Рузгор №10 06.08.13

Page 1

www.ruzgor.tj

№10 (010) 06 августи соли 2013

ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК, ЊАМВАТАНОНИ АЗИЗ! Бирав, зи таљрибаи рўзгор бањра бигир!

№ 10 (010), сешанбе 06 августи соли 2013

сањ.6

www.ruzgor.tj info@ruzgor.tj

Њафтаномаи иљтимої-фарњангї

АДАБИЁТИ МО ЉАЊОНРО ТАСХИР МЕКАРД, АГАР…

ВОЛГОГРАД - ДАРВОЗАИ УМЕДИ ДЕЊЌОНИ ТОЉИК

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР

Њатто он чизњое, ки муаллифони љавони мо менависанд, агар тарљума ва ба арсаи љањонї бароварда шавад, хонандаи зиёд пайдо мекунад.

Маќсади мо, ки ошної бо вазъи дењќонони тољикистонии шањри Волгоград буд, пайти муносибе ёфтем, то њамсўњбат шавем.

Суруди "Туро афсуни чашмонам зи рањ бурдаст, медонам" низ Ањмад Зоњир бори аввал соли 1970 дар њамон студияи 49-уми радиои Кобул сабт кардааст...

сањ.15

сањ.4

ЌУРБОНИ СОБИР:

ДАР ИН ШУМОРА:

«БАРЗУ МЕГЎЯД БА БИШКЕК БИЁ...» Вале як чизи дигарро њам бояд гўям, ки ман њунарманди Њолливуд ё Болливуд нестам, ман њунарманди тољикам. Ва дар ватани ман санъати синамоиро комилан ба нестї расонидаанд. Њунармандону коргардонњояш њама парешон шуданд. Валерий Ањадов дар Русия муваффаќ аст, Љамшед Усмонов дар Фаронса муваффаќ аст, Маргарита Ќосимова ва Бахтиёр Худойназаров муваффаќанд. Њамин чор нафар кифояанд, ки киностудияи «Тољикфилм» дунёгир бошад. Аммо инњо нестанд ва ба љойи инњо имрўз њар одами чоруми кишвар филм гирифтан мехоњад ва њар одами панљум таъљилан мехоњад, ки Амитабх Баччан ё Љигархонян бошад. Одам њайрон мемонад. Одамоне, ки умуман дар бораи синамо маълумот надоранд, филм гирифтан мехоњанд. Чї бояд кард? Ман чї кор кунам?

ШАБИ ШЕЪР ДАР ШАБИ ЌАДР Гап дар ин љост, ки ин мањфил бо рўзи таваллуди ду шоири хеле маъруфи љумњурї Алимуњаммади Муродї ва Ќосимљон Зарифї рост омад. Алимуњаммади Муродї он шаб ба синни мубораки як кам њафтодсолагї ќадам гузошт.

Боздошти шањрванди Ќирѓизистон бо моддаи тарканда сањ.2 Масљид баставу фасодхона боз? Ин сиёсат аст ё заъфи њукумат?

сањ.3

Талошњои нав барои суќути низоми Асад дар Сурия сањ.5

Афсўс, ки айёми шарифи Рамазон рафт... сањ.10

Кохман кї буд? Чаро даст ба террор зад? сањ.11

Ќиссањо аз рўзгори Эшони Султон ... сањ.12

Њар кї тарсид аз Њаќу таќво гузид... сањ.13

сањ. 8-9

Ширкати «Умед-88»: Маќсади фаъолият - нафъи љомеаву миллат

сањ.14

ТАВАЉЉУЊ!!! ДАР ЉУМЊУРЇ ТАЛОЌ АЗ ПОРСОЛА БЕШТАР ШУДААСТ! Бино ба иттиллои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати ЉТ дар шашмоњаи соли 2013 4107 њолати бекоршавии аќди никоњ ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли 2012 њаштоду як њолат зиёд мебошад. Ин аз чї сањ. 7 далолат мекунад? ruzgor@hotmail.com info@ruzgor.tj

сањ. 9

www.ruzgor.tj


2

Ахбори Тољикистон ва љањон

www.ruzgor.tj

№10 (010) 06 августи соли 2013

Путин ва Рањмон дар Маскав дурнамои њамокорињои дуљонибаро баррасї карданд Сарварони Русия ва Тољикистон Владимир Путин ва Эмомалї Рањмон рўзи 1 август дар шањри Маскав дидор карданд ва маљмуъи васеи мавзўъњои вобаста ба муносиботи дўстї ва њамкории судбахши Тољикистону Русияро мавриди баррасї ќарор доданд.

