7 2018

Page 1

ÝÌÎÌÀËD ÐÀ²ÌÎÍ: Ман ба ќудрати созандаи халќи азизам итминони

комил дорам ва дилпурона изњор менамоям, ки мо бо зањмату фаъолияти ањлонаи худ дар ояндаи наздик мушкилотеро, ки дар њаёти љомеа ва давлатамон вуљуд доранд, бартараф мекунем ва барои мардумамон шароити зиндагии боз њам бењтару сазовор муњайё месозем.

Банї Одам аъзои якдигаранд! Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти Сешанбе, соли 1930 нашр мешавад 16 январи соли 2018

№7 (17844)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

Муаррифї

ÔÀÐÌÎÍÈ

ÏÐÅÇÈÄÅÍÒÈ ¯Ó̲ÓÐÈÈ ÒίÈÊÈÑÒÎÍ

Дар бораи иљрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суѓд таъин намудани Ањмадзода Р. Мутобиќи моддаи 69 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон фармон медињам: Ањмадзода Раљаббой иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд таъин карда шавад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї РАЊМОН шањри Душанбе, 13 январи соли 2018, №988

ÔÀÐÌÎÍÈ

ÏÐÅÇÈÄÅÍÒÈ ¯Ó̲ÓÐÈÈ ÒίÈÊÈÑÒÎÍ

Дар бораи аз вазифаи раиси вилояти Суѓд озод намудани Абдурањмон Ќодирї

Мутобиќи моддаи 69 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон фармон медињам: Абдурањмон Ќодирї бо сабаби ба нафаќа баромаданаш аз вазифаи Раиси вилояти Суѓд озод карда шавад. Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї РАЊМОН шањри Душанбе, 13 январи соли 2018,№986

РАЉАББОЙ АЊМАДЗОДА ȯÐÎÊÓÍÀÍÄÀÈ ÂÀÇÈÔÀÈ ÐÀÈÑÈ ÂÈËÎßÒÈ ÑÓNÄ ÒÀÚÈÍ ÊÀÐÄÀ ØÓÄ

13 январ бо иштироки Сарвазири Љумњурии Тољикистон Ќоњир Расулзода ва Ёрдамчии Президенти Љумњурии Тољикистон оид ба масъалаи кадрњо Асадулло Рањмон дар толори Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд маросими муаррифии Раиси вилоят баргузор гардид.

Бо Фармони Президенти Љумњурии Тољикистон Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї бинобар расидан ба синни нафаќа аз вазифаи Раиси вилояти Суѓд озод карда шуда, бо Фармони дигари Президенти Љумњурии Тољикистон Раљаббой Ањмадзода иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд таъин карда шуд. Фармонњои Сарвари давлатро Ёрдамчии Президенти мамлакат оид ба масъалаи кадрњо Асадулло Рањмон ба самъи фаъолон расонид. Асадулло Рањмон њамзамон аз фаъолияти кории Абдурањмон Ќодирї ва сањми ў дар рушди иќтисодию иљтимоии вилоят ёдовар шуда, дар кору рўзгори минбаъда барояш комёбињо таманно намуд. Абдурањмон Ќодирї зимни суњбат ба Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон изњори сипос намуд ва афзуд, ки њамаи дастоварду комёбињое, ки вилояти Суѓд тўли солњои роњбариаш ба даст овард, мањз натиљаи дастгирињои Сарвари

давлат мебошад. Раљаббой Ањмадзода низ барои боварї ба Асосгузори сулњу вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон миннатдорї баён намуд ва изњор кард, ки тамоми донишу малака ва таљрибаи кориашро дар њамкорї бо фаъолон барои рушду нумуи кишвар, аз љумла вилояти Суѓд сафарбар хоњад кард. Сарвазири Љумњурии Тољикистон Ќоњир Расулзода ба Абдурањмон Ќодирї барои фаъолияти пурсамараш аз номи Њукумати Љумњурии Тољикистон изњори сипос намуда, ба иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят

Раљаббой Ањмадзода дар иљрои вазифаи пурмасъулият барору комёбињо таманно намуд. Маврид ба зикр аст, ки Раљаббой Ањмадзода 16 сентябри соли 1971 дар шањри Хуљанди вилояти Суѓд дар оилаи хизматчї таваллуд шудааст, миллаташ тољик, тањсилоташ олї. Соли 1993 Институти химиятехнологияи Љумњурии Ќазоќистонро бо ихтисоси «Муњандис-химик-технолог» ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси «Иќтисодчї» хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз соли 1993 ба њайси муњандис-технологи корхонаи

«Лаъл»-и шањри Хуљанд оѓоз намуда, солњои 1994-2016 дар вазифањои муовини сардори заводи «Сангбурї», сардори идораи робитањои иќтисодии берунї, муовини директори генералї ва директори генералии ЉС «Ленинободпромстройматериал»-и шањри Хуљанд, раиси Кумитаи њифзи муњити зист ва хољагии љангали вилояти Суѓд, директори генералии КВД «Садаф»-и шањри Хуљанд, раиси шањри Гулистон ва раиси шањри Хуљанд кор кардааст. Аз 30 марти соли 2016 то январи соли 2018 дар вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Љумњурии Тољикистон фаъолият бурдааст.

ИЌДОМЊОИ НАВБАТЇ - ТАЊКИМБАХШИ РУШДУ ДАСТОВАРДЊО Ìàøâàðàòè êîðèè è¿ðîêóíàíäàè âàçèôàè Ðàèñè âèëîÿòè Ñó˜ä Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà

Нимаи дуюми рўзи 13-уми январ дар маљлисгоњи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят тањти раёсати иљрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суѓд Раљаббой Ањмадзода вобаста ба масъалањои рушди хољагии халќи вилоят машварати корї баргузор гардид. Дар машварати корї раисони шањру ноњияњо ва роњбарони воњидњои сохтории Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ширкат варзиданд. Дар рафти машварат нахуст вобаста ба вазъи кишоварзии минтаќа муовини Раиси вилоят Хољазода Ориф Ашўрї гузориш дод. Тибќи иттилои номбурда, хољагидорони вилоят љињати омодагї ба мавсими нави кишти зироатњои бањорї тадбир андешида, аз љумла, то ин дам дар майдони 119783 гектар шудгор гузаронида шудааст, ки 57,1 дарсади наќшаро ташкил медињад. Захираи пору бошад, 143,2 њазор тоннаро фаро гирифта, озуќадињї дар масоњати 7660 гектар ба роњ монда шудааст, ки 25 фисади майдони

киштро ташкил медињад. Дар ин раванд яхобмонї дар майдони наздик 15 њазор гектар ва шўршўї дар масоњати 1548 гектар амалї карда шуда, аз 398 дастгоњњои обкашї 252 адад ё худ 63,3 дарсад таъмир ва ба мавсими кишт омода гардидаанд. Тозакунии иншооти обрасонї дар масоњати 380,4 њазор метрии кубї ба роњ монда шудааст, ки баробари 64 дарсади наќша мебошад. Дар маљмўъ, кишоварзони вилоят соли равон дар майдони 222 738 гектар кишти бањории зироатњоро ба наќша гирифтаанд, ки 57 њазор гектари онро кишти пахта дарбар мегирад. Тибќи дастури Сарвари давлат соли равон майдони кишти пахта ва картошка њудуди наздик 15 њазор гектар афзоиш ёфта, бо ин

маќсад то имрўз 11 њазор тонна тухмии хушсифати пахта захира ва 5280 тонна чигит дар корхонањои пахтатозакунї коркард шудааст. Иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раљаббой Ањмадзода дар машварати корї таваљљуњи масъулини соњаро ба бартарафсозии камбудињои љойдошта ва омодагии љиддї ба мавсими кишти бањорї љалб намуд. Бинобар хушк омадани њаво дар мавсими зимистони имсола бо супориши Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ва бо амри роњбари вилоят фавран ситоди вилоятї оид ба ташкил ва назорати раванди яхобмонї ва шўршўї дар заминњои корам ташкил гардида, дастур дода шуд, ки чунин ситодњои мањаллї дар њамаи навоњии кишоварзї низ таъсис дода шаванд. Њамвора бо ин, љињати омодасозии пурраи пойгоњњои обкашї ва иншооти обрасон дар муњлати муайянгардида масъулини Раёсати кишоварзї ва Раёсати бењдошти замин ва обёрии вилоят вазифадор карда шуданд. Раљаббой Ањмадзода мутасаддиёни соњаро њамчунин љињати љамъоварии сариваќтии њаќќи оби кишоварзї аз љониби истифодабарандагон, пардохти њаќќи неруи барќ аз љониби муассисањои соњаи обтаъминкунї, ташкили ярмарка-фурўши мањсулоти кишоварзї, хусусан фурўши бемамониати гўшт дар шањрњои саноатї, аз ќабили Хуљанду Бўстон ва Гулистону Истиќлол, дар сатњи баланд доир намудани ярмарка-фурўши нињолњо ва љашни аљдодии Сада муваззаф намуд. Сипас, доир ба масъалаи љараёни корњои сохтмону ободонї дар вилоят муовини Раиси вилоят Анвар Яъќубї маълумот дод. Таъкид гардид, ки раванди сохтмони иншооти љашнї бахшида ба Наврўзи байналмилалї суръати тоза гирифта, аз љумла дар шањру навоњии Панљакенту Деваштич ва Шањристону Истаравшан бунёди як ќатор муассисањои иљтимоию фарњангї ва хизматрасонї, аз ќабили ќасрњои љавонон ва фарњанг, мактабу парваришгоњ, му-

