34 2017

Page 1

ÁàíO Îäàì àúçîè ÿêäèãàðàíä!

Рўзнома аз марти Панљшанбе, 1625 июли соли соли 1930 нашр мешавад

Панљшанбе, 16 июли соли соли 2015 Шанбе, 25 марти 2017

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

№ 34 (17715)

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН ЭМОМАЛЇ РАЊМОН БА ВИЛОЯТИ СУFД

23-юми марти соли 2017 Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади иштирок дар идомаи тантанањои љашни Наврўз, шиносої бо љараёни корњои бунёдкорию созандагї ва ифтитоњи як ќатор иншооти љашнї ба вилояти Суѓд ташриф оварданд.

Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмонро Раиси вилояти Суѓд ва дигар масъулону намояндагони Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар Фурудгоњи байналмилалии Хуљанд истиќбол гирифтанд. Намояндагони ањли љомеаи вилояти Суѓд – собиќадорон, бонувони барўманд, љавонон ва ањли илму фарњанг Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои мањбуби худро бо самимияти афзуну рўњияи болида ва фазои шукўњманди наврўзї пазирої намуданд. Гурўњи љавонон, духтарони атласу адрасбабар бо иљрои суннатњои Наврўзи аљдодї шукргузорию ифтихори хешро аз сулњу Вањдати миллї, фазои ободу шукуфої тараннум намуданд, ки таљассумгару ифодагари пешрафту шукуфоии Тољикистони соњибистиќлол мебошад. Њадаф аз ин сафари кории Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба вилояти Суѓд шиносої бо рафти корњои ободонию бунёдкорї, вазъи корњои сањрої, иштирок дар маросими ифтитоњи

иншооти таъиноти гуногун, гузоштани санги асос барои сохтмони иншооти дигар ва мулоќот бо сокинону фаъолони шањру ноњияњои вилояти Суѓд мебошад. Шањру ноњияњои вилоят бо ободиву љилои тоза, сарсабзию шукуфтанњо аз файзи соњибистиќлолии кишвар ба ифтихори Наврўзи љањонї ва ташрифи мењмони Олиќадр ќабои идона ба бар карда, сокинони вилоят бо либоси идона ва шодиву нишот ба кўчањо баромада, аз Пешвои миллат ва љашни байналмилалии Наврўз истиќбол намуданд. Боиси ќайд аст, ки дар даврони соњибистиќлолї, фазои сулњу суботи сартосарии мамлакат ва љањду талоши бевоситаи Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон шањру ноњияњои вилояти Суѓд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон бењтар гардид. Ањли љомеаи вилояти Суѓд ба сањми беназири Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар барќарор кардани сулњу субот дар кишвар арљ мегузоранд. Истиќболи самимии сокинони вилоят нишон аз пуштибонии комили сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошад.

Èôòèòî³è áèíîè íàâè òàúëèìèè ìàêòàáè ¹14-è äå³àè Óí¿èè íî³èÿè Áîáî¿îí Fàôóðîâ шии барњаво низ мебошад, ки он барои бозињои волейбол, баскетбол, теннис ва футболи хурд пешбинї шудааст. Барои тамошобинон бошад, 200 љойи нишаст ташкил карда шудааст. Дар њавлии мактаб, инчунин, ду майдон-

харљи 8,5 миллион сомонї бунёд гардидааст. Пас аз мавриди бањрабардорї ќарор додани бинои нави таълимии Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №14, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам

чаи варзишї барои бозињои волейбол ва баскетбол љойгир мебошад. Бояд гуфт, ки бинои мактаби нав аз љониби ЉДММ Раёсати сохтмонии "Барќарор" дар муддати кўтоњ бо

Эмомалї Рањмон бо хонандагону омўзгорон, ањли љамоатчигї ва фаъолони ноњия мулоќоти самимона анљом доданд. Сарвари давлат дар суханронии худ зикр

карданд, ки соњаи маориф дар сиёсати давлат аз бартариятњои хоса бархурдор мебошад. Сабаб дар он аст, ки ба воситаи муассисањои таълимї, аз боѓча сар карда, то мактаби миёнаю донишгоњу донишкада мо насли соњибмаърифатро ба воя мерасонем, ки дар оянда мутахассиси касбї шуда, сањмашонро барои пешрафти кишварамон гузоранд. Дар вохўрї, њамчунин, хонандагон ва сокинон миннатдории хешро ба Сарвари давлат барои бунёди ин мактаби наву

Рўзи аввали сафари кории Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба вилояти Суѓд аз мавриди бањрабардорї ќарор додани бинои нави таълимии Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №14-и дењаи Унљии ноњияи Бобољон Ѓафуров оѓоз гардид. Сарвари давлатро дар сањни бинои мактаби мазкур хонандагону устодони ин даргоњи таълимї самимона истиќбол гирифтанд. Сипас дар вазъи мутантан бо буридани лентаи рамзї Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави таълимии Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №14 оѓоз бахшиданд. Сарвари давлат њангоми боздид аз синфхонањои мактаб ва шиносої бо шароиту имкониятњои дар он мављудбуда иброз намуданд, ки бинои мактаб дар мўњлати кўтоњ, яъне 9 моњ пурра сохта ва мавриди бањрабардорї ќарор дода шудааст. Дар мактаби мазкур ба ѓайр аз бинои нав биноњои кўњна низ фаъол буда, дар маљмўъ 1900 хонанда ба таълим фаро ги-

рифта мешаванд. Дар муассисаи таълимии мазкур 130 омўзгори соњиби маълумоти олї фаъолият доранд. Воќеан, бинои нави таълимии Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии №14 намои хеле зебо дошта, бо тарњу услуби меъмории њозиразамон бунёд ёфтааст. Бинои мактаб сеошёна буда, он барои 1080 љойи нишаст бо назардошти тањсил дар 2 баст тарњрезї карда шудааст. Дар бинои асосии мактаби нав утоќњои кории муаллимон ва 18 синфхонаи фаннї, аз љумла, синфхонањо аз фанњои астрономия, физика, химия ва информатика, ки бо тамоми лавозимоти таълимии њозиразамон муљањњаз шудаанд, љойгиранд. Бинои мактаби нав дорои толори варзи-

замонавї ва, умуман, корњои бузурги ободонию созандагї дар љумњурї баён намуданд.

2-3-4

Истиќболи самимии сокинони вилоят нишон аз љонибдории комили сиёсати созандагии Пешвои миллат мебошад!


2

Њаќиќати Суѓд

Шанбе, 25 марти соли 2017

№34 (17715)

Наврўз рукни муњими худшиносии миллї, василаи пайванди наслњо, робитаи гузаштаву имрўз аст! ÈÌÊÎÍÈßÒ²ÎÈ ÀÔÇÓÍÈ ÇŲÍÈÈ ÍÀÂÐÀÑÎÍÓ ¯ÀÂÎÍÎÍÈ ÑÀÎÄÀÒÌÀÍÄÈ ÂÀÒÀÍ Ñóõàíðîíèè Ïåøâîè ìèëëàò ÝìîìàëO Ðà³ìîí äàð ìàðîñèìè èôòèòî³è ìàêòàáè ìè¸íàè óìóìèè ðà¥àìè 14 áà íîìè Íåúìàò Áîáî¿îíîâè íî³èÿè Áîáî¿îí Fàôóðîâ

Óñòîäîíó îì¢çãîðîíè 좳òàðàì! Ôàðçàíäîíè àçèç! Пеш аз њама, ќадамњои мубораки Наврўзи байналмилалї - љашни эњёи табиат ва Соли нави аљдодиамонро ба сокинони ноњияи Бобољон Ѓафуров ва њамаи шумо самимона табрик мегўям. Наврўзи оламафрўз хонаву кошонаи мардуми моро нуру зиё мебахшад, дар вуљуди одамон поктарин эњсосот ва волотарин умеду орзуњоро бедор месозад. Наврўз рукни муњими худшиносии миллї, василаи пайванди наслњо, робитаи гузаштаву имрўз, эњёи анъанањои зебоипарастї, инсондўстї, дур сохтани кинањо ва њамдигарбахшї, рамзи дўст доштан ва расидан ба ќадри зиндагии хушу хуррам мебошад. Анъанаи нек аст, ки њамасола ба ифтихори ин љашни муќаддаси миллї мардум манзил ва муњити зисти худро тозаву озода намуда, бо нияти нек донаи умед кишт мекунанд, нињол мешинонанд, боѓ бунёд мекунанд ва барои боз њам ободу зебо ва сабзу хуррам гаштани Ватани азизамон саъю талош меварзанд. Боиси хушнудист, ки имрўз мо дар доираи ин анъанаи нек ба фаъолияти боз як макони илму маърифат, яъне бинои нави муассисаи тањсилоти умумии раќами 14 дар дењоти Унљии ноњияи Бобољон Ѓафуров њусни ифтитоњ бахшидем. Љамоати дењоти Унљї яке аз љамоатњои калонтарини вилоят ба шумор меравад. Сокинони дењоти Унљї боз аз он ифтихор мекунанд, ки Ќасри таърихии Арбоб - саодатбахши мардуми Тољикистон ва кохи бегазанди сулњу вањдати тољикон дар њудуди он воќеъ мебошад. Бисту панљ сол ќабл мањз дар њамин макони таърихї сулњу оштї бар љангу хунрезї

ва вањдату њамдигарфањмї бар душманї пирўз гардида, Тољикистони азизи мо аз вартаи нобудї ва миллатамон аз парокандагї рањо ёфт. Аз ин лињоз, имсол барои тамоми мардуми кишвар, аз љумла, барои њар яки шумо соли мубораку таърихї аст. Зеро моњи ноябри соли равон мо њама якљо ин љашни таърихї, яъне бисту панљсолагии Иљлосияи таќдирсози шонздањуми Шўрои Олии Љумњурии Тољикистонро таљлил хоњем кард.