Дар хабари расмие, ки "Ховар" интишор додааст, гуфта мешавад, ки ду љониб ба баррасии њамкорињои иќтисодию тиљоратї, њарбї ва њарбию техникї, тањкими амнияти минтаќавї ва њамчунин соњањои энергетика, муњољирати корї, маориф, илму техника ва фарњанг бештар таваљљўњ карданд. Дар ин мулоќот Путин Тољикистонро шарики

стратегии кишвараш хондааст ва гуфтааст, ки 21 дар сади њамкорињои иќтисодии хориљии Тољикистон сањми Русия аст. Ва боз гуфт: "њаљми сармоягузории Русия ба иќтисодиёти Тољикистон 1,5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медињад". Владимир Путин ба њамкории ду кишвар дар соњаи маориф бањои баланд дода, аз љумла изњор дошт, ки "наздики 5 њазор донишљўёни тољик њоло дар Русия тањсил мекунанд ва танњо соли гузашта беш аз 500 нафар аз њисоби буљети Русия ба тањсил дар мактабњои олї ќабул карда шуд". Сафари сарвари давлати Тољикистон ба Маскав бо даъвати Владимир Путин сурат гирифта буд, аз ин рў Эмомалї Рањмон ба ин иќдом изњори сипос кард ва њамкорињои дуљониба дар њама соњањоро арзишманд ва созанда хонд. Гуфтугўйи судманд доир ба муњлати ба тасвиб расондан ва татбиќи босамари санадњое, ки моњи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Валадимир Путин дар шањри Душанбе ба имзо расида буданд, сурат гирифт ва Президенти Тољикистон итминон додааст, ки тирамоњ Парламони кишвар Созишномаи њарбї миёни "Рўзгор" ду кишварро тасвиб хоњад кард.

Ифтори Сафорати Эрон дар мењмонхонаи "Тољикистон" Бегоњии љумъаи њафтаи гузашта дар мењмонхонаи "Тољикистон" Сафорати Љумњурии Исломии Эрон дар кишвар барои ањли адабу фарњанг, сиёсатмадорон, кормандони идорањои давлатї, рўзноманигорон ва адибон ифтор дод. Алї Асѓари Шеърдўст, Сафири Фавќулодда ва Мухтори Эрон дар Тољикистон дар сухани ифтитоњии худ баъди хайримаќдами мењмонон дар бораи моњи Шарифи Рамазон ва вижагињои он, фазилат ва наќши инсонсози моњи Худо, равобити њасанаи Тољикистону Эрон, иртиботњои фарњангї, сиёсї ва иќтисодї миёни ду кишвар муфассал њарф зад. Дар ин ифтор Эркин Рањматуллоев, Сармушовири давлатии Президенти Тољикистон њузур дошт. "Рўзгор"

Як даргирии хунин дар Нангарњори Афѓонистон њудудан 100 кушта бо љой гузоштааст Аз Афѓонистон иттилоъ дода мешавад, ки бар асари даргирї миёни нерўњои амниятї ва мусаллањони мухолифи давлат њаддиаќал сад нафар кушта шудаанд. Маќомот теъдоди кормандони пулиси њалокшударо 22 ва љангиёни мухолифи давлатро беш аз 70 нафар эълон кардаанд. Аммо Толибон мегўяд дар ин даргирї онњо муваффаќ ба куштани бештар аз 80 корманди хадамоти амниятї шудаанд. Сухангўи волии Нангарњор дар шарњи хабар иттилоъ додааст, ки амалиёт аслан барои наљоти як хонаводаи роњбари ќавмии минтаќа роњандозї шуда буд ва дар набарди аввал 16 нафар ва баъдан дар як камингоњ боз 60 тани дигар аз гурўњи Толибон кушта шуданд. Ин сухангў афзудааст, ки гурўњи мусаллњаи мансуб ба Толибон се рўз пеш хонаи Малик Вардак, як роњбари бонуфузи ќабиларо дар вулусволии Шерзод ба муњосира гирифта буданд. Амалиёти нерўњои амниятї љињати озодии афроди ин хонавода ду шаб ва се рўз идома доштааст. "Рўзгор"

Боздошти шањрванди Ќирѓизистон бо моддаи тарканда Вазорати корњои дохилии Тољикистон иттилоъ дод, ки як шањрванди Љумњурии Ќирѓизистонро бо 13 кило маводи тарканда боздошт кардааст. Дафтари матбуотии ин вазорат шахси боздоштшударо 26-сола гуфтааст ва дар хабар омада, ки мавсуф аз љониби Раёсати мубориза бо љиноятњои муташаккили вилояти Суѓд дар ноњияи Љаббор Расулов дастгир шудааст. Дар хабар гуфта намешавад, ки бо кадом навъи

www.ruzgor.tj

маводи инфиљорёбанда боздошт шудааст, аммо манбаъ мегўяд, ки аз ў дастгоњњои ба кордароварандаи ин модда низ мусодира шудааст.Вазорат иттилоъ медињад, ки тањќиќи ќазия идома дорад ва љузъиёти аз бештар ироа нашудааст. "Рўзгор"

e mail: info@ruzgor.tj

ruzgor@mail.ru

Дар Тољикистон њоло шоколадњои "Roshen" мамнўъ нашудаанд Вазорати тандурустии Тољикистон эълон кард, ки дар пайи омўзиши мизони зарари шоколадњои украинии "Roshen" шудааст, ки дар кишвар истеъмолкунандагони зиёд дорад.

