Озодагон №335

Page 1

Хиёнат ба раъйи мардум

ИНТИХОБОТ

6

Абдуллоеви нотавонбин ХУДШИНОСЇ

Тарс

4

ИЉТИМОЪ

Ман душманам ба њар чї ѓуломию бандагист! Иќдоми "њайратовар"

дар Файзобод

№26 (335) 9 июли соли 2014

E-mail:ozodagon@mail.ru

МАНСАБХАРЇМЕХАНИЗМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОЉИКИСТОН?

Лус чашмгуруснаро гўянд. Дар лањљањо лусро носерї низ меноманд. Ин вожа ба касе нисбат дода мешавад, ки чашмаш аз молу чизи дунё сер намешавад. Бештар чашм ба молу кисаи дигарон мебандад.

ЛУС

7


2

№26

(335)

9 июли соли 2014

рухдод АМР

Дастури Рањмон барои санљиши кормандони "Барќи Тољик"

Эмомалї Рањмон, раиси љумњури Тољикистон, аз рањбарияти тозатаъини ширкати "Барќи Тољик" хостааст, тамоми кормандони ин ширкатро аз аттестатсия ё санљиш гузаронда, сатњи дониши онњоро муайян бикунанд. Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раёсати љумњурї, њадаф аз аттестатсияи кормандони "Барќи Тољик", инчунин, муайян намудани мувофиќати тахассусии кормандон ба вазифањои ишѓолнамуда, санљиши натиљањои иљрои уњдадорињои мансабї, малака ва мањорати касбии онњо низ будааст. Манбаъ мегўяд, Эмомалї Рањмон таъкид кардааст, сифат ва самаранокии кори ширкати "Барќи Тољик" ва хусусан њолати иќтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад. Дар робита ба бењтар кардани њолати молиявии "Барќи Тољик" Эмомалї Рањмон гуфтааст, таваљљуњи махсус ба фаъолияти роњбарият ва кормандони раёсати фурўши барќ зоњир карда шавад, то њолатњои номатлуб ба мисли азхудкунии ѓайриќонунии маблаѓњо, рўйпўш намудани дуздии муштариён, аз меъёрњои маъмулї зиёд нишон додани талафоти технологию тиљоратии нерўи барќ аз миён бардошта шавад. Рўзи 5 июл, бо ќарори њукумати Тољикистон, Аслиддини Гулмурод аз вазифаи раиси ширкати "Барќи Тољик" озод карда шуда, ба љои ў Рустами Мирзо, раиси ноњияи Зафарободи вилояти Суѓд, таъин гардид. Инчунин, муовини аввал ва муовини раиси ширкати "Барќи Тољик" иваз карда шуданд.

ОМОР

МТС афроди доро ва камбаѓалњои тољикро муайян мекунад Маркази тадќиќоти стратегии назди раёсати љумњури Тољикистон тасмим гирифтааст, соли љорї теъдоди миллионерњои кишварро мушаххас ва мизони камбизоатиро муайян кунад.

Дар ин бора Фарида Муъминова, муовини раиси Маркази тадќиќоти стратегї оид ба иќтисод, рўзи 7 июл дар нишасти хабарї дар Душанбе хабар дод. ? афзуд, њоло омода нестанд, бигўянд, ки дороён, миллионерњо ё синфи миёна дар кишвар чанд фоизро ташкил медињад. Ба ќавли Муъминова, ин тањќиќоти онњо аз моњи сентябр оѓоз ёфта, то охири њамин сол натиљааш муайян хоњад шуд. Фарида Муъминова ќайд намуд, тањќиќот на танњо дар доираи гурўњњои маќсаднок, балки дар миёни ќишрњои гуногуни љомеаи кишвар гузаронда хоњад шуд. "Соли гузашта тањќиќотеро миёни 5 гурўњи маќсаднок духтурон, муаллимон, соњибкорон, хољагињои дењќонї ва хизматчиёни давлатї анљом додем, ки тибќи он сатњи синфи миёна 22 фоизро ташкил мекунад. Аљибаш дар он буд, ки 80 фоизи пурсидашудагон гуфтанд, худро дар синфи миёна мебинанд",-афзуд ў.

ИЌРОР

Шералї Мирзо: "Масъалаи пойгоњи Русияро мусбат њал кардаем"

Шералї Мирзо, вазири дифои Тољикистон, бо њамтои русаш - Сергей Шойгу мулоќот ва масоили марбут ба пойгоњи низомии 201-и Русия дар кишварро баррасї кардааст. Ин дидори вазири дифои кишвар бо њамтои русаш дар њошияи нишасти Шўрои вазирони дифои кишварњои узви Иттињоди Давлатњои Мустаќил сурат гирифта, дар он Шералї Мирзо инчунин масъалаи таќвияти артиши Тољикистонро низ ба миён гузоштааст. Сергей Шойгу гуфтааст, кишвараш барои баррасии масоили марбут ба њамкорї ва таќвияти неруњои мусаллањи Тољикистон амалан омода мебошад: "Њар чї ки инљо имкон дораду аз вазорати дифои Русия вобаста мебошад, омодаем сари миз барои баррасии он нишинем." Вазири дифои Тољикистон низ дар навбати худ аз њамтои русаш сипосгузорї карда, аз ў даъват кардааст, сафари кориеро ба Душанбе анљом дињад: "Ду мушкиле, ки онњоро стратегї медонем, яке аз онњо масъалаи будубоши пойгоњи низомии 201-и Русия аст, ки албатта, ба тарафи мусбат њал кардем ва мушкили дигар ин барномаи муосиргардонии неруњои мусаллањи Тољикистон аст."

ДИДОР

Њасан Рўњонї моњи сентябр ба Тољикистон меояд

Њасан Рўњонї, раиси љумњури Эрон, ќарор аст, моњи сентябри соли љорї барои иштирок дар њамоиши сарони кишварњои узви Созмони Њамкорињои Шонгњой (ШОС) ба Тољикистон биёяд. Расонањои эронї менависанд, оќои Рўњонї дар љараёни ин сафараш бо Эмомалї Рањмон, раиси љумњури Тољикистон, мулоќоти хос анљом дода, чанд санади нави њамкорї низ ба имзо хоњад расонд. Њамоиши навбатии сарони Созмони Њамкорињои Шонгњой рўзњои 12 ва 13 сентябри соли љорї дар Душанбе баргузор мешавад. Ин созмон 13 соли пеш таъсис шуда, Русия, Чин, Ќазоќистон, Ќирѓизистон, Тољикистон ва Узбакистон узвияти онро доранд. Афѓонистону Њиндустон ва Эрону Покистон кишварњои нозир дар Созмони Њамкорињои Шонгњой мебошанд. Њасан Рўњонї тобистони соли гузашта ба курсии раёсати љумњури Эрон нишаст ва дар ин маќом Мањмуди Ањмадинажодро иваз кард. Дар пайи пирўзияш дар интихоботи Эрон маќомоти кившар гуфта буданд, Рўњонї ба Душанбе омада, дар маросими ба истифода додани чархаи дувуми нерўгоњи "Сангтўда-2", яке аз тарњњои муњими иќтисодии Эрон дар Тољикистон иштирок хоњад кард. Вале ин сафар анљом нашуда, баръакс, мавзўи ќарздории ширкати Барќи Тољик аз нерўгоњи "Сангтўда-2" расонаї гардид. Чархаи дуюми "Сангтўда-2" ќарор буд дар ибтидои

соли 2013 ба кор дарояд. Вале ба далели пурра омода набудани ин агрегат он ба таъхир гузошта шуд. Соњибназарон мегўянд, сабаби ба таъхир афтодани бањрабардорї аз агрегати 2-и "Сангтўда-2" метавонад, ќарзњои пардохтнашудаи ширкати "Барќи Тољик" аз ин нерўгоњ бошад. Инчунин, бояд ќайд намуд, ки баъд аз ба анљом расидани ваколати дипломатии Алиасѓари Шеърдўст, сафири Эрон дар Тољикистон, њанўз њам аз сўи Тењрон ба ин маќом касе таъин карда нашудааст.

ТАНОЌУЗ

Ќудратов муваззаф шуд, ба "љабрдида"-и таљовуз 200 000 сомонї дињад Додгоњи ноњияи Фирдавсии Душанбе бањси Моњира Бобораљабова, "љабрдида"-и таљовуз дар парвандаи Зайд Саидов, бо вакили мудофеъ --Шуњрат Ќудратовро ба нафъи аввалї њал карда, Ќудртовро муаззаф намудааст, ки ба даъвогар 200 њазор сомонї љуброни зарари маънавї супорад.

Дар ин бора Шуњрат Ќудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов ба "Озодагон" иттилоъ дода, афзуд, ки аз њукми баровардаи додгоњ норозї буда, аз болои он шикояти коссатсиёнї хоњад бурд. Номбурда иброз дошт, ки Бахтиёр Абурањмонзода, додраси ноњияи Фирдавсї аризаи ўро дар

хусуси эътибори корияш рад намудааст: "Њарчанд ќарори додгоњ аз 19 июн баромада буд, вале ман дирўз нусхаи ќарорро дастрас кардам". Моњира Бобораљабова дар аризаи шикоятии худ ба додгоњ гуфта буд, Ќудратов шаъну шарафи ўро паст зада, бояд 200 њазор сомонї љуброни зарари маънавї пардозад. Шуњрат Ќудратов иброз медорад, ки мурофиањои додгоњї бе њузури ў сурат гирифта ва ў аз болои додрас Абдурањмонзода ба Шўрои адлия шикоят бурдааст: "Бо сабабњои узрнок дар мурофиа иштирок карда натавонистам ва додрасро низ огоњ карда будам. Додрас Бахтиёр Абдурањмонзода рўзи 19 июни соли љорї бе иштироки ман мурофиаро гузаронда њалномаро ќабул кардааст."

Соли гузашта бо даъвои Моњира ва Гулнора Бобораљабовањо Ољонсии зидди фасоди молии Тољикистон алайњи Зайд Саидов "барои таљовуз ба номуси духтари ноболиѓ ва ба исќоти њамл маљбур сохтани зан" парвандаи љиної оѓоз намуда буд ва њатто иддао пеш гузошт, ки "љабрдида" аз Зайд Саидов соњиби фарзанд мебошад. Аммо баъдан ташхиси ДНК ин иддаоро рад кард ва додгоњ парвандаро барои тафтишоти иловагї бозгардонд. Номи Моњира Бобораљабова баъд аз он расонаї шуд, ки тобистони соли гузашта аксњои ў дар шабакаи иљтимоии Фейсбук нашр шуданд. Дар ин аксњо Моњира Бобоаљабова баъд аз рўбарўкунї бо Зайд Саидов аз Боздоштгоњи муваќќатї берун мерафт.

АЉАБ

Пойафзоли Абдурањмон Ќодирї, раиси Суѓд ба Шањбол Мирзоев Абдурањмон Ќодирї, раиси вилояти Суѓд, ба Шањбол Мирзоев - сарбози маъюби нерўњои марзбонии Тољикистон як пойафзол њадя кардааст. Дар ин бора худи Ќодирї дар нишасти матбуотии 8 июл дар Хуљанд хабар дод ва гуфт, њадаф аз таќдими пойафзол њарчї тезтар сињњат шудану ба хонаводаи худ баргаштани Шањбол аст. "Аз он њолате, ки дар шањри Маскав дошт, хеле бењтар шудааст. Ба духтуроне, ки ўро табобат кардаанд, миннатдорї намудам. Мо њамеша дар тамос њастем. Њатто ба ў як кафши нав таќдим кардам, ба умеди он ки Шањбол рўзњои наздик роњ мегардад. Хавотир нашавед. Њамаваќт мо инро зери назорат дорем. Њаракат мекунем, ки Шањбол бо пои худ роњ гашта, ба Ашт равад",афзуд Абдурањмон Ќодирї. Шањбол Мирзоеви 23-сола ин шабу рўз дар шифохонаи физиотерапевтии шањри Хуљанд, маркази вилояти Суѓд, табобат мегирад. ? сокини дењаи Понѓози ноњияи Ашт ва фориѓуттањсили Донишгоњи њуќуќ ва тиљорати шањри Хуљанд буда, њамагї 9 моњ ќабл довталабона ба хидмати низомї рафтааст. Шоми 6 марти соли љорї аз сўи њамхидматаш дар ќисми њарбии марзбонии 2620 мавриди "латту кўб"-и шадид ќарор гирифта, сутунмуњрааш мешиканад.

Рўзи 19 июни соли љорї додгоњи њарбии гарнизони Душанбе Усмоналї Ѓайратов, фелдшери ќисми низомии 2620-и нерўњои марзбониро, дар латту кўби Шањбол Мирзоев гунањкор дониста, ўро нуњ сол аз озодї мањрум кард. Бар асоси њукми додгоњ, Гулрухсор Ширинова -- навбатдори нуќтаи тиббии ќисми низомии 2620 низ муљрим шинохта шуда, дањ дарсади маоши яксолааш ба фоидаи давлат рўёнда хоњад шуд.

ЊИКМАТИ ЊАФТА

Мор соле як бор пўсташро иваз мекунад, хоин њар рўз.

Исаак Бор ЛЮТИ


№26 (335) 9 июли соли 2014

3

акс Дар ин бора Тољиддин Асомиддинзода, муовини раиси Кумитаи оид ба корњои дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, зимни нишасти хабарии ин нињод иттилоъ дод. Љаноби Асомиддинзода мегўяд, рўихати њаљравандагон баъд аз ќабул дар маќомоти мањаллї ва омодашуда ба Кумитаи дин ворид карда мешавад ва дар Кумита боз комисияи махсус дар Шўъбаи равобити байналмилалї ва ташкили њаљ вуљуд дорад, ки њамаи ин њуљатњоро санљида мебарояд. Ин њуљљатњо бар асоси дафтари махсусе, ки дар шањру ноњияњо аз тарафи Кумита муайян шудааст санљида мешавад. Дар рафти санљиш касоне, ки бар хилофи ќонун ва муќарароти ќабули њуљљатњои њаљравандањо барои сафар ба Њаљ пешнињод шуда буданд, аз рўйхати њаљравандањо хориљ карда мешаванд. Номбурда мегўяд, имтиёз додан ба нафароне, ки синашон ба 80 наздик аст ба ўњдаи роњбарони шањру ноњияњо ва комиссияњои махсуси интихоби њаљравандањо вогузор шудааст. Онњо метавонанд бо таваљљўњ ба наздик шудани синну соли њаљраванда ба 80-солагї онњоро дар авлавият ќарор бидињанд. Ин њам дар њолест, ки ахиран масъулони њукумати ноњияи Файзобод на ба кўњансолон, балки ба пулдорњои ноњия авлавияти бештар доданд. Роњбарияти ноњия дар мавсими "Њаљ2014" иќдомеро, пеш гирифтаанд, ки касе 2 њазор доллари ИМА ба суратњисоби махсуси ноњиявї гузаронад ва ё ба маблаѓи на камтар аз 2 њазор доллар бунгоњи тиббї, мактаб, роњу пулњо ва ё љоеро таъмир кунад бе навбат ба Њаљ сафар хоњад кард. Аз ин иќдоми роњбарияти ноњия метавон хулоса кард, ки нархи Њаљ дар Файзобод на 18 њазору 164 сомонию 92 дирам, балки 28 њазору 164 сомонию 92 дирамро ташкил медињад, ки на њама ин миќдор маблаѓро пайдо карда метаваонанд, ки ба зиёрати Хонаи Худо бираванд. Тољиддин Асомиддинзода дар мавриди зиёд нашудани сањмияњои зоирини тољик гуфт, соли љори њангоми мулоќоти намояндагони Кумитаи оид ба корњои дини кишвар бо масъулони Вазорати њаљи Арабистони Саудї масъалаи зиёд намудани сањмияи њаљравандањо баррасї шуд. Вале мутаасифона, ба хотири идома доштани сохту созњои атрофи Њарам имкони зиёд намудани сањмияи њаљравандањо барои њеч кадоме аз кишварњо муяссар нашуд ва ба

ИЌДОМИ "ЊАЙРАТОВАР" ДАР ФАЙЗОБОД

Ононе, ки бар хилофи ќонун ва муќаррароти ќабули њуљљатњои њаљравандањо барои сафар ба Њаљ номнавис шудаанд, аз рўйхати њаљравандањо хориљ карда мешаванд.

