87 2017

Page 1

ÀÑÎÑÃÓÇÎÐÈ ÑÓË²Ó ÂÀ²ÄÀÒÈ ÌÈËËD - ÏÅØÂÎÈ ÌÈËËÀÒ, ÏÐÅÇÈÄÅÍÒÈ ¯Ó̲ÓÐÈÈ ÒίÈÊÈÑÒÎÍ ÝÌÎÌÀËD ÐÀ²ÌÎÍ: Мо имрўз бо ифтихор гуфта метавонем, ки љавонони кишварамон насли бонангу номус буда, саводу маърифат ва љањонбинии васеъ доранд. Онњо бояд дар интихоби њамсар ва њифзу пойдории оила низ кўшиш намоянд ва дар риояи муќаррароти танзими љашну маъракањо њиссаи худро гузоранд.

Банї Одам аъзои якдигаранд! Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти Сешанбе, соли 1930 нашр мешавад 25 июли соли 2017

№ 87 (17768)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

Сўњбати телефонии Пешвои миллат Эмомалї Рањмон бо Президенти Љумњурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев

Тавсеаву такомули муносибатњои дўстона ва њамкорињои мутаќобилан судманд

24-уми июли соли 2017 Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо Президенти Љумњурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев сўњбати телефонї анљом доданд. Сарвари давлати мо бо таманниёти бењтарин Президенти Ўзбекистони дўстро бо љашни 60-солагии зодрў-

САЊМИ НАЌЛИЁТЧИЁН ДАР РУШДИ КИШВАР

Òàáðèêè Ðàèñè âèëîÿò Àáäóðà³ìîí £îäèðO áà ìóíîñèáàòè Тçè êîðìàíäîíè íà¥ëè¸òè àâòîìîáèëO

Њамасола санаи 25 июл дар ќаламрави љумњурї Рўзи кормандони наќлиёти автомобилї таљлил карда мешавад. Кулли кормандони соњаро ба ин муносибат табрику муборакбод менамоям. Дар Љумњурии Тољикистон, ки 93 дарсади њудудашро кўњњо ташкил медињанд, наќлиёти автомобилї яке аз воситањои асосии њамлу наќли бору мусофирон ба њисоб меравад. Ин аст, ки њиссаи наќлиёти автомобилї дар маљмўи бору мусофиркашонї тавассути њамаи намудњои наќлиёт, дар њаљми кашонидани борњо, зиёда аз 85 дарсад ва дар мусофиркашонї зиёда аз 99 дарсадро ташкил медињад. Самараи талошњои њамешагии Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон аст, ки инфрасохтори наќлиёт сол аз сол бењтар гардида, њамасола садњо километр роњњо ва дањњо пулњои замонавї бунёд гардида истодаанд. Чї тавре, ки Сарвари кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон баён доштанд: «Бо маќсади пурра ба меъёрњои замонавї мутобиќ гардонидани роњњои мошингард ва дигар инфрасохтори наќлиётї ва ба мамлакати транзитї табдил додани Тољикистон дар давраи миёнамўњлат бо љалби сармояи хориљиву ватанї таљдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роњњои мошингард пешбинї шудааст». Љавобан ба ин, кормандони соња аз ўњдаи иљрои вазифањои дар наздашон истода сарбаландона баромада, дар чорабинињои фарњангию сиёсии гуногун фаъолона ширкат меварзанд. Итминони комил дорем, ки кормандони соња минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносию худогоњї дар баланд бардоштани сатњу сифати хизматрасонї аз имкониятњои моддию зењнии мављуда самаранок истифода мебаранд ва дар ободонию пешрафти кишвари азизамон њиссаи босазои худро мегузоранд. Ба кормандони муњандисию техникї, ронандагон, челонгарон ва њамаи онњое, ки пешрафти соњаро таъмин менамоянд, саломатии бардавом, ободии рўзгор ва барору комёбињои мењнативу зиндагї таманно менамоям. Иди касбї муборак!

Б

О маќсади ошної бо вазъи иќтисодиву иљтимоии минтаќањои дурдаст Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї ба водии Яѓноби ноњияи Айнї сафари корї анљом дод.

заш самимона муборакбодї намуданд. Дар идомаи сўњбат Эмомалї Рањмон фаъолияти самарабахши Шавкат

Мирзиёевро дар маснади Роњбари давлат дар љодаи таъмини рушди устувори иљтимоию иќтисодии Ўзбекистон ва тањкими обрўи он дар арсаи байналмилалї таъкид карданд. Њамзамон манфиатдорї ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маљмўи муно-

сибатњои дўстї ва њусни њамљаворї, њамчунин њамкорињои мутаќобилан судманд иброз гардида, љињати пешбурди муштараки ин раванд изњори умед карда шуд. Дар ин замина Сарони давлатњо љињати саъю талошњои муштараки мин-

баъда ба хотири густариши беш аз пеши муносиботи шарикии ду кишвар мутобиќ ба манфиатњои аслии мардумони бародар, ки робитањояшон решањои амиќи таърихї доранд, изњори аќида намуданд. www.prezident.tj

ЭЊЁИ СУННАТЊО ДАР ВАТАНИ АЉДОДИИ СУFДИЁН Áîçäèäè êîðèè Ðàèñè âèëîÿò Àáäóðà³ìîí £îäèðO àç ߘíîá

Водии Яѓноб аз минтаќањои таърихии Тољикистон ба шумор рафта, дар ќисмати шарќии ноњияи Айнї, дар мавзеи баландкўњ љойгир шудааст. То замони муњољирати сокинонаш ба дигар минтаќањои кишвар, Яѓноб аз 32 дења иборат буда, наздик 3200 нафар ањолї доштааст. Айни замон дар 15 дењаи он беш аз 400 нафар иќомат доранд. Шуѓли асосии сокинони дараи Яѓноб чорводорї ва зироатчигї мебошад. Бояд гуфт, ки Яѓноб як пораи таърихи зиндаи кўњанбунёди тољикон буда, аз љониби донишмандон њамчун падидаи нодири этникии љањон шинохта шудааст. Вобаста ба таърихи ин гўшаи диёри аљдодиамон њанўз дар асри панљуми ќабл аз мелод муаррихони машњури юнонї маълумот дода буданд. Рушди иќтисодию иљтимоии ин минтаќаи дурдасти кишвар дар маркази таваљљўњи давлату Њукумат ќарор дорад. Дар ин замина, бо маќсади ошноии наздик аз вазъи кору зиндагии сокинони дараи Яѓноб Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї ба ин минтаќа сафари корї анљом дод. Дар оѓози сафар Абдурањмон Ќодирї аз муассисањои тозабунёди иљтимої дар дењаи Нумиткон дидан кард. Бояд гуфт, ки соли 2016 ба муносибати 25-солагии Истиќлолияти давлатї дар дењаи Нумиткон бинои муассисаи тањсилоти умумї, бунгоњи тиббї, мењмонхона ва дигар иншооти хизматї аз њисоби маблаѓњои буљетї сохта, ба истифода дода шуданд. Дар дењаи Таги Чинор бошад, пули мошингузар бунёд ёфт. Ин иќдом имкон дод, ки вазъи таълиму тарбияи фарзандони водї то андозае бењтар гардад. Айни замон дар 6 дењаи ин мав-

Дар мулоќот бо сокинони водї Раиси вилоят ба вазъи зиндагї ва мушкилоти љойдоштаи ин мавзеъ таваљљўњ зоњир намуд. Сокинони Яѓноб аз Раиси вилоят доир ба бењсозии кўмаки тиббї дархост намуданд. Мурољиати онњо пазируфта шуд ва бо дастури Раиси вилоят дар ояндаи наздик барои бунгоњи тиббии Яѓноб наќлиёти “Ёрии таъљилии тиббї” дастрас карда мешавад. Муаммои дигари сокинони водї ин мушкилоти рафтуомад ва номусоид будани роњи мошингард аст. Дар ин замина, бо дастгирии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят дар њаљми 3 миллиону 500 њазор сомонї роњи мошингарди водї аз даромад то охирин дењаи он таъмиру азнавсозї хоњад шуд. Бо ин маќсад Раиси вилоят барои омода намудани лоиња ва оѓози корњои њамворкунї ва кушодани роњ дар ояндаи наздик масъулинро вазифадор намуд. Тибќи наќша роњи мазкур соли 2018 бояд мавриди истифода ќарор дода шавад. Њамзамон, љињати боз њам бењтар намудани вазъи таъминоти барќ дар водї Раиси вилоят барои кашидани хатњои иловагии барќ ба масъулин дастур дод. Айни замон дар њудуди дењањои Яѓноб 13 НБО-и хурд кор карда, ањолиро бо барќ таъмин месозанд. Соли 2011 њангоми сафар ба водии Яѓноб Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба оилањои ин мавзеъ 68 адад батареяњои офтобиро таќдим намуда буданд ва бо ин роњ мушкилоти барќтаъминкунии ањолї бењ гардид. Дар назди мактаби раќами 22-и дењаи Анзоб

зеъ 58 нафар толибилмон дар синфњои 1-4 асосан ба тањсили ибтидої фаро гирифта шудаанд ва ба онњо 6 нафар омўзгор таълим медињанд. Раиси вилоят ба муассисањои таълимї мизу курсї ва ба толибилмони ин даргоњ кўмакњои моддї аз ќабили лавозимоти хониш, сарулибос, асбобњои мусиќї ва ѓайра дастрас намуд.

