Рузгор №14 04 09 13

Page 1

www.ruzgor.tj

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

Бирав, зи таљрибаи рўзгор бањра бигир!

№ 14 (014), чоршанбе 04 сентябри соли 2013

МАЌСАДИ ФЕСТИВАЛ РУШДИ ЉАЊОНГАРДЇ ДАР ТОЉИКИСТОН Рўзи шанбеи гузашта (31уми августи 2013) дар Боѓи фароѓатї ва истироњатии "Ѓалаба"-и шањри Душанбе Фестивали фарњангї-сайёњии "Мероси "Роњи Абрешим" баргузор гардид.

www.ruzgor.tj info@ruzgor.tj

Њафтаномаи иљтимоию фарњангї

ГУЛЧИНЕ АЗ "ТАЗКИРАТ-УЛ-АВЛИЁ"-И АТТОРИ НИШОПУРЇ

АМРИКОИ ТАНЊО ДАР МАРЗИ СУРИЯ

Фаридуддини Аттори Нишопурї (1145-1221) аз суханварони маъруфу машњури адабиёти тољик ба шумор меравад. Тазкиранависону муаррихон теъдоди таснифоти ўро ба андозаи сурањои Ќуръон, яъне ба 114 номгўй арзёбї кардаанд. Асарњои манзуми ў 202 њазору 60 байтро ташкил медињанд. Асари мансури ў бошад танњо аз китоби "Тазкиратул-авлиё" иборат асту халос... сањ.10

сањ.5

"Дар сурати таљовуз ба Сурия дасти ин кишвар барои зарба ба Исроил боз хоњад шуд",-гуфт як маќоми олирутбаи артиши давлатии Сурия. Ва давлати Исроил њам сарењан вокуниш нишон дод: "Мо посух медињем".

сањ.8

Синамо дар рўзгор

ТОЉИКИСТОН ВА АЊМАДШОЊИ МАСЪУД

"МАРГИ БЕГУНОЊ" ЊУШДОРЕСТ БАРОИ НАСЛИ ИМРЎЗУ ФАРДО

сањ. 4

Ин филм нахустин филми тољикї аст, ки сирф ба воќеоти љанги шањрвандии солњои навадум асри гузаштаи Тољикистон бахшида шуда, он аз рўйи романи њамноми нависандаи маъруфи кишвар, Нависандаи халќии Тољикистон Кароматуллоњи Мирзо тањия ва филмномаи онро Шоири халќии Тољикистон Гулназар ва Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Рањмонов навиштаанд...

Адиб ва рўзгор

"ЊАВЗАИ АДАБИИ СУЃД ИМРЎЗ ЧЇ ВАЗЪ ДОРАД?" Бо тулўи ахтари Фарзона ба адабиёти мо як гуруњи калони љавононе ворид гардиданд, ки дар тозагўї, дар гуфтани шеъри мудерн, дар таљрибаи тадќиќи шеъри нав ба тарзи тољикї хидматњои калон доранд. Мисли Абдуљаббори Сурўш, ки дар маљмўаи "Салиби сафед" ва дигар китобњояш тавонистааст нишон бидињад, ки дар гуфтани шеъри нав пешгом аст.

сањ. 6

Варзиш дар рўзгор

ЧЕМПИОНАТИ ЉАЊОН ОИД БА ДЗЮДО: БОЗ ЊАМ БЕНАТИЉА

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД w wШОИР w.ruzgor.tj

сањ.15

сањ. 13 сањ.14

Тедди Ринер

ПУРСИШЕВУ ТАЗМИН ВА ПОСУХЕ ruzgor@hotmail.com ТАТАББУИ ЊОФИЗ info@ruzgor.tj сањ.11

РЕЗААХБОРИ ОЛАМ ВА КИШВАР...

сањ.2

сањ. 7

Чемпионати љањон оид ба гуштии дзюдо дар соли 2013, ки дар шањри Рио ди Жанейрои Бразилия тўли як њафта идома дошт, рўзи 1-уми сентябр ба охир расид. Дар ин сабќат варзишагарони тољик Расул Абдушарифов дар вазни 66 кило, Фарњод Рањимов дар вазни 81 кило, Парвиз Собиров дар вазни 100 кило ва Муњаммадмурод Абдурањмонов дар вазни +100 кило бо њамтоёни худ аз дигар кишварњои љањон ќувва санљиданд...


2

Рўзи дониш дар Тољикистон

Чопи очеркњои илмии Носирљон Маъсумї

Н П

РЕЗИДЕНТИ Тољикистон Эмомалї Рањмон рўзи якшанбе, 1-уми сентябр љашни Рўзи донишро дар ињотаи донишљўён ва омўзгорони Донишгоњи техникии Тољикистон ба номи Муњаммад Осимї гузаронд.

Зимни суханронї, ки шабакањои телевизионии кишвар мустаќиман намоиш доданд, аз барномањои таълимии макотиби оливу миёна шадидан интиќод кард ва онњоро ниёз ба ислоњот донист. Эмомалї Рањмон ёдовар шуд, ки соли 2006 бо ќарори њукумати Тољикистон дар назди Академияи илмњо "Маркази љумњуриявии таъминоти соњањои илм бо таљњизоти техникї, асбобњо, маводи кимиёвї ва васоити экспедитсионї" таъсис дода шуда буд. Вале сарвари давлат аз фаъолияти он ва нарасидани таљњизоти зарурї дар њамаи муассисањои илмї, тањќиќотї ва озмоишгоњњо интиќод намуд.

Кумитаи љавонон исми 16 ѓолиби љоизаи Исмоили Сомониро эълон кард

К

УМИТАИ кор бо љавонон, варзиш ва сайёњии назди ЊукуматиЉумњурии Тољикистон мегўяд ѓолибони дарёфти љоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро муайян кардааст. Љоизаи Исмоили Сомонї 3-юми августи соли 1998 бо ќарори њукумати љумњурї таъсис шуда, њар сол барои дастовардњои илмї ба олимони љавон эъто мешавад.

Кумитаи кор бо љавонон, варзиш ва сайёњии назди ЊукуматиЉумњурии Тољикистон мегўяд ѓолибони дарёфти љоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомониро муайян кардааст. Љоизаи Исмоили Сомонї 3-юми августи соли 1998 бо ќарори њукумати љумњурї таъсис шуда, њар сол барои дастовардњои илмї ба олимони љавон эъто мешавад. Намояндаи кумитаи љавонон дар сўњбат бо “Рўзгор” гуфт, ки барои дарёфти љоиза 39 нафар бо 36 асари пажуњишї, аз љумла 4 кори илмии тиббї, 7 рисола оид ба илмњои бунёдї, 3 кори техникї, 7 асар оид ба иќтисод ва 15 кори илмии гуманитарї иштирок карданд ва аз онњо 16 нафар баранда шуданд. Дар иттилоияи ахиран интишордодаи Кумита исми Бегиљон Займуддинов, Муњаммад Билолов, Комрон Урунов (аз Донишгоњи давлатии тиббии Тољикистон ба номи ибни Сино), Наимљон Ашўров (аз Донишгоњи Давлатии шањри Ќурѓонтеппа), Файзигул Рањимова (аз Донишгоњи технологии Тољикистон), Љасур Одинабеков (аз Донишгоњи тиљорати Тољикистон), Абубакр Насриддинов ва Сафаралї Гадоев (аз Донишгоњи техникии Тољикистон), Фаридун Давлатов (аз Донишгоњи омўзгории Тољикистон), Акмалљон Абдухолиќов (аз Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони давлатї), Фотима Ѓуломова (аз Мактаби Олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тољикистон), Убайдулло Асроров (аз Донишкадаи молия ва иќтисод), Фотењљон Аминов (аз Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон), Зоир Рањмон (аз Донишкадаи соњибкорї ва хизмат), Дониёр Сангинов ва Илњомљон Њамидов (устодони Донишгоњи миллии Тољикистон)-ро чун ѓолибони љоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонї мехонем. «Рўзгор»

www.ruzgor.tj

Ахбори Тољикистон ва љањон

www.ruzgor.tj

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

e mail: info@ruzgor.tj

АШРИЁТИ “Ирфон” асари забоншиноси шањир ва яке аз машњуртарин олимони ќарни ХХ-и тољик Носирљон Маъсумиро тањти унвони “Очеркњо оид ба инкишофи забони адабии тољик” бо сарсухани профессор Абдуѓаффор Љўраев ба теъдоди 1000 нусха интишор додааст.

А.Љўраев Носиљон Маъсумиро асосгузори услубшиносї дар кишвар муаррифї кардааст ва А.Ѓаффоров, Б. Камолиддинов, Х.Њусейнов, А.Абдуќодировро равандагони пайроњаи Носирљон Маъсумї хондааст. Њамчунин профессор А.Љўраев навиштааст, ки “Китоб дар давраи шўравї таълиф гардида, руњи њамон замонро ифода менамояд, бо вуљуди сабукиву равонї аз истифодаи калимаву истилоњоти роиљи давр орї набуд. Ин як пораи таърихи забони илми он давр мебошад. Агар устод имрўз зинда мебуданд, шояд китоби худро тањрири дубора мекарданд. Бинобар ин мо њаќу њуќуќ надорем, ки ба забону тарзу баёни китоби номбурда, таѓйирот ворид намоем”. Маврид ба ёдоварист, ки Носирљон Маъсумї аз шинохтатарин забоншиносони кишвар буд, ки тавонист дар замони Иттињоди Шўравї мактаби забоншиносии худро бунёд намояд. «Рўзгор»

Дар Душанбе сеюмин Намоиши байналмилалии китоб баргузор мешавад

А

з 4 то 6-ми сентябри соли љорї дар бинои Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» сеюмин Намоишгоњи байналмилалии китоби Душанбе тањти унвони «Китоб ва њамгироии арзишњои умумибашарї» баргузор мешавад. Дар ин бора ба “Рўзгор” аз Вазорати фарњанги кишвар хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ намоиш соати 10 субњи рўзи 4 сентябр бо ширкати масъулини фарњангии мамлакат ифтитоњ мегардад ва ќарор аст дар он њамаи нашрияњои давлативу хусусї асарњои тозанашри худро пешнињод намоянд. Дар доираи Намоишгоњ баргузории ду конфронс, аз љумла Конфронси байналмилалии илмии «Ташкили маркетинги китоб дар интишорот», «Китоб ва наќши он дар робитањои фарњангии кишварњои љањон», њамчунин семинари «Тарроњии китоби бачагона» дар назар аст. Дар се рўзи идомаи Намоишгоњ мулоќоти хонандагон ва ширкаткунандагони конфронсу семинарњо бо адибон ба наќша гирифта шудааст. Як рўз баъди анљом ва натиљагирии Намоишгоњ дар Филармонияи давлатии Тољикистон ба номи А.Љўраев консерт-марафон бо ширкати њунармандони маъруфи кишвар бахшида ба Намоишгоњи байналмилалии китоби Душанбе доир мегардад. Ва ѓолибони озмунњои эълоншуда бо диплому мукофотњо сарфароз гардонида мешаванд. «Рўзгор»

Ширкати ќориёни Ќуръон аз 36 кишвар дар озмуни байналмилалии Маскав

Ш

ЎРОИ муфтиёти Федератсияи Русия эълон кард, ки шањри Маскав мизбон ва пазирои ќориёни Ќуръони Маљид аз 36 кишвари олам хоњад буд. Ќарор аст озмуни байналмилалии ќориёни Ќуръон 15 сентябри соли равон дар пойтахти давлати Русия доир гардад.

Ин чорабинї тањти сарварии Раиси Шўрои муфтиёти Русия Равил Гайнутдинов ва дастгирии њукумати шањри Маскав, вазоратњои корњои хориљї ва фарњанги Федератсияи Русия дар зали консертии “Россия” мегузарад. Дар озмун аз 36 мамлакати олам, аз љумла ќориён аз Британияи Кабир, Нидерландия, Булѓористон, Тунис, Яман, Бањрайн ва чандин кишвари дигар иштирок мекунанд. Шайх Абубакр Шатрї, яке аз донандагони хуби Ќуръон ва њофизи машњур мењмони фахрии ин чорабинї хоњад буд. Озмун аз рўи номинатсияи њифзи Ќуръони Карим хоњад гузашт. «Рўзгор»

ruzgor@mail.ru

Резаахбори олам ва кишвар дар њафтае,ки гузашт Хазинаи рушди Арабистони Саудї тасмим гирифт ба Тољикистон барои бунёд ва ободонии 15 мактаби нав бештар аз 24 миллион доллар ќарз дињад. Дар котиботи вазорати молия бо тайиди ин хабар ба “Рўзгор” гуфтанд, ки њадаф аз ин лоиња њам бунёди мактабњои нав дар кишвар ва њам таъмиру бо мебел ва дигар таљњизот таъмин намудани макотиб мебошад. Лоиња 25 миллион доллар арзиш дорад ва 24,25 миллион доллар аз љониби Арабистон пардохт мешавад. Сањмияи Њукумати Тољикистон 0,75 миллион долларро ташкил медињад. *** Дар вилояти Симферопол ду бародарон, шањрвандони Љумњурии Тољикистон барои интиќоли маводи мухаддир ба Украина ба мўњлати 11 ва 8,5 сол аз њуќуќи озодї мањрум шудаанд. Хадамоти гумруки шањр соле пеш аввал бародари хурдиро бо 300 грам героин дар меъдааш дастгир намудаанд ва баъдан бародарбузурги ўро, ки бо иртиботи телефонї љараёни фурў бурдани ѓилофакњои пур аз мухаддиротро то ба тайёра нишастану парвоз кардан назорат мекард, дастгир намуданд. Дар хабари интишоршуда ному насаби ин ду тан эълон нашудааст. *** Парламони Британия ба пешнињоди њукумати Кэмерон дар мавриди ширкати ин кишвар дар амалиёти љангї зидди режими Сурия посухи рад дод. Њамзамон бо ин хабар дода мешавад, ки 12 кишвари узви НАТО даъвати Вашингтон барои ширкат дар амалиёти њарбї дар Сурияро рад карданд. (шарњи муфассали инро дар сањ. ...бихонед). *** Дар даргирї бо кормандони пулиси дар муњосирамондаи афѓон Толибон 15 тани онњоро куштанд ва беш аз 10 нафар бо захмњои вазнин ба бемористон интиќол дода шуданд. Ин њодиса дар вилояти ѓарбии Афѓонистон-Фароњ, ки аз ноамнтарин вилоятњои ин кишвар ба шумор меравад, рух додааст. Ба гуфтаи сухангўи пулиси мањаллї Абдулрањмон Жавандї гурўњи мусаллањ кормандони маќомотро дар гузаргоњи танге дар ињота гирифтаанд ва даст ба тирпарронї задаанд. *** Британия Кабир дар љанги Афѓонистон 37 миллиард евро масраф кардааст. Дар ин бора «The Guardian» истинодан ба навиштњои Фрэнк Ледвидж, ки ахиран бо номи «Маблаѓгузорї дар хун» интишор ёфтааст, иттилоъ дод. Ба навиштаи ин тањлилгар аз соли 2006 Британия Кабир барои сарбозону афсарони худ мустаќар дар вилояти Њилманд 15 миллион евро дар як рўз масраф кардааст. Манбаъ аз эњтимолияти ба 40 миллиард евро расидани харољоти љанги Шоњигарї дар Афѓонистон њадс задааст. *** Дар ИМА додгоњ майори артиш Нидал Њасанро барои ќатли 13 нафар ба марг мањкум кард. Мурофиаи додгоњї 7 август оѓоз гардид ва њукм рўзи чоршанбеи гузашта хонда шуд. Майор Њасан њатто аз эроди сухани охир даст кашид ва гуфт, ки њадафмандона ба ин кор даст задааст, зеро љанг дар Афѓонистон ва њалокати одамони бегуноњро иштибоњи Вашингтон медонад. *** Хадамоти махсуси ИМА гуфтугузори телефонии сарварони давлатњои Бразилия ва Мексика - Дилма Руссефф ва Энрик Пени Неторо гўш мекардаанд. Дар ин бора Франс Пресс истинодан ба хабари ВАО-и Бразилия иттилоъ дод, ки барояшон ифшогари амрикої Эдвард Сноуден пешнињод кардааст. Дар ин њуљљат омадааст, ки Агентии амнияти миллии ИМА мехоњад оид ба шевањои иртиботњои Руссефф зиёдтар маълумот љамъоварї кунад. Тибќи иттилои ширкати телевизионии Globo ин барнома имкон медињад, ки ба иртиботњои берунии президенти Бразилия ва њамаи ёварони ў бештар таваљљўњ кунанд. *** Дар ноњияи Бобољон Ѓафурови вилояти Суѓд кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Љумњурии Тољикистон бо роњандозии як амалиёти муваффаќиятомез як сокини 26-солаи кишварро бо 1,5 кило афюн боздошт кардаанд. Дар айни замон барои шиносої ва боздошти дигар ширкаткунандагони ин амали љиної чорабинињо тарњрезї шудаанд.


www.ruzgor.tj

"Рўзгор" ва хонанда

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

3

ХОЉАЗОД МЕДОНАД, КИ КАЙ КАМАРИ КОРГАРИ БЕТОНРЕЗ БА ДАРД МЕОЯД ВА ЧАРО

Д

УРУДУ салом ба њамаи хонандагони азизи "Рўзгор". Њафтаи сипаришуда низ аз љумлаи касоне, ки њафтаномаро мутолиа карданд, зумрае нома ирсол намуданд ва зумраи дигар арзи худро аз тариќи телефон иброз доштанд. Шоњидаи Муъмин аз Вањдат дар мавриди ќиссањо аз рўзгори эшони Султон сўњбат кард ва гуфт таассуф мехўрад, ки чопаш ба поён расид. Ба гуфтаи Шоњида ин гуна ќиссањо аксари одамонро хуш меояд, чун мардуми мо суннатгароянд ва эшонњову муллоњои суннатиро, ки маъруфият доранд, баъди маргашон низ дўст медоранд.

