Skip to main content

02 2018 10 январ

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №2 (9233) *** Чоршанбе 10. 01. 2018

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Аз маъракаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳру деҳоти Исфара натиҷагирӣ карданд.

Алло, раиси шаҳр гӯш мекунад!

Гуфтугўи мустақими радиоии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ки ба ҷойи як соати муқаррарӣ бо хости шаҳрдор 1 соату 35 дақиқа тӯл кашид, воқеан ҳам ошкоро сурат гирифт.

Д

ар он раиси шаҳр ба беш аз 30 адад арзу муроҷиат, мактубу дархост, номаҳои сипосу муборакбодиҳои қаблан ба почтаи электронии раиси шаҳр ва ҳам аз тариқи «Viber» –у «Whats App», инчунин тавассути СМС-паёмакҳо ба радиои Исфара ворид гардидаанд, посух гуфт. Баъд аз анҷоми гуфтугӯ ба дастгоҳи раиси шаҳр дастур дода шуд, то бо натиҷабардорӣ аз раванди гуфтугӯи мустақими радиоӣ, бо назардошти арзу муроҷиат ва таклифу дархости мардум нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ ба раиси шаҳр пешниҳод намояд. Ҷойизи зикр аст, ки раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ нахустин гуфтугўи мустақими радиоии худро бо сокинон ҳанӯз 29 декабри соли 2016 баргузор сохта буд. Ҳадаф аз баргузории гуфтугўи мустақими радиоӣ таъмини амалигашти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати густариши ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинон, шарҳу тавзеҳи иқдомоти созандаю бунёдкоронаи пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр, омўзиши афкори аҳли ҷомеа бобати мушкилоту муаммоҳои иҷтимоии мавҷуда, вусъати ҳамкории мақомоти давлатӣ бо бахши хусусӣ, ҷонибдорӣ аз ташаббусу иқдомот ва тозакориҳои мардум, муайяннамоии самтҳои афзалиятнок ва тарҳрезии нақшаҳои фаъолият барои соли 2018, дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои беҳбудсозии рӯзгори сокинон ва боз ҳам ободу зеботар гардонидани Исфараи зебоманзар аст. шаҳраки Нурафшон адои вазифа менамуд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷамоати шаҳраки Нурафшон Эгамзод Муртазо Машрафӣ Одилхӯҷа Болтаев интихоб гашт. Инчунин бо қарори иҷлосияи вамудири бахши рушди сайёҳии килони маҷлиси ҷамоати деҳоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти Шаҳрак Икромов, ки давлатии шаҳр таъин гардид. то ин дамШуҳратҷон иҷрокунандаи вазифаи Дар ин бораи қарори марбураиси ҷамоати деҳоти мазкур буд, таи раиси шаҳр ба тасвиб расид. раиси ҷамоати деҳоти Шаҳрак инЭгамзод Муртазо Машрафӣ то тихоб шуд. ин дам ба сифати раиси ҷамоати

Таъиноти кадрӣ

Шаҳрвандони фахрии Исфара

Ходимони ҷамъиятию давлатӣ Гулафзо Савриддинова ва Холисҷон Темурҷонов унвони “Шаҳрванди ифтихории Исфара”-ро гирифтанд.

номаи “Шаҳрванди ифтихории шаҳри Исфара” унвони мазкур соле як маротиба ва ба сокинони шаҳри Исфара, сокинони дигар манотиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ барои хизматҳои шоён, дастовардҳои бузург, маҳорати баланди касбӣ ва ар ин бора иҷлосияи дувоз- фаъолияти намунавӣ дар хизмати даҳуми Маҷлиси вакилони давлатӣ, рушди иқтисодиёт, илм, халқи шаҳри Исфара, даъвати нигаҳдории тандурустӣ, маориф, панҷум қарор қабул намуд. Қарори фарҳанг, варзиш, созандагию бунмазкур дар асоси дархости шӯрои ёдкории Исфара дода мешавад. Гулафзо Савриддинова ва Хособиқадорони ҷангу меҳнат, шӯрои директорони шаҳр ва комиссияи лисҷон Темурҷонов аз чеҳраҳои намукофотонии мақомоти иҷроияи моёни кишвар ба ҳисоб мераванд. ҳокимияти давлатии шаҳр қабул Г. Савриддинова дар вазифаҳои мухталиф, аз ҷумла раиси шаҳри шуд,. Бояд гуфт, ки мутобиқ ба Низом- Исфара, вакили Маҷлиси намо-

Д

Н

ахуст раиси комиссияи даъват, муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ оид ба рафти даъвати тирамоҳӣ гузориш дода, қайд намуд, ки дар ҷараёни маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 222 нафар ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд, ки ин 100 % нақшаро ташкил медиҳад. Рафти даъвати ҳарбӣ нишон дод, ки ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Хонобод, Лаккон, Шаҳрак, Чилгазӣ, Чоркӯҳ ва Шўроб туфайли ташкили хуби кор иҷрои саривақтии нақшаи даъватро таъмин карданд. Ҷамоатҳои деҳоти Навгилем, Ворух, Сурх ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳр нақшаи муқарраршударо назар ба маъракаи даъватҳои гузашта дертар иҷро намуданд. Бо баробари ин зикр гардид, ки дар баъзе ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои шаҳр масъулин нисбати ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетарафӣ зоҳир менамоянд.

Натиҷагирӣ аз даъвати тирамоҳӣ

Таҳлили вазъи имрўзаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нишон медиҳад, ки аз тарафи сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва масъулини соҳаи иҷтимоиёти ҷамоатҳо дар самти доирсозии чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла тарбияи ҳарбӣ- ватандўстӣ саҳлангорӣ мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи даъвати ҷавонон дар маъракаи баҳорӣ зарур аст, ки дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳои аҳолинишин чорабиниҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ ба таври доимӣ ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дар рӯҳияи ватанпарварӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати омӯзиши фанни омодагии дифоии ҳарбӣ, ташкили бозиҳои

ҳарбию варзишии «Ватанпарвар», «Сипар» тадбирҳо андешида шаванд. Дар маҷлис раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ вобаста ба муаммову мушкилоти маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз раисони ҷамоатҳо ва дигар мутасаддиён пурсиш ба амал оварда, бо таҳлили ҳамаҷонибаи рафти маъракаи даъват дар маҳалҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷом ба як қатор раисони ҷамоатҳо ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ки дар маъракаи даъват фаъолнокӣ ва масъулиятшиносии бештар нишон доданд, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.

Вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ Дар шаҳру деҳоти Исфара мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ шуд.

Д

ар ин радиф дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ мулоқот бо директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода, мудири кафедраи

назария ва адабиёти навини форсӣ - тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Муртазо Зайниддинов ва профессори Донишгоҳи забонҳои ба номи Сотим Улуғзода Аъзам Худойдодов сурат гирифт. Муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ нишастро оғоз намуда, роҷеъ ба ҳадафи гузаронидани силсилавохӯриҳо маълумот дод. Сипас, аъзои ҳайати гурӯҳи корӣ доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ди-

Сипосгузорам

яндагон, муовини раиси Маҷлиси Олӣ ва муовини раиси Маҷлиси намояндагон фаъолият бурда, хизматҳояш бо ордени “Дӯстӣ” ва меМо, собиқадорони меҳнат, далу ифтихорномаҳо қадршиносӣ ёфтаанд. Вакили Иҷлосияи XVI шукргузор аз он ҳастем, ки сол то сол Тоҷикистони азизи мо Шӯрои Олии Тоҷикистон мебошад. Холисҷон Темурҷонов бошад, таҳти сарварии Пешвои милдар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла лат, Президенти Ҷумҳурии директори заводи гидрометаллур- Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ гии Исфара, директори генералии Раҳмон рушд намуда истодаИттиҳодияи истеҳсолии “Заря Вос- аст. Пешрафтҳо дар ҳамаи тока”, ҷонишини вазири саноати соҳаҳои хоҷагидорӣ мушоҳида Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мегардад. Дар баробари ин ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, заҳмати онҳое, ки ҳиссаи худро муовини раиси комиҷроияи вилоят, дар шукуфоии мамлакати азираиси шаҳри Истиқлол (Табошар) замон гузоштаанд, таваҷҷӯҳи кор кардааст. Хизматҳояш бо ор- хоса дода мешавад. Исботи ин гуфтаҳо аз ҷониденҳои “Нишони фахрӣ”, “Байрақи сурхи меҳнат”, медали “Барои би вакилони Маҷлиси шаҳрӣ меҳнати шоён” ва ҷоизаи ба номи ба ман ва муаллима Гулафзо Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму Савриддинова додани унвони "Шаҳрванди ифтихории Исфара" техника қадр карда шудаанд.

фоъ аз истиқлолияту озодӣ ва таъриху фарҳанги хеш ин дифоъ аз номусу нанг аст. Бинобар ин таъкидҳои Пешвои миллат дар хусуси «сафарбар намудани саъю кӯшиш дар навбати аввал ба хотири сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар давлати азизамон» бояд маънии зиндагӣ ва қарзи фарзандии ҳар як соҳибватан бошад. мебошад. Бинобар ин арзи сипоси худро пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ, раиси шаҳрамон муҳтарам Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ба раисони шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Ҷамолиддин Нуриддинов, шӯрои директорони шаҳр Содиқҷон Рустамӣ ва ба муовини раиси шаҳр Собитҷон Умарзода баён менамоям. Инчунин аз вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ва онҳое, ки тӯли фаъолияти меҳнатӣ бо мо ҳамҷоя барои ободии кишвар заҳмат кашидаанд, миннатдорам. Холисҷон ТЕМУРҶОНОВ, собиқадори меҳнат.


Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Номаи сипос

Н/И

Cуҳбати рӯзноманигор Субҳиддин САЙФИДДИНОВ бо мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Мавҷуда НАЗИРОВА

Резаахбор

Меҳрубонӣ ба бачаҳо

Дар рӯзҳои таҷлили соли нави мелодӣ 14 нафар собиқадорон, соҳибкорон, омӯзгорон ва эҷодкорони деҳаи Ворух ба мактаб-интернати бачагонаи шаҳраки Шӯроб ташриф оварданд. Меҳмонон барои толибилмони ин даргоҳ дастархони пурнозу неъмат ороста, бо онҳо суҳбати гарму гуворо карданд, барояшон меваҳои шаҳдбор, доруворӣ, ҷӯробу пойафзолҳои зимистона, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ ҳадя намуданд.

Медалҳои ҷашнӣ ба коммунистон Ҳизби Коммунистии Федератсияи Россия бахшида ба 100-солагии Инқилоби Кабири Октябр котиби аввали кумитаи шаҳрии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Набиҷон Каримов ва узви бюрои шаҳрии ҳизб Ҳикматҷон Бобоевро бо медали ҷашнӣ сафароз гардонд.

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо... Дар деҳаи Лаккон бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии "Насли нав" чорабинии фарҳангӣ бо ширкати ҷавонони ду ҳамсоякишвар -Тоҷикистону Қирғизистон доир шуд. Дар чорабинии фарҳангӣ ҷавонон таом, либос ва рақсу сурудҳои миллии худро нишон доданд. Дар фарҷом ғолибон аз тарафи Нодира Ёқубова - менеҷери ташкилоти мазкур бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд. Муқсидҷон САТТОРОВ. Боиси қаноатмандии хосаи мо - кормандони соҳаи маориф аст, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22юми декабри соли 2017 бори дигар ба масъалаи таълиму тарбия таваҷҷӯҳи хоса дода шуд. Дар ҷавоби ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки ба масъалаи баландбардории сатҳу сифати таълиму тарбия ва дар ниҳоди насли наврасу ҷавон ҷой додани муҳаббат ба давлату миллат диққати бештар диҳем. Яке аз масъалахои доғи рӯз, ки алъон пешорӯи кормандони соҳаи таълиму тарбия қарор дорад, ин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ме-

Н/И

Мусоҳибаи мо

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд...

