26 2017

Page 1

Эмомалї РАЊМОН: Èìð¢ç êèøâàðè ìî àç ôàéçó áàðàêàòè

Èñòè¥ëîëèÿòè äàâëàòO âà Âà³äàòè ìèëëO äàð øî³ðî³è ðóøäè óñòóâîð ¥àðîð äîøòà, ñàò³ó ñèôàòè çèíäàãO, ìàúðèôàòó ¿à³îíáèíO âà ý³ñîñè õóäøèíîñèâó èôòèõîðè ìèëëèè ³àìâàòàíîíè ìî òîðàôò òà³êèìó ãóñòàðèø ìå¸áàä. Банї - одам аъзои якдигаранд Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти соли 1930 нашр мешавад

Шанбе, 4 марти соли 2017

№ 26 (17707)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

Б

АРРАСИИ масоили марбут ба муносибатњои байнидавлатї дар соњањои гуногун ва муштаракоти стратегии Тољикистону Россия ба таври мушаххас дар музокироти сатњи баланд бо иштироки њайатњои расмии ду давлат идома ёфт.

ÑÀÔÀÐÈ ÊÎÐÈÈ Ïåøâîè ìèëëàò áà ¯óì³óðèè Èñëîìèè Ïîêèñòîí 28-уми феврали соли 2017 Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон љињати иштирок дар љаласаи сарони давлатњои узви Созмони Њамкории Иќтисодї ба шањри Исломободи Љумњурии Исломии Покистон сафар карданд. Дар фурудгоњи байналмилалии Душанбе Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмонро раиси Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, раиси Маљлиси намояндагони Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, Сарвазири Љумњурии Тољикистон, Роњбари Дастгоњи иљроияи Президенти Љумњурии Тољикистон ва дигар шахсони расмї гусел намуданд.

Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон аз номи худ ва мардуми Тољикистон ба љониби Федератсияи Россия барои ќадршиносии талошњои бесобиќа ва хизматњои шоистаи роњбарияти сатњи олии Тољикистон дар рушду тањкими муносибатњои гуногунљанбаи байнидавлатї бо мукофоти олии Федератсияи Россия Ордени Александр Невский изњори сипос карда, ин тадбирро рўйдоди рамзию таърихї дар соли таљлил аз 25-солагии муносибатњои дипломатии Тољикистону Россия арзёбї намуданд. Тавре таъкид карда шуд, љониби Тољикистон муносибатњои дўстона ва шарикии стратегии худро бо Федератсияи Россия аз самтњои афзалиятноки сиёсати хориљї дониста, ба идомаи бобарору манфиатбахш ва рушду густариши бемайлони онњо бо назари нек менигарад. Таваљљўњи бештар ба тањкими њамкории байнидавлатї дар соњањои иќтисоду тиљорат, сармоягузорї, энергетика, наќлиёт, кишоварзї, муњољират, илму маориф, фарњанг, туризм ва њамкории байни вилоятњою шањру ноњияњои ду кишвар зоњир карда шуд. Зикр гардид, ки Федератсияи Россия дар тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон мавќею маќоми назаррас дошта, њаљми гардиши молу мањсулот байни ду давлат бо назардошти таъсирњои омилњои беруна дар соли 2016 беш аз як миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст. Дар раванди њамкорињои байнидавлатї дар соњаи энергетика таваљљўњи зиёд ба таќвияти њамгирої дар бахши саноати нафту газ

Мулоќоту музокироти сатњи олї

зоњир гардид ва барои афзун намудани њаљми сармоягузорињо дар татбиќи лоињањои хурду бузурги афзалиятнок изњори њавасмандї карда шуд. Љонибњо љињати таќвият бахшидани робитањо барои фароњам овардани шароити созгори афзуннамоии њаљми содироти мањсулоти хушсифати кишоварзии Тољикистон ба Россия фикру мулоњизањои судманд баён карда, дар ин замина таќвияти муносибатњои бевоситаи байни вилоятњо, шањрњо ва ноњияњо њамдигарро махсус таъкид намуданд. Дар музокироти сатњи олї вобаста ба њалли мушкилоти њамкорї дар соњаи муњољират пешнињод карда шуд, ки њукми хориљ ва

манъи вуруди шањрвандони Љумњурии Тољикистон аз ва ба ќаламрави Федератсияи Россия, ки њуќуќвайронкунињои маъмурии ночиз (сабук) доранд, бозбинї шуда, ин гурўњи шањрвандон мавриди авф ќарор дода шаванд. Вусъат бахшидани бунёди муассисањои таълимї, омўзиши фарохтари забони русї, афзун намудани квотањои тањсил дар муассисањои олии таълимии Россия барои шањрвандони Тољикистон, омода намудани мутахассисони соњањои фарњангу эљодиёт ва густариши равобити доирањои илмию фарњангї ва иттињодияњои эљодї аз самтњои муњими њамкорињои байнидавлатї дар соњаи илму маориф ва фарњанг арзёбї шуд. Тавре таъкид шуд, табодули таљрибаи

ширкату идорањои туристии Тољикистону Россия ва љалби сармоя ба бењдошти инфрасохтори сайёњии Тољикистон метавонад барои баланд бардоштани мартабаи туризм дар раванди муносибатњои манфиатбори байнидавлатї наќши муассир гузорад. Љонибњо тањкими њамкории амниятї, њарбї ва њарбию техникии ду давлатро аз воситањои муњими баланд бардоштани омодагии њарбї, заминањои техникї ва ќудрати дифоии љузъу томњои Ќуввањои Мусаллањи Љумњурии Тољикистон арзёбї карда, таъкид намуданд, ки таќвияти њамкорї дар ин бахш метавонад дар њифзи марзи давлатии Тољикистон бо Афѓонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалї, љиноятњои фаромарзї, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияту суботи сартосарии минтаќа наќши фаъол дошта бошад. Аз њамгироии минтаќавї ва байналмилалии Тољикистону Россия дар доираи Созмони Милали Муттањид, Иттињоди Давлатњои Мустаќил, Созмони ањдномаи амнияти дастаљамъї ва Созмони њамкории Шанхай изњори ќаноатмандї карда шуд. Идомаи мунтазаму бобарори муколамањои сатњи баланди сиёсї ва наздикию мувофиќати наќш ва маќоми ду давлат дар бештари масоили минтаќавию байналмилалї омили муњими рушду густариши муносибатњои манфиатбори стратегї арзёбї гардид. Гуфтугўи судманд њамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваљљўњ ва барои њар ду љониб баманфиат анљом дода шуд. www.prezident.tj

Áîçäèäè êîðèè Ðàèñè âèëîÿò Àáäóðà³ìîí £îäèðO àç øà³ðè Èñôàðà

Рўњи тозаи созандагиву ободонї

28 феврал Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї ба шањри Исфара сафари корї анљом дода, бо љараёни корњои ободонї шинос гардид. Ба пешвози љашнњои бузурги миллї ва бо фарорасии фасли бањори нозанин дар ќатори тамоми мардуми кишвар сокинони шањри Исфара низ ба раванди корњои созандагї рўњи тоза мебахшанд. Бояд гуфт, ки дар арафаи Наврўзи оламафрўз ба ташаббусњои ободониву сабзгардонї даст задани сокинон анъанаи неки аљдодон ва фазилати хоси ин љашни њумоюнќадам аст, ки башорат аз рўзи наву рўзгори нав медињад. Дар баробари

ин, эълон гардидани 120 рўзи ободонї ва кабудизоркунї дар ќаламрави вилоят, масъулияти шањрвандии бошандагони шањрро афзунтар намуда, онњоро пайи иљрои амалњои хайру созандагї рањнамун сохт. Абдурањмон Ќодирї дар маркази шањри Исфара бо наќшаи ободонї ва намунаи нињолњои ороишие, ки маќомоти иљроия ва соњибкорон барои сабзгардонии хиёбону роњравњо ва сањни

ташкилоту муассисањо тасмим гирифтаанд, шинос шуд ва бо шинонидани нињол сокинони шањрро барои вусъати корњои бањорї њидоят намуд. Вобаста ба ин, имрўзњо љињати зебову назаррабо гардонидани кўчаву хиёбонњои шањр маъракаи шинонидани нињол оѓоз шудаву идома дорад ва то охири мавсим садњо бех нињолњои њамешасабзу ороишї њусни шањрро афзун хоњанд намуд. Корњои ободонї дар осоишгоњи “Зумрад”-и шањри Исфара низ љараён доранд. Бо иќдоми соњибкори ватанї таъмиру тармими биноњои истироњатию табобатї, сањн ва њудуди осоишгоњ имрўз мавриди азнавсозї ќарор гирифта, њамзамон бунёди мењмонхона, њавзњои истироњатию солимгардонї ва дигар иншооти зарурї дар њудуди он ба наќша гирифта шудаанд. Осоишгоњи “Зумрад” калонтарин маркази истироњатию солимгардонии серсоњаи љумњурї буда, дар тўли мављудияти худ берун аз кишвар низ шўњрати зиёд ба даст овардааст. Дар ин осоишгоњ њамасола беш аз 10 њазор нафар шањрвандони љумњурї ва хориљї саломатии хешро барќарор менамоянд. Осоишгоњи “Зумрад” барои пешгирию табобати беморињое чун дилу рагњои хунгард, сутунмўњра, системаи асаб, занонаю мардона ва ѓайра пешбинї шудааст. “Зумрад” дорои чор хобгоњ, се бинои табобатї ва дигар иншооти табобату истироњат буда, бо анљом расидани корњои азнавсозї он метавонад дар шароитњои боз њам бењтару замонавї ба эњтиёљмандон хизмати босифати тиббї расонад. Раиси вилоят зимни шиносої бо корњои бунёдкорї ба масъулин тавсия дод, ки ободонии њудуди осоишгоњ ба таври лозима ба роњ монда шавад.

“Баракат-Исфара”: афзоиши нерўи истењсолї

Зимни сафар ба шањри Исфара Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї аз корхонаи коркарди меваи хушк - ЉДММ “БаракатИсфара” низ боздид ба амал овард.

Дар шањри Исфара чун минтаќаи саноатї корхонањои истењсолї маќоми хос доранд. Яке аз чунин корхонањое, ки ба коркард ва банду басти хушкмева машѓул аст, ЉДММ “Баракат – Исфара” мебошад. Бояд гуфт, ки таъсиси корхонањои вобаста ба коркарди мева, бахусус, дар шањри Исфара ин афзун намудани иќтидори содиротии вилоят мебошад. Зеро Исфара макони мевањои шањдбор буда, њамзамон соњибкорони ин минтаќа дар соњаи содироти ин намуди мањсулот таљрибаи калон доранд. Корхонаи “Баракат-Исфара” низ ашёи хом, яъне навъњои гуногуни хушкмеваро аз хољагидорон ва бозорњои дохилї гирифта, пас аз коркарду бандубаст онњоро дар шакли мањсулотњои тайёр асосан ба давлатњои Россия ва Аврупову Амрико содирот мекунад. Раиси вилоят ба роњбарияти шањр тавсия дод, ки бештар ба парвариши навъњои бозоргири ме-

вањо, аз љумла зардолу дар ин минтаќа эътибор дињанд, зеро мевањои хуштаъму хушсифати диёри мо дар хориљи дуру наздик талабгорони зиёд доранд. Роњбарияти корхона ният дорад, дар ояндаи наздик доираи фаъолияташро васеъ намуда,

иќтидори истењсолии коргоњро ба коркарди 4 тонна хушкмева дар як шабонарўз расонад ва шумораи коргаронашро низ зиёд намояд. Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суѓд


2

А

Шанбе, 4 марти соли 2017

№26 (17707)

Паёми Пешвои миллат – равшангари имрўзу фардои кишвар!

СОСГУЗОРИ давлат – Эмомалї Рањмон барои ободии Тољикистони азиз хеле зањмат кашида, соњибкоронро низ ба ин љода рањнамун шуданд. Дањњо биноњои истиќоматї, таълимгоњњо, муассисањои маъмурї, бунёд гаштанд. Пеш аз њама ба рушди соњањои илм, маориф, тандурустї, фарњанг диќќати асосї дода шуд.

Дар Паёми имсола, Сарвари давлат, таъкид намуданд, ки омўзгорони донишгоњњо ва мактабњои миёна аввал сатњи дониши худро ба меъёрњои замон мувофиќ намоянд, сипас дониши шогирдони худро баланд бардошта метавонанд. Љавонони илмомўз ва ихтироъкор ифтихори давлату миллат њастанд. Ба омўзиши фанњои даќиќ бештар љалб намудани љавонон даъват карда шуд. Дар

Љ

Њаќиќати Суѓд

БОИСИ ИФТИХОРУ САРФАРОЗЇ

соњаи тандурусти боло рафтани нархи доруворї зикр карда, ва аз љо-

ДММ «Атласи Хуљанд» аз соли ду њазору дуюм атлас ва аз соли 2016-ум инљониб ба истењсоли адрас машѓул аст, вале онњо мувофиќи табъ харидор надоранд. Чаро чунин аст? Оё сифати моли истењсолнамудаи онон аз матоъњое, ки дар бозор ба фурўш бароварда шудаанд, фарќ доранд? Њол он ки дар даврони Иттињоди Шўравї «Хуљандатлас» яке аз коргоњи абарќудрат ба њисоб рафта, дар се баст њазорњо нафар машѓули мењнат буданд ва атласи Хуљанд љањониёнро ба тасхир оварда буд. Ва чаро имрўз ин коргоњ наметавонад чун даврони пешин маводи худашро ба љањониён пешнињод намояд? Оё он сифатан паст гардидааст? Ва ё боз дигар сирру асрор дар он нуњуфта?

Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї њангоми боздид аз ин коргоњ ва дар маљлиси фаъолон низ дар ин бобат аз директори кулли он Азимљон Ѓафуров масъалаи мазкурро пурсон гардида буданд. Њангоми боздиди Раиси вилоят аз ин коргоњ директори кулл доир ба сарчашмаи дастрасии ашёи хом, бо арзиши чањонї харидорї намудан изњори андеша намуд. Бањри бењтар шудани рафти кор бо пешнињоди Раиси вилоят ду коргоњи пиллаи шањри Исфара ва ноњияи Ашт оид ба таъминоти корхона бо ашёи хом бо ЉДММ «Атласи Хуљанд» минбаъд њамкорї хоњанд кард. Мо, рўзноманигорон дар бобати ба масъалаи мазкур равшанї андохтан аз ин коргоњ дидан намудем. Дар сехњои коргоњ кормандон машѓули мењнатанд. Аз рангу бори бирешиму ресмон то ба истењсоли матои рангоранги атласу адрас њама саргарми мењнатанд. Сардори сех Ш. Шодиева дар бораи истењсоли матоъ, фаъолияти мењнатии кормандон изњори андеша намуд. Тавре мутахассисон андеша ронданд, истењсоли матоъ дар фасли сармо мушкилињои худро доштааст, аз ин рў, шумораи кормандон алњол камтар аст. Истењсол њаст, матоъ дар анбор ба миќдори зарурї њаст. Аммо ба савдо рафтани он мушкилтар. Чаро? Оё сифати матоъ мувофиќи матлаб нест? Ва ё он сабабњои дигари худро дорад? Њол он ки ваќте дар Намоишгоњи љумњурявии шањри Душанбе ЉДММ «Атласи Хучанд» бо шаст навъ атласу адрас ширкат варзид, он писанди њамагон гашта буду Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба матои кадимаи тољикон, ба рангубор ва сифати он бањои баланд дода, арз доштанд, ки минбаъд дар рушди соњаи саноат, хосатан истењсоли атласу адрас ањамият дињанд. Вале чї боис шуд, ки соли 2016 коргоњ мувофики табъ фаъолият надошт? Њол он ки солњои охир бо дастгирии Њукумати Љумњурии Тољикистон, шахсан Пешвои миллат матои ќадимаи тољикон боз шўњрати љањонии хешро касб карда истодааст ва чорабинии њам вилоятиву њам љумњуриявї оид ба атласу адрас, Чакомаи гесў ва ба ин монанд боис гардида истодаанд, ки пироњани атласу адрас дар бари бонувони мо боз њам беш-

ниби Сарвари давлат супориш дода шуд, ки корхонањои дорусозї ривоч

дода, онњо барои саломатии халќу давлат хизмат намоянд. Дар Паём бештар диќќат ба дастгирї ва такомули маънавии љавонон, ки ояндаи давлат дар дасти онњост, нигаронида шуда, соли 2017 «Соли љавонон» эълон карда шуд. Сардори давлат, Пешвои миллат ба забономўзии љавонон диќќати љиддї дода, таъкид карданд, ки ба ѓайр аз забони модарии худ забонњои русї ва англисиро низ омўзанд. Дар Паём супориш дода шуд, ки бозомўзии омўзгорон, яъне такмили мањорати онњо ба роњ монда шавад. Падару модарон барои илмомўзї ва касбомўзии фарзандони хеш шароит

Дар њошияи дастуру супоришњои Раиси вилоят

ÈÑÒŲÑÎË ²ÀÑÒ, ÔÓÐ¡Ø ÑÓÑÒ.

тар гардад. Ва тавре дар яке аз чунин чорабинињо Хайринисо Юсуфї арз доштанд, матои атлас инъикосгари миллати тољик, шиносномаи миллати тољик аст. Дар марказњои савдо низ дўконњои зиёде аст, ки матоъњои атласу адрасро пешкаши мизољони худ менамоянд. Вале мањсули мењнати кормандони ЉДММ «Атласи Хучанд» дар марказњои савдо ва бозор ќариб ки дида намешавад. Сабаб дар чист? Њол он ки соли 2011-ум ЉДММ «Атласи Хуљанд» 19700 метр атлас, соли 2015-ум 6670 метр атлас ва 4100 метр адрас ва соли 2017 800 метр атлас ва 1000 метр адрас истехсол гардида, соли сипарї ба 21200 сомонї матоъ ба фурўш рафтааст. Дар ин бора директори кулли ЉДММ «Атласи Хучанд» чунин андеша ронд: - Дар даврони Иттињоди Шўравї коргоњи «Хуљандатлас» дар се баст фаъолият дошт ва њазорњо метр матои атласу адрас бо рангњои мухталиф ва бо навъњои зиёд харидорони худро дошт. Он бо кадом роњ буд? Пеш аз њама коргоњи мазкур дар ихтиёри Вазорати саноати сабуки СССР ќарор дошта, чил фоизи харљи онро њамин вазорат пардохт карда, ба саросари Иттињоди Шўравї пањн менамуд. Баъди футур рафтани Иттињоди Шўравї соњаи саноат, аз љумла коргоњи «Хуљандатлас» њам таназзул ёфт. Пас аз ѓолибият дар тендери љумњуриявї нахуст коре, ки соњибкор А. Ѓафуров ба анљом расонд, коргоњро таъмир намуд, зеро он пас аз пошхўрии Итињоди Шўравї њоли табоње дошт. Чандест, ки ба истењсол машѓул аст ва корман-

ЧАРО?

дони зиёде дар он фаъолият доранд. Аммо мушкилоти асосии он дар дигар љост. ЉДММ «Атласи Хучанд» ашёи хомро аз ВТ Силк бо арзиши љањонї харидорї менамояд. Гарчанде он коргоњи муштарак бо давлати Вийетнам аст, вале беш аз дањ сол дар сарзамини мо фаъолият бурда истодааст. ЉДММ «Атласи Хучанд» як килограмм ашёи хомро бо арзиши 38 доллари амрикої харидорї менамояд ва њангоми коркард 30 фоизи он хориљ мегардад. Як метр арзиши мањсулоти тайёршуда 48 сомониро дар бар мегирад. Њол он ки дар марказњои савдо арзиши атлас аз њашт сомонї оѓоз гардида, бештар воридоти он аз љумњурии њамсоя сурат мегирад. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ва Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї дар саросари вилоят бањри эњёи њунарњои миллї марказњои омўзишїистењсолї дари худро ба занони соњибкор боз намуда, бо дастёбї аз грантњои Пешвои миллат ва Раиси вилоят аксари занони хонанишин вазъи иљтимої ва иќтисодии хешро бењтар сохта, ба истењсоли матоъњои атласу адрас шурўъ намудаанд. Бо супориши Асосгузори сулњу Вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ва дастгирии Раиси вилоят Абдурањмон Ќодирї алњол бањри бо шуѓл фарогирии занони хонанишин дар њамаи љамоатњои шањраку дењоти шањру ноњияњои вилоят марказњои таълимї-истењсолии адрасу атласбофии дастї таш-

муњайё намоянд, то ки аз ноогоњї фарзандонашон ба гурўњњои тундрави террористиву экстремистї њамроњ нашаванд. Бо ибтикори Сарвари кишвари мо дар саросари олам бањри њифзи об «Дањсолаи Амалиёти об барои њаёт гузаронида шуда, бо пешнињоди нави Президенти мо амал: «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 159 давлати дунё дастгирї намуданд, солњои 2018-2028, 10 соли дигар идома меёбад. Пешнињоди Сарвари кишвари моро дастгирї намудани халќњои љањон боиси ифтихори мо, тољикон мебошад. Албатта, мо, њар як фарди тољик шукри ин миллат, ин давлати озоду обод ва Сарвари хирадманди хеш мекунем. Мењринисо ИСОЕВА, омўзгори фанни забон ва адабиёти тољики МТМУ №27, ноњияи Мастчоњ

кил шуда истодааст. Айни њол дар вилоят наздик дусад марказњои таълимї - истењсолї таъсис ёфта, дар он зиёда аз 490 адад дастгоњњои атласу адрасбофї насб шудааст. Дар ин дастгоњњо 248 нафар њунармандон бо шуѓл фаро гирифта, 1196 нафар шогирдон ба њунаромўзї љалб гардидаанд. Дар марказњои мављуда њунармандон ба бофтани зиёда аз 12 намуди матоъњо, аз ќабили атлас, адрас, беќасаб, чит, карбос, шолча ва ѓайрањо машѓуланд. Дар натиљаи фарогирии занони хонашин ба њунаромўзї дар вилоят нисбат ба њамин давраи соли 2015-ум 4407 нафар занон кам ба муњољирати мењнатї рафтанд. Чунин иќдом дар њамаи љамоатњои шањраку дењоти шањру ноњияњои вилояти Суѓд идома дорад. Аммо тавре А. Ѓафуров изњор медорад, ин амали шоиставу боиси дастгирист, вале хуб мешуд, итењсолчиён дар масъалаи омода сохтани абрешим ва ресмон бо коргоњи мазкур њамкорї намоянд. Сониян, барои чї дар марказњои савдо арзиши як метр атласу адрас аз њашт сомонї ва аз он зиёдтар ба фурўш бароварда шудааст. Ба љуз соњибкороне, ки ба истењсоли матоъњои атласу адрас машѓуланд, боз аз куљо ин ќадар ба фурўш бароварда шудааст. Тавре аз пурсишњо бо кормандони марказњои савдо собит шуд, аксари он аз љумњурии њамсоя – Ўзбекстон бо миќдори зиёд ворид шудааст. Ваќте аз савдогарон дар бобати арзон будани он пурсиш ба амал овардем, љавоби аниќ гуфта натавонистанд. Вале аз рўи маълумоте, ки мо ба даст овардем, дар давлати њамсоя аз чунин истењсоли матои атласу адрас њамчун мањсулоти њунарњои халќии бадеї андоз намеситондаанд. Боз чизи дигар моро ба шубња овард: дар марказњои савдои вилоят ба миќдори зиёд намудњои атласу адрас аз љумњурии њамсоя ворид мегардад, оё он ба таври ќочоќ нест? Зеро агар он пурра аз назорати гумрукї мегузашт, гумон аст, ки чунин арзиш медошт. Ваќте дар фарорасии иди байналмилалии Наврўз тўњфаи Пешвои миллат ба ањли толор таќдим гардид, он истењсоли ЉДММ «Атласи Хуљанд» буда, сифати хеле зебо дошт. Дар муќоиса низ метавон гуфт, навъи сифати истењсоли матои ЉДММ «Атласи Хучанд» бењтар ва аз љињати чиниши ресмон њам зичтар аст. Яъне ба андешаи мутахассисони соњаи саноати сабук ва соњибкорон маълум шуд, ки ЉДММ «Атласи Хуљанд» танњо хамон ваќт пурра фаъолият бурда метавонад, ки агар як муддати муайян аз пардохти андоз озод бошад, сониян, воридоти мањсулот аз љумњурии њамсоя тибќи ќоидањои амалкунанда сурат гирад, инчунин бо маќсади ташвиќоту тарѓиботи мањсулоти ватанї дар њар як чорабиниву мањфилњо аз матои истењсоли худї самаранок истифода баранд. Он гоњ боварии комил дорем, ки матои атласу адраси тољик шўњрати љањонии хешро барќарор намуда, шумораи љойњои кориро зиёд гардонда, боз дигар дастгоњњое, ки ба сабаби набудани кисмњои эњтиётї аз кор бозмондаанд, минбаъд дар паси он мутахассисонеро хоњем дид, ки ба истењсоли матои аљдодии мо машѓуланд. Тавњида ЉЎРАЕВА, «Њаќиќати Суѓд»

Дар њошияи дастуру супоришњои Раиси вилоят БЕМОРИЊОИ СИРОЯТӢ: Оё сари ваќт ваксина гузаронида мешавад? Ба њамагон маълум аст, ки ба њар як кўдак барои эмин нигоњ доштани саломатї аз њар гуна беморињо сари ваќт гузаронидани иммунизатсия хеле муњим мебошад. Оё њамаи иммунизатсияњо аз тарафи кормандони тиб ва маркази монопрофилактика назорат карда мешаванд? Оид ба ин масъала бо муовини директори филиали маркази монопрофилактикии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Саид Бобољонов њамсўњбат гардидем. Лутфан мегуфтед, ки њар сол ба кўдакон кадом намуди ваксинатсияњо гузаронида мешаванд? -Фаъолияти асосии муассиса ин пешгирии беморињои сироятии бо ваксина идорашавада буда, бояд ќайд намуд, ки њамаи беморї бо ваксина идора карда намешавад. Беморињое, ки бо ваксинатсия пешгирї кардан мумкин аст, асосан дањ намуданд. Он ваксинатсияе, ки гузаронида мешавад, дар асоси фармоиши Вазорати тандурустї ва таќвими миллии иммунизатсия дар 10 намуди беморї, бар зидди бемории сил, гепатити ї , фалаљ, кузоз, гулўзиндонак, сулфакабутак, сурхча, гулафшон, дарунравии кўдак ва сирояти гемофилии типии ї ба кўдакони то синни 15 сола гузаронида мешавад. Аввалин маротиба дар таваллудхона ба кўдакон баъди таваллуд 3 намуди ваксинатсия бар зидди бемории сил (БСЉ), бемории гепатити ї ва бемории фалаљ истифода мебаранд. Дар њамаи шањру навоњии вилоят марказњои иммунизатсия мављуд буда, вазифаи асосии марказњо, ин таъмин намудани муассисањои тиббї ва таълимї бо ваксина, ва маводњои иммунизатсия мебошад. Бояд ќайд намудњои, ки тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон њамаи намудї хизматрасонї ройгон мебошад. Њамаи ваксинањое, ки дастраси мардум аст, аз маркази

Љумхурї монопрофилактика дастрас карда шуда, ба анбори маркази филиал тибќи роњхатњо, борхатњо ва дархост ба њамаи шањру навоњии вилоят моње як маротиба таќсим карда мешавад. Айни њол дар анбор захираи кофии ваксина дорем, ки асосан аз давлатњои хориљї ворид гардида, аз назорат гузаштаанд ва дорои њуљљати сертификати сифатанд. -Оид ба бехатарии иммунизатсия чї гуфта метавонед? -Барои он кўдакон имунизатсия карда мешаванд, ки ба ягон беморї дучор нагарданд. Њамаи кормандони тиббие, ки бо ваксина сару кор доранд, вазифагузоранд, иммунизатсияи бехатарро таъмин намоянд, ба монанди њуљраи алоњида, шахсони алоњида, иљозатнома оид ба иммунизатсиякунї ва ѓайра, ки аз тарафи филиал њар сол як ё ду маротиба мониторинг гузаронида мешавад. Пеш аз оѓози иммунизатсия љои кори худро ба тартиб дароварда, бо таљњизоти хунукдињанда њамаи ваксинањо дар њарорати муайяни аз Ў 2 то Ў 8 дараља бояд нигоњ дошта шавад. Њар ваксина ба худ намуди воридкунии хос дорад. -Вазифаи асосии иммунизатсия дар чист? - Ваксина, ин мањлулест, ки бар организми инсон бо воситаи сўзандору гузаронида мешавад. Вазифаи асосиаш ин баланд бардоштани иммунитет буда, бояд пеш аз он, њатман кўдакро табиби оилавї аз назар гузаронида, барои имунизатсия иљозат дода, ба дафтарчаи ќайд имзо гузорад. Баъд гузаронидани ваксинањо мумкин аст. Дар соли 2016 – ум дар миќёси вилоят ягон бемории бо ваксина идорашаванда, аз он љумла 10 намуде, ки дар боло зикр намудем, оризњою њолатњои номатлуби баъди имунизатсия ба ќайд гирифта нашудааст. Бояд ќайд намоям, ќабули кўдакон ба боѓча дар њолати нагузаронидани иммунизатсия

ѓайри имкон аст, зеро кўдак манбаи беморї шуда метавонад. -Солњои пешин барои пешгирї намудани бемории сироятии грипп ваксинањо гузаронида мешуд. Оё имрўз низ ин намуди ваксинатсия амал мекунад? -Дар солњои пеш ин ваксина барои гепатити Ї гузаронида мешуд. Њамзамон, он гурўњи одамоне, ки дар коргоњњои хатарнок фаъолият мебурданд, масалан кормандони тиб иммунизатсия карда мешуд. Соли љорї тибќи наќша дар семоњаи аввал ё дар семоњаи сеюм рўзњои иммунизатсияи миллї иловатан ба ањолї бар зидди бемории сурхча, гулафшон ваксина гузаронида мешавад. Соли 2016-ум гумонбарї ба 14 нафар бемории гулафшон ва 13 нафар бемории сурхча ба ќайд гирифта шуда, баъди тафтишоту санљишњои эпидемиологї, тањлили хуни беморон аз ин беморї инкор карда шуд, зеро аз таркиби хуни онњо ягон вирус дарёфт нагардид. Дар солњои Иттињоди шўравї барои пешгирї намудан аз беморињои сироятї (грипп) ваксинањо дар ваќти муайян гузаронида мешуд, валекин солњои охир бинобар дар таќвими миллї пешбинї нашудан имкон надорем, ки онро гузаронем. -Ташаккур барои сўњбати самимона! Шањноза ЊОМИДОВА, «Њаќиќати Суѓд»

Љомеа ва замон Дар даврањои гуногуни таърихї мардумро ба хотири њаёти осоишта ба дўстию рафоќат, њамбастагию вањдат њидоят мекарданд. Амнияту саодати халќ њадафи асосии мардум ба њисоб мерафт. 7-уми апрели соли 1995 дар Иљлосияи Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон Сарвари давлат таъкид карда буданд: «Барои миллати мо на љангу зўроварї, балки фарњангдўстиву сулњпарварї, одобу ахлоќи њамида, шањрдорию бунёдкорї, мењмоннавозию инсондўстї хос аст». Яке аз усулњои рукнњои давлатдорї ба љо овардани эњтироми динї, тарафдории гуногунандешї, мубоњисањои корї дар роњи муайян намудани сиёсати иќтисодї ва илмию фарњангист. Ак- сарияти мардуми Тољикистон мусалмон њастанд. Дар љумњурї намояндагони дину мазњабњо кам нестанд. Њукумат танњо мазњаби дини мубини Исломро эњтиром мекунад, њамчунин, барои ба љо овардани эњтиром, эътиќоди динии халќњои дигар дахолат намекунад. Вазифаи њизбњои сиёсие, ки дар ќаламрави љумњурї фаъолият доранд, њимояи манфиатњои иљтимоист. Њизбњо маќсадњои худро бо ѓояњои давлат асоснок карда, дар барномаашон роњњои пешрафти иќтисодї, иљтимої ва сиёсии давлатро аз рўйи манфиатњои њизбї муайян менамоянд. Эътиќод кори шахсии њар як инсон ва шањрванд аст. Њар яки мо бояд дар рушду камоли маънавии мардум ва ба ин васила ба оромии љомеа ва рушди он хидмат намоем. Мусабеъхон ЌУРБОНОВА, омўзгори кафедраи сиёсатшиносї ва фарњангшиносии Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон F афуров


Шанбе, 4 марти соли 2017

Низомии Ганљавї сухани њикматноке дорад: Њар он кас, ки аз насаби баланд зояд, Ўро сухани баланд бояд. БДУРАСУЛ Нозиров дар хонадони шахсияти маъруфи љумњурї, ходими намоёни њизбї ва давлатї, публитсисту нотиќи оташинсухан Абдуќоњир Нозиров 8-уми марти соли 1927 таваллуд ёфтааст. Шоири халќии Тољикистон Гулназар, ки аз зиндагиномаи ин хонавода хуб бархурдор аст, боре навишта буд: «Абдуќоњир Нозиров бо насли солњои 20-50-уми ќарни гузашта бо амри ќисмат пойдевори љомеаи навро бунёд гузоштанд. Роњи паймудаи ин насл бо таќдири Ватан, таќдири миллат ва дигаргунињои азими сиёсї, иќтисодї ва иљтимоию фарњангии љомеа њамбастагии ногусастанї дорад. Хеле рамзист, ки Абдуќоњир Нозиров ягона писар, фарзанди накўномаш, ходими фарњангї ва давлатї Абдурасул Нозировро низ мисли хеш дар роњи садоќат ба хизмати халќу Ватан тарбия кардаанд. Аз ин лињоз, зиндагиномаи чунин фидоиёни халќу миллат барои ояндагон намунаи ибрат аст». Њаќ ба љониби шоир аст, ки зиндагиномаи чунин шахсон барои имрўзу ояндагон намуна бошад. Асосгузори сулњу Вањдати миллї–Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар њар як суханронињои хеш таъкид мекунанд, ки насли наврас–љавононро дар мисоли зиндагиномаву кори ибратбахши шахсиятњои ватандўсту мењнатї, худшиносу худогоњ тарбия намоем. Пас, ситоиши чунин одамони мањбуби халќ, мисли Абдурасул Нозиров вољиб аст. Зиндагинома ва пайкори шодравон њамон навъе, ки ишора шуд, барои мо сабаќњои маънавї хоњад дод. Ў аз хурдї бо сабаби он, ки падараш дар шањру ноњияњои гуногуни онваќта мамлакатамон– Тошканду Сталинобод, Ашту Попи Намангон ва Фарѓонаву дењоти Хистеварз гаштааст, тањсилро дар мактабњои гуногуни русиву тољикї идома додааст. Русидонии ў дар рушди хониш ва васеъ шудани сатњи љањонбиниаш таъсир расонда буд. Абдурасул Нозиров дар яке аз хотироти хеш навиштааст, ки: «Њини тањсил дар шањри Сталинобод солњои 1938-1941 ба ман дар мактаби №3 ба номи Киров муаллимони номї, мисли Вера Василевна Моисеева, ки баъдтар ба унвони «Муаллими хизматнишондодаи Тољикистон» ва ордени Ленин сарфароз шуда буд ва Мария Василевна Залутская барин муаллимаи боистеъдоду серталаб таълим додаанд. Муаллима М. В. Залутская боре дар рўзномаам ќайд кардааст, ки «Абдурасул бештар ба фанњои адабиёт, таърих, география таваљљўњ дорад». Бо њамин ишораи муаллима ман шўъбаи таърихи Институти давлатии педагогии Ленинободро хатм кардам». Соли 1941 Љанги Бузурги Ватанї оѓоз меёбад ва падараш, директори Нашриёти давлатии Тољикистон, моњи августи соли 1941 ба майдони набард мераванд. Оилаи онњо ба зодгоњашон Ќистакўз (муддати солњои 19411957 онро ба Чкалов иваз карда буданд, имрўза Хистеварз) меоянд. Дар ин љо Абдурасул Нозиров тањсилро дар мактаби №2 (имрўза №5, ба номи Абдуѓаффор Њасанов) идома медињад. Давраи вазнини љанг таќозо мекунад, ки Абдурасули љавон њам хонаду њам кор кунад. Ман њини шинос шудан бо бойгонии шахсии оилаи Нозировњо чанд мактубњои аз фронт ба унвони писар фиристодаи падари љанговарашро хондам. Абдуќоњир Нозиров дар он мактубњо писарро огоњ мекарданд, ки дар аќибгоњ њаддалимкон љойи шахсони ба фронт рафтаро гирифта, бо мењнати њалолат мадад кун. Ин буд, ки Абдурасули 14-15-сола солњои 1944-1945 чун котиби комитети комсомолии ноњияи Чкалов (имрўза як ќисми ноњияи Бобољон Ѓафуров, дењањои Хистеварз, Овчиќалъача, Исфисор, Зарзамин ва шањраки Ѓафуров) сар кард. А. Нозиров чун корманди масъули комитети комсомолии ноњия њам корњои тарѓибу ташвиќотї дар байни ањолї мебурд ва њам таъминоти моддии оилањои ба фронт рафта дар мадди назараш буд. Чун нотиќи оташинсухан њар як маълумотњои «Совинформбюро»-ро, ки тавассути радио Левитан мерасонд, ў њамоно ба мардум бо як њисси баланди ватандўстї тарѓиб менамуд. Соли 1944 матни Гимни нави давлатии СССР омода карда шуд. Дар откриткаи почта, ки дар рўи он матни русии Гимни Иттифоќи Советї чоп шудааст, падараш Абдуќоњир Нозиров ба унвони писар аз 7 декабри соли 1944 фиристода, навиштаанд: «Абдурасули азиз, дар ин откриткаи почта матни Гимни нави давлатамон чоп шудааст. Онро њамроњат гирифта гард ва њатман аз ёд кун. Инчунин, хоњарат Фароѓат њам аз ёд кунад. Ман њоло ин саломномаро аз роњ, ки ба сўи Руминия рафта истодаем, навиштам. Мо ѓалаба хоњем кард ва њамон даъвати Гимн, ки дар мисраъњои охир оварда шудааст, моро ба фирўзї мерасонад: Знамя советское, знамя народное, Пусть от победь к победе ведет! Падарат Нозиров. Одесса». Хулоса, Абдурасул Нозирови 17-сола барои корњои аќибгоњ кардааш бо фармони Президиуми Совети Олии СССР бо медали «Барои мењнати шуљоатнок дар солњои Љанги Бузурги Ватании 1941-1945» таќдир карда мешавад. Дар арафаи 70-солагии Fалаба аз болои Германияи фашистї бо фармони Президенти Федератсияи Россия В. В. Путин шахсоне, ки бо чунин медал сарфароз шуда бошанд, њамчун иштирокчии Љанги Бузурги Ватанї њисоб карда мешаванд. Пас аз рўи фармони мазкур Абдурасул Нозиров иштирокчии Љанги Бузурги Ватании солњои 19411945 њисоб меёбад. Абдуќоњир Нозиров дар мактуби аз Австрия аз 4 майи соли 1945 ба номи писар ирсолнамудааш таъкид мекунанд, ки ту бояд аз њозир тайёрї бинї ва ба ягон мактабњои олї дохил шавї. Зеро рўзњои наздик Ѓалаба аз мост. Аз рўи њидояти падар амал карда, Абдурасул соли 1945 ба Институти тиббии Сталинобод дохил шуд. Бо як муњаббати калон ба хондан шурўъ кард, нимсолаи аввалро бо бањои 4-5 љамъбаст намуд. Аммо дар вуљудаш њанўз аз давраи мактабхониаш ба фанњои таъриху география майл дошт. Бо орзуи оянда омўзгор шудан, Институти тиббиро тарк карда, аз соли 1946 ў касби пурифтихор–муаллимиро пеша мегирад. Њамзамон, дар шўъбаи ѓоибонаи Институти давлатии педагогии Ленинобод тањсил мекунад. Муаллими љавон шабу рўз аз болои худ кор мебурд. Бењтарин ѓояњои инсониро ба шогирдонаш ташвиќ мекард. Рўзе нозири шўъбаи маорифи ноњияи Чкалов Воњид Шарифов (баъдтар ходими намоёни њизбї ва давлатї) ба дарси А. Нозиров даромада, ба тарзу усули таълими муаллими љавон шинос шуда, бо як ифтихор дарси омўз-

А

3

Њаќиќати Суѓд

№26 (17707)

М

Ôàðçàíäîíè òó , Òî¿èêèñòîí !

АН Абдурасул Нозировро чун шахсияти поку беолоиш, омўзгори донандаю хушзењн, сиёсатмадор, ходими давлатию љамъиятї, дунболагири одамият ва саховат, хайру эњсон, инсони хоксор ва зањматкаш аз даврони наврасиам мешинохтам. Хушбахт аз онам, ки њини тањсил дар мактаб ба мо аз љуѓрофия таълим додаанд. Аз ин лињоз, дар рўзњои 90-солагии мавлуди шарифи шахси бароям азизу табаррук хайрёди шодравонро ба љо оварда, чанд лањзањои хотирмони устодро иброз намоям.

ОМЎЗГОР ВА ХОДИМИ НАМОЁНИ ЊИЗБИЮ ДАВЛАТЇ Áà ìóíîñèáàòè 90-ñîëàãèè Àáäóðàñóë ÍÎÇÈÐÎÂ

горро тањлил намуда, бањои баланд медињад. Дарси кушоди ўро чун намуна барои муаллимони ноњия ташкил карданд. Абдурасул Нозиров дар бадали беш аз чил соли фаъолияти мењнатии худ асосан дар ду љабња кор кардааст. Бист соли аввал, солњои 1946-1966 бо касби пуршарафи омўзгорї ва сипас, солњои 1966-1986 бо кори масъули њизбї ва давлатї. Соли 1946 падар аз љанг баргашта, ба фарзандашон Абдурасул, ки касби омўзгориро пеша карда буд, мегўянд: «Абдурасул, ту бо кори пуршарафи олам–омўзгорї машѓул њастї. Ин касбест, ки бояд бо муњаббат ва дилгармї дўст дорї. Вагарна ба маќсад ва њадафи хеш намерасї. Омўзгори њаќиќї њамеша бояд дар љустуљўи дониш бошад. «Љўянда ёбанда аст» ва дар ин мазмун байте њаст, ки бароят намуна бошад: Дар ба дар мегарду мерав кў ба кў, Љустуљў кун, љустуљў кун, љустуљў». Њамин тавр, дар бадали бист сол Абдурасул Нозиров дар мактабњои ноњияњои имрўза Бобољон Ѓафуров, шањрњои Исфараю Ленинобод ба њайси муаллим ва нозири шўъбањои маорифи Исфараю Ленинобод ифои вазифа намуд. Ў падидаи хираду фаросати инсониро аз муаллим медонист. Аммо эшон баъзан муаллимони камхираду ба касби худ камњавсаларо дида мегуфт, ки «на њама муаллим муаллим аст. Муаллим як умр бањри тарбияи шогирдон бояд сўзад. Саховати муаллим чу офтоб беинтињост, мебахшаду вопас намегирад». Шукри бепоён, ки имрўзњо шогирдони сершумори А. Нозиров номи устоди хешро љовид нигоњ медоранд. Ман њини омодаи ин мењрномаи хеш, ки ба муаллими азизамон бахшида мешавад, бо чанде аз шогирдони мактабии А. Нозиров њамсўњбат шудам. Абдуљалол Латифов, дотсенти Донишгоњи давлатии Хуљанд ба номи академик Бобољон Ѓафуров: –Муаллим Абдурасул Нозиров сабки худро доштанд, њар як дарсро бо аёният, маводу санадњои арзиши илмїамалидошта мегузаштанд. Мансур Сатторов, номзади илмњои иќтисодї: –Муаллими дўстдоштаи мо Абдурасул Нозиров дарси хешро эљодкорона ва пайваста бо маълумотњои наву тоза мегузарониданд. Аз моњи марти соли 1966 фаъолияти њизбї ва давлатии Абдурасул Нозиров сар мешавад, ки он дар зиндагиномаи ў марњалаи пурбаракат ва хосеро ташкил медињад. Моњи январи соли 1966 маљлиси январии вохўрии роњбарияти ноњияи Хуљанд бо ањли омўзгорони ноњия дар Ќасри Арбоб баргузор мегардад. Дар маљлис муаллими таърих ва љуѓрофияи мактаби №34-и дењаи Хистеварз Абдурасул Нозиров бо мањорати баланд ба забони русї њарф мезанад. Суханронии ў диќќати котиби якуми комитети партиявии ноњия Рифъат Њољиевро ба худ мекашад. Њатто дар маърўзааш аз суханронии А. Нозиров ду мисол меоварад. Онрўза суханронии муаллими дења таќдири ояндаи ўро ба кори њизбї њидоят намуд. Бо таклифи Р. Њољиев А. Нозиров ба вазифаи мудири шўъбаи Идеологияи Комитети партиявии ноњияи Хуљанд тавсия карда мешавад. Дар бадали солњои 19661967 ў худро чун тарѓиботчии бењамтои њизб нишон медињад. Аз ин лињоз, моњи августи соли 1967 А. Нозиров котиби комитети партиявии ноњияи Хуљанд интихоб мешавад. Дар ин вазифаи масъул ў худро чун коммунисти суботкору принсипнок, роњбари баѓоят серталабу поквиљдон нишон медињад. ОЛИ 1962 вилояти Ленинобод барњам мехўрад. Сарвари онваќтаи Тољикистон Љаббор Расулов аз ин кори хеш пушаймон мешавад. Ў бањри аз нав эњё кардани вилояти Ленинобод њаракат кард. 23-юми декабри соли 1970 фармони Президиуми Шўрои Олии СССР дар бораи ташкил кардани вилоят баромад. Рифъат Њољиев котиби якуми комитети партиявии вилояту Усмон Ќосимов раиси комиљроияи вилоят, њамзамон, дар аксари шањру ноњияњои вилоят роњбарони нав, аз љумла, Абдурасул Нозиров раиси комиљроияи ноњияи Хуљанд (имрўза Бобољон Ѓафуров) интихоб мешавад. Раиси комиљроияи ноњияи Хуљанд будан, ки калонтарин дар љумњурї мањсуб меёфт, барои А. Нозиров масъулияти баландро талаб мекард. Зеро ноњия дар таърихи њаёти сиёсї-иќтисодї ва фарњангии љумњурї маќоми хосе дорад. Ноњия бо фарзандони шўњратманди худ–дењќонони номї, ќањрамонони майдони љангу мењнат, олимону ањли фарњангаш дар тамоми љумњурї маълуму машњур буд. А. Нозиров њамчун раиси нави комиљроияи ноњияи Хуљанд, пеш аз њама, таърихи гузаштаи ноњия, одамони машњури он, сарварони пешинаи он ба монанди Мирзоќосим Рустамову Рифъат Њољиевро пеши назар овард. Хушбахтона, солњои аввали раиси комиљроия будан ба А. Нозиров шарафи баланд буд, ки бо котиби якуми комитети партиявии ноњияи Хуљанд Рањ-

С

бар Ќосимов якљоя фаъолият барад. Ин солњое буд, ки ноњия дар њама соњањои хољагии халќ ва фарњангу маориф њаёти сиёсиву иљтимої комёб шуда буд. Мардуми ноњия пешрафтро, барњаќ, бо номи сарварони нави худ дар симои Рањбар Ќосимову Абдурасул Нозиров медид. Њамин сарварони кордон буданд, ки ноњияи Хуљанд дар чанд љабњањои хољагии халќ–чорводорї, пахтакорї, пиллапарварї сол аз сол ба комёбињои баланд соњиб шуданд. Мањз дар њамин давра соли 1973 чорводорї ба соњаи сердаромад табдил ёфт. Њамон сол ноњия ба давлат 3665 тонна гўшт (112%), 6495 тонна шир (138%), 285 тонна пашм (105%), 10 млн. 787 њазор дона тухм (115%) супурд, ки натиљаи бењтарин буд. Барои ин чорводорони ноњия ѓолиби мусобиќаи сотсиалистии умумииттифоќї гардида, бо Байраќи Сурхи сайёри КМ КПСС, Шўрои Вазирони СССР, КМ ВЛКСМ сарфароз ва 38 нафар пешќадамон бо ордену медалњо мукофотонида шуданд. Президиуми Шўрои Олии СССР бо фармони худ аз моњи декабри соли 1973 Абдурасул Нозировро бо ордени «Нишони Фахрї» таќдир кард. Ин љо месазад, ки як иќдоми сарварони онваќтаи ноњияи Хуљандро ёдрас кард. Ваќте ки ман бо бойгонии шахсии А. Нозиров шинос шудам, аз он љо бо таърихи сохтмони роњи гузаргоњи мошинњо аз болои роњи оњани назди шањраки Ѓафуров баромад. Њамагон хуб медонанд, ки дар давраи шўравї бо сабаби дар њар як 20-25 даќиќа гузашта истодани поезд роњи гузаргоњ баста мешуд ва садњо мошинњо интизорї мекашиданд. Њалли ин муамморо сарварони ноњия Рањбар Ќосимову Абдурасул Нозиров ёфтанд. Онњо моњи марти соли 1973 ба унвони раиси Шўрои Вазирони РСС Тољикистон Абдулањад Ќањњоров бо мактуби расмї мурољиат карданд. Дар ваќти њалли ин масъала А. Ќањњоров ба А. Нозиров гуфтаанд: «Охирин њуљљати давлатие, ки ман њамчун Раиси Њукумат пеш аз нафаќа рафтан имзо кардам, ин сохтмони гузаргоњ аз болои роњи оњани шањраки Советобод аст. Он апрели соли 1973 буд». ОЛИ 1980 Тољикистон беш аз 1 миллион тонна пахта истењсол кард. Дар љамъбасти наќшаи иљрошудаи пахта, соли 1981 бо фармони Президиуми Шўрои Олии СССР гурўњи калони пешќадамон, мутахассисон, кормандони њизбї ва давлатї бо ордену медалњо сарфароз шуданд. Аз љумла, Абдурасул Нозиров бо ордени дуюми «Нишони Фахрї» сарфароз гашт. Ноњияи Хуљанд дар њамаи љабњањои њаёти сиёсї, иќтисодї ва фарњангї пешрав ва комёб буд. А. Нозиров бо он мефахрид, ки ноњия бо кадрњои баландихтисоси соњаи тандурустї, маорифи халќ, корхонањои саноатї ва кишоварзї таъминанд. А. Нозиров њангоми раиси комиљроияи ноњия будан бевосита ба шўъбаи тандурустии он назорат карда, бањри солимии љомеа диќќати калон медод. Мањз бо саъй ва кўшиши ў соли 1978 дар дењаи Хистеварз бинои сеошёнаи замонавии бемористон сохтаанд, ки барои 120 кас пешбинї шуда буд. Њамчунин, солњои 1978-1984 дар љамоатњои Њайдар Усмонов ва Ёва барои 150 бемор беморхонањои типї сохта шуд. Месазад, ки роњбарони онваќтаи ноњияи Хуљандро яке аз тарѓиботчиёни фаъоли дўстии халќњо номид. Он солњо муносибати дўстонаи хуби байни се љумњурии њамсояи Тољикистон, Ўзбекистон ва Ќирѓизистон хуб ба роњ монда шуда буд. Чунончї, соли 1984 ба муносибати љашни 60-солагии љумњурињои Тољикистон, Ўзбекистон ва Ќирѓизистон аз санаи 24 августи соли 1984 фестивали «Дўстии љавонон»-и ноњияњои њаммусобиќаи Хуљанд, Ќўќанд ва Лайлак гузаронида шуд. Мењмонони фестивали дўстиро дар шањраки Советобод (Ѓафурови имрўза) раиси комиљроияи ноњияи Хуљанд Абдурасул Нозиров ќабул карда, аз љумла гуфта буд: «Ман мењмононро ба ноњияамон бо чунин мисраъњои шоир хайрамаќдам мегўям: Байраќи дўстии мо абадї љилвагар аст, Меваи дилкаши ин нахли саодат зафар аст. Дар китоби «Парвозгоњи бузургон» оварда мешавад, ки сањми А. Нозиров дар тарѓибу ташвиќ ва гиромї доштани номи неки аллома Бобољон Ѓафуров калон аст. Мањз бо ташаббусу таклифњои ў нахустин гўша–осорхонаи Бобољон Ѓафуров дар мактаби миёнаи шањраки Советобод ташкил мегардад. 24-уми январи соли 1978 Њукумати Тољикистон бо маќсади абадї гардондани номи фарзанди арзандаи худ шањраки Советободи ноњияи Хуљанд, шањраки Ѓафуров номид. Бахшида ба ин воќеаи фарањбахш њамоиши серодам баргузор гардид. Њамоишро раиси комиљроияи ноњия, депутати Шўрои Олии РСС Тољикистон А. Нозиров кушода гуфт: –Хеле рамзист, ки номи аллома Бобољон Ѓафуров ба маркази ноњияи мо гузошта шуд. Зеро фаъолияти рангину гуногунсоњаи академик бо ташаккулёбии миллї ва сиёсии халќи азизаш зич вобаста аст. Аллахусус, асари безаволаш «Тољикон» дар раванди худшиносии миллї маќоми

С

бузург бозидааст. Дар њамон рўзи њамоиш А. Нозиров таклиф кард, ки барои абадї гардонидан ва тарѓиб намудани зиндагиномаи академик Бобољон Ѓафуров ба ташкили осорхонаи он оѓоз намоянд. Мутаассифона, баъди ба нафаќа рафтани А. Нозиров (соли 1985), ки он кас раиси комиссия оид ба сохтмони осорхонаи Бобољон Ѓафуров буданд, ин кори хайр анљом дода намешуд. 28-уми январи соли 1988 њатто дар рўзномаи ноњиявии «Бо роњи ленинї» тањти унвони «Дар бунёди осорхонаи Бобољон Ѓафуров сањми худро гузорем!» Мурољиатномаи як гурўњ собиќадорони њизб, љанг ва мењнати ноњия ба њамаи ањолї чоп шуд. Дар он, аз љумла имзои нафаќахўр А. Нозиров низ буд. Аксари 12 нафар имзокардагон аз олам чашм пўшиданд, аз љумла А. Нозиров њам моњи июли соли 1989 вафот карданд. Аммо орзуњои онњо дер бошад њам, љомаи амал пўшид. Дар арафаи 80солагии Бобољон Ѓафуров осорхонаи муваќќатии аллома дар назди бинои мактаби миёнаи ба номи Гогол кушода шуд. Дар арафаи љашни 90-солагии олим бо иќдоми неки Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон Осорхонаи давлатии љумњуриявї дар шањраки Ѓафуров ќомат афрохт, ки дар сохтмону таљњизонидан ва бањри пурра омода шудани осорхона 100 миллион рубл људо карда шуд. Бо сохтану ба истифода додани осорхонаи академик Бобољон Ѓафуров орзуи неки яке аз аввалин ташаббускорони он Абдурасул Нозиров амалї гардид. Абдурасул Нозиров расо 14 сол вазифаи раиси комиљроияи ноњияи Хуљанд (имрўза Бобољон Ѓафуров)-ро ўњдабароёна бо сабку усули корбарии хеш пеш бурд. Анъанаи хуби ин ноњияи овозадорро дар тамоми љумњурї пањн мекард. Мегўянд, ки А. Нозиров дар њалли масъалањои мубрами рўз бо фаъолони ноњия, собиќадорони љангу мењнат машварат мекард ва њалли мусбии онро меёфт. Њоло рў меоварем ба наќли собиќ корманди масъули комиљроияи ноњияи Бобољон Ѓафуров Абдуќодир Вањњобов: – Ба ман шарафи баланд насиб шуд, ки дар комиљроияи ноњияи Хуљанд (имрўза ба номи Бобољон Ѓафуров) бо Абдурасул Нозиров кор кунам. Роњбари фидоии кори худ буданд. Марди нињоят њалолу пок, хоксор, рањмдил. Ба кор сањарии барваќт меомаданд, беваќтии шаб мерафтанд. Ба касе дўѓу пўписа намекарданд. Одоби баланди инсондўстї ва мењнатдўстиашон барои њамкорон намуна буд. Аз ин лињоз, њар гуфтаи он кас ва супоришњои медодаашон барои тамоми кормандон ќонун буд. Тарзи гуфтор ва рафтори нињоят боадабонаи эшон моро маљбур мекунонд, ки ба њамдигар њамин тавр муносибат кунем. Дар њуљљатгузорї бехато буданд. Дастурдењони комиљроияи вилоят омада, бо тарзи њуљљатгузории Абдурасул Нозиров шинос шуда, онро дар тамоми шањру ноњияњо пањн мекарданд. ЕГЎЯНД, ки бахти баланду сафеди њар як шахс ба он вобаста аст, ки оилаи хушбахтро барпо намояд. Бахти А. Нозиров буд, ки бо духтари фариштасимою порсои дењааш Муњаббат Охунова њамтаќдир мешавад. Хеле рамзист, ки дар рўзи хонадоршавии М. Охунова бо А. Нозиров падару модари арўс бо ордени Ленин мукофотонида мешаванд. Он рўзи тўйи хонадоршавї падари арўс Мањмуд Охунов даст ба рў гирифта, бо дуои нек гуфт: «Бигузор, духтарам, муњаббати шумоён, чун номи шарифат пойдор бошад. Соњиби фарзандони накўном шавед». Хушбахтона, аз рўзњои аввали оиладорї зану шавњари љавон њаёти хушу оромонаи хешро мегузарониданд. Соњиби чор нафар фарзандони солењ шуданд: ду писару ду духтар. Њар яки онњоро соњиби маълумоти олї намуданд. Модар–муаллима Муњаббат Охунова, ки худ хатмкардаи шўъбаи забон ва адабиёти тољики Институти давлатии Ленинобод ба номи С. М. Киров мебошад, фарзандонашро якљоя бо шавњараш бо панди мутафаккирони форс-тољик тарбия намуданд. Фарзанди калонї Абдувалї Нозиров солњои дароз дар комитети комсомолии ноњияи Хуљанд ва беш аз 20 сол дар идораи прокуратураи вилояти Суѓд ва сипас њамчун прокурори ноњияњои Шањристону Зафаробод ва Роњи оњани Хуљанд ифои вазифа намуд. Мутаассифона, бармањал дунёро падруд гуфт. Ду нафар духтарони А. Нозиров–Мунаввараю Мављуда касби волидони хеш - омўзгориро пеша намуданд. Њоло њардуи онњо муаллимони мактабњои олии шањри Хуљанд мебошанд. Писари хурдии устод Ќоњир Расулзода алњол Сарвазирии љумњуриро ба ўњда дорад. Ў баъди хатми мактаби миёна ба Институти хољагии ќишлоќи Тољикистон (имрўза Донишгоњи аграрии Тољикистон) дохил шуд. Факултае, ки ў ба итмом расонид, мутахассисони соњаи обро тайёр мекунад. Маќсад аз интихоби касб он буд, ки ба мисли бобояш Абдуќоњир Нозиров, ки алњол номбардори номи шарифашон аст, касбу корашонро идома дињад. Зеро бобояш фаъолияти хешро солњои бистуми асри ХХ аз сармиробии Сойи Хољабоќирѓон оѓоз карда буданд. Ќоњир Расулзода чун мутахассиси соњаи об то ба сармироби љумњурї–Вазири мелиоратсия ва хољагии оби Тољикистон, Раиси вилояти Суѓд ва имрўз Сарвазири Тољикистон расиданд. Наберањои А. Нозиров яке Дилафрўз Сангинова ректори Донишкадаи политехникии Донишгоњи техникии Тољикистон, ба номи Муњаммад Осимї ва дигаре Зарифљон Нозирї дар вазифаи раиси ноњияи Бобољон Ѓафуров кор мекунанд. Арўсони хонадон Бишарофатљон ва Иќболой омўзгоронанд. Дар њаќиќат, Абдурасул Нозиров он анъанањои неки падарашро чи дар вазифањои омўзгорї ва чи дар њизбию давлатї, махсусан, раиси комиљроияи ноњияи Хуљанд будан идома дод ва номбардори асили падари хеш буданашро нишон дод. Сад дареѓо, ки 8 июни соли 1989 марги бемањал ин марди накўном, хоксору хушмуомила Абдурасул Нозировро аз байни мо рабуд. Вафоти Абдурасул Нозировро баъди чанд даќиќаи даргузашташон шунида, њамоно ба њавлиашон њозир шудам. Шодравон бароям ва хонаводаи мо шахси азиз мањсуб меёфтанд. Он кас аз байни мо љисман рафтанд, аммо кору номи некашон дар дили њазорон шогирдон, дўстон, њамкорон ва ањли љомеа абадї хоњад монд. Хушбахтона, имрўз яке аз гимназияи шањраки Ѓафуров ва кўчае дар он љо ба номи рањматї Абдурасул Нозиров гузошта шудааст. Зеро дар дилу дидаи мо номашон зиндаву љовид аст. Устоди мо бо рафтору кирдор, бо дониш ва заковати худ танњо тухми некї коштанд. Пас, номи чунин шахсон танњо бо некї зикр хоњад шуд. Боќї ба зикри хайр бувад номи одамї, Номи накўст њосили айёми одамї. Усмонљон ЃАФФОРОВ , профессори Донишгоњи давлатии Хуљанд, ба номи академик Бобољон Ѓафуров, Корманди шоистаи Тољикистон

М


4

Њаќиќати Суѓд

Áà êîð äàúâàò ìåíàìîåì! Муассисаи давлатии вилоятии «Кохи фарњанги ба номи Абўабдуллоњи Рўдакї» барои ишѓоли вазифањои зерин озмун эълон менамояд: 1. Продюссер, маоши моњона 998 сомонї. 2. Сарбалетмейстер, маоши моњона 1347 сомонї. 3. Мутахассис оид ба равшанидињии сањна, маоши моњона 498 сомонї. 4. Мутахассиси таљњизоти овоз, маоши моњона 498 сомонї. 5. Консертмейстер, маоши моњона 665 сомонї. 6. Устоди раќс, маоши моњона 758 сомонї. 7. Омўзгори классикаи раќс, маоши моњона 665 сомонї. 8. Њунарманди раќс, маоши моњона 665 сомонї. 9. Артисти оркестри камеравї, маоши моњона 598 сомонї. 10. Артисти оркестри нафасї, маоши моњона 483 сомонї. 11. Устои љўрсози асбобњои мусиќї, маоши моњона 465 сомонї. Суроѓаи мо: Кохи Рўдакї, хиёбони Исмоили Сомонї, №187, телефонњо барои иртибот: 4-16-52, 4-48-03.

Донишкадаи иќтисод ва савдои ДДТТ дар шањри Хуљанд

Шанбе, 4 марти соли 2017

№26 (17707)

ÌÀ£ÎÌÎÒÈ È¯ÐÎÈßÈ ²ÎÊÈÌÈßÒÈ ÄÀÂËÀÒÈÈ ÂÈËÎßÒÈ ÑÓFÄ

îèä áà è¿îðà ñóïîðèäàíè àìâîëè äàâëàòO îçìóí ýúëîí ìåíàìîÿä: озмуни №2/2017

барои ишѓоли вазифањои зерин озмун эълон менамояд: Профессор Дотсент

љ Љомеашиносї Мўњлати пешнињоди њуљљатњо 1 моњ аз рўзи нашри эълон. Суроѓа: шањри Хуљанд, хиёбони Исмоили Сомонї, 169. Телефон барои иртибот: 6-03-21

БЮЛЛЕТЕНИ ХАРИДИ ДАВЛАТ B

ÁÀ ÒÀÂÀ¯¯¡²È ÌÎËÐÀÑÎÍÓ ÏÓÄÐÀÒ×ȨÍ! Äàúâàòíîìàè èøòèðîê äàð îçìóíè õàðèä

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд (шањри Хуљанд, кўчаи академикњо Раљабовњо-55, тел: 6-35-79) ва ташкилоти Харидор довталабони салоњиятдорро барои иштирок дар озмунњои хариди номгўи зерини мол, кор ва хизматрасонї, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

Озмун 29 марти соли 2017, соати 14:00 дар бинои КВДК «Кохи матбуот», воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, ошёнаи 2, маљлисгоњи №2 баргузор мегардад. Ба озмун шахсони воќеї ва њуќуќї даъват карда мешаванд, ки бояд барои иштирок њуљљатњои зеринро пешнињод намоянд: 1) Барои шахсони воќеї – нусхаи шиноснома ё њуљљати дигари тасдиќкунандаи шахсият; 2) Барои шахсони њуќуќї – њуљљати тасдиќкунандаи баќайдгирии давлатї ва Оинномаи шахси њуќуќї; 3) Пешнињод дар лифофаи сарбаста, ки дар дохили он дархости иштирокчї бо нишон додани номи пурраи иншооти иљора ва пешнињоди маблаѓи ба иљора мегирифта, ки бояд аз маблаѓи дар эълон нишон додашуда кам набошад. 4) Нусхаи њуљљати тасдиќкунандаи пардохти маблаѓи кафолатї. Дар њолати ѓолиб дониста шудан «Иљорагир» ба њисоби «Иљорадињанда» ба миќдори 5 фоиз маблаѓи комиссионї ва 0,1 фоиз бољи давлатї аз њаљми иљорапулии солона месупорад, ки ин маблаѓњо ба арзиши иншооти иљора дохил намешаванд. Ѓолиби озмун иштирокчие дониста мешавад, ки нархи пешнињодкардаи ў нисбати дигар иштироккунандагон зиёд бошад. Баќайдгирии иштирокчиён аз рўзи дарљи хабари иттилоотї дар суроѓаи хиёбони Р.Набиев 45, бинои Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд, ошёнаи 6, утоќи кории №602 оѓоз гардида, як соат пеш аз саршавии озмун анљом меёбад. Озмун тибќи тартиби ба иљора супоридани амволи давлатї, ки бо ќарори њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 ноябри соли 2011, №537 тасдиќ гардидааст, гузаронида мешавад. Телефон барои тамос: (83422) 4-65-62. Раёсати сармоягузорї ва идораи амволи давлатии вилояти Суѓд. ЭЗОЊ: Нархи ибтидоии масоњатњои аз бинои КВДК «Кохи матбуот» ба иљора додашаванда, ба истиснои муассисаю ташкилотњои воситањои ахбори умум, на кам аз 10 сомонї барои 1 м2њисоб карда мешавад.

1. Довталабон барои гирифтани њуљљатњои тендерї ва маълумоти иловагї дар бораи тендер метавонанд, ба маќоми Ваколатдор ба суроѓаи дар боло зикршуда мурољиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоњиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани њаќќи бебозгашт њуљљатњои тендерии худро дар лифофањои мўњр кардашуда ба суроѓаи дар боло зикршуда то ваќти дар сутуни «Сана ва ваќти кушодани лифофањо» муайяншуда пешнињод намоянд. Мўњлати муќарраршуда мўњлатест, ки баъди анљоми ваќт аз довталабон пешнињодот ќабул карда намешавад. 3. Лифофањо бо пешнињодњои довталабон аз љониби комиссияњои муштарак тибќи тартиби муќарраргардида кушода мешаванд. Намояндагони довталабон њуќуќ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.

Аз эътибор соќит * Дафтарчаи имтињонотие, ки соли 2010 факул таи сохтмон ва наќлиёти Донишкадаи политехникии Донишгоњи техникии Тољикистон, ба номи академик М.Осимї ба Иброњимов Умедљон Иброњимович додадодааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Сертификати њуќуќи истифодаи замини анбор тањти фењрасти №3119 аз 15 ноябри соли 2013, воќеъ дар ноњияи Бобољон Ѓафуров, Љамоати дењоти Њайдар Усмонов, ки ба Ќодиров Абдулкадир АбдурашиАбдурашидович тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътиэътибор соќит дониста шавад. * Дипломи МУ №004589, ки соли 1998 бо ихтисоси кори муолиљавии Омўзишгоњи тиббии шањри Хуљанд ба Фатуллоев Шералї Њабибуллоевич додааст, бинобинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шиносномаи техникї ва шартномаи харидуфурўш

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

тањти фењрасти №4Ш-1281 аз 19 ноябри соли 2009, хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 12, бинои 149, њуљраи 17, ки ба Субњї Ёрматова тааллуќ дорад, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Номаи камоли ТШТУ №0055466, ки соли 2007 макмактаби тањсилоти миёнаи умумии №45-и ноњияи ДевашДеваштич ба Абдурањмонов Аброр Асрорович додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Васиятномаи тањти фењрасти №31-6663, соли 2011 хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 18, бинои 10, њуљраи 135 Ањмад Собиров ба Собиров МуМузаффархўља Муњамадович додааст, бинобар гум шушуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Дипломи МУ №000971, ки соли 1994 бо ихтисоси кори њамширагии Омўзишгоњи тиббии шањри Хуљанд

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

ба Исоходжаева Замирахон Исломадиновна додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шартномаи харидуфурўши хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи А.Шамсиев №17/1 байни Шариф Раљабов ва Гулсара Зокирова басташуда, бинобар гум шудашуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шањодатномаи хатми синфи 8, Б №531609, ки соли 1984 мактаби миёнаи №14-и шањри Хуљанд ба Шарифов Давронљон Ѓаниевич додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад. * Шартномаи харидуфурўш тањти фењрасти №3Ш260 аз 9-уми декабри соли 2010, хонаи воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи Њамза Алиев, хонаи №6, ки ба Махкамова Тўфанисо Иброњимовна тааллуќ дорад, бибинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад.

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

Садорати факултети таърих ва њуќуќи Донишгоњи давлатии Хуљанд, ба номи академик Бобољон Ѓафуров, љомеаи устодон ва донишљўён аз вафоти нобањангоми профессори кафедраи таърихи умумї Àáäó¿àëèë ÁÎÁÎÊÀËÎÍÎÂ андўњгин буда, ба пайвандони марњум аз даргоњи Худованди муттаол сабри љамил хоњонанд. Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд . Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишон доди манбаъ метавонанд, истифода ба ранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора Шањноза ЊОМИДОВА Њуруфчин Раъно Юсуфова Веростор Маъруфљон Њомидов

Адади нашр 8250 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.