бошад, сохтмони интернати наздимактабї, ки аз љониби Вазорати маорифи љумњурї оѓоз гардида буд, бо мусоидати роњбарияти вилоят аз нав ба роњ монда хоњад шуд. Парваришгоњи мазкур бо шароитњои муосири таълиму тарбия ва зиндагї, аз ќабили ошхона, хобгоњ, варзишгоњ ва дигар иншооти хизматрасон таъмин

шуда, имкон медињад, ки хонандагони водии Яѓноб дар тамоми мавсими сол ба тањсил фаро гирифта шаванд. Дар мулоќот инчунин ба вазъи кишоварзии водї таваљљўњ зоњир карда шуд. Бояд гуфт, ки соњаи асосии хољагии ќишлоќи ин минтаќа чорводорї ва зироаткорї мебошад. Аз наздик 83 њазор гектар фонди заминњои водї 25900 гектарашро чарогоњ ташкил медињад. Дар Яѓноб 23 хољагии дењќонї ба ќайд гирифта шудааст, ки дар онњо 70 њазор сар моли майда ва 800 сар чорвои калони шохдор мављуд мебошанд. Бо тавсияи Раиси вилоят минбаъд майдони чарогоњњои водї барои хоњишмандон аз рўи талаботи меъёрї барои истифодабарї таќсим карда мешаванд. Шарти асосї он аст, ки шумораи чорвои хољагидороне, ки соњиби чарогоњ мешаванд, бояд ба њисобу китоби оморї ворид гарданд. Масоњати заминњои корами обї дар Яѓноб, ќариб 9 гектарро фаро гирифта, сокинон асосан ба картошкапарварї машѓуланд ва то 250-300 сентнерї њосил ба даст меоранд. Яѓноб њудудан хеле васеъ ва аз љињати љуѓрофї баландкўњ мебошад. Њудуди водии Яѓноб дорои сарватњои бузурги зеризаминї, обњои мусаффо ва гиёњњои шифобахш аст. Дар ноњияи Айнї, аз љумла водии Яѓноб инчунин барои рушди боѓдорї ва бунёди корхонањои хурди коркарди меваљот, инчунин тараќќї додани туризм ва кўњгардї имкониятњои зиёд мављуданд, ки истифодаи оќилонаи онњо барои бењтар гардидани вазъи иќтисодиву иљтимоии мардуми ноњияи Айнї ва сокинони Яѓноб муњайё шудани љойњои нави корї мусоидат хоњад кард. Аз ин љињат таъкид гардид, ки бахусус барои рушди туризм дар Яѓноб тадбирњои зарурї андешида шаванд. Зеро дар ин минтаќа табиати нотакрор ва обу њавои тоза, манзарањои дилфиребу обшорони рўњнавоз барои сайру саёњат хеле мусоид буда, њамзамон таърихи зиндаи ниёгони мо, ки дар ин

минтаќа таљассум ёфтааст, таваљљўњи сайёњону бостоншиносони зиёди хориљиро љалб хоњад кард. Раиси вилоят аз сокинони водии Яѓноб фдаъват кард, ки дар њифзу гиромидошти арзишњои миллї ва фарњанги бойи мардуми ин мавзеъ сањми бештар дошта бошанд ва љињати тарѓиби анъанањои ин мањал аз љумлаи нигањдорї ва эњёи забони яѓнобї, суруду мусиќї, фарњанги либоспушї ва хўрокњои миллї мусоидат намоянд. Бо дастгирии роњбарияти вилоят дар мавсими имсолаи таътили тобистона 20 нафар мактабиён ва љавонони водии Яѓноб дар бењтарин истироњатгоњњои вилоят ба фароѓат фаро гирифта хоњанд шуд. Имрўз давлату Њукумати кишвар барои нигоњ доштани анъанаву суннатњои мардуми Яѓноб њамчун арзиши пурќиммати фарњангу тамаддуни бостонии халќамон кўшишњо ба харљ дода, ба онњо дар њалли мушкилоти мављуда ва ташкили зиндагии шоиста, инчунин таълиму тарбияи насли наврас, ки посдорандагони арзишњои нодири миллиамон мебошанд, кўмаку ѓамхории пайваста мерасонад. Раиси вилоят дар ин сафар бо фарњанги зиндагидории мардуми водї дар мисоли хонадони як сокини он ошно гардид. Дар водии Яѓноб њанўз усули бунёди хонањои сангин боќї монда, урфу одатњои ќадимаи зиндагии ниёгонамон риоя карда мешаванд. Фарзандони мањал дар мактаб бо забони тољикї таълим гирифта, баробар бо ин дар хона бо шеваи яѓнобї гуфтугў мекунанд. Њамин тавр, ватани аљдодии суѓдиён тадриљан ободу зебо ва муњимтар аз њама, дар кўњистони Яѓноб суннатњои мањаллии мардум дуюмбора эњё гардида истодаанд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суѓд


2

Њаќиќати Суѓд

Сешанбе, 25 июли соли 2017

²èäîÿò³îè Ïåøâîè ìèëëàò - òà¿àññóìãàðè ³à¸òè áîñàîäàò!

Áà øàðàôè 25-ñîëàãèè È¿ëîñèÿè ÕVI Ø¢ðîè Îëèè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí

Б

ИСТУ панљ сол мешавад, ки мо аз баргузории Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон шукрона мекунем. Шукри онро мекунем, ки ин Иљлосияи ба маънои томаш таќдирсоз дар таърихи миллати куњанбунёд фарзанди фарзонаи халќ, Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмонро ба арсаи сиёсат баровард. Ба шарофати роњандозии сиёсати оќилона ва дурандешонаи Сарвари муаззами давлатамон оштии миллї пойдор, сулњу амонї барќарор шуд, гурезагон ба љои зисташон баргаштанд, Њукумати ќонунї ба фаъолият пардохт, мамлакат сарсабзу обод, тараќќиёташ рўзафзун ва шаъну шўњрати давлати тољикон дар љањон маълуму машњур гашт. Бояд тазаккур дод, ки дар њар давру замон бо хабарњои нав пурра гардонидани фазои иттилоотї, инъикоси воќеањои муњиму таърихї рисолати касбии кормандони воситањои ахбори омма мањсуб меёбад. Чунки мардум дар њаёти рўзмарраи худ њамеша шавќу завќи аз навигарї, рўйдод ва воќеањо фавран огоњ шудан дорад. Лозим ба ёдоварист, ки рафти Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистонро њамон ваќт беш аз 100 нафар рўзноманигори мањаллию хориљї дар сањифањои рўзномаю маљаллањо, барномањои радиою телевизион инъикос мекарданд. Чун ин Иљлосияи таърихї дар Ќасри Арбоби ноњияи Бобољон Ѓафуров (собиќ ноњияи Хуљанд) ба вуќўъ пайваст, тамоми мардуми ин диёр ва махсусан, шањри Хуљанд њам мизбон буданду њам масъули корњои ташкилии ин чорабинии деринтизор. Чашми сокинони кишвар ва љањониён ба сўи Арбоб буд ва њушу гўшашон ба рафти њаллу фасли масоили мавриди муњокима ќароргирифта. Мењмонони хориљї њам бисёр буданд. Хусусан, намояндагони воситањои ахбори умум, ки њар кадомашон аз паи амалї гардонидани њадафњои наздашон гузошта буданду њифзи манфиати гурўњњои муайянро бар ўњда доштанд. Яъне дар як толор чашмони хайрбин њам буданду дидагони нањсбин њам. Њаркї мувофиќи виљдону муддаои хеш ба њаллу фасли масоили мавриди муњокима ќароргиранда бањогузорї мекард. Камина дер боз бо омўзиши сарнавишти миллат, зиндагинома ва осори гаронмояи шахсиятњои номвари диёр машѓулам. Чунки сабаќњои ибратомўзи таърих, гузаштаи пурифтихор, корномаи фарзандони бовафои халќ сањифањои барои имрўзиён номаълуми воќеаю рўйдодњои гузаштаро боз менамоянд. Яъне чї хеле, ки гуфтаанд, «Номаи вокарда донад, дидаи бедори мо». Ин љо мехоњам дар бораи ќаламкаше сухан ронам, ки њамон шабу рўзњо аз таќдири минбаъдаи Ватан лањзае оромї надошту мехост ин њамоиши вакилони халќи љумњурї муваффаќона гузарад, натиљаи дилхоњ дињад. Ин рўзноманигори соњибќалам Мазбут Воњидов аст, ки њамон ваќт дар идораи рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ленинобод» (њозира «Њаќиќати Суѓд») ба њайси муовини cармуњаррир фаъолият дошт. Бояд тазаккур дод, ки ў дар ин рўзнома аз соли 1973 то моњи майи соли 1998, яъне расо 25 сол кор карда, аз мусањњењї то ба дараљаи сармуњарририи нашрия расид. Барои инъикоси фаврии рафти Иљлосия бо пешнињоди њайати тањририяи рўзнома ва фармони дохилиидоравии сармуњаррири «Њаќиќати Ленинобод» гурўњи мухбирони парлумонї таъсис дода шуд. Ба њайати он рўзноманигорони варзида Њасанбой Шарифов, Fафур Нарзуллоев, Њадиятулло Тўйчизода, Мазбут Воњидов, Њасани Порсо, суратгирон Шарифљон Мамадљонов ва Исроили Рабизод (рўњашон шод!) шомил буданд. Дар њар шумораи «Њаќиќати Ленинобод» аз рафти Иљлосия, воќеаю рўйдодњои дохили толор, ќарору санадњои ќабулгардида, фикру мулоњизоти вакилон ва иштирокчиёни ин њамоиш, таассуроти намояндагони мамлакатњои аъзои ИДМ, ташкилоту созмонњои байналмилалї, дипломатњо ва мухбирони хориљї силсилаи хабару маќола, репортаж ва мусоњибањои ин мухбирони парлумонї дарљ мегардиданд. Ба туфайли навиштањои онњо мардуми нафаќат шањру ноњияњои вилоят, балки сокинони дигар минтаќањои љумњурї низ аз рафти ин машварати таърихї сари ваќт огоњ мешуданд. Чун узви њайати тањририя ва љонишини сармуњаррир хондану тањрири њамаи маводи омодакардаи мухбирони парлумонї, њамзамон тарљумаи матолиби дар бораи

Ч

№87 (17768)

Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон нашркардаи рўзнома ва ољонсињои иттилоотии Русия ва дигар мамолик ба зиммаи Мазбут Воњидов вогузор гардида буд. Дастхати чандин матолиби ў аз рафти Иљлосия ва мусоњибањояш бо депутатњои Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон, бо дигар иштирокдорони ин њамоиши таќдирсоз, ки дар чандин шуморањои «Њаќиќати Ленинобод» ба нашр расида буданд, њамчун сарчашмаи мўътамади омўзиши ин воќеаи таърихї дар осорхонаи Ќасри Арбоб мањфузанд. Баргузории Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар сањифањои чандин китобњои бузург, дар хотирањо ва таќдири миллати азияткашидаи мо њукми љовидона гирифтааст. Мусоњибањои мухбирони парлумонї Њасанбой Шарифов, Њадиятулло Тўйчизода, Њасани Порсо (рўњаш шод!), Мавлуда Шарифова, Файзулло Атохољаев, Мазбут Воњидов («Њаќиќати Ленинобод»), Аюби Кенља («Љумњурият»), мудири шўъбаи матбуоти комиљроияи вилоят Дадољон Раљабї, шодравон Акрамалї Њасанов (телевизиони вилоят) ва дигарон дар бобати сари ваќт инъикос гардидани рафти кори Иљлосия басо фаврї, хонданбоб ва шоёни тањсин буданд. Шуморањои њаррўзаи «Њаќиќати Ленинобод» њамон ваќт ќариб пурра ба Иљлосия бахшида шуда буданд, ќайд менамояд муаррихи варзида Усмонљон Fаффоров. Агар њамон шуморањоро вараќ занем, бори дигар зањмати рўзноманигоронро бањри дарёфти суханони таъсирбахш, рўњбаландкунанда ва љолиб дарк мекунем, ки дар дили вакилон кора мекарданду дар ќалби муштариёни рўзнома тухми оромию субот мекиштанд. Масалан, сањифаи аввали «Њаќиќати Ленинобод», шумораи 16 ноябрии рўзнома бо байти зерин сар шудааст: Зињї, кабўтари сафеди оштї, Ки дил барад суруди љонфазои ў! Ва дарак медињад: «Вакилони халќ њозир шуданд. Соати 16-и рўзи 15-уми ноябр 160 нафар депутати халќи љумњурї аз њамаи вилояту ноњияњои Тољикистон аз ќайд гузаштанд». Дар њамон љо ду шеър оварда шудааст, ки «Моро кї мерањонад?», «Ватанро дар амон монед!» номгузорї гардидаанд. Маќолањои дигар «Осоиши ду гетї» ва «Иљлосияи њалкунанда» манзур гардида, дар поён омадааст: «Имрўз Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон оѓоз меёбад. Ба кори сессия барор мехоњем!». Дар њамон сањифа, аз љумла маќолаи «Бузургтарин савоб гузашт аз гуноњ аст!» љой дода шудааст, ки ба ќалами Мазбут Воњидов та-

аллуќ дорад. Рўзноманигорон аз љумла, мухбирони парлумонии «Њаќиќати Ленинобод» њамон шабу рўзњо љон дар каф, сухан дар лаб ва умед дар дил бо намояндагони мардумї, ќумондонњои гурўњњои силоњбадаст мусоњибањо меоростанд. Аз нигоњи хайрхоњонаи ояндаи миллатро андешакунандагон шод гашта, аз аъмоли дилсиёњу шайтонтинатоне, ки њаргиз намехостанд алангаи оташи љанги хонумонсўз хомўш гардад, ѓамгин мешуданд. Аммо сухан коре мекунад, ки шамшер наметавонад онро анљом бидињад. Дер ё зуд њаќиќат роњи худро меёбад ва хоњноњоњ дар дили одамони ањримансифат низ рањму шафќату адолат бедор мегардад. Њамин гуна маъно доштанд, матолиби сањифањои њар шумораи њамонваќтаи рўзномаи «Њаќиќати Ленинобод», ки Мазбут Воњидов ва ќаламкашони њаммаслаку бовафояш бар ўњда доштанду тавонистанд њадафи умумро ба нишон расонанд. Дар бораи фаъолияти мухбирони парлумонии «Њаќиќати Ленинобод» маќолањои зиёде навишта шудаанд. Аз љумла «Хабарнигори парлумонї»-и доктори илмњои таърих, профессори ДДЊБСТ Бисабоњат Исмоилова дар рўзномаи «Њаќиќати Суѓд» (аз 25.09.2012) омадааст: «Моњи ноябри соли 1992 дар њаёти чандин рўзноманигорон, аз љумла Њадиятилло Тўйчизода воќеаи муњим ба вуќўъ омад, ки њељ гоњ аз хотир фаромўш намешавад. Њайати тањририяи рўзнома ўро дар ќатори рўзноманигорони шинохта Файзулло Атохољаев, Њасанбой Шарифов, Мазбут Воњидов, Ѓафур Нарзулло, Шарифљон Мамадљонов, Исроилљон Рабиев барои инъикоси рафти Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Тољикистон вобаста кард». Дар бораи иштироки фаъолонаи мухбирони парлумонии «Њаќиќати Ленинобод» дар Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар Ќомуси «Парвозгоњи бузургон», китоби ёддоштии муаррихи варзида Њасанбой Шарифов «Манзили аљдодии мо» чандин маќолањо љой дода шудаанд. Дар шумораи №150 аз 15-уми декабри соли 2015 ба шарафи 85-солагии рўзномаи «Њаќиќати Суѓд» аз вохўрии таърихии Эмомалї Рањмон бо журналистони рўзнома тањти унвони «Ман ба «Њаќиќати Ленинобод» боварї дорам» чунин ёдоварї шудааст: «Бо хоњиши Раиси Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон 4-уми декабри соли 1992 дар кумиљроияи вилоят вохўрї бо ањли ќалами рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ленинобод» барпо гардида буд. Байни журналистон ва Раиси парлумони навинтихоби љумњурї оид ба

АНДЕ ќабл њангоми сафари кории худ ба ноњияи Зафаробод Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї баробари шиносої бо рафти корњои ободонию бунёдкорї, аз ташвишу тараддудњои имрўзаи кишоварзон низ огоњї ёфт. Аз љумла нашъунамои нињолњои пахта дар Хољагии дењќонии «Дањкат» аз љониби Раиси вилоят бањои баланд гирифт ва онро чун таљрибаи омўзишї муаррифї кард. Зеро дењќонони хољагї соли гузашта аз њар гектар 35 сентнерї њосил гирифта, имсол ин раќамро то 40 сентнерї расонданианд.

Ќ арор ва иљрои он

МАЪРИФАТИ ШАЊРСОЗЇ аз нигоњи мутахассисон

вазъи сиёсию иќтисодї ва иљтимоии љумњурї, љамъбасти Иљлосияи ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон ва фаъолияти минбаъдаи Раёсати Шўрои Олию Њукумати Љумњурии Тољикистон, инчунин дигар масъалањои муњими рўз мубодилаи афкор барпо гардид. Эмомалї Рањмон ба мавќеи рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ленинобод» бањои сазовор дода, журналистони онро даъват намуданд, ки минбаъд низ тамоми ќувваю дониш ва ѓайрати эљодиашонро бањри пойдор гардонидани сулњу амонї дар Тољикистон, таъмини вањдати мардум ва якпорчагии љумњурї равона намоянд…» Њамин воќеаи таърихї дар маќолаи Файзулло Атохољаев – сармуњаррири «Њаќиќати Ленинобод» дар солњои 1989 – 1994, тањти унвони «Бузургї ва покии виљдон дар соњибќаламї њам бошад» («Њаќиќати Суѓд», 15.12.2015) низ ќайд гардидааст. Боре даргузашти ваќт њамонваќта Вазири фарњанги Љумњурии Тољикистон Бобохон Мањмадов њангоми сафари хизматї ба вилояти Суѓд аз фаъолияти рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Ленинобод» огоњ гашта, дар машварати њайати мушовара ба эътибори њозирон расонд, ки «Ман аз натиљањои сафари хизматии худ ба Президенти љумњурї ва мулоќот бо шумоён ба мўњтарам Эмомалї Рањмон њисобот дода, аз љумла дар хусуси кору бори журналистони «Њаќиќати Ленинобод» ба некї ёдовар шудам. Президент аз он, ки рўзнома љињати пойдории сулњу оштии миллї, Вањдат ва эњёи Тољикистони навин, баланд бардоштани мавќеи занон дар љомеа, љавонон, зиёиёни эљодкор љидду љањд карда, сиёсати Њукумати љумњуриро пайгирона дастгирї менамоянд, ќаноатманд гардиданд». Дар мулоќот Эмомалї Рањмон аз Вазир хоњиш карданд, ки ба њайати эљодии «Њаќиќати Ленинобод» ташаккурашонро расонад. Њамаи ин санаду далелњо бар он далолат мекунанд, ки наќши рўзноманигорон, аз љумла сањми Мазбут Воњидов дар инъикоси рафти Иљлосия, мусоњиба бо иштирокчиёни он, тањким бахшидан ба пешрафти матбуот тавассути мулоќот бо Сарвари давлат басо назаррас мањсуб меёбад. Аз соли 1998 таќдири Мазбут Воњидов бо фаъолияти Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят зич алоќаманд гардид. Ба њайси мудири бахши шўъбаи иљтимоию фарњангї, робита бо созмонњои љамъиятию сиёсї ва муносибатњои байнимиллї кор кард. Моњи августи соли 2007 Мазбут Воњидов сармутахассиси бахши танзими анъана ва љашну маросимњои дастгоњи Раиси вилоят таъин мешавад. Ў давоми фаъолияташ дар вазифањои пурмасъулият худро њамчун мутахассиси хуби корњои тарѓиботию ташвиќотї, љињати дар амал татбиќ намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, дастуру супоришњои Раиси вилоят нишон дода, ба сифати собиќадори матбуот ва хизмати давлатї ба нафаќа баромада бошад њам, њоло дар тарбияи ќаламкашони љавон сањми арзишманд дорад. Розиќљон МУТАЛЛИБОВ, номзади илмњои филологї, Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон

Сохтмони иншоот, аз љумла бунёд намудани биноњои баландошёнаи истиќоматї рўз аз рўз вусъати тоза ги рифта истодаанд. Барои аз наздик ошно шудан бо кору фаъолияти идорае, ки бевосита ба корњои сохтмонї вобаста аст, бо сардори Идораи сохтмони асосии вилояти Суѓд Тоњир Ќудратзода с ӯ њбат оростем.

