Ҳақиқати Суғд №105 31.08.2021

Page 1

Банї Одам аъзои якдигаранд! Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти соли 1930 нашр мешавад

Сешанбе, 31 августи соли 2021

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН Дар бораи даъват намудани иљлосияи ѓайринавбатии Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, даъвати шашум Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ФАРМОН МЕДИҲАМ: 1. Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намоянда‐ гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 6 сентябри соли 2021 соати 10:00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад. 2. Ба баррасии иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон «Дар бораи авф» пешниҳод карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 30 августи соли 2021, №245

№105 (18410)

С

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

АНАИ 30-юми августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондустӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Бо мақсади қабули Қонуни мазкур бо фар‐ мони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷло‐ сияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябри соли 2021 даъват карда шуд. Қонуни авф нисбат ба доираи васеи маҳкум‐ шудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад. Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавоб‐ гарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод меку‐ над: шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар коло‐ нияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан

Пешнињоди лоињаи Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи авф” ба Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқа‐ манднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд. Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, нобо‐ лиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои му‐ кофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шах‐ сони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрван‐ дони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст. Онҳо аз ҷа‐ вобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда ме‐ шаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонун “Дар бораи авф” маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад. Тибқи маълумоти пешакӣ қонун нисбати 16000 нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои

боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршаванда‐ гон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ис‐ лоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад. Авф нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои мах‐ сусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобга‐ рии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷинояти қасдона содир кар‐ даанд, татбиқ намегардад. Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқ‐ кунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Проку‐ рори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазо‐ рати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Куми‐ таи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки баъди ду моҳи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд. Қонун баъд аз қабули он аз ҷониби Маҷ‐ лиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот нашр мегардад.

ЊАДАФИ ОЛИИ СТРАТЕГЇ: САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР Èôòèòî³è Êîìïëåêñè àãðîñàíîàòèè ìóð˜ïàðâàðèè ¯ÄÌÌ “ÌàðìàðO” äàð íî³èÿè Äàí˜àðà

Санаи 28-уми август дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Комплекси агросаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд.

С

АРВАРИ давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Себистон нахуст бо бардош‐ тани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъ‐ олияти инкубатори корхона оғоз бахшиданд. Барои сохтмони инкубатор дар де‐ ҳоти Себистони ноҳияи Данғара 1 гек‐ тар замин ҷудо гардид. Масоҳати сохт‐ мони зери бинои инкубатор беш аз 2000 метри мураббаъро ташкил дода, калон‐ тарин инкубатор дар Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон мебошад. Дар ин ҷо биноҳои истеҳсолии ҳози‐ разамон ва иншооти ёрирасон бо насби таҷҳизот ва технологияи навтарин, ин‐ чунин гузаронидани системаи инфра‐ сохтори муҳандисӣ бо дарназардошти талаботи санитарӣ ‐ эпидемиологӣ сохта, ба истифода дода шуд. Иншоот аз минтақаи коркарди са‐ нитарии техника, ҷойи қабули тухми инкубатсионӣ, сардхонаи нигоҳдории тухми инкубатсионӣ, ҳуҷраи гузоштани тухми инкубатсионӣ бо аробаҳои мах‐ суси қуттидор, толори ҷевонҳои инку‐ батсионӣ, толори ҷевонҳои чӯҷабарорӣ, ҳуҷраи эмгузаронӣ ва ҳуҷраи таҳвили чӯҷаҳо иборат мебошад. Иқтидори солонаи барориши чӯҷа дар инкубатор зиёда аз 5 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 мил‐ лион сарро ба мурғхонаи комплекси па‐

рандапарварии “Мармарӣ” барои пар‐ вариш таҳвил медиҳанд. Чӯҷаҳои боқи‐ мондаи корхона барои таъмини дигар мурғхонаҳои кишвар бо чӯҷаҳои хуш‐ зоти гӯштӣ пешниҳод мегардад. Барои таҳвили чӯҷаҳо аз инкубатор ба мурғхона техникаи махсусгардонида‐ шуда бо мақсади риояи талабот ва меъ‐ ёрҳои муайяннамудаи соҳа дастрас карда шудааст. Дар ин ҷо низ коргарон бо шароити хуби корӣ, бахусус маоши баланд, ошхона, либосҳои корӣ, маҳлул‐ ҳои безараргардонии гигиенӣ ва ҷойи истироҳат таъмин мебошанд. Таҷҳизоти инкубатор ба ҳама тала‐ бот ҷавобгӯ буда, истеҳсоли ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин “ИАЙ Фарминг” (EI Farming) мебошад, ки дар бозорҳои давлатҳои Аврупо ва Осиё мавқеи назаррасро ишғол мена‐ мояд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Ду‐ шанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баъди ифтитоҳи бинои инкубатор дар деҳоти Себистон фабрикаи паранда‐ парварии мурғи гӯштии комплекси аг‐ росаноатии мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мар‐ марӣ”‐ро ифтитоҳ карданд. Корхонаи замонавӣ бо мақсади идо‐ маи амалигардонии иқдому нақшаҳои созанда, расидан ба ҳадафҳои стратегии

саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқавории мамла‐ кат ва дар амал татбиқ намудани сиё‐ сати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бунёд гардидааст. Комплекси агросаноатӣ бо дарна‐ зардошти таъмини бозори истеъмолии пойтахти мамлакат, ки таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷ‐ роияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ду‐ шанбе қарор дорад, ҷиҳати сари вақт ва бо сифати аъло пешниҳод намудани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ фаъолияти худро пеш мебарад. Ҳудуди мурғхона 22,75 гектар за‐ минро дар бар гирифта, дар он бинои маъмурӣ, 12 фермаи парвариши па‐ ранда, 4 анбор, бинои санитарӣ, 2 мин‐ тақаи коркарди санитарии техника ва обанбор сохта шудааст. Дар ҳар як ферма то 30 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад ва давраи пар‐ вариш 45 рӯзро дар бар мегирад. Бо истифода аз иқтидори ҳамаи мурғхонаҳо имкон аст, дар як сол зиёда аз 3 миллион сар мурғ парвариш карда шавад. Маблағи умумии сармояи ба бунёди корхона ҷалбгардида 104 миллион со‐ мониро ташкил дода, дар он якҷоя бо инкубатори корхона зиёда аз 160 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Аз ин шумора мутахассисони касбии сатҳи олӣ ва кормандони қаториро шаҳрван‐ дони кишвар дар бар мегирад. Дар фермаҳо таҷҳизоти муосири ширкатҳои аврупоӣ ва хитоӣ насб гар‐ дидааст, ки аз хатҳои хӯрокдиҳӣ, об‐ диҳӣ, равшанидиҳӣ, гармидиҳӣ ва ҳавотозакунӣ иборат мебошанд. Инфрасохтори ҳудуди мурғхона бо хатти барқ ва хатти об таъмин гардида, роҳҳои он мутобиқ ба стандартҳо мум‐ фарш карда шудааст. Дар иншооти мазкур барои мунта‐ зам фаъолият намудани мурғхона ша‐ роит фароҳам оварда шуда, дар баробари ин зиёда аз 20 техника ва ме‐ ханизмҳои махсус истифода мешаванд. Баробари ба кор ҷалб кардани соки‐ нони маҳаллӣ барои онҳо шароити беҳ‐ тари корӣ низ ташкил гардидааст, аз ҷумла онҳо бо хӯроки гарм, либоси корӣ, маоши хуб ва лавозимоти корӣ таъминанд. Дар баробари ин, ҷиҳати пешбурди корҳои ободонӣ гирду атроф ва дохили мурғхона кабудизор карда шуда, беш аз 2500 бех дарахт шинонида шудааст. Фаъолияти мурғхонаи нав мутобиқ ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, бахусус таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст.

