33 2017

Page 1

Эмомалї РАЊМОН: Наврўз сарчашмаи гаронбањои маънавї,

воситаи муњими сарљамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, њидоятгари ањли љомеа ба сўйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад. Банї Одам аъзои якдигаранд! Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти соли 1930 нашр мешавад

Панљшанбе, 23 марти соли 2017

№ 33 (17714)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

Иштироки Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар љашни љањонии Наврўз дар шањри Турсунзода

Дар шањри Турсунзода баъди ифтитоњи як ќатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносої бо рафти корњои сањрої Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар тантанањои бошукўњи идонаи љашни байналмилалии Наврўз иштирок ва суханронї карданд. Тантанањои асосии таљлили Наврўзи љањонии хуљастапай дар варзишгоњи марказии шањр баргузор шуда, дар он фаъолони кишвар, намояндагони зиёиёни мамлакат, намояндагони корпуси дипломатї ва созмонњои байналмилалии муќими шањри Душанбе, мењмонон аз кишварњои хориљ ва сокинони шањри Турсунзода ширкат варзиданд. Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон зимни суханронї нахуст њамаи њозирин ва дар шахси онњо кулли мардуми шарафманди тољик, инчунин, њамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Наврўзи фархундаву оламафрўз - љашни бедории табиат самимона табрику тањният гуфтанд. Бино ба таъкиди Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон љашни Наврўз таърихи

бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушњолї барои инсоният мебошад. Наврўз дар давоми таърихи беш аз панљњазорсола ва роњи пуршебу фарози худ мазмуни амиќу васеи иљтимої ва амалї касб намудааст. Бо дарназардошти њамаи хусусиятњои неки инсонпарваронаи ин љашни аљдодї пешнињоди созандаи Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон аз љониби беш аз 190 кишвари аъзои Созмони Милали Муттањид пазируфта шуд ва ќатъномаи махсуси ин созмони бонуфузи сайёра оид ба додани маќоми байналмилалї ба Наврўзи Аљам ќабул гардид. Зимни суханронии худ Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон таъкид доштанд, ки таљлили љашни бостонии Наврўз дар шањри

Турсунзода басо рамзї мебошад, зеро мардуми куњанбунёди он дар пойдории асолат, пояњои таърихиву фарњангии Наврўз ва њифзу идомаи накўтарин анъанањои миллї сањми басо арзишманд доранд. Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо итминон иброз доштанд, ки идомаи суннатњои неки аљдодї, аз љумла корњои ободонї, бунёди боѓњо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кўчаву хиёбонњо ва намуди идона бахшидан ба шањру дењот имконияти бењтарини баланд бардоштани сатњи маърифати љавонон, таблиѓи зањмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоќи њамида, њисси миллї ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад. Дар охир Асосгузори сулњу Вањдати миллїПешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бори дигар њамаи иштирокчиёни љашни байналмилалии Наврўз ва кулли мардуми шарафманди тољикро бо фарорасии иди ниёгон табрику шодбош гуфтанд.

Баъди суханронии Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон барномаи бошукўњи фарњангї ва намоиши театрикунонидашуда ба ифтихори Наврўзи оламафрўз, ки аз

љониби устодони санъати љумњурї ва њунармандони шањри Турсунзода дар сатњи баланд тањия гардида буд, пешкаши мењмонону иштирокчиёни тантанањои идона карда шуд.

ÍÀ£ØÈ ÀÐÇÈØÌÀÍÄÈ ØÀ²ÐÈ Ä¡ÑÒD ÄÀÐ ÀÑÎËÀÒÈ ÀÍÚÀÍÀ²ÎÈ ÌÈËËD Њамдиёрони азиз! Њозирин ва мењмонони гиромї! Кулли мардуми шарифу фарњангии Тољикистон, њамватанони бурунмарзї, халќњои њавзаи тамаддуни Наврўз, хурду бузурги мардуми зањматкашу сарбаланди шањри Турсунзода ва њамаи шумо, њозирини арљмандро ба ифтихори Наврўзи фархундаву оламафрўз - љашни бедории табиат ва инсон самимона табрик мегўям. Наврўз дар Тољикистон ба шарофати Истиќлолияти давлатї эњё гардид, шукўњу шањомати тоза пайдо кард ва ба яке аз љашнњои бузургу муќаддаси миллии мардуми тољик табдил ёфт. Ќобили зикри махсус аст, ки љашни Наврўз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушњолї барои инсоният мебошад. Мањз бо њамин сабаб арзишњои онро, ки ба нафъи љомеа мебошанд, худи љомеа, яъне халќ пос медорад. Дар айёми наврўзї њаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармї бар сардї ѓалаба мекунад, ки ин њама боиси дилгармии инсон, пеш аз њама, марди дењќон ба зиндагї мегардад. Фарњанги ориёї дар тимсоли Наврўз ба љањониён љашнеро бахшидааст, ки бар пояи мењру садоќат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, аќлу мантиќро бар љањлу зулмат пирўз гардонидааст. Ва тавре, ки мушоњида мекунем, хусусан, имрўз халќњои сайёра беш аз њар ваќти дигар ба дўстиву њамкорї ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврўз њоло низ метавонад њамчун ойини мењру фарњанг дар самти њамгироии мардуми олам наќши муассир бозида, инсониятро ба сўи хушбахтї ва саодати воќеї рањнамої созад. Њамватанони азизи мо хуб медонанд, ки доир ба таърихи пайдоиш, шукўњу шањомат ва њикмату фалсафаи ин ойини нек дар осори гаронбањои гузаштагони мо, аз “Авасто” сар карда то «Наврўзнома»-и Умари Хайём ва дигар сарчашмањои таърихї маълумоти фаровоне зикр гардида, дар онњо маќому манзалат ва бузургии ин оини ростин тавсиф шудааст. Бо дарназардошти њамин ањамияти инсонгароёна ва умумибашарии Наврўз чанд сол пеш ин љашни бостонї бо ташаббуси Тољикистон ва дастгирии дањњо кишвари олам, аз љумла, мамолики њавзаи тамаддуни Наврўз бо Ќатъномаи Маљмаи Умумии Созмони Милали Муттањид маќоми байналмилалї гирифт, ки ин падида, албатта, мояи ифтихори мардуми фарњангии тољик ба њисоб рафта, њар сол дар рўзи љашнгирии ин оини ростини ќадимї хусусиятњои хоси миллии онро, ки аз ниёгони бузургамон мерос мондаанд, ба љањониён муаррифї менамоянд. Наврўз дар давоми таърихи беш аз панљњазорсола ва роњи пуршебу фарози хеш мазмуни амиќу васеи иљтимої ва амалї касб намудааст. Дар фалсафаи Наврўз амали созандаву офаранда чун нахустунсури фаъолияти инсон шинохта мешавад, ки њунари кишоварзї баёнгари возењтарини он мебошад. Њамчунин, зикр бояд кард, ки бахшиши гуноњњо, навозиши ятимону маъюбон, аёдати калонсолону беморон, хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон ва сањм гузоштан дар корњои созандагиву ободгарона – донаи умед коштан, нињолњои босамар шинонидан, тозаву озода кардани хонаву кошона ва кўчаву растањо, инчунин, либоси тозаи идона ба бар кардан аз љумлаи суннатњои асосии Наврўз ба шумор мераванд. Њамин аст, ки њар сол дар арафаи таљлили ин љашни бузург бо ташаббуси шахсони њимматбаланд, аз љумла, соњибкорони бонангу номуси кишвар дар шањру ноњияњои гуногуни мамлакат тавассути бунёди иншооти хурду бузурги истењсолї ва хизматрасониву тиљоратї њазорњо љойи нави корї таъсис дода мешаванд.

Ñóõàíðîíèè Ïðåçèäåíòè ìàìëàêàò ÝìîìàëO Ðà³ìîí áà èôòèõîðè ¿àøíè Íàâð¢ç

Њамватанони азиз! Мо ифтихор мекунем, ки Тољикистони мо ватани Наврўз аст ва дар сарзамини мо тантанањои наврўзї њамчун оѓози корњои бањорї ва файзу баракати сол, пеш аз њама, ба кишоварзон нерўи тоза мебахшанд. Мо имрўз якљо бо мардуми мењмоннавози шањри Турсунзода ва намояндагони дигар шањру навоњии кишвар таљлили Наврўзро дар ин шањри зебову пешрафтаи диёрамон идома медињем. Шањри Турсунзода, ки бо мардуми њимматбаланду саховатпеша, фарзандони далеру шуљоъ ва ангуру мевањои шањдбораш шўњрат дорад, аз номи Ќањрамони Тољикистон, шоир ва шахсияти барљаста Мирзо Турсунзода файзу баракати тоза пайдо кардааст. Ќисми зиёди ашъори ноби сулњпарварона ва тараннумгари дўстиву њамкории халќњо Мирзо Турсунзода мањз дар канори дарёи Ќаратоѓ эљод шуда, замири сулњхоњони сайёраро шодоб намудааст. Ин шањри дўстї, ки номи ин фарзанди фарзонаи тољиконро дорад, имрўзњо ба шарофати ќадамњои файзбори Наврўз либоси идона ба бар карда, боз њам зебову ороста гаштааст. Мо дар рўзњои љашн ва њамеша хотираи неки ин устоди суханро, ки бо шеъри оламгири худ номи Ватанро вирди забонњо гардонидааст, гиромї медорем. Таљлили љашни бостонии Наврўз дар шањри Турсунзода басо рамзї мебошад, зеро мардуми куњанбунёди он дар пойдории асолат, пояњои таърихиву фарњангии Наврўз ва њифзу идомаи накўтарин анъанањои миллї сањми басо арзишманд доранд. Ифтитоњи иншооти гуногуне, ки имрўз дар шањри Турсунзода

сурат гирифт, гувоњи равшани њиммати созандаву бунёдкоронаи мардони бонангу номуси ин диёр барои фардои ободу осуда ва дастовези наврўзии онњо мебошад. Танњо дар зарфи ду соли охир бо дастгирии Њукумати мамлакат ва зањмати софдилонаи сокинони шањр ва соњибкорони њимматбаланд 11 иншооти таъиноти гуногун бо маблаѓи беш аз 31 миллион сомонї ба истифода супорида шуда, бунёди дањњо иншооти дигар идома дорад. Итминон дорам, ки мардуми зањматќарини ин гўшаи зебову замонавии диёрамон њамчун сокинони шањри дўстиву бародарї минбаъд низ ба хотири пешрафту тараќќиёти Ватани мањбубамон саъю талош хоњанд кард. Дар шањри Турсунзода кишоварзони номдору ботаљриба зиёданд ва сокинони он дар истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани њосилнокии зироатњо ва умуман, маданияти заминдорї намунаи ибрат мебошанд. Ва шубњае нест, ки онњо минбаъд низ ба хотири фаровонии дастархони мардуми кишвар, таќвияти иќтидори содиротии мамлакат ва њифзи амнияти озуќавории Тољикистон содиќона зањмат хоњанд кашид. Ин шањри зебоманзар табиати бињиштосо ва ёдгорињои зиёди таърихї дошта, дар баробари шањри саноативу кишоварзї буданаш метавонад њамчун шањри сайёњї низ тараќќї намояд. Зеро манзарањои зебои табиати Ќаратоѓ ва Ширкенти ин диёр метавонанд ба сифати манбаъњои рушди соња хизмат кунанд. Тибќи анъанањои неки аљдодї бо фарорасии фасли бањор ва

айёми Наврўз дар сарзамини мо давраи кишту кор ва дигар корњои ободонї, бунёди боѓњо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кўчаву хиёбонњо ва намуди идона бахшидан ба шањру дењот оѓоз мегардад. Идома бахшидан ба ин суннатњои неки аљдодї имконияти бењтарини баланд бардоштани сатњи маърифати љавонон, таблиѓи зањмати созанда ва тарзи зиндагии солим, одобу ахлоќи њамида, њисси миллї ва осоишу пешрафту ободии минбаъдаи кишвари азизамон мебошад. Дар Тољикистони мо соњаи кишоварзї шуѓли асосии сокинони дењот ба шумор меравад ва аз лињози имкониятњои истењсолии худ кишварамон метавонад, ба макони парвариши мањсулоти кишоварзии аълосифат табдил ёфта, содироти мањсулоти худро ба хориља торафт афзоиш дињад ва њифзи амнияти озуќавориро, ки яке аз њадафњои стратегии Њукумати мамлакат мебошад, таъмин намояд. Аз ин лињоз, зарур аст, ки мардуми мо дар баробари тантанањои наврўзї њар рўзи бањорро самаранок истифода карда, ба кишту кор машѓул шаванд, нињол шинонанд, боѓ бунёд кунанд, майдону кўчањо ва боѓу хиёбонњоро тозаву озода намоянд. Мањз њамин њиммати баланди мардуми кишвар ва њисси баланди ватандўстии онњост, ки мо тавонистем, њатто дар шароити бўњрони љањонии молиявию иќтисодї низ татбиќи њадафњои стратегии худ - бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионї, ислоњоти иќтисодї, пешбурди соњаи кишоварзї, рушди саноати миллї, аз љумла соњаи коркарди ашёи хоми мањаллиро идома дода, азму иродаи ќавї дорем, ки солњои наздик ба истиќлолияти энергетикии мамлакатамон муваффаќ шавем, Тољикистони азизамонро аз бунбасти коммуникатсионї рањої бахшем ва амнияти озуќавории онро таъмин созем. Њамдиёрони азиз! Наврўз, ки имрўзњо дар диёри мо бо шукўњу шањомат ва бо тантана таљлил мегардад, сарчашмаи гаронбањои маънавї, воситаи муњими сарљамъ намудани тамоми сокинони кишварамон, њидоятгари ањли љомеа ба сўйи зиндагии орому осуда ва пурфайзу баракат мебошад. Наврўзи љањонафрўз ба мардуми куњанбунёду соњибфарњанги мо дар иљрои наќшањои созандагї ва ободкорї рўњу тавони тоза мебахшад. Бори дигар фарорасии ин љашни бузургро ба тамоми мардуми шарифи Тољикистон, њамватанони бурунмарзї, тамоми тољикону форсизабонони љањон ва њамаи халќу миллатњои олам, ки ин љашни зеборо таљлил мекунанд, инчунин, ба хурду бузурги мардуми сарбаланду мењмондўсти шањри Турсунзода самимона табрику шодбош мегўям. Итминони комил дорам, ки аз файзу баракати наврўзї сокинони зањматќарину соњибтаљрибаи шањри Турсунзода имсол низ ба дастовардњои тоза ноил гардида, барои рушди бештари саноату кишоварзї ва боз њам бењтар шудани сатњи некўањволии мардуми кишварамон софдилонаву содиќона кору фаъолият хоњанд кард. Орзумандам, ки ин љашни фархунда имсолу солиёни дигар ба мулки зебои мо, аз љумла ба диёри мардони соњибњунару соњибтаљриба – шањри Турсунзода нишоту шодмонї, ободкорињои тоза, нусрату фаровонї ва дастархони пур аз нозу неъмат, саодату хушбахтї ва Сулњу Вањдатро чун њадяи бењтарини наврўзї ато намояд. Наврўзи фархундапай муборак, њамватанони азиз! www.prezident.tj


2

Њаќиќати Суѓд

Панљшанбе, 23 марти соли 2017

№33 (17714)

Наврўз аз муборактарин љашнњои миллии мо – тољикон ва дигар мардумони њавзаи Наврўз аст, ки аз замонњои ќадим то ба имрўз бо ѓояњои олии башардўстона - дўстиву њамкорї, созандагиву ободкорї, инсондўстиву хайрхоњї ва шукргузорї аз зебоиву неъматњои табиат мардумро гирди њам меорад. Эмомалї РАЊМОН

Иштироки Пешвои миллат Эмомалї Рањмон дар тантанањои љашни Наврўзи љањонї дар Наврўзгоњи шањри Душанбе Нимаи дуюми рўзи 21-уми март Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар тантанањои идонаи наврўзї, ки дар Наврўзгоњи пойтахт доир гардид, иштирок ва суханронї карданд. Зимни суханронии табрикотии худ Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон њамаи њамватанон, сокинони пойтахт ва мењмононро бо иди бошукўњи Наврўзи байналмилалї, љашни эњёи табиат, ибтидои пешомадњои нав, оѓози ниятњои бањорї ва наќшаву тадбирњои тоза табрику тањният гуфтанд. Таъкид гардид, ки воќеан, Наврўз аз муборактарин љашнњои миллии мо - тољикон ва дигар мардумони њавзаи Наврўз аст, ки аз замонњои ќадим то ба имрўз бо ѓояњои олии башардўстона - дўстиву њамкорї, созандагиву ободкорї, инсондўстиву хайрхоњї ва шукргузорї аз зебоиву неъматњои табиат мардумро гирди њам меорад. Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон таъ-

кид карданд, ки яке аз рамзњои дигари наврўзї - тозаву озода кардани хонаву манзили зист, кўчаву хиёбон ва шинонидани нињолу коштани донаи умед мебошад. Пешвои миллат мардумро ба зањмати содиќона бар нафъи ободию пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон њидоят намуданд. Дар охири суханронї Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон бори дигар њамаи мардуми кишварро бо фарорасии Наврўзи байналмилалї табрик карда, ба хонадони њар як тољику тољикистонї файзу барор орзу намуданд. Тантанањои Наврўзи байналмилалї бо барномаи рангину пурмўњтавои театрикунонидашудаи устодони санъат, ки таљассумгари оинњои хоси Наврўзи байналмилалї буд, идома ёфт.

ÌÀÐÄÓÌÈ ÌÎ ÀÇ £ÀÄÈÌ ØÀ²ÐÑÎÇÓ ØÀ²ÐÄÎÐÓ ØÀ²ÐÍÈØÈÍÀÍÄ! Ñóõàíðîíèè Ïðåçèäåíòè ¯óì³óðèè Òî¿èêèñòîí ÝìîìàëO Ðà³ìîí äàð ¿àøíè Íàâð¢ç Њамватанони азиз! Мўњтарам сокинони шањри Душанбе! Дар ин лањзањои пурнишот, ки ба Тољикистони бињиштосои мо соли нави аљдодиамон - Наврўзи љањонафрўз бо ќадамњои сабзи худ фаро расидааст, тамоми мардуми кишварамон, сокинони сарбаланди пойтахти мамлакат - шањри Душанбе ва њамаи шумо, њозирини арљмандро ба ифтихори ин љашни фархунда, ки яке аз рамзњои њуввияти миллї ва Истиќлоли маънавии тољикон мебошад, самимона табрик мегўям. Наврўз бо обу хок, марзу бум ва рўњи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалї дошта, расму оинњои он рамзњое доранд, ки аз замонњои бостонї то имрўз рўзгори мардуми фарњангиву ободгар ва инсондўсту тањаммулгарои моро њамроњї мекунанд. Дар айёми Наврўз табиат эњё мегардад, инсон нерўи нав мегирад, дилу андешањо ба њам меоянд, одамон амалњои саховату накўкорї ва хайру савобро ба љо оварда, ба њамдигар шодиву сурур мебахшанд. Воќеан, Наврўз аз муборактарин љашнњои миллии мо – тољикон ва дигар мардумони њавзаи Наврўз аст, ки аз замонњои ќадим то ба имрўз бо ѓояњои олии башардўстона -

АЪРИХИ тамаддуни инсонї аз рўи намудњои мухталифи солшуморї, минљумла, таќвимњои шамсию ќамарї њисоб карда мешавад. Феълан, ќисме аз мардуми љањон солшумории григорианї ва мардуми мамолики мусалмонї аз чањор намуди таќвими њиљрии ќамарї истифода мебаранд. Зарурияти ба њисоб гирифтани ваќт аз замонњои ќадим боќї мондааст. Одамон дар раванди зиндагиву фаъолияти хеш бо њар гуна њодисањои табиї дучор гардида, дар њайрат мемонданд. Чаро зулмоти шаб бо рўзи равшан иваз мешавад, чаро офтоб њар пагоњ аз як самт мебарояд? Чаро сатњи зоњирии моњ бо гузашти ваќт таѓйир меёбад ва асрори табдили фаслњои сол дар чї бошад? Бозёфти њуљљат оид ба таќвими суѓдиён бањри олимон роњнамо гардид. Аз ин ќабл ягона маълумоти муфассал дар асари «Осор-улбоќия»-и Абўрайњони Берунї мављуд буд. Дар асоси сарчашмаи номбурда, як соли суѓдї аз 12 моњи 30 рўза иборат буда, 5 рўзи боќимондаи он бо номи «Гоњ» ё «Андаргоњ» ба охири моњи дувоздањуми сол њамроњ карда шудааст. Ин таќвим дар асоси таќвими шамсии зардуштї тањия гашта, ба њар як рўзу моњ номи эзидњои ин оин, фариштагон, унсурњои табиат гузошта шудаанд. Суѓдиён солро ба дувоздањ моњ таќсим карда, панљ рўзи зиёдатиро ба охири сол њамроњ мекарданд. Моњ иборат аз 30 рўз буд. Соли нав

Т

дўстиву њамкорї, созандагиву ободкорї, инсондўстиву хайрхоњї ва шукргузорї аз зебоиву неъматњои табиат мардумро гирди њам меорад. Яъне Наврўз њамчун љашни зодрўзи Хуршеди ховарон, ки њамеша барои њамагон ва дар њама љо нуру гармї мебахшад, сарвати љумла фарзандони Одам аст. Хусусан, дар шароити торафт мураккабу бўњронї гардидани вазъи љањони муосир љашни Наврўз метавонад, њамчун оини сулњу оромї ва њамкориву дўстї барои мардумони олам хизмат намояд. Зеро дунёи имрўза беш аз њар ваќти дигар ба суботу оромї, рўзгори бехушунат ва зиндагии осуда ниёз дорад. Њозирини гиромї! Пойтахти кишвари соњибистиќлоли мо, шањри Душанбе, имрўз либоси идона ба бар карда, сокинони он барои дар сатњи баланд баргузор гардидани ин оини аљдодиамон омодагї гирифтаанд. Ба ифтихори ин љашни бостонї то имрўз дар шањри Душанбе корњои зиёди ободонї ба анљом расонида шуданд. Воќеан, яке аз рамзњои наврўзї тозаву озода кардани хо-

наву манзили зист, кўчаву хиёбон ва шинонидани нињолу коштани донаи умед мебошад. Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки њанўз барои ободии бештару бењтари шањр ва сазовори пойтахти давлати соњибистиќлол гардонидани он зањмати зиёд кашидан зарур аст. Барои ин, пеш аз њама, њар як сокини шањр бояд кўшиш намояд, ки барои ободии он сањми худро гузорад, мањалли зист ва кору тањсили худро њамеша тозаву озода нигоњ дорад. Ин ќарзи ватандўстонаву шањрвандии њамаи сокинони пойтахт ва вазифаи инсонии њар як фарди бонангу номуси љомеа мебошад. Барои боз њам ободу зебо гардонидани пойтахтамон имкониятњои зиёд мављуданд. Мо бояд аз ин имкониятњо самараноку сарфакорона истифода барем ва шањрамонро ба идгоњу наврўзгоњи воќеї табдил дињем. Илова бар ин, зарур аст, ки дар њар як оила ба масъалаи тарбияи дурусти фарзандон, сарфаю сариштакорї, риояи низому тартибот ва волоияти ќонун эътибори љиддї дода шавад. Хотирнишон менамоям, ки сокини пойтахт бояд дорои сатњи баланди маърифат-

нокї, одобу ахлоќи њамида, инчунин, намунаи интизому тартиботи љамъиятї, яъне риояи ќонуният бошад. Итминон дорам, ки сокинони сарбаланду соњибмаърифати шањри Душанбе ба шукронаи сулњу оромї, суботи комили сиёсї ва Вањдати миллї барои ободу зебо ва ба пойтахти дар њаќиќат пешрафтаи давлати соњибистиќлоли тољикон мубаддал гардонидани он саъю талоши боз њам бештар карда,

ÁÎǨÔÒ²ÎÈ ÔÀвÀÍÃD ÑÓÕÀÍ ÀÇ ÍÀÂÐ¡Ç ÌÅáßÍÄ

аз моњи «Навсарда» оѓоз мешуд, ки нахустрўзи он Наврўз буд. Нимаи охири сол моњи «Фуѓон» ва моњи охири он «Хишавм» ё (Хшум) номида мешуд. Ба ѓайр аз таќвими расмї дар Суѓд боз таќвими кишоварзии басо кўњан вуљуд дошт, ки порањои он то ба имрўз боќї мондаанд. Дар асоси он дењќонони диёр фарорасии ваќти киштукори њар як намуди зироат, охири он, омадани зимистони сарду сербарф, хушксолї ва ѓайраро пешгўї мекарданд. Номи моњњо ба таѓйирёбии њолати табиат марбут буд. Масалан, оѓози бањорро «сабзахез», поёни онро

«сабзасўз», тирамоњро «хазонрез» меномиданд. Панљакенти ќадим яке аз ёдгорињои муњимтарини давраи ибтидоии асрњои миёна ба њисоб меравад. Дар тўли таърихи дуру дарози худ суѓдиён фарњанги бузурге офарида, ба хазинаи фарњанги умумиориёї њиссаи назаррасе гузоштаанд. Омўзиши онро бостоншиноси рус А.Ю.Якубовский аз соли 1946 шурўъ карда буд, ки то њол бостоншиносони тољик ва Академияи улуми Тољикистон, њамчунин, кормандони Эрмитажи Санкт-Петербург идома дода истодаанд.

Дар натиљаи ковишњои сершумори бостоншиносон дар Осиёи Миёна, бахусус, аз Панљакенти ќадим бозёфтњои зиёди санъати тасвирї дарёфт шудааст. Дар ин љо се намуди санъати монументалї: мусавварањои бисёррангаи рўи деворњо, чўбњои кандакоришуда ва муљассамањои аз лою гил сохташуда пайдо гаштаанд. Яке аз онњо намоишгоњи «Сањнаи иди наврўзї» мебошад, ки ба асрњои VII -VIII тааллуќ дошта, аз санъати волои ин сарзамин дарак медињад. Деворнигораи иди Наврўзро рассоми суѓдї бо як мањорати ба худ хос нозукона тасвир намудааст, ки дар заминаи

сурхранги девор як манзараи томе инъикос шудааст. Дар тасвир рассом мардњоро бо либосњои заррини идона, камарбандњои мунаќќаш, дар пой кафшњои зебо, дар наздашон мевањои ширин ва, инчунин, найро хеле нозукона эљод намудааст. Дар базми наврўзї навозиши най зеботарин ва дилнишинтарин оњанги мусиќї ба шумор мерафт. Њар як љашнворањо дар Панљакенти ќадим њамеша бо мусиќї ва суруд таљлил мегардид. Деворнигорањои Панљакенти ќадим бо санъати баланд иљро шуда, сюжет ва мазмуни он муайян гардидааст. Деворнигораи «Базми иди наврўзї» тавре тасвир шудааст, ки хок дар як навъи моддаи часпак њал карда шуда, бо хелњои гуногуни ранг: сурх, зард, кабуд, норинљї ва лољувард тасвир ёфтааст. Њафриёти бостоншиносї дар Панљакенти ќадим, хоса деворнигорањои ёфтшуда, собит менамоянд, ки ин љо љашни оѓози сол ва бедоршавии табиат – Наврўзро аз ќадим таљлил менамуданд ва бесабаб сањнањои љашнро рассомони суѓдзамин рўи деворњо акс накардаанд. Муњаќќиќи шинохтаи ањди ќадим Мери Бойс Наврўзро аз љашнњое мањсуб медонад, ки њанўз дар китоби муќаддаси зардуштиён - «Авесто» ба он ишора шудааст ва он мањз, эљоди мардуми ориёнажод буда, баъдан дигар халќњо онро пазируфтаанд ва имрўз дар сатњи умумиљањонї таљлил мешавад. М.АМИНОВА, шањри Панљакент

исбот менамоянд, ки мардуми мо аз ќадим шањрсозу шањрдору шањрнишинанд. Бори дигар кулли сокинони пойтахти Ватани мањбубамон ва њамаи шумо њозирини арљмандро ба ифтихори љашни Наврўзи байналмилалї табрик намуда, ба њар яки шумо саломатї, хонаи обод, файзу баракати наврўзї ва барори кор мехоњам. Наврўзатон муборак! www.prezident.tj

МАВЉЊОИ сабзазори нилобї АЊОР фасли зебоињост, он айёми эњёи табиати сабз, шукуфтани ѓунчањо, айёмест, ки дашту даман бо назаррабоии хеш дилњоро лабрези фарањ мегардонад. Бо нафаси гарми бањор ба диёри њамешасабзи мо боз айёми фарањбахши Наврўзи навбањорон фаро расидааст.

Б

Љашни Наврўз ќадимтарин суннати аљдодони мо – суѓдиён мебошад. Дар ќадимтарин сарчашмаи хаттии суѓдиён – Авесто Наврўз чун рўзи пайдоиши нуру рўшної тасвир ёфтааст. Бо ќудуми Наврўзи Аљам имрўз гули бодому зардолу, насими атромези бањор димоѓро муаттар мекунанд, сабзаю себаргањои лаби љўю анњор ба дидањо нуру ба дилњо сурур мебахшанд. Њаким Умари Хайём гўяд: «Њар кї рўзи Наврўз љашн кунад ва ба хуррамї пайвандад, то ба наврўзи дигар умр дар шодї ва хуррамї гузорад». Имрўз дар сар то сари кишвар љашни Наврўз таљлил мегардад, хурду калон ба сайри наврўзї мебароянд, маърака ва базми шеъру таронањо гарм мешаванд. Наврўз муборак, дўстон!

Мавзуна РАЊМАТОВА, омўзгори МТМУ №1-и ноњияи Бобољон F афуров


Панљшанбе, 23 марти соли 2017

3

Њаќиќати Суѓд

№33 (17714)

Наврўз айёми корњои ободонї, бунёди боѓњо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кўчаву хиёбонњо ва намуди идона бахшидан ба шањру дењот мебошад. Эмомалї РАЊМОН

ÑÀÐØÎÐ ÀÇ ÌÀ²ÁÓÁÈßÒ ÂÀ ÄÀÑÒÃÈÐD

21-уми марти соли љорї дар варзишгоњи марказии ноњияи Ашт Наврўзи Аљам таљлил карда шуд. Дар тантанањои наврўзї и.в. раиси ноњия Зариф Мирдадо, директори Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон Гулнора Њасанзода, вакили

Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Холмуњаммадзода Азизмуњаммад ва сардори Раёсати омори вилояти Суѓд Њакимбек Накњатзода иштирок намуданд. Дар ин рўз нахуст ба 6 нафар собиќадорони мењнат, ки барои рушди соњањои гуно-

АЉЛИЛИ иди Наврўз, ки мероси гузаштагони мо-тољикон аст, таърихи тўлонї дошта, бо мурури давру замон ва боло рафтани нуфузи фарњангу маданият, бо тарзу усулњои гуногун дар сар то сари кишварамон љашн гирифта мешавад. Ин љашни мубораку хуљаста анъанањои хоси худро дорад, ки аз аљдодони мо то ба имрўз расидааст.

Т

Яке аз анъанањои наврўзї ба бар кардани либосњои миллї ба шумор рафта, имрўзњо дар тани духтарону занон куртаи миллии атласу адрасро мебинем. Ташвишу тараддуди занону бонувони њунарманди моњири адрасбофу дўзанда им-

гун дар ноњия сањм гузоштаанд, тўњфањои хотиравї ва кўмакпулии якваќтаинаи Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї таќдим гардид. Њамзамон, бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии ноњия 10 нафар кўдакон аз оилањои камбизоат хатнасур карда шуданд. Зариф Мирдадо зимни суханронї дар варзишгоњи марказї љашни Наврўзи Аљамро, ки бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон чанд сол инљониб маќоми байналмилалї гирифтааст, ба њамаи сокинони ноњия муборакбод намуд. Директори Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон Гулнора Њасанзода суханронї намуда, љашни Наврўзро ба тамоми сокинони ноњия тањният гуфт. Дар охир барномаи фарњангии наврўзї таќдими мењмонон ва сокинони ноњия гардид.

АР варзишгоњи марказии Љамоати дењоти Чоркўњи шањри Исфара бахшида ба Наврўзи байналмилалї ва Соли љавонон мусобиќаи гўштини миллї баргузор гардид.

Д

È£ÄÎÌÈ ÍÅÊÈ ÍÀÂСÇD

Мусобиќаи мазкур бо ташаббуси Рамазон Рањимзода, Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон баргузор гардида, дар он 150 нафар пањлавонони

варзишгар аз шањру ноњияњои вилояти Суѓд ва Љумњурии Ќирѓизистон иштирок намуданд. Дар оѓози мусобиќа Солиљон Парпиев, муовини сардори Шўъбаи 2-и Вазорати корњои дохилї дар шањри Исфара кулли иштирокдоронро аз номи Вазири корњои дохилии Љумњурии Тољикистон ба муносибати Иди байналмилалии Наврўз табрик намуд ва баргузории чунин мусобиќаро дар Соли љавонон иќдоми нек арзёбї кард. Дар фарљом ба ѓолибон тўњфањои ќиматнок таќдим карда шуд.

Äàð àòëàñ òàðîâàòè Íàâð¢ç àñò! рўзњо хеле зиёд гашта, рўз то рўз меафзояд. Зеро ањли хонавода, хешону наздикон ва, умуман, онњое, ки мехоњанд, ин љашни таърихию куњанбунёдро шодона истиќбол гиранд, куртаву пољома, тоќиву сарбанд фармоиш медињанду ба истиќболи Наврўз омодагї мебинанд. Боиси ифтихор ва сарбаландии мардум аст, ки барои тарѓиби фарњанги миллї њанўз як моњ ќабл аз љониби Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї барои омўзгорон, пўшидани либоси миллии атласу адрас иљозат дода шудааст. Санъати нафиси бофтани матои адрасу атлас, наќшу гулпартої, рангдињиву пардози он ша-

АХШИДА ба љашни Наврўзи байналмилалї дар майдони «Ситорањои Хуљанд»-и маркази вилоят намоиш - фурўши мањсулоти ќолинї ва ќолинњои ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» баргузор гардид. Намоиши мазкур бо дастгирии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд доир гашта, он ду рўз 16 то 18-уми март идома ёфт.

Б

Њамчунин, баробари мањсулоти ин корхона марказњои таълимї - истењсолии атласу адрасбофии шањру навоњии вилоят низ мањсулоти худро бо нархи дастрас барои сокинон ба фурўш гузоштанд. Муњаммадљон Ёќубов, директори Муассисаи давлатии Маркази эњё ва рушди атласу адраси вилоят ќайд намуд, ки дар ин чорабинї мањсулоти ватанї ба намоиш гузошта шуд. Матоъњои атласу адраси аз нахи пахта тайёр шуда ба саломатї безарар аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин намоишфурўши мањсулот навъњои гуногуни ќолинњо нархи дастрас доштанд. Масъулини ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум» иттилоъ доданд, ки њадафи асосии ин чорабинї муаррифии ќолинњои баланд-

СОСГУЗОРИ сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паём ба Маљлиси Олї дар бораи эътироф гардидани кишварамон њамчун давлати фаъол, ташаббускор ва пешрафта дар њалли масъалањои глобалии љањони муосир ва дастгирї ёфтани пешнињод дар бораи Дањсолаи байналмилалии «Об - барои рушди устувор, 2018-2028» бо ќаноатмандї сухан ронданд.

А

Воќеан, дар љањон давоми дањсолањои охир муаммои об, хусусан, оби ошомиданї ба мадди аввал баромадааст. Ташаббуси навбатии Тољикистон дар арсаи байналхалќї, ки бо њидояти Пешвои миллат ба љањониён муаррифї гардид, ба яке аз манбаъњои њастии башар бахшида шудааст. Дарозои таърих дар Шарќи куњан об барои мављудияти љомеа наќши њалкунанда доштааст. Таърих гувоњ аст, ки аз пайдоиши аввалин давлатњо то њозир яке аз вазифањои давлат ва њокимиятдорон таъмини об – манбаи њаёт барои ањолї будааст. Бо гузашти њазорсолањо ин рисолати давлат дигар нашудааст ва ба ин маънї ташаббуси Сарвари давлати тољикон, ки аз оѓози асри ХХI то ин дам таваљљўњи ањли љањонро пайваста ба ин масъалаи њаётбахш љалб менамоянд, идомаи њамон анъана дар таърихи сиёсии халќњои Шарќ, аз љумла, халќи тољик мањсуб меёбад. Ќадршиносии об, поку муќаддас доштани он масоили мењварї буд. Гузаштагонамон барои дастрасї ба об, истифодаи оќилонаю сарфакоронаи он иншоотњои гуногуни обрасонї ихтироъ мекарданд, аз дарёву шохобњо, сою чашмањо, манбаъњои зеризаминї самаранок истифода мебурданд. Ба он таљриба назар меандозему мебинем, ки зиндагї ва тараќќиёт бо кадом мушкилињо ба даст меомаданд. Зироаткории тољикон таърихи беш аз панљњазорсоларо дорост. Дар шароити иќлиме, ки дар минтаќањои маскуни аљдодони мо њукмрон буд, ин машѓулият бе обёрии сунъї ба амал бароварда мешуд. Тањти истифода ќарор додани оби нањру рўдхонањои сершумор кори пурмашаќќат буд. Аз Боми Љањон – кўњњои Помир, њамчунин, аз Олой ва Тиёншон дањњо нањрњои бузург ва садњо дарёчањои калону хурд ба сўи

Шинохти шуљоатмандї

њодатгари мероси бою ѓанї доштани тољикон аст. Ин иќдоми наљиб аз љониби омўзгорон хуш пазируфта шуда, онњо ба дарс бо рўњияи идонаю либоси миллї меоянд ва барои хушхулќу ботарбия ва илмдўсту донишманд ба воя расонидани насли имрўз зањмат мекашанд. Либоси миллии тољикона он ќадар зебову шинам аст, ки дар њар наќши он тамоми рангњои бањор ва Наврўзро дидан мумкин аст. Ин матои чашмрабоянда ба ќаду ќомати мавзуну расои бонувон таровати бештареро зам менамояд. Либоси миллї инчунин, ифодагари завќ, хислат, хулќу атвор ва баромади иљтимоии со-

њиби он низ мебошад. Барои њар нафаре, ки дўстдори фасли бањор асту либоси миллї ба бар кардааст, бањори наву Наврўзи хуљастапай фархунда бод! Дилбар МАРАЉАБОВА

ЌОЛИНЊОИ РАНГОРАНГ РОЊАТБАХШИ ДИЛЊОЯНД!

љашни Наврўз тахфифи 20-фоиза ба роњ монда шудааст. Бо маќсади бењтаргардонии намуд ва ороиши манзилњои истиќомативу утоќњои корї ва бо ин роњ фароњам овардани эњсоси роњату њаловатбахш бањри сокинон ин мањсулот пешкаш гардид, - изњор доштанд масъулини ЉСК «Ќолинњои Ќайроќќум». Сокини шањри Хуљанд Роњат Бобоева баргузории намоишфурўши мањсулоти ќолинї ва тахфифи онњоро хуб арзёбї намуда, зикр дошт, ки мањсулот хушсифат ва ба талабот љавобгў аст. - Мо, харидорон бо нархи арзон ќолинњои дилхоњи худро харидорї намудем, - гуфт ў. Дар намоиш-фурўш навъњои ќолинњои гуногун, ба монанди «Шоњаншоњ», «Симин», «Гулзор», «Истиќлол», «Согдиана», «Азата», «Сайњун» ба намоиш ва фурўш гузошта шуданд.

сифати ватанї буда, њамчунин, дар як ваќт ба муносибати

Истамљони НАЉМИДДИН, "Њаќиќати Суѓд"

ÇÓ²ÓÐÈ ÌÀÒÎÍÀÒ ÂÀ ÌÀ²ÎÐÀÒÈ ÊÀÑÁD Ёдовар мешавем, ки 20-уми майи соли 2013 њавопаймои ширкати Тољик-Эйр аз самти Москва – Хуљанд бо сабаби њолати садамавї ба «Фурудгоњи байналимилалии Хуљанд» фуруд омада буд, ки ин њолат боз такрор ёфт. Нўњуми марти соли равон, соати 19:05 даќиќа аз «Фурудгоњи байналмилалии Хуљанд» тайёраи тамѓаи Боинг – 737 – 300 «EY-444» ба самти Москва парвоз кард. Соати 19:50 барои бо сўзишворї таъмин намудан ба фурудгоњи Тараз (собиќ Љамбул)-и Љумњурии Ќазоќистон фуруд омада, соати 21:01 ба самти Москва парид. Њангоми парвоз чархи ќафои тарафи рости њавопаймо аз кор баромада, ба њолати садамавї дучор омад. Сарнишинон ба роњбари парвозњои фурудгоњи Тараз - Темур Каримов хабар доданд ва номбурда соати 21:40 даќиќа тариќи радиограмма намояндагони «Фурудгоњи байналмилалии Хуљанд»-ро огоњ намуд. Худи њамон лањза бо сарварии муовини якуми Директори генералии ЉСК «Фурудгоњи байналмилалии Хуљанд» Давлатшоњ Шобутолибов ситод ташкил шуда, аз љониби Ситоди њолатњои фавќулодда ва Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суѓд њайати оташнишонї ва наљотдињї фиристода шуданд. Бањри бехатар фуруд омадан ба хатти парвозу фурудої кафкњои махсус пошиданд. Њамаи мусофирон ва сарнишинони дохили он – 133 нафар калонсолон, 7 наврас ва 9 нафар њайати экипаж, љамъ - 149 нафар аз тайёраи ширкати Тољик Эйр - Боинг 737-300 «ЕY-444» соати 00:39 ба фурудгоњи Хуљанд беосеб фуруд омаданд. Дар арафаи таљлили иди байналмилалии Наврӯз Директори генералии ЉСК «Фурудгоњи байналмилалии Хуљанд» Ќурбони Алимардон мутобиќи моддаи 61, Кодекси мењнати Љумњурии Тољикистон барои мањорати баланди касбї командири њавопаймо Абдурашид Ясинов, њавонаварди дуюм Рањматљон Њотамов ва дигар хизматчиёни тайёраи Боинг- 737-300 «EY-444»-ро бо мукофотпулї сарфароз гардонд. Тавњида ЉЎРАЕВА, “Њаќиќати Суѓд”

Дањсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, 2018-2028”

Ìàñîèëè ìå³âàðO: ИСТИФОДАИ ОЌИЛОНАИ МАНБАИ ЊАЁТ

водињою даштњои беканор љорї мешуданду дар соњил мардум ташналаб буд ва ба ќадри њар як ќатраи оби бо машаќќат бадастомада мерасид. Онро ба таъмини рўзгор тавассути зироаткорї сарф мекард. Бо ин маќсад маљроњо баставу сарбандњо бунёд ёфта, ба масофањои дур љўйњо канда мешуданд, аз манбаъњои наздиктарин бо чархњо об боло бардошта, ба заминњо барои расонидани њосилу шикасти ташнагии одамон равона мегардиданд. Њар як иншооти обї дар заминаи дастовардњои илм бунёд гардида, мукаммал ва устувор буд, зеро њангоми сохтани сарбанд, љўйбор миробњои мањаллї релйефи мањал, эњтимолияти заминљунбии сахт, фишори об, буѓшавии онро

ба њисоб мегирифтанд. Сарбандњое буданд, ки бо масолењи махсус омодагашта – сангњои коркардшуда, хиштњои пухта сохта мешуданд. Ба љои семент устуворию мустањкамии иншоотњоро омехтаи хокистари растанињои обї (най, шолї) ва гаљ таъмин мекарданд. Ногуфта намонад, ки ин омехтањо дар бунёди иншоотњои меъморї њам мавриди истифода ќарор гирифта буданд. Њамзамон, бо маќсади нигоњдории об дар шароити гарми минтаќа манбаъњо - њавзу корезњо месохтанд. Дар он замон њар мањалла њавз дошт, ки дар атрофаш беду маљнунбед, чинор мешинониданд, то бухоршавии об кам бошаду њам серунї таъмин гардад. Лаби њавз

љои дўстдоштаи мардуми мањал, макони паноњёбї аз гармо буд. Њамин тавр, сарфакорию эњтиёткорї нисбати об аз як тараф ифодаи сатњи фарњангнокии халќамон бошад, аз тарафи дигар чунин муносибат бозгўи амри пурмашаќќати дастрасї ба об ва ќадршиносї аз мењнати миёншикани гирифтани об аз рўдхонањо њам њаст. Маълум аст, ки дењќонон зимистон барои баланд бардоштани њосилнокии замин обро истифода мебурданд: яхоб монда, шўр мешустанд. Захирањои об дар кўњњо боигарии бемисли халќамон мебошад. Онњо барои ояндаи кишвари мо ањамияти бузургро моликанд. Мањз њамин манбаъ имконият медињад, ки Нерўгоњи барќи обии Роѓун бо иќтидори бузург ба кор андохта шуда, пешравии иќтисодиётро таъмин созад. Ба истифода дода шудани нерўгоњи барќии мазкур барои њаёти иќтисодиёти кишварамон марњалаи нави рушдро оѓоз мебахшад. Сарвари давлат дар баробари ташаббускору пешоњанги њалли муаммоњои об дар љањон будан, ба имкониятњои ба ин манбаъ алоќаманд дар Љумњурии Тољикистон низ таваљљўњи ањли љањонро љалб менамоянд. Агар мо ба муаммои об аз мавќеи иљтимої назар андозем, мебинем, ки вай мазмуни васеъро молик аст ва онро оби њаёт гўён, пеш аз њама, чун манбаи зиндагї дарк менамоянд. Тољикистон масъалаи бо оби нўшокї таъмин гардонидани ањли башарро чун масъалаи мењварии Дањсолаи амалиёти байналхалќии «Об барои њаёт» ба миён гузошта буд. Давоми сол-

њои 2005 – 2015 дар ин самт корњои шоиста ба анљом расиданд. Ба хотир мерасад, ки зимни баргузории яке аз љаласањои байналхалќии дар шањри Душанбе дар доираи њамин амал баргузоргардида намояндаи давлати Нигерия дар мусоњиба бо намояндагони воситањои ахбор гуфта буд: «Ваќте Роњбари давлати шумо (Тољикистон) дар њамаи сатњњо ва бо пайдо шудани аввалин имконият дар бораи об сухан меронданд, гумон мекардам, ки дар ин минтаќа танќисии об њукмрон аст. Дар рафти кунгураи навбатї барои мо ба минтаќањои гуногуни диёр сафар ташкил карданд. Аз дидани воќеият аќидаи ман тамоман дигар шуд. Фањмидам, ки сарзамини шумо сероб мебошад ва Президенти Тољикистонро дар навбати аввал ѓамхорї дар бораи инсоният водор намудааст, доир ба ин муаммои љањонї масъалагузорї намояд». Дањсолаи нав вобаста ба об ранг ва тобиши дигар мегирад: масъалаи таъмини њаёти шоистаи сокинони сайёраи Замин тавассути истифодаи об бо маќсади рушд ба миён гузошта шудааст. Дар шароити гармшавии иќлими сайёра, ки сарчашмаи фалокатњои глобалии экологї ва гуманитарї ба њисоб меравад, барои бартараф намудани оќибатњои он њамкории судмандро ба роњ мондан ба манфиати тамоми ањли љомеа хоњад буд. Дар шароити хушксолињои паси њам рух додаистода обанборњои бузурги нерўгоњњои азим њангоми истифодаи тарафайн фоидаоварии онњо дар шароити энергетикию ирригатсионї омили муњими рушди устувор ва дилпуронаи соњаи кишоварзї мегарданд, ки дар шароити нарасидани маводи озуќа дар љањони муосир Осиёи Марказиро ба манбаи бузурги он табдил медињанд. Барќи дар нерўгоњњои барќи обии минтаќа истењсолмешуда нафаќат эњтиёљи хољагии халќи давлатњои Осиёи Марказиро ќонеъ мегардонад, балки ба давлатњои њамсояминтаќа њам мерасад. Б. ТУРСУНОВ, мудири кафедраи фанњои љамъиятї, А. ШАРИФОВ, ШАРИФОВ, Б. ШЕРОНОВ, ШЕРОНОВ, дотсентони Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон


4

Њаќиќати Суѓд

О, љавонон, ояндасози давлату миллати хеш њастем ва мубориза бар зидди вабои асри ХХI терроризм ва экстремизмро њамчун падидаи номатлуб мањкум менамоем. Њар як љавони боору номуси тољик бояд бањри ободии Ватани хеш сањми босазои худро гузорад. Чї хеле, ки Сарвари давлатамон, Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон доимо дар суханрониашон зикр мекунанд, љавонон ояндаи миллатанд ва махсусан, саводнокии онњо, соњиби касбу њунарњои замонавї гаштан, ояндаи дурахшони Тољикистонро муайян месозад. Мо, љавонон аз ин суханони Пешвои муаззами миллат бо њисси баланди ватандўстї кўшиш менамоем, ки бањри ободии Ватан сањми арзандаи худро гузорем ва дар байни дигар кишварњои љањон Парчами давлатамонро дар љодаи илму дониш ва варзиш баланд бардошта, ифтихор аз он кунем, ки мо миллати кўњантаърихи тољик њастем ва дар Тољикистони соњибистиќлол зиндагї дорем. Мо бояд ба љавонони парчамбардори Ватанамон, мисли Дилшод Назаров, Мавзуна Чориева, Расул Боќиев, Комроншоњи Устопириён, Њофиззода Илњомљон, Њамроз Раљабов пайрав бошем. Вале, мутаассифона, њастанд љавононе, ки шукронаи ин давлати соњиб-

М

Панљшанбе, 23 марти соли 2017

¯îìåà âà çàìîí

Б

БО АФКОРУ ТАНИ СОЛИМ

ДАР ХИЗМАТИ ВАТАН БОШЕМ!

истиќлолро накарда, ба њар гуна њизбу њаракатњои тундраву ифротгаро дохил шуда, амнияту суботи Ватани худро халалдор кардан мехоњанд. Президенти кишварамон чандин маротиба таъкид кардаанд, ки террорист ва экстремист Ватан, миллат, дину мазњаб надорад. Ин гуна шахсоне, ки ба њизбу њаракатњои хусусияти террористию экстремистидошта шомил мешаванд, саводи казоии диниву дунявї надоранд, моњияти њаракатњои худро дуруст дарк карда наметавонанд, њаёти ширини љавонии худ ва волидайну пайвандонро ба зулмоту бадномї мекашанд. Террорист мехоњад, ки маќсаду мароми худро бо роњи зўроварї, куштор, тарсу њароси дањшатафкан амалї созад. Мутаассифона, дар олами Ислом равияњое арзи вуљуд доранд, ки баъзе амалњояшон ба фитнаангезиву тафриќаандозї равона гардида, ин ба моњияти дини мубини Ислом иснод меорад.

Дар Ќуръони карим ањкому аркони Ислом ва фалсафаи ахлоќї дар пояи баробарї, бародарї, зарурияти сулњ, оромї, амнияту адолат дар њамаи љабњањои зиндагї таъкид гардидааст. Имрўз терроризму экстремизм њамчун вабои аср амнияти љањонро халалдор месозад. Њодисањои дањшатбори Сурияву Ироќ, Яману Фаластин, ки бо дасти гурўњњои ифротї мардуми осоишта ва занону кўдакони онњо ба хун оѓўшта аст, љомеаи љањонї, аз љумла, мо, љавононро бетараф гузошта наметавонад. Фаромўш набояд сохт, ки ин гуна фољиањо дар солњои 90-уми асри гузашта дар Тољикистони мо низ шуда буд, ки он боиси фавти 150 њазор шањрванди мо, бесарпаноњ мондани 25 њазор оила, ятим мондани 55 њазор кўдак гардид. Дар натиљаи ин љанги бемаънї хољагии халќи мамлакат 7 миллиард доллар

зарар дид, ки тараќќиёти мамлакат чандсолањо ќафо монд. Аз ин рў, танњо мо, љавонони соњибилму бомаърифат ќодир њастем, ки марзу буми кишварамонро њифз, дастовардњои азими Истиќлолиятро афзун намуда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатамонро дастгирї, Ватанамонро боз њам ободу зеботар созем. Президенти кишварамон, Асосгузори сулњу Вањдати миллї дар Паёми навбатиашон соли 2017-ро Соли љавонон эълон карданд. Мо, љавонон бояд пайваста аз паи илму дониш, варзиш шавем, то ки бо афкору тани солим ба Ватанамон хизмат намоем. А бдурањмон ЊАКИМЗОДА , аспиранти факултаи таърих ва њуќуќи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров

№33 (17714)

УЗУРГОНИ мо, хусусан, олимону шоирон дар рисолаву таълифоти илмї ва ашъору осорашон асрори њикматњои Наврўзро таъбир ва васф кардаанд. Ин анъана аз замонњои ќадим ибтидо гирифта, дар ањди саромадони илму фарњанг ва адабиёти оламгирамон - Рўдакиву Фирдавсї, Синову Хайём, Саъдиву Њофиз ва минбаъд низ идома ёфтааст.

М ањ ф и л и “Г ан љ и су ха н ”

²ÈÊÌÀÒÈ ÈËÌ, ÒÀÚÁÈÐ ÂÀ ÂÀÑÔÈ ÎÍ Ин нукта дар мањфили илмиву адабии навбатии «Ганљи сухан», ки бо иштироки устодону донишљўён ва мухлисони бешумори каломи бадеъ сурат гирифт, баён гардид. Дотсенти Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров Шарифљон Тољибоев иштирокдоронро бо фарорасии Наврўзи оламафрўз шодбош гуфт. Номзади илмњои филология Зоњидљон Ќўрѓонов дар бораи анъана ва суннатњои Наврўзи Самарќанд сухан карда, њозиринро бо суннатњои деринаи наврўзи ин сарзамини бостонї шинос намуд. Ў иброз дошт, ки суманакпазиву гузаронидани бозињои миллї ва, махсусан, сурудањои наврўзии ин мањал то њанўз чун пешина дар миёни мардум побарљост. Њамчунин, дотсенти Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Fафуров Шоира Пўлодова дар бораи навгонињои илмиву адабї ва фарњангї ва мудири кафедраи адабиёти классикии донишгоњ Нуралї Нурзод доир ба «Духтаре аз диёри илму адаб. Назаре ба пажўњишоти илмиву адабии номзади илмњои филология, дотсенти кафедраи адабиёти классикии ДДХ ба номи академик Бобољон Fафуров, адабиётшинос Мављуда Ўрунова» сухан гуфт. Аз ин њамоиши адабї дар ќалби иштирокдорон сењри сухану суханфарсої маъво гирифт. Муњайё ИСОХЎЉАЕВА, омўзгори МТМУ №26 ба номи Аминљон Шукўњї, ноњияи Бобољон F афуров

Òàøêèëîòè ¿àìúèÿòèè áàéíàëìèëàëèè õàéðèÿâèè Intebnational Chabity Public Obganization Даъват ба озмун

Ташкилоти љамъиятии байналмилалии хайриявии «Љовид» (минбаъд ТЉБХ «Љовид») дар њамкорї бо Ташкилоти љамъиятии «Ёќути Даршай» бо дастгирии молиявии Иттињоди Аврупо дар доираи лоињаи «Пастфурории шиддат пас аз ихтилофњо ва хатари пайдошавии низоъњо дар љомеа, боварї ба худ ва барои сулњ тавассути љалби иќтисодї - иљтимоии љавонони мањал, инчунин, дар ќабули ќарорњо ва намудњои фаъолияти даромадоваранда» тамоми шахсони њавасмандро ба пешнињоди дархост доир ба тањвили таљњизот ва маводњои ташкили соњибкории хурд дар ноњияњои Ишкошим ва Мурѓоби ВМКБ-и Љумњурии Тољикистон даъват мекунад.

РМА 640002397 735730 Љумњурии Тољикистон, вилояти Суѓд, шањри Бўстон, кўчаи Курчатов, њавлии 19 телефон: +992 (3451) 50267 факс: +992 (3451) 50508 е-mail: icpo.jovid@gmail.com веб-сайт http://www.jovid.tj

Таљњизоту мавод ба таври гурўњбандї дар зер оварда шудаанд: Њамаи њавасмандон пешнињодњои худро метавонанд дар лифофаи (конверт) сарпўшида бо нишон додани “Озмун барои тањвили таљњизот ва маводњои ташкили соњибкории хурд дар ВМКБ ЉТ” ба суроғаи вилояти Суғд, шањри Бўстон 19, дафтари кории ТЉБХ “Љовид” фиристонанд. Øàðò³îè èëîâàãO áàðîè òà³âèëêóíàíäàãîí 1. Мўњлати тањвили таљњизот ва маводњо то 30 рўзи таќвимї пас аз бастани шартнома. 2. Макони тањвил-дафтари асосии ТЉБХ «Љовид» дар суроғаи Љумњурии Тољикистон, вилояти Суғд, шањри Бўстон, кўчаи Курчатов 19. 3. Кафолат барои таљњизоти пешнињодшуда ва маводњо 1 сол. 4. Тамоми арзишњоро бо асъори сомонї бояд нишон дод. 5. Пардохти њаќќи хизматрасонї тавассути њисоби бонкии тањвилкунанда гузаронида мешавад, яъне пардохти ғайринаќдї. 6. Тањвилкунандагон метавонанд дархости худро аз рўи њамаи гурўњњо пешнињод намоянд. Ëèôîôàè 좳ðçàäà áîÿä äàð õóä äîøòà áîøàä: 1. Пешнињодњои тиљоратї бо нишон додани арзиши њар як таљњизоту мавод мутобиќи гурўњ. 2. Њуљљати ќонунї, ки маќоми эњтимолиро гувоњї медињад: нусхаи шањодатнома, РМА, оиннома ва ғайра. 3. Тањвилкунандагон дар арзиши таљњизот ва маводњои пешнињодмешуда бояд тамоми андозњо ва њиссаи маблағи гумрукиро дохил намоянд. 4. Мўњлати тањвил ва кафолати моли пешнињодшуда. 5. Суроға, робитаи телефонї ва электронии иштирокдорони савдо. 6. Маълумот аз нозироти андоз оид ба надоштани ќарз (аслї) њангоми дархости пешмузд 7. Кафолати бонкї њангоми дархости пардохти пешмузд. 8. Мактуби тавсия аз шарикон (писандида мешавад). Мўњлати охирин барои додани дархост 14-уми апрели соли 2017. Пешнињодњои тиљоратї дар лифофаи сарпўшида ба суроғаи дар боло нишондода фиристонида шаванд. Дархостњое, ки баъди гузаштани мўњлат равон карда шаванд, беэътибор дониста мешаванд. Роњбарияти ТЉБХ «Љовид» ғолибонро тариќи телефон то 18-уми апрели соли 2017 хабардор мекунад. Ташкилотњое, ки аз озмун нагузаштаанд, хабардор карда намешаванд. Барои гирифтани маълумоти иловагї хоњишмандон метавонанд ба дафтари кории ТЉБХ «Љовид», ки суроға дар боло оварда шудааст, мурољиат намоянд. Шахси мутасаддї дар шањри Бўстон – Њусейн Тошматов Телефон: (+99292) 770-12-42 е-mail: husein.toshmatov@jovid.tj ё шахси мутасаддї дар ноњияи Ишкошим Мунавар Алидодов Телефон: (+99293) 538-91-83 е-mail: tung_72@mail.ru ТЉБХ «Љовид» ва шарики он њаќќи интихоби пешнињоди озмунро дорад. Инчунин, метавонад њамаи пешнињодњоро рад кунад, агар пешнињодњо ба талаботњои дар боло овардашуда љавобгў набошанд. Дар ин маврид ягон љавобгарї назди иштирокчиёни савдо надорад, ки ба онњо мумкин зиён расида бошад ва ягон ўњдадориро дар бобати иттилоот нисбат ба сабабњои чунин амал бар дўши худ намегирад.

ÒÀѲŲ Дар шумораи №31 аз 18 марти соли 2017 дар музоядаи такрории №92-юм санаи 27–уми апрели соли 2017, соати 10.00 27 марти соли 2017, соати 14.00 хонда шавад.

Раёсати фарњанги Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд нисбат ба вафоти олими варзида, доктори илмњои суханшиносї, профессор Àòàõîí ÑÀÉÔÓËËÎÅÂ андўњгин буда, ба ањли хонадон ва пайвандон аз даргоњи Худованд сабри љамил хоњонанд.

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

Раёсат ва Кумитаи муттањидаи иттифоќи касаба, љомеаи устодону муњассилини Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон аз даргузашти адабиётшинос, нависанда, шоир, драматург, ходими давлативу љамъиятї, донишманди маъруф, доктори илмњои филологї, профессори Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон, муњаррири адабии Идораи маљаллаи илмї-назариявии «Ахбори ДДЊБСТ»

Раёсат ва Кумитаи муттањидаи иттифоќи касабаи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров аз вафоти нобањангоми собиќадори мењнат, Ходими шоистаи фарњанги Љумњурии Тољикистон, Шањрванди фахрии шањри Хуљанд, профессормушовири кафедраи адабиёти муосири тољик

андўњгин буда, ба ањли оила ва хешону пайвандони марњум изњори њамдардї ва арзи тасаллият баён намуда, аз даргоњи Худованд сабри љамил хоњонанд.

сахт андўњгин буда, ба ањли оила ва наздиконаш њамдардї изњор менамоянд.

Àòàõîí ÑÀÉÔÓËËÎÅÂ

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Àòàõîí ÑÀÉÔÓËËÎÅÂ

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд . Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишон доди манбаъ метавонанд, истифода ба ранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Раёсат ва Кумитаи муттањидаи иттифоќи касабаи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров ба дотсенти кафедраи умумидонишгоњии забони тољикї Бароатхон Мањкамова нисбат ба вафоти ÁÀÐÎÄÀÐÀØ њамдардї изњор менамоянд.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Гулљањон МАЊКАМОВА Њуруфчин Раъно Юсуфова Веростор Маъруфљон Њомидов

Адади нашр 8230 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.