Ozodagon 307

Page 1

"Дигар ба Русия наоед" ДИДГОЊ

4

Ў дар зиндон аст, аммо аќидањояш озоданд САРНАВИШТ

 5 ИЉТИМОЪ

Ман душманам ба њар чї ѓуломию бандагист!

№47 (307) 11 декабри соли 2013

12 соли нафаќахўриву 10 соли семичкафурўшї 5

Лентабур њамеша пайдо мешавад

E-mail:ozodagon@mail.ru

ТАЗОЊУРОТ ДАР ДАФТАРИ ЊИЗБИ СИЁСЇ "Инњо боз пеши Њољї Мирзо мераванду дуъо металабанд".

ЯК КЛИПИ НИМАУРЁН...


2

№47 (307) 11 декабри соли 2013

рухдод МУЖДА

Хадамоти зиддимонополї аз арзоншавии сўзишворї хабар дод

Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон мегўяд, сар аз њафтаи равон, нархи маводи сўхт дар кишвар то 20 дарсад коњиш хоњад ёфт. Тавре аз ин нињод ба "Озодагон" иттилоъ доданд, аллакай бензини навъи АИ 98 дар нуќтањои фурўши сўзишвории Душанбе 6,3 сомонї, АИ 95 - 6 сомонї, АИ 92-5,2 сомонї ва АИ 80 4,8 сомонї сари як литтро ташкил медињад. Манбаъ таъкид намуд, ки арзонишавии нарх ба лаѓви бољи содиротии Русия ва вуруди сўзишвории бебољ рабт дорад. Хадамоти зиддиинњисории Тољикистон гуфт, "Газпром" пешнињодњои наваш дар бораи нархро рўзи љумъаи њафтаи гузашта ироа намуд ва имкон дорад баъди омўзишњо нархњо боз арзонтар шаванд. "Газпром", калонтарин ширкати воридкунандаи сўзишворї дар кишвар аз вуруди аввалин сўзишвории бебољ ба кишвар хабар дода, таъкид намудааст, ки нархњоро дар нуќтањои сўзишвории шимоли кишвар низ поён бурдааст, ки нисбати нархњо дар Душанбе њудуди 40 дирам арзонтар мебошанд. Созишнома миёни њукумати Тољикистон ва Русия оиди лаѓви бољи содиротї зимни интиќоли маводи сўхт аз Русия ба Тољикистон аз рўзи 12-уми ноябри соли равон мавриди иљро ќарор гирифт. Тибќи ин созишнома Русия уњдадор мешавад, ки аз маводи сўхт, ки ба Тољикистон равона шудааст, бољи содиротї наситонад. Тољикистон уњдадор шудааст, ки маводи сўхти тариќи имтиёз гирифтаашро ба кишварњои сеюм содир накунад. Дар созишнома омадааст, ки дар сурати ошкор шудани содироти сўзишвории Русия ба кишвари сеюм, љониби Русия огоњинома мефиристад ва давоми ду моњ њаќ дорад, созишномаро яктарафа ќатъ кунад. Ин дар њолест, ки то њол аз њар тонна маводи сўхти Русия зимни интиќол ба Тољикистон њудуди 300 доллар бољи содиротї ситонда мешуд.

ИМТИЁЗ

Данѓара аз "лимит" барзиёд барќ мегирад

Данѓара, ягона ноњияи Тољикистон аст, ки лимит дар он риоя мешавад ва њатто аз меъёр барзиёд барќ мегирад. Иттифоќи истеъмолгарони Тољикистон, ки сатњи таъминот бо барќ дар навоњии кишварро пайгирї мекунад, њисоб кардааст, ки аз 10-уми ноябр то аввали моњи декабр ноњияи Данѓара ба њисоби миёна дар як шабонарўз 11 соат барќ гирифтааст, ки аз меъёри лимит барзиёд аст. Ин дар њолест, ки ба иттилои ин иттифоќ дар навоњии дигари Тољикистон лимит риоя намешавад ва мардум ба љои 9 соат дар як шабонарўз 5-8 соат барќ мегиранд. Тибќи њисоби Иттифоќи истеъмолгарони Тољикистон, давоми моњи ноябр дар навоњии тобеи марказ Њисор, Файзобод, Турсунзода ба њисоби миёна 6 соат, Нуробод - 8 соат ва дигарон 7 соатї барќ гирифтаанд. Дар вилояти Суѓд ноњияи Зафаробод 5 соат ва навоњии дигар 6-7 соатї барќ гирифтаанд. Дар вилояти Хатлон ба њисоби Иттифоќи истеъмолгарони Тољикистон ноњияи Данѓара 11 соат, Ховалингу Сарбанд 8 соат ва навоњии дигари вилоят 7 соатї барќ дастрас кардаанд. Шањри Кўлоб дар моњи ноябр ба њисоби миёна 14 соат дар як шабонарўз бо барќ таъмин будааст. Ширкати "Барќи тољик" соли равон барои сарфаи

ЊАМСОЯДОРЇ

Оѓози гуфтушуниди Душанбею Тошканд барои интиќоли газ

Тољикистон барои харидории газ дар соли 2014 бо Узбакистон гуфтушунидро оѓоз кардааст.

Саидањмад Шарофиддинов, сардори "Тољиктрансгаз", рўзи 9 декабр, дар суњбат бо хабаргузории "Озодагон" гуфт, аллакай тариќи хаттї гуфтушунидро бо маќомоти узбак барои харидории газ дар соли 2014 оѓоз кардаем: "Мо дархостро ирсол карда, умед дорем, ки љавоби мусбат хоњем гирифт." Ин дар њолест, ки Узбакистон аз аввали соли равон интиќоли гази табииро ба Тољикистон ќатъ намудааст, ки дар натиља ба гуфтаи раиси "Тољиктрансгаз" айни њол 50 дарсади коргарони ширкат бекор мондаанд: "Нисфи коргарњоямон дар рухсатии бемуњлат ќарор доранд ва боќимонда њоло дар љои коранд. Умед дорем, аз соли оянда њама ба љои кори худ бармегарданд." Узбакистон то аввали соли равон ягона таъминкунандаи Тољикистон бо гази табиї мањсуб меёфт, ки газаш асосан барои таъмини талаботи корхонаи "Талко" ва "Тољиксемент" равона мешуд. Аммо аз аввали соли равон интиќоли газ аз Узбакистон пурра ќатъ гардид.

ИДДАО

Файзиннисо Воњидова: "Иттилои Вазорати дохила дурўѓ аст"

Файзиннисо Воњидова, вакили мудофеъ, иттилои Вазорати умури дохилиро дар бораи барканории маъмурони пулис дар пайи аз ошёнаи 3-юм ба замин партофтани Умедљон Тољиев, як сокини ноњияи Исфара, дурўѓ номид. Воњидова гуфт, ба иттилои ВКД гўиё 5 корманди пулиси шањри Исфара дар пайи аз ошёнаи 3-юм худро партофтани Умедљон Тољиев аз кор озод шудаанд, ки асоси воќеї надорад. Ў афзуд, айни њол њамаи кормандони шуъбаи умури дохилии Исфара дар љойњои худ кор карда истодаанд ва санљише њам дар ин самт пеш нарафта истодааст. Файзинисо Воњидова, вакили мудофеи Зуњур Иброњимов, ки њамроњ бо Тољиев дар узвият дар Њаракати исломии Узбакистон муттањам мешавад, афзуд, ки ахиран бо Тољиев низ суњбате доштааст: "Се соате, рўзи 9-уми декабр бо онњо будам Умед Тољиев мегиристу мегуфт гунањгор нестам, маро лату куб карданд. Лекин бо вуљуди ин њама азобу шиканља ў ягон нишондоди иќрорї надодааст." Умедљон Тољиев, узви ЊНИТ, моњи гузашта аз беморхонаи Исфара ба СИЗО-и Хуљанд интиќол ёфт. Ў 30 октябр аз сўи маъмурони пулис ба љурми "њуќуќвайронкунии маъмурї" боздошт шуда, баъдан ба ташкили иттињоди љиної айбдор гардид. Аммо рўзи 2 ноябр ў бо љароњатњои вазнин ба бемористон интиќол ёфт ва маќомот дар шарњи ин њодиса гуфтанд, ки Умедљон Тољиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад. Дар пайи ин њодиса, Вазорати умури дохилии Тољикистон бо пахши як хабар аз барканории чанд тан аз кормандони пулиси Исфара дар робита ба ин ќазия хабар дод. Масъулон ин нињод гуфтанд, бемасъулияти ин афрод сабаб шудааст, ки Тољиев худро аз тирезаи Шўъбаи корњои дохилї ба зер афканда ва маљруњ кунад.

обу энержї рељаи мањдудияти барќ ё худ лимитро њанўз 26-уми октябр љорї намуда, баъдтар онро шадидтар намуд. Айни њол ба иттилои ин ширкат мардуми навоњии кишвар бояд аз соати 5-00 то 9-00-и субњ ва аз соати 17:00 то 22:00-и шаб барќ гиранд, ки дар амал пурра иљро нашуда истодааст. Ин дар њолест, ки ќаблан гуфта мешуд, мањдудият ба шањрњои Душанбе, Хуљанд, Ќўрѓонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад.

ИЌРОР

Маќомот: "Ќатли Мунирхон Хољаев ба муаллимияш рабт надорад"

Маќомоти Раёсати умури дохилии вилояти Суѓд мегўянд, латту кўб ва марги Мунирхон Хољаев, устоди Донишгоњи давлатии Хуљанд (ДДХ), ба фаъолияти ў рабт надорад. Як масъули Раёсат, ки бо "Озодагон" сўњбат мекард, гуфт, ин хулосаи пешакист ва њанўз тафтишоти њодиса ба анљом нарасидааст. Вале, ба ќавли мусоњиби мо, ду нафар, ки яке сокини Бадахшону дигарї аз Хатлон будааст, ба гумони даст доштан дар ќатли Мунирхон Хољаев боздошт шудаанд. Њарчанд аз муттањамон ном бурда намешавад, вале маќомот мегўянд, онњо баъд аз он ки Хољаевро латту кўб намудаанд, аз љайбаш маблаѓ гирифтаанд. Ќаблан, бархе аз огоњони њодиса дар шабакањои иљтимої навишта буданд, ки гўиё дар марги номзади илм Мунирхон

Хољаев яке аз донишљўёни Донишгоњи давлатии Хуљанд даст дорад. Вале Раёсати умури дохилї ин фарзияро рад карда ва гуфт, гумонбарон аслан донишљў нестанд. Љасади Мунирхон Хољаеви 49-сола субњи 5 декабри соли љорї дар мањаллаи "Гулистон"-и Хуљанд ёфт шуда, сипас дар бемористон љон додааст. Маќомот мегўянд, ў мавриди латту кўби шадид ќарор гирифтааст. Дар сўњбат бо "Озодагон" њамкорони Хољаев аз ў бо некї ёд карда, вайро марди њалиму беозор донистанд. Онњо гуфтанд, мавриди латту кўб ќарор гирифтани ў њанўз боварнакарданист ва суолњои зиёдеро халќ кардааст.

МАВЌЕЪ

"Она меня раздражает" Ё дари баста ба рўи модари Аниса

Як сокини шањри Душанбе аз бархўрди номуносиби маъмурияти мактаби миёнаи раќами 14-и пойтахт бо волидайни донишомўзон шикоят дорад. Гулдаста Њайдарова, ин сокини пойтахт, мегўяд, маъмурияти таълимгоњи мазкур ба ў иљоза намедињанд, то дар яке аз дарсњои фарзандаш - Аниса, хонандаи синфи 3-и мактаби миёнаи №14, иштирок кунад. Хонум Њайдарова рўзи 10 декабр дар суњбат бо "Озодагон" гуфт, маъмурияти ин таълимгоњ ба ў гуфтаанд, "ту наметавонї дар дарси тарбияи љисмонии фарзанди худ иштирок намої." Ба гуфтаи ин модари тољик, маъмурияти таълимгоњ ба ў сабаби ин мамнўиятро шарњ дода, изњор намудаанд, ки муаллим мегўяд, хонум Њайдарова набояд, дар дарсњои ман иштирок кунад, чун "она меня раздражает." Аз сўи дигар, маъмурияти таълимгоњ ба хонум Њайда-

рова гуфтаанд, њар волидайне, ки мехоњад дар яке аз дарсњои фарзандаш иштирок намояд, сараввал ў бояд ба рањбарияти мактаб ариза пешнињод кунад: "Азбаски Шумо ба мо ариза нанавиштаед, мо њаќќи иљоза доданро надорем." Модари Аниса меафзояд, дар њоле тасмим гирифтааст, дар яке аз дарсњои фарзандаш иштирок кунад, ки ваќтњои охир духтари ў аз муаллими тарбияи љисмонї бисёр шикоят дорад. Аниса гуфтааст, ин муаллим пайваста ўро ба хотири ранг ва навъи сару либосаш миёни њамсабаќон мавриди мазамат ќарор медињад. Мо барои дарёфти шарњи маъмурияти мактаби раќами 14-и пойтахт тамос гирифтем, вале онњо аз гуфтани њарфе дар ин замина худдорї карданд.

ЊИКМАТИ ЊАФТА

Њамаи мо дар ботлоќ гирифторем, фаќат баъзењо ба ситорањо менигаранд.

Оскар УАЙЛД


№47 (307) 11 декабри соли 2013

3

сиёсат Рањбари ЊСДТ субњи 10-уми декабр нишасти матбуотї баргузор намуда, бештар атрофи бардошти худ доир ба њаводиси Киев сўњбат мекард. Аммо якбора њудуди 20 тан, аксаран занону љавонон, ба ќароргоњи Њизби сотсиалдемократи Тољикистон (ЊСДТ), ки нишаст он љо баргузор шуда буд, ба нишони эътироз љамъ омада, аз хабарнигорон хостанд, ба њарфњои ў гўш надињанд.

Я

к гурўњи тазоњуротчиён, ки вориди ќароргоњи ЊСДТ шуда буданд, гуфтанд, Зои ров яке аз ташкилкунандагони ноамнињо дар тобистони соли гузашта дар Хоруѓ, маркази Бадахшон, буд. "Ўро гўш накунед. Зоиров кист, ки рафта дар Украина ва Ќирѓизистон эълон медорад, интихобот дар Тољикистон ѓайридемократї баргузор шудааст ва Эмомалї Рањмон президенти ќонунї нест? Ба гапњои вай гўш надињед",-таъкид карданд онњо дар хитоб ба журналистон. Яке аз ин занњо, ки худро Назокат Алимова муаррифї кард, гуфт, ў дар тазоњуроти шањрвандон дар назди сафоратхонаи Амрико дар моњи апрел низ иштирок кардааст. Вай афзуд, аслан хабар надошт, ки дар дохил чї мешавад: "Аз пеши дарвоза омадам, гуфтанд, ки дарову сўњбат кун. Ман њам даромада гапњоямро гуфтам. Охир, њамин тинљии кишвар ба кї намефорад? Њамин президенти мо Эмомалї Рањмон аст." Ин дар њолест, ки тамоми гурўњи тазоњургарон худро дар дохили дафтари Рањматилло Зойиров њамчун њамсояњои ў муаррифї карданд. Ин гурўњи занон худро муаррифї накарда ва гуфтанд, хабари нишасти матбуотии Зоировро аз шабакаи интернет фањмидаанд. Њарчанд Зоиров ва дигар масъулони ЊСДТ гуфтанд, ин нишасти хабарї ба президент Рањмон дахл надорад, вале занњо бовар накарданд. Чун ба гуфтаи онњо, "Зоиров њамеша ва дар њама љо дар бораи њукумату Рањмон менависад ва сухан мегўяд." "Мо як гурўњ заноне њастем, ки оромї мехоњем. Монед, оромона зиндагї кунем",-афзуданд онњо. Дар пайи чунин шўру маѓали тазоњургарон нишасти хабарии Рањматилло Зоиров ќатъ шуд ва худи ў эълон кард, ки сўњбатро ба ваќти дигар мемонад.

