ҲАҚИҚАТИ СУҒД №107 04.09.2021

Page 1

Эмомалї РАЊМОН: Истиќлол арзишмандтарин комёбии халќи тољик дар охири асри бист ба њисоб рафта, Тољикистони азизамон мањз ба туфайли он њамчун узви баробарњуќуќи љомеаи љањон эътироф гардид ва мавќеи шоистаи худро дар байни кишварњои мутамаддин соњиб шуд. Банї Одам аъзои якдигаранд! Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти соли 1930 нашр мешавад

Шанбе, 4 сентябри соли 2021

№107 (18412)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

ÔÀÐÌÎÍÈ ÏÐÅÇÈÄÅÍÒÈ ¯Ó̲ÓÐÈÈ ÒίÈÊÈÑÒÎÍ Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон «Дар бораи мудофиа» фармон медиҳам: 1. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргар‐ дидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои ок‐ тябр‐ноябри соли 2021 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳо‐ латҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбони‐ кунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишовар‐ зии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳуку‐ мати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда шаванд. 2. Моҳҳои октябр‐ноябри соли 2021 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчу‐ нин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷи‐ кис‐тон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии ам‐ нияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи мил‐ лии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯ‐ шунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фав‐ қулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сар‐

раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд. 4. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раи‐ сони комиссияи даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва ко‐ рҳои дохилӣ даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби инти‐ хоби дақиқи даъватшавандагон ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо амалӣ намоянд. 5. Раисони шаҳру ноҳияҳо бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани муқаррароти моддаи 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъ‐ вати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд. 6. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Куми‐ таи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳу‐ рии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ ва рафти даъ‐ вати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусал‐ лаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намо‐ янд. 7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муоинаи назорати тиб‐ бии даъватшавандагоне, ки аз ҷониби комиссияи даъ‐ ватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо даъват шудаанд, табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафар‐ бар намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН шаҳри Душанбе 2 сентябри соли 2021, №246

САЊМИ БУЗУРГ ДАР РАВАНДИ ИСТИЌРОРИ СУЛЊ Áóð³îíèääèíè ÐàááîíO âà À³ìàäøî³è Ìàñúóä áî îðäåíè Èñìîèëè ÑîìîíO, äàðà¿àè I ñàðôàðîç ãàðäîíèäà øóäàíä Санаи 2 - юми сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои худ ду тан шахсияти шинохтаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шодравон Бурҳониддини Раббонӣ ва шодравон Аҳмадшоҳи Масъудро пас аз марг бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - ордени “Исмоили Сомонӣ, дараҷаи I” сарфароз гардониданд. Дар Фармони Президенти Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сар‐ фарозгардонии собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ бо ордени Исмоили Сомонӣ, да‐ раҷаи I” омадааст: Ба ифтихори 30‐солагии Истиқ‐ лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон собиқ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғо‐нистон, профессор Бурҳониддини Раббонӣ барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргу‐ зории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993‐1996 ва саҳми бу‐ зург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ор‐ дени “Исмоили Сомонӣ, дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад. Дар Фармони Президенти Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфа‐ розгардонии собиқ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳ‐ рамони миллии Афғонистон Аҳмад‐ шоҳи Масъуд бо ордени “Исмоили Сомонӣ, дараҷаи I” низ омадааст:

Ба ифтихори 30‐солагии Истиқ‐ лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон собиқ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусои‐ дат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар со‐ лҳои 1993‐1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон бо ордени “Ис‐ моили Сомонӣ, дараҷаи I” сарфароз гардонида шавад. Бояд гуфт, ки ордени “Исмоили Сомонӣ” мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони арзанда барои хизматҳои шоён су‐ порида мешавад. Ордени “Исмоили Сомонӣ” аз нуқра сохта шуда, ситораи ҳашт‐ қира мебошад. Канораҳои ситора зарандуд ва ситораи ҳаштқираи нуқрафоми дохилиро ташкил ме‐ диҳанд. Дар маркази ситора меда‐

лиони тасвири барҷастаи заран‐ дуди шоҳ Исмоили Сомонӣ аст. Дар давродаври медалион, дар ранги кабуди сирдавон дар ҳошияи зарандуд навиштаҷоти “Исмоили Сомонӣ” бо ҳарфҳои зарандуд на‐ вишта шудааст. Дар қисми поёни ме‐ далион ду навдаи зарандуди дарахти ғор сабт шудааст. Дар тарафи қафои ситора рақами он нақш шудааст. Тасмаи ордени “Исмоили Со‐ монӣ” тасмаи парниёни ранги кабуд буда, дар канорҳояш рахи за‐ рандуд дорад. Паҳноии тасмаи ор‐ дени “Исмоили Сомонӣ”, дараҷаи I‐ ум 100 миллиметр, паҳноии роҳҳо ва масофа аз канорҳои тасма 3 миллиметр мебошад. Зери овезаи доимӣ фулузӣ, паҳноиаш 38 мил‐ лиметр, баландиаш 10 миллиметр буда, бо тасмаи парниёни ордени “Исмоили Сомонӣ” рӯкаш шуда‐ аст. Зеҳи ордени дараҷаи I дар миёна бандинаи қутраш 8 милли‐ метр ва шерозаи тиллоранг дорад.

PREZIDENT.TJ

Áà èôòèõîðè 30 - ñîëàãèè Èñòè¥ëîëè äàâëàòèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí

30 СОЛИ СОЗАНДАГЇ ВА РУШД ИФТИХОРИ МИЛЛИИ МО! Ðà¿àááîé À²ÌÀÄÇÎÄÀ, Ðàèñè âèëîÿòè Ñó˜ä, ìóîâèíè ÿêóìè Ðàèñè Ìà¿ëèñè ìèëëèè Ìà¿ëèñè Îëèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí

Мардуми саодатманди мамлакатамон бо ифтихори баланди миллӣ ҷашни мубораку таърихӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин рӯзҳо таҷлил менамоянд. Бузургдошти ин рӯзи таърихӣ имкон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари азизи моро бо чашми дилу сари худ бубинад ва шиносад, саҳми давлат ва миллати моро дар таърих ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ арзёбӣ намояд. Дастовардҳои азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон дар тӯли ин солҳо ба шарофати сиёсати оқилона ва бохирадонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

Б

А тасвиб расидани силсилаи фармонҳои тақдирсози Прези‐ денти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурсамар ба фаъолият шурӯъ намудани Парлумони касбӣ ва қабули қонунҳои нав, таҳия ва амалӣ гардидани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, Стратегияи миллии рушд ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ, пойдор шудани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон, сафарҳои пурсамар ва пайвастаи Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, супориш, дастур, кӯмаки ҳамаҷонибаи он кас ва сари вақт андеши‐ дани тадбирҳои судманд барои амалӣ гардидани ҳадафҳои пешби‐ нишуда заминаи мусоид гузоштаанд. Дар тӯли 30 соли Истиқлол, аз ҷумла мардуми вилояти Суғд ба дастовардҳои куллӣ муваффақ гардиданд ва вилоят симою тарҳи то‐ заеро дар зиндагиву фаъолият ва истеҳсолоту иқтисодиёт ба худ ги‐ рифт. Чунончӣ, баҳри пешбурди соҳаи иқтисодиёти вилоят корҳои назаррас ба иҷро расонида шуданд. Шумораи корхонаҳои саноатӣ, хусусӣ зиёд гардида, таъмиру сохтмон рушд ёфт ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардиданд, ки ин бевосита ба иқтисодиёти вилоят таъсири мусбӣ расониданд. Дар зарфи 30 соли Истиқлол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ зиёд гардида, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ дар истеҳсолот таъсис дода, истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ карда шуданд. Афзоиши маҷмӯи маҳсулоти кулли дохила аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хиз‐ матрасонӣ таъмин гардида, дар давраи истиқлолият нишондиҳан‐ даҳои иқтисодӣ, хусусан баъди соли 1997 тамоюли рушдро гирифт. Аз солҳои аввали истиқлоли ҷумҳурӣ бо мақсади таъмини усту‐ вории макроиқтисодӣ масъалаҳои таъмини пойдории асъори миллӣ, боздоштани беқурбшавии он, тадриҷан паст кардани тавар‐ рум, тақвияти бозори истеъмолӣ ҳамчун омили асосии таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, таҷдиди сохтори соҳаҳои воқеии иқ‐ тисодиёт ва иҷтимоиёт, такмили соҳаи буҷети давлатӣ, самаранок намудани фаъолияти мақомоти андозу молия ва бо ин роҳ тадриҷан баланд бардоштани даромади буҷет, таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳо, сол ба сол афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аф‐ залияти асосӣ дониста шуда, барои татбиқи ин ҳадафҳо дар вилоят тӯли солҳои 1991‐2020 тамоми захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд. Таъмини рушди бахши воқеӣ ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқти‐ содиёт дар мадди аввал қарор дода шуд. Афзоиши маҷмӯи маҳсу‐ лоти минтақавӣ аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят, аз ҷумла саноату ки‐

шоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ таъмин гардида, дар давраи 10 соли охир нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба марҳалаи рушди бонизом тамоюл карданд. Дар натиҷаи андешидани силси‐ лаи тадбиру чорабиниҳо маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар соли 2020 ба 21,6 миллиард сомонӣ баробар гашта, нисбат ба соли 2000 – 44,3 маротиба ва нисбат ба соли 2010‐ум 3,8 маротиба афзуд. Дар давраи Истиқлолият дар доираи татбиқи 73 лоиҳаи давла‐ тии сармоягузорӣ дар вилоят беш аз 1,1 миллиард доллари амри‐ коӣ азхуд карда шудааст. Ба ҳолати 1‐ум июли соли 2021 дар вилоят 17 лоиҳаи сармоягу‐ зории давлатӣ амалӣ гардида истодаанд, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то инҷониб азхудшуда 201,7 миллион доллари амри‐ коиро ташкил медиҳад. Дар давраи солҳои 2007 ‐ 2021 ба иқтисодиёти вилоят 3,042 мил‐ лиард доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз онҳо 2,042 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузории мустақимро ташкил медиҳад. Соҳибкорӣ меҳвари рушди устувори иқтисодиёт буда, ба ҷа‐ раёни инноватсионӣ ва пешравии илмиву техникӣ суръат бахшида истодааст. Ба ҳолати 1‐уми июли соли 2021 шумораи умумии субъ‐ ектҳои соҳибкорӣ дар вилоят 113 ҳазору 92 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020‐ум 10 ҳазору 786 нафар ва нисбат ба соли 2009 қариб 19 маротиба зиёд мебошад. Андешидани тадбирҳо оид ба рушди устувори макроиқтисодӣ, роҳандозӣ намудани сиёсати мутавозини пулию қарзӣ ва ислоҳоти сохторӣ барои афзоиши нақшаҳои буҷети давлатӣ мусоидат намуд. Соли 2020‐ум нақшаи воридоти маблағ ба буҷети давлатии ви‐ лоят 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2452,2 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2000 ‐ 2402 миллион сомонӣ ё 47 ма‐ ротиба ва нисбат ба соли 2010‐ум 1948,8 миллион сомонӣ ё 4,9 ма‐ ротиба зиёд аст. Нақшаи қисми даромади буҷети вилояти Суғд дар соли 2021‐ум дар ҳаҷми 3149 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, да‐ ромади буҷети вилоят нисбат ба соли 2001 ‐ум 62,8 маротиба ё беш аз 3,1 миллиард сомонӣ афзудааст.

2


2

Шанбе, 4 сентябри соли 2021 №107 (18412)

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Âàòàíè ìó¥àääàñè ìî ³àì¥àäàìè çàìîí àñò! Áà èôòèõîðè 30 - ñîëàãèè Èñòè¥ëîëè äàâëàòèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí

30 СОЛИ СОЗАНДАГЇ ВА РУШД ИФТИХОРИ МИЛЛИИ МО!

Идома аз саҳ. 1 Агар дар соли 2001‐ум қисми хароҷоти буҷети вилоят ҳамагӣ 35,9 миллион сомонӣ ва дар соли 2010 ҳамагӣ 448,2 миллион сомониро ташкил карда бошад, он дар соли 2020 ба 1875,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки мутаносибан 52 маротиба нисбат ба соли 2001 ва 4,2 маротиба нисбат ба соли 2010 зиёд мебошад. Давоми 20 соли охир ҳиссаҷудокунӣ аз андозу даромадҳои умумидавлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ тадриҷан афзуда, агар он дар соли 2001‐ум 16,1 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишон‐ диҳанда дар соли 2021‐ум 806,5 миллион сомонӣ нақшабандӣ шуда, ҳиссагузорӣ ба буҷети ҷум‐ ҳуриявӣ дар ин давра 50 баробар афзудааст. Ин ба мо имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншооти муҳими давлатиро тадриҷан зиёд намоем. Дар соли 2021 ба соҳаи тандурустӣ 592,4 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, нисбат ба соли 2001‐ум 85,8 маротиба аф‐ зоиш ёфтааст. Дар соҳаи маориф низ маблағ‐ гузорӣ 70,2 маротиба афзуда, он аз 15,9 миллион сомонии соли 2001 то ба 1 миллиарду 116,1 мил‐ лион сомонӣ дар соли 2021 пешбинӣ гардидааст. Натиҷаи рушди иқтисодӣ имкон дод, ки марҳала ба марҳала сатҳи маош ва даромади умумӣ ба ҳар як сари аҳолӣ зиёд гардида, сатҳи зиндагии мардуми вилоят нисбатан боло равад. Аз соли 2000 то соли 2020 маоши миёна аз 13,45 сомонӣ ба 1236,26 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2000‐ум 91,4 маротиба ва нисбат ба соли 2010‐ум 47,7 маротиба зиёд гардид. Соҳаи саноат асоси инкишофи иқтисодиёти ви‐ лоят ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар соли 2020 дар қаламрави вилоят 650 корхо‐ наи хурду калони саноатии дорои шаклҳои гуно‐ гуни моликият фаъолият доштанд. Феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ зиёда аз 191 номгӯи маҳсулотро дар бар мегирад. Аз соли 1991 то имрӯз шумораи корхонаҳои хурду калони саноатӣ 531 адад зиёд шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сол аз сол афзоиш ёфта, дар соли 2020 ба маблағи 15 миллиарду 401,5 миллион сомонӣ маҳсулот ис‐ теҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2010‐ум панҷ маротиба зиёд мебошад. Тӯли солҳои охир дар соҳаи саноати вилоят як силсила корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо ҷойҳои нави кории ҷа‐ вобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба истифода дода шуда, дар ин замина истеҳсоли номгӯйи маҳсу‐ лоти асосӣ зиёд гардида, имконияти боз ҳам зиёдтар истеҳсол намудани маҳсулоти воридоти‐ вазкунанда муҳайё гардидааст ва ба ин васила ба диверсификатсияи истеҳсолот замина гузошта шуда истодааст. Дастоварди бузург барои сано‐ атчиёни вилоят ин ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот, ба монанди дару тирезаҳои пластикӣ, лӯлаҳои обгузари пластикӣ, семент, рангҳои сохтмонӣ, шиша, оби газноку афшураҳои гуно‐ гун мебошад, ки воридоти ин намудҳои маҳсулот аз хориҷи кишвар сол аз сол кам гардида истода‐ аст. Тайи солҳои охир вобаста ба мавҷудияти ашёи хом ва содироти ҳарчи бештари маҳсулот дар ҳудуди вилоят зиёда аз 20 корхонаҳои кор‐ кард ва бандубасти меваи хушк таъсис ёфта, маҳ‐ сулоти онҳо ба хориҷи кишвар содирот шуда истодааст. Тайи солҳои 2010‐2020 якчанд корхонаҳои са‐ ноатии хурду бузург ба истифода дода, ба таҳ‐ кими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Рушди устувори иҷтимоию иқтисодии сол‐ ҳои охир дар вилоят бевосита ба афзоиши ҳаҷми нишондиҳандаҳои савдои яклухту чакана ва хиз‐ матрасонии пулакӣ таъсири мусбат расонида ис‐ тодааст. Афзоиши ҳаҷми савдои чакана ва ба роҳ мон‐ дани намудҳои нави хизматрасониҳои пулакӣ бозгӯйи афзоиши босуръати даромадҳои пулии аҳолӣ, беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум буда, аз рушди бонизоми бозори истеъмолӣ дарак медиҳад, ки худ индикатори рушди иҷти‐ моию иқтисодии вилоят маҳсуб меёбад. Баъд аз таназзули Иттиҳоди Шӯравӣ бо пош хӯрдани

системаи марказонидашудаи таъминот нишон‐ диҳандаҳои соҳаи хизматрасонӣ якбора паст шуда, дар соли 2000 ба ҳадди пасттарин расид ва дар ин сол ҳамагӣ ба маблағи 137,8 миллион со‐ монӣ ба аҳолӣ хизматрасонӣ карда шудааст. Хушбахтона, бо ҷорӣ гардидани намудҳои нави хизматрасонӣ ва тадриҷан боло рафтани сатҳи некӯаҳволии халқ рушди босуръати соҳа таъмин гардида, дар соли 2020 ба маблағи 3282,4 мил‐ лион сомонӣ ба аҳолӣ хизматрасонӣ карда шуд, ки нисбат ба соли 2000 ба қадри 22,9 баробар ва нисбат ба соли 2010‐ум 1,6 баробар зиёд мебо‐ шад. Нишондиҳандаи савдои яклухту чакана дар ҷамъбасти соли 2020 ба 11054,2 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2000 5,1 баробар ва нисбат ба соли 2010‐ум 2,8 баробар зиёд мебошад. Кишоварзӣ дар ви‐ лоят соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро бо рушди ин соҳа пешрафти соҳаҳои саноати ви‐ лоят алоқаманд буда, дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор нақши аввалиндараҷа мебо‐ зад. Солҳои охир ислоҳоти комплекси агроса‐ ноатӣ идома ёфта, бо таҷдиди корхонаҳои соҳа дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа бо назардошти ташкили хоҷагиҳои деҳқонии ин‐ фиродию оилавӣ дар вилоят ҳоло наздик 70 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ бо шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ фаъолият бурда истодаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зару‐ риву саривақтӣ тайи соли 1991‐2020 аксарияти номгӯи асосии зироатҳои кишоварзӣ бамаротиб зиёд карда шуд, ки ин омил барои дар амал тад‐ биқ намудани яке аз ҳадафҳои олии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас до‐ ранд. Чунончӣ, тибқи маълумоти оморӣ, маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят дар соли 2020‐ум ба 10 миллиарду 820,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки дар муқоиса нисбат ба нишон‐ доди соли 1991‐ум 4,1 маротиба ё ин ки 8 милли‐ арду 211,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ғайр аз ин дар давоми 30 соли охир ҷиҳати аз‐ худкунии заминҳои нави обёришаванда, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт холимонда тадбирҳои саривақтӣ анде‐ шида шудаанд. Таҳлили нишондодҳои оморӣ собит намуд, ки масоҳати кишти зироатҳои кишоварзӣ аз 256772 гектари соли 1991 ба 278634 гектар дар соли 2020‐ум расонида шуд, ки афзоиш 8,5 фоиз таъмин гашта, 21862 гектар зиёд мебошад. Аз таҳлили нишондиҳандаҳои соҳа бармеояд, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ як қатор корҳои муайян ба сомон ра‐ сонида шудааст. Агар соли 1991 майдони кишти ғалладонагиҳо дар вилоят 95538 гектарро ташкил диҳад, пас соли 2020 ин нишондод ба 124003 гек‐ тар расонида шуда, нишондоди мазкур дар соли 2020 нисбати соли 1991‐ум 1,3 маротиба афзуд. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо бошад, соли 1991‐ум 103285 тоннаро ташкил медод. Дар на‐ тиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ ва қабул гар‐ дидани Барномаҳои давлатӣ ҳаҷми истеҳсоли ғалла дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар соли 2020‐ум 351375 тонна нисбати соли 1991‐ ум наздик 3,4 баробар афзоиш ёфт. Ҷолиби қайд аст, ки дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бар‐ доштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, ис‐ тифодаи тухмиҳои баландҳосил ва ҷорӣ намудани технологияи муосири парвариш ба зи‐ ёдшавии ҳосилнокии зироатҳо, аз ҷумла ғалла‐ донагиҳо мусоидат намуда истодааст. Картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, сол аз сол зиёд намудани майдони кишти он дар назар дошта шудааст. Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 512,1 ҳазор тонна расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба 20743 тоннаи соли 1991‐ум 24,7 маротиба зиёд гардидааст. Тибқи маълумотҳо, дар соли 1991 ҳаҷми ис‐ теҳсоли сабзавот мувофиқи вилоят 125415 тон‐ наро дарбар гирифта, ин нишондод соли 2020‐ум 561187 тоннаро ташкил медиҳад. Нишондоди ис‐