Èíøîîò³îè ¿àøíO äàð ïîéòàõò ìàâðèäè èñòèôîäà ¥àðîð ãèðèôòàíä Санаи 28-уми август дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ забҳхонаи Комплекси агросаноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мармарӣ”-ро ифтитоҳ карданд. Забҳхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд гардида, аз биноҳои маъмурӣ, ис‐ теҳсолӣ ва иншооти ёрирасони муосир иборат мебошад. Инчунин, дар ҳудуди забҳхона бо риояи ҳама талаботи санитарӣ‐эпиде‐ миологӣ инфрасохтори муҳандисӣ, аз қабили хатти оби нӯшокӣ ва техникӣ, хатти қувваи барқ, корезӣ ва селпарто гузаронида шудааст. Бинои истеҳсолӣ аз ҷойи қабули па‐ ранда, коргоҳи забҳ ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхку‐ нандаи гӯшт ва сардхона‐анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 18 дараҷа хуну‐ кӣ иборат мебошад. Мавриди зикр аст, ки ҷараёни забҳ бо тарзи ҳалол сурат мегирад. Таҷҳизоти забҳкунанда аз ширкатҳои аврупоӣ ва чинӣ, ки дар бозори кишвар‐ ҳои ҷаҳон мақоми хос доранд, харидорӣ карда шуда, асбобҳои забҳкунанда аз пӯ‐ лоди махсус, ки барои соҳаи хӯрокворӣ истифода мешавад, омода карда шудааст. Бо мақсади муайян намудани сифати маҳсулот лабораторияи махсус ташкил карда шудааст, ки дар рафти корҳои забҳкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз рӯи сифат, намуд, андоза ва дигар ни‐ шондиҳандаҳои зарурӣ назорату кор‐ барӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ниҳояти истеҳсолот маҳсулоти тайёр ва маҳсулоти бандубастшуда дар сардхонаҳои махсус ҷой дода мешаванд. *** Ҳамчунин, худи ҳамон рӯз Асос‐ гузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Ду‐ шанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Эскимо Мастер”‐ро мавриди

истифода қарор дода, бо раванди истеҳ‐ солот дар он аз наздик шинос шуданд. Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи ҳадафи чо‐ руми миллӣ‐ саноатикунонии босуръати мамлакат бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Зариф Раҷабов дар ҳамкорӣ бо шари‐ кони рушд аз Федератсияи Россия ба ис‐ тиқболи ҷашни бошукӯҳи 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон бунёд гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки самти асосии фаъолияти корхона асосан ба истеҳсоли яхмос ва маҳсулоти қаннодӣ равона гар‐ дида, иқтидори истеҳсолии он дар як сол наздики 500 тонна маҳсулот мебошад. Корхонаи навтаъсис дар пойтахти мамлакат дар масоҳати 0,5 гектар замин қомат афрохта, аз бинои истеҳсолии ду‐ ошёна ва маъмурӣ бо 20 ҳуҷраи корӣ иборат аст. Хатҳои истеҳсолии корхона аз кишвар‐ ҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Федерат‐ сияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, бо ҷалби мута‐ хассисони ватанӣ васлу насб гардидаанд. Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кар‐ дани боз як корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе 220 нафар сокини маҳаллӣ, асосан духтарону занон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ҷо‐ нибдорӣ аз сиёсати бунёдкорӣ ва созан‐ дагӣ дар самти таъсиси корхонаи нави саноатӣ, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат равона шудааст, изҳори сипос карда, бо мақсади фаъолияти босамар ва тақвияти иқти‐

30 - солагии Истиќлоли давлатии Љумњурии Тољикистонро бо дастовардњои арзанда истиќбол мегирем!

дори истеҳсолии корхона маслиҳату тав‐ сияҳои судманд доданд. *** Инчунин, дар шаҳри Душанбе Асос‐ гузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Ду‐ шанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Композит Т.А.”‐ро ифтитоҳ намуданд. Бунёди корхона дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳта‐ рам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гар‐ дидан ба ҳадафҳои олии стратегии мамлакат ‐ саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шудааст. Ёдовар мешавем, ки 17‐уми сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузош‐ тани санги асос ба бунёди корхонаи истеҳ‐ соли қубурҳои шишапластикии “Ком‐ позит Т.А.” оғози расмӣ бахшида буданд. Дар корхона зиёда аз 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар як сол то 150 километр қубурҳои қутрашон гуногуни аз 300 то 3000 миллиметр истеҳ‐ сол мегардад. Истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ бори аввал дар кишвар ба роҳ монда мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, баробари таъмини кишвар содироти он ба хориҷи мамлакат низ ба роҳ монда мешавад. PREZIDENT.TJ


2

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

Сешанбе, 31 августи соли 2021 №105 (18410)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

²èäîÿò³îè Ïåøâîè ìèëëàò òà¿àññóìãàðè ³à¸òè áîñàîäàò! МАЪРИФАТУ ЗАКОВАТ ЉАВЊАРИ ХУДШИНОСЇ Ïà¸ìè òàáðèêèè Ðàèñè âèëîÿòè Ñó˜ä Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà áàõøèäà áà Тçè äîíèø Омӯзгорони арҷманд! Шогирдони азиз! Таҷлили Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсилро, ки ба арафаи таҷлили яке аз сана‐ ҳои муқаддаси таърихи давлат‐ дориамон – 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ба кулли кормандони соҳаи маориф, омӯзгорону дониш‐ ҷӯён, хонандагон, падару модарон ва мардуми сарбаланди вилоят са‐ мимона табрик мегӯям. Воқеан ҳам, Истиқлол ҳамчун рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ аз ҳар кадоми мо талаб менамояд, ки ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои за‐ мони соҳибистиқлолӣ, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ, таъ‐ мини амният, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ пайваста талош на‐ моем. Дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба ман‐ саби Роҳбари давлат интихоб шуда‐ нашон дар баробари таъмини сулҳу амният, оромию осоиштагӣ ва су‐ боти сиёсӣ ба рушду инкишофи низоми илму маърифат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, роҳи наҷоти халқу миллатро дар эҳёи илму мао‐ риф маънидод намуданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба‐

маврид таъкид доштанд, ки: “Мо дар сиёсати худ аз рӯзҳои аввал ба масъалаи омӯзонидани донишҳои муосиру замонавӣ ба наврасону ҷа‐ вонон ва дар рӯҳияи баланди ватан‐ дӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг тарбия кардани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рушди илму маориф ва ислоҳоти ин соҳаҳоро омили муҳимтарини наҷоти миллат аз таҳ‐ диди хатарҳои муосир ва таҳкими давлат эълон доштем ва дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат тадбир‐ ҳои зиёдеро дар ин самт амалӣ гар‐ донидем”. Воқеан, соҳаи маориф натанҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзали‐ ятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, балки он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, дар вилоят низ сол аз сол ба соҳаи мактабу маориф диққати хоса дода мешавад. Маҳз дастгирии омӯзгорону хонандагон аст, ки панҷ сол инҷониб теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи бай‐ налмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ рӯ ба аф‐ зоиш ниҳода, хонандагон, мураббияву омӯзгорони пешқа‐ даму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ

мақомҳои арзандаро ишғол мена‐ моянд. Бахусус, иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фу‐ рӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷи‐ кистон – Ватани азиз ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” шоистаи таҳ‐ син буда, аз дараҷаи баланди омо‐ дагӣ ва касбияти хонандагону устодон гувоҳӣ медиҳад. Алҳол пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул‐фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҳарчӣ беш‐ тар фаро гирифтани кӯдакон ба му‐ ассисаҳои томактабӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, тар‐ бияи ҷавонони бо донишҳои замон мусаллаҳ ва худшиносу худогоҳ ис‐ тодааст. Итминони комил дорам, ки омӯзгорони масъулиятпеша ва соҳибиродаи мо анъанаи пешини устоду шогирдро идома дода, фар‐ зандони кишварро дар руҳияи хеш‐ таншиносӣ, дӯст доштани обу хоки Ватан ва садоқат ба арзишҳои миллӣ тарбия мекунанд. Бори дигар, ҳамаи хонандагону донишҷӯёни вилоятро бо фарора‐ сии Рӯзи дониш ва 30‐солагии Ис‐ тиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳ‐ ният гуфта, орзуи онро дорам, ки ҳар рӯзи кишвари мо рӯзи донишу маърифат, рӯзи хираду заковат ва рӯзи фарҳангу маънавиёт бошад.

РӮЗИ ДОНИШ МУБОРАК!

