Ҳақиқати Суғд №113-2021

Page 1

Банӣ Одам аъзои якдигаранд!

Шанбе, 18 сентябри соли 2021 №113 (18418)

БАРРАСИИ МАСОИЛИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ

Èøòèðîê äàð ¯àëàñàè Ø¢ðîè àìíèÿòè äàñò¿àìúèè Ñîçìîíè À³äíîìàè àìíèÿòè äàñò¿àìúO (ÑÀÀÄ) Санаи 16-уми сентябр дар Қасри миллат Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба кори худ оғоз кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласа, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи ам‐ нияти дастҷамъиро самимона истиқбол гирифтанд. Дар кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмон Прези‐ денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Прези‐ денти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қа‐ зоқистон Қосим‐Жомарт Токаев, Прези‐ денти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ва дабири кулли Созмони Аҳд‐ номаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас иштирок карданд. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар кори ҷаласа ба таври маҷозӣ иштирок намуданд. Баъди анҷоми маросими аксбардорӣ кори ҷаласаи Шӯрои амнияти даст‐ ҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо иштироки сарони давлат‐ ҳои аъзои Созмон дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, сипас бо иштироки аъзои ҳайатҳо дар шакли васеъ идома ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён, сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти даст‐ ҷамъиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Дар ҷаласаи хосаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи ам‐ нияти дастҷамъӣ (СААД) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъ‐ алаҳои зерин ҷалб намуданд: “Ҳамтоёни муҳтарам! Ман бо арзёбиҳои зикршуда розӣ ҳас‐ там, ки имрӯз дар муносибатҳои бай‐

налмилалӣ равандҳои манфӣ дар соҳаи амнияти ҳарбӣ‐сиёсӣ афзоиш меёбанд. Инчунин набояд фаромӯш кард, ки мо то ҳол дар марҳалаи хатарноки пан‐ демия қарор дорем. Пандемияи аз ҷиҳати миқёс ва оқи‐ батҳои худ бесобиқа ба буҳрони тӯло‐ нии иҷтимоию иқтисодӣ оварда расонд, ки бидуни муболиға, аз ҷумла ба ам‐ нияти мо таъсир мерасонад. Вазъи фалокатбор дар Афғонистон бевосита ба минтақаи амнияти даст‐ ҷамъии Осиёи Марказӣ таъсир мерасо‐ над. Имрӯз Афғонистон дар остонаи фалокати башарӣ қарор дорад. Вазъияти мураккаб ва хатарноке, ки дар ин кишвар ба вуҷуд омадааст, на танҳо мушкили мардуми Афғонистон аст, балки ба яке аз мушкилоти шадид‐ тарини минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ме‐ ёбад. Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ дар бораи ташкили ҳукумати фарогир бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсӣ ва қавмҳои этникӣ дар ин кишвар даст ка‐ шиданд ва аз таъсиси як аморати ис‐ ломӣ бар асоси қонунҳои сахти асримиёнагии шариат бо роҳбарии аъзои ҳаракати онҳо хабар доданд. Ҳайати эълоншудаи ҳукумати му‐ ваққатӣ гуногунии сиёсӣ, қавмӣ ва за‐ бонӣ, инчунин баробарии гендериро ба назар намегирад. Ин маънои онро дорад, ки дар ду‐се соли наздик ҷорӣ кардани идеологияи ифротӣ дар Афғо‐ нистон шадидтар мешавад ва эҳтимоли густариши ин ақидаҳои харобкорона дар минтақаҳои ҳамсоя афзоиш меёбад. Тоҷикистон ҳама шаклҳои беқонунӣ ва таъқиби мардуми Афғонистонро ша‐ дидан маҳкум мекунад. Аз холигии ҳарбию сиёсӣ истифода бурда, қувваҳои гуногуни террористӣ мавқеъҳои худро дар мамлакат фаъо‐ лона мустаҳкам мекунанд.

Дар пеши назари мо Афғонистон бори дигар ба макони терроризми бай‐ налмилалӣ мубаддал мешавад. Мувофиқи маълумоте, ки ҳар рӯз аз манотиқи мухталифи Афғонистон ба мо мерасанд, вазъи воқеӣ дар маҳал коми‐ лан дигар аст, он чанд маротиба бадтар аз онест, ки дар расонаҳо инъикос карда мешавад. Мо инро дар мисоли Панҷшер возеҳ дида метавонем. Толибон дастрасии минтақаро ба ғизо ва дигар ашёи зарурӣ комилан манъ кардаанд. СММ, Салиби Сурхи Байналмилалӣ ва дигар созмонҳои ба‐ шардӯстонаи байналмилалӣ аз имко‐ нияти иҷрои рисолати худ маҳруманд. Ҳамтоёни муҳтарам! Тоҷикистон барқарорсозии сулҳу суботи пойдор дар Афғонистонро ҷо‐ нибдорӣ мекунад ва ба ин мавқеъ содиқ мемонад. Мутмаинем, ки мушкили Афғонис‐ тон ҳалли низомӣ надорад ва барои ҳалли бетаъхири мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя бояд бо ҷалби табақаҳои васеи ҷомеа ва иштироки на‐ мояндагони ҳамаи миллатҳо ҳукумати фарогир таъсис дода шавад. Низоми сиёсии ин кишвари ҳамсоя бояд бо назардошти ирода ва мавқеи ҳамаи шаҳрвандони кишвар, бидуни да‐ холати берунӣ муайян карда шавад. Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиа‐ бори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳам‐ лаҳои террористии соли 2001 оварда расонад. Вазъияти имрӯзае, ки дар Афғонис‐ тон ба назар мерасад, ба қитъаи тоҷи‐ кистонию афғонистонии ҳудудҳои ҷанубии СААД фишори шадид мерасо‐ над. Дар ин замина, зарурати идомаи кори муштараки пайваста оид ба ҳарчи

зудтар ба итмом расонидани ҳамоҳанг‐ созии Барномаи мақсадноки байнидав‐ латии СААД ҷиҳати таҳкими қитъаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро зарур мешуморем. Барои пешгирии шабакаҳои дастгирии молиявӣ ва мод‐ дию техникии гурӯҳҳои террористӣ кӯ‐ шиши фаъолонатар ба харҷ додан лозим аст. Ба фаъолияти иттилоотии террорис‐ тон, истифодаи онҳо аз технологияҳои навтарин, аз ҷумла интернет диққати махсус бояд дод. Сарфи назар аз баъзе тамоюлҳои мусбат дар солҳои охир таҳ‐ диди маводи мухаддир низ ба амнияти минтақаи масъулияти СААД таъсири манфӣ мерасонад. Умедворем, ки Стратегияи зидди ма‐ води мухаддир, ки дар доираи СААД барои панҷ соли оянда (2021‐2025) амалӣ мешавад, ба ҳалли ин масъалаҳо

ва ҳамкории мо такони иловагӣ мебах‐ шад”. Дар кори ҷаласа масъалаҳои муб‐ рами амнияти байналмилалию мин‐ тақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ тайи давраи раёсати Тоҷикистон, Нақ‐ шаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарор‐ ҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пеш‐ ниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Соли 2022 раёсат дар Созмони Аҳд‐ номаи амнияти дастҷамъӣ ба ҷониби Арманистон мегузарад. Дар кори ҷаласа “Дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсат дар Соз‐ мони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ”

Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ва “Дар бораи ҳуҷҷат‐ ҳое, ки барои баррасии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи ам‐ нияти дастҷамъӣ омода шудаанд” Дабири кулли Созмони Аҳдномаи ам‐ нияти дастҷамъӣ Станислав Зас баро‐ мад карданд. Баъди баррасии масъалаҳо аз рӯи на‐ тиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи ам‐ нияти дастҷамъӣ Эъломияи Шӯрои ам‐ нияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дар маҷмуъ 14 санад ба имзо расид. Пас аз анҷоми маросими имзои са‐ надҳо Дабири кулли Созмони Аҳдно‐ маи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас барои доираи васеи хабарнигорони дохил ва хориҷи мамлакат нишасти матбуотӣ орост.