мо чунин иттилоъ доданд, ки эњтимол дорад, ки то ду соли дигар раванди то 20% кам кардани сањмияи њаљравандањо идома хоњад дошт. Асомиддинзода мегўяд, давоми ду се соли гузашта Кумитаи оид ба корњои дин ва махсусан шахсоне, ки ба ташкилу баргузории маросими њаљ фаъолият доранд, бо тариќи Созмони миллали мутањид (СММ) шумораи ањолии Љумњурии Тољикистонро ба таври воќеъї ба Арабистони Саудї пешнињод намуданд. Дар сурати бартараф намудани мањдудиятњо тибќи омори расмие, ки ба СММ ва аз онљо ба мамлакати Арабистони Саудї пешнињод шудааст, таќрибан 8-њазор шањрванди Тољикистон метавонанд, ки дар як мавсим сафари њаљ кунанд. Аммо дар њоли њозир ба хотири сохту созњои дар атрофи Њарам

бо тавсияи Масљидул-Њаром идома дорад имкони ќабул кардани њаљравандагони бештар вуљуд надорад ва 20%-и њаљравандагони тамоми кишварњои мусалмоннишин кам карда шудааст. Ба иттилои номбурда имсол шумораи хаљравандагон аз кишвар шаш њазору 200 нафарро ташкил медињад, ки дар ин минёи дусад нафарашонро табибону роњбаладон ташкил медињанд. "Њамасола аз љумњурї 30 нафар мувофики супориши президент имконият дорад ройгон ба хаљ равад . Ин нафарон касоне мебошанд, ки хизмати шоистае барои мамлакат кардаанд ва ин 30 нафар аз тамоми шањру навоњии кишвар даъват карда мешаванд, ки ин масъала дар сатњи Њукумати марказї баррасї карда мешавад."-афзуд муовини раиси Кумитаи оид ба

корњои дини Тољикистон. Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тољикистон мегўяд, синну соли хаљравондагон дар кишвар аз 18 то 80 солро дар бар мегирад. Нархномаи њисобкунии роњкиро, манзил, харољоти шабонарўзї ва хизматрасонї дар мавсими имсолаи њаљ бо Хадамоти зидиинњисории назди Њукумати Љумњурии Тољикистон мувофиќа карда шудааст, ки миќдори он 18 њазору 164 сомонию 92 дирам муќарар гардидааст. Соли гузашта нархи њаљ 17 њазору 625 сомониро ташкил медод, ки нисбат ба нархи имсолаи њаљ зиёда аз 500 сомони арзонтар буд. Ин дар њолест, ки ахиран Кумитаи дин, танзими анъана ва љашну маросими миллии Тољикистон тасдиќ кард, ки арзиши хизматрасонињо дар мавсими

ИНТИЌОДИ МУФТЇ АЗ ОНЊОЕ, КИ 28 ИЮН РЎЗА НАГИРИФТААНД

Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон аз тамоми онњое, ки субњи 28 июни соли љорї рўзаи моњи шарифи Рамазонро нагирифтаанд, шадидан интиќод кард. Сайидмукаррам Абдулќодирзода гуфт, аз рўи масъулияташ аз њамаи онњое, ки рўзаи имсоларо субњи 29 июн оѓоз кардаанд, мехоњад, баъд аз анљоми ин моњ як рўз рўзаи ќазої бигиранд. Бар асоси таќвиме, ки Шўрои уламои Маркази исломии Тољикистон чоп кард, рўзи аввали моњи Рамазон 28 июн оѓоз меёбад. Вале бисёре аз кишварњои исломї рўзаро субњи 29 июн оѓоз карданд ва бо пайравї аз онњо гуруње аз сокино-

ни кишвар низ рўзадориро 29 шуруъ карданд. Оќои Абдулќодирзода дар намози љумъаи 4 июл гуфт, таќвими моњи шарифи Рамазонро як тўда мардуми ѓофил не, балки уламову коршиносон тањия кардаанд ва бояд сокинон аз он пайравї намоянд. Моњи шарифи Рамазон аз моњњои солшумории њиљрии ќамарї ба њисоб рафта, дар таќвими исломї баъд аз моњи шаъбон ва ќабл аз моњи шаввол меояд.

Мусулмонон дар ин моњ рўза гирифта, бештар ба ибодат ва ќироати Ќуръон машѓул мешаванд. Аммо тайи чанд соли охир сокинони мусулмони Тољикистон дар оѓози моњи шарифи Рамазон ва таљлили Иди Фитр дар чорроња мемонанд. Зеро бар асоси таќвиме, ки Шўрои уламо тањия мекунад, моњи шарифи Рамазон ва ё Иди Фитр дар муќоиса ба кишварњои дигари мусулмониву исломї як рўз пештар ва ё ќафотар меояд.

имсолаи Њаљ 539 сомонї боло рафтааст. Масъулони Кумитаи дини Тољикистон бо пахши як иттилоия гуфтанд, нархи нав дар натиљаи тавофуќ ва шартнома бо ширкати хизматрасони Шоњигарии Арабистони Саудї муайян гардидааст. Кумитаи дин омили асосии болоравии нархи њаљро афзоиши ќурби доллар гуфт, ки соли гузашта арзиши як доллар 4,83 сомониро ташкил медод ва имсол то ба 4,97 сомонї боло рафтааст. Ба иттилои муовини раиси Кумитаи дини Тољикистон, имсол аввалин парвозњо ба Макка 10уми сентябр аз вилояти Суѓд шурўъ хоњад шуд. Аз шањри Душанбе бошад аввалин њавопаймоњои њаљравандагон ба самти Арабистони Сайдї 14-уми сентябр парвоз хоњанд кард.

Толиб РАЊИМ


4

№26

(335)

9 июли соли 2014

дидгоњ

Лус

Лус чашмгуруснаро гўянд. Дар лањљањо лусро носерї низ меноманд. Ин вожа ба касе нисбат дода мешавад, ки чашмаш аз молу чизи дунё сер намешавад. Бештар чашм ба молу кисаи дигарон мебандад. Мардум ба шахси лус бо чашми нафрат ва њаќорат менигаранд. Аммо як сарватманде, ки аз роњњои машруъ ва ќонунї сарват ба даст меорад, лус нест. Лус њамонест, ки ё бо роњи тамаъву талаб моли дигареро мегирад ё бо роњи зулму зўрї. Лусро халќ ба лошахўр ташбењ мекунад. Як нафар лусро аз чашмону нигоњаш аз рафтораш аз зоњираш метавон шинохт. Ангор дунёро бо чашмонаш мехоњад, фурў барад. Дастонаш њамеша ишора ба гирифтан мекунанд. Ишорати додан ба дасти лус њеч гоњ даст намедињад. Забонаш њарфи бигирро гўиё талаффуз наметавонад кард. Танњо бидењ! Муќобили вожаи лус чашмсер аст. Одамон метавонанд ду навъ бошанд: чашмсер ва носер. Носер њамон лус аст. Аммо мардум нисбат ба чашмсер эњтиром мегузоранд. Чашмсер ба молу мулки дар ихтиёрдоштааш ќаноат мекунад. Чашм ба кисаи касе намедўзад. Аз касе хасе тамаъ намекунад. Ѓурурашро барои чиз зери по намегузорад. Аз талабу тамаъву њирс нангу ор мекунад. Аммо мафњуми нанг, номус, шараф, њамият барои лус бегона аст. Тамоми муќаддасоташ дар доираи молу пул хатм мешавад. Агар як олим њар рўз аз роњи омўзиш ба донишаш илова кунад, лус аз роњи лусї ба дороињояш зам мекунад. Лусњо низ мисли дуздњо ду навъ мешаванд. Агар дуздњо хасдузд шу-

турдузданд, лусњо њам чунинанд. Агар луси одї чанд дираму сомоние лусї кунад, луси гузаро мошину хона, бозору корхона, фабрику заводи мардумро мегирад. Табиати лус чунин аст, ки њеч гоњ сер намешавад. Соддалавњон мегуфтанду мегўянд, ки лусњо сер шаванд, пас ѓами дигаронро хоњанд хўрд. Хестед, ки хобед! Чун сер намешавад, лус номаш нињодаанд! Ба ёд овардани симои Ќорї-ишкамба дар "Марги судхўр" барои шинохти як лус кофист. Вале барои дар зењн ѓунљондани чењраи як чашмсер наќлеро инљо меорам: Раиси номдор е а з н о њ ияи Ле н и н д а р з а мо н и Шўравї тамоми наќшаи сабзавот ва меваљоти ўњдадориашро барзиёд иљро мекунад. Як рўз аз њар навъи меваљот даруни мошинашро пур менамояд ва ба зиёрати Љаббор Расу-

лов, муншии аввали њизб меравад. Пас аз ањволпурсї ба Љаббор Расулов рў оварда мегўяд, ки раис мо тамоми наќшаро иљро кардем, ин дастовезро ба сифати кавсан ба Шумо овардем. Љаббор Расулов ба хона даромада, бо як таќсимчаи хурд бурун меояд ва аз як мошин мева як хўша ангур ба рўи таќсимча мегузораду мегўяд, ки баќияашро ба хонаи фалон вазир баред, ки 9 бача дорад. Барои ману њамсарам њамин хўшаи ангур кофї аст. Барои њамин, то имрўз аз Љаббор Расуловро ба унвони як фарди чашмсер ёд меоранд. Пайвандонаш аз ў ифтихор мекунанд. Њоло аз гузашта бигзарему биёем сари имрўз. Як нафар њамватани мову Шумо, ки дар Русия сармояи хубе ба даст овардааст, њамеша ният дошт, ки сармояашро ба ватан меораду сарфи ободии гўшае

аз диёр намуд. Порсол бо сабабе Душанбе омад. Дањ рўз ба њар идорае сар заду тасмимашро таѓйир дод. Ваќте ки аз Душанбе мерафт чунин гуфт: -Медонї, мо баъзан дар Русия њам маљбур мешавем, ки барои њалли мушкил ба мансабдорон њадя дињем, вале ин тавр нест, ки њар идорае дарої ба ту мисли тўъма нигаранд. Инљо чун ба идорае по нињї, чењраи раис гургеро мемонад, ки гўиё мешро дар пешаш дида бошад. Мансабдоре, ки ба корафтода чун тўъма менигарад, лус аст. Ва ин навъи лусњо хатарноканд. Љомеаро аз рушд бозмедоранд. Умедњоро дар дилњо гўр мекунанд! Худо аз он рўз нигоњ дорад, ки одати лусї ба фарњанг табдил ёбад. Он гоњ хатар ба дањшат мубаддал хоњад шуд!

Азизи НАЌИБЗОД

Дар Тољикистон мансабфурўшї вуљуд дорад? СЕ НАЗАР

И

Шокирљон ЊАКИМОВ, муовини раиси Њизби сотсиалдемокарти Тољикистон:

н ки хариду фурўши мансаб дар Тољи кистон чизи маъмулї шудааст, ягон инсони солимаќл ва ба хусус рушанфикрон инкор карда наметавонанд. Яке аз сабабњои асосии сатњи пасти зиндагии мардум ва дар муќоиса аз кишварњои Осиёи марказї камтар ворид гардидани сармояи хориљї ба иќтисодиёти миллї низ њамин мебошад. Мушоњидањо гувоњї медињанд, ки дар натиљаи харидани мансаб шахсони тасодуфї, ки истеъдоди рањбарї, ќобилияти ташкилотчигї ва донишу љањонбинии мањдуд доранд, соњиби мансаб шуда бар хилофи манфиатњои миллї низ амал мекунанд. Аслан ин гуна њолат дар кишварњое, ки низоми сиёсии номукамал доранд ва арзишњои демократиро инкор менамоянд, бештар ба назар мерасад.

М

Сайфулло САФАРОВ, муовини аввали раиси Маркази тадќиќоти стратегї:

ан бо гузориши сафорати Амрико дар Тољикистон дар мавриди мансабфурўшї аслан розї шуда наметавонам. Фикр намекунам, ки сафоратхонаи як кишвари дигар ба корњои дохилии кишвари мо ворид шуда, дахл кунад. Ин ба суботи кишвар зарар дорад. Яктояш як гап гуфт, дигараш боз як гапи дигар бо њамин метавонанд суботи як кишварро аз байн баранд, чи хеле ки дар Ироќу Либияву дигар љойњо мо инро дидем.

Т

Ќосимзода Гурез ЉУРАХОН, муовини якуми Агентии хизмати давлатии назди президенти Тољикистон:

о њол дар хусуси мансабфурўшї ба мо ягон "сигнал" наомадааст. Дар сурати пешнињоди далел оиди мансабфурўшї миёни хизматчиёни давлатї мо ин масъаларо дида мебароем. Зимни гузаронидани озмунњо шояд таќаллуб сурат гирад, вале то имрўз њолати мансабфурўшї ба ќайд гирифта нашудааст.


№26 (335) 9 июли соли 2014

5

оина АМРИКО ИФШОГАРЇ МЕКУНАД Дар гузориши сафорати Иёлоти Муттањида, ки рўзи љумъа 4-уми июл нашр гардид, омадааст: "пастии маош кормандони давлатиро водор месозад, то барои рўпуш кардани ниёзњои худ роњњои дигари пулкоркуниро пайдо кунанд ва харидани мансабњои давлатї дар ин кишвар ба як чизи маъмулї табдил ёфта, одатан онњо барои боќї мондан дар курсї ба рањбарияти худ ришва медињанд". Дафтари иќтисоди сафорати Амрико мегўяд, "фаќиртарин кишвари пасошўравї - Тољикистон бар асоси тамоми нишондодњои иќтисодї аз њамсоякишварњои худ аќиб мемонад. Дар ин кишвар ба сармоягузороне имкони фаъолият дода мешавад, ки коррупсия ва тамоми печдарпечии бюрократиро ќабул дошта, робитаи наздик бо маќомњои баланди давлатиро ба роњ мондаанд." Бино ба гузориши сафорати Амрико, иќтисоди Тољикистон аслан аз сармояњои хориљї, аз љумла Чин, Русияву Эрон ва кумакњои созмонњои хориљї вобастагии сахт дорад. "Баъд аз тасвиби Конвенсия оид ба эътироф ва иљрои њалномањои арбитражи хориљї дар соли 2012 вазъ рў ба бењбудї оварда буд. Он замон гуфтугўњо низ дар бораи шомилшавии Тољикистон ба созмони тиљории љањонї анљом дода шуд. Кодекси нави андози соли 2013 ба љои бењбуди вазъ, баръакс, мушкилтар кардааст"-омадааст дар гузориши дафтари иќтисоди сафорати Амрико дар Душанбе.

ХАДАМОТИ ГУМРУК ЌАДАМИ АВВАЛ Њикматуллоњ Сайфуллоњзода коршиноси масоили сиёсї муътаќид аст, ки чунин як гузориш натанњо њайратовар, балки нигаронкунанда буда метавонад. "Аз вуљуди ин гуна амалњо дар љањон дар љое мехонему мешунавем, вале дар ин як давраи мањдуди соњибистиќлолии кишвар ба "чизи маъмуї табдил ёфтан"-и мансабфуруширо касе интизор надошт ва эњтимол баъзењо инро бовар њам накунанд. Аммо ин гузориш сарироњї набуда аз љониби сафорати кишваре пахш гардидааст, ки василањои зиёди дастарасї ба манофеъи мухталиф ва чунин як тавонмандиро дорад. Танњо таќдими грантњову пиёда кардани лоињањои алоњида аз љониби созмонњои молии байналмиллалї ва дигар доирањои ќарздињандаву сармоягузор кифоя мекунад, ки амалњои фасодкориро дар долонњои њукумат кашф намоед," гуфт Њикматуллоњи Сайфуллоњзода. Ба гуфтаи номбурда, баъзе амалњои майдачуйдаро њатто ољонсии мубориза ба корупсияи худї њам кашф месозад, вале онњо то ба имрўз боре иќрор нашуданд, ки дар низоми давлатдории кишвар харидани мансаб вуљуд дорад. Њадди аќал ба навиштаи ВАО таваљљуњ накарданд, ки тули 10-15 соли ахир чи ишорањое дар бораи харидани мансаб дар сањифањо љой додаанд. Њарамгул Ќодирова тањлилгари масоили сиёсї ин гуфтањоро таќвият бахшида мегўяд, танњо як њодисаи мансабхариро дар кишвар Агентии назорати давлатї ва мубориза бо коррупсия дар Хадамоти гумрук ифшо кард. Аммо то њол номаълум аст, ки сарнавишти фурўшанда чи шуд ва бо кадом њалќањо ин корњоро анљом медињанд чун Агентї дар ин бора дигар шарње надод.

МАНСАБХАРЇМЕХАНИЗМИ ДАВЛАТДОРИИ ТОЉИКИСТОН?

Сафорати Амрико мегўяд, ки мансабхарї дар Тољикистон як чизи маъмулї шудааст. "Мансабфурушї бошад мансабхарї низ њаст. Зеро ваќте фард маќом ва ьмартабаи худро медонад њаргиз харидор намешавад. Харидор вазифаро харид ва кўшиш мекунад боз чанд њолати фурушандагї назири пора гирифтанро иљро кунад, то пардохти худро пўшонад", гуфт Њарамгул Ќодирова.