ассисањои табобатї ва ѓайра ба наќша гирифта шудааст. Доир ба назорати рафти корњои сохтмонї дар иншоот низ бо дастури роњбари вилоят ситоди доимамалкунанда дар шањру навоњї ташкил карда мешавад. Раљаббой Ањмадзода аз раисони шањру навоњї талаб кард, ки дар баробари бунёди иншооти иљтимої, инчунин ба бунёди коргоњњои истењсолї ва ташкили љойњои нави корї барои сокинони вилоят таваљљуњ зоњир намоянд. Зеро дар шароити кунунї болоравии вазъи иќтисодї ба таъмини шароити шоистаи зиндагии мардум мањз ба истењсолот вобаста аст. Дар ин замина

Дар фарљоми машварат иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раљаббой Ањмадзода њамчунин љињати вусъати маъракаи ободонї дар њудуди вилоят, сабзгардонии хиёбону гулгаштњо, шинонидани гулњои мавсимї, бунёди майдончањои варзишї, зиёд кардани њаљми парвариши зироат дар гармхонањо, афзунгардонии њосили меваљот, захираи тухмињои хушсифат, ба гардиши кишоварзї ворид намудани заминњои бекормонда, њифзу афзунгардонии чорво, вусъати соњаи паррандапарварї ва истењсоли ѓизои парњезї, рушди њунарњои мардумї, њимояи соњибкорї ва љамъоварии сариваќтии андозњо дар

супориши ќатъї дода шуд, ки вазъи корхонањои калону миёнаи бозистода, ки хусусї карда шудаанд, пурра омўхта шуда, масъалаи дубора ба кор андохтани онњо њаллу фасл карда шавад.

назди раисони шањру навоњї ва мутасаддиёни соњањои дахлдор вазифањои мушаххас гузошт. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суѓд


Њаќиќати Суѓд

Сешанбе, 16 январи соли 2018, №7 (17844)

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

ТАДБИРЊО ДАР САМТИ ЊИМОЯИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

Дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ба Њукумати мамлакат супориш доданд, ки барои мукаммал гардонидани низоми идораи давлатии санитариву фитосанитарї, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторї таѓйироти сохтории заруриро амалї намуда, љињати пешгирии воридоти молу мањсулоти пастсифат ва ѓайристандартї ва њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон чорањои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии мањсулоти озуќавориро тањия ва амалї намоянд.

Бо ин маќсад рўзи 14-уми январ иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раљаббой Ањмадзода бо маќсади ошної бо вазъи фурўшгоњњо ва њолати воќеии нархи мањсулот ба бозорњои мавзеи Панљшанбе ташриф овард. Бозори Панљшанбе илова бар маркази бузурги савдо будан, инчунин яке аз мавзеъњои таърихии маркази вилоят ба њисоб меравад, ки аз љињати меъморї дар Осиёи Миёна беназир аст. Аз ин рў, бозори мазкур чун санъати нотакрори меъморї таваљљуњи мењмонони дохиливу хориљиро ба худ љалб мекунад. Иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раљаббой Ањмадзода нахуст ба симои зоњирї ва њолати кунунии бозор ва иншооти атрофи он таваљљуњ зоњир намуд. Намои имрўзаи бозор воќеан њам ба таъмиру навсозї ниёз дорад. Дар ин замина, роњбарияти шањри Хуљанд ва масъулини бозор вазифадор карда шуданд, ки тибќи лоињаи мукаммали меъморї таъмиру рангубори пештоќ, айвонњо, саќфу роњравњо ва атрофи бозорро то љашни Наврўзи байналмилалї ба роњ монанд. Њамзамон, ба маќомотњои дахлдор дастур дода шуд, ки њолати санитарию бехатарии зиддисўхтор, назорати ќатъии сифати мањсулоти воридша-

Áîçäèäè è¿ðîêóíàíäàè âàçèôàè Ðàèñè âèëîÿòè Ñó˜ä Ðà¿àááîé À³ìàäçîäà àç áîçîð³îè ìàðêàçè âèëîÿò

ванда, бахусус хўрокворї ва мањсулоти гўштиро ба роњ монда, тартибу низоми фаъолияти растањо ва либоси ягонаи касбии фурўшандањоро ташкил намоянд. Зимни боздид вазъи нарху навои ниёзи аввал низ мавриди мушоњида ќарор дода шуд. Роњбари вилоят аз фаровонии мањсулот дар бозор ќаноатманд шуд, аммо аз баланд будани нархи гўшт изњори нигаронї намуд. Рўзи боздид як килограмм гўшти гов дар бозори Панљшанбе 35 сомонї ва гўшти гўсфанд 38 сомонї фурўхта мешуд. Бо

тавсия ва дастури роњбари вилоят раёсати бозор ва ќассобон тасмим гирифтанд, ки дар андаке паст кардани нархи он мусоидат намоянд. Роњбарияти шањри Хуљанд ва раёсати бозор супориш гирифтанд, ки љињати паст намудани нарх соњибкоронро дастгирї намоянд. Њамин тавр, худи њамин рўз нархномаи нави гўшт дар бозор муќаррар гардида, ќассобон уњдадор шуданд, ки як килограмм гўшти говро бо нархи 33 сомонї ва гўшти гўсфандро 36 сомонї ба харидорон пешнињод

кунанд. Санљиши гурўњи эљодї нишон дод, ки пас аз тавсияи роњбари вилоят нархномањои гўшт дар пештоќи дўконњои бозор ба таври мусбат дигар шудааст. Миќдори чунин нуќтањои фурўш дар дохили Панљшанбе 20 ададро ташкил медињанд. Роњбари вилоят дар растањо бо нархи мањсулоти дигари ниёзи аввал шинос шуд. Мушоњидањо нишон доданд, ки дар Панљшанбе мавиз 15 сомонї, биринљ 5,5-6, мош 10-12, нахўд 18-20, турбу шалѓам 1, пиёз аз 2 то 3,5, сабзї аз 80 дирам то 1,5 сомонї, картошка 3-

3,5 сомонї ва помидор 13-15 сомонї арзиш дорад. Ба роњбарияти бозор инчунин тавсия дода шуд, ки љињати бењтар кардани шароити фаъолияти фурўшандањо тадбир андешанд. Роњбари вилоят њамзамон вазъи бозори Афросиёбро мавриди назар ќарор дода, ба мутасаддиёни он низ љињати њалли камбудињои љойдошта, таъмини либоси ягона, воридоти маводи хушсифат, риояи ќоидањои бехатарї ва танзими нарх супориши ќатъї дод. Айни њол дар бозори Афросиёб беш аз 250 нуќтаи фурўш фаъолият дорад. Талаб карда шуд, ки роњбарияти бозорњо бо маќомоти суѓурта шартнома банданд ва иншооти хешро суѓурта кунанд. Дар маркази савдои Бањор бошад, таваљљуњи роњбари вилоятро растаи њунарњои мардумї ба худ љалб намуд. Раљаббой Ањмадзода ба њунармандону соњибкорон ва фурўшандањо тавсия дод, ки дар “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” асосан мањсулоти ватаниро ба мизољон пешнињод намоянд. Дар ин замина дастур дода шуд, ки ба масъалаи рушди њунарњои мардумї, аз ќабили кулолгарї, чойнику пиёласозї ва дигар армуѓонњои миллї диќќати бештар дода шуда, бо ин васила ташкили љойњои нави корї ба роњ монда шаванд. Раљаббой Ањмадзода њамзамон таваљљуњи роњбарияти шањрро ба масъалаи ободонї ва тозаву озода нигоњ доштани њудуди масљид ва оромгоњи Шайх Маслињатдин, ки мероси гаронбањои таърихї ба њисоб меравад, љалб намуд. Ба роњбарияти Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд инчунин дастур дода шуд, ки дар асоси лоињаи мукаммал таъмиру азнавсозии симои зоњирии биноњои баландошёна ва хизматии мавзеи Панљшанберо ба роњ монанд ва онњоро ба талаботи меъмории замонавї љавобгў созанд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суѓд

Дар њошияи дастуру супоришњои иљрокунандаи Раиси вилоят

ГЎШТ АРЗОН ШУД

Иљрокунандаи Раиси вилоят Раљаббой Ањмадзода њини боздид аз бозори «Панљшанбе»-и шањри Хуљанд аз гаронии нархи гўшт ва мањсулоти гўштї изњори нигаронї карда, оид ба арзонтар намудани ин навъи мањсулоти зарурии рўзгор дастур дод.

Роњбарияти бозор ва ќассобон иќдоми неки иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоятро дастгирї намуда, барои нисбатан арзон пешкаши дастархони мардум кардани гўшт тасмим гирифтанд. Боиси ќайд аст, ки то кунун арзиши як килограмм гўшти чорвои калони шохдор 35 сомонї ва гўшти гўсфанд 38 сомонї фурўхта мешуд. Масъулини Раёсати матлуботи вилояти Суѓд баъди сафари кории иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ба бозори марказии «Панљшанбе» ба тамоми фурўшандагони ин намуди мањсулот дар шањру навоњии вилоят дастур доданд, ки минбаъд дар бозорњои шањру навоњї нархи гўшти чорвои калони шохдор бо арзиши 33 сомонї ва гўшти гўсфанд 36 сомонї фурўхта шавад. Ќассобонро мебояд, ки барои харидорї, забњи чорво ва бо сифати баланд пешкаши харидорон гардонидани гўшт чорањои зарурї андешанд. - Имрўз аллакай се чорвои калони шохдор забњ карда шуда, барои бо нархи арзон пешкаши харидорон гардонидани гўшт дар мувофиќа бо масъулини бозори «Панљшанбе» нуќтаи алоњидаи гўштфурўшї ба фаъолият пардохт, ки мардум метавонанд, бо арзиши 32 сомонї ин мањсулоти ниёзи аввалро харидорї намоянд. Минбаъд ин раванд дар бозорњои вилоят амалї гардида, барои танзими нарху наво, кам кардани сатњи камбизоатї ва баланд бардоштани дараљаи некўањволии халќ мусоидат хоњад кард,-иброз дошт

раиси Раёсати матлуботи вилоят Иброњим Мутуллозода. Fанї Поччоев-раиси ташкилоти љамъиятии соњибкорони бозори марказии «Панљшанбе» иброз медорад, ки дар ин минтаќа 50 дўкони гўштфурўшї мављуд буда, њамарўза то 4-5 тонна гўшти чорвои калони шохдор ва моли майда ба фурўш гузошта мешавад. Љињати дар оянда арзон нигоњ доштани нархи гўшт дар бозорњои вилоят корбарї љараён дошта, бо ин раванд метавон арзиши мањсулоти хољагии ќишлоќ ва ниёзи аввалро низ паст фаровард. Њарчанд паст фаромадани арзиши гўшт барои соњибкорон-фурўшандагон мушкилињоро пеш оварда бошад њам, масъулини бозор ваъда доданд, ки дар мувофиќа бо соњибмулк бобати паст фаровардани арзиши иљорапулї корбарї хоњанд кард. Абдурасул Рабиев - фурўшандаи нуќтаи гўштфурўшї буда, наздик 3-4 сол инљониб бо ин касб шуѓл меварзад. Иќдоми иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоятро бобати арзон пешкаши харидорон гардонидани гўшт дастгирї мекунад, зеро, бо ин равиш метавон сафи харидоронро зиёд гардонида, миќдори муайяни мањсулоташонро ба фурўш гузоранд. Сокини шањри Хуљанд Рањбарой Икромова бо дидани нархномаи гўшт аввал ба тааљљуб афтоду баъди фањмидани воќеа андешањояшро чунин баён дошт: -Нафаќагир њастам. Имрўз бо набераам ба бозор омада, ба ростї њайрон шудам. Нархи гўшт арзон шудааст. Аз дўкони иттифоќи матлуботи дар назди бозори марказї ташкилшуда бо нархи 32 сомонї гўшт харидам. Масъулон мегўянд, ки минбаъд низ ин раванд идома хоњад ёфт. Агар чунин мешуд, мо - харидорон бенињоят хурсанд мешудем.

Аз суњбат бо фурўшандагон ва харидорон бармеояд, ки аз иќдоми пешгирифтаи иљрокунандаи вазифаи Раиси вилоят шоду мамнун њастанд ва боварї доранд, ки минбаъд арзиши мањсулоти дигари хољагии ќишлоќ ва њам молњои ниёзи аввал мувофиќи талаботи мардум хоњанд буд. Шоира САЛИМОВА, «Њаќиќати Суѓд»

ЯХОБМОНЇ: ÒÀ¯ÐÈÁÀ ÂÀ ÌÓØÊÈËÎÒ

Њаёти имрўзаи мо, ки гузариш ба иќтисодиёти бозоргониро таќозо дорад, бори дигар собит месозад, то ба ќадри замин ва об ба таври бояду шояд бирасем. Бахусус, дар њолатњое, ки омилњои табиї боис мегарданд, љињати истифодаи пурсамари замин ва рўёнидани њосили дилхоњ аз таљриба ва ташаббусњои нек корбарї намоем. Яке аз омили муњим яхобмонї мебошад. Бобати тадбири муњими агротехникї - яхобмонї ва ањамияти он дар фасли зимистон Абдуазиз Мањмудов - мудири шуъбаи истењсолии Сарраёсати кишоварзии вилоят мегўяд: - Пеш аз њама бояд хуб донем, ки дар ин асос чї гуна замину обро мавриди истифода ќарор дињем. Имрўз дар вилоят миќдори замини обии ба хољагињо вобаста буда, зиёда аз 160 њазору 915 гектарро ташкил медињад. Аз ин миќдор наздики 70 фоизи замини обї тавассути пойгоњњои обкашї обёрї карда мешавад. Пас чї кор кардан лозим аст, ки замину обро самаранок истифода бурда тавонем. То ба имрўз дар миќёси вилоят 15 њазору 206 гектар замин яхоб монда шуд. Аз имкониятњо истифода бурда, боз 2-3 њазор гектар замин яхобмонї

карда мешавад. - Бањри рўёнидани њосили дилхоњ истифодаи босамари об дар мадди аввал меистад. Доир ба ин масъала њаминро бояд гуфт, ки он

бевосита ба мањорату кордонии обмонњо вобаста аст. Мутахассисонро зарур аст, ки ба ин кор ањамияти љиддї дињанд. Дар мавриди таќсими оби полезї бошад, шумораи обмонњоро зиёд намудан ба манфиати кор аст. Барои фароњамии шароити корї бошад, пеш аз њама бояд њавасмандии обмонњо, яъне, пардохти сариваќтии музди мењнати онњо ба њисоб гирифта шавад, мегўяд номбурда. Дар мавриди гирифтани пеши роњи баландшавии сатњи шўршавии замин њаминро бояд ќайд намуд, ки ин тадбирро њарчї тезтар ба анљом расонд. Барои он, ки минтаќањои шўрзамин ба заминњои њосилхез табдил дода шаванд, дар мавсими сармо бояд сари ваќт шуршўии он гузаронида шавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки дењќонони вилоят бобати обшўйкунии замин таљрибањои бойи бобоиро соњибанд. Метавон ин анъанаро аз нав эњё кард. Роњи дигар, ин дар њолати омодабош ќарор додани пойгоњњои обкашї, сари ваќт тоза намудани зањбуру зањкашњо, каналу љўйборњо ва чоњњои амудї ба њисоб меравад. Модом ки ризќу рўзии мо аз таъмини Барномаи амнияти озуќаворї сарчашма мегирад, мебояд дар ин раванд фаъолиятро љоннок намуд. Имрўз, ки фасли сармо њукмронї дорад, бояд каналу љўйборњое, ки дар байни хољагињо мављуданд, аз таъмир баровард.

Зеро, дар давраи обёрї сабзањои зери обу лойќа баланд гашта, каналу љўйборњоро пур месозанд, равиши об мушкил гашта, љараёни он самти худро дигар мегардонад ва аз ин замину хољагидор зарар мебинаду халос. - Алњол, ки фасли зимистон аст, кишоварзонро мебояд нахуст ба яхобмонї ањамияти љиддї дињанд. Яхобмонї тадбири муњими агротехникї мебошад. Баъди шудгори заминњо дар фасли сармо яхоб мондан боиси нобуд гаштани њашароти зараррасон мегардад. Њамчунин, намнокии замин нигоњ дошта, баъди гузаронидани кишт зарурати обмонии зиёдатї бартараф мешавад. Ѓайр аз ин дар давраи яхобмонї намаки замин паст шуда, боѓу токзорњоро аз хунукзанї муњофизат менамояд, гуфт М.Мањмудов. Агар хољагињои дењќонию инфиродї ва оилавї аз њозир яхобмониро оѓоз кунанд, бедоршавии дарахтон, хусусан нињолњои бодому зардолу, ки дар вилояти Суѓд барваќт гул мекунанд, гулкунї ва њосили онњо эмин нигоњ дошта мешавад. Таљрибањо нишон доданд, ки гулкунии нињоли зардолу баъди моњи март шурўъ мешавад. Солњои ќабл дар вилоят якбора моњи март њарорати њаво паст фаромада буд, ки ба дењќонону кишоварзон зарари калон овард. Аз ин рў, дењќонон метавонанд барои дер бедор шудан ва дер гул кардани нињолњои бодому зардолу ва шафтолу яхобмониро ба роњ монанд. Нодир ТУРСУНЗОДА, «Њаќиќати Суѓд»

2

Øàð³ó òàâçå³è íóêòà³îè ÏÀ¨Ì

РАЊНАМОИ зиндагии шоиста

ÏÀͯÀÊÅÍÒ: Гурўњи кории Парлумони мамлакат дар муассисаи тањсилоти умумии №71 бо намояндагони соњањои маориф ва тандурустї мулоќот доир намуданд. Дар он вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Хайринисо Юсуфї, Хисрав Абдуназар, Олим Салимзода, раиси шањр Шафеиён Ислом Зиёзода, раиси суди шањр Диловар Мирзоњомидзода ва дигарон иштирок карданд.

Вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Хисрав Абдуназар оид ба нуктањои муњими Паёми Пешвои миллат љињати пешбурди иќтисодиёту иљтимоиёти мамлакат сухан кард. Ҳамчунин, прокурори шањр Авазљон Назарзода љињати пешгирии шомилшавии љавонон ба гурўњњои ифротгаро, љоннок намудани тадбирњои идеологї байни мардум њарф зад. Дар мулоќот намояндагони соњањои мухталифи шањр, аз љумла маориф ва тандурустї рољеъ ба шарњу эзоњи муфассали Паём суолњо дода, љавобњои мушаххас гирифтанд. Рафоат МЎЪМИНОВА, «Њаќиќати Суѓд»

* * *

ØÀ²ÐÈÑÒÎÍ: Чун дар дигар шањру навоњии вилоят дар љамоатњои дењот, макотиб ва ќасри фарњанги ноњия бо вакилони Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон оид ба муњтавои Паёми навбатии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон «Дар бораи самтњои асосии сиёсати дохилї ва хориљии Љумњурии Тољикистон» мулоќотњо доир шуда истодаанд.

Намояндаи мардумї дар Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии кишвар Иброњим Абдуллозода, роњбари гуруњ, директори Институти масъалањои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмњои Тољикистон Зайналобиддин Кобулиев, директори парки технологии Донишкадаи молия ва иќтисоди Тољикистон Фаридулло Убайдуллоев дар маќомоти иљроияи њокимияти давлатии мањаллї, ќасри фарњанги ноњия, Љамоати дењоти Бунљикат, дењањои Вањдат ва Чашмасори Љамоати дењоти Шањристон мулоќот баргузор намуданд. Иштирокдорон доир ба масъалањои дар Паём зикргардида, аз љумла дар бораи боиси нигаронї будани пайдоиши нишонањои марњалаи нави «љанги сард», моњи майи соли равон дар шањри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалї дар мавзўи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгарої ва тундгароии хушунатомез, љаласаи сарони кишварњои аъзои Созмони Њамкории Шанхай, таљдиду бунёди инфрасохтори иќтисодиву иљтимої, ворид намудани технологияи њозиразамон, њалли масъалањои вобаста ба соњањои обу энергетика, дар арсаи байналмилалї яке аз кишварњои татбиќкунандаи «иќтисодиёти сабз», аз лињози истифодаи манбаъњои таљдидшавандаи энергия дар ќатори шаш давлати пешсафи сайёра ќарор гирифтани љумњурї, то соли 2030 ба кишвари транзитї табдил додани Тољикистон, эълон гардидани соли 2018 - «Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї» ва баланд бардоштани сатњи зиндагии ањолї маълумоти муфассал доданд. Тавњида ЉЎРАЕВА, «Њаќиќати Суѓд»

* * * ÄÅÂÀØÒÈ×: Бо маќсади шарњу тавзењи Паёми Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон гурўњи корї аз Њукумати Љумњурии Тољикистон ва вакилон дар ноњияи Деваштич бо мардум вохўрињо доир карданд. Чунин вохўрї дар Љамоатњои дењоти Росровут, Вањдат ва Исмоили Сомонї низ баргузор гардид. Дар он вакилон Зуфар Исмоилзода, Ањмадљон Ќобилов ва Љамшед Љўразода – ректори Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров бо мардум мулоќот намуданд. Зуфар Исмоилзода - вакили Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон зимни суханронии хеш ќайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат давлати моро ба фардои нек рањнамун месозад. Ањмадљон Ќобилов доир ба мазмуну муҳтаво, хусусан нишондиҳандаҳои иқтисодии дар Паём зикргардида суханронї намуд. Аз ҷумла, изњор дошт, ки маблаѓгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016, 25 фоиз боло рафтааст. Истамљони НАЉМИДДИН, «Њаќиќати Суѓд»


3

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

Њаќиќати Суѓд

Сешанбе, 16 январи соли 2018, №7 (17844)

Соли 2017 аз њисоби њамаи сарчашмањо љињати сохтмон ва азнавсозии муассисањои таълимї зиёда аз 400 миллион сомонї сарф гардида, 24 њазор љойи нишаст муњайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблаѓњои буљети давлатї ва лоињањои сармоягузорї ба ин самт равона карда мешаванд.

Эмомалї РАЊМОН

ЌУТБНАМОИ МИЛЛАТ Паёми Асосгузори сулњу вањдати миллї - Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон муњимтарин самтњои сиёсати дохилї ва хориљї, инчунин њадафњои давлати соњибистиќлоли Тољикистонро дар солњои минбаъда муќаррар сохт.

Пешвои миллат Эмомалї Рањмон нахуст ба шарњи муњимтарин падидањои сиёсати хориљии мамлакат пардохта, таваљљуњи њамагонро ба масъалањои љањони муосир равона намуданд. Вобаста ба ин мавќеи Тољикистонро дар низоми љањонї бо назардошти фарњанги њамгирої муќаррар сохтанд. Дар ин замина таъкид гардид, ки сол аз сол домани љуѓрофиёи муаммоњои љањони муосир, аз љумла экстремизм ва терроризм пањн гардад ва ин боис он мешавад, ки Тољикистон низ дар роњи расидан ба њадафњои наљиби давлатсозї бояд мавќеъ ва маќоми хешро дар арсаи сиёсати љањонї устувор нигоњ дорад. Дар канори дигар масъалањои муњими сиёсати дохилї ва хориљї ба низоми соњаи маориф низ таваљљуњи амиќ зоњир гардид. Аз љумла, дар Паём ќайд шуд, ки “Соли 2017 аз њисоби њамаи сарчашмањо љињати сохтмон ва азнавсозии муасси-

сањои таълимї зиёда аз 400 миллион сомонї сарф гардида, 24 њазор љойи нишаст муњайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблаѓњои буљети давлатї ва лоињањои сармоягузорї ба ин самт равона карда мешаванд”. Мавриди таъкид аст, ки Пешвои миллат Эмомалї Рањмон пайваста ба соњаи маориф диќќати махсус зоњир намуда, маорифро яке аз соњањои муњими љомеа мењисобанд, ки аз ин мо - кормандон рўњбаланд гардида, дар ин љода фаъолиятамонро боз њам бењтару хубтар ба роњ мемонем. Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат таваљљуњи амиќ зоњир намуданд, баланд бардоштани музди маоши кормандони соњаи маориф ва дигар соњањои буљетї ба шумор меравад. Љойи хушњолї ва саодатмандист, ки Сарвари давлат њанўз дар Паёми хеш соли 2017 роњбарони вазоратњои маориф ва илм, рушди

иќтисод ва савдо, инчунин ректорони муассисањои тањсилоти олиро вазифадор намуда буданд, ки љињати таъмини муассисањои таълимї бо муаллимони баландихтисос тадбирњои амалї андешида, доир ба њалли масъалаи норасоии омўзгорон, махсусан, аз фанњои даќиќ ва забонњои хориљї, инчунин бо кадрњои дорои тањсилоти олии касбї таъмин намудани мактабњои дењот тадбирњои зарурї андешида, то соли 2019 масъалаи норасоии кадрњои омўзгориро дар мамлакат пурра бартараф намоянд. Тањлилњо нишон медињанд, ки дар ин љода низ пешравињои назаррас њосил гардида, дар аксари макотиби тањсилоти умумї ин муаммо аллакай њаллу фасли хешро ёфта, бар асоси таъкидоти пайвастаи Пешвои миллат масъалаи боло бурдани сатњу сифати таълим ба миён гузошта мешавад. Дар ин радиф Пешвои миллат дар бораи сатњу сифати таълим дар муассисањои соњаи маориф низ суханронї намуда, оид ба камбудиву норасоињои соња ба Вазорати маориф ва илм дастуру супоришњои му-

шаххас доданд. Яке аз самтњои асосии суханронии Пешвои миллат “Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї” эълон кардани соли 2018 буд, ки воќеан њунарњои мардумї ва анъанањои миллии мо аз тарафи Созмони Милали Муттањид низ бањои баланд гирифтаанд. Аз ин рў, пешнињоди Пешвои миллат муњтарам Эмомалї Рањмон бањри тарѓибу ташвиќи њунарњои мардумї сариваќтї буда, имконият фароњам меоварад, ки дар ин љода муваффаќиятњои назаррасро соњиб гардем. Њамзамон, аксари њунарњои мардумї, ки бештари онњо ба гўшаи фаромўшї раф-

Соли 2018 - Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї

695 НАФАР БОНУ СОЊИБЊУНАР ШУДАНД

Муаррифгари њар давлату миллат, албатта, фарњанги миллии он мањсуб меёбад. Дар ин радиф мардуми куњанбунёди тољик дорои тамаддуну фарњанги бою ѓанї аст, ки њазорсолањо инљониб дар арсаи љањон шўњратёр мебошад. Соли рушди сайёњї ва њунарњои мардумї эълон шудани соли равон низ мањз бо маќсади муаррифии шоистаи имкониятњои сайёњї ва фарњанги миллї дар арсаи байналмилалї аст. Дар ин радиф дар ноњияи Ашт бањри рушду нумўи њунарњои мардумї тадбирњои амалї андешида мешаванд. Тавре мутахассиси пешбари Муассисаи давлатии «Мактаби эњё ва рушди атласу адрасбофии дастї ва њунарњои халќї» Мадина Тоњирова изњор дошт, бо маќсади ба њунаромўзї љалб намудани бонувони хонашин ва ба ин васила рушду равнаќ бахшидани њунарњои мардумї, аз љумла атласу адрасбофї, ќолинбофї, сабадбофї, сўзанидўзї, дўзандагї, бофандагї, љўроббофї дар Љамоатњои шањраку дењоти Шайдон, Ошоба, Понѓоз, Мењробод, Ифтихор, Ориён, Шодоба, Ашт, Пунук 27 маркази таълимї-истењсолии атласу ад-