Вазорат мегўяд аз мамнўъияти ин навъи шоколадњо дар иддае аз кишварњо аз тариќи ВАО маълумот гирифтаанд ва љузъиёти онро мавриди омўзиш ќарор хоњанд дод. Чанде пеш Русия ва Ќазоќистон дар таркиби ин ширинињо моддаи химиявии "бензпирен" кашф кардаанд, ки ба саломатии инсон зарар дорад. Вазорати тандурустї Хадамоти санитарию эпидемиологии худро маъмур кардааст, ки миќдори маводи "бензпирен" ва дараљаи зарари он ба саломатии мардумро тањќиќ кунад. Ба гуфтаи мутахассисон бензпирен моддаест, ки дар таркиби мањсулоти бо дуд ё гармии зиёд коркардшуда мушоњида

мешавад. Масалан, дар таркиби мањсулоти гўштии дуддодашуда, мањсулоти донагии дар њарорати баланд омодагардида, дар таркиби кањваву кокао низ ёфт мешавад. Вале илм меъёри истифодаи онро ба њар навъи мањсулот муайян кардааст. Аз ин рў мутахассисон аввал бубинанд, ки "Roshen" дар таркиби худ чї миќдор ин навъи моддаи химиявї дорад ва дараљаи зарари он ба кадом њад аст. Зеро илман њоло собит шудааст, ки меъёри баланди истифода "бензпирен" барои тайёр кардани ин ё он навъи мањсулот боиси рушди беморињои вазнине назири саратон метавонад шавад. "Рўзгор"

Амрико шањрвандонашро аз вуќўъи эњтимолии амалњои террористї њушдор дод Њукумати Амрико аз сар задани амалњои эњтимолии террористї дар иддае аз кишварњои љањон ба љони миссияњои дипломатии худ хатар эњсос кард ва ба шањрвандонаш њушдор дод, ки зимни сафар ба баъзе аз мамолики исломї эњтиёткор бошанд.

Сухангўи вазорати умумри хориљии ин кишвар Мери Њарф дар баёнияи интишордода худ рољеъ ба љузъиёти хатар њарфе нагуфт, вале ишора кард, ки тадобири шадиди амниятї андешида шудааст. Вай гуфт, ки эњтимол меравад шабаки террористии Ал-Ќоида ва шарикони он то охири моњи август як силсила амалњои террористиро дар мамолики Ховари Миёна ва Шимоли Африќо роњандозї кунанд. Гуфтанист, ки моњи сентябри соли гузашта ба дунболи њамла ба намояндагињои дипломатии Иёлоти Муттањида дар Либия, Миср, Яман ва бархе дигар аз кишварњои дигари мусалмоннишин, Вашингтон шањрвандони худро њушдор дода буд, ки ба сафар ба иддае аз мамолик, аз љумла дар Тољикистон њушёр бошанд. Ин замоне буд, ки дар олами Ислом зидди намоиши филми ињонатбори зидди Пайѓамбар (с) тазоњуроти густарда идома дошт ва дар консулгарии шањри Бенѓозии Либия бар асари њамлаи афроди номаълум се дипломати олимаќоми амрикої кушта шуда буданд. "Рўзгор"


www.ruzgor.tj

"Рўзгор" ва хонанда

№10 (010) 06 августи соли 2013

3

МАСЉИД БАСТАВУ ФАСОДХОНА БОЗ?

ИН СИЁСАТ АСТ Ё ЗАЪФИ ЊУКУМАТ?

Б

о арзи салом хидмати њамаи азизоне, ки њафтаи сипаришуда "Рўзгор" хонданд. Умедворем матолиби он мавриди писанди дўстон ќарор гирифта бошад. Ин њафта њам зангњои зиёди телефонї доштем. Назарњои гуногун матрањ шуданд, ки дар корбасти шуморањои баъдии "Рўзгор" аз он машварату маслињатњо кор хоњем гирифт. Иддае аз дўстон дар мавриди баъзе маќолот бањс мекарданд ва мавзўъи бањси онњо барои оянда аст. Ба иддае посухи шифоњї додем, эродњоро ба назар гирифтем. Ва чанд эроди дигар дар номањо буданд, ки дар зер меоянд.