МАНСАБХАРИИ САРОСАРЇ Бархе коршиносон муътаќиданд, ки гузориши сафорати Амрико 100 фоиз дуруст аст. Чунончи Њикматуллоњи Саидиён раиси њизби сабти ном нашудаи "Вањдат" мегўяд, ки дар Тољикистон бе ришва ягон вазифа гирифта намешавад, мансабдор чун вазифаро харид, дар талоши рўёнидани харољоти худ мешавад. "Аз раиси љамоъат сар карда, то то вазир њама мансабњо фурўхта мешаванд. Барои мисол њадди ришва дар

сатњи љамоъат таќрибан байни 10 њазор доллар то 20 њазор доллар ва дар сатњи раиси њукумат аз 100 њазор то 300 њазор ва дар сатњи вазоратњо на кам аз 100 њазор то милллион вобаста ба вазоратњои калидї аст. Аммо ваќте ин суханњоро мегўї, мегўянд, ки далел надорї ва бе асос гап назан," изњор дошт Њикматуллоњи Саидиён. Ба эътиќоди Њикматуллоњи Сайфуллоњзода дар њамин таъиноти ахире, ки баъд аз соли нав доир гардид, нархи мансаби яке аз раисони ноњияро то ба 80 њазор доллар гуфта буданд, вале њама хомуш. Ин гузориш ба воќеияти афкори љомеъа бахусус онњое, ки ба корњои тањлилї сару кор доранд, хеле наздик аст. Аммо оќибати ин раванд нигаронкунанда аст, ин масъала дар фурсатњои муносиб ба як раќобати љиддї дар дохили низом оварда мерасонад, ки алакай нишонањои он эњсос мешавад.

Ба бовари коршиносон, њељгоњ сари роњи ин ришваситонї гирифта нахоњад шуд, чун ин механизми њукуматдорї шудааст мисли пахтачинї дар мавсими пахта?ундорї. Њикматуллоњи Саидиён дар ин мавриди мегўяд, майдони пахта ин ришваситонист ва дар њама маќомот њам чунин аст њатто дар сохторњои ќудратї љуз КДАМ. Ришва калиди дари њукуматронї шудааст. "Мо, амрикоињо ва њам раиси агентї њамаро мефањмем, аммо дамамон гирифта ва чорае карда наметавонем". Ба ќавли Њарамгул Ќодирова расман иттилоъ дар бораи мансабфурушї кам аст. Аммо инки дар љомеа сару садоњост, ин пањлўи дигари масъала аст. Њарчи набошад њам бояд ин падида аз байн бурда шавад, вагарна самари он љуз бўњрону варшикастагї дигар чизе нест.

Сиёвуш ЌОСИМЗОДА


6

№26

(335)

9 июли соли 2014

пурсиш

ШУМО ЧЇ ДОРЕД? Умед ДАВЛАТЗОД,

Исмоил ТАЛБАКОВ,

Шариф МУЛЛОЕВ,

муовини вазири рушди иќтисод

вакили Парлумон

устоди Донишгоњи славиянии Тољикистон

Ман чанд то хона дораму амволи дигар, инро декларатсия карда ба њукумат пешнињод кардаам. Ман як њавлї дорам, ки дар давраи дар бонки тиљоратї кор карданам, ба тариќи ќарзї харида таљњизонидагиям ва баъди анљоми он дар њамонљо зиндагї дорам. Барои ман дача зарур нест ваќте, ки ман њавлї дорам.

Њасаналї КАРАМАЛИЕВ,

Ман як хона дорам ва онро њануз такмил накардам. Онро ќарз гирифта сохтмон карда истодаам. Агар дача медоштам рафта њозир истироњат мекардам.

Иззат АМОН, рањбари Иттињоди љавонони тољик дар Маскав

муовини раиси палатаи Савдо ва саноат Ман як хонаи дуњуљрагї дорам тамом ва дигар њичї надорам.

Мањмадалї ВАТАНОВ, вакили Парлумон

Ман як хона дорам, хонаи шахсї, хонаи хуб аст. Ман намедонам дигар ќасу кушкаш чист.

Ман як хонаи дуошёна дар шањр дораму як мошин. Дар маскав як хонаи дуњуљрагї дораму як мошину як офис. Дар душанбе хонаи дуошёнаи иборат аз 8 дар хона. 5 то-ш дар табаќаи 1, 3 тои дигараш дар табаќаи 2 ва мошин низ дорам. Вале он ки вазир як хонаи дуњуљрагї дорад њеч кас бовар намекунад. Гуфтаи президент ки ќасру кушоксозиро бас кунед ба мансабдорон таъсир надорад. Аллакай њама њама чизро сохта гирифтанд ва агар њам созанд ба номи худашон намесозанд. Њеч таъсире нахоњад гузошт ин як худнамоишдињї буд гуё ин ки ѓами мардумро мехуранд.

Банда дар зиндагии хеш њич гоњ аз паи сохтани ќаср набуд ва намешавад. Инсон худ бояд огоњ бошад, ин ќаср ва кушкњоро ба олами дигар намебарад. Банда дар њавлии хоксорона бо ањли байт иќомат дорад. Ба фикри банда ба љои ќасру кушкњо иморатњо барои мардум созанд ва бо нархи на он ќадар гарон фурушанд ин амоли неке њам дар ин дунё њам дар олами дигар мешавад. Чизи

дигареро бигўям, ки агар корхона ва љойхои кории бо маоши хуб таъмин шавад, шояд муњољирони мо ба ватан ба назди хонавода баргарданд. Ин амалњоро пиёда созанд бењтарин мешавад.

Муњаммад ЭГАМЗОД, корманди сафорати Тољикистон дар Русия

Ман њам дар Душанбе як хонаи 2 њуљрагї дорам ва берун аз пойтахт чизи дигаре надорам.


№26 (335) 9 июли соли 2014

7

сиёсат Билохира, Комиссияи мустаќили интихоботии Афѓонистон натиљањои ибтидоии даври дуюми интихоботи раёсатљумњуриро эълон кард. Ин натиљањо ѓайриинтизор њам набуд. Аз радду бадалњои чанд ваќти ахир эњсос мегардид, ки киро барандаи интихобот мегўянд. Ба иттилои комиссияи мустаќили интихоботї, ки акнун мустаќил буданаш зери саду як суол рафт, Ашрафѓанї Ањмадзай њудуди 56,44 дарсад ва Абдуллоњ Абдуллоњ 43,56 дарсади раъйи интихобкунандањоро соњиб шудаанд. Ин дар њолест, ки Ањмадзай дар даври аввали интихобот 31% ва дувумї 45 дарсади овозњоро ба худ ихтисос дода буданд. Таври маълум дар Тољикистон бештари афрод љонибдори Абдуллоњ Абдуллоњанд ва шикасти ўро бо сахтї ќабул мекунанд. Абдуллоњ пас аз Бурњониддин Раббонї ва Ањмадшоњи Масъуд намои умеди тољикони Афѓонистон гуфта мешуд. Акнун, ин умед њам дар њоли барбодравист. Њарчанд, љаноби Абдуллоњ ваъда кардааст, то охир барои овозњои мардум талош мекунад. Зимни як нишасти хабарї баъд аз эълони натиљањои ибтидої бори дигар такрор кард, ки натиљањои интихоботро намепазирад. Аммо аз тарафдоронаш хост, ба ў фурсат бидињанд. "Њукумати мардум омаданї аст, ба ман чанд рўз ваќт бидињед. Ман ба раъйи Шумо, ба орзуи Шумо, ба ормони Шумо хиёнат намекунам",-афзуд вай. Доктор Абдуллоњ дар идома афзуд, "аз мардум мехоњам, чанд рўз ба ман ваќт бидињанд, то ман он чиро ки ба Шумо ваъда додаам, ба курсии амал бинишонам. Мардум таваќќуъ доранд, ман ба зудї њукумати худро ташкил дињам. Ман ба мардуми Афѓонистон ваъда медињам, ки ба зудї њукумати Шумо ташкил хоњад шуд. Бидуни шубња барандаи интихобот мо њастем". Абдуллоњ Абдуллоњ инчунин эълон кард, бо Барак Обама, раисиљумњур ва Љон Керрї, вазири умури хориљии Амрико суњбати телефонї доштааст. "Суњбатњои муфассал доштем. Љон Керрї рўзи љумъа ба Афѓонистон хоњад омад. ? ваъда кард, дар ифшои таќаллуб ва дифоъ аз њаќиќат, Амрико дар канори Афѓонистон хоњад буд",-таъкид дошт ў. Бино ба иттилои расонањо њазорон нафар тарафдорони Абдуллоњ Абдуллоњ бо нишони эътироз ба кўчањои Кобул баромадаанд. Аммо Абдуллоњ гуфта, "мо љанги шањрвандї намехоњем. Мо бўњрон намехоњем. Мо субот, вањдати миллї мехоњем, на људої." Дар њамин њол, Љон Керрї, вазири корњои хориљии Амрико њушдор додааст, агар кадоме аз номзадњо бо роњњои ѓайриќонунї њукуматро ѓасб кунад, Афѓонистон аз њама гуна ёрињои байналмилалї мањрум хоњад гашт. Бањси таќаллуби интихобот дар Афѓонистон хеле доманадор шуд. Ин бањс баъд аз анљоми даври дуюми интихобот рў зад. Љонибдорони доктор Абдуллоњ ба хиёбонњо баромаданд ва худи Абдуллоњ аз намояндагони худ дар Комиссияи марказї ва вилоятии интихоботии Афѓонистон давъат кард, њамкорї бо ин нињодро ќатъ кунанду ба ситодњояшон баргарданд. Баъдан, ситоди ў, чанд навори савтиеро пешнињод кард, ки таќаллубњоро собит мекард. Аз љумла, ќисмате аз суњбати

ХИЁНАТ БА РАЪЙИ МАРДУМ Кабки умед дар Афѓонистон тир хўрд. Тири таќаллуб. Ва ин кабки маљруњро боз пар канданд; лучак шуд. Дигар гумон аст, љон бигирад ва "ќаќра" бизанад.

телефонии Зиёулњаќ Амрихел, раиси дастгоњи иљроияи Комиссияи мустаќили интихоботи Афѓонистон пахш гардид, ки бо бархе аз аъзои тими Ашрафѓанї Ањмадзай суњбат мекунад. Зиёулњаќ Амрихел дар пайи пофишории зиёди њаводорони доктор Абдуллоњ Абдуллоњ ва тими интихоботии ў аз маќомаш канор рафта, гуфт, гўиё ин иќдомро ба хотири манофеи миллии кишвараш гирифтааст. Каме баъдтар расонањои хабарии афѓонї иттилоъ доданд, ки оќои Амрихел њамроњ бо хонаводааш ин кишварро ба ќасди Имороти Муттањидаи Араб тарк кардааст. Як манбаъ аз Комиссияи интихоботи ин кишвар бидуни бурдани номаш дар суњбат бо "Тулуъ Нюз" гуфтааст, Зиёулњаќ Амрихел њамроњи хонаводааш озими Лондон шудааст.

Даври дуюми интихоботи президентї дар Афѓонистон 14 июн баргузор шуд. Ќарор буд, натиљањои ибтидоии он 2 июл эълон шавад, аммо дар пайи бањсњо атрофи таќаллуби густурда њангоми њисоби оро, ки тими Абдуллоњ Абдуллоњ ба миён гузошт, онро ба 7 июн гузаронданд. Ин натиљањои нињойї нест, аммо акнун барои њама рўшан шуд, ки дар Афѓонистон киро президент дидан мехоњанд. Дигар раъй ва садои мардум ањамият надорад. Дар Тољикистон, ки аз интихоботњои ношафоф ва пур аз таќаллуб зиёд мегўянд, умед буд, њадди аќќал дар кишвари њамсоя як чунин интихобот баргузор мешавад, аммо њоло маълум шуд, ки ин орзўе беш набуда. Орзуи мо њатто ба њамсоя насиб нагашт.


8

№26

(335)

9 июли соли 2014

чорсў (Идома аз шумораи гузашта. Тољик кист?)

Агар мо гуфтањои Улуѓбеки аз њисоби модар тољикнажод, олими англис Роберт Ша, олим ва таърихнигори шурави Гумилёв Л.Н., ва олими ќазоќ Чокан Валихоновро ба назар гирем,маълум мегардад, ки то ба асри 20 милодї ањолии асосии на ин ки Бухорою Ќўќанд, балки дигар шањру дењоти ободи Ўзбекистони имрўзаро аз назари антропологї тољикон ташкил мекарданд ва мекунанд. Он њуљљатан ўзбекњое, ки ањолии имрўзаи шањру дењоти Ўзбекистонро ташкил намуда, андоми аврупої (тољикї) доранд, суѓдињо-тољикњое мебошанд, ки тўли асрњо забони туркиро ќабул намудаанд. Имрўз тољикњои шањ-

ру вилоятњои Самарќанду Бухоро, водии Фарѓона, Намангон, Ќашќадарёю Сурхондарё, ки шакли аврупої (тољикї) доранд, танњо ба тарзи зўрї њуљљатан ўзбек шудаанд, аммо дар асл њама тољиканд. Тибќи гузориши Рустам Абдуллоеви нотавонбин гўё Осиёи Миёна ватани ўзбекњо бошад ва дар асри зисти Темури Ланг ањолии кишвари мазкурро ўзбекњо ташкил намуда, тољикон бошанд ин нухбагони ўзбек буда, бо забони форсї њарф мезананд, дурўѓи мањз аст ва аз аќл бегона будани Рустам Абдуллоевро нишон медињад. Дашном нисбати халќе, ки саромади нажоди мардуми ориёї њисоб мешавад аз ин зиёд буда наметавонад. Аз ин назар мо лозим донистем оиди халќи ориётољик, ки тибќи устурањои юнониву римї зодаи галаситораи Ориён њастанд, ба замин, аз љумла, ба Бадахшон фуруд омада, бо духтарони падарбузурги халќиятњои нажоди њиндуаврупої дошта Љамшед издивољ намуда, аз нав насли инсониро ба вуљуд овардаанд, аќидаронї намоем. Ксеркс (Њушиёршоњ) писари Дорои Кабир, ки баъди фавти падараш зимоми давлатдории империяи бузурги Форсро дар даст дошт, тазаккур медињад, ки "Мо, форсњо, худамонро фарзандони Персей медонем". Дар "Инљил" омадааст, ки мардуми форс насаби худро аз писари Ёва Форс мегиранд. Ёва бошад писари Ёфис мебошад ва Ёфис дар навбати худ фарзанди пайѓомбар Нуњ (Ной) мебошад. Ной, ки тибќи гузориши Тавроти Мусо ва Инљили Исо падарбузурги ањли башар аст, аз назари бисёр олимон ва таърихнигорони ањли атиќа, асрњои миёна ва олимони муосири рус баромади ориёї дошта, яњудиён мутобиќ ба забонашон дар Таврот ва Инљил Ной гуфтаанд. Вожаи Ной баромади забони њиндуаврупої дошта дар асл "Нав" мебошад. Нав ин нахустпайѓомбарест, ки тибќи устурањо баъди обхезии љањонї ќавми нажоди њиндуаврупої доштаро наљот медињад. Аз дигар пањлу пайѓомбар Ной-Нуњ- Нав прототипи Љамшеди пешдодї мебошад ва мардуми ориёиро мањз ў бо хоњиши худои Ањурамаздо ќалъае бо номи Вар сохта, аз њалокат озод менамояд. Вожаи Вар бошад баромади забони авастої дошта, маънии ќалъаро медињад, ки дар китоби Авастои Зардушт ба тарзи мушаххас омадааст. Бо истифода аз далелњои зикргардида ба чунин натиља расидан мумкин аст, ки башарро мањз марди ориёие бо номи Нав -Љамшед, ки тибќи гузориши китоби Авастои Зардушт ва "Шоњнома"-и Њаким Фирдавсї аз гузаштагони ориётољикон аст, пеш аз обхезии љањонї аз марг наљот медињад. Ягайла Ган дар асри 9 милодї иброз медорад: "Љамшед шоњи нахустини тамоми ќавмњои ориёї ба њисоб меравад ва ў набераи худои Сварог (худои офтоб) ва абераи худои Ањурамаздост".

