31 2017

Page 1

Эмомалї РАЊМОН:

Дар сарнавишти љашни куњанбунёди аљдодї – Наврўз оромишу ороиш, эњёву созандагї, назму низом дар њамаи корњои зиндагї, вањдату ягонагї, њусни тафоњуми тавозун ва њамбастагиву њамоњангии инсон ва љамъияту табиат таљассум ёфтааст. Банї - одам аъзои якдигаранд Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти соли 1930 нашр мешавад

Шанбе, 18 марти соли 2017

№ 31 (17712)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

Таъиноти кадрї

ХИЗМАТИ СОФДИЛОНА ВА САДОЌАТ БА ДАВЛАТУ МИЛЛАТ 15-уми марти соли 2017 Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон бо кадрњое, ки ба вазифањои масъули хизмати давлатї таъин гардиданд, мулоқот намуданд. Таѓйироти кадрї дар њайати роњбарикунанда ва фармондењии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон, Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон, мақомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатї дар шањри Душанбе, инчунин, Вазоратњои маориф ва илм, фарњанг, Академияи илмњо, Кумитаи телевизион ва

радиоро дарбар гирифт. Бо Қарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон вобаста ба таљдиди сохтор Рањматуллозода Сахидод - Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакї, Ниёзї Ёрмуњаммад – Директори Институти омўзиши масъалањои давлатњои Осиё ва Аврупои Академияи илмњои Љумњурии Тољикистон, Давлатзода Қудрат ба вазифаи Ректори Донишкадаи

Áàðíîìàè ðóøäè áî˜ó òîêïàðâàðO àìàëO ìåãàðäàä

ÁÓͨÄÈ 1037 ÃÅÊÒÀÐ ÁÎFÈ ÍÀ Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии хеш аз љумла, зикр намуданд, ки тибќи Барномаи рушди боѓу токпарварї майдони боғу токзори мамлакат ба 180 њазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум ќариб 100 њазор гектар ё ду баробар зиёд буда, дар њифзи амнияти озуќавории кишвар, рушди содирот ва таъмини саноати коркард бо ашёи хом наќши арзишманд гузошт.

Яке аз мањсулотњое, ки кишвари мо онро содирот менамояд, ин сабзавоти тару тоза ба њисоб меравад. Тољикистон дорои имкониятњои хуби парвариши сабзавоти ба талаботи замон љавобгў мебошад. Бо истифодаи иќлими мусоид ва обњои мусаффо дар кишвар хелњо ва навъњои зиёди сабзавоти аз љињати экологї тоза парвариш карда мешаванд. Бо таќозо ва талаботи зиёд доштани мањсулоти содиротии ватанї дар кишвар њамасола боѓу токзорњои нав бунёд мегарданд. Дар вилояти Суѓд низ боѓу токзорњои нав, ки мутобиќ ба меъёрњои соњаи кишоварзианд, бунёд меёбанд. Мувофиќи маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилоят давоми соли сипаригардида 1372 гектар боѓу токзорњои нав бунёд шудаанд. Њамчунин, ташкили боѓ боиси пайдоиши љойњои нави кор мегардад, ки имрўзњо садњо нафар сокинони кишвар бо шуѓли мавсимї ва доимї таъминанд. Имсол дар вилоят мувофиќи дурнамо 1037 гектар боѓу токзорњои нав бунёд мегарданд. Дар ин майдон боѓпарварон метавонанд, нињолњои мутобиќ ба иќлими кишварро шинонида, њосили хуб ба даст оваранд. Истамљони НАЉМИДДИН, "Њаќиќати Суѓд"

Б

молия ва иқтисоди Тољикистон, Шарифзода Мўъмин Машокир – Ректори Донишгоњи давлатии њуқуқ, бизнес ва сиёсати Тољикистон, Фақеров Њамидуллохон – Ректори Донишкадаи давлатии тиљорати Тољикистон, Љўрабоев Љамшед – Ректори Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, Идиев Хайриддин - Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъин гардида, Латифзода Диловар аз вазифаи Ректори Донишкадаи давлатии санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо сабаби ба нафақа баромаданаш озод карда шуд. Давлатзода Зевар аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина" озод ва бо Қарори Њукумати Љумњурии Тољикистон муовини Вазири фарњанг таъин гардид. Бо қарорњои дигари Њукумати Љумњурии Тољикистон Давлатзода Музаффар - муовини Вазири фарњанг, Саидов Носир – директори Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", Шамсуддинзода Садриддин – директори Муассисаи давлатии "Љањоннамо" ва Шамсиддинзода Субњиддин – Директори телевизиони "Тољикистон" таъин гардиданд. Бо Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аъзои њайати Раёсати Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Љумњурии Тољикистон" тасдиқ гардиданд. Ба вазифаи сардорони раёсатњои маорифи вилояти Хатлон, шањри Душанбе ва ноњияњои Сино, Исмоили Сомонї, Фирдавсї, Шоњмансур кадрњои љавону соњибтаљриба тавсия шуда, барои рафъи камбудиву норасоињои љойдошта,

гузаронидани ислоњоти соњаи маориф ва баланд бардоштани сатњи таълиму тарбия дар вилояти Хатлон ва шањри Душанбе вазифадор гардиданд. Президенти Љумњурии Тољикистон, Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба роњбарияти Раёсати маорифи шањри Душанбе ва ноњияњои он, ки нав таъин гардиданд, дастур доданд, ки сатњу сифати таълиму тарбияро бењтар намуда, барои аз байн бурдани кирдорњои дорои характери коррупсионї дар муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва томактабї, шафофият ва назорати дурусти маблаѓњои буљети давлатї ва таъмини фазои солењ дар муассисањои мазкур чорањои зарурї андешанд. Дар мувофиқа бо Президенти Љумњурии Тољикистон комиссарони њарбии Комиссариатњои њарбии ВМКБ, шањри Душанбе ва ноњияњои тобеи љумњурї, инчунин, командирони қисмњои њарбии љузъу томњои њарбии Қуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон дар як қатор шањру навоњии мамлакат аз њисоби кадрњои љавон, таълимгирифтагони ду-се муассисаи олии тањсилоти низомї дар дохил ва хориљи кишвар таъин гардиданд. Президенти Љумњурии Тољикистон кадрњои ба вазифањои пурмасъули соњањои хољагии халқи мамлакат таъингардидаро ба хизмати софдилона ва садоқат ба давлату миллат даъват намуда, таъкид доштанд, дар иљрои вазифањои ба зимма дошта бо њисси баланди масъулият муносибат намоянд. www.prezident.tj

Дањсолаи байналмилалии амал “Об-барои рушди устувор, 2018-2028”

«Тољикистон сарчашмаи оби зулол»

Дар маљлисгоњи Маркази таълимии Бонки миллї дар шањри Гулистон бахшида ба Дањсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, 2018-2028» ва «22 март – Рўзи умумиљањонии об» конфронси илмию амалї баргузор гардид. Дар оѓози конфронс, ки бо ташаббуси Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Суѓд доир гардид, оид ба захирањои об дар љумњурї филми мустанаде бо номи «Тољикистон-сарчашмаи оби зулол» намоиш дода шуд. Муовини Раиси вилояти Суѓд Ориф Хољазода, раиси Кумитаи њифзи муњити зисти назди Њукумати Љумњурии Тољикистон Хайрулло Ибодзода ва сардори Раёсати њифзи муњити зисти вилояти Суѓд Темурљон Нўъмонзода сухан намуда, зикр карданд, ки алњол масъалаи бо об таъмин кардани ањолї рўз аз рўз бењтар шуда истодааст. Имрўз раванди нигоњ доштани захирањои оби тоза, самарнок истифода бурдани онњо, норасоии оби нўшокї, умуман, дар миќёси љањон аз масоили глобалї мањсуб меёбанд. Маърўзачиён ва иштирокдорони конфронс зимни суханронии хеш ќайд намуданд, ки истифодаи техникаву технологияњои саноатї имрўз ба ифлосшавии љиддии об, бад шудани вазъияти муњити атроф ба саломатии инсон, њайвоноту наботот ва умуман, ба табиати зиндаи сайёраи замин таъсири худро мерасонанд. Барои самаранок истифода бурдан, нигоњ доштан ва сарфаи неъмати бебањои табиат - об њама бояд масъулияти баланди хештаншиносї дошта бошанд. Дар конфронс натиљањои озмуни вилоятї байни хонандагони мактабњо тањти унвони «Тољикистон – сарчашмаи оби зулол», ки ќаблан эълон шуда буд, љамъбаст гардида, ѓолибон бо мукофот, тўњфањои хотиравї ва сипоснома таќдиронида шуданд. У.МАХФИРАЛИЗОДА, «Њаќиќати Суѓд»

Дар партави дастуру супоришњои Раиси вилоят

АЊОР омаду дар хољагињои кишоварзии вилоят корњои шудгор ва кишт оѓоз гардиданд. Вобаста ба љараёни корњои сањрої, омодагии кишоварзони вилоят ба ин мавсим ва масоили дигари соња сўњбате доштем бо Абдуазиз Мањмудзода, сардори шўъбаи истењсолии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суѓд: -Бо фарорасии фасли бањор дар хољагињои кишоварзї корњои сањрої вусъати нав мегиранд. Кишоварзон бо маќсади ѓанї гардонидани дастархони мардум, афзун намудани њаљми истењсоли мањсулоти раќобатпазири ватанї аз тамоми имкониятњо истифода бурда, тадбирњои агротехникиро сариваќт гузаронида истодаанд. Хољагињои кишоварзии вилоят барои рўёнидани њосили дилхоњ дар соли 2017 оѓоз аз давраи тирамоњ љињати сариваќт ва дар мўњлатњои хуби агротехникї гузаронидани кишти тирамоњии ѓалладонагї ва сабзавоти барваќтї ањамияти зарурї зоњир намуда, масоњати кишти ѓалладонаи тирамоњиро дар 34,4 њазор гектар ва кишти пиёзи барваќтиро дар 1150 гектар гузарониданд. Њамчунин, дар давраи тирамоњу зимистон тибќи ќоидањои агротехникї яхобмонию шўршўйкунии замин, тайёр ва захира намудани тухмињои зироатњои кишоварзї, бурриши санитарї ва башаклдарории дарахтони боѓу токзор амалї гардиданд. Ба раќамњо мурољиат менамоем: то 15-уми марти соли равон дар шањру ноњияњои вилоят зиёда аз 614 њазор метри мукааб шабакањои обёрї тоза карда шуданд. Ин нишондод нисбат ба њамин давраи соли гузашта 31,5 њазор метри мукааб афзун мебошад. Ѓайр аз ин, бобати сариваќт омода ва мавриди истифода ќарор додани пойгоњњои обрасонї 389 адад дастгоњи обкашї аз таъмири хушсифати техникї бароварда шуд. Дар хољагињои кишоварзии вилоят дар аввали моњи марти соли равон дар зиёда аз 180 њазор гектар замин шудгор гузаронида шуд, ки 88 фоизи нишондоди пешбинишударо ташкил медињад. Айни њол шудгори бањоронаи заминњо босуръат љараён дорад. Барои афзун намудани њаљми истењсол ва њосилнокии ѓалладонагињо дар хољагињои вилоят додани озуќаи аввал ба анљом расида, марњалаи дуюми он оѓоз гардидааст.

ÁÀ²ÎÐ ÎÌÀÄ: омодагињо бояд барои њосили дилхоњ мусоидат намоянд!

Соли равон дар корхонањои кишоварзию хољагињои дењќонии вилоят дар 170,5 њазор гектар кишти бањории зироатњои кишоварзї пешбинї гардидааст, ки аз он 67,8 њазор гектар ѓалладонагињо, 66,5 њазор гектар зироатњои техникї, аз он љумла пахта дар 54 њазор гектар ва 8,9 њазор гектар картошка, 7,94 гектар сабзавот, 6,9 њазор гектар полезињо ва 29,2 њазор гектар зироатњои хўроки чорво мебошанд. Айни њол дар хољагињои вилоят кишти зироатњо оѓоз гардида, то 15-уми марти соли равон дар 25 њазору 385 гектар кишти бањорї гузаронида шудааст. Аз љумла ѓалладонагињо (бе шолї барои дон) 19 њазору 802 гектар, картошка 440, сабзавот 2930, пиёз 2595, сабзї 253, бодиринг 10, карам 3, помидор 2, зироати равѓандењ 1547, зироати хўроки чорво 665, аз љумла юнучќаи нав 640, лаблабу 25 гектар. Тадбирњои агротехникии парвариши онњо сариваќт гузаронида шуда истодаанд. Тибќи дастуру супоришњои Раиси вилоят Абдурањмон

Ќодирї кишоварзон бо маќсади бештар таъмин намудани ањолї бо мањсулоти барваќтї кишти сабзавот ва картошкаи барваќтї мегузаронанд. То имрўз дар хољагињои кишоварзии вилоят дар 2,3 њазор гектар кишти сабзавот ва дар 166 гектар кишти картошкаи барваќтї гузаронидаанд ва љараёни кишт алњол босуръат идома дорад. Тибќи љадвали тасдиќгардидаи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят љињати дар мањал мавриди омўзиш ќарор додани рафти омодасозии техника ва мошинолотњои кишоварзї ба мавсими кишти бањории њосили соли 2017, гурўњњои корї аз 28-уми феврал то 2-юми марти соли равон ба шањру ноњияњо сафарбар шуда, њолати омодагию ба хатти тайёр гузоштани техникањои кишткунанда ва дигар мошинолотњои барои кишти бањорї истифодашавандаро дар њамаи шаклњои хољагидорї мавриди омўзиш ва тањлил ќарор доданд. Рафти санљиш нишон дод, ки дар миќёси шањру ноњияњои пахтакори вилоят 5020 адад трактор, аз он техникањои нармкунанда 1664, шудгоркунанда 582, тухмипошак 812 ва 6438 адад сихмола ба мавсим омода карда шудаанд. Дар шањру ноњияњои пахтакор 359 маркази хизматрасонии техникї амал мекунад, ки 6326 адад трактор дорад. Њамзамон, 65 нуќтаи маслињатдињї ва 52 маѓозаи фурўши ќисмњои эњтиётї фаъолият мебаранд. Рафти санљиши тайёрии техникањо ба мавсими кишти бањории њосили соли 2017 дар хољагињои шањру ноњияњо нишон дод, ки омодасозии техникањои кишоварзї аз рўи талабот ва мўњлатњои муќарраргардида ба роњ монда шудааст. Улуѓбек ХУДОЙБЕРДИЕВ, «Њаќиќати Суѓд»


2

Њаќиќати Суѓд

Д

Шанбе, 18 марти соли 2017

№31 (17712)

Паёми Президент – рањнамои рўзгори пурсафо!

АР Паёми навбатї Пешвои миллат, Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон фаъолияти низоми бонкиро махсус таъкид намуда, аз кори баъзе нињодњои ќарзию амонатї ва бонкњо бо нигаронї изњор доштанд: “Фаъолияти мўътадили низоми бонкї дар шароити имрўза яке аз омилњои асосии тараќќиёти босуботи иќтисодї ба шумор меравад. Дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки низоми бонкии кишвар ва назорати фаъолияти бонкњо аз љониби Бонки миллии Тољикистон ба талаботи имрўза љавобгў нест..”.

Бањри маълумоти бештар пайдо намудан оид ба рафти иљрои дастуру супоришоти Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон доир ба кор ва иљрои вазифагузорињо дар самти бењбудии фаъолияти низоми бонкї дар соли 2017 ба сардори Шўъбаи минтаќавии Бонки миллии Тољикистон дар шањри Хуљанд Наврўз Валиев мурољиат намудем. Мавсуф изњор дошт, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон самтњои асосии фаъолият барои соли 2017 ва солњои минбаъда муайян гардиданд. Аз љумла, ба Бонки миллии Тољикистон бобати дар сатњи зарурї ба роњ мондани фаъолияти низоми бонкии кишвар изњори нигаронї намуда, њамзамон, вазифадор карданд, ки фаъолияти ташкилотњои ќарзї дар самти њифзи њуќуќу манфиатњои ќонунии амонатгузорон, иљрои ўњдадорињои хеш дар назди амонатгузорону пасандозгузорон бањри нигоњ доштани бовариву эътимоди ањолї, содда намудани њуљљатгузорињо, васеъ намудани доираи хизматрасонии бонкї, ифтитоњи воњидњои сохтории ташкилотњои ќарзї дар минтаќањои дурдаст ва љойњои ањолинишине, ки талабот ба хизматрасонии бонкї зиёд аст, ба таври ќатъї тањти назорат ќарор гиранд...

Ñà³ìè áîíê äàð è¥òèñîäè¸òè ìèëëO ÷èãóíà àñò? Вазъи ноустувори иќтисодию молиявї дар љањон, тањримњои иќтисодї дар кишварњои шарикони савдо ва лаппишњои ќурбї ба нишодињандањои асосии молиявии низоми бонкї таъсири манфии худро расонд. Лекин дар натиљаи андешидани тадбирњои сиёсати пулию ќарзї, асъорї, маъмурию назоратї ва таѓйирёбии сохторї талабот ба асъори хориљии наќд, ќурби пули миллї нисбатан мўътадил гардида, ба вазъи бозори молиявї таъсири мусбат расонид. Дар ин давра, Шўъбаи минтаќавии Бонки миллии Тољикистон дар шањри Хуљанд низ сиёсати пайгиронаю самарабахши пулию ќарзї ва асъории Бонки миллии Тољикистон, ки бањри таъмини рушди мўътадили њаљми пул дар иќтисодиёт, нигоњдории сатњи зарурии нархњо, суботи молиявї ва мусоидат ба рушди устувори иќтисодиёт равона гардидааст, дастгирї намуда, дар соли 2016 ба як ќатор нишондињандањои иќтисодї ва низоми бонкии минтаќа ноил гардид. Алњол шумораи ташкилоти ќарзї дар ќаламрави вилояти Суѓд 21 адад буда, ба ѓайр аз он 651 воњиди сохтории ташкилотњои ќарзї дар љойњои ањолинишине, ки аз муассисаи бонкї дур мебошанд, фаъолият мебаранд. Њаљми умумии пасандозњои љалбгардида раванди афзуншавиро доро буда, баќияи пасандозњо дар ин давра, ба 1612,7 млн. сомонї баробар гардид. Афзоиши пасандозњо назар ба соли пешин 16,3 фоиз ба ќайд гирифта шудааст. Боиси зикр аст, ки баробари дароз шудани мўњлати пасандоз фоизи он низ баланд мешавад. Њоло меъёри миёнавазни пасандозњои мўњлатдор дар ташкилотњои

Øàôôîôèÿò äàð ³àð ñî³à ìó³èì àñò!

ХИЗМАТРАСОНИИ БОНКЊО ДИГАРГУНЇ МЕТАЛАБАД...

ќарзї бо пули миллї ба 18 фоиз ва бо асъори хориљї ба 10,2 фоиз баробар аст.

Òàëàáîò áà ¥àðç ÷àðî êî³èø ìå¸áàä? Љараёни маблаѓзузории ќарзї ба иќтисодиёти вилоят, вобаста ба вазъи имрўзаи иќтисодиёт, даромаднокї ва ќобилияти харидории ањолї коста гардида, дар соли љорї ба соњањои мухталифи иќтисодиёт аз љониби ташкилотњои ќарзї 1970,6 млн. сомонї захирањои ќарзї пешнињод карда шуд, ки он нисбати соли гузашта 16,5 фоиз кам мебошад. Омили асосии манфї будани нишондињандањои мазкур ин пеш аз њама коњишёбии назарраси талабот ба ќарз ва инчунин бўњрони молиявии низоми бонкї арзёбї мегардад. Ањолии минтаќа дар ваќти гирифтани ќарзњо бештар ба пули миллї таваљљўњи хоса зоњир намуда истодаанд ва дар ин замина, њиссаи ќарзњои бо пули миллї додашуда наздик 60 фоизро ташкил медињад, њол он ки ин нишондод дар солњои ќаблї ба њисоби миёна ба 45,5 фоиз баробар буд. Тањлилњо собит месозанд, ки ќарзњои таснифшуда, 561,7 млн. сомониро ташкил намуд, ки вазни ќиёсии ќарзњои таснифшуда дар таркиби сандуќи ќарзї ба 23,9 фоиз баробар мебошад. Нишондињандаи мазкур нисбати соли ќаблї 6,5 банди фоизї зиёд гардидааст. Раќамњо аз бад шудани сандуќи ќарзии ташкилотњои ќарзї ва вазъи молиявии ањолї шањодат медињанд, яъне бештари ќарзгирандагон наметавонанд сари ваќт ќарзњои худро аз рўи љадвал пардохт намоянд. Њаљми ќарзњои хурди додашуда, 1328,1 млн.сомониро ташкил медињанд, ки ин нисбати соли ќаблї 23,4 фоиз кам мебошад. Њамчунин, њаљми ќарзњои хурди ба минтаќањои дурдаст додашуда, 382,5 миллион сомониро ташкил намудааст. Теъдоди ќарзњои хурди додашуда ба 189 њазор адад баробар буда, дар муќоиса бо соли пешин 9,3 њазор адад кам аст.

Ýúòèìîäè ìàðäóìðî óñòóâîð áîÿä íèãî³ äîøò Бо маќсади баланд бардоштани бовариву эътимоди ањолї ба низоми бонкї ва зиёд намудани миёнаравии молиявї бо

роњи таъмини сатњи зарурии њимояи њуќуќи истеъмолкунандагони хизматрасонињои низоми бонкї, бахши њимояи њуќуќи истеъмолкунандагон њамарўза мурољиати шањрвандон тариќи хаттї, шифоњї ва ба воситаи телефони боварї ќабул карда мешавад. Дар ин давра 711 адад мурољиат (99 адад хаттї ва 612 шифоњї) ба унвони Шўъбаи минтаќавї ворид гардидаанд, ки нисбат ба њамин марњалаи соли ќаблї 561 адад ё худ 3,7 маротиба зиёд мебошад. Мўњтавои мурољиати шањрвандон нисбати фаъолияти ташкилотњои ќарзї асосан масъалањои сиёсати ќарздињї, пасандозї, асъорї ва сифати хизматрасонињоро дарбар мегирад. Бо вуљуди таъсири манфии бўњрони иќтисодию молиявии љањонї дар соли 2016 рушди воќеии иќтисодиёт нисбат ба њамин давраи соли пешин 6,9 фоизро ташкил додааст. Дар натиљаи аз љониби Бонки миллии Тољикистон андешидани маљмўи тадбирњои зарурї сатњи мўътадили нархњо дар љумњурї нигоњ дошта шуда, аз рўи љамъбасти соли њисоботї сатњи таваррум 6,1 фоизро ташкил дод. Таваррум нисбат ба дурнамои он, ки дар соли 2016 дар сатњи 7 фоиз пешбинї гардида буд, ба андозаи 0,9 банди фоизї кам мебошад. Албатта, омили асосии тараќќиёти босуботи иќтисодии њар як кишвару минтаќа ин фаъолияти мўътадили низоми бонкї мебошад. Зеро ташкилотњои ќарзї ба воситаи пешнињоди захирањои ќарзї сармоягузории бахшњои иќтисодї ва дастгирии соњибкорони хурду миёна амалї намуда, ба рушди иќтисодиёти кишвар замина фароњам меовард. Аён аст, ки аз таъсири бўњрони молиявию иќтисодї натанњо дигар соњањои иќтисодї, балки низоми бонкии кишвар низ бетаъсир намонд ва ба хавфњои низомї дучор гардид.

Ìèçî¿îí àç ÷O äèëïóðàíä? Бо назардошти кам гардидани талабот ба гирифтани ќарз бино ба паст шудани ќобилияти ќарзадокунии мизољон тамоюли коњишёбии ќарзњо ба назар мерасанд. Сабабњои асосии ин таъсири омилњои дохиливу хориљї, бўњрони иќтисодї, дар баъзе њолатњо вобаста ба ѓай-

АЗ ПАДИДАЊОИ НОМАТЛУБ, АЛЊАЗАР!

Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ аз шомилшавии бархе љавонони кишвари мо ба гурўњњои ифротгаро изњори нигаронї карда, таъкид намуданд, ки пеши ин вабои аср бояд гирифта шавад. Оре, бо назардошти хавфу хатари ин зуњурот њар як сокини љумњуриамон, аз он љумла шањри Исфараро зарур аст, ки барои аз бегонапарастї даст кашидани шањрвандон, бахусус, љавонон сањмгузор бошанд. Имрўз чандин нафар шањрвандони кишвари мо дар давлати Сурия дар њайати гурўњњои террористиву экстремистї дар муќовиматњои мусаллањона иштирок намуда истодаанд, ки ин амали нангин аст. Аксари ин љавонон саводи кофї надошта, ба гумроњї рафтаанд. Инчунин, чандин нафари ин љавонони беномус ањли оилаи худро њамроњ ба Сурия бурда, зери тиру туфанг монда, бе ному нишон гаштаанд. Њоло оилањои онон дар чї њоланд, касе намедонад. Хеле бамаврид аст, ки бо талошу кўшишњои маќомоти њифзи њуќуќ якчанд нафар занону духтарони тољик аз сафар ба ин давлатњо боздошта шу-

данд. Аксари онон њангоми муњољирати мењнатї дар хориљи кишвар ба гурўњњои ифротгаро ва тер- рористї љалб гардидаанд, ки ќисми зиёдашон аз 18 то 30 сола мебошанд. Дар натиљаи бурдани корњои фањмондадињї тавассути газетаву маљаллањо, телевизион ва радиои мањаллї дар шањраки мо якчанд оилањои ба доми фиреб афтода ба хонањояшон баргардонида, ба зиндагии осоишта њидоят карда шуданд. Мутаассифона, алњол њизбу њаракатњои ифротии аз номи Ислом баромадкунанда, ба монанди «Њаракати исломии Ўзбекистон», «Њизб-ут-Тањрир», «Ансоруллоњ», «Салафия» ва дигарњо номи мубораки дини Исломро доѓдор намуда истодаанд. Имрўз њар яки мо, шањрвандони Тољикистони азиз вазифадорем, ки пеш аз њама дар манзили зисти худ

римаќсаднок истифодабарии ќарзњо, паст будани саводнокии молиявии бархе аз мизољон ба вуќўъ пайваст. Дар ин самт, ташкилотњои ќарзї пайваста кўшиш ба харљ дода истодаанд, ки доираи хизматрасонињои хешро васеъ намуда, механизми баргардонидани ќарзњои мизољро (таљдиди ќарз, пешнињоди давраи имтиёзнок ва сабукињо, дароз намудани мўњлати ќарз) тартиб дода, барои баланд бардоштани маърифати молиявии мизољон семинару тренингњо тариќи васоити ахбори омма ташкил намоянд. Аз љумла, баргузор намудани семинару тренингњо ва вохўрї бо мизољон Бонки миллии Тољикистон дар њамоњангї бо Фонди хазинаи амонатњо ва муносибатњои байналмилалии Олмон ва Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон дар миќёси кишвар ва инчунин, шањру ноњияњои Хуљанд, Истаравшан, Бобољон Ѓафуров, Истаравшан барои муаллимон ва хонандагони мактабњои тањсилоти њамагонї семинар-машваратњо дар мавзўи “Баланд бардоштани маърифати молиявии ањолї” гузаронида шуда истодаанд. Бонки миллии Тољикистон бо маќсади нигањдории суботи низоми бонкї ва низоми пардохт, њимояи манфиатњои пасандоздорон ва ќарздењон, танзиму назорати фаъолияти ташкилотњои ќарзї тавассути гузаронидани санљиши њамаљонибаи фаъолияти онњоро тибќи талаботњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон амалї менамояд. Њамзамон, Маќомоти иљроия, яъне Шўрои нозирон ташкилоти ќарзиро оиди натиљањои санљиши гузаронидашуда огоњ месозад. Аз рўи натиљаи санљишњои гузаронида нисбати ташкилотњои ќарзї чорањои фаврии ислоњї ва таъсиррасонї дар намуди ситонидани љарима то 1 фоизи њадди аќќали сармояи оинномавї ва фиристонидани амрномањо бо пешнињоди наќшаи чорабинињо бобати бартараф намудани камбудињои дар санади санљишї дарљ гардида, татбиќ карда шудааст. Тањлилњо шањодат медињанд, ки ваќтњои охир аз љониби кормандони ташкилотњои ќарзї роњ додан ба ќонунвайрокунињо, аз ќабили азхудкунии маблаѓњо, сохтакории њуљљатњо, поймол кардани њуќуќњои пасандоздорон, ќаллобї ба назар мерасанд. Чунин амалњо дар сохтори аксар ташкилотњои ќарзї ошкор гашта, нисбати шахсони гунањгор парвандањои љиної оѓоз ва њукми судї татбиќ гардиданд. -Бо боварї метавон зикр намуд, ки – илова кард Наврўз Валиев,- Шўъбаи минтаќавии Бонки миллии Тољикистон дар шањри Хуљанд дар њамоњангї бо низоми бонкии минтаќа бањри иљрои вазифањои дар Паёми Пешвои миллат ќайд гардида ба таври самаранок фаъолият мебарад. Дар ин самт вазифадор ва масъул њастем. Бале, њама ваќт ва дар њар шароит манфиати умум боло бояд истад ва хизматрасонињо дар сатњи зарурї бошанд. Аз ин рў, эътимод ва боварии мардум ва мизољони бонкњо дар он таљассум меёбанд, ки њуќуќу манфиатњои ќонунии онњо пайваста њимоят карда шаванд. Чаро ки бонкњо, сарфи назар аз мансубияти моликияташон, шаффоф ба мардум хизмат расонида, эътимодашонро афзун намоянд. Маъмурахон САМАДОВА, “Њаќиќати Суѓд”

Љомеа ва замон бо ањли оила барои пешгирии њамагуна шомилшавї ба њизбу њаракатњои ифротгаро кўшиш намоем. Мушкилоти асосии ин вабои аср даст задани духтарону наврасони ноболиѓ ба худкушї мебошад, ки сабабњои асосиаш дар сатњи паст ќарор доштани дониш ва маърифати динї дар байни наврасон ва љавонон, нокифоя будани фарогирии љавонон бо таълиму тарбия аз тарафи волидон аст. Дар мањалњо бояд раисони мањаллањо, имомхатибон, занони барўманду сарварони муассисањои таълимї ва дигар фаъолон муттањид шуда, хатарњои шомилшавї ба њизбу њаракатњои экстремистиву террористиро ба мардум фањмонда дињанд, вазъи мањалли худро тањлил карда, ба њар як падидаи номатлуб эътибори љиддї дода, тарзи њаёти солимро тарѓиб намоянд. Њар як шањрванди кишварамонро зарур аст, ки шукргузорї аз Ватани азизамон, баракати сулњу вањдат намоянд ва ба Сарвари оќилу хирадманди кишварамон арљ гузоранд. Мањбубахон ФАТТОЕВА, сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва љашну маросимњои миллии шањраки Нурафшони шањри Исфара

З

Мавќеи зан дар иљрои вазифа

ИМИСТОНИ сарди соли 1941-уми ќарни гузашта барои кулли мардуми Шўравї давраи санљиши бузург дар пешорўи мушкилињо, ќањатї, гуруснагии шадид дар айёми љанги хонумонсўз гардид. Дар яке аз чунин рўзњои вазнини мавсими сармо духтараки резапайкаре бо тани коњида, гурусна, дар тан либоси оддї ба маѓозаи хўрокворї омад. Дар пањлўи маѓоза беморхонаи шањрии №1 ва дар муќобили он госпитали њарбї воќеъ буд, ки сарбозони маљрўњ онљо табобат мегирифтанд. Духтарак бо хоњиши зиёд ба мудири маѓоза илтиљо кард:- «Хоњиш дорам, маро ба кор ќабул кунед, мехоњам мисли падарам ман њам корманди соњаи савдо шавам». Њамин асно дар маѓоза бўйи хуши нон пањн гашту аз чашмони духтарак ашк љорї шуд. Яке аз фурўшандањо ба духтарак нигариста гуфт: «Шояд ў гурусна асту чанд муддат инљониб луќмае ба дањон набурдааст?»

САБАЌИ ЗИНДАГЇ

- Не, ман гурусна нестам. Танњо мехоњам дар ин љо кор кунам», - гуфт духтарак… Шояд дар он рўзњои вазнини айёми љанг азоби алими њамшањриён, мардуми диёраш дар ќалби ин духтарак эњсосеро бедор намуд, ки фурўшанда шаваду барои мардуми гурусна ѓизо фароњам оварад, азоби онњоро сабуктар намояд. Ана њамин тариќ, ў дар он солњои мудњиши љанг дар шўъбаи кадрњои идораи савдо ва дар яке аз маѓозањои шањри Ленинобод (њоло Хуљанд) фаъолияти кориашро оѓоз кард. Бале, бачањои солњои љанг он рўзњои душворро хуб дар хотир доранд, зеро мардњо њама сафарбар гардида, сахтию мушкилоти Љанги Бузурги Ватанї ба дўши модарон ва онон гузошта шуда, бачагони он айём, ба ќавле, пеш аз мўњлат ба воя расида буданд. Боќиева Мањфуза Ѓаниевна соли 1926 дар яке аз мањаллањои шањри Ленинобод (њоло Хуљанд) ба дунё омадааст. Падараш Абдуѓанї Муњаммадов собиќадори соњаи савдо буд, ки то Инќилоби Октябр низ бо тиљорат машѓул гаштаву нозукињои хариду фурўшро хуб медонист. Мањфуза аз падар бармањал ятим монда, ўро модараш, ки дар Комбинати абрешими шањр кор мекард, танњо ба воя расонд. Дар он замон, дар даврони Иттињоди Шўравї Комбинати абрешим ифтихори мардуми шўравї ба њисоб мерафт ва дар он љо беш аз 16 њазор нафар кор мекунанд ва 55 намуд мањсулоти гуногуни абрешимї истењсол мешуд. Баъди хатми мактаби №13 Мањфуза Боќиева ба техникуми савдо дохил гардида, баъдан фаъолияташро ба њайси муњосиб дар Идораи савдои шањри Ленинобод оѓоз менамояд. Он солњо соњаи савдо дорои ќонуниятњои хоси худ буд. Вобаста ба мављудияти секторњои истењсолии давлатї, кооперативї ва колхозї се шакли савдо – давлатї, кооперативї ва колхозї вуљуд дошт. Шакли асосии савдои замони Шўравї давлатї ба њисоб мерафт, ки ба моликияти умумихалќї будани истењсолот асос ёфта буд. Чун шакли асосии савдои он замон давлатї буд, иљрои вазифа аз муњосибон љиддият, масъулияти баланд ва даќиќкориро талаб менамуд. Мањфузахон Боќиева имкон пайдо кард то вазифаи худро, ки маљмўи амалиёти хољагї ва воситањои дар њуљљатњо ба шакли маблаѓ ифодашуда, назорати иљро ва муњофизати моликияти давлатї, таъмину татбиќ ва таќвияти њисоби хољагї ва дигарњоро фаро мегирифт, хубтар омўзад. Чун дар «Горторг»-и шањр кор мекард, барои муайян кардани натиљањо ва идора кардани корхонањо аз воситањои гуногун мисли, мувозинаи муњосибот, татбиќи њуљљатњо ва инвентаризатсия, нархгузорї, њисобот ва ѓайрањоро васеъ истифода менамуд. Ќобилияти кордонї ва ташкилотчигиаш дар байни сокинони шањри Ленинобод (Хуљанд) овоза гашта, мардум ўро депутат ба маљлиси вакилони шањр пешбарї намуданд. Азбаски ба ў боварии калон доштанд, якчанд маротиба депутати шањрї интихоб гардид. Мањфузахон Боќиева ёрирасону пуштибони мардум буд. Ў дар фаъолияти худ бо назардошти манфиатњои умумидавлатї амал карда, талаботњои ањолии њавзаи интихоботиашро ба назари эътибор мегирифт. Бо кўшиши ў якчанд масъала ва муаммоњои аз љониби халќ пешнињодгардида њаллу фасли худро меёфтанд. Њамзамон, Мањфузахон аъзои Кумитаи иттифоќи касабаи љумњурї ба шумор мерафт. Њамчун аъзо дар ташкили корњои тарбиявї, љалбкунї, муттањид намудани кормандон сањми худро мегузошт. Дар айёми љавонї ва баркамолиаш аз аъзоёни фаъоли Њизби Коммунисти Тољикистон ба шумор рафта, ба њайси сиёсатмадор хизмати шоиста намудааст. Ин аст, ки ўро њамчун узви кумитаи шањрии њизб дар Вазорати савдои љумњурї мешинохтанд. Мањфузахон Боќиева минбаъд њамчун корманди ўњдабаро ва дар соњаи савдо собиќадору обутобёфта аз соли 1968 наздик бист сол дар Идораи савдои хўрокворї ва Идораи молњои саноатии шањр дар вазифаи директор фаъолият бурд. Дар айёми фаъолияти худ ў бонуи роњбаре буд, ки дар маѓозањои шањр ба фурўшгарон либоси ягонаро љорї намуд. Бањри он кўшиш ба харљ медод, ки нуќтањои савдои шањр доимо бо мањсулот ва молњои ниёзи мардум пур бошанд. Ба арљгузории хизматњои шоёнаш ин бонуи зањматкашу фурўтан бо ордени «Нишони Фахрї», медали «Барои мењнати шуљоатнок», якчанд ифтихорномањо мукофотонида шудааст. Мукофоти аз њама баланд бањри ин бонуи мардсифат мењру муњаббати беандозаи мардуми диёраш буд, ки дар давраи фаъолияташ ва то охири умраш нисбати ў доштанд… Мањфузахон Боќиева ба љуз ходими сиёсї, љамъиятї ва мутахассиси баландихтисоси соњаи тиљорат буданаш њамсари мењрубон, модари азизу мушфиќи фарзандонаш буд. Зиндагии ў пурталотум, пур аз шебу фароз гузаштааст. Оре, роњбарии идорањои давлатї, ки барои зан масъулияти хеле баланд аст, оиладорї, тарбияи фарзандон осон набуд, вале ў бањри аъло иљро кардани вазифаи давлатии худ, њам рисолати модарї, њамсарї ваќт меёфту намунаи ибрат ба мардум буд. Бо њамсари худ бахти босаодати оилавї дошту панљ фарзандро тарбияву таълими хуб дода, ба воя расонданд. Ин оилаи барўманд ба Тољикистони азизи мо ду нафар доктори фанњо, профессорон, ректорони донишгоњњои бонуфузи Россия - яке Донишгоњи муосири гуманитарї (СГУ) ва дигаре Донишгоњи нави Россия (РОСНОУ), як корманди масъули прокуратураи вилоят, як директори гимназия эњдо кардааст. Чун дар бораи ин бонуи равшанзамир китоби хотироти дўстону њамкорон бо номи «Ситораи савдои Тољикистон» омодаи нашр аст, мехоњем иќтибосеро аз навиштањои собиќ Вазири савдои Љумњурии Тољикистон Офоќхон Каттаев љой дињем, ки дар бораи шодравон Мањфузахон Боќиева хеле сатрњои пур аз мењру самимї рўйи сафња овардаанд: «Дар урфият инсонњои њалолкору саховатпеша, мењнатдўсту фозилро инсони комил мегўянд. Аз чунин инсонњо мардум сабаќи зиндагї ва кор меомўзанд. Бояд ќайд намоям, ки дар шахси Мањфуза Ѓаниевна Боќиева чунин инсонро кашф кардам ва чунин мешуморам, ки њар асру замон ба њаёт, ба бахти халќ фарзандони фарзонаи худро дар њар соња њадя мекардааст. Лозим ба тазаккур аст, ки ба арсаи роњбарї мутахассисоне меоянд, ки нерўи Худодод ва нишони одамиятро доро мебошанд. Чунин ашхос табиатан фидоии халќу љамъиятанд, соњиби донишу маърифати баланд буда, дар байни халќ мањбубият пайдо кардаанд. Ин гуфтањо ба пуррагї ба Мањфуза Ѓаниевна Боќиева мансуб аст. Зеро бо саъю кўшишњои пайваста, љасорату сабурї, хирадмандиву дурандешї ин зани љасур дар љодаи савдо зина ба зина пеш рафта, ќуллањои маќсудро фатњ намуданд». Нўъмон РАЉАБЗОДА


Шанбе, 18 марти соли 2017

№31 (17712)

3

Њаќиќати Суѓд

Áà èñòè¥áîëè ¿àøíè Íàâð¢çè áàéíàëìèëàëO Наврўз - таърихи зиндаву бедор, пояндагиву љовидонагї, ному нанг, ифтихору шараф, ободї, покиву озодагї ва баќои миллати фарњангиву тамаддунсози тољикон аст.

Эмомалї РАЊМОН

Н

АВРЎЗ – яке аз љашнњои бостонии сарзаминамон, пас аз чанде фаро мерасад ва саросари кишвари офтобрўяи мо аз файзи ин иди аљдодї бањра мегирад. Ба истиќболи ин иди љањонї тасмим гирифтем, доир ба сарнавишти Наврўзи куњан, таљлили нахустини Наврўз дар масири таърих, эњёи падидањои наврўзї дар замонњои пеш ва муосир бо шоир ва муњаќќиќи шинохтаи тољик Нуралї Нурзод сўњбат намоем. Инак, он манзури хонандагон мегардад. Андар РАЊМОНЇ: РАЊМОНЇ - Устод дар оѓози сўњбат мехостам аз сарнавишти Наврўзи куњан ва чигунагии зуњури он сўњбат кунем, чун бештар ин љашни куњани аљдодии моро ба унвони оѓози офариниш ва њатто рўзи милоди нахустинсон шинохтаанд ва шояд њамин фазилатњо буда, ки онро дар саросари олам ба унвони як љашни љавобгў ба ниёзњои кулли инсоният эътироф намудаанд. Ба назари Шумо чї боис шуда, ки Наврўзро љашни офариниш бихонданд ва милоди инсониятро бар он пайванд заданд? Нуралї НУРЗОД: - Њузури Наврўз ба унвони љашни шодињову нишот ва пирўзии рўшанї ба зулмат дар густураи фарњанги мардумони меросбари он бегумон ба замони оѓози зиндагонии башарият пайванд мегирад. Ба иттифоќи он ки дар куллияи забонњои куњан Наврўз ба гунањои ба њамдигар наздики «навсард» дар суѓдї, «нукруч» дар пањлавї ва муарраби найрўзро соњиб аст, шарњу тафсири аслии он њамон як таъбири рўзи навро муќаррар месозад. Донишманди номвар, муњаќќиќи барљастаи забон ва фарњанги куњани ориёї Фаридуни Љунайдї асли ин њамсониву њамнавоии вожаи «Наврўз»-ро дар соири забонњо ба љойгоњи худи вожаи «рўз» ва гунањои он пайванд дода, аз љумла таъкид мекунад, ки ин ном дар Авасто «Роучангањ», дар форсии бостон «роуча», дар пањлавии куњан «руч», дар курдї «руљ», дар форсии дарї ва Хуросон «Рз» ва дар форсии имрўз «рўз», кошонї, тењронї, бењдинї «ру» хонда мешавад. Аз сўе ончї аз рўз бармеояд, њамоно рўшаної аст, агар вожаи равшани форсии дариро бо «роучангањ»-и авастої бисанљем, пайдо мешавад, ки рўз њамон рўшан аст, пас Наврўз ё рўзи нав рўшноии нав аст. Бо такя бар ин шеваи шинохти устод Љунайдї метавон ќидсати оѓози Наврўзро њамоно бори дигар бар офариниш марбут донист, ба замоне, ки рўшанї аз болои зулмот пирўз гардид ва нур дар олам падид омадаву рўзгор шурўъ шуд. Љолиб он аст, ки барои ифодаи Наврўз бо иттико бар њамин манзалати ин љашни оѓоз устод Љунайдї таъбири «љони љањон»ро истифода кардааст. Дар канори ин, пайванди љашни Наврўз ба офаринишро метавон ба замони барпоии он аз дергоњи таърих, ки навъе рамзи эњёи табиат ва фарорасии айёми шукуфоиву бедории аносири табиї ва амсоли ин дониста мешуд, марбут донист, ки дар сароѓози маърифати гоњшумории мардумони ориётабор, њатто аз рўзгорони аз ду фасл таркиб ёфтани як сол, яъне бањору хазон ќарор дошта. Шояд њамин омили барљастаи њулули андешањои ниёкони мо бо маърифати офариниш ва асолати зуњури Наврўз омил омада, ки баъдан дар фарњанги динї низ ин љашни бедориву шукуфоии табиат ва оини шодињо ба хилќати инсон њам пайванд касб намуд. Аз муњимтарин омили иртиботи Наврўз бо офариниш ва хилќати одам зикри нукоте марбут бар нахустин инсон – Каюмарс дар китоби «Наврўзнома» -и Умари Хайём мањсуб меёбад, ки њарчанд кашф ва дарёфти ин рўзро ба Љамшеди каёнї интисоб медињад, аммо баробари ин аз љумла менависад: «Ва ќиссаи он чунон аст, ки чун Каюмарс аввали мулуки Аљам ба подшоњї биншаст, хост, ки айёми солу моњро ном нињад ва таърихро созад, то мардумон онро бидонанд, бингарист, ки он рўз бомдод офтоб ба аввалдаќиќаи њамал омад. Мўъбадони Аљамро гирд кард ва фармуд, ки таърихро аз инљо оѓоз кунанд. Мўъбадон љамъ омаданд ва таърих нињоданд». Њамин тавр, агарчї ба таъкиди Њаким Фирдавсї дар “Шоњнома”, Берунї дар “Осор-ул-боќия” ва Умари Хайём дар “Наврўзнома” асли зуњури Нав-рўз ва бунёд нињодани он ба Љамшед нисбат дода мешавад, аммо бозгўии асотир ва ривоёте дар заминаи тайнини гоњшумории ќадима ва таљлили љашни оѓози офариниш аз сўи Каюмарс чун нахуст-инсон дар тафаккури аќвоми ориёї њамоно Нав-рўзро ба унвони оини бузурги бозгашт ба сўи оѓоз ва бузургдошти инсон муаррифї мекунад, ба таъбири дигар. Наврўз ба њаќиќат рўзи таваллуди Инсон будааст, ки минбаъд соири аќвом бар он арљ нињодаанд ва кунун њам љашни љањонї шуда. Ва њатто, агар њамин кашфи Наврўзро аз сўи Љамшед ба унвони рўзи бар тахт нишастани ў бипазирем, он њам дубора ба њамин фалсафаи оѓози хилќат ва офариниш бармегардад, чун ба таъбири Артур Кристинсен, ки китобе рољеъ ба Шоњ Љамшед навишта, ў “Нахустин инсон ва нахустин Шањриёр” будааст. Агар ин нуктаро бипазирем, ки Љамшед нахустин шањриёр эътироф гардида, пас дар китоби ведањои њиндї чун инсони аввалин дониста шудани Љамшед (яъне йима) боз њам зуњури ин љашнро ба нахустинсон дар тафаккури инсонї марбут мегардонад ва худи Наврўзро бори дигар љашни таваллуди њам инсон ва њам зиндагонии башарият муаррифї менамояд. Андар РАЊМОНЇ: - Сароѓози таљлили Наврўз њамчун љашни бедорї ва рамзи оѓози зиндагонии инсоният ба кадом замони таърихї пайванд мегирад. Ба ибораи дигар таљлили Наврўз дар масири таърих аз кай оѓоз гардида ва то имрўз чи бархурду истиќболњоеро пешорў дошта. Ба назари Шумо кадоми фазилатњои фарњанги Наврўз омил бар истиќболи он аз љониби соири фарњангу динњо дар раванди таърих шудааст? Нуралї НУРЗОД: - Мурур ба сарчашмашиносии эљоди Наврўз ва интишори он дар даврони гуногуни таърихї собит месозад, ки њарчанд љашни бузург њамчун замони нињодани оѓози таърих дар

НАВРЎЗ љашни офариниш, таваллуди инсон ва паёми зиндагисози ворисони он ба љањониён аст!

тафаккури асотирии мардумони ориётабор маќом ва љойгоње дар андешаи љањонї касб намудааст, аммо њамоно ба њаќиќат аз шурўи таърих то акнун тавассути њамбастагї ва робитаи мустањкам касб карданаш бо љашну оинњои аќвоми гуногун баробари таъсиргузорї дар такмилаи тамаддуни инсонї худ низ тањаввул ва такомул пазируфта, ба як намоди бузурги фарњанги љањонї бадал гардид. Њанўз аз дергоњи таърих оинњои марбут ба Наврўз бо таљассуми густарда аз сунани ахлоќии созгор бар рўњияи мардумони мухталиф, чун оѓози покизагии вуљуди инсон дар заминаи кашфу маърифати асолати об, обпошї бо нияти фаровонии њосил ва эњтироз аз хушксолї, покиза нигоњ доштани манзилу хонањо, шинонидани дарахтон ва парвариши сабза бо орзуи шукўњи сабзу хуррамї ва амсоли ин таъсиргузорї намудаанд, ки аз љумла иттилое рољеъ ба таъсири ин оинњо ба фарњанги ќадимаи бобуливу мисриву ќибтї дар манобеъ рафта. Ба иттифоќи ањли тањќиќ оинњои густардае аз Наврўзи Аљам њанўз дар айёми њукумати Њахоманишињо љараён дошта ва њатто сарчашмаи нуфузи љањонї касб намудани ин љашни хуљаста ва оинњои гуногун он дар айёми Дориюш пайванд мегирад, ки мањз тавассути вай бархе аз оинњои љашни оѓози табиатро мисриён ќабул намудаанд ва бар ивази ин суннатњо мардумони ин сарзаминњои куњани аљдодї шевањои хоси гоњшумориро дар љомеаи хеш татбиќ кардаанд. Фузун бар ин, нукоте дар робита ба таљлили Наврўзи бузург дар ин айём низ љой дорад, чун ба иттифоќи ањли тањќиќ макони аслии баргузории ин љашни хуљаста дар рўзгори эшон Тахти Љамшед будааст ва ин пеш аз њама бозгўи он аст, ки шоњони Њахоманишї бењтарин суннатњои Наврўзи ба унвони мерос аз Љамшед бозмондаро дар айёми хеш тадовум намуда, њамзамон, падидањои тозаи фарњангиву инсонї бар он аз худ афзудаанд. Ба навиштаи муаррихони ин рўзгор њанўз дар замони Куруши дуввум, мушаххасан дар соли 538 ќабл аз милод Наврўз њамчун љашни миллї эълон шуда, барномањои хосае барои таљлили он муќаррар гардидаанд, ки аз љумлаи онон покизаву тоза намудани хонаву манзилњо, бахшидани гуноњон, њадяњо додан ва амсоли ин ба шумор меоянд. Баъдан, ин тадобири муњим дар сатњи миллї баргузории љашни Наврўз аз сўи дигар намояндагони њахоманишї, аз љумла Дориюши аввал таводум ёфтанд. Агар ин матлаби мазкур дар манобеъро ба унвони њаќиќати таърихї бипазирем, пас шурўъи таљлили Наврўз ба замони оѓози салтанати ин хонадон аз сўи бунёдгузори онњо Куруши Кабир рост меояд, ки тибќи ривоёт аз айёми њамлаи ў ба Бобул оѓоз ёфт ва ин, ки бархе муаррихон зуњури Наврўзро аввал дар ин сарзамини куњан хондаанд, пайванд бар њамин нуктаи муњим дорад, яъне Наврўзро Куруши Кабир бо худ ба Бобулистон бурд ва оинњои онро миёни ин мардум љорї кард. Њамин тавр, ба шањодати Эрнест Њертелсферд, бо фармони Дориюш аввал кохи Ападоно дар тахти Љамшед мањз барои баргузории чунин ташрифоти давлатї ва таљлили Наврўз бунёд шудааст. Дар соли 416 ќабл аз милод бошад, ў дар истиќболи таљлили љашни Наврўз сиккаи тиллоие офарид. Бар асоси катибањои бозмонда аз замони Њахоманишиён замони баргузории љашни Наврўз миёни 21 исфанд то 19 урди-

бињишт муќаррар шуда ва идомаи таљлили он дар моњи урдибињишт бад- он хотир буда, ки шукўњи фасли бањор ва шукуфоиву сабзиши он дар ин моњ пурравнаќтар ва муљаллотар мегардидааст. Њатто яке аз аксњое, ки дар кохи Ападонои тахти Љамшед боќї монда ва дар онњо шахсе ба сурати дар сар сабади њадое аз мевањои њархелаву шир ва амсоли ин наќш бастааст, рамзи баргузории Наврўз ва иљрои расми њадоё овардан ба шоњонро, ки марсум буда, шарњу тафсир мекунад. Таљлили Наврўз аз сўи ин хонадони бузурги эронї дар тахти Љамшед эњтимолан ба сарчашмаи зуњури Наврўзи бузург, дар рўзи шашуми Фарвардин, ки Хурдодрўз унвон дошта, маљмўан бо њузури густардаи мардум ва иљрои њафтдањ оин дар як рўз љараён мегирифт, низ таъкид мекунад, ки алњол унвони Корвони Наврўзиро гирифтаст. Нуфузи љашну маросимњои марбут ба фарњанги Наврўз минбаъд низ аз сўи хонадонњои меросбари он дар даврони Ашкониву Сосонї давом ёфта, баробари ин асари густардаи хешро ба фарњангу оинњои аќвоми дигар идомат бахшид. Бар асоси сарчашмањои то имрўз расида, баробари ѓанои фарњанги Наврўз ба василаи афзудани оинњо ва русуми махсуси марбут ба табиат, анљоми корњои ободгариву шукуфої ба тадриљ шумори рўзњои таљлили он меафзуда. Дар кутуби таърихї таъкид шуда, ки дар даврони Ашкониён ва Сосониён Наврўз ба муддати шаш рўз таљлил мегардид. Фаротар аз ин, бо ибтикори бунёдгузори хонадони Сосонї Ардашери Бобакон таљлили Наврўз миёни румиён низ муравваљ шуд. Иќдоми нависандагону адибони ин давр дар сабти муњимтарин падидањои фарњанги Наврўз дар сурати кутубе маъруф бо оинномањо аз таваљљўњи амиќи љомеаи мардум дар њифзи арзишњои ин љашни бузург паём мерасонад, ки дар баробари шарњу тафсирњои муњимтарин русуми давлатдорї, оини номанависї, шевањои чавгонбозї ва амсоли ин маросимњои вежаи марбут ба Наврўз ва дигар љашнњои бузурги куњан, мисли Мењргону Садаро дар вусъати ин навъ осор љой додаанд, ки бархе аз онњо дар ањди аввали ислом аз сўи мутарљимон ба арабї тарљума гардида, њамин гуна барои эљоди осоре ба унвони Наврўзномањо дар адабиёти форсу тољик омил шудаанд. Тибќи бархе аз ахбори расида аз нахустин нафароне, ки навъе ширинї ба унвони њадя дар рўзи Наврўз овард, бобои Имом Абўњанифа, ан-Нўъмон ибн ал-Марзбон ба шумор мерафта. Воќеияти ин андеша пеш аз њама бар он пайванд мегирад, ки ниёкони Имоми Аъзам, Нўъмон ибни Собит ибни Марзбон аслан тољик ва меросбарони ин падидаи бузурги фарњангї – Наврўз буданд. Баъдан, ба мушоњида мерасад, ки ситоиши Наврўз дар ашъори шуарои арабизабони ањди аввали Ислом ва даврони дигар ба яке аз мавзўоти мењварї табдил намуда, омили муассир дар зуњури навъи ќасидае маъруф бо бањория мегардад. Дар Эрони ќадим одат будааст, ки дар ин љашн касе барои дўстони худ ширинї мефиристод ва ин одат на танњо дар Эрон боќї монд, балки миёни туркони усмонї роњ ёфтааст ва онњо дар «Иди фитр» барои дўстони худ ширинї мефиристанд ва онро «шаккарбайрамї», яъне «иди шаккар» меномиданд». Нуктаи дигаре, ки њулули оинњои Наврўзиро бо падидањои фарњанги исломї ба субут

мерасонад, ин байти устод Рўдакист, ки аз таљлили якљояи ин љашни куњан бо маросимњои иди исломии Ќурбон паём мерасонад: Бод бар ту муборак хуншон, Љашни Наврўзу гуспандкушон. Андар РАЊМОНЇ: - Давраи кишвардории Сомониёнро дар таърихи фарњанги миллии мо замони эњёи Аљам меноманд. Оё ин фањмиш дар нисбат ба Наврўз низ метавонад татбиќ шавад, яъне оё падидањои Наврўзи куњани ориёї низ дар ин замон дубора эњё гардиданд? Нуралї НУРЗОД: - Бо њузури хонадонњои миллии Тоњириёну Саффориён ва баъдан Сомониён шукўњи Наврўз дар ќаламрави забони форсї, аз љумла шањрњои бузурги Самарќанду Бухорову Хуљанд густардатар гардид. Наршахї дар «Таърихи Бухоро» њаќиќати вуљуди ин суннатњои наврўзиро зимни иттилоъ дар мавриди бозорњои идона дар рустое аз атрофи Бухоро ба унвони Варахша ба гунаи зайл тавзењ њам дода: «Ва ин дењаро дар понздањ рўзе бозор аст ва чун бозори охирини сол бошад, бист рўз бозор кунанд ва бисту якум рўз Наврўз кунанд ва онро «Наврўзи кишоварзон» гўянд. Ва кишоварзони Бухоро аз он њисобро нигоњ доранд ва бар он эътибор кунанд. Ва «Наврўзи муѓон» баъд аз он панљ рўз бошад». Аз каломи ин муаррихи барљаста пайдост, ки дар айёми салтанати ин хонадони тољикон агарчї оинњои наврўзї тавсеае пайдо кардаанд, баробари ин сулолаи фарњангсолор дар њифозати асолати Наврўз наќше муассир гузоштаанд, ки гуфтор аз Наврўзи муѓон ба ин шеваи кордории онон ишорат дорад. Наврўзи кишоварзон бошад, имрўз њам дар миёни мардуми тољик роиљ аст. Њамасола 7-уми март дар баъзе рустоњои Тољикистон ба унвони иди сари сол љашн гирифта мешавад ва маросимеро бо номи «љуфтбаророн» дар ин рўз барпо мекунанд. Сурати ин оин тавре љараён мегирад, ки субњи он рўз мардумони рустоњо нахуст љўйњоро тоза мекунанд, то барои омадани об омода бошанд. Баъдан бо њамоиши фаровони мардум маросими љуфтбаророн ё њамон Наврўзи кишоварзон ибтидо мегирад. Нафаре аз мардони солхўрда ё ба таъбири тољикон мўйсафеде дар бари љомаи худ каме тухмии гардумро гирифта,баъд аз хондани дуои мардум дар як хат мепошад. Пас аз ў нафарони дигаре он хатро тавассути гов ва бо истифодаи васоили ќадима шудгор мекунанд, ки ин амалро тољикон «љуфт кардан» мегўяд ва маросими мазкурро «љуфтбаророн» меномад. Абулфазли Алломї дар китоби “Оини Акбарї” аз 19 рўз таљлил гардидани Наврўз дар айёми њукумати Акбар хабар додааст. Ин шеваи хоси таљлили Наврўз дар замони кишвардории Љањонгир низ идома ёфт ва њатто њар боби китоби “Тузуки Љањонгирї”-ро, ки ба муносибати 22 соли њукуматдории вай ба 22 фасл ќисмат намудааст, љашни Наврўз унвон намуда, ваќоеи њар соли давлатдориашро аз шарњу тавзењи оини баргузории Наврўз оѓоз мекунад, ки 18 рўз идома ёфта, рўзи нуздањум маъруф бо номи “Шараф” маросимњои идона ба поён мерасиданд. Њамин гуна, Наврўз њамчун љашни офариниш ва зиндагонии дубораи табиат дар тамоми мано-

тиќи љањон, хоса ќаламрави Хуросону Фарорудон, Њинд ва дигар сарзаминњо таљлил гардида, марњала ба марњала нусрату шукўњи тозае дарёфта то имрўз расида, ба њайси суннати деринаи тољикон ваљњи эњтироми мардум ќарор дорад. Шањомати таърихи Наврўз дар ќаламрави таърихи ин сарзамин аз он њам њувайдо мегардад, ки соири шуарову суханварони ин минтаќа низ бо муњаббати хоса ин љашни бузургдошти оѓозњо ва шурўъи зиндагонии тозаро њамчун василаи баёни лањзањои шодмониву массаррати инсонї тафсир кардаанд. Андар РАЊМОНЇ: - Истиќлолияти давлатии Тољикистон воќеан, дубора шањомати Наврўзи куњанро барќарор кард ва мањз њамин наќши мондагори Истиќлолият ба фарњанги ин љашни мондагор буд, ки дубора маќоми љањонї касб намуд. Ба назари Шумо кадом падидањои нодири Наврўзи куњан имрўз ба шоистагї эњё ва побарљо гардиданд ва акнун ин љашни бузурги миллии мо то чї андоза ниёзњои ахлоќї ва маънавии љомеаи љањониро бароварда мегардонад? Н уралї НУРЗОД: - Марњалаи навини тањаввулоти шинохти Наврўз ва эњёи суннату оинњои он ба даврони соњибистиќлолии Тољикистон пайванди ќавї дорад. Аз файзи Истиќлолияти давлатии кишвари Тољикистон ва њидоятњои Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон Наврўз дубора дар сархати љашнњои миллии тољикон ќарор гирифта, шукўњи он мустадом боло меравад. Пешвои миллат дар яке аз мулоќотњои хеш бо зиёиёни мамлакат барњаќ таъкид намуда буданд, ки “Имрўз Истиќлолият ва Наврўз мафњумњои ба њамдигар наздик ва ифодагари марому ормонњои бењтарини халќи мо мебошанд”. Мурур ба ќаламрави таърихи тољикон ошкор месозад, ки гузаштагони мо тољикон, бештари айём љашни Наврўзро дар берун аз макону манзил ва њатто шањрњо дар љойњои вижае таљлил менамуданд. Имрўз бо инояти Роњбари давлати Тољикистон, Пешвои мардуми тољик Эмомалї Рањмон ин суннати пешиниён дубора бо сурате љадид эњё шуда истодааст. Давоми чанд соли охир дар шањрњои Душанбе, Хуљанд, Данѓара наврўзгоњњое њамчун макони аслии баргузории оину суннатњои наврўзї бунёд гардида, бошукўњтарин кох ба номи «Наврўз» бо тарњи нодиртарин падидањои фарњанги куњан ва намоди ёдгории нодири наврўзгоњи Тахти Љамшед ќомат афрохт. Фузун бар ин, соли 2016 ба хотири эњёи оини бузурги баргузории Наврўзи бузург дар шањри Хуљанд нахустин бор маросими Корвони Наврўз бо шукўње махсус ва иљрои бењтарин падида ва суннатњои наврўзи мардумони манотиќи Фароруди куњан ва меросбарони ин унсури тамаддуни башарї доир гашт, ки аз њузури дубораи пурравнаќи оинњои ин љашни бостонї ба сурати љадид паём мерасонад. Андар РАЊМОНЇ: - Устод, тавре мо њамагон иттилоъ дорем, соли гузашта ба ифтихори баргузории њамоиши кишварњои њавзаи тамаддуни наврўзї бо ташаббуси Шумо китоби “Наврўзномаи Суѓд” ба чоп расид, ки фарогири маќолањои устодони олимони рољеъ ба оинњои вежагии наврўзии шањру навоњии вилояти Суѓди кунунї ва њамзамон, тољикони бурунмарзї мебошад. Чї сабаб шуд, ки Шумо ба ин иќдом даст занед ва оё дар ин арса зарурати анљоми кадом корњо мављуданд, ки Шумо ва њамкоронатон нияти аз сар гирифтани онњоро дар самти шинохти бештару пештари Наврўзро доред? Нуралї НУРЗОД: НУРЗОД - Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар њар мулоќоти анъанавии хеш бо зиёиёни мамлакат ба масъалаи эњёи суннатњои хосаи наврўзии мардуми тољик ва тарѓибу ташвиќи онњо таъкид мекунанд. Аз љумла, дар мулоќоти хеш дар соли 2013 зимни ифтитоњи Осорхонаи миллии Тољикистон ишорат намудаанд, ки “Наврўз бо тору пуди таърихи мо, њаёти халќи мо, бо адабу фарњангу маънавиёти мо ва бо андешаву тафаккуру љањонбинии халќи мо пайванди ногусастанї дорад. Маросимњои наврўзии мардуми тољик љолибу зебо ва нотакроранд. Аз файзи Истиќлолият аст, ки Наврўз дар саросари Тољикистон бо тантанањои бошукўњ баргузор мегардад. Наврўзи Тољикистон - Наврўзи даврони истиќлол паёмовару оѓозгари рўзгори шоду хуррам, навиди бахту саодат ва фардои дурахшони кишвари мост”. Дар њаќиќат њамин гуфтор ва андешањои Пешвои миллат дар назди њар як зиёии тољик масъулиятеро вогузор менамояд, ки дар амри эњёи њар яке аз ин маросимњои наврўзї ибтикоре аз худ зоњир намояд, чунки фарњанги Наврўзи тољикон ба њадде ѓанї ва пурбор аст, ки њатто миёни дењаву шањракњо фарќияте дар оину русуми хосаи наврўзї ба мушоњида мерасад. Њар яке аз ин русум ва суннатњои наврўзї дар вуљуди хеш падидањои барљастаи инсонгарої ва такмилаи маънавиро љой додаанд, ки шинохти њаќиќати онњо ќадаме устувор дар љодаи худогоњии маънавї ва худшиносии миллии мо, инчунин, мусоидат барои ташаккули фарњанги ахлоќии љомеа хоњад буд. Андар РАЊМОНЇ: - Барои сўњбати вижа ба Шумо изњори сипос мекунем ва бигзор, љашни љањонии Наврўз барои мардуми сайёра њамеша паёмовари некињову сарсабзињо бошад. Нуралї НУРЗОД: - Саломату сарбаланд бошед.


4

Њаќиќати Суѓд

Адабиётшиноси маъруф ва профессори шинохтаи тољик Атахон Сайфуллоев аз олам даргузашт ва маросими видоъ бо марњум 17-уми марти соли 2017, соати 12-00 дар мањалли зисташ баргузор гардид. Атахон Сайфуллоев 1-уми майи соли 1933 дар шањри Хуљанд таваллуд шудааст. Мавсуф солњои 1950-1954 донишљўи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров буда, баъди хатми он дар кафедраи забон ва адабиёти тољики њамин даргоњ ба њайси муаллими адабиёт ба кор пардохтааст. Пас аз як соли хидмат, соли 1955, ба аспирантураи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дохил шуда, курси пурраи онро соли 1958 ба итмом расонд. Солњои 1959-1965 ходими хурди илмї ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абўабдуллоњи Рўдакии Академияи илмњои љумњурї буд. Солњои 1965-1968 мудири кафедраи адабиёти тољики Институти давлатии педагогии Ленинобод, солњои 1968-1973 котиби масъули раёсати Иттифоќи нависандагони Тољикистон, солњои 1973-1985 сармуњаррири Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи советии тољик», аз сентябри соли 1985 то феврали соли 1989 ходими пешбар ва сарходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи илмњои

Сўгворї

Даргузашти адабиётшиноси маъруф Атахон Сайфуллоев љумњурї буд. Аз феврали соли 1989 то августи соли 1990 дар вазифаи директори Институти такмили ихтисоси муаллимони љумњурї фаъолият дошт. Аз августи соли 1990 то июли соли 1991 мудири шўъбаи њамкорї бо созмонњои љамъиятию сиёсї ва муносибатњои миллии КМ ЊК Тољикистон, аз соли 1991 то майи соли 1992 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тољикистон, аз майи соли 1992 мудири кафедрањои забонњо ва адабиёти муосири тољики Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров, аз июни соли 1994 то августи соли 2002 котиби масъули шўъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагони Тољикистон буд. Атахон Сайфуллоев њамчунин як муддат раиси Шўрои Њаракати љамъиятии Вањдати миллї ва эњёи Тољикистон дар вилояти Суѓд ва муовини якуми раиси Њаракати мазкур буда, профессори Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров ва

Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон мебошад. Профессор Атахон Сайфуллоев барандаи Љоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї (2014) ва Љоизањои ба номи Камоли Хуљандиву Мирзо Тур-

Шанбе, 18 марти соли 2017

сунзода аст. Муњимтарин китобу монографияњои тадќиќотии ў «Тафаккур ва образ» (1968), «Мактаби Айнї» (1978), «Мирзо Турсунзода. Очерки њаёт ва эљодиёти шоир» (1983, 2004), «Таърихи адабиёти советии тољик. Инкишофи жанрњо» (дар шаш љилд; љ. 1–1984; њамроњи Х. Мирзозода ва А. Абдуманнонов), «Аркони сухан» (1985), «Малики адаб. Сайре дар гулшани рози Хоља Камол» (њамроњи С.Абдуллоев), «Садриддин Айнї – Ќањрамони Тољикистон» (1998), «Зуфархон Љавњарї. Тањќиќи њаёт ва эљодиёт» (2002), «Фурўѓи маънавият» (2003), «Њусни нигорандагї» (зиндагинома ва фаъолияти эљодии Мењмон Бахтї, 2003), «Њалќањои пайванди адабї» (2003), «Њаким Карим» (2005), «Уфуќњои тозаи наср» (2006; нашри дувуми такмилёфта – дар се муљаллад, Хуљанд, 2013) «Љону љањони наср» (2009), «Дар бораи эљодиёти Абдулњамид Самад» (2007), «Паямбари ишќ» (2012), (њаёт ва эљодиёти Рўдакї), “Аз таърихи андешаи миллии халќи тољик дар нимаи дуюми асри ХIХ ва аввалњои аср ХХ» (њамроњи Осим Каримов, 2011), «Оинаи барќади сухан» (2013) мебошад. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд ба наздикону пайвандони марњум изњори њамдардї намуда, ба онњо сабри љамил мехоњад.

БЮЛЛЕТЕНИ ХАРИДИ ДАВЛАТ B

ÁÀ ÒÀÂÀ¯¯¡²È ÌÎËÐÀÑÎÍÓ ÏÓÄÐÀÒ×ȨÍ! Äàúâàòíîìàè èøòèðîê äàð îçìóíè õàðèä

№31 (17712)

Áà êîð äàúâàò ìåíàìîåì! САРРАЁСАТИ КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ СУЃД

барои ишѓоли мансаби холии маъмурии хизматчии давлатї озмун эълон менамояд: 1. Мутахассис- 2 нафар. Талаботи тахассусї: Тањсилоти олї ё миёнаи касбии ба мансаби ишѓолшаванда мувофиќ, ки иљрои самараноки вазифањои мансабии мазкури хизмати давлатиро таъмин менамояд. Њуљљатњои зарурии пешнињодшаванда: - ариза ба унвони комиссияи озмун; - вараќаи шахсии бањисобгирии кадрњо; - тарљумаи њол; - нусхаи шиноснома; - нусхаи њуљљатњо дар бораи тањсилот; - нусхаи гувоњномаи раќами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

- маълумотнома аз маќомати андоз дар бораи даромад ва амволи шахсї (эъломия аз даромад); - маълумотнома оид ба доѓи судї надоштан; - маълумотнома оид ба вазъи саломатї (шакли 086 УЕ); - 4 дона расми (3х4); - нусхаи дафтарчаи мењнатї; -нусхаи билети њарбї (барои шахсоне, ки хизмати њарбиро адо намудаанд); - нусхаи суѓуртаи иљтимої (СИН). Суроѓаи ќабули њуљљатњо: шањри Хуљанд, кўчаи Ленин 217, телефон: 4-40-75. Мўњлати ќабули њуљљатњо 21 рўз пас аз чопи эълон дар бораи гузаронидани озмун.

Даъватнома барои иштирок дар озмун

Мувофиќи моддаи чоруми Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи фармоиши иљтимоии давлатї» озмун барои иљрои фармоиши иљтимоии давлатї – хариди таљњизот барои сохтмони иншооти «Хатти обрасонї аз чашмаи Дењмойи ноњияи Љаббор Расулов ба шањри Хуљанд» зериншооти «Таљдид ва зиёд намудани иќтидорњои истгоњи №4 КВДК «Хуљандобуканал» дар соли 2017 гузаронида мешавад. Њамаи ташкилотњои молрасони иљо-

затномаи махсус дошта метавонанд, дар озмун иштирок намоянд. Довталабон барои гирифтани маълумот ба нишонии зерин - шањри Хуљанд, хиёбони И.Сомонї 44, маъмурияти корхонањои сохташудаистодаи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Хуљанд мурољиат намоянд. Телефон: 4-39-16. Пешнињодњои довталабон аз љониби комиссияи «Озмун» 4-уми апрели соли 2017, соати 10:00 баррасї карда мешаванд.

Ä襥àò, ìóçîÿäà!

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд (шањри Хуљанд, кўчаи академикњо Раљабовњо-55, тел: 6-35-79) ва ташкилоти Харидор довталабони салоњиятдорро барои иштирок дар озмунњои хариди номгўи зерини мол, кор ва хизматрасонї, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

Санаи 17-уми апрели соли 2017, соати 10:00 дар бинои Суди ноњияи Бобољон Ѓафуров утоќи кории иљрочиёни суд амволи тањти гарав ќарордошта, манзили истиќоматї, воќеъ дар ноњияи Бобољон Ѓафуров, Љамоати дењоти Ёва, кўчаи Саноат, хонаи 12 тариќи музоядаи оммавї бо нархи саршавии 119850 (яксаду нуздањ њазору њаштсаду панљоњ) сомонї ба фурўш гузошта мешавад. Шахсоне, ки хоњиши иштирок дар музоядаро доранд, ба андозаи 5 фоиз аз арзиши амволи ба фурўш гузошташуда ба суратњисоби махсуси иљрочиёни суд пардозанд, ки ин амал имконияти иштироки онњоро дар савдо фароњам месозад. Телефон барои иртибот: (83422) 5-30-50, (83442) 3-12-21.

È¿ðî÷è¸íè Ñóäè è¥òèñîäèè âèëîÿòè Ñó˜ä Музоядаи оммавии такрории №91 оид ба фурўши амволи ба њабс гирифташудаи мансуб ба ќарздорон, ки барои таъмин намудани иљроиши вараќаи иљрои Суди иќтисодии вилояти Суѓд тањти №2-224/2016, К-280/2016 аз 16-уми ноябри соли 2016 оид ба аз њисоби Таниќулов Њабибулло Њабибуллоевич, Таниќулов Шањбоз Њабибуллоевич, Таниќулов Донёр Њабибуллоевич ва Амонова Дилфуза Ўктамовна ба тариќи муштарак ба фоидаи филиали ЉСК “Агроинвестбонк” дар ноњияи Љаббор Расулов рўёнидани 91888,25 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї баробар ба 723157 сомонї, ки аз он 85689,25 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї баробар ба 674410,95 сомонї ќарзи асосї, фоизи пардохтнашуда ба миќдори 15582,43 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї баробар ба 122633,72 сомонї 21-уми декабри соли 2016 ба молу мулки манќули ќарздор аз љониби иљрочии Суди иќтисодии вилояти Суѓд ќарор дар бораи ба њабс гирифтани молу мулк ќабул карда шудааст:

1020000 сомонї Музоядаи оммавии такрории №91 дар асоси моддаи 40-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон “Дар бораи ипотека” 17-уми апрели соли 2017, соати 9:00 дар бинои Суди иќтисодии вилояти Суѓд (њуљраи кории иљрочиёни суд дар шањри Хуљанд, кўчаи К.Хуљандї №181а) барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 9:00, 17-уми апрели соли 2017 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд ё бо телефони (83422) 6-65-99 ва ё тавассути Раёсати адлияи вилояти Суѓд бо телефони (83422) 5-79-88 дастрас намоед.

È¿ðî÷è¸íè Ñóäè è¥òèñîäèè âèëîÿòè Ñó˜ä

1. Довталабон барои гирифтани њуљљатњои тендерї ва маълумоти иловагї дар бораи тендер метавонанд, ба маќоми Ваколатдор ба суроѓаи дар боло зикршуда мурољиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоњиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани њаќќи бебозгашт њуљљатњои тендерии худро дар лифофањои мўњр кардашуда ба суроѓаи дар боло зикршуда то ваќти дар сутуни «Сана ва ваќти кушодани лифофањо» муайяншуда пешнињод намоянд. Мўњлати муќарраршуда мўњлатест, ки баъди анљоми ваќт аз довталабон пешнињодот ќабул карда намешавад. 3. Лифофањо бо пешнињодњои довталабон аз љониби комиссияњои муштарак тибќи тартиби муќарраргардида кушода мешаванд. Намояндагони довталабон њуќуќ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.

Музоядаи такрории №92 оид ба фурўши амволи ба њабс гирифташуда мансуб ба ќарздорон, ки барои таъмин намудани иљроиши вараќаи иљрои Суди иќтисодии вилояти Суѓд тањти №2-224/2016, К-280/2016 аз 16-уми ноябри соли 2016 оид ба аз њисоби Таниќулов Њабибулло Њабибуллоевич, Таниќулов Шањбоз Њабибуллоевич, Таниќулов Донёр Њабибуллоевич ва Амонова Дилфуза Уктамовна ба тариќи муштарак ба фоидаи филиали ЉСК «Агроинвестбонк» дар ноњияи Љаббор Расулов рўёнидани 91888,25 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї 723157 сомонї, ки аз он 85689,25 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї 674410,95 сомонї ќарзи асосї, фоизи пардохтнашуда ба миќдори 15582,43 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллї 122633,72 сомонї 21-уми декабри соли 2016 ба молу мулки манќули ќарздор аз љониби иљрочии Суди иќтисодии вилояти Суѓд ќарор дар бораи ба њабс гирифтани молу мулк ќабул карда шудааст:

Аз эътибор соќит *Мўњри доирашакле, ки ба ЉДММ «Искандари љањон» таалтааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. *Дипломи Я №763776, ки соли 1974 бо ихтисоси муаллимаи забон ва адабиёти ўзбек Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М.Киров ба Саброхон Муллобоева додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар ноњияи Бобољон Ѓафуров, Љамоати дењоти Исфисор, кўчаи Маданият №3, ки ба Марњамат Юлдошева тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шиносномаи шањрвандие, ки Шўъбаи корњои дохилии шањри Хуљанд ба Расул Пардаев додааст, бинобар гум шудашуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. *Китоби хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи Ю.Гагарин, бинои 108, њуљраи 55, ки ба Шарифова Раъно Икромљоновна татааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста

шавад. *Шањодатномаи хатми синфи 9 Т-ШТА №0498823, ки соли 2010 мактаби тањсилоти миёнаи умумии №44-и дењаи Далёни ноњияи Деваштич ба Абдусайёд Боќозиев додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шиносномаи техникии бино воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи Фрунзе, хонаи 3/5, ки ба Раљабов Мансурљон МахкамљоМахкамљонович тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. *Гувоњномаи донишљўие, ки соли 2015 факултаи забонњои шарќи Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров ба Далер Њасанов додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. *Шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, мамањаллаи 33, бинои 68, њуљраи 107 дар асоси ќарори Њукумати шањри Хуљанд аз 5-уми декабри соли 2001 тањти №1032, ки ба Раънохон Турсунова тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз

£àòúè ôàúîëèÿò Ташкилоти љамъиятии «Федератсияи шоњмоту шашкаи вилояти Суѓд», ки тањти РМА 510036834 амал мекард, фаъолияташро ќатъ менамояд. Њамаи арзу шикоятњо дар давоми 10 рўз баъд аз чопи эълон ќабул карда мешаванд.

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

эътибор соќит дониста шавад. *Дар асоси њалномаи суди вилояти Суѓд аз 6-уми майи соли 2016 ва ќарори суди марњилаи кассатсионии Суди олии Љумњурии Тољикистон ба ќисми њавлидории воќеъ дар ноњияи Бобољон Ѓафуров, Љамоати дењоти Хистеварз, кўчаи Х. Воситов, хонаи №38 соњибмулк эътироф гардидани Мамашариф Њодибоев шиносномаи техникии њавлидории зикргардида бебеэътибор дониста шавад. Эълоне, ки дар шумораи №30 аз 16-уми марти соли 2017 шиносномаи техникии хонаи воќеъ дар ноњияи Бобољон Ѓафуров, Љамоати дењоти Хистеварз, кўчаи Х. Воситов, хонаи №38, ки ба Тољибоев Аюбљон Муњаммадљонович ва Мамашариф Њодибоев тааллуќ дорад, беэътибор дониста шавад. *Номаи камоли Т - АТУ №0236685, ки соли 2016 Мактаби хонандагони болаёќати ноњияи Бобољон F афуров, Љамоати дењоти Хистеварз ба Далерљон Бобољонов додааст, бинобар гум шуданаш аз эътибор соќит дониста шавад.

Музоядаи такрории №92 дар асоси моддаи 54-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро» 27-уми апрели соли 2017, соати 10:00 дар бинои Суди иќтисодии вилояти Суѓд (њуљраи кории иљрочиёни суд дар шањри Хуљанд, кўчаи Камоли Хуљандї №181а) барпо мегардад. Мувофиќи банди 2, моддаи 56-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи истењсолоти иљро» нархи барои музоядаи такрорї муќарраршуда, то њамон, ваќте ки яке аз иштирокчиён барои харидани молу мулк бо нархи эълоншуда розї нашавад, паст карда мешавад, аммо он набояд аз панљоњ фоизи нархи аввалаи арзиши молу мулки ба музояда гузошташуда кам бошад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 11:00, 27-уми марти соли 2017 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд ё бо телефони (83422) 6-64-99 ва ё тавассути Раёсати адлияи вилояти Суѓд бо телефони (83422) 5-79-88 дастрас намоед.

Раёсати созмони вилоятии Иттифоќи журналистони Тољикистон аз вафоти узви Иттифоќњои нависандагон ва журналистони Тољикистон, олим ва рўзноманигор, доктори илмњои филологї, профессор

Ањли ќалами рўзномаи вилоятии «Њаќиќати Суѓд» бинобар даргузашти адабиётшиноси маъруф, мунаќќид, доктори илмњои филологї, узви Иттифоќи журналистони Љумњурии Тољикистон

андўњгин буда, ба ањли оила ва пайвандон њамдардии амиќ изњор мекунад.

таъзияи чуќур баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марњум аз даргоњи Худованди мутаол сабри љамил хоњонанд.

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Àòàõîí ÑÀÉÔÓËËÎÅÂ

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Àòàõîí ÑÀÉÔÓËËÎÅÂ

Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд . Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишон доди манбаъ метавонанд, истифода ба ранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Маъмурахон САМАДОВА Њуруфчин Раъно Юсуфова Веростор Маъруфљон Њомидов

Адади нашр 8310 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.