расбофї ва ќолинбофии дастї таъсис дода шудаанд, ки аз он 19 адад атласу адрасбофї ва дигар њунарњо ва 8 маркази ќолинбофии дастї мебошад. Аз инњо фаъолияти маркази њунаромўзии калонсолон, коргоњи хурди «Ҳусноро», гурўњњои њамдастии «Мумтоз», «Дилноза», «Хуморљон», њамчунин омўзишгоњи муштарак, ки дар он тамоми њунарњои мардумї азхуд кунонда мешаванд, назаррас аст. Дар марказњои таълимї-истењсолї 74 дастгоњи бофандагї насб гардида, аз ин теъдод 49 атласу адрасбофї ва 25 ададаш ќолинбофї аст. Аз теъдоди 15223 нафар зани хонашин соли 2017 ба љои 450 нафари наќшавї 695 нафар ба њунаромўзї љалб карда шуданд. То имрўз дар марказњои таълимї-истењсолї, њамчунин дар мањфилњои хонагї ба миќдори 9450 метри тўлонї мањсулот истењсол карда шуда-

Мавзўи рўз

Д

АР толори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд брифинги Идораи шабакањои барќии шањр баргузор шуд, ки дар он воќеъияти истифодаи неруи барќ дар моњи декабри соли 2017 аз тарафи муштариён бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма шарњ дода шуд.

аст, ки аз ин 1430 метраш ќолин аст. Алњол 9280 метр мањсулот фурўхта шудааст ва аз он 1360 метраш ќолин мебошад. Бо ибтикори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия бањри пешбурди њунаромўзии бонувон соњибкорону саховатмандон љињати таъсис додани марказњо ва корхонањои њунаромўзї љалб карда мешаванд. Ҳамчунин, соли 2017 се нафар бонуи њунарманд - Зиёда Расулова, Мунира Мирзоматова ва Сайёра Ҳайитова ба маблаѓњои мутаносибан 10, 5 ва 5 њазор сомонї соњиби грантњои Раиси вилоят гардида, имконияти васеъ намудани соњибкориро пайдо карданд ва давоми сол 8 маркази таълимї-истењсолии нав таъсис ёфт. Дар ноњия маѓозаи фурўши атласу адрас ва дигар мањсулоти њунармандї кушода шудааст, ки њунармандон метавонанд мањсулоти худро ба фурўш бароранд. Бо њадафи њавасмандии занону духтарон ба њунаромўзї ва торафт афзун гаштани эътибор ба бењтаргардонии сифати мањсулот бо иќдоми маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия озмун эълон гардид. Дар он Сабрина Шодиева адрасбофи бењтарин дониста шуд. Зиёда Расулова дар бахши сифат ва наќшњои бењтарин ѓолиб омад, Замира Расулова истењсолкунандаи аз њама бештари матоъ ва Ҳамроњбибї Масолиева дар самти аз њама зиёд тарбия намудани шогирд бењтарин дониста шуданд. Зикр кардан љоиз аст, ки сокинони ноњияи Ашт аз азал мардуми њунарманд буданд ва алњол низ донандаи хуби сирру асрори тайёр кардани рангубор аз решаи гиёњњо, баргу гули растанињо мебошанд, ки ин бањри босифат гаштани мањсулот мусоидат менамояд. Рафоат МЎЪМИНОВА, “Њаќиќати Суѓд”

таанд, дубора эњё шуда, бо ин роњ фарњанги миллии мо муаррифї мегардад. Бояд ёдовар шуд, ки љомеаи кишвари азизи мо маљмўи нуктањои муњим ва рањнамои Паёмро бо самимият ва рўњияи баланди инсонї истиќбол намуданд, ки далели њамраъйї ва истиќболи самимонаи мардум аз андешаву ормонњои Сарвари давлат дар Паёми имсола мањсуб мешавад.

ÇÓ²ÓÐÎÒÈ ÍÎÌÀÒËÓÁ - ÕÀÒÀÐ ÁÀ ÑÓÁÎÒÓ ÀÌÍÈßÒÈ ¯ÎÌÅÀ

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалї Раҳмон дар Паёми худ ба Маљлиси Олии Љумҳурии Тољикистон иброз намуданд, ки Љумҳурии Тољикистон бо вуљуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодї ва амниятии љаҳон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодї, расидан ба ҳадафҳои стратегї ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолї бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Сарвари давлат аз он изҳори нигаронї карданд, ки вақтҳои охир дар гўшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои љомеаи љаҳонї ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра чандин давлатњои дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Пешвои миллат таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худї ва бегона, ашаддї ва ислоҳгаро ё хубу бад људо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Зуҳуроти терроризм ба суботу амнияти кураи Замин хавфу хатари бениҳоят зиёд дорад. Хатарҳои замони муосир, вазъият дар Ховари Миёна, бахусус, вазъи Афғонистони ҳамсоя моро водор месозанд, ки ба масъалаи таъмини амният диққати аввалиндараља диҳем...». Аз ин хотир, мувофиќи таъкиди Пешвои миллат њар яки мо бояд ватандўсту ватанпараст бошем. Насли љавонро дар рўњияи хештаншиносї, дўст доштани Ватан тарбия намуда, нагузорем, ки фирефтаи гурўњњои тундрав ва ифротї гардида, фикру аќидаашонро таѓйир дињанд. Марзу буми Тољикистони азизро њамчун гавњараки чашм нигањбон бошем.

Мўсобек МИРОВАТОВ , раиси Кумитаи иттифоќи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суѓд

Фирўз БОЌЇ, Аълочии матбуоти Љумњурии Тољикистон

Дар њошияи маљлиси фаъолони вилоят

ÏÎÉÃβ²ÎÈ ÎÁÊÀØD ÁÀ ÊÎÐ ÎÌÎÄÀ ÌÅØÀÂÀÍÄ

- Идораи давлатии бењдошти замин ва обёрии шањри Панљакент дар хусуси омода намудани иншооти обрасонї ба мавсими нави обёрии соли равон тадбирњои зарурї андешида истодааст, - гуфт зимни суњбат сардори ин нињод Ќурбонмурод Усмонов. - Дар ин самт бањри ба фаъолият омода намудани пойгоњњои обкаш мутахассисону кормандони мо дар њар минтаќа бо масъулияти баланд ва мањорату малакаи касбї фаъолият мебаранд.

Боиси зикр аст, ки дар мавсими имсола љињати сариваќт ба мавсими обёрї омода намудани пойгоњ ва иншооти обрасонї аз њисоби маблаѓњои пардохти оби шањр таъмири пойгоњњо бањри омода намудани шабакањои обёрї ва дастгоњњои обкашї мусоидат намуд. Дар идораи давлатии бењдошти замин ва обёрии шањр 6 канали худљории ѓунљоиши лоињавиашон гуногун Марѓедар, Халифа Њасан, Тухсанкорез, Эшон, Саразм, Киштўдак ва 18 пойгоњи обкашии иќтидорашон гуногун мављуданд. Имрўз дар пойгоњњои калонтарини обкашии Дупула, Ленинград - 1, Нилуфар - 1,2,3 ва Ёрї тибќи наќша корњои омодасозї ташкил шудаанд. Айни њол бригадаи устоњо бо таъмиру барќарорсозии каналу пойгоњњо машѓул аст. Тибќи маълумоти пешнињодкардаи шуъбаи техникии идора барои обёрї кардани зиёда аз 15 њазор гектар замин 18 агрегати обкашиву 6 канали магистралї њанўз соли гузашта аз таъмири хушсифат баро-

варда шуда буданд. Идораи давлатии бењдошти замин ва обёрии шањр бо 20 Ассотсиатсияи истифодабарандагони об шартнома бастааст, ки таќсимоти об ва рўёнидани маблаѓи хизматрасонї тавассути онњо сурат мегирад. Дар идомаи суњбат Ќурбонмурод Усмонов фаъолияти Ассотсиатсияњоро дар алоњидагї чунин таъкид намуд: - Айни замон аз тарафи Ассотсиатсияњо маблаѓњо пардохт шуда истодаанд ва њоло зиёда аз 1 млн. 600 њазор сомонї ба хазинаи идора ворид гардид, ки он беш аз 83 фоизро ташкил медињад. Ин маблаѓ барои пардохт намудани музди мењнати кормандон, як ќисми андоз ва гузаронидани корњои таъмиру барќарорсозї сарф шуда истодааст. Ќарздорони асосї имрўз Ассотсиатсияњои истифодабарандагони оби Суѓдиёни Љамоати дењоти Косатарош, Тухсанкорези Љамоати дењоти Халифа Њасан, Ѓусар - Бањори Љамоати дењоти Лоиќ Шералї, Нишон-Саразми Ља-

Сарфакории барќ зарур аст!

Рустам Пўлотов, сардори Шабакањои барќии шањри Хуљанд назди рӯзноманигорон баромад намуда, доир ба њолати истифодаи неруи барќ аз љониби муштариён маълумоти муфассал дода, аз љумла зикр дошт, ки яке аз омилњои асосии ба вуљуд омадани њар гуна овозаву нофањмињо байни истифодабарандагони ќувваи барќ ин пеш аз њама зиёд истифодабарии неруи барќ аз тарафи ањолї нисбат ба њамин давраи соли гузашта ва њамчунин сард шудани њарорати њаво дар моњи декабри соли 2017 мебошад. Ў афзуд, ки агар ањолии шањр моњи декабри соли 2016 ба маблағи 6 миллиону 887 њазор сомонї 47 миллион кВт/соат барќ сарф карда бошад, ин нишондод дар моњи декабри соли 2017 ба маблағи 8 миллиону 903 њазор сомонї 52 миллиону кВт/соат ќувваи барќро ташкил медињад. Гузашта аз ин, 15 фисад афзоиши нархи ќувваи барќ низ аз моњи октябри соли 2017 амалї карда шудааст. Дар мавриди даќиќкории фаъолияти њисобкунакњои барќї Рустам Пӯлотов ќайд кард, ки мањз дар замони Истиќлолият бо ибтикор ва њидояти Асосгузори сулњу вањдати миллї -

Љомеа ва замон

Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон фаъолияти Шабакањои барќии шањри Хуљанд рушд ёфта, бори аввал дар Тољикистон низоми биллингї, яъне худкор дар соњаи энергетика роњандозї карда шуд ва он бомуваффаќият анљом ёфт. Ин лоиња имкон дод, ки тамоми таљњизоти барќрасонии шабакањои барќии шањр таљдиду азнавсозї шуда, талафоти неруи барќ паст ва шиддатнокї бењтар гардид. 63 њазор њисобкунаки барќї ба манзили муштариён насб карда шуд. Низоми биллингї аз муштариён таќозо менамояд, ки неруи барќро оќилонаву сарфакорона истифода баранд. Дахолати инсон ба системаи биллингї, хусусан ба њисобкунакњои барќ имконнопазир аст. Вале њолатњои аз тарафи шањрвандони алоњида ғайриќонунї пайваст намудан ба хатти њисобкунаки ашхоси дигар низ ба ќайд гирифта шудааст, ки ин њолатњо дар натиљаи мурољиати онњо ошкор шуд. Ба Шабакањои барќи шањри Хуљанд аз 8 то 11 январи соли 2018 беш аз 500 муштарї оид ба афзудани маблаѓи истифодабарии неруи барќ мурољиат намуданд. 216 ариза бар-

моати дењоти Саразм, Рўзирези Љамоати дењоти Вору, Киштўди Љамоати дењоти Рўдакї, Њољихўљаќули Љамоати дењоти Суљина мебошанд, ки ќарзи онњо дар маљмўъ зиёда аз 1 милиону 800 њазор сомониро ташкил медињад. Идораи давлатии бењдошти замин ва обёрии шањр аз сабаби он, ки Ассотсиатсияи истифодабарандагони об сари ваќт маблаѓро пардохт карда натавонистаанд, аз шабакањои барќ 1 миллион ва аз маќомоти андоз 1,5 њазор сомонї ќарздор аст, - изњор намуд њамсуњбати мо. Кормандони соња ба хубї эњсос менамоянд, ки фаровонии дастархони мардум аз самаранокии зањмати марди дењќон ва серњосилии зироатњои кишоварзї аз зањмати миробњо вобастагии муњим дорад. Нодир ТУРСУНЗОДА, Улуѓбек ХУДОЙБЕРДИЕВ, «Њаќиќати Суѓд», Хуљанд-Панљакент-Хуљанд

расї ва дар ин бора санадњои дахлдор тартиб дода шудааст. Шањрвандон аз мурољати хеш ќонеъ гардиданд. Таъкид шуд, ки бањри сариваќт баррасї намудани мурољиати шањрвандон имрӯз аз њисоби мутахассисони Шабакањои барќии шањр гурўњи корї таъсис дода шуд. Њангоми баррасии масъала бевосита дар манзили мурољиаткунандагон кори њисобкунакњо бо таљњизоти махсуси соња тафтиш карда, истифодаи воќеии ќувваи барќ њисобї гардид. Мусаллам аст, ки барои аристон -1,5 кВ/соат, бухории гармидињї – 2,5 кВ/соат, кондитсионер -2,5 кВт/соат, телевизор -0,2 кВт/соат ва лампањои рӯшноидињанда – 0,3 кВт/соат барќ масраф мешавад, ки дар маљмўъ ба 7 кВт /соат ќувваи барќ баробар мегардад. Агар ин шумораро ба соати истифода, баъдан ба рўзи истифода зарб намоем, ќувваи барќи истифодашудаи моњона муайян мегардад. Як кВт/соат ќувваи барќ аз 1-уми октябри соли 2017-ум 0.1685 дирам муайян шудааст. Баробари овардани ин мисолњо танњо дар истифодаи неруи барќ бояд сарфакориро риоя намуд, зеро њисобкунакњои раќамии нав њар як кВт/соат барќи истифодашавандаро даќиќ муайян менамояд. Дар љараёни нишасти матбуотї рӯзноманигорони расонањои дохилию хориљї ба саволњои худ посух гирифтанд. Маъмурахон САМАДОВА, “Њаќиќати Суѓд”


Њаќиќати Суѓд

Сешанбе, 16 январи соли 2018, №7 (17844)

Р

Натиљагирї

ИТТИФОЌЊОИ КАСАБА:

ýúòèáîð áà ³èìîÿè ìàíôèàò³îè è¿òèìîO Дар маљлисгоњи бинои Иттифоќњои касабаи вилоят Пленуми Шўрои Иттифоќњои касабаи вилоят доир гардид. Дар он Раиси Федератсияи иттифоќњои касабаи мустаќили Тољикистон Ќодири Ќосим, мудири шуъбаи рушди иљтимої ва робита бо љомеаи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят Тољибой Султонї, аъзоёни Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят, намояндагони ташкилотњои ибтидоии иттифоќи касабаи корхонаву ташкилот, муассисањои маориф, тандурустї ва рўзноманигорон ширкат варзиданд.

Раиси Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода оид ба љамъбасти фаъолияти Шўрои иттифоќњои касабаи вилоят дар соли сипарї маълумот дод. Ш. Абдуллозода оид ба фаъолияти солонаи Шўрои иттифоќњои касаба ва кумитањои соњавї ќайд кард, ки дар асоси дастуру супориш ва фармонњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муњтарам Эмомалї Рањмон ва Оинномаи иттифоќњои касаба бањри њимояи манфиатњои њуќуќї, мењнатї, иќтисодї, иљтимої ва зењнии ањли мењнат корњои назаррасро ба сомон расондаанд. Дар ин давра дар асоси наќшаи корї як ќатор чорабинињо, аз љумла бахшида ба Рўзи байналмилалии якдилии мењнаткашон – 1-уми май, љашнњои Рўзи Ѓалаба, Рўзи Вањдати миллї, Истиќлолияти кишвар ва дигар тантанањои бузург омодагии пурра дидаанд. Аз љониби нозирони мењнати иттифоќи касабаи вилоят 105 корхонаю ташкилот ва муассисањо санљида шуда, дар масъалаи бартараф намудани камбудињо 67 амрнома ба имзо расид. Аз љониби нозирони мењнат бошад, 364 корхонаю ташкилот ва муассисањо аз назар гузаронида, ба корфармоён марбут ба њифзи мењнат дар бораи бартараф намудани ќонунвайронкунињо 244 амрномаи њатмї дода шуд, ки нисбат ба њамин давраи соли 2016-ум 11 адад зиёд мебошад. Њамчунин, дар бораи барњамдињии мењнат аз љониби кўдакону ноболиѓон, пешгирии љалби шањрвандон ба шуѓли ѓайрирасмї ва мењнати занон, пардохти сариваќтии маоши мењнаткашон дар корхонаю ташкилотњо масъалагузорї карда шуд.

Тавњида ЉЎРАЕВА, «Њаќиќати Суѓд»

АЗЗОЌ аз мањаллањои куњантарини шањри Хуљанд мањсуб меёбад. Агар пештар ба кўчањои тангу борик ва каљу килеби он гузоратон афтода мемонд, худро дар як мавзеи ќадима гумон мекардед. Имрўз бошад, бо шарофати соњибистиќлолї, дастгирии роњбарияти маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр ва иќдомњои неку саховатмандонаи соњибкорони мањалла роњу кўчањо торафт обод, манзилњои мардум бо биноњои замонавї иваз мегарданд ва сатњи зисти сокинон беш аз пеш боло меравад. Мањаллаи Раззоќ дар озмуни «Мањаллаи бењтарин», ки ба истиќболи љашнњои бузурги таърихии кишвар бо ибтикори маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр дар соли 2017 эълон гардида буд, сазовори љойи якум дониста шуд. Барои ноил шудан ба дараљаи бењтарин кадом нишондињандањо наќши муњим доштанд? -Пеш аз њама ба фаъолияти самарабахши кумитаи мањалла љињати солимгардонии муњити маънавї эътибор дода шуд. Ҳамзамон, ободонии мањалла, пойдории оилањо, риояи ќонунњои кишвар оид ба танзими анъана ва љашну маросим ва дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд аз љониби сокинон, эњёи анъанањои миллї, рушди њунарњои мардумї ва дигарњо ба назар гирифта шуданд, - изњор дошт раиси кумитаи мањалла Муродхон Муртазоев. Дар њудуди мањалла нуздањ кўча, се тангкўча, 13 бинои баландошёна воќеъ буда, зиёда аз 7 њазор ањолї истиќомат мекунанд. Агар чанд сол пештар дар мавсими боронгарї гузаштан аз кўчањо душвор буд, давоми се-чањор соли охир беш аз 9 километр кўчањои дохили мањалла бо ќувваи сокинон тариќи њашар ва њам бо дастгирии соњибкорони мањал ободу мумфарш гардиданд. Соли гузашта ба ифтихори љашнњои бузурги мамлакат бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањр ва ањолї кўчањои асосии ба номи Рањмон Набиев ва Абдулло Рањимбоев ба масофаи зиёда аз 3 километр мумфарш карда шуданд. Ҳамчунин, бештар аз як километр роњи кўчаи Истиќлол низ мумфарш гардид. Бо анљом додани ин корњо аксари роњу кўчањои мањалла обод шуданд.

Иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд

Музоядаи оммавии такрории №3 оид ба фурўши молу мулк, ки барои иљроиши истењсолоти иљро, тањти №42/6 аз 3 октябри соли 2017 аз рўи њуљљати иљровараќаи иљрои Суди иќтисодии вилояти Суѓд, тањти №2-457/2015 аз 22 сентябри соли 2017 оид ба аз њисоби Кооперативи истењсолии «Ниёзбек»-и ноњияи Мастчоњ, њамљавобгар Fулом Бањронов ба фоидаи ЉСП ТАЌХ «Имон Интернешнл»-и шањри Хуљанд рўёнидани 9623,63 доллари ИМА, маблаѓи ќарзи боќимонда ва 1956,14 сомонї маблаѓи бољи давлатии пардохтшуда, аз њисоби фурўши амволи ба гаравмондаи љавобгар Fулом Бањронов, яъне хонаи истиќоматї, воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 32, бинои 49, њуљраи 17, бо нархи ибтидоии 195810 сомонї, ќарор дар бораи ба њабс гирифтани молу мулк ќабул карда шудааст:

Музоядаи оммавии такрории №3 дар асоси моддаи 40-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ипотека» 15 феврали соли 2018, соати 10:00 дар бинои Суди иќтисодии вилояти Суѓд, њуљраи кории иљрочиёни суд (шањри Хуљанд, кўчаи Камоли Хуљандї №181а) барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 10:00, 15 феврали соли 2018 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд бо телефони (83422) 6-65-99 ва ё тавассути Раёсати адлияи вилояти Суѓд бо телефони (83422) 5-15-10 дастрас намоед.

Иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд

Музоядаи оммавии №4 оид ба савдои хонаи истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Љаббор Расулов, шањраки Пролетар, кўчаи Бобур, хонаи 1 мансуб ба гаравдењ Љўрабоев Ардашер Тошпўлотович, ки барои таъмин намудани иљроиши истењсолоти иљро, тањти №65/7 аз 19 октябри соли 2017 аз рўи вараќаи иљрои Суди иќтисодии вилояти Суѓд, тањти №2-44/2016 аз 10 октябри соли 2017 оид ба аз њисоби љавобгар Худойбердиев Мўъмин Шарифович, љавобгарони дигар Љўрабоев Ардашер Тошпўлотович, Худойбердиев Рустам Шарифович ва Худойбердиева Шањодат Тошпўлотовна ба тариќи муштарак ба манфиати ЉСП «Аксес Бонк Тољикистон» рўёнидани маблаѓи ќарзи асосї ба андозаи 117309,16 доллари ИМА, баробар ба 923105,85 сомонї, фоизњои истифодаи ќарз ба андозаи 9206,17 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї ба маблаѓи 72443,35 сомонї ва љарима ба андозаи 1296,44 доллари ИМА баробар ба 10201,68 сомонї, дар маљмўъ 127811,77 доллари ИМА ё худ 1005750,82 сомонї ва маблаѓи бољи давлатї ба андозаи 26713,35 сомонї рўёнидани маблаѓи ќарз ба андозаи 127811,77 доллари ИМА ё худ 1005750,82 сомонї ва маблаѓи бољи давлатї ба андозаи 26713,35 сомонї аз њисоби фурўши амволи ѓайриманќул хонаи истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Љаббор Расулов, шањраки Пролетар, кўчаи Бобур, хонаи 1, мансуб ба гаравдењ Љўрабоев Ардашер Тошпўлотович дар њаљми 470400 сомонї мутобиќи шартномаи ипотека аз 19 июни соли 2014 ва санадњои нархгузорї амволи ѓайриманќул аз 13 июни соли 2014 муќарраршуда ва хонаи истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Љаббор Расулов, шањраки Пролетар, кўчаи М.Каримов, хонаи 44 мансуб ба гаравдењ Худойбердиев Рустам Шарипович дар њаљми 235200 сомонї мутобиќи шартномаи ипотека аз 19 июни соли 2014 ва санадњои нархгузори амволи ѓайриманќул аз 13 июни соли 2014 муќарраршуда, аз љониби иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд ба њабс гирифта шудааст:

Музоядаи оммавии №4 15 феврали соли 2018, соати 9:00 дар бинои Суди иќтисодии вилояти Суѓд, њуљраи кории иљрочиёни суд (шањри Хуљанд, кўчаи Камоли Хуљандї №181а, ошёнаи якум, њуљраи №3) бо тартиби пешбинї намудаи моддањои 39-41-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ипотека» барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 9:00, 15 феврали соли 2018 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд.

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

e-mail: h_sugd@mail.ru www.hakikati-sugd.tj

4

Ибтикор

МАЊАЛЛА: САРЧАШМАИ НИЗОМИ СОЛИМИИ ЉОМЕА

- Дар самти солимии муњити маънавї мањалла дар миќёси шањр мавќеи намоён дорад,- зикр менамояд раиси кумитаи мањалла. - Сокинони мањалла аз азал бо хулќу хўи саховатмандї, накўкорї, мењнатдўстї, ватанпарварии худ байни дигар мањаллањо фарќ карда меистанд. Имрўз љињати солимии муњити маънавї, пойдории оилањо кумитаи мањалла, бахусус Шўрои бонувон пайваста кор мебаранд. Зеро, аз њафт њазор нафар ањолї бештар аз 3700 нафар бонувонанд. Пеш аз њама дар самти пешгирии гаравидани шањрвандон, бахусус љавонон ба гурўњњои ифротгаро, пешгирии ба фарњангу либоси бегона рўй овардани занону духтарон њар моњ вохўриву суњбатњо доир карда мешаванд. Соли 2017 дар се хонадон хушунати оилавї ба ќайд гирифта шуда, бо дахолати гурўњи њаштнафараи занњои Шўрои бонувон ин оилањо ба мувофиќа оварда шуданд. Дар ин кор сохторњои дахлдор, аз љумла нозирони минтаќавї, табибони оилавї низ љалб карда мешаванд. Љињати татбиќи Ќонуни Љумњурии Тољикистон оид ба танзими анъана ва љашну маросим бошад, дар мањалла соли гузашта ягон ќонуншиканї ошкор нагардида, тамоми маъракањои тўю мотам дар доираи

Ќонун баргузор гардиданд. Хатнасур ба маъракаи оилавї табдил ёфта, маъракањои гањворабандон, чиллагурезон ва дигарњо тамоман аз байн рафтаанд. Бо як сухан сокинон моњияти Ќонунро, ки танњо ба манфиати худи мардум аст, идрок намудаанд,-мегўяд раиси мањалла. Маъракаи даъвати бањорона ва тирамоњї дар мањалла бомуваффаќият, пеш аз муњлат анљом дода шуда, дар ду даъват шаш нафарї љавонмардон ихтиёрї ба сафи Ќуввањои Мусаллањ сафарбар шуданд. Љоиз ба зикр аст, ки ањли мањалла анъанањои неки аљдодони худ – тариќи њашар обод кардани роњу манзил, соњили дарё, обод кардани ќабристонњоро давом бахшида, то имрўз чойхонаи солњо инљониб фарсудагаштаи мањалларо аз нав таъмир карда, мавриди истифода ќарор доданд, ки имрўз он ба маркази маърифатию фарњангї, љамъомади ањли мањалла табдил ёфтааст. Мумфаршу чароѓонкунии кўчањо, тозакунии соњили рўди Сир низ бо роњи њашар сурат гирифтанд. Воќеан, ду сол ќабл тибќи дастуру супориши Сарвари давлат љињати сохтмони майдончањои варзишї ва ба варзиш фаро гирифтани

Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд бо телефони (83422) 6-64-99 ва ё тавассути Раёсати адлияи вилояти Суѓд бо телефони (83422) 5-15-10 дастрас намоед.

Иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд

Музоядаи оммавии №5 оид ба савдои хонаи истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Љаббор Расулов, шањраки Пролетар, кўчаи Н.Каримов, хонаи 44 мансуб ба гаравдењ Худойбердиев Рустам Шарипович, ки барои таъмин намудани иљроиши истењсолоти иљро, тањти №65/7 аз 19 октябри соли 2017 аз рўи вараќаи иљрои Суди иќтисодии вилояти Суѓд, тањти №2-447/2016 аз 10 октябри соли 2017 оид ба аз њисоби љавобгар Худойбердиев Мўъмин Шарифович, љавобгарони дигар Љўрабоев Ардашер Тошпўлотович, Худойбердиев Рустам Шарифович ва Худойбердиева Шањодат Тошпўлотовна ба тариќи муштарак ба манфиати ЉСП «Аксес Бонк Тољикистон» рўёнидани маблаѓи ќарзи асосї ба андозаи 117309,16 доллари ИМА, баробар ба 923105,85 сомонї, фоизњои истифодаи ќарз ба андозаи 9206,17 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї ба маблаѓи 72443,35 сомонї ва љарима ба андозаи 1296,44 доллари ИМА баробар ба 10201,68 сомонї, дар маљмўъ 127811,77 доллари ИМА ё худ 1005750,82 сомонї ва маблаѓи бољи давлатї ба андозаи 26713,35 сомонї рўёнидани маблаѓи ќарз ба андозаи 127811,77 доллари ИМА ё худ 1005750,82 сомонї ва маблаѓи бољи давлатї ба андозаи 26713,35 сомонї аз њисоби фурўши амволи ѓайриманќул хонаи истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Љаббор Расулов, шањраки Пролетар, кўчаи Бобур, хонаи 1, мансуб ба гаравдењ Љўрабоев Ардашер Тошпўлотович дар њаљми 470400 сомонї мутобиќи шартномаи ипотека аз 19 июни соли 2014 ва санадњои нархгузорї амволи ѓайриманќул аз 13 июни соли 2014 муќарраршуда ва хонаи истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Љаббор Расулов, шањраки Пролетар, кўчаи М.Каримов, хонаи 44 мансуб ба гаравдењ Худойбердиев Рустам Шарипович дар њаљми 235200 сомонї мутобиќи шартномаи ипотека аз 19 июни соли 2014 ва санадњои нархгузори амволи ѓайриманќул аз 13 июни соли 2014 муќарраршуда, аз љониби иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд ба њабс гирифта шудааст:

Музоядаи оммавии №5-ум 15 феврали соли 2018, соати 10:00 дар бинои Суди иќтисодии вилояти Суѓд, њуљраи кории иљрочиёни суд (шањри Хуљанд, кўчаи Камоли Хуљандї №181а, ошёнаи якум, њуљраи №3) бо тартиби пешбинї намудаи моддањои 39-41-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ипотека» барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 10:00, 15 феврали соли 2018 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд бо телефони (83422) 6-64-99 ва ё тавассути Раёсати адлияи вилояти Суѓд бо телефони (83422) 5-15-10 дастрас намоед.

Иљрочиёни Суди ноњияи Бобољон F афуров

Музоядаи оммавии №2, фурўши 3 адад амволи њабсшуда, яъне 1 адад гови шохдор, нарина, рангаш ќањвагї, тахминан 3-сола бо вазни 300 кг. аз назар гузаронида шудааст. Арзиши як адад гови калони шохдор тахминан 6000 сомониро ташкил медињад. 1 адад гови шохдор, нарина, рангаш сиёњ, эњтимол 1-2 сола, бо вазни 260 кг. аз назар гузаронида шудааст. Арзиши як адад гови калони шохдор 5600 сомониро ташкил медињад. 1 адад љевон (стенка)-и 4-ќабата, истењсоли хориља, рангаш ќањвагї, истифодашуда ба ташхис пешнињод карда шудаанд. Арзиши эњтимолии як адад љевони мазкур аз рўи намуд, њолати молї ва бо назардошти истифодабариаш 2000 сомониро ташкил медињад. Аз маблаѓи ибтидоии умумї 13600 сомонї аз тарафи иљрочиёни Суди ноњияи Бобољон Fафуров барои таъмин намудани њуљљати иљровараќаи иљроиши Суди ноњияи Бобољон Fафуров, тањти №2-335 аз 12 июни соли 2017 барои рўйпўш намудани ќарзи љавобгарон Юсупов Орифљон Рањматович ва дигарон дар назди даъвогар ЉДММ ТАЌХ «Матин»-и шањри Хуљанд 23 феврали соли 2018, соати 10:00 дар ноњияи Бобољон Fафуров, шањраки Fафуров, кўчаи Њобилов, бинои №3, њуљраи №7 баргузор мегардад. Иштирокчиёни музояда уњдадоранд ба депозити иљрочиёни суд 5 фоиз, яъне 680 сомонї аз арзиши моликияти фурўхташаванда пешпардохт супоранд. То рўзи барпошавии музоядаи оммавї хоњишмандон метавонанд ба Суди ноњияи Бобољон Fафуров, утоќи кории №7 мурољиат намоянд. Телефон барои тамос: (83442) 3-37-40.

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шуъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

наврасону љавонон бо дастгирии соњибкорон ва тариќи њашар майдончаи футболбозї бунёд ва ба истифода дода шуд, ки имрўз дар ин љо мусобиќањои байни мањаллањо, корхонаву муассисањо доир карда мешаванд. Мардум имсол ният доранд, ки бо гарм шудани њаво девори ќабристонро тариќи њашар аз нав бардоранд. Албатта, дар корњои хайру саховати ободонии мањалла наќши вакилони мардумї ва соњибкорон шоиста аст. Љоиз ба зикр аст, ки ин саховатпешагон дар њар иду айём оилањои камбизоату танњоро аёдат намуда, кўмаки моддї мерасонанд. Бо дастгирии эшон девори афтидаи њавлии Бишарифа Ќодирова аз нав бардошта, њамчунин њавлии зани бесаробон Абдуллоева таъмир, фарзандони ду оилаи камбизоат хатнасур карда шуданд. Анъанањои неки мањалла аст, ки дар иду айём, бахусус рўзи Артиши миллї модарони сарбозоне, ки дар хизмати Ватан њастанд, аёдат ва бо маводи ѓизої кўмак карда мешавад, ки ин низ дар тарбияи ватандўстї, хештаншиносии мардум, бахусус љавонон наќши муњим дорад. Мањаллаи Раззоќ дар соњили рўди Сир тўл кашида, сокинони он аз замонњои ќадим аз рангинкамони рўд наќш бардоштаву матои адрасу атлас офаридаанд. Бењтарин косибони атласбофи шањри Хуљанд аз ин мањаллаанд ва имрўз авлодони ин косибон дар коргоњи «Атласи Хуљанд» анъанањои авлодони хешро идома мебахшанд. Атласбофи маъруф Ќумрї Вањњобова алњол устоди касб буда, њунари худро дар њудуди мањалла ба беш аз сад нафар шогирд омўзонидааст ва ба пойтахти мамлакат - Душанбе сафар карда, дањњо шогирд баровардааст. Ҳамчунин, дар мањалла сулолаи њунармандон-бўрёбофон, гањворасозон фаъолият бурда, ба сокинон хизмати беминнат мерасонанд. Р.НЕЪМАТДУХТ , «Њаќиќати Суѓд»

Аз эътибор соќит

* Шањодатномаи тањсилоти миёнаи умумии силсилаи Т-ШТУ №0628951, ки соли 2013 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №25-и ноњияи Бобољон F афуров ба Саидалиев Саидакбар Осимович дода аст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 18, бинои 8, њуљраи 1, ки ба Дюдяева Ольга Анатоль евна тааллуќ дорад, бинобар гум шуда наш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи Толстой, хонаи №38, ки ба Самандарова Умеда Нўмонљо новна тааллуќ дорад, бинобар гум шуда наш, аз эътибор соќит дониста шавад. *Дипломи ДТО №0024332, ки соли 2007 бо ихтисоси њуќуќшинос Донишгоњи давладавлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон ба Љамшеди Холмурод додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шартномаи хариду фурўш, тањти фењрасти №4Ш-837 аз 8 сентябри соли 2005, хонаи воќеъ дар шањри Бўс-тон, мањаллаи Нав, бинои 4, њуљраи 3, ки ба Раљабова Лола Назировна тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эъти бор соќит дониста шавад. * Шиносномаи шањрвандї А №00515460, ки соли 2016 Шуъбаи корњои дохилии шањри Хуљанд ба Адиба Ибраги мова додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шиносномаи шањрвандї А №00646125, ки соли 2016 Шуъбаи корњои дохилии шањри Бўстон ба Олимова Са бина Сангиновна, додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад.

Њайати тањририяи рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суѓд» ба узви Иттифоќи журналистони Тољикистон Муњаммадљон Ќодирї нисбат ба даргузашти ХОЊАРАШ таъзияи чуќур баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марњум сабри љамил хоњонанд.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора Набиюллоњ СУННАТЇ СУННАТЇ Њуруфчин Аълохон Абдуѓаффорова

Âåðîñòîð Ìàúðóô¿îí ²ÎÌÈÄÎÂ

Адади нашр 7630 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.