теҳсоли сабзавот дар 30 соли охир наздик 4,5 ба‐ робар афзуда, 435772 тонна зиёд мебошад. Баҳри таъмин намудани аҳолии вилоят бо сабзавоти тару тоза дар фаслҳои тирамоҳу зи‐ мистон дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 463 адад гармхонаҳо бунёд карда шуд, ки аз он 287 адад типи хитоӣ ва 5 адад гармхонаҳои инноват‐ сионӣ мебошад. Ин мусоидат намуд, ки истеҳ‐ соли сабзавот дар гармхонаҳо ба 766,6 тонна расонида шуд. Соли 2020‐ум кишоварзон 151820 тонна по‐ лезӣ истеҳсол намуданд, ки ин нишондод нис‐ бати соли 1991‐ум 138563 тонна ё ин ки 11,5 маротиба зиёд мебошад. Дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми боғу ток‐ парварони шаҳру ноҳияҳои вилоят низ назаррас мебошад. Таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри рушди соҳаи боғу токпарварӣ ба рушду такомули соҳа заминаи мусоид фа‐ роҳам овард. Аз ҷумла, ҷиҳати васеъ намудани майдонҳои боғот Барномаҳои махсуси давлатӣ қабул гардида, танҳо тибқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010‐2014 дар майдони зиёда аз 20430 гектар ва солҳои 2016‐2020 зиёда аз 4800 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шуданд. Давоми соли 2020‐ум 139395 тонна меваҷот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 1991‐ум 94672 тонна, ё ин ки 3,1 баробар аф‐ зудааст. Вилоят ҳамеша дар самти таҳкими равобити иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ тавассути захираҳои табиии худ маҳсу‐ лоти баландсифати соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ нақши калидӣ дошта, бо зиёда аз 60 давлати ҷаҳон муносиботи иқтисодии тиҷоратӣ дорад. Равобити иқтисодии берунии вилоят сол аз сол густариш меёбад ва имрӯз давлатҳо, ба монанди Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Хитой, Беларус, Қирғизистон, Швейтсария, Литва, Латвия, Грузия, Хорватия, ИМА, АМА, Италия, Корея, Туркия, Ветнам, Британияи Кабир, Эрон ва ғайраҳо бо вилоят муносибатҳои тиҷоратӣ доранд. Агар солҳои қаблӣ намудҳои асосии маҳсу‐ лоти содиротӣ ин маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳ‐ сули коркарди он, аз ҷумла маҳсулоти пахтагӣ, меваи хушк, консервагиҳо ба шумор раванд, сол‐ ҳои охир сохтори содироти вилоят куллан дигар‐ гун шудааст. Ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла семент ва консентрати маъдан босуръат зиёд шуда, дар маҷмӯъ наздик 70 фоизи ҳаҷми уму‐ мии содиротро ташкил медиҳад. Номгӯи маҳсу‐ лоти асосии воридотӣ тадриҷан коҳиш ёфта, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда роҳан‐ дозӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, воридоти орд, равған, масолеҳи бинокорӣ, семент сол аз сол кам шуда, барои истеҳсоли орд гандум ворид гардида истодааст. Ҳамзамон, воситаҳои нақ‐ лиёт, таҷҳизоти технологӣ, маҳсулоти нафтӣ ва чӯбу тахта маҳсулоти пурра воридотӣ маҳсуб ме‐ ёбанд. Дар соли 2020 гардиши савдои хориҷии ви‐ лояти Суғд ба 1667,6 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2010‐ум 1,8 маротиба зиёд буда, содирот 353,8 миллион дол‐ лар ва воридот 1313,8 миллион долларро ташкил медиҳад. Вазъи муносиби ҷуғрофии вилоят ва ҷобаҷо‐ гузории нисбатан баробари субъектҳои иқти‐ содӣ дар ҳудуди он бунёди инфрасохтори нақлиётии рушдёфтаро таъмин менамояд. Дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ имрӯз‐ ҳо зиёда аз 50 ширкатҳо бо шакли гуногуни мо‐ ликият фаъолият карда, бо хизматрасониҳои гуногун талаботи муштариёнро қонеъ карда ис‐ тодаанд. Дар соли 2020 ҳаҷми боркашонӣ ба 26,6 миллион тонна ва мусофиркашонӣ ба 196,1 мил‐ лион нафар расонида шуда, нисбат ба соли 2010 мутаносибан 1,1 баробар афзудааст. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободкориву созандагӣ, беҳдошти ҳолати техни‐ кии роҳҳои автомобилгард тибқи қарори Раиси вилоят аз 10‐уми январи соли 2014, №15 Барно‐ маи вилоятии «Соли 2014‐соли роҳҳои обод» қабул гардида, солҳои минбаъда тибқи нақша корҳо дар ин самт идома дорад. Дар доираи Бар‐ номаи вилоятии “Роҳҳои обод» давоми солҳои 2014‐2020 дар миқёси вилоят 1218,46 километр роҳҳо пурра мумфарш (таъмири асосӣ) карда шуд. Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе‐ Хуҷанд‐Бӯстон‐Чаноқ ва сохтмони нақби Шаҳрис‐ тон бо арзиши 296 миллион доллари амрикоӣ аз ҷониби Корпоратсияи сохтмони роҳ ва кӯпрук‐ ҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ба масофаи 354,1 километр амалӣ гардида, роҳи автомобилгарди Айнӣ ‐ Панҷакент бо дарозии 112,6 километр бо арзиши 115,3 миллион доллари амрикоӣ аз ҷо‐ ниби Ширкати сохтмонии «Сансиян Бейсин»‐и Ҷумҳурии Халқии Хитой азнавсозӣ карда шуд. Давоми солҳои Истиқлолият дар соҳаи сохт‐ мони вилоят дигаргуниҳои куллӣ ба миён ома‐ данд. Сохтмончиёни вилоят аз рӯзҳои аввали истиқлолият барои ободу зебо гардонидани диё‐ рамон камари ҳиммат баста, дар ин муддат ҳа‐ зорҳо иншоотҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода супоридаанд. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин муддат симои ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои ви‐ лоят дигаргун шуда, тарҳи замонавӣ гирифтанд. Тайи солҳои Истиқлолият теъдоди муасси‐ саҳои таҳсилоти умумии вилоят аз 740 то ба 938 адад, шумораи хонандагони муассисаҳо аз 409,6 то ба 565,2 ҳазор нафар ва омӯзгорони мактабҳо аз 30,7 то ба 40,1 ҳазор нафар афзуд. Тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ муасси‐ саҳои таълимии вилоят бо 4527 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, 898 каби‐