- Њадафи асосии фаъолияти Идораи сохтмони асосии вилоят дар њамкорї бо сохторњои дахлдор татбиќ намудани сиёсати ягонаи давлатї дар соњањои сохтмон, меъморї ва шањрсозї дар ќаламрави вилоят мебошад, - изњор дошт њамсӯњбатам. - Дар нимсолаи якуми соли 2017 Идораи сохтмони асосии вилоят аз маблаѓњои људошуда ба андозаи 77,8 млн. сомониро аз худ намуд. Ин маблаѓ барои иншооти соњањои маориф, фарњанг, варзиш, хољагии ќишлоќ, аз љумла азхудкунии заминњои бекорхобида ва дигар љодањо равона карда шуд. Дар азхудкунии маблаѓ сохтмони толори варзишї ва ошхонањо дар њамаи мактабњои навбунёдшаванда, дар бахши кишоварзї бошад, обёрии заминњои мавзеи дашти Сомѓори ноњияи Бобољон Ѓафуров – минтаќаи шањраки Сайњун ва ноњияи Деваштич тавассути обрасонии Дањкатсой-Дањанасой дар назар дошта шудааст. Аз тарафи мутахассисони соња ќайд гардид, ки наќшаи солонаи сохтмонњои асосии вилояти Суѓд ва бунёди иншооти дигар вобаста ба иљрои чорабинињои Њукумати Љумњурии Тољикистон ва Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд, супоришу ќарорњои Раиси вилоят тартиб дода мешавад. Назорати техникии иншооти сохташаванда аз оѓоз то ба истифода супоридани иншоот ба зиммаи Идораи сохтмони асосии вилоят вогузор шудааст. Ошкор намудани камбудињои бунёди иншоот бошад, бар дўши Хадамоти назорати давлатии меъморї ва сохтмонии вилоят вобаста аст. Сохтмони иншооти сохташавандаи баландошёнаро дар шањри Хуљанд Идораи мазкур мусбат арзёбї намуда, боиси ќайд аст, ки хонањои истиќоматї мутобиќ ба наќшаи дурнамо ва наќшаи кулли шањр ва таљдиди инфрасохтори атроф бояд ќомат афрозанд. Чун имсол Соли љавонон аст, шоёни тазаккур аст, ки 90 фоизи кормандон дар Идораи сохтмони асосии вилояти Суѓд, бахусус дар шӯъбањои истењсолї ва техникї мутахассисони љавон мебошанд. Мушкилоти соња болоравии нархи масолењњои сохтмонї ва норасоии таљњизоти иншооти сохташаванда ба њисоб меравад. Идораи сохтмони асосии вилоят соли 2016 дар маркази вилоят бунёд гардидани ду иншоот - Маљмааи таърихию фарњангии «Истиќлол» бо боѓи истироњатиаш ва «Ќасри фарњанги Суѓдиён»-ро аз дастовардњои муњим мењисобад. Ваќтњои охир иштироки шањрвандон дар бунёди иншоот афзудааст. Њамзамон сањми соњибкорони мањаллї дар шањрсозї зиёд гардидааст. Онњо низ чун шањрвандони мањал - пудратчиён ва сохтмончиён пешќадами замони муосир њисоб мераванд. Оид ба баланд бардоштани маърифати шањрсозии шањрвандон дар сӯњбат мутахассисони Идораи сохтмони асосї ќайд намуданд, ки бояд нишасти якљояи меъморону сохтмончиён бисёртар доир гардад ва ба таври васеъ фикру мулоњизоти мутахассисони соњаи шањрсозї ба воситаи васоити ахбори омма пањн карда шаванд. Улуѓбек ХУДОЙБЕРДИЕВ, «Њаќиќати Суѓд»

Дар партави дастуру супоришњои Раиси вилоят

Òà¿ðèáàè èáðàòîì¢çè äå³¥îíîíè “ÄÀ²ÊÀÒ” Сарварии хољагии «Дањкат»-ро мутахассиси соњаи кишоварзї, дењќони чашмикордон Исматулло Холов ба ўњда дорад. Гузаштагони ин марди шариф зодаи дењаи Дањкат, ноњияи Деваштич буда, аз фотењони Мирзочўли тољик мебошанд. Саидљон Холов нахустин шахсе, ки аз дењаи Дањкат ба чўли бегиёњ хайма зада, касби пахтакориро пеша карда буд. Чанд сол сарварии бригадаи пахтакории Хољагии давлатии «Ленинобод»-ро дар ўњда дошту барои баланд бардоштани њосилнокии пахта ва ташкили самараноки мењнат сазовори унвони «Устоди пахтаи Тољикистон» гаштааст. Тамоми пайвандонаш бо нони пахтакорї, дар рўњияи мењр ба замин ба камол расиданд ва имрўз аз онњо шаш нафарашон хољагии дењќонї таъсис дода, мустаќилона фаъолият мебаранд.

Аз онњо Исматулло Холов солиёни зиёд дар Хољагии давлатии «Ленинобод» сармуњандис, сардори минтаќа буд. Соли 2004 ба хотири зодгоњи бобоияш Хољагии дењќонии «Дањкат» таъсис дод ва бо пайвандонаш 71 гектар замини дар ихтиёри «Ленинобод» бударо бо 48 њазор доллари амрикої ќарзи ќаблї ба зимма гирифт. 34 нафар сањмдор хеле кор карданд, чун замини худ зањмат кашиданд. Натиља ин шуд, ки дар ду-се соли аввали фаъолият ќарзи ќаблї пурра пардохт шуд ва хољагї ба фоида гузашт. Пас аз таљдиди соли 2014 дар заминаи «Дањкат» боз шаш хољагии дењќонї арзи вуљуд кард ва њама мањорати кишоварзиро аз Исматулло Холов омўхтаанд. Дар ихтиёри «Дањкат» 17 гектар замин монд, ки аз он 15 гектараш пахтазор аст. Соли рафта бо зањмати 9 нафар сањмдор аз њар гектар 36 сентнерї

њосил бардоштанд, дар њоле, ки ваќти хољагии давлатии «Ленинобод» будан ба 20 сентнерї њам нарасида буд. - Барои ба ин муваффаќият соњиб шудан аввало ѓамхорию њавасмандкунї нисбат ба ањли сањро, ки аз субњ то офтобшинам дар корзор аст, омили асосии пешравї шуд, - мегўяд Исматулло Холов. Саркор Исматулло Холов доир ба ѓайрату матонати аъзои хољагї бисёр њарф мезанад, ќаноатмандии хешро изњор мекунад ва ќайд менамояд, ки чунин мењнатдўстї буд, ки аз љониби Раиси вилоят кишоварзон бањои баланд гирифтанд… Эгамназар СОЊИБНАЗАРОВ, ноњияи Деваштич


Сешанбе, 25 июли соли 2017

А

З ќадимулайём мардуми тољик чун меросбарони фарњангї дорои расму оин ва маросимњои гуногун буданд, ки чунин маъракањо дар худ љавњари покиву ахлоќиро таљассум мекард. Боиси таассуф аст, ки бо гузашти солњо ин расму оини мардумї дар такя ба фарњанги бегона моњият ва арзиши миллии худро каме гум намуд. Мардуми мо мутаассифона, њанўз аз моњияту маънои аслии баргузории маросимњо бехабар буда, аксарияташон њангоми иљрои расму оинњои диниву миллї, масалан, маросимњои марбут ба эњтироми арвоњи гузаштагон, хатнасур, љашни хонадоршавї ва ѓайра ба сарфи маблаѓњои зиёд роњ медињанд.

Соле пеш дар роњ шиноси деринамро дидам, ки чењраи ѓамолуд дошт. Чун сабаб пурсидам, бемориашро бањона кард. Аммо аз ваљоњаташ маълум буд, ки аз чизе ѓам мехўрад. Самимона аз кору рўзгораш пурсон шудам. Иќрор шуд, ки пас аз тўйи арўсии духтараш аз бонк ќарздор шудааст. Азбаски фоизњои бонк баланданд, имкони сариваќт супоридани маблаѓро надорад. Барои њамин ба ѓаму андўњ печидааст. Ба ў гуфтам, наздики 10 сол мешавад, ки Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» амал мекунад ва мувофиќи он исрофкорї дар тўй мумкин нест, дўстам бо њасрат иброз дошт, ки њамин Ќонунро худи сокинон дидаву дониста, сарфи назар мекунанд, банди таассубу таќлид гардида, худрову оилаашонро ба кўчаи сарбаста ва навмедї мебаранд. Агар њол чунин мебуд, имрўз ман ва ман баринњо дар домони ќарз намеѓўтидем. Мутаассифона, солњои охир махсусан дар шањри Хуљанд ва атрофи он муносибати таассуб кардан мушоњида гардидааст. Рўирост бояд иќрор шуд, ки имрўз масъалаи баргузории тўйи арўсї дар хонадони духтар мушкилоти раќами як шудааст. Ба љуз он ки волидайн 18-20 сол духтари хонаводаро бо мењру муњаббати зиёд тарбия намудаву хононда, рисолати падариву модарии худро анљом медињанд, боз њини хонадоршавии духтарашон вазифадоранд, ки шурўъ аз волидони домод то додару хоњарони ў, гузашта аз ин, авлоду аљдоди ќудоњоро бо либосњои гароннарх таъмин намоянд. Њамчунин волидони духтар вазифадоранд, ки тамоми ашёву анљоми рўзгори навхонадоронро таъмин намоянд. Аз мушоњидањо аён ме-

