11-2017

Page 1

Наврасону љавонони моро зарур аст, ки љавобан ба дастгириву ѓамхорињои Њукумати Тољикистон тамоми саъю талоши хешро ба донишандўзї, интихоби касбу њунарњои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аљдодї, њимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорї равона созанд.

Аз Паёми Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон

Банї - одам аъзои якдигаранд Истиќлолияти Тољикистон поянда бод!

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд Рўзнома аз 25 марти Шанбе, соли 1930 нашр мешавад 28 январи соли 2017

№ 11 (17692)

www.hakikati-sugd.tj E-mail:h_sugd@mail.ru

Äàð ³îøèÿè ¿àëàñàè ¿àìúáàñòèè “Ñîëè 2016 - Ñîëè ôàðäè ñîëèì”

МИЛЛАТИ СОЛИМ ЉОМЕАИ СОЛИМ

Дар толори Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят вохўрии Раиси вилоят Абдурањмони Ќодирї бо кормандони соњаи тиб баргузор гардид. Бо ташаббуси Раиси вилоят соли 2016 «Соли фарди солим» эълон шуда буд. Дар мулоќот корњое, ки дар муассисањои тандурустии вилоят соли сипарї ба анљом расид, аз љумла нишондодњои омории дастрасї ва истифодаи таљњизотњои техникї, маќсаднок истифода намудани маблаѓњо ва дигар масъалањои мубрам мавриди муњокима ва тањлил ќарор гирифтанд. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулњу Вањдати миллї - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон оид ба баланд бардоштани одоби муоширати кормандони соња зикр гардид. Аз ин лињоз, Раиси вилоят доир ба масъалаи мазкур, савганд ва ахлоќи тиббї, ташхисгузорї бо воситаи дастгоњњои муосири техникї ва усулњои ба табобат алоќаманд буда, коста гардидани ахлоќ ва беэътиноии баъзе аз табибон бањри баланд бардоштани савияи дониши хеш ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки дар баъзе њолатњо пурра риоя накардани сирри тиббї, беэътиної, такяи бештар ба хулосањои ташхисї, гоњо муоширати нодуруст ва даѓалона бо бемору хешовандони ў, бемаъсулиятї њангоми интихоби усулњои табобат ва меъёрњои Кодекси ахлоќи табибони Тољикистон ба назар мерасанд. Њадафи барномаи ќабулшуда ин ислоњи камбудињо ва нуќсонњои хизматрасонии тиббї, бењдошти расонидани кўмаки аввалияи тиббї ва ба ин васила бардоштани сатњу сифати хиз-

матрасонї ба ањолї мебошад. Соли 2017, ки бо ибтикори Пешвои миллат “Соли љавонон” эълон гардид, Раиси вилоят оид ба таъмини муассисањои тиббии вилоят бо кадрњои умедбахшу болаёќат аз њисоби љавонон андешаронї карданд. Амалан бењтар намудани хизмати ёрии таъљилии тиббї бо роњи харидани наќлиёти махсус ва љалби соњибкорон ба масъалаи мазкур ва барои бунёди клиникањои хусусї, беморхонаву бунгоњњои тиббї, таъмиру барќарор кардани наќлиёти мављудаи ёрии таъљилї, њамчунин иљрои амалњои инсондўстона, минљумла дастгирии беморони эњтиёљманд, ки ба кўмак ниёз доранд. Раиси вилоят масъулини соњаро вазифадор намуданд, ки истифодабарии гиёњњои шифобахшро дар тибби амалї ба роњ монанд. - Дар бисёр мавридњо, - ќайд карданд Раиси вилоят, барои бањогузорї намудан аз натиљаи тадќиќоти гузаронидашуда табиб бояд донишу малакаи баланд дошта бошад. Табиб вазифадор аст, ки бо бемор ва хешовандонаш бо лутфу мењрубонї муомила намояд, зеро сухан дар рафти табобат дар

њама давру замон наќши аввалиндараља мебозад. Аз ин лињоз, њамчун табиб мехостам, оид ба ин мавзўъ фикру андешањои хешро баён кунам. Яке аз табибони машњури рус И. Я. Мудров навишта буд: “Агар пас аз сўњбат бо табиб дар бемор њиссиёти ќаноатмандї пайдо нашавад, он гоњ ўро табиб номидан мумкин нест”. Бистари бемор барои њар як табиб бояд як љои муќаддас бошад. Табобат аз сухан оѓоз мешавад. Сухани табиб метавонад беморро муолиља кунад ва ё аз по афтонад. Сухан дар шакли мављњои электромагнитї ба организми инсон таъсир расонда, торњои асабро мулоим ва фаъолияти кориашро мўътадил мекунад. Имрўз исбот шудааст, ки фикрњои маънидошта структураи ДНК (дезоксинуклеин) - и организмро дигаргун мекунад. Инчунин, молекулањои оби организм чун структураи молекулањо дар шакли мураккаб саф мекашанд. Агар одам 70 кило вазн дошта бошад, дар ў 4,5 литр хун ва 42 литр об мављуд аст. Мувофиќи маълумот, 80 фоизи организми одам аз об иборат аст. Хулоса, дар системаи марказии асаб протсесњои барангезиш ва протсесњои тормоздињанда ба эътидол меояд. Чї ќадаре ки фазои психологї дар байни табибу бемор мусбї бошад, њамон ќадар импулсњои торњои асаби вегетативї аз нуќтаи назари физиологї мусбї шудан мегирад. Суханњои ќабењ ва манфї боиси зањролудшавї ва љамъшавии моддањои нолозим дар организм мебошад. Олимони соњаи асабшиносї дар ин бобат ду гурўњи одамонро мўњлати дуру дароз зери назорати тадќиќоти илмї ќарор дода буданд. Гурўњи якум, ин шахсоне буданд, ки табиатан ба суханњои ќабењ гуфтан ва дашном додан одат кардаанд, гурўњи дуюм бошад, аз чунин хислатњои манфї дуранд. Натиљаи корњои илмии олимон исбот намудааст, ки дар гурўње, ки табиатан ба дашном додан одат кардааст, таркиби њуљайрањои аз љињати гистологї дигаргуншуда барои пайдо шудани беморињои музмин мусоидат мекунад. Дар гурўњи дуюми одамон бошад, таѓйирот назаррас набуд. Аз ин лињоз, хулосаи олимон чунин аст: гурўњи дуюм аз 5 то 10 сол нисбат ба синну солашон љавонтар намуда, дар онњо беморињои музмин њам

£ÀÐÎÐÈ

ÐÀÈÑÈ ÂÈËÎßÒÈ ÑÓFÄ аз 17 январи соли 2017, №15, шањри Хуљанд Дар бораи чорањои иловагї оид ба тайёрї ва гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили вилояти Суѓд дар соли 2020 Мутобиќи моддањои 19 ва 20 Ќонуни конститутсионии Љумњурии Тољикистон «Дар бораи маќомоти мањаллии њокимияти давлатї», ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 2 декабри соли 2016, №511 «Дар бораи чорањои иловагї оид ба гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили Љумњурии Тољикистон дар соли 2020», бо маќсади муташаккилона, босифат ва сари ваќт гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзили вилояти Суѓд дар соли 2020, ќарор мекунам:

1. Бо маќсади ташкил ва гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил дар соли 2020 ба раисони шањру ноњияњои вилоят супориш дода шавад, ки: - то 1 апрели соли 2019 номгўи шањру ноњияњо, љамоатњои дењоту шањракњо, мањалњои шањрї ва сарњадњои онњоро аниќ намоянд, номи кўчањо, раќами хонањо ва манзилњои мањалњои шањрї ва дењањои калонро ба тартиб дароварда, лавњаю раќам гузоранд; - то 1 июли соли 2019 наќшаи схематикии мањалњои шањрї, дењањои калон ва харитањои ноњияњоро дар њамкорї ва мувофиќа бо Кумитаи идораи замини вилоят тартиб дода, ба Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд пешнињод намоянд;

- то 1 сентябри соли 2019 бо роњи саросар гаштан дурустї ва пуррагии бањисобгирии љории ањолиеро, ки дар хонањои истиќоматї ва дигар биноњои мањалњои шањрї ва дењот зиндагї мекунанд, тафтиш намуда, тартиб додани рўйхати дењањоро дар асоси маълумоти муќоисашудаи дафтарњои хољагидорї таъмин намоянд. 2. Намояндагии Корхонаи воњиди давлатии «Хољагии манзилию коммуналї» вазифадор карда шавад, ки љињати ба тартиб даровардани номи кўчањо, раќами мањаллањо, хонањои истиќоматї ва манзилњо дар ќаламрави вилояти Суѓд ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатї кўмак расонад. 3. Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд ба Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят кўмак расонида, љараёни дуруст ва пурра ба њисоб гирифтани ањолиро дар мањалњои шањру ноњияњо назорат намояд. 4. Шўъбаи меъморї ва шањрсозии Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят ва Кумитаи идораи замини вилоят дар тайёр намудани маводи наќшаю харитасозї ба маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњои вилоят мусоидат намоянд. 5. Шўъбаи иттилоотию тањлилии дастгоњи Раиси

камтар мушоњида мешаванд. Дар љамъияти имрўза њар як шахс бояд њангоми саломат будан ба ќадри саломатї расад. - Инсон табибро дар бадани худ гирифта мегардад, - гуфтааст Буќрот, - танњо барои ин ба организм кўмак расонидан лозим аст. Бояд омилњои хатарнокеро, ки барои пайдо шудани ин ё он беморї мусоидат мекунад, бањри бартараф намудан кўшиш кунад, зеро бемориро аз табобаташ дида пешгириаш осонтару бехавфтару арзонтару нафъноктар аст. Новобаста аз синну солу љинс ва мавќеи љамъиятї њар як шахс бояд оид ба пешгирии беморињо адабиётњои тиббиро, ки барои оммаи васеи хонандагон сол аз сол зиёд нашр шуда истодааст, то ќадри имкон омўзад. Чї ќадаре ки сатњи маърифатнокии ањолї баланд шавад, њамон ќадар пешгирии беморї осонтар мешавад. Системаи асаби шахси ба молу чиз додашуда њолатњои ногуворро пуршиддат аз сар гузаронида, реаксияњои манфии физиологиаш зиёдтар шудан мегирад. Ѓамгинию дилхастагї, тарсу њарос, стресси доимї, њиссиёти ѓайриќаноатмандї, ба амал татбиќ нашудани хоњишњо ва имкониятњо, дуру дароз асабонї шудан организми аз њад зиёд пурќувватро њам вайрон карда метавонад. Системаи асаби шахси хирадманд њолатњои манфии эњсосоти худро идора намуда, кўшиш мекунад, ки њарчи бештар љои ѓазабу дањшатро ба шодмонию муњаббат иваз намояд. Яке аз донишманди замони Сомониён - Закариёи Розї навишта буд: “Таркиби бадан фаќат барои амали лаззат ва шањват офарида нашудааст, балки барои фикр кардан ва андеша намудан низ мебошад”. Аз ин рў, моро лозим меояд, ки бо мењрубонию лутф ва хислатњои њамида сирати хешро оро бидињем, зеро Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии хеш зикр кардаанд: “ Миллати солим тањкурсии љомеаи солим мебошад”. Абдуњаким ЉЎРАЕВ , мудири шўъбаи Маркази дилшиносии вилояти Суѓд ба номи профессор А. Орифов

вилоят, Раёсати фарњанги вилоят, идораи телевизион ва радиои вилоят, рўзномањои вилоятии «Њаќиќати Суѓд», «Согдийская правда», «Суѓд њаќиќати» оид ба инъикоси љараёни тайёрї ва гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил дар воситањои ахбори омма мусоидат намоянд. 6. Филиали Љамъияти сањњомии кушодаи «Тољиктелеком »- и минтаќаи 10 шањри Хуљанд дар давраи солњои 2017-2023 гуфтугўи телефонии байнишањрии вобаста ба тайёрї ва гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил, инчунин коркарди маводи љамъбастии онро ба категорияи гуфтугўњои рамзї мансуб дониста, аз рўи тарифи муќаррарї њисоб кунад. 7. Раёсати минтаќаи суѓдии Корхонаи воњиди давлатии «Роњи оњани Тољикистон» мунтазам ќабул ва ба масъулон расонидани борњоеро, ки барои тайёрї ва гузаронидани барўйхатгирии ањолї ва фонди манзил фиристода мешаванд, таъмин намояд. 8. Комиссариати њарбии вилоят, Раёсати Вазорати корњои дохилии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Раёсати адлияи вилоят, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, Ситод оид ба њолатњои фавќулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суѓд, ќисми њарбии 051056 Гвардияи миллии Љумњурии Тољикистон, дигар раёсату идорањо ва ташкилоту муассисањое, ки контингенти махсус ва иншоотњои пўшида доранд, тайёрї дида, барўйхатгирии хизматчиёни њарбї ва контингенти махсуси ањолиро тибќи тартиб ва мўњлати муќаррарнамудаи Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилоят таъмин намоянд. 9.Назорати иљрои ќарори мазкурро ба зиммаи худ мегузорам.

Раиси вилоят Абдурањмон ЌОДИРЇ

Иљлосияи нўњуми Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, даъвати панљум баргузор мегардад Санаи 16 феврали соли 2017 дар шањри Душанбе иљлосияи Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон, даъвати панљум баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маљлиси миллии Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон хабар доданд. Интизор меравад, ки дар Иљлосияи нўњуми палатаи болоии Парлумони Тољикистон масъалањои муњими марбут ба њаёти сиёсию иќтисодї ва иљтимоию фарњангї баррасї гардад. Аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар ќонунњои Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мукофотњои давлатии Љумњурии Тољикистон», «Дар бораи хизматрасонињои пардохтї ва низоми пардохтї», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловањо ба Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловањо ба Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» -ро баррасї ва љонибдорї менамоянд. Њамзамон, дар Иљлосияи нўњуми Маљлиси миллї Юсуф Рањмон - Прокурори генералии Љумњурии Тољикистон оид ба назорати риояи даќиќ ва иљрои якхелаи ќонунњо дар њудуди кишвар дар соли 2016 гузориш медињад. Интизор меравад, ки дар иљлосияи Маљлиси миллї номи баъзе аз мањалњои ањолинишини Тољикистон иваз карда мешавад.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суѓд хабар медињад

Òàñäè¥è íà¥øàè ÷îðàáèíè³î áàõøèäà áà “Ñîëè ¿àâîíîí” Наќшаи чорабинињои Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд вобаста ба “Соли љавонон” иборат аз 81 банд тасдиќ гардид. Тибќи наќшаи мазкур давоми соли љорї баргузории як ќатор чорабинињо, аз љумла ташкили мулоќоту вохўрињо, мизњои мудаввар, рўзи дарњои кушод дар ќисмњои низомї, њамоишњои гуногун, конфронсњои илмии олимони љавон, олимпидањои фаннї,

мусобиќањои гуногуни варзишї, озмунњои иншои бењтарин, озмун миёни њунармандони љавони атласу адрасбоф, озмунњои фарњангї ба назар гирифта шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки соли равон аз љониби Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон “Соли љавонон” эълон гардид, ки гувоњи таваљљўњи хосаи роњбарияти давлату Њукумати Љумњурии Тољикистон нисбати насли ояндасоз мебошад.

Äîíèø¿¢ áà ×åõèÿ ìåðàâàä Бо дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї донишљўи Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон, Чемпиони Тољикистон оид ба брекданс Саидакмал Саидзода ба Чемпионати љањон оид ба брекданс ба шањри Прагаи Чехия равон гашт. Сафари ў бо дастгирии молиявии Маќомоти

иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд сурат пазируфт, ки Саидакмал Саидзода пеш аз сафар миннатдории худро ба Раиси вилояти Суѓд Абдурањмон Ќодирї иброз дошт. Ќаблан Саидакмал Саидзода дар мусобиќањои байналхалќї оид ба брекданс дар шањрњои Варшаваи Лањистон, Мински Белорусия, Осто-

наи Ќазоќистон ширкат варзидааст ва соли 2016 Чемпиони Тољикистон дар ин намуди варзиш гардида буд.


2

Њаќиќати Суѓд

Шанбе, 28 январи соли 2017

№11 (17692)

Паёми Президент – рањнамои рўзгори пурсафо! ИШВАРИ мо аз лињози синну соли ањолї давлати љавон ба шумор рафта, љавонон захираи муњими давлат ва ояндаи Тољикистони азизи мо њастанд. Президенти кишвар, мўњтарам Эмомалї Рањмон њамеша ба ин масъала таваљљўњи хоса зоњир намуда, барои рушди малакаву мањорати љавонон, баланд бардоштани донишу маърифат, малака, забондонї ва касбомўзии онњо диќќати махсус медињанд. Пешвои миллат, мўњтарам Эмомалї Рањмон дар Паёми навбатии худ ба Маљлиси Олї мавзўи љавонон ва рушди нерўи инсониро махсус таъкид намуданд ва инро метавон яке аз нуктањои асосии Паём номид.

К

ÍÅÐ¡È ÇŲÍD-

ÐÓÊÍÈ ÌÓ£ÒÀÄÈÐÈ ÊÈØÂÀÐ

АЁМИ њарсолаи Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мўњтарам Эмомалї Рањмон ба Маљлиси Олї мо - халќи кишварро боз њам дар атрофи худ муттањид намуда, роњи ояндаи давлатро оинасон равшан месозад.

П

Ман њамчун омўзгор шогирдони зиёдеро таълим ва тарбия намудаам. Шогирдонам алњол дар пешрафти соњањои гуногуни кишвар сањмгузоранд. Бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат мо-гурўњи 44-нафараро, ки бар асари офати табиї аз манзил мањрум гашта будем, њамчун муњољири экологї ба мавзеи Ќизилї, дењаи Даштикон кўчонида, дар шароити мушкили соли 1993, ки љанги шањрвандї мерафт, бо хонаву љой ва љињози рўзгор таъмин намуданд. Дар он солњо зиндагї мушкил буд, њатто моњњои дароз бе маош кор мекардем. Зиндагии мардум дар сатњи паст ќарор дошт. Оби ошомиданиро аз масофаи дур, аз зањбурњо оварда менўшидем, ки ба ќоидањои гигиенї рост намеомад.

МРЎЗЊО дар бозорњои вилояти Суѓд нархи тухм, ки аз љумлаи мањсулоти хўроквории нисбатан серистеъмол аст, назар ба чанд моњи пештар бо боло рафтани арзиш фарќ мекунад.

И

Дар Паём Президенти Љумњурии Тољикистон, мўњтарам Эмомалї Рањмон соли 2017-ро Соли љавонон эълон намуданд. Ин ташаббус ќобили дастгирї мебошад, зеро ки аксарияти ањолии Тољикистонро љавонон ташкил менамоянд. Љавонон низ аз ин пешнињоди Пешвои миллат хеле рўњбаланд гашта, дар кори ободониву тараќќиёти Ватан сањми арзанда хоњанд гузошт. Пас аз шунидани Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маљлиси Олї дилгармии ман њамчун омўзгор ба сиёсати пешгирифтаи давлату Њукумат ва Ватани ободу соњибистиќлоламон афзун гардида, боз њам бо ќувва ва дониши дучанд бањри саводнок ва бомаърифат гардонидани хонандагон, бо истифода аз донишу малака ва истеъдод дар тарбияи кадрњои љавони соњањои гуногун љањд хоњам намуд. Дар Паёми хеш Сарвари давлат ќайд намуданд, ки барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, дар тамоми зинањои тањсилот ба сифати он диќќат дода, мутахассисони љавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Аз ин хотир мо, омўзгорон бояд тамоми кўшишу ғайрат ва донишу мањоратамонро бањри он сафарбар намоем, ки њамеша сазовори чунин эњтирому боварї бошем. Љавобан ба арљгузорињои Роњбари давлат нисбат ба мењнати омўзгор мо - мутахассисони соњаи маориф боз њам масъулияти љиддї эњсос намуда, кўшиш менамоем, ки дар раванди таълиму тарбияи насли ватандўсту мењнатќарин ва маърифатнок сањмгузор бошем. Мавзуна Рањматова, омўзгори МТМУ №1-уми ноњияи Бобољон Ғ афуров

Агар тобистони соли 2016 тухм 50-70 дирам арзиш дошта бошад, айни њол дар бозорњои вилоят як дона тухм аз 70 то 90 дирам нархгузорї мешавад. Сабаб ва омилњои якбора ба 20-30 дирам гарон шудани тухм дар чист? М.Шарифов - сардори шўъбаи чорводории Раёсати кишоварзии вилоят ќайд мекунад, ки баланд шудани нархи тухм имрўзњо чандон эњсосшаванда нест ва аллакай ба низом даромада истодааст. Бино ба маълумоти ў, саршумори мурѓ дар хољагињои кишоварзии вилоят то 1-уми январи соли 2017-ум 963792 сарро ташкил мекунад, ки нисбат ба соли 2015-ум 27430 сар камтар мебошад, зеро ин нишондод дар моњи январи соли 2016-ум 991222 сарро ташкил медод. Соли 2016 аз њамаи шакли паррандапарварии хољагидории миќёси вилоят 151 миллиону 144 њазор дона тухм гирифта шудааст. - Ин нишондод нисбат ба соли 2015 1 миллиону 329 њазор дона тухм зиёд аст, - ќайд мекунад М.Шарифов. Аммо бо вуљуди зиёд будани нишондоди шумораи тухм дар вилоят арзиши он нисбат ба чанд моњи пеш фарќ мекунад. Чаро? Айни њол дар бозори марказии вилоят «Панљшанбе» як дона тухм аз 80 то 90 дирам ќимат дорад. Тухмњои паррандаи «хонагї», ки ањолї истеъмоли онро фоидаовар медонад, аз 1 то 1,7 сомонї арзиш дорад. Ваќте аз фурўшандагон пурсон шудем, ки чаро тухм

ÌÅÂÀÈ ØÀ²ÄÁÎÐÈ Ба њамаи ин машаќќатњо тоќат намуда, шукр мекардем, ки сулњу Вањдат барќарор гашт. Имрўз бо нерўи сокинон дењаи Даштикон ободу зебо мегардад. Дар дења панљ маѓозаи њозирзамон ба халќ хизмат мерасонад. Лоињаи бунёди Маркази саломатии дења тасдиќ гардида, аз тарафи Бонки умумиљањонии Рушд дар рўзњои наздик сохтмони он оѓоз мегардад. Хатти оби ошомиданї ба масофаи 8 км оѓоз гардида, алњол ба масофаи 4 км зањбурњо кофта, ќубурњо хобонда шудааст. Кашидани хатти оби Дањкатсой-Дањанасой оѓоз гардида, њар сол аз тарафи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд маблаѓгузорї мешавад ва дар њолати амалї гаштани он заминњои ташналаби Даштикон обёрї мегардад. Зиндагии мардум рўз то рўз рушд карда, дар дења хонањои

Д

АР нишасти матбуотие, ки санаи 19 январи соли равон дар маќомоти иљроияи њокимияти давлатии шањри Исфара бо иштироки намояндагони воситањои ахбори умуми шањру вилоят баргузор гадид, раиси шањр Расулзода Дилшод Љабборї бо њисоботи кўтоњ баромад карда, ќайд намуд, ки дар соли 2016 рушди босуботи иќтисодиву иљтимоии шањр дар кулли соњањо таъмин ва дастовардњои мардуми Исфара нисбат ба соли 2015 бењтару назаррастар гардид. Дар ин давра пеш аз њама диќќати асосї бањри татбиќи 144 лоињаи дар

ИМНИ нишасти матбуотї бо намояндагони васоити ахбори омма ректори Донишгоњи давлатии њуќуќ, бизнес ва сиёсати Тољикистон, доктори илмњои таърих, профессор Љамшед Љўразода зикр намуд, ки донишгоњ дар љараёни фаъолият зина ба зина љониби оянда ќадамњои устувор гузошта, дастовардњои хешро афзун мегардонад. Далели ин гуфтањо тибќи мониторинги Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон байни 33 мактаби олии касбии мамлакат ба ќатори дањгонаи бењтарин дохил гардидани донишгоњ аст. Соли 2016 тавассути Маркази миллии тестї ба донишгоњ 1371 довталаб ќабул гардиданд, ки дар ин замина иљрои наќшаи ќабули донишгоњ 96 фоизро ташкил дод. Њамзамон, 120 нафар барои гирифтани тањсилоти дуюм ва 196 нафар барои тањ-

З

ќимат шудааст, посух доданд, ки онњо тухмро аз истењсолкунандагон ё яклухтфурўшон бо нархи гарон мегиранд. Яке аз омилњои боло рафтани нарх воридотї будани тухм мебошад, зеро бољи гумрукї, роњкиро ва харљу харољоти он ба нарх бетаъсир намемонад. Зимнан бояд ќайд кард, ки соли 2016 ба љумњурї 14850 тонна кам (1 тонна-17 њазор дона) тухм ворид карда шудааст. Њамзамон, М.Шарифов бо такя ба суханони соњибкорони мурѓпарвар иброз медорад, ки маводи хўроки мурѓ воридотї аст ва ин метавонад, ба арзиши тухм ва мурѓ таъсир расонад. Ситора - истиќоматкунандаи микроноњияи

20-уми шањри Хуљанд гуфт, ки тухмро аз маѓозаи назди бинои истиќоматиаш ба нархи 90 дирам мехарад. Дар фурўшгоњи “Оазис” “Сабзина” бошад, тухмро 85 дирам, дар бозори “Панљшанбе” 80-90 дирамї харидан мумкин аст. - Аз боло рафтани нархи тухм, албатта, нороњат њастам, аммо истеъмоли он, бахусус фасли сармо фоиданок аст, маљбур бисёртар нею камтар мехарем, - ќайд мекунад ў. Яке аз омилњои баланд шудани нархи тухмро дар бозорњои вилоят метавон ба кам шудани саршумори мурѓ нисбат дод, ки ин муаммо дар шумораи 135-уми рўзнома, соли 2016 аз љониби рўзноманигорони “Њаќиќати Суѓд” Тавњида Љўраева ва Шањноза Њоми-

дова мавриди омўзиш ќарор гирифта буд. Њамзамон, омили дигари баландшавии нархи тухм хўроки воридотии паррандагон аст, ки бо нархи гарон харида мешавад. Истењсолкунандагон ба хотири рўйпўш кардани харољот ва ба даст овардани даромад маљбур мешаванд, ки нархи мањсулотро ќимат кунанд. Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд, соли гузашта аз њар сар мокиёни тухмдињанда 238-донагї тухм гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2016ум 3,3 фоиз ё 8-донагї кам аст. Имрўзњо боло рафтани нархи тухм аксари ањолиро нороњат месозад, зеро тухм аз љумлаи хўроквории серистеъмол ба шумор меравад. Гулнора Ѓаффорова - сокини шањри Хуљанд ќайд мекунад, ки бинобар ќимат шудани нархи тухм истеъмоли онро коњиш додааст. Аслан ба вилояти Суѓд аз кишварњои хориљ расман тухм ворид намешавад. Воридоти тухм тариќи љумњурї сурат гирифта, баъдан ба вилоят ворид мешавад. Аммо ин нукта низ гуфтанист, ки аз Љумњурињои Ќирѓизистон ва Ўзбекистон ќочоќи тухм ба назар мерасад. Новобаста ба чунин воридот айни замон дар бозорњо нархи тухм нисбати тобистони соли 2016 ќиматтар аст. Албатта, дар шароити иќтисодиёти бозоргонї наметавон нархи мањсулотро мунтазам як хел нигањ дошт. Хоњ - нохоњ чигунагии нархи бозори љањонї таъсири хешро ба мањсулоти бозор, ба вежа мањсулоти воридшаванда мегузорад, аммо дар њадди эътидол нигоњ доштан ва ба имкониятњои мардум наздик намудани нархи мањсулоти хўрок мувофиќи маќсад аст. Сурайё ЊАКИМОВА, «Њаќиќати Суѓд»

АР Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон дар вилоят бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гардид.

Д

њаллї, бинои маъмурии Маркази адлия барои кормандони САЊШ, нотариус, судиљрочиёни шањр ва љавонон сохта, ба истифода дода шуда, дар сохтмони бинои истиќоматии 45 - њуљрадор барои кормандони маќомоти њифзи њуќуќ ба маблаѓи 2 млн. 249 њазор сомонї корњои сохтмонї анљом ёфтанд. Дар маљмўъ, аз њамаи сарчашмањо ба маблаѓи 29 млн. сомонї корњои пудратї ба анљом расидаанд, ки нисбат ба нишондињандаи соли 2015-ум 4 млн. 136 њазор сомонї зиёд аст. Бо сањмгузории ањолї ва соњибкорону љомеањои мењнатї 11,5 км роњ мумфарш ва 87,4 км роњ аз таъмири љорї бароварда шудааст. Дар њамкорї бо ташкилоти байналхалќиву минтаќавї дар њудуди шањр 18 лоињаи гуногуни иќтисодиву иљтимої бо љалби 12 млн. 503 њазор сомонї сармояи хориљї мавриди амал ќарор дода шудааст. Раиси шањр вазъи корњоро дар соња-

њои маорифу тандурустї низ баён карда, дар фуроварди суханаш зикр намуд, ки рўњияи мардуми Исфара баланд ва азму нияташон неку созанда аст. Сипас, рўзноманигорон ва адибон Љ.Пўлодов, А.Шарифов, В.Мартиненко, Н.Азизиён, С.Сайфиддинов, Н.Худойбердиев ва дигарон бо суолњои худ ба раиси шањр мурољиат намуданд. Онњо аз љумла, масъалањои ободонии минбаъдаи шањракњои навбунёди Сомониён ва Моњпарї, пули садамавии дењаи Чорќишлоќ, ташкили маъракањои бахшида ба «Соли љавонон» ва «Дањсолаи об барои рушди устувор», њолати варзишгоњњо, кўчонидани истгоњи собиќи мошинњо ба љои нав, вазъи хољагињои дењќонї ва ѓайраро ба миён гузоштанд. Шањрдор ба њамаи суолњо љавобњои сањењ дод.

ДАСТОВАРДЊО АФЗУН МЕГАРДАНД

сил дар магистратура ќабул шуданд. Раёсати донишгоњ пайваста љињати фароњам овардани шароити мусоид ва баланд бардоштани сифати таълим тадбиру чорањои мушаххас

замонавї ќомат рост мекунанд. Муассисањои таълимї ва томактабии дења хуб фаъолият намуда, ба либосњои мактабии толибилмон њаваси кас меояд. Њамаи ин дастовардњо бо ташаббус ва љонбозињои Сарвари халќпарвари мамлакат ба даст омад. Аммо ашхосе низ њастанд, ки ин пешравињоро нодида мегиранд, ба њизбњои ифротгаро дохил гашта, барои бадном кардани Ватани бињиштосоямон - Тољикистон кўшиш мекунанд. Меваи сабр шањдбор аст. Мо љашни 25-солагии Истиќлолияти кишварро бошукўњ тантана кардем, дар ин давра ба ќуллањои баланд ноил гаштем. Зайниддин ЌАЛАНДАРОВ, ноњияи Деваштич, узви Иттињоди журналистони Тољикистон

ÍÀÐÕÈ ÒÓÕÌ ÁÎËÎ ÐÀÔÒ ¨…

МУЊИТИ СОЗАНДАГЇ ВА ОБОДКОРЇ соли 2016 ба наќша гирифташудаи “Барномаи рушди иќтисодию иљтимоии шањри Исфара барои солњои 2013-2017” равона карда шудааст. Чуноне мониторинги барнома нишон дод, дар давраи њисоботї ба маблаѓи умумии 40 млн. сомонї корњои барномавї ба иљро расонида шуда, дар маљмўъ маблаѓгузории лоињањои барномавї ба андозаи 129,4 млн. сомонї таъмин гардидааст. Масъалаи дарёфти роњњои таъмини иљрои сифатноки наќша ва ѓанї гардондани буљети давлатї мавриди тањлили амиќ ва корбарии љиддї ќарор дорад. Давоми соли гузашта дар шањру дењоти Исфара 3 корхонаи хурд ва 6 коргоњи нави саноатї оид ба бандубасти меваи хушк ва истењсоли масолењи сохтмонї ба истифода дода шуданд. Инчунин, ба маблаѓи 279,2 млн. сомонї мањсулоти саноатї истењсол ва хизматрасонии пулакї ба анљом расонида, иљрои наќша ба андозаи 105 фоиз таъмин гардидааст. Бинои прокуратураи шањр, маљмааи корхона ва муассисањои хизматрасонии навбунёд дар хиёбони Исмоили Сомонии шањр бо сармоягузории соњибкорони ма-

ÈÑÒÈ£ËÎË

меандешад. Айни замон теъдоди аспирантон 54 нафарро ташкил дода, аз инњо 16 нафар тариќи рўзона ва 38 нафар ѓоибона тањсил мекунанд. Беш аз 160 нафар унвонљў корњои илмї – тадќиќотї мебаранд. Имрўз донишгоњ бо 48 муассисаи илмї ва таълимии кишварњои хориљи дуру наздик шартномањои њамкорї бастааст. Соли 2016 њамкорињои хориљии донишгоњ вобаста ба чор самти фаъолият роњандозї гардид. Боиси ифтихор аст, ки моњи ноябри соли 2016 бо ишти-

роки намояндагони 12 донишгоњи Аврупо ва Осиёи Марказї вохўрии љамъбастии лоињаи INOCAST дар донишгоњ дар сатњи баланд баргузор гардид. Бо маќсади тањкими заминањои моддию техникии раванди таълим ва пажўњишоти илмї дар соли 2016 шўъбаи иљтимої – иќтисодї силсилаи корњои судбахшро ба иљро расонд. Дар идомаи нишаст байни ректори донишгоњ, профессор Љўразода Љамшед Њабибулло ва хабарнигорони васоити ахбори умум вобаста ба самтњои гуногуни фаъолияти донишгоњ суолу љавоб сурат гирифт. Аз љумла, рўзноманигор Абдувосит Салимзода бобати бо љои корї таъмин намудани хатмкунандагони донишгоњ, рўзноманигори “Њаќиќати Суѓд” вобаста ба ќабули дони-

Муќим АБДУРАЊМОНОВ, шањри Исфара шандўзон ба мактабњои олии касбии Русия тариќи Маркази миллии тестї ва муаммоњои дар ин самт љойдошта, Нўъмон Раљабзода - аз њафтавори «Омўзгор» оид ба масъалаи интишори маводњо дар матбуоти даврї вобаста ба фурўши дипломњои мактабњои олии касбї, њамчунин забономўзии донишандўзон дар боргоњи илму маърифат, Мањмуд Ањроров - аз ШТР «Танин» вобаста ба вазъ ва сабабњои хориљнамоии донишљўён аз донишгоњ, имтиёзњо ба ятимони кулл дар муассисаи таълимї, масъалаи бо наќлиёти шахсї њозиршавии муњассилин ба донишгоњ ва ѓайрањо мурољиат карданд. Доир ба ин саволњо аз љониби ректори донишгоњ Љамшед Љўразода љавобњои мушаххас дода шуд. Нодир ТУРСУНЗОДА, «Њаќиќати Суѓд»

ЊАДАФ: дастгирии ниёзмандон Бобозода Абдушукур - сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор намуд, ки соли 2016-ум фармони навбатии Президенти мамлакат роҷеъ ба зиёд намудани андозаи нафақаҳои амалкунанда аз 6 июни соли сипаригардида, таҳти рақами 697 ба тасвиб расид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар шаҳру ноҳияњои вилояти Суғд пас аз татбиқи фармони мазкур теъдоди умумии нафақагироне, ки андозаи нафақаашон зиёд гардид, беш аз 170 ҳазор нафар ё худ 81,7 фоизро дар бар гирифт. Мувофиқи таҳлилҳои муқоисавӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли 2017 шумораи умумии нафақагирон дар миқёси вилоят 209204 нафарро (дар ҳамин давраи соли гузашта 202765 нафар) ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6439 нафар зиёд гардидааст. - Аз шумораи умумии нафақагирон 47487 нафар нафақагирони маъюб мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки ба 49456 нафар баробар буд, 1969 нафар ё худ 4,0 фоиз кам гардидааст. Андозаи миёнаи нафақа дар миқёси вилоят айни замон 259,06 сомониро ташкил намуда, дар ҳамин давраи соли гузашта он 216,48 сомонӣ буд. Ҷиҳати таъмини маблағгузории талаботи нафақа аз ҷониби Раёсати Агентӣ дар 12 моњи соли 2016-ум 602,6 млн. сомонӣ равона гардида, он ба пуррагӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки 11 рӯз пеш аз мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории ҷорӣ таъмин карда шудааст, - иброз дошт Бобозода Абдушукур. Дар ҳамоҳангсозӣ бо бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар вилояти Суғд ҷињати иҷрои барномаи давлатии «Гузариш ба истифодаи кортҳои пластикии бонкӣ» корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, то ба имрӯз теъдоди умумии шаҳру ноҳияҳое, ки пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ анҷом дода мешаванд, ба 15 адад расидааст. Нафақаи 157039 нафар шањрвандон бо талаботи моҳонаи 42129,8 ҳазор сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ пардохта мешавад, ки он 75,1 фоизи шумораи умумии нафақагирон ва 75 фоизи талаботи нафақаро дар бар мегирад. Дар хотимаи нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма бо масъулини Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа оид ба масъалаҳои мухталиф саволу ҷавоб доир карданд. Шањноза ЊОМИДОВА, «Њаќиќати Суѓд»


Шанбе, 28 январи соли 2017

3

Њаќиќати Суѓд

№11 (17692)

Њикмати рўз

Сањифа барои фароѓати Шумо!

Агар лаб кушої, ба њикмат кушой, Машав њамчу бењикматон љойхой! В-агарна зи гуфтор хомўш бош, Паи фањми њикмат њама гўш бош. ЉОМЇ

Масъули сањифа Шањноза Њомидова ХИРИН рўзи хизмати Собиќ фаро расид. Бояд ўро ба нафаќа мегуселонидем. Имрўз аз сањар њама дар тараддуд, њатто бисёрињо пешакї мазмуни нутќашонро дар майна чархонда, зери лаб замзама мекарданд. Занњо дастархон меоростанд, мардњо ёрї мерасонданд… Нињоят мо сари дастархон нишастем. Њангомаю шўхї, табассуму ќањќања тадриљан баландтар садо медод. Одамї аз љой боло шуда, ќадањ дар даст дар њаќќи собиќадори мо сухан оѓоз кард: - Мўњтарам ањли нишаст! Имрўз мо яке аз дўстони наздики худро ба нафаќа гусел мекунем. Албатта, хотирањои зиёд дорам. Дар тўли хизматаш дўстамон ба мо некињои зиёд кард. Ман соњиби замини наздињавлигї шудам, як ќасри пуршукўњ сохтам. Барои њамин аз дўстамон сипосгузорам… - Бо дастгирии дўстамон мо сабзидем, самар овардем. Бароямон хотироти неку эњтиром боќї гузошт,- давом дод Рустанї. - Лекин дўсти мо хеле серталабу сахтгир њам буд. Аммо муљозоти ў њикмате дошт,- ќувват дод Табиат. - Ў барои захираи озуќа заминаи хуб гузошт. Дар натиља парвариши мо хубтар гардид, фарбењтар шудем,- ба ёдоварї њамроњ шуд Давоб. Хулоса, њар нафар хотироти хешро баён намуда, Ўро васфу ситоиш мекард. Базм тафсид. Акнун нўшбод-

Новелла

Òóõìè óìåä

О

њоро касе гўш намекард. Њама ба сањна баромада, зери мусиќии шўх мераќсиданд. Мардуми мо њамин хел: ваќте ба раќс таклиф мекунї, ноз карда, «ман раќс карда наметавонам» мегўянд. Чун як маротиба раќсиданд, баъд сањнаро тарк намекунанд. Нињоят маљоли раќс кардан намонду њама ба љои худ нишаст. Одамї аз ин оромї истифода бурда, ба сухан даромад: - Албатта, шодиву нишот, ѓаму андўњ, пастиву баландињо дидем, мукофот њам буду муљозот њам. Бо њамаи инњо дўстамон дар хотири мо абадї мемонад. Људо шудан аз ў бароямон хеле гарон аст, зеро ба вай унс гирифтем, дўст шудем, дўст доштем ўро. Вай бароямон њамеша устоду рањнамо хоњад буд. Афсўс, ки зиндагї чунин будааст: аввал одат мекунонад туро бо нафаре, сипас яку якбора мегирад. Баъд мисли кўдаке, ки лўъбатаки дањонашро бурдаанд, дер гоњ ба худ намеоем... Аз суханони навбатии Одамї њама ѓамгин шуданд, ашк рехтанд. Дар њамин дам зангўлаи дар садо дод. Њозирин лањзае ба хаёл рафтанд: «Пушти дар кї омада бошад?» Дарро Таќвимї кушод. Дар остона як љавони болобаланди хушандом меистод. Вай боадабона

даст пеши бар карда, «Ассалому алайкум! Иљозат фармоед, дароям» гуфт. Таќвимї одатан њар касро ба хона роњ намедод. Шояд аз салобати мењмон бошад, шояд аз он ки имрўз ид аст, ўро ба хона «марњамат» гуфт. Мењмон ба хона ворид шуду њама бо њавас ба ќомату чењраи ў нигоњ карданд. Ба сари мизи зиёфат хонданд. Њатто ба мењмон сухан доданд. Мењмон нињоят боодобона ба сухан пардохт: -Њозирини мўњтарам! Маро ба назди Шумо фиристоданд, ки масъулиятеро ба дўш гирам. Минбаъд бо Шумо хоњам буд ва шуморо роњбарї хоњам кард. Хоњиш мекунам, дўст доред ва арз кунед. Ањли нишаст мафтуни чењра ва гуфтори Мењмон шуданд. Мењмон ба сухан идома дод:

- Камина дар хизмати шумоям ва бар он мекўшам, ки зиндагии шоиста насибатон гардад. Њар неку баде, ки аз фалак мефиристанд, њамроњ паси сар мекунем. Бояд гўям, ки дар баробари усулњои нави корбарї њамчунин аз анъанаи нафароне, ки пеш аз ман буданд, махсусан љаноби,- Мењмон ба пањлўяш нигарист, ки Собиќ дар пањлў набуд. Њама ба атроф кунљковона назар андохтанд. Собиќ куљо шуд? Шояд аз он ки таваљљўњи беш ба Мењмон кардем, ранљид? Суханони Мењмонро дигар касе гўш намекард. Хаёли њама парешон, ки Собиќ куљо шуд? - Хоњиш мекунам, маро гўш кунед. Ман барои хидмат омадам. Акнун нек буд ё бад, «ба гузашта салавот» гуфта Собиќро фаромўш кунед.

- Магар осон аст фаромўш кардани ў. Охир мо одат кардем, унс гирифтем. Лањзањои хотирмон зиёданд. - Дар дунё њама чиз фаромўш мешавад. Ваќт њама хотирањоро мешўяд. Пас аз чанде ба ман низ унс мегиред, маро низ дўст медоред, умед мебандед. Лањзањои љолиб насиби зиндагии Шумо мегардад… Ва пас аз чанде чун Мењмони нав биёяд, маро низ аз лавњи хотирњо мешўед. Имрўз, ки бо Шумоям, маро арљ гузоред! - Суханони Мењмон ба њама таъсир расонд. Ламъаи мењру муњаббат ба њамнишину њамкор ва њамзамони нав таљаллї кард. Тухми умед дар дилњо кошта шуд. Гуфтањои Мењмон рост баромад. Дере нагузашта мо Собиќро фаромўш кардем. Њатто касеро ѓами он набуд, ки ногањон Собиќ куљо рафту чї гуна рафт, чаро хайрухуш накард. Бо њама озору ранље, ки ба мо расонд, бо њама некиву хайре, ки бањри мо кард, Собиќ аз лавњи хотирњо рафт. Рост, дар дунё њама чиз фаромўш мешудааст. Некї њам, бадї њам. Мо акнун мењру муњаббат ва умедњои худро ба Мењмон, яъне Соли нав бахшидем. Анвари АБДУЉАЛИЛ

Панду андарз

Áî ³àìà ÿêðàíã áîø! Ман аз бозуи худ дорам басе шукр, Ки зўри мардумозорї надорам. Њофизи ШЕРОЗЇ . Ба даст њар чї шикаста нашуд, ба санг сазост, Ба њар кї панд нагирад, љафои чарх баљост. Калими КОШОНЇ Зиндагиро аз китоби рўз омўхтам, Ишќи мењнатро ба ављи касбу кор омўхтам. Дар љањони хоксорї ёфтам ќадри баланд, Хоксорї аз дарахти мевадор омўхтам. Адиб Собири ТИРМИЗЇ Ин љањон кўњ асту феъли мо нидо, Сўи мо ояд нидоњоро садо. *** Сарбаландї гар бихоњї, бо њама якранг бош, Ќолин аз садранг будан зери по уфтодааст. БЕДИЛ

Љањон сўзишгањи инсон, чунин будасту хоњад буд, Њаёт афсўси бепоён, чунин будасту хоњад буд. Хиёнат кори номардон, надомат кори бедардон Муњаббат ѓорати имон, чунин будасту хоњад буд. ЛОИЌ

Латифањои нав Áàðîäàðè ³àìøèðà êèñò? Сардухтур: - Мегўянд, ки дина дар палатаи холї бо кадом як љавон расо њам љоғ задї. Вай кї буд? Њамшираи шафќат: - Акоям. - Собир? - Номашро аниќ намедонам: ё Алї буд ё Валї…

Êóíàä ³àì¿èíñ áî ³àì¿èíñ ïàðâîç… Духтур баъди навбатдорї беваќтии шаб ба хона омад. Занаш базўр дарро кушода, ғур-ғур кард: - То як поси шаб куљоњо мегардед, мардак? - Зиќ нашав, занакљон! – адабгуфторї намуд шавњар. - Ман мурғи озодам! Кай, ки хоњам, парида меоям… Шаби дигар зани духтур дер омад. Шавњар бо чашми алобуло пурсид: - То ин беваќтї куљо будї, занак? - Зиќ нашавед, мардакљон! – чун тўтии Њиндустон шакаргуфтор шуд зан.

£à³âà çàðàð äîðàä? Мутахассисони АссотАссотсиатсияи психиатрии Амрико бар он назаназаранд, ки шахсони зиёд ба истеъмоли кофеин одаткардаро ба рўихати вобастаги њои хатарнок дохил кардан дуруст аст. Зеро он њам дар ќатори маймайзадагї ва нашъамандї мебошад. Ба аќидаи ин гурўњи олимон, аломатњои кокофемания, мањз бо нашъамандї бештар монандї дорад. Олимон тасдиќ намунамуданд, ки истеъмоли зиёди ќањва ба салосаломатии инсон зарар дорад, яъне он метавонад касро ба беморињои психикї, системаи дилу раг гирифтор намояд.

Додохони ЭГАМЗОД

Зиндагї чанд дињад фурсати некї кардан,

- Ман паррандаи ќафасиам. Њар ваќте сар дињанд, парида меоям.

То нафас бо нафас оѓўш кунад, некї кун. ФАРЗОНА

Ôàð¥è äèð¢ç àç èìð¢ç ÷èñò? Дар базми солинавї Афандї серї араќ нўшид. Њамсояаш вайро нихта карда гуфт: - Дина гуфтед, ки «духтур манъ кардагї, – дигар араќ наменўшам!». Барои чї имрўз амри духтурро иљро намекунед? - Имрўз духтур иљозат додагї! - Ё тавба! Вай чї хел духтур будааст?! - Духтурњои инзамона њамин хел: пул надињї, манъ мекунанд, пул дињї, иљозат медињанд…

×àðî äóõòóð èø¥âàðçèðî ìàíú êàðä? Љўрааш аз Афандї пурсид: - Як оимтилло доштї, њамроњ ба тарабхонањо мерафтї… Њамон куљо шуд? Афандї оњи бадарде кашида гуфт: - Бо вай гаштанро духтур манъ кард. - Чї, ягон хел касалии ганда будааст? - Не, вай сиппа-сињат. Лекин њамон духтур шўяш будааст…

Абдурауф МУРО ДЇ

Рўзи маош Ì¢äàðîçè à¥ëê¢òî³ êèñò? Афандї назди духтури асаб даромаду бо њаваси парешон гуфт: - Аз афташ, ба занам аљина расидааст, духтур. Ягон илољ кунед… -Чаро ба чунин хулоса омадед, Хоља? - Вай аз либосу анљомаш доимо хавотирї мекашад. Мегўяд, ки њар шаб аљина омада, либоси навашро дуздида бурданї мешавад.- Наход? - Ња-дия, духтурљон. Ин мўдарози аќлкўтоњ њатто барои посбонии куртањош як бўзбаларо киро кардааст… - Воњима њам эбаш-катї! Дурўғ нагўед… - Ба виљдонам ќасам, ки рост? Бо чашмони худам он посбонро се бор дар даруни љевон дидам…

Ó ³à¿âíèãîðè øè íîõòà âà çèíäà¸äè òî¿èê äàð ôàð³àíãè òåàòðèè òî¿èê àââàëèí øóäà, òàíçðî áà íàçì âà î³àíã äàðîâàðäààíä.

ЁДЕ АЗ УСТО ВА МАСТО

Устоќадам Машрабов ва Мастибек Паллаевро, ки дар Филармонияи давлатии Тољикистон фаъолияти худро дар соли 63-юми ќарни гузашта шурўъ карда буданд, њампешагонашон њаљвнигорони бо ғ айрат мегўянд. Дар сафар Усто ва Масто назди мардум мерафтаанд ва эљодиёти дањонии халќро навишта, оњанг мебастаанд. Ба гуфтаи Раљабалї Талабзода, њаљвњои Устову Масто нишонрас буд ва нафароне низ кам набуданд, ки пас аз шунидани танќид аз сўи онњо ислоњ шудаанд. Усто ва Масто дар зиндагї ња-

Тањияи Фархунда ФАРЊОДЗОДА, сокини шањри Хуљанд

Ä

умр ба сар мебурданд. Ва, њатто, риштаи умри њар ду дар авоили солњои 80-ум дар як рўз канда шуд. Танњо яке пештару дигарї баъд аз он. Аниќтараш, дар садами автомобилї, ки низ бо њам буданд, Усто мефавтад ва Масторо дар њолати вазнин ба беморхона мебаранд. Дар њамон љо аз забони як њамшира мешунавад, ки Усто њалок шудааст. Баъди шунидани ин хабар Масто низ ба замин меафтад.

меша якљо буданд. Дар як мактабу донишгоњ тањсил кардаву дар як бино

Ман шери шерони љањон, Ман шоњмарди пањлавон, Њусну шукўњи хонадон Рўзи маош, рўзи маош. Мо аз њама бологузар, Бањри занам «љону љигар». Бар кўдаконам «љон падар» Рўзи маош, рўзи маош. Сўям табассум бешумор, Лутфу такаллум бешумор Бар аспи бахт бошам савор Рўзи маош, рўзи маош. Дањ кўрпа дорам зери по, Ќадди њама пешам дуто, Њар хоњишам бошад раво, Рўзи маош, рўзи маош. Гардад занам парвонаам, Гўяд: -Зињї, њамхонаам! Дар олами афсонаам Рўзи маош, рўзи маош. То бошаме «љони дадош», Гўянд доим «зинда бош», Поён наёбад кош, кош, Рўзи маош, рўзи маош.


4 Б

Њаќиќати Суѓд

ОТУЛИЗМ яке аз беморињои шадиди микробї буда, аз он пеш аз њама, узвњои њаётан муњим осеб мебинанд ва онњоро фалаљ мегардонад, ба монанди фалаљи системаи марказии асаб, фалаљи системаи њозима ва фалаљи роњи нафас. Ангезандаи ботулизм Clostidum botulihum буда, анаэроб мебошад. Спорањои ангезанда нињоят пурбардошт буда, онњо дар њарорати зиёда аз он 120 дараља дар давоми 20 даќиќа нобуд мешаванд.

Одамон бештар њангоми истеъмоли хўрокњои дудкардашуда, моњии консервагї ва гўшт, ки дар шароити хона бе риояи дастур муайяни гигиенї тайёр шудаанд, сироят меёбанд. Ангезандањои ботулизм дар хўрок ва консервањо зањр људо мекунанд, ки аз зањри дигар микробњо сертаъсир ва пурќувват мебошад. (Дар муќоиса бо зањри мор 375 њазор ма-

БОТУЛИЗМ

ротиба пурќувваттар мебошад ва 1 мл зањри тозаи ботулизм 300 њазор ањолиро нобуд карданаш мумкин аст). Баъди истеъмоли ин ѓизои зањролуд аз меъда ба хун ворид мешавад. Давраи нињоиаш аз якчанд соат то 10 рўзро фаро мегирад. Оѓози беморї шадид мебошад. Нишонањои асосии беморї дарди сар ва шикам, бењолї, дилбењузурї ва ќай кардан аст. Баъди якчанд соат босира хира мешавад. Пеши чашмон сиёњ мешавад, чизњоро аниќ намебинад, дурбинї пайдо шуда, пилки чашмон овезон мешавад, гавњаракњои чашм дутарафа ва нобаробар васеъ ме-

гарданд, аз таъсири рўшної бењол ва бењаракат мешавад, (птоз, мидриаз, диплопия ва вайроншавии аккомадация), бењаракатшавии мушакњои дасту пой ва фалаљшавии мушакњо мушоњида мешавад. Ќайкунї ва дарунравї зиёд давом намекунад. Дањони бемор хушк мешавад, овозаш мегирад, фалаљи коми нарм ва фалаљи њалќ дида мешавад, ки ба хирашавии овоз оварда мерасонад, бемор бо душворї дањонашро мекушояд, овоз таѓйир ёфта, баъзан тамоман нест мешавад, фурўбарии ѓизо мушкил мешавад. Њангоми гуфтугў сухани бемор нофањмо мегардад.

Намоиши асарњо

АХШИДА ба 20–умин солгарди Вањдати миллии Љумњурии Тољикистон дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суѓд намоиши асарњои рассомон ва намунаи њунарњои њунармандони вилоят тањти унвони «Тољикистони ман» баргузор гардид. Чорабиниро омири кулли Муассисаи давлатии «Маљмааи фарњангию таърихии «Ќалъаи Хуљанд» Иброњимљон Иброњимов ифтитоњ бахшид.

Б

СИМОИ САРЗАМИН АЗ НИГОЊИ ЊУНАРМАНД

Намояндагон аз Раёсати фарњанги вилоят, бахши Иттифоќи рассомони Тољикистон дар вилояти Суѓд, факултаи санъати ДДХ ба номи Б.Ѓафуров, факултаи санъати тасвирї ва технологияи ДДХ ба номи академик Б.Ѓафуров, устодону донишљўён андешаи худро оид ба мўњтавои асарњо иброз доштанд. Дар ин чорабинї 63 нафар бо асарњои санъати худ иштирок намуданд, ки аз онњо 40 нафар мусаввир, 8 нафар њайкалтарош, 13 нафар кашидадўз, 1 нафар наќќош ва 1 нафар кошинкор буданд. 112 адад асар ба намоиш гузошта шуд, ки аз онњо 50 адад мусаввара, 8 адад њайкал, 50 адад кашидадўзї, 2 адад наќќошї ва 2 адад кошинкориро дар бар мегирифт. Ба

Маслињати пизишк

маърази тамошо мусавварањо ва намунаи њунарњои миллии дар даврони Истиќлолият эљодкардаи рассомони вилоят бахшида ба Вањдати миллї А.Љабборов, К.Мўъминов, М.Муллољонов, А.Абдурањмонов, С.Саидоќилзода, Н.Мўъминов, њайкалтарош Д.Рањматов ва њунармандон Ќ.Бобоева, М.Оќилова ва Г.Умарова ба намоиш гузошта шуданд. Њамчунин, амали рассомони љавон, ба монанди З.Юнусов, Н.Мўъминов, Д.Усмонов, А.Абдурањмон ва М.Турсунова ба маърази тамошо гузошта шуд. Далер Усмонов, рассоми љавон иброз дошт, ки расми тасвирнамудааш дар мавзўи Тољикистони ман буда, манзарањои зебои Тољикистонро тасвир намудааст ва дар чанд фестивал озмунњои љумњуриявию вилоятї иштирок кардааст. Бояд тазаккур дод, ки 3-юмин маротиба аст, ки дар толори Осорхонаи таърихии вилояти Суѓд бо њамкории Академияи мусаввирии Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд намоиши асарњои рассомон ба вуќўъ мепайвандад. Шањноза ЊОМИДОВА, «Њаќиќати Суѓд»

Нишонаи асосии вазниншавии њолати бемор мушкилшавии нафаскашї ва фалаљи кори дилу рагњост. Барои муоинаи лабораторї аз хун, маводи ќай, оби барои шустани меъда истифодашуда, ахлот истифода мебаранд. Муолиља: Беморро њатман ба шўъбаи эњёи беморхона хобонидан лозим мебошад, табобат аз шустани меъда содаи 2-фоиза ва клизмаи сифонї. Стандарти асосии табобати бемории ботулизм ин гузаронидани зардобаи зидди ботулизм мебошад, баъди гузаронидани проба бо усули Безредка. Њангоми зарурият то 2-3 маротиба гузаронидани зардоба лозим мешавад. Раиса ЊОЉИБОЕВА, духтури тибби оилавии МСШ №4, шањри Хуљанд

Зикри хайр

ÈÍÑÎÍÈ ÕÓØÐÀÔÒÎÐ ÐÀÔÒ

Талаф додани дўст, њамкор, њамфикр, њамаќида хеле гарон аст. Имрўз ба мо - дўстон хеле душвор аст, ки дўсти азиз, дардошно, њамкори мењрубони худро аз даст додем. Бале, Fайбулло Фозилов аз зумраи он шахсиятњоест, ки умри пурбаракати хешро бањри пешбурди љомеа ва Ватани мањбуби худ масраф кардааст. Fайбулло Фозилов 14-уми январи соли 1946 дар шањри Хуљанд ба дунё омадааст. Шодравон пас аз хатми мактаби миёна, соли 1964 ба факултети иќтисодии Университети давлатии Тољикистон дохил шуда, онро соли 1968 ба итмом расонидааст. Фаъолияти мењнатиии хешро аз саруправленияи Шўрои Вазирони Тољикистон њамчун инженер оѓоз намуда, баъди адои хизмати Модар - Ватан аввал сардори трести «Тољиктара»-и шањри Душанбе, сипас љонишин ва сардори шўъбаи «Тољиклесснаббит» таъин гардида, то соли 1973 сарбаландона хизмат мекунад. Минбаъд фаъолияти мењнатии ў бо њамин соња пайванди ќавї пайдо кардааст. Солњои 1973 -1977 бо фармони Раёсаи корњои Шўрои Вазирони Тољикистон оид ба таъминоти моддї- техникї аввал љонишини сардор ва сипас ба вазифаи масъули сардори управленияи «Тољиклесснаббит» таъин мегардад. Мањорати кордорї ва роњбарии ўро ба инобат гирифта, соли 1977 ўро директори генералии Иттињодияи «Тољиклесснаббит» ва аз соли 1980 љонишини Раиси идораи таъмини моддии давлатии Тољикистон таъин мекунанд. Fайбулло Фозилов дар давоми фаъолияти кори худ барои бењтар ба роњ мондани таъминоти моддї - техникии Тољикистон алоќањои ќавии иќтисодиро ба њамаи љумхурињои иттифоќ мустањкам гардонидааст. Пас аз пошхўрии Иттињоди Шўравї Fайбулло Фозилов дар Ширкати давлатии тиљоратию истењсолии «Тољиклес», солњои 1997-2000 дар вазифаи дирекори генералии корхонаи муштараки Тољикистону Россия, солњои 2000-2006 дар корхонањои «Сирен» ва «Ангсир»-и шањри Красноярск кор карда, дар рушди соњањои иќтисодию иљтимоии кишварамон сањм гузоштааст. Хизматњои ин шахсияти бузург бо чандин Ифтихорномаю Сипосномањо таќдиронида шудааст. Ёди неку номи неки ў њамеша дар ќалбњои мо - дўстон хоњад монд. Гурўњи дўстон

БЮЛЛЕТЕНИ ХАРИДИ ДАВЛАТ B

ÁÀ ÒÀÂÀ¯¯¡²È ÌÎËÐÀÑÎÍÓ ÏÓÄÐÀÒ×ȨÍ! Äàúâàòíîìàè èøòèðîê äàð îçìóíè õàðèä

Комиссияи муштараки озмуни хариди Бахши Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Суѓд (шањри Хуљанд, кўчаи академикњо Раљабовњо-55, тел: 6-35-79) ва ташкилоти Харидор довталабони салоњиятдорро барои иштирок дар озмунњои хариди номгўи зерини мол, кор ва хизматрасонї, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд:

Шанбе, 28 январи соли 2017

È¿ðî÷è¸íè Ñóäè è¥òèñîäèè âèëîÿòè Ñó˜ä

Музоядаи №29 оид ба савдои хонаи истиќоматї воќеъ дар ноњияи Бобољон Fафуров, Љамоати дењоти Зарзамин, кўчаи Љамбул, хонаи 13, ки барои таъмин намудани иљроиши истењсолоти иљро тањти №3/7 аз 5 январи соли 2017 аз рўи њуљљати иљровараќаи иљрои Суди иќтисодии вилояти Суѓд тањти №2-448/2016 аз 19 декабри соли 2016 оид ба аз њисоби соњибкори инфиродї Давронов Шокирљон Шавќатович, њамљавобгарон Давронов Элдор Равшанович ва Давронов Шавќат Ќодирович ба фоидаи филиали ЉСК «Агроинвестбонк»-и шањраки Fафуров рўёнидани 11346,43 доллари ИМА ё мутаносибан бо пули миллї ба 89285,06 сомонї маблаѓи ќарз ва маблаѓи бољи давлатї 1785,70 сомонї рўёниши маблаѓи ќарз аз њисоби фурўши амволи ба гарав гузошташуда – хонаи истиќоматї воќеъ дар ноњияи Бобољон Fафуров, Љамоати дењоти Зарзамин, кўчаи Љамбул, хонаи 13 бо нархи ибтидоии 153 000 сомонї нигаронида шавад, ки аз љониби иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд ба њабс гирифта шудааст:

Музоядаи №29 28 феврали соли 2017, соати 9:00 дар бинои Суди иќтисодии вилояти Суѓд (њуљраи кории иљрочиёни суд дар шањри Хуљанд, кўчаи Камоли Хуљандї №181а, ошёнаи якум, њуљраи №3) бо тартиби пешбининамудаи моддањои 39-41-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ипотека» барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 9:00, 28 феврали соли 2017 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди иќтисодии вилояти Суѓд ё бо телефони (83422) 6-65-99 дастрас намоед.

È¿ðî÷è¸íè Ñóäè øà³ðè Õó¿àíä Музоядаи №65 оид ба савдои оммавии молу мулк, ки барои таъмин намудани иљроиши истењсолоти иљро тањти №5/78 аз 8 июли соли 2016 дар асоси њуљљати иљровараќаи иљрои Суди шањри Хуљанди вилояти Суѓд тањти №2-1038 аз 28 декабри соли 2015 оид ба рўёнидани маблаѓи ќарз ба андозаи 85756,56 (њаштоду панљ њазору њафтсаду панљову шаш) сомонию 56 дирам аз њисоби фурўши амволи гарав – манзили истиќоматї воќеъ дар шањри Хуљанд, мањаллаи 8, бинои 99, њуљраи 68, ки ба ќарздор Шарипова Фароѓат Воњидовна мансуб мебошад, ба фоидаи ЉСП «Фононбонк» дар шањри Хуљанд ба маблаѓи 200 000 (дусад њазор) сомонї ба савдои оммавї бароварда шавад. Музояда 28 феврали соли 2017, соати 10:00 дар утоќи кории №4-и иљрочиёни Суди шањри Хуљанд - гузаронида мешавад.

Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди шањри Хуљанд ё бо телефонњои (44) 630-01-14, (44) 630-01-15, (83422) 6-10-44 дастрас намоед.

È¿ðî÷è¸íè Ñóäè íî³èÿè Áîáî¿îí Fàôóðîâ Музоядаи оммавии №4 оид ба фурўши молу мулки ба гарав гузоштаи ќарздор бинои иншооти «Чойхона» воќеъ дар ноњияи Бобољон Fафуров, Љамоати дењоти Fозиён, кўчаи Дўстї №112, ки барои таъмин намудани иљроиши истењсолоти иљро тањти №337/1 аз 14 ноябри соли 2016 аз рўи њуљљати иљровараќаи иљрои Суди ноњияи Бобољон Fафуров тањти №2-354 аз 19 августи соли 2016 оид ба аз њисоби Абдуманонов Фарњод Абдумавлонович ба фоидаи ЉСК «Ориёнбонк» дар шањри Бўстон рўёнидани маблаѓи ќарз, фоизњои бонкї бо љамъи умумии 19198,90 доллари ИМА, мутаносибан бо пули миллї ба 151 058 сомонию 87 дирам бо нархи ибтидоии тибќи шартномаи ипотека муайяншуда 166 070 сомонї таъмин карда шавад, ки аз љониби иљрочии Суди ноњияи Бобољон Fафуров 6 декабри соли 2016 ба њабс гирифта шудааст:

Музоядаи оммавии №4 28 феврали соли 2017, соати 10:30 дар бинои Суди ноњияи Бобољон Fафуров (ноњияи Бобољон Fафуров, кўчаи Њобилов, №3) бо тартиби пешбининамудаи моддањои 39-41-и Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи ипотека» барпо мегардад. Иштирокчиёни музояда аз рўзи нашри эълон оид ба барпошавии музояда то соати 10:30, 28 феврали соли 2017 дар суроѓаи дар боло зикргардида ба ќайд гирифта мешаванд. Иштирокчиёни музояда метавонанд, маблаѓи кафолатпулиро ба суратњисоби депозитии иљрочиёни Суди ноњияи Бобољон Fафуров пардохт намоянд. Маълумоти иловагиро метавонед, аз иљрочиёни Суди ноњияи Бобољон Fафуров ё бо телефони (83442) 3-12-21 дастрас намоед.

Ä襥àò, îçìóí! Раёсати маорифи вилоят барои ишѓоли мансабњои холии сармутахассиси шўъбаи банаќшагирї, ояндабинї, омор дараља (категория)-и 5 ва мутахассиси шўъбаи тањсилоти томактабї ва миёнаи умумии дараља (категория)-и 7 озмун эълон менамояд: Талабот ба довталабони мансаби сармутахассис: -тањсилоти олии омўзгорї, собиќаи кории умумии на кам аз 3 сол ё 2 сол дар хизмати давлатї. Талабот ба довталабони мансаби мутахассис: -тањсилоти олии омўзгорї, собиќаи кории умумии на кам аз 2 сол ё 1 сол дар хизмати давлатї. Довталабон бояд њуљљатњои зеринро ба озмун пешнињод намоянд: - ариза ба номи сардори Раёсати маорифи вилоят;

1. Довталабон барои гирифтани њуљљатњои тендерї ва маълумоти иловагї дар бораи тендер метавонанд, ба маќоми Ваколатдор ба суроѓаи дар боло зикршуда мурољиат намоянд. 2. Довталабоне, ки хоњиши дар озмун иштирок кардан доранд, баъди супоридани њаќќи бебозгашт њуљљатњои тендерии худро дар лифофањои мўњр кардашуда ба суроѓаи дар боло зикршуда то ваќти дар сутуни «Сана ва ваќти кушодани лифофањо» муайяншуда пешнињод намоянд. Мўњлати муќарраршуда мўњлатест, ки баъди анљоми ваќт аз довталабон пешнињодот ќабул карда намешавад. 3. Лифофањо бо пешнињодњои довталабон аз љониби комиссияњои муштарак тибќи тартиби муќарраргардида кушода мешаванд. Намояндагони дов-талабон њуќуќ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.

Аз эътибор соќит

*Шањодатномаи А№1518, ки соли 2008 Маркази таълимии вилоятии Хуљанд бо ихтисоси кафшергари газу барќ ба Рахимов Нодир додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад.

Њаќиќати Суѓд

Нашрияи Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд

Индекси обуна 68894

*Дипломи №2410, ки соли 1976 Омўзишгоњи техникии №1-и ба номи Комарови шањри Ленинобод бо ихтисоси ошпаз ба Акилов Рустам Саидович додааст, бинобар гум шуданаш, аз эътибор соќит дониста шавад.

Соли 1980 ба муносибати 50-солагии таъсисёбиаш рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” (“Њаќиќати Ленинобод”) бо ордени “Нишони Фахрї” сарфароз гардидааст

Рўзнома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти № 0171/рз ба ќайд гирифта шудааст

Сармуњаррир Мухтор АБДУЛЛОЕВ Суроѓа ва телефонњои идора: 735700, шањри Хуљанд, мањаллаи 20, бинои 35, КВДК “ Кохи матбуот ”, ошёнаи 4 - ум

Ќабулгоњ - 2-06-54, муовини сармуњаррир - 2-06-53, шўъбаи мактубњо, эълонњо, мурољиат ва ќабули шањрвандон - 2-06-55

№10 (17691)

- вараќаи шахсии бањисобгирии кадрњо бо 2 дона расм бо андозаи 4х6; - нусхаи њуљљат дар бораи тањсилот; - тарљумаи њол; - нусхаи дафтарчаи мењнатї; - нусхаи шиноснома; - маълумотнома оид ба вазъи саломатї (шакли 086 УЕ). Нишонии ќабули њуљљатњо: шањри Хуљанд, кўчаи Шарќ №29. Телефонњо барои маълумот: 6-67-46, 6-68-92, 6-32-47, 4-31-64. Мўњлати ќабули њуљљатњо да воми 21 рўз баъди нашри эълон аст.

Áàð³àì ìåõ¢ðàä Ташкилоти љамъиятии Ассосиатсияи истифодабарандагони оби нўшокии дењот ба номи «Чашма»-и ноњияи Ашт (РМА 680002694) барњам мехўрад. Њамаи даъвоњо давоми як моњ баъди чопи эълон ќабул карда мешаванд. Телефон: (92)712-13-25.

Раёсати фарњанги Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилояти Суѓд ба собиќ мудири бахши фарњанги шањри Исфара Нарзиев Меърољиддин нисбат ба вафоти бармањали ÄÓÕÒÀÐÀØ андўњгин буда, ба ањли оила ва пайвандон аз даргоњи Худованд сабри љамил хоњон аст. Рўзномаи “Њаќиќати Суѓд” ба хотири гуногунандешї навиштањоеро низ интишор мекунад, мекунад, ки хилофи аќидаи њайати тањри рия њастанд. њастанд. Идораи рўзнома барои маз муни эълону рекламањо масъул нест. Дастхат ва суратњо баргардонида намешанамешаванд. Матолиби рўзномаи “Њаќиќати Суѓд”-ро дигар воситањои ахбори омма бо нишоннишондоди манбаъ метавонанд истифода бабаранд. Маводи муаллифони беруна дар њаљми то 4 сањифа ба њуруфи Аrial Аrial..tj, андоандозаи 14 пазируфта мешавад. мешавад.

Рўзнома дар маркази компутерии “Њаќиќати C уѓд” омода ва дар ЉДММ “Хуросон” чоп шудааст. Навбатдори шумора: Истамљони НАЉМИДДИН Њуруфчин Раъно Юсуфова Веростор Маъруфљон Њомидов

Адади нашр 8130 нусха Супориши № ___


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.