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ бунёди роҳу кӯпрукҳо ва дигар иншоотҳои ҳаётан зарурӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, соҳибкорону саховатмандон дар сар то сари кишвари азизамон авҷи тоза доранд. Дар ҳамин радиф 28‐уми августи соли 2021 бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ‐са‐ ноатии Тоҷикистону Хитой аз тарафи ҶДММ МКМ “Сомонӣ” таъмири роҳи Бӯс‐ тон‐Зарнисор оғоз шуд. Дар ифтитоҳи таъ‐ мири роҳи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва сухан‐ ронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки чунин амалҳои хайр аз қабили бунёди роҳу пул‐ ҳо, кофтани каналу ҷӯйҳои об ва дигар кор‐ ҳое, ки ба манфиати умум мебошанд, хайру савоби зиёд аст ва пешравии кор низ аз баракати он дучанд мегардад. Мавсуф оғози таъмири роҳи мазкурро аз иқдомҳои наҷиби Сарвари давлат маънидод намуда, таъкид кард, ки Ширкати кӯҳӣ‐саноатии Тоҷикистону Хитой аз рӯзҳои аввали таъ‐ сисёбиаш то имрӯз бисёр корҳои хайрро ба иҷро расонида дар рушди соҳаҳои гуно‐ гуни хоҷагии халқ ҳиссаи назаррас дорад. Сокинони шаҳрак низ ин тадбирро натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асос‐ гузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои мил‐ лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маънидод карда, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва оромии Ватани азиз иброз намуданд, ки дар ободонии маҳаллӣ зист камари ҳим‐ мат мебанданд.

САРЧАШМАИ ИЌДОМЊО ПЕШРАВЇ ВА БАРАКАТИ КОР Î˜îçè ìóìôàðøêóíèè ðî³è Á¢ñòîí-Çàðíèñîð Худи ҳамин рӯз аз тарафи Раиси ви‐ лояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода собиқадорони соҳаи саноат дар шаҳраки Зарнисор аёдат карда шуданд. Ҳамчунин роҳбарияти вилоят ва шаҳр ба яке аз муассисаҳои таълимии шаҳрак ташриф оварда, омӯзгорону иштирок‐ чиёни чорабиниро бо фарорасии соли нави таҳсил табрику муборакбод наму‐ данд. Раиси вилоят аз нигоҳдории муасси‐ саи таълимӣ изҳори норозигӣ намуда, таъкид кард, ки имкониятҳои шаҳрак хеле васеъ мебошанд ва бояд муассисаҳои соҳаи

маорифу тандурустӣ тибқи талаботи замо‐ навӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Сардори Раёсати маорифи вилоят ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр вазифа‐ дор карда шуданд, ки пайи ислоҳи кам‐ будиҳо чораҳои фаврӣ андешанд. Ба роҳбари Ширкати кӯҳӣ‐саноатии Тоҷи‐ кистону Хитой дастур дода шуд, ки дар муҳлати як‐ду рӯз муассисаи таълимиро бо мизу курсиҳо таъмин намуда, ҷиҳати таъмири он корбарӣ намояд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Êîðâîíè èòòèëîîòèè æóðíàëèñòîí

САЊМИ АРЗАНДА ДАР ТАШАККУЛИ АФКОРИ СОЛИМИ ЉОМЕА Ìóëî¥îòè Ðàèñè âèëîÿòè Có˜ä áî íàìîÿíäàãîíè âàñîèòè àõáîðè îììàè êèøâàð

Санаҳои 27-30-юми августи соли равон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон «Корвони иттилоотии журналистон» аз тамоми минтақаҳои кишвар ба вилояти Суғд ташриф оварда, аз иншоотҳои ҷашнии шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар дидан намуданд. Дар доираи чорабиниҳо санаи 28-уми август мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо журналистон ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Воситаи ахбори оммаи Тоҷикистон дар замони Истиқлолияти давлатӣ: имконият ва дурнамо» баргузор гардид. Мулоқотро раиси бахши вилоятии Итти‐ фоқи журналистони Тоҷикистон Илҳом Ҷамо‐ лиён ҳусни оғоз бахшид. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ташрифи меҳмонон‐жур‐ налистони ҷумҳуриро ба вилояти Суғди бос‐ тон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ хайрамақдам гуфта, ташкили «Корвони итти‐ лоотии журналистон»‐ро амали нек баҳри боз ҳам тарғиби васеи дастовардҳои соҳибистиқло‐ лии кишвар таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуд. Раиси вилоят назди журналистон баромад карда, таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳо‐ кимияти давлатии вилоят дар шаш моҳи соли 2021 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадман‐ донаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои кории Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, силсилаи тадбирҳоро амалӣ намуд. Бо мақсади таъмини рушди устувори иқти‐ содиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва дар маҷ‐ мӯъ, ҷиҳати бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсиси коргоҳҳои нави са‐ ноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мав‐ ҷуда, тавсеаи раванди рушди соҳаҳои мухта‐ лифи иқтисодиву иҷтимоиро аз самтҳои афза‐ лиятноки фаъолияти худ қарор дод. Давоми шаш моҳи соли 2021 ҳаҷми истеҳ‐

соли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба 8 милли‐ арду 976 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,2 фоиз таъмин гардид. Дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Ба истиқболи ҷашни 30‐солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди зиёда аз 300 корхонаву коргоҳи нави са‐ ноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, тибқи нақша дар соли 2021 ба истифода додани 120 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 3027 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини руш‐ ди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар шаш моҳи соли ҷорӣ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 2 миллиарду 795,3 миллион сомонӣ расони‐ данд, ки ба 105,3 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2020 баробар мебошад. Дар соҳаи растанипарварӣ ба маблағи 1 миллиарду 485,2 миллион сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 1 миллиарду 310,1 миллион сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 5,7 миллион со‐ монӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 100,2 фоиз, 111,8 ва 111,5 фоиз таъ‐ мин гардидааст. Барои ҳосили соли 2021 дар масоҳати 279 ҳа‐ зору 755,5 гектар кишт гузаронида, дурнамои кишти аксари зироатҳо таъмин гардид. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷаги‐ дорӣ 43 ҳазору 192,3 тонна картошка, 81 ҳазору 266,7 тонна сабзавот, аз ҷумла 33 ҳазору 690,8 тонна пиёз, 34 ҳазору 589,7 тонна мевагӣ, аз ҷумла 30 ҳазору 434,2 тонна зардолу, 14 ҳазору 227,4 тонна полезӣ истеҳсол карда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Манфиатҳои миллӣ ва суботу оромии ҷомеа тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бо‐ шанд, балки дар муборизаи иттилоотӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти давлат ва ҷомеа хизмат кунанд”. Ба истиқболи ҷашни 30 ‐ солагии Истиқ‐ лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ви‐ лоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии 7

ҳазору 577 иншооти таъиноти истеҳсолию иҷ‐ тимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Давоми солҳои 2018 ‐ 2020 ва 6 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону азнавбар‐ қароркунӣ ва таъмиру тармими 7 ҳазору 192 ин‐ шоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша 94,9 фоиз таъмин шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд. Маҳз таҳкими пояҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки теъдоди зиёди рӯзномаву ҳафтанома ва воситаҳои ахбори оммаи электронӣ фаъ‐ олияти пурсамари хешро дар таъмини фазои иттилоотии мамлакат равона намуда, сокинони мамлакатро саривақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ошно гардонанд. Имрӯз дар вилояти Суғд 18 шабакаи телеви‐ зионӣ, 15 шабакаи радиоӣ ва беш аз 60 наш‐ рияи гуногун дар тақвияти фазои иттилоотӣ фаъолият доранд, ки аксари онҳо маҳз дар дав‐ рони соҳибистиқлолӣ ташкил шудаанд. Ҳалли мушкилоти ҷомеа ва пешрафти соҳаҳои гуно‐ гун назаррас буда, маҳз бо назардошти ин омил Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ви‐ лоят бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич дорад. Аз ин ҷост, ки бо қарорҳои дахлдори ви‐

лоят барои гузаронидани озмуни вилоятии “Хомаи созанда‐2021” ва ба истироҳату табобат фаро гирифтани журналистон маблағҳои за‐ рурӣ ҷудо гардид. Бо назардошти саҳми арзанда дар ташак‐ кули афкори солими ҷомеа имсол марҳала ба марҳала 76 нафар собиқадорони соҳаи матбуот ва кормандони воситаҳои ахбори омма барои барқарорсозии саломатиашон ба осоишгоҳ фаро гирифта мешаванд. Чунин ғамхориҳо минбаъд низ идома ёфта, мову шумо дар якҷоягӣ ҷашни таърихии 30‐солагии Истиқ‐ лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо даст‐ овардҳои арзанда истиқбол хоҳем гирифт, ‐ изҳор дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода. Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода баромад намуда, барои истиқболи гарму самимӣ арзи сипос намуд ва ба Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сипосномаи Иттифоқи журна‐ листони Тоҷикистонро супорид. Мулоқот бо руҳияи болидаи аҳли иштирокдорон анҷом пазируфт. Хабарнигори “Ҳақиқати Суғд”


²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Сешанбе, 31 августи соли 2021 №105 (18410)

3

Èñòè¥áîëè ¿àøíè òàúðèõ= èñòè¥áîëè ñàîäàò âà ³óâèÿòè ìèëë= Ý¿îäè äàâëàòå áî íîìè Òî¿èêèñòîí

ИСТИЌЛОЛИ МИЛЛЇ ВА ИНЌИЛОБИ МАЪНАВЇ

Расидан ба Истиқлоли давлатӣ, ки имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили 30 - солагии ҷашни мубораки он қарор дорем, дар поёни қарни гузашта ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намудани Тоҷикистон рӯйдоди нодиру бузурге ба шумор омад, ки воқеан дер боз тоҷикон интизори ин фасли ҳузури сабзи соҳибдавлатӣ бо гузашти наздик ба 1100 соли давлатдории Сомониён буданд.

А

ГАР ба сарнавишти таърихи давлатдории тоҷикон мурур шавад, мусаллам мегардад, ки ба таъбири Пешвои миллат: “Ниёгони мо дар он давраҳои дур таҳти парчами Ку‐ руши Кабир на танҳо як давлати муқта‐ диру мутамарказу муштарак, балки тақдири муштарак, таъриху фарҳанги муштарак, забону хати муштарак ва расму оини муштаракро бунёд гузоштанд, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ об ме‐ хӯрд. Тақдири давлатдории Куруш ба тақ‐ дири давлати имрӯзаи тоҷикон хеле шабоҳат дорад, ки рўҳияи ваҳдату мут‐ таҳидсозии миллат, пуштибонии сулҳу

адолат, густариши тиҷорату иқтисодиёт ва бунёдгузориву ободонӣ, ислоҳоти низоми лашкар ва такмили идоракунии мамлакат аз ҷумлаи ин монандию ҳамоҳангиҳост”. Ҳамин тавр, агар ба сайри таърихии давлатдории тоҷикон бар пояи манобеи таърихӣ руҷуъ шавад, маълум мегардад, ки ба ифодаи Пешвои миллат сароғози он ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, баъдан дар замони Сомониён бори дувум тавассути талошҳои ба таъ‐ бири Сарвари давлат: “Абармарди хирад ва сиёсат” – Амир Исмоили Со‐ монӣ насиби мардуми шарифи тоҷик гардид ва ҳамакнун марҳалаи нави

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сӣ сол муқаддам муҳимтарин, яъне соли 1991 ба вуқӯъ пайваста, санаи 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад.

РАМЗИ ОЛИИ ВАТАНУ ВАТАНДОРЇ

Даврони Истиқлол барои мар‐ думи тоҷик имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи мил‐ лат ва пешрафти минбаъдаи киш‐ вари азизро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ҳодисаву воқеаҳои пурошӯби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пой‐ дории сулҳу субот ва таҳкими ис‐ тиқлолияту ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳ‐ суб мешуд. Аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқ, Асосгузори сулҳу ваҳдати мил‐ лӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фи‐ шангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзим‐ кунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Маҳз бо заҳмату талошҳои бево‐ ситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдкориву со‐ зандагӣ дар тамоми самтҳо вусъати тоза пайдо карданд. Сохтмони нерӯ‐

гоҳҳои барқи обии «Сангтӯда‐1», «Сангтӯда‐2» ба охир расонда шуд ва онҳо алҳол ба манфиати халқ хиз‐ мат мекунанд. Доир ба раҳоии киш‐ вар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Ду‐ шанбе‐Хоруғ‐Мурғоб, Душанбе‐ Рашт‐Саритош, нақбҳои автомо‐ билгарди Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе ‐ Хуҷанд ‐ Чаноқ, нақби Шаршар ва ғайра ба исти‐ фода дода шуданд. Баъди истифо‐ даи роҳҳои бузурги байнимин‐ тақавӣ имкон фароҳам омад, ки ҳа‐ ракати нақлиёт дар дохили мамла‐ кат ва берун аз он тамоми фаслҳои сол имконпазир гардад ва дар ин за‐ мина вазъи равуо ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар сад дар сад беҳтар шавад. Самараи неки Ис‐ тиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳ‐ парвар шинохта шудааст. Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик хушбахтист ва танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем, истиқлоли худро ҳифз намоем ва Ватани азизамонро ободу зебо гардонем. Ин ҳадафҳо танҳо ба воситаи илму дониш, ақлу заковат ва меҳнатдӯстӣ муяссар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин падидаи нодири таърихӣ расем, зеро Истиқлол барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбӣ меоварад. Алишер ҚУРБОНЗОДА, ёрамчии прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, лейтенанти адлия

соҳибдавлатии мо ба поёни асри гузаш‐ та ва таҳкими он дар ибтидои ҳазораи нави милодӣ марбут аст, ки бешак ба ном ва пайкорҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя меку‐ над. Ҳарчанд истиқлолияти Тоҷикистон дар сароғози хеш ба мушкилот ва муам‐ моҳои фаровони ба ҷанги шаҳрвандӣ пайванддошта мувоҷеҳ шуд, аммо такя бар хиради азалии мардуми тоҷик ва чунин таҷрибаҳои нодири таърихи дав‐ латдории миллии мо ба сиёсатмадори тавонои асри имрӯз ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам овард, ки аркон ва пояҳои дав‐ лати навини Тоҷикистонро пас аз ҳазор‐ солаҳо бори дигар истеҳком бахшида, тавассути ташаббусҳои омӯзандаи сатҳи ҷаҳонӣ, хоса таҷрибаи нодири сулҳофа‐ ринӣ, талош дар ҳаллу фасли муам‐ моҳои мубрами сайёра, ки ба тақдири тамоми сокинони он марбутанд, ин дав‐ лати ҷавон ва меросбари тамаддунҳои бузургу куҳанро, ки реша дар қаламрави ориёӣ доранд, дар миёни анҷумани кишварҳои олам дар сатҳи матлуб муар‐ рифӣ намоянд. Эътирофи Тоҷикистон ба унвони давлати соҳибистиқлол, со‐ ҳибихтиёр, демократӣ ва дунявиву ягона аз сӯи бештар аз 200 кишвари олам, ба‐ робари ин истиқболи шоёни шумораи зиёди давлатҳои ҷаҳон аз ташаббусҳои сарнавиштсоз ва бузурги Пешвои мил‐ лати мо дар самти эълони ду даҳсолаи бузурги марбут ба ҳалли масъалаҳои оби тоза, таъмини рушди устувори киш‐ варҳои олам, муқовимат ба вабои аср ‐ ифротгароӣ ва зӯроварӣ худ гувоҳи он аст, ки имрӯз новобаста аз маҳдудаҳои марзиву ҷуғрофӣ обрӯву нуфузи Тоҷи‐ кистон дар арсаи байналмилалӣ боло меравад. Пешвои миллат дар китоби “Тоҷикистон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” барҳақ фармуда‐ анд, ки: “Тоҷикистони азизи мо дар ин

харитаи кураи арз мисли донаи регест, ки базӯр менамояд ва дар дили Осиё қарор дорад. Ва воқеан дар қиёси киш‐ варҳои паҳновару сернуфуси олам – Рос‐ сия, Чин, Ҳиндустон, Амрико басо хурду назарногир менамояд. Вале аксари ин давлатҳои бузург дар харитаи сиёсии ҷаҳон назар ба давлатдории аҷдодии тоҷикон дертар падид омада, бо гар‐ диши айём мақоми устувори геополи‐ тикӣ ва геостратегӣ пайдо намуданд”. Бо таваҷҷуҳ ба ин андешаҳои созанда ва афкори судманди Пешвои миллат роҷеъ ба таърихи давлатдории миллии мо ва Тоҷикистони имрӯз метавон бо ифтихор ин ҳарфи саодат ва шарафро ба забон овард, ки агар низоми давлат‐ дории миллии мо ба номи Куруши Кабир пайванд ёфта, дар даврони ҳуку‐ мати “Абармарди таърих ва сиёсат”‐ Амир Исмоили Сомонӣ марҳалаи то‐ заеро бо анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик паси сар намуд, дар асри навин бо сипарӣ гаштани бештар аз 1100 сол та‐ вассути талошҳои пайгиронаи мерос‐ бари асили ин шахсиятҳои барҷастаи таърихи тамаддуни ҷаҳон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора бар маснади таърихии хеш нишаста, давлати соҳиб‐ истиқлоли Тоҷикистон рисолати бу‐ зурги хешро дар марҳалаи нави ташаккули давлатдории миллии мо ба анҷом мерасонад. Истиқлол ва ҳузури мунаввари Тоҷикистон ба унвони дав‐ лати миллӣ дар хатираи сиёсии ҷаҳон ормони деринтизори мардуми азизи мо, тамоми тоҷикони ҷаҳон буд, ки маҳз ин шарафи бузург дар замони имрӯз барои мо шаҳрвандону сокинони ин кишвари меросбари тамаддуни ориёиву Оли Сомон насиб гардид. Имрӯз бо ка‐ моли ифтихор ин се шахсияти бузург‐ Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони пайка‐ раҳои таърихи давлатдории миллӣ, ху‐ догоҳии миллии мардуми тоҷик ном бубарем, ки дар мароҳили мухталиф

тарҳи давлатҳои миллии моро бунёд ниҳода, ба таҳкими давлатдории миллӣ омил гардиданд. Хосатан, дар асри на‐ вини таҳаввулоти таърихӣ ва айёми ҷаҳонишавии замони муосир бо камоли садоқат ва унсу ихлос бо такя бар таҷри‐ баи ниёгони шарафманди хеш дубора ба хостгоҳи бузурги таърихии худ нишас‐ тани мардуми тоҷик ва эҷоди давлате бо номи Тоҷикистон, ки чун мероси бена‐ зири ҳамон давлатҳои миллии куҳан маҳсуб мешавад, ба корномаҳои қаҳра‐ мононаи Асосгузори cулҳу ваҳдати миллӣ ‐ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя мекунад. Ин ҳақиқати таърихиро ҳатто чандин тан аз сиёсатмадорону олимони сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, намояндагони форсизабонони ҷаҳон ҳам эътибор ва ба маҷмуи ибтико‐ роти ин сиёсатмадори барҷастаи асри мо баҳои баланд доданд. Аз ҷумла, Ҳумер Абрамиён, муҳаққиқи муқими Австралия дар ҷараёни баргузории ҳа‐ моиши байналмилалии “Пажӯҳиши та‐ маддуни бостон: Аз дирӯз то имрӯз” бо камоли садоқат изҳор дошт, ки имрӯз дар ҳеҷ як кишваре аз меросбарони фар‐ ҳанги Наврӯзу Меҳргон ин оинҳои миллӣ бад‐он шукуҳе, ки дар Тоҷикис‐ тон баргузор мегарданд, доир намеша‐ вад. Абрамиён пешниҳоди таъсиси Донишгоҳе ба номи Куруши бузург дар Душанбе таъкид дошт: "Ҷойе дар ҷаҳон, ки ба рӯи Донишгоҳи Куруши Бузург оғӯш боз кунад, на Амрико, на Канада, на Аврупо ва на Эрон аст. Танҳо хоки хуби Тоҷикистон метавонад мизбон ва хонаи Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Бу‐ зург бошад." Барҳақ, имрӯз бо бунёди бузургта‐ рин қасру кӯшкҳои ифодакунандаи шаҳомати таърихии миллати тоҷик, чун “Кохи Наврӯз”, ки пайкарае аз тахти таърихии Ҷамшед маҳсуб мешавад, боғи “Куруши Кабир”, бунёди чандин Наврӯзгоҳҳои ифодакунандаи асолати таърихии тамаддуни бостон дар шаҳру

навоҳии Душанбе, Хуҷанд, Данғара ва дигар суннатҳои нодири марбут ба эҳёи аносири фарҳанги миллӣ дар партави корномаҳои Пешвои миллати тоҷик ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ҳақиқати ин эъ‐ тирофи ҷаҳониёнро аз Тоҷикистони азизи мо ба унвони меросбари ин ме‐ роси бузурги тамаддуни ориёӣ тафсир мекунанд. Ба ин хотир, мо ҳама сокинони Тоҷи‐ кистони соҳибистиқлол, ки барҳақ хонаи умеди ҳамаи мо тоҷикон ва та‐ моми тоҷикони ҷаҳон, тамоми шаҳрван‐ дони ин сарзамини муқаддас аст, дар пешорӯи таърих ва наслҳои оянда вази‐ фадор ва қарздор ҳастем, ки пеш аз ҳама ин Ватан, ин хоку оби муқаддас ва ме‐ роси бузургро самимона дӯст, ҳифз ва барои наслҳои оянда бо ҳамон шукӯҳу шаҳомати таърихии тавассути корно‐ маҳои Асосгузори ин давлати навини миллии мо ‐ Эмомалӣ Раҳмон барқа‐ роргардида ба мерос гузорем. Ин ҳарфу каломи Пешвои миллат дар ин шоҳ‐ роҳи бузург чароғи ҳидояти мо наслҳои имрӯзу фардо хоҳад буд, ки бояд дар пештоқи хонаи қалбҳоямон, дар раҳгу‐ зори барномаҳои ватандӯстӣ ва дар фа‐ рози осмони ин хонаи уммеди ҳамаи мо, ки номаш Тоҷикистон аст, бо ҳарф‐ ҳои зарҳалӣ навишта шавад: “Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёкони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами дунё моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад”. Нуралӣ НУРЗОД, доктори илмҳои филологӣ

Ñó³áàòè òàõàññóñ=

БОНКДОРИИ МИЛЛЇ ДАР ТАЪМИНИ ТАЛАБОТИ МИЗОЉОН Имрӯзҳо низоми бонкии вилояти Суғд бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба фаъолияти худ вусъати тоза бахшида, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, зиёд намудани номгӯи амалиёти муосири бонкӣ, дастрасии хизматрасониҳо ба аҳолии ноҳияҳои дурдаст диққати махсус зоҳир менамояд. Доир ба самти хизматрасонии асосии низоми бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зебо Сираева суҳбат доштем. ‐ Зиёд гардидани шумораи ташки‐ лотҳои қарзии молиявӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар чӣ гуна амалӣ гардид? ‐ Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва ташкили низоми миллии бонкдорӣ аз масъ‐ алаҳои ҳалталаб ба ҳисоб мерафт. Қонун‐ ҳову дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки низоми бонкӣ фаъолияти худро дар доираи он тақвият мебахшад, вобаста ба гузаштан ба стандартҳои байналмилалӣ, талаботи ин‐ ститутҳои молиявии байналмилалӣ қабул, такмил ва тағйир дода шуданд. Аввалин са‐ надҳои меъёрию ҳуқуқии такмилдодашу‐ дае, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъ‐ олияти бонкиро муайян намуда, барои фа‐ роҳам овардани шароити мусоиди фаъо‐ лияти бонкӣ дар кишвар нигаронида шуданд, ин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” дар соли 1998 ва соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маб‐ лағгузории хурд” арзёбӣ мегарданд. Таҳлили рақамҳо гувоҳи онанд, ки агар солҳои 2000 ‐ ум шумораи муасисаҳои қар‐ зии вилоят 70 ададро ташкил намояд, пас ин нишондиҳанда то ба имрӯз ба 110 адад раси‐ дааст. Имрӯз низоми бонкии вилояти Суғд мувофиқи таҷрибаи кишварҳои тараққи‐ кардаи олам мунтазам ривоҷ ёфта истода‐ аст. Тибқи маълумоти оморӣ, алҳол низоми бонкии вилоят аз 2 адад бонки мустақил, 4 адад ташкилоти амонати қарзии хурд ва 9 адад фонди қарзии хурд иборат буда, шумо‐ раи филиалҳо бошад, 95 ададро ташкил ме‐ диҳад. Инчунин, ба хотири дастрас будани хизматрасонии бонкӣ дар минтақаҳои гуно‐ гуни вилоят, алалхусус, дар ноҳияҳои дур‐

даст фаъолияти беш аз 500 адад маркази хизматрасонии ташкилоти қарзии молиявӣ ба роҳ монда шудааст. ‐ Ҷалби пасандоз ва ташаккули пой‐ гоҳи захираҳои қарзӣ чӣ гуна роҳандозӣ шуд? ‐ Ҳанӯз аз даврони аввали ташаккулёбии низоми бонкии кишвар ҷалби бештари захи‐ раҳои озоди аҳолӣ ва бо ин васила, ташак‐ кули пойгоҳи захираҳои қарзию таъмини даромади иловагии аҳолӣ яке аз самтҳои асо‐ сии низом маҳсуб меёфт. Бояд қайд намуд, ки оғоз аз ташаккулёбии нахустин пояҳои фаъо‐ лияти бонкӣ, махсусан дар самти ҷалби па‐ сандоз то ба имрӯз ҳаҷми маблағ, мӯҳлату меъёрҳои амонату пасандоз, навъҳои он ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои гузош‐ тани амонату пасандозҳо тағйир ёфта, ба та‐ лаботи имрӯзаи иқтисоди бозорӣ ва пеш аз ҳама ба завқи мизоҷон мутобиқ карда шу‐ данд. Аз маълумоти ташкилотҳои қарзии молиявии низомисози вилоят бармеояд, ки аз ҷониби онҳо дар самти амалиёти амона‐ тиву пасандозӣ якчанд маҳсулоти нав таҳия шудааст. Масалан, аз ҷониби ҶСК “Бонки Эс‐ хата” маҳсулоти нави амонати мӯҳлатнок бо ном “30 ‐ солагии Истиқлолият”, ки мӯҳлати он то 30 солро дарбар гирифта, меъёри фоизи он бо пули миллӣ 16 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Инчунин, аз ҷониби ҶДММ ТАҚХ “Матин” маҳсулоти нав бо ном “Мус‐ тақил”, ки аз 7 то 16 фоизи солонаро ташкил намуда, мӯҳлати он аз 12 моҳ ва аз он зиёдро дарбар мегирад, рӯи кор омадааст. ‐ Маблағгузории қарзӣ ва имтиёз барои дастгирии соҳаҳои гуногуни иҷ‐ тимоию иқтисодии минтақа чӣ гуна сурат гирифт?

‐ Дар самти зиёд намудани дастгирии соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии минтақа, алалхусус, табақаҳои миёнаи аҳолӣ ва соҳибкорон аз ибтидо яке аз ман‐ баъҳои рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ гардида, то ба имрӯз аз ҷониби ташкилот‐ ҳои қарзии молиявии низомсози вилоят як қатор чораю тадбирҳо татбиқ гардидааст ва иқдоми мазкур бе назардошти эҳтимо‐ лияти таъсири омилҳои ногаҳонӣ, метаво‐ над минбаъд муназзам амалӣ карда шавад. Масалан, мувофиқ ба маълумоти пеш‐ ниҳодгардида бармеояд, ки аз ҷониби ҶСП Бонки “Арванд” ва ҶДММ ТАҚХ “Матин” маҳсулоти нави қарзӣ бахшида ба 30 ‐ со‐ лагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард шудааст. ‐ Ташаккулёбии низоми пардохт дар кадом сатҳ қарор дорад? ‐ Низоми босубот ва самараноки пар‐ дохт аз аввали даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои умдатарини бонкию иқтисодӣ арзёбӣ ме‐ гардид. Дар тӯли 30 соли фаъолияти ни‐ зоми бонкӣ, низоми пардохт хеле вусъат ёфта, махсусан, инфрасохтори он солҳои охир бомаром рушд меёбад. Дар маҷмӯъ, қайд менамоем, ки имрӯз аз ҷониби ак‐ сари бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурд бо мақсади пурзӯр намудани рақобатнокии хеш дар бозори молиявӣ, ҳамзамон, таъмини талаботи мизоҷон бо хизматрасониҳои муосири бонкӣ, як зумра маҳсулоти инноватсионии муосир, аз қа‐ били интернет ‐ бонкдорӣ, мизоҷ ‐ бонк, бонкдории мобилӣ мавриди амал қарор дода шудаанд. Иқдоми мазкур агар аз як ҷиҳат мизоҷони низоми бонкиро бо хиз‐ матрасонию маҳсулоти муосир таъмин на‐ мояд, аз дигар ҷиҳат барои рушду нумӯи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ заминаи мустаҳкаме мегузорад. ‐ Оё дар самти бонкдорӣ ягон наво‐ варии муосир барои мизоҷон пеш‐ ниҳод шуда истодааст? ‐ Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо аз ҷо‐ ниби якчанд ташкилотҳои қарзии молия‐ вии вилоят дар самти ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳисобба‐ робаркунии ғайринақдӣ якчанд чораби‐ ниҳо, аз лиҳози низоми “Cash back” (баргардонидани фоизи муайяни пар‐

дохти мол ва ё хизматрасонӣ) васеъ паҳн шуда истодааст. Барномаи мазкур аллакай аз ҷониби аҳолии вилоят, махсусан, аҳолии шаҳру ноҳияҳои марказӣ бомаром исти‐ фода шуда истодааст. Масалан, бахшида ба 30 ‐ солагии Истиқлоли давлатии Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон яке аз бонкҳои низом‐ сози вилояти Суғд ҶСК “Бонки Эсхата” иқдомҳои имтиёзноки худро бо ном “Пар‐ дохти бурднок” дар самти хизматрасонии кортҳои пардохтӣ роҳандозӣ намудааст, ки мувофиқи он дорандагони корти пардох‐ тии бонк ҳангоми пардохтҳои ғайринақдӣ метавонанд соҳиби тӯҳфаҳо ва маблағҳои калони пулӣ гарданд. Инчунин, дар ин самт барои аҳолии ҷумҳурӣ аз ҷониби бонк ба арзиши корти пардохтии намуди “VISA” 50 фоиз тахфиф муқаррар шудааст. Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар пай‐ равӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявии минтақа бобати такмил ва равнақ додани равандҳои гуногуни фаъолияти низоми бонкии вилоят ва бо ин васила, баҳри фа‐ роҳам овардани шароити мусоид ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, мавриди корбарӣ қарор хоҳад дод. ‐ Ташаккур барои суҳбати самимӣ! Суҳбаторо Шаҳбону ОЛИМОВА “Ҳақиқати Суғд”


4

²À£È£ÀÒÈ ÑÓNÄ

Сешанбе, 31 августи соли 2021 №105 (18410)

Ìå³ðíîìàè øîãèðä áà óñòîä

ЌАЛБИ ПУРЭЊСОН

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Меҳри онро дар дилаш андохтанд. Дасту по бе майл кай ҷунбон шавад, Хору хас бе обу боде чун равад. Аслан инсон вақте мехоҳад, дар бораи нафаре чизе бинависад, бешак, ба ёдаш ҳама он хубиҳову амалҳои неки бе‐ назираш меоянд. Дар бораи инсонҳои асил китобҳо дарҷ намоем, кам аст. Агар он шахси оддӣ ҳам бошад. Пас аз рухсатии дарозмуддат, вақте ки барои ба кор шурӯъ намудаи аввалин бор ба идораи рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд» омадам, сармуҳаррир, устоди арҷманд, шахси оқилу хоксор, марди ростқавлу қавиирода Карим Шариф маро дар утоқи кории худ хуш

пазируфтанд ва аз мақсадам огоҳ шудан хостанд. Банда бо он кас барои идома додани фаъолияти корӣ дар идора маслиҳат кардам ва аз сабаби он ки оилаам барои идома додани фаъолияти касби рӯзно‐ манигорӣ монеъгӣ доштанд, дар ҳалли ин муаммо мадад хостам. Устод суха‐ нони парешони маро бодиққат гӯш ме‐ карданд. Шароити оилавиамро мефаҳ‐ монидаму гумон мекардам, ки дар посух «Кор кор аст, агар оила розӣ набошанд, ман ҳам ноилоҷам, ман Шуморо бо кор таъмин карда наметавонам»‐ро хоҳам шунид. Вале, устод падарвор маро насиҳат карда, диламро дубора ба кор гарм кар‐ данд. «Ҳеҷ гап не, духтарам! Аз ин ҳеҷ вақт одам рӯҳафтода намешавад. Оила оила аст. Аввал бояд фикри оиларо кунед, кор дар ҳама ҷо ва ҳама вақт ёфт мешавад, ҳоло шумо ҷавонед, ин ҳолат бо мурури замона мегузарад, вале оила азиз аст. Оиларо мустаҳкам доред, дух‐ тарам! Шумо кӯдаки хурдсолатонро ба боғча ҷой карда, ба кор шурӯъ намоед, ҳамааш хуб мешавад» ‐ гуфтанд. Ман, ки чунин посухро интизор набу‐ дам, хеле шод шудам, ба қавле, ба кур‐

таам намеғунҷидам. Хурсанду дилпур ба хона омада, гуфтаҳои устодро ба хусуру хушдоманам ва оилаам расонидам. Онҳо шод шуда, барои ба кор баро‐ маданам иҷозат доданд. Аз он рӯз сар карда ман устодро на фақат ҳамчун роҳбар, балки ҳамчун падар эҳтиром менамоям, зеро на ҳар роҳбар чунин рафтор мекунад. Карим Шариф ба ман ҳаққи устодӣ доранд ва дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров солҳои 2000‐2002 дарс ҳам додаанд. Ҳаққи устод аз падар беш аст, В‐аз падар устод дар пеш аст. Дилашон бузургу софу бекина аст. Бо ҳама як хел муомила намуда, дили ҳа‐ маро мегиранд, ба қавле, калимаи «не»‐ ро намедонанд, ҷони одаманду хурду калони идораро ҳамеша дар ҳама масъ‐ ала хоҳ муаммои оилавӣ бошаду хоҳ корӣ ҳамеша дастгирӣ менамуданд. Ман устодро ҳамчун шогирд ва ҳамчун як духтари нозпарвардашон хеле дӯст ме‐ дорам ва ҳурмат менамоям. Он кас ҳама вақт дар ҳама кор ба мо ҳамчун устоду падар маслиҳатгар ва ёрирасону муш‐ килкушоянд. Устод зеҳни тоза, фикри фароху дили соф доранд, хушмуомилаву

хушсухан ҳастанд. Дар ҳама ҳолат барои дилёбии коргаронашон ва мардуми адо‐ латҷӯй вақт меёбанд, ташкилотчӣ ва ҳу‐ нарманди моҳир ҳастанд. Роҳу равиши кор ва муомиларо хуб медонанд, ҳам корро дар вақташ иҷро менамоянд, ин‐ чунин ҳамеша барои истироҳату фа‐ роғати коргарон ва лаҳзаҳои дилхушӣ барои онҳо вақти муносиб меёбанд. Фарди шарифу фурӯтану нотакрор ҳас‐ танд. Ман дар тӯли чанд соли фаъолияти кориам аз устод ҳам аз ҷиҳати эҷодӣ ва ҳам аз ҷиҳати инсонигарӣ бисёр чиз‐ ҳоро омӯхтам ва дар давраи сармуҳар‐ ририи он кас дар идораи рӯзнома донишу тасаввуротамро нисбат ба ин касб пурраву мустаҳкам намуда, имрӯз фаъолияти пурсамар дорам. Воқеан ин ҳама аз ташаббус ва дастгирии устоди арҷмандам Карим Шариф аст. Имрӯз устоди арҷманди мо, шахси бароям азизу мӯътабар, падари бузург‐ ворро бо ҷашни мавлудашон самимо‐ наву сидқидилона табрик намуда, бо меҳри саршор таманно менамоям:

ТАТБИЌИ АВФ ВА ЊУЉЉАТГУЗОРИИ ШАЊРВАНДОНИ ХОРИЉЇ Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи қонун «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳр‐ ванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд» таҳти №1652 аз 18‐уми декабри соли 2019 идома дорад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат гузаронидани иқдоми якдафъаина оид ба авфро вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди давлатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷум‐ ҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, муқаррар менамояд (собиқ шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Руссия, Бело‐ руссия, Украина, Гурҷистон, Озарбойҷон, Молдавия, Арманистон, Латвия, Литва ва Эстония), ки то ҳол шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нагирифтаанд. Ҳуҷҷатҳо аз шахсоне, ки то санаи 31 декабри соли 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикис‐ тон ворид гаштаанд ва таҳти амали қонун қарор мегиранд, қабул карда шуда, муайянсозӣ ва қабули аризаҳо оиди бақайдгирии вазъи ҳуқуқии шахсоне, ки таҳти амали қонун қарор мегиранд, то 23 декабри соли 2022 аз ҷониби воҳидҳои Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва дар шаҳри Хуҷанд қабул карда мешаванд. СУРОҒА ВА РАҚАМИ ТЕЛЕФОНҲО БАРОИ ТАМОС

Садсола шуда, давлати пирӣ бинед, З‐Аллоҳу таоло дастгирӣ бинед. Бо дидаи бинову дасту пои равон, Сад соли дигар дилпазирӣ бинед. Бо эҳтироми шогирдона Роҳатхон ЭШОНОВА

НОМГӮИ ҳуҷҷатҳои лозимӣ нисбати шахсоне, ки таҳти амали Қонун қарор мегирад. (тибқи банди 11‐и Дастурамал, ки бо Фармоиши ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон №66 б/з аз 11.02.2020 сол тасдиқ гардидааст).

¯îìåà âà çàìîí

ÒÀÐÁÈßÈ ÕÓÄÎÃβD – ÎÌÈËÈ ÊβÈبÁÈÈ ÇÓ²ÓÐÎÒÈ ÍÎÌÀÒËÓÁ Ҳамаҷониба густариш бахши‐ дани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватан‐ дории мардум ва баланд бардош‐ тани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус ҷавонону наврасон яке аз ҳадафҳои имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳ‐ суб мешавад. Ба фикри мо аз надонистани таърихи гузаштаи миллату дав‐ лати хеш, худшиносӣ, анъанаҳои аҷдодӣ, ифтихори ватандорӣ, ва‐ танпарастӣ ягон халқи ҷахон пеш намеравад, ягон кишвар соҳибэҳ‐ тирому муқтадир намегардад. Хуб надонистани забон, расму русуми мардуми кишвари бегона ва дар як муддат дур аз назорати воли‐ дон мондан ба ҷавонон як муҳиту фазое ба вуҷуд меорад, ки берун аз хоҳиши худ ба гурӯҳҳои иф‐ ротӣ фирефта шуда мемонанд. Терроризму экстремизм ҷаво‐ нонро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷа‐ вонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама им‐ конияти мавҷударо истифода на‐ муда, барои пешрафти Тоҷи‐ кистон талош намоянд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳу‐ кумат қарор дошта, пайваста даст‐ гирӣ меёбанд. Бинобар ин ҷа‐ вононро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудан зарур аст, то ки шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд. Дар чунин вазъият масъулияти

азими таърихӣ ва рисолати шаҳр‐ вандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқло‐ лияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем. Солҳои охир хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экс‐ тремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд. Дар амри мубориза зидди ин хатарҳо нақши Ҷум‐ ҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстре‐ мизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ мубо‐ ризаи сахту беамони Ҳукумати Тоҷикистонро бар зидди терро‐ ризм ва экстремизм ҳамаҷониба тарафдорӣ менамояд; – таъсиси сохтори зиддитерро‐ ристӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли 2004 ба Тоҷикистон имкон дод, ки мубо‐ ризаро бо терроризм ва экстре‐ мизм боз ҳам пурқувват намояд. Тоҷикистон аз ҷумлаи давлат‐ ҳоест, ки дар мубориза бо терро‐

ризм ва экстремизм соҳиби мав‐ қеи устувор буда, дар ин замина бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории гус‐ турда дорад. Дар кишвари мо имрӯз барои рушди ҷомеаи шаҳр‐ вандӣ, таъмини баробарҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа ша‐ роити мусоид фароҳам оварда шудааст. Маҳз, дар даврони Истиқло‐ лият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳиби дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидан ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ низ ноил гардид: сатҳи худшиносии мардум боло рафт, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, табо‐ дули фарҳангу ақидаҳо, андешаи созандагӣ ҷузъи таркибии анде‐ шаи миллӣ қарор гирифтанд. Аз ин рӯ, давру замон дар наз‐ ди аҳли зиё олимон, ҷавонон ва дар маҷмӯъ ҳамаи соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гироми‐ дошти дастовардҳои даврони Ис‐ тиқлоли давлатии кишвар, ки имсол 30‐солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъо‐ лияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пеш‐ равиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем. Фаррух ТУРСУНОВ , устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Имрӯзҳо хоину ватангадо Муҳаммадиқболи Садрид‐ дин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҷои он, ки ба мар‐ думи диёри худ бо ягон роҳе манфиати худро расонад, бараъкс бо суханҳои иғвоангезонааш дастоварду пеш‐ равиҳои кишварро нодида гирифта, тӯҳматзанӣ меку‐ над бо ин васила ба оромиву суботи кишварамон халал ворид сохтанӣ аст. Муҳаммадиқоли зархарид дини му‐ бини Исломро барои худ сипар карда, барои роҳандозӣ кардани нақшаҳои разилонаи худ аз ҳеҷ кори сиёҳ даст намекашад.