Шоњида аз падари марњумаш њикоят мекунад, ки "то охирин лањзањо худро муриди эшони Тўраљон медонист ва баъди рењлати он бузургвор муддати бештар аз шаш моњ бистарї шуд ва аз олам даргузашт. Аммо њар лањза, ки ваќти намоз мешуд, њатман аз бобои эшон ёд мекард ва мегуфт, ки он кас хеле мањбуб буданд. Аммо амакам њамоно муриди домулло Њикматуллоњ аст ва медонам, ки њар моњ як маротиба ба Тољикобод сафар мекунад". Самеъљон ном хонандаи мо аз Хуљанд гуфт, ки мо аз вилояти Суѓд матлаби камтар чоп мекунем. Бояд бештар нависем, чун Суѓд муассисањои зиёди фарњангї дорад, ки фаъолияту мушкилоташон инъикос ёбад. Аввали њафтаи љорї "Рўзгор"ро бо номаи хонандаи худ Мирљалол Њусейнзода, ки мепурсид мулло Сирољиддин гўем ё эшони Сирољиддин, баъди мулоќот дар манзилашон ба Сирољиддин Абдурањмонов расондем ва он кас ваъда доданд, ки посухи саволи хонандаи моро дар наздиктарин фурсат ирсол хоњанд кард. Ва боз: дар шумораи 12 "Рўзгор" маќолаи журналисти тољик Талабшоњи Салом бо номи "Нияти неки Теплитский" чоп шуда буд. Муаллиф аз шароити будубоши муњољирини тољик дар шањраки "Поведник", воќеъ дар ноњияи Митишии Русия менавишт, ки бо вуљуди маъмурини тозагї будану аз онњо изњори ризоят кардани масъулин, дар як тањхонаи бидуни шароит зиндагонї мекунанд. Аммо сарвари навтаъини Идораи давлатии зист ва бањрабардорї Николай Теплитский ваъда дода буд, ки дар фурсати кўтоњ ба шароити зисти шањрвандони Тољикистон ва расмияти њуљљатњои онњо расидагї мекунад. Як рўз пештар хабар расид, ки Николай Теплитский ба ањди худ вафо кардааст ва њоло њамватанони мо, ки зикрашон дар маќола мерафт, аз тањхонањо берун шудаву њар кадом дорои имкону шароити зист дар хонањои иљоравї шудаанд. Ва њоло руљуъ кунем ба чанд номаи то ин замон расида: ВОЙ БАР МО, КИ ЌАДРИ ЊУНАР НАМЕШИНОСЕМ Ростї, њафтаномаи "Рўзгор"ро пайваста мутолиа мекунам. Матолиби зиёди хонаданиро меёбам ва мехонам. Њафтаи сипаришуда маќолаи "Барзу бо "Муњољирин"-аш бар-

гашт"-ро хондам. Барзу Абдураззоќовро чун њунарманди ояндадор ва хеле боњунару бомањорат мешиносам ва борњо намоишномњои ўро дидаам. Маќола аз он маро маъюс кард, ки бори аввал аз сарнавишти Барзуву асарњои сањнавиаш мехондам. Ва бори аввал шунидам, ки бо фишор билохира аз Тољикистон рафтааст ва њоло дар кишвари њамсоя яке аз њунармандони эътирофшудаест. Ва ёдам омад, ки таърихи фарњанги тољикон ин гуна рўйдодњои нангин зиёд дидааст. Дар замонаш нотавонбинон Рўдакиро кўр карданд, амри Султон шуд, ки Фирдависро зери пойи филон партоянд ва

Н

нобуд созанд. Хуб шуд, ки Њакими Тўсро пайдо накарданд. Ибни Сино њам аз шањр ба шањр гашт ва дар љое ором надошт, Њилолї сангсор шуд, Айнии бузургро 75 дарра заданд, Сотим Улуѓзода њам билохира дар ѓурбат фавтид ва дар зиндагї бас љафоњо хўрда буд. Ва ин зулму ќадрношиносї ба њунармандон мероси ќадимиён будааст. Чанде пеш њам Ќурбони Собир бо афсўс мегуфт, ки фалонињо рафтанду сањнаи синамо ба афроди ѓайрикасбї монд. Э вой, бар мо, ки ќадри њунарманди худро дар зиндагиаш намедонем, аммо баъди фавташ дањњо маќолаву китоб менависем... Бароти Боќї, хонандаи "Рўзгор", Суѓд

ЧАРО БО БАРЗУ ЊАМСЎЊБАТ НАШАВЕМ? Аз маќолаи "Барзу бо "Муњољирин"-аш ба сањна баргашт", фањмидам, ки њунарманди хуби мо аз Бишкек ба муддати як моњ ба Душанбе омадааст. Бисёр мехостам бо истифода аз ин фурсат ўро ба мењмонии "Рўзгор" даъват мекардед ва назарашро дар чандин масъала, аз љумла гумону шубњањои дар маќолаи интишордодаатон дар мавриди сабабњои баста шудани ду намоишномааш дар Душанбе мепурсидед. Зеро чуноне аз маќола дарёфтам, шумо њам иллати инро дар асоси тахминњо баён кардед ва гумон мекунам шунидани назари худи ў бисёр масъалањоро рушан хоњад кард.

АВИСАНДАИ баруманд Муњиддини Хољазодро аз мутолиаи "Об-рўшної" хуб мешиносам. Ягона адибест, ки бо коргар нону намак мехўрад ва ба поси хотири њамин нону намак рўзгорашро ба ќалам мекашад. Шояд дар Тољикистон кам адибоне бошанд, ки ин гуна эљод мекунанд. Мо асарњои хуби зиёд дорем, вале он ки Хољазод менависад аз рўзгори коргарону бунёдкорони кохи нур самимитару ба дил наздиктар аст. Чунки худаш он њамаро дидаву шунидаву дарк кардааст. Бубинед, барои романи ёдшуда вай бетонрезї кардааст, то зањматро эњсос кунад, то бубинад, ки кай камари коргари бетонрез ба дард меояд ва чаро. Вай зиддиятњоро њам самимї ба ќалам медињад.

ruzgor@hotmail.com

Сарвиноз, Душанбе. "Рўзгор": Ташакури зиёд барои пешнињоди хеле хуб. Мо иншооллоњ пайгирї мекунем ва агар Барзу Абдураззоќов ба Душанбе омада бошад, пас кўшиш хоњем кард ба идора даъват кунем ва сари як пиёла чой дар атрофи масъалањои зиёди мушкилоти театрњои кишвар ва бахусус мушкили худи ў бо маќомоти фарњанг сўњбат анљом дињем. Бовар дорем мову шумо ба чандин саволњои бељавоби худ посух дарёфт хоњем кард. НАФАЊМИДАМ, КИ ИН ИШТИБОЊ БУД, Ё ЧИЗИ ДИГАР Дар шумораи гузаштаи "Рўзгор" маќолаи "Бўњтони мањз дар

бораи як суруди таърихии дарї"ро хондам. Ростї хеле чизи љолиб буд. Пажуњиши таронае, ки мардум сурудаанд ва бо гузашти як садсола њам ањамияти худро гум накардааст, хеле љолиб буд. Мо њам ин гуна таронањову шеърњои машњур зиёд дорем ва агар навиштањои фолклоршиносони худро њам дар ин бора чоп кунед, шояд хеле чизњоеро аз эљодиёти дањонакии халќ меёбед, ки ба рўйдодњои муњими таърихї иртибот доранд ва сањнањои мушкили њаёти миллатро дар даврони гуногун ба риштаи тасвир кашидаанд. Зеро њељ адабиёт мисли адабиёти шифоњии мардум пурѓановату дар инъикоси рўйдодњои таърих њассос нест. Аммо ман нафањмидам, ки муаллифи ин маќолаи хонданї кї буд. Ва боз нафањмидам, ки ин аз иштибоњ номаш уфтода ё маќола моли худи идораи "Рўзгор" аст. Ба њар њол гумон мекунам маќола бояд муаллиф дошта бошад. Шањобиддин Назар, донишљў. "Рўзгор": Хеле шодем, ки хонандагони мо љиддан ба нашрия таваљљўњ мекунанд ва то он ки худи мо пай барем, иштибоњи моро меёбанд. Ташаккури зиёд ва хеле миннатдорем аз ин гуна таваљљўњ. Дар њаќиќат ин як иштибоњи техникї буд, ки номи муаллифи маќола доктори илмњои филологї, фолклоршинос Додољон Обидов аз он уфтодааст.

info@ruzgor.tj

Њамзамон бо арзи пузиш аз устод Обидов шуморо њам даъват мекунем, ки ба сањифаи 12 ин шумора нигаред ва иштибоњро ислоњшуда меёбед. "ХАНДИНКАМОН" ХУБ АСТ, ВАЛЕ... Ростї аз тамошои барномањои студияи "Хандинкамон" гоњо хушам меояд ва гоњи дигар на. Бахусус, ба ман њељ писанд нест, ки мард дар љомаи зан баромад мекунад. Ин то њадде барои ман ѓайри ќобили ќабул аст. Мумкин барои дигарон хандаовар бошад, вале ман аз он ки як мард бо либоси занона дар сањна њувайдо мешавад, њаргиз намехандам. Сурайё, омўзгор МУЊИДДИН ХОЉАЗОД БО МО ЊАМНИШИН БУД Нависандаи баруманд Муњиддини Хољазодро аз мутолиаи "Обрўшної" хуб мешиносам. Ягона адибест, ки бо коргар нону намак мехўрад ва ба поси хотири њамин нону намак рўзгорашро ба ќалам мекашад. Шояд дар Тољикистон кам адибоне бошанд, ки ин гуна эљод мекунанд. Мо асарњои хуби зиёд дорем, вале он ки Хољазод менависад аз рўзгори коргарону бунёдкорони кохи нур самимитару ба дил наздиктар аст. Чунки худаш он њамаро дидаву шунидаву дарк кардааст. Бубинед, барои романи ёдшуда вай бетонрезї кардааст, то зањматро эњсос кунад, то бубинад, ки кай камари коргари бетонрез ба дард меояд ва чаро. Вай зиддиятњоро њам самимї ба ќалам медињад. Ман, ки худ коргари нерўгоњи "Норак" будам, баъди хондани асари Муњиддин Хољазод ба рўзгори худ бори дигар аз назари адиб назар кардам. Ман ўро сахт эњтиром мекунам, бо адиб њамсўњбат будам, шояд дар хотир дошта бошад. Сари як дастурхон борњо нишастаем. Аммо он ваќт ман намедонистам як нависанда бо мо нишастухез дорад. Инро баъд фањмидам. Ањлиддин номам. Он замон 46-сола будам. Њоло акнун бознишаста. Ањлиддин Кучаров, собиќ бунёдкори "Норак" РЎЗНОМА БОЯД ПОЙГОЊИ МОЛИЯВЇ ДОШТА БОШАД, КИ МУТТАСИЛ НАШР ШАВАД Аз сўњбат бо Ѓуфрон Вањњобов ба ин хулоса расида, ки медиахолдинги "TajInfo" хеле зиёд ба мушкилоти молї мепечидаст. Нашрия агар моње чоп шаваду моњи дигар аз нашр монад, иртиботашро бо хонандааш гум мекунад. "Тољикони Россия" гоњу ногоњ дар Душанбе њам пештар пайдо мешуд, њоло намебинам. Иллаташ шояд њамон камбуди молї бошад. Ва баъд: Ѓуфрон Вањњобов мегўяд, ки дар аввали кор онњоро нодуруст фањмиданд ва дарёфти иттилоъ барояшон мушкил буд. Ростї, каме боварнакарданист ин иддио. Дар њоле ки худи Муњаммад Эгамзод бар замми он ки журналисти шинохта ва соњибтаљриба мебошад, боз он замон корманди сафорати Тољикистон буд ва то љое медонам аз шахсони ба сафир наздик њам њаст. Пас чї гуна метавонад мушкили дарёфти иттилоот пеш ояд? Абдулло, собиќ муњољир дар Маскав, аз љумлаи касоне, ки баъзан нашрияро пањн мекардам

www.ruzgor.tj


4

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

Синамо дар рўзгор

www.ruzgor.tj

"Марги бегуноњ" њушдорест барои насли имрўзу фардо

Шоми 26-уми август дар Кохи Љомї нахустнамоиши филми "Марги бегуноњ" баргузор гардид.

И

Н филм нахустин филми тољикї аст, ки сирф ба воќеоти љанги шањрвандии солњои навадуми асри гузаштаи Тољикистон бахшида шуда, он аз рўйи романи њамноми адиби маъруфи кишвар, Нависандаи халќии Тољикистон Кароматуллоњи Мирзо тањия ва филмномаи онро Шоири халќии Тољикистон Гулназар ва Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Рањмонов навиштаанд. Сужаи филм аз он њикоят мекунад, ки чї гуна дар он даврони нооромињо гуруњњои силоњбадаст ба сари мардуми бегуноњ бадбахтињо тањмил карда, ба оташи љанги шањрвандї дар кишвар равѓан мерезанд. Нахустнамоиши филм атрофи худ сару садоњои зиёд бархезонд. Бархе мегуфтанд, онњо дар экран њаќиќати солњои мудњиши љанги шањрвандиро дидаанд, аммо зумраи дигар ба он бовар буданд, ки гўё дар филм рўйдодњо якљониба тасвир шуда, офарандагони филм натавонистаанд, ба љанги шањрвандии кишвар бањои њаќќонї бидињанд. чунин андеша баён дошт, ки гўё ин филм њаќиќати љанги шањрвандиро баён накардааст. Ба андешаи ў дар ин филм дар бораи ягон љониби даргир чизе намоиш дода нашуд. Вай гуфта, ки њарчанд филм љавобгўи синамои љањонист, аммо асар барои филмбардорї мувофиќ нест ва филм, ки гўё аз њодисањои љанги шањрвандї ќисса мекард, натавонист он лањзањоро бозгў кунанд.

КОРГАРДОН: "БА НАВОРГИРИИ САЊНАЊОИ ФИЛМ МУШКИЛ БУД" "Марги бегуноњ"-ро коргардонњои маъруфи кишвар Асланшоњ Рањматуллоев ва Юнус Юсупов тањия кардаанд, аммо дар нахустнамоиш Юнус Юсупов њузур надошт. Ба гуфтаи Асланшоњ Рањматуллоев Юнус Юсупов аз паси корњои филм ба Маскав рафта буд. Асланшоњ Рањматуллоев пас аз анљоми нахустнамоиш андешањояшро дар мавриди филм ба мо чунин иброз дошт "Ба наворгирии сањнањои ин филм на танњо бањри мо коргардонњо, балки барои њамаи бозигарон њам нињоят мушкил буд. Лекин ба њар сурат мо аз уњдаи иљрои он баромадем. Филм ба тамошобин њам писанд омад ва онњо миннатдории худро ба мо баён карда истодаанд, ки аз ин мо хурсандем. Чун аз ў пурсидем, ки бархе аз нигоњи режиссура филмро суст мегўянд, аммо Шумо њамчун коргардон дар мавриди "Марги бегуноњ" чї мегўед, ў бисёр хоксоронаву касбї посух дод, ки "ман инро бањо дода наметавонам, бигзор

www.ruzgor.tj

дигарон бањогузорї кунанд" Аммо дар мавриди оне, ки оё тањиягарон ба маќсади нињої, ки ќабл аз тањияи филм назди худ гузошта буданд, расиданд ё на, Асланшоњ Рањматуллоев гуфт, "ман гумон мекунам ки расидем. Мо хоњишњои худи нависанда ва муаллифони сенарияро сад фисад иљро кардем. НАЗАРЊО: "ФИЛМИ САТЊИ ЉАЊОНЇ, АММО…" Далери Эмомалї, њунарманди љавон ва таъсисгари озмуни театрии "Нигоњи нав" дар мавриди филми "Марги бегуноњ" гуфт, ки "аввалан устодон маъзур доранд, аммо ман дар ин филм на аз љињати режиссура, на дар бозии њунармандон ва на дар сенария чизи наверо надидам. Лекин боиси хурсандї буд, ки дар ин филм камбуди маблаѓ њангоми наворгирї эњсос намешуд. Филмро сатњи љањонї гуфтанд, аммо ба њар сурат "Марги бегуноњ" филми сатњи осиёї буд". Њамчунин Савфат Бурњонов, рўзноманигори тољик дар суњбате ба хабарнигорони радиои "Озодї" дар мавриди ин филм

e mail: info@ruzgor.tj

Савфат Бурњонов афзудааст, ки дар ин филм танњо ду гурўњ бо њам љанг мекарданд ва он њам маълум набуд, ки он гурўњњо кињоянд. Аммо коргардони филм Асланшоњ Рањматуллоев дар ин бобат гуфт, ки "ин як гўшаи љанг аст, чунки он фољеа фољеаи аз ѓунљоиши як филм хеле калонтар буд. Инљо сухан дар бораи силоњбадастони се-чањор дења аст." Аммо Афшин, як бинандаи ин филм дар мавриди андешањои Савфат Бурњонов чунин гуфт, ки "Марги бегуноњ" агарчї аз воќеоти таърихї ќисса мекунад, аммо ба њар сурат филми бадеї аст ва аз руйи романи њамноми худ тањия шудааст. Дар филми бадеї бо баёни рўзгори як ќањрамон метавонї, тамоми фољеаи як миллатро нишон бидињї". Як њамсуњбати дигари мо, ки худро Карим муаррифї кард, дар ин бобат баъд аз намоиши филм бо чашмони пурашк ба хабарни-

ruzgor@mail.ru

гори "Рўзгор" гуфт, ки дар экран он рўзњои мудњишеро дидааст, ки чандин сол ќабл ба сари оилаи ў омада буданд. Ў афзуд, дар филм ягон муњоботро надидааст ва њама воќеањо он гунае буданд, рўйи экран омадаанд. ДАР "МАРГИ БЕГУНОЊ" НАЌШИ СИЁСАТ АСТ? Бархеи дигар дар арафаи интихоботи раисиљумњур рўйи навор омадани филмро ба назар гирифта, онро филми тарѓиботї бањо доданд. Аммо Кароматуллоњи Мирзо, муаллифи романи "Марги бегуноњ" дар ин бобат гуфт, ки "романи "Марги бегуноњ" дар як-ду соли охир навишта нашудааст, ман њам шоњиди он воќеоти мудњиш бу-

дам ва аввалан онњоро дар дафтари хотира менавиштам". Ба гуфтаи Кароматуллоњи Мирзо, нависандаи маъруфи кишвар онњое дар мавриди ин филм эрод мегиранд, ки ё он воќеотро бо чашми сар надидаанд ё худ низ дар он нооромињо даст доштаанд. МУНАЌЌИДОН БЕЊТАР МЕДОНАНД, Ё …? Дар хусуси он ки гўё асар барои филмбардорї мувофиќ набо-

шад, Кароматуллоњи Мирзо гуфт: "Ба ин роман мунаќќидони маъруфи кишвар бањои баланд додаанд. Профессор Худої Шариф онро "Њамосаи миллї" номидааст. Аз љониби Атахон Сайфуллоев, Худойназар Асозода, Абдушукури Абдусаттор њам бањои сазовор гирифт. Њамчунин дар мавриди эродњое, ки гўё ин воќеот якљониба нишон дода шудаанд, муаллифи романи "Марги бегуноњ" таъкид дошт, ки " чун аз як персонажи роман силоњбадастони мухолифин мепурсанд, ки "њукуматињо хубанд ё ин ки мухолифон?", ў љавоб медињад, ки њукуматињояшро дидем, шуморо њам дидем, гург њамааш гург! Муњим силоњ дар дасти мардум набошад!" Дар роман њарду љониби силоњбадастон мањкум шудаанд. Асланшоњ Рањматуллоев, коргардони филм њам ба он назар аст, ки "дар он љанг њама гунањкор буд. Он давра њама мегуфтанд, ки аз инаш њам безорем, аз онаш њам. Даврае буд, ки њељ кас ба њељ кас бовар намекард. Аммо хулоса он аст, ки бадї њамеша љазояшро мебинад. Бадї кардї, силоњ гирифтї, одам куштї, рўзе як силоњдори дигар меояду туро мекушад". МУЊИМ СУБОТИ ЉОМЕА Њамчунин, аз чанде аз синамошиносони маъруфи кишвар, ки дар нахустнамоиш ширкат доштанд, нуќтаи назарашонро дар мавриди филми "Марги бегуноњ" пурсон шудем. Мутаассифона, онњо аз додани посух ба саволњои мо иљтиноб варзиданд. Ба њар сурат филми "Марги бегуноњ" тавониста, он рўзгори мудњишро дубора пеши чашми мо зинда бикунад ва њушдор бидињад, ки ягон неъмат ба бањои сулњу суббот ва амният дар љомеа намеразад. Бањман, "Рўзгор"


www.ruzgor.tj

Љањонгардї дар рўзгор

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

5

Маќсади фестивал рушди љањонгардї дар Тољикистон Рўзи шанбеи гузашта (31-уми августи 2013) дар Боѓи фароѓатї ва истироњатии "Ѓалаба"-и шањри Душанбе Фестивали фарњангїсайёњии "Мероси "Роњи Абрешим" баргузор гардид. Фестивалро бо сухани муќаддимавї Робин Орд Смит, сафири Бритонияи Кабир дар Тољикистон ва Дилшод Ќурбонов, сардори Раёсати љавонон, варзиш ва сайёњии шањри Душанбе кушода эълон карданд. Дар ин фестивал, ки соли дуввум аст дар Тољикистон баргузор мегардад, ташкилоту ширкатњое мањсулоти худро ба умеде ба маърази тамошо гузоштанд, ки дар сурати рушди љањонгардї дар Тољикистон, соњиби мафоди хубе мешаванд. Мањсулоти онњо харидор пайдо мекунад. Дар суњбат бо хабарнигори "Рўзгор" Дилшод Ќурбонов гуфт, ки "њадаф ва маќсади ин чорабинї ин пеш аз њама муаррифї кардан ва рушд додани имкониятњои сайёњї дар Тољикистон мебошад. Мо медонем, ки имрўз сайёњї дар Тољикистон аз потенсиали хеле хуб бархурдор аст, вале дар самти туризми воридотї имрўз ба он дараљае, ки бояд бошад, нест. Барои њамин барои љалби бештари сайёњон ба Тољикистон, муаррифї кардани љаззобиятњои амокини сайёњии Тољикистон гузаронидани чунин чорабинињо бисёр муњим аст. Ин фестивал бо љалб кардани таваљљуњи кишварњое, ки дар масири "Роњи Абрешим" мавќеъ гирифтаанд, метавонад, ба рушди соњаи љањонгардї дар Тољикистон хизмат кунад. Шояд дар оянда баргузории ин фестивал ба "Рўзи байналмилалии сайёњї", ки њар сол ба рўзи 27сентябр рост меояд, мутобиќ карда шавад. Ба гуфтаи њамин манбаъ соли гу-

зашта дар ин фестивали фарњангї-сайёњї асосан ташкилотњои шањри Душанбе ширкат карданд. Фарќияти љашни имсола аз порсола дар он аст, ки дар он намояндагон боз аз дигар манотиќи кишвар, масалан аз минтаќаи Рашт, вилоятњои Суѓду Хатлон, водии Њисор ва њатто аз кишвари ба мо дўсти Афѓонистон ширкат варзида истодаанд. Дар ин љо мањсули њунарњоии дастии ин мардум, аз ќабили гулдўзї, наќќошї, рассомї, кандакорї дар чўб, бозичањои рангоранг, армуѓонњо ва ѓайра ба маърази тамошо гузошта шудааст. Овозхонњову мутрибону раќќосон низ дар ин љо гирдињам омадаанд, то як барномаи фарњангиро доир намоянд. Хабарнигори "Рўзгор" гузориши мусаввареро аз ин фестивали фарњангїсайёњї омода кардааст, ки њамакнун дар ин сањифа манзури шумо, хонандагони азизи њафтаномаи "Рўзгор" мегардад. "Рўзгор"

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


6

Адиб ва рўзгор

www.ruzgor.tj

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

"Њавзаи адабии Суѓд имрўз чї вазъ дорад?" солори мо њастанд, ки … -Имсол китоби Неъмати Оташ, як шоири муваффаќи њавза њам ба љоизаи ба номи устод Турсунзода пешнињод шуда буд, аммо сазовори љоиза нагардид… Дар ин бобат чї мегўед? -Њарчанд Неъмати Оташ сазовори љоиза нагардид, вале худи устодон бањо доданд, ки китоби Оташ умуман аз камбудї орї буд. Ин њам бањои баланд аст, чун кам шоироне њастанд, ки дар шеър ба нуќсу хато роњ надињанд. -Ин чизи чун рўз равшан аст,

Ч

-Устод, аввалан Шуморо ба љашни шастсолагии шўъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагони Тољикистон тањният гуфта, баъдан пурсидани њастам, ки имрўз кори шўъба дар кадом сатњ ба роњ монда шудааст? -Шуъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагони Тољикистон 65- нафар узви Иттифоќи нависандагон ва зиёда аз 200- нафар ќаламкашонеро, ки соњибкитоб њастанду чун эљодкор шинохта шудаанд, муттањид кардааст ва дар муддати шаст соли мављудияти хеш барои рушди адабиёти муосири тољик хидматњои зиёдеро анљом додааст. Худи ба арсаи адабиёт омадани як шоираи маъруфи мо, ситораи тобони шеъри форсизабонони љањон, Шоири халќии Тољикистон Фарзона гувоњи он аст, ки ин њавзаи адабї њавзаи адабиест, ки дар тарбияи насли нави адибон љодаи наве кушодааст. -Будани шоирае чун Фарзона ба дигар љавоншоирони ин њавза њам таъсиргузор буда? -Албатта, бо тулўи ахтари Фарзона ба адабиёти мо як гуруњи калони љавононе ворид гардиданд, ки дар тозагўї, дар гуфтани шеъри мудерн, дар таљрибаи тадќиќи шеъри нав ба тарзи тољикї хидматњои калон доранд. Мисли Абдуљаббори Сурўш, ки дар маљмўаи "Салиби сафед" ва дигар китобњояш тавонистааст нишон бидињад, ки дар гуфтани шеъри нав пешгом аст. Њамчунин Адиба Мирзоева, Нуралии Нурзод., Нийат Њаёт, Нарзуллои Азизиён ва љавоншоирони дигаре чун Дилором Солибоева, Бањроми Рањматзод, Сурайё бо як шўру талотум, бо як нафаси тоза ба љодаи адабиёт ќадам нињодаанд. Аз китобњои аввалинашон маълум аст, ки онњо дар шеър хеле пешрафтаанд. -Дар чанд соли охир аз њавзаи адабии Суѓд чандин нафар ба

www.ruzgor.tj

љавоизу унвонњои баланд њам ќадрдонї шуданд, шояд ин њам далели фаъолияти босамари шуъба буда? -Шояд, чун дар ин байн шоири маъруфи мо Нурмуњаммад Ниёзї ба унвони баланди "Шоири халќии Тољикистон", Муњиддин Хољазод бо унвони "Нависандаи халќии Тољикистон", Ањмадљони Рањматзод бо љоизаи ба номи устод Рўдакї ноил гардиданд. Соли гузашта мо девони Ниёзиро ба њамон тарзи классикие, ки бояд ќофиябандии он аз рўйи алифбои ниёгон бошад, омода ва нашр кардем. Эљодиёти Толиб Карими Озарахш љолиби таваљљуњи ањли адаби тамоми љумњурист. Ў њам дар ѓазал њам

Д

АНД моњ ќабл шуъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагони Тољикистон 60-сола шуд. Ин шуъба аз лињози шумори аъзо ва њайсияти эљодкоронаш яке аз нерумандтарин шуъбањои Иттињодияи адибон мањсуб ёфта, њавзаи адабии Хуљанд бо эљодкоронаш дар тамоми кишвар маъруфият дорад. Хабарнигори "Рўзгор" ин навбат бо раиси шуъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагон, шоир, барандаи Љоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоњи Рўдакї Ањмадљони Рањматзод дар мавриди фаъолияти ин шуъба ва умуман вазъи эљодкорон дар шимоли кишвар суњбате анљом дод, ки онро пешкаши Шумо мегардонем.

ки дар њавзаи адабии Суѓд шеър хеле пешрафта аст, аммо гумон мекунам, носирони њавза он ќадр фаъол нестанд… -Њамин тавр буд, аммо дар даврони истиќлол наср низ дар њавзаи адабии Суѓд ривољ ёфт. Устодони адабиёти мо амсоли устод Аъзам Сидќї, Додољон Раљабї, Муњиддини Хољазод, Мањкам Пўлод, Маъруф Бобољон ва Муќим Воњид, Ѓайрат Њаким ва дигарон асарњое эљод намуданд, ки дархўри дарди замон буд. -Манзури ман насли замони истиќлол буд… -Дар замони истиќлол њам ба арсаи адабиёт омадани љавонони эљодкоре монанди Маъмури Юсуфзод, Ховари Пўлод, Мало-

АР Хуљанд мањфилњои адабии зиёд амал доранд, ки маъруфтаринашон њамон "Ганљи сухан" аст. Њамчунин дар аксар навоњии вилоят ин гуна мањфилњо њастанд. Дар Масчоњ, Ашт, ноњияи Бобољон Ѓафуров, дењаи Ворух ва шањри Исфара, дар Истаравшан, дар Айнї, Куњистони Масчоњ, Панљакент мањфилњои адабї пайваста фаъолият доранд. Дар ноњияњои Ѓончї, Спитамен ва Љаббор Расулов ду мањфил, мањфили адибони ўзбек ва адибони тољик амал мекунанд.

дар шеъри нав хеле комёб аст ва ба гирифтани љоизањои ба номи Камоли Хуљандї ва ба номи Ќутбї Киром, љоизаи адабии "Боргоњи сухан" ноил гардида, дар Эрону Афѓонистон љоизањо ба даст оварда, њамчунин дар ин мамолик шабњои шеъри Озарахш баргузор шудаанд. Худи ин мисол нишони он аст, ки Озарахш њамчун шоир маќому манзалати зиёд дорад. Њамчунин Неъмат Оташ яке аз шоирони

e mail: info@ruzgor.tj

раи калони мунаќќидону адабиётшиносоне ба воя расидаанд, ки имрўз њамчун олими суханшинос обрўву эътибори баланд доранд, амсоли Матлубаи Мирзоюнус, Носирљон Салимов, Умеда Ѓаффорова, Замира Ѓаффорова, Бањроми Мирсаид, Субњони Аъзамзод, Тољибой Султонї, Саидумрон Саидов, Фахриддини Насриддин, ки имрўз бори наќди њавзаи адабии моро мекашанд. -Он осоре, ки адибони суѓдї менависанд, аз љониби ин мунаќќидон наќду баррасї мешаванд, ё… Чун аксари устодони мо мегўянд, вазъи наќд имрўз дар адабиёти мо нигаронкунанда аст… -Дар Суѓд низ вазъи наќд њамин гуна буд ва дар бораи ада-

њат Собирзода бовари моро ба ояндаи дурахшони наср ќавї мегардонад. Албатта бояд гўям, ки аз насли љавон њамчунин Матлубаи Ёрмирзо ва Бањманёри Муродї чанд китоб мунташир кардаву чун нависандаи хуб шинохта шудаанд. -Вазъи наќди адабї дар њавза чї гуна аст? -Дар таъсири мактаби устодон Атахон Сайфуллоев ва Абдулманнони Насриддин як зум-

ruzgor@mail.ru

биёти имрўз осори наќдии хеле кам навишта мешуд, аммо ибтикороти Атахон Сайфуллоев, Абдулманнони Насриддин ва Матлубаи Мирзоюнус оѓозе буд, то мунаќќидони дигари моро њам ба адабиёти муосир мутаваљљењ кунад. Масалан Атахон Сайфуллоев дар мавриди насри замони истиќлол китоби "Уфуќњои тозаи наср"-ро навиштанд, ки дар он на танњо дар бораи осори нависандагони вилоят, балки дар мавриди навиштањои ќаламкашони тамоми кишвар андешаронї шудааст. Матлубаи Мирзоюнус перомуни навиштањои бонувони сухангўи њавзаи адабии мо асарњои љолибе навишт. Бањроми Мирсаид, Тољибойи Султонї, Сурайё Њакимова ва мунаќќидони дигар дар бораи эљодиёти Нурмуњаммад Ниёзї, Фарзона, Адиба, Сурўш, Озарахш маќолањои хеле зиёде навиштаанд. Таъкид мекунам, ки дар ривољи наќди адабї дар вилоят хидмати кормандони маљаллаи "Паёми Суѓд" (пешина "Хуљанд") хеле зиёд аст. Маљалла ба олимон фармоиш медињад, ки дар мавриди осори ин ё он адиб маќолаи наќдї бинависанд. -Дар вилоят дар баробари љоизаи адабии ба номи Камоли Хуљандї љавоизи дигаре чун љоизањои ба номи Рањим Љалил, Ќутбї Киром, Мањастии Хуљандї, Њамза Њакимзода таъсис дода шудаанд. Ин љоизањо барои дастгирии љавонони эљодкоранд? -Не, барои љавонон мо њанўз љоиза таъсис надодем, аммо барои эљодкорони љавони муваффаќ љоизаи адабии "Падида"-и Иттифоќи нависандагони Тољикистон аст, ки дар чанд соли охир аз њавзаи адабии мо Матлубаи Ёрмирзо, Бањманёр Муродї, Бањроми Мирсаид, Шањодат ва Бањроми Рањматзод ба он сазовор дониста шуданд. Ин гувоњи он аст, ки њав-

заи Суѓд дар тарбияи адибони љавон пешгом аст. Љоизањои Рањим Љалилу Ќутбї Киром љоизањои адабї барои адибони солори мо њастанд. Масалан имсол ба ин љоизањо адибони маъруфи мо Фарзона, Нийат Њаёт, Анвар Олим, Муќим Воњид ва Мањваш сазовор гардиданд. -Њамасола бо дастгирии Сарвари давлат китобњои зиёди адибони кишвар мунташир мешавад. Дастгирии роњбарияти вилоят дар ин росто чї гуна аст? -Дар зарфи 5-6 соли охир бо дастгирии маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят зиёда аз 50-номгўй асарњои адибон нашр шуда, ба дасти хонандагони нуктасанљ расид. Њамчунин њармоња ба адибони вилоят аз тарафи Раиси вилоят кўмакпулї дода мешавад. Алњол Ќоњир Расулзода чил роњхат барои истроњат дар осоишгоњи "Бањористон" ба адибони вилоят њадя карданд. Дар баробари ин фарзандони адибон ба истироњатгоњњои тобистона љалб шудаанд. -Устод Фарзона љойе аз мањфили бедилхонї дар ноњияи Куњистони Масчоњ ёд оварда буданд. Пурсиданї њастам, ки дар тамоми минтаќањои вилоят њамин гуна мањфилњои адабї амал мекунанд? -Дар Хуљанд мањфилњои адабии зиёд амал доранд, ки маъруфтаринашон њамон "Ганљи сухан" аст. Њамчунин дар аксар навоњии вилоят ин гуна мањфилњо њастанд. Дар Масчоњ, Ашт, ноњияи Бобољон Ѓафуров, дењаи Ворух ва шањри Исфара, дар Истаравшан, дар Айнї, Куњистони Масчоњ, Панљакент мањфилњои адабї пайваста фаъолият доранд. Дар ноњияњои Ѓончї, Спитамен ва Љаббор Расулов ду мањфил, мањфили адибони ўзбек ва адибони тољик амал мекунанд. -Китобњое, ки шуъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагон нашр мекунад, оё хонанда доранд? -Азбаски китобњое, ки мо интишор мекунем, аз љониби Њукумати вилоят маблаѓгузорї мешавад, ин китобњо дар асоси таќсимоти маќомоти иљроия ба муассисањои фарњангї, маърифатї, мактабњо парваришгоњњо ва доиншгоњњо таќсим карда мешаванд ва ба фурўши озод мо ќариб ки китоб намебарорем. -Аз љониби мардум истиќболи китобњо чї гуна аст? -Китобњое, ки солњои охир мо чоп кардем, китобњои хеле хуб буданд. Танњо њамин кофї аст хулоса барорем, ки дар мањфилњо хонандањо китобњои адибонро љўё мешаванд, дар бораи осори мунташиршуда фикру андешањои худро баён мекунанд. Њамчунин мо китобњоро ба тамоми ноњия мефиристем, то ба дасти хонанда расад. Њамчунин давоми се-чор соли охир мо ба ќисмњои њарбии њудуди вилоят, мактабњо, муассисањои фарњангї ва дигар ташилотњои марбут ба илму адаб ба маблаѓи дањњо њазор сомонї китобњои адибонро ройгон хадя кардаем. -Сипос барои суњбати самимї… Мусоњиб Бањман, «Рўзгор»

P.S: Ин суњбат ба муносибати 60-солагии шўъбаи суѓдии Иттифоќи нависандагони кишвар анљом дода шуда, аз ин рў то љое суњбати њисоботиро мемонад. Ба њар сурат њадафи аслии мо ошно гардонидани хонандаи азизи "Рўзгор" ба вазъи њавзаи адабии Суѓд буд ва агар ба њадафи худ расидем, мояи сарфарозии мо хоњад буд.


www.ruzgor.tj

Тољикон дар маќоми сарварї

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

7

ТОЉИКИСТОН ВА

АЊМАДШОЊИ МАСЪУД 9

-уми сентябр ба шањодати љонгудози Ањмадшоњи Масъуд, сипањсолори нотакрори ќарни 20 ва 21и мелодии миллати бошарафу шуњратманди тољик 12 сол пур мешавад. Тўли ин муддат дар Тољикистон дар бораи Ањмадшоњи Масъуд маводи зиёде ба табъ расид. Вале боз њам ба назар мерасад, ки пањлуњои норўшани зиндагиномаи ў, ба хусус, дар мавзўи муносиботаш бо Тољикистони азиз, њанўз кам нестанд. Дар ин маќола кўшиш ба харљ дода шудааст, ки ин масъала мавриди тањќиќу баррасии амиќтаре ќарор бигирад.

Султони Њамад, «Рўзгор» Дар сї соли ахири ќарни гузаштаи таърихи Афѓонистон Ањмадшоњи Масъуд бузургтарин ва маъруфтарин сипањсолор, сиёсатмадор буд, ки беш аз дигар њамтоёни худ на танњо дар Афѓонистон, балки дар минтаќа ва љањон низ пайваста мавриди тавваљљўњи сиёсатшиносон, тањлилгарон, журналистон ва солноманависон ќарор гирифтааст. Агарчї дар шарњи њол ва дар бораи љанбањои мухталифи зиндагонии ў њазорњо маќолаву љилд-љилд китобу рисолањо навишта шуда бошанд њам, вале

чунин ба назар мерасад, ки бисёр самтњои фаъолияти серсоњаву бисёрпањлўи ин абармарди таърих њоло њам ба таври бояду шояд омўхта нашудаанд ва аз сўи олимону пажўњишгарон, нависандагону солноманигорон кашф нагардидаанд. Барои мисол бо вуљуди он ки дар Тољикистони азиз дар бораи Ањмадшоњи Масъуд аз шеъру маќолаву лавња шурўъ карда то асарњои бузургњаљм, аз ќабили повесту роман ва достонњои назмї, хеле зиёд эљод гардида, барномањои телевизионї тањия шуда бошанд њам, вале гирењ аз мавзўи Ањмадшоњи Масъуд ва Тољикистон, иртиботи ў бо ин кишваре, ки онро Ватани дуввуми худ ме-

донисту барои мардуми азияткашида ва ояндаи дурахшони ин сарзамин кўшишу талошњои самаранок ба харљ дода, зањматњои беназире кашида буд, њанўз њам ба пуррагї нокушода мондааст. Бале, муаллифони мухталиф дар бораи наќши Ањмадшоњи Масъуд дар сулњи байни тољикон, кўмаки ў ба муњољирони тољик, ки дар солњои љанги шањрвандї ба Афѓонистон паноњанда шуда буданд, то андозае ба таври умумї гуфтаанд. Вале дар ин бора ва дар дигар мавзўъњое, ки бо мавзўи Тољикистон ва Ањмадшоњи Масъуд иртибот мегиранд, њанўз суханњои ногуфта хеле зиёд аст ва онњо бояд ба тадриљ баён шаванд ва бузургиву шањомати ин фарзонамарди таърихи муосири миллати тољикро пеши њаммиллатонаш ва љањониён бори дигар рўшантару возењтар бисозанд. Мо кўшидем дар ин навиштаи худ каме њам бошад ба сањифањои торики ин масъала, бо такя ба китобу маќолањои муаллифони мухталиф, њуљљатњои расмї ва алалхусус бо истифода аз сўњбатњои дўстони хеле њам наздики Ањмадшоњи Масъуд дар Тољикистон, бахусус сарварони собиќи вазорати амнияти кишвар генералњои мўњтарам Сайидамир Зуњуров ва Сайиданвар Камолов, ки ифтихори бо ў ба манфиати њарду кишвари њамсоя ва мардумони он њамкории зич карданро доштанд, равшанї адозем. Банда мудда-

ruzgor@hotmail.com

тњои зиёд њам дар Афѓонистони замоне, ки коммунистон дар сари ќудрат буданд ва њам дар Афѓонистоне, ки муљоњиддин дар он њукумат мекарданд, иќомат доштам ва аз мушоњидањои бевоситаи худ дар ин навиштаам низ истифода кардаам. НОМИ АЊМАДШОЊИ МАСЪУД ДАР ТОЉИКИСТОН КАЙ ПАЙДО ШУД? Авввалин бор дар бораи Ањмадшоњи Масъуд дар Тољикистон солњои 80-уми асри гузашта, баъди он ки Артиши Советї ба хоки Афѓонистон бо бањонаи расондани кўмаки интернатсионалистї ба мардуми ин кишвар дохил гардид ва дар он љо ба муќовимати шадиди муљоњиддин рў ба рў омад, тавассути матбуоти шўравї маълумот дода шуд. Мањз њамон давра дар матбуоти Иттињоди Шўравї, азљумла дар матбуоти Тољикистон низ, ки як љузъи матбуоти шўравї ба њисоб мерафт, дар бораи Ањмадшоњи Масъуд, чун дар бораи дигар ќумандонњои љињодии Афѓонистон гоњ-гоње хабару маќолањо дарљ мегардиданд. Дар ин хабару маќолањо Масъуд ва дигар роњбарони љињодиро дузду роњзан, ќотилу ѓоратгар, умуман њамчун душманони давлат ва миллати Афѓонистон ба ќалам медоданд. Ин хабарњоро њамон ваќт бо ишора аз роњбарони Маскав, тамоми ра-

info@ruzgor.tj

сонањои хабарии Тољикистон нашр мекарданд. Бо вуљуди он ки матбуот сари мардуми шўравї таъсири бузурге дошт, вале бояд гуфт, ки на њама дар Тољикистон ба ин гуфтањо бовар мекарданд. Зеро дар ин байн бархе инсонњои кунљкове буданд, ки манбаъњои дигари хабариро љустуљў мекарданд ва иттилои дигархелтаре дар ин мавзўъ пайдо менамуданд. Ва ин манобеъ асосан барномањои радиоњои кишварњои хориљї, ба хусус, бахши форсии радиои Би Би Си, бахши тољикии радиои «Озодї», радиои Эрон ва радиои «Овози дўст»-и Покистон, ба шумор мерафтанд. Ин ќабил расонањои хабарї љанги Афѓонистонро на њамчун кўмаки интернатсионалистии Иттињоди Шўравї ба ин кишвар, балки љанги як давлат алайњи давлати дигар талаќќї мекарданд. Ва дар бораи муљоњиддин низ маълумоти дигархелтаре ироа мекарданд. Онњоро муњофизони Ватан, дину фарњанг, мудофеъони марзу буми Афѓонистон медонистанд. Дар бораи матонату шуљоат ва далериву љасорати онњо ќиссањо мекарданд, онњоро васфу тараннум менамуданд. Ба љуз радиоњои хориљї боз манбаъњои дигаре низ буданд, ки ба як ќисми мардум хабарњои ростро дар бораи вазъи Афѓонистон мерасонданд. (Идома дорад)

www.ruzgor.tj


8

Абарќудратњо ва љањони ислом

www.ruzgor.tj

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

АМРИКОИ ТАНЊО ДАР МАРЗИ СУРИЯ Бори аввал аст, ки кишварњои НАТО муттањиди аслии худ Иёлоти Муттањидаи Амрикоро дар таљовузи навбатї алайњи Сурия танњо мегузоранд Бобољони Шафеъ, "Рўзгор" Зарфи як њафтаи охир, ки рўйдодњои Сурия пайгирї мешаванд, ба чанд њолат рў ба рў шудем. Аз оѓози танишњо дар ин кишвари арабї ва оѓози дахолати шармандавори ќудратњои љањонї ин бори аввал аст, ки мавзеъгирињо зарфи се рўз дигаргун шуданд ва эњсос мегардад, ки њамон љомеаи љангљўи Ѓарбро њам љангњои бењосил ва дурударозу сермасраф хаста кардааст. Дигар онњо шояд натавонанд бо бањонаи ќаблии мубориза бо терроризм ва экстремизм ба ин ё кишвар ќушун ворид созанд. Парламонњо бонги хатар мезананд, љомеа тазоњурот мекунад, њукуматњо дар тасмимгирињо мекалаванд. Ва як манзараи дигаргуна ва тафовуткунанда дар тарњрезии ин гуна сиёсатњо пеши назар меояд. Ѓарб дигар шояд натавонад дунболи Амрико равад ва худи Амрико низ шояд дигар натавонад ба танњої андармони ин ё он бўњрон шавад. Истифодаи силоњи химиявї дар бархўрдњои Сурия љомеаи ќудратталаби ѓарбро такон дод. Вашингтон саросемавор эълон кард, ки ин силоњ аз љониби пайравони Асад ва бо дастури ў истифода шудааст. Пас дигар иљозаи Шўрои амниятро метавон мунтазир набуд. Зеро мардуми бесилоњу бечора ќурбон мешаванд. Даъвои дар назари аввал мантиќї. Кўмак бояд кард, то ин мардуми бедифоъ аз њамлањои химиявиву дигар тањдидњои марговар наљот дода шаванд. Вале чаро мањз зидди режиме бояд лашкар кашид? Чаро роњњои дигари дипломатї сарфи назар шаванд? Чаро мањз Асад бояд гунањгор бошад. Ва нињоят: ин њаќро ба Кохи Сафед кї додааст, ки њамвора таъкид намояд, ки Башор Асад шоистаи гуфтушунид нест ва гуфтушунид бояд њатман бо мухолифони вай карда шавад. Мантиќи ин суханон дар куљост? Маъмулан гуфтушунид бо љонибњои даргир бояд пеш бурда шавад ва агар ин танњо як љониб аст, пас муколама чаро? ВОКУНИШИ СММ: ЧАРО АМРИКО БОЗ ЊАМ ХАШМ МЕКУНАД? Дар соатњои аввали эълони муттањам шудани Башор Асад дар истифодаи силоњи химиявї, СММ намояндагони худро эъзом намуд. Њанўз онњо ба марзи Сурия нарасида, Вашингтон эълон кард, ки Асад бо комиссия њамкорї намекунад. Вале аъзои комиссия филњол изњорот доданд, ки ин як иддиои бебунёд аст ва режим басо хуб њамкорї њам мекунад. Баъди ин вазири умури хориљии Амрико Љон Керрї боз њам саросемавор эълон кард, ки муњим натиљаи тафтиши комиссияи СММ нест ва Кохи Сафед ниёз њам ба шунидани њисоботи он надорад. Зеро манбаъњои он иттилоъ додаанд, ки силоњро мањз Асад зидди шўришчиён хостааст истифода кунад. Ва далели боз њам норушан њамон гуфтугўи телефониест, ки гўё хадамоти љосусии Амрико шунидааст ва сабт кардааст. Як рўз баъд аввалин натиљаи бозрасони СММ эълон шуд: Башор Асад силоњи химиявї истифода накардааст ва ин кор аз љониби мухолифони он сурат гирифтааст. Бидуни ихтиёр ёди нигоранда ба љанги Ироќ рафт. Бањонаи он замон њам мављудияти силоњи химиявї дар ин кишвар буд. Ягон комиссияи байналмилалї нишоне аз ин гуна силоњ дар Ироќи саддомиро ошкор накард, вале боз њам Вашингтон ид-

www.ruzgor.tj

дио намуд, ки ин гуна силоњ мављуд аст, танњо њайатњои эъзомї онро пайдо намекунанд. Ва Буш тасмим гирифт даст ба њамлаи мусаллањона занад. Ба вай дигар кишварњои узви Паймони Атлантики Шимолї (НАТО) пайвастанд. Дар як муддати кўтоњ хоки Ироќро бехтанд, Саддоми саркашро ба дор кашиданд, вале он силоњ пайдо нашуд. Аммо то кунун касе аз Кохи Сафед ёрои онро надорад, ки аз мардуми Ироќ пузиш хоњад. Зеро силоњи химиявї бањона буд, њадаф низоми саркашеро аз байн бурдану дастнишондаи худро сари ќудрат овардан буд. Ва мањз њамин Сурия мухолифи дахолати Амрико дар умури Ироќ буд. Њоло акнун замоне расидааст, ки кини гузаштаро ситонанд. Аз чапу рости Сурия Исроили ѓайриисломї ва Туркияи исломї низ њастанд, ки омодаи њамла ба Димишќанд. Вале њоло боз њам истињола мекунанд. Аввал Амрико бояд ворид шавад ва ба дунбол онњо низ фаро хоњанд расид. Дар чанд рўз муттањидони Амрико дар байни кишварњои Иттињодияи Аврупо, бахусус Британияи Кабир ва Фаронса хеле фаъол ва омодаи пуштибонї аз њамла ба Сурия буданд. Њатто ин ду кишвар нерўњои бањрии худро ба минтаќа эъзом карданд ва ў киштињои њарбии мављударо таќвият доданд. Дэвид Кэмерон дар Twitter -и худ навишт: "Мо њамеша мегуфтем, ки мехоњем Шўрои амнияти СММ вазифаи худро дар мавриди Сурия иљро кунад. Имрўз ба онњо ин гуна имкон дода хоњад шуд. Аз љониби Британияи Кабир лоињаи ќатънома тањия шудааст, ки истифодаи силоњи химиявї аз љониби Асадро мањкум мекунад ва талаб дорад, ки барои њифзи ањолии осоишта чорањои азрурї андешида шавад". Вале замон дигар ба манфиати тањдидњои амрикої кор накард. Шояд эълони комиссияи СММ буд ё чизи дигар, ки аз аввалинњо шуда парламони Британияи Кабир пешнињоди њукумати Девид Кэмеронро дар мавриди ширкат дар љанг зидди Башор Асад рад кард. Вакилони мардум бо аксари овозњо тарњи пешнињодии њукуматро посухи рад доданд ва сарењан эълон доштанд, ки намехоњанд шоњиди боз як љанги бефоида дар минтаќа бошанд.

e mail: info@ruzgor.tj

Сурияи саркаш ва Русияи мулоњизакор Сурия ќаблан эълон карда буд, ки љавобан ба ин њамла Исроилро мавриди њамла ќарор хоњад дод. "Дар сурати таљовуз ба Сурия дасти ин кишвар барои зарба ба Исроил боз хоњад шуд",-гуфт як маќоми олирутбаи артиши давлатии Сурия. Ва давлати Исроил њам сарењан вокуниш нишон дод: "Мо посух медињем". Сарвари рўњонии Эрон Оятуллоњ Сайид Алии Хоманаї эълон кард, ки оќибати њамла ба Сурия пешгўинашаванда аст. "Минтаќа ба анбори борут шабоњат дорад ва дахолати ИМА барои он хеле мудњиш хоњад буд"- иќтибос овард суханони ўро Рейтер. Табиист, ки Маскав дар ин маврид коре

Д

ЭВИД КЭМЕРОН дар Twitter -и худ навишт: "Мо њамеша мегуфтем, ки мехоњем Шўрои амнияти СММ вазифаи худро дар мавриди Сурия иљро кунад. Имрўз ба онњо ин гуна имкон дода хоњад шуд. Аз љониби Британияи Кабир лоињаи ќатънома тањия шудааст, ки истифодаи силоњи химиявї аз љониби Асадро мањкум мекунад ва талаб дорад, ки барои њифзи ањолии осоишта чорањои азрурї андешида шавад".

наметавонад анљом дињад. Зеро Ѓарб мехоњад бо истифода аз бањонаи истифодаи силоњи химиявї ба муќобили мардуми осоишта бидуни њамоњанги бо Шўрои амнияти СММ амал кунад. Дар ин њолат на танњо Русия ва Чин њатто ягон кишвари дигари олам наметавонад ба љуз мањкум кардани њамла коре анљом дињад. Генерал-полковник Леонид Ивашов, ки аз љумлаи тањлилагарони варзидаи амниятии Русия мебошад ва њамеша тањлилњои љиддии вазъро дорад, ин бор њам вазъро хеле љолиб арзёбї кард. Вай аз љумла гуфт: "Имрўз мо дар Ѓарб консепсияеро ба мушоњида гирифтаем, ки бар ѓояњои фашизм, либерализми тањрифкардашуда ва гомосексуализм ќарор гирифтааст. Сарварони кишварњои ѓарбї шогирдони хуби Њитлер ва Геббелсанд. Сухани Геббелс: "њар ќадар дурўѓ густарда бошад,ба он бештар бовар менамоянд" имрўз беш аз њар ваќти дигар

ruzgor@mail.ru

барои Ѓарб муњим арзёбї мешавад". Сарвари Маркази Осиё ва Ховари Миёнаи пажуњишгоњи тањќиќоти стратегии Русия Елена Супонина мегўяд "Нерўи Русия дар мањорати дипломатии он, дар вазнаш дар Шўрои амният аст, вале чун ин амалиёт ќарор аст бидуни мувофаќа бо Шўрои амният роњандозї шавад, Русия наметавонад вокуниш нишон дињад. Ва шояд ин бењтар њам бошад. Чун ба он нигоњ накарда, ки бўњрони Сурия басо љиддист, ин он бањонае нест, ки Русия бо Ѓарб дар муќовимати шадид ќарор бигирад, бе ин њам муносибати Вапшингтон ва Маскав басо тезутунд њастанд". Евгений Сатановский, президенти Институти омўзиши Ховари Миёна ва Ис-

роил мегўяд дар ин њолат вокуниши Русия "хашмомез ва дипломатї хоњад буд ва барои оламиён фарќият миёни блоки таљовузгари ѓарб ва Русияи мутараќќиро ба намоиш хоњад гузошт". Њамзамон бо ин Владимир Жириновский аз роњбарияти Русия даъват кард, ки бо истифода аз кўмаки њукуматдорони Эрон ва Белоруссия ба Сурия силоњ фиристода шавад. Вай мегўяд Сурия охирин кишвари арабист, ки зидди Амико муќовимат мекунад. Вай њамчунин пешгўї мекунад, ки ИМА танњо љо-љо мавзеъњои муњимро мавриди њамла ќарор медињад, вале баъдан кори асосиро курдони људоихоњ анљом медињанд. "Дар дурнамои сиёсати ИМА истифодаи љангиёни омўшзишдида барои задани зарба аз љануб ба Русия ва аз ѓарб ба Чин аст, вале ин хеле баъдтар, дар остонаи соли 2020 сурат мегирад",-мегўяд ў.


Тољикон дар маќоми сарварї

Д

www.ruzgor.tj

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

9

дагиро вобаста ба ояндаи Афѓонистон кайњо њаллу фасл карда, бародарони Нодирхон- Шоњмањмуду Шоњвалихон артиши бузргеро аз ќабоили паштутаборњо барои сарангунсозии њукумати Њабибуллоњхони Калаконї дар Нангарњор омода карда буданд. Муљададдие, ки нуњ моњ пеш бо фатво Њабибуллоњхонро ѓозї ва Њабибуллоњхони дуввум эълон дошта буд, дар љиргаи ќабоили љануб ўро бедин эълон дошт. Ин њукми ќатли Њабибуллоњхони Калаконї ва хотимаи њукумати тољикї дар Афѓонистон буд. Ба таърихи 13 октябри соли 1929 артиши љануб бо сарварии Шоњмањмуду Шоњвалихон ба Кобул њуљуми густурдаро оѓоз карданд. Тољикони Кўњдоман натавонистанд муќовимат намоянд, ќавми њазораљот, ки балегўи Амонуллоњхон мањсуб меёфтанд, дар ин марњилаи таќдирсоз Нодирхонро љонибдорї намуданд. 15 октябр, дар њоле ки Њабибуллоњхони Калаконї Кобулро тарк карда буд, Нодирхон вориди Кобул шуда, худро Нодиршоњ муаррифї намуд. Бо ишѓоли Кобул аз љониби

АР баќоёи њукумати тољикии Афѓонистон бо сарварии Њабибуллоњхони Калаконї дар он шабу рўз ду омили муњим- иттињоди миллияту ќавмњои кишвар ва тавсеаи сиёсати хориљї наќши муњим мебозид. Мутаассифона, ин ду омили давлатсозї ба таври бояду шояд шакл нагирифта, барои Њабибуллоњхони дар маќоми сарварї њанўз бетаљриба мушкилї пеш оварда буд. Шовинизими паштугаро њукумати мардумиро барои он зери суол мегузошт, ки писари машкоби камбаѓали тољик оё њуќуќи тахту тољро дорад? Њатто Нодирхон моњи марти соли 1929 дар љиргаи ќабоили љануб бешармона ва бо лањни таън ба Њабибуллоњхон тањдиду фишор овард, ки ў њукуматро ба ашрофзодагони паштутабор таслим намояд.

ЊАБИБУЛЛОЊХОНИ КАЛАКОНЇ (Охираш. Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Бурњон Салмонов, барои «Рўзгор» Пешвои тољикон ба ин тањдид чунин посух гуфт: "Ман то љон дар рамаќ дорам, Кобулро рањо нахоњам кард". Илова бар он бояд гуфт, ки ду абарќудрати дар он замон "сояи якдигарро аз девор метарошидагї"- Шўравї ва Англия чунин њукуматро, ки бо ќиёми мардумї ба ќудрат расидааст, ќабул надоштанд. Маќомоти љосусии њар ду кишвар њанўз ба сари ќудрат расидани Амонуллоњхони ислоњоташ дар нимароњ мондаро орзу доштанд. Гумоштагони вай Ѓуломнабихони Чархї ва Ѓуломхони Сиддиќї роњбарияти Шўравиро дар Маскав муътаќид сохтанд, ки бо як шабохун задан њукумати Њабибуллоњхони Калакониро дар Кобул вожгун ва ќудратро ба даст овардан муяссар мегардад. Аммо онњо тањлили воќеии вазъи њамонрўзаи кишварро дар даст надоштанд ва ин тањлиле, ки доштанд, хато њам буд. Дар ќисмати љануб чењраи дигари сиёсї- генерал Нодирхон, ки сафири ваќти режими Амонуллоњхон дар Фаронса буд, даъвои подшоњї пеш овард. Дар бозии сиёсие, ки ў гардон кард, макру фиреб ва бадбинии тољикон ва дигар миллатњои Афѓонистон љой дошт. Бинобар он, ў аввалњо аз њукумати Њабибуллоњхони Калаконї рўякї пуштибонї намуда, барои барќарор сохтани самимият бародари худ Шоњмањмудро дар хидмати њукумати љадид гузошт. Шоњмањмуд вазифаи танзимгари масоили муносибатњои ќабоили паштутаборро дар њукумат ба љо меовард. Њабибуллоњхон дар ин бовар буд,ки Нодирхон аз Фаронса баргашта, вазифаи садри аъзамро ба уњда мегирад ва бо њамин тавозуни таќсимоти вазифа дар њукумати мардумї њаллу фасл мегардад. Даъвогари тољу тахт дар ин бозии сиёсї Амонуллоњхонро, ки њанўз дар Ќандањор мустаќар буду ба ў умедњои калон дошт, гўл мезад. Аммо подшоњи маъзул аз "косаи зери нимкоса" хабаре надошт. Нодирхон бо дастгирии эммиссарњои англис аллакай таќдири њукумати Њабибуллоњхони Калакониро то љое њаллу фасл карда, муносибати хешро бо рўњониёни саршиноси тариќати Наќшбандия, ки

фатвои онњо таќдирсоз буд, хеле наздик сохт. Аммо то ба ќудрат расидан лозим буд Шўравиро саргарми бозии сиёсї сохта, умеду орзуи Амонуллоњхонро ба тахту тољи шоњї хунсо намояд. Аммо дар масъалаи сарнавишти ояндаи Афѓонистон, Шўравї раќиби тезчанголи Англия мањсуб меёфт ва њамин буд, ки дар оѓози моњи апрели соли 1929 интервенсияи њамсояи шимол ба Афѓонистон оѓоз ёфт. Атташеи њарбии сафорати Шуравї В.Примаков ва гумоштаи шоњи маъзул Амонуллоњхон Ѓуломнабии Чархї дар Маскав ин њуљуми барќосоро дар фазою замин роњбарї карда, шањри Мазори Шариф ва чанд вилояти шимол-

Њ

њавои њукумати Амонуллоњхонро дар сар доштанд, пайвастанд. Муаррихи афѓон Файзмуњаммад дар тањлили вазъи он рўзњо менигорад, ки Њабибуллоњхони Калаконї бо далерию шуљоате, ки дошт, тавонист ба сиёсати ишѓолгаронаи Шўравї то љое сарфањм равад. Љавонмардона аз Нодирхоне, ки барои ѓасби њукумат пайти мувофиќ мељуст, даъват ба амал овард, ки дар мубориза алайњи Шўравии ишѓолгар ба ў кумак намояд. Њатто пешнињод кард, ки омода аст њукуматро дар Кобул ба ў супурда, худаш ба њайси подшоњу сарлашкар ѓазовоти зидди куфорро дар шимол сарварї намояд. Нодирхон бо бањонањои зиёд ва

АБИБУЛЛОЊХОН дар ин бовар буд,ки Нодирхон аз Фаронса баргашта, вазифаи садри аъзамро ба уњда мегирад ва бо њамин тавозуни таќсимоти вазифа дар њукумати мардумї њаллу фасл мегардад. Даъвогари тољу тахт дар ин бозии сиёсї Амонуллоњхонро, ки њанўз дар Ќандањор мустаќар буду ба ў умедњои калон дошт, гўл мезад. Аммо подшоњи маъзул аз "косаи зери нимкоса" хабаре надошт.

ро ишѓол намуданд. Тайёрањои љангї сарњадро бамборон карда, дар натиља садњо одамони бегуноњ кушта ва хисороти зиёде падид омад. Њуљуми артиши Шўравї ду њадафро думбол дошт: нахуст барќарор сохтани њукумати Амонуллоњхон дар ќисмати шимол ва дуюм зарба задан ба неруњои зидди Шўравї- босмачиён, ки дар марзи Афѓонистон ќарор доштанд. Ба артиши Шўравї дастањои мусаллањи туркманњо ва њазораљотњо, ки

машварати эмиссарњои англис ба ин пешнињод розї нашуд. Вале дар ќисмати шимол љонибдорони Њабибуллоњхон ба таърихи 18 май љиргаи ќавмиро даъват намуда, рўњониён фатвои "љанги муќаддас"-ро алайњи Шўравї эълом дошта, аз тамоми сокинони Афѓонистон даъват ба амал оварданд, ки ба љанги дохилї хотима ва ба нањзати љињодї бипайванданд. Чунин ранг гирифтани вазъ Шўравиро тарсонд ва охири моњи майи

ruzgor@hotmail.com

соли 1929 артиши сурх амалиётњои љангиро дар Мазори Шариф ва дигар ќисматњои ишѓолёфта ќатъ намуд. Интервенсияи хориљї алайњи Афѓонистон бо њамин хотима ёфт, Шўравї бо талафоти сангин аз марзи бегона берун омад. Амонуллоњхон баъди шикасти шармандавори Шўравї маљбур шуд ба Италия фирор намояд ва то охири умр дар ѓурбат зиста, соли 1960 бо зиндагї падруд гуфт. Таърихнигорон, бахусус шоњиди ин воќеањо Халилуллоњи Халилї дар асари бунёдии хеш "Айёре аз Хуросон…", ки њамон замон худи ў дар шимоли кишвар ба сар мебурд, наќши Њабибуллоњхони Калакониро дар хунсо сохтани интервенсияи хориљї калидї мењисобад. Ба ќавли ин шахсияти маъруф Њабибуллоњхон бо вуљуди кашмакашињои ќавмии дохилї дар як муддати кутоњ тавонистааст аќвоми љанубу шарќро дар мубориза алайњи Шўравї ба по хезонад. Аммо ин шоњи бетаљрибаи сиёсї баъди пирўзї натавонист сиёсати мусолиматомезро бо њамсояи шимолї, ки дар оянда барои њукумати тољикии Кобул хеле њам таќдирсоз буд, ба роњ монад. Мутаасифона, Њабибуллоњхон дар симои Шўравї, бахусус Сталин душманро медид. Эмиссарњои англис аз ин вазъ моњирона истифода бурданд; бо њар роњу восита аз марзи Афѓонистон нањзати зидди Шўравиро аз њисоби босмачиён тањрик дода, аз нигоњи молї њам дастгирї менамуданд. Ба ин ќазия Њабибуллоњхон бепарво буд ва то љое њанўз њам нањзати босмачиёнро љонибдорї мекард ва пай бурда наметавонист, ки љосусони англис ва Шўравї дар барканорсозии вай аз тахту тољи шоњї бо рўњоният- сулолаи Муљададдї- пайрави шохаи Наќшбандия забон як кардаанд. Наќшбандия тамоми ќабоили љанубу шарќ, њатто ќабилањои сарњадии мумандиёни Вазиристонро чун муриди маънавї зери итоат доштанд. Мусоњобион, ки ба њайси як оила ва сулолаи мазњабии асримиёнагї буду генерал Нодирхон онро намояндагї мекард, чї дар замони Амонуллоњхон ва чї дар даврони Њабибуллоњхони Калаконї дар дарбори шоњ нуфузи зиёде доштанд. Ин сулола бо эмиссарњои англис бозињои сиёсии пасипар-

info@ruzgor.tj

Нодирхон умеду орзуи Амонуллоњхони фирорї ба тахту тољ њам барбод рафт. Нодиршоњ сиёсати зидди тољикиро роњандозї намуда, мехост Њабибуллоњхони Калакониро, ки дар Парвону Лаѓмон ба сар мебурд, љисман нобуд созад. Бинобар он, аз фиребу найранг истифода карда, ба китоби осмонї- Ќуръони карим савганд хўрд, ки дар фикри таъсис додани як њукумати эътилофї мебошад ва бояд дар он тамоми миллияту ќавмњои кишвар наќш дошта бошанд. Њабибуллоњхони Калаконї ва њайати њукуматаш, ки аксаран тољикон буданд, ба савганди шоњ бовар намуда, таслими ў шуданд. Муддати ду моњ Њабибуллоњи Калаконї дар инзивои њукумати Нодиршоњ ќарор дошт. Моњи ноябр Нодиршоњ савганд шикасту Њабибуллоњхони ѓозї ва 14 нафар аъзои њукуматашро дар минтаќаи серодами Чамани Кобул ба дор кашид. Баъзе муаррихон менигоранд, ки ќатли Њабибуллоњхони Калаконї, маъруф ба Бачаи Саќо дар ќисмати Майдони њавої рух додааст. Нодиршоњи сангдил муддати се рўз љасадњои маќтулро дар дор нигоњ дошт. Баъди як њафта акси шањид Њабибуллоњхони Калаконї дар кўчањои Вазиристони Њиндустон ба ќимати панљ рупиягї фурўхта шуд. Тахту тољи шоњї ба Нодиршоњи савгандшикану золим вафо накард. Дар љашни яксолагии њукуматаш, моњи ноябри соли 1933, фарзандхонди Ѓуломнабихони Чархї, ки аз дасти Нодиршоњ чанде пештар аз ќатли Њабибуллоњхон ба њалокат расида буд, ўро њадафи тири туфангча ќарор дод. Дар Афѓонистон баъди 65 соли дигар тољикон боз ба сари ќудрат омаданд. Соли 1992 тољики Панљшер, њоло ќањрамони миллии Афѓонистон Ањмадшоњи Масъуд хукумати коммунистии Наљибуллоњро ба шикаст мувољењ сохт ва профессор Бурњониддини Раббонї чор сол президенти ин кишвар буд. Њаракати шовинистии Толибон соли 1996 њукумати тољикиро дар Кобул аз байн бурд ва солњои баъдї пешвоёни тољикон Ањмадшоњи Масъуд ва профессор Бурњониддини Раббонї аз дасти душманон хоинона кушта гардиданд. Чуноне дида мешавад, тољиконро дар маќоми сарварии Афѓонистон таќдири талх дунбол доштааст.

www.ruzgor.tj


10

Андарзи рўзгор

www.ruzgor.tj

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и

Аттори Нишопурї Ф

АРИДУДДИНИ АТТОРИ НИШОПУРЇ (1145-1221) аз суханварони маъруфу машњури адабиёти тољик ба шумор меравад. Тазкиранависону муаррихон теъдоди таснифоти ўро ба андозаи сурањои Ќуръон, яъне ба 114 номгўй арзёбї кардаанд. Асарњои манзуми ў 202 њазору 60 байтро ташкил медињанд. Асари мансури ў бошад танњо аз китоби "Тазкиратул-авлиё" иборат асту халос. Китоби мазкур яке аз бењтарин асарњои мансури мардуми форсу тољик дар тамоми давру замонњо дониста шудааст. Дар "Тазкират-ул-авлиё" дар хусуси 97 сўфии маълуму машњур, лањзањои њаёт, сайру сулук, риёзат ва каромати онњо маълумот дода шудааст. Агар ин асарро дар мавриди ањли тасаввуф ва орифон на ин ки як бањри беканор, балки уќёнуси бепоён њам гўем, хато намекунем. Њарчанд асари мазкур беш аз 800 сол пеш навишта шуда бошад њам, забонаш нисбатан содда фањмо ширин ва хеле гуворо мебошад. Китоб саршори суханони пандомезу ахлоќї буда, касро ба роњи неку писандида рањнамун месозад. Инак, мо кўшиш ба харљ медињем, ки чанде аз гуфторњои панду ахлоќии ин китобро бидуни ягон дигаргунї пешкаши хонандагои њафтаномаи "Рўзгор" гардонем.

Ва гуфт: дар кафорати ѓайбат истиѓфор басанда аст, агарчи бињилї (афви гуноњ) нахоњї. *** Ва гуфт: њар кї Худойро шинохт, ўро дўст дорад ва њар кї дунёро шинохт, ўро душман дорад. Молики Динор (Молики Динор) гуфт: надонам, ки он чи маънї аст он суханро, ки њар кї чињил рўз гўшт нахўрад, аќли ў нуќсон гирад. Ва ман бист сол аст, ки гўшт нахўрдаам ва аќли ман њар рўз зиёдат аст. *** Ва гуфт: њар бародаре ва ёреву њамнишине, ки туро аз вай фоидаи динї набошад, сўњбати ўро аз паси пушт андоз. Ва гуфт: парњез аз ин саххора, яъне дунё, ки дилњои уламо мусаххари хеш гардонидааст. *** Ва гуфт: њар кї њадис кардан ба мунољот бо Худойи азза ва љалла дусттар надорад аз њадиси махлуќон, илми вай андак аст ва дилаш нобино ва умраш зоеъ аст. *** Ва гуфт: дар "Таврот" хондаам, ки Њаќ таъоло мегўяд: эй сиддиќон, танаъум (ба нозу неъмат парварда шудан) кунед дар дунё ба зикри ман, ки зикри ман дар дунё неъмате азим аст ва дар охират љазойи (подош мукофот) љазил (бузург).

Ва гуфт: ду хислат аст, ки дилро фосид кунад: бисёр хуфтан ва бисёр хўрдан. *** Ва гуфт: Худойи азза ва љалла мегўяд: эй фарзанди одам, агар ту маро ёд кунї, ман туро ёд кунам ва агар ту маро фаромўш кунї, ман туро фаромўш кунам ва он соъат, ки ту маро ёд нахоњї кард, он бар туст, на аз туст. Акнун менигар, то чун мекунї. Иброњими Адњам Ва (Иброњими Адњам) гуфт: Њар кї дили худро њозир наёбад дар се мавзеъ, нишони он аст, ки дар бар ў бастаанд: яке дар ваќти хондани Ќуръон, дуюм, дар ваќти зикр гуфтан, саввум, дар ваќти намоз кардан (хондан). *** Наќл аст, ки (Иброњими Адњам) дар рамазон ба рўз гиёњ даравидї ва он чи бидодандї, ба дарвешон додї ва њама шаб намоз кардї ва њељ нахуфтї. Гуфтанд: чаро хоб бар дидаи ту ошно нашавад? Гуфт: зеро, ки як соат аз гиристан намеосоям, чун бад-ин сифат бошам, хоб маро чї гуна љоиз бувад? *** Наќл аст, ки як рўз ў њељ наёфт. Гуфт: Илоњо, агарам њељ надињї, ба шукрона чањорсад ракаъат намоз зиёдаш кунам. Се чизи дигар њељ наёфт. Њамчунин чањорсад ракаъат намоз кард, то шаби њафтумин расид, заъфе дар вай падид омад. Гуфт:

Тањияи Саидмурод Шарифов, "Рўзгор" Имом Љаъфари Содиќ … Чун зоњир мебинам, ки агар як сухан бар хилофи ту мегўянд, дар хуни он кас саъй мекунї ва солњо бад-он як сухан кина мегирї. Чун сухани ботилро дар нафси ту чандин асар аст, сухани Њаќро њам асаре тавонад буд- њазор чандон,агар чи ту аз он хабар надорї. Чунон ки аз Имом Абдуррањмони Аккоф (р) пурсиданд: "Касе, ки Ќуръон мехонад ва намедонад, ки чї мехонад, онро њељ асаре бувад? Гуфт: касе, ки дору мехўрад, ва намедонад, ки чї мехўрад асар мекунад, Ќуръон чї гуна асар накунад? Балки басе асар кунад. Факайф (бо далели ќавитар) чун донад, ки чї мехонад. *** Аз вай (имом Содиќ) пурсиданд: дарвеши собир фозилтар ё тавонгари шокир? Гуфт: дарвеши собир, ки тавонгарро дил ба киса бувад ва дарвешро бо Худой. Њасани Басрї Наќл аст, ки як бор ба љанозае рафт. Чун мурдаро дар гўр нињоданд ва хок фўру карда буданд, Њасани Басрї ба сари он хок биншаст ва чандоне бад-он хок фурў гирист, ки хок гил шуд. Пас гуфт: эй мардумон! Аввал ва охир лањад аст. Охири дунё гўр аст ва аввали охират нигарї гўр аст, ки "ал-ќабру аввалу манзилин мин манозилал охират: "Чї менозед ба оламе, ки охират ин аст, яъне гўр! Ва чун наметарсед аз оламе, ки аввалаш ин аст, яъне гўр! Аввал ва охири шумо ин аст, эй ањли ѓафлат! Кори аввалу охир бисозед. То љамоате, ки њозир буданд, чандон бигиристанд, ки њама якранг шуданд. *** Ва гуфт: гўсфанд аз одамї огоњтар аст, аз он ки бонги шўбон ўро аз чаро кардан боздорад ва одамиро сухани Худой аз муроди хеш боз намедорад. *** (Аз Њасани Басрї) пурсиданд: ту бењтари ё саг? Гуфт: агар аз азоби Худой халос ёбам, ман бењтар аз ў бошам ва илло ба иззат ва љалоли Худой, ки ў аз сад

www.ruzgor.tj

чун ман бењтар аст. *** Наќл аст, ки рўзе (Њасан) ёрони худро гуфт: шумо монандаед ба асњоби расул алайњиссалом. Эшон шодї намуданд. Њасан гуфт: ба рўй, ба риш, на ба чизе дигар, ки агар шуморо бар он ќавм чашм афтодї, њама дар чашми шумо девона намудандї ва агар эшонро бар сароири шумо иттилоъ афтодї, якеро аз шумо мусулмон нагуфтандї, ки эшон муќаддамон буданд. Бар асбони рањвор рафтанд чун мурѓи парранда ва боди вазанда ва мо бар харони пуштреш мондаем. *** Ва гуфт: њамнишинї бо бадон кардан мардумро бадгумон кунад дар некон. ***

e mail: info@ruzgor.tj

Фузайли Аёз Ва (Фузайли Аёз) гуфт: асли зуњд розї будан аст аз Њаќ таъоло ба њар чи кунад ва сазовортарин халќ ба ризои Худои таъоло ањли маърифатанд. *** Ва гуфт: њаќиќати таваккул он аст, ки ба ѓайри Аллоњ умед надорад ва аз ѓайри Аллоњ натарсад. *** Ва гуфт: чун туро гўянд, Худойро дўст дорї, хомўш бош, ки агар гўйї на, кофир бошї ва агар гўйї дорам, феъли ту ба феъли дўстон намонад. *** Ва гуфт: њар ки сутуреро лаънат кунад, сутур гўяд "омин"! Аз ману ту њар кї ба Худой оситар аст, лаънат бар ў бод. ***

ruzgor@mail.ru

Илоњо! Бидињї, шояд дар њол љавоне биёмад. Гуфташ: ба ќуте хољат њаст? Гуфт: њаст. Ўро ба хона бурд. Чун дар рўйи ў нигарист, наърае бизад. Гуфтанд: чї буд? Гуфт: ман ѓуломи туам ва њар чи дорам, аз они ту аст. Гуфт: озодат кардам ва њарчи дар дасти ту аст, ба ту бахшидам. Маро дастурї дењ то биравам. Ва баъд аз ин гуфт: ањд кардам, Илоњо, ба љуз аз ту њељ нахоњам, ки аз касе нон хостам, дунёро пеши ман овардї. *** Наќл аст, ки чандин хаљљи пиёда бикард, аз чоњи Замзам об бар накашид. Гуфт: зеро, ки далв ва расани он аз моли султон харида буданд. (идома дорад)


Таљрибаи рўзгор

www.ruzgor.tj

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

11

Суолоти худро аз тариќи пустаи электронии "Рўзгор" ruzgor@hotmail.com ва ё телефонњои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед. ФИЛМЊОИ СЕРДАРОМАД ДАР ТОЉИКИСТОН ВА ЉАЊОН Салом кормандони њафтаномаи "Рўзгор". Мутолиаи сањифаи "Пурсишеву посухе" хушам омад. Ва зимнан ба ин суол хостам посух дарёфт кунам: Оё дар кишвари мо нињоде вуљуд дорад, ки масрафот ё суду зиёни филмњоро андоза кунад. Умуман оё метавонем дар бораи филмњои сердаромад дар Тољикистон ва љањон маълумот пайдо кунем? Соњибназар Ќувватов, ноњияи Варзоб Аслан таърихи филмсозии кишвари мо ёд надорад, ки ин ё он филмеро аз рўи сертамошобин будану фоидаи бештар овардан арзёбї карда бошанд. Ин кор замоне имконпазир аст, ки саноати филмсозї рушд кунад ва синамо механизми ќайди маъруфияти филмњоро дарёбад. Дар Тољикистони имрўза ин кор амалан номумкин аст, чун синамои кишвар дар њоли рушд нест, балки њоло роњњои наздик шудан ба офариниши филмњои касбиву пурхаридору сертамошобин таљриба мешавад. Агар шумо шуморањои гузаштаи "Рўзгор"-ро мутолиа карда бошед, мутахассисон ва њунармандони касбї вазъи имрўзаи филмсозї дар кишварро ба риштаи тањлил кашида буданд. Ва хулоса њамин аст: ин вазъ бењбудї мехоњад. Аммо дар таљрибаи кишварњои дигар, бахусус ИМА арзёбии филмњои серхаридор ва сербинанда имкон дорад. Барои посух ба саволи шумо, чандин пойгоњњои интернетиро мурур кардем ва аз миён дањ филми сербинанда ва сармояоварро зарфи 15 соли охир људо намудем. Аввалин филми сердаромади љањонї филми фантастикии амрикої "Авотар" аст, ки аз љониби коргардони хеле машњури ин кишвар Љеймс Кэмерон наворбардорї шудааст ва муаллифи сенария низ худи ўст. Нахустнамоиши љањонии он 10 декабри соли 2009 дар Лондон баргузор шудаву аз 18 декабри њамон сол ба экрани калон роњ ёфтааст. Ин филм 25 январи соли 2010 аллакай 1,8 миллиард доллар љамъ оварда буд. "Авотар" аз сердаромадтарин филмњои Кэмерон аст, ки њатто рекорди љањонии "Титаник"-ро њам гузашта буд. Масалан, агар "Титаник" дар 40 њафта 1,8 миллиард доллар љамъ оварда бошад, "Авотар" ин миќдорро дар 6 њафтаи аввал соњиб шудааст. "Титаник" дуюмин филми сердаромади љањон аст, ки соли 1997 аз љониби Љеймс Кэмерон ба навор гирифта шуда буд. Он як лањзаи фољеабори таърихи башар-ба уќёнус ѓарќ шудани бузургтарин киштии замон-"Титаник"-ро рўи навор овардааст ва наќшњои асосиро дар он Кейт Уинслет ва Лионардо ди Каприо бозиданд. Нахустнамоиши он 19 декабри соли 1997 дар ИМА баргузор шуд. "Титаник" дар таърихи филмсозии љањонї рекорди нав гузошт ва дар сар то сари олам 1,8 миллиард доллар љамъоварї намуд. Маъруфияти он муддати 12 сол, то замони рўи кор омадани филми фантастикии "Авотар" боз њам дар тањияи Кэмерон боќї монд. "Арбоби њалќањо: Бозгашти шоњ" сеюмин филми сердаромади љањонист, ки соли 2003 ба навор гирифта шуда, ќисмати хотимавии кинотрилогияи "Бозгашти шоњ" мебошад. Дар кинопрокати љањонї 1,1 миллиард доллар љамъ овардааст ва аз љињати пуртамошобинї дар маќоми сеюм ќарор дорад. "Роњзанони бањри Кариб: Сандуќи мур-

да", ки дар он Љонн Депп, Орландо Блум ва Кира Найтли наќшњои асосиро бозидаанд, бо љамъоварии бештар аз 1 миллиард доллар дар љои чорум ќарор гирифтааст. Ба дунболи ин "Таърихи бозичањо 3", филми компутарии мултипликатсионии студияи Pixar, ки нахустнамоиши он 17 июни соли 2010 баргузор шудааст, "Алиса дар кишвари Аљоибот"-и Тим Бертон, "Ритсари торикї" - дуюмин наворбардории танзњо оид ба Бэтмен, ки онро Кристофер Нолан якљо бо Кристиан Бэйл ва Майкл Кейн тањия кардаанд, низ бештар аз 1 миллиард долларї љамъоварї кардаанд. Филмњои "Гарри Поттер ва санги фалсафї", ки аз љониби коргардони Крис Коламбус наворбардорї шудааст, "Роњзанони бањри Кариб: Дар гўшаи олам", 7-умин филми "Гарри Поттер", ки аз рўи китоби њафтуми њамноми он наворбардорї шудааст, ба њадди як миллиард доллар нарасидаанд, вале аз љумлаи сердаромадтарин

ОРДЕНИ "ДЎСТЇ" БА СТЕБЛИН-КАМЕНСКИЙ: КИСТ Ў? Чанд сол пеш дар ким-кадом маросиме ќатори дигарон Президенти Тољикистон Иван Михайлович СтеблинКаменскийро сазовори ордени "Дўстї" донист. Вале дар Тољикистон мисли ман касоне, ки ўро нашиносем, шояд хеле зиёданд. Оё Шумо наметавонед дар бораи ин олими рус маълумотномае дарљ кунед? Исломиддин Зоњиров, сокини шањри Ќурѓонтеппа Иван Михайлович Стеблин-Каменский донишманди маъруфи рус, академики Академияи илмњои Русия, аз љумлаи дўстдорони забон ва фарњанги тољикї, муаллифи дањњо рисола ва маќолањои тањлиливу пажуњишї дар бораи Тољикистон аст, ки 5 ноябри соли 1945 дар шахри Ленинград (Санкт-Петербург) дар хонаводаи донишманди шинохтаи рус, профессори искандинавшиноси Дониш-

филмњои љањонї мањсуб мешавад, ки аз њазинаи тавлиди худ ба маротиб бештар даромад овардаанд. Њамчунин филмњои "Ќасосгирандагон", "Одами оњанин-3", "Замони яхбандї", "Ѓоратгарони бањри Кариб: Дар соњилњои аљоибу ѓароиб"-ро низ ба љумлаи филмњои серхаридор ва сердаромад шомил кардаанд. Њамин гуна дараљотро филмњои тавлиди Њиндустон низ доранд ва метавон дар бораи онњо дар алоњидагї сўњбат кард. Вале дар посух ба саволи хонандаи худ натавонистем аз охирин хабар аз ин силсила чашм пўшем, ки ба филмњои тозатавлиди Боливуд дахл дорад. Филме, ки ахиран бо ширкати Шоњруххон ва Дипика Падуконе рўи навор омадааст, дар 21 рўз 30 миллион доллари амрикої љамъоварї намудааст. Дар хабар гуфта мешавад, ки то ин замон танњо филми "Cе ањмаќ" бо 29 миллион доллар дар cе њафтаи намоиш маќоми аввал дошт.

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

гоњи Ленинград Михаил Иванович Стеблин-Каменский ба дунё омадааст. Модараш Олга Сергеевна муњаќќиќи соњаи харитасозї ва дотсенти бахши љуѓрофиё дар донишгоњи Ленинград буд. Падараш соли 1981 дар синни 78-солагї ва модараш чор сол баъди ў дар синни 72-солагї чашм аз олам пўшидаанд. Иван Михайлович Стеблин-Каменский солњои 1963-1968 дар бахши филологияи Эрони Донишгоњи давлатии Ленинград тањсил кардааст. Баъдан аспиранти шуъбаи ленинградии Институти шаркшиносии АИ Иттињоди Шуравй будааст. Рисолаи номзадии худро бо номи "Фонетикаи таърихии забони вахонй" соли 1971 њимоя кардааст. 13 сол баъд муваффаќ ба њимояи рисолаи доктории худ дар мавзуъи "Баррасии муќоисавй ва таърихии вожањои кишоварзии забонњои помирї" шудааст. Фаъолияти мењнатиаш аз соли 1971 њамчун корманди хурди илмї дар шуъбаи Ленинградии Института шарќшиносии АИ Иттињоди Шуравй оѓоз шудааст ва дар ин вазифа дањ сол кор кардааст. Ва баъд аз соли 1981 муддати чор соли дигар муаллими калони кафедраи филологияи эрони факултаи шарќшиносии Донишгоњи ёдшуда, солњои 1984 - 1987 дотсент, солњои 19871991 профессори њамин кафедра будааст. Аз соли 1991 то соли 2006 мудири кафедра, солњои 1994-2005 декани факултаи шарќшиносии Донишгоњи Санкт-Петербург будааст. Шўњрати илмї барояш пайи њам омадааст. Соли 1997 узви вобаста ва соли 2003 узви пайвастаи АИ Русия интихоб гардидааст. Њамзамон И.М.Стеблин-Каменский дар созмонњо ва анљуманњои байналмилалии Русия ва кишварњои хориљї, аз љумла, Љамъияти илмии созмони љуѓрофияшиносони рус (1966), Созмони генеалогии Русия (1989), Кумитаи байналмилалии Мероси хаттии мардумони эронитабор (1989), Созмони эроншиносони Аврупо (1990), узви њайати тањририяи силсилаи "Асотир, њамоса, адёни шарќ" (1993), Анљумани тољикои ва форсизабонони љањон Пайванд (1997), Созмони шарќшиносони Русияи Академияи илмњои Русия (1997) ва боз чандин шўроњои илмї ва созмонњои фарњангї узвият дорад. Аммо бахши муњими пажуњишњои илмии олими пуркор ва маъруфро омўзиши фарњанг ва забони тољикї дар бар гирифтааст. "Афсонањои мардуми Помир" (1976, бо њамкории А.Л.Грюнберг), "Забонњои Њиндукуши шарќї. Забони вахонї, Матнњо, луѓот, сарфу нањв" (1976, бо њамкории А.Л Грюнберг), "Афсона ва ќиссањои Сиистон" (1981, бо њамкории Грюнберг), "Наќлњо дар бораи таърихи вожањои забонњои помирї" (1982), "Авасто" (1990,1993), "Фарњанги этимологии забони вахонї" (1999), "Таљрибаи баррасињои таърихї-генеологй" (2005) аз љумлаи дањњо рисола ва маќолаињои ў мебошанд, ки чун натиљаи пажуњишу омўзишњояш рўи чопро дидаанд. Њамзамон бо ин вай муаллифи маќолоти зиёд бо забонњои инглисї, фаронсавї, олмонї, испонї, форсї ва ѓайра мебошад. Ва њамчуноне ёд кардед, соли 1999 Президенти Љумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон барои хидматњояш дар тањќиќи фарњанг, забон ва муњаббаташ ба тамаддуни мардуми тољик И.М.Стеблин-Каменскийро бо ордени "Дўстї"-и Љумњурии Тољикистон сарфароз гардонид.

www.ruzgor.tj


12

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

Бо арзи пўзиш аз устод Додољон Обидов, доктори илмњои филологї ба хотири зикр нашудани ному насабашон њамчун муаллиф дар ќисмати аввали маќола, ки дар шумораи 13 ба чоп расида буд, идомаи маводро пешкаши хонандагони арљманд мекунем.

Аз рўзгори њамсояњо

www.ruzgor.tj

Ба ифтихори љашни 94-мин солгарди Истиќлолияти Афѓонистон

Бўњтони мањз дар бораи як суруди таърихии дарї

Додољон Обидов, доктори илмњои филологї (Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Масалан, дар китоби "Афѓонистон дар масири таърих" (Мир Ѓуломмуњаммад Ѓубор, Кобул, 1346 њ.) аз он суруд мисрае дар шакли "Ропити кал лоти калон ас, биё бачем, ангур бихўр" низ чоп шудааст. Тавре ки мебинем дар ин мисраъ ба кал будани сари генерал Робертс ишора рафтааст, ки зимни он ифодаи як назари тањќиромези мардум нисбат ба ин золими гузаро ба мушоњида мерасад. Аз ин рў, шояд Ч.Дарстетер номи генерал Робертсро ба суруд ба маънии манфиаш, яъне ба хотире дода бошад, ки дар нусхањои ба ў маълум Робертс њадафи хандаи тањќиромез ќарор гирифтааст. Ба њар њол гумон намеравад, ки мардуми авом дар васфи ин генерали сангдил суруде аз ќобили "Биё бачем, ангур бихўр"ро эљод карда бошанд. Чањорум масъалае, ки Г.Ф.Гирс ба он низ дахолат кардааст, ба мисраъ ё ибораи "Биё бачем, ангур бихўр" иртибот мегирад. Мавсуф намедонад, ки ин ибора, ки дар охири њар мисраи суруд ба њайси наќарот такрор мешавад, аз куљо ибтидо меёбад ва он бо мўњтавои суруд чї муносибате дорад. Дар воќеъ, ин масъала дар нусхаи фавќан зикршудаи суруд гунг аст ва кас гумон мекунад, ки ибораи "Биё бачем, ангур бихўр" бо суруд кадом иртиботи мантиќї надорад. Дар ин бора нусхае, ки дар маљмўаи "Фолклори даризабонони Афѓонистон" (мураттиб С. Норматов, Душанбе, 1974) дарљ аст, низ чизе намегўяд. Аммо нусхае, ки аз тарафи шоир Поиз Њанифї тањия ва нашр шудааст, ин масъаларо то андозае равшан месозад. Матни он нусхаро зикр менамоем: Љанги Ангрезу Афѓон аст, биё бачем,ангур биху! Муњаммадљон марди майдон аст, биё бачем, ангур биху! Сабзии тока бубї, Дилњои пока бубї, Кори мо љангидан аст. Улфати хока бубї. Айюбхон шери ѓуррон аст, биё бачем, ангур биху! Мирбача борутрасон аст, биё бачем, ангур биху! Хоби мо бар сари санг, Ишќи мо ѓайрату нанг, Ќуввати мо туту талќон, Кори мо фатњ асту љанг. Сарбозї кори мардон аст, биё бачем, ангур биху! Озодї фахри афѓон аст, биё бачем, ангур биху! Боѓи бедевори мо, Шаршари обшори мо, Љилвањо дорад ба ток, Хўшаи пурбори мо. Њусайнї њусни хубон аст, биё бачем, ангур биху! Кишмишї нуќли майдон аст, биё бачем, ангур биху! Хўшањо пуршабнам аст, Нўши љон кун, марњам аст, Тўли њар хўша, бачем, Чарака кам дар кам аст. Ѓуландом гули биёбон аст, биё бачем, ангур биху! Ќиматаш хеле арзон аст, биё бачем, ангур биху!

www.ruzgor.tj

Он гуна, ки дида мешавад, дар ин нусхаи суруд мавзўи марбути ибораи "Биё бачем, ангур биху!" ба рангу бўи дигар ба љилва меояд, яъне ибораи мазкур дар ин нусха бо мўњтавои суруд амиќан мепайвандад ва љињати дарки матолиби он ба њайси яке аз љузъиёти таркибии сохтори асари мардумї хизмат мекунад. Чун дар ин нусха њамзамон бо тасвири шароит ва љараёни љанг ва зикри амалиёти рањбарони аскарбачањои разманда навъњои гуногуни ангури токпарварони мањаллии минтаќањои кўњистони Афѓонистон низ мавриди васфу ситоиш ќарор гирифтаанд, ногузир саволе ба миён меояд, ки мурод аз ин гуна васфу ситоиши навъњои мухталифи ангур чї бошад? Ба андешаи ин љониб мурод аз ин тасвиру ситоишњо хотирнишон, эътироф, таъкид намудани масъалаи дар шароити кўњистони Афѓонистон яке аз ѓизоњои мавриди ниёзи аввалияи мардум дониста шудани ангур дар зиндагии онњо, аз љумла дар майдонњои набарди эшон алайњи душманонашон мебошад, ки ин матлаб дар мисраи "Кишмишї нуќли майдон аст" таври равшан баён гардида аст. Њаќиќатан њам, ба шањодати маълумоти ба дастомада дар ноњияњои самти шимоли Афѓонистон дар даврони љангњои озодихоњонаи мардуми ин кишвар алайњи истеъморгарони Инглис ба сабаби ќањти соири анвои маводи хўрока ангур аз ѓизоњои асоситарини љанговарон ба шумор мерафта аст, яъне онњо бањри амалиёти њарчи бењтарашон ангур мехўрданду бо истифода аз ангур ба љанг мерафтаанд. Дар ин бора донишманди мумтоз мўњтарам ШамсулњаќОриёнфар маълумотеро аз ёдоштњои хеш таври хаттї дастраси мо намудаанд, ки њоло онро

e mail: info@ruzgor.tj

мехоњем љињати равшанї андохтан ба масъалаи мавриди бањс ин љо иќтибос намоем: Суруди "Биё бачем, ангур бихўр" суруди мањали кўњистони Афѓонистон аст, ки аксаран љангњои озодихоњии бошандагони ин кишвар бештар дар њамин минтаќа рўйдода ва аз њамин минтаќа сарнавишти љанг таъин шудааст. Ваќте инглисњо дар соли 1839 ва 1878 ба Афѓонистон њуљум оварданд, минтаќаи ангурхези шимолї асоситарин минтаќаи љанг буд. Љанг аксаран дар фасли тобистон дар мавќеъе, ки ангурњо пухта мешаванд, рух додаанд. Нируњои муњољим ба хотири амалиёти бењтар њамеша љангро дар тобистон оѓоз мекарданд ва онњо њамеша манотиќи шимолиро муњосира менамуданд, то афроди љангї дар натиљаи камбуди маводи ѓизої маљбур ба таслимї шаванд. Афроди бумї, ки дар дифоъ аз истиќлол ва озодї љанг мекарданд, барои омода будан дар љанг аз имконияти бумии худ истифода менамуданд ва дар ин минтаќа, ки љаву гандум камтар кишт мешавад ва аксар заминњо ангурбоѓ аст, ногузир буданд фаќат аз ангур истифода кунанд. Дар даврони љангњои шўравињо ва баъдњо њангоми њуљуми толибон ба Афѓонистон асоситарин минтаќаи љанг боз њам њамин минтаќаи шимолї буд ва мо худ шоњид будем, ки мардум чандин њафта, ки дигар њељ навъ маводи ѓизої надоштанд, фаќат ангур мехўрданд ва љангро идома медоданд. Аз ин љост, ки метавонем мушаххас созем ва бигўем: ваќте дар суруд гуфта мешавад-"Биё бачем, ангур бихўр" ва баъд матолиби дигаре дар ситоиши ќањрамонони љанг меояд, нишон медињад, ки мардум дар љараёни љанг фаќат аз ангур истифода мекар-

ruzgor@mail.ru

данд ва љанги худро давом медоданд ва ибораи "Биё бачем, ангур бихўр" даъвате аст аз аскарбачањои љангї барои истеъмол аз ангур". Дар бораи суруди -"Биё бачем, ангур бихўр" шоир Поиз Њанифї низ ибрози аќида намудааст. Ба ќавли ў мавќеъ ва мавриди иљрои ин суруд ба давраи бардошти њосили ангур дар манотиќи Кўњдомани Афѓонистон, ки моњњои асад, сунбула ва мизонро дарбар мегирад, рост меояд. Андешањои Поиз Њанифї хусусан дар бораи њангоми љанг ѓизои асосии размандагон мањсуб будани ангур ва дар суруд бо чї маќсад аз тарафи кї истифода гардидани наќароти он ќобили мулоњиза буда, воќеъяти суханони Ориёнфарро комилан ба тасдиќ мерасонад. Вай мегўяд: "Дар он њангоми љанг ва пайкори афѓонњо алайњи Инглис субњгоњон дўшизагон ва занони рустони токистонњои Кўњдоман сабадњои бўрёиро ба сар нињода, гурўњ-гурўњ бо љавонони сармаст ва пуршўри фомилњои худ ба токистонњо мерафтанд ва хўшањои ангурро мечиданд ва дар љараёни чидани ангур оњанги шўрангези "Биё бачем, ангур бихўр" - ро месуруданд ва ба сароидани он на фаќат аз аскарбачањои љангї барои хўрдани ангур даъват ба амал меоварданд,балки ба ин восила армонњои аср, талошњои рўњї ва шўри озодихоњии худро бо алфози содда ва омиёна баён медоштанд". Аз гуфтањои боло натиљае бармеояд, ки вуљуди ибораи "Биё бачем, ангур бихўр" дар

Х

дар бораи суруди ёдшуда, чунин бўњтонеанд, ки дар натиљаи ѓалат дарк намудани матолиби сурурд ва ба сабаби набудани маводи кофї дар ихтиёри муњаќќиќ сар задааст. Ин гуфтањоро, ки унвонии асари мазкур баён шудаанд, њамаи нусхањои суруд рад мекунанд. Хусусан баъди мутолиаи нусхае, ки матнаш дар болотар зикр гардид ва он аз тарафи Поиз Њанифї гирдоварї ва нашр шудааст, ба беасос будани даъвоњои Г.Ф.Гирс шубњае боќї намемонад. Аз рўи ин нусха пайдост, ки суруди "Биё бачем,ангур бихўр" дар воќеъ асари асили фолклорї аст. Дар ин падидаи завќию зењнии мардумї агар аз сўе аз як њодисаи муайяни таърихї, ки барангезандаи эњсосоти пуршўр ва авотифи њамагонї буда метавонад, ёд шуда бошад, аз сўи дигар, дар он аз далерию шуљоат ва ќањрамонињои сарварони ќўшунњои миллии давлати Афѓонистон, ки дар роњи пирўзии адолат ва дар мавриди пеш будани ќиёмњои мардум сањме доштаанд, тањлил ва такаррим ба амал омадааст. Ин суруд на фаќат тарсимкунандаи тасвири манзарњои љангњои одилонаи мардуми Афѓонистон дар зењни шунаванда ва хонанда аст, балки вай баёнгари орзую омоли размандагон дар бораи ба даст даровардани ѓалаба бар таљовузгарони Инглис мебошад. Суруд аз ѓояњои ватандўстию озодихоњї саршору гаронбор аст, ки ин ѓояњо аксаран аз забони худи фидоиёни мањаллї, ки хобашон "бар сари санг"-у ишќашон "ѓайрату нанг"

УСУСАН баъди мутолиаи нусхае, ки матнаш дар болотар зикр гардид ва он аз тарафи Поиз Њанифї гирдоварї ва нашр шудааст, ба беасос будани даъвоњои Г.Ф.Гирс шубњае боќї намемонад. Аз рўи ин нусха пайдост, ки суруди "Биё бачем,ангур бихўр" дар воќеъ асари асили фолклорї аст. Дар ин падидаи завќию зењнии мардумї агар аз сўе аз як њодисаи муайяни таърихї, ки барангезандаи эњсосоти пуршўр ва авотифи њамагонї буда метавонад, ёд шуда бошад, аз сўи дигар, дар он аз далерию шуљоат ва ќањрамонињои сарварони ќўшунњои миллии давлати Афѓонистон, ки дар роњи пирўзии адолат ва дар мавриди пеш будани ќиёмњои мардум сањме доштаанд, тањлил ва такаррим ба амал омадааст.

суруди мавриди бањс бесабаб намебошад. Вай бо мўњтавиёти суруд иртиботи мантиќї дорад ва дар сохтори ин асар вазифаи услубиро анљом медињад. Ин ибора моњиятан даъвате мебошад аз размандагони афѓонї барои истифода аз ангур, ки он дар замони љангњои мардуми Афѓонистон бар зидди истисморгарони Инглис дар минтаќаи Кўњдоман аз ѓизоњои умдатарини љангї мањсуб мегардида аст. Метавон гуфт, ки дар ин ибора њусну таваљљўњ ва эњтироми мардуми бумии минтаќаи кўњистони шимолии Афѓонистон нисбати аскарбачањои ватанашон аз душманони хориљї нуњуфта аст. Ин буд чанд мулоњизаи кўтоњ перомуни гуфтањои фолклоршинос Г.Ф.Гирс, ки дар робита ба суруди "Биё бачем,ангур бихўр" иброз дошта аст. Месазад гўем, ки ин гуфтањо бўњтони мањзанд

аст, бозтоб гардидаанд. Тавассути ин суруд њодисањое пеши назар меоянд ва дар зењнњо наќш мебанданд, ки онњо дар китобњои оид ба таърихи Афѓонистон ба њайси муњимттарин рўйдодњои таќдирсози сиёсї ва иќтисодию иљтимої сабт шудаанд. Дар бораи суруди мазкур аз тарафи донишмандон ва фарњангиён андешањои пурарзише иброз шудаанд, ки ин худ баёнгари хусусияти њаќшиносї ва эътирофи пажўњишгарон аз асарњои мардумї аст. Суруди "Биё бачем,ангур бихўр" далели равшани болои зиндагии мардум, ба вижа тўдањои зањматкаш таъсир гузоштан ва солњои сол дар дилњо зинда мондани осори шифоњї мебошад. Нусхањои ба дастомадаи ин суруд нишон медињанд, ки њар як асари мардумї зиндагинома - таърихи худро дорост.


Варзиш дар рўзгор

www.ruzgor.tj

дагии пањлавон Расул Боќиев ба чемпионати љањон оид ба дзюдо дар сатњи лозима набуд, вале пањлавон Комрони Устопириён њамагї чанд њафта пеш дар Универсиада дар шањри Ќазон љои сеюмро гирифта буд ва ба назар мерасид, ки омодагии хуби љисмонї низ дошт. Чаро ўро ба њайати дастаи мунтахаби Тољикистон шомил накарданд? Дар посух ба ин савол Нуруллоњ Лоиќов гуфт, ки Комрон њанўз хеле љавон аст ва дар чунин мусобиќоте, ки дар онњо бузургтарин ва ќавитарин варзишгарони олам ширкат мекунанд, иштироки ў ба манфиати сабзиш ва ташаккулёбиаш нахоњад буд. Зеро эњтимоли лат хўрда-

Тедди Ринер

Чемпионати љањон оид ба дзюдо:

боз њам бенатиља

Ч

наврасї ба рафъ намудани чунин мушкилот ва ѓалаба кардан бар раќибони ќавї омода накунем, кай дигар мекунем? Дар ин сабќати љањонї таќрибан 680 варзишгари зану мард аз 123 кишвари љањон иштирок карданд. Дар љамъбаст дастаи мунтахаби Љопон бо касби 10 медал (3 тилло, 1 нуќра ва 3 биринљи) љойи аввалро гирифт. Фаронса бо касби 7 медал (2+2+3) дувум ва Куба бо касби 2 медали тилло севум шуданд. Дар миёни дастањои мунтахаби мардон низ њамин дастањо ба тартиби болої љойњои якуму дуввуму саввумро гирифтанд. Бояд гуфт, ки дар байни љумњурињои собиќ шўравї имсол Љумњурии Озарбойљон дастовардњои хуберо ноил гардид. Пањлавони ин кишвар дар вазни 100 килограмм Элхон Муњаммадов бори аввал дар таърихи варзиши Озарбойљон ќањрамони љањон шуд. Боз як пањлавони ин кишвар дар вазни 60 килограм Орхан Сафаров дар ин сабќати љањонї љои саввумро

ЕМПИОНАТИ љањон оид ба гуштии дзюдо дар соли 2013, ки дар шањри Рио ди Жанейрои Бразилия тўли як њафта идома дошт, рўзи 1-уми сентябр ба охир расид. Дар ин сабќат варзишагарони тољик Расул Абдушарифов дар вазни 66 кило, Фарњод Рањимов дар вазни 81 кило, Парвиз Собиров дар вазни 100 кило ва Муњаммадмурод Абдурањмонов дар вазни +100 кило бо њамтоёни худ аз дигар кишварњои љањон ќувва санљиданд.

Мутаассифона, ба њељ кадоме аз онњо муяссар нашуд, ки дар ин ќувваозмоии сатњи баландтарини дзюдочиёни љањон љои намоёнеро ишѓол намоянд. Њатто њељ кадоми онњо ба ќатори њафт гуштигири бењтарини вазни худ дохил нагардид. Воќеан, Расул Абдушарифов ќувваозмоиро аз даври дуввум шурўъ кард ва дар ин давр гуштигир аз Анголия Њелио Зембуларо шикаст дод. Вале дар даври саввум дар ќувваозмої бо Сиябулела Мабула аз Љумњурии Африќои Љанубї маѓлуб шуда, аз њаќи идомаи мубориза барои медалњо мањрум шуд. Фарњод Рањимов, ки низ бидуни мубориза ба даври дуввум роњхат гирифта буд, дар даври дуввум Кодо Наконоро аз Филиппин шикаст дод, вале дар даври саввум ўро Иван Нифонтов аз Русия маѓлуб сохт. Парвиз Собиров ва Муњаммадмурод Абдурањмонов бошанд, дар даври аввал аз њарифони худ му-

таносибан аз Валентин Грекови украинї ва Тедди Ринери фаронсавї маѓлуб шуда, дигар аз њуќуќи идома додани ќувваозмої барои касби медалњо мањрум гардиданд. Њамин тариќ барои дзюдочиёни тољик ин панљумин чемпионати пай дар пайи љањон оид ба дзюдо буд, ки аз он бидуни медал онњо ба Ватан бармегарданд. Воќеан охирин медалро аз чемпионати љањон дзюдочиёни тољик соли 2007 аз њамин Рио де Жанейро оварда буданд. Њамон сол пањлавон Расул Боќиев дар вазни 73 кило дар чемпионати љањон љои сеюмро касб карда буд. Тибќи иттилои раиси федератсияи дзюдои Љумњурии Тољикистон Нуруллоњ Лоиќов имсол Расул Боќиев, дорандаи медали биринљии Олимпиадаи Пекинро бино бар сабаби омода набуданаш ба ќувваозмоињои ин чемпионат ба њайати дастаи Тољикистон њамроњ накарданд. Хуб, фарз кардем, ки вазъи омо-

13

Гурљистон 7.Асхат Телманов -Ќазоќистон 7.Юлдуз Сметов -Ќазоќистон Дар вазни 66 килограмм 1.Масаши Эбинума-Љопон 2.Азамат МукановЌазоќистон 3.Гергий Зантарая-Украина 3.Масааки Фукуока-Чопон 5.Михаил Пуляев-Русия 5.Чарлз Чибана-Бразилия 7.Сугой Уриате-Испания 7.Наљот ШейхализодаОзарбойљон Дар вазни 73 килограмм 1.Шоњей Оно-Љопон 2.Уго Легран- Фаронса 3.Декс Элмонт-Нидерландия 3.Дирк Ван Тичелт-Белгия 5.Достон Якубов-Ќазоќистон 5.Ниям Очир СаинљаргалМуѓулистон 7.Рок Дракис-Словения 7.Рики Накая-Љопон Дар вазни 81 килограмм 1.Луи Петри-Фаронса 2.Автандил ЧирикишвилиГурљистон 3.Алан Смит-Фаронса 3.Иван Воробёв -Русия 5.Иван Нифонтов 5.Угаанбаатар Отгонбаатар Муѓулистон 7.Марсел Отт -Австрия 7.Љоахим Ботиё-Белгия Дар вазни 90 килограмм 1.Аслей Гонсалес-Куба 2.Варлам ЛипартелианиГурљистон 3.Иляс Илядис-Юнон 3.Кирилл Денисов-Русия 5.Љоаким Дварби-Шведсия 5.Кристиан Тот-Маљористон 7.Каролис Бауза-Латвия 7.Селио Диас-Португалия

Элхон Мамадов наш хеле зиёд аст. Рости гап, посухи раиси федератсияи дзюдои Тољикистон њарчанд ба назар мантиќан дуруст бошад њам, вале моро чандон ќонеъ кунонда наметавонад. Зеро мо медонем, ки њамин гуштигире, ки пањлавони мо Муњаммадмурод Абдурањмоновро дар чемпионати имсолаи чањон оид ба дзюдо ба пушт хобонд, яъне Тедди Ринери 24-сола, ки имсол бори њафтум дар вазни +100 кило чемпиони љањон шуд, бори аввал дар 18-солагиаш, соли 2007 мањз дар њамин Рио ди Жанейро чемпиони љањон дар миёни калонсолон шуда буд. Комрони Устопириён фикр намекунам, ки синни аз 18 сол камтар дошта бошад. Љавонони лаёќатманду боистеъдоди мо агар дар чунин чемпионатњои љањон таљриба нагиранд, боз кай ва дар куљо соњибтаљриба мешаванд? Онњоро аз

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

гирифт. Дар байни 23 кишвари љањон, ки пањлавонони онњо аз љумлаи мардон дар ин чемпионат соњиби медал шуданд, дастањои мунтахаби дигар љумњурињои собиќ Иттињоди Шўравї, аз љумла Гурљистон, Ќазоќистон, Русия ва Украина њастанд. Дар зер фењристи 7-нафарї бењтарин дзюдочиёни чемпионатро аз љумлаи мардон дар вазнњои мухталиф пешкаши мухлисони ин навъи варзиш менамоем: Дар вазни 60 килограмм 1.Наоњиса Такато -Љопон 2.Амартувшин Дашдаваа Муѓулистон 3.Орхан Сафаров-Озарбойљон 3.Вон Љин Ким Кореяи Љанубї 5.Болдбаатар ГандбатМуѓулистон 5.Амиран Папинашвили -

Дар вазни 100 килограмм 1.Элхан Мамадов-Озарбойљон 2.Њенк Грол-Нидерландия 3.Дмитрий Петерс-Олмон 3.Лукас Крпалек- Чехия 5.Такаши Оно-Љопон 5.Уткир ЌурбоновУзбакистон 7.Сирий Марет-Фаронса 7.Рамзиддин СаидовУзбакистон Дар вазни аз 100 килограмм боло 1.Тедди Ринер-Фаронса 2.Рафаэл Силва-Бразилия 3.Андреас Тоэлзер-Олмон 3.Файсал Љабаллањ-Тунис 5.Александр Михайлин-Русия 5.Адам ОкруашвилиГурљистон 7.Оскар Брайзон-Куба 7.Риу Шичиноње-Љопон "Рўзгор"

Дастањои ширкаткунандаи даври чорякнињої маълум шуданд

Дастаи «Хайр»-и шањри Вањдат соњиби Љоми ФФТ Рўзи 31-уми август дар Варзишгоњи «Металлург»-и шањри Турсунзода бозии нињої барои гирифтани Љоми Федератсияи Футболи Тољикистон байни дастањои «Хайр»-и шањри Вањдат ва ССКА «Помир»-и шањри Душанбе баргузор гардид. Навад даќиќаи бозї ѓолибро натавонист муайян созад. Дар ваќти асосї бозингарони њарду даста ба дарвозаи њамдигар яктубї зада, бозиро мусовї карданд. Дар ваќти иловагї низ љонибњо натавонистанд якдигарро маѓлуб созанд. Тасмим гирифта шуд, ки ѓолиб дар љараёни задани силсилаи тўбњои ёздањметра муайян гардад. Дар ваќти

задани тўбњои ёздањметра бозингарони дастаи «Хайр» мањорати баланд нишон дода бо њисоби 6:5 ѓолиб шуданд ва соњиби Љоми ФФТ, медалњои тилло ва 20 њазор сомонї гардиданд. Ба бозингарони ССКА «Помир» медалњои нуќра ва 10 њазор сомонї мукофот дода шуд. «Рўзгор»

ruzgor@hotmail.com

Дастањои ширкаткунанди даври чорякнињоии Љоми футболи Тољикистон муайян шуданд. Бино ба иттилои Федератсияи Футболи Тољикистон дар ин давр, ки 11-уми сентябри соли љорї баргузор мегардад, дастаи «Регар-ТадАЗ» бо «Энергетик», «Эсхата» бо «Вахш», «Парвоз» бо «Равшан» ва «Истаравшан» бо «Истиќлол» ќувваозмої хоњанд кард. Ќарор аст даври нињої барои дарёфти Љоми футболи Тољикистон рўзи 5уми октябр дар Варзишгоњи марказии љумњуриявї дар шањри Душанбе баргузор гардад. Ин аввалин чорабиние хоњад буд, ки дар ин варзишгоњ баъди азнавсозии он ташкил карда мешавад. «Рўзгор»

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


14

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

Таќриз ва китобиёт

www.ruzgor.tj

ТАЗМИН ВА ТАТАББУИ ЊОФИЗ Муњаммадризо Тољдинї. Дарёи шеъри форсї, киштии шеъри Њофиз. - Тењрон: "Ќаќнус", 1391. - 247 сањ.

Ч

Раљабалї Худоёров, номзади илмњои филологї Манучењри Оташї дар навиштаи хеш аз љумла овардааст: "Шеъри Њофиз себи сурхи марѓуби боѓи адаби форсї аст. Себи хубро боѓбони бедору муљарраб (ботаљриба, Р.Х.) ба вуљуд меоварад. Шеъри хубро шоири бедору муљарраб ба вуљуд меоварад. Њофиз шоире бедордил, муљарраб ва бо камоли талаб будааст ва њар байти ў њосили бедордилї, ранљи љонкоњ ва араќрезии рўњ будааст. Њофиз, хулоса, фишурда ва булур (софу шаффоф, Р.Х.)-и комили даврони тўлонї ва пуршебу фарози њаёти иќтисодї, иљтимої ва фарњангию адабии Эрон то замони худ аст" (сањ. 11). Муњаммадризо Тољдинї пеш аз он ки ба таълифи чунин китобе даст бизанад, ў китобњои зиёде рољеъ ба рўзгор ва осори Њоља Њофиз навишташударо мутолиа намудааст. Аз "Китобнома"-и дар охир овардашуда маълум мегардад, ки ў 68 асари илмї ва 61 асари адабии ба тадќиќи њаёту эљодиёти Њофиз бахшидашударо мавриди омўзиш ва пажўњиш ќарор додааст. Њамчунин ошкор мешавад, ки Њофизи Шерозї аз девони ашъори шуарои ќадим ва њамзамони худ нек бархурдор будааст ва ин таъсирпазирї дар саросари девони ў намоён аст. Нигоранда зањмати фаровон кашида дар баробари мутолиа ва омўзиши осори илмиву адабї, инчунин осори Хоља Њофизро бо девони ашъори шуарои мутаќаддим ва њамасри ў муќоисаву муќобала кардааст. Муќоисаи шеъри Њофиз бо девони ашъори шоирони мозиву муосираш аён месозад, ки ў абёти зиёди онњоро мавриди тазмин ва ё татаббуъ ќарор додааст. Муаллиф аз китоби "Сайре дар шеъри форсї"-и Абдулњусайни Зарринкўб рољеъ ба таъсирпазирии Њофиз аз шеъри шоирони дигар чунин иќтибосе овардааст: "Бидуни шак истиѓроќи Њофиз дар тањсили адаб ва ошноии ў бо давовини араб, ки љомеи девони вай бад-он ишорат

www.ruzgor.tj

дорад, дар пайдоиши тарзи ў наметавонад бетаъсир бошад, чунончи ошноии ў бо давовини араб дар ашъори ў пайдост ва бешак гузашта аз давовини араб осори асотид (устодон, Р.Х.)-и мутаќаддими форсизабон аз Рўдакї гирифта то Саъдї аз ў дур намондааст ва нишонањое аз таъсири ин шоиронро дар девони ў метавон ёфт. Њофиз аз Рўдакї ва Анварї мисраъњое тазмин мекунад ва аз Низомї, ки дар соќинома ѓолибан тањти таъсири ўст, бо лањни њамчашмї дам мезанад ва дар баъзе таркибот ва маонї ба ашъори Хоќонї назар дорад, аммо дар мавриди Саъдї гузашта аз татаббуи аксар ѓазалиёти ў ба тазмини маънї ва мисраъњо низ мепардозад. Њамчунин Њофиз маонии бархе аз абёт ва ќофияњо ва радифи баъзе ѓазалњои хешро аз ду шоири муосири хеш Хољу ва Салмон мегирад ва њарчанд дар баъзе маворид шояд њам онњо кам омада бошад, дар аксар маворид маонї ва афкореро, ки аз онњо ахз кардааст дар перояи бадеътар арза медорад" (сањ. 18). Муњаммадризо Тољдинї барои таќвияти сухани хеш љои дигар аз китоби "Сайри ѓазал дар шеъри форсї"-и дуктур Сируси Шамисо иќтибос меоварад: "Ѓазали Њофиз ошнотарин ѓазал барои хавосу авом аст ва ин мавќеиятест хос, ки барои камтар шоире, њатто дар меъёри љањонї пеш омада аст. Як нуктаи љолиби таваљљуњ дар Њофиз ин аст, ки худ ба шиддат ба татаббуъ дар осори дигарон пардохт ва баъдњо дигарон ба шиддат ба татаббуъ дар осори ў пардохтанд" (сањ. 18-19). Муаллиф ашъори Њофизро бо абёти шоирони дигар аз лињози мазмун ва сурат мавриди муќоиса ќарор дода, ифодаи бењтару хубтари сурудаи Лисонулѓайбро бо далелњо собит намудааст. Агар дар баъзе њолатњо ў мисрае ва ё таркиби шеъри дигаронро ахз карда бошад, дар бархе њолатњо мазмуни абёти писандидаашро бо суханони азбу ширин оро додаст, ки он аз гуфтаи дигарон бо куллї фарќ мекунад. Хонанда аз китоб нуктаи дигареро њам дармеёбад, ки Њофиз ба љуз

e mail: info@ruzgor.tj

АНДЕ пеш китоби тозанашри Муњаммадризо Тољдинї бо унвони "Дарёи шеъри форсї, киштии шеъри Њофиз", ки соли равон дар Эрон ба табъ расидааст, дастрасам гардид ва онро бо шўру шавќи зиёд мутолиа кардам. Аз ёддошти мухтасари муаллиф маълум мегардад, ки китоб 24 сол ќабл бо унвони "Оинаи Њофиз ва Њофизи оина" (1367) дар Эрон интишор шуда, инак дуюмбора бо таљдиди назару бо изофот ва бо номи дигар ба табъ расидааст. Китоб аз ќисматњои "Оинаи хаёли Њофиз", "Њофиз ва муосирони ў" иборат мебошад. Ба китоб донишманди маъруфи эронї Манучењри Оташї муќаддимаи муфассале навишта, дар он рољеъ ба бузургии шеъри Њофиз, бемонанд будани ѓазалњои ў ва шоири њамаи давру замон мањсуб гардидани ў сухан рондааст.

тањти таъсири ашъори дигарон шеър гуфтан, инчунин ў ќасди "тасњењи ашъори онњоро (низ) доштааст" (сањ. 19). Муаллиф барои исботи ин даъво абёти дар мавзўи воњид гуфтаи Камоли Хуљандї, Саъдї, Хоќонї, Зањириддини Фороёбї ва Низомиро дар муќоиса бо сурудаи Њофиз нишон медињад. Дар поён мушт намунаи хирвор гўён байтеро аз Камоли Хуљандї намуна меоварем, ки Њофиз онро эљодкорона таѓйир додааст: Камоли Хуљандї: Чун шавам хок ба хокам гузаре кун чу сабо, То ба бўят зи замин раќскунон бархезам. Њофиз ин байтро ба тариќи зерин тасњењ кардааст: Бар сари турбати ман бе маю мутриб манишин, То ба бўят зи лањад раќскунон бархезам (сањ. 19). Аз муќоисаи байти боло маълум мегардад, ки Њофиз мисраи аввали онро пурра дигар карда, калимаи "замин"-и мисраи дуюми онро низ ба вожаи "лањад" иваз намуда, мазмуни олиеро ба вуљуд овардааст, ки хеле табиї менамояд. Чунин мисолњо дар китоб хеле зиёданд ва дар њама њолатњо сурудаи Њофиз аз гуфтаи дигарон ба назар бењтару хубтар мерасад. Ваќте кас ба муќоисаи чунин абёти муташобењ мепардозад, ба хулосае меояд, ки гўё Њофиз он шеърњоро тасњењ карда бошад. Дар китоб боз перомуни аќида, шомили кадом мазњабу фирќа будан, њакиму файласуф будан ё набудани Њофиз, риндигии ў ва дигар мавзўъњо низ сухан ба миён омадааст. Муаллиф рољеъ ба масъалањои дар боло зикршуда аз гуфтањои њофизшиносони дигар ва аз байтњои људогонаи худи Њофиз мисолњо оварда, ќазияро равшантар баён месозад. Нигоранда усули хуберо пеш гирифта, зимни баёни фирќањои исломї, аз љумла маломатия, муътазила, ашоира, ќаландария, мењройин ва дигар равияњои мазњабї, ки Њофиз дар абёти људогонааш ба онњо ишора мекунад, бо истифода аз сарчашмањои муътабар онњоро барои хонанда шарњу тавзењ низ додааст. Муњаммадризо Тољдинї дар амалишавии ин кор ваќти ќиммати худро сар карда, њамчун ѓаввосони гавњарљў аз ќаъри дарёи шеъри форсї

ruzgor@mail.ru

бас гавњари нодиреро ба даст овардааст. Муаллиф зањмату ранљи ин тадќиќотро хуб њис карда, китобашро "Дарёи шеъри форсї ва киштии шеъри Њофиз" ном нињодааст. Воќеан њам ин мавзўест, ки хеле доманадор ва зањматталаб ва барои ба ин мавзўъ даст задан пажўњандаро майлу хоњиш, ишќу алоќамандї ба шеър, њавсала, хотираи ќавї, пушти кор ва ваќти зиёде мебояд. Мавсуф дар ќисмати аввали китоб дар њаљми 13 сањифа рољеъ ба шеъри Њофиз, таъсирпазирии ў аз шоирони пешин ва муосиринаш сухан ронда, баъдан абёти муташобењи шоиронро як-як нишон медињад. Њофиз дар баъзе њолатњо байтњои шоирони гузаштаву муосири худро мустаќиман баргузида бошад, дар бархе њолот мазмуни онњоро эљодкорона таѓйир додааст. Дар ин бахш муаллиф девони Њофизро бо девони ашъори 25 шоир муќоиса кардааст. Маълум мегардад, ки Њофиз ба абёти људогонаи шоирон аз Рўдакї сар карда то Ибни Ямин, инчунин ба шеърњои шоирони муосири худ ба монанди Убайди Зоконї, Имоди Фаќењ, Салмони Соваљї, Носири Бухорої, Камоли Хуљандї ва Неъматуллоњи Валї пайравї намуда, абёти баргузидаашро шаклан ва мазмунан бењтару хубтар офаридааст. Дар поён барои исботи ин сухан чанд байтеро аз Низомии Ганљавї ва Фахриддин Асъади Гургонї намуна меоварем, ки Њофиз онњоро чи гуна тазмин ё татаббуъ кардааст: Низомї: Дило то бузургї наёрї ба даст, Ба љои бузургон нашояд нишаст. Њофиз: Такя бар љои бузургон натавон зад ба газоф, Магар асбоби бузургї њама омода кунї (сањ. 20). Фахриддин Асъади Гургонї: Ки ўро огањї аз мо нињон дењ, Ки рози дўст аз душман нињон бењ. Њофиз: Ба шамшерам заду бо кас нагуфтам, "Ки рози дўст аз душман нињон бењ" (сањ. 41). Маълум мегардад, ки доираи мутолиоти Њофиз хеле фарох буда, ў девони ашъори шоирони зиёдеро мавриди омўзиш ќарор додааст. Тибќи нишондони муаллиф Њофиз ба абёти Саъдї 193 маротиба, Фах-

риддини Ироќї 61, Хољуи Кирмонї 54, Низомї 41, Ибни Ямин 33, Рўдакї 25, Хоќонї 29, Мавлавї 25, Шайх Аттор 24, Хайём 20, Зањириддини Форёбї 20, Саної 18, Авњадии Мароѓайї 18, Сайфи Фарѓонї 18, Амир Хусрави Дењлавї 16, Њуммоми Табрезї 15, Камолиддини Исмоил 15, Анварї 12, Љамолиддини Исфањонї 9, Фирдавсї 8, Масъуди Саъди Салмон 8, Носири Хусрав 7, Амир Муиззї 7, Фахриддид Асъади Гургонї 5, Наљмиддини Розї 3 мурољиа намуда будааст. Бояд ќайд кард, ки ин њисоб шартан буда, Њофиз баъзан ба байти шоире якчанд байтњои ќаринагї низ офаридааст. Чунончи, муаллиф дар китоби мавриди назар муайян кардааст, ки Њофиз 15 байти Саъдї, 14 байти Рўдакї, 10 байти Ироќї, 4 байти Мавлавию Аттор, 3 байти Камоли Хуљандї ва дигар шоирони гузаштаву муосирашро дуюмбораву сеюмбора тазмин ва ё татаббуъ кардааст. Ба њар њол аз ин шумора яќин мегардад, ки Њофиз бо њама бузургиаш девони шеърњои шоирони гузаштаву муосири худро доимо мавриди мутолиаву омўзиш ќарор медодааст. Дар ќисмати дуюми китоб Лисонулѓайб ба абёти шоирони њамасри худ ба монанди Камоли Хуљандї 45, Имоди Фаќењ 33, Носири Бухорої, 32, Салмони Соваљї 27, Неъматуллоњи Валї 22, Убайди Зоконї 10 маротиба мурољиа намудааст. Модоме, ки мавзўи китоб тазмину татаббуи Њофиз ба ашъори шоирон аст, хуб мебуд, ки пажўњанда аз байти нахустини девони Њофиз, ки моли Ибни Язид мебошад, сухан ба миён меовард, вале, мутаассифона, дар китоб аз он ёдоварие њам нашудааст. Байти манзури назар ин аст: "Ало, ё айюњассоќї, адир каъсан ва новилњо", Ки ишќ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилњо. Мисраи аввали байти боло азони Ибни Язид буда, Њофиз онро ба ду ќисм људо карда, онњоро дар девони худ баръакси њам, яъне мутааххару мутаќаддам љой додааст: "Адир каъсан ва новилњо, ало, ё айюњассоќї" Њамчунин дар китоби "Њазор панди Њофиз" (-Душанбе: "Адиб", 2005), ки онро Алоуддини Исомиддин тањия кардааст, баъзе абёти тазмин ва татаббуъ кардаи Њофиз низ мављуд аст. Маълум мегардад, ки аз чашми Муњаммадризо Тољдинї девони ашъори Шамсиддин Муњаммади Љувайнї дур монда будааст. Мувофиќи нишондоди мураттибони китоби мазкур Њофиз мисраи "Кулбаи эњзон шавад рўзе гулистон, ѓам махўр"-и Шамсиддин Муњаммади Љувайниро дар яке аз ѓазалњои худ чунин истифода кардааст: Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ѓам махўр, "Кулбаи эњзон шавад рўзе гулистон, ѓам махўр!" Бо вуљуди ин пажўњише, ки Муњаммадризо Тољдинї дар ин мавзўъ анљом додааст, дар њофизшиносї кори бузурге ба њисоб меравад, зеро мухлисону алоќамандони Хоља пас аз мутолиаи он пай мебаранд, ки Њофиз худ аз худ њамчун фарди фавќулода ба арсаи адабиёт ворид нашуда, балки ў тањти таъсири ашъори шуарои мутаќаддиму муосиринаш ќарор дошта, пас аз омўзишу љустуљўи доимї ба чунин мартабаи бузург расида будааст. Агар муаллиф китобашро дар Тољикистон бо њуруфоти кириликии тољикї веросторї намуда, интишор мекард, кори басо хайре мебуд.


Аз рўзгори нобиѓањо Султони Њамад, «Рўзгор»

АГАР АЙ ОСМОН, ХОЊАМ КИ ЯК РЎЗ Суруди "Агар ай осмон, хоњам ки як рўз"-ро њам, ки бар пояи шеъри "Асир"-и Фурўѓи Фаррухзод, сохта шудааст, Ањмад Зоњир соли 1973 эљод карда, онро ба албоми дуввуми бастаи сабтњои судияи "Афѓон-музик", "Бањор" ворид мекунад. Шеъри Фурўѓи Фаррухзод аз њафт банди чањормисрагї иборат аст:

www.ruzgor.tj

Ањмад Зоњир ва сад шоир

15

Куљої дилбари ман, Зи дастат беќарорам. Мирам зи ишќат, љоно куљої ту, Дар интизорат мондам, љоно куљої. Куљої дилбари ман, Зи ишќат беќарорам. Сипас, банди аввали шеърро мехонад ва таронаро бо сурудани танњо ду мисраи аввали наќарот ба поён мерасонад. Давомнокии тарона 3 даќиќаву 24 сонияро ташкил медињад. Оњанги тарона эљоди худи Ањмад Зоњир аст. Дар навохтани оњанг аз синтезатор, саксафон, труба, табла барин созњои мусиќї истифода бурда шудааст. То ин лањзањое, ки ин сатрњо навишта мешаванд, варианти дигари ин тарона пайдо нашудааст. "АЗ ПЕШИ МАН БИРАВ, КИ ДИЛОЗОРАМ" Таронаи "Аз пеши ман бирав, ки дилозорам"-ро Ањмад Зоњир аввалин бор соли 1973 дар студияи 49-уми радиои Кобул сабт кардааст ва дар албоми шумораи 4-и бастаи сабтњои "Родиёї" љой додааст. Ин тарона бар пояи ду шеъри Фурўѓи Фаррухзод шеъри "Њарљої" ва шеъри "Дар баробари Худо" ва инчунин ду мисраъ эљоди худаш тањия шудааст. Мо ба хотири он ки хонандаи азизи мо бо мазмуни шеър ошно шавад, онро пурра пешкаши таваљљуњи ў мекунем:

Туро мехоњаму донам, ки њаргиз Ба коми дил дар оѓўшат нагирам. Туї он осмони софу равшан Ман ин кунљи ќафас мурѓи асирам. Зи пушти милањои сарду тира Нигоњи њасратам њайрон ба рўят. Дар ин фикрам, ки дасте пеш ояд Ва ман ногањ кушоям пар ба сўят. Дар ин фикрам, ки дар як лањза ѓафлат Аз ин зиндони хомўш пар бигирам. Ба чашми марди зиндонбон бихандам, Канорат зиндагї аз сар бигирам.

Аз пеши ман бирав, ки дилозорам, Нопойдору сусту гунањкорам. Дар кунљи сина як дили девона, Дар кунљи дил њазор њавас дорам.

Дар ин фикрам ману донам, ки њаргиз Маро ёрои рафтан з-ин ќафас нест. Агар њам марди зиндонбон бихоњад Дигар аз бањри парвозам нафас нест.

Ќалби ту поку домани ман нопок, Ман шоњидам ба хилвати бегона, Ту аз шароби бўсаи ман мастї, Ман сархуш аз шаробаму паймона.

Зи пушти милањо њар субњи равшан Нигоњи кўдаке хандид ба рўям. Чу ман сар мекунам овози шодї Лабаш бо бўса меояд ба сўям.

Чашмони ман њазор забон дорад, Ман соќиям ба мањфили сармастон. То кай зи дарди ишќ сухан гўї Гар бўса хоњї аз лаби ман, бистон.

Агар, эй осмон, хоњам, ки як рўз Аз ин зиндони хомўш пар бигирам. Ба чашми кўдаки гирён чї гўям Зи ман бигзар, ки ман мурѓи асирам.

Ишќи ту њамчун партави мањтоб аст, Тобида бехабар ба лаљанзоре. Борони рањматест, ки меборад Бар санглохи ќалби гунањкоре.

Ман он шамъам, ки бо сўзи дили хеш Фурўзон мекунам вайронаеро. Агар хоњам, ки хомўшї гузинам. Парешон мекунам кошонаеро. Ањмад Зоњир аз ин шеъри Фурўѓ ду бандро ба таронаи худ ворид карда хондааст. Банди якум ва банди шашумро. Љолиб он аст, ки сурудашро ў бо банди шашуми шеър оѓоз мекунад ва дар байн ин наќаротеро, ки худаш эљод кардааст, мехонад:

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

Ман зулмату табоњии љовидам, Ту офтоби равшани умедї. Бар љонам, эй фурўѓи саодатбахш, Дер аст ин замон, ки ту тобидї. Дер омадиву доманам аз каф рафт, Дер омадиву ѓарќи гунањ гаштам. Аз тундбоди зиллату бадномї, Афсурдаму чу шамъ табањ гаштам. (Идома дорад)

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


16

ww

№14 (014) 04 сентябри соли 2013

МУАССИС: ТАШКИЛОТИ wЉАМЪИЯТИИ . r u z g o r«РЎЗГОР» .tj

Рангинкамон

www.ruzgor.tj

Рўзнома дар Вазорати Фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти раќами 0216/рз, аз дувоздањуми декабри соли 2012 сабти ном шудааст.

e mail: info@ruzgor.tj

Сармуњаррир: Султони ЊАМАД Веростор: Љањонгири СУЛТОН

ruzgor@mail.ru

* Аксу дастхатњо ба муаллифонашон баргардонида намешавад. * Ба дурустии далелу арќоме, ки дар номањои расида ва эълону рекламањо истифода шудаанд, муаллифонашон масъулият доранд. * Њангоми истифода ва иќтибосњои људогона аз матолиби «Рўзгор» истинод ба манбаъ њатмист.

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўч. Бухоро 13 Телефон: (907) 91-59-34 Нашрия дар чопхонаи «Мушфиќї» ба табъ расидааст. Теъдоди нашр: 1000 нусха.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.