"Љанг"-и занон дар ќароргоњи ЊСДТ: Махсус ё тасодуф? Агарчї маќомоти Тољикистон дар бораи эътирози як гурўњи 20-нафарї дар ќароргоњи Њизби сотсиал-демократ ва халалдор кардани нишасти хабарии Рањма-

ЗУЊУРИ НАВБАТИИ "ЉОМЕАИ ШАЊРВАНДЇ" ДАР ДАФТАРИ ЗОЙИРОВ

тилло Зоиров дар он љо њарфе нагуфтаанд, мухолифон онро як амали тарњрезишуда медонанд. Рањматилло Зоиров, рањбари ЊСДТ, мегўяд, эътирозгарон танњо бо њадафи халалдор кардани нишасти хабарии ў вориди дафтари кориаш нашуда буданд: "Ин гурўњ мехостанд, ман ба эњсосот дода шуда, ба ягонтои онњо даст бардорам. Ба ман њамњизбињо гуфтанд, ки ду-се нафари онњо миёни дафтару китоби худ кадом ашёеро њам доштаанд. Онњо мехостанд, кор ранги дигар бигирад, задухўрде ба амал ояд. Аммо мо њамаи суханњои онњоро хеле оромона ќабул кардем." Раиси Њизби сотсиал-демократ ва аз мухолифони ашаддии њукумати Эмомалї Рањмон мегўяд, њатто замоне ки аз дафтари кориаш берун омад, занон аз паси ў ќадам монда, дашном медоданд. "Онњо интизори он буданд, ки як љанљоле ба вуќўъ пайвандад",-афзуд Зоиров. Рањматилло Зоиров мутмаин аст, ки ин тазоњурот сад дарсад аз тарафи маќомот тарњрезї шуда, њукумати ноњияи Сино

барои сурат гирифтани он мусоидат намудааст. Дар робита ба шикоят бурдан ё набурданаш ба Вазорати умури дохилї, Зоиров гуфт, њоло тасмим нагирифтаааст ва эњтимол шикоят набарад.

Чаро ва барои чї? Парвиз Муллољонов, тањлилгари масоили сиёсї, њам мегўяд, ЊСДТ имкони шикоят бурдан ба маќомотро надорад. Зеро, ба ќавли ў, аз хабарњо бармеояд, ки ин гурўњ танњо эътироз аз суханони Зоиров кардаанд, ки ин тибќи ќонунгузории кишвар њаќќи њар шањрванд аст: "Аммо ин ки занону мардон, умуман эътирозгарон, худро муаррифї накардаанд, ки шубњаву бањсњоеро ба вуљуд меорад. Њоло даќиќ кардани шахсияти ин ашхос мушкил хоњад шуд." Ба назари ин тањлилгари тољик, дар дафтари кории Зоиров тазоњуроте рух додааст, ки њаќќу ноњаќ будани он исботношаванда аст. Ин дар њолест, ки ба иддаои Мањмадалї Њайит, муовини раиси

Њизби нањзати исломии Тољикистон, эътироз дар дафтари кории Зоиров амали фармоишї ва паём ба њамаи мухолифон аст. Ба гуфтаи оќои Њайит, гурўњи мазкур бо дархости махсус даст ба ин тазоњурот задаанд. "Ин паёми манфї барои тамоми њизбњои сиёсї ва љомеаи шањрвандї мебошад",-илова намуд Мањмадалї Њайит.

Норушанї… Аммо талоши мо барои дарёфти мавќеи Вазорати умури дохилии Тољикистон дар бораи ин эътироз ва занону мардоне, ки алайњи Зоиров шиор медоданд, бенатиља буд. Њарчанд гуфта мешавад, бархе аз эътирозгарон дар тазоњуроти рўзи панљуми апрели соли љорї дар назди Сафорати Амрико дар Душанбе низ њузур дошта, алайњи озодии Абдумалик Абдуллољонов аз боздоштгоње дар Киев садо баланд карда буданд.

Њумайрои БАХТИЁР


4

№47 (307) 11 декабри соли 2013

дидгоњ

"ДИГАР БА РУСИЯ НАОЕД"

Хадамоти федеролии муњољирати Русия (ХФМР) бо роњандозии як амалиёти махсус ба ихрољи иљбории шањрвандони Тољикистон, ки дар ќаламрави ин кишвар машѓул ба коранд, оѓоз намудааст.

А

бдуманоф Амонов, шањр ванди ихрољшудаи Тољики стон аз Русия, шоми 8 де кабр њангоми берун шудан аз фурудгоњи Душанбе дар суњбат бо "Озодагон" гуфт, шурўъ аз 1 декабри соли љорї дар шањри Самараи Русия амалиёти берункунии муњољирони тољик оѓоз гардидааст, ки дар пайи он то кунун дањњо сокини кишвар ба ватан фиристода шудаанд. Ин муњољири тољик мегўяд, шањрвандони Тољикистон аз сўи кормандони Хадамоти федеролии муњољирати Русия дар фурудгоњи Самара дар њоле боздошт мешаванд, ки онњо њеч мушкиле дар њуљљатњои худ надоранд. "Рўзи 5 декабр, ки ман њамроњ бо 10 нафар аз шањрван-

дони Тољикистон бояд соати 24:00 аз фурудгоњи Самара ба самти Хуљанд парвоз мекардам, аз сўи кормандони Хадамоти муњољирати Русия боздошт шуда, ба њуљраи махсус интиќол ёфтем ва таќрибан баъди як соат эълон гардид, ки мо ба наќзи ќавонини будубош дар Русия муттањам мешавем ва њаќќи парвоз ба ватанро надорем. Сипас, моро ба яке аз шўъбаи корњои дохилии шањри Самара интиќол доданд",-афзуд ў. Ба гуфтаи Амонов, аз ин шањрвандони боздоштшудаи Тољикистон, ки гўиё ба ќавли Хадамоти федеролии муњољирати Русия дар наќзи ќавонини буду бош дар ќаламрави ин кишвар муттањам мешаванд, пеш аз ихрољ ба ватан, тариќи додгоњ аз њар яки эшон ба маблаѓи 2 њазор рубли русї љари-

ма ситонда мешавад: "Моро баъд аз ду-се рўзи боздошт ба додгоњ њозир намуда, бо ќарори ин нињод њар як нафарамонро 2000 рубли русї љарима намуда аз Русия ихрољ карданд." Дар њамин њол, муњољири дигари тољик ва њамсафари Амонов, ки худро Шањбоз муаррифї намуд, гуфт, ў низ бе ягон далел аз тарафи кормандони Хадамоти муњољирати Русия дар њоле боздошт шудааст, ки ба таври ќонунї дар Самара кор ва зиндагї мекард, вале бо вуљуди ин ў низ аз хоки ин кишвар ихрољ гардидааст. Мусоњиби мо афзуд, намояндагони Хадамоти федеролии муњољирати Русия ба таври ошкоро ба ў гуфтаанд, ки дигар ба ватани онњо наояду дар кишвари худ дунболи пайдои ризќу рузияш бошад.

Ин шањрвандони Тољикистон, ки ба ќавли эшон, ба таври иљборї ва ѓайриќонунї аз ќаламрави Русия берун карда шудаанд, мегўянд, дар њоле ки чунин амалиёт дар шањри Самараи Русия алайњи муњољирони кории тољик идома дорад, нафаре аз консулгарї ё Хадамоти муњољирати Тољикистон дар Русия садо баланд намекунад. "Аз намояндагони Хадамоти муњољират ва консулгарии Тољикистон дар ин ду рўзи боздошт касеро надидем",-афзуд ў. Њар сол њудуди 2 миллион шањрванди Тољикистон барои љустуљўи кор ба Русия рафта, солона њудуди 4 миллиард доллар ба кишвар пул мефиристанд.

Х. ЉУМЪАЗОДА

СЕ НАЗАР

Вуруди сўзишвории бебољ ќочоќи онро љилавгирї мекунад? Д

Зулфиќори ИСМОИЛИЁН, коршиноси иќтисодї

ар Тољикистон як чиз ќочоќро аз байн мебарад, ки агар ќимати бољро ба маводи сўзишворї илова накунанд. Ќочоќ замоне аз байн меравад, ки агар нархи бензинро ба таври маснуї боло набардоранд. Ба њисоби пешакї дар сурати бидуни бољ ворид шудани сузишворї нархи он дар Тољикистон бояд на бештар аз 3,80 ё 4 сомонї бошад. Агар ќимати маводи сузишворї дар шакли ќаблї боќї монад, яќин аст, ки ширкатњои русї боз барои воридоти он аз Ќирѓизистон даст хоњанд зад. Давлати Тољикистон бояд пеши роњи ќочоќро бигирад, чун ин ба буљаи кишвар фоида надошта, зарар дорад. Дар ин сурат бидуни пардохти бољ ворид кардани сузишворї танњо барои њамон ширкатњое манфиатовар хоњад буд, ки онро мефурўшанд. То љое ман иттилоъ дорам дар њоли њозир Тољикистон аз Русия 1 миллион тонна маводи сўзишворї дархост кардааст. Ин њам дар њолест, ки тибќи иттилои расмї дар соли 2011-12 Тољикистон њамагї ба 220 њазор тонна сўзишворї ниёз дорад. Шояд сабаби аз меъёр зиёд дархост кардани маводи сузишворї ин фурўши он ба кишвари саввум бошад, њарчанд атрофи боќї мондани ин банди созишнома миёни масъулини Тољикистон ва Русия хеле бањсњо шуда буд. Њоло дигар маълум нест, ки билохира Русия фурўши маводи сўзишвориро ба кишвари саввум аз тарафи Тољикистон иљоза дод ё хайр. Ба њар сурат эњтимол меравад, баъди бидуни бољ ворид шудани сўзишворї масъулини Тољикистон андози аксизиро баланд бардоранд.

А

Б

Зафар АБДУЛЛОЕВ, тањлилгари масоили иќтисодї

а назари ман ќочоќи сўзишворї он ваќт дар Тољикистон аз байн меравад, ки нархи он камтар бошад. Нахуст ќимати сузишворї бояд бо Ќирѓизистон баробар шавад. Дар асл маводи сўзишворї ба Тољикистон аз Ќирѓизистон ќочоќ мешавад. Зеро Ўзбакистон баъзан барои муддати тулонї ворид шудани вагонњои Тољикистонро дар њудуди кишвари худ нигоњ медорад. Бо ин вазъият масъулини ширкати "Газпром" њам шояд худ барои харидории маводи сўзишворї аз Ќирѓизистон иќдом кунанд. Албатта ќочоќ он ваќт аз байн хоњад рафт, ки нархи баланди сўзишворї аз байн равад.

Тўрахон САМАДОВ, вакили парлумон

лбатта ин таѓйирот бойиси љилавгирї аз ќочоќи маводи сўзишворї хоњад шуд. Ќаблтар парлумони кишвар як ќонун ќабул карда буд, ки он дар сурати амалї гардидан инњисори воридоти сўзишвориро аз байн мебарад. Умуман њамин гуна шароитро бояд ба вуљуд овард, ки њар ширкати њавасманд тавонад бо воридоти маводи сўзишворї ба Тољикистон машѓул гардад. Набояд фаромўш кард, ки бе бољ шудани воридоти маводи сўзишворї аз тарафи дигар боийси паст гардидани ќимати он хоњад шуд.


№47 (307) 11 декабри соли 2013

5

иљтимоъ

12 СОЛИ НАФАЌАХЎРИВУ 10 СОЛИ СЕМИЧКАФУРЎШЇ Оё Тољикистон давлати иљтимої аст?

Д

остони зиндагии зани "семичка"фурўше, ки дар акс суробашро мебинед, кўтоњ вале пурмаъност. Агар Мопассан, нависандаи забардасти Фаронса зинда мебуд, достони зиндагии ин занро ба ќалам мекашиду мо љараёни рўзгори худро дубора аз сар мегузарондем. Чун Мопассан зинда несту ин замон нависандае мисли ўро њам надорем, ќањрамонњое амсоли зани "семичка"фурўш аз назарњо дур афтодаанд ва мо аз дарки воќеияти рўзгори худ бебањра мондаем... ...Баъд аз нисфирўзињо, наздики шом таќрибан њар рўз ин зани "семичка"-фурўш дар гардиши мањаллаи маъруф ба Яккачинори пойтахт "дукон" мегустурад. Дуконаш оддист, њамагї аз як ќуттии картонї иборат аст. Асосан донаи офтобпараст мефурўшад. Гоњ-гоњ носу ќуруту "жвачка" њам ба савдо мегузорад. Мегўяд, савдояш бад нест. 4 то 5 соате, ки дукон-ќуттияшро мегустарад, аз 10 то 30-35 сомонї савдо мекунад. Даромади холисаш аз 5 то 20 сомонї дар рўзро ташкил медињад. Гоњ намози асру шомро дар назди дукон-ќуттиаш адо мекунад. Нишастан рўи санги сари роњ, мегўяд, агарчи сард аст, вале љисми ў одат кардааст. Роњгузарњои давру бараш ба ў эътибор намедињанд. Оне, ки харидори "семичкаву" носу ќурут аст,

хостаашро мебардораду меравад, дигар на нозир кордораш мешавад ва на ходим. Имсол хазони 70 - уминро пушти сар мекунад. Рўзгори љавониаш аз "одамњои советї" фарќияти кам дорад; мактабманзил, кори сањро дар колхозу совхоз, тўйи арусї, таваллуди фарзанд - дар маљмуъ зоњиран як зиндагии осуда. 7 фарзанд таваллуд кардааст, ки њоло 6 нафари эшон дар њаётанд. Яке писар, боќимонда духтар. Бештар дар бораи духтаронаш суњбат мекунад, аз хубии онњо наќл мекунад. Кўшиш мекунад писарашро камтар ёдовар шавад, вале намегўяд чаро. Шавњараш чанд сол муќаддам фавтидааст. Баъд аз пошхўрии шўравї саргардонињои зиёде насибаш шудааст. Фаррошї њам кардааст, дар маѓозањои бузург фурўшандагї њам... Аммо аз дањ сол ба ин сў "семичка" мефурўшад ва аз ин њисоб рўз мегузаронад. Мегўяд, 100 сомонї нафаќа мегирад, ки бо маблаѓи даромад аз фурўши "семичка" дар моњ њудуди 400-500 сомонї харљи рўзгораш мешавад. Њарчанд аз маишати рўзгораш шикоят намекунад, вале андуњи гароне даври чашмонаш хона нињодааст, ки гувоње бар ќалби пурдардаш аст. Мегўяд, гарчи тангии рўзгор водор ба "семичка"-фурўшиаш кардааст, аммо ин шуѓлро бештар барои

он пазируфтааст, ки намехоњад тан ба бекориву беорї биспорад... Ин достон гарчи њамин андоза аст, вале умќи нопайдое дорад. Пирзане, ки мебоист ин айём давлати пирї биронад ва шањди зиндагї биошомад, инак рўзњо бори сангини рўзгор мекашонад ва шабњо хаставу кўфтаву озурда сар ба болин мегузорад, то соате марг ба суроѓаш ояд ва ў ин љањонро ноосудаву роњатнадида падруд гўяд. Ў мебоист 12 сол инљониб (аз синне, ки ба нафаќа баромадааст) аз таваљљуњ ва ѓамхории беминнати давлат бархурдор мешуд. То љое, ки камтарин камбудї ва дасткўтоњиро эњсос намекард. Вале баръакс, мисли ин ки ба мањзи бознишаста шудан, машаќќату кулфати зиндагиаш дубора оѓоз шудааст. Мушоњида ва дарки рўзгори ин пирзан зиндагї дар Тољикистонро лухту урён ба намоиш мегузорад. Агар то аз пой афтодан андўхтеду сарф накардед ва ё фарзандони дастгире тарбият намудед, аз ранљи пирї осуда хоњед буд. Дар ѓайри сурат, то аз пой дарафтодан зањмат кашидеду танњо маош хўрдед ва дуздиву ѓарї накардед, ањволи пирзан домангиратон аст.

Ёќуби САИД, вижаи "Озодагон"

Додари Мањмадрўзї Искандаров:

"Ў ДАР ЗИНДОН АСТ, АММО АЌИДАЊОЯШ ОЗОДАНД" Наздикони Мањмадрўзї Искандаров, раиси Њизби демократи Тољикистон ва мудири собиќи "Тољикгаз", мегўянд, бо гузашти 8 сол аз замони зиндонї шудани ў њанўз барои озодияш талош доранд.

Темур Тошев, додари Мањмадрўзї Искандаров ва рањбари пешини дастгоњи Њизби демократ, дар як тамос бо "Озодагон" гуфт, "то њол талош дорем, бегуноњияш исбот шаваду аз кунљи зиндон рањо гардад. Додгоњи Тољикистон, дарвоќеъ, ўро ноњаќќона зиндонї кард." Вай мегўяд, бовар доранд, боздошти мармузи Мањмадрўзї Искандаров дар Русия ва зиндонї кардани ў дар Тољикистон аз аввал то ба охир ќазияи сиёсї буд, на иќтисодї: "Баъд аз ў чандин нафар рањбари "Тољикгаз" шуд. Ќарзи ин корхона зиёдтар гардиду камтар не. Вале касе дар мањбас нест. Ин њама гувоњи он аст, ки боздошту зиндонї кардани ў љанбаи сиёсї дошт. Чаро њатто баъд аз ду соле, ки аз рањбарї канор рафта буд, ягон додгоњ ўро даъват накард?!" Темур Тошев мегўяд, њарчанд бародари ў дар зиндон асту рўзгори ширинашро паси панљара мегузаронад, аммо аќидањои сиёсии ў дар озодиянд: "Бародарам дар охирин суханронияш дар додгоњ гуфта буд, маро зиндонї мекунед, вале баъдтар чандин Искандаровњои љавон пайдо мешаванд. Ваќтњои охир мебинам, ки дар Интернет љавонњо дар дохили кишвар ва берун аз он фаъол шудаву баъзеяшон босаводона мубоњисањои сиёсї мекунанд. Он гуфтањои бародарам ба ёдам меоянд ва фикр мекунам, ѓалат нагуфтааст." Додари Мањмадрўзї Искандаров, ки дар њоли њозир берун аз Тољикистон ќарор дорад, гуфт, бо хонаводааш тамоси телефонї дорад ва аз онњо пайваста дар бораи вазъи бародараш мепурсад. "Ањволаш хуб аст. Саломатиаш хуб аст. Ман аз сабаби он ки дар ѓарибї њастам, бо хешу табор телефонї сўњбат мекунаму аз ањволи ў њам мепурсам",-гуфт ў. Дар бораи он ки хонаводаи Искандаровро кї нигоњубин мекунад ва рўзгорашонро кї пеш мебарад, вай чунин посух дод: "Фарзанди хурдиаш дар Тољикистон аст ва аз роњи тиљорат аробаи зиндагиро мекашад." Мањмадрўзї Искандаров, раиси Њизби демократ ва мудири собиќи "Тољикгаз" соли 2005 бо љурми терроризм ва сўистифода аз маќом ба 23 соли зиндон мањкум шуда, соли гузашта натавонист дар дафни модараш дар Тољикобод иштирок кунад. Аммо Искандаров борњо худро бегуноњ дониста, гуфтааст, парвандааш ангезањои сиёсї дорад. Соли 2010 Додгоњи њуќуќи башари Аврупо низ боздошти раиси Њизби демократи Тољикистон дар Русия ва интиќоли ў ба Душанберо ѓайриќонунї дониста, Маскавро 30 000 евро љарима баст. Темур Тошев мегўяд, то њозир Русия ин маблаѓро пардохт накардааст. "Аслан мо ба ягон маблаѓ эњтиёљ надорем. Фаќат мехоњем, фарзанди падарамон дар озодї ва дар канори хонаводааш бошад. Дар пањлўямон набудани ўро сахт эњсос мекунем. Чаро ки ў натанњо бародари мо, балки роњбари мо буд",-таъкид дошт ў.


6

№47 (307) 11 декабри соли 2013

пурсиш

БА ГАРМШАВИИ МУНОСИБОТИ ТОШКАНДУ ДУШАНБЕ БОВАР ДОРЕД? Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили парлумон Ба гарм шудани равобит бо Ўзбакистон ман боварї дорам, чун мо решањои амиќи њамљаворї, њаммазњабї, њамсарњадї ва њатто хешутаборї дорем. Њазорон сол пеш сиёсатмадорони мо гуфта буданд, ки аз хеши дур дида њамсояи наздик хуб аст. Њамин њамљаворињои иќтисодиву иљтимоиву фарњангї маљбур мекунад, ки сарфи назар аз мушкилоти мављуда муносиботи Тољикистону Ўзбакистон дар оянда гарму мўътадил ва ба манфиъати њар ду миллат бошад.

Мањдии СОБИР, корманди масъули МТС Тавре президенти кишвар гуфта буд, Тољикистон дар њар давру замон омодааст бо Ўзбакистон муносибати дўстона дошта бошад. Ислом Каримов њам дар як баромади худ гуфта буд, ки нафароне мехоњанд моро бо Тољикистон љанг андозанд, вале мо сўи сухани онњо намеравем ва мо як халќем, ки бо ду забон бо њам гуфтугў мекунем ва бояд ба њам оем. Ин нишон медињад, ки њар ду роњбари кишвар мехоњанд муносибати дўстона дошта бошанд. Ўзбакистон дар Осиёи Марказї аз љињати иќтисодиву љамъиятї як кишвари ќавист ва ояндаи калон њам дорад. Барои њамин Ўзбакистон мехоњад, як давлати озод бошад ва сиёсатеро пеш гирад, ки ба манфиати худи ин кишвар бошад. Русия кўшиш мекунад, кишварњои Осиёи Марказиро дар Иттињоди АвруОсиё гирди њам оварад, вале агар ду кишвар- Туркаманистон ва Ўзбакистон ба ин иттињод ворид нашаванд, ин масъала то андозае њалнашуда боќї мемонад.

Абдуќаюм ЮСУПОВ, њуќуќшинос Ман ба гарм шудани муносибати Тошканду Душанбе боварї дорам. Зеро ин муносибатњо байни ду давлати њамсоя ва дўст мебошад. Аз дигар пањлў, муносибатњои байни давлатњо характери сиёсї доранду доимї нестанд ва онњо доимо гарм ё сард буда наметавонанд. Сиёсати геополитикии минтаќа водор мекунад, то давлатњои минтаќа бо якдигар муносибати хуб дошта бошанд. Зеро муносибатњои экологї ва иќтисодї моро ба якдигар вобаста мекунад. Чун поёнобњои Сирдарё ва Амударё аз Тољикистон баромада, ба Ўзбакистон мерезанд. Муносибатњои иќтисодї њам тариќи роњи

оњани Ўзбакистон сурат мегирад ва Тољикистон тариќи ин кишвар бо дигар давлатњо тиљорати коло вуљуд дорад. Њарчанд мо аз Аф?онистону Чин роњњои автомобилгард сохтему ба воситаи ин роњњо бор интиќол мегардад, аммо ин ба талаботи имрўзаи Тољикистон љавобгў намебошанд. Бе роњи оњан ин талаботро таъмин карда наметавонем.

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди ДСРТ Муносибати њамдигарии халќи тољик ва ўзбак, робитаи байни Тољикистону Ўзбакистон аз мубрамтарин мавзўъњои воситањои ахбори омма мебошад. Аз пайдоиши матбуоти шўравии тољик то ба имрўз замоне нест, ки матбуот ба таври љиддї ба ин чиз муносибат накарда бошад. Натанњо имрўз, балки дар замони шўравї низ масъалаи миллї, муносибатњои этникї мавриди эътироз ва бањсњои шадид ќарор мегирифт. Дар матбуоти Тољикистони соњибистиќлол ин маъно бо сабабњои маълум хеле тезутунд инъикос меёбад. Матбуоти Тољикистон аз зикри мушкилоти љойдошта миёни Тољикистон ва Ўзбакистон кўшиш мекунанд, камбудињои асосиро нишон дињанд. Рўзномањо зикр менамоянд, ки давлати њамсоя нархи гази табииро њар сол барои Тољикистон боло мебарад, њатто гази табииашро бо нархи љањонї барои Тољикистон мефурўшад. Новобаста аз ин мушкилињо боварї дорам, ки

муносибат байни ду кишвари њамсоя хуб хоњанд шуд.

Парвиз МУЛЛОЉОНОВ, сиёсатшинос Муносибатњои Тошканду Душанбе чун пештара боќї мемонад. Вале муносибатњои иќтисодї њамеша дар њамон шакли мављуд вуљуд дошт ва хоњад монд. Албатта, муносибатњои иќтисодиву тиљорї њамеша боќї хоњанд монд, чун ду кишвари њамсоя ба якдигар вобастаанд.

Амният АБДУЛНАЗАРОВ, муовини раиси ЊСДТ Баъди иваз шудани сарвазир мумкин ин маќомдори нав бо Ўзбакистон забон биёбад. Вале баъзан аз тариќи радиову телевизионњои Тољикистон ба мардуми ўзбак суханони пасту баланд гуфта мешавад, ки ин метавонад муносибатњоро сардтар кунад. Барои ин ки муносибати ду кившар бењтар шавад, хуб мешуд аввал вазорати умури хориљаи Тољикистон бо сафорати Ўзбакистон мулоќоту гуфтушунид мекард ва оиди ин вохўрї дар расонањо сухан мегуфтанд. Солњои пеш агар муносибати ду давлат

сард буд, имрўз ин сардї байни мардуми ду кишвар њам вуљуд дорад. Ин метавонад хилофи муносибатњои давлатии Тољикистон шавад. Агар сарвазири феълї дорои ваколати комил бошад, метавонад масъаларо њал намояд, чун шимоли Тољикистон бо мардуми Ўзбакистон муносибати хуб дорад.

Абдулмалик ЌОДИРОВ, коршинос Албатта муносибатњои ду њамсоякишвар хоњ-нохоњ як рўз не як рўз гарм мешаванд, чун намешавад, ки ду њамсоя як умр дар њолати "љанги сард" ќарор дошта бошанд. Мутаассифона, дар кишварњои пасошўравї муносибатњои байнидавлатї аз муносибатњои шахсии сарони ин давлатњо вобастагии сахт дорад. Яъне, барои мисол, агар ситораи љаноби Каримов бо ситораи љаноби Рањмон "рост" наомад, пас њарорати муносибатњои байни Тољикистон ва Ўзбакистон дар сардї ќарор мегирад. Вале ин њарорат њамчунин аз мањорату малакаи касбии дипломатњо ва шахсиятњои њамсоякишварњо низ вобастагї дорад. Ва бо таъин шудани љаноби Ќоњир Расулзода ба вазифаи сарвазирї ва сафари ў ба Тошканд умеде пайдо шудааст, ки ин муносибатњо њадди аќќал дар сатњи иќтисодї рушд мекунанд, ки ин худ як ќадаме ба пеш аст.


№47 (307) 11 декабри соли 2013

7

одат

Аввалин лентаи буридаи Эмомалї Рањмон баъди пирўзияш дар интихоботи президентии рўзи шашуми ноябр бинои нави панљошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсия ё ОМОН буд. 5 декабр ваќте аз оѓози фаъолияти ин даста 18 сол пур шуд, раисиљумњур лентаи рамзии ин биноро бурид ва онро мавриди бањрабардорї ќарор дод. Оѓози ширкат дар маросимњои бањрабардорї аз иншоотњо бо лентабурї дар бинои ОМОН танњо як иттифоќ аст ё дар худ паёме њам дорад?

Б

иное, ки 5 декабр бо бу ридани лентаи рамзї президент онро мавриди бањрабардорї ќарор дод, дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт воќеъ аст. Ба иттилои сомонаи расмии раиси љумњур бинои нави панљошёна ва дигар иншооти навсохти Дастаи таъиноти махсуси милитсия бо тарњи замонавї сохта шуда, дорои "тањхона, утоќњои барњавою муљањњази корї, толори калони варзишї бо олоту ашёи обутоби бадан ва бозињои варзишї, толори махсуси тирпаронї аз аслињаи муњорибаи наздик, утоќу толорњои зебо барои хоб, истироњату фароѓат, гармобаю обхона, толори бузурги маљлисї ва ошхона барои 250 нафар" аст. ОМОН ё Дастаи таъиноти махсуси

ЛЕНТАБУР ЊАМЕША ПАЙДО МЕШАВАД милитсия вазифањои сангинеро бар душ дорад, ки мубориза бо терроризму экстремизм, безараргардонии гурўњњои муташаккилу мусаллањи љиної ва гузарондани амалиётњои махсус аз ќабили онњо аст. ОМОН-и Тољикистон 5 декабри соли 1995 бо њайати шахсии иборат аз њамагї 66 нафар ба фаъолият оѓоз кардааст. Иттифоќан, нимаи дуюми њамон рўз, яъне 5 декабр аз як садамаи наќлиётї бо ширкати як афсари Дастаи таъиноти махсуси милитсия хабар расид. Ба иттилои "Тољнюс" ин сониња дар хиёбони Саъдии Шерозии пойтахт, рўбарўи бинои Сирки давлатї чанд метр дуртар аз бинои ОМОН ба вуќуъ пайваста ва як занро захмї кардааст. "Ба ќавли шоњидон ин њодиса, корманди милиса дар њолати мастї ќарор доштааст", -хабар додааст манбаъ. Ља бр ди да, к и д ар б емо рх он аи Ќарияи Боло бистарї будааст, гуфта, ки "нисбат ба майори милиса ягон даъво надорад", зеро "дар интиќоли ў ба беморхона ва табобати љароњаташ кўмак кардаанд". Аммо суњбат аз нахустин лентаи рамзии буридаи президент баъди интихобот буд, ки он аз маќомоти њифзи њуќуќ оѓоз шуд. Шояд ин паёме барои наздик шудани милиса бо мардум бошад, ки солњои ахир аз фосилаи зиёди байни онњо зиёд мегўянд. Умед мекунем, ки он танњо њамин паёмро

дошта бошад, на он чиро ки ањёнањён дар борааш мегўянд. Шояд ин танњо як иттифоќе беш нест. Агар ќабл аз солгарди оѓози фаъолияти Дастаи таъиноти махсуси милитсия кадом як нињоди дигар љашн медошт ё кадом як иншооти муњими дигарро ба истифода медоданд, президент нахуст лентаи онро мебурид. Аммо њар чї њам буд, рўзе, ки президент барои лентабурї рафт, бори нахуст баъди солњои тўлони фавворањои пеши бинои Муљтамаи табъу нашри мавсум ба "Шарќи озод" ба кор даромад. Ин њам дар њоле, ки он рўз аз осмон барф мерехт. Аслан дар мо њамаваќт талош мекунанд, ки њама чиро танњо барои президент анљом дињанд. Ваќте наќшаи сафари президент ба ягон ноњия тасдиќ мешавад, масъулон дасту остин барзада ба таъмири роњњову рангу бори биноњои наздик ба роњи асосї иќдом мекунанд. Ёдатон њаст, ки њатто дар дохили замини пахта, ки онљо президент сафар кард, ќолин густурданд. Ва њатман ки дар ин сафарњо раисиљумњур лентаи рамзии як ё ду иншоотро мебурад. Борњо шунидаем, ки а к с ар и и н би н о њ о ба ъ д и с афа р и президент аз фаъолият бозмондаанд. Масъулин танњо ба хотири худро дар чашми рањбари давлат "ширин" кардану худнамої мекўшанд, ки бисёртар аз иншоотњои навсохт дар њузури п резид ент с ухан бигўя нд.

Шояд барои бархењо ин мояи ифтихор бошад, ки лентаи иншооташро худи раисиљумњур буридааст. Шояд бо ин кор худро аз санљишњои пайвастаи маќомоти андоз ва дигарон халос мекунанд. Аммо ба назари ин љониб шарт нест, ки рањбари давлат лентаи ягон сех ё корхонаи истењсоли шарбатро бибурад. Бигзор ин корро рањбарони ноњияњо анљом дињанд. Президент ваќте лентаи иншоотњои хеле муњим, масалан назири НОБ-и Роѓунро мебурад, ба обрўяш меафзояд. Барои рањбари давлат фикр мекунам буридани лентаи як фаввора айб аст. Бигзор шањрдор ин корро кунад. Президент бояд лентаи мактабњоеро аз нав таъмиру таљдид шудааанд, набурад. Бигзор ин масъулиятро вазири маориф бар уњда бигирад. Шарт нест, ки президент лентаи кадом як маѓозаи китобро бибурад. Ин корро бигузор вазири фарњанг анљом дињад. Президент вазифа ва масъулияти аз ин бузургтар ва муњимтаре дорад. Њамаваќт масъули лентабур пайдо мешавад. Мардум президенти самимї, њалолкор ва пуштибони халќро бидуни ширкати ў дар маросими ифтитоњи иншоотњои хурду бузург ва лентабурї низ мешиносанд ва эњтиром мекунанд. Ин танњо нуктаи назари шахсии ман аст. Шумо метавонед бо он розї набошед.

НУФАРН-4


8

№47 (307) 11 декабри соли 2013

оина

ЌАБЛАН НАМЕДОНИСТАМ ВАТАН ВА ЃАРИБЇ ЧИСТ, АКНУН МЕДОНАМ! Мадина Олимшоева:

Ѓолиби сабќати "Зебосанами Иттињод - 2013" дар Русия, тољикдухтари бистсола Мадина Олимшоева ахиран эълом дошт,ки ѓалабаи худро ба кї мебахшад, чаро ин пирўзї барояш даст дод ва иштирок дар ин сабќат чї ањамияте дар њаёташ хоњад дошт.

5

-уми декабр дар шањри Санкт-Петербурги Русия сабќати дуюми "Зебосанами Иттињод-2013" баргузор шуд, ки дар он намояндагони 15 кишвари аъзои собиќ Иттињоди Шўравї ширкат карданд. Тољикистонро дар ин конкурс Мадина Олимшоеваи бистсола намояндагї дошт ва њаќќи то соли дигар ба сар гузоштани тољи ѓолибиятро ба даст овард. Сомонаи интернетии "Русия барои њама" бо ин зебосанам мусоњиба анљом дода, маълум намуд, ки ин ѓалабаро Мадина ба кї мебахшад, чаро дастболо шудан осон буд ва иштирок дар озмун барояш чї ањамияте дорад. - Мадина, бори дигар туро бо ѓалаба табрик мегўем. Пас аз чунин дастовард, чї эњсос мекунед? Њангоме исми шуморо њамчун ѓолиб эълон намуданд, чиро пеши назар овардед? - Ташаккур. Ман аз хушбахтї худро дар осмонњо њис мекунам. Ман шодам, ки бо сарбаландї кишвари худро намояндагї кардам ва исбот намудам, ки духтарони тољик аз њама зебоянд. - Ваќте дар хусуси озмун шунидї, дарњол ќарор кардї, ки дар

он иштирок мекунї, ё ваќт даркор шуд, ки ба хулосаи нињої бирасї? - Ман дар соли 2012 бори аввал дар ин озмун њамчун тамошобин иштирок намудам. Омада будам то дугонаи худ Гулнозро, ки соли гузашта Тољикистонро намояндагї мекард, дастгирї кунам. Имсол бошад, Гулноз ба ман пешнињод кард дар озмун иштирок кунам. Ман розї шудам, чун аз рўи њама талаботи иштрок ќабул шуда метавонистам. Ба даври интихобї (кастинг) маро даъват карданд, сипас озмун ва инак, ман ѓолибам! - Ба довталабон чї талабот пеш гузошта буданд? - Талаботи асосї, албатта, ба афту андом бастагї дошт. Аммо дар баробари ин донистани урфу одатњои миллї ва ягон њунари эљодї низ муњим буд. - Ваќте кас ба болидагие, ки аз ту ба атроф пањн мешавад, ба лабханду рўи зебоят нигоњ мекунад, фикр мекунад тамоми озмун њамин тавр сабуку осон гузашта аст. Аммо њамчун духтар ман мефањмам, ки паси ин њама зањмати зиёд меистад. Ту бо чї мушкилот ру ба рў шудї? Ба ди-

лат тарсу њарос роњ наёфт? - Албатта ки чунин њолат буд. Медидї, ки дар хонаи рангу бори мо чї њолат буд… Аммо он давра давраи аз њама дўстона буд ва њама духтарон дар њаќиќат њамдигарро ёрї мекарданд. Њатто руњияи раќобат набуд ва мо бо њам дўст шудем. Аммо бо баромади эљодї мушкил љо дошт. Миёни 15 духтар, ман ягона нафаре будам, ки ба танњої раќсидам ва њеч кас бо ман рўи сањна набуд, ки ин, албатта, осон нест. Аммо њар боре ба сањна мебаромадам, дастгирии наздикону пайвандон ва њамватанонамонро дар толор њис мекардам. Ин ба ман таскин мебахшиду роњи ѓалабаро њамвор мекард... -Либосатон помирї аст, раќс низ помирї буд? -Ман тањти навои мусиќии овозхонон Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед - "Илоњо" раќсидам. -Оё ѓалабаро интизор будї? Ва раќиби аслиат кї буд? -Ростї, ман чунин гумон доштам, ки яке аз довталабони асосї ва пешсафон мебошам. Духтарони дигарро бошад, њамчун раќиб намедонам, чун бо онњо дугона шудаам. Ба хусус, намояндаго-

ни Арманистон, Озарбойљон, Гурљистон ва Малдова. -Бахти шумо хандидааст, одатан чунин барор дар озмунњо на ба њама даст медињад. Ягон хел нобарорї, масалан гум шудани ягон чиз ашёву љињозатон љой надошт? -Чунин њолат боре њам рух надодааст. Мо баръакс ба њамдигар дар либоспўшї ёрї мекардем, лавозимотро ба монанди пойпўши раќс, зару зевар бо њам интихоб мекардем. -Дар гурўњи дастгирии ту кињо буданд ва кўмаки киро бештар эњсос мекардї? -Барои дастгирии ман њама љавонони бадахшонии муќими Питер, оилаи ман, хешон, шиносон ва њама ононе, ки мехостанд ин намоиши зеборо бубинанд, омада буданд. -Чанд ваќт боз Русия зиндагї мекунї? -Нуњ сол аст, ки бо хонаводаамон дар Санкт-Петербург ба сар мебарем. -Яъне, мактабро низ дар њамин љо хатм кардаї? Њоло дар куљо тањсил мекунї?


№47 (307) 11 декабри соли 2013

9

оина

ЉОНИБДОРОНУ МУХОЛИФОНИ ШАБНАМУ ФАРЗОНА Нашри хабари вориди бозор шудани клипи нави хоњарон -- Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед дар "Озодагон" корбарони торнамои моро, ки онро хондаанд, ба ду гуруњи асосї таќсим кард. Аммо онњое низ њастанд, ки аз "Озодагон" интиќод кардаанд.

-Мактаби миёнаро њамин љо хатм кардам, ихтисосам менељер дар соњаи сайёњї аст. Дипломи ин бахшро дорам. Њоло мехоњам маълумоти дуюми олиро гирам. -Њоло ба чї машѓулї, дар куљо кор мекунї? -Ман аслан мехоњам ба пайроњаи падар раваму ба кишваре, ки дар он зиндагї мекунам, хидмат кунам. Њоло бошад, барои дар хона нанишастан, дар як кинотеатр дар маркази Питер ба њайси фурўшанда кор мекунам. Ба ман кори фаъол лозим аст, оромии дафтари корї барои ман писанд нест. -Пирўзиатонро ба кї мебахшед? -Дар мавриди он ки ѓалабаамро ба кї мебахшам... Худхоњ будан намехоњам, аммо ќабл аз њама ба худам мебахшам. Дар љањон дурўѓ, њасад, ѓараз хеле зиёд аст ва ман на як бору ду бор бо он рў ба рў шудаам. Ин озмун маро тањрик кард то ба худам боз бештар бовар дошта бошам. Албатта, њамчунин мехоњам ѓалабаамро ба волидайни худ бубахшам. Мањз бо шарофати онњо ман

ба ин сањна баромадам. -Барои оянда чї наќшањо дорї? Ѓалаба дар озмун наќшањои шуморо дигар накард? -Суоли мушкил. Аз як љињат, хушбахтии занонаро мехоњам - оила, шавњар, кўдак... аз љониби дигар, мехоњам дар кори худ пешрафт дошта бошам... Кор дар соњаи зебої доимї нест ва фикр намекунам њаётамро ба он бахшам. Аммо агар ба чунин озмунњо, аксу наворбардорињо даъват кунанд, бо камоли майл ширкат хоњам кард, чун ин чорабинињо эњсосоти форам ва тањрикомезеро бароям эљод мекунанд. -Ба њамватанони худ, ки аз Ватан дуранд, онњое ки дар Русия кор ва зиндагї мекунанд, чї гуфтанї дорї? -Ќабл аз њама, ба онњо сабру тамкину бурдборї мехоњам. Ман пештар инро намефањмидам, ки Ватан ва ѓарибї чист. Акнун медонам. Аз њама муњимаш - гузаштаи худ, решаи худро набояд фаромўш кунем...!

Мутарљим: Рустами МАЉИД

Ин хабар дар як фурсати кўтоњ дар ќатори матлабњои серхонандаи торнамои мо барои худ љой дуруст кард ва корбарон њам зери онро шарњборон карданд. Мавзўи аслии бањси онњо пўшиши либосњои нимбарањнаи гуруње аз раќќосон аст, ки дар ин клип мераќсанд. Баъзењо одоби бањсро сарфи назар намуда, ба тањќиру дашном гузаштанд, аммо масъулини нашри матлабњои "Озодагон" чунин комментњоро иљозаи нашр надоданд. Њоло як чашмандозе ба ин шарњњо хоњем дошт. Тавре болотар ишора рафт, шарњнависон аслан ба ду гуруњ људо шудаанд: онњое, ки иддао мекунанд, дар љомеае, ки маќоми демократиро дорад, њар нафар дар интихоби либос озод аст ва онњое, ки мегўянд, дар љомеае, ки бахши аъзамаш мусалмон аст, набояд нимурёнњо намоиш дода шаванд. Нахустин шарњи омада интиќод аз "Озодагон" аст, ки онро корбаре бо номи "Сорбон" навишта: "Хай Озодагон рафта онњоро дар суд дењ! Шумо ба либоси онњо чї кор доред охир?" Шояд, ба Сорбон љумлаи "...аммо ба назар мерасад, дар баробари њаводорон, мунаќиддони ин клип њам кам нахоњанд буд. Дар ин клип гурўњи духтарон бо либосњои нимурён раќс мекунанд ва чунин наворњо дар љомеаи суннатии кишвар њамеша бо вокунишњои тезутунд рўбарў мешавад",-и ин хабар писанд наомадааст. Ва як шарњнависи дигар низ моро дар пањн намудани ба ќавли ў навори фањшо муттањам кардаву гуфта, мо њам дар "гуноњ"и Шабнаму Фарзона шарикем. Нафароне њам ба пуштибонї аз мо шарњ коштаанд. Аммо ин љо бояд зикр кард, ки њадафи хабаргузории мо танњо пешнињоди хабар аст ва њеч мавќееро пуштибонї намекунем. Агар аз ин шарњ бигзарем, бо комментњои зиёди мунаќќидону тарафдорони клип рўбарў мешавем. "А" менависад, ки "AЛЛОЊ безор аст аз чунин мусалмонї". Аввалин вокуниши манфї дар нисбати ин клипро љонибдорони он зуд бо як коммент мусовї кардаанд. "Сомон" дар шарњи худ гуфта: "Ееее Мулоњо ай паи кори хутон шен кортон чияй? Мон касе да чї хеле мефора пуша. Ба шумо боша ами духтарора њамаша мекушен меген духтар дар љомеаи мо даркор нест". "Руслан" мегўяд: "Озодагон" шумо бо ин маќолањоятон якхел "муллоњо"-и чашмгуруснаи тангфикро аз хоб мехезонед-да". "А Шабнам басай охи. Бо сар каден",-навиштааст "Иброњим", аммо нагуфта ки чиро дар назар дорад ва ба чї ишора мекунад. Корбари дигар ба ин аст, ки "чун љои ин ду нафарро дар сањнањои "њукуматї" танг карданд, бо ин роњ мехоњанд гўянд, ки "Агар мањдуд њам кунед, њаводоронамонро аз даст намедињем". "Салим" бошад, ба Фарзона аз "тоату ибодатњояш" ёдрас кардааст: "Он тоату ибодатњои дар мањбас мекардї чї шуд? Бо Холиќи якто ваъдањоят баъди озод шудан њамин буд?" Аммо "Алї" ба ќазияи пурсарусадои соњибкори маъруф Зайд Саидов ишора кардааст:

"Хайрат ин килип аз тарафи Зайд Саидов ба навор набаромадааст агане кормандони Агентии коррупсия боз як делаи нав мекушодан барои вайрон кардани тартиботи миллї ё сунатии миллати тољик гуфта. Худованд рањмта хурдай Акаи Зайд". "Зафар" бошад, гуфта, ки "ба њамааш демократия гунањкор". "Суруш" аз тарафдорони Шабнаму Фарзона ба назар мерасад: "Охир шумоён, ки худ даъвои демократия доред, монед онњо њам озодона фаъолият намоянд. Як кас мегўяд, ки шумо чї кор мекунед? Мо ки њоло дар кишвари исломї нестем-ку? Дигар ин ки онњо бињишт мераванд ё дузах ин кори шумо не. Ин кори Худо. Мисссияи Худоро шумо иљро накунед. Ба љои эрод гирифтан рафта китоб хонед!!!" "Фирўз" навишта: "Инњо боз пеши Њољї Мирзо мераванду дуъо металабанд". "Модари тољик": "Ба Шабнаму Фарзона!!! Ба хонандагони ин расона! Рости гап дилам сахт андуњгин шуд аз хабари клипи нави ин ду санъаткори тољик, наход Фарзона ва Шабнам шарм надошта баъди ду моњ аз даргузаштани падарашон сурудхонї ва раќсиданро сар карданд. Куљост он мењри фарзандї? Аќлу фаросат, нангу номус,муњаббат ба падару модар, ќадрдонї нисбаташон... Эй кошки Худованд агар фарзанд атоят намояд танњо банангу номусдоштаашро... бехтар мебуд агар чунинњоро насиб нагардонад. Фарзона! Кори наѓз накардї наход дилат ба падари ѓурамаргат насухт ва кайфу сафои љавонии худро аз пос доштани хотири падар боло донистї... Санъат ин фарњанг аст, аммо агар дарки он кардан хоњї аќлу фаросат, одаму одамгарї, шарму њаё дохили онанд ва агар дар њаќиќат њамаи ин шумурдањоро санъаткор фањмад дар њаќиќат њам санъаткори асил аст..." "Ростгў": "Аслан њамин ду хоњар хуб медонанд, ки њунаре чуз нимурён баромад кардан дигар коре наметавонан ва бо ин роњ диќќати мардуми ба худашон монандро љалб мекунанд на овоз доранду на дигараш бо краскаи бисёр рўи сањна мебароянд ман бисёр мехостам ки инњо рафта дар назди Манижа як дањ сол шогирд мешуданд, аќќалан тарзи дуруст хонданро ёд мегирифтанд. Њамаи сурудњои њофизони номиро расво кардиян ваќте суруди инњоро мешунавам дилхарош ва бисёр нороњат мешавам". "Сафї" танњо ба гуфтани "шармовар аст" иктифо кардааст. "Њитлер": "Шабнаму Фарзонаро, ки Худо њидоят накунад, касе коре карда наметавонад. Наход њамон њодисаи бо Фарзона рухдода (аз панљара мекард нигоњ, бо ду то чашмони сиёњ) барояш дарси ибрат нашуда бошад?" Бањсњо њамоно идома дорад. Муњаррирон мисли њамешагї шарњњои олудаи тањќиру тавњинро иљозаи нашр намедињанд. Зимнан, аз Шумо эњтиромона хоњиш мешавад, ки агар мехоњед шарње бинависед, пас, марзи одобу ахлоќро убур накунед.

PS: Имлои комментнависон бе таѓйир гузошта шудааст.


10

№47 (307) 11 декабри соли 2013

минтаќа

Ѓарб ба хусус Амрико ба тањаввулоти ахири Украина ба унвони як фурсати тиллої нигоњ мекунанд, то битавонанд ин кишварро аз њавзаи нуфузи Кремл хориљ кунанд, њарчанд ѓарб натавонист имтиёзи арзандаеро барои љуброни хисороти ношї аз људоии Киев аз Маскав ироа кунад.

И

ддае дар Украина тасаввур мекарданд, ки пирўзии инќ илоби норинљии соли 20042005 поёни бўњронњои иќтисодиву сиёсї ва оѓозе барои тавсеъаву сулњ дар ин кишвар аст. Аммо комилан ќобили пешбинї буд, ки иќдомоти ѓарбгароёнаи давлати баромада аз инќилоби махмалї, ки њолате ифротгароёна ба худ гирифта буд ба таври њатм аз сўи Маскав бепосух нахоњад монд. Украина пас аз инќилоби норинљї ба рањбарии Виктор Юшенко саъй кард бо фосила гирифтан аз Русия сарнавишти худро њарчи бештар дар иртибот бо ѓарб таъриф кунад. Талош барои узвият дар НАТО, Иттињодияи Аврупо ва њамкорињои густарда бо ИМА барои даврае табдил ба ањдофи аслии сиёсати хориљии Киев шуд. Дар ин байни Русия чун намехост, ки Украинаро ба унвони як минтаќаи нуфузии суннатии бисёр муњим аз даст рафта бинад ва њавзаи кишварњое, ки русњо дар асноди стратегии худ ба онњо хориљи наздик мегўянд, беш аз пеш кўчак шавад. Аммо Маскав намехост ин кишварро монанди Маљористони соли 1956 ба масири Кремл бозгардонд ва аз сўи дигар шароит ва фазои байналмилалї низ ба њеч ваљњ ин имконро барои Маскав фароњам намекард. Зеро агар ин гуна буд, ќатъан Русия дар истифода аз зўр монанди љанги 2008 Гурљистон кучактарин тардиде ба худ роњ намедод. Русия дар сиёсати нави худ саъй кард бо истифода аз дигар фишангњои фишор ва ташвиќ Украинаро аз њаракати њар чї бештар ба самти ѓарб боз дорад. Ниёзњои молии Украина, иќтисоди шикананда, пайвандњои таърихї, ки аз њукумати таърихии русњо бар Киев идома дошт, ќудрати сиёсии Маскав ва њимоят аз гурўњњои мутамоил ба Русия дар Украина, нињоятан мунљар ба пирўзии Виктор Янукович шуд. Янукович дар аввалин иќдом узвият дар НАТО-ро аз дастури кори сиёсати хориљии Украина хориљ кард, ки нишон

УКРАИНАИ ТАХТАБАНД БАЙНИ ЧОР ДАРЁ аз муваффаќияти Маскав дар раќобат бо ѓарб дар Киев дошт аммо талош барои узвият дар Иттињодияи Аврупоро њамчунон љузъи авлавиятњои Украина донист ва дар айни њол саъй дошт, ки таодули муносибтаре байни Русияву ѓарб дар аънои куллї эљод кунад. Ин давраи оромиш беш аз 3 сол давом наовард ва нињоят талошњои Киев барои узвият дар Иттињодияи Аврупо муљиби руёруии дубораи Русия бо ѓарб ва њузури мардум дар хиёбонњо шуд, ки имтиноъи якбораи Янкович аз имзои тавофуќномаи тиљорї бо Иттињодияи Аврупо дар иљлоси Вилнюси Латвия баъд аз чанд давраи музокираи фишурда оѓозгари ин бўњрон буд. Мардум ба суръат ба хиёбонњо сарозер шуданд ва хотираи рўзњои сахт дар даврони инќилоби норанљї бори дигар зинда шуд. Гуруњњои мухолифи давлат

хоњони истеъфои Янукович буданд ва ќонуни манъи тазоњурот низ таъсире дар он надошт ва њатто ба хушунат рафтани даргирињои пойтахт шароитро барои давлат беш аз пеш душвор кард. Дар њамон соати аввалияи бўњрон кишварњои ѓарбї, Русияро бар эъмоли фишор ба Украина љињати худдорї аз имзои тавофуќнома муттањам карданд ва ин иќдомро дахолат дар умури дохилии ин кишвар донистанд. Дар ин байн ѓарбу Амрико бо њимояти гурўњњои мухолифи Русия ва ташвиќи мардум ба тазоњурот умедворанд бо сарнагунии давлат, Украина аз њавзаи нуфузи Кремл хориљ шавад. Бар њамин асос тамомии аъзои Иттињодияи Аврупо ва њатто Расмусен дабири кулли НАТО низ дар ин хусус мавќегирї карданд. Яке аз абзорњои ѓарб дар ин байн Юлия Тимошенко нахуствазири собиќ буд,

ки ѓарб умедвор аст бо кўмаки мањбубияти вай мардумро њар чї бештар ба хиёбонњо бикашонад, бар њамин асос ў дар паёме аз даруни зиндон аз мардуми Украина хост худро ба пойтахт бирасонанд ва то сарнагунии давлат аз тазоњурот даст бар надоранд. Албатта ин ба маънои як даст будани назарот дар байни кившарњо ва сиёсатмдаорони ѓарбї нест. Иддае дар Аврупо ва Амрико бо таваљљўњ ба мавзўи чолишбарангези пешорў миёни ѓарбу Русия ба вижа дар њавзаи Сурия талош мекунанд аз доѓтар шудани шароит љилавгирї кунанд. Аммо Кремл дар њамон соати аввалияи бўњрон њар гуна дахолат ва эъмоли фишор бар давлати Украина аз сўи Маскавро такзиб кард ва онро як тасмими шахсї хонд. Сергей Лавров вазири хориљаи Русия низ ба шиддат кишварњои ѓарбиро аз дахолат дар Украина бар њазар дошт. Равиши Маскав аз якдастии бештаре нисбат ба ѓарб бархўрдор аст. Маскав ба њаргиз њозир нест њавзаи нуфузи бисёр муњиме чун Украинаро аз даст бидињад ва аз сўи дигар абзорњои лозим барои ин кор низ дар ихтиёр дорад. Дар поён бояд гуфт, ки њарчанд дар шаклгирии ин бўњрон фишорњои Русия бар Украина, имтиёзоти пешнињодї аз љониби Русия ба ин кишвар ва ниёзњои Киев ба Маскав инкорнопазир аст, аммо ба назар мерасад Иттињодияи Аврупо низ натавониста имтиёзоти арзандаеро ба ин кишвар пешнињод дињад ва хисороти ношї аз коњиши равобити суннатии иќтисодии Киев ва Маскавро, ки дар сурати нињої шудани тавофуќ ба таври ќатъ эљод мешавад ва зарарњои фаровоне бар иќтисоди шиканандаи ин кишвар ворид шударо љуброн кунад. Тањаввулоти рўзњои оянда нишон хоњад дод, ки Украина байни Русия ва Иттињодияи Аврупо киро интихоб хоњад кард...


№47 (307) 11 декабри соли 2013

11

маориф

МАКТАБИ ВАЙРОНАИ БОХТАР

Новобаста аз он ки эњтимоли афтидани ќисматњои девору саќф дар мактаби раќами 12-и ноњияи Бохтари вилояти Хатлон њар лањза тањдид дорад, он то њол аз одам холї нест.

М

актаби мазкур дар яке аз рустоњои ин ноњия љойгир буда, шумораи толибилмону омўзгорон ва кормандони техникие, ки њамарўза даруни он равуо доранд, ба 690 нафар дакка мехўрад. Дар њамин њол, масъулини шуъбаи маорифи ноњия ба ин боваранд, ки масъалаи мазкур пас аз ифтитоњи мактаби наве, ки сохтмонаш чанд сол боз дуртар аз мактаби 12 идома дорад, њалли мусбати худро хоњад ёфт. Аммо суоли матрањ ин аст, ки то ба истифода супурдани он намешавад њамин мактаби кўњнаро барои саломатї бехавф гардонд? Зимнан, бо оне ки фанерњои саќфи коридор бинобар муддати тўлонї иваз нагаштан кандаву овезон, деворњо љо-љо

рехта, тахтањои фарш ларзонак, устохонаи таълимї, толори варзишї ва китобхона бо дару тирезањои баркандаю фарши номаќбул њастанд, њукумати ноњияи Бохтар дар соли 2013 барои таъмири он њамагї 8 њазор сомонї ихтисос додааст. Вале ба ќавли ходимони Раёсати молияи ноњияи Бохтар, барои таъмири мактабњо дар соли 2013 аз њисоби буљети мањаллї маблаѓгузорї гўиё 100 дарсад иљро гардида будааст. Пас, сабаби дар чунин њоли табоњ ќарор доштани мактаби раќами 12, ки њанўз љонњои зиндаро дар дохил дорад, дар чист? Дар таќсими нобаробари маблаѓњо, кам људо гаштани он ва ё дигар? Посухи инро аз маъмурони Вазоратњои маорифу илм ва молияи кишвар интизорем.


12

№47 (307) 11 декабри соли 2013

таќриз "Одамушшуаро Рўдакий". Ба забони ўзбакї. Тањия ва ба нашр омодасоз, виростори масъул профессор Њамидљон Њомидї.Тошканд, 2008.-120 сањ.

С

оли 2008 мардумони ориё инажод, пеш аз њама, фор сизабонони љањон ва кишва рњои Ховарзамин 1150 солагии зодсоли падари шеъри форсї, одамушшуаро Абўабдуллоњ Љаъфари Рўдакиро ба тарзи хотирмон баргузор намуданд. Ба муносибати ин санаи фархунда он рўзњо бо ташаббуси донишманди фарњехта, пажуњишгари варзидаи пайвандњои адабї, мудири кафедраи адабиёти классикии ўзбеки Донишгоњи давлатии омўзгории Тошканд ба номи Низомї, доктори улуми суханшиносї, профессор Њамидљон Њомидї дар шањри Тошканд анљумани илмї-амалие баргузор гардид, ки дар он маърўзаву гузоришњои донишмандони ўзбаку тољик оид ба зиндагинома ва вижагињои ашъори Рўдакї мавриди баррасї ќарор гирифта. Ин аст, ки бо кўшишу зањмати Њ. Њомидї ва дастгирии Сафорати Љумњурии Тољикистон дар Ўзбакистон, ба вижа сафири ваќт, инсони шарифу донишманд Бобохон Мањмадов матни маърўзањои ироа гардида, дар сурати маљмўаи људогона бо унвони "Одамушшуаро Рўдакї" манзури њаводорони ин шоири бузург гардидааст. Азбас ин маљмуъа ба наздикї дастраси мо шуд, таќризе барояш навиштем, то арљгузорие ба зањматњои мураттибон ва муаллифонаш бошаду бархе норасоињо, ба вижа тањќирњо, бељавоб намонда бошад. Маљмўаи "Одамушшуаро Рўдакї" 14 маќолаи илмии ба пањлуњои гуногуни рўзгор ва осори Рўдакї бахшидаи олимони ўзаку тољикро фарогир аст. Дар бахши охири маљмўа порае аз драмаи Сотим Улуѓзода "Рўдакї" дар тарљумаи профессор Натан Маллаев илова гардидааст. Дар маќолаи аввал, ки ба ќалами донишманди номвари адабиёти классикии ўзбак, профессор Азиз Ќаюмов1 марбут буда, "Дањои Рўдакї" унвон дорад, ба тав-

ЃАРАЗ ТАЊЌИЌРО БА ТАЊРИФ МЕКАШОНАД

ри хеле кўчак аз таърихи кўњани Бухорои олиму шоирпарвар ва маркази тамаддуни халќњои ориёї, ба вижа дар замони њукмронии сулолаи Сомониён, дар даврони њукмронии Насри П ибни Ањмад (914-943) ба дарбор даъват шудани Рўдакиро басо мењрбор ба хонандаи ўзбак пешкаш намудааст. Вай зимни андешаронї дар њошияи маќолааш аз китоби "Таърихи Наршахї" ва тарљумаи он ба форсии тољикї, ки дар соли 1128 аз тарафи Абў Наср Ањмад ибни Наср ал Ќубавий (дар шањри Ќувваи водии Фарѓона- В.С. А.Х.) ва соли 1966 аз форсии тољикї ба забони ўзбакї аз љониби Абдуќодир Расулов ба анљом расидааст, ёдовар шуда, аз њаммиллатони худ даъват ба амал меоварад, ки барои ошної ба таърихи Сомониён аз тарљумаи охирї истифода бубаранд. А. Ќаюмов дар маќола баробари зикри вижагињои эљодиёти пурмазмуну рўњнавози Рўдакї, ки дар он ѓоя ва мавзўњои муњаббат ба ватан, модар, њимояи нангу номуси халќу миллати хеш, адлу инсоф ва инсондўстї тараннум ёфтааст, изњори андеша намуда, њамзамон аз ќасидаи ѓарро ва ќадру эътибори љањонї пайдо намудаи "Бўйи љўйи Мўлиён"-и Рўдакї, ки ба он беш аз 123 шоир аз адибони Шарќу Ѓарб назира навишта ва ё пайравї намудаанд, бо мењрварзї аз оњангнокии тасвир ва пурсўзии рўњи ватанхоњии шеъри мазкур ёдовар шуда, ба хонанда ќиссаи эљод шудани онро, ки дар "Чањор маќола"-и Низомии Арўзии Самарќандї ва тазкирањои баъдї зикраш рафтааст, сухан меронад. Маќолаи пажўњишгари сермањсули тољик М. Муллоањмадов, ки "Ѓояњои инсонпарварї дар шеърњои Рўдакї" унвон дорад, маќолаи навбатии маљмўа буда, масъалањои басо арзишманди осори Рўдакиро мавриди пажўњиш ќарор дода, ба хонандаи ўзбакзабон аз ќадру эъти-

бори љавњари ормони Рўдакї њикоят кардааст. М. Муллоањмадов аз шеърњои инсонпарваронаи устод Рўдакї симои инсонї ва шоирии ўро барои хонандагон ва ихлосмандони шеърњояш дар Ўзбакистон равшан ба љилва меорад. "Шоислом Шомуњаммадов пажўњишгари забардаст ва тарљумони адабиёти форсу тољик" ном маќолаи профессор Њамидљон Њомидї, ки ба таври муколама бо ин ховаршиноси шинохта сурат гирифтааст, маводи зиёди марбут ба адабиёти форсу тољик матрањ гардидааст. Воќеан Ш. Шомуњаммадов дар шинохт, тарѓибу ташвиќ, ошно намудан ва баргардони осори классикони адабиёти форсии тољикї Рўдакї, Фирдавсї, Умари Хайём, Саъдии Шерозї, Њофизи Шерозї, Амир Хусрави Дењлавї, Абдурањмони Љомї, Эњсон Табарї, Маликушшуаро Бањор ва дигарон барои халќи ўзбак хизмати шоистаеро анљом додааст. Хонанда аз маќолаи "Азалї ва абадї"-ии Камолиддин Камолов, ки мухтасартарин навиштор ба њисоб меравад (4 сањифа) маълумоти басо арзишмандро дар бораи он, ки дар арафаи баргузории 1150 солагии љашни устод Рўдакї дар шањру вилоятњои гуногуни Ўзбакистон ташкил шудани мањфилњои Рўдакихонї маълумот пайдо менамояд. Мушоњида ва хулосањои К. Камолов сари ќадру эътибори шеъри Рўдакї, љойгоњи таърихї ва адабии он асосан самимї ба тамаддуну адаби тољикии форсї мебошад. Дар маќолаи донишманди заррабин Наљмиддин Комилов "Рўдакї ва адабиёти Шарќ" нозуктарин пањлуњои шеъри Рудакї, таърих ва замони эљод шудани он шеърњо дар асоси баќадртарин сарчашмањо, пеш аз њама тазкираи Муњаммад Авфии Бухорої мавриди андешаронї ќарор гирифтааст. Маќолаи "Юсуф Хос Њољиб ва Рўдакї"-и Б. Тўхлиев ба масъалаи басо

арзишманд-таъсири шеъри Рўдакї ба эљодиёти шоири асри Х1- и ўзбак Юсуф Хос Њољиб мавриди пажуњиш ќарор гирифтааст. Муаллиф пеш аз њама ба адабиёти форсии тољикї ошноии пурра доштани шоир ва дар пайравии "Шоњнома"-и Њаким Фирдавсї иншо шудани "Ќутадѓу билик"-ро, ки худи шоир Шоњномаи туркї номидааст, таъкид мекунад. Ба андешаи мо яке аз маќолањои љолибу арзишманди маљмўаи мазкур ин "Бухорони шарафлаган илк ќасида ва унинг ўзбек тилидаги тўрт таржима њаќида" ном маќолаи Охунљон Сафаров мебошад. Вай дар ибтидо аз маълумотњои тазкиранависон Њамдуллоњи Мустаъфї, Низомии Арўзии Самарќандї, Абдурањмони Љомї ва Давлатшоњи Самарќандї, инчунин андешањои олимони тољику эронї доир ба таърихи суруда шудани ќасидаи "Бўйи љўйи Мўлиён…"Рўдакї андешаронї намуда, дар нимаи дуюми садаи бист аз чор маротиба баргардон шудани ќасидаи мазкур ба забони ўзбакї сухан меронад. Дар маќолањои "Талќини ишќ дар шеъри Рўдакї"-и Њ. Ќудратуллоев, "Рўдакї аз нигоњи Ќаюмї"-и М. Сулаймонов, "Бобур ва Рўдакї"-и Њ. Љўраева ва маќолањои "Мероси Рўдакї ва санъати мусиќї" -и Ш. Салимов, "Асарњои Рўдакї ба забони ўзбакї"-и Эргаш Очилов пањлуњои гуногуну арзишманди эљодиёти Рўдакї мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифта бошанд, маќолаи "Ватан адабиёти" тушунчаси, адабиёт сиёсати ва Рўдакий ижодига муносибат" -и Султон Олимовро ба вижа бояд таъкид намуд. Зеро, чунин њис мешавад, ки ў чун "фарзанди бовафои миллати ўзбак" (шояд ў дар асл тољик бошад) бо як њарорату ифтихор аз ватани хеш -Ўзбакистон њарф мезанад. Њар рисолаву китоб ё шоиру олиме, ки дар ин шањрњои бузурги тољикнишин иншо шудаву дар ин шањрњои соњибта-

Ќуния ва Кўлоб боз њам наздиктар мешаванд

Фаррух Шарипов, Сафири фавќулодда ва мухтори Тољикистон дар Туркия бо волии Ќунияи ин кишвар Муаммер Ерол ва шањрдор Тоњир Акюрек дидору мулоќот дошт. Бино ба иттилоъи хабарнигори Озодагон дар ин нишаст масоили марбут ба њамкории тарафњо баррасї гардида, инчунин пањлўњои иљрои санади имзошуда дар бораи бародаршањрии Кўлобу Ќуния муњокима шуд. Зикр гардид, ки дар њоли њозир таќвияти њамкории фарњангї ва тањкими равобит миёни ин ду шањр зарур аст. Љињати њар чї зудтар дар амал татбиќ намудани муоњидањои тасвибшуда ќарор карда шуд, ки љонибњо аз шањри Кўлоб ва Ќуния дидан намоянд. Протоколи мазкур соли гузашта зимни сафари Эмомали Рахмон, президенти Тољикистон ба Туркия ба имзо расида буд.


№47 (307) 11 декабри соли 2013

13

таќриз

маддун ба воя расидаанд ва имрўз бо њукми гирябори таърих, ин зодбумњои тољикон- Самарќанду Бухоро, Фарѓонаву Сурхондарё ва Хоразм ба њудуди Ўзбакистон муштамил гаштаанд, чун мероси миллии халќи ўзбак ба ќалам медињад. Њатто "Авасто" барин китобе, ки ба миллату ќавмњои турк умуман иртиботе надорад, чун мероси халќи ўзбак муаррифї мекунад ва ба сухани он бебасарон "Авесто"-нинг 2700 йиллигини халќаро миќёсда зур тантаналар билан нишонладик. Нега? Чунки у бизники-узимизнинг Хоразмда яратилган. Шунинг учун у бевосита миллий меросимиз њисобланади" ("2700 солагии "Авасто"-ро дар миќёси байналхалќї бисёр зўр ва ботантана љашн гирифтем. Ба чї сабаб? Зеро он аз мост ва дар Хоразми мо эљод шудааст. Аз ин сабаб он бевосита мероси миллии мо ба њисоб меравад" (сањ.78). Гузашта аз ин њатто забони суѓдї ва мероси дар забони суѓдї эљодшударо низ мероси миллии ўзбакњо мењисобад: "Юртимизда бугун ўлик тиллар сафидан жой олган суѓд тилида яратилган барча адабий ёдгориклар њам бизнинг миллий меросимиздир. Чунки сўѓдлар, асосан, њозирги Бухоро ва

Самарќанд Ўзбакистон вилоятлари њудудларида яшаган" ("Имрўз забони суѓдї дар кишвари мо дар сафи забонњои мурда љой гирифта бошад њам ёдгорињои адабии дар ин забон эљодшуда мероси миллии мост. Зеро суѓдњо асосан дар Бухоро ва Самарќанди кунунї, њудуди вилоятњои Ўзбакистон зиндагї кардаанд" (сањ. 78). Чунин ба назар мерасад, ки Олимов аз чопи шеъри 30 нафар шоирони форсинажоду форсигўй, ки дар баргардони Самандар Воњидов ба маљмўаи "Боѓи бухорињо" (1996) дохил шудааст, изњори таассуф менамояд, ки барои чї мо ба чунин мероси бой бефарќ менигарем. Мурод аз чунин шеваи андеша вай њамоно ба мулки Ўзбакистон шомил гардидани Бухороро чун молу колои ўзбакї таъкиду талќин намудан мебошад. Хулосаи С. Олимов сари љойгоњи шеъри Рўдакї ва симои Рўдакї як доѓи лаънат бар сари адабиёти тољик ва сарнавишти миллати тољик аст: "Ўзбекистонимизда яшаб, баракали ижод этган буюк форсийзабон шоирларнинг биринчисиАбу Абдулло Жаъфар бинни Муњаммад Рўдакий. У њозирги Тожикистон Республикасининг Панжакентида туѓилган бул-

Вакилони МН дар Анќара

Тайи чанд рўз ахир як њайате иборат аз вакилони палатаи поёнии парлумони Тољикистон тањти сарварии Сафаралї Наљмиддинов, Раиси Кумитаи Маљлиси намояндагон оид ба иќтисоду молия дар шањри Анќараи Туркия ќарор дорад. Намояндагони Тољикистон бо маќсади омўзиш ва шиносої бо фаъолият ва кори бахши молия ва буљаи парлумони Љумњурии Туркия дар шањри Анќара чанд вохўрї анљом доданд. Оќои Раљабов зимни як сўњбати кўтоњаш бо хабарнигори Озодагон гуфт, нишастњои мо аз њар љињат муфиду барои њар ду љониб мусоид буданд. -Панљ вакили парлумони Тољикистон дар панљ рўз мулоќоти зиёде анљом дода, бо намояндагони кумитањои мухталифи парлумони Туркия, масъулини вазорати молия, палатаи њисоб ва ашхоси баландпояи њукумати Туркия вохўрданд,-илова кард Раљабов. Гуфтанист, бо ибтикори Сафорати Тољикистон дар Туркия мулоќоти донишљўёни тољик, ки дар шањрњои мухталифи ин кишвар тањсил доранд бо вакилони парлумони Тољикистон низ баргузор гардида, намояндагони мардумї аз њолу ањвол, шароити зисту тањсили њамватанонамон аз наздик огоњ шуданд.

Зафар МАЌСУДОВ

са њам, умрининг ката ќисмини мамлакат пойтахти булмиши Бухоро шањрида кечирган, асосий асарлари, табиийки, шуерда яратилган. Шу сабаб биз учун Рўдакий ижоди бевосита Ватан адабиётининг таркибига киради" ("Аз нахустин шоирони сермањсули кулли форсизабонон, ки дар Ўзбакистони мо зиндагї кардааст, Абўабдулло Љаъфар бинни Муњаммади Рўдакї мебошад. Вай дар Панљакенти њозираи Љумњурии Тољикистон ба ин дунё омада бошад њам, бештари умри худро дар пойтахти онрўзаи кишвар шањри Бухоро гузаронида, табиист, ки асарњои асосии худро дар њамин љо эљод кардааст. Аз њамин сабаб эљодиёти Рўдакї бевосита ба таркиби "Адабиёти ватан"-и Ўзбакистон дохил мешавад" (сањ. 79). Дар иртиботи ин андешањо С. Олимов аз забони мењмоне оид ба ќасидаи "Бўи љўи Мўлиён ояд њаме" ривоятеро наќл менамояд ва боз њамон шеваи ѓалати худро талќин мекунад, ки Бухоро азони худамон, яъне аз Ўзбакистон аст ("Бу ривоятда тарих бор. Бу тарих бизники. БухороЎзбекистонимизнинг юраги янглиѓ бир гўзал, кечмишларга бой, миллий фахр булгулик гўшаси. Кўрганимиз каби, Рўдакийни Бухородан, ўз-ўзидан, Бухорони Рўдакийдан айри тасаввр ќилиб булмайди" ("Ин ривоят таърихи худро дорост. Ин таърих аз мост. Бухоро дар Ўзбакистони мо дилеро мемонад ва яке аз мавзењои зебо, соњиби гузаштаи бой ва фахри миллии мост. Бинобар ин, Рўдакиро бе Бухоро ва Бухороро бе Рўдакї тасаввур кардан нашояд" (сањ. 81). С. Олимов зина ба зина ба он мекўшад, ки Рўдакиро дар бањри тамаддуни туркї-ўзбакї ѓарќ бисозад! Вай дар асоси хулосаи духураи дигари пажуњишгари ўзбак - А. Шарофиддинов навиштааст, ки "хорижий ва тожик олимларининг ягона хулосаси: Рўдакий узининг тарихий хизмати ва маќомига кўра тожик халќи маданияти њудудидан ташќари чиќади. Рости гап Рўдакийнинг мероси кенг маънода Ўзбекистон маданияти деган тушунчага киради" ("Хулосаи ягонаи олимони хориљї ва тољик чунин аст: агар ба рисолати таърихии Рўдакї ва маќоми ў нигарем, бармеояд, ки он аз доираи фарњанги халќи тољик берун баромадааст. Ба ростї, мероси Рўдакї ба маънои васеаш мафњуми тамаддуни Ўзбакистонро ифода мекунад" (сањ. 84). Шоири ўзбак Ортиќи Љўра аз ин андешаронї ва хулосабарорињои С. Одинаев ба ваљд омада, дар арзиши шеъри Рўдакї чунин њукм баровардааст: Буюк Љаъфар2 она тилида Њамон ўзбек дардин (и) сўзлайди3 Хулосаи "мушоњида" ва андешаронињои С. Олимов сари "љойгоњи" устод Рўдакї басо аламангез аст: "Ўзбекистон халќи ќачон ва ќайси тилда яратилганидан ќатъи назар шу юртда дунёга келган њар ќандай маънавий меросининг биринчи ва асосий вориси њисобланади. Бу масъалада энг тўѓри йўл-шу! Шунинг учун њам, Рўдакий ижодига муносибат мисолида кўриб ўтилганидек" ("Халќи Ўзбакистон ќатъи назар аз он, ки кай ва ба ка-

дом забон эљод шудааст, дар ин макон ба дунё омадани њар мероси маънавиро вориси асосї ва нахустин медонад. Дар ин масъала роњи дуруст њамин аст! Бинобар ин, ба эљодиёти Рўдакї низ аз њамин мавќеъ назар бояд кард" (сањ. 86-87). С. Олимов ба ин њама аз "Авасто"-ву Рўдакї турксозињо ќаноат накарда, њамчунин рўњ ва осори адибони модарзод ва љигарсўхтаи тољик- Пањлавон Мањмуд, Адиб Собир, Асириддини Асхикатї, Хоља Исмати Бухорої, Носири Бухорої, Мушфиќї, Ањмади Дониш, њатто устод Айнї, Љ. Икромї, С. Улуѓзодаро мањсули таърих ва муњити "Ўзбекистондир" мењисобаду мехонад (сањ. 82). Дар заминаи ин ќазия ба тањрифи таърих роњ дода, зикр кардааст, ки њаќќу њуќуќ дорем "онњоро шоирони форсизабони ўзбек" муаррифї намоем ва ба ганљинаи "Ватан адабиёти", яъне "ўзбек адабиёти" ворид намоем. Чунин мулоњизањои адабиётшиноси таърихбехабар як навъ давом ва инкишофи андешањои Гога Њидоятовро, ки бешармона баромади иљтимоии сомониёнро турк хондааст, ба хотир меоварад: "Саманиды были тюркского происхождения. Балх откуда они были родом был населен в подавляющем большинстве тюрками. Племя Огузов было их родным племенем…При дворе Саманидов нашли прибежеще два гениальных поэта Востока Фирдоуси и Рудаки"4. Во аљабо, дидаву дониста, ба чунин амали носавоб, тањрифи таърихи адабиёту фарњанг, моли як халќро тарака намуда, ба номи худ навиштану аз худ намудан дар маќолаи мазкур ва баъзе маќолањои дигари маљмўа ба назар мерасад, ки чунин ифтихори нољо ба муносибатњои илмиву адабї ва фарњангии ин халќњои давоми садањои зиёд дар њамсоягї зиста, халали љиддї ворид месозад. Мо аз он дар њайрат афтодаем, ки чунин андешањои ботил ва нисбат ба таърих ва рўњи миллии тољикон доѓовар чї хел аз назари виростори маљмўа Њамидљон Њомидии аз нохуни по то фарќи сар дарду ормони тољикї дошта ва Сафири ваќти Мухтори Љумњурии Тољикистон дар Љумњурии Ўзбакистон Бобохон Мањмадови таърихбохабар ва донишманди ватандўст гузаштааст?! Худоё, аз мост, ки бар мост! Сарфи назар аз чунин камбудињои хурду бузург маљмўаи "Одамушшуаро Рўдакї" дар шинохти Рўдакї, рўзгор, мероси адабї, пажўњишу тањлил ва пањлуњои гуногуни ашъори шоир дар Ўзбакистон љойгоњи хубе гузоштааст.

ВАЛИИ САМАД АЪЗАМИ ХУДОДОД 1 Азиз Ќаюмов- доктори илмњои филология, профессор, соли 1958 - замони љашни 1100 солагии Рўдакї директори Институти забон ва адабиёти АИ Ўзбекистон буд. 2 Абўљаъфар Рўдакї 3 Маљаллаи "Гулистон", 1991, №1, с.7 4 Г. Хидоятов. Крушение Саманидов.- Москва-Ташкент, 2002, сањ. 140-141.


14

№47 (307) 11 декабри соли 2013

чашмандоз

ЊАЁТ НЕЪМАТИ САМАРЌАНДЇ (Охираш. Идома аз шуморањои гузашта)

ГУРЕЗАГЇ Агарчи Мулло Њасан Чўља солњои ќатли оми истолинї, бо сабабњои номаълум аз назари таъќибкунандагони шўравї дур монда бошанд њам, доимо дар зери хавф зиндагї мекарданд. Њар замон аз тарафи шўравиён, ходимони маъмури Кўмитаи Њифзи Бехатарї (КГБ) таъќибкунии муллоњои дин суръат мегирифт. Ходимони маъмурї аз сокинони дењаашон бо чї кор машѓул будан ва дар куљо будани мўйсафедро пурсуљў мекарданд. Њар сари чанд ваќт андозѓундорони идораи молия "андозситонї" мекарданд ё ба идораи додситон даъват намуда, истинтоќ мекарданд. Њар дафъае, ки таъќиби муллоњо ављ мегирифт, Мулло Њасан ба дењањои дурдасти Ќашќадарё, Сурхандарёву Панљакент гурехта дар хонањои ёру дўстонашон пинњон мешуданд. Аммо дар гурезагї хам осуда буда наметавонистанд ва њар замон гурезгоњашонро иваз мекарданд. Сокинони дењаи Ёрии Панљакент наќл мекарданд, ки солњои 1953-54 ваќте, ки Мулло Њасан аз таъќиб гурехта, дар дењаи Ёрї, дар хонаи яке аз дўстонашон пинњон буданд, одамони чарминапўши аспсавори ношинос омада ба писарчањои дења "конфетњои шањрї" дода аз онњо куљо будани "муллои самарќандї"-ро пурсуљў мекарданд. Аммо писарчањо аз љавоб гурехта, сўи теппањо медавиданд. Солњои шастум таъќиби навбатии муллоњо суръат гирифт ва тирамоњи соли 1961 Мулло Њасан ба дењаи Ёрии ноњияи Пнљакенти Тољикистон, ки аз маркази ноњия таќрибан 24 километр дуртар воќеъ буд, гурехтанд. Дар дењаи Ёрї мўйсафед дўстони зиёд доштанд, аз љумла Мулло Нарзиддин, Мулло Бурњониддин, Мулло Камол. Мулло Њасан дар хонаи Мулло Нарзиддин паноњ ёфтанд. Се писари Мулло Нарзиддин- Мулло Сафар, Сирољиддин ва Субњониддин мўйсафедро фарзандвор, бо мењру муњаббати аз њад зиёд парасторї мекарданд. Хаме аз мушфиќию дилдорї, Карданд ќибларо парасторї. Ман, ки ба сўњбатњои пурмаърифату дарсњои "зиндаи"-и Мулло Њасан одат карда будам ва њамеша сўњбатњояшонро ёд мекардам, аз падарам хоњиш кардам, то маро ба дењаи Ёрї, назди устодам баранд. Моњи декабри њамон сол њамроњи падарам дењаи Ёрї равон шудем. Дар сарои Паљакенти Самарќанд, моро Мулло Ањрор таксисти Панљакентї мунтазир буданд ва пас аз яку ним-ду соат ба дењаи Ёрї расидем . Дењаи Ёрї аљаб манзараву табиати сењрангез дошт. Табиати сокинонаш нињоят содда, поку беѓараз, самимона, мисли табиати поку беолоиши одамони љамъияти ибтидої буд. Ба назарам гўё ба он љо ќадами харобкори шўъравиён, "навоварии цивилизатция" нарасида бошад. Дар дења айёми тўйњои чукбурї - писартўй буд. Он ваќтњо тўйњои Самарќанд одатан се рўз давом мекард. Як рўз "оши маслихат" мекарданд. Ёру дўстону хешони наздики соњиби тўй љамъ омада, аввал маросими "либоспўшонї" карда, ба писарчањо либосњои нав пўшонида, мисли "домодча"-њо меоростанд ва пас бо чї тартиб гузаронидани тўй маслињат мекарданд. Барои кўмак ба соњиби тўй њар кас бозёфти њолаш- яке гўсфанд, дигаре биринљ, пул тўёна меоварданд ва пас як шабу як рўз тўй барпо мегашт. Тўйњо асосан рўзњои љумъа , шанбе ва якшанбе - рўзњои истироњати мардум аз кори давлатї баргузор мегардид. Хурсандињо як шабу як рўз даво мекард. Гўё тамоми дења тўй дошт. Тўйњои Самарќандро як сарояндаи саришта карда наметавонист. Камаш ду- се нафар њофизон хизмат мекарданд. Баландгўякњо набуд. Њофизон миёни давраи тўйхўрон гашта бо навбат сурудхонї мекарданд. Аз њар сў садои тўйхўрон мебаромад:-"якто аз Њофиз шавад!", "якто аз Бедил шавад!", "якто аз Зе-

ДОРУЛФУНУНИ ЊАЁТ бунисо шавад!", "кош, ягонто аз Туѓрал мешунидем!" ё "якта аз Њољї бобо шавад!" (яъне аз Њољї Абдулазиз ), "Аз Шоњназар шавад!", "ягонта аз Мулло Тўйчи ё Содирохон шавад !". Баъзе тўйхурон номи оњангњоро гирифта, "Бебокча" шавад!, Ушшоќи Самарќанд шавад!", "Ќўшчинор шавад!", "Чўли Ироќ шавад"гўён аз њофизон талаб мекарданд. Худо накарда, мабодо сароянда матнро ѓалат мехонд, ё аз ўњдаи ба љо овардани талаби тўйхўрон намебаромад, дигар ўро ба маъракањо даъват наме-карданд. Муттаасифона, њоло тўйњои Самарќанд бо ќарори њукумат њамагї ду-се соат ба тарзи "оши нањор" мегузаранд. Намефањмед, тўй буд ё зиёфат. Аз кадом гўру лањад "поп музика" гуфтагї дарди сар пайдо шуд , бо дапарадупури бемантиќу садои ду-се баландгўяк гўшњоро ба ќомат меоварад. Дар як муддати кўтоњ, таќрибан дањ-понздањ соли охир њам сарояндагон ва њам мардум Њофизу Бедилу Зебунисову Њилоливу Туѓралро фаромўш карданд. Завќи њама паст шуд. Тўйњои Ёрї тарзи ба худ хос дошт. Мисли тўйњои Самарќанд аввал як бегоњ ёру дўстону хешони наздики соњиби тўй ба "маслињат" омада маросими "либоспўшонї" мекарданд ва њар кас аз рўи имкон "як тарафи тўй"-ро мебардошт. Рўзи сонї "Њезумхабарон" ном дошт. 40-50 нафар мард дар миёнбанд табару теша, харсавор меомаданд. Соњи-би тўй аввал назди њар хар як банд беда ва ба охўр як коса љав андохта, шиками харњоро сер мекард, пас назди соњибони харњо оши палав мекашиданд. Сањарии барваќти рўзи савум њама харсавор сўи кўњсор мерафтанд ва бегоњї, наздики шом њар кадоме бо як хар њезуми арча бармегаштанд. Боз аввал харњоро "зиёфат" карда, пас ба соњибони хар-њо ош медоданд. Рўзи чањорум "тўи кадхудо " ном дошт, ки танњо мардони зандори оиладор меомаданд ва рўзи панљум "тўи сарфу љамъ" ном дошт. Ба тўи "сарфу љамъ" хурду калон, духтару занони дења меомаданд. Њатто кўдакони ширхорро оварда , ба лабњошон аз равѓани ош мелесонданд. Дар тўйњои Ёрї асосан Искандар Њофиз Бобоев бо дастаи худ сурудхонї мекарданд. Писарони Искандар Њофиз- Олимљону Обидљон њунарпешагони шоистаи Љумњурии Тољкистон, бењтарин сарояндагони "Шашмаќом"и тољик, љоизадорони фестивали байналхалќии "Таронањои Шарќ" дар Самарќанд. Мулло Њасан мењмони олиќадри тўйњои Ёрї буданд. Ман доимо дар пањлўяшон менишастам ва мардум "набераи муллои сама-

рќандї" гуфта, маро бо самимият тоза "эркаву анзурат" мекарданд. Сафари ман ба дењаи Ёрї як моњ давом кард. Мулло Њасан зиндагиро бе Самарќанд тасав-вур карда наметавонистанд. Ёди ватан бошад, ки охири зимистон, аввали бањори соли 1962 сахт бемор шуда, рўи бистар хобиданд. Падарам дењаи Ёрї рафта, бо таксии Мулло Ањрори Панљакентї он касро ба хонаи мо оварданд. Дар хона аз мўйсафед пурсидам:- Бобољон! Худатон табиби хозиќ шуда, аз чї сабаб бемор шудед? -Мулло ! Ёди Ватан! Ёди Ватан!-оњи ба дард кашида, оњиста гуфтанд Мулло Њасан. Ман рўзу шаб дар пањлўяшон менишастам. Дар бисотам љуз "Мунтахаботи девони Њофиз", ки соли 1957 аз тарафи нашриёти давлатии Тољикистон нашр шуда буд, дигар китобе надоштам. Ба Мулло Њасан аз њамон китоб ѓазалњои Њофизро мехондам ва таќрибан пас аз як моњ мўйсафед бе доруву дармонњои тиббї, бо сењри ѓазалњои Њофиз сињат шуда , ба хонаашон рафтанд. Ба хотири дўстї, Мулло Њасан духтари хурдиашон Саодатро, ба набераи духтарии Мулло Нарзиддини Ёригї - Наљмиддин ба шавњар доданд. Рўзи васли дўстонро ёд бод! Ёд бод он рўзгорон, ёд бод!

ХОТИМА Мулло Њасани Чўља соли њазору њаштсаду њаштоду хафт дар гузари Ќурѓончаи шањри Самарќанд, дар оилаи Носири алочабоф (Носири алочабоф писари Љўраќули алочабоф буданд) таввалуд шуданд. Мулло Њасан ду маротиба издивољ карданд. Аз њамсари якумашон - Муаттарой (ваф.1926) ду фарзанд - писар Неъматљон (1915-1989) ва духтар шафоат (1919-2002) ва њамсари дуюмашон -Мукаррамой (1903-1987) ду духтар - Саноат (тав.1939) ва Саодат (тав.1944) ба дунё омаданд. Рўзе Мулло Њасан ба ман гуфтанд:-Мулло, ба Шумо як насињате дорам.Зинњор муллои дин нашавед! -Чаро?- пурсидам ман. -Азбаски дар ин замони бединиву гумрањї дониши ман ба кор намерафт, барои зиндагии рўзмарра маљбур шудам, ки худро ба ин пеша занам. Ба шумо худои мењрубон эњсони олитарини худ, илњоми шоирї бахшидааст, бар болои ин касби хуб доред. Шеъру илматонро барои њаёти асили инсониатон сарфа намоед ва рузќу рўзиро аз паси касбатон гузаронед!- гуфтанд Мулло Њасан. Як чанд соат пеш аз вафоташон, ман дар

сари болинашон бо падарам менишастам, сарашонро аз болин набардошта, бо чашмони пўшида гуфтанд: Мулло! Байти маќтаи ѓазали Вањширо, ки ба он Сайидо мухаммас бастааст, дар ёд доред? Ман аз ин саволи мўйсафед дар њайрат афтода, хомўш мондам. Мўйсафед бори дигар пурсиданд: Ба хотиратон омад? Ман боз хомўш мондам. Падарам гуфтанд: Агар донї, мўйсафедро мунтазир накарда гўй! Ман ноилољ монда, байтро ќироат кардам: Гуфтаї, тадбири корат мекунам, Вањшї, манол, Рафт кор аз даст кай тадбири корам мекунї? Мулло, ваќти тадбир расид! - Гуфтанд мўйса-фед, бо чашмони пўшида. -Њоло умри бисёре мебинед, бобољон! Њамроњ суњбатњои бисёр мекунем!- гуфтам ман. -Не, Мулло! "Зи буди хештан бигзар, ки ў нобуда мехоњад!"- фармудааст Наќибхон Туѓрали Самарќандї. Дар ин дунёи номукаммал њељ кас буд нашудааст. Ба њисоби њиљрии Муњаммадї як кам сад сол умр дидам, њаминаш кофист! Пас, њар ду, "мону-гир" бо навбат чанд соат байтгўї кардем. Таќрибан соати чори субњ, Мулло Њасани Чўља дар навбати худ як мисра гуфтанд, вале мисраи дигар дар дањонашон монд. Ин марди фозил, алломаи ношинохта, сања-рии барваќт, рўзи панљшанбе , савуми ноябри соли њазору нўњсаду њаштоду се, дар синни наваду њафт олами фониро падруд гуфта , аксари дониши худро бо худ ба хок бурданд. Ќабрашон дар мазори дењаи Дашти сўхта воќеъ аст. Мўйсафеди худоназаркарда то дами вопасин аз забону аќлу њуш кам нашуда, бо чашми бедор, бо забони гуфтор, љон бе миннат ба парвардигор супориданд. Падарам Неъматљон фарзанди нахустин, писари ягонаи Мулло Њасан буданд ва ман набераи нахустини бобоям. Ман аз бобоям Мулло Њасан Чўља, дорулфунуни њаётам, барои меъроси маънавї-ганљинае, ки бар маѓзи сари ман гузоштанд як умр миннатдорам. Кош, дар њаёти њар инсон, Мулло Њасани Чўља барин мардони фозил, рањнамоён, дорулфунунњои зинда, меъморони маънавї бисёртар мебуданд. Худо рањмат кунад, рўњи покашон то фардо рўзи ќиёмат шод бод ва он рўзи доварї ба дидори якдигар мушарраф шавем! Омин!


№47 (307) 11 декабри соли 2013

15

таърих

ШАБОЊАТЊОИ АПАРТЕИД ВА МОЊИЯТИ РЕЖИМИ САЊЮНИСТЇ Акнун, ки марги Мандела бори дигар сиёсатњои даврони апартеиди Африќои љанубиро дар зењнњо љилвагар кардааст, душвор аст битавон табъизњои нажодии асри навро нодида гирифт.

Б

а гузориши хабаргу зории "Форс", њанго ми холикунии маљ бурии минтаќаи Софиётовен ( дар наздикии Ёњансберг) дар соли 1955, ки даврони апартеиди Африќои љанубї буд, њудуди 65 њазор нафар сиёњпуст аз ин манотиќ берун ронда шудаанд, аммо танњо чанд сол пештар аз ин њодиса, яъне дар соли 1948 режими Исроил бодиянишинињои сањрои Наќабро ба зур аз ин манотиќ, ки сарзаминњои аљдодии онњо буд, хориљ ва аз онњоро ба минтаќае муњосира шуда ба номи " Сиёг" мунтаќил карда буд. Акнун, ки марги Мандела бори дигар сиёсатњои даврони апартеид Африќои љанубиро дар зењнњо љилвагар кардааст, душвор битавон аз монандињои ошкор байни ин иќдомоти он режим ва режими сањюнистї чашм пўшид. Нигоње гузаро ба бархе аз иќдомоти режими Исроил дар Каронаи Бохтарї, ки муњаќиќони Созмони милал њам борњо ба он ишора кардаанд, мизони монандии апартеиди Африќои љанубї бо апартеиди режими

сањюнистиро ошкор мекунад: эљоди шањракњои махсуси *яњудињо*, ташкили љодањои људогона ба исроилињо ва фаластинињо, бозрасињои низомї, ќавонини табъизомези издивољ, сохтани девори Исроил дар заминњои ишѓолии Фаластин, истифода аз фаластинињо ба унвони неруи кори арзон, нобаробарињои зерсохторї, дастрасии нобаробар дар заминњо ва манобеъ.

Собиќаи муќоисаи Исроил бо апартеид Дар соли 1961 сарвазири Африќои љанубї буд, ки раъй Исроил дар Созмони милал алайњи иќдомоти апартеиди ин кишварро ба интиќод гирифт ва гуфт, ки "нигаришњои зидди апартеиди Исроил зидду наќиз њастанд... онњо Исроилро аз арабњо, ки њазорон сол дар онњо зиндагї карда буданд, гирифтанд. Ман аз ин лињоз бо онњо мувофиќ њастам. Исроил њам монанди Африќои љанубї як кишвари апартеид аст.* Аз он замон ба баъд муќоисаи апартеиди Исроил ва Аф-

БОЗГАШТИ ЊАМА БА СЎИ ЎСТ Хатмкардагони соли 1980-и факултети филологияи тољики ДДТ (њоло ДМТ) ба шарикдарсашон, рўзноманигори љомеашинос Латиф Њадязода даргузашти модари гиромияшро таслият гуфта, аз даргоњи Худованд ба он марњума рањмату маѓфират ва барои бозмондагон сабри љамил хоњонанд.

риќои љанубї ба амре маъмул табдил шуд, то љое, ки имрўз њатто дар кишвари Амрико, ки интиќод аз Исроил љузви мамнўиятњо мањсуб мешавад, ин муќоиса афзоиши чашмгире додааст. То кунун маќомот ва шахсиятњои бисёр зиёде ин муќоисаро ба кор бурдаанд, аммо мо ба изњороти маќомоти Созмони милал, ки ин муќоисаро ба кор бурдаанд, ишора мекунем. Љон Догорд, гузоришгари собиќи вижаи Созмони милал, вазъияти мављуд дар Каронаи Бохтариро вазъияте бадтар аз апартеиди Африќои Љанубї тавсиф кард. Вай дар соли 2007 навишт, ки ќонунњо ва иќдомоти Исроил дар сарзаминњои ишѓолии Фаластин, ба таври ќатї ба љанбањое аз апартеид шабењ аст. Ин маќоми собиќи Созмони милал бо ишора ба таърифи расмии апартеид менависад: Оё метавон инкор кард, ки њадафи ин иќдомот тасаллути як гурўњи нажодї бар гуруњи нажодии дигар ва зулм кардан ба онњост? Исроил инкор мекунад, ки њадафаш ин бошад, аммо ин ният ё њадафро метавон аз њолатњое, ки дар ин гузориш ба онњо ишор мешавад, дарк кард. "Дар октябри 2010 Ричорд Фолк, гузоришгари вижаи Созмони милал дар умури Исроил, ба кумитаи сеюми Маљмаи умумї гузориш дод, ки назари гузоришгари вижаи Созмони

милал ин аст, ки моњияти ишѓолгарии Исроил то соли 2010, иддаъоњои пешин дар бораи истеъморгарї ва апартеидро таќвият мекунад. Вазъият нисбат ба њатто се сол пеш бадтар шудааст. Вижагињои истеъморї ва

апартеиди режими Исроил як фароянди афзоишї буда аст. Њарчи ин фароянд бештар замон мебарад, ѓалаба бар он душвортар ва бозгардондани њуќуќи асосии мардуми фаластин, љиддитар мешавад."

ДАР ЊАМИН ЊОЛ Диёрбакр ва Юкесковои Туркия ноором аст

5 нафар аз неруњои полиси Диёркбар бар асари партоби бомбњои кучаки дастсоз маљруњ шуданд ва яке аз бонкњои бузурги Юкесково ба таври комил ба оташ кашида шуд. Ба гузориши хабаргузории Форс ба наќл аз пойгоњи хабарии "Љањон" ба дунболи он, ки дар нооромињои рўзњои ахир дар шањри Юкесковои вилояти Њакорї, 2 љавони курд ба дасти неруњои полиси Туркия кушта шуданд, мавље аз нооромињо дар чанд шањри курднишин шакл гирифт. Ин манбаъ навишт, дирўз гуруње аз аъзои њизби сулњ ва демократия ва њаводорони ЊКК(Њизби коргарони Курдистон) дар Диёрбакр роњпаймої карданд ва роњ надодани онон ба яке аз хиёбонњои аслї, боиси даргирї байни полис ва љавонон шуд. Бинобар иттилооте, ки аз њукумати Диёрбакар дар ихтиёри расонањо ќарор гирифт, 3 нафар аз љавонони узви шохањои махфии ЊКК, ки худро дар сафњои рањпаймоикунандагон љо дода буданд, ба суи неруњои полис чанд бомби дастсози кучак ва норинљаки садодињанда андохтанд, ки бар асари таркиши бомбњо, 5 полис маљруњ шуда ва ба бемористон интиќол ёфтанд. Дирўз њамчунин дар шањри Юксеково яке аз бонкњои бузурги ин шањр тавассути гуруње аз љавонони узви њизби сулњ ва демократия ба оташ кашида шуд ва компютерњо, дастгоњњои пулдињанда, сандалињо ва дигар таљњизоти бонк ба таври комил аз байн рафт. Њасиб Копулон, намояндаи мардуми Шарнох ва аз сарони њизби сулњ ва демократия ба расонањо гуфт, куштани 2 љавони курд аз суи неруњои амниятї, ба монанди он аст, ки аз пушт ба музокироти сулњ байни ЊКК ва Туркия ханљар зада шавад. Абдуллоњ Уљолон рањбари зиндонии ЊКК дирўз дар дидор бо 3 намояндаи курд, паёми тасаллияти худ барои хонаводањои 2 кушташударо баён дошт.

e-mail: e-mail: ozodagon@mail.ru ozodagon@mail.ru ХАБАРНИГОРОН:

МУАССИС: МУЊАРРИР:

Зафари СЎФЇ Азизи НАЌИБЗОД

МУДИРИ ИЉРОИЯ:

www.ozodagon.com

Абдулазизи ВОСЕЪ, Исфандиёри ХАЛИЛЇ, Њумайрои БАХТИЁР, Сиёвуши ЌОСИМЗОДА

ТАРРОЊ: Аслиддини ЉУМЪА

Хилватшоњи МАЊМУД

МЕНЕЉЕР: С. НЕЪМАТУЛЛО Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест. Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд. Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст. Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202 972314030017600 МФО: 350101403 Корр. счет: 20402972714031 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе ИНН № 030012573

НИШОНЇ: Тољикистон, Душанбе, к. Мирзо Турсунзода– 45, х. 401. Телефон: 37-880- 07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99 Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст


16

№47 (307) 11 декабри соли 2013

њафтранг ДАР ОЛАМИ САНГИНДИЛУ БЕМЕЊРУ МАДОРО Дар олами сангиндилу бемењру мадоро, Шоир ба чи кор ояду шеъраш ба чи коро?! Ку гўш, ки оњанги писанде бишиносад? Ку шавк, ки девона кунад синаи моро?! Њангомафурўшон сари бозори замонанд, Афсонаашон номи Самарќанду Бухоро Аммо чи Самарќанд, агар ќанд набошад? Аммо чи Бухоро, ба дили санги чу хоро?! Баѓдоду Димишќ аз назари дину дил афтод, Дар кишвари нафсанд мусалмону насоро! Он кудаки афѓон, ки бизоданд дами љанг, Пирона сўи сулњ кашидаст асоро… Пайваста ба як њаста чи Эрону чи Нирон, Афканда ба як варта чи шоњу чи гадоро! Буњрони самоиву заминиву замонї, Афтода, ки бишнос ту худрову Худоро!

ТОЛИБИ ОЗАРАХШ

Моему шунидан ба њамон одати тифлї, Афсонаи гургу бузаки чингилапоро…..

ХОБИ ТАЪРИХЇ Устоди фанни таърихи Ватан имшаб, Боз дар хоби парешонам сухан дорад, Мисли як булбул, хуморї, дар фироќи гул, Нолањо аз сарнавишти хештан дорад: "Кош будам моњтобе, то ба ранги нур, Дар тани девори таърихи Бухоро, Номи Исмоили Сомонї нависам , Аз сафо, аз сидќ, зебову дилоро. Об гардам, кош, то бо шеваи шодї, Дар хумористони гулбоѓи Самарќанд, Байти зебои Зарафшонї сароям, Њамнавои Рўдакї, ширинтар аз ќанд! Офтобе бошаму аз токи айвоне Шеъри ноби Њофизи Шерозро хонам, То ба даст орад диламро турки Шерозї, Як ѓазал руъё ба холи њиндуяш монам..." Устоди фанни таърихи Ватан њар шаб, Дарси таърихии моро мекунад такрор, Хоби таърихии дилро медињад барбод, Дарди таърихии дилро мекунад бедор...

АВВАЛИН ХАБАРГУЗОРИИ МУСТАЌИЛИ МИНТАЌАВЇ


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.