Олимхуља Рањимов,аз шањри Исфара изњор дошт, ки "Рўзгор" ро шунидаму нахондам. Бахшиш. Сабаб он ки ба Исфара касе онро намеорад, ки харему хонем". Ба дўсти азиз гуфтем, ки хоњем кўшид мушкили шуморо дар кўтоњтарин муддат осон созем. "Рўзгор" нашрияи нав аст ва њоло на њама роњњои бурунрафт аз пойтахт ва марокизи вилоятњо барояш осон тай мешаванд. Вале ин њал шуданист. Вакили мудофиа Неъматулло Њусейнов дар сўњбати телефонї дар мавриди очерки "Аз дида ба дилњо рахти сафар барбаст" њарф зад. Вай аз љумла гуфт, ки "ин мардро хуб мешиносем. Почокалон Азимов, як инсони басо оддиву хоксор ва шоистаи таъриф. Умре кўшид соддаву осон бизияд, мўњтољ набошанд, аз ин рў дар замонњое, ки тољиронро њабс мекарданд, вай бо њар роњ ба ин кор идома медод. Дар Русия њамкасбонашу дўстонаш ўро Ахмед мегуфтанд. Шояд ба гуфтани Почокалон забонашон намепечид ва ў ба худ њамин тахаллусро интихоб карда буд. Падари мушфиќ буд, писаронаш роњи ўро пеш гирифтанд. Њатто яке аз фарзандонаш, ки донишљў буд, билохира тарки тањсил кард ва бо падар пайваст. Шояд дид, ки бо дипломи олї њам мардум ногузиранд боз мардикорї кунанд. Рафт, то пешаи падар омўзад, чун медонист, ки ин пеша умре ќиблагоњашро хор накарда буд". Ва инак, номањои дигар: ИМРЎЗ КИСТ ХОРТАР АЗ МУАЛЛИМ? Аз сўњбати марди сањна, ровии хушсухан, Њунарманди Мардумии Тољикистон Ортиќ Ќодир хеле бардоштњои аљиб кардам. Аммо бештар аз њама маро он нукта хуш омад, ки њунарманди шинохта дар бораи мактабу маориф изњори назар мекунад. Ин фољеаи миллї аст. Ваќте мактабу маориф рў ба табоњї овард, ваќте муаллим аз мактаби миёна то донишгоњњои олї дар фикри фасод аст, вой бар мову вой бар миллати мо. Ман чандин сол дар Эрон зистам, њисс кардам, ки дар Љумњурии исломї кўшидаанд маорифро зинда нигоњ доранд ва давлат ба муаллим хоњ вай дар макотиби миёна бошад ва хоњ донишгоњї маоши баланд муайян кардааст, то омўзгор дар фикри таълиму тадриси фарзандони мардум

МАСЉИД БАСТАВУ ФАСОДХОНА БОЗ? ИН СИЁСАТ АСТ Ё ЗАЪФИ ЊУКУМАТ?

Ман сад дар сад суханони њунарманди шинохта Ортиќ Ќодирро љонибдорам, ки интернету клубњои шабона ва дискотекаву майкадањоро тањољуми ѓарбї медонад, то ахлоќи моро фасод кунанд. Имрўз худи ѓарбиён халосї аз ин фарњангро мељўянд, вале барояшон дер шудааст. Аммо таблиѓи он дар кишварњои мусалмоннишин ба хотири бероња кардани љавонон ва аз дину оини аљдодї, фарњанги пурѓановати миллиашон дур андохтан аст. Ва ман тааљљуб мекунам ба њукумати кишвар, ки барои бастани масољид Кумитаи динаш фаъол, вале барои танзими фаъолияти дискоклубњо ин гуна њангомаю давуѓељ надорад. Зиёиеро ёд дорам, ки дар вилоят узви як кумита буд, ки њамин дискоклубњо бахше аз фаъолияташ мањсуб меёфт. Баъдан

рон" буд ва дар Фаластини ишѓоли ячейкаи онро роњбарї мекард? Аз ин рў шумо зиёд фолбинї накунед. "Бародарони мусалмон" аз вазъи имрўза низ ѓолиб берун меояд. Њукумати низомї ба муќобили њизбе, ки онро мардум пазируфтааст, коре карда наметавонад. Ва боз: Ѓарб бо Ироќу Афѓонистон чї кард, ки бо Миср кунад? Дасташ кўтоњ аст. Афѓонистон валангор шуд, Ироќ ба харобазор табдил гардид, низоми сотсиалистии Муаммар Ќаззофї дар Либия, ки мардумї ва зидди империаалистї буд, намехост хориљиён њаќи дахолат ба захирањо ва сарватњои он дошта бошанд, зеру забар шуд ва њоло навбат ба Сурияву Миср расидааст. Аз дасти Амрикову Ѓарб њамин вайронии Шарќ меояд, на ободї. Дар хотир дошта бошед ва демократия њам барои шарќиён бањонаи вуруди истисморгарон аст, на чизи дигар. Мурзошариф, рўњонї

ќисмати баъдии писари ў Комёр чї шуд? Фурўѓ гуфта буд: Рўзе расад, ки чашми ту бо њасрат, Лаѓзад бар ин таронаи дардолуд. Љўї маро даруни синањоям, Гўи ба худ, ки модари ман ин буд. Сурайё, донишљў аз шањри Душанбе ДИЛМОНДАЕМ АЗ БАЊСЊОИ ИЛМИИ УЛАМОИ ТОЉИК, АЗ ЌАРЗОВЇ НАВИСЕД

Сўњбатњои Юсуф Ќарзовиро дар бораи моњи Шарифи Рамазон хондам. Баъди Рамазон хоњишмандам дар дигар мавзўъњои бањсї низ аз фатвоњои ў чоп кунед. Чун аз фатвоњои уламои тољик дилам монд. Фатвои Маркази исломї пулакї, аз дигарош шубњаовар. Чун њар кадомашон њар гап мегўянд. Намедонї ба кї бовар намої. Маслан, дар мавриди њукми шикастан ё нашикастани рўза аз тазриќи маводи дорувору (укол) эшони Мањмудљон Тўраљонзода њамон њарфро гуфтааст, ки Ќарзовї мегўяд. Аммо иддае аз уламо ба мисли домулло Њикматулло онро шикананда медонанд. Намедонем ба кадомаш бовар кунем. Саидназар, Ќурѓонтеппа "Рўзгор": Дўсти азиз, Саидназар! Њаќиќат аз бањси илмї пайдо мешавад. Хоса дар масъалањои шаръї бояд њатман назарњои мухталиф бошанд ва аз миён яке он ки мантиќиву илмист ва пояњои далелњояш устуворанду ларзонак нестанд, пазируфта шаванд. Ќабул дорем, ки миёни уламо иттифоќи назар дар баъзе масоил вуљуд надорад. Вале итминон медињем, ки онњо дар масоили калидии шаръї ихтилофе надоранд. Мо ба Ќарзовї на аз он рў овардем, ки ба уламои худамон бовар надорем. Балки аз он хотир фатвоњои ўро чоп кардем, ки дар љомеаи динии ањли суннат пазируфтанист ва уламои ањли суннат ба гуфтањои ў мухолифат надоранд. РЎЗИ ЌУДС ЧАРО ФАРОМЎШ ШУД?

ва ин миллат бошад, на ки барои рўзгузаронї дар замони таътил мардикорї кунаду њангоми тањсил дар фикри фасод ва пулситонї аз муњассилин бошад. Аммо дар мо чї? Фарзандони мо њанўз хатмкунада нашуда мо дар фикри онем, ки ба куљо тањсил кунанд, ки "ставка" арзонтар бошад. Ортиќ дуруст мегўяд: "Њамон рўзе, ки муаллим маљбур шуд, ки ба бача бигўяд, "ту пули моњ" -а биёр, аз њамон рўз хор шуд. Бояд, ки мо ба ин роњ намедодем, бояд ќадри мактабу маорифро њамеша гиромї медоштем, дар ин сурат завќу одобу фарњанги мардуми мо тарбия меёфт". Бале, имрўз хортар аз муаллим касе нест. Аммо афсўс, ки давлат инро њанўз њам дарк накардааст. Муаллимаи хуљандиро њамин нанги ришвахорї ба худкушї водор кард. Вай натавонист ин бори нангинро тањаммул кунад. Њол он ки агар вай гирифта бошад, аз садњо як њисса ришваеро нагирифтааст, ки як судя ё прокурору милиса мегиранд. Аммо њамон нангу номус пои ўро сўи дарё кашид, то дар оянда ангушти ишорат сўяш дароз нашавад. Солењамо Ашурова, омўзгор

тарки ин кумита кард, бо ким-кадом бањонае аз он берун шуд. Сабаб пурсидам, посух дод, ки ягон пешнињодам дар ин маврид ќабул нашуд, кумита ба ном фаъолият мекард, вале зўраш ба бастани фасодхонањое нарасид, ки зери шиори дискоклуб љавононро бероња мекарданд ва шабонгањон њатто ноболиѓон то рўз мењмонони ин клубњо буданд. Гулмуроди Абдуллозода, Ќўрѓонтеппа ЃАРБ БО АФЃОНИСТОНУ ИРОЌ ЧЇ КАРД, КИ БО МИСР КУНАД?

Хоњишмандам ба "Бародарони мусалмон" нарасед. Чї ин ќадар зиёд менависед, ки чї буду чї хоњад шуд? Магар намедонед, ки фолбинї кори шайтони лаъин аст. "Бародарон" буд, њаст ва мемонад. Њуснї Муборак барин диктатор, Љамол Абдуносир барин хуношом нисбати ин њаракат коре карда натавонистанд, бо фишори онњо вай љањонї шуд. Њамин "Бародарон" буд, ки дар Фаластин "Њамос" ба вуљуд омад. Шумо аз куљо медонед, ки Ёсир Арафон пеш аз он ки "Њамос"-ро ташкил намояд, аввал узви њамин "Барода-

ruzgor@hotmail.com

ЁДИ ФУРЎЃИ ФАРРУХЗОД, ЁДИ ШЕЪРИ НОБ АСТ

Ташаккур аз шумо, ки ба ёди мо Фуруѓи Фаррухзодро андохтед. Ин шоираи нозукхаёл ва љавонмарг, ки эњсосоти занонаро дар ќолаби шеър даровард ва маънињои борикро дар либоси нањифи бадеият баён дошт, басо љавон аз олам рахт барбаст. Агар ў ба синни камолот мерасид, бас инќилобе дар шеър мекард, њоло шояд касе ба пояи ў намерасид. Ман ќитъањои зиёдеро аз ашъори ў ёд дорам. Вале аз матлаби интишордодаи шумо нукоти дигар барояш ошкор шуд: Ањмад Зоњир, ин хунёгари оламшумул ва ин санъаткори нотакрор бо Фуруѓи Фаррухзод як сарнавишт доштаанд: њарду њам нокоми муњаббати оилавї, њарду аз фарзанд људо бо амри додгоњ ва њарду њам љавонмарг. Шояд Парвизи Шопур, шавњари Фуруѓ натавонист маънии шеъри ўро дарёбад, шояд натавонист образњои тахайюлии шоираро эњсоси шоирї донад. Шояд онњоро ба маънои ошиќони њаќиќии шоира, на маљозї донист, ки аз рашк билохира њам бинои оила вайрон кард ва њам истеъдодеро зери хок намуд. Аммо намедонам

info@ruzgor.tj

Хеле хуб нашуд, ки "Рўзгор" аз рўзи љањонии мубориза барои Ќудси шариф матлабе чоп накард. Ин хеле зарур буд. Зеро Ќудс ќиблаи муслимин, маркази њамаи динњои осмонист. Дуввумин масљиди мусалмонон аст. Ба ќавли њазрати Алї (к) дунё чањор ќасри бињиштї дорад: Масљидулњаром, Масљидуннабї, масљиди Куфа ва Байтулмуќаддас. Байтулмуќаддасро паёмбарони Илоњї бино кардаанд ва зодгоњи бисёре аз анбиёи Худованд, њукумати илоњии њазрати Сулаймони Набї (а), мањалли вафоти њазрати Марям ва мањалли њиљрати њазрати Њољар ва бисёре аз фазилатњои дигарро доро мебошад. Аз њамин макони муќаддас буд, ки њазрати Расулуллоњ (с) ба меърољи худ оѓоз карданд. Агар матлабе дар ин маврид чоп мешуд, хеле хуб ва шоиста буд. Амруллоњ, Душанбе "Рўзгор": Ростї фаромўш њам накардаем, мехостем матлабе интишор дињем, вале сари ваќт омода нашуд. Аммо гумон мекунем мубориза барои Ќудси шариф кори якрўзї нест. Њар рўзи мо бояд мубориза барои озодсозии ин макони муќаддас бошад. Аз ин рў гумон мекунем агар дар рўзи љањонии Ќудс, ки бо ташаббуси Имом Хумайнї (р) бештар аз сї сол пеш эълон шудааст, мо матлаби хонданї интишор надодем, вале дар шуморањои баъдї хотираи шуморо ба ин рўз ва умуман мушкилоти Ќудс бармегардонем.

www.ruzgor.tj


4

С

№10 (010) 06 августи соли 2013

Рўзгори муњољир

www.ruzgor.tj

ањрои бекарон, вале сабзу хуррам... Дарахти тут ва суфаи зери он сањрои Тољикистонро ба ёд меорад. Вале бо фарќ аз сањрои Тољикистон, ки дар ин шабу рўз њарорат хеле болост, шамоли сарднафасе дар мазрањаи бедолу дарахт рўй мелесад… Элназар Таджиков, сокини љамоати Гулистони ноњияи Љалолиддини Румї њамроњи писараш зери тут, болои суфа нишаста нањорї мехўрд. Маќсади мо, ки ошної бо вазъи дењќонони тољикистонии шањри Волгоград буд, пайти муносибе ёфтем, то њамсўњбат шавем. Ў, ки дар мазореъи Саидањмад Мањмадов, раиси Љамъияти тољикони Волгоград ба фаъолият машѓул аст, мегўяд, дар Тољикистон ба љуз обмонии заминњо дигар тахассусе надоштааст, бинобар ин дар Русия њам ба обмонї ва алафдаравї машѓул аст. Њамзамон бо назардошти зарурат рўзњое њам мешаванд, ки Э. Таджиков гову гўсфандчаронї низ намояд.

корам буда, асосан пиёзу сабзї мекорад. "Алъон мо, 70 нафар шањрванди Тољикистон дар ин ширкат кору фаъолият карда истодаем. Замонњои аввали муњољират бештар ба кишоварзї машѓул буданд, њозир кам шудаанд, зеро бештари хољагињои корфармо муфлис гаштаанд. Ин њам ба он хотир буд, ки боду њаво таѓйир ёфтасту њосили помидор чун пештара нест", афзуд ў. Коргарони ин корхона низ 10 њазор рубл дар як моњ гирифта, бо љойи хоби ройгону ѓизо аз љониби ширкат таъмин шудаанд. Њамчунин роњкироро аз Тољикистон ба Волгоград, пардохти маблаѓи иљозаи кориро низ ширкат медодааст ва он њам бидуни бозгашт будааст. Аммо бо сабаби он ки

рубл талаб кард, ваќте онњо ба хона расонида шуданд, масрафи он њама зиёдтар аз нархи равѓан дар Тољикистон шуд", гуфт Нур Мунавваров. Ба гуфтаи ў, агар роњбаладони ќатора то 500 рубл гиранд барои овардани кифи коло, эшон розиянд, аммо нархе, ки роњбаладони ќатора муайян кардаанд, хеле гарон аст. Ин њам дар њоле буда, ки ба ќавли Н. Мунавваров, чанд маротиба холї рафтани ќатораро мушоњида кардааст. ДАР СОВХОЗИ "КАРПОВ" Тавре дар боло гуфтем, чун маќсад омўзиши вазъи муњољирин буд, њар љо, ки аз тољикон суроѓ мегирифтем, кўшиш менамудем, то бо эшон њамсуњбат шавем. Бо ин маќсад њамроњ бо

раиси лагер, раиси лагер, сарошпаз ва њоло боз раиси лагер шуда, кор карда истодаам". Дар иртибот ба маоши муњољир-кормандони ин совхоз Анвар Холов, раиси лагер гуфт, маош вобаста ба кор буда, њамзамон макони зист, дуруст кардани аснод, аз ќабили њуљљати будубошу иљозаи корї ва 50 дар сад озуќа ройгон аст. Ба гуфтаи ў, мањсулоти ѓизоиро на ройгон, балки бо нархи арзон ба коргарон медињанд, њамзамон агар њосилу савдо наѓз шавад, њамон 50 фоизро њам корфармо намегирад. Фарзан, соли 2010, тибќи шартнома, озуќаворї пулакї буд, вале ваќте нархи пиёз дар бозор баланд шуду мањсулот ба савдо рафт, корфармо барои масрафи озуќа чизе на-

ВОЛГОГРАД - ДАРВОЗАИ УМЕДИ ДЕЊЌОНИ ТОЉИК Нусрат Исматов, намояндаи Хадамоти муњољирати Тољикистон дар манотиќи љанубии Федератсияи Русия роњ пеш гирифтем сўйи совхози "Карпов", ба тахмин 70 - 80 километр дуртар аз маркази вилояти Волгоград, ма-