нети технология (меҳнат), 436 толори варзишӣ, 873 майдончаи варзишӣ, 847 майдончаи сафороӣ таъмин карда шуданд. Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқ‐ лоли Тоҷикистон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон та‐ ваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба таҷдид ва рушди соҳаи тандурустӣ ҷалб намуда, онро вазифаи таъхир‐ нопазири замон донистаанд. Дар давраи Истиқ‐ лолият шумораи муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳо аз 98 ба 162 адад, марказҳои саломатии деҳот аз 116 то ба 217 адад, бунгоҳҳои саломатӣ аз 326 то ба 350 адад афзуданд. Аз соли 2005 то ин давра 7 бинои нави иншо‐ оти соҳаи тандурустӣ (шӯъбаҳои амрози асаб ва ҷарроҳии асаби Беморхонаи клиникавии шаҳ‐ рии №1 ‐ и шаҳри Хуҷанд, соли 2007 бинои нави шӯъбаи табобатии Маркази дилшиносии ви‐ лоят, соли 2009 бинои нави шӯъбаи табобатии маркази вилоятии солимгардонии бемориҳои дилу шараён, соли 2011 бинои нави шӯъбаи бе‐ морхонаи ноҳиявии №1 ва бинои нави Маркази саломатии “Тоҷикистон”‐и Ҷамоати деҳоти Хис‐ теварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2013 бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Ашт ва таъмири куллии таваллудхонаи вилоятӣ бо ҷиҳозонидани таҷҳизоти муосир) ба истифода дода шудааст. Инчунин, давоми 10 соли охир барои муасси‐ саҳои тиббии вилоят 118 адад нақлиёти хизматӣ дастрас карда шуд. Дар миқёси вилоят соли 2010 ҳамагӣ 18 муассисаи хусусии тиббӣ фаъолият мебурданд. Имрӯз шумораи муассисаҳои хусу‐ сии тиббӣ ба 193 адад расида, тибқи феҳристи иҷозатномаҳои амалкунанда 193 адад муассиса (88 адад шахсони ҳуқуқӣ, 82 адад шахсони воқеӣ ва 23 адад филиалҳо) ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул мебошанд. Вилоят дорои фарҳанги бой буда, ҳифзи он яке аз самтҳои асосии соҳа мебошад. Дар вилоят алҳол 716 муассисаи фарҳангӣ‐фароғатӣ, аз ҷумла 362 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 6 клуби сайёр, 95 қаср, кохҳо ва хонаҳои фарҳанг, 15 осорхонаи таърихӣ ‐ кишваршиносӣ дар шаҳру ноҳияҳо, 3 маҷмааи фарҳангӣ, 22 боғи фарҳангӣ‐фароғатӣ, 5 театри халқӣ, 7 театри касбӣ, 4 ансамбли тарона ва рақс, 2 филармо‐ нияи халқӣ, 30 мактаби бачагонаи санъат, му‐ сиқӣ ва рассомӣ, 11 ансамбли “Шашмақом” фаъолият дошта, 1190 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.

раванд Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои мил‐ лии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани за‐ нону духтарон, дастгирии ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ марказҳои таълимӣ‐истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави вилоят ташкил намуда, алҳол шумораи ин марказҳо ба 282 адад расида‐ аст. Аз ин шумора 104 адад маркази таълимӣ‐ис‐ теҳсолии атласу адрасбофӣ ва 178 адад маркази дигар намуди ҳунарҳо мебошад. Инчунин, дар марказҳои таълимӣ ‐ истеҳсолии атласу адрас‐ бофӣ зиёда аз 654 адад дастгоҳҳои атласу адрас‐ бофӣ насб гардида, 24844 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунармандӣ ҷалб карда шудаанд. Ҳамзамон, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи варзиш дар самти сохтмони толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ тадбирҳои за‐ рурӣ андешида мешаванд. Тибқи маълумот, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2673 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 46 варзишгоҳ, 1845 майдончаи варзишӣ, 567 толор, 34 ҳавзи шиноварӣ ва 181 маҷмааю ин‐ шооти махсуси варзишӣ фаъолият доранд. Дар соли 2020 дар маҷмӯъ 39 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 1 варзишгоҳ, 9 толори варзишӣ, 28 май‐ дончаи варзишӣ ва 1 ҳавзи шиноварӣ бо маблағ‐ гузории буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон мавриди истифода қарор гирифтанд. Танҳо тайи 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Конибодом ва Мастчоҳ вар‐ зишгоҳҳои замонавӣ бо 10000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуданд. Дар ин марҳалаҳои таърихӣ ва рушду пеш‐ рафти кишвар яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ташак‐ кули афкори ҷамъиятии мусоид ба ҳадафҳои со‐ зандаи давлату Ҳукумат ва сафарбар намудани аҳолӣ барои ҳалли муаммоҳои мавҷуда ба ҳисоб мерафт, ки дар ин самт корҳои муайян ва мушах‐ хас амалӣ гардиданд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кӯшиш ба харҷ дода шуд, то сокинони вилоят вазифаҳои созандагиро иҷро намуда, барои ташаккули ҷомеаи мутамаддин ва адолат‐ пеша қадамҳои устувор гузоранд. Гузаронида шудани озмунҳои гуногун, аз қабили “Маҳаллаи беҳтарин”, “Ҷамоати шаҳраку деҳоти беҳтарин”, “Шаҳр (ноҳия)‐и беҳтарин”, “Соҳибкори сол”, “Мутахассиси беҳтарин”, “Атласи тоҷик”, “Чако‐ маи гесӯ” ва фестивалу ярмаркаҳои гуногун баҳри таҳкими ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва сар‐ ҷамъии мардум боз ҳам мусоидат намуданд.

Боиси қайд аст, ки чун дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи фарҳанг бомаром сохтмон, таҷдид ва азнавбарқароркунӣ роҳан‐ дозӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, Қасри фарҳанги «Гулистон»‐и ноҳияи Ҷаббор Расулов (марти соли 2015), Кохи фарҳанги «Суғдиён»‐и шаҳри Хуҷанд (моҳи сентябри соли 2016), Театри давла‐ тии вилоятии мусиқӣ‐драмавии ба номи Маҳмуд‐ ҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт (марти соли 2016), Маҷмааи фарҳангӣ‐таърихии «Истиқлол» дар шаҳри Хуҷанд (14.09.2016), Қасри фарҳанг дар ноҳияи Шаҳристон (24.06. 2018), Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Хуҷанд (марти соли 2019), Қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (марти соли 2019), Қасри фарҳанги «Зафар» дар ноҳияи Зафаробод (сентябри соли 2019), Қасри фарҳанг дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ (14.09.2020), Боғи фарҳангӣ‐фароғатии ба номи «Тоҷикистон»‐и ноҳияи Мастчоҳ (14.09.2020), Қасри фарҳанги «Куруш»‐и Ҷамоати деҳоти Ку‐ руши ноҳияи Спитамен (1.04.2020), Бинои сеошё‐ наи китобхонаи марказӣ дар ноҳияи Спитамен (1.04.2020) ошёнаи 1‐китобхона, ошёнаи 2‐осор‐ хона, ошёнаи 3‐мактаби мусиқии бачагонаи №2 , Қасри фарҳанг дар Ҷамоати Ворухи шаҳри Ис‐ фара (апрели соли 2021) азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Ҳамчунин, ёдгории таърихии шаҳраки Саразм дар шаҳри Панҷакент (соли 2020) аз нав барқарор гардид. Дар 30 соли Истиқлол шумораи осорхонаҳо аз 7 ба 15 адад расонида шуд. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Ҷаббор Расулов 6 адад Хона‐осорхона таъсис ёфтанд. Шоистаи қайд аст, ки бо иқдом ва даст‐ гириҳои бевоситаи Сарвари давлат ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят аз нав эҳё гардида, дар ин

Имрӯз дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммул‐ пазирӣ тадриҷан ба меъёрҳои асосии муносибат табдил меёбанд. Дар заминаи ҳамкории пайваста бо ҳизбу ҳаракатҳо, созмонҳои ҷамъиятиву ғайри‐ давлатӣ ва марказҳои маданӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки ҳар як зуҳуроти эҷодкунандаи монеа ба пешравии кишвар пайгирона аз байн бардошта шавад. Воқеан ҳам, имрӯз дар ин фазои мусоиди сулҳу ваҳдати кишвар фаъолон, адибон, олимон, за‐ нону ҷавонон, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъ‐ иятӣ дар самти ташвиқу тарғиб ва пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби экстремистӣ, радикализми сиёсиву динӣ, нашъамандӣ, хариду фурӯши ода‐ мон, фасодкорӣ, инчунин падидаҳои беҳбуди таъ‐ лиму тарбия, рушди маориф, тарзи ҳаёти солим корҳои назаррасро анҷом дода, обрӯю эътибори миллату давлатро баланд бардошта истодаанд. Баргузории мулоқотҳо ва қабули шаҳрвандон аз ҷо‐ ниби Раиси вилоят, ки ҷиҳати иҷрои супориши Сарвари давлат амалӣ мегарданд, бешак, ба ра‐ ванди демократикунонии ҷомеа ва ҳалли мушки‐ лоти зиёди дар маҳалҳо ҷойдошта такон бахшид.

Бо сарҷамъиву муттаҳидии сокинони вилоят чорабиниҳои бузурги сиёсиву фарҳангии ҷумҳуриявӣ дар вилоят дар сатҳи бошукӯҳу хотирмон доир гадида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода шуд. Мардуми вилоят бо эҳсоси баланди ватандорӣ ва худшиносии миллӣ тасмим гирифтаанд, ки ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои шоиста истиқбол менамоянд.