Соли 2017 моро тарк гуфт. Ҳар лаҳзаи гузашти ҳаёт дар хотираҳои мо нақш мегузорад. Аз соли гузашта, ки ман ним асри ҳаётро паси сар кардам, дар дафтари рӯзгор сатрҳои носутурдание навишта дорам. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии фаъолияти эҷодии банда шаби шеър баргузор карда шуд, ки он навъе имтиҳони эҷодӣ назди мардум ва ҳаводорони сухани бадеӣ буд. Ба ин муносибат арзи сипоси худро ба раиси шаҳр муҳтарам Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, ба раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим, раёсати шуъбаи суғдии ИН, кормандони қасри фарҳанги шаҳр, аҳли адабу санъат ва кулли дӯстону ҳаводорони шеър, ки ба шарофати дастгирии эшон ин чорабини адабӣ шоиста ҷараён гирифт, мерасонам. Ихлоси ҳаводорон масъулияти мо, эҷодкоронро меафзояд ва ба фаъолияти оянда раҳнамун месозад. Бо эҳтиром Нарзуллои АЗИЗИЁН. Н/И

НАСИМИ ИСФАРА

10. 01. 2018

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,

№2

2

-Муаллима, фаъолияти шуъба дар соли сипаришудаи 2017 чӣ гуна буд? -Азбаски соли гузашта дар кишвар ҳамчун Соли ҷавонон, соли таҷлили ҷашнҳои бузурги миллию давлатӣ - 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёфт, мо фаъолияти худро тибқи дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси нишондодҳои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара роҳандозӣ намудем. Дар ҳамдастӣ бо дигар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занон тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Бонувони фаъоли шаҳр давоми сол дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии шаҳриву вилоятӣ хуб ширкат намуданд, дар озмуну фестивалҳо бо ҳунару маҳорати хос эътибори Ифараро афзуданд, дар гузаронидани вохӯриву мулоқотҳо дар байни аҳолӣ, хусусан бо занону духтарони шаҳру деҳот саҳми муассир гузоштанд.

ба занони соҳибмаълумоту қобилиятнок торафт бештар аст. Шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии давлатӣ ва ҷалби онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ дар ташкилоту корхонаҳо пайваста зиёд мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки аҳолии шаҳри Исфара алҳол 261 716 нафар буда, 129 939 нафари онро занон ташкил медиҳанд. Дар ҳайати роҳбарикунандаи идораҳои давлатӣ 294 нафар бонувон фаъолияти босамар доранд. 5 нафар занон сарварии раёсату идораҳо, шӯъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба уҳда дошта, 4 нафар ҳамчун муовинони раис ва 5 нафар ба сифати котиби ҷамоатҳо кор мекунанд. Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 193 нафар хизматчиёни давлатӣ 60 нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби бонувони фаъол як нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 4 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 65 нафар вакилони маҷлиси ҷамоатҳо мебошанд. Дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳрамон зиёда аз 88 505 нафар занон машғули меҳнат ҳастанд. Аз ҷумла, аз 3168 нафар омӯзгорони муассисаҳои маориф 2033 нафар, аз 2990 нафар кормандони ҳифзи тандурустӣ 2404 нафарашонро занон ташкил менамоянд. Дар ин радиф, 826 нафар занон дар соҳаи саноат, беш аз 7025 нафар дар соҳаи кишоварзӣ ва зиёда аз 2500 нафар бонувон дар соҳаи савдою хизматрасонӣ босамар меҳнат мекунанд. Сазовори ифтихор аст, ки имрӯзҳо беш аз 826 нафар духтарони шаҳри мо дар макотиби олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ идомаи таҳсил доранд.

сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тадбирҷӯӣ ва мусоидат менамояд. Дар раванди силсилаи вохӯрию мулоқотҳо, нишасту маҳфилҳо ва мизҳои мудаввар, инчунин суҳбатҳои инфиродӣ бо сокинон, ки давоми соли рафта сурат гирифтанд, дар радифи дигар мавзӯъ ва масъалаҳои муҳим масъалаи пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила мавриди гуфтугузори ҷиддӣ қарор дода шуд. Бояд илова кард, ки ҳар рӯзи сешанбе ва панҷшанбе дар ҳуҷраи кории шуъбаи кор бо занон ва оила аз ҷониби мудири шуъба ва ҳуқуқшинос қабули шаҳрвандон сурат гирифта, ба бонувон маслиҳатҳои ҳуқуқии ройгон дода мешавад. Инчунин тӯли моҳҳои охири соли 2017 бо ҳамкории Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мизи мудаввар дар мавзўи “Ҳимояи ҷабрдидагони зўроварӣ дар оила”, бо ҷалби коршиносони соҳа ва намояндагони прокуратура семинари омўзишӣ дар мавзўи “Барҳам додани табъиз нисбати занон ва тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ” ва мизи мудаввар вобаста ба мавзӯи “Дар якҷоягӣ ба зӯроварӣ хотима мегузорем” доир карда шуданд, ки масъулони шуъбаи кор бо занон ва оила дар онҳо ширкати фаъолона доштанд.

-Доир ба масоили пешгирии шомилгардии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва тақлиди занону духтарон ба фарҳанги бегонаи либоспӯшӣ корҳои ба субут расонидаи шуъбаро донистанӣ ҳастем? -Бо ташаббуси шуъбаи мо дар кумитаи маҳаллаҳои шаҳру деҳотамон 250 адад шӯрои за-Имрӯз зан на фақат бонуи нон ташкил карда шудааст, ки оила, балки ҳам роҳбар бештар аз 4500 нафар бонувоасту ҳам коргар, ҳам пешни фаъол узви он мебошанд. барандаю созандаи ҷамъҲамзамон дар назди кумитаи -Бо вуҷуди ин пӯшида нест, ияти солиму муттаҳид низ маҳаллаҳо аз ҳисоби занону ки ҳанӯз ҳам дар баъзе ҳаст. Андешаи шумо дар ин духтарони равшанфикр муоилаҳо нисбати зан зуҳуробора? шоҳидакорон амал мекунанд, ти хушунату бадбинӣ ҷой -Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии ки барои муайян намудани Тоҷикистон «Дар бораи ка- дорад. Дар ин самт чи тадмуаммову мушкилоти мавҷубирҳо андешида шудаанд? фолатҳои давлатии бароШуъбаи кор бо занон ва оила да, ошкорсозии фаъолияти губарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали- дар ҳамкорӣ бо масъулини руҳҳои тарғибгари ифротгароӣ, гардонии онҳо» боис гашта, ки дигар шуъбаю бахшҳои мақо- пешбурди суҳбатҳои инфиродӣ дар шаҳри Исфара таваҷҷӯҳ моти иҷроия, намояндагони бо занону духтарони фирефта-

Нуктаи назар

Истифодаи дурусти технология мебояд

бошад. Пӯшида нест, ки яке аз роҳҳои паҳни ғояҳои террористиву экстремистӣ ин шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мутаассифона на ҳамаи ҷавонону наврасон ба истифодабарии интернет ва технологияи иттилоотии муосир аз лиҳози маънавию сиёсӣ омодаанд. Аз ин хотир онҳо ба осонӣ ба вартаи ғояҳои ифротӣ меафтанд ва дар замирашон тухми нифоқу бадбинӣ, шикояту норозигӣ реша давонда, ба шахсиятҳои бераҳм,

зулмпарвар ва пайрави ақидаҳои харобиовар табдил меёбанд. Гузашта аз он таҳлилгарон исбот кардаанд, ки мафкураи кӯдакон ба технологияҳои нав хеле ҳассос буда, истифодаи бисёр метавонад дар майнаи онҳо вобастагӣ тавлид кунад. Барои мактабиён истифодаи технологияҳои муосир танҳо барои ҳалли вазифаҳои мактабӣ зарур асту бас. Аз рӯи маълумотхо дар баъзе оилаҳои амрикоӣ барои фарзан-

дони синни мактабӣ истифода аз шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ умуман манъ карда шудааст. Зеро интернет метавонад боиси вайроншавии ахлоқи наврасону ҷавонон гардад. Дар ин маврид падару модарон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Рафтори онҳоро дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

шуда, дар доираи қонун гузаронидани маъракаву маросимҳои динӣ ва мавизаҳои бибиотунҳо назорати доимӣ мебаранд. Баҳри омӯзиши сатҳи иҷтимоии оилаҳо, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани тақлид ба фарҳанги бегона дар ҳудуди шаҳру деҳот аз ибтидо то интиҳои соли гузашта дар доираи амалиёти «Маданияти шаҳрдорӣ» бо намояндагони ШВКД1 дар шаҳри Исфара ва фаъолзанон оид ба гирифтани пеши роҳи истифодаи либосҳои ба оини мо номақбул аз ҷониби занону духтарон (сатру ҳиҷоб) гардишҳои муштарак барпо гардиданд. Аз тарафи гурӯҳи корӣ ба занону духтарони шаҳру деҳот фарҳанги либоспӯшӣ, арзиши баланди либоси қадимаи тоҷикӣ, хос набудани либоси бегона ба занону духтарони тоҷик, тарзи дурусти пӯшидани либос, таъсири манфии либоси бегона ба ахлоқи духтарон, вазъи ҳозираи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва оқибатҳои номатлуби ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ гаравидани ҷавонон ба таври мушаххас фаҳмонида шуданд. -Имрӯзҳо дар байни аҳолии мамлакат Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовозии гарму самимиеро ба вуҷуд овардааст. Дар ин росто шуъбаи кор бо занон ва оила кадом нақшаву ниятҳоро рӯи кор оварданист? - Дар ҳақиқат Паёми дар охири соли гузашта ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намудаи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун фоли нек дар остонаи соли нави 2018 буд. Мо, бонувони Исфара азму талош бар он мекунем, ки баҳри амалӣ шудани мақсаду ҳадафҳои неки Паём бо муҳаббату садоқати пок саҳми худро гузошта бошем. Аз ҷумла, соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Чун шаҳри мо шаҳри ҳунармандони асил аст, кӯшиш мекунем бо ширкати занону духтарон дар ҷодаи эҳёву рушди ҳунарҳои қадимаи халқамон, муаррифии онҳо ба оламиён тадбирҳои зарурӣ андешем.

Омӯзгорон бояд дар ҷараёни соатҳои тарбиявӣ дар мисоли қисмати талхи ҷавононе, ки ба қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ даст задаанд, ба набардҳои мусаллаҳонаи кишварҳои бегона ва аъзогии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ кашида шудаанд, байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Сатҳи зиндагии мардуми мамолики ҷангзадаро бо Ватани орому осуда ва ободамон дар аксу наворҳо қиёс кунанд. Дар шуури муҳассилин шукронаи давлати орому обод, ифтихор аз Ватану миллат ва номуси меҳандориро бедор намоянд. Манзура ТУРСУНАЛИЕВА, директори МТМУ № 10.


Н/И

Соли 2020 - Барӯйихатгирии аҳолӣ

Барӯйхатгирии аҳолӣ чӣ аҳамият дорад?

Барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз сарчашмаҳои муҳими маълумот дар бораи аҳолӣ мебошад ва дар сатҳи умумидавлатӣ тавассути райъпурсии фардии шаҳрвандони мамлакат ба даст меояд. Бинобар ин Созмони Милали Муттаҳид ба мамолики ҷаҳон тавсия медиҳад, ки барӯйхатгирии аҳолӣ аққалан дар ҳар даҳ сол як маротиба гузаронида шавад. Аз ин рӯ барӯйхатгирии ояндаи умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020-ум баргузор мегардад. Аслан тавсифи ҳар давлат аз шумора ва ҳайати аҳолӣ, яъне гаронтарин боигарии он шурӯъ мешавад. Зеро аҳолӣ сарчашмаи пурра кардани қувваи корАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, ба ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи он ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд». Оре, ҷавонони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз ояндаи дурахшони миллат ва давлат ҳастанд. Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки бо соли 2017 Соли ҷавонон ба охир намерасад, ғамхории давлат нисбати ҷавонон идома хоҳад ёфт. Мардуми шарафманду меҳнатдӯст ва бофарҳанги тоҷик бо сари баланд ва боифтихор гуфта метавонад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳон шинохта шуд ва имрӯзҳо таҳти сарварии хирадмандо-

гарии ҳамаи зинаҳои тараққиёти ҷамъият мебошад. Маълумот дар бораи аҳолӣ ба нишондиҳандаҳои муҳими оморӣ тааллуқ дошта, барои ҷабҳаҳои гуногуни фаъолияти илмию амалӣ зарур аст. Дар бораи аҳолӣ аз якчанд манбаъ маълумот гирифта мешавад, ки ҳар кадоми онҳо якдигарро пурра мекунанд: маълумоти барӯйхатгирӣ, маводҳои ҳисоби ҷории оморӣ, ахборе, ки тавассути таҳқиқи оморӣ ва ҷомеашиносӣ ба даст меояд. Сарчашмаи мукаммалтарин маълумот дар бораи аҳолӣ ин барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад. Вазифаҳои аввалиндараҷаи давраи якуми тайёрии барӯйхатгирии аҳолӣ муайян намудани ҳудуди шаҳру деҳот

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст. ва сарҳадҳои он, ба тартиб даровардани кӯчаҳо ва гузоштани лавҳаю рақамҳо, тартиб додани нақшаҳои схематикии шаҳру шаҳрак ва деҳаҳои калон, инчунин харитаҳои ноҳия, тафтиши дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолие, ки дар маҳалҳои шаҳрӣ, шаҳрак ва деҳот зиндагӣ мекунанд, ташкил намудани комиссияҳои мусоидатӣ дар ҷамоатҳо ва муассисаҳои дахлдор мебошад. Вазифаҳои давраи дуюми тайёрии барӯйхатгирии аҳолӣ ин интихоб намуда гирифтан ва тасдиқ кардани кормандон ба сифати бақайдгирандагон, тартиб додани рӯйхати деҳаҳо ва маҳалҳои шаҳр, тартиб додани нақшаи ташкилӣ, гузаронидани барӯйхатгирӣ, интихоб намуда гирифтан ва тасдиқ кардани муовини сардори раёсати омор, мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ ва ёрдамчиёни онҳо, интихоб карда гирифтан ва тасдиқ кардани дастурдиҳанда-назоратчиён ва ҳисобчиён, ҷудо намудани утоқҳои корӣ барои шуъбаҳои барӯйхатгирӣ ва қитъаҳои дастурдиҳӣ, гузаронидани дастурҳо ва санҷиши сатҳи дониши кормандони барӯйхатгирии аҳолӣ, ташкил кардан ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ – ташвиқот дар тамоми давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ, дар рӯзнома, радио ва телевизион инъикос намудани мақсад ва аҳамияти барӯйхатгирии аҳолӣ ва тартиби гузаронидани он дар тамоми давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ мебошад. Маълумоти барӯйхатгирӣ аҳамияти калон дошта, барои идо-

раи ҳамаи зинаҳои давлат зарур аст, бинобар ин шумора ва ҳайати аҳолии ҳар маҳал ва тамоми ҷумҳуриро донистан шарт аст. Шумораи мардону занони синну соли қобили меҳнат, тайёрии касбии онҳо, сатҳи маълумот ва дигар ҷиҳатҳои онҳоро надониста, тараққиёти иҷтимоию иқтисодии давлат ва лоиҳаҳои ҷудогонаи онро ба нақша гирифтан мумкин нест. Бояд донист, ки 5, 10 ва 20 соли наздик чанд нафар ба синну соли қобили меҳнат мерасанд ва чанд нафар қобилияти меҳнат карданро гум мекунанд. Маълумот дар бораи хусусияти синну соли аҳолӣ бошад, натанҳо барои муайян кардани ашхоси синну соли қобили меҳнат, ки фаъолона меҳнат карда метавонанд, зарур аст, балки шумораи кӯдакон, инчунин занони синни қобили таваллуд, ҳайати оила, тартиби синну соли таваллуд ва тамоми онро дарк карда, метавон муайян кард, ки солҳои наздик кӯдакони синну соли томактабӣ ва мактабӣ чанд нафар мешаванд ва аз ин рӯ чӣ қадар муассисаи томактабӣ ва бинои мактаб, мураббию муаллим, китобҳои дарсӣ, сару либос ва озуқа, табобатгоҳу духтурҳои кӯдакон заруранд. Қайд кардан ба маврид аст, ки аз барӯйхатгирии аҳолии қаблӣ то ин дам шароити зисти сокинон тағйир ёфтаасту хусусиятҳои маҳал гуногун гардидааст. Бинобар ин бақайдгирии аҳолӣ тақозои замон буда, яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Атохон ХӮҶАЕВ, сардори раёсати омор.

НАСИМИ ИСФАРА

10. 01. 2018

Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,

№ 2

3

Аз сомонаи vkd.tj

Садамаҳои марговар

1-уми январи соли 2018, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Бурҳонов Сунатулло Суҳробович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Исфара, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Конибодом-Ғафуров-Деҳмой” дар километри 70-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ баромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашина Абдуваққосов Фазлиддин Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1989, сокини ш.Исфара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Инчунин, худи ронанда, Бурҳонов С. ва мусофири дигари дохили автомашинаи мазкур Раҳимов Умарҷон Раҳимбоевич, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Ҳамчунин 1-уми январи соли 2018, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Маҳкамов Фаррухҷон Вайдуллоевич, соли таваллудаш 1998, донишҷӯи бахши 2-юми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара, сокини ш.Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи А.Ҷӯраеви шаҳри Исфара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Насриддинов Бахтиёр Нуриддинович, соли таваллудаш 1986 ва писари хурдсолаш Насриддинов Бахтовар Бахтиёрович, соли таваллудаш 2011, сокинони шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард, Насриддинов Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, хурдсол Насриддинов Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

нандаи муассиса Фараҳноз Юсуфбекова дар маркази миллии тестӣ бо гирифтани холи аз ҳама баландтарин дар ҷумҳурӣ сазовори номи донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои опеноми Абӯалӣ ибни Сино гардид. ративӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Гулҳаё Файзизода, Шаҳнуша милитсия марди 25-солаи сокини шаҳри Соҳибова, Хотима Меҳмонзода, Исфара, ки пеш бо моддаи 247 қисми 1 Дилбаҳор Забиллозода, Шаҳри- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон наи ин марди фозилу доно ва занд, онҳо сидқан Ватани худро ёр Урмонов, Шодрӯз Манонов, суд шудааст, бо иттиҳоми дуздӣ дастгир дурандеш ба сӯи комёбиҳои дӯст доранд ва ҳамчун ҷаво- Шарифҷон Урмонов, Фардис карда шуд. нони бофарҳангу бомаърифат беназир пеш меравад, гул-гул Шарифов ва дигарон дар доНомбурда ҳангоми дар хонаи истиқомамешукуфад. Паёми имсола ва ва баору номус ба воя расанд, нишкадаҳои олии кишвар таҳ- тии модарарусаш, зани 63-солаи сокини сиёсати оқилонаи Асосгузори ҳушёру зирак бошанд. Дар му- сил доранд. шаҳри Конибодом қарор доштанаш бо сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои ассиса нақша чорабиниҳо оиди Чанде пеш дар муассиса роҳи пинҳонӣ аз он ҷо 3000-сомонӣ ва 1 миллат, Президенти Ҷумҳурии тарбияи ватандӯстӣ, пешгирии вохӯрии падару модарон, хо- адад ангуштарини тиллоӣ, ҷамъ ба мабТоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ шомилшавии ҷавонон ба ҳар нандагон бо масъулини ҷамо- лағи 5000 сомониро дуздидааст. Раҳмон мо омӯзгоронро, ки қув- гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ати Ворух ва шуъбаи амнияДалелҳои шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ваи пешбарандаи ҷомеа мебо- таҳия карда шудааст. Омӯзго- ти деҳа баргузор гардид. Дар ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардишем водор месозад, ки насли рон ва роҳбарони синфҳо дар вохӯрӣ онҳо падару модарон да, тафтишот идома дорад. наврас ва ҷавонро дар рӯҳияи дарсҳо ва соатҳои тарбиявӣ бо ва хонандагонро даъват намудонишомӯзӣ, соҳибмаърифати- хонандагон сӯҳбатҳо гузаро- данд, ки шукри сулҳу ваҳдат ва ву бофарҳанг будан, худогоҳу нида, шогирдони худро барои осоиштагии Тоҷикистони азиз хештаншиносӣ, ватандӯстиву ва муттаҳидӣ, дӯстӣ, эҳтироми ка- кунанд, ҳушёру зирак бошанд тайёр будан барои ҳифзи марзу лонсолон, ифтихори миллӣ ва Ватани худро дӯст доранд, набуми кишвари азизамон тарбия пайравони Пешвои миллат бу- гузоранд, ки фарзандон фирефИҷрочиёни суди шаҳри Исфара дар асоданро талқин менамоянд. намоем. таи ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпе- си истеҳсолоти иҷроиши оиди рӯёнидани Соли хониши 2016-2017 аз шаву ифротгаро гашта, ояндаи Дар муассисаи таълимии мо омӯзгорон баҳри он мекӯшанд, муассисаи мо 15 нафар хатм- неки худро зери хатар гузоранд. маблағи қарз аз ҳисоби Ғаниев Муҳиб Наимович ба фоидаи ҶСП ТАҚХ "Имон Интерки хонандагонро аз хурдсолӣ то кунанда ба донишкадаҳои олии нешнл" ба андозаи 403310 сомонӣ музоядаи зинаи болоии хониш аз таъриху кишвар ва хориҷ дохил шуданд, Бобохон САИДОВ, омммавӣ оид ба фурӯши ҳавлии истиқоматии ки панҷ нафари онҳо духтарон тамаддун, фарҳанги бою зебо сарвари МТМУ № 21. қарздор воқеъ дар шаҳри Исфара, ҷамоати ва қадимии халқи худ огоҳ со- мебошанд. Аз ҷумла хатмкудеҳоти Чоркӯҳ, кӯчаи Гузари Поён, ҳавлии № 62 иборат аз 9 сотих ва 1 дар хонаи сохтмонаш нотамом бо нархи ибтидоии 350000 дааст. бемӯҳлати дараҷаи А № 0214590, ки дар асоси Аз сабаби гум шудан (сесаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ба санаи 19 *** қарори раиси шаҳр аз 17 марти соли 2008 ба январи соли 2018. соати 10.00 дар утоқи коэътибор надоранд Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи БП № шаҳрванд Ҷӯраев Хайрулло додааст. рии иҷрочиёни суди шаҳр воқеъ дар маркази *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи ГТС № 214106, ки МТМУ № 23 соли хониши 1986-1987 адлия эълон менамоянд. Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи А № 0038475, ки МТД Литсейи № 8 соли хониши ба Давронова Бибихон Қосимовна додааст. Шахсони дар музояда иштирок менамуда се *** 100583, ки МТМУ № 12 соли хониши 1991 ба 2002-2003 ба Шодиев Абдувосит Ғафурович рӯз пеш аз оғози музояда 5 фоиз аз маблағи Шаҳодатномаи маълумоти асосии ШТС № Набиева Муноҷотхон Абдурасуловна додааст. додааст. ибтидоӣ ба депозити иҷрочиёни суд, ки дар 0040150, ки МТМУ № 15 соли хониши 2002*** *** “Амонатбонк”-и шаҳри Исфара мавҷуд мебоШаҳодатномаи маълумоти миёнаи № 012135, Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи АТА № 2003 ба Рафиев Абдуҳафиз Лафизович додааст. шад, супорида, бо расид оиди пардохти маб*** ки МТМУ № 33 соли хониши 1982-1983 ба 058859, ки МТМУ № 5 соли хониши 1992 ба лағ метавонанд дар музояда ширкат намоянд. Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи БР № Махсудова Рухсора додааст. Баҳодурова Саҳоба додааст. Маълумоти иловагиро тавассути иҷрочиёни 011567, ки МТМУ № 23 соли хониши 1982*** *** суди шаҳри Исфара, ки дар бинои маркази адШиносномаи техникии экскватор ЭО-3322 Д Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи А № 1983 ба Рустамова Гулнора Ҷӯраевна додааст. лия ҷойгир мебошад, гирифта метавонед. *** рақами заводӣ № 9034, соли бароришаш 1986 039812, ки МТМУ № 2 соли хониши 1989-1990 ИҶРОЧИЁНИ СУДИ ШАҲР. ба Шодиева Манзуратхон Юлдошбоевна до- Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини мебошад. Н/И

Мавқеъ

Масъули тарбияи ҷавонони саодатмандем

Дуздии домод

Диққат, музояда!


Н/И

Варзиш

Н/И

Миёни шунидан саросар тиҳист.

НАСИМИ ИСФАРА

Аз кӯлвори "Шифо"

Хунатон кам? Оҳан хӯред Бемории камхунӣ намудҳои зиёд дошта, вобаста ба сабабҳои пайдоиш ва тартиби пайдошавиаш табобати махсусро талаб мекунад. Мавридҳое мешаванд, ки камхунӣ на ҳамчун бемории алоҳида, балки чун нишонаи бемории дигар вомехӯрад. Дар чунин ҳолатҳо ошкор намудани бемории асосие, ки сабаби пайдоиши камхунӣ гаштааст, зарур мегардад. Аз ҳама намудҳои камхунӣ имрӯз дар байни беморон камхунии норасоии оҳан ва норасоии витамини В12 бештар ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои асосии пайдоиши чунин камхунӣ ин пеш аз ҳама хунравиҳои дарунии дурударозе, ки бемор метавонад онро ҳис накунад. Ин боиси аз ҳад зиёд сарфшавии оҳан, ки дар пайдошавии хун дар организм нақши асосиро мебозад, мегардад. Бо вуҷуди ин нишонаҳои аввалини ин бемориро худи беморон ва атрофиёни онҳо низ метавонанд ба осонӣ ошкор карда, барои аниқ сохтани сабабҳои пай-

Пирӯзии Муҳаммадхӯҷа Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхӯҷаев дар мусобиқаи ХII байналхалқии “Павлодар Опен2017”, ки дар Қазоқистон доир гардид, соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Д

ар мусобиқаи мазкур 101 варзишгар аз 7 кишвар бо шумули 10 шоҳмотбозони сатҳи ҷаҳонӣ иштирок доштанд. Варзишгарон даҳ қисмро бо системаи швейтсарӣ бозӣ карданд. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро Муҳаммадхӯҷа ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхӯҷаевҳо намояндагӣ намуданд. Аз рӯйи гуфти консули генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов натиҷаҳои ба дастовардаи Муҳаммадхӯҷа хуб мебошанд. Зеро нӯҳ сол инҷониб шоҳмотбозони тоҷик чунин нишондиҳанда надоштанд. Н/И

Муаллими адабиёт дафтарҳои хонандагонро як-як кушода, доири сифати иншоҳои навиштаи онҳо сухан гуфту Заринаро назди тахтаи синф даъват карда, дафтарашро ба дасташ дода, фармуд, ки иншои дар мавзӯи озод навиштаашро хонад.