САЙРУГАШТИ ШОМГОЊЇ ДАР БЎСТОНСАРОИ ЊУКУМАТЇ Øîìè ä¢ñòO áà èôòèõîðè Ñàðîíè äàâëàò³îè àúçîè Ñ²Ø âà ÑÀÀÄ

Шоми санаи 16-уми сентябри соли равон дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, зиёфати ғайрирасмӣ оростанд, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт.

Барои баргузории шоми дӯстӣ яке аз мавзеъ‐ ҳои хушбоду ҳавои бӯстонсаро интихоб гардид. Ин чорабинӣ ба ҷашни таърихии 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20‐ солагии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай ва соли раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдно‐ маи амнияти дастҷамъӣ рост омад. Мавриди зикри хос аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалин бунёдгузор ва ташаббускори асосии таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони оли‐ мақоми Тоҷикистон ‐ Президенти Ҷумҳурии Бе‐ ларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Прези‐ денти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим‐Жомарт То‐ каев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии По‐ кистон Имрон Хон, Президенти Ҷумҳурии Қир‐ ғизистон Садир Жапаров ва дигар меҳмонон дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд. Сайругашти меҳмонон дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Онҳо аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид карданд. Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва та‐ омҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою на‐ заррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил карда шуда, дар роҳравҳои алоҳидаи он ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва

ороиши гуногун гузошта шуда буд. Дар намоишгоҳ даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донакдор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд ва меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба на‐ моиш гузошташуда ва намудҳои гуногуни та‐ омҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату маззаи ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд. Тавре аснои шиносоӣ таъкид карда шуд, маҳ‐ сулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушк‐ меваҳо, ки шоми имрӯз намудҳои гуногуни онҳо ба намоиш гузошта шуд, аксаран маҳсулоти со‐ диротӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо омодааст, бо давлатҳои ҳавасманди аъзои СААД, СҲШ ва дигар кишварҳо ҷиҳати таъмини маҳсулоти хуш‐ сифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд. Воқеан ҳам Тоҷикистон кишвари офтобрӯяву дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ буда, маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаю хушсифат дорад ва дар ҷаҳон бо меваю сабзавоти аълосифат, хушкмеваҳо ва таомҳои лазизи миллӣ шуҳрати беандоза касб намудааст. Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти ба‐ ланд дошта, Тоҷикистон дар олам ҳамчунин бо таъомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст. Тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун барои шинос кардан бо меҳмоннавозии тоҷи‐ кона, таъриху фарҳанг, маданияти бойи миллати тамаддунофар, муаррифии имкониятҳои фа‐

рохи сайёҳӣ, ҳунарҳои қадимаи мардумӣ ва ҷалби шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ тадбир‐ ҳои судманд андешида мешавад. Дар бӯстонсарои шаҳрӣ сарони давлатҳо ҳам‐ чунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи ҳудуди қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хориҷи мамлакат ворид ва шинонда шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ифтихори давлату миллати мо мебо‐ шанд, одатҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона доранд ва ба расму ойинҳои меҳмоннавозии мардумамон беандоза арҷ мегузоранд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хоса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷи‐ кистонро самимона пазироӣ менамоянд. Сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноат‐ манд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захи‐ раҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкме‐ ваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хуш‐ лаззат аз наздик шинос шуданд. Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд. PRESIDENT.TJ


2

Шанбе, 18 сентябри соли 2021 №113 (18418)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

ГУСТАРИШИ МИНБАЪДАИ ЊАМКОРИЊОИ СУДМАНД Ïðåçèäåíòè Ïàëàòàè ñàâäî âà ñàíîàòè Ôåäåðàòñèÿè Ðîññèÿ Ñåðãåé Êàòèðèí áà Ñó˜ä òàøðèô îâàðä

Санаи 16-уми сентябри соли 2021 президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмо‐ нонро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ис‐ тиқбол гирифт.

Дар назар аст, ки роҳбарияти Палатаи савдо ва са‐ ноати Федератсияи Россия ва соҳибкорони рус бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва доираҳои

тиҷоратии вилоят дидору мулоқот кунанд. Меҳмонон ҳамзамон аз як қатор корхонаҳои саноатӣ ва макон‐ ҳои таърихиву фарҳангии вилоят боздид хоҳанд кард. Ҳадаф аз сафар таҳкими равобити дуҷониба, баррасии имконоти мавҷуда ҷиҳати густариши робитаҳо, мубодилаи афкор ва таҷрибаи доираҳои соҳибкории ҳар ду тараф аст.

Áîçäèäè ïðåçèäåíòè Ïàëàòàè ñàâäî âà ñàíîàòè Ôåäåðàòñèÿè Ðîññèÿ Ñåðãåé Êàòèðèí àç íàìîèøãî³è ìà³ñóëîòè ñàíîàòO Президенти Палатаи савдо ва саноати Феде‐ ратсияи Россия Сергей Катирин ва доираҳои соҳибкории Россия аз намоишгоҳи маҳсулоти са‐ ноатии вилояти Суғд боздид намуданд. Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои саноатии ви‐ лоят таъкид карда шуд, ки дар Суғд беш аз 700 кор‐ хонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли

2020 ба 15,5 миллард сомонӣ ё худ 1,5 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбати соли 2010 панҷ маротиба зиёд аст. Дар вилояти Суғд барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ имкониятҳо фаровон аст ва соҳиб‐ корони тоҷику рус метавонанд, ба таври мушта‐ рак лоиҳаҳои мушаххасро амалӣ созанд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба маъраз гузошта шуд.

Ìóëî¥îòè äîèðà³îè ñî³èáêîðèè âèëîÿòè Ñó˜ä âà Ôåäåðàòñèÿè Ðîññèÿ

Ìóëî¥îòè Ðàèñè âèëîÿòè Ñó˜ä áî ïðåçèäåíòè Ïàëàòàè ñàâäî âà ñàíîàòè Ôåäåðàòñèÿè Ðîññèÿ Санаи 16-уми сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард, мулоқот кард. Раҷаббой Аҳмадзода ва Сергей Катирин зимни мулоқот оид ба таҳкими робитаҳои дуҷо‐ ниба ва густариши ҳамкориҳои доираҳои тиҷо‐ ратии тоҷику рус мубодилаи афкор намуданд. Раиси вилоят нахуст Сергей Катирин ва ҳам‐ роҳонашро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарони кишварҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пре‐ зиденти Федератсияи Россия муҳтарам Влади‐ мир Путин муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар сатҳи олӣ қарор дошта, ду кишвар дар бахш‐ ҳои гуногун ҳамкориҳои судманд доранд. Гуфта шуд, ки солҳои охир робитаҳои мин‐ тақавӣ миёни вилоятҳои Тоҷикистону Россия беш аз пеш мустаҳкам гардида, вилояти Суғд бо 8 минтақаи Федератсияи Россия, аз ҷумла Орен‐ бург, Саратов, Астрахан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон мемо‐ рандум ва созишномаҳои ҳамкорӣ дорад. Зимни ироаи маълумот вобаста ба вазъи ви‐ лояти Суғд иттилоъ дода шуд, ки маҷмӯи маҳсу‐ лоти минтақавӣ дар соли 2020 ба 21,6 миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2000 44 ма‐ ротиба ва нисбат ба соли 2010‐ум 3,8 маротиба афзуд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи 73 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар вилоят беш аз 1,1 миллиард доллари амрикоӣ

азхуд карда шудааст. Ҳоло дар вилоят 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истода‐ анд, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то инҷониб азхудшуда беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар даҳ соли охир ба иқтисодиёти вилоят зиёда аз 3 миллиард дол‐ лари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 2 миллиард доллари амрикоӣ сармоя‐ гузории мустақимро ташкил медиҳад. Соҳибкорӣ меҳвари рушди устувори иқтисо‐ диёт буда, шумораи умумии субъектҳои соҳиб‐ корӣ дар вилоят 113 ҳазору 92 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум беш аз 10 ҳазор нафар ва нисбат ба соли 2010 қариб 20 маротиба зиёд мебошад. Раиси вилоят ҳамзамон оид ба рушди соҳаи саноат дар вилоят низ маълумот дода, қайд кард, ки дар Суғд беш аз 700 корхонаи хурду бузург фаъолият дошта, дар ин корхонаҳо 200 номгӯи маҳсулот истеҳсол мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2020 ба 15,5 миллард сомонӣ ё худ 1,5 миллиард доллар баробар шуд, ки нисбати соли 2010 панҷ маротиба зиёд аст. ‐Саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷо‐ ниби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудааст ва ҳоло мо барои татбиқи ин ҳадаф фаъолиятро тақвият бах‐ шида истодаем ва дар ин замина ҳамкорони русро барои ташкили корхонаҳои нави муштарак даъват

менамоем,‐ иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода. Раиси вилоят ҳамзамон доир ба вазъи соҳаи кишо‐ варзии вилоят, савдои хориҷӣ, тақвияти роби‐ таҳои иқтисодии вилоят маълумот дода, илова намуд, ки вилояти Суғди Тоҷикистон имрӯз бо Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Чин, Белорус, Қирғизистон, Шветсария, Литва, Латвия, Гурҷис‐ тон, Хорватия, ИМА, АМА, Италия, Корея, Тур‐ кия, Ветнам, Британияи Кабир, Эрон ва дигар мамлакатҳо равобити тиҷориву иқтисодӣ дорад. Дар ин миён додугирифт бо Федератсияи Россия назаррас буда, дар 8 моҳи соли 2021 ҳаҷми тиҷо‐ рати байни минтақаҳои мо 357,5 миллион дол‐ лари ИМА, содирот ‐ 114,7 миллион доллар, воридот ‐ 242,8 миллион доллар буд. Раҷаббой Аҳмадзода дар охир пешниҳод намуд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани робитаҳои тиҷоратӣ масъалаи ташкили марказ‐ ҳои логистикӣ баррасӣ карда шавад. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки доираҳои тиҷоратии Федератсияи Россия метавонанд, барои татбиқи лоиҳаҳои муш‐ тарак ҳамкориҳоро беш аз пеш тақвият бахшанд. Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин аз истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, омодагии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россияро барои густариши робитаҳо баён дошт. Таъкид карда шуд, ки муносибатҳои дӯстонаи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои давлатии дуҷониба ба роҳ монда шуда, тақвияти ҳамкориҳо ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.

Санаи 16‐уми сентябри соли 2021 дар Мар‐ кази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон мулоқоти доираҳои соҳибкории вилояти Суғд ва Федератсияи Россия баргузор гардид. Мулоқот бо ҳузури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, соҳибкорони рус, раисони бархе аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони блоки иқтисодии вилоят, корхонаҳои бузурги саноатӣ, соҳибко‐ рони инфиродӣ доир шуда, ҷонибҳо роҳҳои рушди ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Раиси вилоят дар мулоқот таъкид кард, ки ташкили чунин мулоқотҳо, сафарҳои мутақоби‐ лаи ҳайатҳо ва иштирок дар ярмаркаҳои тиҷора‐ тиву саноатӣ барои таҳкими робитаҳои минтақавӣ хизмат мекунад. Қайд карда шуд, ки дар замони муосир ҷустуҷӯ ва дарёфти шарикон барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак амри зарурӣ буда, дар ин ҷода вилояти Суғд омодаи ҳамкориҳои мутақобилаи судманд мебо‐ шад. Вилояти Суғд, ки чун “водии имкониятҳо” шинохта шудааст, бо ҳашт минтақаи Федерат‐ сияи Россия, аз ҷумла Оренбург, Саратов, Астра‐ хан, Иваново, Свердловск, Нижегород, Алтай ва Ҷумҳурии Доғистон меморандум ва созишно‐

маҳои ҳамкорӣ дорад. Мусаллам аст, ки барои рушди робитаҳои минтақавӣ ва тиҷоратӣ нақши палатаҳои савдо ва саноат назаррас буда, Палатаи савдо ва са‐ ноати вилояти Суғд бо Палатаҳои савдо ва са‐ ноати 21 минтақаи Федератсияи Россия созиш‐ номаҳои ҳамкориро имзо кардааст. Дар назар аст, ки бо ташкили чунин мулоқоту вохӯриҳо ҳамкориҳо боз ҳам тавсеа ёфта, мубодилаи молу маҳсулот зиёд ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак бештар гардад. Сипас, президенти Палатаи савдо ва са‐ ноати Федератсияи Россия Сергей Катирин, сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи ам‐ воли давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахме‐ дов, роҳбари Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов, дирек‐ тори ширкати «Фортуна Ко» Муъмин Умаров, роҳбари гурӯҳи корхонаҳои "Ресурс"‐и Феде‐ ратсияи Россия Ренат Шигапов, роҳбари Ас‐ сотсиатсияи рушди сайёҳии "Зарафшон" Ҷамшед Юсупов ба сухан баромада, оид ба рушди ҳамкориҳо, истифодаи имконоти дуҷо‐ ниба, тақвияти робитаҳо миёни доираҳои соҳибкорӣ табодули афкор намуданд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

«²îñèë 2021»

ПАХТА ДАР САЊРО ШУКУФТА…

Айни ҳол пахта дар пахтазорони вилоят шукуфта, кишоварзон ният доранд, дар ин соли ҷашнӣ дурнамои ҷамъоварии онро сарбаландона пурраву барзиёд иҷро намоянд.

Дар ин хусус бо муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абду‐ азиз Маҳмудов ҳамсуҳбат шудем. ‐Соли равон майдони кишти пахта 52 ҳазору 782 гектарро ташкил ме‐ диҳад,‐афзуд ӯ, ‐ бинобар дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехнологии пар‐ вариши ин намуди зироат айни ҳол дар майдони 21 ҳазор гектар ҳар ниҳол то 9‐10, дар 20 ҳазору 600 гектар 7‐8 ва 10 ҳазор гектар 5‐6 дона кӯрак баставу шукуфтан дорад. Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша ба санаи 17‐уми сентябри соли равон дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ҳамагӣ зиёда аз ҳашт ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин нишон‐ дод нисбат ба ҳамин давраи соли си‐ парӣ се ҳазор тонна зиёд мебошад. Алҳол дар раванди чиниши пахта шаҳру ноҳияҳои Конибодом ‐ 2 154 тонна, Мастчоҳ ‐ 1 895 тонна, Бобоҷон Ғафуров ‐1805 тонна нисбатан пешсаф буда, ҳиссаи навоҳии Зафаробод – 770 тонна, Ашт ‐ 660 тонна, Спитамен 444 тонна, Ҷаббор Расулов – 320 тоннаро ташкил мекунад. Ҳамарӯза баҳри ҷамъоварии сари‐

вақтии пахта беш аз 37 ҳазор чинак‐ чиву ҳашарчиён барои кӯмак ба хоҷа‐ гидорон дар майдонҳои пахтазор саргарми коранд. Бино ба гуфти мавсуф, алҳол ба та‐ моми пахтазорҳои вилоят маротибаи сеюм озуқа дода, 5 маротиба коркарди байни қатор гузаронида шуд ва тамоми корҳои агротехникӣ, аз ҷумла обра‐ сонӣ, идома доранд. ‐Деҳқонон обро «хуни пахта» мегӯ‐ янд. Вазъи кунунии обёрӣ ва нашъу‐ намо чӣ гуна аст? ‐ пурсидем аз Абдуазиз Маҳмудов, ки дар ҷавоб гуфт: ‐Дар мавсими имсола оби чорумро ҳам гирифтем, ки онро дар ҳақиқат оби нашъунамо мегӯянд. Дар ин самт саҳми миробҳои вилоятро хоса таъкид намудан зарур аст, зеро ба вазъияти душвори молиявии худ ва садамаҳои рухдода нигоҳ накарда, обро ба пахта‐ корон сари вақт дода истодаанд. Мавриди қайд аст, ки миробҳои ви‐ лоятро низ соли санҷиши бузург ба адои рисолати касбиашон, хоса ба пур‐ тоқатию таҳаммулпазирӣ нисбати бе огоҳӣ қатъ кардани интиқоли барқ аз тарафи барқчиён буд, ки бобати ин

масъала дар ҷаласаҳои ҷамъбасти ним‐ солаи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода эроди ҷиддӣ гирифта, ҳатто ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки ин амали онон дар доираи қонунҳои амалкунанда дида баромада шавад. Охир ҳар садама бар асари бе огоҳкунӣ қатъ шудани интиқоли барқ ба хоҷа‐ гиҳои об садҳо ҳазор сомонӣ зарар мео‐ рад… Ногуфта намонад, ки сарчинкунӣ ҳам ба охир расида, тамоми зиёда аз 52 ҳазор гектар пахтазор аз сарчинкунии хушсифат бароварда шудааст. ‐Бо назардошти ҳосили имсола ак‐ сари хоҷагиҳои деҳқонӣ азм доранд, на кам аз 30 ‐ сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, бо ин васила дар соли ҷашни таърихиву бошукӯҳи кишвар саҳм гузоранд, ‐ гуфт А.Маҳмудзода. Бино ба иттилои масъулин, дар қа‐ ламрави вилоят 42 коргоҳи пахтатоза‐ кунӣ мавҷуд буда, 24‐тои онҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида шу‐ дааст. Ҷиҳати баррасӣ ва сатҳи омода‐ гии корхонаҳои коркарди пахта барои мавсими имсола, тибқи Амри Раиси вилоят таҳти рақами 121, аз 3‐юми ав‐

густи соли равон гурӯҳи кории Мақо‐ моти иҷроияи ҳокимияти давлатии ви‐ лоят таъсис дода шуда, дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои азназаргуза‐ ронӣ пурра ба охир расид. Ҷоизи қайд аст, ки корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру навоҳии вилоят пурра ба мав‐ сими имсолаи қабулу коркарди пахта омодаанд. Маъмурахон САМАДОВА, «Ҳақиқати Суғд»


3

Шанбе, 18 сентябри соли 2021 №113 (18418)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Äàð ³îøèÿè äàñòóðó ³èäîÿò³îè Ïåøâîè ìèëëàò

ПАРВАРИШИ КАБК – БОЙГАРДОНИИ ТАБИАТИ КИШВАР

Ҳини сафари кории худ ба вилояти Суғд рӯзи 28-уми июли соли равон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими сар додани 200 сар кабк ба мамнуъгоҳи мавзеи Санги Кӯҳнаи Ҷамоати деҳоти Анзоб иштирок намуданд. Чуноне ба мухбирамон муовини раиси Идораи хоҷагии ҷангали вилоят Тоҷиддин Насриддинов изҳор дошт, ин

амал тибқи дастуру супориши Пешвои муаззами миллат буда, бо иқдоми Идо‐ раи хоҷагии ҷангали вилоят дар бахши

ноҳиявӣ парвариши кабки кӯҳӣ ба роҳ монда шуд ва дар рӯзҳои сафари кории Сарвари давлат дусад адад кабк ба мам‐ нуъгоҳ сар дода шуд. Минбаъд ин иқдом идома ёфта, теъдоди ин парандаи нодир, ки ба Китоби сурхи кишвар дохил карда шудааст, торафт афзун гар‐ донида хоҳад шуд. ‐Мақсадамон зиёд намудани кабки кӯҳӣ, ки хонишу садои дилфиреб дорад, бой гардонидани маҳалҳои кишварамон бо ин намуди паранда, ҳамчунин ҷалби сайёҳон ба тамошои табиати зебоман‐ зару афсункори ноҳияи Айнӣ мебошад,‐ иброз дошт Тоҷиддин Насриддинов. Имрӯз ин кабкони хушилҳон дар кӯҳсорони деҳоти ноҳия хушхонӣ до‐ ранду бо садои форамашон дилҳоро аз фараҳ лабрез мегардонанд. Дар хотирам ҳаст, аввали солҳои дуҳа‐ зорум, ки бо эҳтимоми Президенти мам‐ лакатамон баҳри сафари ҳаҷ ба мардуми кишвар роҳ кушода шуд, аз ноҳияи Айнӣ як нафар ҳоҷибобо ба идораи рӯзнома‐ амон нома навиштанд. Дар он гуфта мешуд, ки ҳангоми сафарашон бо як нафар марди араб ҳамсӯҳбат шуданд. Ӯ

Ñàíîàòèêóíîíèè áîñóðúàòè êèøâàð ³àäàôè ÷îðóìè ìèëë= Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор тадбирҳои судманд андешида шуда, дар ин самт чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд.

МУСОИДАТ БА РУШДИ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ САЊАР”

пурсон шуд, ки аз кадом кишвар меша‐ вад, ин сарзамин дар куҷо ҷой гирифта‐ асту обу ҳавояш чӣ гуна асту мардумонаш чӣ хеланд. Вай дар ҷавоб гуфт, дар сарза‐ минамон рӯду дарёчаҳои шӯху обашон шаффофи кӯҳӣ бо садои форами худ ҷорӣ мешаванду заминҳоро шодоб меку‐ нанд. Дар боғоти доманфарох меваҳои шаҳдбору хушлаззат парвариш меку‐ нанд. Баъди меҳнати босамар мардуми озодаву меҳнатдӯсту боҳунар дар катҳои кандакоришудаву мурассаъ мениши‐ нанду дам мегиранду аз он неъматҳои рӯёнида‐ ашон тановул мекунанд. ‐Оё шумо дар бораи боғҳои биҳишт мегӯед?‐мепурсад марди араб. ‐ Ин сарзамин зодгоҳи ман аст,‐ме‐ гӯяд ҳоҷибобо. Ана ҳамин лаҳзаҳои сӯҳбаташро бо эҳсоси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданаш ба рӯзнома навишта буд як нафар шаҳрванди одии ноҳия. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ манзараҳои деҳоти ноҳия, кӯчаву роҳҳо боз ҳам ободтар гаштанд, иншоотҳои бисёри иҷтимоиву фарҳангӣ, таълимиву нигаҳдории тандурустӣ ба хизмати мар‐

дум дода шуданд. ‐ Ҳини сафари дирӯзаи худ Пешвои муаззами миллат аз намоиши маҳсу‐ лоти кишоварзии ноҳия дидан карда,‐ гуфт сардори Идораи кишоварзии ноҳия Мансур Носиров,‐ ба маҳсулоти боғоти мева ва занбӯриасалпарварӣ баҳои баланд доданд. Ҳақиқатан ҳам баъд аз эълон гардидани 1300 рӯзи меҳ‐ нати зарбдор ба истиқболи 30‐солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия беш аз 11 гектар боғи нави интен‐ сивӣ бунёд карда шуд, ки асосан ба пар‐ вариши себ, сиёҳолу, зардолу нигаро‐ нида шудааст. Ҳамаи ин бунёдкориҳо, фаровонии дастархони мардум аз ҳи‐ доятҳои Ҷаноби Олӣ, дастгирии соҳиб‐ корӣ, шароити мусоид фароҳам овардан ба фаъолияти деҳқонону боғпарварон аз дастовардҳои соҳибистиқлолӣ аст, ‐ мегӯяд Мансур Носиров. ‐Аҷоибаш ҳамин аст, ки дар Ҷамоат‐ ҳои деҳоти ноҳия меваҳо дар мӯҳлатҳои гуногун пухта мерасанд, ‐ мегӯяд сар‐ дори идораи кишоварзӣ. ‐ Чунончӣ ҳини сафари Ҷаноби Олӣ дар Ҷамоати деҳоти Анзоб, деҳоти Ғаберуд, Ҷамоати

деҳоти Шамтуч ва Фондарё зардолу дар ҳолати ғӯрагӣ буд ва дар ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ ва Рарз зардолу пухта ра‐ сида. Бо дидани ин манзара аз мӯъҷи‐ заҳои табиати фусункор дар як гӯшаи сарзаминамон Ҷаноби Олӣ ба ваҷд ома‐ данд. Умуман дар ноҳия то охири моҳи сентябр зардолу пухта мерасаду ғуну‐ чин мегардад. Дар кӯҳу дараҳои ноҳия анвои бис‐ ёри гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, ‐ зикр намуд сардори идораи кишоварзӣ. ‐ Ва аз ин боис таъму лаззати асали кӯҳҳои ноҳия нотакрор мебошад. Ба сифати асал, ки дастранҷи занбӯриасалпарва‐ рони ноҳия аст, Ҷаноби Олӣ баҳои ба‐ ланд дода, тавсия намуданд, оилаи занбӯр ва маҳсулоти он тадриҷан афзун гардонида шавад. Ҳамин тавр, алҳол баҳри аввали баҳорон бо сабзавоти барвақтӣ таъмин намудани сокинони деҳот бунёди гармхона идома дорад, ки дар он парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ба роҳ монда мешавад. Рафоат МӮЪМИНОВА, «Ҳақиқати Суғд»

Íåúìàòè áåáà³îè ìèëë=

ЉАВОНОН ВА ИСТИЌЛОЛИ ДАВЛАТЇ Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон ба хубӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият рукни барҷастаи давлати озоду обод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва неруи тавонбахши ҳаёт ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ‐ тарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид барҳақ зикр намудаанд: «Арзиши Истиқлолияту озо‐ дии Ватан бо ягон ченак арзёбӣ карда намеша‐ вад. Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебо‐ шад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад». Аз ин рӯ, Истиқлолият барои мардуми сар‐ баланди тоҷик, хоса мо, ҷавонон яке аз муқад‐ дастарин дастовардҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи талошу муборизаҳои фарзан‐ дони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ на‐ мудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллӣ ба вуҷуд омадааст. Мо, ҷавонон ифтихор аз он дорем, ки насли даврони истиқлолем ва бояд барои ҳимояи ин неъмати

бузург ва муқаддас якдилона талош варзем. Набояд фаромӯш созем, ки барои расидан ба ин саодати миллат насли калонсоли мо чӣ қадар гирдоби мухолифату низоъҳои дохилӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, хатари пароканда шудани миллати тоҷик ва аз байн рафтани давлати тоҷи‐ конро паси сар кардаанд. Барои он ки мо имрӯз зиндагии шоиста дошта бошем ва дар чунин рӯзи фирӯз умр ба сар барем, таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷавонони ватандӯсти наслҳои гузашта талошу кӯшишҳои бузурге ба сомон ра‐ сониданд. Вақте ба мактабҳои замонавӣ, ша‐ роити хуби таълимӣ, биноҳои барҳаво назар меафканем, шукргузорӣ аз он менамоем, ки насли хушбахти замонем ва аз баракоти раҳна‐ моиҳои Пешвои муаззами миллат ба сӯи музаф‐ фариятҳо қадам мегузорем. Саодати мост, ки дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ҳамаи шароит

барои зиндагии шоиста муҳайёст. Аз ин рӯ, шукри истиқлоли миллӣ, ки барои ҳифзи неъ‐ мати беҳтарини зиндагии хеш талош намуда, пайрави ҳақиқии Пешвои миллати хеш бошем. Низомиддин МУРОДОВ, донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

20-óìè ñåíòÿáð - Тçè øà³ðè Èñòè¥ëîë

СИМОИ ИДОНАИ ШАЊР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид карда бу‐ данд, ки бо мақсади рушди соҳа воридоти техно‐ логияву таҷҳизот ва маводи хӯроки паранда аз боҷи гумрукӣ озод карда шаванд. Баъди пеш‐ ниҳоди имтиёзҳо дар вилоят шумори корхо‐ наҳои парандапарварӣ бамаротиб афзоиш ёфт. Инчунин, корхонаҳои парандапарварӣ ва он кор‐ гоҳҳое, ки ба истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво машғуланд, аз соли 2018 инҷониб ба муҳлати шаш сол аз пардохти тамоми намуди андоз озод карда шуданд. Тибқи маълумоти аз Корхонаи воҳиди давла‐ тии «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» дастрасшуда соли гузашта аз ҷониби корхонаҳои парандапарварии вилоят дар маҷмуъ 807 мил‐ лион дона тухм истеҳсол шудааст, ки нисбат ба солҳои пешин зиёд аст. Даромади аз ҳисоби фу‐ рӯши тухм бадастомада бошад, ба 726,3 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Илова бар ин, дар давраи мазкур аз ҷониби субъектҳои парандапарварӣ дар маҷмуъ 11,3 миллион сар мурғи зинда ва 24,4 ҳазор тонна гӯшти мурғ истеҳсол ва фурӯхта шудааст, ки нис‐ бат ба соли гузашта 87 миллион сар мурғ ва 12,7 ҳазор тонна гӯшт зиёд мебошад. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти пурсамар дошта, аз ҷумла, дар ноҳияи Спитамен корхонаи Ҷамъ‐ ияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи саҳар” ягона корхонаест, ки ба истеҳсоли тухм машғул аст. Бино ба гуфти мудири фабрикаи “Файзи саҳар ” Зоҳирҷон Исмоилҷонов, санаи 25‐уми июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар до‐ ираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, аз корхонаи мазкур, ки дар Ҷамоати деҳоти Куруш воқеъ гардидааст, дидан намуданд. Воқеан, дар хоҷагӣ асосан мурғи тухмдеҳ парвариш карда шуда, айни замон 133 ҳазор сар мурғ ва 40 ҳазор чӯҷа парвариш меёбад. Дар кор‐ хонаи парандапарварӣ дар як моҳ то 2 миллион дона тухм истеҳсол гардида, дар шаш моҳи соли равон он ба 12 миллион дона расонида мешавад. Бояд изҳор намуд, ки заминҳои корхонаи па‐ рандапарварии “Файзи саҳар” 11, 03 гектарро ташкил намуда, дар он се сехи истеҳсолӣ, анбор барои нигоҳ доштани хӯроки паранда ва омода намудани он, дигар иншооти ёрирасон сохта, дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ зироатҳо кишт мешаванд. Зоҳирҷон Исмоилҷонов изҳор намуд, ки айни замон дар корхона 30 нафар сокини маҳаллӣ ба

кори доимӣ машғул буда, раванди фаъолият дар фабрикаи “Файзи саҳар” бо технологияи муосир ба роҳ монда шудааст. Бино ба гуфти масъулин, аз сехи истеҳсол ба воситаи таҷҳизоти худкор ба масофаи 250 метр маҳсулот то ба анбори чи‐ ниши тухм интиқол дода мешавад. Сарвари корхона изҳор намуд, ки дастги‐ риҳои давлатӣ ва пешбинӣ намудани имтиёзҳо ба соҳаи парандапарварӣ давоми солҳои охир ба рушди фаъолияти корхонаи “Файзи саҳар” таъсири мусбӣ расонид. Зеро маҳсулоти хӯроки паранда аз хориҷи кишвар, аз қабили Аргентина, Олмон, Германия, Қазоқистон ва Россия ворид шуда, аз боҷи гумрукӣ озод ҳастанд. Бо вуҷуди истеҳсоли зиёди маҳсулоти гӯштии мурғӣ ва тухм нархи ин навъи маҳсулот торафт рӯ ба афзоиш мениҳад. Сабабҳои ин ҳолатро му‐ тахассисон дар гаронии нархи хӯроки паранда медонанд, дар ҳоле, ки воридоти онҳо аз боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Алҳол нархи тухм дар худи фабрика 70 дирам, хурдтараш то 60 ‐ ди‐ рамӣ муайян гардидааст. Аммо дар бозорҳо он аз 1 сомонӣ сар шуда, то 1 сомониву 20 дирамро ташкил медиҳад. Баъди гарон шудани нархи маҳсулоти гӯшти чорво мардум бештар ба гӯшти паранда ва тухм рӯ оварданд. Шояд аз сабаби талаботи зиёди мардум ба ин навъи маҳсулот нарх тамоюли бо‐ лоравӣ дорад. Дар марказ ва шаҳру навоҳии ви‐ лоят баҳри таъмин бо маҳсулоти босифату арзон қариб ҳар ҳафта ярмарка‐фурӯши махсулоти ки‐ шоварзӣ баргузор мегардад, ки дар ин ҷо корхо‐ наҳои парандапарварӣ бо пешниҳоди маҳсулоти босифат ва нархи дастрас саҳми худро мегузо‐ ранд. Тавре ба мо аз ноҳия иттилоъ доданд, алҳол 30 дона тухм дар корхонаҳои парандапарварӣ 21 сомонӣ арзиш дорад. Баҳри таъмини амнияти озуқавории мамла‐ кат як қатор имтиёзҳои додашудаи давлатӣ дар ин самт ба поёнравии арзиши аслии маҳсулот бояд кӯмак расонад. Бале, имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани фаъолияти соҳибкорони ватанӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст, ки то ба пешрафти кор монеае эҷод нагардад. Афзудани корхонаҳои мурғпарварӣ ва истеҳсоли тухм дар кишвар барои зиёд шудани рақобат бо нархи нисбатан арзон пешкаш намудани маҳсулоти ватанӣ мегардад. Корхонаи “Файзи саҳар” низ мардуми ноҳияи Спитамен ва маркази ҷумҳуриро ба маҳсулоти хушсифат таъмин менамояд. Гулҷаҳон МАҲКАМОВА, “Ҳақиқати Суғд”

Шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) соли 1938 дар ҳайати Кумитаи иҷроияи Шӯрои вакилони халқи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкалов) ташкил ёфтааст. Бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони ба даст овардани Истиқлоли миллӣ, яъне соли 1993 мақоми шаҳрро гирифт. Дар рафти ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 пешниҳод намуданд, ки номи шаҳр ба Истиқлол иваз карда шавад. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми марти соли 2012 шаҳр номи Истиқлолро гирифт. Алҳол аҳолии шаҳр ба 18 ҳазору 46 нафар расидааст.

Шаҳр дар доманаи кӯҳҳои Қурама қарор дорад. Давоми сӣ соли Истиқлол масъулин ба он ҷаҳд доранд, ки шаҳр дар ҳама самтҳо ба пешравиву натиҷаҳои баланд ноил гардад. Доир ба самт‐ ҳои асосии расидан ба ҳадафи миллӣ раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода гуфт, ки Истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки баҳри рушди босуботи кишвари азизу маҳбуб қадамҳои устувор гузорем. Маҳз бо кӯшишу талош ва эҳсоси ба‐ ланди ватандориву ватандӯстӣ ва иродаи устувору шикастнопазири Пешвои муаззами миллат ва хиради азалии мардуми саодатманду сулҳ‐ хоҳи тоҷик Тоҷикистони мо аз вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо ёфта, роҳи рушди босубот ва марҳалаи амалӣ намудани нақшаву ниятҳои неку созанда мушаххас гардид. ‐ Ба хотири рушди иқтидори саноатии шаҳр ва дубора эҳё намудани шаъну эътибор ва шӯҳрати пешинаи шаҳри Истиқлол бо иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Минтақаи саноатии Тоҷи‐ кистону Хитой ташкил шуд, ки дар он корхонаи металлургии азим фаъо‐ лияти хешро моҳи ноябри соли 2017 оғоз кард. Боиси ифтихор аст, ки дар маросими ифтитоҳи корхонаи мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда, қайд карданд: “Шаҳри Истиқ‐ лол ояндаи дурахшон дорад” ва мо ба ин итминони комил дорем, ‐ гуфт раиси шаҳр. Ҳамчунин Даврон Зоҳидзода қайд кард, ки бо дастгирии Пешвои му‐ аззами миллат дар шаҳр ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ ‐ саноатии Тоҷикистону Хитой” ва ҶДММ “Нуқрафом” фаъолият доранд, ки дар оянда барои ҳам‐ чун шаҳри муқтадири саноатӣ ба пешравиҳои бузург ноил гардидан му‐ соидат менамоянд. Маҳз самараи Истиқлол аст, ки ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт моҳи соли равон зиёда аз 18 миллиону 755 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ‐ ум 104,6 фоиз гардид. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 13 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ‐ ум ба 118,8 фоиз расид. Айни замон ҳама корхонаҳои шаҳр фаъолият мебаранд. Бахшида ба ҷашни 30 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон дар шаҳр корҳои бунёдкориву ободонӣ иборат аз 130 банд нақшаи чорабиниҳо барои бунёди иншооти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ пешбинӣ гардида буд, ки он ба пуррагӣ иҷро гардидааст. Ҷоиз ба қайд аст, ки тайи чанд соли охир таъмири бинои идораҳои

маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бунёди нуқтаҳои савдо, хизматра‐ сонии маишӣ, чароғонкунии чанде аз биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ ба субут расонида шуд. Ҳамчунин, роҳравҳои кӯчаҳои асосӣ сафолакпӯш ва биноҳои маъмуриву истиқоматӣ бо тарҳу намуди замони муосир тармиму таҷдид ва рангубор шуданд. Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода, сохт‐ мони муассисаҳои таълимиву кӯдакистонҳо бомаром идома дорад. Дар ин самт низ сокинони шаҳр ба натиҷаҳои дилхоҳ расидаанд. ‐ Пешвои муаззами миллат нисбат ба таълиму тарбияи насли нав та‐ ваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва барои бо таълими зарурӣ фаро ги‐ рифта шудани наврасону ҷавонон тамоми шароитро муҳайё карда истодаанд. Боиси таъкид аст, ки бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯдакистони нав барои 240 нафар кӯдак санги асос гузош‐ танд, ки имрӯз бунёди он дар арафаи анҷомёбист. Дар ҳолати ба фаъолият оғоз намудани он ҷойҳои кории нав муҳайё гардида, нақшаи ҷалби кӯда‐ кон ба муассисаҳои томактабӣ пурра иҷро мегардад, ‐ гуфт раиси шаҳр. Барои таъмири муассисаҳои таълимии шаҳр соли равон 174 ҳазору 155 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст. Баробари ин, дар давоми нимсолаи аввали соли равон аз буҷети маҳаллӣ барои таъ‐ мири Литсейи касбии техникӣ 30 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар шаҳр давоми солҳои соҳибистиқлолӣ наво‐ варӣ, бунёду сохтмони иншооти мухталиф ба роҳ монда шудааст. Роҳба‐ рият ва масъулини шаҳр баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд. Имрӯз шаҳри таърихии Истиқлол намои дигар гирифтааст. Кӯчаҳои шаҳр чароғону роҳҳо мумфарш, биноҳои истиқоматӣ таъмиру боғи фа‐ роғатӣ обод гардидааст ва сокинон бо шукргузорӣ аз даврони Истиқлол мекӯшанд, неъмати бузургро поянда доранд. Шаҳбону ОЛИМОВА, “Ҳақиқати Суғд”


4

Шанбе, 18 сентябри соли 2021 №113 (18418)

È¿ðî÷è¸íè Õàäàìîòè è¿ðîè íàçäè ²óêóìàòè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí äàð Ñóäè è¥òèñîäèè âèëîÿòè Ñó>ä

ЌАРЗ ВА ТАРТИБИ ДОДАНИ ОН

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ба якдигар пул ё молро бо муқаррар намудани шарт‐ ҳои муайян ба сифати қарз диҳанд ва ин гуна муносибатҳои онҳо бо мафҳуми шартномаи қарз ифода мегардад. Мувофиқи шартномаи қарз, як тараф (қарздиҳанда) ба тарафи дигар (қарзгиранда)

ба моликият пул ё ашёи дорои аломати навъи муайянро месупорад ва қарзгиранда ӯҳдадор мешавад, ки дар муҳлати муайян‐ шуда ба қарздиҳанда ба таври якдафъаина ё давра ба давра маблағ ё ашёи ба қарз гириф‐ ташудаи дорои ҳамон навъ ва сифатро бар‐ гардонад. Агар маблағи шартномаи қарз аз бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1200 сомонӣ) баландтар бошад, инчунин дар ҳолате ки як тарафи шартнома, сарфи назар аз маблағ, шахси ҳуқуқӣ бошад, бояд дар шакли хаттии оддӣ баста шавад. Риоя накардани ин талаботи қонун ҳан‐ гоми ба миён омадани баҳс тарафҳоро аз ҳуқуқи тасдиқи аҳд ва шартҳои он аз истинод ба баёноти шоҳидон маҳрум менамояд. Шартномаи қарз дар сурати мавҷуд бу‐ дани забонхати қарзгиранда ё дигар ҳуҷҷате,

ки ба ӯ аз ҷониби қарздиҳанда додани маб‐ лағи муайян ё теъдоди муайяни ашёро тас‐ диқ мекунад, дар шакли хаттӣ басташуда эътироф мегардад. Қарзгиранда вазифадор аст, ба қарз‐ диҳанда маблағи гирифтаашро дар мӯҳлат бо тартиби пешбининамудаи шартнома ё за‐ бонхат баргардонад. Агар мӯҳлати баргардонидани қарз дар шартнома ё забонхат пешбинӣ нагардида бошад, он бояд аз ҷониби қарзгиранда дар мӯҳлати сӣ рӯз аз рӯзи пешниҳод намудани талабот аз ҷониби қарздиҳанда баргардо‐ нида шавад. Дар ҳолатҳое ки қарзгиранда маблағи қарзро дар мӯҳлати муайяншуда барнаме‐ гардонад, ӯҳдадор мешавад, ки барои рӯзҳои минбаъда бо назардошти ставкаи миёнаи фоизи Бонки миллии Тоҷикистон ғайр аз

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

маблағи қарз фоиз низ пардохт намояд. Агар шартномаи қарз бо шарти аз ҷо‐ ниби қарзгиранда барои мақсадҳои муайян (қарзи мақсаднок) истифода бурдани маб‐ лағҳои гирифташуда баста шуда бошад, қарзгиранда вазифадор аст, ба қарздиҳанда имконияти назорати тибқи мақсад истифода гардидани маблағи қарзро фароҳам орад. Дар сурати аз ҷониби қарзгиранда иҷро накардани шарти шартнома оид ба истифо‐ даи мақсадноки маблағи қарз қарздиҳанда ҳуқуқ дорад, аз қарзгиранда пеш аз мӯҳлат пардохтани қарзро талаб намояд. Пайрав МИРИНОЯТ, ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва кор бо матбуоти Прокуратураи вилояти Суғд

Музоядаҳои оммавии №68 ва №69 оид ба фурӯши молу мулкҳои қарздорон, ки барои таъмин намудани иҷроиши варақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №1 – 174/2021 аз санаи 15 июли соли 2021 бо истеҳсолоти иҷро таҳти №37/5 аз санаи 6 августи соли 2021 аз рӯи ҳуҷҷати иҷроварақаи иҷрои Суди иқтисодии вилояти Суғд таҳти №1 – 174/2021 аз санаи 15 июли соли 2021 оид ба аз ҳисоби муассисони ҶСП «Ресандаи Тоҷикистон РБТ» ‐ Негматуллоева Равзанабону Пӯлотовна, Мамадҷонов Баҳром Толибович ва Шукуров Абдурашид Абдураззоқо‐ вич ба фоидаи ҶДММ «Сезар»‐и ноҳияи Мастчоҳ хоҷагиҳои деҳқонии «Ҷумъаи Мурод», «Халефа», «Муҳаммадалӣ» ва «Седофак»‐и ноҳияи Мастчоҳ маблағи қарз аз ҳисоби хариду фурӯши нахи пахта ба андозаи 15156 доллари ИМА мутаносибан бо қурби асъори миллӣ баробар ба 143984,80 сомонӣ ва фоидаи аздастрафта ба андозаи 154064 сомонӣ ба фоидаи Кооперативи тиҷоратии «Наврӯз‐М»‐и ноҳияи Мастчоҳ маблағи қарзи боқимонда аз ҳисоби хариду фурӯши нахи пахта ба андозаи 137325 сомонӣ ва фоидаи аздастрафта ба андозаи 54930 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 490304 сомонӣ, ки аз ҷониби иҷрочии Хадамоти иҷро дар Суди иқтисо‐ дии вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст.

Èòòèëîè ÁÄÀ

ИНТИЗОМИ ПИЁДАГАРДОН БЕЊБУДЇ МЕТАЛАБАД

Ҳарчанд аз тарафи роҳбарияти Шуъбаи Бозрасии автомобилӣ дар вилояти Суғд, ҷиҳати пурзӯр намудани чорабиниҳои пешгирикунанда дар самти боз ҳам коҳиш додани сатҳи садаманокӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, чораҳои судманд амалӣ мегарданд, мутаассифона, вазъи интизоми иширокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан, пиёдагардон, нигаронкунанда аст. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иш‐ тироки пиёдагардон, ошкор ва пешгирӣ намудани қоидавай‐ ронкуниҳои дағали ҳаракат аз тарафи онҳо тибқи супориши роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ви‐ лоят аз санаи 26‐уми август то 5‐уми сентябри соли равон амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» ташкил ва гузаронида шуд. Зимни 10 рӯзи амалӣ намудани амалиёти мазкур ва бур‐ дани назорати доимӣ аз болои иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ 3 ҳазору 806 ҳолати аз тарафи пиёдагардон вайрон наму‐ дани талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор шуда, нисбат ба онҳо тибқи моддаи 340 қ 1, Кодекси ҲМ ҶТ баргакҳои ҷа‐

римавӣ тартиб ва ба маблағи ҳаштяк нишондиҳанда, яъне 7 сомониву 50 дирам ҷаримабандӣ шуданд. Гузашта аз ин, пешгирии садамаҳои наклиётӣ на танҳо вазифаи кормандони БДА аст, балки аз ронандагону пиёда‐

гардон низ масъулияти баландро талаб мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди шаҳрвандон дидаву донис‐ та ҷони худу ронандагонро дар хатар гузошта, аз минтақаҳои шиддатноки ҳаракати воситаҳои нақлиёт роҳро убур меку‐ нанд. Гузаргоҳи зеризаминии назди бозорҳои «Сомон» ва «Атуш», ки ҳамарӯза шумораи зиёди одамон аз ин ҷойҳо ме‐ гузаранд, маҳз ба хотири бехатарии ҳаракат дар роҳ сохта, ба истифода дода шудааст. Мутаассифона, на ҳама муҳимияти ин масъаларо дарк намуда, аз ин гузаргоҳ истифода меку‐ нанд. Ҳамин гуна ҳолат дар гузаргоҳи зеризаминии худуди шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо эҳсос мегардад. Роҳбарияти Шӯъбаи БДА Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд пиёдагардонро ҳушдор медиҳад, ки роҳро аз ҷойҳои муқарраршуда убур намоянд ва ҳаёти худ ва атрофиёнро зери хатар нагузоранд. Раҳимзода Карим Раҳим, сардори ШТТ ШБДА РВКД ҶТ

«Обуна – 2022»

ÎÈÍÀÈ ²À£ÍÀÌÎÈ ¯ÎÌÅÀ Шанбе, 18 сентябри соли 2021 №113 (18418)

«Њаќиќати Суѓд» яке аз муќаддамтарин рўзномањои ќаламрави кишвар мањсуб ёфта, алњол таърихи беш аз навадсола дорад ва њамчун нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд минбари бонуфуз ва оинаи ќаднамои њаёти муосир,

рўзгори даврони соњибистиќлолї мавќеъ ва рисолат дорад. «Њаќиќати Суѓд» њамчун дастгоњи тарѓиботу ташвиќот бањри амалигардонии сиёсати Њукумати Љумњурии Тољикистон, њидоятњои саодатбор ва дастуру супоришњои нусратбор, ќарорњову Амру Фар-

монњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, вазифаву ќарорњои бунёдсози Раиси вилоят, дастоварду наќшањои дурнамои вилояти Суѓд хизмати касбї менамояд. Рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суѓд» дар соли 2022 њам њафтае се маротиба - рўзњои сешанбе, панљшанбе ва шанбе нашр мегардад. Дар њар шумораи он аз њаёти сиёсиву иќтисодї, иљтимоиву фарњангии вилоят, кишвари бињиштосоямон Тољикистон, навгонињои хориљї ва љањони имрўз маводи љолиб интишор карда, робитаро, албатта, бо Шумо - хонандагони азиз таќвият мебахшад.

Хонандагони азиз! Ба рўзномаи «Њаќиќати Суѓд» ќабули обуна барои соли 2022 оѓоз гардидааст. Обуна дар шуъбањои шањриву ноњиявии КВД «Почтаи тољик» ва идораи рўзнома (шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, «Кохи матбуот», ошёнаи 4-ум) тариќи наќдї ва ѓайринаќдї бе мањдудият ќабул карда мешавад. Нархи обуна барои 1 сол 117 сомонї аст. Индекси обуна: 68894. Барои гирифтани маълумоти иловагї бо телефонњои 2-06-55 (идораи рўзнома) ва 6-39-74 (КВД «Почтаи тољик») мурољиат намоед. «Њаќиќати Суѓд» рўзномаи Шумо ва њамдаму њамнафаси Шумост!

БА РЎЗНОМАИ ДЎСТДОШТАИ ХУД САРИ ВАЌТ ОБУНА ШАВЕД!

Музоядаи оммавии №69

Музоядаҳои оммавии №68 ва №69 санаи 19 октябри соли 2021, со‐ атҳои 10:00 ва 11:00 дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳуҷраи кории иҷрочиёни суд дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ №181а ,ошёнаи якум, ҳуҷари №3 бо тартиби пешбининамудаи моддаи 480‐и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рӯзи нашри эълон оид ба барпошавии му‐ зояда то санаи 19 октябри соли 2021, соатҳои 10.00 ва 11.00 дар суроғаи дар боло зикргардида ба қайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ё бо телефонҳои (83422) 6‐65‐99, 6‐28‐91, 6‐64‐99 дастрас намоед.

È¿ðî÷è¸íè Õàäàìîòè è¿ðîè íàçäè ²óêóìàòè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí äàð Ñóäè è¥òèñîäèè âèëîÿòè Ñó>ä Музоядаи оммавии №70 оид ба савдои оммавии молу мулки ба гарав гузошташуда барои таъмин намудани иҷроиши варақаи иҷрои Суди иқ‐ тисодии вилояти Суғд таҳти №1‐16/2021 аз санаи 15 июли соли 2021 оид ба аз ҳисоби ҷавобгарон ‐ Самиева Моҳирахон Махкамовна, Аминҷонов Неъматҷон Раҳматҷонович ва Самиев Абдукарим ба фоидаи ФҶСП «Ав‐ валин бонки молиявии хурд»‐и шаҳри Хуҷанд рӯёнидани маблағи 273199,53 сомонӣ ва боҷи давлатии пардохтгардида ба маблағи 5649 со‐ монӣ аз ҳисоби ба фурӯши оммавӣ баровардани амволи ба гарав гузош‐ ташуда ‐ манзили истиқоматӣ воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, кӯчаи Ҳосилот 67 мансуб ба Самиев А. бо арзиши ибтидоии 500000 сомонӣ аз ҷониби иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди иқтисодии ви‐ лояти Суғд ба ҳабс гирифта шудааст.

Музоядаи оммавии №70 санаи 20 октябри соли 2021, соати 9:00 дар бинои Суди иқтисодии вилояти Суғд ҳуҷраи кории иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ №181а , ошёнаи якум, ҳуҷраи №2 бо тартиби пешби‐ нинамудаи моддаҳои 39‐41‐и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рӯзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 9:00, санаи 20 октябри соли 2021 дар сурогаи дар боло зикргардида ба қайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар Суди иқтисодии вилояти Суғд ё бо телефони (83422) 6‐64‐99 дастрас намоед.

Аз эътибор соќит

Уважаемые граждане Российской Фе‐ дерации! 19 сентября 2021 года в здании Гене‐ рального консульства России в городе Ходженте будут проводиться выборы де‐ путатов Государственной Думы Феде‐ рального Собрания Российской Феде‐ рации VIII созыва. Избирательный участок №8283 будет открыт с 8.00 до 20.00. Желающим проголосовать необхо‐ димо иметь при себе паспорт гражда‐

Шанбе, 18 сентябри соли 2021 №113 (18418)

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

нина Российской Федерации. В голосо‐ вании вправе принять участие граж‐ дане Российской Федерации, достиг‐ шие на день его проведения возраста 18 лет. При посещении избирательного участка просьба использовать защит‐ ную маску. С уважением Генеральное консульство Российской Федерации в городе Ходженте, Республика Таджикистан Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Индекси обуна 68894

* Номаи камоли А286123, ки соли 1988 мактаби миёнаи №9- уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Бобоев Раҳим Каримович додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *Шиносномаи техникии хонаи воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Тошхӯҷа Асирӣ 202а/1, 202а/2, ки ба Назаров Абдулатиф тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли №166912, ки соли 2020 МТМУ №26 –уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Зайниддинов Ҳусейнхоҷа Насриддинович додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли №018036, ки соли 1998 мактаби миёнаи №2-юми шаҳри Хуҷанд ба Раҳимова Фароғатҷон Шарифбоевна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли №000125, ки соли 1993 мактаби №23-юми шаҳри Хуҷанд ба Ӯрунова Зебо Валиевна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибори соқит дониста шавад. *Дипломи №0211053, ки 2021 таҳти №627

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба Тӯраева Ҳамидаҷон Ботиршеховна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли ГТС №007774, ки соли 2002 мактаби №18-уми шаҳри Хуҷанд ба Сатыболдыева Моҳира Алиджоновна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли БП №719007, ки МТМУ №12-уми деҳаи Қаълаи Дӯсти ноҳияи Деваштич соли 1980 ба Абдуллоева Фароғат Рухсатовна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли БП №709454, ки соли 1979 мактаби миёнаи №5-уми деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич ба Ибрагимова Патинисо Расулбердиевна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли Т-ШТУ №0520342, ки соли 2012 Гимназияи №1-уми ба номи Маҳмудхӯҷа Беҳбудии шаҳри Хуҷанд ба Надирова Фарзона Мирнадировна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Дипломи ДТО №0013027, ки соли 2007

бо ихтисоси системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва идоракунии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба Каримова Очаҷон Комиловна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Шаҳодатномаи саҳми замин таҳти № 588604, ки ба аъзои Хоҷагии деҳқонии “Оқтеппа”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Урушбоева Марғуба тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Номаи камоли ТМТА №0076475, ки соли 2003 мактаби миёнаи №10-уми шаҳри Хуҷанд ба Рузиева Гулноза Маъруфҷоновна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Шиносномаи шаҳрвандии А№03691808, ки соли 2021 ШКД-и шаҳри Хуҷанд ба Абдураҳимова Рухшона Нозимовна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. * Шаҳодатномаи хатми синфи 9 №0076279, ки соли 2003 мактаби миёнаи №9-уми шаҳри Хуҷанд ба Турсунова Махфират Абдуҳамидовна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад.

ТАСҲЕҲ

Дар музоядаи №14-и ки “Биржаи вилояти Суғд”, ки рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” (№103) аз 28 августи соли 2021 ба табъ расонидааст, чунин тағйирот ворид карда шавад: -ба ҷои калимаҳои “оид ба фурӯш баровардани амволе, ки ба санадҳои судӣ мусодира шудаанд, музояда эълон мекунад”, калимаҳои зерин ворид карда шавад: “-оид ба фурӯш баровардани моликияти коммуналии ноҳияи Мастчоҳ” музояда эълон мекунад.

Сармуњаррир Аминљон ШАРИФЗОДА Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шуъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ инти шор мекунад , ки хилофи аќидаи њайати тањририя њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои мазмуни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида наме шаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Шањбону ОЛИМОВА Њуруфчин Аълохон АБДУF АБДУF АФФОРОВА

Âåðîñòîð ²àëèì¿îí ²ÎÌÈÄÎÂ

Адади нашр 7750 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.