳо, густариши ҳунарҳои мардумӣ, рушди сайёҳӣ ва амсоли ин ҷиддан вазифадор намуд. Дар маҷлис муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ҳузур ва суханронӣ дошт.
Н/И
Аз мулоқотҳои гурӯҳи корӣ
Мароми Паём - мароми халқ Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқот роҷеъ ба Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.
О
н бо ширкати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Исфара №20 Шамсиддинзода Мавзуна Шарофиддин, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинов, профессори Донишгоҳи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода Аъзам Худойдодов барпо гашт. Файзулло Баротзода ва Мавзуна Шамсиддинзода дар назди иштирочиёни мулоқот баромад намуда, бо шарҳу тавзеҳ вобаста ба самтҳои гуногуни дар Паём зикргардида, аз ҷумла роҳҳои рушди бомароми соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, туризм, дастгирии соҳибкорӣ, ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва муносибатҳои гарму озоди Тоҷикистон бо мамолики хориҷӣ сухан ронданд. Қайд карда шуд, ки мақсаду мароми Паёми Пешвои миллатин пеш ҳама мароми мардуми
ватандӯсту меҳнатқарин ва бунёдкору созандаи кишвар баҳри пешрафту тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. *** Дар беморхонаи марказии шаҳр директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ - тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоxикистон Муртазо Зайниддинов, устоди филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Исфара Муҷиба Ҷавҳарӣ, сардори шуъба шаҳрии кумитаи давлатии амнияти миллӣ Илҳом Мирзоев ва раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бурҳонбек Асадуллоев бо кормандони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ доданд. Ин гуна мулоқот дар деҳаи Чоркӯҳ таҳти сарварии муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ва прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол, дар деҳаи Ворух бо ширкати раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Б.Асадуллоев ва дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҳузури аъзои гурӯҳи корӣ аз маркази ҷумҳурӣ барпо гардид. С. АНӮШЕРВОН.
Дар варзишгоҳи марН/И Варзиш казии шаҳри Исфара бо ҷалби ҳаводорони "Ориёнбонк" сершумори варзиш мусобиқаи футбол оид барандаи Ҷоми шаҳр ба дарёфти Ҷоми шаҳр баргузор гардид, ки дар “Боғдорӣ” муяссар гардид, ки ба давраи нимниҳоӣ роҳхат бигиранд. ҷараёни он беш аз 10 анҷом барои пирӯзии комил дастаҳои беҳтарин шир- ваДар соҳибият ба Ҷоми шаҳри Исфакат варзиданд. ра бошад, ду дастаи беҳтарини
П
ас аз қувваозмоиҳои тезутунд ва шавқовар ба дастаҳои “Ориёнбонк”, “Умед”, “Зумрад” ва
Ғамхорӣ дар ҳаққи наврасону ҷавонон ва дастгирии хонандагони болаёқат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумати кишвар мебошад.
И
н аст, ки имрӯзҳо 20 нафар ғолибони олимпиадаи вилоятӣ байни хонандагони синфҳои 5-8 аз муассисаҳои таълимии Исфара дар истироҳатгоҳи "Уқобча" таътили зимистонаи худро гузаро-
данд. Аз сатҳи баланди маҳорати футболбозон дар бозии ниҳоии мусобиқа 8 тӯби ба дарвозаҳо воридшуда метавонанд ба хубӣ шаҳодат диҳанд. Ҳамин тавр дастаи “Ориёнбонк” бо мағлубсозии ҳариф бо ҳисоби 5 бар 3 соҳиби Ҷоми шаҳри Исфара гардид. Дар хатми мусобиқа муовини раиси шаҳр Ҷаъфархӯҷа Ҳайдармусобиқа - "Ориёнбонк"-и ҷамоати зода ва масъулини дигари соҳа деҳоти Навгилем ва "Зумрад"-и дар вазъи тантанавӣ ба дастаҳои осоишгоҳи Зумрад мубориза бур- беҳтарин Ҷоми шаҳр, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд. Н/И
Қадршиносӣ
Лаёқатмандон ба "Уқобча" рафтанд
нида истодаанд. Наврасони хушбахт инҳоянд: Шаҳром Сайфиддинов, Муҳаммадалӣ Темуров, Акрам Ғаффоров, Нурмуҳаммад Амонов,Фаррух Эшонов, Ф.Деҳқонова аз
литсейи № 1, Саидулло Ҳимомзода, Хайрулло Комилов аз литсейи № 3, Раҳматулло Шарифов, Туҳфа Азизова, Абдунабӣ Рустамов, Муҳаммадалӣ Раҳимов аз литсейи № 5, Амонулло Аҳмедов, Абдулло Абдуллоев аз литсейи № 2, Муфарраҳ Исматова, Шукрона Шокирова аз МТМУ № 53, Муҳибулло Носиров, Муаттар Нуъмонова аз МТМУ № 36, Муҳаммад Носиров аз МТМУ № 60, Зубайдилло Ҷабборов аз МТМУ № 65. Қ.АБРОРОВА, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо.