Дӯстон, бодо муборак Соли Нав! Бахти нав, шодии нав, иқболи нав! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 01 (9231) *** Ҷумъа 29. 12. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Ҳамдиёрони азиз! Дар соли навин ба Шумо дар ҳама ҷабҳаи зиндагӣ пешомадҳои нек, иқболи баланд, ба хонадонатон осоиш, рӯзгори босаодат, файзу баракати зиндагӣ, барору дастовардҳои тоза, пирӯзиву сарбаландиҳо ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту шукуфоӣ орзумандам.
СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ БАРОЯТОН МУБОРАК БОШАД!
Расулзода Дилшод Ҷабборӣ - раиси шаҳр:
Осоиш ба хонадони Шумо! Ҳамдиёрони азиз. Инак, мувофиқи солшумории мелодӣ Соли Нави 2018 фаро мерасад ва чун ҳамешагӣ бо қадами хуҷастаи худ ба қалбҳои мо хушнудиву хушҳолӣ ва умеду орзуҳои тоза меорад. Ба ин муносибат, бо самимияти афзун ва ҳам арзи эҳтирому накӯтарин орзуҳо ман кулли мардуми шарифу садоқатманди Исфараи бостониро табрику таҳният мегӯям. Бигзор, ки Соли Нав – соли амалигашти нақшаву ният ва умеду орзуҳои тозаи мову шумо бошад. Мавриди зикр аст, ки соли 2017 дар саҳифаҳои таърихи навини мо, тоҷикон бешак чун соли пешрафтҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, марҳилаи амалигашти ҳадафҳои неки бунёдкорона, тақвиятбахшии дастовардҳо ва дар маҷмӯъ чун соли неку бобарор бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гашт. Хосатан бояд гуфт, ки соли рафтаистода дар ин радиф соли таҷлили ҷашнҳои бузурги миллию давлатӣ, 20 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон будан, ҳамчунон дар хотироти сокинони шаҳри мо чун соли ташрифи навбатии Асосгузори
сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара нек нақш бастааст. Дар ин радиф, метавон гуфт, ки соли 2017 – соли дар сатҳи олӣ арҷ гузоштан ба мақому манзалати шоири бузурги тоҷику форс Сайфуддини Исфарангӣ низ буд, зеро ҳамзамон бо азнавсозии гулбоғи марказии шаҳр, ки номи шоирро дорад ва ҳам бунёди муҷассамаи барқади Мавлоно Сайфуддин, бо иқдоми Пешвои муаззами миллат бори нахуст «Девон» ва ҳам «Осори мунтахаби Сайфуддини Исфарангӣ» нашр ва ба мардуми фарҳангии Исфара тақдим гардид. Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми соли 2017 худ бозгӯйи онанд, ки дастовардҳои меҳнаткашони мо дар самту соҳаҳои фаъолият – чи иқтисодиёту саноат ва чи иҷтимоиёту фарҳанг назаррас ва шоёни таҳсин аст. Дар ин росто умедворам, ки ниҳолакони дар масоҳати 140 гектар боғоти нав, 156 гектар боғоти аз нав барқароргардида шинонидаи мардуми боғпарвари мо солиёни наздик боровар мешавад ва аз меваҳои хуштамъи онҳо пиру барнои диёр даҳон ширин хоҳанд кард.
Боварии комил дорам, ки беш аз 30 иншоотҳои муҳими иҷтимоию истеҳсолии давоми сол бунёднамудаи мардуми созандаю бунёдкори мо, аз ҷумла 5 корхонаю коргоҳҳои навбунёди истеҳсолӣ оянда ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр мусоидати созгор ва даҳсолаҳо ба сокинони шаҳру деҳотамон неку шоиста хизмат мекунанд. Ҳамчунон, умед дорам, ки силсилаи варзишгоҳҳои хурди муосири давоми ин сол бунёдгардида, ки теъдоди онҳо ба 25 адад расидааст, чун макони тақвиятбахшии ҷисмонӣ ва нерӯмандии наврасону ҷавонони мо ва оммавигардии варзиш дар байни аҳли ҷомеа солиёни зиёд истифода хоҳанд гашт. Итминони комил дорем, ки Соли нави мелодии 2018, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст, барои мардуми саодатманди диёр соли бахосияту бобарор, пур аз файзу баракат ва соли фатҳу кушоишҳои бузург мегардад, ба мулки мо ободиву осоиш, файзу сафо ва нишоти бештар меорад.
Махсуда Тӯхтаева (дар расм) Н/И Амали хайр -истиқоматкунандаи маркази шаҳр орзу дошт, ки ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардад. Вай бо ин мақсад пасандозҳои худро барои рӯзҳои нек нигоҳ медошт. Вақте ки моҳи августи соли си- ниёни шаҳр ба хисороти зиёде дида ба миён омад, Махсуда бепаришуда дар натиҷаи фарома- рӯ ба рӯ гашта, зарурати таъмиру дудилагӣ ва дастгирии мақомодани сели калон шаҳраки Сомо- навсозии аксар ҷойҳои харобгар- ти иҷроияи ҳокимияти давлатии
Пул аз пули Ҳаҷ
Пайғоми солинавии Паём Андешаҳо атрофи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Моҳрӯ ТӮРАЕВА, мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳр: -Президенти мамлакат зимни ироаи Паём дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз ширкати фаъолонаи ҷавонон дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ ва ҳиссаи сазовори онҳо дар корҳои ободониву бунёдкорӣ аз ҷумла зикр намуданд: "...зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд". Мо аллакай дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паём садо доданд, ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои давраи минбаъдаи фаъолияти худ шурӯъ кардем, ки тадбирҳоро баҳри болобарии сатҳи эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулияти ватандорӣ, ҳушёриву зиракии сиёсӣ, донишомӯзиву азхудкунии технологияи муосир, пешгирии қонунвайронкуниву ҷинояткорӣ, мубориза алайҳи тақлидҳои ноҷо ба маданияти либоспӯшии ба фарҳанги миллати мо бегона, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби арзишҳои пурғановати миллӣ, тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва оммавӣ гардонидани он, фаъолнокӣ дар ҳамаи ҷабҳаҳои маъракаи бузурги бунёдкориву созандагӣ ва ҷалби теъдоди ҳарчи бештари ҷавонон ба раванди эҳёи ҳанарҳои мардумӣ дар бар хоҳад гирифт. Маҳмуд МАҲМУДОВ, соҳибкор: - Чун ҳарсола Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш низ нисбати соҳибкорон таваҷҷуҳ ва дастгирии хешро баён доштанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо он аст, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба ғайр аз санҷишҳои нақшавӣ ба муддати ду сол мораторий эълон карда шуд. Ин иқдом боис мешавад, ки фаъолияти истеҳсолии соҳибкорон тадриҷан густариш ёфта, саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти Ватанамон бештару босамартар гардад. Каромат МАҲКАМОВА, омӯзгори мтму № 31: - Аз Паёми имсолаи Пешвои мил-
шаҳр барои бунёди пули нав аз болои селроҳаи шаҳрак камари ҳиммат баст. Ӯ маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъкардаашро пурра барои бунёди пули мошину одамгузари ин ҷо масраф намуда, бо ин амали савоб сокинону меҳмонони шаҳракро шоду мамнун гардонд. С. АНӮШЕРВОН.
латамон, мо аҳли маориф ниҳоят руҳбаланд гаштем. Воқеан ҳам Тоҷикистон аз замони ба истиқлолияти давлатӣ ноил гардидан ба инкишофу пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, минҷумла маориф рӯ ниҳода, имрӯз ба яке аз кишварҳои тараққиёбанда табдил ёфтааст. Боиси сарфарозӣ аст, ки Садри муаззами давлат дар Паёми навбатӣ чунин изхори ақида намуданд: Тоҷикистон дар соли 2017 аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 104 давлати ҷаҳон ҷои 54-ум ва дар байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке за ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Бешубҳа, ин дастоварди бузурги соҳаи мактабу маорифи мамлакат аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат сарчашма мегирад ва мо, маорифчиёнро барои боз ҳам зиёдтар заҳмат кашидан, сатҳу сифати таълиму тарбияро беҳтар намудан, насли босаводу худшинос ва меҳнатдӯсту ватанпарварро ба камол расонидан талқин менамояд. Шарифҷон МУРОДАЛИЕВ, сокини маркази шаҳр: -Соли 2018 бо пешниҳоди Президенти мамлакатамон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд. Агар дар хусуси соҳаи сайёҳӣ андеша намоем, дар ҳақиқат кишвари кӯҳистони мо бо обу ҳавои тоза, табиату зебову дилфиреб ва мавзеъҳои таърихиву ёдгориҳои аз гузаштагони соҳибфарҳангамон ба мерос монда машҳури ҷаҳониён гаштааст. Шаҳри қадимаю ҳамешаҷавони Исфара дар ин росто истисно нест. Дар ин гӯшаи афсонавии рӯз аз рӯз ободтару хушнамотар шудаистодаи мамлакат истироҳатгоҳу зиёратҷойҳое ҳастанд, ки метавонанд дӯстдорони сайру саёҳатро аз дохилу хориҷи Тоҷикистон ба худ ҷалб намоянд. Албатта, барои роҳандозӣ намудани тадбирҳо баҳри рушди сайёхӣ дар Исфара бунёди иншотҳо ва инфрасохтори зарурии мутобиқ ба талаботи замони муосир ҷалби соҳибкорони худӣ ва сармояи хориҷӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Бо ин васила метавон шинохту муаррифии таъриху фарҳанг ва ҳунарҳои бебаҳои мардуми Исфараро дар олами сайёҳӣ дар сатҳу сифати баланд қарор дод.