Танзим ва тањаввулоти фарњанги миллї

“ДАСТАРХОНДОРЇ” АСИРИ ЌАРЗ ШУДАН АСТ

гардад, ки мардум побанди таассуб гардида, маросимњои домодталабону келинталабонро бо маросими хатнасур рўйпўш мекунанд. Дар ин маросимњо аз љониби волидайни арўс таќдими тилловорињо, калиди мошин, хона ва дигар бисоти зану шавњар гўё расм шудааст. Аљибаш ин ки ягон нафар аз љониби падар ва модар, хешовандони арўс аз ин шикоят намебаранд, мўњри хомўшї ба дањон мезананд. Аммо мушоњидањо нишон медињанд, ки сарчашмаи њама бадбахтињо, нофањмињо мањз аз њамин пулу мол, аз бисоти хонадон сар мезанад. Инро фаъолияти яксолаи гурўњњои «Мушоњидон» ва «Муросо»-и назди кумиљроияи шањрии Њизби Халќии Демократии Тољикистон муайян намуд. Аз 30 оилае, ки дар њоли пошхўр ќарор доштанду ба кумиљроия барои њалли мушкилиашон мурољиат намуданд, наздики 20 оила мањз ба хотири таънаву маломат дар мавриди бисоти рўзгордориву таќсими мерос аз љониби хушдоман ё дигар узви хонадон сар задааст. Зеро њатман зимни баргузории чунин маъракањо занон ќиёс мекунанд. Мо борњо аз забони чунин занон «Фалонї дастархондор будааст»-ро шунидаем. Аммо модарони азизро дар ин маврид мебоист ба љои шумурдани либоси навхонадорон, хушбахтии онњоро орзу мекарданд. Дигар аз исрофкорињое, ки имрўз метавон мушоњида кард, ин њатман баргузор намудани тўй дар ин ё он базмгоњ мебошад. Базмгоњро барои он оилањое бунёд кардаанд, ки воќеан њам, имкони баргузории чунин маъракаро надоранд. Яъне дар хонањои баландошёна иќомат доранд. Аммо воќеияти њол нишон медињад, ки њама, новобаста аз имконияти худ, тўйро дар базмгоњњо мегузаронанд. Магар намешавад, ки харљи иљораи чунин тўйхонањоро сарфа намоему онро дар њавлии худ гузаронем ва маблаѓи ба тўйхона сарфмекардаамонро дар рўзгори оилањои љавон истифода барем? Пештар дар сањни биноњои серошёна тўйњо мегузаштанд. Магар баргузории чунин базмњо ягон камї доштанд?

Аз мушоњидањои солњои охир бармеояд, ки рўи дастархон гузоштани пистањои эронии нархи њар килояш аз 100 сомонї кам набуда ё себу меваљоти хориљї расм шудааст. Намешавад, ки љойи чунин анворо мо бо себу зардолу, гелос ва бодирингу помидор, бо ширинињои худї аз ќабили мураббою нишолло зеб дињем? Тољикистон ватани мевањои шањдбори зардолуст. Њол он ки дар ягон маърака табаќи ќоќи зардолуро надидаам. Дар мавсими пухтупази он нархи њар кило ќоќ аз 10 сомонї кам аст. Ѓизонокии зардолу аз писта кам нест. Ин сарфакорї низ бар манфиати оилањо хоњад буд. Њашамату дабдабаи маросими аќди никоњи навхонадорон бошад, торафт зиёд мешаваду кам не. Њоло миёни љавонон расм шудааст, ки аз сањар то ваќти базми арўсї мошинњои гаронарзиши тамѓањои хориљиро бо нархи беш аз 150-200 доллар киро намуда, сайругашт намоянд. Мо тарафдори хушбахтии навхонадоронем. Ва ин рўзи саодат дар тўли умр як бор муяссар мешавад ва љавонон њаќ доранд ин рўзро аз рўзњои муќаррарї хубтар гузаронанд. Аммо кадоме аз мо боре андешидаем, ки солњо моли андўхтаи волидайнамонро дар андаке ваќт ба боди фано медињем.

МАНФИАТИ УМУМИМИЛЛИАМОНРО ЌУРБОНИ ХОСТАЊОИ БЕГОНАГОН НАМЕСОЗЕМ!

ОИНАИ РОСТНАМО К

ОМРОНШОЊИ Устопириён, ки бењтарин варзишгари вилояти Суѓд ва љумњурї дониста шудааст, дар оилаи пањлавонони авлодї ба дунё омада, омўзиши усулњои гўштинро аз 3-солагї оѓоз намудааст. Падараш Устои Устопириён Устоди варзиш, Мураббии шоистаи Љумњурии Тољикистон, асосгузори гўштини миллї, самбо ва дзю-до дар вилояти Суѓд мебошад. Кохи варзишии «Ланглиф», ки ў дар ноњияи Љаббор Расулов созмон додааст, имрўз дар тамоми љумњурї ва берун аз он машњур аст. Бародари калонии Комроншоњ - Фаридуншоњ низ бењтарин пањлавони тољик дар намуди гўштини самбо шинохта шудааст. Чемпиони 6-каратаи љумњурї, ѓолиби Спартакиадаи Тољикистон, ѓолиби Спартакиадаи љавонон ва донишљўён, дорандаи медали нуќраи Чемпионати љањон байни љавонон, Чемпиони дукаратаи Осиёи Марказї оид ба гўштини самбои муњорибавї, дорандаи медали биринљии Чемпионати љањон байни ситорањои самбои љањон, Устоди варзиши дараљаи байналхалќї мебошад. Сўњбате доштем, бо Устоди варзиш Устои Устопириён ва Комроншоњ.

– Дар назари аввал гўштингирї сањлу осон менамояд. Лекин барои варзишгари касбї шудан мењнати зиёд сарф намудан лозим аст. Гўштин дар ќатори варзиши бадан будан, як шохаи илми фалсафї низ мебошад. Гўштингирии тољикон ба ташаккули гўштини дигар миллатњо таъсири калон расонидааст ва борњо пањлавонони ин миллат Ватани худро аз истилогарон эмин доштаанд. Масалан, њангоми њуљум Искандари Маќдунї кўњистониеро асир мегирад ва аз ў мепурсад, ки чї касб дорї? Ў љавоб медињад, ки ман пањлавонї мекунам. Ба саволе, ту бо ин мардони бузургљусса, ки њамроњи мананд, ќувваозмої мекунї? Дар љавоб ў мегўяд, ки ман бо як шарт гўштин мегирам. Агар ѓалаба кунам, ба дења ва мардуми ман кордор намешавї, агар бохтам, ихтиёр турост. Чунончї, дар таърих медонем, Искандари Маќдунї бењтарин зўроварони кишварњои забткардаашро бо худ мегирифт. Ќувваозмої оѓоз меёбад. Гўштингири кўњистонии тољик пайи њам

њарифони пурзўрашро маѓлуб мекард ва њар навбат усулњои нав ба навро истифода карда, Искандарро дар њайрат мегузошт. Искандар таклиф намуд, ки ман туро сарвари њимоятгарони худ мекунам. Дар љавоб гўштингири кўњистонї иљрои шарти мондаашро талаб намуд ва Искандар ноилољ ба ваъдаи худ вафо кард ва ба дењаву мардуми ў кордор нашуд.

худ дар вазни 70-75 кг баромад карда, пай дар пай ба гирифтани медали тилло мушарраф гардид. Коршиносони соњаи гўштингирї дар ў ќувват ва ќобилияти фавќулоддаро зуд пайхас намуданд. Комроншоњ ба њайати дастаи љумњуриявии гўштингирони наврас пазируфта шуд.

«Ман дуо гўям бароят, зўр гардад панљањоят»

Пас аз муваффаќият дар мусобиќаи Осиё Комроншоњ бо медали биринљї ба Ватан баргашт, устодон, бахусус падараш боварии комил њосил карданд, ки ин шогирди ќобилашонро шарафи бузурги муаррифии варзиши миллати худ дар арсаи љањонї дар пеш аст. Тамринро пурзўр карданд. Мактаби гўштини Устои Устопир, ки садњо пањлавони болаёќатро ба воя расонидааст, бо љиддияти том Комроншоњро ба ќувваозмоии љањонї омода мекард. – Ќањрамони љањон шудан, дар арсаи байналхалќї пеши назари ањли олам ќомат кашидан орзуи њар варзишгар бошад њам, ба гумонам на њар кас аз ӯҳдаи он баромада метавонад. Табиист, пайи расидан ба ин шарафмандї толибони он маќсаду њадаферо дунбола мегиранд, ки он бароямон муќаддас ва илњомбахш аст. Њадафи шумо чї буду мањз ба гўштин гаравиданатон чї боис аст? –пурсидем аз Комроншоњ. –Гўштин дар оилаи мо шуѓли аљдодист. Табори Устопириён пушт андар пушт гўштингир буданд, шукр, ки њастем ва иншооллоњ, хоњанд буд.

Агар ба намудњои гўштини самбо ва дзю-до назар кунем, ќариб 80 фоиз аз гўштини миллии мо гирифта шудаанд. Бесабаб нест, ки пањлавонони тољик дар ин намуди гўштинњо натиљањои назаррас доранд. Комроншоњ њанўз мактабхон буд, ки ба натиљањои назарраси варзишї комёб шуд: ќањрамони љумњурї оид ба гўштингирї, самбо ва дзю-до, аъзои дастаи яккачини љумњурї оид ба ин се намуд гашт. Чемпиони Осиё ва дорандаи медали биринљии Чемпионати љањон, ѓолиби мусобиќањои байналхалќї дар шањрњои Самарќанд, Бишкек ва Тошканд. Бояд ќайд намоем, ки оилаи Устопировњо барои Тољикистони азиз аз чемпионатњои љањон ва Осиё 4 медали тилло, 2 нуќра ва 4 биринљї овардаанд. Комроншоњ ба арсаи гўштин хеле барваќт, овони бачагї (њанўз талабаи мактаб буд) омад. Ибтидо дар мусобиќоти вилоятї, баъдан байналмилалї дар шањрњои Тошканд, Хуљанд, Чирчиќ, Самарќанд, Бухоро, Ќўрѓонтеппа, Вањдат, Ўш ба майдон баромад ва шарафи варзиши тољикро њимоя намуд. Солњои 2005, 2007, 2008 ва 2009 бошад, гўштингири наврас дар ќувваозмоињо байни њамсолони

Гўштин шуѓли аљдодист

Шукронаи Комроншоњ аз Истиќлолу Вањдат!

Шукри даврони Истиќлол, ки ман зодаву парвардаи онам, аз ин

Имрўз, хушбахтона, вазъи иљтимої нисбат ба солњои аввали соњибистиќлолї хеле бењтар шудааст ва шукрона, ки дар њар хонадон як ё ду мошин њаст. Пас чаро мошинњои худро дар ин маъракањо истифода намебарем? Киро кардани ду-се видеокамера, аккоси касбї низ маблаѓи калон талаб менамояд. Дар базмгоњ низ аз чанд камерањои муосир ва тариќи онлайн пахш кардани сабти тўй низ ба њукми анъана даромадааст. Охир на њар кас ќудрати баргузор намудани чунин тўйро дорад. Дар натиља хонаводањои камбизоат ба таассубу суханњои дигарон гирифтор шуда, солиёни зиёд асири ќарз хоњанд шуд. Дигар аз нуктањое, ки имрўз воќеан њам бояд бигўем, ин њаќќи хизмати њофизону барандагон аст. Бояд иќрор шуд, ки њаќќи хизмати њофизон, хусусан онњое, ки имрўз дар љомеа ном баровардаанд, аз њадди инсоф гузаштаанд. Номи чунин њофизонро оварданї нестам. Инсофу тавфиќро ба онњо Офаридгор дињад. Зеро то љое иттилоъ дорам, онњо барои хизматонаи худ маблаѓи калон талаб менамоянд. Њол он ки аксари чунин њофизон дар базмњо бо садои зинда намехонанд. Яъне, хизмати софдилона намекунанд. Акнун зарур аст, ки фаъолияти санъатко-

рон низ ба танзим дароварда шавад. Он мушкиливу муаммоњое, ки рўи ќоѓаз овардам, дањ сол ќабл дучанду сечанд буд. Кї медонист, агар Њукумати Љумњурии Тољикистон бо сарварии Асосгузори сулњу Вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар ин самт тадбирандешї намекарданд, имрўз вазъи иљтимоию иќтисодии мардум то ба кадом њолат мерасид. Мањз диду назари хоса, дилсўзии Роњбари давлат ба сокинон буд, ки бо назардошти 6 њазор таклифу пешнињодњои муфиди сокинон Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ба имзо расид. Ќабули Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Љумњурии Тољикистон» ба вазъи молиявии шањрвандон таъсири мусбат расонида, ба нигоњ доштани захирањои пулии онњо дар бонкњои љумњурї мусоидат намуд. Ахиран ба муносибати 10-солагии ќабули Ќонун маќомоти дахлдори соња дар як њамоиш гуфтанд, ки Ќонуни танзими маросимњои миллї дар тўли дањ сол 18 миллиард сомонии мардумро сарфа кард ва якуним миллион чорворо аз забњ шудан рањонид. Ибрози он камбудињое, ки дар маќола омадааст, мањсули бардошт ва мушоњидањои шахсии ман буданд. Шояд дигарон низ дар ин љода мушоњидањои шахсии худро доштанд, аммо ба ифшои он хоњиш ё љуръат накарданд. Ба њар њол вазифаи мо аст, ки бояд камбудињоро гўем. Зеро роњандозии Ќонуни мазкур, ки бо иќдоми Роњбари муаззами давлат ва њизб, Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат мўњтарам Эмомалї Рањмон рўи кор омадааст, танњо бо як маќсад рў овардани мардум ба зиндагии муваффаќу шоиста мебошад. Ва вазифаи љониву имонии мост, ки ба раванди татбиќи Ќонун бетараф набошем. Маликисломї Наим МУНАВВАР , раиси Комиљроияи Њизби Халќии Демократии Тољикистон дар шањри Хуљанд

Љомеа ва замон

Âàðçèø – ìóàððèôãàðè ³àð ìèëëàò

Гўштингирїфалсафа аст

3

Њаќиќати Суѓд

№87 (17768)

фахр дорам, барои варзиши тољик роњро сўи арсаи байналхалќї боз кард, ба мо имконият фароњам овард, ки аз номи миллати худ, зери Парчаму Нишони давлати тољик баромад кунем. Ман дар вохўрие, ки Президенти кишварамон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо варзишгарони љумњурї доир намуданд, иштирок доштам. Ин њамоиши ањли варзиш худ як ифодаи ѓамхории Сарвари давлатамон ба мо љавонон, нисбат ба ояндаи варзиши тољик аст. Ман њис кардам, ки воќеан њам азму талошњоямон ќадр карда мешаванд.

Таќдирљунбони Комроншоњ кист?

Падараш Устопир бо як самимияти хос ва ифодаи эњтиром ба ин савол љавоб гуфт: Комроншоњ пањлавони соњибмактаб аст. Дастгирии Раиси вилоят, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар ин самт алоњида эњсос мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки муњаббату садоќати худро ба њайси як ватандори асил бо њамин амали савобашон, яъне мусоидат намудан ба роњёбии пањлавонони тољик, аз љумла фарзандони ин банда Фаридуншоњ ва Комроншоњ, як зумра шогирдони дигари Кохи варзишии Ланглиф ба халќу Ватан ифода кардан доранд. Машќу тамринњо ва ќобилияту ќуввати пањлавонони муваффаќ як омил бошад, омили дигари бурдњоямон дар сабќатњои байналмилалї ва азму саховати беѓаразонаи њамин абармардон аст. Ташаккур, барои сўњбати самимона, таманнои онро дорем, ки чунин абармардони тољик ба мисли оилаи Устопириён зиёд гарданду Парчами давлатии Тољикистонро ба љањониён муаррифї намоянд. Шањноза ЊОМИДОВА , « Њ аќиќати Суѓд»

Таљрибаи сулњи тољикон дар љањон камназир аст. Таърихи башар кам мисолњоеро медонад, ки љангњои дохилї, муноќишањои хунини дохили як кишвар дар як муддати кўтоњи таърихї њаллу фасл гардад ва тарафњои даргир сари музокирот нишаста, ба ифоќа биёянд. Ин аст, ки таљрибаи сулњи тољикон аз тарафи созмонњои бонуфузи байналмиллалї эътироф гаштаю њамчун мактаби омўзиш пазируфта шудааст. Мусаллам аст, ки баъди гирудорњо, ќатлу кушторњо дар айёме, ки њанўз ашк аз дидањо мерехт, захму љароњатњо сўзиш доштанд, кинаву кудурат аз дилњо нарафта буданд, тарафњои мухолифро сари мизи музокирот овардану ба ризояти сулњ моил намудан чандон сањлу осон набуд. Хушбахтона, ба бахти ин миллати кўњанбунёду тамаддунсоз Роњбари тозаинтихоби Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз нахустин рўзи ба сари ќудрат омаданашон пешгирии муќовимати шањрвандї ва таъмини сулњ дар кишварро аз аввалин ва муќаддастарин вазифањои худ эълон намуданд. Аммо баъзе аз бадхоњони миллату давлати соњибистиќлоли Тољикистон ба монанди собиќ рўзноманигори Тољикистон Додољони Атовулло барои аз байн бурдани сулњу субот дар кишвар ба кишварњои кафили сулњ миёни тољикон мурољиат намуда, изњори аќида, намудааст, ки гуё Кумитаи амнияти миллии Тољикистон зери унвони «Шикор дар Аврупо” нисбати мардум ва ањолии осоишта метавонад сатњи тундгароиро зиёд карда, амниятро дар Љумњурии Тољикистон ва минтаќаи Осиёи Марказї зери хатар гузорад. Њаминро бояд донед, ки Кумитаи амнияти миллї як нињоди махфї ва ё як мафия нест, ки дар бораи он њаргуна маълумоти бардурўѓ навишта бошед. Кумитаи амнияти миллї яке аз муњимтарин сутунњои асосии давлатдории мост. Дар њоле, ки љомеаи љањонї роњњои мубориза бо терроризм ва ифротгароиро љустуљў дорад, маќомоти дав-

латии Тољикистон бо ин гуна сиёсатњои иштибоњї заминасози пайдоиш ва рушди падидањои манфї дар кишвар ва минтаќа гашта истодааст. Метавон гуфт, ки комёр гаштани таљрибаи нодири сулњ ва вањдатсози миллати тољик, ки бо кўмаку дастгирии љомеаи љањонї ба даст омад, ба равандњои минбаъдаи кишвари мо ва минтаќа дар оянда таъсири мусбат хоњад гузошт. Мо, омўзгорон бар ин назар њастем, ки чунин рафтори Д.Атовулло на танњо ба Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва Созишномаи умумии истиќрори сулњ ва ризоияти миллї дар кишвар, балки барои оромиш ва амнияти миллии Љумњурии Тољикистон ва минтаќаи Осиёи Марказї хатарнок аст. Имрўз соли 1990-уми асри ХХ нест, ки мардуми мо боз фирефта шаванд ва бо роњи зархаридон раванд. Тамоми хурду бузурги кишвари мањбубамон зањри талхи љанги бародаркушро чашидаанд ва дигар њељ гоњ фирефтаи дасисабозињои авомфиребон намегарданд ва таќдирашонро минбаъд ба дасти дигарон намесупоранд. Ба љойи њамраъйї бо Њукумати кишвар, тањкими Вањдати миллї, таќвияти сулњу субот ва сарљамъї бо маќсади рафъи њама падидањои номатлуби рўз, љилавгирї аз пайвастани љавонон ба гурўњњои ифротгарої ва эљоди монеа ба омилњои рахнакунандаи сулњи тољикон Додољони Атовулло барои расидан ба њадафњои муѓризонаи хеш шарм накарда, ба хотири мансабљўї ва сиёњ намудани кишвари бињиштосои Тољикистон аз бегонагон мадад мепурсад.

Мо, ањли омўзгорон ќадри сулњу Вањдат, ягонагї ва зебоии диёрамонро медонем ва дигар ба њељ кас роњ намедињем, ки бо таќдири мо бозї кунад. Мо ба дини мубини Ислом эътиќоду имони комил дорем. Магар таназзули фарњангу маънавиёти мардум дар ибтидои солњои навадум аз хотир мебарояд? Он нукта ба шарњ ниёз надорад, дар љое, ки њамдигарнофањмї, нифоќ, садои тир њаст, њељ гоњ навои шодию сурур ва суруд садо намедињад. Носипосињои мухолифони Ватанро на гузаштагон, на имрўзиён ва на ояндагон ба насли кунунї нахоњанд бахшид! Охир, њанўз аз рўзњои хуношоми солњои навадуми ќарни гузашта ваќти тўлонї сипарї нагашта, њанўз љароњатњои пайкари захмини миллат малњам наёфта, шумо саъй бар он доред, ки рахна бар кохи бузурги Вањдати миллї занед ва аз нав мардуми азияткашидаи миллати тољикро ба њолати солњои навадум баргардонед. Барои ба курсии роњбарї нишастан донишу салоњият зарур аст, ки аз ўњдаи он набаромадед. Имрўз аллакай замоне фаро расидааст, ки роњбаронро аз рўи ќобилияту касбият ва донишу салоњиятнокї таъину интихоб мекунанд ва касе дар ин шоњроњ имтиёзе надорад. Бинобар ин, имрўз барои тамоми мардуми шарифи тољик даврони созандагиву бунёдкорист. З.ЉАЛОЛОВА, З.ЉАЛОЛОВА, З.ТОШМАТОВ, устодони кафедраи фанњои гуманитарї иљтимоии Донишкадаи кўњї металлургии металлургии Тољикистон


4 И

Њаќиќати Суѓд

МРЎЗ њар як гўшаву канори кишвари соњибистиќлоламон рў ба шукуфоиву сарсабзї, бунёдкориву созандагї дорад. Касе инкор карда наметавонад, ки дар даврони соњибистиќлолї аз лињози иќтисодиву иљтимої ва азми созандагї чї ќадар пеш рафтем. Имрўз њар кунљи Ватан обод асту шукуфон ва дурнамояш мусаффою љозиб.

Фарзи имрўзу ќарзи фардо âà ¸ ïîðàå ÷àíä àç ³îøèÿè ñàôàðè çîäãî³è óñòîä Ëîè¥

Зодгоњи Одамушшуаро Абўабдуллоњи Рўдакї - Панљакенти бостонї низ дар радифи ана њамин ободкорињои мамлакат шукуфон аст. Соли равон мо, як гурўњ зиёиёну журналистонро насиб гашт, то зодрўзи шоирро дар зодгоњаш – Панљакенти куњан њамроњи њамдиёронаш љашн гирем. Дар ноњияи Спитамен мисрае аз шеъри устод Лоиќ «Хоњам ба њама роњравон роњи сафед», ки ќади роњ насб шуда буд, боиси рўњбаландии мо, њамсафарон гардид. Оромгоњи ќофиласолори шеъри Аљам Абўабдуллоњи Рўдакиро зиёрат намудем. Баъдан, озими Кохи фарњанг шудем. Ба ифтихори солгарди Лоиќ ва 20-солагии Рўзи Вањдати миллї барномаи рангини консертии овозхони мањбуб Њомид Бобомуродов бошукўњ доир гардид. Тољикон аз ќадим мењмондўст ва мењмоннавозанд ва зарбулмасали машњурашон «Мењмон атои Худост» далели дўст доштани мењмон аст. Чун дар мењмонии хонадони Мелибой Шарифов аз дењаи Зимтути Љамоати дењоти Рукнобод ва дигарон будем аз мењрубонї, самимият ва таваљљўњи онон болидагиамон афзун гашт. Он лањзањо беихтиёр ба лавњи хотир мисраи устод Мирзо Турсунзода «Расми хуби тољиконро гум макун» омад. Дар мењмонхонаи барњавои «Панља-

кент», дар шафати чойхонаи «Саёњат», ки мавзеи басо зебову љолиб буд, ќарор гирифтем. Сарварии чойхонаро Деваштич ба зимма дошт. Субњи 21-уми май идомаи боздиди гурўњи мо бо дуои Њалима-холаи 82-сола оѓоз ёфт. Донистани таърихи мењан, халќу миллат, анъанањо њам њатмисту њам ифтихору худогоњист. Сањифањои таърих моро ба гузаштањои дури дур бурда, шоњиди рўйдоду њаводиси рангини миллат мегардонад, њикоят мекунаду њикмати зиндагї меомўзад. Донистани таърих аз донистани муњити худ, дирўзу имрўзи он оѓоз меёбад. Аз мамнўъгоњи таърихии бостоншиносии Саразм, ки таърихи 5500-сола дорад, дидан намудем. Њини киштукор ёфтани табарчаи биринљї аз љониби собиќадори Љанги Бузурги Ватанї Ашўралї Тайманов боиси ифтитоњи асрори Саразм гардидааст. Бо фаъолияти нахусткашшофи Саразм, муњаќќиќи варзида Абдуллољон Исњоќов ва ашёњои таърихии дарёфтгардида шинос шудем. Ба дењаи Мазори Шариф рањсипор мешавем. Дар даромадгоњи ин рустои хушманзару хушобу њаво толибилмони мактаби дењро рў ба рў шудем. Бо хоњиши мо мањфили ќироати шеър аз ашъори устод Лоиќ сурат гирифт. Њамроњони мо Ѓозибой Яњёї, Амриддин Њофизов ва Абдумалик Расулов аз баромади ња-

мдењагони шоир ба ваљд омада, онњо низ ба ќироати шеър пардохтанд. Бо идомаи сафари худ дар диёри адибпарвари Панљакент ба дењи Мазори Шариф, зодгоњи шоири хуршеду дарё, ситоишгари модару миллату мењан, кўњњои мазбуту сарбафалаки Тољикистон, даврони пурошўби љавонї, ошиќи рухсори гулу гули рухсорњо, навозишгари рўњи бузургон, писари ѓазалнависи модар, љонбахши њарфу њиљои фаромўшшудаю кўњна ва эъљозгари маънињои бикру баланд устод Лоиќ Шералї расидем. Хаёлан тасвири дењаи Мазорро ба мо доимї чун як сабади пур аз гулњои рангоранг падидор мекунад, ки дар баѓали кўњњои осмонбўс гузоштаву синаи кўњро рўде шикофта, то Зарафшон пайвастааст. Ќадам гузоштан дар диёри бузургон касро эњсоси гуворову хушнудї мебахшад, хосатан боз дар диёри шоири бузурге чун устод Лоиќ. Аз анбўњи арчањои сершоху барг, табиати зебо ботањаммулї, сабурї меомўзем. Ба оромгоњи Њољї Муњаммади Башоро, ки 1000 сол муќаддам бунёд ёфтааст, ворид мешавем. Унвонии дењаи Мазори Шариф аз њамин. Ба Осорхонаи устод наздик мешавем, таппиши боњаяљони дилро мешунавем. Мо вориди он макони муќаддас гардидем. Акси зебои устод моро истиќбол менамояд. Чашмњои пурмењри устод гўё мо, ташрифовардагон-дўстдорони шеъри Аљамро хайрамаќдам мегўянд. Бародари устод – Ботуралї Шералиев љомаеро нишон дода: - Ин љомаи домодии устод, ки модарам дўхтаанд: Ба кунљи сандалї биншаста шабњо модари пирам, Ту шояд љомаи домодї медўзї ба сад ният… - дигарбора гуфтањояш ба хотир мерасанд. Ботуралї бо чењраи шабоњат бо бародари шоираш, гоњ бо алам, гоњ бо фахр лаб ба гуфтор мекушод. Гурўњи омўзгорону хонандагони дабистони №1-и шањри Панљакент бо сарварии Фотима Њайитова њини тамошои Хона-музейи устод моро њамроњї намуданд. Њамоиши шеъру суруд ороста шуд. Ботуралї Шералиев чанд таронаи устод Лоиќро манзури њузурдоштагони мањфил намуд. Рўзибой Рўзиев, Хайриддин Ањмедов ва бархе аз омўзгору шогирдон аз ашъори устод намунањо ќироат карданд. Рўњияи хуши бошандагони шањри Панљакентро тайи ду рўзи сафар чун дигар сокинони кишвар дида, эътимодамон бар он ќавї гашт, ки ќудрату тавоноии мо дар Вањдат аст. Имрўз боиси фарању шодист, ки мардуми шарифи Тољикистони азиз дар атрофи Асосгузори сулњу Вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон сарљамъ омада, бањри ободиву шукуфої ва сарсабзии кишварамон камари њиммат бастаанд. Рустамљон ОДИЗОДА , Љовиди АШТЇ , аъзои Иттифоќи журналистони Тољикистон

“Ганљи сухан” дар Шањристон Нишасти 153-юмини мањфили илмиву адабии “Ганљи сухан” бо дастгирии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд дар толори фарњанги ноњияи Шањристон бо иштироки бештар аз 200 нафар сокинони ноњия баргузор гардид.

Нишасти навбатиро масъули мањфил Саидумрон Саидов ифтитоњ бахшида, њозиринро бо барномаи он ошно кард. Тањти мавзўи “Вањдат – сарчашмаи саодат” раиси ноњияи Шањристон Умар Ёќубзода сухан карда, аз наќши Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои

миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар пойдории Вањдати миллї ёдовар шуд. Сипас, бахшида ба 25 – солагии Иљлосиия ХVI Шўрои Олии Љумњурии Тољикистон дар мавзўи “Таърих гувоњ аст” номзади илмњои таърих, дотсенти ДДЊБСТ Љўрабек Исомаддинов, оид ба китоби тозанашри “Пешвои миллат ва сиёсати забон” Абдусаттор Абдуќодиров, профессори Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, ки бо ташаббуси Донишгоњи мазкур нашр шудааст, маълумот дод. Дар бахши “Минбари шеър” шоир Суруш ва адибони ноњияи Шањристон Њикматой Ќўзиева, Шавкат Ўлмасов шеърњои хешро ќироат карданд. Дар охир ба маърўзачиён њадяњои Раиси вилояти Суѓд супурда шуд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суѓд