Аниси кунҷи танҳоӣ...

Маҳсули эҷоди олим

-Ман,-хонд Зарина,-тамоми китобҳои хондаамро, шеърҳои шоирони классику муосирро пеши назар овардам, ки дар ҳаққи модари азизам боз суханҳои зебое ёфта нависам, зеро модарамро фариштаи осмонӣ гӯям ҳам кам аст. Дар ҳадис омадааст, ки агар бомдод падару модар аз фарзанд розӣ бошанд, ду дар аз биҳишт ба рӯяш боз мегардад ва агар яктои онҳо розӣ бошанд, якто дар боз мегардад. Ҳар рӯз кӯшиш мекунам, ки ҳарду қиблагоҳам аз ман розӣ бошанд.. Модари азизи ман дастам гирифту роҳравӣ омӯхт, меафтидаму мегиристам, мода-

Нашриёти ба номи Набӣ Фахрии шаҳри Конибодом китоби нави олими пуркор, дотсети ФДТТИ, узви Иттифоқи бастакорон ва рӯзноманигорон, Аълочии фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадхӯҷа Яҳёевро бо номи «Тарбият-мероси халқ» аз дасти чоп баровард. Китоб ба Соли ҷавонон бахшида шуда, масоили тарбияи ҷавонони солимфикру хушахлоқ, худогоҳу хештаншинос ва меҳнатдӯсту ватанпарварро дар бар мегирад. Ёдрас мешавем, ки то кунун беш аз 12 маҷмӯаи ба мавзӯҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа бахшидаи Муҳаммадхӯҷа Яҳёев манзури хонандагон гардидааст.

Аз садамаи ҳавопаймои Хуҷанд-Шарҷа 20 сол гузашт. 15 декабри соли 1997 ҳавопаймои Хуҷанд – Шарҷа ҳангоми нишастан дар фурудгоҳи Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб суқут кард. Дар натиҷаи ин фалокати пурсару садо 85 нафар –77 мусофир ва 8 узви экипаж ҳалок шуданд. Аз маълумотҳои ҳамон вақт паҳнгардида ҳавопаймо баъди чанд даврзанӣ дар баландии 60 метр дучори ҳавои турбулентӣ шуда, бо суръати 370 километр дар як соат ба замин бархӯрд. Аз 86 нафаре, ки дар ҳавопаймо буд, танҳо 1 нафар – штурмани ҳавопаймо Сергей Петров, ки дар лаҳзаи ба замин бархӯр-

Н/И

доиш ва намуди камхунӣ ҳарчи тезтар ба духтур муроҷиат намоянд. Сабаби дигар, ин аз меъёр зиёд сарфшавии оҳан ҳангоми давраи ҳомилаи занон ва синамаконӣ аст. Омили дигаре, ки боиси сар задани камхунӣ мегардад, ин норасоии оҳан дар ғизои кӯдакони ширмак (хӯрокиҳои ширӣ) ва хӯрданиҳое, ки дар таркибашон оҳан хеле кам аст, мебошад. Инчунин бемориҳои меъдаю рӯда, ки ба вайроншавӣ ва кам ҷабидашавии оҳан аз узвҳои ҳозима ба хун сабаб мешаванд, метавонад боиси камхунӣ гардад. Ба аломатҳои камхунӣ дарди сар, сарчархзанӣ, беҳолию бемадорӣ, тез хасташавӣ, дилзанӣ хушкшавии даҳон, рангпаридагӣ ва сафедтобии пӯст, нафастангӣ ҳангоми фаъолияти ҷисмонӣ дохил мешаванд. Дар ҳолати сари вақт ба табибон муроҷиат накардан ва табобати зидди камхунӣ нагирифтан дигар нишонаҳои хоси ба камхунии дурудароз даН/И

Рангҳои рӯзгор

Модарии модарандар

рам баробари ман мегирист ва маро ором карда, худ ором мешуд. Намехӯрд, то он замоне, ки ман таом нахӯраму сер нашавам. Дар вақти таомхӯрӣ сӯи ман нигариста, табассуми малеҳе мекард ва «хӯр, духтараки ба ҷон баробарам» мегуфт. -Шумо-чӣ, оча? –мепурсидам. -Ман дертар ҳамроҳи падарат наҳорӣ мехӯрам,-мегуфт. Ҳар гоҳ, ки падарам аз бозор меомад, халтаҳоро кушода, лазизтарин меваҷотро ба ман пешкаш мекард. Ба мағозаҳо аз дастам дошта мебурду беҳтарину зеботарин либосҳоро баҳри ман харидорӣ мекард. Ягон маротиба нашудааст, ки овоз баланд карда бошад. Додарча ва хоҳарча таваллуд

Аз саҳифаҳои таърих

Садамае, ки 85 касро бурд дани ҳавопаймо аз кабина ба берун афтод, аз ин фалокат ҷон ба саломат бурд. Дар ин фалокати 20 соли пеш рӯйдода дар қатори шахсиятҳои шинохтае чун Темурҷон Раҳимбоев, Аъзам Неъматов, проректори Донишгоҳи тиббӣ табиби шинохтаи маризиҳои меъда Абдусалом Баракаев, футболбоз Ориф Бобохонов, муовини раиси шаҳри Исфара Баҳодурхӯҷа Самадов ва шахсияти боистеъдод Гулҷаҳон Ҷӯраева ҷони худро аз даст доданд. Ин сана дар ёди мо-кормандони корхонаи коркарди чӯбу тах-

«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР АБДУМУТАЛИБ ШАРИФОВ

вом карда пайдо мешавад. Ин нишонаҳои беморӣ метавонад дар ҳолатҳое, ки беморон дар муддати дароз табобат намегиранд, ошкор гардад. Дар чунин ҳолатҳо ҳам ба табибон муроҷиат ва аниқ кардани ташхис метавонад ба тезтар ва хубтар аз ин беморӣ раҳо ёфтан кумак расонад. Дар вақти ба духтур муроҷиат кардан ва муоинаи тиббӣ ҳатман аз ташхиси лабораторӣ гузаштан, рентгенографияи қафаси сина зарур аст. Мутаассифона имрӯз бисёре аз беморон аз гузаштани таҳлилҳои лабораторию рентгенӣ барои камхунӣ саркашӣ мекунанд ва талаб менамоянд, ки барои онҳо дорувориҳои зидди камхунӣ нависанд, кифоя аст. Ин хатоии маҳз мебошад. Таҳлилҳои лабораторӣ, таҳлили умумии хун барои ошкор намудани дараҷаи

та - "ДОЗ" ҳамчун санаи фоҷеабор нақш бастааст. Зеро он шахсияти кордонеро чун Баҳодурхӯҷа Самадов аз байни мо бурд. Баҳодурхӯҷа Самадов ташкилотчии хубе буд. Дар фосилаи начандон тӯлонии умр тавонист корхонаи коркарди чӯбу тахтаро аз як сехи хурд ба коргоҳи пуриқтидор табдил диҳад. Дар ҳамон вақт корхонаи мазкур дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ аз коргоҳҳои рушдёбанда ба ҳисоб мерафт ва маҳсулоти худро ба тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон интиқол медод. Ҳар моҳ ҳазорҳо метри му-

Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

кард, лекин пайхас мекардам, ки тамоми меҳру муҳаббати модариашро ба ман бахшида буд. Расми занеро, ки рӯи миз меистод, ҳар рӯз пок мекард, мебӯсиду шукри худо, ки ҳамин духтарро рӯйи дунё овардаӣ, мегуфт. Боре пурсидам, ки ин расми кӣ? Гуфт, ки расми модарат. Ман гумон кардам, ки расми модаркалонам бошад. Як моҳ пештар ба аёдати холаам рафтам. Холаам бемори вазнин буду базӯр гап мезад. -Духтарам Зарина,-холаам ҳамеша маро духтарам гуфта муроҷиат мекард,-як чизро ба ту гуфтанам даркор. Модарат, яъне хоҳари ман туро рӯйи дунё оварду умраш тамом шуда будааст, аз дунё рафт.

раббаъ дару тиреза ва маҳсулоти чӯбӣ истеҳсол карда мешуд. Инчунин сехҳои хурди дӯзандагӣ, сирбарорию рангубор ба фаъолият оғоз карда буданду дар онҳо то 200 нафар кор мекарданд. Агар гӯем, ки яке аз ташаббускорони бунёди маҳаллаи Бинокор шодравон Баҳодурхӯҷа Самадов мебошад, хатое намешавад. Зеро он солҳо аз ҳисоби даромади софи корхона 21 коттеҷҳои якошёна сохта, ба коргарон дода шуд. Ҳарчанд имрӯз Баҳодурхӯҷа Самадов дар байни мо нест, аммо кору пайкори ӯ мудом пеши назари мо мебошад. Азизхӯҷа ОБИДОВ, собиқ корманди корхона.

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст. Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд. Дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № ____________ Адади нашр: 5180.

10. 01. 2018

Ту донӣ, ки дидан беҳ аз огаҳист,

№ 2

4

вазнинӣ ва намуди камхунӣ муҳим аст. Инчунин таҳлилҳои наҷосат барои ошкор намудани хунравии дарунӣ, таҳлили умумии пешоб барои ошкор намудани хориҷшавии ҳуҷайраҳои хун бо воситаи пешоб ҳангоми бемориҳои музмини гурда зарур мебошад. Ҳамаи занони гирифтори камхунӣ ҳангоми муоинаи тиббӣ ҳатман аз муоинаи духтури занона бояд гузаранд. Ин барои ошкор намудани хунравӣ аз бемориҳои узвҳои занона, ки ба пайдоиши камхунӣ мусоидат мекунад, лозим мебошад. Табиб фақат баъди аниқ намудани сабабҳои пайдоиш ва тартиби пайдоишаш камхуниро метавонад табобат намояд. Барои табобати бемории камхунӣ ба ғайр аз дорувориҳое, ки духтурон вобаста ба намуди камхунӣ таъин мекунанд, истеъмоли хӯрокиҳои серғизо, амсоли гӯшт, моҳӣ, тухм, ки дар таркиби онҳо сафеда зиёд аст, мевагиҳо ва хӯришҳое, ки аз витаминҳои А, В, С, В12 ва микроэлементҳо, ба хусус оҳан иборатанд, барои рафъи камхунӣ муфид мебошад. Шаҳобиддин ИБРОҲИМОВ, сарвари М/С Сурх, духтури тибби оилавӣ.

Шаш моҳ ман туро шир додам. Баъд бо илтимоси хешовандон падарат аз нав хонадор шуд ва шукри худо, ки чунин зани солеҳа, покдоману нексиришт насиби падарат будаасту туро аз рӯзи аввал ҷигарбанд хонд. Ҳамон расме, ки ҳар рӯз модарандарат саҷда мекунад, расми модари ҳақиқиат. -Холаҷон, узр мепурсам,-гуфтам,-модарандар нагӯед, вай модари ҳақиқии ман. -Рост гуфтӣ, духтарам, -гуфт холаам ашки чашмонашро пок карда, - дар ҳақиқат ин зани фариштасурат модари ҳақиқии ту шуд. -Ман,-гуфтам ба холаам,-ҳуқуқ надорам ва забонам бисӯзад, ки ӯро модарандар бигӯям, вай модари ҳақиқии ба ҷон баробарам мебошад. Ба иншои Заррина, ки дар синфи 11 мехонд муаллим баҳои аъло гузошт. Субҳониддин БОБОХОЛОВ.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдо Маҳмудҷон Қурбонов нисбати даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардӣ баён карда, дар ин рӯзҳои мусибат ба ӯву наздикони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабад. Идораи кино ва видеои шаҳри Исфара ба ветерани соҳа Абдуғаффор Ваҳҳобов нисбати вафоти ҲАМСАРАШ ҳамдардӣ изҳор намуда, ба ӯ ва наздиконаш аз даргоҳи Худованд сабру тасаллият мехоҳад. Маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи Маркази саломатии шаҳр аз даргузашти табиби тибби оилавии Маркази саломатии Ворух ТӮХТАЕВ ЛОИҚ андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва хешовандони марҳум аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил металабанд.

www.nasimisfara.info Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 09. 01. 2018.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook