32 2017

Page 1

Эмомалї РАЊМОН: Ба шарофати Истиќлолияти давлатї дар кишвари мо Наврўз њамчун љашни миллї пазируфта шуд, шукўњу шањомати нав пайдо кард ва ба љашни воќеан, мардумии халќи сарбаланди тољик табдил ёфт. ÁàíO Îäàì àúçîè ÿêäèãàðàíä!

Рўзнома аз марти Панљшанбе, 1625 июли соли соли 1930 нашр мешавад

Панљшанбе, июли соли соли 2015 Сешанбе, 21 16марти 2017

№ 32 (17713)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

МУЛОЌОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ бо зиёиёни мамлакат

Санаи 20-уми марти соли љорї Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Кохи Наврўз дар арафаи љашни фархундаи Наврўзи байналмилалї бо зиёиёни мамлакат мулоќоти самимию судманд анљом доданд. Дар оѓоз Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ањли толор, кулли мардуми Тољикистон ва њамватанони бурунмарзиро бо ин љашни хусравонї самимона шодбош гуфтанд. Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон оид ба эњёи Наврўзи бостонї ва хусусиятњои хосу барљастаи ин иди ниёгон, ки дар даврони соњибистиќлолии кишвар ба яке аз дўстдоштатарин љашнњои

миллии сокинони Тољикистони бињиштосоямон табдил ёфтааст, андешаронї карданд. Сарвари давлат аз љањонишавии Наврўз ва минбаъд ба таври густурда ба љањониён муаррифї кардани оинњои хоси он ёдовар шуда, изњори бовар намуданд, ки зиёиёни тољик барои тарѓибу таблиѓи мунтазами суннатњои ин љашни бостонї, оммавї гардонидани ѓояву арзишњои љовидонаи он ва ба ин воси-

та тањким бахшидани пояњои фарњангии зиндагии љомеаи мо талош меварзанд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон зиёиён њамчун нерўи фаъолу тавонои љомеа метавонанд дар ташаккули худшиносї ва худогоњии миллї наќши басо арзишманд гузоранд ва манфиатњои милливу давлатиро содиќона ва ќотеъона њифз намоянд. Чун соли 2017 аз љониби Президенти мамлакат “Соли љавонон” эълон гардидааст, Сарвари давлат, мўњтарам Эмомалї Рањмон таъкид доштанд, ки ањли зиё бояд ташаббусњои насли ояндасозро дастгирї карда, онњоро ба роњи омўхтани илму дониш, касбу њунар ва ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон - Тољикистон њидоят намоянд. Вобаста ба фароњам овардани шароити созгор бањри зиёиёни љавон љињати омўзиши илмњои муосир њамаи сохторњои илмиву таълимии кишвар вазифадор шуданд. Тарѓиби бузургтарин дастоварди халќи кишвар ба хотири тањкими суботи сиёсї, вањдату њамдигарфањмї, ифтихори ватандорї ва њифзи манфиатњои Тољикистони азиз, инчунин, забон, фарњанг, расму ойин ва суннату анъанањои миллї низ яке аз вазифањои муњими ањли зиё арзёбї карда шуд. Доир ба рушди соњаи фарњанг, ки ба бењдошти дунёи маънавии инсон таъсири амиќ мегузорад, зарур шумурда шуд, ки ањли эљоди кишвар - олимон, ходимони адабиёт, театр, санъати тасвирї, мусиќї, кино ва дигарон низ бо дарназардошти ин рисолати инсон-

НАВРЎЗ рамзи худшиносии миллист! Паёми табрикии Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз Њамдиёрони гиромї! Фарорасии гаронбањотарин мероси ниёгон - Иди байналмилалї ва бостонии Наврўзи Аљамро, ки бо ќадамњои мубораки худ ба табиати кишварамон сарсабзию шукуфої, ба хонадони мардум шодиву нишот ва файзу баракат меорад, бароятон табрику тањният гуфта, рўзгори бонишот, фатњу кушоиш, хушбахтї ва иќболи нек таманно менамоям. Наврўз дар худ муњимтарин арзишњои башариро љой дода, дар заминаи сиёсати фарњангсолоронаи Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон њамчун рукни муњими худшиносии миллї, тањким-

бахши вањдату њамдилї, рамзи расидан ба ќадри зиндагии хушу хуррамона муаррифї гардид. Талошњои пайгирона ва дастурњои хирадмандонаи Пешвои миллат дар бобати маќоми љањонї гирифтани ин мероси маънавї, эњёи суннатњои неки ниёгон, њифз ва муќаддас донистани арзишњои волои аљдодї фарру шукўњи љашни Наврўзи бостониро бамаротиб афзуд. Боиси ифтихор аст, ки дар ягон давру замон њељ як љањонбинї, дину мазњаб, сиёсат ва нерўи њукмрон натавонист, ин љашни мардумиро манъ намояд. Зеро Наврўз аз ибтидо бо некиву зебої тавъам буда, мањз бо њамин сифаташ

дар дилу дидаи инсонњо љой гирифтааст. Тањќиќоти олимон собит намудааст, ки бисёр рамзњо ва оинњои наврўзї дар фарњанги халќњои њиндуаврупої таъсири муайян гузоштааст, ки ин аз умумияти пайдоиши халќњои мазкур ва умуман, инсоният шањодат медињад. Љашни Наврўз идомаи мубориза барои рушди фарњанги миллї, љузъи

таркибии тамаддуни умумибашарї, пайвандгари дирўз, имрўз ва оянда, нишони бузургии вањдат, созандагиву бунёдкорї мањсуб мешавад. Таљлили шукўњманди љашни Наврўз моро водор менамояд, ки барои ободу зебо гардонидани Ватани бињиштосоямон корњои созандагию ободониро вусъат бахшида, љињати таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони кишвари мањбубамон бештар зањмат кашем ва сарљамъу муттањид бошем. Бори дигар њамаи Шумо, њамватанони азизро бо фарорасии Наврўзи фархундапай табрику тањният намуда, ба хонадони њар як сокини кишвар файзу баракат ва нусрату пирўзї орзу менамоям.

сози фарњанг ба рушди њамаљониба ва мунтазами он таваљљўњи боз њам бештар зоњир намоянд. Дар охир Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон бори дигар зиёиёни мамлакат ва мардуми кишварро ба ифтихори љашни Наврўзи байналмилалї самимона табрик гуфта, ба онњо саодати зиндагї орзу намуданд. Баъди суханронии Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон як ќатор иштирокчиёни мулоќот - Фарњод Шокиров - докторанти Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Мафтуна Назирова - адиби љавон, корманди њафтавори “Адабиёт ва санъат”, Моњпайкар Ёрова - њунарпешаи Театри давлатии љавонон ба номи Мањмудљон Воњидов, Бузургмењри Бањодур - адиби љавон, корманди рўзномаи “Љумњурият”, Дилшод Рањимов - муовини директори Пажўњишгоњи илмї - тадќиќотии фарњанг ва иттилооти Вазорати фарњанг, Рафоати Файзалї раиси Шўрои духтарони Клуби волонтёрони Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї ва Набизода Набї - директори Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо” баромад карда, оид ба дастгирињои амиќи Пешвои миллат аз рушди бахшњои иљтимої, љонибдории ташаббусњои ањли зиёи мамлакат ва дигар тадбирњои созандаи Њукумати кишвар ибрози назар намуданд. www.prezident.tj

Áà òàâà¿¿¢³è øà³ðâàíäîí!

МУСОБИЌАЊОИ МИЛЛИИ “БУЗКАШЇ” ВА “ПОЙГА” ГУЗАРОНИДА МЕШАВАД

Бо ибтикори Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд бахшида ба Иди байналмилалии Наврўз санаи 26-уми марти соли равон, соати 9:00 дар ипподроми Љамъияти сањњомии ба номи Абдурањим Љумъаеви ноњияи Бобољон Ѓафуров мусобиќањои миллии “Бузкашї” ва “Пойга” баргузор мегардад. Ѓолибони мусобиќањо бо сипоснома ва тўњфањои хотиравї сарфароз гардонида мешаванд. Ìàð³àìàò, áà ìóñîáè¥à³îè ìèëëèè “ÁóçêàøO” âà “Ïîéãà”.

Љањонї гашт Наврўзат, муборак, Њумоюн бахти пирўзат, муборак!


2

Њаќиќати Суѓд

Сешанбе, 21 марти соли 2017

№32 (17713)

Наврўзи ноз омад, гул ноз мекунад боз, Бо ноз сураташро пардоз мекунад боз! …Наврўз таърихи беш аз шашњазорсола дорад, ки ин далели ќадимї будани миллати тољик мебошад. Наврўз љашни баробарии инсоният, оини дўстиву самимият, тањаммулгарої ва аз дилњо берун андохтани кинаву адоват буда, љашни зебоиву некї, суннатњои он моњиятан табииву мардумї мебошад. Эмомалї РАЊМОН З «Наврўзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боќия», «Ал-тафњим»-и Абўрайњони Берунї ва дигар асарњо маълум мешавад, ки Наврўз дар даврони ќадим ба шаклњои гуногун љашн гирифта мешудааст. Рўзњои љашнгирии ид низ фарќ доштааст. Боиси ифтихори бузург аст, ки асосгузорони солшумории њиљрии шамсї олимони машњури тољик Умари Хайём, Абўмањмуди Хуљандї ва Абўрайњони Берунї буданд. Вазири одилу равшанфикри Љалолиддини Маликшоњи Салљуќї - Низомулмулк соли 1079 Њаким Умари Хайёмро, ки дўсти наздикаш буд, ба наздаш даъват карда, супориш дод, ки якљоя бо олимони нуљумшиноси мамлакат солшумории њиљрии шамсиро аз рўи хатти њаракати солонаи Замин дар атрофи Офтоб даќиќтар омўзанд, то ин ки эътидоли бањорї доимо ба як ваќт мувофиќ ояд. Дар “Наврўзнома”-и Умари Хайём як ривояти љолиб њаст: ”Чун Офтоб ба Фарвардини хеш расид, он рўз Офаридун ба нав љашн кард ва аз њама љањон мардум гирд оварду ањднома набишту гумоштагонро дод фармуд”

А

Абдулфаттоњ КУЛОЛЇ

БО ПАЁМИ РЎЗИ НАВ, РЎЗИИ НАВ, ХУШ ОМАДЇ Эй табиат, аз бањорон аст сўзу сози ту, Савти «Наврўзи Аљам» парвардаи эъљози ту. Сабзаву себаргаву гулњост пояндози ту, Ин њама зебописандињо зи рамзу рози ту. Рўзи нав, рўзии нав бо пайки пирўзї расид, Дорую дармони нав бар дарди бесўзї расид. Гар ба худ кардї зафар, дунё асират мешавад, Мањв шуд озори ту, чун озарафрўзї расид. Бар замини маънавият аз муњаббат об дењ, Аз сафои гулшани рўят гули сероб дењ. Дар ду гетї гар ту осоиш бихоњї ёфтан, Гўшро бедор бинмову забонро хоб дењ. Як пули Вањдат чу дар мобайни ду соњил шавї, Касрате пеш оядат, љамъе шавї, комил шавї. Хонаи њамро надидастем амсоли ду чашм,

ÊÈØÂÀÐÀÌÎÍ ÔÀÉÇÁÎÐ ÁÎØÀÄ...

Гузашта аз ин, дар сарчашмањои хаттї як далели дигар омада, ки дар ањди Сосониён Наврўз љашни давлатї буд. Дар замони Салљуќиён бо дастури Љалолиддин Маликшоњи Салљуќї теъдоде аз ситорашиносон бо сарварии Умари Хайём барои ислоњоти таќвим гирди њам омаданд. Ин гурўњ љойгоњи Наврўзро собит намуданд. Ислоњоти дар

њон бо ашрофони худ, панљ рўзи дуюмро ба бахшидани њадяњо, панљ рўзи сеюмро бо хизматгузорони худ, панљ рўзи чањорумро бо одамони хосу наздиктаринаш, панљ рўзи панљумро бо лашкариён ва панљ рўзи боќимондаро бо омма љашн мегирифтаанд. Дар тамоми рўзњои наврўзї навозандагон ва сарояндагони хоси дарбор дар хизмат буданд, ки ин њам як суннати таљлили Наврўз ба шумор мерафт. Инчунин, об пошидан ба њамдигар яке аз анъанањои иди Наврўзи даврони гузашта будааст, то кишвар сероб бошаду соли нав файзбор шавад. Ба ин тариќ, Наврўз ва оинњои кўњанбунёди он њамагї ормонњо, фарњанг ва таърихи њазорсолаи мардуми форсу тољикро якљо дар худ фароњам овардааст.

асоси мушоњидањои даќиќи илмї ва њисобу китоби аниќ гузаронидаи Умари Хайём дар асари ў «Зињї, Маликшоњї», ки дар таърих бо номи «Таќвими Љалолї» маъруф аст, љамъбаст гардид. Мувофиќи гуфтаи Абўрайњони Берунї дар ањди шоњони сосонї фарвардинмоњ ба шаш бахш таќсим шуда, чун моњи Наврўз љашн гирифта мешудааст: панљ рўзи аввалро подшо-

Матлуба АМИНОВ АМИНОВ А, корманди Осорхонаи ба номи Абўабдуллоњи Рўдакии шањри Панљакент

Дар даруни сина љо шав, то бињишти дил шавї. Оташи Зардушт бошад зеби оташдони мо, Фарри рањмонї баќою фитрати даврони мо. Бо паёми рўзи нав, рўзии нав, хуш омадї, Эй љањонигашта, эй Наврўзи лоластони мо!

Эй њамнафасон, мужда, ки Наврўзи бањор аст, Дар субњи фазои Ватанам турна ќатор аст. АБИИСТ, ки дар шањри бостонии тољикон-Истаравшан љашну идњои миллї, бахусус, Наврўз аз ќадимулайём бо шукўњу шањомати хос таљлил мегардад. Љашни оѓози бедории табиат, фарорасии фасли бањор дорои хислат ва анъанањои хос аст. Мардуми Истаравшан фарорасии соли навро дергоњ интизор мешуданд. Барои истиќболи он барваќт омодагї мегирифтанд. Дар Истаравшан истилоњи «Хонабаророн» маъмул буда, сокинон дар арафаи ид маъракаи хонабароронро анљом медоданд. Сипас, кўчаву гузарњо, њавзњо ва љўйборњоро тоза мекарданд. Дарахтони дохили њавлї, кўча ва боѓњоро ба шакл медароварданд. Як њафта ќабл аз ид дар кўчањои марказии шањр, раставу бозорњо љорчї бо аспу ароба давр зада, љор меандохт, ки дар мавзеи сарсабзи беруназшањрї мањфили “Гули Сурх” (ин мавзеъ имрўз номи Гули Сурхро дорад), дар теппаи Тал мусобиќањои гўштингирї ва дар мавзеи Калламанора бузкашї барпо мегарданд. Дар Истаравшан, инчунин, ибораи «Ошбараку ошбиёрак» хеле маъмул аст. Як рўз пеш аз љашн мардум дар хонањояшон оши палав пухта, худ мехўранду њам ба њамсоя ва хешу таборњо ба косањо андохта мефиристанд. Дар рўзи љашн раставу бозор, майдону кўчањои шањр бо издињоми одамон пур шуда, њунармандон офаридањои худро ба фурўш мебароранд. Ќандалотчињо бошанд, ширинињои худро пешкаш мекунанд. Фазои шањр аз бодпараку лалак пур мешавад. Љашн дар мавзеи боѓи беруназшањрї бо мањфили “Гули Сурх” оѓоз мешуд, ки онро адибони доираи адабии Истаравшан барпо мекарданд. Шоирон шеърњои ба васфи иди соли нав, бањор эљодкардаи худро ќироат менамуданд. Њофизону машшоќон суруду таронањо замзама карда, адибони љавон байтбарак ва мусобиќаи шеърхонї мегузаронданд. Њамин тавр, ид се рўз идома меёфт. Дар давоми се рўзи ид духтаракон ба хонањои наварўсони хешу

Т

Сабзаи дилњо З хоб бархестам.Чашмонамро молида-молида ба сарам ногоњ фикре зад, ки иди Наврўз таљлил мегардад. Ана, боз бањори нозанин омад. Табиат аз хоби хеш бедор шуд.

А

Њама љо сабзу гулпўш мешавад. Боз мурѓони чаман ба шохаи дарахтон нишаста, наѓмасарої мекунанд. Чї ќадар њаловатбахшу зебост ин манзарањо. Шукр, ки рўзњои сарди дай паси сар шуданд. Аз њавои офтобии гарму роњатбахши бањорї њаловат бурдаву Наврўзро љашн мегирем. Аз љой хестаму назди тиреза омада, берун назар афкандаму њайрон шудам: Аллакай дарахтон гул кардаанд! Шамоли серун гулњои онњоро ба њар тараф мебурд. Охир дирўз ин гулњо муѓча буданд. Наход дар як рўз дарахтон њамин хел гул кунанд - а? Ё ман чанд рўз хоб кардаму аз њама чиз бехабарам? Ин тавр шуданаш мумкин не. Ин дам модарам наздам омад: -Писарљонам, ана дарахтон гул

карданд, њама љо сабзу хуррам мешавад, боз бањори нав фаро расид. Ана бин, гандуми барои суманак сабзонидаамон низ тайёр шудааст. Дар њаќиќат, бинам, гандум сабзида буд. Ин муждаи неки бањор аст! -Модарљон, гулњои бањорї шукуфтанд, ба Шумо гулдастаи зебо меорам, -гуфтам. -Хуб, писарљон, акнун биё, нањорї мекунем... Дилам мехост фарёд занам: Бањор омадааст. Бањор! Бањори нозанин.... омад! Рустамбек АЊМАДОВ, донишљўи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон F афуров

Тарона О паёми неку самимї, боз бањори хушпаю хушрўзу хушлиќо фаро расид. Айёми рустанњою шукуфтанњо, эњёю эъљоз ва муњаббату зиндагї.

Б

Áà áà³îðè íàâ ðàñèäåì! Чї хуш, ки бо танини форами обшорон, наѓмаи мурѓакон, гулрези шохсорон ва насими љонбахши бањорон таронаи сабзи умрро бо њам месароем ва оѓози зиндашавии табитро аз Наврўз ибтидо мекунем. Шукр, шукр, ки боз ба бањори нав расидем. Аз таљаллии љашни хуљастаи Наврўз ба кошонањои мо нуру зиё мерезад, дар ќалбњо мењру вафо лона мегузорад ва рўи роњамон гулбезї мешавад. Ин њама аз файзу баракати Наврўз аст. Туро, Бобои дењќон, дуруд мегўям. Зеро оѓози шукуфтанњову дамиданњо аз ту ибтидо мегирад. Итминон дорам, ки ин сапедадам бо дили пурфарањ, чењраи кушодаву табъи хуш ба сањрову боѓот баромадаї. Мехоњї, ки бо омаданат замину замон бањороѓўш, мардуми сарзамини нусратёри тољикон њамеша покизанињоду равшандил бошанд. Наврўз оѓози Соли нав аст. Наврўз иди табиат, иди замин аст. Ин моем, ки бо табиат, бо љонварон ва растанињо њамнавоиву њамоњангї мекунем. Ин моем, ки дар ин иди бузурги табиат бо нињолшинонї онро бофайзтар ва некўхислаттар мегардонем, ба мардум ризќ медињем, Ватанро бойтару пуриќтидортар, мардумро шоду мулкро ободтар менамоем. Бошад, ки чунин бошад! Мунаввара ОЧИЛОВА, омўзгор аз ноњияи Бобољон F афуров

САФОИ МАЊФИЛИ “ГУЛИ СУРХ”

табор ва њамсояњо ба идгардак мерафтанд, ки ин анъана низ имрўз боќист. Наварўсон ба духтаракон атру собун, оинача, шона, рўймолча, чанг ва ѓайра таќдим мекарданд. Дар растањои бозор, майдону хиёбонњои шањр мусобиќањои хурўсу бедонаю кабкљанг ва тухмљанг барпо мегардиданд. Тавре таърихшинос Њасанбой Шарифов дар китоби “Тољикони бурунмарзї» овардааст: - аз шањрњои кунунии Осиёи Миёна танњо Ўротеппа ва Андиљон дар асрњои миёна дар шањри Ќошѓари Хитой корвонсарой доштанд. Дар корвонсаройи ўротеппагињо низ њар сол иди Сари сол бо иштироки мењмонони зиёд пуршукўњ таљлил мегардид. Баъди гузаронидани чорабинињои идона дењќонон маъракаи љуфтбаророн ташкил мекарданд, ки

он аз оѓози кишту кори бањорї дарак медод. Бояд тазаккур дод, ки љашни Наврўз баъди соњибистиќлол гаштани Љумњурии Тољикистон, бахусус, бо иќдомњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба худ шакл ва мундариљаи нав касб намуд. Наврўз аз љониби СММ љашни байналмилалї эътироф гардид. Мардуми шарифу сарбаланди Истаравшани бостонї имрўз Наврўзро дар фазои сулњу оромї, дўстї ва шукргузорї аз давлати соњибистиќлолу соњибихтиёр ботантана ва пуршукўњ таљлил менамоянд. Сайфулло ФАЙЗУЛЛОЕВ, Аълочии фарњанги Љумњурии Тољикистон, узви Иттифоќи журналистони Тољикистон


Сешанбе, 21 марти соли 2017

3

Њаќиќати Суѓд

№32 (17713)

Аз боѓи бињишт мерасад бўи бањор, Њамранги бињишт мешавад рўи диёр! Таљлили бошукўњу дастаљамъонаи Наврўз њамаи моро ба он њидоят месозад, ки ба хотири боз њам ободу зебо гардонидани њар як гўшаи Ватани бињиштосоямон, нерўманду пешрафта сохтани давлати соњибистиќлоламон ва аз имрўза бењтару осудатар намудани зиндагии мардуми шарифи кишвари мањбубамон њарчї бештар зањмат кашем ва сарљамъу муттањид бошем.

Эмомалї РАЊМОН УСАЛЛАМ аст, ки дар рўзи таљлили Наврўз сурфаи сафеди тозаву озода ба рўи замин мегустурданд. Нахуст рўи он оина ва зарфи пур аз об, як дона анор ё себ ва чанд сиккаи нуќра гузошта мешуд. Дар рўбарўи хон оташ афрўхта, чароѓ фурўзон мекарданд. Яке аз анъанаи ќадима ва суннати деринаи мардуми тољик дар таљлили иди Наврўз тайёр намудани таоми урфии бањорї - сумалак ё суманак мебошад. Рољеъ ба таърих ва пайдоиши ин навъи таом ривоятњои гуногун мављуданд. Дар ривояте оид ба пайдоиши ин таом зикри дигаре омадааст, ки гўё дар айёми бањорон аз самти шимол ба сарзамини тољикон кўчманчиён њуљум карда, баъди муњорибаи чандинрўза сипоњиён аз задухўрди байни њам хеле хаста мегарданд. Захираи гандум низ барои хўроки лашкар ба итмом мерасад. Кадбонуњо дар лањзањои бисёр тоќатфарсо маљбур мешаванд, ки сабзаи гандумро аз замин гирифта, барои лашкар хўрок тайёр кунанд. Аз гандуми сабзида таоми хуштаъму серѓизо омода шуд, ки он ба лашкар ќувват бахшид ва онњо ба душман ѓолиб омаданд. Агар ба сайри таърихии вожаи сумалак мутаваљљењ шавем, мебинем, ки дар атрофи ин калима низ назарњо зиёданд. Чунончї, бархе донандагони суннати сумалакпазї маънои калимаи сумалакро дар асл «Сималак»-сї малоика, сї фаришта маънидод кардаанд. Ин андеша низ аз наќли занњои кўњансоли мо бармеояд. Гўё, ки њангоми пухтани сумалак дар сари дег сї малак менишинанд.

М

ÁŲÒÀÐÈÍ ÑÓÍÍÀÒ ÂÀ ÎÈͲÎÈ ÕÎÑ

Сумалакро дар мавсими бањор њангоми таљлили љашни Наврўз моњњои март-апрел омода месозанд. Тайёр намудани сумалак хусусиятњои ба худ хосе дорад, ки аз дигар таомњо комилан фарќ мекунад. Ба андешаи донандагони расму оинњо ва, бахусус, кўњансолон, пазандаи сумалак баробари дар пухтупаз моњир

будан, инчунин, кадбонуи доно, сурудхону бадењагў ва аз њар љињат покизаву њалолкор ва покдил бояд бошад. Њамчунин ёрдамчиёни ў низ занњои хубу покдил ва покиза буданашон њатмист. Сабзондани гандум барои сумалакпазї як масъулияти хосро таќозо дорад. Аввал онро чанд маротиба шуста, по-

киза мекунанд, як шабонарўз дар зарфи об нигоњ медоранд. Тибќи маълумоти занони кўњансол, агар гандум сурхча неш занад, сумалак ширин, кабудча неш занад, маззааш талх мешавад. Гандум дар њавои гарм муддати се-чор рўз, њангоми сардии њаво бошад, тўли панљ-шаш рўз неш мезанад. Баъди неш задани гандум тибќи тамоюл онро бо корд мебуранд, њаљми порањои буридашуда 10-15 см-ро ташкил медињад. Аз рўи расму оин ин амалро зани серфарзанд ё дугоник таваллудкарда иљро мекунад. Гандуми нешзадаро бо ёрии ўѓурчањо (њован) ё ўѓури чўбини калон кўфта, шираашро мегиранд. Дегро бонувон бо навбат мекобанд ва орзуву ниятњои нек, амсоли бахти сафед, фарзандони солењ ва ѓайраро мекунанд. Сирри хуштаъмии сумалак дар рафоќату мењру садоќат байни занњои сумалакпаз аст. Урфу одат ва анъанањои сумалакпазии тољикон як рукни муњими љашни Наврўз ба њисоб рафта, таљассуми вањдату рафоќати њамдигарї, ташкили шодиву сурур ва хурсандии мардум, орзуи фаровонњосилї, серобии чашмаву нањрњо аст. Дастархони наврўзї ѓанитарин дастархони идњо аст. Дар он гул, ширинї, шарбат, нон, меваљот мегузоранд, дастархони 7 син меороянд, аз ќабили себ, санљид, сирко, сим, сабза, сабзї, сумалак. Аз ин лињоз, зарур аст, ки насли наврасро бо анъанаву оинњои деринаи тољикон, дар рўњияи худшиносї ва худогоњї тарбия намудан рисолати замони соњибистиќлолї буда, дар тањкими маърифату маънавиёти љомеаи муосир арљ мегузорад. Манзура ХОЛОВА

ЛОИЌ

ХОНИ НАВРЎЗЇ

Дар гирди хони Наврўз хешу табору ёрон, Дуранд ё ки наздик, бояст љамъ оянд. Бошад, ки сер бинанд соли дароз њамро, Бо њамдигар бисозанд, бо њамдигар бипоянд. Дар рўи хони Наврўз бояд, ки боз бошад, Њам шохаи гули тар, њам неши сабзи гандум. Бошад, ки бахти одам бошад чу гул шукуфон, Бошад, ки сер бошанд аз нон тамоми мардум. Дар рўи хони Наврўз рамзи бањори дунё, Ё њафтсин бибояд ё њафт навдаи он – То боѓи њафт иќлим рўи хазон набинад, То боѓи умр бошад то љовидон гулафшон. Дар базми иди Наврўз аз њафт навъи бода Ман љоми хештанро пур мекунам, њарифон, Менўшамаш ба шодї бо кулли мардуми дањр Рўи ѓаме набинад то њафт пушти инсон!

Фасли бањор-кўи ту, ранги бањор-рўи ту, Бўи бањор-бўи ту, накњати љонфизои ту.

Љ

АЊОНИШАВИИ љашни хуљастаи Наврўз, ки бо пешнињоди Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ва истиќболи кишварњои њавзаи тамаддуни Наврўз аз тарафи Созмони Милали Муттањид љараён пазируфт, пеш аз њама баёнгари маљмўи падидањои нодири ахлоќии фарњанги Наврўз, робитаи он бо андешаи созандагиву бунёдкорї, талќини афкори нек ва тањкими пайванди бештари инсон бо табиат аст.

Љоно, биё, Наврўз шуд... Љоно, биё, Наврўз шуд, Аз ишќи мо Наврўз шуд. Сар то сари дунё нигар, Пур аз сафо Наврўз шуд. Бар дарди сесадсола њам Њоло даво Наврўз шуд. Мири љањон Наврўз њаст, Њукмаш раво, Наврўз шуд. Бо хок њам, бо об њам Нашъунамо Наврўз шуд. Бо оташу бо бод њам Андар љило Наврўз шуд. Тањминаи Суѓдї, бигў, Аз мо чаро Наврўз шуд? То бахти олам гул кунад, Наврўз, њо, Наврўз шуд. Тањминаи СУЃДЇ

Дар Самарќанд ва рустоњои атрофи он низ ин љашнро бо шукўњу шањомати вижае пешвоз мегиранд, ки бо расму оинњояш аз манотиќи дигар тафовути на он ќадар зиёд дорад. Рољеъ ба асолати ин љашни миллї дар миёни мардуми Самарќанд њанўз соли 1910 маќолаи ховаршиноси рус Александр Шишов зери унвони «Дар бораи таљлили Наврўз дар Самарќанд» (бо забони русї) дар китоби «Тољикон» дар бахши «Идњо ва маросимњои миллї» ба дасти чоп расида буд. Мавсуф дар ин маќола ба њифозати 10 оини хоси наврўзии мардумони Самарќанд, аз љумла, оташафрўзї ва бо оташ ба рўдхонаи Оби Рањмат рафтан, оббозї дар ин рўдхона бо њадафи покиза шудан, ба њамдигар таќдим намудани тухмњои обљўшшудаи рангкардашуда, баромадан ба баландињо, ба дидори њамдигар рафтан, сайругашт ва амсоли инњо таъкид шудааст. Бино ба ахбори сарчашмањои таърихї дар бузургтарин шањрњои Фарорўд -Бухорову Самарќанд оинњои наврўзї бо шеваи ќадим љараён доштанд. Дар гузашта дар ин рўзи муборак мардуми Самарќанд ва атрофи он, пеш аз њама, ба гармоба рафта, либоси тоза ва ё наверо ба бар менамуданд, ки то имрўз ин амал побарљост. Ашхосе, ки бо таќозои вазъи иљтимої аз дигарон ќарз гирифтаанд, кўшиш ба харљ медињанд, ки то иди Наврўз онро супоранд. Яъне, соли нави меомадаро бе-

ÀÑÎËÀÒÈ ¯ÀØÍÈ ÌÈËËD

ќарз пешвоз гиранд, зеро ин амал гўё имконият фароњам меорад, ки онњо дар соли равон дигар мўњтољ намешаванд. Пухтани таомњои болаззат аз рукнњои вижаи љашни Наврўз мебошад. Дар иди Наврўз таомњои хеле гуногунро мисли суманак, кашк, шањлет, фалла, ѓулингоба, палав, оши тулмоч, ширак, ѓилбиндї, пичаку чалпак (тунукча), ќуйма (аз орду

пиёз), пиёба, мошгурунљ, ширбиринљ, лахчаки обак, чузма, ќатлама, нону кулчаи ширї, заѓора, самбўсаи алафї (аз њулбўй ва љова), нахўду лўбиё, лаблабуи буѓї, мепазанд, ки зеби дастархони њар як оила аст. Расм аст, ки њар як шахс бояд дар ин рўз ба хонаи дигарон мењмон шуда, њафт навъи ѓизо истеъмол намояд. Хусусияти доимии иди Наврўз пухтани сума-

нак аст. Одатан, суманакро якчанд оила (ё ањли гузар) тайёр мекунанд. Дар ин рўзи саид мардум раќсу бозї ва сурудхонї намуда, бозињои умумї – гўштин, пойга, бузкашї, гўшкан, ресмонкашї ва њар гуна намоишњои идона барпо мекунанд. Гўштингирї – анъанаи ќадими меросї аст ва дар он хурду калон иштирок мекунанд. Тарзи гўштингирии самарќандиён хусусиятњои ба худ хос дорад. Одатан, барои бачањо косаву табаќ ва ба полвонони номї гўсфанд, гов, асп, дар замони њозира бошад, мошин њадя мешавад. Гўштингирии анъанавї тадриљан ба гўштини тарзи нав иваз шуда, самарќандиён дањњо гўштингирони варзидае доранд, ки њар кадоме аз онњо соњибмактаб шудаанд. Гўшкан низ тамошоест, ки дар он асосан љавонон иштирок мекунанд. Одатан, дар гўшкан њаками бозї матои сахт гирењкардаро ба байн мепартояд. Иштирокчиёни бозї аз бист то панљоњ нафар шахси гирењгирифтаро дастгир карда, то даме, ки онро аз нав ба байн напартояд, аз гўшаш мекашанд. Шахси гирењро ба марра расонида, ѓолиб њисоб меёбад ва мукофот мегирад. Хулоса, дар кулли кишварњои форсизабон аз љумла, дар Самарќанд њанўз њам бењтарин суннат ва оинњо бо шеваи хос таљлил мешаванд ва њамасола дар ин шањри ќадима бо шукўњи нав, бо диди нав ин љашни деринаи ниёгон омили муњими њамдиливу вањдати мардум мешавад. Дар канори мањфуз мондани суннатњои фаротар аз њазорсолаи Наврўзи Аљам бар пояи муњаббату ихлоси мардум ба ин љашни њумоюнї падидањои тозае ворид мешаванд, ки њамагї сарчашма дар њамон фазилатњои хоси Наврўзи ќадима дошта, барои даъвати мардум ба шод будану шод зистан хидматгузоранд. Зоњид ЌЎРЃОНОВ, дотсенти Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров


4

Њаќиќати Суѓд

Сешанбе, 21 марти соли 2017

№32 (17713)

Наврўз шуд, бањори дилам, гулфишон биё, Бар боѓњои гулбасари тољикон, биё! Дар Наврўз мардум гирди хони идона љамъ омада, наќшањои ободкориву созандагї мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагї бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозї љузъе аз фарњанги ќадимаи тамаддунсози мо – тољикон буда, нишонаи кўшиш барои бењтар зистан, шукронаи табиат ва неъматњои онро ба љо овардан мебошад. Эмомалї РАЊМОН УСУСИЯТИ хоси иди Наврўз ин оро додани дастархонњои наврўзї аст. Рўзи иди Наврўз дастархони худро бо њафт навъи хўрданї, ки њарфи аввали онњо бо «Син» ва «Шин» бошанд, бояд оро дод.

Х

“ЊАФТСИН” СЕБ: Меваи маъмул, сероб, хушгувор, ширин, таркибаш аз витаминњои В,С бой аст. Иштињоовар буда, хунро тоза месозад. Зеби њар дастархон аст. Навъњои суманї, пешпазак, шакарсеб, крепсон, антонї, аштархонї ва ѓайра дорад. Барои тайёр намудани мураббо, шарбат ин намуди меваро истифода мебаранд. СУМАНАК: Сабзаи наврустаи гандум аст. Рамзи Наврўз буда, таркибаш аз ќанд бой аст. Ширааш серѓизост, бо он хўрок мепазанд, ки њамин номро дорад. Суманак танўрї ва дегї мешавад. Пухтани суманаки дегї ваќти зиёдро талаб карда, аз лаззати он баракати сол муайян мешавад. САМАК: Навъи моњї буда, бењтаринњояш гулмоњї ва ширмоњист. Хусусан, гулмоњї болаззат буда, осонњазм ва баданро фарбењ мекунад. Афзояндаи ќуввати чашм, барандаи андўњ буда, сафедаи фаровон дорад. Ба ќавле, хўрдани моњї одамро аз гуноњ пок месозад. СИР: Растании табобатист, ки дар таркибаш витамини В, С, йод, равѓани эфир ва ѓайра дорад. Дар Чини Ќадим аз сир ѓизое тайёр мекарданд, ки онро љавњари љавонї меномиданд. Олимони амрикої исбот намуданд, ки сир боиси пешгирии бемории саратон аст. САНЉИД: Меваи хуштаъм буда, пўсташ сурхи зардчатоб, маѓзаш ордакдори ширин, то 64 фоиз ќанд, 1,3 фоиз љавњар, то 200 м/г витамини С дорад. Гулаш хушбўй, сершањд дорои алкалоид

Äàñòàðõîíè íàâð¢çO: ÎÍÐÎ ×D ÒÀÂÐ ÁÎßÄ ÎÐÎ ÄÎÄ?

ва равѓани эфир аст. Барои табобати меъда, рўда ва газаки роњи нафас истифода мешавад. СИРКО: Туршии май ё спирти этил мебошад. Ба сирко, тархун, карафс, барги ќараќот (зирк) андохта, хушбўй мекунанд. Дар тайёр кардани хуришњо истифода мешавад.

СИПАНД: Рустании доруворї буда, барои амрози рўњ, ќалб ва меъда ба кор бурда мешавад. Бўи хуш дорад. Бар зидди зуком истифода шуда, ба оташ меандозанд, то бўи хуш дињад. Барои дафъи ќуввањои нопок сипанд дуд мекунанд, ки ёдгоре аз оини зардуштист.

“ЊАФТШИН” ШАКАР: Ѓизои хуштамъ ва ба инсон ќувват медињад. Дар таркиби нон, картошка, меваю сабзавот мављуд аст. Номњои гуногун дорад: дар ширлактоза, ангур-глюкоза, мева-фруктоза, лаблабу ва найшакар-сахароза. Ба ривояте дар ањди Љамшед рўзи Наврўз аз найшакар ќанд (шакар) њосил карда будаанд. ШИР: Нахустин ѓизо барои одамї ва дигар љондорон аст. Дар таркибаш витаминњои А,В,С,Д, Е дорад. Зуд њазм шуда, таъми тамоми ѓизоњоро ба шир нисбат медињанд. Бењтарин шир шири гавазн аст. ШАМЪ: Ёдгоре аз оташи зардуштї. Равшанї, нур, фурўѓ мебахшад. Рамзи базму шодї, барњамзанандаи торикї, нишонаи офтоб, бахт ва гармист. ШАРОБ: Барњамзанандаи андўњу дард, офарандаи сухан, ќувватбахши дил аст. ШАРБАТ: Афшураи мевањо: анор, себ, зардолу, олуболу мебошад. Ќувватдињандаи дил ва аќл, сабуккунандаи рўњ, шиканандаи ташнагї. Дорои витаминњои А, В,С, Д, Е мебошад. ШИННЇ: Шакари моеъ. Аз ангур, тут, харбуза ва тарбуз бо роњи љўшонидан тайёр мекунанд. Таркиб ва сифаташ ба шакар монанд. Барои пухтани мураббо, њалвои сурхак ва тарњалво истифода мешавад. Аз шакар ду маротиба ширинтар аст. Зеби њар дастархон ва иззати њар мењмон аст. ШОЯ: Маънои рустаниро дорад. Навъњои гуногуни шохчаи навсабзида ё навгулкардаи дарахт. Маъмулан шамшод. Рамзи зебої, љавонї, тозагї, умуман зиндагї. Инчунин рамзи ростї, некї, роњати чашм, ќуввати дил, барњамзанандаи андўњ. Тањияи Эътибор РАЊИМОВА

БЮЛЛЕТЕНИ ХАРИДИ ДАВЛАТ B

ÁÀ ÒÀÂÀ¯¯¡²È ÌÎËÐÀÑÎÍÓ ÏÓÄÐÀÒ×ȨÍ! Äàúâàòíîìàè èøòèðîê äàð îçìóíè õàðèä

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд (шањри Хуљанд, кўчаи академикњо Раљабовњо-55, тел: 6-35-79) ва ташкилоти Харидор довталабони салоњиятдорро барои иштирок дар озмунњои хариди номгўи зерини мол, кор ва хизматрасонї, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

1. Довталабон барои гирифтани њуљљатњои тендерї ва маълумоти иловагї дар бораи тендер метавонанд, ба маќоми Ваколатдор ба суроѓаи дар боло зикршуда мурољиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоњиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани њаќќи бебозгашт њуљљатњои тендерии худро дар лифофањои мўњр кардашуда ба суроѓаи дар боло зикршуда то ваќти дар сутуни «Сана ва ваќти кушодани лифофањо» муайяншуда пешнињод намоянд. Мўњлати муќарраршуда мўњлатест, ки баъди анљоми ваќт аз довталабон пешнињодот ќабул карда намешавад. 3. Лифофањо бо пешнињодњои довталабон аз љониби комиссияњои муштарак тибќи тартиби муќарраргардида кушода мешаванд. Намояндагони довталабон њуќуќ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.

Аз эътибор соќит

*Шањодатномаи таваллуд IIPE №448310, ки 6-уми феврали соли 1991 Сабти асноди њолати шањрвандии ноноњияи Бобољон Ѓафуров, Љамоати дењоти Ќистаќўз (њозира Хистеварз) ба Рањимљон Халифаев додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шањодатномаи хатми синфи 8, ки соли 1981 макмактаби миёнаи №39-и ноњияи Бобољон Ѓафуров, Љамоати дењоти Ќистаќўз (њозира Хистеварз) ба Сатторова МоМоњинисо Њомидљоновна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад.

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

Эътибор пайдо мекунад * Нусхаи дуюми шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 8, хонаи 53, њуљраи 88, ки ба Умаров Фирдавс Њасанович тааллуќ дорад, дар асоси њалномаи Суди шањри Хуљанд аз 7-уми феврали соли 2017 аз љониби КДФ «БММЃ» аз нав тартиб дода шудааст. * Нусхаи дуюми шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 34, хонаи 6, њуљраи 30, ки ба Гринберг Аркадий Иосифич тааллуќ дорад, дар асоси њалномаи Суди шањри Хуљанд аз 2-юми ноябри соли 2016 аз љониби КДФ «БММЃ» аз нав тартиб дода шудааст.

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

* Нусхаи дуюми шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи И.Сомонї (пештара Ленин), хонаи 79, њуљраи 34 дар асоси Протокол «оид ба натинатиљаи музоядаи №87, лоти №2», дар бораи фурўши молу мулк, шартномаи хариду фурўш оид ба натиљаи музоямузоядаи №87, лоти 2 ва санад дар бораи супоридани молу мулк дар музоядаи фурўхташуда аз 28-уми феврали соли 2017, ки ба Ќаландаров Зоњир Мунавварович тааллуќ дорад, аз љониби КДФ «БММЃ» аз нав тартиб дода шушудааст.

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

АХШИДА ба иди Бањор, рўзи Модар ва Наврўз дар таълимгоњи № 19-уми шањри Хуљанд чорабинии тантанавї доир гардид. Ба чорабинии идона муњассилони синфи 10-ум омодагии пухта дида, барномањои љолибу рангоранги фарњангї, сањначањо намоиш доданд. Либоси миллии атласу адрас ба бар намудани гулдухтарон, омода намудани таомњои Наврўзї шањодати ба љо овардани анъанаи неки ниёгон буд.

Б

НАВРЎЗ БАЊОРИ ГУЛБАСАР АСТ! Духтарону писарон назди њозирин дар фурсати кўтоњ тайёр намудани таом, аз љумла реза кардани сабзї, пиёз, кабудї, оростани дастархони идона ва дигар корњои рўзгорро анљом дода, бо ин ташвишу тараддудњои њаррўзаи модарону хоњарони худро намоиш доданд, ки хеле љолиб буд. Дар сањначањо лањзањо аз њаёти модарон намоиш дода шуд. Наќши занон дар оила њамчун посбони чароѓи хонадон, тарбиятгари фарзандон инъикос гардид. Дар ривоятњо гуфтаанд, ки Худованд накњат аз гул, нўш аз ангубин, гармї аз офтоб, тароват аз борон, шукўњ аз осмон, борандагї аз абр, равшанї аз субњ, зебої аз бањору хушилњонї аз андалебро ќатра - ќатра љамъ оварду занро офарид, то љањонро равшану инсониятро хушбахт гардонад. Наврўз аз оини ќадимии ниёгони мо буда, љашнгирии Наврўзро ба ањди шоњ Љамшед мансуб медонанд. Вобаста ба истиќболи Бањори гулбасар, Наврўзи хуљастапай, оину суннатњои наврўзї толибилмони дабистон шеърњо ќироат карданд. Аз тамошои сањнањои љолибу таъсирбахш аз рўзгори модарон ашк дар чашмон њалќа мебаст ва дар ќалби њар иштирокчии чорабинї муњаббат парваридан нисбати фарди бузургвор - модар ба љўш меомад. Дар њаќиќат, модар олињаи зебої, покизагї, рамзи шафќат, мењру муњаббат ва садоќат мебошад. Шањноза ЊОМИДОВА, «Њаќиќати Суѓд»

ÄÈ££ÀÒ, ÎÇÌÓÍ! Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуљандї» бо ќарори Раиси вилояти Суѓд (№123 аз 16.03.2017) рўзњои 18-19 майи соли љорї ба муносибати «Соли љавонон» эълон гардидани соли 2017 ва 20-солагии Рўзи Вањдати миллї озмуни вилоятиро тањти унвони «Љавонон – рушди илм, завќи бадеї ва худшиносии миллї»ро баргузор менамояд: Озмун дар ду бахш доир мешавад: Бахши аввал: Донишљўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муњаќќиќони љавон (то 30сола). 1. Омўзиши китобњо ва суханронињои Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон. 2. Муаррифии асарњои ноомўхтаи донишмандони тољик. 3. Њифзи ашъори Камоли Хуљандї. 4. Љавонони соњибтаълиф. Бахши дуввум: Хонандагони муассисањои тањсилоти миёнаи умумї (синфњои 8-11) 1. Њифзи ашъори Камоли Хуљандї. 2. Њифзи матнњои адабї. 3. Омўзиши асарњои адабї. Эзоњот: а) Барои иштирокчиёни њамаи бахшњо њифзи номи асарњои Пешвои миллат њатмист; б) як нафар метавонад танњо дар як навъи озмун ширкат намояд; в) 29-уми апрели соли равон

мўњлати охирини пешнињоди маводњои хаттист; г) аз њар навъи озмун ду нафар фаъолон бо мукофоти раѓбатноккунї қадршиносї мегарданд; ѓ) бањогузорї ва саволу љавоб аз рўи маводи ба тариқи хаттї пешнињодгардида сурат мегирад; д) дар бањогузорї меъёрњои дақиқ омода гардида, тибқи он хурдтарин афзалият ва истеъдоди довталаб ба њисоб гирифта мешавад; е) маводи хаттї он вақт қобили қабул њисобида мешавад, ки довталаб дар назди доварон ва њозирин аз он дифоъ карда тавонад. ё) ѓолибони озмун бо мукофотњои пулї дар њаљми аз 500 то 3000 сомонї қадршиносї мешаванд Барои алоқа: kamoli-khгjandi@mail.ru; kamoli.khujandi.tj@gmail.com (834 22) 6 12 27; (+992) 92 733-92-92; (+992) 92 794-41-09; (+992) 92 785-45-47 Суроѓа: шањри Хуљанд, кўчаи академикњо Раљабовњо 59

Раёсати созмони вилоятии Иттифоќи журналистони Тољикистон ба узви Иттифоќи рўзноманигорони љумњурї, Аълочии матбуоти Тољикистон, сарвари Љамъияти сањњомии кушодаи «Хирадмандони Суѓд» Њафизулло Сайфуллоев нисбат ба вафоти ÏÀÄÀÐÀØ таъзияи чуќур баён мекунад. Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд, истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Рафоат МЎЪМИНОВА Њуруфчин Раъно Юсуфова Веростор Маъруфљон Њомидов

Адади нашр 8230 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.