Ҳақиқати Суғд 104 28.08.2021

Page 1

Èñòè¥ëîë - øàðàôó ðèñîëàòè âàòàíäîð= Банї Одам аъзои якдигаранд! Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти соли 1930 нашр мешавад

Шанбе, 28 августи соли 2021

№104 (18409)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

САМАРАЊОИ ИЌДОМ ВА ТАШАББУСЊОИ БУНЁДЇ Òàøðèôè Ïåøâîè ìèëëàò ìó³òàðàì ÝìîìàëO Ðà³ìîí áà øà³ðè Òóðñóíçîäà

Санаи 26-уми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Н

АХУСТ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр марҳалаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъ‐ улияти маҳдуди "Алюмин Проф"‐ро ба исти‐ фода дода, барои бунёди марҳалаи дуюми он санги асос гузоштанд. Зимни боздид аз корхонаи азими "Алюмин Проф" гуфта шуд, ки коргоҳи навтаъсис имко‐ ният дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳ‐ сулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол кунад. Дар кор‐ хона намудҳои гуногуни профилҳои алюминий барои истеҳсоли дару тиреза, профилҳо барои ороиши берунаи биноҳои баландошёна, ки бо истифода аз шиша оро дода мешаванд, қисмҳои алоҳидаи мебел, карнизҳои гуногун барои овех‐

тани парда ва боз чандин номгӯйи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешаванд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии марҳалаи дуюми корхонаи истеҳ‐ соли профили алюминийи "Алюмин Проф" рас‐ ман оғоз бахшиданд. Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки мар‐ ҳалаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд гардида, ба ҳамин васила ҳам ҳаҷми истеҳсолот ва ҳам ҷойҳои кории доимӣ афзоиш дода мешавад. Бо ба истифода додани марҳалаи дуюм, дар маҷмӯъ коркарди солонаи алюминий дар кор‐ хона ба 15 ҳазор тонна баробар гардида, шумо‐ раи кормандони ҷамъият аз 60 нафар ба 200 нафар расонида мешавад.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис намоиши маҳ‐ сулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода ташкил карда шуд, ки аз он Президенти мамла‐ кат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид наму‐ данд. Ҳамчунин, дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳ‐ дати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интер‐ нати шаҳри Турсунзода»‐ро мавриди баҳрабар‐ дорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбияи насли наврас дар он аз наздик шинос шуданд. Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – ин‐ тернати шаҳри Турсунзода» аз ду бинои ду‐ ошёна иборат буда, ба истиқболи ҷашни 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳ‐ бари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст. Масоҳати умумии иншооти нави таълимӣ дар шаҳри Турсунзода се гектарро дар бар ги‐ рифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахас‐ сиси маҳаллӣ дар давоми камтар аз 1 сол бо сифати баланд ба анҷом расондаанд. Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъ‐ атро мавриди истифода қарор доданд. Бинои нави Муассисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпар‐ вари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30‐солагии Истиқлоли давла‐ тии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Сол‐ ҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд карда шудааст. Бинои нави сеошёнаи иншооти фарҳангӣ – маърифатӣ дар шаҳри Турсунзода аз 15 синфхо‐ наи муҷаҳҳаз, аз ҷумла рассомӣ, фортепианно, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, дойра, овозхо‐ нии эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори

хурди консертӣ, китобхона ва 3 утоқи маъму‐ рият иборат мебошад. Инчунин, худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғи фарҳангу фароғатӣ дар маркази шаҳри Турсунзода дар масоҳати умумии 3,6 гектар, аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори шаҳр бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии миллӣ бо назардошти талаботи замони имрӯза ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст. Фармоишгари иншооти фарҳангӣ, ки ба ҳусни шаҳр зебоии хоса зам кардааст, мақомоти иҷроияи ҳоки‐ мияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад. Инчунин дар инҷо лавҳаи ташрифи меҳмо‐ нони олиқадр ба шаҳри Турсунзода, қаҳрамо‐ нони меҳнат, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷи‐ кистон Мирзо Турсунзода, ошхонаи миллӣ, 3 нуқтаи бозӣ ва ҳавзи шиноварии кӯдакона бунёд ёфтаанд, ки барои истироҳату фароғати сокинон муносиб мебошанд. Дар дохили боғи нав қасри шоҳмот, амфите‐ атр бо 7 мағозаи фурӯши армуғон ва ҳунарҳои мардумӣ, шаҳраки афсонаи «Аладин» бо ҷойгир намудани 12 атраксион, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зиёда аз 200 таҷҳизоти равшанидиҳанда, ни‐ шастгоҳҳо, ду майдончаи варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгир карда шудаанд. Дар доираи ташрифи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз гармхонаи Хоҷа‐ гии деҳқонии "Ғайрат‐2020" дидан намуданд. Гармхонаи доимоамалкунанда дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон навбунёд буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ӯрунбой Нурматов бахшида ба 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар гармхона, ки ма‐ соҳати 0,54 гектарро ташкил медиҳад, ду навъи помидор ва ду навъи бодиринг кишт шуда,

нашъунамои хуб доранд. Гуфта мешавад, ки ҷамъоварии ҳосил аз гармхона нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз гар‐ дида, беш аз се моҳ идома меёбад. Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсун‐ зода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49‐ро мавриди истифода қарор доданд. Иншоот сеошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи ком‐ пютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсун‐ зода санаи 26‐уми августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Хоҷагии деҳқонии ангур‐ парварии "Боғи Сомон" дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Хоҷа‐ гии деҳқонии ангурпарварии "Боғи Сомон" дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, ма‐ соҳати умумии он 589 гектарро дар бар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, 480 гектари он токзор мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” боздид намуданд. Хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 105 гектар замин дорад ва аз ин ҳисоб 100 гектараш токзор мебошад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Неъмат” аз боғи ангур, ки бо санъати баланди касбӣ кишту парвариш меёбад, шинос шуда, таъкид намуданд, ки аз хўшаҳои сербори токҳои ангур аён аст, ки ҳосилнокӣ имсол фаровон мебошад. PREZIDENT.TJ

ТОЉИКИСТОН ДАР ШОЊРОЊИ ИСТИЌЛОЛ Ãóçîðèø àç ³àìîèøè èëìO-àìàëO

Санаи 26-уми августи соли равон дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» бахшида ба ҷашни бузурги милливу таърихӣ 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон дар шоҳроҳи Истиқлол» дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва ғоявӣ доир гардид. Дар конференсия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, олимон, адибон, собиқадорон, занону ҷавонон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корхонаву муассисаҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг намунаи дастовардҳои корхонаҳои саноатии вилоят дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба маърази тамошо гузошта шуданд.

К

ОНФЕРЕНСИЯРО ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ҳусни оғоз бахшид. Дар кори конфронс Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода оид ба мавзӯи «Истиқлолият ‐ ганҷи ҷовидонаи миллат» баромади пурмуҳтаво намуда,

таъкид кард, ки сӣ сол муқаддам дар қа‐ ламрави Тоҷикистони азизи мо муҳим‐ тарин воқеаи таърихии сарнавиштсоз рух дод, ки самараи он расидан ба мар‐ ҳалаи нави таърихӣ ‐ Истиқлоли дав‐ латӣ ба шумор меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон нишони барҷастаи пой‐ дории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари ормон‐ ҳои таърихӣ, шиносномаи байналми‐

лалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони му‐ тамаддин пайвастани кишвар маҳсуб меёбад. Сокинони кишвари озоду ободи мо бо муҳаббату садоқат имрӯз ифтихор аз он доранд, ки сӣ сол муқаддам наху‐ стин хиштҳои пойдевори истиқлоли воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, бо шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арзиши истиқлолу озодӣ барҳақ таъкид доштаанд, ки «Истиқло‐ лият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамад‐ дуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад». Истиқлоли миллии Тоҷикистон, ки ганҷинаи нодири миллат ва неъмати бе‐ завол барои халқи тоҷик эътироф гар‐ дидааст, ба осонӣ ба даст наомада, маҳ‐ сули муборизаҳои диловаронаи фар‐ зандони ҷасур ва бонангу ори кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳ‐ дати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Прези‐ денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Ҳама‐ гон огоҳем, ки ҳодисаву воқеаҳои пуро‐ шӯби ибтидои солҳои навадуми асри гузашта инкишофи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии давлати навташкилро даҳсо‐ лаҳо ба ақиб партофта, зарурати та‐ ваҷҷуҳ ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, ҳифзи оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту дастовардҳои онро пеш овард, зеро ин ҳама қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешаванд. Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ хисороти зиёди моливу ҷонӣ дида, фишангҳои иқ‐