АБДУЛЛОЕВИ Темур дар "Темурнома" иброз медорад, ки ман дар бораи шахсияти Љамшед ва корњои бузурги ў аз "Шоњнома" хондаам ва аз корнамоињои ў хабар дорам. Ман медонам, ки бисёр шањрњои Иронро ў поя гузоштааст! Адиб ва муаррихи тољик Мирзо Шукурзода иброз медорад: "Љамшед (Љам) писари ќањрамони офтобї ё шоњи офтобї буд. Барои њамин ў лаќаби "Хшатра", њукмрони тољи нурдор, рўшноидор, фурўѓдорро дошт". Ба назардошти устурањои юнонї, ки нахустватани халќи форсро галаситораи Персей ё Ориён медонанд аз як тараф, аз тарафи дигар тибќи Тавроти Мусо ва Инљили Исо форсњо нажоди худро аз писари Ёфис Форс мегиранд ва тибќи гузориши Ягайла Ган Љамшед набераи худои Сварог ва абераи Ањурамаздост ва тибќи гузориши Мирзо Шукурзода Љамшед падарбузурги ориётољикон аст ва њукмрони тољи нурдор, рўшноидор, фурўѓдор аст, ба чунин натиља расидан мумкин аст, ки гузаштагони тољикон одамони заминї набуда, балки осмониянд. Ќобили таваљљуњ аст, ки худи калимаи Порс шакли каме дигаргаштаи Персей (Ориён) аст. Аз инљо халќи форсу-тољик ва забони форсї-порсї аз номи ситораи Персей гирифта шуда, боз як бори дигар тибќи устурањо аз одамони осмонї будани гузаштагони тољиконро нишон медињад. Хонадони Митридотњо, ки аз гузаштагони тољикон буда, дар Юнони шарќї подшоњї мекарданд, низ худашонро фарзандони худои Митра (Мењр-Офтоб) медонистанд ва аз њамин њисоб номи худро Митридод номидаанд ва худои Мењрро (Митраро) мепарастиданд. Муњаќиќќи толишї Б. Шањсойлу тазаккур медорад, ки вожаи "Тољ" дар забони толишї маънии љойгоњи Худо ва "чига" маънои рамзии болои гулчанбарро дорад". Хонандаи гиромї, имрўз дар њавзаи Ќафќоз ва шимоли Ирон аз жумла Гелон мардуми толиш зиндагї доранд, ки эронитабор њастандва забони ин халќ ба забони тољикї хеле наздик буда, ба гурўњи забонњои шарќи иронї ворид мешавад. Таърихнигори асри 4 милодї Зайнаб Глеб дар китоби "Хроника Тарона" тазаккур медорад, ки шањри Вешапи Арманистонро, ки шањри худоён аст, Фаридун бо бародараш Гесун поя гузоштаанд. Агар мо гуфтањои Зайнаб Глебро ба инобат гирем, ба чунин натиља ме-

расем, ки шањри Вешапи Арманистонро Фаридун бо бародараш баъди созмон додани шањри Вешап-Вешаби нахустин, ки дар ањди ќадим иќоматгоњи худоён будааст, дар Вешап-Вешаби ноњияи Айнї (Фалѓар дар гузашта) бинем. Зеро Фаридун бо бародаронаш Гесуну Масњо мањз аз Осиёи Миёна баъд аз созмон додани шањру дењањо дар ватани худ халќияти ориёиро ба минтаќањои Осиёву Аврупо бароварда, шањру дењањоро созмон дода, бо номи худ гузоштаанд, ки дар китоби Велеса Ягайла Ган арзёбї шудааст. Мисоли он Вешапи имрўзаи дар ноњияи Айнї буда ва ноњияи Кўњистони Масњо (Масчо) мисол шуда метавонанд. Имрўз дар Олмон (Германия) шањре арзи њастї дорад бо номи Гесен ва тибќи устурањои халќи Олмон шањри Гесени Олмонро бародари Фаридун Гесун бунёд дода, ба ифтихори худ номгузорї кардааст. Пас барои чи мо шањри худоён Вешапи аввалинро дар њудуди Вешаби имрўзаи ноњияи Айнї набинем! Бояд тазаккур намоям,ки дар аввали

асрњои миёна, шањри имрузаи Истарафшон "Фаѓкат" ном доштааст. Калимаи Фаѓ баромади забони авастои(суѓди) дошта, маънии худоро медињад. Гузаштагони тољикон фаѓро њамчун худо мешинохтаанд ва мавриди парастиши худ пеш аз ба арсаи таърих баромадани дини авастои ќарор дода будаанд. Аз инчо гуфтан мумкин аст, ки дар ањди антиќи шањри имрўзаи Истарафшон бо номи Фаѓкат дар байни мардуми ориёирони шинохта мешуд ва чойгоњи худоён будааст. Аќидаи моро олим, муаррих ва нависандаи шинохтаи муосири рус Ю.Д. Петухов дар китоби "Руси древного Востока" дастгирї намуда, тазаккур медорад, ки "Кишвари Форс иќоматгоњи худоён мебошад". Чи хеле дар боло тазаккур доштем, дар Олмон шањре бо номи Гесен арзи њастї дорад ва ин шањр ба ифтихори бародари Фаридун Гесун номгузорї шудааст ва мардуми Олмон гузаштагони худро аз Хуросон медонанд. Шояд аз њамин назар донишманд ва файласуфи номвари олмони Иоњан Готфрид Гердер бо њисси ифтихор навиштааст, ки "Њар як подшоњи олмонї ва мардуми олмонї бояд аз он ифтихор намояд, ки эшон ба миллати форсу тољик решањои хешовандї доранд". Дигар донишманди аврупої Рафаел Дюмен дар "Сочинение", љ. 2, сањ. 760 баъди омўхтани баромад, таърих, маданият ва адабиёту санъати халќи сарбаланди нажоди ориёї доштаи тољик ба чунин натиља расидааст, ки "Агар тамоми халќиятњои Шарќро кўр бишуморем, он гоњ халќи форсу тољикро метавон якчашма донист." Шоири тољик Унсурии Балхї ва бузургтарин шоири форсигўйи Њиндустон аллома Иќболи Лоњурї ба истифода аз сарчашмањои дар боло зикршуда, ки гузаштагони халќи куњаннажоди ориётољикро одамони аз галаситораи Ориён (Персей) ба замин фаромада гуфтаанд, ба назар гирифта, борњо забони тољикї - форсї ва худи мардуми тољикро одамони осмонї ва забони форсиро забони бошандагони ањли Миррих гуфтааст, ки аз ориёнажод будани халќи тољикуфорс огањї медињад. Аз љумла, Унсурии Балхї дар яке аз шеърњои худ мефармояд: Чу бо одамї љуфт гардад парї, Нагўяд парї љуз ба лафзи дарї. Аллома Иќбол низ бошандагони ањли Миррихро дар форсу тољикњо ва забони ањли Миррихро забони форсї-дарї гуфтааст.


№26 (335) 9 июли соли 2014

9

худшиносї Одамиро дид , чун гул баршукуфт, Дар забони Тўсиву Хайём гуфт: Ин њама хоб аст ё афсунгарї, Бар лаби миррихиён њарфи дарї. Калимаи Хуросон низ баромади забони авастої дошта, маънии нур ё офтобро медињад ва дар ин кишвар сараввал ќавми ориётољик ва гузаштагони онњо зиндагї карда, љои зисти худро бо забони худ кишвари "Офтоб" номидаанд. Номи Помир - Поймењр низ аз он гувоњї медињад, ки халќи тољик мардуме њастанд, ки дар зери њимояи худои Офтоб зиндагї доранд, офтобнажоданд. Бо ибораи дигар Поймењр, макони мардуми дар пойгоњи худои Мењр (Митра) зиндагї дошта мебошад. Мо дар маќолаи худ кўшиш мекунем, ки танњо бо назардошти устурањои юнонию римї ва эронї, тибќи гузориши олимњои ањди атиќа ва асрњои миёна ва њозира ва китобњои Таврот, Инљил, Ќуръон, њадисњои сањењи њазрати рисолатпаноњ Муњаммад (с), ки дар асрњои мухталиф кї будани халќи тољик ва њиссаи арзандаи онро дар таърихи башар чун бунёдгузори давлатњои Эламї, Њахоманишї, давлати Пањлавињо, Сосонињо, Кўшонињо, Њайтолињо ва Сомонињо борњо арзёбї намудаанд, аќида ронем ва ќадаме аз њаќиќати таърихї берун нагузорем. Дар маќолаи мазкур шумо аз куљо насаб гирифтани халќи тољик, аз кадом ситора фуруд омадани гузаш-

рањои байни дарёи Хуанхе ва Осиёи Миёна мешуморанд. Чи хеле мебинем, китоби мазкур мавзеъњои пайдошавии нажоди зардпўстонро, ки ба он халќиятњои турку муѓул низ шомил мешаванд, ба забон нагирифтааст. Мавзеъњои номбаршуда аз љумлаи Осиёи Миёна, Миср, Месопотам, Њиндустон ва дараи Хуанње воќеан дар ањди атиќа љои зисти мардуми нажоди њиндуаврупої будааст, ки олимони соњаи нажодшинос ва ќиёфашинос аз назари илми антропологї ва таърихнигорон ба истифода аз топонимњо, гидронимњо ва этнонимњою теонимњо арзёбї намудаанд. Петроглифњои дар Бадахшон ва Кўњистони Масчо ёфтшуда, ки ба њазорањои 8-5 пеш аз милод рост меоянд, аз он гувоњї медињанд, ки Осиёи Миёна, яъне кишвари тољик аввалин марзу буми мардуми њиндуаврупоист, ки дањњо муаррихон ва солноманигорони ањди атиќа, асрњои миёна ва муосир дар асарњои худ баррасї намудаанд. Бо истифода аз китоби Муњтарам Њотам "Ориётољикон: 18000 сол пеш" ба чунин натиља мерасем, ки гузаштагони халќи тољик бо номњои Таљик, Тазик, Тагзик, Татсиг 18000 сол пеш соњиби давлату кишвари худ будаанд, ки дар сарчашмањои тибетї бо номи Тољик ба тарзи мушаххас баён шудааст. Бояд тазаккур дод, ки ватани пайдоиши дини Мењрпарастї (Митраизм) низ њавзањои байни Сирдарё, Амударё ва Зарафшон мебошад, ки

мекард ва танњо пеш аз фавтиданаш дини насрониро ќабул намудааст. Муъљизаи тољикон ва гузаштагони онњоро, ки ситораи мавлуди пайѓомбар њазрати Исои Масењро дар олами Шарќ дида, дар байни инсоният аввалин шуда, ба зиёрати ў ба Фаластин сафар намуда, тифли 13-рўзаро зиёрат намуда, дар навбати худ аз марг наљоташ додаанд, се тољик бо роњбарии Ѓосифар - зодагони кишвари Парфия будаанд. Мо барои хонандаро ба шубња нагузоштан таърихи мазкурро аз китобњои Инљил аз Матвей ва китоби солноманигор Марко Поло, ки зодаи асри 13 милодї њаст, бе дигаргунї пешкаши хонандагон мегардонем. Як гуруњ њакимони тољиктабори дар дини Зардуштї буда, бо роњбарии Ѓосифар аз њавзаи давлати тољиктабори Пањлавињо (Парфянњо) ситораи Исо (а)-ро аз њисоби илми ситорашиносї (астрология) дар олами Шарќ дида, барои зиёрати ў ва модараш ба њавзаи Иерусалим (Байтулмуќаддас) сафар менамоянд. Баъди 13 рўзи таваллуди њазрати Исо (а) ба назди шоњи яњудињо Ирод омада, чунин мурољиат менамоянд: Куљост шоњи навтаваллудшудаи ќавми яњуд? Мо ситораи ўро дар Шарќ дидаем ва омадаем, то ки ўро зиёрат намоем. Њакимони тољиктабор бо роњбарии Ѓосифар ба хонаи зисти тифли навзод, ки дар канори модараш Марям ќарор дошт, ворид шуда ў (њазрати Исо (а) ва модараш Марям-

НОТАВОНБИН тагони онњо ва њиссаи арзандаи онњоро дар таърихи башар, рушду камолоти динњои насронї ва исломро нишон медињем ва ба дањони пантуркистони нотавонбин муњр мезанем, то ки онњо њарзагўињои худро ќатъ намоянд ва худро дар байни оламиён бо дурўѓњои бењуда дар њолати ногувор намонанд. Бояд тазаккур дорам, ки аввалин оин дар байни ањли башар оини Бонист, ки асосгузори он як тољик бо номи Тонпо Шенраб Мивоље буд, ки баъди созмон додани оини худ бо номи "Оини Бонї" аз Олмо-Лунринг, кишвари Тазик, Тагзиг, Татсиг то ба Тибет, ки ба ин кишвар ворид мешуд, пањн намудааст. Консепсияи мазкурро Љон Рейнолде,ки сару кор ба оини Бон дошт, (нигаред ба китоби муаррихи тољик Муњтарам Њотам "Ориётољикон: 18000 сол пеш") ба тарзи мушаххас баён кардааст ва дар он кишвари тољик бо номњоиТаљиг, Тазик, Тагзик ва Татзик ном гирифта шуда, мавќеияти кишвари мазкурро мутобиќ ба Тољикистони кунунї медонад. Асри зиндагии Бонпо Шенрапро Муњтарам Њотам бо истифода аз сарчашмањои тибетї 18 000 сол пеш аз рўзгори мо, яъне соли 16016 медонад ва зодгоњи ў тибќи аќидаи бисёр олимон ва таърихнигорон Тољикистони кунунї, аз љумла, Бадахшон мебошад. Олим ва таърихнигори рус Л.Н. Гумилёв баъди омўхтани оини Бонї ва кишвари Тагзик ба хулоса омада, тазаккур медорад, ки бошандагони кишвари Тагзигро мардуми форснажод ташкил мекард, яъне ањолии кишвари Тагзигро тољикон ташкил мекарданд. 15-18000 сол пеш, меояд дар китоби А.П. Садохин "Этнология" (Москва, Гардарики, соли 2006) "ањолии замин аз 3 миллион одам иборат буд". Тибќи гузориши Муњтарам Њотам бо истифода аз сарчашмањои тибетї аз се як ќисми онро кишвари Тољик ташкил мекард. Аз инљо бармеояд дар ањди атиќа, ки гузаштагони дури халќиятњои нажоди муѓулию туркї дошта њанўз аз модар таваллуд нагашта буданд, гузаштагони тољикон, аз љумлаи Тонпа Шенраб оини худро пешкаши ањли башар намудааст, то ки онњо аз зиндагии барбарї ба зиндагии мадина аввалин гомњои худро гузоранд. Гузаштагони тољикон њанўз 18000 сол пеш кишвари худро бо номи Тољиг доштанд ва соњиби оини Бонї низ будаанд. Њудуди пањншавии башарро дар њазорањои 8-10 пеш аз милод, ки ањолии он ба 25миллион мерасид,олимон имрўз њавзањои Мисри ќадим, Месопотам, Њиндустон, да-

баъдан оини мазкурро римиён то ба асрњои 4-5 милодї мавриди парастиш ќарор дода буданд ва оини мазкур яке аз раќибони дини насронї њисоб мешуд ва бояд фаромўш накунем, ки тамоми рукнњои дини насронї аз оини мењрпарастї бе дигаргунии љиддї гирифта шудаанд ва гуфтан мумкин аст, ки дини насронї як шохаи дини мењрпарастист. Тибќи гузориши таърихнигорони ањди атиќа оини мазкурро аз Эрон њарбиёни римїоварда, дар њавзаи Рими ќадим пањн намудаанд, ки баъдан ба дини давлати Рим мубаддал гаштааст. Легионерњои Рим њамин хел тасаввур доштанд, ки худои Мењр (Митра) боиси хушбахтии одамон аст ва барои зафар ёфтан дар набардњо мусоидат мекунад. Аз њамин назар онњо оини баромади иронї доштаро бо номи Мењргарої (Митраизм) ќабул карда, парастиш намуда, дар њавзаи Рим пањн намудаанд. Тибќи шањодати таърих, њарчанд ки Константини Бузург Митраизмро душмани ашадии дини насронї эълон намуда, бар зидди он муборизањои оштинопазир мебурд, аммо худаш то ба охири умр ин динро парастиш

ро зиёрат намуда, боз ба кишвари худ бармегарданд. Ин таърих дар сањифаи якуми "Ањди љадид" ("Новый Завет") аз Матвей ба тарзи мушаххас навишта шуддаст ва овардани онро мо дар шакли асл бамаврид медонем: "Когда же Иисус родился в Вифлееме Иудейском во дни царя Ирода, пришли в Иерусалим волхвы (мудрецы) с востока (Ѓосифар бо дигар њакимони тољикнажоди давлати Парфия (пањлавињо С.Б.) и говорят: где родившийся царь Иудейский? Ибо мы видели звезду Его на востоке и пришли поклониться Ему. Услышав это, Ирод царь встревожился, и весь Иерусалим с ним. И, собрав всех первосвященников и книжников народных, спрашивал у них: Где должно родиться Христу? (Исои Масењ). Они же сказали ему: в Вифлееме Иудейском, ибо так написано через пророка: "и ты, Вифлеем, земля Иудина, ничем не меньше воеводств Иудиных, ибо из тебя произойдет Вождь, Который упасет народ Мой, Израиля. Тогда Ирод, тайно призвав волхвов, (њакимони тољиктаборро-С.Б.) выведал от них время появление звезды и, послав их в Виф-

Сарабек БЕКЗОДА леем, сказал: пойдите и тщательно разведайте о Младенце и, когда найдете, известите меня, чтобы и мне пойти поклониться Ему. Они, (њакимони тољиктабори аз Парфия бо роњбарии Ѓосифар омада) выслушав царя, пошли. (И) се, звезда, которую видели они на востоке, (Парфия) шла перед ними, как наконец пришла и остановилась над местом, где был Младенец. Увидев же звезду, они возрадовались радостью весьма великою, и, войдя в дом, увидели Младенца с Мариею, матерью Его, и, пав, поклонились Ему, и, открыв сокровища свои, принесли Ему дары: золото, ладан и смирну. И, получив во сне откровение не возвращатњся к Ироду, иным путем отошли в страну свою (Парфия). Дар ин матн дида мешавад, ки аввалин мардуме, ки тавллуди Исои Масењро аз рўи илми астрология дар Шарќ дида, сафар ба Иерусалим кардаанд, гузаштагони тољикон бо роњбарии Ѓосифар будаанд. Онњо андешањои ботили шоњи яњудиён Иродро фањмида, дубора ба ќабули ў наомада, бо дигар роњ ба ватани худ бармегарданд аз як сў, аз сўи дигар, ба модари ў зарру тилло бахшида, аз марги дар пешистодаи тифли навзод (Исо (а), ки аз тарафи Ирод бояд амалї мегашт, наљот додаанд. Воќеан, "падар"-и Исои Масењ Иосиф (Юсуф) кўдаки навзодро гирифта, њамроњи њамсараш Марям ба Миср њиљрат менамояд ва то мурдани Ирод дар он љо зиндагї карда, баъди фавти ў ба Иерусалим бармегарданд. Дар ин љо дида мешавад, ки аз байни тамоми инсоният танњо гузаштагони тољикон ситораи пайѓомбар Исои Масењро дида ва аз марги нобањангом наљот додаанд. Бењуда Саиди Андалусї дар китоби "Табаќот -улумам" нафармудааст, ки ориёиронињо ба илми ситорашиносї майл доштанд ва аз рўи гардиши ситорагон китоби "Коинот"-ро навиштаанд. Дар китоби "Книга о разнообразии

мира" Марко Поло (1254-1324), асри 13 милодї дар яке аз сафарњои навбатии худ ба Эрон дар шањри Сава, на он ќадар дур аз Тењрон, љасадњои њар се марди тољикро дар дахмањои чўбин мебинад, ки тибќи гузориши ў њар як дахма бо маќбарањои гирдаи чоркунља печонида шуда буданд. Љасад ва ришу мўйњояшон бе дигаргунї боќї мондаанд. Мутобиќи баъзе ривоятњо онњо аз шоњзодагони давлати Парфия буда, яке Ѓосифар, дигаре Волтасар ва сеюм Мелхиор ном доштаанд. Ба назардошти Марко Поло зиёрати њазрати Исо дар синни 13-рўзагияш аз тарафи се марди тољик воќеъї буда, характери таърихї дорад. Муъљизаи тољик дар он аст, ки аз байни башар тибќи гузориши китоби Инљил аз Матвей ва китоби Марко Поло "Книга о разнообразии мира" танњо гузаштагони тољикон бо роњбарии Ѓосифар сабаби зинда мондани њазрати Исо мешаванд, ки ањли муслимин дар симои ў пайѓомбар ва ањли насронї фарзанди Худоро мебинанд ва эњтиромаш медоранд.(Давом дорад)


10

№26

(335)

9 июли соли 2014

иљтимоъ Дар пасманзари барномањои пурсару садои таблиѓотии Шабакаи аввали телевизион пахши филми "Марде аз сарнавишт" таваљљуњи бинандаро бештар ба худ љалб кард, зеро матну муњтавои ин филм бо дигар барномањое, ки то кунун дар мавзўи љангу сулњ ва вањдати миллї аз тариќи шабакањои телевизиони давлатї пахш мешуд, фарќ мекард. Муњимтарин нуктае, ки таваљљуњи бинандаро ба худ мекашид, нигоњи мунсифонаи муаллифони филмнома ба њаводиси начандони дури таърихи кишвари мо буд.

Д

ар ин филм, муаллифони филмнома ба њаводиси љанги дохилї дар кишвар ба унвони фољиеаи миллї нигариста ва то поёни филм низ ба њамин дидгоњи худ пойбанд буданд. Душмантарошї накарданд, балки аз роњи дилљуї мардумро ба вањдат фаро хондаанд. Хилофи маъмул, ба љойи эљоди беътимодї дар тамоми љараёни филм эътимодсозї намуданд. Шодравон Ашўр Сафар он шоири хушзавќ, ки авохири умраш бо љанги дохилї ба сар омад аз майли бегонапарастї ва беътимодиву беътиноии роиљ дар миёни миллат ба мо ин гуна њушдор дода буд: Њар гање моро кушад аз њам људої мекушад, Бо бародарњои њамхун бевафої мекушад. Дўст будан пеши рўву дар паноњї хасми љон, Ин ниќоб, ин макр, ин гургошної мекушад! Нуктаи дуввум ва ќобили ќадре, ки дар ин филм мушоњида шуд, худдорї аз корбурди ибораву кинояњои тањќиромез алайњи тарафи муќобили љанг ва риояи тавозуну инсоф дар ин замина буд. Макс Вебер-љомеашиноси олмонї гуфтааст:" Миллатњо шикастро мепазиранд аммо тањќирро на!" Аз ин рў, бар хилофи аксари барномањое, ки маъмулан дар бораи мавзўъњои њассоси кишварї монанди љанги дохилї аз тариќи расонањои давлатї пахш мешавад, дар ин филм тавозуну инсоф ва таъодулу ахлоќ ба хубї риоя шуда буд. Муаллифони филмнома Абдуфаттоњ Шарифзода ва Рањмоналї Мирализода њар ду аз мардони донишманду бодирояте њастанд ва бо дарки масъулият ба муаррифии чењраи сулњсози Раиси љумњур пардохтаанд ва дар ин замина беш аз дигарон муваффаќ будаанд. Зеро барои шинохт ва муарифии чењраи касе ниёзе нест, ки њатман шахсияти дигарон мавриди тањќир ќарор гирад. Касоне ки аз ин равиш истифода мекунанд, маъмулан афроди судљў ва бењунаре њастанд, ки шинохт ва дарки воќеї аз њаводис надоранд ва танњо аз роњи тамаъљуї даст ба чунин корњо мезананд. Аммо матни филмномаи "Марде аз сарнавишт" гўёи ин њаќиќат буд, ки муаллифони он бо шинохти авзои кунунии иљтимои худ ва дарки воќеиятњои минтаќаї ва байналмиллалї иќдом ба муаррифии чењраи сулњсози Раиси љумњур кардаанд ва барои расидан ба њадаф ба ѓайр аз яку ду маврид, ки шояд баъдан изофа шуда бошад, инсофу тавозунро риоят кардаанд. Ин филмнома бо пайванде ба гузаштаву имруз, оѓози фољеа, фирору муњољират ва дар идома ба талошњои пуршебу фарози раванди сулњсозї, мушкилоти раванди сулњ, иродаи тарафњои даргир ва билохира ба самар нишастани ин раванд бо имзои ќарордоди таърихии сулњи тољикон ба поён мерасад. Бо такя ба матни филмнома Ёрмањмад Аралев-режиссёри тањиягари филм низ тасовир, акс, мусоњибањо ва дигар маводи лозимаро бо мањорати хос банду баст карда мизони таъсиргузории филмро дар зењни бинандагон бештар кардааст. Бидуни шак, сулњи тољикон бар асари иродаи ќотеи рањбарони ду тара-

ХИРАДМАНД ЊАРГИЗ НАКЎШАД БА ЉАНГ!

фи даргир ба даст омад. Рањбароне, ки бо садоќату шањомат ва аз худ гузаштагии васфнопазир ба миллати худ сулњ њадя карданд. Агар ин омилњо фароњам намебуд, имрўзњо авзои кишвари мо аз вазъи фољеабори Афѓонистону Ироќу Сурия фарќе надошт ва поёни ин буњронро касе тасаввур намекард. Аммо ба лутфи илоњї ва иродаи ќотеъ ва талошњои хастанопазири Эмомалї Рањмон-Раиси Љумњур ва шодравон Сайид Абдуллоњи Нурї рањбари Иттињоди неруњои мухолифин, Тољикистони азизи мо аз ин вартаи њалокатбор наљот пайдо кард ва ин ду чењра дар таърихи кишвари мо ба унвони чењрањои мондагори таърих сабт шуданд. Гоњњо бархе афрод ва гурўњњо аз сари эњсос муддаї мешаванд, ки гўё сулњи тољикон бо дахолат ва исрори Маскав сурат гирифта бошад, аммо ин гуна назар аслан дуруст нест. Гарчанде љанги дохилии мо иллати берунї дошт, аммо сулњи тољикон реша дар замири поку фитрати сулњпарваронаи азалии мардуми тољик ва иродаи ќотеи рањбари он дошт. Њамон рањбаре, ки муътаќид буд: "Ман як чизро дарк кардам, ки дар он ваќт рањбаре лозим буд, ки фидоии миллат бошад, худашро ќурбон кунад ва миллатро сарљамъ!" Ёдам меояд, ки дар остонаи нишасти 16-умин иљлосияи Шўрои Олии Тољикистон дар Хуљанд, устоди шањид Бурњониддин Раббонї, фиристодаи вижжаи худ доктор Абдурањмонро барои тањияи гузориши хос аз шахсияти рањбари ояндаи Тољикистон ба кишвари мо равон карда буд. Охирњои моњи ноябр доктор Абдурањмон баъди анљоми маъмурияти хеш ба Кобул баргашт. Ў дар бораи шахсияти Эмолмали Рањмон ва дидгоњњои ў перомуни масоили муњими кишвардорї гузорише 26-сањифаї омода ва пешнињод кард. Он замон, ки ман мењмони хусусии дарбори устоди шањид Раббонї будам, дар як мулоќоташ гузориши фиристодаи хешро ба ман доду гуфт: "Шумо ки рањбарони худро бењтар мешиносед, як бор ин гузоришро мутолиа кунед ва бубинед, ки ин гузориш то чи њад воќеият дорад ва мо метавонем бо рањбари љадиди Тољикистон эътимод ва њамкорї дошта бошем?" Дар он гузориш доктор Абдурањмон дидгоњњои рањбари ояндаи Тољикистонро дар масоили гуногуни кишвардорї, аз љумла, љанги дохилї ва роњњои њалли он, муносибаташ бо дин, забон, хати ниёкон, равобит бо њамсояњо ва дурнамои сиёсии кишвар аз тариќи мусоњиба љамъоварї карда буд, ки хонданаш барои ман бисёр љолиб ва умедворкунанда буд. Ман то он замон дар бораи шахсияти Эмомалї Рањмон чизе намедонистам. Баъди ду рўз устод Раббонї назари маро дар бораи он гузориш љўё шуд. Гуфтам: " Устод гарчанде, ки ман дар бораи шахсияти оќои Рањмон иттилое надорам, аммо агар он чи доктор Абдурањмон дар бораи дидгоњњои Эмомалї Рањмон тањия кардааст, воќеият дошта бошад, ин њамон марде аст, ки метавонад Тољикистонро аз ин буњрони сахти таърихї наљот дињад." Устоди шањид бо табассуми ширине, ки хоси ў буд, низ ризоияти худро нишон дод." Манзур аз навиш-

тани ин хотира ин буд, ки баъдан ошкор шуд, ки Эмомалї Рањмон, ки ногањон ба сањнаи калони сиёсат кашида шуд, ба ќавли худ амал кард ва бо њар ќимате, ки буд, сулњро ба мардуми азияткашидаи тољик њадя намуд. Ин мард бо тамоми вуљудаш барои оромиши кишвар ва бозгардонадани муњољирин талош кард. Зеро дар аввалин рўзњои оѓози рањбарияш ќавл дода буд, ки "То охирин гуреза ба маскани доимии худ, ба Ватани худ барнагардад, ман њамчун сардори давлат ва Раиси Шўрои Олї худро ором њис намекунам ва аз фаъолияти кории худ низ ќаноатманд намешавам!". Имрўзњо агар касоне, ки воќеиятњои талхи он рўзгор ба ин зудї аз хотирашон рафтааст, ба љои истироњат дар осойишгоњи "Бањористон" як бор ба водии Вахш сафар кунанд ва як бор аз наздик бо мардуми ин хитта њамсуњбат шаванд, ва њаќиќати њолро аз забони онњо боре бишнаванд, ба ќавли шодравон Ашўр Сафар: Ки мегуфт, ин диёри шодмон ѓампўш мегардад, Ба пањлуи ѓаме њар дам ѓаме њамдўш мегардад. Љавоне, модаре, тифле аљалоѓўш мегардад. Чу ќабристон њама бому дараш хомўш мегардад, Ба хок аз зўри тупу тонк яксон мешавад рўзе. Њамин иттифоќ соли 1992 дар Афѓонистон рух дод ва баъди хуруљи неруњои Шўравї њукумати Наљибулло натавонист бо муљоњиддин ва баъдан гурўњњо ва танзимоти муљоњиддин бо якдигар бар сари ташкили як давлати миллї ва фарогир тавофуќ кунанд ва оташи љанг то кунун дар ин сарзамин шўълавар аст. Аммо рањбарони тољик бахусус Эмомалї Рањмон ва Сайид Абдуллоњи Нурї аз сари сидќ ба ин натиља расида буданд, ки танњо роњи наљоти миллату кишвари мо паймони сулњ аст ва сарфи назар аз фишору тањдидњои фаровоне, ки мутаваљљењи њар ду рањбар буд, аз райъи худ барнагаштанд ва барои мардуми хеш саъодату хушбахтиро ба армуѓон оварданд. Агар ин ду рањбари содиќ худ хостори сулњ намебуданд, њоло сарнавишти мо шабењи Афѓонистони имрўза буд. Раванди сулњсозии мо ду марњала

дошт; яке то ќабл аз имзои Созишномаи умумии истќрори сулњ ва ризоияти миллї ва дуввум баъд аз имзои созишнома. Ба назари ман марњалаи сулњсозї баъд аз имзои созишномаи сулњ ба маротиб мушкилтару хатарноктар буд. Пеш бурдани умури давлатдорї дар канори ин њама гурўњњои мусаллању саркаш ва ќонеъ кардани хостањои онњо кори сањлу осоне набуд. Аз ин рў, дар филм суханони Ќањњор Мањкамов аввалин раиси љумњури кишвар, ки солњо таљрибаи сиёсї ва идорї дорад, аз рўи таъоруф нест, балки воќеиятест, ки ў дар он солњо аз сари аќл дарк кардааст: "Худованд ба миллати тољик лутф кард ва фарзанде монанди Эмомалї Рањмон ба ин миллат њадя кард. Агар ў намебуд, тасаввур намекунам, ки бо љумњурии мо чї мешуд? Оё љумњурї ва миллати тољик боќї мемонд.....?" Љанги дохилии Тољикистон бидуни шак бо тарроњии бозигарони минтаќаї ва байналмиллалї шуруъ гардид, зеро дар ибтидои њаракати озодихоњї ва истиќлолталабии миллати тољик, аксарияти мардум ва рўшанфикрони кишвар дар як љабња ќарор доштанд. Аммо бо ворид шудани бозигарони байналмиллалї самту сўи ин њаракат таѓйир кард ва мањз бо муњандисии онњо эътирозоти сиёсї ва иљтимоии мардум љанбаи минтаќаиву мањаллї касб кард ва натиља он шуд, ки дидем. Бисёрињо аз рўи содагї миллати худро барои сар задани он љанги хонумонсўз таъна мезананд, ѓофил аз он ки ин фољеа дар хориљ аз марзњои мо тарроњї шуда ва ба таври маснуї дар сарзамини мо мавриди иљро ќарор гирифт. Њоло њамин сенария баъди 22 сол дар Украина роњандозї шуд. Дар ибтидо мардуми Украина њам ба хотири бекифоятии давлати Янукович ва мушкилоти иљтимоии хеш даст ба эътирозоти иљтимої заданд, вале бозигарони байналмиллалї бо њадафи касби манофеи худ вориди сањнаи сиёсии ин кишвар шуда, дуруст мисли Тољикистони соли 1992, Украинаро ба љанги дохилї кашонданд. Вижагии дигари ин филм дар он буд, ки муаллифон думболи душмантарошї ва сиёњнамоии гурўњи хосе набуданд балки бо инъикоси

њаводиси он солњо ба воситаи матну тасвир љараёни сулњсозии Раиси Љумњурро дар он солњои сахту сангин барои кишвар, ба таври воќебинона ба намойиш гузоштаанд. Алораѓми дигар корњои расонаии роиљ дар кишвари мо, ки хабарнигорон ё тањиягарони барнома худро дар маснади ќозї нишонда ва њукм содир мекунанд, дар ин филм бо пахши воќеиятњои мављуд, ќазоват бар дўши худи бинандањо вогузор мешавад. Бидуни шак ин равиш барои шинохти воќеиятњо ва шахсиятњои он рўзгор бештар мусоидат хоњад кард. Аз сўи дигар, офарандагони филми "Марде аз сарнавишт" ба љойи истифодаи бархе равишњои хушки таблиѓотї ба пањлўњои отифии зиндагї ва сарнавишти ќањрамони филм таваљљуњ карда, аз ин манзар дар бозгушоии хадамоте, ки Эмомалї Рањмон барои кишвар анљом дод, муваффаќтар амал кардаанд. Бахусус, намойиши сањнањои оворагии мардум, харобињои љанг, фирор аз марзњо, ќабристони муњољирин дар Афѓонистон, бозгашти пирўзмандонаи гурезањо ба Ватан, маросими дастфишории гарми Раиси љумњур бо рањбари мухолифин ва айёдати Эмомалї Рањмон аз шодравон Сайид Абдуллоњи Нурї аз сањнањои таъсиргузор ва отифии филми мазкур буданд, ки бо мањорати хоси режиссёрї ба намойиш гузошта шуданд. Сохтани филм ва ё барномаи хосе дар мавзўи њассоси љанги дохилї, фањму фаросат ва дирояти хосеро аз офарандагони он таќозо мекунад, зеро як калимаи нобаљо, як таъбири нодуруст ва ё як назари сатњї ба он њаводиси талх метавонад ќалби садњо бинандаро ноумеду љарињадор кунад, аз ин рў, А. Шарифзода ва Р. Мирализода њангоми танзими матни ин филмнома ба ин нуктањо таваљљуњ зоњир намуда, аз рўи инсофу ахлоќи љавонмардї ба ин ќазия назар андохтаанд ва коргардон Ё. Аралев низ дар тадвини тасовир тавфиќ ёфтааст. Умедворем, ки дар оянда низ бо риояи нукоти боло шоњиди тањияи чунин барномањо ва филмњои омўзанда дар бораи таърихи пуршебу фароз ва шахсиятњои таърихсози кишвари худ бошем.

Бењрўз ЗАБЕЊУЛЛОЊ


№26 (335) 9 июли соли 2014

11

Тарс мавќеъ

ЊИКОЯ

Аз хона то истгоњ ба сахтї меомад пирамард. Ва њар бор чизеро фаромўш мекард, аз нимароњ бармегашт, ба ошёнаи чор мебаромад. Душвор буд роњи аз ошёнаи як то чор. Зинањоро борњо шумурда буд; аз даромад то дари хона њафтоду њафт зина.

Њ

ангоме ки ногањ фаромўшшуда ро ба ёд меовард, оташи хашм кадом чизе мањину нозукро андарунаш месўзад, нигоњаш тира мешавад, ангор дуди он пеши чашмаш менишинад ва њама зўру тавонаш низ аз миён меравад. Њамин шумурдани зинањо оташи хашмро поин мебарад, нерўи танашро андак-андак бозпас меоварад. Аммо дар гардиши аз ошёнаи ду ба се зонуњо хам мехўранд, меларзанд, поњо гўё ду бахш мешаванд, аз зону поён њис намешаванд. Пирмард нахуст такя ба дорафзин мезанад, сипас рўи пила мешинад; сиву чори дигар. Аммо инак ба тарси фаромўшї тарси нав афзуда буд. Поёни тобистон автобусњои афтодаву кўњнаи "акардион", ки аз дари пеш то дари пасашон пеши ў якрўза роњро мемонд, аз кўчањои Душанбе гум шуданд ногањон.Ин мошинњои монанди ў пиру фартуту фарсуда аз гузашта, аз замони шўравї монда буданнд, оњиставу нарм мерафтант, ронандаву чинандањошон низ аз њамон рўзгорон омада буданд магар ки ба пирон ба чашми рањм менигаристанд.Вай њеч гоњ ба онњо њуљљат нишон намедод, дилпур дарун гом менињод. Дар кўчањони шањр будани ин мошинњо ба чизе умедвор мекард ўро, вай намедонист он чи буд, аммо њамин умедворї равшание ба хонаи дилаш меовард, навмедиро аз он мебаровард. Дар нињоди пирмард як тане зиндагї дошт, ки ниёз ба чунин дурўѓ дошт. Он рўз вай дар истгоњ то дер истод, аммо аз мошинњои ошно нишон наёфт. Андешид рўйдоде пеш омада ё роњашон дигар шуда.Ва њамзамон автобусњои наву

хурдаку чобукро дид, ки то он рўз дар ин давру бар намедид.Ин мошинњо, ангор аз касе тарс надоштанд, ки хеле зуд меомаданду мерафтанд.Пирмард ронандаву чинандаи автобусњои кўњнаро мешинохт, љавонаки ошно њангоми даробуро аз дасташ медошт, ёрї медод.Инњо њама бегона буданд, ўро намедиданд. Равуои зуди ин мошинњо дар дилаш бим мезод, аз кадом пайомаде нохуш дарак медод. Як соат ё камтар аз он гузашт, пирмард њамоно дар истгоњ менишаст.Саранљом бо каси андарунаш ањд баст, ки дигар интизор намешавад, ин бор омад, савор мешавад. Остона баланд буд. Љавонак поин нашуд, як даст бар параи дар кард, роњро баст. Пирмард, пиндор гунањгор буд, ки даступоча шуд. -Ман… ман… Љавонак сар тофт, дар оинаи пеш нигоњи ронандаро дошт. -Ин афтобуси аренда. Бинзину запчасту њамаша худам мехарам… Пирмард як он бовар кард бо гум шудани автобусњои кўњнаву мењрубон замонашон низ аз миён рафтааст, рўзгоре тунду хашини ба ў бегонаву бадбин фаро расидааст ва сарнавишташ акнун дар дасти њамин љавонак аст, чаро ки вай он гуна боварбахш шоњид меовард, ки пиндор мошинро бобош сохтаву чи гунагии корашро додош роњ андохта буд.Пас аз чанде тувуман љавонак ночор ўро ба автобус рањ дод; дар рўзи нахусти кор пардаи рўш њоло камтар дарида буд ё шояд шасти мард садди роњаш шуд. Салон бўе бегона дошт, пирмард рўи буттаи хор нишаста буд гўё ки худро нороњат меёфт.

Дар бозгашт чун њамеша зинањоро шумор накард, дар гардиши ошёнаи се низ нанишаст, такя ба панљара зад, нафас рост кард ва то хона омад. Ошўби дилаш њанўз наншаста буд, эњсоси гарм ва оллуда ба хашм аз ун рўйдод дурде дар нињодаш барљой гузошта буд, ки вазнаш дар њама љои танаш њис мешуд. Дунболи љустуљўи корти љанг шуд, каси андарунаш мегуфт, ки аз ин ба пас њангоми равуо њамеша ба душвор рўбарў хоњад буд. Аз кунљи дури ганљаи афсурдаву каљ ќутии картонро берун овард. Дар ду покет-андар яке аз гузарномаву зодномаву шањодатнома то љавози хона, дар дигаре ордену медалњо бо низому сара љо шуда буд; наќши дастони занаш буд, косаи чашмонаш пури об шуд.Ба пушти даст ашкашро пок кард, сипас коѓазњоро як-як аз покет баровард; корти љанг набуд. Пирмард манањ ба каф гирифт, тунд андешид, аммо чизе ба ёдаш нарасид. Андешааш бозпас ба рухдоди автобусу љавонак баргашт. Шигифтовар он буд, ки вай њамаи роњ эњсоси гунањ мекард ва аз худ мепурсид, ки камбуд дар чї буд? Ин њол пайванд ба кирду кори љавонак дошт; вай сахт берўву густох буд, ба њар каси пир, ки ба мошин наздик мешуд, њамон як гапро мегуфт: "ин афтобуси аренда…" Пирмард он рўзу рўзњои дигар дар њама љои хона корти љангро кофт, аммо наёфт. Сари моњ, рўзи нафаќа наздик мешуд. Бонк дар дурдасти шањр буд ва танњо њамин мошин ўро то он љо мебурд. Вай пул дошт, аммо њамон каси андарунаш пинњон дар дами даркор ўро бозмедошт, даст ба киса бурдан намегузошт;

вай њаќ дорад ройгон савор шавад! Ва ногоњ оташи ѓурур дар дилаш забона мезад, андак далер мегашт. Лек он рўз пеши худ ањд кард, ки ба овози дилаш гўш намедињад, ба љавонаки лусу беадаб пул медињад. Аммо њавои ошуфтагї ва ёди кадом камбуди нодиданї њамоно аз дањлези дилаш намерафт, нохушаш мекард, бо дареѓу дард ошкор кард, ки ин њол пайомади тарс аст.Вай аз љавонак, аз оне ки ба љуз дар остонаи мошин истодану берўї кардан чизе намедонад, метарсид. Агар на, чаро кители солњо фаромўшро имрўз ба ёд овард, ба тан кард? Барои он ки тарсро пасаш пинњон кунад. Ифшои ин камбуд дар нињодаш ба захме зад гўё ки дард бабор овард, танаш тафс кард; оё ў тарсу аст? Пирмард рўзгори дури љангро ба ёд овард ва ба натиља омад, ки дасти пирї њамроњ бо нерўву тавони тан гавњари мардиро низ аз нињоду бунёдаш бурдааст, зањраву дилу гурдаашро нобуд кардааст, ўро ба њеч бадал намудааст; пириро бад диду худро бештар аз он. Аммо наметавонист дарк кард, ки зиндагї дарозии солњо бо ў бархўрд намекард, вай њамеша аз роње росту њамвор мерафту меомад, тану љонаш оњиста-оњиста шеваи набардро гум мекард. Зиндигиаш монанд ба рустание буд, ки зери шиша ба сар мебурд, боду борону сардї ба танаш рањ намебурд. Ва дидори нахуст бо њаќиќат вазну оњанги танашро вайрон кард, аз зарб баровард. Тарси ў аз њамин рўёрўї бо рости зиндагї буд. Вай он рўз њамон гуна либос пўшид, ки дар рўзњои љашни Пирўзї мепўшид; дигаргунї ин буд, ки ордену медалњо пеши бараш набуд. Ва боз чењраи љавонак аз назараш дур намешуд ва сардие тез меъдаашро пур карда буду њеч гуна андеша ба сараш рањ намебурд. Шумори автобусњои хурду чобук зиёд шуда буд. Чанд мошин зуд омаду рафт;вай то аз харак мехесту пеш мерафт, ки дар баста мегашт. Бори охир пас нагашт, њамон љо, рўи рањ чашмбароњи мошин гашт. Дар истгоњ танњо буд. Мошин зуд омад, дар ба шаст бозгашт, касе поин наомад. Љавонак ба ў нигоњ накард, бо даст ба оина ишора кард, дар пеши бинии пирамард пўшида гашт. Зонуњояш ларзид, ба душвор худро то харак кашид. Дар дилаш њеч гуна њис набуд, дарду андўњу хашму навмедї аз нињоду бунёдаш рафта буд. Бозпас сўи хона рафт. Бо нињодани њар гом чизњову садоњову бўњо аз ў дур мерафт, фазои давру бараш холї мегашт, танаш аз сў ба сў меомад. Њангоме ки по ба даромадгоњ мемонд, даруни гўшњояш пур аз овози зангўла шу два ногањ рўшноиро аз миён бурд. Пирамард кўшид ба зина расад, боло равад, вале ногањ пас омад, такя ба девор зад, стпас лаѓжида рўи замин фаромад.

Юнус ЮСУФЇ


12

№26

(335)

9 июли соли 2014

тазод Комил баъди бозгашт аз Сурия:

"МЕГУФТАНД, МЕПАРОНЇ, ЉИЊОД МЕКУНЇ, ШАЊИД МЕШАВЇ!" Комил Шукуров, як сокини љавони ноњияи Спитамени вилояти Суѓд, шоми 4 июл дар телевизионњои давлатии Тољикистон пайдо шуда, эълон кард, баъди бозгашт аз Сурия худро ба маќомоти кишвар таслим намудааст.

Ш

укуров дар ин бар нома, ки дафтари матбуоти Вазорати умури дохилї омода кардааст, гуфт, ўро аввал барои тањсил ба Сурия бурда, баъдан барои иштирок дар љангњои ин кишвар ташвиќ кардаанд. Ин сокини љавони Спитамен дар суњбатњои худ аз Сайфиддин Файзуллоев ном гирифт, ки гўиё ўро ба Сурия бурдааст. "Дар тўли 4 рўз дар Сурия будам. Маќсади онњо тамоман дигар будааст. Њадафашон барпо кардани хилофат аст. Онњо мегуфтанд, мепаронї, шањид мешавї, љињод мекунї, мекушї. Назди Худо савобаш баланд. Шароити љои зистамон хуб набуд, дар як њуљра 20-30 нафар будем",-наќл кард Комил Шукуров дар барномаи телевизионї. Масъулони Вазорати умури дохилии Тољикистон дар ин барнома гуфтанд, "пешвоёни иттињод бо ѓояњои зиддињукуматї ва ташкили хилофат Комил Шукуровро ба худ моил карданї будаанд, вале Шукуров барои ислоњи хатоии худ бо пешнињоди аризаи пушаймонї ихтиёран ба Ватан баргашт, ки ин ба манфиати ў хоњад буд. Зеро дар банди 187-и Кодекси љиноии Тољикистон омадааст, шахсе, ки ихтиёран оид ба иштирокаш дар иттињодияи љиної ба маќомот иттилоъ дода, барои пешгирии фаъолияти он мусоидат мекунад ва агар дар кирдори ў таркиби љиноятии дигар набошад, аз љавобгарї озод карда мешавад".

Љанги шањрвандии Сурия аз бањори соли 2011 ба ин сў идома дорад. Ин нооромї дар пайи эътирози бархе аз сокинони ин кишвар алайњи њукумати Башшор Асад, ки аз соли 2000 инљониб ќудратро дар даст дорад, ба миён омад. Баъдан нооромињо ба задухўрди мусаллањона миёни нерўњои њукуматї ва мухолифон табдил ёфта, то имрўз садњо нафар аз мардуми осоишта дар ин љанг ба њалокат расидаанд. Ќазияи њузур ва иштироки шањрвандони Тољикистон дар нооромињои дохилии Сурия ба як масъалаи бањсбарангез ва нигаронкунанда табдил ёфтааст. Дар охирњои соли гузашта Сергей Смирнов, муовини аввали раиси ФСБ-и Русия, гуфта буд, мушкили кирояи љангљўён дар тамоми кишварњои Созмони њамкории Шанхай, аз љумла Тољикистон љой дорад. Ба гуфтаи ў, аз Тољикистон, Ќирѓизистон, Чин, Ќазоќистону Узбакистон низ љангљўёни кироя алайњи њукумати Сурия мељанганд. Аз сўи дигар, Ањмад Бадриддин Њассун, муфтии аъзами Сурия гуфта буд, теъдоди тољикон, ки дар ин кишвар алайњи њукумат мељанганд, 190 нафар арзёбї мешавад. Моњи декабри соли гузашта Додгоњи олии Тољикистон барои аввалин бор се љавони тољикро ба иттињоми иштирок дар муборизањо алайњи њукумати Башшор Асад дар Сурия ба муњлати ду солї мањкум ба зиндон кард.

Баъдан, моњи апрели соли љорї хабар дода шуд, ки Масрур Иброњимов, сокини ноњияи Исфараи вилояти Суѓд, аз сўи нерўњои давлати Сурия дар яке аз навоњии ин кишвар кушта шудааст. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тољикистон хабар доданд, Иброњимов 22 марти соли љорї њангоми набардњои мусаллањона алайњи њукумати Башор Асад, раисиљумњури Сурия, љон бохтааст. Масъулини ВКД мегўянд, и н со к ини но њ ия и И сфар а моњи декабри соли гузашта Тољикистонро ба нияти Русия тарк мекунаду баъдан бо даъвати хоњараш, ки ба яке аз сокинони Сурия ба шавњар баромадааст, озими ин кишвар мешав ад . М аъ му ри ни Ва з ор ат и умури дохилии кишвар, ки зимни бар нома и те леви зионии "Сипар" дар ин бора хабар медоданд, инчунин, аз иштироки дигари як сокини 27-солаи Исфара дар љангњои Сурия алайњи њукумати Башор иттилоъ доданд. Ин шањрванди Тољикистон, ки аз ў Илњом Њакимов ном бурда шуд, њамроњи зану фа рзандаш њоло дар Сурия ба сар мебарад. Дар барномаи "Сипар" ду бародари Илњом Њакимов - Нуриддин ва Ќаюм низ ин хабарро таъйид карда, иќрор шуданд, ки онњо барои инќоли зану фарзанди бародарашон ба ў кумак кардаанд. Ба гуфтаи онњо, оилаи Њакимов тавассути ќаламрави Русия ва Туркия вориди Сурия шудаанд.

Љавоби вазири маориф ба Бибиннисо:

"БОЯД ЊАЌ БА ЊАЌДОР БИРАСАД!" Бибиннисо Мамадљонова, хатмкунандаи мактаби раќами 18-и ноњияи Носири Хисрави вилояти Хатлон, иддао дорад, ки маќомот "квота"-и насиби ўро ба дигар кас додаанд. Бибиннисо рўзи 7 июл, њангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илми Тољикистон ба Душанбе омад ва ин мавзуъро шахсан бо ў дар миён гузошт.

Б

ибиннисо пеш аз он ки бо вазири маориф ва илм дар њузури хабарнигорон суњбат кунад, ба "Озода гон" гуфт, бори дувум аст, ки маќомот пирўзии ўро нодида мегиранд. "Бори аввал дар олимпиадаи ноњиявї аз фанни кимиё иштирок кардем. Љои аввалро гирифта будам, вале баъдан онро ба Роњима Маллаева, духтари яке аз раисони хољагї, доданд. Бори дувум барои гирифтани квота ба Донишгоњи тиббї низ якљоя њуљљат супоридем. Ман њафт бал гириифтам, вале квотаро боз ба ў доданд. Агарчї Маллаева тамоми вазифањоро иљро накарда буд",-наќл кард Бибиннисо. Бибиннисо Мамадљонова мегўяд, он замон талош кардааст, то бо вазири маориф ва илм вохўрда, масъаларо дар миён гузорад, аммо муваффаќ нашудааст. "Баъд, ба назди муовини раиси ноњияи Носири Хисрав Бозоргул Саидова рафтем. Ваќте гуфтем, дар ин бора ба Љаноби Олї мурољиат мекунем, он кас гуфтанд, ба куљое равед, рафтан гиред. Моро њеч кас њеч кор карда наметавонад",-афзуд Бибиннисо. Ин њарфњоро Бибиннисо њангоми нишасти хабарии Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тољикистон, низ баён дошт ва гуфт, барои додхоњї ба назди Сайфиддин Давлатов, масъули вазорат, рафта буд. "Гуфтам, ки бал ё холи ман барои гирифтани квота зиёд аст, онро ба кї доданиед? Он кас дар љавоб гуфтанд, "ба очаат медињам!" Дар посух Сайфиддин Давлатов, ки дар нишасти хабарї њузур дошт, ин иддаои Бибиннисоро беасос донист. Нуриддин Саидов њам ба ин бањс њаммроњ шуд ва гуфт, "чор бор шуд аз ноњияи Тољикобод ќабул мекунем, касеро ёфта наметавонем, ки ба Донишгоњи тиббї роњхат гирад. Сабаб чист? Барои он ки дониши паст доранд. Акунн ба ќарори њукумат таѓйир ворид шуда, камбизоату камбаѓал аз байн бардошта шудавуљавонони лаёќматманд мондааст. Чизи дигар, њозир ин духтар танњо нест, нафарони зиёде њастанд, ки медонанд, он духтар ва ё љавон аз инњо лаёќатманданд, вале тан намедињанд. Он ќадар худбин њастанд, ки... Таслим намекунад, ки вай аз ў босавод аст. Њозир аризаи даъвогии дигаре омадааст аз Љиргатолу Темурмалик. Бояд њаќ ба њаќдор расад. Нафаре ки донотар аст, бояд тањсил кунад."


№26 (335) 9 июли соли 2014

13

тарозу ТАЛАБИ ШИРКАТЊОИ МОБИЛЇ АЗ АБДУСАЛОМ ЌУРБОНОВ ВА НУСРАТУЛЛО ДАВЛАТЗОДА Ассотсиатсияи операторони алоќаи мобилии Тољикистон бо ирсоли номае ба унвони рањбарияти Вазорати молия ва иќтисоду Кумитаи андози кишвар аз гаронии андоз нигаронї кардаанд.

"ЗАН ГУЛИ САРИ САБАД АСТ, НА ПЕШХИДМАТУ РОЊРЎБ" Эшони Мањмудљон:

Онњо дар ин номаи худ аз таѓйиру иловањои воридшуда ба Кодекси андози Тољикистон дар солњои 2010 - 2013, ки мунљар ба болоравии њаљми андоз шудааст, шикоят карда, онњоро тањдид ба инкишофи иќлими сармоягузорї ва бар зарари иќтисодиёти кишвар хондаанд. Ба навиштаи ассосиятсияи мазкур, дар давраи солњои 20102013 дар ќонунгузории андози Тољикистон таѓйироти зиёде вобаста ба соњаи алоќаи барќї ворид гардид, ки мунљар ба љорї шудани андозбандињои зерин, аз љумла аксиз аз зангњои баромад 3%, барои зангњои воридотї 3%, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангњои баромад, ААИ (18%) барои пайвастнамоии зангњои даромад шудааст. "Имрўз операторони мобилї аз 1 сомонї 32 дирам танњо андоз месупоранд ва ба истиснои ин харољотњои дигар низ мављуданд, аз љумла арзиши аслии маоши кормандон, харољот барои нигоњдоштани шабакањои алоќа, комиссия барои пайваст намудани муштариён, ќабули пардохтњо ва ѓайра. Яъне пардохтњои умумї бештар аз онанд, ки операторон даромад ба даст меоранд. Чунин гаронии харољот садди роњи инкишофи иќлими сармоягузорї ба иќтисодиёти Тољикистон гардида, иљрои нишондињандањои ба наќшаги-

Эшони Мањмудљон, рўњонии саршинос, аз муњољирати занони мусулмони тољик ба шањру минтаќањои мухталифи Русия шадидан изњори нигаронї карда, гуфтааст, "зан аз назари Ислом гули сари сабади хонадони падар ва шавњар аст, на пешхидмати ресторан ва роњрўби кўча."

рифтаи соњаи алоќаи мобилиро дар рушди мамлакат ѓайриимкон мегардонад,"- омадааст, дар номаи ассосиатсия Ассотсиатсияи операторони алоќаи мобилии Тољикистон мегўяд, бар асоси њисоботи Ширкати консалтинговии машњури "PricewaterhouseCoopers", ки пардохтњои андозии 186 кишвари љањонро тањлил кардааст, Тољикистон дар меъёри умумии андоз љойи аз њама охирро миёни кишварњои Осиёи Марказї ва Аврупои Шарќї ишѓол карда, миќдори андоз дар њаљми 86 фоиз, яке аз њама баландтаринњо дар тамоми љањон ба њисоб меравад: "Дар кишварњои Аврупои Шарќї меъёри андоз 65% (Итолиё) ва аз њама кам 25% (Хорватия) -ро ташкил медињад. Дар Аврупо нишондоди аз њама бештар 39 аст. Дар шумораи умумии андозњо дар кишварњое, ки дар њисобот нишон дода шудаанд, Тољикистон ба шумори

кишварњои шумораи андозашон зиёд дохил мешавад. Дар умум Тољикистон миёни 186 кишвари љањон љойи 178-умро оид ба андозбандї дар соњаи тиљорат ишѓол мекунад." Ин њам дар њолест, ки ба ќавли аъзои ассосиятсия, Эмомалї Рањмон, раисиљумњури Тољикистон дар паёми худ ба Маљлиси Олї гуфтааст, "баъзе муќаррароти Кодекси андоз тањлили њаматарафаро талаб мекунад." Ассотсиатсияи операторони алоќаи мобилии Тољикистон дар охир аз Абдусалом Ќурбонов, вазири молия ва Нусратуло Давлатзода, раиси Кумитаи андози кишвар хостаанд, ба саволаш, ки "оё чунин гаронии андоз бар зарари инкишофи минбаъдаи соњаи алоќаи барќї ва умуман бар зарари иќтисодиёти кишвар ва манфиати давлат ва миллат нест?" хостааст, ба таври ошкору шаффоф љавоб гўянд.

ОЃОЗИ ПАРДОХТИ ЉАРИМА БАРОИ "НАЉОСАТ"-И ЛЕНИН ДАР ЊАЌЌИ ЗИЁИЁН Нашрияи русзабони "Азия-Плюс" ва муњаррири он -- Олга Тутубалина ба пардохти 30 њазор сомонї љуброни зарари маънавї ба як гуруњи зиёиён оѓоз кардаанд.

Шуњрат Ќудратов, яке аз вакилони мудофеи Олга Тутубалина, дар сўњбат ба "Озодагон" гуфт, Додгоњи ноњияи Фирдавсии пойтахт "Азия-Плюс" ва нафари тањти њимояти ўро муваззаф кардааст, то њар кадом, ба зиёиёни "љабрдида" 15 њазор сомонї дињанд. "Ба нашрия се моњ муњлат доданд, ки 15 њазор сомониро пардохт намояд. 4 июл њафтанома 5 њазор сомонии љаримаро пардохт намуд",-афзуд ў. Ба ќавли ин вакили мудофеъ, Тутубалина ба њайси шахси инфиродї барои пардохт кардани љаримааш фурсати бештаре доштааст.

Додгоњи ноњияи Фирдавсї рўзи 25 феврали соли љорї бањси як гуруњ аз зиёиёни тољик бо Олга Тутубалина, муаллифи матлаби бањсбарангези "Неинтеллигентно об интеллигенции"-ро ба поён бурда, ќарор кард, ки ин матлаб як навъ тањќир дар њаќќи зиёиён мебошад ва ўву нашрия бояд 30 њазор сомонї љуброни зарари маънавї пардохт кунанд. Баъдан, 30 апрели соли љорї, Додгоњи шањри Душанбе њукми Додгоњи Фирдавсии пойтахт дар бораи љаримаи "Азия-Плюс" ва муњаррири онро бидуни таѓйир боќї гузошт. Олга Тутубалина дар матлаби бањсбарангези "Неинтеллигентно об интеллигенции" (Нозиёиёна дар бораи зиёиён) бозгашти шоири тољик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасї карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шўравї, ки гуфтааст, "Зиёиён на маѓз, балки наљосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид карда, ки ин суханонро метавон на танњо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд. Дар пайи ин, як гуруњ аз зиёиёни кишвар, ки роњбарияти Иттињодияи нависандагону Академияи улуми Тољикистон низ шомили он буданд, ба додгоњ мурољиат карда, љуброни зарари маънавї хостанд.

Ў афзудааст, "воќеан, ин мусибат ва дањшат аст, ки зани мусулмони тољик баробари мардон кўлбори сафар дар пушт дил ба дарё занад ва то Сахалину Камчатка барои љустуљўи ризќу рўзї сафар намояд ва худро чун гўсфанди заифе дар водии гургон ќарор дињад. Кош, Садруддин Айнї зинда мебуд ва достони дигаре, на аз саргузашти Одинамардњо, балки аз сарнавишти Одинамоњњо ва Одинагулњои Тољик, ки модарони ояндаи миллатанд, менавишт". Рўњонии шинохтаи тољик ин њарфњоро дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои Тураљон.Орг, сайти хонаводагии бародарон Тўраљонзодањо, навиштааст. Корбаре бо номи "Хоњари исломї" аз Эшони Мањмудљон пурсидааст, "дар оянда барои кор ба Русия рафтаниам. Дар онљо бо сатр ба кор намегиранд ва бовар надорам, ки сатрро то охир мебандам. Хеле метарсам аз Худованд, намедонам, чї кор кунам." Эшони Мањмудљон дар љавоб навиштааст, "тавсияи банда ба Шумо ин аст: агар ба Русия сафар кардани Шумо зарур бошад, пас, ба хотири њифзи каромат ва иффати худ бо њамроњї ва тањти назорати кадом нафар аз мањрами худ сафар кунед. Ва илло дар љои зисти худ коре муносиби њоли худ биёбед ва ё шавњаре мувофиќ ба шаъни худ биёбед ва бо ќаноат кору зиндагї кунед. Аммо он њарфњое, ки навиштаед: имрўз бидуни сатр бигардаму баъд аз адои фаризаи Њаљљ сатри доимиро ќабул намоям, инњо њамааш фиреб ва ваъдањои шайтонї аст, ки Худованд дар Ќуръон моро аз фирефта шудан ба инчунин ваъдањои шайтонї њушдор додааст." Дар идома рўњонии тољик мегўяд, ба хотири муњољирати корї тарк намудани сатри исломї њеч гоњ љоиз ва рухсати шаръї намебошад. Вай афзудааст, "зан аз назари Ислом дар сурати доштани сарпараст вазифадор нест барои таъмини нафаќаи худ кор ва ё сафари корї бикунад. Бояд падар ва ё бародарњо дар сурати надоштани шавњар нафаќаи ўро таъмин намоянд." Дар њоли њозир бар асоси иттилои расмї њудуди 1 ва бар асоси манобеи ѓайрирасмї њудуди 2 миллион сокини кишвар барои дарёфти ризќу рўзї дар Русия ќарор доранд, ки як ќисми онњоро занону духтарон ташкил медињанд.

"САРБОЗОНРО БА КОРЊОИ БЕРУН АЗ ХИДМАТИ ЊАРБЇ ЉАЛБ НАКУНЕД!"

Созмони иљтимоии "Дафтари озодињои шањрвандї" аз нињодњои зирабти кишвар даъват кардааст, сарбозонро ба корњои берун аз хидмати њарбї љалб накунанд. Ин ташкилот дар вараќаи иттилоотии худ, ки нусхаи он дастраси "Озодагон" низ гардид, гуфтааст, "сарбозон гурўњи вижаи шањрвандоне њастанд, ки ба њимояи махсус ниёз доранд, аз љумла хизматчиёни њарбие, ки бо ин ё он асос дар госпитали низомї тањти муолиља ќарор доранд, набояд ба корњое, ки бо гузаштани хизмати њарбї алоќаманд нестанд, машѓул шаванд." Ба навиштаи "Дафтари озодињои шањрвандї", банди 8-и Оинномаи хизмати дохилии Ќуввањои мусаллањи Тољикистон мањдуд намудани њуќуќи хизматчиёни њарбиро, ки Сарќонуни кишвар ва санадњои дигари меъёри њуќуќї кафолат додааст, манъ мекунад: "Хизматчиёни њарбие, ки дар госпитал ва худи ќисми њарбї ба ёрии тибби муњтољ мебошанд, дар ваќти муолиља ва муоина аз корњо ва машѓулият озод карда мешаванд." Ин даъвати ташкилоти мазкур дар њолест, ки кормандони он рўзи 17 январи соли љорї дар назди даромадгоњи Раёсати Тиббї, комиссияи њарбї-тиббї ва госпитали њарбии ќисми њарбии 45010и Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи граждании Тољикистон хизматчиёни њарбии бемореро дидаанд, ки ба фасли сармо нигоњ накарда бо сару либосњои номувофиќ ба рўбучин ва тоза кардани барфњо машѓуланд. Дафтари озодињои шањрвандї мегўяд, бо гирифтани акси ин њолат мустаќиман ба Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї аз болои дастандаркорони ин ќазия шикотя бурдааст. Ба ќавли онњо, масъулини кумита расман љавоб дода, гуфтаанд, ки гўиё нисбати шахсони дахлдор чорањои зарурї андешида шуда, минбаъд ба роњ надодани чунин камбудњо супоришњои ќатъї дода шудааст. Дафтари озодињои шањрвандї миннатдории худро ба Кумитаи њолатњои фавќулода ва мудофиаи гражданї барои сариваќт санљиш гузаронидани њолати мазкур изњор менамояд.


14

№26

(335)

9 июли соли 2014

мушкил

Љумъабой Сангинов:

"МО БО ЌИРЃИЗЊО БА МУВОФИЌА НАРАСИДЕМ"

ТАВОФУЌОТУ ТАНИШЊО ДАР МУЛОЌОТИ АЛИМАРДОН БО МАМАТАЛИЕВ Додситонии њарбии Ќирѓизистон амалан тањќиќи њодисаи тирпарронии 11 январи соли љорї миёни марзбонњои тољику ќирѓиз дар Хољаи Аълои ноњияи Исфараро ба поён расонидааст.

Д

ар ин бора Абдуррањмон Ма маталиев, муовини сарвазири Ќирѓизистон рўзи 3 июл хабар дода, афзудааст, фарзияе аст, ки дар ин ќазия марзбонњои тољик гунањкоранд. Маматалиев таъкид кардааст, ки љониби Тољикистон дар ин бора фарзияњои худро дорад: "Чунин њолат дар робита ба ќазияи 7 майи соли љорї низ вуљуд дорад, њарчанд тољикон ќисман гунањкор будани худро иќрор мекунанд." Муовини сарвазири Ќирѓизистон дар шарњи гуфтањояш афзудааст, "рањбарияти њайати њукуматии Тољикистон дар љаласаи ахири гуруњњои корї ваъда дод, дар рўзњои наздик хисороти дидаи сокинони вилояти Бодканд, ки баробар ба 7 миллион соми ќирѓизї аст, аз сўи Душанбе љуброн хоњад шуд." Маматалиев, ки дар ин бора баъд аз

љаласаи 3 июли гуруњњои кории ду кишвар оид ба масъалањои марзї суњбат мекард, аз тавофуќи Душанбею Бишкек дар робита ба идомаи сохтмони роњи бањсбарангези Кўктош-Оќсой-Тамдиќ, ки аз ќаламрави Тољикистон мегузараду бањонаи тирпарронии 11 январи соли љорї миёни марзбонњои тољику ќирѓиз шуда буд, хабар дод. ? мегўяд, созишнома оид ба сохтмон ва истифодаи роњи Кўктош-Оќсой-Тамдиќ тибќи лоињаи он дар оянда ва роњи Исфара - Ворух бар асоси љадвали хатсайрњои мувофиќашуда ба имзо расидааст. Тирпаронї миёни марзбонњои тољику ќирѓиз зуњри 11 январи соли љорї рух дода, мунљар ба захмї шудани њашт нафар аз ду љониб шуда буд. Ба ќавли маќомоти тољик, дар ин задухўрд се марзбони тољик маљрўњ шуда, дар беморхо-

на бистарї гардида буданд. Вазорати умури хориљии Тољикистон бо нашри изњороте гуфта буд, тирпаронї бидуни кадом огоњї нахуст аз тарафи марзбонњои ќирѓиз оѓоз ёфта, марзбонњои тољик танњо барои њифзи љонашон ба онњо љавоб додаанд. Аз сўи дигар, маќомоти Бишкек дар њоле ангушти иттињом сўи марзбонони тољик ишора доранд, ки ин задухурд дар њудуди дењаи Хољаи Аълои ноњияи Исфара, аниќтараш ќаламрави Тољикистон сурат гирифтааст. Бањси масоили марзї миёни Тољикистону Ќирѓизистон дар њолест, ки ин ду кишвар тўли 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танњо 567 километраш аломатгузорї шудааст. Ин номуайянї боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзї мунтазам даргирињо сурат гиранд.

Љумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суѓд, мегўяд, дар музокироти охирини њайатњои Тољикистону Ќирѓизистон, ки рўзи 7 июл дар Ќайроќќум сурат гирифт, љонибњо доир ба масоили марзї ба мувофиќа нарасидаанд. Ба ќавли ў, дар нишасти навбатї масъалаи мушкилоти сохтмони роњ матрањ гардида, дар он ду масъалаи асосї мавриди бањс ќарор гирифтааст: "Якум, муайян кардани хатти гузариши роњи "Кўктош-Оќсой-Тамдиќ" дар њудуди марзи Исфара-Ботканд ва дар њамин замина муайян кардани хатти гузариши роњи мустаќили "Исфара-Ворух", ки имконияти бештареро барои рафтуомади сокинони љамоати Ворух таъмин мекунад." "Дар нишастњое, ки дар марзи Ќирѓизистон ва њам дар Тољикистон сурат гирифтанд, мутаассифона, на дар мавриди муайян кардани хатти гузариши роњи "Кўктош-Оќсой-Тамдиќ" ва "Исфара-Ворух" ва њам дар мавриди муайян кардани муќаррароти созишномаи байни њудуди Тољикистону Ќирѓизистон ба мувофиќа нарасидем",-илова кард Љумъабой Сангинов. Муовини аввали раиси вилояти Суѓд афзуд, љониби Тољикистон пешнињод кардааст, роњи гузариши "Исфара-Ворух" бояд роњи мустаќил ва тамоми пањлўњои идоракунию истифодабарї ва назорати роњ бояд бар ўњдаи маќомоти дахлдори Тољикистон бошад. "Вале љониби Ќирѓизистон аќида дорад, ки ин роњ бояд дар истифодаи дутарафа бошад ва назорати роњ низ ба маќомоти дуљониб вогузор карда шавад. Мо гуфтем, агар замоне, ки шумо истифодаи дутарафа пешбинї мекунед, чї зарурати сохтмони роњи нав аз ду тараф дорад?",-мегўяд Сангинов.

НОМАИ ЊНИТ БА АЊМАДЗОДА ВА ДАРХОСТИ ТОЛОР АЗ ЊУКУМАТ

Бахши Њизби нањзати исломии Тољикистон дар вилояти Суѓд барои дарёфти толор ба хотири бузургдошти 600солагии Мавлоно Абдурањмони Љомї ба Раљаббой Ањмадзода, раиси шањри Хуљанд нома фиристодааст. Ин бахши Њизби нањзати исломии кишвар, ки бинои дафтари он аз сўи маќомот тахриб шудаву њоло ќароргоњи расмї надорад, мегўяд, бахшида ба 600-солагии Абдурањмони Љомї мехоњад, љашнеро баргузор ва аз бархе ањли ќалами тољик ќадрдонї кунад. Илњомљон Ёќубов, раиси дафтари ЊНИТ дар Суѓд дар суњбат бо "Озодагон" гуфт, номаи онњо барои дарёфти толор рўзи 7 июл ирсол шудаааст. ? ибрози умедворї намуд, шањрдории Хуљанд ба ин дархости онњо, ки ба ќадрдонї аз шоири барљаста ва ањли ќалам бахшида шудааст, љавоби мусбат хоњад дод. Ин дархости кумак ва умедворї аз посухи мусбати Ёќубов дар њолест, ки дафтари вилоятии ЊНИТ дар Суѓд аз маќомот борњо ба ингуна мурољиати худ љавоби манфї гирифтааст. Ахиран чунин посухеро дар арафаи љашни 17-сола-

гии Рўзи Вањдат низ дарёфт намуда буд. Ёќубов он замон гуфта буд, бахши вилоятии ЊНИТ бо ирсоли нома ба унвони раиси шањри Хуљанд барои баргузории як чорабинияш бахшида ба Рўзи вањдати миллї толор хост, вале ба гуфтаи ў, масъулин ба онњо љавоби рад дода, гуфтаанд, "ба самъи Шумо расонида мешавад, ки тибќи барномаи ќаблан тасдиќшудаи њукумати шањри Хуљанд як ќатор чорабинињои љашнї бахшида ба рўзи Вањдати миллї ва ташрифи мењмонњо аз манотиќи гуногун ба шањр дар назар аст, бинобар ин дар санањои пеш аз љашнї људо намудани толор ѓайримкон аст." Њизби нањзати исломии Тољикистон, яке аз ањзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танњо њизби расмии динї дар Осиёи Миёна мебошад. Ин њизб дорои таърихи 40-сола буда, соњиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш ЊНИТ беш аз

40 њазор узв дорад, ки њудуди 15 њазори он дар вилояти Суѓд ба сар мебаранд. Маќомоти шањри Хуљанд баъд аз зуњри 18 июн ба вайрон кардани ќароргоњи Њизби нањзати исломии Тољикистон дар Суѓд шуруъ карданд. Ба ќавли онњо, бар асоси наќшаи куллии маркази вилояти Суѓд бояд ќароргоњи ЊНИТ вайрон шуда, дар љояш кабудизор бунёд гардад. Он замон Мањмудљон Файзрањмонов, сухангўи раиси ЊНИТ гуфта буд, намояндагони сохторњои давлатї барои вайрон кардани бинои дафтари онњо ќарори раиси шањри Хуљандро пешнињод кардаанд. Дар њоле ки ба ќавли вакили мудофеъ, Файзиннисо Воњидова, ин кор танњо бо ќарори додгоњ имконпазир аст.


№26 (335) 9 июли соли 2014

15

воќеият

БА ДИЌЌАТИ АЛОЌАМАНДОНИ ИЛМИ ТИБ

ГУЛДАСТА БА РАФИЌ ЗАНАК Ман ин сањар кудаки дувунимсолаамонро ба боѓча бурдам! На, аниќтараш худам тайёраш кардаму бурдам! Ана инро мењнат мегўянд. Занак дањ бор таъкид кард, то соати 6.30 хезам, вагарна дер мемонам. "Хайр, як ношто кунонидану либос пўшонидани кўдак наход 30 даќиќа ваќт гирад - андешидам кўрпаро ба сар кашида - дар 10 даќиќа масъаларо њал мекунем".

А

ммо њамон 10 даќиќа њам шояд ба 20 даќиќа табдил меёфт агар худи кўдак маро бедор намекард. Аз рўи тавсияи занак аввал бояд кўдакро ба кўзача нишонд, аммо у нахост. Хуб, рафтем шустушў! Ба кўдак оббозї кардан бо дадаљон хеле маъкул шуд, ки на худаш берун омадан мехост ва на маро мегузошт. Ин замон ба хотирам зад, ки соати 8 вохўрї дорам. Ба норозигиву доду фиѓонаш нигоњ накарда берун кашидамаш. Тавсияи дигар - шўла хўронидани кўдак. "Ин табаќчаи ман нест"-эътироз кард ў бо дидани табаќчаи дастам. "Гўш кун љўраљон, чї фарќ дорад, биё тез хўр, ки дадаљон дер мемонад" "Не, табакчаи худамро биёр!". "Рафтем, табаќчаатро нишон дењ". Табаќчаашро ёфтем, аммо ёфтани чумчааш мушкил афтод. Маълум шуд чумчањо дар ду љой нигоњдорї мешудаанд. Ду-се луќма ба дањон набурда аз љой баланд шуду талаб намуд, ки ба назди кўзачааш барам. Соат аллакай 7.30! Хуб, то корашро тамом кардан ман њам тайёр мешавам. Либосамро пўшида ба наздаш омадам, ки бањузур нишастаасту суруд мехонад: "Баррача, о баррача, каллачаат кадуча…" "ња, баррача, тамом кардї?" Бе он ки аз хондан бозистад, сарашро такон

дод. "ин лабакат гул барин, он лабакат гул барин". Кадом худозадаро ин фикр ба сараш омадааст, ки дар кўзачаи кўдакон мусиќї насб кунад?! "Ту маро бо мошин мебарї" (дарвозаи боѓча аз дарвозаи мо 50 метр масофа дорад.) "Албатта, фаќат тезтар бош". Соат 7.38. "Каша хунук, гарм кун!" "Хунукаш б омаз з а меш ав а д, хў рд а на ш осон". "Гарм кун гуфтам!" Аммо ваќти гарм кардани шўла фикрашро таѓйир дод. "Дадаљон, ба ман тухм пааааз". "Каша чї?" "Ман каша намехўрам, бемаза!" "Биё љўра, ѓам надех, ман дер мекунам". "Тухм паз гуфтам!" Ў њатто медонистааст, ки дар кадом тафдон тухм мепазанд ваќте ман аввалин тафдони ба дастам афтодаро рўи тахтаи газ гузоштам, гуфт, ки тухмро бо тафдони дигар пухтан лозим аст! Баъд пешбанди модарашро оварду хост, ки бандам. Сипас дидам, ки бо табассум ба ман нигоњ мекунад. "Чї механдї?" "Ба очаам монанд шудї". Соат 7.51. Мушкилтар аз њама пўшонидани либос будааст. Баъзеи он умуман ба сараш намедаромад, баъзеашро пўшидан намехост. Намефањмам, чаро либосе, ки пўшида намешавад бояд дар љевон нигох дошт? Бояд њатман дар ин бора бо

занак сўхбат кард. Њар ваќт либос дар каллааш дармонд, дастонашро боло мекарду "ваааааа манн дееев, њозир мехурамат" мегуфт. "Гўш кун, дев, ту њар рўз кадом либосњоятро мепўшиди, канї ёб!" Чаро њамин фикр аз аввал ба сарам назад?! Ў њатто худаш либосашро пўшида метавонистааст! Соат 8.02. Бо кафш аслан мушкил пеш наомад, зеро пўшидани онро ба худаш вогузоштам. Мо 50 метрро бо мошин тай кардем. "Рафтем". "Дўкон чи?" "Кадом дўкон?" "Маложнї". "Кї сањар яхмос хўрдааст?" "Ман!" Уффф. Соат 8.10. Ваќти бозгаштан аз дўкон у назди дарвозаи худамон ќарор гирифт. "Чї истодї, биё рафтем", "Маложнима хулам", "Дар боѓча мехўрї", "Ба боѓча бо маложнї намемонанд". Соат 8.19. Бори дуввум, ки ба дари боѓча расидем, боз истод. "Боз чї шуд?" "Мошинчама нагирифтем". "Дар боѓча мошинча бисёр аст ку?" "Не ба ман мошинчаи худам лозим!". Нињоят соати 8.32 даќиќа ман бомуваффаќият аз боѓча хориљ шудам ва дар натиља 43 даќиќа ба вохўрї дер кардам. Аммо ќарор додам, ки ин бегоњ хатман ба рафиќ занак дастагули зебое тўњфа мекунам

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ

Агар бихоњед дар яке аз бењтарин донишгоњњо дар риштањои пизишкї, дандонпизишкї, дорусозї ва дигар риштањои тиб тањсил кунед, акнун чунин имкон дар Донишгоњи улуми пизишкии Њамадон барои шумо фароњам аст. Шањри Њамадон дар кишвари Љумњурии Исломии Эрон дар доманаи сарсабзи кўњи Алванд воќеъ аст. Оромгоњи њаким Абўалии Сино - бузургтарин табиби љањон дар ин шањр воќеъ шуда ва мардум аз тамоми љањон барои зиёрати оромгоњи ў ба Њамадон меоянд. Аз он љо ки марќади шарифи Мирсайид Алии Њамадонї дар шањри Кўлоби Тољикистон ќарор дорад ва зиёратгоњи ошиќон аст, шањрњои Кўлоб ва Њамадон хоњархонда њастанд ва хиёбоне дар шањри Њамадон ба номи Кўлоб ва хиёбоне дар Кўлоб ба номи Њамадон аст. Донишгоњи улуми пизишкии Њамадон яке аз донишгоњњои ќадимии Эрон аст ва 7 донишкада ба номњои пизишкї, дорусозї, парасторї ва момої, пиропизишкї (рентген, озмоишгоњ, физитерапия) бењдошт ва тавонбахшї дошта, дар њоли њозир панљ њазор донишљў дорад. Донишгоњи улуми пизишкии Њамадон омодаи пазириши донишљў дар риштањои пизишкї, дорусозї, парасторї, момої ва бењдошт аз миёни шањрвандони кишвари дўст ва бародари Тољикистон аст. Барои гирифтани иттилоъоти бештар ва сабти ном ба дафтари ин донишгоњ дар Бемористони Ибни Синои шањри Душанбе мурољиа кунед ва ё бо телефонњои 44 6400115, 446400127 тамос бигиред. Ва ё ба веб-сайти www.ibnisino.tj нигоњ кунед.

e-mail: e-mail: ozodagon@mail.ru ozodagon@mail.ru ХАБАРНИГОРОН:

МУАССИС:

Зафари СЎФЇ

МУЊАРРИР:

Азизи НАЌИБЗОД

МУДИРИ ИЉРОИЯ:

Абдулазизи ВОСЕЪ, Исфандиёри ХАЛИЛЇ, Њумайрои БАХТИЁР, Сиёвуши ЌОСИМЗОДА

ТАРРОЊ:

Хилватшоњи МАЊМУД

www.ozodagon.com

Аслиддини ЉУМЪА

МЕНЕЉЕР: С. НЕЪМАТУЛЛО Њафтанома дар Вазорати адлияи љумњурї зери раќами 001-3446 сабти ном шудааст

Њафтанома ба хотири чандандешї маводеро низ ба табъ мерасонад, ки ба мўњтавои он мувофиќ нест. Ба дурустии арќом ва далелњо муаллифон љавобгўянд. Дар њафтанома аз навиштањо ва аксњои интернет истифода шудааст. Ба мўњтавои матолиби хусусияти рекламавї дошта, идораи њафтанома масъул нест. ЧП ГАЗЕТА «ОЗОДАГОН» Расчетный счет № 20202 972314030017600 МФО: 350101403 Корр. счет: 20402972714031 ОАО Агроинвестбанк г. Душанбе ИНН № 030012573

НИШОНЇ: Тољикистон, Душанбе, к. Мирзо Турсунзода– 45, х. 401. Телефон: 37-880- 07-09; 907- 82-55-77, 93-593-34-70; 93-510-16-99 Дар чопхонаи «Интишор» ба нашр расидааст


16

№26

(335)

9 июли соли 2014

њафтранг

АВВАЛИН ХАБАРГУЗОРИИ МУСТАЌИЛИ МИНТАЌАВЇ


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.