Б

Сешанбе, 25 июли соли 2017

АЊОРИ соли 1988 дар шањри бостонии Хуљанд, дар роњрави донишкада тасодуфан бо устоди сахтгиру мењрубон, олими адабиётшинос Абдуманнон Насриддинов, ки дар Институти педагогии ба номи С.М.Киров ба мо њаќќи устодї доштанд, вохўрдам. Ин шахси фозилу донишманд, инсони хоксору ботамкин баъди ањволпурсї бо як табассуми ба худ хос гуфтанд: - Дарку фањмиши шумо, истаравшанињо нисбат ба мероси гаронбањои миллат «Шашмаќом» хеле зиёд аст. Исботи ин гуфтањоро ман дирўз дар чорабинии фарњангии донишкада дар симои њамшањриатон Њабибљон Почокалонов дидам. Боварї дорам, ки ин љавон бо тањсили хубу аъло ва овози фораму дилнишинаш сањми худро дар жанри «Шашмаќом» мегузорад. Ин суханњои устоди азизам, шодравон Абдуманнон Насриддиновро баъди солњои зиёд ба ёд оварда, фањмидам, ки устод хато накарда будаанд. Истаравшани бостонї натанњо бо њунармандону косибонаш, шоирону нависандагонаш, инчунин бо санъаткорону карнайнавозонаш ном баровардааст. «Шашмаќом» бо гуфтаи таърихшиносон њамчун њалќањои занљираи фарњанги мусиќии миллї тамаддунњоро бо њам мепайвандад. Дар меросбарии бењтарин анъанањои ниёгони њунарманди мо дар таносуби њамгироии шеъру оњанг дар фарњанги имрўзаи мо падидаи нотакрор ба њисоб меравад. Бо эњтимоми Сарвари дурандеш ва фарњангпарвари кишвар, Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон арзишњои кўњантарини фарњанги мо дубора дар сатњи баланд мавриди шинохт, эњё ва тарѓиб ќарор гирифтанд. Мувофиќи Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон тањти раќами 294 аз 12 майи соли 2000 «Дар бораи инкишофи минбаъдаи санъати шашмаќомхонон дар Љумњурии Тољикистон» дар назди шўъбаи фарњанги маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Истаравшан Ансамбли «Шашмаќоми Истаравшан» таъсис ёфт. Њабибљон Почокалонов дар ин ансамбл њамчун роњбари бадеї фаъолияти эљодии худро оѓоз намуд. Албатта, ин бесабаб нест. Дар даврањои гузашта мусиќаро тавассути базм ифода мекарданд. Тамоми тўйњо, базмњову шабнишинињо дар асоси мусобиќањои пардасозї (маќомбандї) доир мегашт. Пардадонї як меъёри асосии мусиќаи касбї ба шумор мерафт. Маќсади асосии мутриби касбї он буд, ки шунавандаро ба ваљд оварад. Расидан ба ин маќсад туфайли дониши зиёду амиќи пардадонї ва эљод-

№87 (17768)

Меросбари санъати воло

Зеби «Шашмаќом»

корї даст медод. Чунин нафари њирфаї дар сатњи баланд ќарор дошт. Ва мутриб касеро мехонданд, ки тарабро меофарид. Имрўз маънои мутриб на мисоли он даврон аст. Мо аз мутриб танњо навозандаро мефањмем, ки ѓалат аст, - аќида дорад доктори илми санъатшиносї Фароѓат Азизї. Ана њамин хусусиятњоро муртиби касбї Њабибљон Почокалонов дорост. Баъди ба маќсад расидан ва ташкилёбии Ансамбли «Шашмаќоми Истаравшан» бо маслињату дастгирии Њунарпешагони Шоистаи Љумњурии Тољикистон, Аълочиёни маорифи Љумњурии Тољикистон Шоњсалим ва Тошбой Муњаббатовњо, бењтарин овозхонону навозандагони шањру дењот Хуршед Абдурањмонов, Шариф Сангинов, Мирзо Бобоноров, Умедљон Љалилов, Лутфулло Њољимуродов, Фурќат Шарифов, Шохолиќ Муњаббатов, Њабибљон Комилов, Ањмадљон Ањроров, Акрам Байзоев, Наимљон Набиев, Нозим Норовро љамъ карда, бо онњо кору эљод мекунанд… Соли 1957 дар хонадони Мухторамаки истаравшанї тифле дида ба олам кушод, ки номашро Њабибљон монданд, то ки њабибу мењрубони мардум бошад. Њабибљон Почокалонов њангоми тањсил дар мактаби тањсилоти њамагонии №3 ба номи М.Бобољонови шањри Истаравшан яке аз аъзои фаъоли мањфили њаваскорони бадеии мактаб буд. Сабаќњои аввалини сарояндагии аз омўзгорони мактаб Носирљон Шукуров ва устоди санъат Расул Ќодирї, њамчунин устоди шашмаќомхонони шањр Гадойбой Абдуллоев омўхтааст. Њабибљон пас аз хатми мактаби миёна соли 1975 ба техникуми савдои шањри Душанбе дохил шуд. Дар шањри Душанбе аз санъати волои Њунарманди мардумии Иттињоди Шўравї Љўрабек Муродов, Њунарманди мардумии Тољикистон Барно

Исњоќова, Њофизи мардумии Тољикистон Маъруфхўља Бањодуров, бастакор Зиёдулло Шањидї бањра бурда, ќадами аввалини худро ба љодаи санъат гузошт. Баъди хатми техникум соли 1988 Њабибљонро ба Ансамбли «Дилшод»-и фабрикаи кешбофии шањри Истаравшан даъват намуданд ва ў роњбари бадеии ин ансамбл гашт. Њабибљон пас аз хатми Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров њамчун роњбари бадеии ансамбли шашмаќомхонони кооператсияи шањри Истаравшан ва баъдтар роњбари бадеии ансамбли маќомхонони назди театри мардумии шањр, фаъолият бурд. Дар озмунњои љумњуриявии эљодиёти халќ «Бўстон 1,2,3, «Ганљина», «Андалеб» ў њамчун роњбари бадеии дастаи њунарї иштирок карда, номбардори диёр гаштааст. Њамзамон иштирокчии симпозиумњои байналмилалї дар шањрњои Самарќанд, Исфара ва фестивали санъати тољик «Аржанг»-и сафоратхонаи Шветсия мебошад. Инчунин ташкилкунандаи бахши истаравшании фарњанги мусиќии тољик – «Њунар» мебошад. Њоло бошад, барномаи Њабибљон Почокалонов бештар аз 40 асари классикї ба монанди «Наврўзи сабо», «Дугоњ», «Чоргоњ», «Ушшоќи Самарќанд», «Уфари ороми љон», «Муѓулчаи дугоњ» дорад. Дар фонди тиллоии садо ва симои Љумњурии Тољикистон зиёда аз 30 суруду оњанги ў сабт гардидаанд. Њабибљон шогирдони зиёдеро чун Мирзо Бобоноров, Т.Љўраев, Ш.Сангинов, Ф.Ќурбонов, А.Шукуров, А.Муњаммадиев тарбия намудааст, ки барои рушду нумўи жанри “Шашмаќом” њиссаи худро гузошта истодаанд. Барои фаъолияти бисёрсола ва бенуќсонаш бо Ифтихорномањо, дипломњои Вазорати фарњанги љумњурї, Раёсати фарњанги вилоят, њукумати шањри Истаравшан, шўъбаи фарњанги шањр ќадрдонї карда шуда, Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон мебошад. Њабибљон азизи њар хонадон, гули сари сабади тўю маъракањо, маслињатгари санъаткорони љавон ва яке аз устодони санъати Истаравшани бостонї ба њисоб меравад. Шоњмурод F АФУРЇ, АФУРЇ, омўзгор аз шањри Истаравшан

БЮЛЛЕТЕНИ ХАРИДИ ДАВЛАТ B

ÁÀ ÒÀÂÀ¯¯¡²È ÌÎËÐÀÑÎÍÓ ÏÓÄÐÀÒ×ȨÍ! Äàúâàòíîìàè èøòèðîê äàð îçìóíè õàðèä

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд (шањри Хуљанд, кўчаи академикњо Раљабовњо-55, тел: 6-35-79) ва ташкилоти Харидор довталабони салоњиятдорро барои иштирок дар озмунњои хариди номгўи зерини мол, кор ва хизматрасонї, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

È¿ðî÷è¸íè Ñóäè øà³ðè Õó¿àíä Музоядаи такрории №130 оид ба савдои оммавии молу мулк, ки барои таъмин намудани иљроиши истењсолотњои иљро тањти №5/110-111 аз 20-уми марти соли 2017 дар асоси њуљљати иљровараќаи иљрои Суди шањри Хуљанд, тањти №2-300 аз 27-уми феврали соли 2016 оид ба рўёнидани маблаѓи ќарз ба андозаи 72295 доллари ИМА, мутаносибан бо ќурби асъори миллї ба андозаи 454366 сомонї аз њисоби фурўши амволи ѓайриманќули ба гарав гузоштаи ќарздор Орипов Сайфиддин Садриддинович-манзили истиќоматї, воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи Гулистон, хонаи №8 бо арзиши ибтидоии 892500 сомонї, ки ба ќарздор мансуб мебошад, ба фоидаи ситонанда ЉСП «Аксес Бонк» дар шањри Хуљанд ба савдои оммавии такрорї бароварда шавад.

Музоядаи такрории №130 4-уми сентябри соли 2017, соати 10:00 дар бинои Суди шањри Хуљанд, њуљраи кории №4-и иљрочиёни суд (шањри Хуљанд, кўчаи Абулќосим Фирдавсї, №146) бо тартиби пешбинї намудаи моддањои 39 ва 41-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ипотека» барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 9:00, 4-уми сентябри соли 2017 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед аз иљрочиёни Суди шањри Хуљанд бо телефонњои (83422) 6-10-41, 4-58-00 ва 5-15-10 дастрас намоед.

Њаќиќати Суѓд Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

1. Довталабон барои гирифтани њуљљатњои тендерї ва маълумоти иловагї дар бораи тендер метавонанд, ба маќоми Ваколатдор ба суроѓаи дар боло зикршуда мурољиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоњиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани њаќќи бебозгашт њуљљатњои тендерии худро дар лифофањои мўњркардашуда ба суроѓаи дар боло зикршуда то ваќти дар сутуни «Сана ва ваќти кушодани лифофањо» муайяншуда пешнињод намоянд. Мўњлати муќарраршуда мўњлатест, ки баъди анљоми ваќт аз довталабон пешнињодот ќабул карда намешавад. 3. Лифофањо бо пешнињодњои довталабон аз љониби комиссияњои муштарак тибќи тартиби муќарраргардида кушода мешаванд. Намояндагони довталабон њуќуќ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд, истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Сурайё ЊАКИМОВА ²óðóô÷èí Ðàúíî Þñóôîâà Âåðîñòîð Ìàúðóô¿îí ²îìèäîâ

Адади нашр 7500 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.