тисодиву иҷтимоии он хароб гардида буданд, роҳи сулҳу суботро интихоб кард. Дар ҳамин марҳалаи сарнавиштсози таърихӣ, моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб анҷумани тақ‐ дирсози миллат ‐ Иҷлосияи ХХI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки сулҳу субот ва ваҳдати мил‐ лиро барои мардуми кишвар чун ҳадяи бузурги таърихӣ дастрас намуда, киш‐ варро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшид. Ин шахсияти таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Прези‐ денти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебо‐ шанд, ки тамоми дастовардҳои Тоҷи‐ кистони соҳибистиқлол бо ном, фаъо‐ лият ва заҳмату талошҳои ин абармарди миллат марбут мебошад. Дар роҳи расидан ба истиқлоли ко‐ мили миллӣ Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ баҳри таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуни‐ катсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумат мебошанд, тавассути сохтмони неру‐ гоҳҳои хурду калони барқи обӣ, пой‐ гоҳҳо ва хатҳои баландшиддати инти‐ қоли барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард, корхона‐ ҳои саноатӣ ва даҳҳо иншооти азими ин‐ фрасохтори иҷтимоӣ самараҳои матлуб ба даст оварда, аз ин роҳ низомҳои иқ‐ тисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву маъри‐ фатии хешро ҳамаҷониба таҳким бах‐ шид. Ба кор даромадани корхонаҳои муш‐ тараки “Зарафшон”, “Зарнисор”, “Апрелевка”, “Ҷавонӣ”, “Сатн”, Корхо‐ наи сементбарории «Хуаксин Ғаюр Суғд семент» дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷа‐

кент, Гулистон, ноҳияҳои Айнӣ ва Бобо‐ ҷон Ғафуров, коркарди маҳсулоти кишо‐ варзӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамен, ҳамин гуна корхонаҳои са‐ ноатии дигар, ки иқтидори солонаи ис‐ теҳсолиашон хеле бузург мебошанд, баробари талаботи тамоми ташкило‐ тҳои сохтмону аҳолии мамлакатро пурра таъмин намудан, барои содирот низ шароити мусоид фароҳам оварданд. Хамчунин, Раиси вилоят иброз дошт, ки Пешвои муаззами миллат аз оғози соҳибистиқлолӣ ба ташаккул додани асосҳои сиёсати дохилию хориҷии киш‐ вар шурӯъ карда, тавассути андешидани силсилаи тадбирҳои муассир мақому мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байнал‐ милалӣ пайгирона таҳким бахшиданд. Дар натиҷа имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлате мешино‐ сад, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти мубрами глобалӣ пешсаф буда, сиёсати хориҷии пайвастаро, ки асоси онро усули “дарҳои кушода” ташкил ме‐ диҳад, татбиқ месозад. Сиёсати “дарҳои кушода” дар низоми робитаҳои дипломатии Тоҷикистон барои таъмини пайвандҳои бемайлони кишвар бо ҷомеаи башарӣ нақши муас‐ сир гузошта, дар ҷаҳони муосир сулҳи тоҷиконро ҳамчун таҷрибаи бузургу мон‐ дагори давлатдорӣ муаррифӣ сохт. Натиҷаи ин эътирофи мақоми сиёсӣ ба он анҷомид, ки сулҳи тоҷикон аз ҷо‐ ниби сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баланд гирифта, ҳамчун сабақи равшани таърихӣ ва таҷрибаи тоза дар таҳкими суботу оромиш, инчу‐ нин таъмини амнияти давлатҳо ва мин‐ тақаҳои мухталиф ҷойгоҳи хоса дарёфт. Бо дарназардошти ҳамин аҳамияти таъ‐ рихӣ коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ таҷри‐ баи сулҳи тоҷиконро намунаи ибрат номида, бархурдорӣ ва огаҳӣ аз ин рӯй‐

доди босаодатро рукни муассир дар таъ‐ мини ваҳдати миллӣ барои кулли киш‐ варҳои дунё арзёбӣ кардаанд. Ин баҳои баланди ҷаҳониён, ки боиси эътирофи эътибор ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам шудааст, пеш аз ҳама, аз иродаи неки мардуми тоҷик ва садоқату муҳаббати онҳо ба Ватани азизи хеш сарчашма мегирад. Боиси ифтихор аст, ки то имрӯз дар арсаи байналмилалӣ се ташаббуси гло‐ балии Тоҷикистон дар соҳаи об даст‐ гирӣ ёфт ва татбиқ гардид. Ҳоло иқдоми чоруми кишвари мо оид ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” (солҳои 2018 – 2028), ки аз ҷо‐ ниби Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди тат‐ биқ қарор дорад. Раиси вилоят баён дошт, ки дар мар‐ ҳалаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯс‐ тиву ватандорӣ бояд бештар эътибор диҳем. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳ‐ дати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пай бурда, борҳо таъкид кардаанд: «Сол‐ ҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамою‐ лоти хатарнок, аз қабили таҳдиди тер‐ роризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухад‐ дир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гу‐ рӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд, ба оро‐ миву суботи минтақа ва амнияти давла‐ тии кишварҳои алоҳида таъсири но‐ гувор расонанд.

2


2

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

Шанбе, 28 августи соли 2021 №104 (18409)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

ТОЉИКИСТОН ДАР ШОЊРОЊИ ИСТИЌЛОЛ Ãóçîðèø àç ³àìîèøè èëìO-àìàëO

(Идома аз саҳ.2)

Аз ин рӯ, мову шумо бояд якҷоя ха‐ тари вусъатёбии ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намуда, баҳри бақои тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва ам‐ нияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас анде‐ шем. Мо сиёсати пойдори сулҳу субот, ризоияти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷикро аз нобудшавию мил‐ латро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқ‐ лолият мешуморем». Дар баромади Раиси вилоят инчу‐ нин дастоварду муваффақиятҳои киш‐ вар дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои маҳбуби

миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омаданд, мавриди таҳлилҳои амиқ қарор гирифтанд. Дар интиҳои баро‐ мади хеш Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузории конфронсро як рукни марҳалаи ҷамъбасту баҳрабар‐ дорӣ аз дастовардҳои сӣ соли соҳибис‐ тиқлолии Тоҷикистони азиз, комёбиҳо ва пешрафтҳои кишвари азизамон, ин‐ чунин фаъолияти босамари аҳли илм дар самти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи давлатдории навини миллӣ арзёбӣ на‐ муда, ба кори конфронси илмӣ ‐ амалии «Тоҷикистон дар шоҳроҳи Истиқлол» барору комёбиҳо таманно намуд ва кулли иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати фаро расидани ҷашни му‐

бораки 30 ‐ солагии Истиқлоли давла‐ тии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳ‐ ният гуфт. Сипас, тибқи барномаи конфронс иштирокчии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова дар мавзӯи «Иҷ‐ лосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар таъмини сулҳу ваҳдат», директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшино‐ сии ба номи Аҳмади Дониши Акаде‐ мияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ка‐ римзода Насрулло Убайдулло дар мав‐ зӯи «Истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик», доктори

илмҳои таърих, профессори кафедраи таърихи Ватан ва археологияи Дониш‐ гоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Набиев Ваҳҳоб Маш‐ рафович дар мавзӯи «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқ‐ лол», ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Мӯмин Машокир дар мав‐ зӯи «Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳа‐ дафҳои стратегӣ» ва директори Дониш‐ кадаи политехникии Донишгоҳи техни‐ кии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Рабизода Саидӣ Дилафрӯз дар мавзӯи «Зан ва Ис‐

тиқлолият» баромад намуданд. Дар анҷом аз номи кулли ишти‐ рокчиёни конференсия бахшида ба 30 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муроҷиат‐ нома ба тамоми мардуми шарифи кишвар қабул гардида, он аз ҷониби соҳибкори муваффақ, роҳбари Ҷамъ‐

ияти дорои масъулиташ маҳдуди «Фартуна» Дадо Очилов қироат карда шуд. Конфронс бо руҳияи идо‐ наву болидаи аҳли иштирокдорон анҷом пазируфт. Хабарнигори “Ҳақиқати Суғд”

Äàñòãèð=, ¿îíèáäîð=, äàúâàò âà èñòè¥áîë Мо, иштирокдорони конференсияи илмӣ‐ амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Тоҷикистон дар шоҳроҳи Истиқлол", ки ба ифтихори 30 ‐ со‐ лагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон бо ҳузури донишмандону олимон, муарри‐ хону андешамандон, сиёсатмадорону ходимони барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ доир гардид, бо натиҷагирӣ аз масъалаҳои меҳварии ин ҳа‐ моиши бонуфузи илмӣ таъкид менамоем, ки Ис‐ тиқлоли миллии тоҷикон воқеан рӯйдоди бузурги таърихӣ, неъмати бебаҳо ва нодиртарин дастоварди халқи тоҷик ба шумор меравад, ки бо гузашти бештар аз 1100 соли давлатдории Сомо‐ ниён барои халқи шарафманди тоҷик насиб гар‐ дидааст. Таърихи 30‐солаи давлатдории навини миллии мо худ гувоҳи равшан аст, ки ин истиқ‐ лол ва соҳибдавлатии беназири таърихӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Истиқлоли миллӣ маҳсули ҷонбозиву талошҳои халқи тоҷик дар роҳи таъмини сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ ба шумор меравад, ки дар навбати аввал ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳ‐ дати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Тантанаи ақли солим ва хиради азалии халқи тоҷик дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон омил бар он гардид, ки раҳнамоии ин давлати тозаистиқлол ва дар ҳоли душвори сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ қарор‐ доштаро бо боварӣ ва эътимоди бузург ба дӯши фарзанди барӯманд, диловару ватандӯсти хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузоранд. Ватан, миллати тоҷик, мардуми кишвари азизи мо ва дар канори ин давлати тозаистиқлоли мо бо ша‐ рофати сиёсати хирадварзонаи Пешвои миллат аз хатари нобудӣ наҷот ёфтанд. Шукӯҳу нусрати Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон марҳалаи воқеии тараққиёти ҳамаҷонибаи хоҷагии халқро таъмин намуда, роҳи татбиқи ҳақиқии ҳадафҳои аслии дурнамои рушди Тоҷикистон ‐ истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатси‐ онӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамроҳ наму‐ да, дар марҳалаҳои расидан то ба ҷашни шукӯҳ‐ манди 30 ‐ солагии Истиқлоли миллӣ на танҳо иҷрои ин барномаҳои бузургро таъмин намуд,

МУРОЉИАТНОМАИ

èøòèðîê÷è¸íè êîíôåðåíñèÿè èëìO-àìàëèè "Òî¿èêèñòîí äàð øî³ðî³è Èñòè¥ëîë"

балки ҳадафи чоруми стратегӣ‐ саноатикунонии мамлакатро низ таъмин намуд. Мақоми Тоҷи‐ кистон тавассути ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат боло рафта, кишвари мо ба мизбони ҳа‐ моишу конфронс ва чорабиниҳои бонуфузи сатҳи байналмилӣ мубаддал гардид. Дар навбати аввал, сулҳи тоҷикон, ки меъмори тарҳи он Пешвои муаззами миллат ба шумор мераванд, аз ҷониби бонуфузтарин шахсиятҳои сиёсӣ, роҳ‐ барони ташкилотҳои байналмилалӣ, сарварони кишварҳои муқтадири олам ҳамчун намунаи таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои ҷангзада эътироф гардида, таҷрибаи сулҳофаринии Роҳбари давлати моро барои ҷаҳониён намунаи ибрат шинохтанд. Дар баробари ин, ташаббус‐ ҳои пайвастаи Пешвои миллат дар заминаҳои даҳсолаҳои “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” мавриди истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, мақоми кишвари моро дар анҷумани кишварҳои олам боз ҳам боло бур‐ данд, зеро тавассути иқдомоти мазкур Роҳбари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли муаммоҳои глобалии сайёра ширкати фаъолона варзида, аз ин роҳ низ ба аф‐ зудани нуфузи ҷаҳонии Тоҷикистони соҳибис‐ тиқлол заминаҳои мусоид фароҳам оварданд. Натиҷаи ин талошҳои Пешвои миллат барои ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии инсоният, ташаббус‐ ҳои ҷаҳонӣ ба хотири таъмини зиндагонии шоистаи мардуми сайёра буд, ки ин ҳама ибти‐ корот ва корномаҳои бузург аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳи зарурӣ эътироф гардиданд.

Соли 2011 аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ба Роҳбари сулҳофари Тоҷикистони азизи мо ҷои‐ заи ҷаҳонии “Пешвои асри ХХI» дода шуд. Боиси сарфарозии мардуми Тоҷикистон аст, ки дар соли шукӯҳманди миллат‐ таҷлили 30‐со‐ лагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон шарофату шаҳомати сиёсӣ, андешаҳои ҷаҳонсози марди фидоии Ватан, Пешвои миллат барои мардуми тоҷик ифтихору сарфарозиҳои нав ато намудаанд. Чанде қабл дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мукофоти олии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбан‐ гули Бердимуҳаммедов супорида шуд. Ин муко‐ фоти олӣ дар баробари садҳо ҷоизаву тақдир‐ номаҳои ҷаҳонӣ худ шореҳи ҳақиқати ин ам‐ ранд, ки имрӯз Пешвои азиз ва муаззами мил‐ лати мо ҳамчун чеҳраи барҷастаи ҷаҳонӣ, на танҳо дар фикру андешаи ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои баррасӣ ва ҳаллу фасли муаммоҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иқдом намуда, баҳри таҳкими равобити дӯстии халқҳо, тафоҳум дар мамлакатҳои Осиёи Мар‐ казӣ, тантанаи сулҳу ваҳдат дар саросари олам, таъмини зиндагонии осоиштаи мардуми сайёра, муқовимати шадид бо зуҳуроти умумиинсонӣ талошу кӯшишҳои босамар анҷом медиҳанд. Ҳамин санад ва ҳамин эътирофи ҷаҳонӣ на танҳо бузургтарин намоди ифтихороти тамоми мар‐ думи Тоҷикистон аст, балки туҳфаи нодир ва ар‐

зишманди ҷаҳони имрӯз ба кишвари 30‐солаи мост, ки ҷаҳони муосир фарзанди арҷманди миллати тоҷикро фарзанди барӯманди инсоният хондааст. Мо иштирокдорони конфронс бори дигар бо арҷгузорӣ ба хидматҳои барозандаву созандаи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, сиёсатдори сатҳи ҷаҳонӣ ва ташаббускори барномаҳои бу‐ зурги таъмини ҳаёти осоишта дар сайёра ‐ Асос‐ гузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми кишвар муроҷиат намуда, бо камоли садоқат изҳор медорем, ки: ‐ Истиқлолияти миллии Тоҷикистон самараи бузурги ҷонбозиву талошҳои бевоситаи Асос‐ гузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Имрӯз вақте мо Истиқлол, Ваҳдат ва Тоҷикистон мегӯем, пеш аз ҳама пешорӯи мо корномаҳои ин фарзанди ватандӯст ва кафолгари истиқлоли миллӣ, меъмори сулҳу ваҳдат ҷилвагар меша‐ ванд ва бегумон мо вақте Тоҷикистони соҳибис‐ тиқлол мегӯем, номи пуршарафи Эмомалӣ Раҳмон ‐ Пешвои муаззами миллати мо ба забон меояд. Аз ин рӯ, биёед ба қадри ин бузургтарин неъмат, ки варо ном Истиқлоли миллист ва онро ҳазорсолаҳо мардуми мо орзу мекарданд, бира‐ сем ва онро барои ҳастии имрӯзу фардои миллат чун гавҳараки чашм ҳифз ва ба наслҳои оянда ин‐ тиқол диҳем; ‐ Дар суханрониҳое, ки дар конфронси илмии имрӯза манзур шуданд, ин хидматҳои бузургу

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ саноатикунонии босуръати кишвар дар ноҳияи Спитамен бунёди корхонаҳои саноатӣ бомаром ҷараён дорад.

САЊМИ НАЗАРРАС ДАР ИЌТИСОДИЁТИ МИЛЛЇ Ïà¸ìè øîäáîøèè Ðàèñè âèëîÿò Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà áà èñòè¥áîëè Тçè àíãèøòêàíîí

Дӯстони азиз! Ҳамасола якшанбеи охирини моҳи август чун Рӯзи ан‐ гиштканон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат кулли кор‐ мандони соҳаро табрику муборакбод гуфта, барояшон дар амалишавии нақшаҳои нек барору комёбиҳо та‐ манно дорам. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «рушди соҳаи ис‐ тихроҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захи‐ раҳои табиии кишвар метавонад дар пешбурди иқ‐ тисодиёти кишвар, таъсис ва фаъолияти корхонаҳои са‐ ноатӣ саҳми назаррас гузорад». Боиси хушнудист, ки ин нуктаро ангиштканони вилоят ҳамаҷониба тарафдорӣ карда, ҷиҳати афзоиши бемайлони истихроҷи ангишт тадбирҳои судманд меандешанд. Бо шарофати сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат истихроҷи ангишт аз 210 ҳазор тоннаи соли 2000‐ум ба беш аз 1,8 миллион тонна дар соли 2020 расонида шуд, ки қариб 10 маротиба зиёд аст. Маҳз зиёд шудани истихроҷи ан‐ гишт имкон дод, ки вобастагии кишвар аз истифодаи гази

табиии воридотӣ коҳиш ёфта, фаъолияти мураттаби кор‐ хонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои дигар таъмин карда шавад. Айни замон, садҳо корхонаҳои саноати масолеҳи би‐ нокорӣ, оҳангудозӣ, хӯрокворӣ, саноати сабук ва ғайра бо истифода аз ангишт маҳсулот истеҳсол менамоянд. Таъмини маркази барқии гармидиҳӣ (МБГ), аҳолӣ ва му‐ ассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ бо ангишт, барои расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат нақши бориз дошта, комёбиҳо бо меҳнати фидокорона ва садоқатмандонаи кормандони соҳа ба даст омадаанд. Итминони комил дорам, ки ҳайати муҳандисиву тех‐ никӣ ва коргарони соҳа ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, минбаъд низ дар рушди Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми босазо хоҳанд гузошт. Бо чунин таманниёт ба кормандони соҳаи истих‐ роҷи ангишти вилоят хонаи обод, рӯзгори пурфайзу ба‐ ракат ва саломативу барори кор орзу менамоям. ИДАТОН МУБОРАК, АНГИШТКАНОНИ АЗИЗ!

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи мазкур рафти бунёд ва васлу насби таҷҳизотро дар корхонаҳои навтаъ‐ сиси "Шири Спитамен" ва коргоҳи ис‐ теҳсоли сачоқ ва халати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «25‐сола‐ гии Истиқлолият» мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Боиси зикр аст, ки корхонаи кор‐ карди шир аз ҷониби ҶСП "Комби‐ нати шири Душанбе " сохта шуда, маблағи умумии сармоявӣ 7,5 мил‐ лион сомониро ташкил медиҳад. Иқ‐ тидори истеҳсолии корхонаи мазкур коркарди 20 тонна шир дар як баст, аз ҷумла 1 тонна шири хушк дар як ша‐ бонарӯз ба ҳисоб меравад. Коргоҳи истеҳсоли сачоқ ва халат бошад аз ҷониби ҶДММ "Органик‐Ян" таъсис ёфта, дар марҳалаи аввал дар он то 150 нафар соҳиби ҷойи кор ме‐ гарданд. Таҷҳизоти истеҳсолии коргоҳ аз Туркия ва Корея ворид карда шуда, аз нахи пахтаи дар корхонаи "Орга‐

безавол ва ҷовидонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳар роҳу шева шарҳу тафсир шуданд. Таҷлили ҷашни 30‐солагии Истиқлоли миллӣ воқеан дар назди олимону донишмандон, муҳаққиқону муаррихон вазифаҳои нав ба нав мегузорад. Имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки ба таърихи сисолаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо диду нигоҳи дигар назар афканда, маҷмӯи воқеаву ҳаводис, корномаҳову равандҳои миллатсозиву давлатофариро шарҳу тафсир на‐ моем, то наслҳои имрӯзу фардо сарчашмаҳои са‐ одати волову ояндаро ба дурустӣ бишносанд. Ифтихор ва сарфарозии мо тоҷикон ‐ дар да‐ розои 30‐солагии Истиқлоли миллист, ки Худо‐ ванд ба миллати мо раҳнамоеро ато намуд, ки ҷаҳон ба он чун сиёсатмадор ва пешвои ҷаҳонсоз назар афканда, ташаббусҳои бузурги ӯро чун барномаҳои созанда барои ҳалли мушкилоти сай‐ ёра истиқбол менамояд. Вазифаи ҳар яки мост, ки ин хидматҳоро аз имрӯзу фардо то фардоҳои дигар барои мардуми олам бештару пештар му‐ аррифӣ намоем, то аз дарсҳои наҷиби давлатсо‐ зиву давлатдории Пешвои миллати мо мардуми олам баҳри пешрафтҳои кишвару мамлакат ва мардуми хеш баҳраманд шаванд. Таҷрибаи но‐ дири сулҳи тоҷикон худ бузургтарин намунаи фарҳанги сулҳофарӣ дар сайёра аст, ки пайваста мавриди омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад. Аз ин рӯ, мо‐иштирокдорони конфронси имрӯза низ бо тақдир аз нақшу мақоми бар‐ ҷастаи Пешвои миллат дар таҳкими Истиқ‐ лоли миллии тоҷикон ташаббуси иштирок‐ дорони конфронси илмии якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ба истиқболи 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пешвои миллат бори дигар додани унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва ҳамзамон пешниҳод ба ҷоизаи ҷаҳонии Нобел дар самти таъмини сулҳ дар саросари ҷаҳон дастгирӣ ва ҷонибдорӣ на‐ муда, аз тамоми мардуми шарафманди киш‐ вар даъват ба амал меоварем,ки аз ин пеш‐ ниҳоду ташаббуси созанда ва раҳнамоянда истиқбол намоянд.

ТАЉЊИЗОТИ ЗАМОНАВЇ ТАКОНБАХШИ ИСТЕЊСОЛОТ Øèíîñîèè Ðàèñè âèëîÿò áî ñîõòìîí âà ìó¿à³³àçñîçèè êîðõîíà³îè ñàíîàòO äàð íî³èÿè Ñïèòàìåí

ник‐Ян" истеҳсолшаванда маҳсулоти тайёр омода ва ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ бароварда хоҳад шуд. Раиси вилоят барои бо сифати ба‐ ланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин тавсияҳо дода, таъкид кард, ки иншооти ҷашнӣ дар муҳлати пеш‐ бинишуда бояд омода карда шавад. Сипас, Раисии вилоят бо вазъи

омодагии корхонаҳои коркарди пахта, аз ҷумла ҶСП "Деҳқон" ва ҶДММ "25-солагии Истиқлолият " шинос шуда, барои пурра ба мавсими нав омода намудани корхонаҳои коркарди пахта супоришҳо дод. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

30-ñîëàãèè Èñòè¥ëîëè äàâëàòèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîíðî áî äàñòîâàðä³îè àðçàíäà èñòè¥áîë ìåãèðåì!


²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Шанбе, 28 августи соли 2021 №104 (18409)

3

Òî¿èêèñòîí àñòó Èñòè¥ëîë àç ìî ¸äãîð! 1300 ð¢çè îáîäîí= áà èñòè¥áîëè 30 - ñîëàãèè Èñòè¥ëîëè äàâëàòèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí

ФАЙЗИ ИСТИЌЛОЛУ НУСРАТИ ВАЊДАТ

‐ Новобаста аз иҷрои пурраи нақша мо уҳдадор шу‐ даем, ки боз 5 километр роҳ бо дастгирии сокинону соҳибкорон корҳои таъмиру мумфаршкуниро ба сомон расонем. Албатта, чунин дастгириҳову ҳидоятҳои Прези‐ денти кишвар мо ‐ масъулинро рӯҳбаланд гардонида, ва‐ зифадор месозад, ки боз ҳам барои раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ободкориву созандагии роҳҳои киш‐ вар хизматҳои шоиста намоем, ‐ зикр дошт сардори му‐ ассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Конибодом Музаффар Тоҳиров.

МАСЪАЛАИ ОБИ НӮШОКӢ РОҲИ ҲАЛЛИ ХУДРО ЁФТ?!

ОМИЛҲОИ ВОҚЕИИ ЗАҲМАТИ СОЗАНДА

Мардуми шарафманду иродатманди кишвари маҳбуби мо ‐ диёри ободу озоду шукуфои мо бо ғояҳои комили воқеъбинона, бо тафаккуру маънавиёти миллӣ кор меку‐ нанд, заҳмат мекашанд, зиндагӣ ба сар бурда, бо замони муосир ҳамқадаму ҳамрадифанд, пеш мераванд ва ободо‐ ниву созандагиро дар партави сиёсати хирадмандона ва ҳи‐ доятҳои бунёдии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ‐ тарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияту рушд мебахшанд. Мах‐ сусан, имрӯзҳо бо шарафи сазовор истиқбол гирифтани ҷашни милливу таърихӣ – 30 – солагии Истиқлоли давла‐ тии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору пайкор ва ҷаҳду суботи со‐ кинони зафарманди кишвари биҳиштосоямон бештар падид омадааст. Дар раванди 1300 рӯзи меҳнати зарбдор баҳри истиқ‐ боли сазовори санаи таърихӣ – 30 ‐ солагии Истиқлоли дав‐ латӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ва идомаи босуръати иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии мам‐ лакат ва Ҳукумати кишвар дар шаҳри Конибодом вусъат меёбад. Тайи чанд соли охир дар ҳудуди шаҳр барои муҳайё ва беҳтар намудани шароити мусоиди кору хизмат‐ расонӣ ва идомаи босуръати корҳои ободонию созандагӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, марказҳои маишиву хизматра‐ сонӣ, ободу чароғонкунии кӯчаҳо, азнавсозии хатҳои обгу‐ зар ба амал бароварда шуданд ва тадбирҳои созандагӣ – мактабу синфхонаҳои иловагӣ, корхонаҳои хурду миёна ва биноҳои хуштарҳи истиқоматию хизматрасонӣ, иншоот бунёд шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Сокинони меҳнатқарини шаҳр ва соҳибкорону саховат‐ мандони маҳал дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъ‐ олияти худ намуда, саъю кӯшиш доранд, ки ҷашни таърихии миллиро бо меҳнати шоиста ва дастовардҳои ар‐ занда истиқбол гиранд. Дар ин самт соҳибкорон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ фаъолона ширкат на‐ муда, то имрӯз чандин иншооти замонавиро сохта, ба ис‐ тифода супориданд. Айни замон сохтмони иншооти гуногун дар шаҳр идома дошта, аз 506 иншооти ба нақша гирифташуда, то ин муддат 406 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтааст. Алҳол дар сохтмони иншооти боқимонда корҳо ҷараён дошта, роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳли заҳ‐ мати он барои таҷлили шоистаи ҷашни таърихӣ заҳмат ка‐ шида истодаанд. Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонии чанде аз иншооти ҷашнӣ аён гардид, ки масъулину сохтмончиён баҳри ҳарчи саривақт ва босифат ба иҷро расонидани корҳо меҳнати шабонарӯзӣ доранд. Бояд гуфт, ки бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 ‐ ум дар маркази деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов ҷой‐ гир буда, он барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Фармоишгари иншоот шуъбаи маорифи шаҳр буда, пуд‐ ратчӣ ҶДММ «Канд ‐ сохтмон» мебошад. Бинои маъмурии Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демокра‐ тии Тоҷикистон бо фармоиши Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳр сохта шуда истодааст ва он дар шафати майдони Парчами давлатӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонии май‐ дони Нишони давлатӣ низ дар маркази шаҳри Конибодом ҷараён дошта, он бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ бунёд мешавад. Фармоишгари иншоот мақомоти иҷроияи ҳоки‐ мияти давлатии шаҳр ва пудратчӣ ҶДММ «РС Барқарор» аст. Ҳамчунин, корҳои таҷдиду азнавсозии Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи «30‐солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бомаром идома дошта, он дар арафаи ҷашни миллӣ ба истифода дода хоҳад шуд. Алҳол дар ин мавзеъ корҳои ҳамворсозии роҳраву гулгаштҳо, сохтмони фаввораву дар‐ возаҳои он ҷараён дорад. Баҳри ободу зебо ва гулзор намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр низ аз ҷониби кормандони Идораи хоҷагии манзи‐ лию коммуналии шаҳр як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Ҳангоми ба шаҳр ворид шудан бо чашми сар би‐ дидем, ки кӯчаҳо тозаву дар канори роҳҳои шаҳр дарах‐ тони ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, рӯҳияи мардум ба меҳнати созанда ва эҳсоси шаҳрдорӣ бо‐ лидаву афзун аст. Роҳбари корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр Саъдулло Абдиев зимни суҳбат изҳор дошт, ки баҳри ободониву кабудизоркунӣ ва аз нав сохтани шиору овезаҳо аз ҷониби масъулини корхона, тибқи нақ‐ шаи чорабиниҳои дахлдор, тадбирҳо ба сомон расонида шуд. Аз ҷумла, дар кӯчаҳои Камоли Хуҷандӣ, 8 ‐ уми Март,

Айнӣ ва Ленин ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст. Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар маркази шаҳр ва деҳот боиси фараҳмандиву хушҳолии сокинон гар‐ дидааст, зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ шуда‐ анд. Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорону саховатмандон, ба истиқболи ҷашни Истиқлол камари ҳиммат баста, ме‐ хоҳанд, дар ободонии Ватан бештар саҳми худро гузоранд.

НАҚШАИ ТАЪМИРИ РОҲ ПУРРА БА ИҶРО РАСИДААСТ

Тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи роҳу нақлиёт низ бомаром рушд намуда, дар натиҷаи он ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуни‐ катсионӣ ноил гаштааст. Маҳз, бо шарофати ваҳдату ҳамгироии мардуми киш‐ вар ва кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо давра ба давра ба дастовардҳо ноил гардида истодааст. Соҳаи роҳ ва роҳдорӣ чун дигар самти иқтисодиёти Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон ҷузъи таркибии он маҳсуб ёфта, барои рушду нумӯи кишвар ва беҳтар гаштани вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандон аҳамияти хоса дорад. Аз ин рӯ, дар ин самт дар қаламрави шаҳри Конибодом нишондиҳан‐ даҳои соҳаи мазкур, аз ҷумла таъмиру навсозӣ ва мум‐ фаршкунии пурраи роҳҳои хусусияти гуногундоштаи минтақаҳои он идома дошта, натиҷаҳои он низ басо назар‐ расанд. Мушаххасан дар ин раванд “Барномаи рушди иҷ‐ тимоию иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2021‐2025” қабул гардидаву дар ҳошияи ин нақша ва иҷрои он чорабиниҳо тарҳрезиву амалӣ гашта истодаанд. Аслан тибқи маълумоти масъулин ҳудуди шаҳри Ко‐ нибодом ҳамагӣ 506 километр роҳи автомобилгард мав‐ ҷуд мебошад, ки аз он роҳи аҳамияти байналмилали‐ дошта 56,8 километр, аҳамияти ҷумҳуриявидошта 29,9 километр ва аҳамияти маҳаллидошта 419,3 километрро ташкил медиҳад. Тибқи ҷараёни таъмини иҷрои нақшаи имсолаи таъ‐ мири роҳҳои автомобилгарди ин минтақа, дар маҷмӯъ дар дарозои зиёда аз 148 километр роҳ, аз ҷумла таъмири асосӣ 12 километр, таъмири ҷорӣ 110,7 километр ва шағалпӯш 26,1 километр гузаронида шудааст. Дар ин марҳала ба масофаи 104 километр таъмири ҷорӣ, ба масофаи 26,1 километр шағалпӯш ва ба масофаи 4,4 километр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва аҳолӣ асфалтпӯш карда шуда, таъмири асосӣ ба масофаи 1,84 километр дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳоки‐ мияти давлатии вилояти Суғд иҷро карда шуд. Барои иҷрои корҳо аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 227,7 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 303,5 ҳазор сомонӣ, аҳолӣ 1587,9 ҳазор сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 533,5 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 2647,6 ҳазор со‐ монӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҳамаи сарчашмаҳо 4021507 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудаанд. Бино ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳо‐ кимияти давлатии вилоят тибқи нақша мебоист, ки соли равон дар қаламрави вилоят дар маҷмӯъ наздик 2 ҳазору 100 километр роҳ корҳои таъмиру мумфаршкунӣ ба иҷро расонида шавад. Алҳол роҳсозони шаҳр дар рафти иҷрои нақшаи имсола пешсаф буда, онро 100 фоиз ба иҷро расонидаанд.

Ҳанӯз чанд сол қабл сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ҳамаҷо‐ ниба дастгирӣ менамоянд. Қабул гардидани ин пешниҳод аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар масъалаи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои дунё қарор мегиранд. Дар шаҳри Конибодом низ таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ яке аз масоили мубрам маҳсуб ёфта, ҳарчанд 30 сол қабл муаммои кашидани хати оби нӯшокӣ ба миён омада бошад ҳам, он ҳеҷ роҳи ҳалли худро намеёфту мар‐ дум дар интизории оби тозаи ошомиданӣ буданд. Чоҳҳои артезиание, ки дар қисми поёнии шаҳр ҷойги‐ ранд, манбаи асосии оби нӯшокӣ барои аҳолии шаҳри Ко‐ нибодом мебошанд. Хатҳои обтаъминкунӣ дар тӯли солҳои 1960 то 1985 сохта шудаанд ва дар натиҷаи истифо‐ даи тӯлонӣ 75 фоизи онҳо фарсуда гаштаанд. Алҳол оби нӯшокӣ ба истеъмолкунандагон бо роҳи тай намудани се зинаи бардошт: аз чоҳ то ҳавзи обҷамъку‐ нанда, баъди он бо воситаи насосҳои уфуқӣ то иншооти обкашии №3, аз он ҷо об ба истеъмолкунандагон интиқол дода мешавад. Дар маҷмӯъ, корхонаи «Обу ташноби шаҳри Конибодом» дар тавозуни худ 8 чоҳ дорад, ки иқ‐ тидори миёнаи истеҳсолиашон 1920м3 /соат мебошад. Таъминоти оби нӯшокии шаҳр бо воситаи се пойгоҳи об‐ кашӣ ба роҳ монда шудааст. Хушбахтона, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи амалисозии лоиҳаи “Барқароркунии системаҳои обтаъминкунӣ”, ки онро Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд маблағгузорӣ на‐ муда буд, баҳри таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ му‐ соидат намуданд. Алҳол бо сипарӣ шудани чанд сол, бино ба иттилои сарвари “Корхонаи фаръии обу ташноби шаҳр” Мурод‐ ҷон Сатторов, тибқи лоиҳа хеле корҳо ба сомон расонида шуда, аз ҷумла дар ин росто харидории мошин, механизм ва таҷҳизоти махсус, барқарорсозии иншооти пойгоҳи на‐ сосӣ ва ҳавзи оби тозаи ғунҷоишаш 1000 метри мукааб дар ҳудуди корхона ва барқарорсозии пойгоҳи насоси «ГКНС» ва қисман иваз намудани қубури баландфишор ба маб‐ лағи 730 ҳазор доллари ИМА аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Роҳат» ба иҷро расонида шуд. Мавриди қайд аст, ки сохтмони иншооти оби тозаи «Соҳил» моҳи июни соли 2017 аз тарафи ҶДММ «Назрӣ‐И» оғоз гардида, иншооти насоси бардориши дувум ва 2 ҳавзи оби тозаи ғунҷоишаш 500 метри мукааб ва иншооти безараргардонӣ ба маблағи 560 ҳазор доллар сохта шуд. Дар биноҳои истиқоматии миёнаошёнаи қисми поёни шаҳраки “Ҷавонон"‐и маркази Конибодом пурра ҳисоб‐ кунакҳои обӣ васл шуда, лӯлаҳои берунӣ ва дохилӣ пурра аз нав шудааст. Дар ин самт корҳои сохтмонӣ боз ҳам идома доранд. Сохтмону ивази лӯлаҳои фарсуда бо қубурҳои нави ба‐ ландфишор пурра сурат гирифта, хатҳои тақсимотии оби ошомиданӣ дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ, Исмоили Сомонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Маданият ва чандеи дигар бо лӯ‐ лаҳои баландфишори гуногунқутр васл карда шуда, бо ин вазъияти обрасонии шаҳр басо беҳтар гардидааст. Имрӯз мардуми ин маҳаллаҳо аз корҳои таъмиру тар‐ мими кӯчаҳои шаҳр, алалхусус васли лӯлаҳои нав, кашидани хатҳои оби ошомиданӣ басо шоду мамнунанд. Аз ҷумла, ба фикру андешаи баъзеи онҳо мароқ зоҳир намудем. Баҳри расидан ба ҳадафҳои пешистода ба кулли мардуми ободкори ин гӯшаи Ватани маҳбубамон барор мехоҳем. Маъмурахон САМАДОВА, Нодир ТУРСУНЗОДА, мухбирони “Ҳақиқати Суғд”

Истиқлолият барои миллати мо дастоварди беназир ва неъмати бебаҳост, зеро барои ноил гардидан ба ҳадафҳои олии мардуми кишварамон шароити мусоиди таърихӣ фароҳам овард. Яъне дар замони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла, ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ноил гардид.

АНГИШТ САРВАТИ ТАБИЇ ВА ФАРОВОНИ МАМЛАКАТ

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки рушди соҳаи истих‐ роҷи ангишт ва самаранок истифода бурдани захираҳои табиии кишвар метавонад, дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат, таъсис ва фаъ‐олияти корхонаҳои саноатӣ саҳми назаррас гузорад. Ангиштканони шаҳраки Шӯроби (ҶСК «Ангишт») ‐ и шаҳри Ис‐ фара имрӯзҳо бо дарки масъулияти баланди касбӣ ва саъю саҳмгу‐ зорӣ дар тараққиёти мамлакат ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум суботкорона меҳнат мекунанд. Ҷомеаи меҳнатии корхонаи мазкур ният доранд, дар соли ҷашни 30 ‐ солагии Истиқлоли дав‐ латии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии худро бо нишондиҳан‐ даҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол гиранд. Дар ин бора зимни суҳбат директори генералии ин муассиса Насим Каримов иттилоъ дод: ‐ Мо аз оғози сол аҳд карда будем, ки дар соли ҷашни мубораки кишвар нишондиҳандаҳои истеҳсолиамон аз будаш боз беҳтар бошад, ‐ гуфт номбурда, ‐ ин буд, ки нишондиҳандаи асосии истеҳ‐ солӣ ‐ кандани ангиштро дар ҳафт моҳи соли равон ба 45 ҳазору 160 тонна расонидем. Аниқтараш, маҳсулот ба маблағи 13914, 2 сомонӣ истеҳсол шуд, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта 10298,7 сомониро ташкил медод. Яъне, нақшаи истеҳсоли ангишт барзиёд иҷро шудааст. Ин аст, ки аз тарафи муассиса тайи ҳафт моҳи соли равон 46 ҳазору 652 тонна ангишт фурӯхта шудааст ва ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 42 ҳазору 150 тоннаро ташкил медод. Табиист, ки болоравии нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ ба сари‐ вақту сифатнок пардохт шудани андозу дигар пардохтҳои ҳатмӣ му‐ соидат мекунад. Бино ба маълумоти шуъбаи иқтисодии коргоҳ дар ҳафт моҳи соли равон ба маблағи 4980651,0 сомонӣ андоз ва андози иҷтимоӣ пардохт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 1375951 сомонӣ зиёд аст. Дигар аз нишондиҳандаи истеҳсолӣ кандани нақб мебошад. Бино ба гуфти роҳбарият корҳои зеризаминии муассиса аз оғози сол то ба имрӯз ба масофаи 3192,0 метр нақб канда шуд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад. Ин мӯҷиби он гардидааст, ки теъдоди ангиштканону кормандони муҳандисӣ ‐ техникӣ аз 427 нафари ҳамин давраи соли гузашта ба 467 нафар расидааст. Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар машва‐ рати августии муаллимони вилоят, ки санаи 20 – уми августи соли ҷорӣ баргузор гардид, аз гармии тоқатфарсои имсол ёдовар шуда, таъкид намуд, ки «зимистони оянда низ сард омаданаш мумкин аст. Биноан ба фасли сармо омодагии ҳаматарафа дидан лозим аст». ҶСК «Ангишт» ‐ и шаҳри Исфара бошад, тибқи қарори Раиси вилоят яке аз масъулони таъмини муассисаҳои буҷетӣ ва аҳолӣ бо ангишт мебошад. Роҷеъ ба ин масъала роҳбарияти корхона гуфт, ки тибқи шартномаҳои басташуда бо муассисаҳои буҷетии вилоят ме‐ бояд, ки 5908,1 тонна ангишт диҳем, амалан бошад 2784,8 тонна ан‐ гишт дастрас шуд, ки 47 фисади нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамарӯза аз анборҳои корхона наздик 70 тонна ангишт бароварда мешавад. Омили асосии пешрафту муваффақияти кориро сарвари кулли коргоҳ Насимҷон Каримов пеш аз ҳама дар тинҷиву амонии киш‐ вар, ки аз сиёсати хирадмандонаву сулҳофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, донист. Дуюм омилро бошад, дар ҳамасола баланд бардоштани музди меҳнати ангиштка‐ нон арзёбӣ кард, ки музди миёнаи меҳнат дар коргоҳ ба 2372 сомонӣ расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат бар ҳамин давраи соли рафта зиёда аз 300 сомонӣ афзудааст. Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки ангиштканони Шӯроби шаҳри Исфара ба истиқболи иди касбиашон - Рӯзи ангиштканон дар соли ҷашни мубораки мамлакат - 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаҳои арзандаи меҳнатӣ, бо сари баланд ва дили пуру шукргузор аз тинҷиву амонии кишвар мераванд. Нодир ТУРСУНЗОДА, «Ҳақиқати Суғд»


4

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

Шанбе, 28 августи соли 2021 №104 (18409)

Ìà¥îìîòè è¿ðîèÿè ³îêèìèÿòè äàâëàòèè âèëîÿòè Ñó>ä

Êè³î àç ìóçäè ìå³íàò ¥àðçäîðàíä?

îèä áà è¿îðà ñóïîðèäàíè àìâîëè äàâëàò= îçìóí ýúëîí ìåíàìîÿä: îçìóíè ¹7/2021

Ба ҳолати якуми августи соли 2021 қарзи музди меҳнати корфармоён дар назди кормандон 19 миллиону 505 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нисбати он корфармоёне, ки ӯҳдадориҳояшонро дар назди қонун иҷро намена‐ моянд, маълумот медиҳем. Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш, вазифадор аст, ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардо‐ зад. Поймолкунии ҳуқуқи пардохти музди меҳнат манъ аст. Рӯйхати корфармоёни қарздорро дар нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ‐ «Ҳақиқати Суғд» ҷой дода, маълум карданием, то ҳамагон донанд, ки бо гуноҳи кӣ имрӯз кормандон ва нафақахӯрон сари вақт маошу нафақаашонро гирифта наметавонанд. Рӯйхати ташкилот, корхона ва хоҷагиҳо, ки аз пардохти музди меҳнати кормандон ба ҳолати 1‐уми августи соли 2021 қарз доранд.

îèäè áà ôóð¢ø áàðîâàðäàíè àìâîëå, êè áî ñàíàä³îè ñóä= ìóñîäèðà øóäààíä, ìóçîÿäà ýúëîí ìåêóíàä. Ìóçîÿäàè ¹14

Раёсати Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд

ÎÈÍÀÈ ²À£ÍÀÌÎÈ ¯ÎÌÅÀ

кумати Љумњурии Тољикистон, њидоятњои саодатбор ва дастуру супоришњои нусратбор, ќарорњову Амру Фармонњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, вазифаву ќарорњои бунёдсози Раиси вилоят, дастоварду наќшањои дурнамои вилояти Суѓд хизмати касбї менамояд. Рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суѓд» дар соли 2022 њам њафтае се маротиба - рўзњои

сешанбе, панљшанбе ва шанбе нашр мегардад. Дар њар шумораи он аз њаёти сиёсиву иќтисодї, иљтимоиву фарњангии вилоят, кишвари бињиштосоямон - Тољикистон, навгонињои хориљї ва љањони имрўз маводи љолиб интишор карда, робитаро, албатта, бо Шумо - хонандагони азиз таќвият мебахшад. Хонандагони азиз! Ба рўзномаи «Њаќиќати Суѓд» ќабули обуна барои соли 2022 оѓоз гардидааст. Обуна дар шуъбањои шањриву ноњиявии КВД «Почтаи тољик» ва идораи рўзнома (шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, «Кохи матбуот», ошёнаи 4-ум) тариќи наќдї ва ѓайринаќдї бе мањдудият ќабул карда мешавад. Нархи обуна барои 1 сол 117 сомонї аст. Индекси обуна: 68894. Барои гирифтани маълумоти иловагї бо телефонњои 2-06-55 (идораи рўзнома) ва 639-74 (КВД «Почтаи тољик») мурољиат намоед. «Њаќиќати Суѓд» рўзномаи Шумо ва њамдаму њамнафаси Шумост!

БА РЎЗНОМАИ ДЎСТДОШТАИ ХУД САРИ ВАЌТ ОБУНА ШАВЕД!

ТАЪЗИЯ

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» ба дотсент, мутахассиси пешбари шуъ‐ баи идоракунии сифати таҳсилоти до‐ нишгоҳ Маҳмудҷон Ӯлмасов нисбат ба вафоти БАРОДАРАШ ҳамдардӣ изҳор менамоянд. *** Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» аз вафоти нобаҳангоми дотсенти ка‐ федраи табиӣ‐риёзӣ, тарбияи эсте‐ тикӣ ва методикаи таълимии он ТОШМАТОВ АБДУМАНОН АБДУСАМАДОВИЧ сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва наздиконаш ҳамдардӣ изҳор менамо‐ янд.

îèäè áà ôóð¢ø áàðîâàðäàíè àìâîëå, êè áî ñàíàä³îè ñóä= ìóñîäèðà øóäààíä, ìóçîÿäà ýúëîí ìåêóíàä. Ìóçîÿäàè ¹13

ÊÄÊ «Áèðæàè ìîëó ìóëêè âèëîÿòè Ñó>ä»

«Обуна – 2022»

Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» ба дотсенти кафедраи таърихи ватан ва археология Эркаев Сафар Абдулхай‐ рович нисбат ба вафоти ХУШДОМАНАШ ҳамдардӣ изҳор менамоянд. *** Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» аз вафоти нобаҳангоми дотсент, му‐ дири кафедраи ботаника ва физиоло‐ гияи растаниҳои факултети биология ва химия ҲАКИМОВА РОҲАТ ШОДИЕВНА сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва наздиконаш ҳамдардӣ изҳор менамо‐ янд. ***

ÊÄÊ «Áèðæàè ìîëó ìóëêè âèëîÿòè Ñó>ä»

Музояда санаи 14‐уми сентябри соли 2021, соати 10:00 бо тарзи англисӣ дар толори савдои биржа баргузор мегардад. Ба савдои музоядавӣ симоҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд. Боҷи комиссионӣ 5 фоиз, боҷи дав‐ латӣ 0,5 фоизи маблағи умумии фурӯшро ташкил медиҳад. Бақайдгирии иштирокчиён ва қабули кафолатпулӣ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 41 сурат гирифта, аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ оғоз мегардад ва барои симоҳои бо тарзи нақдӣ пардохткунанда як соат пеш, барои си‐ моҳои бо тарзи ғайринақдӣ пардохткунанда бошад, як рӯз пеш аз музояда қатъ карда мешавад. Музояда дар асоси талаботи низомномаи тартиби фу‐ рӯши иншооти моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1‐уми марти соли 2004, № 98 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 4‐02‐89, 4‐09‐21 дастрас намудан мумкин аст.

Озмун 21 сентябри соли 2021, соати 14:00 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳо‐ кимияти давлатии вилояти Суғд, маҷлисгоҳи Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, хиёбони Р. Набиев, бинои 45, ошёнаи 6, баргузор мегардад. Ба озмун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд, ки бояд барои иш‐ тирок ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд: • Барои шахсони воқеӣ – нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқку‐ нандаи шахсият; • Барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва Оинномаи шахси ҳуқуқӣ; • Пешниҳод дар лифофаи сарбаста, ки дар дохили он дархости иштирокчӣ бо нишон додани номи пурраи иншооти иҷора ва пешниҳоди маблағи ба иҷора мегирифта, ки бояд аз маблағи дар эълон нишон додашуда кам набошад. • Нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатӣ. Дар ҳолати ғолиб дониста шудан «Иҷорагир» ба ҳисоби «Иҷорадиҳанда» ба миқдори 5 фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,1 фоиз боҷи давлатӣ аз ҳаҷми иҷора‐ пулии солона месупорад, ки ин маблағҳо ба арзиши иншооти иҷора дохил на‐ мешаванд. Ғолиби озмун иштирокчие дониста мешавад, ки нархи пешниҳодкардаи ӯ нисбати дигар иштироккунандагон зиёд бошад. Бақайдгирии иштирокчиён аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ дар суроғаи хиё‐ бони Р.Набиев 45, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ошёнаи 6, утоқи кории № 602 оғоз гардида, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Озмун тибқи тартиби ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, ки бо қа‐ рори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, № 537 тасдиқ гар‐ дидааст, гузаронида мешавад. Телефон барои тамос: (83422) 4‐65‐62. Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд. ЭЗОҲ: Нархи ибтидоии масоҳатҳои аз бинои КВДК «Кохи матбуот» ба иҷора додашаванда, ба истиснои муассисаю ташкилотҳои воситаҳои ахбори умум, на кам аз 10 сомонӣ барои 1 м2 ҳисоб карда мешавад.

«Њаќиќати Суѓд» яке аз муќаддамтарин рўзномањои ќаламрави кишвар мањсуб ёфта, алњол таърихи беш аз навадсола дорад ва њамчун нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд минбари бонуфуз ва оинаи ќаднамои њаёти муосир, рўзгори даврони соњибистиќлолї мавќеъ ва рисолат дорад. «Њаќиќати Суѓд» њамчун дастгоњи тарѓиботу ташвиќот бањри амалигардонии сиёсати Њу-

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

*** Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» аз вафоти нобаҳангоми профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва мето‐ дикаи таълими физика ЛАТИПОВ ҶАЛОЛ ЛАТИПОВИЧ сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва наздиконаш ҳамдардӣ изҳор менамо‐ янд. **** Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» аз вафоти нобаҳангоми котиби илмии Шӯрои олимони донишгоҳ ЮСУПОВА МАРҲАБОХОН ЮНУСОВНА сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва наз‐ диконаш ҳамдардӣ изҳор менамоянд.

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

*** Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» аз вафоти нобаҳангоми муаллимаи ка‐ федраи технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт НЕГМАТОВА МУБИНА ҲОТАМОВНА сахт андуҳгин буда, ба аҳли оила ва наздиконаш ҳамдардӣ изҳор менамо‐ янд. *** Раёсат ва Кумитаи муттаҳидаи итти‐ фоқи касабаи Муассисаи давлатии таъ‐ лимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров» ба сармуаллимаи кафедраи кори бонкӣ Холматова Фарида Абдуҷаббо‐ ровна нисбат ба вафоти ФАРЗАНДАШ ҳамдардӣ изҳор менамоянд.

Сармуњаррир Аминљон ШАРИФЗОДА Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шуъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Музояда санаи 28‐уми сентябри соли 2021, соати 10:00 бо тарзи англисӣ дар толори савдои биржа баргузор мегардад. Ба савдои музоядавӣ симоҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват карда мешаванд. Боҷи комиссионӣ 5 фоиз, боҷи дав‐ латӣ 0,5 фоизи маблағи умумии фурӯшро ташкил медиҳад. Бақайдгирии иштирокчиён ва қабули кафолатпулӣ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, хиёбони И.Сомонӣ 41 сурат гирифта, аз рӯзи дарҷи хабари иттилоотӣ оғоз мегардад ва барои симоҳои бо тарзи нақдӣ пардохткунанда як соат пеш, барои си‐ моҳои бо тарзи ғайринақдӣ пардохткунанда бошад, як рӯз пеш аз музояда қатъ карда мешавад. Музояда дар асоси талаботи низомномаи тартиби фу‐ рӯши иншооти моликияти давлатӣ дар музоядаҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1‐уми марти соли 2004, № 98 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои 4‐02‐89, 4‐09‐21 дастрас намудан мумкин аст.

Аз эътибор соќит Шаҳодатнома дар бораи бақайд‐ гирии давлатӣ барои сохтмони мин‐ тақаи истироҳатӣ таҳти №0059806 воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Ҷамоати деҳоти Исфисор, ки ба Но‐ сиров Ҳотамҷон Ваҳобович тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эъ‐ тибор соқит дониста шавад. *** Сертификати ҳуқуқи истифода‐ барии замин таҳти дараҷаи А №0007661 воқеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати деҳоти Сомониён, деҳаи Ӯзбекқишлоқ, ки ба Аъзам Ус‐ монов тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли БР №725168, ки соли 1986 мактаби миёнаи №20‐и шаҳри Хуҷанд ба Рафоат Джӯраева додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Китоби хонаи воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 12, бинои 8, ҳуҷраи 57, ки ба Баракаджон Қаюмова таал‐ луқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли №016845, ки соли 1983 мактаби миёнаи №3‐и Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба Алиматов Абдусалом Кимсанбоевич додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли АБ №069336, ки соли 1999 мактаби миёнаи №2‐и деҳаи Хуштоири Мухлон, ноҳияи Деваштич ба Назирҷон Норжигитов

додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли Т‐АТУ №0166053, ки соли 2015 Гимназияи №1‐и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Холматов Шоҳзод Шуҳратович додааст, бино‐ бар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Шиносномаи техникии хонаи воқеъ дар шаҳри Бӯстон, кӯчаи Дӯстии халқҳо (собиқ 1 Май) бинои 3, ҳуҷраи 19, ки ба Комиренко Свет‐ лана Владимировна тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли А №141029, ки соли 1993 мактаби миёнаи №43‐и Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба Қӯзиқулов Fуломҷон Абдуазизович додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Номаи камоли АБ №212963, ки соли 2001 мактаби миёнаи №43‐и Ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба Қӯзиқулов Ёқубжон Абдуазизович додааст, би‐ нобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Шиносномаи техникии хонаи воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Ҷамоати деҳоти Fозиён, кӯчаи М.Рустамов (собиқ Чорсу), хонаи №1/7, ки ба Қодиров Фозилҷон Ко‐ милович тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит до‐ ниста шавад.

ДАРАК ДИЊЕД Шаҳрванд Кӯчқоров Искандар Абдунабиевич (соли таваллу‐ даш 13‐уми марти соли 1985, миллаташ ӯзбек, бошандаи ноҳияи Бобоҷон Fафуров, Ҷамоати деҳоти Исмоил, деҳаи Шамсобод, кӯчаи Темурмалик №15 соли 2008 ба муҳоҷирати меҳнатии Россия рафта, дигар барнагаштааст. Агар дар бораи Кӯчқоров Искандар Абдунабиевич ягон маълумот дошта бошед, бо телефони (92) 872‐33‐83 ба мо занг занед.

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ инти шор мекунад , ки хилофи аќидаи њайати тањририя њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои мазмуни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида наме шаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора Шањбону ОЛИМОВА Њуруфчин Алохон А бдуѓаффорова

Âåðîñòîð ²àëèì¿îí ²ÎÌÈÄÎÂ

Адади нашр 7750 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.