01 2016

Page 1

СОЛИ НАВ МУБОРАК БОШАД! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

Оғози нашр 24/04/1932 ***

ИСФАРА

№ 1 (9136) ***

Панҷшанбе,

31 декабри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА лари ИМА) дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ, роҳандозии сохтмони зиёда аз 60 иншоотҳои таъиноти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла бунёду баистифодадиҳии иншоотҳои аҳамияти бузурги иҷтимоидошта - шабакаи оби нӯшокии «Навобод-Сомониён-Моҳпарӣ», азнавсозии шабакаҳои обрасонии шаҳр, ифтитоҳи 7 корхонаю коргоҳҳои навтаъсиси истеҳсолӣ ва 12 маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои шаҳру деҳот, бунёди беш аз 60 гектар боғи нав ва амсоли ин худ далели тақвиятёбии дастовардҳои мо дар ҳама самту соҳаҳои фаъолият аст. Дӯстони азиз! Соли навии мелодии 2016 ба таърихи давлатдории мо ҳамчун таҷлили ҷашни бузурги миллию давлатиамон 25умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад. Итминони комил дорам, ки Соли нав барои ҳамаи мо соли фатҳу кушоишҳои тоза, соли бофайзу пурбаракат ва соли қадамҳои устувор ба сӯйи рушди ҳарчи бештари кишвари соҳибистиқлоламон хоҳад гашт. Бо чунин умедҳои нек дар ин рӯзҳои фараҳбахш ба ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони азиз тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек, ба хонадонатон ободиву осоиш ва дар кору фаъолиятатон ба хотири пешрафту ободии таърихи навини давлатдории мо нақш Исфараи зебоманзар пешомадҳои нек, хоҳад баст. барору дастовардҳои тоза ва пирӯзию Татбиқи 205 лоиҳаҳои дар соли 2015 сарбаландиҳо орзумандам. ба нақша гирифташудаи «Барномаи Таманнои онро дорам, ки дар Соли рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ис- нав ҳар орзую омоли дар қалби худ дофара барои солҳои 2013-2017» бо ма- штаи мардуми мо ҷомаи амал пӯшад. блағи умумии 42,1 миллион сомонӣ, таъСоли нави мелодӣ бароятон мубомини амалигашти 23 лоиҳаҳои гуногуни рак бод! иқтисодиву иҷтимоӣ бо маблағи 13 млн. 50 ҳазор сомонӣ (муодили 1,8 млн. дол-

Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шаҳр:

Бигузор дар Соли Нав ниятхоятон амали шаванд

Ҳамдиёрони арҷманд! Мусаллам аст, ки Соли нав дар таърихи тамаддуни башарият, сарфи назар аз он, ки ба кадом намуди солшуморӣ тааллуқ дорад, бо фарорасӣ ва қадами хуҷастаи худ ба қалбҳои инсоният ҳамеша хушнудиву хушҳолӣ ва умеду орзуҳои тоза меорад. Инак, мувофиқи солшумории мелодӣ соли нави 2016 фаро мерасад ва ба ин муносибат, бо қалби саршор аз самимияту фараҳмандӣ ман ҳар яки Шуморо табрику таҳният мегӯям ва орзуманди рӯзгори хушу осуда, файзу баракат ва саодати зиндагии хонадони шумо ҳастам. Ба ҳукми анъанаи нек, агар дар остонаи Соли нав ба роҳи сипарикардаи шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соли рафтаистода назар андозем, равшану возеҳ мебинем, ки соли 2015 чун соли баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, соли арҷгузорӣ ба хидматҳои бузургу бебаҳои поягузори давлатдории навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли оила ва дар маҷмӯъ чун як соли неку бахосият дар

БАРФИ ВАФО Нав-нав ба мо Соли нав хату хабар биёрад, Пайғому муждаи нек аз дуру бар биёрад. Бар ташнагони дидор, ба дидаҳои бедор, Бар шоми интизорон буйи саҳар биёрад. Аз дар бадар барои рӯзӣ равем ҳама рӯз, Моро Худо кунад, ки бозам ба дар биёрад. Дар боми зиндагонӣ, дар пои ёри ҷонӣ, Барфи вафо бирезад, ширу шакар биёрад. Дар боғи навниҳолон, бар ишқи наввисолон, Бар умри комҷӯён баргу самар биёрад. Бахташ баланд боду Соли наваш муборак, Моро ба некӣ ҳар кӣ пеши назар биёрад. Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.

Н/И

Навгониҳои солинавӣ

Гармхонаи лиму Сарвари корхонаи банду басти меваи «Исфарафуд» Ҷамшед

Нихоли бодом аз Эрон Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҳамроҳхӯҷа Мукаррамов аз ҳисоби заминҳои захиравӣ ба 1,5 гектар ниҳолҳои себу шафтолу шинонд, ки ба таври интенсивӣ парвариш ёфта, мевааш минбаъд ба хориҷи кишвар соди-

Бузуруков ба иқдоми дигари хайр даст зад. Ӯ дар рӯйи ҳавлии корхона гармхонаи лимӯпарварӣ бунёд карда истодааст. Ба наздикӣ аз шаҳри Норак ниҳолҳои хушнавъи лимӯ оварда, дар гармхонаи нав шинонида мешавад. рот мегардад. -Боғдорони мо азми бунёди 3 гектар боғи сиёҳолу дошта, ғайр аз ин дар 20 ҳисса барои таҷриба ниҳоли бодом шинониданианд. Ниҳолҳо аз Ҷумҳурии Эрон дастрас карда хоҳад шуд, - гуфт сарвари он Аюбхӯҷа Яҳёхӯҷаев. Мирилёс ҲАМЗАЕВ, муовини сардори раёсати кишоварзӣ.

Н/И

Аз Иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ

Соли 2015 соли пешрафтхо Таҳти сарварии раиси шаҳр, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум доир гардид. Дар ҷараёни он ҳисоботи раиси шаҳр «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара дар ёздаҳ моҳи соли 2015» шунида шуд. Маълум гардид, ки дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти шаҳр пешравиҳои муайян ба амал омадаанд. Дар рафти иҷлосия Зоҳидзода Даврони Абдуқодир вакилон ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро бо фарорасии Соли нави мелодӣ сидқан шодбош гуфта, таманнои онро кард, ки соли 2016-ум барои Тоҷикистониён, аз ҷумла сокинони шаҳру деҳоти Исфара соли фатҳу кушоишҳои тоза ва соли қадамҳои устувор ба сӯйи рушди ҳарчи бештари кишвар гардад. Минбаъд вакилони Маҷлиси шаҳрӣ масъалаҳо «Оид ба иҷроиши буҷети соли 2014 ва тасдиқи буҷети давлатии шаҳр барои соли 2016», «Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2016», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Исфара дар соли 2015»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд. Ҳамчунин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Сари осиё», № 5 Фотима Ҷалилова дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот пешниҳод намуд. Дар анҷом вакилони Маҷиси шаҳрӣ як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ карданд.

Н/И

Дар арафаи Соли Нав

Кудаконро шод карданд Дар арафаи фарорасии Соли нав дар мактаб-парваришгоҳи махсуси бачаҳои қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр маҳфили идона баргузор гардид. Муовини раиси шаҳр Маҳмудзода Ҳакимхон ва ҷонишини директори генералии «Корхонаи кимиёвӣ» Ҷаъфархӯҷа Ҳайдаров устодон ва тарбиятгирандагони ин боргоҳи маърифатро бо ҷашни зебову фархунда муборакбод гуфта, барояшон дар соли нав фатҳи қуллаҳои нав ба нави азхудсозии илмҳои замонаро таманно карданд. ҶСК «Ориёнбонк» бо густурдани дастархони пурнозу неъмати идона ва ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ» бо халтаҳои пур аз шириниҳову як адад телевизори плазмавӣ кӯдаконро шод намуданд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.