Насими Исфара, № 1 от 6 января 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №1 (9370) *** Чоршанбе, 6. 01. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Аз иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ Дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) баргузор гардид.

Н

ахуст вакилони шаҳрӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2020 “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод намудани Сулаймонзода Акрам Раҳим”-ро тасдиқ намуданд. Баъдан аз ҷониби вакилон ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати шашум, аз ҳавзаи интихоботии "Маҳмудҷон Воҳидов", №6 Бобоиён Мадина Абдуяқинзода тасдиқ карда шуд. Минбаъд муовини раиси шаҳр М.Бобоиён «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара дар 11 моҳи соли 2020» гузориш дод. Номбурда зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 94,2 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 120 млн. 294 ҳазор сомонӣ ва ё 7 млн. 354 ҳазор сомонӣ кам маблағ ворид гардид. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 89,8 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 67 млн. 448 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 7 млн. 672 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Нақшаи буҷети ҷумҳуриявӣ 110 фоиз таъмин гардида, он ба ҷойи 23 млн. 606 ҳазор сомонии нақша 25 млн. 880 ҳазор сомонӣ ва ё 2 млн. 273 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ пардохта шуд. Дар идома мавсуф ба дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дахл намуда, фаъолияти онҳоро ба риштаи таҳлил кашид. Сардори Раёсати молияи шаҳри Исфара Хуршед Абдушукурзода бошад, дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2021 ва қабули буҷети шаҳри Исфара барои соли 2021 баромад намуд

ва вакилони шаҳрӣ ҳисоботи буҷети шаҳри Исфара дар соли 2019-ро баъди баррасии он тасдиқ карданд. Дар идомаи иҷлосия вакилон масъалаҳоро оид ба пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара, даъвати шашум, аз ҳавзаҳои интихоботии «Айнӣ» №1, «Тидон» № 16, «Офтобрўй» №29, таъин намудани интихоботи миёнадаврӣ ва ҳайати комиссияи шаҳрии интихобот, номгузории объектҳои ҷуғрофӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла қарори дахлдори Маҷлиси шаҳрӣ оид ба номгузорӣ кардани литсейи № 1 ба номи Абдуҳафиз Азизов, яке аз кӯчаҳои маҳаллаи Сомониён ба номи Муқим Абдураҳмонов, яке аз кӯчаҳои маҳаллаи 12 ба номи Мансур Ҷӯраев, як қисми кӯчаи Правдаи деҳаи Ворух ба номи Бобониёз Надиров, ансамбли "Шашмақом" ба номи Мирзоқурбон Солеҳов, мактаби санъати № 1 ба номи Умар Ҳофиз қабул карда шуд. Вакилон ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро низ тасдиқ намуданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар фарҷом ба масъулин, аз ҷумла ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бобати иҷрои саривақтии нақшаи андоз, вусъати корҳои ободонӣ, бурдани корҳои мафкуравӣ ҷиҳати баргардонидани нафарони дар хориҷи кишвар таҳсили ғайрирасмидошта, роҳ надодан ба шомилгардӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро ва зӯровар ва омодагиҳо ба таҷлили сазовори 30 - солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эътибор ба амалишавии ҳадафҳои созанда ва тарҳу лоиҳаҳои бунёдкоронае, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр рӯйи кор овардааст, дастуру супоришҳо дод. Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Умриниссо Пўлодӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

М

авсуф зимни дидорбинию суҳбат бо аҳли байти бесаробонмондаи ин ҷавонмардони баору номуси миллат аз шуҷоату ҷонфидоӣ ва садоқатмандии бемисли онҳо ба Ватани аҷдодӣ ба некӣ ёдовар гашта, зимнан аз вазъи рӯзгор, раванди таҳсили фарзандон ва муаммою мушкилоти хонаводагии онҳо пурсон шуд. Тавре шаҳрдори Исфара изҳор дошт, тибқи дастуру вазифагузориҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша омодааст, ки ба ҳалли мусбати ҳамагуна мушкилоти иҷтимоии онҳо тадбирҷӯӣ ва мусоидат намояд. Баҳоваддин Баҳодурзода ба аҳли оилаи Ҳусейн Ҳакимов, Ҷалол Қароев, Сафоидин Шаропов ва Расоиддин Тешаев маводи хӯрокворӣ, маблағи пулӣ ва ба фарзандонашон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, зимнан таъкид дошт, ки дари утоқи кории ӯ ҳамеша ба рӯйи онҳо боз аст. Ӯ ҳамчунон раисони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Ворухро дигарбора вазифадор намуд, ки аҳволу шароити зиндагии онҳоро таҳти назари доимии худ қарор дода, онҳоро ҳамаҷиҳата кумаку дастгирӣ намоянд. *** Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо мақсади аёдату дидорбинӣ ба манзили чанде аз собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ Холисҷон Темурҷонов, Абдусамад Шомирсаидов, Куброхон Собитова ва собиқадори соҳаи журналистика Бобоҷон Атобеков Наврўз, ки дар гузаштаи начандон дур ба ҳайси роҳбарони муваффақ, бо иқдому ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳри Исфара саҳми хосса гузоштаанд, рафта, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дод. Шаҳрдори Исфара пирони рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки

Вақте шаҳрдор ба роҳгузарон кумак мекунад

Ҷомеа замоне пеш меравад, ки меҳру муҳаббат, кумаку мадади ҳамдигарӣ ва холисияти амалҳо дар ҷойи аввал қарор гиранду ғамхориҳо ба кас руҳу ҳаловат бахшанд. Мову шумо борҳо дар кӯчаҳо нафарони эҳтиëҷманд, мӯҳтоҷ ва маъюбро дидаем ва борҳо низ бефарқу бетавофут аз паҳлуи онҳо гузаштаем. Аммо шукр дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки дарди дигарон дарди онҳост ва кумакашон низ холис ва бо амри дил аст. Зеро

рисолаташон инсонпарварӣ ва мардумсолорист. Вақте чанд рӯз пештар шаҳрдори Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар кӯча нобиноеро диданду ба ӯ дасти мадад дароз карданд, бори дигар ба одамшиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қоил шудем, зеро ба Исфара нафаре омад, ки дарди мардумро дарди худ медонад ва бештар дар байни мардум аст. Дар кӯча шаҳрдор ба муҳтоҷе,

Нишони ғамхории давлат

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар арафаи Соли Нави милодӣ хонаводаи 4 нафар ҷавонмардони дар раванди муноқишаи мусаллаҳонаи наздисарҳадӣ ба ҳалокат расида – сокини деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ шодравон Ҳусейн Ҳакимов, сокинони ҷамоати деҳоти Ворух Ҷалол Қароев, Сафоидин Шаропов ва Расоиддин Тешаевро аёдат намуд.

собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии давлату ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонон мебошанд. *** Дар арафаи соли нави мелодӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба Хонаи бачаҳои шаҳраки Шӯроб рафта, кӯдаконро ба муносибати фарорасии Соли Нави 2021 табрику таҳният гуфт ва ба онҳо савғотиҳои идона тақдим намуд. Шаҳрдори Исфара зимни суханронӣ аз ҷумла изҳор дошт, ки бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятиму бепарасатор ва нафарони маъюбу танҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир карда мешавад ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар фаъолияти ҳамарӯза ба вазъи муассисаҳои иҷтимоии кӯдакон

нобиное кумак кард. Ба нафаре, ки дар гузашта соҳибмансаб набуд, вазифае надошт, шахсияти шинохта нест, балки одамест қаторӣ... Ин аст рисолати инсонӣ, рисолате, ки Баҳоваддин Баҳодурзодаро МАРДУМӢ хоҳад кард. Агар ҳар яки мо ин гуна амалҳоро, ки шаҳрдор ба ҷо овард, анҷом диҳем, Исфара боз ҳам шукуфонтар хоҳад шуд.

эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Қобили тазаккур аст, ки дар пайгирӣ аз даъвати Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯз калонсолон кӯшиш карданд, ки бо густурдани дастархони пур аз нозу неъмати идона табъи кӯдаконро шод гардонанд. Кӯдакону наврасон дар ҷавоб ба таваҷҷуҳ ва меҳрубониҳои меҳмонон барномаи идонаи омодакардаи худро таҳти унвони «Соли Нави файзбор», ки аз дастагули шеъру тарона, рақсу бозиҳои ҷолиб иборат буд, намоиш доданд. Маврид ба зикр аст, ки алъон дар Хонаи бачаҳо аз гӯшаву канори мухталифи вилояти Суғд 35 нафар кӯдакон бо таълиму тарбияи хуб ва ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифта шудаанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
Насими Исфара, № 1 от 6 января 2021 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu