Озодагон №302

Page 1

Президенти камбизоат 5

ОИНА

Сарќонуни Тољикистон ба таѓйирот ниёз дорад?

Роњи гурез аз зулмот 6

ПУРСИШ

ПЕШНИЊОД

 10

Ман душманам ба њар чї ѓуломию бандагист! Дискотекањо давои љон на,

балои љон

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

E-mail:ozodagon@mail.ru

Замони "шукрона" дубора оѓоз мешавад... Як дўсти донишманд рўзе аз ман пурсид, ки медонї чаро дар кишварњои пешрафта пашша нест? Гуфтам; шояд тавонистаанд алайњаш муборизаи босамар роњ андозанд. Гуфт; на, онњо бар зидди пашша не, балки алайњи муњити пашшасоз мубориза бурдаанду мебаранд.

Муњит


2

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

рухдод ЊИКМАТИ ЊАФТА

Кабирї аз Туркия: "Зарурати бозгашт то интихоботро намебинам"

Муњиддин Кабирї, раиси Њизби нањзати исломии Тољикистон (ЊНИТ), дар сўњбат бо "Озодагон" хабарњо дар бораи гўиё кўч бастанаш ба Туркияро рад кард. Ў гуфт, бо истифода аз таътиле, ки парлумон барои намояндагони мардумї дар давраи таблиѓи номзадњо ба маќоми президентї додааст, танњо чанд муддат дар назди фарзандонаш дар Туркия монда ва сипас ба Ватан боз мегардад. "Бо назардошти он ки парлумон ба таътили ѓайринавбатї баромадааст ва вакилон ба минтаќањо барои таблиѓи номзадњо рафтаанд, лозим донистам, ин муддатро дар Туркия бо њамроњии фарзандонам бигзаронам, ки онљо тањсил мекунанд. Бояд гуфт, яке аз фарзандонам донишљўи соли дуюми Донишгоњи иќтисодии Истанбул ва дуи дигар донишомўзи литсей мебошанд",-афзуд ў. Оќои Кабирї дар идома гуфт, њарчанд тањсили фарзандонаш дар хориљ ва сафарњои доимии ў чизи нав нест, "вале матрањ шудани ин мавзўъ имрўзњо шояд дар заминаи баъзе фишорњо болои њизб, парвандаи тўлонии экологї дар мањкама ва фишорњои иќтисодї болои хешу табор ва наздикони мо ба вуљуд омадаанд". Вай илова кард, "албатта, дўстдорони пањн кардани овоза њам кам нестанд. Воќеият ин аст, ки рўзњои наздик њатман бармегардам ва ба фаъолияти рўзмарраи худ мисли пешина давом хоњам дод." Раиси Њизби нањзати исломї мегўяд, чун номзади онњо ба маќоми президенти Тољикистон сабт нашуд ва Шўрои сиёсии њизбаш низ тасмим гирифт, ки дар интихобот иштирок намекунад, зарурати бозгашт то интихоботро намебинад. Вай аз њамаи тарафдорону дўстонаш хоњиш кард, ки ба њар гуна овозањо дар бораи кўч бастани ў ба кишвари хориљї бовар накунанд. Муњиддин Кабирї, ки њамзамон президенти Федератсияи њандболи Тољикистон аст, њафтаи гузашта барои ширкат дар Кунгураи 19-уми Федератсияи байналмилалии њандбол ба Ќатар рафта буд. Вай мегўяд, баъд аз анљоми кори Кунгура бо олими шинохта ва муљтањиди муосири олами Ислом доктор Ќарзовї, ки солњои охир дар Ќатар зиндагї мекунад, низ мулоќот ва сўњбатњо дошт. "Аз љумла, мавзўи номзадии зан ба маќоми президентї, роњбари давлат интихоб шудани зан ва масоили дигари рўзмарра мавриди сўњбат ва бањси мо ќарор гирифт",-гуфт ў.

ЊИКМАТИ ЊАФТА

Лимити нерўи барќ дар Тољикистон 15 соат муќаррар шуд

Ширкати "Барќи тољик" барои сарфаи обу энержї боз ба рељаи мањдудияти барќ ё худ лимит дар Тољикистон таѓирот ворид карда, муддати онро аз 7 ба 15 соат табдил дод. Тавре Нозирљон Ёдгорї, сухангўи "Барќи тољик" дар суњбат ба "Озодагон" гуфт, мардуми навоњии кишвар минбаъд аз соати 9:00 то 17:00 ва аз соати 22:00-и шаб то 5:00-и субњ барќ нахоњанд гирифт. Ёдгорї таъкид намуд, ки ин иќдом ба хотири захираи об дар обанборњои кишвар ва таъмини бењтари мардум бо барќ дар фасли зимистон аст, ки тибќи пешгўии обуњавошиносон имсол ќањратун хоњад буд. Ёдгорї таъкид намуд, ки ин мањдудият ба шањрњои Душанбе, Хуљанд, Кўлоб, Ќўрѓонтеппа, Турсунзода ва Чкалов дахл надорад. Ин дар њолест, ки ин ширкат аз оѓози мањдудсозии неруи барќ дар ќаламрави кишвар шуруъ аз рўзи 26 октябр хабар дода гуфта буд, мардуми навоњии кишвар минбаъд аз соати 23:00-и шаб то 5:00-и субњ барќ нахоњанд гирифт. Сокинони манотиќи Тољикистон дар шаш моњи фасли тирамоњу зимистон аз камбуди нерўи барќ дар манозилашон ранљ мекашанд. Маќомот мег-

ЊИКМАТИ ЊАФТА

Имсол беш аз 157 000 љавон бори аввал овоз медињанд

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон (КМИРТ) масъулони ќитъањои овоздињоро муваззаф кардааст, то барои онњое, ки бори аввал дар интихобот иштирок мекунанд, гул таќдим намоянд.

ЊИКМАТИ ЊАФТА

ВКД мегўяд, Умедљон Тољиев мехост, аз боздошт фирор кунад

Вазорати умури дохилии Тољикистон дар робита ба ќазияи Умедљон Тољиев, узви Њизби Нањзати Исломии Тољикистон, ки худро аз ошёнаи сеюми бинои Идораи пулиси Исфара ба зер афкандааст, вокуниш нишон дод. Ин нињод бо нашри хабаре дар торнамои расмияш гуфт, њоло аз тарафи Рамазон Рањимов, вазири умури дохилї, дар Идораи пулиси Исфара санљиши хидматї таъин шудааст. Умедљон Тољиеви 34-сола, сокини љамоати Чоркўњи шањри Исфара, рўзи 30 октябри соли љорї аз сўи маќомот боздошт ва ба Шўъбаи умури дохилї оварда мешавад. Вазорат мегўяд, оќои Тољиев барои итоат накардан ба амри пулис дастгир ва бо ќарори додгоњ барои дањ рўз ба њабси маъмурї мањкум шудааст. Манбаъ меафзояд, "рўзи 2 ноябр нисбат ба Умедљон Тољиев дар асоси нишондоди пеш дастгир ва њабсшудагон Иброњимов З., ва Шодиев Ѓ., инчунин иќрори худи ў, аз тарафи Додситонии шањри Исфара парвандаи љиної бо моддаи 187, ќисми 2-и Кодекси љиної, яъне ташкили иттињоди љиної оѓоз карда шуд. Баъд аз анљоми пурсиш Тољиев бо маќсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шањри Исфара ба поён мељањад, ки дар натиља пойи чапи ў љароњат бардошта, барои ёрии таъљилии тиббї расонидан, аз тарафи кормандони милиса ба беморхона оварда карда мешавад." Дар њамин њол, Файзиннисо Воњидова, вакили мудофеи Умедљон Тољиев, мегўяд, њоло нафари тањти њимояташ дар шўъбаи эњёгарист. Ба ќавли ў, "то њол аз љониби масъулон бобати њодисаи рухдода пурсида нашудааст. Аз ќавли духтурон, ў ба худ омадааст, вале боз доруи мадњушкунанда додаанд, то асабаш ором гирад. Баъд аз пурсиш ваъда карданд, ки ба модараш нишон медињанд. Муњим он аст, ки Умедљон зинда аст ва дар оянда худаш њодисаи рухдодаро наќл хоњад кард."

ўянд, танњо дар сурати бунёди нерўгоњи Роѓун лимити нерўи барќ куллан аз миён бардошта хоњад шуд. Нерўгоње, ки сохтмонаш бо мухолифати шадиди њамсояњои Тољикистон, бахусус Узбакистон, рўбарў шуда, њанўз ташхиси фанниву иќтисодї ва зистмуњитии он аз тарафи коршиносони Бонки Љањонї њам ба поён нарасидааст.

Ба ќавли Абдуманнон Додоев, рањбари дастгоњи КМИР, дар интихоботи президентии 6 ноябр 157 њазору 214 љавон барои аввалин бор раъй хоњанд дод. Ин масъули Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсї мегўяд,

"мо имкон надорем, ба њамаи љавононе, ки аввалин бор овоз медињанд, гул дињем. Лекин, дар њар сурат, ба бештари ќитъањои раъйдињї дастур додем, ки интихобкунандащоро хуш ќабул намуда, ба љавононе, ки бори аввал ба овоздињї меоянд, якдонаї гул дињанд." Дар маљмўъ, каме бештар аз 4 миллион тољикистонї иљозаи овоздињї доранд, ки як ќисми онњо дар муњољират, бахусус дар Русия ќарор доранд. Интихоботи президентии Тољикистон 6 ноябр баргузор хоњад шуд, ки дар он шаш нафар барои дарёфти курсии раёсати љумњурї талош доранд. Яке аз ин номзадњо Эмомалї Рањмон, раисиљу-

мњури кунунии Тољикистон, аст, ки барои бори чорум дар интихобот иштирок мекунад. Вай дар се интихоботи гузашта бар раќибонаш пирўз омада, ба курсии президентї такя задааст. Баъд аз берун шудани Ойнињол Бобоназарова, номзади ягонаи нерўњои ислоњотхоњ, бештари соњибназарон мегўянд, ин дафъа низ оќои Рањмон зимоми ќудратро ба њеч яке аз раќибонаш нахоњад дод. Њоло дар баробари Эмомалї Рањмон Исмоил Талбаков (ЊКТ), Олим Бобоев (ЊИИТ), Абдуњалим Ѓаффоров (ЊСТ), Саидљаъфар Исмонов (ЊДТ) ва Толиббек Бухориев (ЊАТ) довталаби курсии президентиянд.

ЊИКМАТИ ЊАФТА

Боздошт ва бозпурсии Аслиддин -- писари Алим Шерзамонов

Аслиддин, писари Алим Шерзамонов -- рањбари дафтари Њизби сотсиал-демократи Тољикистон (ЊСДТ) дар Бадахшон, бо дархости Кумитаи амнияти миллї боздошт ва баъд аз бозпурсї рањо шудааст. Дар ин бора худи Алим Шерзамонов хабар дод. Вай субњи 1 ноябр дар сањифаи Фейсбук навишт, писараш рўзи 30 октябр дар гузаргоњи марзии Ќизил-Арт, миёни ноњияи Мурѓоб ва Ќирѓизистон, бо дархости Кумити амнияти миллї боздошт шудааст. Ба ќавли Шерзамонов, писараш бо нияти сафар ба Русия, аз Хоруѓ ба шањри Ўш рафтанї буд. Аслиддин Шерзамоновро дар мавриди падараш, њаводиси тобистони соли гузаштаи Хоруѓ ва дигар масоил бозпурсї кардаанд. Раиси дафтари ЊСДТ дар Бадахшон меафзояд, баъд аз он ки њамроњони Аслиддин аз боздошти ў хабар доданд, рањо гардидааст. Ин мухолифи њукумат бовар дорад, маќомот телефонњои ўву наздиконашро гўш мекунанд ва боздошти писараш низ ба њаводиси Хоруѓу фаъолиятњои сиёсии ў рабт доранд. Оќои Шерзамонов яке аз мухолифони амалиёти нерўњои давлатї дар тобистони соли 2012 дар шањри Хоруѓ буд. Вай дар љараёни ин амалиёт Тољикистонро ба ќасди Русия

тарк карда, танњо баъд аз як соли ин њодиса ба Ватан бозгашт. Њангоми вурудаш ба Тољикистон ўро дар фурудгоњи байналмилалии Душанбе барои чанд лањза боздошт карда, сипас рањо намуданд. Пас аз он њам оќои Шерзамонов барои як гуфтугўи тўлонї ба дафтари Кумитаи амнияти миллии Тољикистон даъват шуда буд.

ЊИКМАТИ ЊАФТА

Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад, Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.

Лоиќ ШЕРАЛЇ


№42 (302) 5 ноябри соли 2013

3

сиёсат 4 интихобот ва ѓолиби доимї Гуфта мешавад, ки ин интихобот, интихоботи 4-уми президентї дар Тољикистон мебошад. Дар се давраи гузашта1994, 1999 ва 2006 пирўзї насиби як нафар, рањбари њукумати феълї-Эмомалї Рањмон буд. Ин дафъа барои курсии раёсатљумњур 6 нафар "талош" доранд. Коршиносон бо таваљљўњ ба раќобат барои пирўзї дар ин маърака, ширкати номзадњои дигарро ба истисонои як нафар талоши бењуда медонанд. Ба гуфтаи онњо баргузории интихобот ва номзадњои ањзоби сиёсї танњо барои исбот кардани меъёри интихоботи озод ва љомеаи демократии Тољикистон барои љомеаи љањонї мебошад. Бино бар тањлили гузоришњои расонањо ва масъулини давлатї аз вазъияти сиёсї ва шарту шароити зист дар кишвар њамагон ќаноатманд њастанд. Ба хусус дар остонаи баргузории ин маъаракаи муњими сиёсї расонањои давлатї бо пахши наворњо нооромињои солњои 1990 -умро барои мардум зиёд "гўшрас" мекунанд.

Таъсири баръакси ќањрамонтарошињо ба њукумат Аз оњанг ва пахши чунин гузоришњо як навъ мушоњида мешавад, ки дастгоњи таблиѓотї ва худи њукумат барои мардум миннат мегузоранд. Расонањои давлатї њамеша аз он мегўянд, ки бо шарофати њукумати феълї, ба хусус Эмомалї Рањмон оромї дар Тољикистон ба вуљуд омадаасту мардуми тољик набояд њаводиси хунини дањаи гузаштаро фаромўш кунанд. Бо дидани чунин наворњо аввалин пурсиш ба вуљуд меояд, ки як дастгоњи таблиѓотї то куљо њаќќи бањогузорї кардан аз таърихро дорад? Гузашта аз ин, дар таърихи љањонї њеч нашудааст, ки бархўрд ва ё даргирињо танњо бо айби як љониб ба вуќўъ пайваставу, бо шарофати љониби дигар сулњ баста шавад. Бењтар аст, ки њодисањои 1990-умро таърихнигорон тањлил бикунанд, аз ин ки расонањо ба дарназардошти манфиати гурўњи худ бањогузорї кунанд. Аммо аз чунин амали расонањои давлатии Тољикистон метавон хулосабарорї кард, ки њукумати феълї идеяе барои баќои њокимияти худ надорад. Аз ин хотир бештар талош мекунад, бо ишора аз нооромињо мардумро ба тарафи худ љалб кунад. Аммо ин ишорањову кањрамонтарошињо то ба њадде расид, ки дигар барои њукумат он таъсири баръакс медињад.

20 соли шукргузорї ва сабри мардуми тољик Њамеша мардуми тољикро мутаќоид мекунанд, ки агар ин њукумат сари ќудрат намеомад, хунрезиву гуруснагї ва гурезагиву ќашшоќї аз байн намерафт. Ба ибораи дигар метавон

Замони "шукрона" дубора оѓоз мешавад... Фардо интихоботи президентї аст. Интихоботе, ки натиља ва ѓолиби он барои коршиносон ва мардуми тољик ангор аз ќабл маълум аст. гуфт, ки барои иљрои рисолати худ миннат њам мегузоранд. Маврид ба тазаккур аст, ки то ин замон мардуми тољик чунин суханњоро тањаммулпазирона ќабул кардаву, аз вазъи худ шукрона мекарданд. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин авохир мардум аз фаъолияти њукумат ва шароити зисти худ бештар изњори нигаронї мекунанд. Бархе аз коршиносон мегўянд, ки 7 солаи баъдї барои Эмомалї Рањмон бояд, ки марњилаи дигари корї бошад. Њамакнун фурсате фаро расидааст, ки Эмомалї Рањмон њам дар мавриди бењтар кардани зиндагонии мардуми кишвар ва иљрои воќеъии салоњияти раисљумњурї дар ростои рифоњ ва зиндагии бењтари мардум бештар талош намояд.

"Шукрона" навбати кист? Давоми 20 соли охир мардуми тољик чї ќадаре тавонист вазифаи худро анљом дод. 20 сол аст, ки мардуми тољик барои ин "тинљї" аз њукумат шукргузорї мекунад. Бештар аз 15 сол мешавад, ки шањрвандони кишвар аз мањдудияти барќ, набудани гази табиї, моњонаи баробар ба харљи зиндагї садо баланд намекунанд. Инак 10 сол мешавад, ки мардуми Тољикистон аз вазъи нољури бахши тандурустї, маориф ва иќтисод эътироз намекунад.

Давоми 6 соли охир фасод дар сатње расид, ки њукумат барои пешгирии он як нињоди вижаи давлатї таъсис дод, аммо он на њама интизорињои мардумро бароварда сохт. Ва боз њамин шањрвандони оддї буданд, ки сабр пеша карданду рушди фасодро тањаммул менамоянд. Ин њама барои мушкилтар кардани зиндагии мардум кам буд, ки давоми 3-4 соли охир масъулини нињодњои давлатї бо њар роњу васила ин косаи сабри мардумро мешикананд. Пулакї кардани роњ аз тарафи парлумон метавонад исботи ин

гуфтањо бошад. Набудани љойњои корї, афзоиши муњољирати шањрвандон ба Русия мавзўи дигари бањс аст. Њамакнун фурсате расидааст, ки аз ин ба баъд Эмомалї Рањмон ва тими ў оњиста оњиста барои роњандозї кардани ислоњот дар кишвар камари њимат бибанданд. Шояд акнун фурсати он њам расидааст, ки њукумат аз ин сабри бесарњади мардум суйиистифода накарда, аз ин тањаммулпазирии мардум шукргузорї бикунад. Мантиќан агар халќи тољик пеши ин њукумат вомдор аст, ин њукмат низ назди мардум ќарз

дорад. Биёед як бор воќеъбинона андеша намоем, ки мансабдорони имрўза бист сол ќабл чї рўзу рўзгоре доштанд ва акнун дар кадом шароит ба сар мебаранд. Оё онњо муваззаф нестанд, ки шароитеро, ки барои худ ва пайвандонашон сохтаанд, њадди аќал сеякашро барои мардуми беандоза шокирашон низ ба миён оранд? Фикр мекунам барои ин масъуланд ва дигар навбати шукрона аз онњост. Шукрона аз мардуми ранљдида ва пурсабри тољик.

Њумайрои БАХТИЁР


4

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

дидгоњ Чандест рўзаи сукут гирифта будам. Албатта ин рўза фаќат ба навиштањои насрии ман дахл дошт. Дар ин миён чанд шеъргунае иншо шуд. Њоло, агар тањрики бархе набуд, шояд муддати рўзаи сукути ман њам чанд рўз ё чанд моњи дигар идома мекард.

Муњит Зафари СЎФЇ

Р

остї, дилам ба навиштањо ву нависандањо месўхту месўзад. Њатман њар кадо ми шумо њикмати "фарёд дар гўши бод"-ро шунидаед. Ваќте навиштањоят њеч асаре надорад ва баръакс бод бештар садо мекунаду овозатро ношунавотар мегардонад, магар мантиќист, ки боз садо бикунї? Бигзарем, ки имрўз рўзаи сукут мешиканам ва њар чи бодо бод! Як дўсти донишманд рўзе аз ман пурсид, ки медонї чаро дар кишварњои пешрафта пашша нест? Гуфтам; шояд тавонистаанд алайњаш муборизаи босамар роњ андозанд. Гуфт; на, онњо бар зидди пашша не, балки алайњи муњити пашшасоз мубориза бурдаанду мебаранд.

Чанд рўз аст, ки ин сўњбат дар сарам њай мечархаду мечархад. Воќеан њашара, амсоли пашшаву суск (таракан), кайку шабуш, малах ва њамчунин мушу каламуш бештар зодаи муњите њастанд, ки њашарапарвар бошад. Онњое, ки синнашон аз бисту панљ ба болост, њатман ёд доранд, ки дар Душанбеи баъд аз љанги бародаркушї мушу каламуш ва пашша чи ќадар зиёд шуда буд. Њар касе дар бораи њашара маълумоти ибтидої гирифта бошад, медонад, ки њашара фаќат дар муњити чирку ганду ифлосї пайдо мешаваду рушд мекунад. Њашарашиносон роњи бењтарин ва муассиртарини мубориза ва нобуд кардани њашараро дар пок кардани муњит медонанд. Яъне бояд муњите ба вуљуд овард, ки барои зиндагии инсонњои озода созгор ва барои рушди њашара носозгор бошад. Њоло шояд пеши худ суол бикунед, ки чаро аз њашараву њашарашиносї сухан мегўям? Агар аз дидгоњи аќл бингарем муњити иљтимої, иќтисодї ва сиёсї низ бар мабнои њамин ќоида ё мантиќ шакл гирифтаву

мегирад. Дар ин муњит њам агар таваљљўњи лозим нашавад мушу каламуш ва пашшаву суску малах пайдо мешавад, рушд мекунад ва њатто дар хеле маврид фармонравои пирўзи ин муњит мегардад. Аз назари шахсе чун ман, ки бо СУХАН сари кор дорад ва СУХАН яке аз муќаддасоташ мањсуб мешавад, дар муњити рўзноманигорї низ барои худ љои пой боз кардани њашарањо сахт дардноку риќќатовар аст. Дар шабакањои иљтимої низ доранд рўз аз рўз њашарањо зиёд мешаванд ва ину онро неш мезананду мегазанд. Агар њашара олудаи беморие набошад ба худии худ наметавонад инсонро гирифтор кунад ва ё бикушад. Аммо барои амалњои маъмулї ва рўзмараи инсон њатман халал мерасонад ва ин љост, ки аќл таќозо мекунад то муборизаро алайњи ин халалрасонњо оѓоз бикунї. Бархе муборизаро ба шакли ќадимї алайњи њашара шурўъ мекунанд ва шояд муваффаќ бишаванд, ки бархе њашараи заифро аз муњит хориљ намоянд. Аммо амали дуруст ин аст, ки бояд алайњи муњити њашарасоз мубориза кард. Бояд бипа-

зирем ва аз ин дидгоњ барномаи амалњоямонро тарњрезї кунем, ки њашара муњити ифлос ва чиркину бўгинро мепарастад ва ба њеч ваљњ намехоњад муњит таѓйир бикунад. Таѓйири муњити њашарасоз маънои марги њашарањоро дорад. Агар аъмоли њашара бар мабнои аќлу мантиќ њам набошад, ѓаризаи табиии худњифозат онњоро водор ба он мекунад бикўшанд, ки муњити њашарасоз њифз шавад. Њеч инсони боаќл раво намедорад, ки муњити атрофаш њашарасоз бошад. Агар дар баробари виз-виз ва таку дави њашарањо сукут мекунад, ин нишони ризоият аз он вазъ нест, балки њатман дар фикри мубориза аст. Њоло чунон ки зикраш рафт, яке бар алайњи њашара мубориза мебараду дигарї дар фикри пок кардани муњити њашарасоз мешавад. Дар ин миён муњимтарин нукта он аст, ки њеч гоњ њашара комилан муњитро дар тасарруфи худ наметавонад дарбиёрад. Бузургии инсон дар он аст, ки соњиби хирад аст ва хирад бо чирку ганду олудагї њеч гоњ созгор набудаву нахоњад буд.

Њукумат пас аз интихобот кадом ислоњотеро амалї намояд? СЕ НАЗАР

М

Ф Исмоил РАЊМАТОВ, устоди донишгоњи славянї

икр мекунам, ки иќдоме, ки хеле барои Тољикистон зарур аст, ин ислоњоти кадрї мебошад. Новобаста аз он, ки кадом њизб ва неру сари ќудрат меояд, бояд аз масъалаи кадрї шуруъ намояд. Кадрњое, ки њоло дар сари ќудрат њастанд, онњо аз соли 1994 бар сари ќудрат буда, соњиби вазифаанд. Агар ин масъала њали худро наёбад, аз навсозии њукумат амалї намешавад. Бидуни ислоњоти кадрї амали кардани барномаи пешазинтихоботии дилхоњ номзад ѓайриимкон аст. Танњо бо ислоњоти кадрї номзадњо метавонанд он барномаи худро љорї намоянд.

Шокирљон ЊАКИМОВ, муовини рањбари ЊСДТ

аълум аст, ки барои фаъолияти самарабахши њукумат аз ислоњо ти воќеъї бояд шуруъ кард, ки ин ба сиёсати кадрї вобастагї дорад. Бино бар ин ба назари ман чунин менамояд, ки барои љалб кардани кадр ва мутахассисони соњибмалака бояд њукумат самимона тасмим бигирад. Кадрњо набояд бо дарназардошти мансубият ба њизб, мањал ва ё робитаи хешутаборї интихоб ва таъин гарданд. Ин яке аз омил ва шарти хеле муњими рушди устувори кишвар мебошад. Барои бисёрњизбї бояд кафолати ќонуниро амалї кунанд. Андешидани чорањои амалї ва ташаккули иродаи сиёсї бањри мубориза бо корупсия ва љинятњои хусусияти молї дошта бошад. Масъалаи боло бардоштани низоми парлумон низ бояд яке аз масъалаи стартегї бошад.

Б Воњидхони ЌОСИДДИН, муовини рањбари ЊНИТ

а

анде ш а и м а н бояд, ки њайати њукумат таѓйир ёбад. Њамаи дигар ислоњот аз њамин љо сарчашма мегирад. Агар мо воќеан пешрафт мехоњем ва њукумат низ тарафдори ислоњот њаст, бояд кабинаи худро аз нав ташкил кунад. Дар ѓайрисурат њамаи ислоњот ѓайриимкон аст.


№42 (302) 5 ноябри соли 2013

5

оина

Президенти камбизоат

*Президент иљоза намедињад, ки дар утоќи корияш "кондисионер" насб кунанд, зеро "назди одамоне, ки имкони чунин корро надоранд, шарм медорад"; *Ба нашри аксњояш дар љойњои љамъиятї ва утоќњои кории мансабдорон бо ин далел, ки "дар кишвари мо чун ман њафт миллион зиндагї мекунад" розї нашудааст; *Бо супориши ў тамоми мошинњои "Мерседес"-и њукуматї фурўхта шуда, ба љои он барои истифодаи вазирон сабукравњои арзон харидорї мешавад; *Барои мансабдорон истифодаи ронандаи шахсї ва парвоз бо класси аввали њавопайморо манъ мекунад; *Ними кабинаи њукуматашро ба ферма мефиристад, ба гуфтаи ў "он љо манфиаташон ба мардум бештар мерасад".

Д

ар бораи ин мард, ки ба унвони ростќавл тарин президенти љањон шинохта шудааст, аз бародарам шунидам. Баъдан ба интернет сар задаву дидам, ки дар мавриди зиндагї ва рўзгораш маълумоти зиёду љолибе њаст. Ўро њатто Че Гевараи африќої лаќаб додаанд. Томас Санкара. Президенте, ки бояд идеали њамаи президентњо бошад. Фикр мекунам барои шумо хонандагони азиз низ донистани чанд далел аз зиндагї ва кори ин мард љолиб хоњад буд. Аз ин рў тарљумаи бархе ќисматњои зиндагиномаи ўро пешнињод мекунем. Буркина-Фасо њамеша як давлати фаќир буд: ваќте Волтаи Боло ном дошт, мустамликаи Фаронса буд ва њатто ваќте дар соли 1960 мустаќилият ба даст овард. Ин кишвар њам монанди бештари давлатњои африќої истиќлолият ёфтаву ба доми инќилобњои давомдори хунини њарбї печид, ки дар натиља демократњо диктаторњоро сарнагун мекунанд, то диктатураи худро барќарор созанд. Аммо баъзан чунин чархишњои сиёсї имкон медињад, одамони олї сари ќудрат биёянд. Нафароне, ки таърих ба некї ёдашон мекунад. Санкара њам яке аз чунин афрод аст. Волидони ў аз ќавмњои мухталиф буданд. Падараш Самбо Жозеф Санкара аз мардуми моси ва модараш Маргарита аз фулбе. Аз ин рў ўро "силмимоси", яъне одами "навъи сеюм" мегуфтанд. Санкара дар 19 солагї ба хизмати њарбї меравад. Ба гуфтаи таърихшиносон њар чї ки дар зиндагї ноил шуд, мањз бо шарофати њамин амалаш буд. Дар артиш зуд аз худ дарак дод. Баъди як сол ўро ба мактаби афсарон ба Мадагаскар фиристоданд. Онљо дар баробари илми њарбї ба ѓояњои сотсиалистї таваљљуњ карда, бо осори Маркс ва Ленин хуб ошно гардид. Соли 1972 ба ватан баргашта, соли 1974 дар љанги марзї бо Мали ширкат мекунад. Баъди ду сол, соли 1976 рањбарии

маркази тамринии артишро ба ў бовар карданд. Санкара њангоми хизмат бо се афсари љавон ошно шуд, ки андешаи тоза доштанд. Дўстии ў бо Блез Компаоре, Анри Зонго ва Жан-Батист Линган хеле самимї буд. Ин чоргона њамеша масъалањои сиёсиро бо њам бањс мекарданд. Санкара ва дўстонаш дар шароити диктатураи њарбии полковник Сайе Зербо созмони махфии "Гурўњи афсарони коммунист"-ро созмон медињанд, ки оѓози солњои 80-ум дар њаёти сиёсии кишвар иштирок мекунад. Маќомот њатто талош кард, ўро ба љониби худ биёрад. Моњи сентябри соли 1981 котиби давлатї оид ба иттилоот таъин шуд. Аммо баъдан маќомотро дар наќзи њуќуќи синфи коргар муттањам кард. Ў гуфт, "вой бар касоне, ки дањони мардумро мебанданд!" ва 21 апрели соли 1982 ба сафи мухолифин пайваст. Соли 1982 полковник Зербо аз сўи табиб Уэдраого сарнагун шуд. Президенти нав Санкараро дар курсии нахуствазир нишонд. Аммо ин таъинот норозигии Фаронсаро, ки њамчунон дар ин кишвар таъсиргузор буд ба миён овард. Дар пай Уэдраого Санкарро аз вазифа гирифт, аммо ба ин њам иктифо накарда, њабси хонагї кард. Дўстони Томас - Зонго ва Лингани њам ба њабси хонагї мањкум шуданд. Танњо яке аз аъзои "чоргона" дар озодї буд: Блез Компаоре. Ва мањз ў гарнизони пойтахтро ба ќиём хезонда, Уэдраогоро сарнагун кард. Санкара раиси Шўрои миллии инќилоб таъин гардид. Томас дар посух Блезро вазири адлия таъин кард, ки аз рўи маќом дуюмин нафар дар кишвар мањсуб меёфт. Дўстони дигари ў Зонго ва Лингани њам бевазифа намонданд, аммо Санкара кишварро дар танњої мутобиќ ба идеалњои худ идора мекард. Идеалњои ў инќилобњои Куба, Фаронса ва Русия буд. Аз инќилобњои Фаронса кумитањо ва мањкамањои инќилобиро гирифт. Тањкурсии сиёсати ў кумитањо оид ба њифзи инќилоб буд, ки мебоист идораку-

ниро дар худи љойњо анљом дињанд. Аз инќилоби Октябр нишон ва иваз кардани маќоми синфи коргарро гирифт. Санкара номи Волтаи Болоро ба БуркинаФасо иваз кард, ки дар забони мањаллї "кишвари шахсони хушбахт" тарљума мешавад. Ў муаллифи суруди миллии кишвараш аст. Нишони кишварашро худаш фикр кардааст. Аз рањбарони инќилоби Куба бошад, хоксориро интихоб кард. Санкара нахуст бо дучарха ба кор меомад, аммо баъдан бо дархости зиёди љонибдоронаш онро ба як мошини арзони "Рено 5" иваз кард. Президенти Буркина-Фасо дар як манзили майдаи хиштин мезист, ки яхдонаш дуруст кор намекард. Ў танњо либосњои пахтагини истењсоли ватаниро пушида, кўшиш мекард фаќат мањсулоти мањаллиро истеъмол кунад. -Империализм чист? - мегуфт ў. - Ба табаќњои худ нигоњ кунед. Шумо чї истеъмол мекунед? Дар табаќњои шумо биринљ, орд ва арзани воридотї аст. Анна њамин аст империализм. Санкара яке аз фаќиртарин президентњои љањон ба шумор меояд. Ў бо 450 доллар моњонаи капитанияш мезист, моњонаи 2000 долларияшро бошад, ба хазинањо барои ятимон мефиристод (баъди кушта шуданаш маълум шуд, ки дороињои ў иборатанд аз як мошини "Пежо"и куњна, ки њанўз ќабл аз ба ќудрат рсиданаш харидорї кардааст, як яхдони куњна, се гитор ва чор дучарха). Њамагї дар чанд соли њукмронї Санкара муваффаќиятњои беназиреро соњиб шуд. Яке аз аввалин навоварињои њукумати ў нашри даромад ва њисобњои њамаи мансабдорони давлатї буд. Ў иљоза надодааст, ки дар утоќи корияш "кондисионер" насб кунанд, зеро гуфтааст, назди одамоне, ки имкони чунин корро надоранд, шарм медорад. Ба нашри аксњояш дар љойњои љамъиятї ва утоќњои кории мансабдорон бо ин далел, ки "дар кишвари мо чун ман њафт миллион зиндагї мекунад" розї нашудааст.

Бо супориши Санкара тамоми мошинњои "Мерседес"-и њукуматї фурўхта шуда, ба љои он љињати истифодаи вазирон мошини "Рено 5", дар он замон арзонтарин сабукрав харидорї гардидааст. Барои мансабдорон истифодаи ронандаи шахсї ва парвоз бо класси аввали њавопайморо манъ мекунад. Ў ними кабинаи њукуматашро боре ба ферма фиристодааст. Ба гуфтаи ў "дар он љо манфиататон ба мардум бештар мерасад". Ислоњоти кишоварзї сабаби ду маротиба бештар шудани њосили ѓалладона шуд ва мизони фаќр дар кишвар таќрибан бардошта шуд. Баъди се соли сари ќудрат омадани Санкара Бонки љањонї эълон кард, ки коррупсия дар Буркина-Фасо решакан шудааст. Аммо дастовардњои ў дар бахшњои иљтимої бештар ќобили таваљљуњанд, ки ташкили низоми ройгони маориф, тиб, воксинзании тифлонро дар бар мегирад. Анъанањои вањшзои буридани узвњои таносули занон, никоњњои маљбурї ва бисёрњамсарї манъ шуд. Занњо низ бо мардон баробарњуќуќ эълон шуданд. Маргу мири кўдакон ду маротиба коњиш ёфта, нахустин маротиба дар таърих занњо ба њукумат роњ ёфтанд. Дастовардњои ў хеле зиёд аст. Дар сиёсати хориљияш низ хеле муваффаќ будааст. Аммо таззоди зиндагиро бинед, ки бо вуљуди њамаи ин дастовард теъдоди афроди норизо меафзуд. Гуфта мешавад, мањз ислоњот ва усулњои инќилобии ў далели мављи норизоиятњо шуд. Ба мансабдорон ду маротиба коњиш додани њаљми маошашон хуш намеомад. Сардори ќабилањоро аз даст рафтани ќудрат, ки ба кумитањо гузашт нигарон карда буд. Заминдорони "калон" аз он ки заминњояшонро ба нафъи мардуми оддї мегирафтанд, нороњат буданд. Ба оташи эътирозгарону норозињо њатто дўстони наздикаш њам равѓан мерехтанд. Хадамоти махсус ба Томас хабар медињад, ки Компаоре зидди ў ќиём

карданист. 12 октябри соли 1987 Санкара дар нишасти матбуотї мегўяд: "Агар Блез ба сўи ман даст бардорад, пас зиндагї кардани ман лозим нест. Зеро намехоњам дар љањоне зиндагї кунам, ки дўстї ва шараф нест". ? ба пулис иљозат надод, ки маълумот дар бораи ошуб алайњи ў аз сўи дўсташро тафтиш кунад. Ва њамагї баъди се рўз ў дар њаќиќат бо зиндагї падруд гуфт. 15 октябри соли 1987 дар пайи як табадуллоти давлатии Компаоре, Томас Санкара кушта шуд. Идораи кишвар ба дасти се дўсти ў гузашт. Блез Компаоре президент шуд, Жан-Батист Лингани рањбари пулис. Президенти нав аввалин коре ки кард бо маблаѓи барои ободонии атрофи пойтахт ихтисосёфта њавопаймои шахсии "Боинг" харида, маоши мансабдоронро зиёд кард. Ў фалсафаи забти ќудратро чунин шарњ додааст: "Медонам, ки бо ёд овардани одаме, ки кайњо дар ќайди њаёт нест, бисёрињо маро сарзаниш мекунанд. Аммо бигзор ба атроф нигаранд, шишањои муљаллои маѓозањо ва мошинњои зеборо бубинанд. Агар ў зинда мебуд, мо њамаи инро медоштем? Не, не ва боз не! Вай мардумро ба мењнати тоќатфарсо маљбур мекард, зиндагии бенур ва дур аз љањони дигар... Барои њодисаи баамаломада, ман тамоми масъулиятро бар дўш мегирам ва њеч зарурати пушаймонї нест. Наберањоямон моро муњокима хоњанд кард". Томас Изидор Ноэл Санкара соли 1949 таваллуд шуда, соли 1987 ин дунёро тарк кардааст. Ў њамагї чор сол президент буд. Аз соли 1983 то 1987. Аммо дар ин муддат корњое кард, ки баъзан рањбарони кишварњо дар 10 солањо ба анљоми он муваффаќ намешаванд. Дар замоне ки рањбарон барои ќудрат ва љоњу дорої талош мекарданд, ў хеле одї мезист ва тамоми кўшишаш барои бењтар шудани сатњи зиндагии мардумаш буд. Ба назар мерасад, дигар чунин афрод таваллуд намешаванд. Ё шумо фикри дигар доред?


6

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

пурсиш

Сарќонуни Тољикистон ба таѓйирот ниёз дорад? Исмоил ТАЛБАКОВ,

номзад ба вазифаи президентї аз ЊКТ

Чизњое, ки санадњои меъёриву њуќуќї њастанд, вобаста ба раванди љомеа албатта такмил мехоњанд ва агар зарур шавад ба он ислоњот ворид мекунанд. Ин ягон догма нест.

Абдуллоњ НУРОВ,

мудири шўъбаи њуќуќи дастгоњи кумитаи иљроияи марказии ЊЊДТ Конститутсия ќонуни асосии давлат асту дар ваќти муаян ќабул мешавад ва бо мурури замон ба он таѓиру иловањо ворид мегардад. Ба хотири онки муносибатњои љамъиятї рушд мекунанд ва тањким бахшидани асосњои сохти давлатї ба вуљуд меоянд. Њамин ворид намудани таѓйиру иловањоро таќозо мекунад. Конститутсияе, ки имрўз дар Тољикистон амал мекунад, љавобгўи талабот мебошад. Вале хоњ нохоњ ваќте низоми њуќуќї мукаммал мешаваду муносибатњои нави љамъиятї пайдо мешавад, зарурати ворид намудани таѓиру иловањоро дар ин ё он шакл бавуљуд меорад. Феълан зарурати ворид кардани таѓирот дар конститутсияи Тољикистон дида намешавад. Вале чун муносибатњои љамъиятї дигар мешаванд, шояд ворид намудани таѓирот баъди 2 сол ба вуљуд ояд.

Мањдии СОБИР, корманди МТС

Сарќонуни мо ба ислоњот ниёз дорад. Манзурам он таѓиротњоест, ки барои манфиат ва сохтани миллат, барои пешбурди љомеа ва барои њуќуќу озодињои инсон муњим аст. Вобаста ба тараќќиёти љомеа ба ќонунњо бояд таѓиру иловањо ворид карда шавад.

Абдулфаттоњ ШАФИЕВ, журналист

менталитети ин мардум ба таѓйиру иловањо ниёз дорад. Яке аз муњимтаринњо њам таѓйири нигоњи њама - чї мардуми одї ва чї зимомдорон ба баробарии њама дар назди ќонун мебошад. Мутаассифона, то њол мебинем, ки њатто ќишрњои одитарини љомеа низ бархўрди дугонаи иљрогарони ќонун ба афроди мухталифро амале одї ва маъмулї мешуморанд ва ба њамин гуна буданаш њам одат кардаанд. Бояд мардум дарк кунад, ки давлат ва давлатдорон хидматгори мардуманд ва барои ин хидматашон аз кисаи мардум (андозњо) њаќќи хидмат (маош) мегиранд. Ва агар давлатдоре бо маоши 500 сомонї дар Лексус мегардад, пас ин амре номаќбул ва боиси љустуљўст, на шоистаи тањсину њавас.

наз ари м ан, д аврањ ои ра ёсати як нафар аст. Ду давраи охири њафтсолаи Эмомалї Рањмон нишон дод, ки мо бояд мисли аксари кишварњои дигар бо ду давраи 4 ё 5-сола иктифо кунем. Вале на ба ин маъно, ки ин таѓйирот ба Эмомалї Рањмон баъди соли 2020 њаќќи боз ду давраи дигари панљсола ё чорсолаи раёсат дињад.

Мањмадалї ВАТАНОВ , вакили парлумон

ин тањили љиддї лозим аст. Њастанд баъзе масоиле, ки дар асоси онњо сухан гуфтан мумкин аст, вале то кадом андоза мо барои ислоњоти конститутсионї имконият дорем, ин саволи дигар аст.

Ашурбой ИМОМОВ,

собиќ раиси Кумитаи назорати конситутсионии Тољикистон

Љамшед ЌОДИРОВ,

шањрванди Тољикистон Са р ќ о н у н р о н а м е д о н а м . В а л е

Фикр мекунам, ки ниёз дорад. Нуктае ки бозбинї бояд шавад, ба

Ин як масъалаи бисёр мураккаб аст. Аз ин рў яку якбора ба ин савол љавоб додан душвор мебошад. Агар гўем, ки дорад пас кадомаш? Барои

Конститутсияи мо ба таѓйиру иловањо ниёз дорад, аммо инки дар кадом масъалањо, инро аввал бояд муњокима кард.


№42 (302) 5 ноябри соли 2013

7

љомеа Њафтаи гузашта Мањмадсаид Убайдуллоев шањрдори шањри Душанбе дар маљлиси кории њукумати шањр аз низоми кории марокизи дилхушии пойтахт ибрози норизої карда гуфт, ки бисёре аз ин дискоклубњо назми иљтимої, рељаи корї, бењдошт ва ободонии пойтахтро риоя намекунанд. Дискоклубњо ва ташвиши раиси шањр Б а гу фт а и ра и си ш ањ р бештари дискоклубњо таъсири манфие бар шахсияту ахлоќи насли љавон мегузоранд ва барои онњо як сабки зиндагии ѓайриахлоќиро бавуљуд меоваранд. Ба ин тартиб шањрдори Душанбе дастур дод, то дар кутоњтарин муддат ин масоил рафъ гардад. Прокуратураи шањрї барои расидагї ба кори дискоклубњо муваззаф шуд. Шањрдори пойтахт њамчунин дастури назорат аз болои иљрои ќонуни танзими љашну маросимњоро дод. Њарчанд назорат кардан аз болои дискоклубњо метавонад дар коњиши љароиму хилофкорињои ин шабакањо муассир бошад, вале коршиносон фаъолияти ингуна марокизро ба фоидаи шањрвандони Тољикистон намедонанд. Зеро яке аз муњимтарин сабабњое, ки мунљар ба нобудии як миллат мегардад, ин суќути ахлоќии мардуми он аст, ки дар натиљаи тањољуми фарњангї, тарвиљи бебандубории љинсї ва дур шудан аз меъёрхои ахлоќї сурат мегирад. Бадхоњон агар хоњанд миллатеро нобуд кунанд, ибтидо ахлоќи он миллатро табоњ месозанд. Барои ин кор роњњои зиёде вуљуд дорад ва дискотекањо њам яке аз абзорњои расидан ба ингуна њадафњост.

Фаќат иддае муайян ба дискоклубњо мераванд Бояд гуфт, ки пайдоиши дискоклубњо аз кишварњои ѓарбї оѓоз гардидааст. Вале њоло, ки ба шарќ њам роњ ёфтааст, далел намешавад, ки онро ба оѓўши боз истиќбол ва ќабул кард. Б ис ёр е а з ко р ши но со н дискотекањоро омили муњим д ар в ай р он ша ви и а хл оќ и љомеа медонанд. Мањмадалї Њайит муовини раиси ЊНИТ фаъолияти чунин марказњоро танњо ба манфиати њукумати дунявиямон медонад ва ба зарар доштани онњо бар рўи ахлоќу маънавиёти мардуми кишвар таъкид мекунад. Ба гуфтаи ў дискотекањо њечгоњ дар њеч гўшаи љањон, барои

Дискотекањо давои љон на, балои љон баланд рафтани ахлоќу маънавияти мардум хидмат накардааст. Гуфта мешавад, ки дискотекањо бо фарњангу суннату таърихи кишварарамон дар тазод аст ва барои њуввияти миллии тољикон хатари амиќу азиме дорад, зеро метавонад мардуми моро нисбат ба арзишњои худ бегона кунад. Зарафо Рањмонї коршиноси фарњангї ба далели соњиби фарњангу тамаддуни куњан ва њуввияти миллї будани миллатамон, дискотекањоро зебандаи ин мардум надониста ва онро мухолиф бо суннату фарњанги тољикон арзёбї карда мегўяд: "тањољуми фарњанги ѓарбї бар рўи фарњангї мо ончунон нуфузи зиёде кардааст, ки таъсири он њамаи иљтимоъу фарњангї моро дар бар мегирад. Ва имрўз дискотекањо дар мо ба як маркази тарвиљгари фарњанги ѓарб табдил шудааст, ки он љавонони моро ба сўи фарњанги бегона мекашад ва дар натиљаи он ноозмудањои мо бефарњангу бењуввият мегарданд ва тољик будани худро

фаромуш мекунанд". Дар таќвияти ин гуфтањо Њољї Акбар Тураљонзода сиёсатмадор ва рўњонии саршиноси кишвар мегуяд: "дискотекањо мањалли вайроншавии ахлоќ ва дур шудани одамон аз зикри Худост. Ба таври куллї фаъолияти ингуна маконњо љуз фосид кардани ахлоќи мардуми мо, дигар њеч суде надорад". Њољї Акбар Тураљонзода муътаќид аст, ки чунин маконњо танњо барои соњибонашон суд медињанд ва аз онњо њеч фоидае нест, зеро андозе, ки пардохт мекунанд, бисёр ночиз аст ва дида нашудааст, ки андози пардохт кардаи онњоро дар кори хайре истифода баранд. Барот Юсуфї тањлилгари тољик ин гуфтањоро таќвият бахшида бар ин назар аст, ки агар моликони дискотекањо воќеъан ба андозаи даромаде, ки ба даст меоранд андоз биспоранд, ин ќатъан кам њам бошад манфиъати иќтисодї меорад: "мутаасифона аз фоидаи онњо дида зарарашон

бештар аст. Ба хотири онки ахлоќ ва саломатии љисмии љавононро вайрон мекунад ва пуле, ки барои андоз пардохт мекунанд, арзише надорад, зеро он пул саломатии љавонони моро боз гардонда наметавонад. Аз сўи дигар, дар даруни худи њамон дискокулубњо љиноятњои зиёде содир мешавад, ба монанди тиљорати маводи мухаддир ва тарвиљи машруботи алкулие, ки боиси сар задании љиноятњо мегардад". Коршиносон чунин мешуморанд, ки танњо афроди хосе ба чунин љойњо мераванд. Ба ќавли онњо ба дискотекањо бештар фарзандони мансабдорон мераванд ва онњо њастанд, ки бо ин рафторашон љомеъаро ба расвої мекашанд. Инљост, ки радди пои курсинишинон дар њимоя аз ин марокиз ошкор мегардад.

Дискоклубњо сангари хатар Нўшидани машруботи алкулии масткунандаву мадњушкунанда њам ба маѓзу љигару та-

моми аъзои бадани инсон муззир аст, ки дар дискакулубњо чашмае аз дарёи васеъи чунин машруботро ироа медињанд. Њануз маълум нест, ки дар ингуна марокиз дигар чи корњои нобањанљоре анљом мешавад, зеро соњибони онњо барои даромади њарчи бештар њозиранд њамагуна меъёрњои ахлоќиро зери по гузоранд. Иддае аз коршиносони расмї мегўянд, ки дискокулубњо муљиби пешрафти бахши хусусї аст, вале дар мавриди аз меъёрњои ахлоќї убур кардани ин маконњо, бо коршиносони мустаќил тавофуќи назар доранд. Пас ваќте марокизи дилхушї инќадар зарарњо дорад, бењтар аст то баљои дискоклубњо тарабхона ё ошхона ташкил гардад, ки на ба бахши хусусї зарба мезанад ва на ба ахолќи љомеа. Гузашта аз ин, як хидматрасонии зарур ва касбу кори њалоле мебошад.

Сиёвуш ЌОСИМЗОДА


8

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

андеша

...бефарњангї дар Сиёсат ва сиёсати Бефарњангї Ф

икр мекунам рўњи замон ро дуруст бояд шинохт, ки дар контексти љањонї дар куљоем ва чї њол дорем. Љањоне, ки рў ба рўем болои дигар арзишњост ва љараёни дигар дорад, ва худ мардуме, ки дар сарчашмаи ин раванданд, бисёрињо аз ин раванд дилмондаанд вале, бо ин система коре кардан наметавонанд. На њар чизе ки мављи љањонишавї меорад барои мо мувофиќ аст. Масалан имрўз он чи файласуфи фаронсавї Делюз мегўяд, ки барои мо дигар (назарияњои) Худї, Худо ва Љањон зарурият надоранд ва 'мо ба ягон гуна реша ниёз надорем' барои Тољик як чизе бегона ва зањр аст. Чаро ки ин мардум, яъне ѓарбиён, дар сатњи фарњангии дигаранд ва љањоне сохтаанд, ки раванди дигаргунињои онро њатто худ наметавонанд дуруст идора кардан. Њанўз аз мутафаккири бузург Њайдеггер пурсида буданд , ки "оё файласуфон метавонанд самти њаракати ин ситемаи технологиро, ки одамиятро инкор мекунад, дигар кардан" гуфта буд, "на, танњо худо метавонад моро наљот додан". Ин љо гуфтаниам, ки таќлиди кўр- кўрона аз фарњангї дигарон бадтарин кор аст ва аз таърих ва фарњангї худ огоњ бояд буд... Имрўз мо дар вазъе ќарор дорем, ки болотар аз буњрони њуввият аст ва ин љо бунёди истиќлол ва њуввияти худро бо шинохти решањои худ, бо шинохти љањони имрўз, бо шинохти ин раванди љањонишавї болои арзишњо, идеяњо ва идеалњои љовидонатар ва воќеитар бояд гузошт. Ин амалро бо дарназаргирии контексти љањонї бояд кард ва нашояд вазъияти худро ва муносибатро бо мардуми худ танњо бо њолати мардуми ба љанг ва террор гирифтори Ироќ, Покистон ва Афѓонистон ва ѓайра муќоиса намуда муайян кард. Балки бештар вазъияти худро бо мамлакатњои рў ба тараќќї ва тараќќї карда муќоиса кард ва санљид то мардум дидан тавонанд, ки дар кадом њолем. Дигар ин ки дар ин марњала таќлиди кўр -кўрона аз тамаддуни аќлонї ва технологии ѓайр њам оќибати хуб надорад, чунонки дар мо мекунанд ва дар ин баробар фарњанги худиро пурра нашинохта муќоби-

Имрўз мо дар вазъе ќарор дорем, ки болотар аз буњрони њуввият аст ва ин љо бунёди истиќлол ва њуввияти худро бо шинохти решањои худ, бо шинохти љањони имрўз, бо шинохти ин раванди љањонишавї болои арзишњо, идеяњо ва идеалњои љовидонатар ва воќеитар бояд гузошт.

љо оранд. Касе ба масљидравию намозгузорї, рўзадорї ва њаљравии онњо монеъ намешавад. Яъне озодї њамин ќадар мешавад." Фикр намекунам, ки як мусулмон њамчун инсон озодиро танњо дар чунин чорчўбаи танг шинохта бошад ва дигар ин ки намоз, рўза, њаљ ва дигар фаризањои динї бояд озод бошанд ва боиси лофзании давлате набошанд, ки мо ба шумо озодї додааем, ба хусус дар мамлакате, ки ќисмати зиёди ањолї мусулмонанд ва давлатдорон мусулмонзодаанд. Гузашта аз ин њаёти як инсон дар дунёи имрўз фаќат бо арзишњои динї мањдуд намешавад, мусулмонон имрўз њам дар пайи шинохти худ, дунё њастанд ва дар пайи сохтмони љањони хешанд... Аслан мактабњои фикрии Исломии Тољикон, мисли Тассавуф, Каллом, Исмоилия ва Фалсафа њељ кадом озодиии инсонро чунин мањдуд нафањмида буданд. Дар роњњои худї -њаќиќат- ќудрат ва фазосозї намояндагони ин мактабњо шахсияти хешро месохтанд , љањонбинии онњо ташакул меёфт ва инчунин дар сохтмони њаёти худ фаъол буданд. Барои онњо шинохти худ ва њаќиќат маънии дарёфти хушбахтии пурраи (ин дунё ва он дунёи) онњоро дошт. Вале бубинед, ки чи тавр имомхатибонро ба бозичаи дасти маќомот ва ба

Нашинохтани фарњанги сунатии худ ва ташвиќоти зиёди бемаврид боиси буњрони аќл ва њам буњрони имонї дар љомеа гардидааст. Ин љо нодида гирифтани роњњои суннатии худїњаќиќат -ќудрат ва фазосозї, боиси тангтар кардани фазои фарњангии мардум гаштааст. ли тарраќиёт ва инкишоф медонанд. Вале ба фикрам ин гуна муносибат аз дигар љо реша мегирад, зеро касоне, ки ба рўњи аслии илм имон доранд њељ гоњ љоњил намешаванд. Ин љањолат аз нафси бетарбия сар мезанад ва сиёсатмадороне, ки ба асли фарњанги худ шинос нестанд, сабабгори офаридани чунин пардаи пиндор мешаванд, ки гўё фарњанги исломї муќобили тараќиёт ва инкишоф бошад. Ин гуна мавќегирї ишорат ба он мекунад, ки аз сатњи њаёти аќлонии Шўравї дуртар нарафтаем ва зиёиёни мо коре накардаанд, ки бунёди мустаќили њаёти аќлонии Тољикї гузошта шавад. Имрўз ба тањќиќотњое ниёз дорем, ки рўњи солими фарњанги исломї ва дар фазои ин фарњанг рушду нумўи илм, фалсафа ва ирфонро нишон дињанд. Чи хел ки шоњидем ба сиёсатбозии береша машѓул шуда аз фарњанги исломии худ арзи-

шњо, идеяњо ва идеалњои аслии созандаашро нашинохта истодаем, ки механизми аслии инсонсоз, ќудратсоз ва сиёсатсозї мо дар ин фарњанг реша дорад... Нашинохтани фарњанги сунатии худ ва ташвиќоти зиёди бемаврид боиси буњрони аќл ва њам буњрони имонї дар љомеа гардидааст. Ин љо нодида гирифтани роњњои суннатии худї- њаќиќат -ќудрат ва фазосозї, ки Тољикон аз ќадим боз таљриба кардаанд, боиси тангтар кардани фазои фарњангии мардум гаштааст. Масалан дар мисоли муносибат ба мусулмонони ин мамлакат, ки ќариб 95 дарсаданд, озодиро бисёр мањдуд шарњ медињанд. Бубинед, озодиро барои як инсон чи гуна шарњ медињанд ва миннат њам гузоштанї мешаванд, ки "Имрўз барои мардуми мусулмони мо тамоми шароит муњайёст, ки озодона њамаи фаризањои диниро ба

микрофонњои сиёсии худ табдил додаанд. Ба воситаи ин имомхатибон мардумро аз сиёсат ва ё аз мушкилотњои њаррўзаи њаётии онњо дур карда ва дар вуљуди онњо тухми ѓуломї пошида истодаанд. Акнун тањлилњои амиќи илмии масъалањои равонї, сиёсї ва иљтимоии љомеаро амри маъруфњои мулломакиавелї ва мулловеберњо дар масљидњо иваз кардааст. Мутассифона аксарияти имомхатибон, ки сатњи пасти дониш ва фањмиш доранд фаќат ба як баромади омиёнаи аз тарафи кумитаи дин ё дигар маќомот тайёр карда шуда ќаноат кардаанд ва худ мустаќилона ба омўзиш, тањлил ва тањќиќ дода намешаванд. Ин мушкилотест, ки бояд дарк карда шавад ва њалли он њам ба фоидаи маќомоту имомхатибон ва њам мардум мебуд. Маќомот шароите ба вуљуд биёранд, ки имрўз имомхатибони Тољик бо ин вазифа, ки ба онњо супорида


№42 (302) 5 ноябри соли 2013

9

андеша

шудааст, худро аз ин сатњи мањдудиятњо, ки њастанд берун кашанд ва ба шинохт, худшиносии асл ва илму маърифат машѓул бошанд. Дар ин роњ ба имом хатибон фазои озоди омўхтан, фикр кардан ва гуфтан дода шавад. Ба онњо имконият дода шавад, ки воќеан дар роњи худї -њаќиќат -ќудрат ва фазосозии Тољикї бошанд. Зеро ваќте, ки Емил Дуркњеймро дар мавриди "худкушї" 'танќид мекунанд' ё масъалањои дигари иљтимої ва сиёсиро мавриди гуфтугў ќарор медињанд ин танќид ва гуфтугўњо бояд бунёди илмї дошта бошанд. Шояд ин имомхатибон фаромўш кардаанд, ки дар Ислом масъалаи шинохти худї, шинохти Њаќ бунёди буд ва он аз шакку шубња ва бо истифодаи дониш оѓоз мешуд. Баръакс имомхатибон бахотири худро дар мансаб нигоњ доштан, чун љугињо ва чун љодугарон ба хотири пул, аз оятњои худованд истифода мекунанд ва мардумро танњо ба чашм пўшидан дар баробари мушкилот ва сабр кардан дар баробари зулм ва ѓуломї даъват мекунанд. Фаромўш кардаанд, ки агар дар бораи мушкилоти мардум њарф мезананд роњњои њалли ин мушкилотро ба мардум нишон бояд дод ва ба гуфтаи худованд ва пайѓомбар (с) ки барои шинохти аслии ашё ва рўйдодњо ва ба фикр кардан ва аќлро истифода кардан даъват мекунанд, нашояд хиёнат кардан... Фикр мекунам чаро маќомот аз ин фазои фарњангии динї, ва роњњои худїњаќиќат- ќудрат ва фазосозии Тољикї, ки барои мустањкам кардани бунёди давлату миллат зарур аст, дуруст истифода накунанд. Дар ин маврид як чизро мебояд ќайд кард, ки чи тавр мардум аз роњњои аслии шинохт, ки пеш-

тар дар фарњанги мо роиљ буданд дур шудаанд. Мардум сахт бафаросат шудааст, ва дигар ба он чи дида намешавад ва ё шунида намешавад боварї ва имон надоранд. Ин ки мегўям љузъи равишњои шинохти воќеият дар улуми иљтимоии Ѓарбист, ки дар мо ба њошия бурда шудаанд. Аслан дар мо бисёр арзишњо ва ормонњои созандаи фарњангиамон бо љурми "диннї" будан ба њошия бурда шудаанд. Аз дигар тараф, пажуњишгоњњои илми тањќиќотиии мо, ки ба ислоњот ниёз доранд, имкон ва ќобилияти шинохти маънињоро, ки рўйдодњоро шакл медињанд надоранад. Аслан намояндагони уллуми иљтимої дар Ѓарб дар бархўрдњои хеш бо фарњанги мардуми дунё кўшиш кардаанд, ки аз дигарон равишњои дигари шинохтро омўзанд ва инчунин маризињо ва хатоињои худро њам шиносанд. Мутассифона ин ќабилаи академикии шўравирешаи мо њанўз ќобилияти дигар кардани фазои академикии Шўравиро надоранд. Њанўз њам, ба хусус дар улуми иљтимої, њамон нимчамуллоњо ё дипломдорони бе донишу таљриба ба ќудрат наздиканд ва кўшиши наздик шудан доранд, ки ин дар љомеа боиси фитна шуданаш мумкин аст. Ин нуќтаи заъфест, ки дар бефарњангї дар сиёсат наќши асосї дорад... Бадбахтї дар ин аст, ки имрўз сатњи њаёти аќлонии мо дигар нашудааст ва њанўз њам дар таназзул аст. Имрўз зиёиёни мустаќили огоњ аз ин фурсати таърихиро кам дорем, ки тавонанд дар бунёди сатњи њаёти нави аќлонї наќше дошта бошанд. Њоло дар сатњи фарњангии мо барои бархурд ташкил кардан байни арзишњои диннї ва илми технологї зарурияте вуљуд надорад, ки аз неъматњои технология чи диндор ва

Њанўз њам, ба хусус дар улуми иљтимої, њамон нимчамуллоњо ё дипломдорони бе донишу таљриба ба ќудрат наздиканд ва кўшиши наздик шудан доранд, ки ин дар љомеа боиси фитна шуданаш мумкин аст. Ин нуќтаи заъфест, ки дар бефарњангї дар сиёсат наќши асосї дорад...

чи бедин баробар истифода бурда истодаанд. Ва дигар инки имон доштан ба худованд касеро аз машѓул шудан ба илм ва технология манъ накардааст. Имрўз чун давлат дунявист ва демократї пеш аз њама мављудияти сатњњо ва фазоњои муайянро, ки дар љомеа њастанд ва ба сиёсат таъсиргузоранд мебояд дид ва шинохт. Њарчанд мардум дар ин кишвар мусулмонанд, фикр намекунам арзишњои Исломї дар муайян кардани сиёсат муайянкунанда бошанд. Сатњ ё фазое, ки дар сиёсати имрўзаи давлати Тољикистон таъсиргузор ва муайянкунанда бошад ин иќтисод ва илму технология метавонад будан на чизи дигар. Дигар ин ки дар сиёсат зарурият барои ташкили бархурд байни арзишњои динни номусї ва миллии Тољикон нест. Вале чун дар сатњи пасти њаёти аќлонї ќарор дорем бефарњангї дар сиёсати мо њукумрон аст ва дар љомеа гуфтугўњое роњандозї шуда истодаанд, ки дар воќеият реша надоранд. Боз шоњидем, ки сиёсат ба љои ба фазои иќтисоди -технологї наздик будан бештар бо дин ва

диндорон машѓул аст... Бефарњангї дар сиёсат дар сатњест, ки маќомоти имрўзаи Тољикистон ба љои вазифањои аслии худро иљро кардан акнун бо ниќоби исломї ба таркибњои фарњанги Исломии мардум дохил шуда ва худро байни њаќ (худованд) ва халќ гирифта истодаанд. Ин корро дар таърихи инсоният њанўз касе накарда буд ва таљрибањои динии мардумро, ки дар Ислом ин як фарњ анги ди ннї ва маърифа тист њанўз аз тарафи касе назорат ва идора карда намешуд ва имкон њам надорад, ки назорат шавад. Вале имрўз сиёсатмадорони мо мегўянд, ки симои маънавї ва ахлоќии рўњонии Тољикро бояд ду нињод кумитаи дин ва маркази исломшиносии назди президент муайян кунанд ё назорат кунанд. Яъне як инсон дигар бо ихтиёри худ ва хостањои худ ва ин ки табиати инсон аст дар раванди мустаќили шинохт, донистан ва дар баробари њаќ, њастї, ва воќеият набошад. Њатто ба абарќудрате мисли Шўравии собиќ муяссар нашуда буд чунин мањдударо дар роњи шинохт ва маънавиёти мардум муайян намудан... .... Барои мо таљрибањои классикии мактабњои фикрии тољикон метавонанд заминаи бењтарин барои шинохти ин технологияњои Худї бошанд, то инсони пурра дошта бошем. Мутассифона ќавме, ки шуравиреша аст ва бо чорчўбањои њаќиќатии ѓайр одат кардааст наметавонад ин воќеиятро дарк кардан. Наметавонанд шинохт, ки бо вайронањои Шўравї дур зистан наметавон ва њаёти мардумро дар ин сарзамин болои бунёди мувофиќ гузоштан ва барои дигаргунї ва њаракат шароит фароњам овардан зарур аст. Ќадами аввал ин таёр кардани шароит барои инсони озод ва фикркунанда аст ва ин корро касе карда метавонад ки худ бохабар аст, ки њаќиќат чист, ќудрат аз куљост ва чи гуна барои худ фазо мебояд сохт. Дар ин роњ хуб мешуд фазои фарњангии мардуми Тољикистонро дуруст шинохтан ва њануз дар оила дар вуљуди кўдакон тухми ин роњи худї -њаќиќат -ќудрат ва фазосозиро гузоштан, ки он барои муайян кардани мањдудањо ва мустањкам кардани марзњо ва давлату миллати Тољик муњимтарин бунёд аст. Бефарњангї дар сиёсат боиси њукмронии бефарњангї дар љомеа шудааст...Аз ин аст, ки имруз мо дар љомеа сиёсати (амали) њаррўзаи бефарњангиро мебинем, махсус дар пойтахт, ки баъзе аз дўстон ќишлоќи бузург номаш гузоштаанд. Мардум сахт бефаросат шудаанд ва барои якдигар фазое ќоил нестанд, њис намекунанд, ки дар ин шањр ба ѓайр аз онњо дигарон њам зист доранд ва ин фазои шањар танњо аз онњо нест ин фазо ба дигарњо њам таълуќ дорад ва аз баъзе њудудњо набояд гузашт. Вале ин сиёсати бефарњангї аз кўчањо, аз маѓозањои дискфурушї, ки њамсояњои худро ба дод овардаанд то ронандањои маршруткањо, ки ба раќами дар пеши мошинаншон нигоњ накарда роњњои хатсайри худро фарёд карда ба мардум мерасонанд, то сањифаи рўзномањо ва саттњои болои љомеа давом дорад, ки мардум барои якдигар њаќ ва фазои мустаќили зист ќоил нестанд. Дар ин фазо, ки Бефарњангї салтанат дорад њама фазоњо бо њам омехта шудаанд ва касе касеро њам эътироф намекунад, њаќиќате вуљуд надорад, ќудрати созанда нест ва чун љомеаи намоишњост њар кас мехоњад худ масхарабози асосї (trickster ) бошад ...

Мењмоншо ШАРИФЗОДА


10

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

пешнињод

Роњи гурез аз зулмот

Чандест, ки дар сарзамини мо Хеллоуин љашн гирифта мешавад. Гўё, пас аз чанд дањсолаи њамзистї бо халќу милатњои гуногун дар шароити љањонишавї, мардуми мо намехоњанд касе аз эшон озурда шавад ва дар ин љашн љавонон худро дар либоси њар гуна махлуќоти афсонавї дароварда, омадани фасли сарморо љашн мегиранд. Иде, ки реша дар замони ќабл аз Исои Масењ дорад ва аслан аз љазирањои Британия оѓоз шуда, њамчун рўзи истиќболи сармо ва пешвози хуби љину парї аст, то ба онњо "маъќул шаванд" ва неруњои бадї барояшон осеб нарасонанд. Одатан, ин рўз 31-уми октябр ќайд карда мешавад, аммо љашнгирандагон метавонанд маъракаи худро мувофиќи шароит, рўзи истироњат ва ѓайра чанд рўз пеш низ гузаронанд. Имсол дар Душанбе чунин маъракањо аз 26 октябр шурўъ шуд. Агарчи Хеллоуин дар Тољикистон њамчун як љашни расмї ќабул нашудааст, аммо баъзењо онро ба тамоми шукуњи хосаи ин љашн ќайд карданд. Тољикистон бо румузи аслии ин ид - торикї, тарсу вањм ва шамъ фасли навро пешвоз гирифт. "Барќи тољик" лимити имсолаи барќро аз 26-уми октябр љорї намуд. Акнун ягона манбаъи рўшноии сокинони ин сарзамин, њамон шамъу фонуси бобої хоњад буд. Бори аввал ба таври расмї лимити барќ дар Тољикистон тирамоњи соли 2008 љорї гардид. Он замон овозаи он, ки тўли чанд моњ дар кишвар камбуди барќ хоњем дошт, барои мардум аљибу њайратовар буд. Он замон бањонаи пешовардаи њукумат, ки чунин чора ногузир буда танњо барои чанд моњ асту бас, барои сокинони кишвар хандаовар низ буд. Он замон рањ-

барияти холдинги "Барќи тољик" тавассути телевизион ким-чї оиди њаводиси табиї мегуфт ва сабаби љорї намудани лимитро камбуди об дар обанбори Норак ва дарёи Вахш номида буданд. Чунин бањонаљўињо ва ибораи "барфи камоб" барои мардум то љое аљиб буданд, ки зимистони худи њамон сол ба латифа табдил ёфтанд. Зимистони пурбарфи 2008-2009 ва бањори сербориш ба дили

мардум умеде андохтанд, ки дигар чунин њолат такрор нахоњад шуд. Аммо тирамоњи оянда об аз обанбори калонтарини љумњурї - Норак ва дарёе, ки тўли солњо чанд неругоњро мечархонд - Вахш ба таври мармуз дубора ѓайб зад. Акнун миёни аз "борони камоб" латифањо мегуфтанд. Лимит бошад, бо омадани сармо, дубора љорї шуд... Ин бањона то њол дигар нашуда аст ва

сол аз сол сабаби лимити барќ ва ќатъи он њамоно боришоти камоб ва набудани об дар дарё ва обанбор номида мешаванд. Аммо дигар ин иборањо латифа нестанд. Инсон мављудест ки ба осонї ба гап даромада, ба њолатњои гуногун зуд одат мекунад. Њамчунин, басо зудбовар низ њаст. Ин њолат аз нуќтаи назари сиёсї барои бархе амалдорон басо мувофиќ аст. Метавонанд афсонае дигар дар бораи офатњои табиї ва зимистони "ѓайримунтазира" (гўё он њар сол замони омаданашро таѓйир дињад) хонанд ва дар баробари ин бо љашнњои пуршукўњ мењмононро азиз доштаю биноњои азимро шабонарўзї гарму рўшан кунанд ва дар баробари ин мардумро аз рўшної, об ва гармї, аз шароити лозима барои зиндагонї барои зистан, на барои зинда мондан мањрум созанд. Халќ њама чиро бовар карда, одат мекунад. Муњимаш - бањонае хубтару аљибтар ёбї, он гоњ њарчї хоњї кардан гир. Њол, чаро "офатњои табиї"-ро бо як љашне дигар дилкаш накунем ва Хеллоуинро ба ќатори идњои расмї надарорем? Он гоњ метавонем онро тўли кулли зимистон љашн гирем! Бе ин њам, њамарўза дар торикї аз сояњо тарсида ва бо рўшании шамъ зиндагї дорем. Чаро Хеллоуин набошад? Мана, идњои солинавї - аз он љумла Мавлуди католикї (25 декабр) наздик аст: боз њам шамъ даргирондан лозим. Рўзи соли нав аз тўњфаю мандаринњои зери арча ва нури шамъ чї бењтар аст? Пас аз он Мавлуди православї фаро мерасад, сипас - "Соли нави куњна", меросе аз бозмондагони замони Шўравї, баъд аз он рўзи ошиќон - њамон рўзи Валентин (хўроки шом бо рўшноии шамъ чї романтик аст!). Чї, мегўед ин идњои мо нестанд ва мардум љашн намегиранд? Хеллоуин он ќадар њам аз мо нест, аммо дар гушањои кишвар ќайд мекунем, аз чанд бањонаи дигар барои даргирондани шамъ чї зарар? Шояд, бо муќаррар кардани рўзи ид, зимистон ва барфу сармо "дар ваќти муайяншуда" фаро расанд ва дигар ба монанди мењмони нохонда ѓайримунтазира нашаванд?

Рустам МАЉИДОВ, Галина ЮНУСОВА


Њасрат

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

11

иљтимоъ Модарам, ки 2 сол дар фироќам сўхта буд, намехост дигар рахоям кунад. Дардњоямро хам то њадди имкон аз ў пинњон мекардам. Аммо баъзан аз шиддати дард ба худ мепечидам ва модарам бохабар мешуд. Борњо исрор варзид, ки бояд ба беморхона равам, аммо ман намехостам. Медонистам, ки дасту пой ва тамоми узвњои даруниам хунукзадаанд ва дар сурати мурољиъат ба духтур њаргиз маро рањо нахоњанд кард.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ

(идома аз шумораи гузашта)

С

е моњи зиндагї дар тањ х он а, ба рд о шт а ни б о рњои вазнин, кор зеру барфу борон бо либосу пояфзори намкашида кори худро карда буданд. Баъзан пойњоям варам мекарданд ва то инки модарам бохабар нагардад наздаш либосамро намебаровардам. Гоњњо нишастану хестан бароям мушкил мешуданд, аммо барои дарак наёфтани модарам дардро фурў мебурдаму чолокона мехестам. Аз хиёнатњои писархолањоям њам њарфе намегуфтам... Аз таъќибу латукўби пулис њам. Магар модар метавонад ин њамаро тањаммул кунад? Оне, ки аз дидани як хори ба пои фарзандаш даромада ин ќадар норњат мешавад, магар тоќати шунидани он њамаро дорад? Он ду соле, ки байни писархолањояму озарињо сарсон будам, ки гоње инаш фиреб медоду гоње онаш, нони сери нахўрда будам ва серѓизотарину бомаззатарин хўрдаам самбўсањои амаки Неъмат буд. Модаре, ки ширинтарини луќмаро аз дањонаш меканаду ба дањони фарзандаш мегузорад магар тоќати шунидани инро дорад, ки фарзанди азизаш аз гуруснагї картошкаи хом мехўрд? Модаре, ки агар бо ангушташ фарзандашро танбењ кард, чанд рўз худашро дуъои бад мекунад, ки кош дастњоям мешикасту бачаамро намезадам, магар тоќати шунидани инро дорад, ки пулис бо дастчўбаш чунон мезанад, ки гурдањоят аз кор мемонанд? Модаре, ки шабњо ба сари љогањат меояд ва кўрпаи болоятро дуруст мекунад, магар тоќати тасаввури инро дорад, ки љигарбандаш дар 45 дараља хунукї дар тањхона хобидаву тамоми узвњояшро фано кардааст? Боре ваќте ба такси нишастем, пулис ба таъќиби мо оѓоз кард. Писархолаам ба дашноми кадом касе, ки ўро фурўхтааст оѓоз кард. Гуфт, ки дар љайбаш сесад њазор рубл дорад ва таъкиби пулис њам аз њаминљост. Ронандаи такси њам тољик буд, чанд маротиба ба тангкўчаву паскўчањо тоб хўрдем, аммо аз таъќиб халос шуда натавонистем. Писархолаам пешнињод кард, ки пулро ба ман дињаду худаш аз мошин пиёда шавад, њатман пулис аз паи ў хоњад шуд ва мо метавонем фирор кунем. Ман розї шудам. Ў дар истгоње фаромаду ба паси хонае давид... аммо пулис эътиное њам ба ў накард. Нињоят моро боздошт карданд. Ронандаро љавоб доданду маро ба идораашон бурданд ва талаб карданд, ки пулњоро барорам. Ман пулњоро бароварда дар пеши чашмонашон њисоб кардаму ба љайбам задам. Гуфтанд, ки то озод шуданам пулњо бояд дар дасти онњо истад, аммо ман розї нашудам. Маро ба назди чанд майзада партофтанд. Бўи он њуљра то њанўз аз димоѓам нарафтааст. Бўе омехта аз шаробу араќи бадану наљосати инсон. Агар то он замон чанд бор боздошт нашудаву бо он бўйњо шинос намебудам, њатман аз шиддати он њама бўи ѓализ бењуш мешудам. Баъдан фањмидам, ки пулис ин

корро махсус мекардааст, то пулњои одами бењушшударо азхуд кунаду ба дўши он майзадањо бор кунад. Ваќте диданд, ки ин найрангашон фоида надод маро ба њуљраи яккаса партофтанд. Соате пас ба наздам марди бузургљусаеро дароварданд. Ў њам гўё боздоштшуда буд. Ними шаб њис кардам, ки дастњояшро ба кисаам мебарад. Аввал хеле оромона ва бо мењрубонї пешнињод кард, ки пулњоямро ба ў дињам то пулис аз ман рабуда натавонад. Ваќте инкор кардам он ќадар латукўб кард, ки як узви солимам намонд. Ягона фикре, ки дар сарам чарх мезад ин буд, ки набояд бењуш шавам... Сањар писархолаам бо адвокате омад ва маро озод кард. Аз шиддати дарди аъзоям роњ гашта наметавонистам. Ў маро ба хонааш бурд ва се рўз онљо мондам. Аммо баъди се рўз боз маро назди шариконам бурд... Магар мешавад њамин њодисаро ба модар наќл кард? Магар баъди он байни ўву холаам хунукї намеафтад? Ваќте Расул ин њарфњоро мезад њељ риёе дар ў мушоњида намешуд. Калимаи "Модар" аз забонаш чунон љорї мешуд, ки шунаванда эњсос мекард ин калима бо њарфи калон аст. Духтур, ки яке аз рўњониёни машњури кишварро њам табобат мекард, гуфта буд, ки ваќте ба он бузург аз хислатњои Расул наќл кардааст, гуфтааст, ки ў воќеъан мусалмон бо маънии томаш будааст. Инак ман њам рўбарўяш нишастаам ва мебинам, ки ин љавони инак 23 сола, ки 10 сол(!)и нављавониашро дар ѓарибиву ранљу азоб сипарї кардааст, чї инсонест. Оне, ки ин њама хиёнат, тўњмат, ноадолатї, зулму ситамро дидааст, ќалбе мисли кўдак бериёву софе дорад. Њатто ваќте аз писархолањояш, ки ин њама ситамро ба ў раво дидаанд, мегўяд, њеч нафрат ё бадбиние дар оњангаш мушоњида намешавад. - Модарам мегуфт, ки дар сенздањсолагї як хел бачањо дар љогањи мода-

рашон мехобанд, ту бошї мардикор шудї. Мегуфт њоло замони хондану бозиданам аст. Ширинтарин лањзањои њаёт набояд сарфи ранљу мењнат шаванд. Ман њам бисёр мехостам бо њамсинфону њамсолонам бозї кунаму дарс хонам. Дилам мехост мисли онњо чузвдон дар китф ба мактаб шитобам, дарс хонам, хандаву бозї кунам, аз муалимон илм омўзам, кокулњои духтаронро чанг занам, сипас бепарвоёна ќуттиеро пеш пеши пой кунаму дар се соат ним километр роњро тай карда ба хона баргардам. Нишастан паси мизи мактаб ва шунидани њарфњои муаллим ширинтарин орзуи ман буд. Бегоњињо бо њамсояњо футболбозї мекардем, барои чанд соат андўњамро фаромўш мекардам, дардњоям хеле сабук мешуданд, дилам аз фарањ лабрез мешуд, хеле хушњол ба хона бармегаштам... аммо дидани сари хами падари азиз маро ба воќеъият бозмегардонд. Падарам њам эњсос мекард, ки тоќати дидани андўњашро надорам ва бо дидани ман зўраки табассум мекарду худро хушњол вонамуд мекард. Аммо шабњо оњашро, аз пањлў ба пањлў гаштанњояшро аз њуљраи дигар мешунидам... Волидайн кам кам аз дардњои ман воќиф шуда буданд ва ба њеч ваљњ њозир намешуданд рањоям кунанд. Њељ бањонаву пешнињодеро ќабул надоштанд. Чанд бор ањд кардам, ки гурезам, аммо њеч роњбаладе мани ноболиѓро ќабул намекард. Барои рафтан рухсати расмии падару модар лозим буд. Талошњои шабонарўзиам баъди 3 моњ хати дифоъи падару модарамро рахна кард ва бо шарти ин, ки раваму тирамоњ баргардам, розї шуданд. Ду соли ќаблї ба ман дарси хубе шуда буд ва дигар њозир набудам на барои писархолањоям ва на ба озарињои фиребгар мардикор бошам. Бинобар ба анбори моњї, ки соњибаш зани русе буд њаммол шудам. Он зан моњонаамро дар ваќташ пардохт ме-

кард ва ман дарњол ба падарам мефиристодам. Чанд бор љангам кард, ки бояд аввал худам хўраму пўшам, сипас аз дигарон фикр кунам, аммо магар ў падари ќарздор дошт? Магар модари ў аз гиря наздик аст кўр шавад? Магар падари ў аз њар таќ-таќи дарвоза як ќад мепараду дасту пояш суст мешавад? Магар садои ханда аз хонаи ў чанд сол аст, ки рахт барбастааст? Њамагї як сол дар он анбор њаммолї кардам. Боре њангоми бардоштани ќуттии вазнине дарди љонкоњи камар маро аз пой даровард. Чанд моњ дар њуљраи хобамон бо усули бобої табобат кардаму ба ќарз ѓўтидам, аммо дигар бор бардошта наметавонистам. Ваќте ба беморхона рафтам, гуфтанд, ки сутунмўњраам байни ду устухон фурў рафтаасту бояд њатман љарроњї кунам. Њаммолї чун касб барои ман дигар бегона шуд. Бояд касби дигаре пайдо мекардам, аммо барои тољик танњо се касб вуљуд дошт: њаммолї, ронанадагї ва савдо. Барои ронандагї бояд аќалан 17 сола бошї, барои савдо бошад пул лозим аст... Нињоят пас аз љустуљўи зиёд роњи њалро пайдо кардам. Акаам мактаби ронандагиро хондаву соњиби њуљљат шуда буд, аммо албатта мошин надошт. Аз ў хоњиш кардам, ки њуљљаташро ба ман фиристад. Худам мошини кўњнаеро, ки шояд 20000 рубл нарх дошт ба 45000, аммо пардохти дарозмуддат, харидам. Аммо ронандагї њам он гуна ки мепиндоштам, осон набуд. Бояд барои ќарзи худам, ки давоми чанд моњи бекорї гирифта будам, барои фиристодан ба хона ва барои мошин пул пайдо мекардам, бинобар ин барои сарфаи пул аз иљораи њуљра даст кашидам ва дар дохили мошин зиндагї мекардам. Нишастани зиёд ба камари мъибам фишор меовард ва дарди шадиде оѓоз мешуд. Шабњо њам бехатар набуданд.

(Давом дорад)


12

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

акс

Маханов:

Ман вакил надорам Бањси парвандаи "як гурўњи муташаккили мусаллањи террористї" ба рањбарии Алимурод Маханов, ки ба ќавли маќомот ќасди таркондани Душанберо доштанд, рўзи 30 декабр баргузор хоњад шуд. Дар ин бора ба "Озодагон"Мавлудљон Салихов, вакили мудофеи Сорбон Каломов, яке аз аъзои ин гуруњ хабар дод. Оќои Салихов гуфт, ин масъала рўзи 1 ноябр дар боздоштгоњи муваќќати Кумитаи амнияти миллї бо њузури Нуралиев -додраси Додгоњи Исмоили Сомонї, Зафар Рањмонов -- намояндаи додситонї ё айбдоркунандаи давлатї, Зафар Назаров -- муфаттиш ва худи боздоштшудањо баррасї шудааст. Вакили мудофеъ мегўяд, аз рўи наќша тафтишоти пешакї бояд

то 4 ноябр ба поён расида, парванда њам ба додгоњ ирсол мешуд. "Аммо ба далели ин ки тафтишот њанўз ба поён нарасидааст, муфаттиш дархост кард, то мурофиа ду моњ ба таъхир гузошта шавад",-афзуд ў. Мавлудљон Салихов дар идома гуфт, дар сўњбате, ки рўзи 1 ноябр дар Боздоштгоњи муваќќати Кумитаи амнияти миллї баргузор шуд, Алимурод Маха-

нов, маъруф ба "Устод Муродуллоњ" ва Сирољиддин Ќараев гуфтаанд, то њол бо вакили мудофеъ таъмин нашудаанд. Алимурод Маханов баъд аз боздошташ дар як намоиши телевизионї гуфта буд, њадафи онњо тарконидани баъзе иншооти Душанбе, аз љумла бинои Кумитаи амнияти миллї дар арафаи интихоботи президентї ва "шикастани сохтори давла-

тии Тољикистон" буд. Ба гуфтаи Маханов, ў соли 2011 ба узвияти Њаракати исломии Узбакистон шомил шуда, рањбарии гуруњи њаштнафареро, ки муташаккил аз шањрвандони Туркия, Ќирѓизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст. Маќомот мегўянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар њудуди шањри Душанбе чандин таркишњорео анљом

дода, аз њуљрањои ба иљора гирифтаи аъзои гуруњ аз кўчањои Фучик ва Неъмат Ќарабоеви Душанбе ду таппончаи тамѓаи Макаров бо тирдон, адабиёти динї-ифротї, наќшањои тарзу усули омода ва таркондани маводњои тарканда, сару либоси љангї, ноќилњои гуногун ва камарбандњои интињорї низ ёфт шудааст.

Шикояти вакили "муллои љодугар" ба додгоњи Душанбе Асадулло Иброњимов, маъруф бо "муллои љодугар", ки ахиран аз љониби додгоњи ноњияи Сино ба 7 соли зиндон мањкум шуд, 1-уми ноябр, ба додгоњи шањри Душанбе шикояти кассатсионї бурдааст. Дар ин бора ба хабаргузории "Озодагон" Мавлудљон Салихов, вакили мудофеи Асадулло Иброњимов хабар дода, афзуд, ки тибќи ќонунгузории Тољикистон ин шикояти кассатсионї бояд пас аз панљ рўзи мурољиат мавриди баррасї ќарор гирад. Шикояти касатсионї дар њолест, ки дар ќазияи Асадулло Иброњимов шоњиди нав пайдо шудааст. Далер Каломов, як сокини ноњияи Синои шањри Душанбе, аз болои Зулола Рањимова, ки дар видеои бањсбарангези "муллои љодугар" тасвир ёфта, аммо дар додгоњ ба њайси љабрдида баромад кард, ба Мавлудљон Салихов -- вакили мудофеи Асадулло Иброњимов мурољиат карда, арз доштааст, ки замоне Зулола мехост, аз тариќи сабти њолатњои шањвонї ўро њам ба доми худ андозад. Додгоњи ноњияи Синои шањри Душанбе рўзи 24 октябр Асадулло Иброњимов, маъруф ба "муллои љодугар"-ро ба 7 соли зиндон мањкум карда, ба пардохти 14 њазор сомонї љарима муваззаф намуд. Исмоил Давлатов, додраси ноњияи Сино, Асадулло Иброњимовро аз њаќќи машѓул шудан ба фаъолияти динї барои 5 сол мањрум кард. Ин дар њолест, ки Амрулло Фозилов, айбдоркунандаи давлатї, барои Асадулло Иброњимов 8,5 соли зиндонро талаб

Писари раиси дастгоњи Маљлиси Миллї дар садамае љон бохтааст Парвиз Кабирови сисола, писари Мизроб Кабиров, рањбари дастгоњи Маљлиси Миллї, маљлиси болоии парлумони Тољикистон, дар садамае дар наздикии Театри љавонони шањри Душанбе љон бохтааст. карда буд. Худи Асадулло дар толори додгоњ гуфт, ба Зулола ягон хел фишор ё зўрї накардааст ва бинобар њамин, худро гунањкор нањисобида, аз њукми додгоњ розї нест. Мавлудљон Салихов дар таќвияти гуфтањои зерњимояаш гуфт, дар мурофиаи додгоњї ваќте ба Зулола Рањимова суол дода шуд, ки "Шумо дар сабти навор дар ваќти дуохонї ва ба оѓўш гирифтани домулло ягон њаракатњои зўроварї дидед ва чаро напурсидед, ки чунин мекунад?" посух дод, ки "гумон кардам, дуохонї ва бароварда-

ни тарс њамин хел будааст." Мурофиаи додгоњии Асадулло Иброњимов рўзи 18 октябр дар додгоњи Синои шањри Душанбе оѓоз ёфта, 24 октябр бо њафт сол њукми зиндони ў поён ёфт. Парвандаи ў аслан аз рўи наворе тањия шуд, ки Асадулло Иброњимов дар он бо Зулола Рањимова амалњои шањвонї анљом медињад. Ин навор ќаблан тариќи телевизионњои давлатї низ намоиш дода шуд ва дар як ваќт ба шабакаи интернет њам роњ ёфт, ки то њоло аз љумлаи сербинандатарин наворњои тољикист.

Як манбаъ дар Бозрасии Давлатии Автомобилї ё ГАИ дар сўњбат ба "Озодагон" гуфт, ин садама шоми 3 ноябр иттифоќ уфтода, се кушта бар љой гузоштааст. Вале ба гуфтаи ў, рўшан нест, писари Мизроб Кабиров оё дар сари фармони мошин буда ё на. Манбаъ дар идома афзуд, љузъиёт ва иллати рух додани ин садамаи наќлиётиро гуфта наметавонад, чун шарњи ин иттилоъ ба ўњдаи Вазорати умури дохилї вогузор шудааст. Ин дар њолест, ки Шавкат Саидов, сухангўи Маљлиси Миллї дар як тамоси телефонї хабари марги писари Мизроб Кабировро тасдиќ кард. Вале ў њам гуфт, "моро ба љаноза хабар карданд, аммо нагуфтанд, сабаби марги писари Кабиров чї будааст." Парвиз Кабиров фориѓуттањсили яке аз донишгоњњои Чин буда, дар Вазорати умури хориљии Тољикистон, шўъбаи консулї, кор мекард. Худи Мизроб Кабиров се соли пеш ба маќоми раиси дастгоњи Маљлиси Миллї интихоб шуд. Вай дар гузашта ба њайси муовини рањбари Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тољикистон кор кардааст.


№42 (302) 5 ноябри соли 2013

13

фарњанг Ишќ аст миллати ман

Ман омадам, ки гўям: Ишќ аст миллати ман, Ишќ аст миллати ман, аслу љибиллати ман. Чун номи ман ба номат дар осмон раќам шуд, Бо туст сабз дар сабз милоду рењлати ман. Эй зишт бо ту зебо, эй дина бо ту фардо, Танњо ту метавонї ислоњи иллати ман. Дар ин дайи равонї, бе вањйи хаткашоне Чун аст њолати ту, чун аст њолати ман. Чун ишќи Эзид омад, сад ишќи зид фурў рафт, Иззат шуду шараф шуд хориву зиллати ман. Танњо ту мебарої аз ўњда кардани мо, Бар худ намой охир, бар худ њаволати ман. Эй ишќ, кўњнагиям чун бо навият омехт, То растухез кардї тамдиди мўњлати ман.

Бар дилам ишќи умрбод фирист

Як шакарханда бомдод фирист, Ба тилисмоти мо кушод фирист. Сура - сура саодат эњдо кун. Оя - оя хату савод фирист. Ќосидеро агар фиристонї, Њурмузоину ринду род фирист. Бо шафаќ, бо сапедаву сабза Хешу њамхуну њамнаљод фирист. Дар миёни ману бањори навин Тозапаймони иттињод фирист. Дар куљо, таќ - таќи фузун зи куљо, Ба муридони худ мурод фирист. Эй фиристандаи ягонатарин, Бар дилам ишќи умрбод фирист.

Нури ту бар љањони ман мерасаду намерасад,

Нури ту бар љањони ман мерасаду намерасад, Бар њарами нињони ман мерасаду намерасад. Нолаи гармљўши дил, валвалаи хамўши дил То ту, ай осмони ман, мерасаду намерасад. Сўзи туву маќоми ту, пайки туву саломи ту Бар найи устухони ман мерасаду намерасад. Дил чу гулест барг - барг дар дами љолаву тагарг, Исии мењрубони ман мерасаду намерасад. Ќуфл задаст гўши ман, дар бизан, эй сурўши ман, Таќ - таќи ту ба љони ман мерасаду намерасад. Шеър чу вањйнома аст, аз нафасаш шамома аст, Ќосиди ростони ман мерасаду намерасад. Мерасаду намерасад номаи ман ба номи ту, Номаи бебаёни ман мерасаду намерасад.

Туро, чунон ки туї, њолиё, намедонам.

Тариќи зистани бехато намедонам, Чунин тариќати зебо чаро намедонам. Барои тозагии худ далел мељўям, Куљост он санади бебањо, намедонам. Чаро ќадам ба ќадам кўдакона меафтам, Љањонпаноњии он мутакко намедонам. Маро зи ишќ напурседу захмаам назанед, Ман он саодати ноошно намедонам. Ба љуз љавонии маъсуму субњу шоми бадеъ, Дигар чї монд маро дар ќафо, намедонам. Надонам, эй туйи ѓойиб, куљоииву киї, Чунон ки худ кияму аз куљо, намедонам. Гуноњи сахттаринам њамин, ки эй Якто, Туро, чунон ки туї, њолиё, намедонам.

ФАРЗОНА

Чаман андар чаман гўям муборакбодии гулњо

Чаман андар чаман гўям муборакбодии гулњо, Ки барпо мешавад имшаб шаби эљодии гулњо. Њуруфе дорам, аммо андалебон сахт меранљанд Зи бемаљнунии гулгашту бефарњодии гулњо. Манам њамшањрии лола, манам њамрустои ёс, Пас аз сад ќарн њам шояд чамам дар водии гулњо. Дило, садбарги асрори туро ман нашр хоњам кард Њамин њоло, ки фурсат њаст то барбодии гулњо. Ба зењозењи ту сад хирмани гулро барафшонам, Бизї, бо ханда зї, фархунда зї бар шодии гулњо.

Дар ин бањортарин лањзањо љавонї кун

Дар ин бањортарин лањзањо љавонї кун, Бурун зи њошияи ишќ гулшинонї кун. Дили саломати ту аз тапиш мураххас нест, Сипоси љоизаи ёри осмонї кун. Аз ин њаёти дароз, эй ду аср ѓам хўрда, Ту ними сонияро сарфи шодмонї кун. Бизї, муниртарин ифтитоњњоеро Ба эњтироми њамон як сири нињонї кун. Њазор нома ба номи ту бозмегардад, Њазор нома ба унвони як нишонї кун. Бимон, ки бар башарият шариат омўзї, Њар ибтикор, ки, ай ишќ, метавонї, кун. Дило, ба њурмати ин лањзањои наѓзи наѓз Ту њам љавона бибанду ту њам љавонї кун.

Бењаёттар аз дай

На дил ба фикри ман асту на ман ба ёди ваям, Дигар зи ишќ намесўзад устухони наям. Ба хасм гў, ки мани рафта боз меоям, Њазорбора, ки љорўб мезанї зи паям. Чу ишќ рафт, шањодат кї медињад дигар, Ба ин њаќиќати ботил, ки ман њанўз њаям. Њазор сол бихонї фаќат муќаддимаам, Ба як нигањ накунад чашми фотењи ту таям. Ханўз лолаякам монда зери пуштаи барф, Агарчи дар назарат бењаёттар зи даям.

Азизи дур, ба номат кабўтарона дуруд Азизи дур, ба номат кабўтарона дуруд, Зи боми нуќравари субњ сад тарона дуруд. Чу шањсавораи таќвими тундтоз шудам, Ба дурдасти паровар, ба бекарона дуруд. Ба баргу гул, ба чаман, бар рухи афифи бањор Зи номи шабнами дил дона- дона - дона дуруд. Ба њар касе, ки зи ќайди дирам рањої љуст, Ба офтоб - ба ганљури сад хизона дуруд. Намебарад сўи ту нардбони аслу маљоз, Зи тањтхона ба тоќи нўњошёна дуруд. Њазор ќофила падруд њам, ки бифристї, Њазор ќофила бар номат, эй ягона, дуруд. Ба исми аъзами ту, эй муњаббати сармад, Аз ин гузаштаву оянда љовидона дуруд. Бар наљоти ман садоятро фирист

Бар наљоти ман садоятро фирист

Љазбаи одамрабоятро фирист. Рањ кушо бар гумрањони бечароѓ, Кавкаби фардонамоятро фирист. Љуйборам, ба таяммум карданам, Марњмат кун, гарди поятро фирист. Эй нигоњат номаи тамдиди субњ, Номањоят, номањоятро фирист. Даљлаам, берун зи соњил медамам, Бањри таскинам ќабоятро фирист. Маѓфират кун ин гунањтаркибро, Рањмати бемунтањоятро фирист. Ишќ гуфтам дар лаљанзори касиф, Ёр, ишќи кибриёятро фирист. Гарчи бе посух нишини дар фалак, Чуни чуни ман, чароятро фирист.


14

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

дунё

Эътибори амрикоињо ба њадде назди шарикон ва муттањидонаш таназзул ёфта, ки онњо барои танбењи Вашингтон азми худро љазм мекунанд, то ќатъномаи алайњи љосусињои он дар Созмони милали муттањид ба тасвиб бирасонад. Ба гузориши хабаргузории "Форс", дар њавзаи сиёсати байналмилал, "эътибор" шояд муњимтарин омиле бошад, ки метавонад мизони нуфуз ва таъсиргузории як кишвар дар арсањои мухталифро ба намоиш гузорад. Аз ин рўст, ки кишварњо мекўшанд аз ин сармоя дар таъмини манофеи худ ва низ афзоиши нуфуз ва наќшашон дар њавзањои мухталиф, бањра бигиранд ва аз латма хўрдан ба он пешгирї кунанд.

Л

атмае, ки ифшога рињои Эдворд Сно уден дар бораи љосусињои Амрико аз муттањидон ва шањрвандонаш, ба "эътибор"-и Вашингтон ворид кард, њамтироз ва баробар бо осебе буд, ки таътилии давлати федерол ба давлатмардони амрикої ворид кард. Бо гузашти беш аз 5 моњ, пайомадњои ифшогарињои Сноуден аз давлатмардони амрикої даст бардор нест ва њамчунон маќомоти амрикої бояд посухгўи танќидњое бошанд, ки њар рўз яке аз дўстонаш ба онњо ворид мекунад. Як рўз Фронсуа Оланд, раиси љумњури Фаронса дар гуфтугўи телефонї бо Барака Обама, раиси љумњури Амрико, ин иќдомот алайњи дўстон ва муттањидонро ѓайри ќобили пазириш, унвон мекунад, чаро ки ба бовари Ў ин кор њарими хусусии шањрвандони фаронсавиро хадшадор карда аст ва рузи дигар Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бо ишора ба инки љосусии дўстон аз якдигар ќобили ќабул нест, мегуяд: "ин иттифоќ ба эътимоди Олмон ба Амрико латма зад". Як рўз Дилмо Росеф, раиси љумњури Бразилия ба хотири љосусии Амрико аз эмейлњои ў, сафари худ ба Вашингтонро лаѓв мекунад ва рўзи дигар вазорати хориљаи Мексика бо ишора ба љосусии Амрико аз раисони љумњури собиќ ва феълии ин кишвар, аз Амрико баёнот мехоњад. Њануз Амрико посухи ќонеъкунанадае барои ин интиќодот надода, дидабони љосусии Италия аз љосусињои густардаи ожонси милли Амрико аз шањрвандони Италияи ва

низ ќасди Рум барои фиристодани аъзои кумитаи порлумонї ба Амрико барои тањќиќ дар инбора, хабар медињад. Њамзамон низ Мориано Рохой, нахуствазири Испания дар пайи интишори гузорише дар бораи љосусии ожонси амнияти милли Амрико аз 60 милион муколимаи телефонии шањрвандони испанї, сафири Амрико дар ин кишварро фаро мехонад. Кор ба љое мерасад, ки баъд аз интишори гузориши рўзномаи "Гордиан" дар бораи љосусии Амрико аз 35 рањбари дунё, Кореяи љанубї аз Вашингтон тавзењ мехоњад, ки оё раиси љумњури ин кишвар низ дар фењрести љосусињо ќарор дошта аст ё на! Ин ифшогарињои пай дар пай ба ќадре маќомоти Олмон ва Бразилияро асабонї кард, ки онњо барои таваќќуфи љосусињои ожонси амнияти миллии Амрико ба Созмони милали муттањид руљуъ карданд ва аз ин нињоди байналмилалї хостанд ќатъномае дар њимоят аз њаќќи њифзи њарими хусусии ашхос дар интернет, содир кунад. Ин иќдом аввалин талоши байналмилалї барои мањдуд кардани дахолати ожонси амнияти миллии Амрико дар иртибототи хориљї ба њисоб меояд, ки албатта 19 кишвари дигар низ ба љамъи Олмон ва Бразилия пайвастанд. Ба ин тартиб, 21 кишвари љањон, аз љумла мутањидони ошнои Амрико, њамчун Фаронса ва Мексика аз талошњои оѓоз шуда тавассути Олмон ва Бразилия барои судури ќатънома дар Созмони милал алайњи фаъолияти љосусии Иёлоти Муттањида, њимоят карданд.

АМРИКО

нуфузашро аз даст медињад Албатта аврупойњо ба њамин њад низ басанда накардаанд ва дастрасии Амрико ба иттилоти банкии шањрвандони ин Иттињодия ё њамон иттињодияи љањонии интиќолоти байни банкї (Суифт)-ро ба њолати муаалаќ даровардаанд. Маљмуъаи тадобири ин кишварњо танњо як маъно дорад; эътибори Амрико назди д?стон ва мутањидонаш аз даст рафта аст. Кишварњои узви Итињодияи Аврупо низ якљоя баёнияе содир карданд ва дар он њушдор доданд, эътимод миёни Амрико ва ин Иттињодия мутазалзил шуда аст. Суханони раиси љумњури Фаронса, ки рафтори Амрикоро ѓайри ќобили ќабул тавсиф карда ва гуфта, ба бањонаи мубориза бо терроризм наметавон иттилооти шахсии шањрвандони аврупоиро шунуд кард, аслан аз суханони Ангела Маркел камї надошт, ки пас аз ифшои љосусї аз муколимоти телефони њамроњаш, расман гуфта аст "эътимод миёни Амрико ва муттањидонаш мутазалзил шуда аст". Ба ин тартиб ифшогарињои Эдвард Сноуден аз љосусињои давлати Амрико аз шањрвандони ин кишвар ва кишварњои аврупої таъсири вайронгаре бар эътибори Амрико дар сатњи љањон дошта аст; кишваре, ки њамвора худро ташаббускори дифоъ аз озодињои мухталиф муаррифї карда аст.

Паёмади иќтисодии ифшои љосусињои Амрико Аммо достони ифшогарињои Сноуден ба њамин љо хотима

намеёбад, чаро ки тозатарин баровардњо њикоят аз он доранд, ки ин ифшогарињо ба иќтисоди Амрико низ зиён ворид карда аст он њам дар шароите, ки дар чанд соли ахир давлатмардони амрикої кўшиданд бо андешидани бархе тадобир, раќиби иќтисодии худ яъне Чинро аз майдон берун кунанд. Њар мавриди љадиде аз љосусињои давлати Амрико, ки ифшо мешавад, мушаххас мешавад густараи нуфузи давлат ба њарими хусисии шањрвандон, бештар аз чизе буда, ки пештар тасаввур мешуд. Доманаи ифшогарињо аввал ба шањрвандони амрикої равон буд, аммо сипас яке аз дардисарзостарин љанбањои ин љосусињо ошкор шуд; давлати Амрико шањрвандони кишварњои дигареро, ки аз хадамоти ширкатњои интернетї истифода мекарданд, туъмањои омода барои љосусї дар назар гирифта буд. Ин мавзуъ аз он љињат кинояомез аст, ки бархе аз давлатњои аврупої, аз љумла Олмон ва Њоланд, аз муттањидони муњими Амрико дар заминаи озодињои интернетї њастанд, аммо дар њамон њол њадафи љосусии ин кишвар њам ќарор гирифтаанд. Як њафта монда ба оѓози музокироти дар маврди бастани як тавофуќномаи нав миёни Амрико ва Иттињодияи Аврупо дар иртибот бо тиљорати озод буд, ки густараи љосусињои ифшо шуда, афзоиш ёфт. Интишори гузорише дар њафтаномаи "Шпигел" дар рўзи аввали июл, ки нишон медод маќомњои аврупої

њадафи љосусињои Амрико будаанд, равобити Амрико бо Аврупо бар сари ин тавофуќномаро дучори таниш кард; созишномае, ки ба эълони сайти расмии Кохи Сафед, арзиши иќтисодии он барои кишварњои тарафи тавофуќ, 272 милиард доллар аст ва 2 милион љои кор эљод мекунад. Аз ин љињат буд, ки маќомњои аврупої ва муњимтар аз њама Франсуа Оланд гуфтанд, љосусињои ожонси амнияти миллии Амрико, гуфтугўњои тиљорати озод бо Амрикоро тањдид мекунад. Расвоињои инчунинї шояд дар дароз муддат ин натиљаро ба њамроњ дошта бошад, ки иќболи кишварњои мухталиф ба бастани созишномањои тиљорї бо чинињо, бештар шавад. Илова бар ин маврид, таъсири ин расвоињо бар ширкатњои фановарии Амрико ва иќтисоди он кишварро, наметавон аз назар дур дошт. 9 ширкати бузурги фановарие, ки њамкории онњо дар пружаи љосусии ожонси амнияти миллии Амрико ошкор шуд, њамагї ширкатњое њастанд, ки бозорњои аврупої барои онњо ањамияти вижае дорад. Нуфузи давлати Амрико ба њарими зиндагии хусусии шањрвандони аврупої бо вокуниши тунде њам аз сўи маќомњо ва њам аз сўи шањрвандони аврупої њамроњ шуд. Ифшогарињои Сноуден акнун барои бисёре аз корбарони интернетї дар саросари љањон, ин шакро падид оварданд, ки оё ин ширкатњо тамоми талошашонро барои њифозат аз њарими хусусии корбарон, анљом медињанд ё на.


№42 (302) 5 ноябри соли 2013

15

минтаќа

Террористон ба Осиёи Миёна наздик мешаванд

Бозгашти бархе аз гурўњњои шибњнизомии даргир дар Сурия ба кишварњои худ дар ОМ (Осиёи марказї) ва эњтимоли талош барои анљоми амалиётњои террористї ва харобкорона боиси нигаронињои амниятии маќомоти ин кишварњо шудааст.

Б

а назар мерасад фиристо дани нерў ба сафи мухоли фини давлати Сурия аз та моми дунё аз Амрико то аврупо, махсусан аз кишварњои арабї ва ОМ, дар њоли табдил шудан ба як мавзуъи амниятии нигаронкунанда аст. Маќомоти кишварњои ОМ, ки дар мавриди иттифоќот ва даргирињои Сурия чандон мавќеъгирї анљом надода ва ба иборате эъломи бетарафї доштаанд дар ин рўзњо нигарони бозгашти шибњнизомиёне њастанд, ки ба Сурия рафта ва дар љанги алайњи давлати Башор Асад ширкат доштанд. Бино бар эъломи бархе хабарњо давлатњои арабии минтаќа аз љумла Арабистон, Ќатар ва Иморот, ки дар љанги Сурия масъули таъмини манобеи молї ва таслињотии ин даргирињо њастанд бо њимояи њамаљониба аз гуруњњои шибњнизомии тундарв ва салафињое, ки дар ОМ њузур доранд, нисбат ба эъзоми онњо ба Сурия барои даргирї бо давлати Асад иќдом кардаанд. Дар њамин њол пас аз бозгашти наздик ба 3 сол аз оѓози даргирињо ва Сурия ва бо коњиши њаљми даргирињо ва муваффаќияте, ки ин рўзњо давлати Асад ва муттањидини он дар фазои сиёсиву низомии Сурия ба даст овардаанд, коршиносон пешбинї мекунанд, ки раванди иттифоќот дар Сурия ба самти сулњ њаракат карда ва бо таваљљуњ ба тўлонї шудани љанг ва хастакунанда гардидани он, шибњнизомиёне, ки аз давлатњои ОМ бо ваъдањои мухталиф ва маќомњои гуногун, ваъдаи бињишт ва њамчунин љангидан дар муќобили дарёфти њуќуќ, ин рўзњо дар њоли бозгашт ба кишварњои худ њатсанд. Бозгаште, ки давлатњои ОМ тарс аз такрори вуќуъи њаводиси марбут ба бозгашти шибњнизомиён, пас аз љанг дар Афѓонистон њастанд. Дар Сурия танњо дар нимаи аввали соли 2013 беш аз 600 нафар аз шибњнизомиёни хориљї кушта шудаанд, ки бахши ќобили таваљљуње аз кушташудагон шањрвандони кишварњои ОМ њастанд. Беш аз 200 нафар аз шибњнизомиёни ќафќоз дар Сурия дар њоли љанг њастанд. Њамчунин љишмуњољирин ва ансор шомили шибњнизомиёне аз Русия, Украина ва дигар кишварњои мустаќили муштаракулманофеъ дар њоли љанг бо њукумати Асад њастанд. Албатта аз Тољикистон њам шањрван-

доне озими Сурия шудаанд. Њизби таваллуди дубораи исломї љавононоро ба мубориза алайњи давлати Сурия фиристода ва њамчунин бинобар эъломи мушоњидоту гузоришоти расида аз манобеи мухталиф, муњољирони мењнатии тољик ва русу узбакро дар ќиболи дарёфти њуќуќи моњиёна барои љанг алайњи давлати Асад ба истихдоми худ дароварда ва ба Сурия эъзом мекунад. Ба ќавли раиси уламои динии Ќазоќистон њам, љавонони норозї аз ваъи молии худ дар ќиболи дарёфти пул ба Сурия рафтаанд. Дар њамин њол давлати Ќирѓизистон дар июни 2013 дар гузорише аз сафари теъдоде аз шањрвандони худ ба Сурия хабар дод, ки бархе аз онњо дар њангоми хуруљ аз кишвар дастгир шуданд. Тибќи гуфтаи манобеи хабарї њизби исломии туркистон низ дар њоли эъзоми нерў барои кўмак ба шибњнизомиёни мухолифи давлати Сурия аст. Ба гуфтаи сурињое, ки кишварро тарк накардаанд, шибњнизомиёни ОМ, ки умдатан бо лањљаи арабии класик, баљои лањљаи арабии мањаллї сўњбат мекунанд, бештар аз шўришиёни араб тамоюл ба бадрафторї бо мардуми мањаллии Сурия доранд. Адами ошної бо фарњангу лањљаи сурињо боис шудааст, то онњо

рафторе монанд ба як артиши ишѓолгар дошта бошанд. Тањдид барои ОМ ба љињати бозгашти шибњнизомиён аз Сурия бадин хотир аст, ки дар њоли њозир гуруњњое аз онон аз Сурия бозгаштаанд, дар њоли эљоди даргирї то марзњои Афѓонистон њастанд. Аз љумла њизби исломии Узбакистон бино бар гузоришоти нињодњои байналмилалї дар шимоли Афѓонистон дар наздикии марзи Узбакистону Тољикистон дар њоли анљоми амалиётњои харобкорона аст. Њатто њизби исломии Узбакистон дар иттилоъияе эълом кард, ки дар оянда ба ОМ низ њамла хоњад кард. Дар њамин њол ба гуфтаи Абдулфаттоњ Шарифов раиси дафтари матбуотии

раисљумњури Тољикистон, њузури шањрвандони тољик дар таркиби нерўњоиљибњаи мухолифи давлати Сурия, таъсир ва паёмадњои манфї бар равобити дуљониба хоњад дошт. Коршиносон мўътаќиданд, ки шибњнизомиёни мухолиф дар Сурия пас аз наздик ба 3 сол аз љангу хунрезї дар ин кишвар, табдил ба љангљуён ва ќотилони њирфаие шуданд, ки номе ѓайр аз террорист наметавон барои онњо интихоб кард. Террористњое, ки њатто њомиёни онњо тарси анљоми амалиёти террористї дар кишварњои худро доранд.

ЭЪЛОН Патенти гумшуда РЯМ 6230048807 аз 21.12.2011, ки нозироти андози шањри Истаравшан ба Муќумов Сўњроб додааст, аз эътибор соќит дониста шавад. хххххх Патенти гумшуда РЯМ 6230030840 аз 05.08.2010, ки нозироти андози шањри Истаравшан ба Њасанов Мирзољон Миррањматович додааст, аз эътибор соќит дониста шавад. ххххххх ЉДММ "Нурафшон 1" РЯМ 6210006495, ки нозироти андози шањри Истаравшан ба ќайд гирифтааст, бинобар барњам хўрданаш аз эътибор соќит дониста шавад.

e-mail: e-mail: ozodagon@mail.ru ozodagon@mail.ru ХАБАРНИГОРОН:

МУАССИС: МУЊАРРИР:

Зафари СЎФЇ Азизи НАЌИБЗОД

МУДИРИ ИЉРОИЯ:

www.ozodagon.com

Абдулазизи ВОСЕЪ, Исфандиёри ХАЛИЛЇ, Њумайрои БАХТИЁР, Сиёвуши ЌОСИМЗОДА

ТАРРОЊ: Аслиддини ЉУМЪА

Хилватшоњи МАЊМУД

МЕНЕЉЕР: С. НЕЪМАТУЛЛО Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Гирифташуда аз хабаргузории «Форс»

Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест. Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд. Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст. Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202 972314030017600 МФО: 350101403 Корр. счет: 20402972714031 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе ИНН № 030012573

НИШОНЇ: Тољикистон, Душанбе, к. Мирзо Турсунзода– 45, х. 401. Телефон: 37-880- 07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99 Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст


16

№42 (302) 5 ноябри соли 2013

њафтранг Як салом бар шањри ѓурбат

Зиндагї Зиндагонї, ноз кун, дар ин саро Ту маро дорї, маро дорї, маро!

Эй парастуи мусофир, Меравї аз роњи таќдир Мерасї назди муњољир, Аз бародарњо хабар гир.

Моњ, њар гањ мешавї нав, Дар фазои шањри Маскав, Бар сараш афканда партав, Додарамро њамсафар шав.

Як салом бар шањри ѓурбат, Бар ѓарибони Ватан бар.

Як салом бар шањри ѓурбат, Бар љавонони Ватан бар.

Гоњ - гоње, эй њаёти кўчагард, Меравию бозмегардї чаро?

Офтоби шомгоњон Субњ рафтї назди ёрон, Гармие он љо бияфшон Аз њавои Тољикистон.

Эй ситора, имшаб акнун, Аз канори чархи гардун, Њар ѓарибе дидї мањзун, Љониби ў чашмакї кун,

Зиндагї чун ёри беањд асту лек Кист мегўяд намехоњад варо?

Як салом бар шањри ѓурбат, Бар азизони Ватан бар.

Як салом бар шањри ѓурбат, Бар шањидони Ватан бар.

Ин манам бар пешвозат омада, Боз мељўї киро, охир киро?

Душанбе. 27 октябри соли 2013

Ин манам бе миннату бо њиллањо, Мекашам вазнинтарин бори туро!

Мурда-мурда зиндагї кардан бас аст, Марги бепарво, биё, аз дар даро!

Шўњрати

ЊАЗРАТШОЊ

Душанбе, 22 июли 2013

www.ozodagon.tj Аввалин хабаргузории мустаќили минтаќавї


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.