таъкид намоям, ки то њанўз масъалаи таъмини хонандагон бо љои нишаст дар мактабњои њудуди дењоти Унљї нигаронкунанда боќї мемонад. Алњол теъдоди кўдакону наврасони синни мактабї дар дењоти он ба 10 њазор нафар расида, танњо 5000 нафари онњо бо љойи нишасти таълимї таъмин мебошанд. Аз ин рў, ваќтњои наздиктарин бо дастгирии Њукумати мамлакат ва бо љалби сармояи хориљї бунёди боз як мактаби замонавї барои 1000 љойи нишаст ва бинои Раёсати маорифи вилоят оѓоз гардида, дар мўњлатњои наздиктарин ба истифода дода хоњанд шуд. Дар баробари ин, ба роњбарияти вилоят ва ноњия зарур аст, ки бо истифода аз захираву имкониятњои дохилї, аз љумла, тавассути љалби соњибкорон ва шахсони њимматбаланд доир ба бунёди биноњои нави таълимї ва синфхонањои иловагї, инчунин, сохтмони кўдакистони замонавї чорањои иловагї андешанд. Айни замон дар ќаламрави ноњия 129 муассисаи таълимї фаъолият дорад, ки дар онњо беш аз 4500 нафар омўзгор, аз љумла зиёда аз 3500 нафар занњо бо таълиму тарбияи 66 њазор нафар хонанда машѓул мебошанд. Дар даврони Истиќлолияти давлатї дар

рифи вилоят бармеояд, дар ин самт мунтазам тадбирњои судманд амалї карда мешаванд. Масалан, соли хониши гузашта дар вилоят масъалаи бо тањсилоти миёна фаъолият кардани омўзгорон пурра бартараф карда шудааст. Њамчунин, мусаллам аст, ки яке аз омилњои баланд бардоштани сифати таълими омўзгорон дастгирї ва њавасмандии моддии онњо мебошад. Бо маќсади ќадрдонии зањмати омўзгорон ва шогирдони онњо, ки дар озмунњои байналмилалї соњиби љойњои ифтихорї мегарданд, аз њисоби маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят мукофоти якваќтаи пулї ба маблаѓи аз 3 њазор то 50 њазор сомонї таъсис дода шудааст. Чунин дастгирињо ба он мусоидат кардаанд, ки иштироки хонандагон дар олимпиадањои фаннии љумњуриявиву байналмилалї ва натиљањои донишу малакаи онњо мунтазам бењтар шуда истодаанд. Соли 2016 дар олимпиадањои фаннии љумњуриявї 71 нафар хонандаи муассисањои таълимии шањру ноњияњои вилоят ба дарёфти љойњои фахрї мушарраф гардида, 43 нафар хонанда дар олимпиадаву озмунњои байналмилалї сазовори љойњои ифтихорї гардидаанд.

илм, роњбарони маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї ва сохтору маќомоти дахлдори давлатї супориш дода мешавад, ки доир ба сохтмони муассисањои нави таълимї, биноњо ва синфхонањои иловагї, инчунин, људо намудани ќитъањои замин барои соњибкорон чорањои амалї андешанд. Чунонки огоњед, 22-юми декабри соли 2016 дар Паёми Президент ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон соли 2017–ум Соли љавонон эълон гардид. Њадафи иќдоми зикршуда, пеш аз њама, фароњам овардани шароити мусоиди рушди имкониятњои зењнї барои наврасону љавонони саодатманди даврони истиќлолият дар љодаи амалї шудани орзуву ниятњои неки онњо мебошад. Вобаста ба ин, ба шумо, фарзандони азиз, бори дигар таъкид месозам, ки вазифаи аввалиндараљаи њар яки шумо илму дониш омўхтан, аз худ кардани технологияњои муосири иттилоотї, касбу њунарњои замонавї, дар сатњи аъло донистани забони модарї ва забонњои хориљї, яъне њамчун насли соњибмаърифату донишманд ба камол расидан ва барои фардои дурахшони Ватани мањбубамон манфиат овардан аст. Ба падару модарони мўњтарам ва усто-

њудуди ноњия ба маблаѓи умумии ќариб 50 миллион сомонї 26 муассисаи нави таълимї, биноњои нав ва синфхонањои иловагї барои 7600 љойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд. Ќобили зикр аст, ки омўзгорони мактабњои ноњияи Бобољон Ѓафуров дар сатњи вилоят ва мамлакат бо тарбияи кадрњои донишманду лаёќатманд ва соњибтаљриба шўњрат дошта, шогирдони тарбиякардаи онњо њоло дар рушди соњањои мухталифи кишварамон сањми шоиста мегузоранд. Бовар дорам, ки омўзгорону устодони муассисањои таълимии ноњия минбаъд низ таљриба ва малакаи хешро тањкиму таќвият бахшида, дар тарбияи наслњои ояндасози халќамон сањми арзандаву ватандўстонаи худро мегузоранд. Бо дарназардошти он, ки рушди соњаи илму маориф аз љумлаи самтњои калидии сиёсати иљтимоии давлат мебошад, Њукумати мамлакат маблаѓгузории онро мунтазам афзоиш медињад. Масалан, маблаѓгузории соњаи маорифи вилояти Суѓд соли 2016 ба 666 миллион сомонї расонида шуд. Тавре, ки аз тањлили вазъи соњаи мао-

Њамчунин, бояд гуфт, ки бо маќсади иљрои ќарори Њукумати мамлакат дар назди муассисањои таълимии вилоят зиёда аз 1000 мањфили сўзанидўзиву ќолинбофї, атласу адрасбофї ва 655 мањфили рўзгордорї амал менамояд. Дар баробари ин, њоло дар соњаи маорифи вилоят як ќатор мушкилоту камбудињо мављуданд, ки њалли сариваќтии онњо ба пешрафти минбаъдаи соња мусоидат мекунад. Аз љумла, то њанўз масъалаи таъминот бо китобњои дарсї пурра њаллу фасл нашудааст. Инчунин, бо сабаби торафт зиёд гардидани шумораи хонандагон дар муассисањои таълимии вилоят нарасидани љойи нишаст ба проблемаи љиддї табдил ёфтааст. Яке аз роњњои њалли мушкилоти зикршуда љалби имкониятњои соњибкорон ва бунёди муассисањои таълимии хусусї мебошад. Ќобили тањсину дастгирист, ки њоло 35 нафар соњибкор тасмим гирифтаанд, ки дар шањру ноњияњои гуногуни вилоят мактабу кўдакистонњои хусусї бунёд намоянд. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва

дону омўзгорон мурољиат карда, хотирнишон карданиам, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, риояи талаботи Ќонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва хусусан, пешгирї кардани таъсири њар гуна аќидаву андешањои бегона ба зењну шуури љавонон ва пайвастани онњо ба њаракату равияњои ифротгарову террористї эътибори љиддї дињанд. Фаромўш набояд кард, ки тарбияи фардњои ояндасоз ва парчамбардорону идомадињандагони иќдомњои неки падарону бобоён аз мо, насли калонсоли имрўза вобаста мебошад. Бо њамин ниятњои нек, бори дигар њамаи шумо ва кулли сокинони ноњияи Бобољон Ѓафуровро ба ифтихори фарорасии љашни бузурги миллиамон – Наврўзи байналмилалї табрику тањният гуфта, ба кулли сокинони сарбаланди ноњия саломативу саодатмандї, рўзгори хушу осуда ва ба омўзгорону хонандагони ин боргоњи маърифат комёбињои тоза ва хониши хубу аъло орзу менамоям.

²îçèðèíè ãèðîìO!

Муассисаи тањсилоти миёнаи умумии раќами 14 ба номи Неъматљон Бобољонови ноњияи Бобољон Ѓафуров соли 1927 њамчун мактаби ибтидої ташкил гардида, соли 1940 ба муассисаи тањсилоти миёнаи умумї табдил дода шуда буд. Муассиса аз чор бинои таълимї иборат буда, бинои якуми он, ки то имрўз хонандагони синфњои ибтидої дар он тањсил доштанд, соли 1927 ба тариќи њашар сохта шуда, аз 9 синфхона иборат буд. Деворњои бино фарсуда гашта, имконияти таълим дар ин бино мављуд набуд. Аз ин рў, тайи солњои охир тањсил дар ин мактаб дар се баст роњандозї мегардид. Бинои навбунёди имрўза сеошёна буда, дорои 18 синфхона бо 1080 љойи нишаст, озмоишгоњњои фаннї, толор ва майдончаи варзишї, маркази гармидињї ва ошхона мебошад. Барои бунёди муассиса ва бо таљњизоти таълимї, аз љумла, мизу курсї таъмин намудани он 8,5 миллион сомонї сарф гардидааст. Бо истифода аз фурсат, ба кулли сохтмончиён ва ба онњое, ки дар бунёди ин муассисаи таълимии муосир сањм гузоштаанд, изњори сипос менамоям. Дар баробари ин, мехоњам як нуктаро

Äîèìî áîøåä!

ñàðáàëàíäó

êîì¸á


Шанбе, 25 марти соли 2017

№34 (17715)

Њаќиќати Суѓд

3

Атласу адрас матоъњои миллии мардуми тољик, нишон аз таровату файзи даврони соњибистиќлолианд! ØèíîñîO áî ôàúîëèÿòè ¯àìúèÿòè äîðîè ìàñúóëèÿòàø ìà³äóäè “Àòëàñè Õó¿àíä”

23-юми марти соли 2017 Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар шањри Хуљанди вилояти Суѓд бо фаъолияти Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди «Атласи Хуљанд» шинос шуданд.

Дар доираи сафари корї дар вилояти Суѓд Асосгузори сулњу Вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар мањаллаи 34-уми шањри Хучанд як бинои 9 - ошёнаи истиќоматиро бо марказњои савдою хизматрасонї мавриди бањрабардорї ќарор доданд.

Зимни боздид ба Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур њанўз соли 1966 дар масоњати 7,7 гектар бунёд шуда буд ва аз он замон то имрўз дар ин љо асосан мањсулоти абрешимї, аз ќабили матои атлас истењсол карда мешавад. Ин корхона, ки дар гузашта бозори Тољикистон ва минтаќаро бо матои хушсифати атлас таъмин мекард, як муддат, яъне то соли 2005 бо иќтидори пуррааш фаъолият надошт ва аз њамон сол инљониб бо дастгирї ва таваљљўњи бевоситаи Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон дубора барќарор карда шуда, дар ин љо истењсоли атласу адрас роњандозї гардид. Айни замон дар корхонаи «Атласи Хуљанд» 32 адад дастгоњи худкори матоъбофї насб гардида, бо истифода аз он тавлиди атласу адрас, ки имрўз талабот ба ин ду навъи матои миллии мардуми тољик њам дар дохил ва њам дар бозори минтаќа бештар мебошад, васеъ ба роњ монда шудааст. Имрўз дар корхонаи мазкур беш аз 100 нафар љавонон машѓули кор буда, зиёда аз 60 намуди атлас ва 30 намуди адрас истењсол мешавад, ки аз нигоњи

Èôòèòî³è áèíîè èñòè¥îìàòO äàð øà³ðè Õó¿àíä âà èøòèðîê äàð áàçìè íàâð¢çèè 500 ê¢äàêè ÿòèì Иншооти мазкур бо харљи 15 миллиону 286 њазор сомонї аз љониби соњибкори ватанї Аюб Тоњиров сохта, ба истифода дода шудааст. Корњои сохтмониро дар бинои 9 - ошёна коргарону мутахассисони ватанї ба анљом расондаанд ва иншооти мазкур аз нигоњи меъёрњои меъморї ба талаботи замони муосир љавобгў мебошад. Бинои истиќоматї дорои 50 хона, аз љумла 10 хонаи якњуљрагї, 18 дуњуљрагї, 10 сењуљрагї ва 12 хонаи чорњуљрагї аст. Дар ошёнањои 1 ва 2 марказњои савдо ва хизматрасонї љойгир мебошад. Зимни шиносої Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо шароити манзилњои зист ба сифати корњои сохтмонї бањои баланд дода, иќдоми пешгирифтаи соњибкорро дар самти бунёдкорию ободонї иќдоми шоиста арзёбї карданд. Баъди ифтитоњи бинои баландошёнаи истиќоматї дар њамин љо Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї

¯àðà¸íè ñàôàðè êîðèè Ïåøâîè ìèëëàò äàð øà³ðè Èñôàðà Субњи 24-уми марти соли равон Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо маќсади иштирок дар ифтитоњи як ќатор иншооти њаётан муњим ба шањри Исфараи вилояти Суѓд ташриф оварданд. Дар фурудгоњи муваќќатии шањр Пешвои миллат, мўњтарам

Эмомалї Рањмонро сокинону фаъолон бо эњтирому самимияти

сифат ва тарњ љавобгўи стандартњои байналмилалї мебошанд. Дар корхонаи «Атласи Хуљанд» давоми як сол бо истифода аз шароиту имконоти мављуда 60 њазор метри тўлонї атлас истењсол карда мешавад ва агар басти дуюми корї роњандозї гардад, ин нишондод ба 120 њазор метри тўлонї хоњад расид. Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон таъкид доштанд, ки дар сурати ба инобат гирифтани талаботи ањолї ва ба роњ мондани истењсоли мањсулоти раќобатпазир метавон њам дар дохил ва њам берун аз кишвар харидорони бештарро пайдо кард. Ин омил, пеш аз њама, ба афзоиши мањсулот мусоидат намуда, воридоти он аз хориљи кишвар низ ба пуррагї аз байн хоњад рафт. Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба масъулони Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд ва вазорату идорањои дахлдори кишвар супориш доданд, ки корхонаи мазкур ба пуррагї бо ашёи хом таъмин карда шавад, зеро дар њоли дастрасии пурра ба абрешим њаљми мањсулот зиёд гардида, дар ин замина љойњои нави корї низ таъсис меёбанд.

хосса ва ба таври бошукўњ истиќбол гирифтанд. Њамасола дар рўзњои таљлили Наврўзи байналмилалї Сарвари давлат дар доираи тадбирњои созандагиву бунёдкорї ба шањру навоњии вилояти Суѓд ташриф меоваранд.

Рањмон ба дањ нафар аз оилањои маъюб калиди хонањои истиќоматиро таќдим намуданд. Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба соњибкори ватандўст Аюб Тоњиров барои анљоми кори хайр, иќдоми наљибу савоб дар рўзњои таљлили љашни байналмилалии Наврўз изњори сипос карданд. Оилањои маъюбе, ки дар ин бинои хуштарњу замонавї соњиби хонањои барњаво гардиданд, ба Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон арзи сипосу миннатдорї карданд. Дар ошёнаи якуми бинои истиќоматї барои 450 нафар ятими кулл дастархони наврўзї ороста шуда, њамзамон хатнасури 50 нафар кўдак аз оилањои ниёзманд баргузор гардид. Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон њама кўдаконро ба муносибати фарорасии љашни байналмилалии Наврўз табрику тањният гуфта, ба онњо тўњфањои арзанда таќдим намуданд.


4

Њаќиќати Суѓд

Шанбе, 25 марти соли 2017

№34 (17715)

Èôòèòî³è Áî˜è ôàð³àíãO-ôàðî˜àòèè áà íîìè Ñàéôóääèíè ÈñôàðàíãO Дар доираи боздиди корї аз шањри Исфара Асосгузори сулњу Вањдати миллї Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар маркази ин шањри бостонї дар маросими баъд аз таљдиду навсозї мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани Боѓи фарњангї - фароѓатии ба номи Сайфуддини Исфарангї ширкат варзиданд. Сокинони шукргузор ва вањдатсарои шањри Исфара Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмонро бо шањомати махсус ва рўњияи идонаи наврўзї пазирої карданд. Лозим ба зикри хос аст, ки иќдоми навсозии ин Боѓи фарњангї - фароѓатї дар асоси дастуру њидоятњои Роњбари давлати Тољикистон рўи даст гирифта шуда, натиљаи татбиќи сиёсати фарњангпарваронаи Пешвои миллат мебошад. Бояд гуфт, ки ин гўшаи шањр нообод буд ва дар заминаи тадбирњои созандагиву иќдомоти бунёдкорї ба

як минтаќаи муносиби истироњатї ва сайргоњи бошандагони шањри Исфара табдил дода шуд. Тибќи наќшањои меъмории тасдиќгардида дар Боѓи фарњангї-фароѓатии ба номи Сайфуддини Исфарангї бунёди дарвоза - даромадгоњ, фаввора ва шаршарањо, минбар - нишастгоњи бо тарзи миллї кандакоришуда, роњравњо, нишастгоњњо, чароѓонкунии ороишї ва сабзазору кабудизоркунии њудуди боѓ бо масоњати 2,8 гектар сурат гирифт.

Дар њамин мавзеъ муљассамаи шоири тољику форс Сайфуддини Исфарангї бо баландии зиёда аз 5,5 метр гузошта шуд. Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон парда аз болои муљассамаи шоири тољику форс Сайфуддини Исфарангї бардошта, ба фаъолияти ин боѓ оѓози расмї бахшиданд. Мавлоно Сайфуддини Исфарангї аз зумраи шоирони номовари адабиёти тољикї - форсии садаи ХIII буда, дар адабиёт ва шеъру шоирї мавќею маќоми хос ва дар илму фан манзалати воло доштааст. Зикр рафт, ки арзиши умумии Боѓи фарњангї- фароѓатии ба номи Сайфуддини Исфарангї бештар аз 4 миллиону 200 њазор сомониро ташкил дода, асосан бунёди он тариќи њашар бо дастгирии корхонањои саноатї, ташкилоту муассисањо, соњибкорони саховатпеша ва ањолии шањраку дењоти Исфара сурат гирифтааст. Умуман, масоњати зери таљдид ва азнавсозї ќароргирифтаи боѓ 3,3 гектар буда, аз он зиёда аз 8000 метри мураббаъ масоњати майдону роњравњо мебошад. Пудратчии асосии азнавсозии боѓи фарњангию фароѓатии ба номи Сайфуддини Исфарангї ЉДММ «Ширкати сохтмонии Исфара», «Асри Х», инчунин ЉСК «Шабакањои барќии Исфара», ќитъаи обтаъминкунии обу ташноб буда,

Θîçè ôàúîëèÿòè ¯ÄÌÌ "Áàðàêàò - Èñôàðà" Дар рўзњои таљлили бошукўњи Наврўзи љањонї бо иштироки Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар шањри Исфара иншооти гуногун мавриди бањрабардорї ќарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалї Рањмон нахуст ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди "Баракат-Исфара" ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоњ оѓози расмї бахшиданд. Корхонаи мазкур бо сармоягузории соњибкорони Федератсияи Россия, ки 97 дарсадро ташкил медињад, бунёд ва бо дастгоњу таљњизоти замонавї муљањњаз гардидааст. Маблаѓи умумї барои бунёд ва ба таври пурра ба роњ мондани фаъолияти ин корхона 3 миллион доллари амрикої ё худ 24 миллион сомониро ташкил медињад. Дар Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди "Баракат-Исфара" коркарди мањсулот бо истифода аз буѓи гарм нарм сохтани зардолу ва сиёњолу, гирифтани донак, коркарди безараркунї, ташхиси озмоишї, ба навъњо људо кардан ва банду басти мевањо ба роњ монда шудааст. Мањсулоти коркардшуда асосан ба Федератсияи Россия, Ќазоќистон, Иттињоди Аврупо ва Иёлоти Муттањидаи Амрико содирот мегардад. Дар коргоњ 70 нафар соњиби љойи кор гардиданд, ки аз ин њисоб 65 нафар зан ва 5 каси дигар мардон мебошанд. Маоши кормандон вобаста аз мавсими корї аз 700 то 2000 сомониро дар бар мегирад. Сарвари давлат бо фаъолияти корхона бевосита

шинос шуда, ба корњои анљом додашуда бањои баланд доданд. Барои коркарди босифати мањсулоти меваи хушк дастуру супоришњои мушаххас дода шуд. Истењсолгарон навъњои мањсулоти аз меваи хушк омодагардидаро низ ба намоиш гузоштанд. Сарвари давлат аз мањсулоти истењсолкардаи соњибкорон дидан карда, барои бештар фаро гирифтани бозори дохилї ва зиёд намудани истењсолоту ба њамин васила кам кардани талафоти њосили мева дастуру тавсияњои муфид доданд. Намояндагии корхона дар шоњроњи Исфара Хуљанд љойгир шуда, аз коргоњи банду басти меваи хушк ва сардхона барои нигоњдории мањсулоти худи корхона пешбинї гардидааст. Ба гуфти масъулин дар маљмўъ дар Љамъияти дорои масъулияташ мањдуди "Баракат-Исфара" ва филиали он дар шоњроњи Исфара - Хуљанд 170 нафар ба корњои мавсимї љалб мегарданд. Таъкид шуд, ки дар сурати пешрафти кор имкон њаст, ки шумораи кормандон боз њам бештар карда шуда, то ба 250 нафар ба фаъолият дар ин коргоњ љалб шаванд. Дастгоњњои дар ин корхона насбу васлгардида аз Россия ва Туркия харидорї шудаанд. Мањсулоти корхона ба меъёри љањонї љавобгўй мебошад.

Њаќиќати Суѓд

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Индекси обуна 68894

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

фармоишгари иншоот шўъбаи сохтмони асосии маќомоти иљроияи шањр мањсуб меёбад. Баъд аз анљом ёфтани маросими пардабардорї аз болои муљассамаи Сайфуддини Исфарангї, Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар назди сокинони шањри Исфара ва намояндагони доирањои адабї суханронї карда, бошандагони ин шањри бостониро бо фарорасии љашни Наврўзи байналмилалї шодбош гуфтанд ва иншооти дар ин рўз мавриди бањрабардорї ќароргирифтаро тўњфаи арзандаи наврўзї унвон карданд. Дар суханронии Сарвари давлат перомуни наќши шоиру мутафаккири барљастаи тољику форс Сайфуддини Исфарангї, рушди соњањои алоњидаи хољагии халќи ин шањри агросаноатї, њамкории густурдаи давлат бо бахши хусусї, пешрафти соњибкории хурду миёна ва инкишофи туризм дар шањри Исфара ибрози андеша сурат гирифт. Дар нињояти чорабинї дар иртибот ба мавриди бањрабардорї ќарор гирифтани Боѓи фарњангї - фароѓатии ба номи Сайфуддини Исфарангї барномаи мукаммали консертї доир шуд.

Дар шањри Исфара Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо рафти корњои азнавсозї дар Љамъияти сањњомии кушодаи Осоишгоњи “Зумрад” шинос шуданд. Зимни шиносої аз шароити нави осоишгоњ, ки коргарону мутахассисони Љамъияти сањњомии пўшидаи “Сомонсуѓд” бањри мустањкамнамоии пойгоњи моддию техникии осоишгоњ барои мизољон муњайё кардаанд, иттилоъ дода шуд, ки дар рафти корњо бинои раќами 4 аз таъмири асосї бароварда, хизматрасонии ошхонаи осоишгоњ ба талаботи рўз мутобиќ карда шудааст.

ØèíîñîO áî ðàôòè êîð³îè àçíàâñîçO äàð ¯àìúèÿòè ñà³³îìèè êóøîäàè Îñîèøãî³è “Çóìðàä”

Аз тарафи кормандони Љамъияти сањњомии пўшидаи “Сомонсуѓд” њамчунин, дар њудуди осоишгоњ бо маќсади таъмини пурраи ошхонаи осоишгоњ бо гўшт, шир, сабзавоту полезї фермањои моливу ширї, паррандапарварї ва 4 гармхона бунёд карда шудааст. Бо маќсади ба як љойи боз њам хушобу њаво ва дилнишин мубаддал гардонидани ин мавзеъ дар осоишгоњ 4 њазор бех дарахт мевадињанда, 1000 дарахти ороишї ва 11 њазор бех гули гуногун шинонида шудааст. Дар маљмўъ барои корњои таъмиру таљдиди осоишгоњ аз љониби соњибкорони ватанї беш аз 20 миллион сомонї сарф гардидааст. Дар њамин љо Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон барои бунёди мењмонхонаи нави Осоишгоњи “Зумрад” санги асос гузоштанд. Мењмонхона аз тањхона ва 6 ошёна иборат буда, дар тањхона ташкил намудани хуљрањои ташхисию табобатї бо таљњизоти

муосири соњавї дар назар дошта шудааст. Дар ошёнаи якум ќабулгоњ ва њуљрањои ќабули табибон, инчунин толори варзишї-фитнес, нуќтањои тиббї, фурўши рўзномаю маљаллањо, армуѓонњо ва кошонаи њусн, дар ошёнаи дуюм маљлисгоњ, ошхона ва дар ошёнањои болої њуљрањои истиќоматї барои 300 нафар истироњаткунанда - аз њуљрањои як ва дунафара ба наќша гирифта шудааст. Њамаи њуљрањо мутобиќ ба талаботу меъёрњои стандарти муосир бунёду муљањњаз ва бо шабакаи љањонии интернет пайваст карда хоњанд шуд. Боми бино низ барои истироњату фароѓат ва њам пешбурди амалњои иќлимшифої - табобат бо нури офтоб пешбинї шудааст. Тибќи наќша дар ду соли оянда барои истироњату фароѓат ва табобати 1200 нафар шароит фароњам оварда мешавад. Дар шафати бинои мазкур низ мутобиќи лоињаи муосир аквапарк бунёд карда мешавад. Ба Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон њамчунин, Лоињаи бунёди Маркази

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд, истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

ташхисї-табобатии муосир иборат аз 2 ошёна дар даромадгоњи осоишгоњ муаррифї карда шуд. Дар ин љо инчунин, сохтмони ќароргоњи њукуматї барои ќабули мењмонони фахрї ба наќша гирифта шудааст, ки дар масоњати 5,6 гектар замини људогардида мутобиќ ба меъёрњои байналхалќї бунёд карда хоњад шуд. Ќароргоњ аз мењмонхона, табобатгоњ, тарабхона, майдони варзишї, њавзњои тобистона ва зимистонаи шиноварї, толорњо барои гузаронидани гуфтушуниду љаласањо, фаввораю гулгаштњо ва дигар нуќтањои хизматрасонї иборат мебошад. Баъди шиносої бо шароити кору хизматрасонї дар Осоишгоњи “Зумрад” Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба соњибкорони ватанї бобати муњайё намудани шароити хуби истироњату табобат ва тавонбахшї, таъсиси љойњои нави кор ва дигар иќдомоти шоиста бањои баланд дода, ба онњо барору комёбињои нав орзу намуданд. www.prezident.tj

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Шоира САЛИМОВА Њуруфчин Раъно Юсуфова Веростор Маъруфљон Њомидов

Адади нашр 8230 нусха Супориши № ___


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.