²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

3

Шанбе, 4 сентябри соли 2021 №107 (18412)

Øóêóôîí áîø êèøâàðè ìà³áóáìóëêè îáîäó ïåøðàôòà! ТАВАЉЉУЊ ВА ЭЊТИРОМИ ЗАЊМАТИ ШОИСТА Ðàèñè âèëîÿò ñîáè¥àäîðîíè ñî³àè ìàîðèôðî à¸äàò íàìóä

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи Дониш ба манзили собиқадорони соҳаи маориф, аз ҷумла Рафоат Раҳимова ва Мухтор Комилов рафта, онҳоро аёдат намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадо‐ рони соҳаи маориф пурсон шуд, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд. Таъкид гардид, ки соҳаи маориф на танҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон мебошад, балки он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин за‐ мина, дар вилоят низ сол аз сол ба соҳаи мактабу маориф диққати хоса дода мешавад. Маҳз, дастгирии омӯзгорону хо‐ нандагон аст, ки панҷ сол инҷониб теъдоди ғолибони олим‐ пиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагон, мураббияву омӯзгорони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мақомҳои арзандаро ишғол менамоянд. Бахусус, иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни ви‐ лоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азиз ман” ва “Илм – фу‐ рӯғи маърифат” шоистаи таҳсин буда, аз дараҷаи баланди омодагӣ ва касбияти хонандагону устодон гувоҳӣ медиҳад. Алҳол пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул‐фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҳарчи бештар фаро гириф‐ тани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, бунёди муасси‐ саҳои нави таълимӣ, тарбияи ҷавонони бо донишҳои замон мусаллаҳ ва худшиносу худогоҳ истодааст. Рафоат Раҳимоваи 82 сола ва Мухтор Комилов, ки 40 соли умри ибратбахши худро ба рушди соҳаи маориф бахшидаанд, ба ин таваҷҷуҳу эҳтиромгузорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуданд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Ñàôàðè êîðèè Ðàèñè âèëîÿòè Ñó>ä Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà áà øà³ðè Èñôàðà

АЗМИ ЌАВЇ ДАР ХИЗМАТИ НАМУНАВЇ

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 2 - юми сентябри соли 2021 Раиси вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Ворух бо фаъолияти дастаи воҳиди таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дар шаҳри Исфара, бо шароити будубоши сарбозони қисми низомии қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа шинос гардид.

Ðàèñè âèëîÿò ôàðîðàñèè ¿àøíè 30-ñîëàãèè Èñòè¥ëîëðî áà àôñàðîíó ñàðáîçîí òàáðèê ãóôò

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо ҳо‐ миёни марзу бум фарорасии ҷашни мубораки 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли афсарону сарбозон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи ҳифзи манфиатҳои давлату миллат барору комёбиҳо таманно кард. Қайд карда шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ‐ тарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат баҳри таъ‐ мини сулҳу субот ва амнияти мардум корҳои назаррас ба сомон расида, барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ ша‐ роити хуби хизматӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Маҳз, бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу но‐

муси Ватан, яъне афсарону сарбозон ва кормандони мақо‐ моти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мар‐ думи кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардид. Ҳомиёни Ватан дар лаҳзаҳои хеле мушкил ҳамчун муҳо‐ физони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд. Таъмини сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, ба дастовардҳои на‐ заррас соҳиб гардад. Барои афсарону сарбозон аз ҷониби Раиси вилоят кӯмакҳои моддӣ дастрас карда шуд.

МАКТАБИ ЗАМОНАВЇ - ШАЊОМАТИ МАЪРИФАТ Øèíîñîèè Ðàèñè âèëîÿò áî ñîõòìîíè èíøîîòè ¿àøíO äàð øà³ðè Èñôàðà

Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Исфара бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд. Роҳбарияти вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла аз раванди омодагии Мактаби байнал‐ милалии «Академияи Контакт Интернейшнл» ба соли нави таҳсил, бунёди биноҳои таълимии замонавии мактаби мазкур, таҷҳизоту аёния‐ тҳои он дидан намуд. Бояд гуфт, ки калонтарин иншооте, ки имрӯз туҳфаи арзанда ба ҷашни

бузурги умумимиллӣ‐30 ‐ солагии Истиқлоли давлатӣ аст, Мактаби байналмилалии «Акаде‐ мияи Контакт Интернейшнл» мебошад. Муас‐ сисаи нави таълимӣ тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исроилҷон ва Нарзул‐ лоҷон Улмасовҳо сохта шуда, барои 1600 хо‐ нанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот дар маркази шаҳр басо боҳаша‐ мат қомат афрохта, аз 5 бино, аз ҷумла ду бинои таълимӣ бо 40 синфхонаи фаннӣ, як бинои маъмурӣ бо ҳуҷраҳои барҳаво, маҷ‐ лисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва дигар инфрасох‐ тори зарурӣ иборат мебошад. Дар таҳхонаи бинои асосии муассиса синфхонаҳои касбу

ҳунаромӯзӣ ташкил карда шудааст. Лоиҳаи иншооти нави таълимӣ аз ҷониби КВД «Лоиҳакаш»‐и шаҳри Исфара таҳия гар‐ дида, лоиҳаи харҷномавии он, яъне сохтмон ва муҷаҳазгардонӣ 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Барои иҷрои корҳои сохтмонию васл‐ гарӣ 100 нафар сокинони маҳаллӣ ҷалб шуда буданд. Дар мактаб беҳтарин шароити таълим, ки ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалии соҳаи маориф мебошад, фароҳам оврада шудааст. Синфхонаҳои фаннию таълимӣ ва дигар ҳуҷ‐ раҳои иншоот бо таҷҳизоти навтарини соҳа ҷиҳозонида шудаанд. Дар муассисаи нав таълим бо назардошти низоми муосир ва мутобиқ ба стандарти бай‐ налмилалӣ ба роҳ монда шуда, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ бо фарогирии адабиёти ҷаҳон мутобиқ ба завқи хонандагон ташкил

гардидааст. Намои берунаи бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ ва мутобиқ ба та‐ лаботи имрӯза ороиш дода шудааст. Раиси вилоят ҳамзамон сохтмони кӯдакис‐ тони хусусии соҳибкорони маҳаллӣ, маркази хизматрасониву биноҳои баландошёнаи ис‐ тиқоматӣ, майдони Парчами давлатӣ, бинои маъмурии ҲХДТ дар шаҳрро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати дар сатҳи баланд омода на‐ мудани иншооти ҷашнӣ супоришҳо дод. Ҳамчунин, Раиси вилоят собиқадорони ҷангу меҳнат, ходимони намоёни давлативу сиёсӣ, ки умри хешро сарфи ободии диёр ва пешрафти он кардаанд, аз ҷумла Избулло Хоҷаев ва Мирзошариф Исломиддиновро аёдат намуд.

ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Áà ¥àäðè îñóäàãèâó ñóáîò áèðàñåì!

ФАЙЗУ ШУКЎЊИ МИЛЛАТ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи ҳақиқии зиндагии мо мебошад. Соҳибистиқлол шудани Тоҷикистонро чун рӯйдоди бузурги таърихӣ барои миллати тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ менамоянд. Насли калонсол ва миёнаи мамла‐ кати мо ҳанӯз дар хотир доранд, ки оғози Истиқлолияти Тоҷикистон, алалхусус нимаи дуввуми соли 1992 дар таърихи навини халқи тоҷик ба чӣ ошуфтагиву нобасомониҳо ҳамроҳ буд. Дар ин айёми мусибатбор Тоҷи‐ кистон дар арафаи фаноёбӣ қарор дошт, яъне ба маънои воқеии ин ка‐ лима, фосилае монда буд, ки кишвар барҳам хӯрад. Дар мамлакат беҳоки‐ миятӣ ва бесарусомонии сиёсӣ ҳукм‐ рон буд. Минтақаҳои ҷанубӣ ва инчунин, пойтахти мамлакат аслан дар дасти гурӯҳҳои ғоратгари мусал‐ лаҳ қарор доштанд. Мардум бо сабаби даргириҳои байни гурӯҳҳои мусаллаҳ дар тарсу ҳарос ва изтироб умр ба сар мебурданд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ Тоҷи‐ кистонро ба як сарзамини доғ табдил дода буд. Кӯшишҳои пайгирона ва та‐ лошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар

фазои ҷонибдории тамоми халқи кишвар сурат мегирифт, марҳала ба марҳала мамлакати моро ба сӯи мақ‐ суд раҳнамун сохтаанд. Вобаста ба вазъи мавҷуда дар мамлакат Сарвари давлат ба хулоса омаданд, ки нахуст як‐ порчагии мамлакатро бояд таъмин ва баъдан роҳҳои пешбурди соҳаҳои иқ‐ тисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишварро пеш гирифт ва ҷанбаҳои хоси рушди онро ҷустуҷӯ намуд. Барқарор шудани сулҳ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар мамлакат эътибори Тоҷикистонро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ афзун намуд ва ба Ҳукумати мамлакат имко‐ ният пеш омад, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳо ва созмо‐ нҳои молиявии ҷаҳон роҳандозӣ намояд. Ана аз ҳамон вақт инҷониб Истиқло‐ лият, ки чун неъмати бебаҳо насиби миллати мо гардида буд, шароити соз‐ гореро ба вуҷуд овард, ки ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ насли ҷавони кишвар то имрӯз ва дар оянда саъю талош менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки Истиқлоли давлатии мо натиҷаи талошу муборизаҳои фидокоронаи халқи озодихоҳу тамаддунсоз ва бонангу шарафманди тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи тӯлонӣ мебошад. Ҳар фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро зарур аст, ки ҳамеша баҳри таҳкими Истиқлоли давлати худ кӯшиш намояд. Ҷӯрабек ШЕРЗОДА, раиси коллегияи Суди вилояти Суғд

ИСТИЌЛОЛИЯТ - САОДАТИ МО Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ баҳри мардуми мамлакати мо дастоварди бузургу нодир буда, дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар муддати на чандон тӯлонии соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои хеле назаррас ноил гардид. Дар ин рӯзҳои ҷашни Истиқлоли дав‐ латӣ ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки ор‐ монҳои ҳазорсолаи давлатдориву давлатсозии ниёгони озодихоҳамон бо та‐ лошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшид. Мо, сокинони ин сарзамини муқаддас имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо расидан ба Ис‐ тиқлоли давлатӣ қадамҳои бузург ва созан‐ даи худро пас аз садсолаҳо дар сарнавишти миллати тоҷик гузоштааст ва ин барои мар‐ думи мо ифтихори бузургу беназир мебо‐ шад. Барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву

фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик Истиқ‐ лоли давлатӣ нақши босазо гузоштааст. Он ҳамчунин, ба ташаккули сиёсати давлатӣ, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фа‐ роҳам овардани имкониятҳои васеъ барои рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии ҷаҳони имрӯз мусоидат намуд. Роҳи созандагиву бунёдкоронае, ки мил‐ лати сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати хирад‐ мандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли даврони Истиқлолият тай карда, мак‐ таби бузурги давлатдории навини миллиро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ намуд, зами‐ наҳои давлати комилҳуқуқу соҳибихтиёрро таҳким бахшид, қудрату нерумандии дав‐ латро ба миён овард ва дурнамои самтҳои

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти беҳамтои истиқлолиятро барои мардуми мо шарҳ дода, иброз доштанд: «Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дас-товарди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст, ки нахуст дар замони давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди баъзе беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддини тоҷик номаи тақдирашро ба дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».

ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ ТАЪРИХИ НАВИН

Сӣ соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пур‐ фоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷики‐ стон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ, марҳалаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фар‐ҳангӣ ба низоми комилан нав, хулоса солҳои гу‐ зоштани таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлат‐ дории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буданд. Дар тӯли 30 сол мо, пеш аз ҳама, ба комёбиҳои бузурги сиёсӣ ноил гардидем. Аз тарафи аксар кишварҳои дунё расман шинохта шудани Тоҷикистон, барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо бештари ин давлатҳо, узвият дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авру‐ осиё, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти да‐ стаҷамъӣ ва иштироки Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои СММ ба давраи нави инкишофи дипломатияи тоҷик асос гузоштанд. Бори нахуст Президенти Ҷу‐ рушди минбаъдаи ҷомеаро барои наслҳои минбаъда муайян сохт. Табиист, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мақом ва ҷой‐ гоҳи махсусро касб намудаву сол ба сол қи‐ мати таърихиаш меафзояд. Зеро ин сана дар саҳифаҳои таърихи миллиамон яке аз рӯй‐ додҳои муҳиму нодир ба ҳисоб меравад. Ал‐ батта, бо дарки воқеияти ҷомеаи муосир ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ бо эҷоди ташаккули давлатдо‐ рии миллӣ тадриҷан ҳалли худро пайдо на‐ муданд. Дар кишвари мо бо дастуру ҳидоятҳои оқилонаи Пешвои миллат раванди корҳои созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза ги‐ рифта, тавассути заҳматҳои содиқонаву соф‐ дилонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба инкишоф мубаддал гардид. Дар ин масир Ҷумҳурии

мҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз баландтарин минбари дунё ‐ Маҷмааи умумии СММ сухан ронда, халқи тоҷик ва Тоҷикистонро ба оламиён муаррифӣ намуданд ва онҳоро аз марому мақсади ин кишвари соҳибихтиёр воқиф гардониданд. Дар ҳақиқат, Истиқлолият поягузори оғози таърихи навин ва сарнавиштсози кишвари тоҷикон мебошад. Бо эъломи Истиқло‐ лияти кишвар саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқ‐ лол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона оғоз гардид. Умуман, 30 соли Истиқлолият давраи ба вуҷуд овардани шароиту имконот барои рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон гашт. Ин давра сулҳи пойдорро таъмин намуда, тамоми шароитро барои инкишофи кишвар фароҳам овард.

Тоҷикистон бо ибтикору ташаббус ва рафъи мушкилоти масоили умдаи сайёра таҳти роҳ‐ барии фарзанди фарзонаи раҳнамунсозаш мақому манзалати муносиберо пайдо намуд. Воқеияти аслии дигаре, ки тавассути Истиқ‐ лоли давлатӣ барои рушду тавсеаи он имко‐ ниятҳои мусоидро фароҳам сохт, ин мустаҳкаму устувор намудани пояҳои фар‐ ҳанги миллӣ бо иҷрои арзишҳои неки анъ‐ анаҳои ниёгонамон мебошад. Давлати Тоҷикистон бо роҳбарии хирад‐ мандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 соли Истиқлолият бо такя ба анъ‐ анаҳои фарҳангию миллии хеш, бо дарназар‐ дошти таҷрибаи давлатсозию давлатдории пешрафтаи ҷаҳон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш ги‐ рифт, ки дар ин масир муваффақиятҳои бе‐ назирро ба даст овард. Мардум бо ҳидоятҳои С арвари худ аз имтиҳони мушкили таърих

Оятулло ДОДИХУДОЗОДА, Осимҷон АЮБЗОДА, котибони маҷлиси судии Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд бо сарбаландӣ гузашт ва шароите барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар фароҳам омад. Ин буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳувият, арзишу анъанаҳо ва чеҳраву симои хоси миллии хеш, инчунин бо комёбиҳо ва бозёфтҳои фарогири фарҳангу тамаддуни башарӣ ба ҷомеаи мутамаддини демократии ҷаҳонӣ ворид гардид. Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ба вуҷуд омадани фазои солим ва муҳити озоду озодандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Пайгирии чунин сиё‐ сати муваффақонаи дохилӣ имкон дод, ки Тоҷикистон ҳамқадами таҳаввулоти ҷаҳонӣ бошад. Ҳар яки моро мебояд, ки дар ҳифзу нигаҳдории Истиқлолият ва дастовардҳои он пайваста кӯшиш намоем ва барои боз ҳам боло рафтани шаъну эътибори Тоҷикистони азизамон ҳамчун миллати тамаддунофар саҳми босазо гузорем. Ғафурҷон ЗОИРӢ, номзади илмҳои таърих


4

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

Шанбе, 4 сентябри соли 2021 №107 (18412)

4 - óìè ñåíòÿáð - Тçè êèòîá

Êîíôðîíñè èëì= - àäàá=

МАТБУОТИ МИЛЛЇ - ОИНАИ ЉОМЕАИ МУОСИР

Беҳтарин дастуруламали ҳаёт ва дӯсти вафодори ҳар як инсон китоб аст. Тамоми умри азизи одамизод бо китоб – манбаи ҳикмат, таҷрибаи дастҷамъии наслҳо алоқаманд аст. Китоб шояд дар роҳи ояндаи саодатманд мӯъҷизаи аз ҳама беҳтарин, бузургтарин ва мураккабтарини ихтироъкардаи инсоният бошад, ки ба олитарин ситораи фазои хиради инсонӣ бахшида шудааст. Дар ҳақиқат китоб калиди илму маърифат буда, чун устод нодонро доно, доноро донотар ва барои босавод намудани инсон хизмат мекунад. Китоб дӯст, ҳамдаму ҳамқадам ва мушкилкушои ҳаёти мост.

Имрӯзҳо мардуми шарифи мамлакат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат менамоянд ва аҳли қалами “Ҳақиқати Суғд” низ тавассути навиштаҳои таъсиргузор ва маҳсули хомаи созандаи хеш саҳми назаррасашонро дар истиқболи самимона ва шоёни ин ҷашни бузурги миллат мегузоранд.

Б

АХШИДА ба ҷашни пуршу‐ кӯҳи миллат, яъне 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон дар бинои «Кохи матбуот» дар мавзӯи «Мавқеи «Ҳақиқати Суғд» дар таҳкими Истиқло‐ лият» конфронси илмӣ‐адабӣ баргу‐ зор гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Имрӯз беш аз пеш маъ‐ лум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва му‐ ассир мерасонанд». Мусаллам аст, ки матбуот ҳоди‐ саҳои таърихро инъикос мекунад, ҳамчунин, сарчашмаи муътамад дар шинохти саҳифаҳои гузаштаву ран‐ гини имрӯзи ҳаёти ҷомеа маҳсуб ме‐ ёбад. Дар ин росто рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»‐ро метавон қайд кард,

ки таърихи зиёда аз 90‐сола дошта, чун таҷассумгари ҳаёту рӯзгори ҷомеа хиз‐ мати шоистаро соҳиб аст. Дар конфронси илмӣ‐адабӣ намо‐ яндагон, меҳмонон, рӯзноманигорони васоити ахбори омма, собиқадорони матбуот, аз ҷумла мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят Тоҷибой Султонӣ, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷи‐ кистон Илҳоми Ҷамолиён, собиқадо‐ рони соҳаи матбуот Карим Шариф, Файзулло Атохоҷаев, мудири кафед‐ раи журналистика ва назарияи тарҷума Каримбой Комилов, рӯзноманигорони соҳибтаҷриба Бобоҷон Икромов, Ҷӯра Юсуфӣ, Мухтори Абдулло ва махсусан, онҳое, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз фа‐ ъолият бурдаанд, иштирок ва сухан‐ ронӣ намуданд. Нахуст сармуҳаррири рӯзнома Аминҷон Шарифзода меҳмононро хайрамақдам гуфт.

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

ОХИРИН КИТОБИ ХОНДАИ ШУМО КАДОМ АСТ? Гузаштагони ориёнаҷоди мо аз қадим‐ улайём китобро чун нон эҳтиром намуда‐ анд. Аҷдодонамон китобро муқаддас дониста, ҳатто бо дасти ношуста онро ба даст нагирифтаанду нахондаанд. Пас аз хондан бошад, онро ба чашму абрӯи худ молида, ба ҷойи аз ҳама боло гузоштаанд. Волидон зери болини тифл бо умеди он, ки сохибмаърифату китобдӯст ба камол расад, китоб мегузоранд. Ҳангоми гузаронидани пурсиши аф‐ кори умум дар мавзӯи китобу китоб‐ хонӣ танҳо бо як суол ба намояндагони соҳаҳои гуногуни манотиқи кишвар му‐ роҷиат намудем, ки фишурдаи онро манзури хонандагони сершумори рӯз‐ нома менамоем. ‐ Охирин китоби хондаи Шумо кадом аст ва кай? Шуҳрат Абдуқаҳҳоров – муовини сартабиб оид ба ислоҳоти Беморхо‐ наи марказии ноҳияи Спитамен: ‐ Гумон накунед, ки табиб будан маро аз китобхонӣ дур кардааст. Чаҳор қисми ки‐ тоби «Шайтанат» ‐ и Тоҳир Маликро хонда, ба итмом расонидам. Асар хеле ҷолиб ва хонданбоб буда, тарбиявист. Алҳол китоби «Икки эшик ораси» («Миёни ду дарвоза»)–и адиби ӯзбек Ӯткир Ҳошимовро мутолиа дорам. Охир мо, табибон барои баланд бардоштани савияи дониши хеш кӯшиш накунем, кӣ мекунад? Азбаски им‐ рӯзҳо ташвишу тараддуди мо, табибон хеле зиёд аст, имконият ва фурсати иштирок кардан дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» надорам, аммо зиндагии худро бе китоб тасаввур карда наметавонам. Парвиз Халифаев – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД ‐ и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: ‐ Адиби қирғиззабон Чингиз Айтматов бо таълифи асарҳои пурмазмунаш байни мардуми тамоми даврони шӯравӣ шуҳрат‐

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ви‐ лоят Тоҷибой Султонӣ табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба ҷашни миллӣ қироат намуда, ҳамчунин зимни суханронӣ афзуд, ки рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» яке аз бонуфузтарин нашрияҳо маҳсуб ёфта, дар инъикоси масоили дирӯзу имрӯзи ҷомеа, махсу‐ сан дар давраи соҳибистиқлолӣ нақши бузург дорад. Раиси бахши суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Илҳоми Ҷамолиён низ аз таърихи нашрия ҳарф зада, афзуд, ки дар шароити ку‐ нунӣ вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва пешрафтҳои ҷаҳони муосир нақш ва мақоми воситаҳои ахбори умум, хоса матбуот бамаротиб боло меравад. Сипас, Бобоҷон Икромов роҷеъ ба за‐ минаҳои таърихии баргузории Иҷло‐ сияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар ҳамон солҳо ҳарф зад. Собиқадорони рӯзнома Аюби Кенҷа, Мазбут Воҳидов ва Солеҳи За‐ рифзод хотираҳои хешро аз лаҳзаҳои тақдирсози таърихи навини тоҷикон нақл намуданд. Дар охир собиқадорони матбуот бо сипосномаву туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА, “Ҳақиқати Суғд”

ёр гашта буд. Чингиз Айтматов, ки мута‐ факкир ва инсонпарвари бузургу тавоно ифтихори халқҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла равшанфикрони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, қариб кулли асарҳои ин адиби барҷа‐ ста бо забони тоҷикӣ баргардон шудаанд ва романи «Вақте кӯҳҳо суқут мекунанд» (Арӯси абадӣ) аз ҷумлаи онҳост, ки китобро нашриёти «Адиб» дар тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат нашр кардааст. Алҳол асари ӯ «Плаха»‐ро ба забони русӣ хонда истодаам. Асар дар бораи тақ‐ дири ду нафар – Авдия Каллистратова ва Бостона Уркунчиева дар дунёи ҳайвонҳо, махсусан гургон нақл мекунад, ки соли 1986 нахустин маротиба дар маҷаллаи «Новый мир» («Дунёи нав») нашр шуда‐ аст. Тавсия медиҳам, ҳатман онро ёфта, мутолиа намоед, ки хонданбоб аст. Сабурхон Амонуллоев – директори китобхонаи марказии шаҳри Исфара: ‐ Агар гӯям, ки куллиёти Хоҷа Ҳофиз китоби рӯимизии хонадони мо гаштааст, хато намекунам, зеро ҳар саҳар ин китобро варақ мезанаму аз ғазалҳои пурмазмунаш маънӣ мегирам ва субҳи худро бо насиҳа‐ тҳои ин марди хирад оғоз менамоям. Аз‐ баски дӯстдори шеъру шоирӣ ҳастам, Лоиқу Турсунзодаву Айнӣ ҳамсафари до‐ имии мананд. Асарҳои устод Сотим Улуғ‐ зодаро низ аз ҷон бештар дӯст медорам, зеро қаҳрамонҳои «Фирдавсӣ», «Субҳи ҷа‐ вонии мо», «Восеъ» ва «Достонҳои Шоҳ‐ нома» раҳнамуни ҳаёти мананд. Алҳол ба тақсимоти китоби «Тоҷи‐ кон»‐и Бобоҷон Ғафуров, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як оилаи кишвар тақдим мегардад, машғу‐ лем. Албатта, бе мутолиаи ин асари пурар‐ зиши таърихӣ наметавонам, онро ба мардуми Исфарамарз пешниҳод намоям. Бинобар он хондани «Тоҷикон»‐ро вазифаи

аввалиндараҷаи худ меҳисобам. Фирӯзхоҷа Ҳусейнов – коршиноси қарзии бонки «Матин»: ‐ Азбаски муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо забони русӣ хатм кардаам, бештар асарҳои адибонро бо ин забон ме‐ хонам. Тақрибан як моҳ пештар асари адибони ҷопонӣ Роберт Кийосаки ва Шэрон Лектер «Богатый папа, бедный папа» («Падари доро, падари нодор») – ро хонда ба итмом расонидам. Ба гуфтаи Су‐ хомлинский, «Дар мактаб ҳама чизро мео‐ мӯзанд, аммо чизи асосӣ – ҳаётро не». Адибон ақида доранд, ки дар мактаб та‐ моми паҳлуҳои ҳаётро меомӯзанд, аммо ҷамъ овардани маблағ ва истифодаи боса‐ мари онро не. Ин китоб роҳҳои ба даст овардани маблағ, пасандози молиявӣ дар оиларо меомӯзад, ки барои фаъолияти меҳнатиам ба кор меравад. Мо наметавонем, дар як мақолаи кӯчак тамоми пурсишҳоеро, ки бо мардуми шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят гузаронидем, ҷой диҳем. Ҳаминро гуфтанием: - Мардуми кишвар, дар ҳақиқат, ташнаи илму дониш, маърифату сабақомӯзианд ва бо хушҳолӣ ба китобхонӣ рӯй овардаанд. Дар ин ҷода мо онҳоро дастгирӣ менамоем ва барори кор хоҳонем.

Èñòè¥ëîëèÿòè çå³í= Сӣ сол дар назди таърих ҳеҷ аст, вале дарозои сӣ сол кӯдаки ширхора инсони бузург ва мустақил ба воя мерасад. Баробари ба воя расидани кӯдаки навзод як кишвари навруста зина ба зина, сол ба сол мустақил гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва манзалати худро пайдо мекунад. Тӯли сӣ соли таърих кишвари ҳамешасабзи тоҷикон ба кишвари биҳиштосо мубаддал гардидааст. Вале ин ҳама ба осонӣ ба даст наомадааст…

ЉАВЊАРИ ХУДОГОЊЇ ОМЎЗИШИ ЊАДАФМАНДОНА Истиқлоли зеҳнӣ ҳанӯз аз овони кӯдакӣ оғоз меёбад, зеро фикру ақидаи солими ҷомеа, алал‐ хусус, наврасону ҷавононро аз даврони кӯдакӣ бояд мустаҳкам намуд. Истиқлоли зеҳнӣ таҳав‐ вулоти нав набуда, танҳо дар инсон бедор кар‐ дани ҳисси ватандӯстию инсонпарварист. Вақте шахс дар худ чунин эҳсосро бедор мекунад, дар зиндагӣ инсони комил ва ватанпарвар ба воя хоҳад расид. Ҷоиз ба зикр аст, ки танҳо пас аз инкишофи истиқлоли зеҳнӣ метавон ба истиқ‐ лоли сиёсӣ расид. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони навруста ба ақидаи нопоки хоинон ва душманони мил‐ лат гаравида, ба хотири ақидаи нодуруст мил‐ лат, Ватан ва оилаи худро аз даст медиҳанд. Бадхоҳони миллат мафкураи ҷавонону навра‐

сонро бо суханони нодурусти динӣ вайрон карда, амалҳои кунунии кишварро ба таври нодуруст маънидод мекунанд ва мекӯшанд сафи худро беш карда, ба ғаразҳои нопоки худ бирасанд. Шинохт ва огоҳии миллӣ барои расидан ба ин ормон, тасмимгириҳо, зарурияти мавқеъ‐ ёбӣ, ниёзҳо ва арзишҳои мавриди ниёзи маъ‐ навӣ аз масъалаҳое мебошанд, ки моро ба омодагӣ ва омӯзишҳои мавриди ниёз ҳидоят менамоянд. Мо бояд бидонем, ки дар кадом вазъ ва мар‐ ҳала қарор дорем ва дар баробари ин эҳсосҳо, камбудӣ, норасоӣ ва нофаҳмии худро дарк карда, онро тағйир диҳем. Агар аз як назар асри навин асри расидан ба ормон ва ҳадафҳои

миллӣ, асри бунёдкориву ободонӣ ва асри та‐ раққиву пойдорӣ бошад, аз назари дигар асри мушкилоти азим аст, зеро хурофоти баъзе гуруҳҳои мазҳабӣ ва равияҳои ифротии динӣ роҳи асли насли навинро ғалат месозанд. Агар ба сӣ соли истиқлол назар афканем, хуб дарк менамоем, ки ба Истиқлоли сиёсиву зеҳнӣ, аз ҷумла, бунёд ва сохтмони иншооти мухталифи зарурӣ, пеш рафтани сиёсат, иқти‐ содиёт ва иҷтимоиёт расидаем. Ин ҳама баҳри ояндаи неки ҷавонон ва наврасон нигаронида шудааст. Ба ин хотир, нотавонбинон мақсад до‐ ранд, ки мардум, алалхусус, бархе аз ҷавононро ба парокандагии миллӣ даъват карда, ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор созанд. Бояд қайд кард, ки дар замони кунунӣ мав‐ қеи китобу маҷалларо шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол кардаанд, зеро ҷавонону наврасон ба ҷуз нишастан дар шабакаҳои иҷтимоӣ амсоли одноклассники, фейсбук, инстаграмм, тик – ток, вконтакте, мессенҷер, вайбер, имо, теле‐ грамм, вотсап ва дигар аз ҷаҳони кунунӣ фориғ мондаанд. Шояд аз як тараф ин ба олами иҷтимоӣ ва иттилоотӣ пайвастани онҳо бошаду дониш ва ҷаҳонбинии онҳоро васеъ гардонад, вале аз тарафи дигар тарзи истифо‐ даи шабакаҳои гуногуни иҷтимоиро на ҳар шахс ба дараҷаи дуруст дарк кардаасту аз он истифода мебарад. Дар ин маврид ёдовар шудан ҷоиз аст, ки дар расонаҳои иҷтимоӣ шумораи гурӯҳҳои ифротӣ рӯз ба рӯз афзуда, тариқи чунин гурӯҳҳо сафи ҷавононро зиёд карда истодаанд. Ҷоиз ба зикр аст, ки барои таҳкими неруҳои зеҳнии ҷумҳурӣ ва пешгирии шомилшавии ҷа‐ вонон ба неруҳои ақлонӣ аз ҷониби мақомот‐ ҳои дахлдор тадбирҳои судманд андешида мешаванд, зеро таъмини амнияти зеҳнӣ дар кишвар ба онҳо вобастагии зиёд дорад. Маҳз

Âîêóíèø қувваи онҳо имконият медиҳад, ки сафи чунин гурӯҳҳо кам гардаду ҷавонон гумроҳ нагарданд. Хеле хуб мебуд, ки донишмандону корши‐ носоне, ки солиёни зиёд дар сафи Ҳукумати кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, аз таҷриба, муваффақият ва мубориза бо чунин ашхос во‐ хӯрӣ доир кунанду аз сиёсати ақлониву дунявӣ маълумоти беш диҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки кам нестанд ҷаво‐ ноне, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дониши худро мукаммал карда, ба донишгоҳу кол‐ леҷҳои бунуфузи хориҷи кишвар шомил меша‐ ванд. Ин гуна ҷавонон номбардори кишвар буда, аллакай дар худ истиқлоли зеҳниро пайдо кардаанду барои расидан ба истиқлоли сиёсӣ камари ҳиммат бастаанд. Баробари ин наврасону ҷавонони даврони истиқлол дар мусобиқаҳои мухталифи дохи‐ ливу берунӣ, иштирок дар озмуну олимпиа‐ даҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро боло бардоштаанд. Ин ҳама аз тарбияи дуруст дар рӯҳияву созандагиву ватан‐ парварӣ маншаъ гирифтааст.

Дарозои сӣ сол тоҷикон тавонистанд бунёд ва сохтмони неругоҳҳои хурду калони барқию обӣ, пойгоҳ ва хатҳои бошиддати интиқоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳ, пулҳои байналмилалии мошингард ва иншооти азими инфрасохтори иҷтимоиро дар амал татбиқ созанд. Тамоми дастовардҳои халқи тоҷик маҳз ба шарофати расидан ба Истиқлоли миллӣ ва пойдор будани сулҳи тоҷикон аст.

АМАЛЊОИ ИФРОТГАРОИРО МАЊКУМ МЕНАМОЯМ

Аз воситаҳои ахбори омма ҳар рӯз бо вазъи Афғонистони ҷангзада огаҳ мешаваму ба ҳолати ниҳоят вазнини мӯйсафедон, кӯдакону занони пуразоби ин сарзамин дилхун мегардам.

Азобу уқубати мардуми оддиву қатории афғонро аз шабакаҳои телевизионӣ мебинаму ба кирдорҳои разилонаи ҷангҷӯёни Толибон нафратам меояд. Ҳамаи хараҷу мараҷи кишвари Афғонистон аз мансабталошиву мансабхоҳӣ, миллатгароиву маҳалбозӣ сар зада, ниҳоят мар‐ думи заҳматкаши оддию занону кӯдакони бегу‐ ноҳ гуреза шудаву ба ҳолати марг омадаанд. Аз хонаю манзилашон маҳрум гашта, ба сарсониву саргардонӣ, гушнагиву ташнагӣ афтодаанд, ки ба гуфтан забон намегардад. Хурду калон пой‐ лучу сарлуч ва бараҳна ҳар тараф тарсону гуре‐ зонанд. Толибони ҷангҷӯ бо зарби силоҳ ҳокимияти қо‐ нунии Афғонистонро ғасб карда, имрӯз худро соҳиби давлат эълом доштанд, ки эътирофи он аз ҷониби мамолики худогоҳ амри маҳол шудааст. Ман ҳамчун як нафар собиқадор амалҳои терро‐ ристиву ҷангҷӯёна ва бадрафториҳои гурӯҳи Толи‐ бони хиёнаткорро маҳкум карда, ба онҳо лаънат мегӯям. Куштору террори онҳоро ягон инсон наме‐ бахшад, дуои бади кӯдакону занони бегуноҳ ин тои‐ фаи хунхорро оқибат мезанад. Лаънат ба Толибони ҷаҳолатпеша!

Шаҳбону ОЛИМОВА, «Ҳақиқати Суғд»

Исохоҷа КАРИМХОҶАЕВ, собиқадори соҳаи тандурустӣ

Аз эътибор соќит Номаи камоли А№106571, ки соли 1991 мактаби №4‐уми шаҳри Хуҷанд ба Усмонова Мӯътабар додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли А№106584, ки соли 1991 мактаби №4‐уми шаҳри Хуҷанд ба Лутфуллоев Ғайбулло додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Китоби хонаи воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 20, хонаи 5, ҳуҷраи 48, ки ба Мансурова Шаҳло Аҳмадҷоновна тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит до‐ ниста шавад. ***

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

Шиносномаи шаҳрвандии А02814449, ки соли 2020 ШВКД‐и шаҳри Хуҷанд ба Ёдгоров Баширхон Нӯъмонҷоно‐ вич додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли №073840, ки соли 1992 мактаби №1‐уми ноҳияи Деваштич ба Камолов Зафар Сафиевич додааст,би‐ нобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Гувоҳномаи донишҷӯӣ, ки соли 2019 факултаи физика ва техникаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба Дадо‐ хӯҷаева Анисабону додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Мусоҳиб Шоира КАРИМЗОДА, «Ҳақиқати Суғд»

Шиносномаи техникии хонаи воқеъ дар ноҳияи Бо‐ боҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонов, кӯчаи Фахрӣ, хонаи 55, ки бо таъиноти Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров “Дар бораи аз нав баррасӣ намудани ҳалнома вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз 29 октябри соли 2020 “Дар бораи муқаррар кардани ҳолати соҳибӣ ва ис‐ тифодаи амволи ғайриманқул ба шахси вафотёфта ва эъ‐ тироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба сохтмони худсарона”, ки дар асоси аризаи Зокиров Олим Ҷӯраевич қонеъ карда шуда буд, бекор карда шудааст. *** Шиносномаи шаҳрвандии А00856188, ки соли 2017 ШММ Сомғор ШВКД‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Сӯгворӣ ба Исмоилова Дилноза Анваровна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Китоби хона воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 18, хонаи 10, ҳуҷраи 134, ки ба Рӯзиева Мавзуна дода шудааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит до‐ ниста шавад. *** Номаи камоли БП №851886, ки соли 1981 мактаби миёнаи №1‐и шаҳри Хуҷанд ба Насретдинова Би‐ муҳаббат Шамсуддиновна додааст, бинобар гум шу‐ данаш, аз эътибор соқит дониста шавад.

Сармуњаррир Аминљон ШАРИФЗОДА Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шуъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ инти шор мекунад , ки хилофи аќидаи њайати тањририя њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои мазмуни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида наме шаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳоки‐ мияти давлатии шаҳри Кони‐ бодом ва шӯъбаи маорифи шаҳр ба мудири шӯъбаи мао‐ рифи шаҳр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Бурҳо‐ ниддин Ҷабборӣ бинобар ва‐ фоти МОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор намуда, ба аҳли оила ва пайвандон сабри ҷамил хоҳонанд.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора Роњатхон ЭШОНОВА Њуруфчин Алохон А бдуѓаффорова

Âåðîñòîð ²àëèì¿îí ²ÎÌÈÄÎÂ

Адади нашр 7750 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.