ÑÓÕÀÍÈ ÕÎÈÍÈ ÊÈØÂÀÐ ÀÑÀÐ ÍÀÄÎÐÀÄ! Вақт довар аст, ки Муҳаммадиқбол нисбати давлату мардуми тоҷик бисёр хиёнат кардааст ва оқибат худ шармандаю берун аз кишвар фирорӣ шуд. Бо боварии комил метавон қайд кард, ки ҳат‐ ман рӯзе аз карда пушай‐ мон хоҳад шуд. Чунки хиёнаткори Ватан дар ҳеҷ куҷо қадр намешавад. Хулоса, амалҳои иф‐ ротгароёни ТТЭ ҲНИ водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори онон андеша намуда, ху‐ лосаи дуруст барорем. Барои мубориза бурдан ба ин зуҳу‐ роти номатлуби зараровар – терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ бо он мубориза барем. Ҳамчун устоди мактаби олӣ амалҳои хоини миллат‐ Муҳаммадиқболи Садриддинро шадидан маҳкум намуда, таъкидан гуфтаниям, ки ӯ набояд аз минбарҳо садо баланд кунад, чунки ӯ ватанфурӯшу бешараф аст.

«Обуна – 2022»

ÎÈÍÀÈ ²À£ÍÀÌÎÈ ¯ÎÌÅÀ

«Њаќиќати Суѓд» яке аз муќаддамтарин рўзномањои ќаламрави кишвар мањсуб ёфта, алњол таърихи беш аз навадсола дорад ва њамчун нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд минбари бонуфуз ва оинаи ќаднамои њаёти муосир, рўзгори даврони соњибистиќлолї мавќеъ ва рисолат дорад. «Њаќиќати Суѓд» њамчун дастгоњи тарѓиботу ташвиќот бањри амалигардонии сиёсати Њу-

Њаќиќати Суѓд Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

кумати Љумњурии Тољикистон, њидоятњои саодатбор ва дастуру супоришњои нусратбор, ќарорњову Амру Фармонњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, вазифаву ќарорњои бунёдсози Раиси вилоят, дастоварду наќшањои дурнамои вилояти Суѓд хизмати касбї менамояд. Рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суѓд» дар соли 2022 њам њафтае се маротиба - рўзњои

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Л. БОЙМУРОДОВ, устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Ҳангоми муроҷиат, шахсоне, ки таҳти амали Қонун қарор мегиранд, ҳуҷҷат‐ ҳои зеринро пешниҳод намоянд: 1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият: шиносномаи шаҳрванди собиқ ИҶШС, гувоҳномаи иқомат/ҳуҷҷати сафари шахси бешаҳрванд, шиносномаи шаҳрван‐ дии давлати хориҷӣ, маълумотномаи тасдиқкунандаи аз даст додани шаҳрвандии давлати хориҷӣ (дар баъзе мавридҳо оид ба гирифта шудани шиноснома), ки аз мақомоти ваколатдори давлатии давлате, ки қаблан мансубияти шаҳрвандӣ дош‐ танд дода шудааст; 2. Тарҷумаи ҳоли пурра (бо тартиби хронологӣ аз рӯзи таваллуд то санаи му‐ роҷиат); 3. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (агар бошад); 4. Шиносномаи ҳамсар (агар бошад); 5. Шаҳодатнома дар бораи таваллуди фарзандон (агар бошад); 6. Маълумотнома аз ҷойи зист дар бораи давраи истиқомати шахс, масоҳати машғулнамудаи ҷойи зист ва шумораи шахсоне, ки дар он ба қайд гирифта шу‐ даанд; 7. Шаш дона расми андозааш 3,5х4,5 мм. Ҳангоми пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ё ман‐ субият ба шаҳрвандӣ, инчунин ҳангоми мавҷуд набудани муҳр ва санаи убури сарҳади давлатӣ дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунан‐ даи иқомати шахс, ба монанди билети ҳарбӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, китоби ҳавлӣ, шиносномаи падару модар, аттестат, шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ, шаҳо‐ датнома дар бораи таваллуди фарзандон, диплом ва ғайра ё нусхаҳои онҳо пеш‐ ниҳод карда мешаванд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва бо имзои шахси масъул тасдиқ карда мешаванд. Пас аз қабул ва баррасии маводҳо нисбати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди муроҷиатнамуда, онҳо бо гувоҳномаи иқомат (вид на жительство) ҳуҷҷатгузорӣ карда мешаванд, ки дар оянда онҳо метавонанд ба номи Прези‐ денти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. Ҳамзамон, ҳамроҳи волидон масъалаи ҳуҷҷатгузории фарзандони ноболиғи онҳо баррасӣ карда мешавад. Зимни татбиқи авф шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои содир намудани ҳуқуқвайроонкуниҳои бо моддаҳои 470, 497‐499 Кодекси ҳуқуқ‐ вайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне барои ис‐ тиқомати бе ҳуҷҷат, бе раводид (виза), бе қайд аз ҷавобгарии маъмурӣ озод карда мешаванд. Ҳамзамон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои содир намудани ҷиноятҳои бо моддаҳои 335 ва 336 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷи‐ кистон пешбинишуда, яъне барои ғайриқонунӣ гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вайрон намудани низоми сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Аз эътибор соќит сешанбе, панљшанбе ва шанбе нашр мегардад. Дар њар шумораи он аз њаёти сиёсиву иќтисодї, иљтимоиву фарњангии вилоят, кишвари бињиштосоямон - Тољикистон, навгонињои хориљї ва љањони имрўз маводи љолиб интишор карда, робитаро, албатта, бо Шумо - хонандагони азиз таќвият мебахшад. Хонандагони азиз! Ба рўзномаи «Њаќиќати Суѓд» ќабули обуна барои соли 2022 оѓоз гардидааст. Обуна дар шуъбањои шањриву ноњиявии КВД «Почтаи тољик» ва идораи рўзнома (шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, «Кохи матбуот», ошёнаи 4-ум) тариќи наќдї ва ѓайринаќдї бе мањдудият ќабул карда мешавад. Нархи обуна барои 1 сол 117 сомонї аст. Индекси обуна: 68894. Барои гирифтани маълумоти иловагї бо телефонњои 2-06-55 (идораи рўзнома) ва 639-74 (КВД «Почтаи тољик») мурољиат намоед. «Њаќиќати Суѓд» рўзномаи Шумо ва њамдаму њамнафаси Шумост!

БА РЎЗНОМАИ ДЎСТДОШТАИ ХУД САРИ ВАЌТ ОБУНА ШАВЕД!

Сармуњаррир Аминљон ШАРИФЗОДА Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “Кохи матбуот”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шуъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Шиносномаи шаҳрвандии А №00815170, ки соли 2017 Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Валиев Абдул‐ лохон Воҳидович додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Шиносномаи шаҳрвандии А №00122057, ки соли 2015 Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Бобоҷонзода Алишер Абдуваҳоб додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соқит дониста шавад. *** Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳти дараҷаи №0798920 воқеъ дар шаҳраки Fончӣ, ноҳияи Деваштич, ки ба Сорбон Ҳотамов тааллуқ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эъти‐ бор соқит дониста шавад.

www.facebook.com/hakikatisugd Аз ин сањифа Шумо метавонед, матолиби наву љолиб, хонданї ва љавобгўи рўзро мутолиа намоед!

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ инти шор мекунад , ки хилофи аќидаи њайати тањририя њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои мазмуни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида наме шаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишон доди манбаъ метавонанд истифода ба ранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора Рафоат МЎЪМИНОВА Њуруфчин Алохон А бдуѓаффорова

Âåðîñòîð ²àëèì¿îí ²ÎÌÈÄÎÂ

Адади нашр 7750 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.