Талабшоњи Салом, Волгоград, барои "Рўзгор" ТАЛОШ БАРОИ ХАЛОСЇ АЗ ЌАРЗ Элназар Таджиков њамагї 10 њазор рубли русї маош мегирад. Ин маблаѓ аслан, на он ќадар маоши баланд аст, аммо вай мегўяд, дар Тољикистон, љойи муайяни корї, ки надошт, тавассути бастани шартнома бо корфармо Саидањмад Мањмадов аз Тољикистон ба Волгоград омадааст ва тўли ду моњ аст, ки дар ин љо машѓули кор аст. Э. Таджиков мегўяд: ѓизо ва љойи хоби ман ройгон, ин љо беташвиш аст, аз пулис дар амнем, њамзамон мисли Тољикистон боду њаво дорад. Вале бо вуљуди ин њама шароит ба ман пул даркор аст ва бо 10 њазор рубл наметавонам ќарзњои аз Тољикистон гирифтаамро баргардонам. Бинобар ин, тибќи шартнома, агар пулњои масрафнамудаи Саидањмад Мањмадовро барои ба ин љо расидани худу писарам бо кор баргадонем, ба Маскав меравем. Бале, тавре Саидањмад Мањмадов дар мусоњиба гуфта буд, баъзе шањрвандони Тољикистон бинобар надоштани маблаѓи кофї, ки наметавонанд ба љойи дилхоњи Русия раванд, Волгогард омада, муваќќатан ба коре шуѓл меварзанд, то маблаѓе ба даст оранду аз пайи кор шаванд. Элназар Таджиков аз зумраи њамон гуна афрод аст. Ўро ба Волгоград ноилољї бурдааст... Чун бо Э. Таджиков суњбат мекардем, аппаи Оимгул, ки ў низ шањрванди Тољикистон буда, њамроњи шавњараш њамкорони Элназар Таджиков њастанд, бо суњбати мо њамроњ шуд. Ў низ ба ивази 10 њазор рубл дар як моњ дар сањро барои дењќонон таббохї намуда, њамзамон нигоњубини теъдоде аз мурѓобињо ба дўши аппаи Оимгул аст. Аппаи Оимгул наќл кард, ки то соли 1995 дар дењаи ба номи Орджоникедзии собиќи колхози "Правда"-и ноњияи Панљ зиндагї мекардааст, аммо соли 1995 ба љамоати дењоти ноњияи Гулистони ноњияи Љалолиддини Румї кўч бастанд. Ўро пурсидам, ки "магар дар Гулистон кор набуд, то ба ин љо наоед?", гуфт: дар Гулистон кор буд, аммо пули кофї ба даст оварда наметавонистем. Дар як моњ 100 - 200 сомонї меёфтему халос".

www.ruzgor.tj

"Дар Тољикистон хишт рехта, савдо мекардем, харбузаву тарбуз мекоридем, гандуму юнучќаи дигаронро дарав мекардем. Њамзамон худ сабзї кишта, ба савдо мегузоштем, аммо пуле, ки аз он ба даст меомад, нокофї буд, њатто масрафи худи њамон мањсулотро намепўшонд. Бинобар ин маљбур шудем, ба ин љо ба кор оем, зеро барои мо пули калон лозим аст"-, афзуд аппаи Оимгул. Аз суњбат бо ў маълум шуд, ки апаи Оимгулу шавњараш низ муваќќатан дар Волгогард фаъолият менамоянд. Эшон низ, ки бо пули кордињанда ба Волгогард рафтаанд, бо баргардонидани ќарзи масрафшуда он љоро тарк хоњанд кард. ШИКВА АЗ РАЊБАЛАДОНИ ЌАТОРА Нур Мунавваров, дигаре аз муњољирини тољик аст, ки 12 сол боз дар Волгоград ба сар мебарад. Ўро замоне пайдо кардам, ки дар анборе барои нигоњдории сабзавот њамроњи дигар тољикбачањо машѓули кор буд. Эшон анборро таъмиру дуруст мекарданд, то њосили љамъовардаашонро он љо захира намоянд. Нур Мунавваров худ соњибзамин нест, аммо дар ширкати кишоварзие бо номи ООО "Опел" ба њайси бригадир фаъолият менамояд. Ба ќавли Нур Мунавваров, ширкати "Опел" дорои заминњои

e mail: info@ruzgor.tj

корњо дар сањро мавсимиянд, шаш моњ баъд шањрвандони кишварро лозим меояд, ки ба Тољикистон баргарданд. Дар чунин њол, роњкирои бозгашт аз њисоби худи коргарон пардохт мешудааст. Дар њамин њол, Саид Рањматтулоев, яке аз дигар муњољирини тољик аз ноњияи Ѓончї изњор дошт, ки бо вуљуди ройгон будани макони зисту озуќа ва гирифтани 10 њазор рубл дар як моњ имконоти дигаре низ пайдо мешаванд, то пули иловагї ба даст биёранд. Аз љумла, љо ба љо намудани њосил дар анбор ва њамчунин ба мошинњо бор кардани он њаќќул-зањмати алоњида доштааст. Зимнан Саид Рањматуллоев ва њамроњонаш аз шароити корї ва будубош розиянд, аммо нигаронии Нур Мунавваров аз дигар чиз аст. Ў аз он шиква кард, ки аз хидматрасонии ќатора мувофиќи шароити иќтисодии онњо нест, њол он ки ягона воситаи боэътимоди равуо аз Тољикистон ба Волгоград ва баръакс, танњо ќатора аст. Ба гуфтаи ў, хидматрасонии гаронеро ба роњ мондаанд масъулин. "Агар як кифро дар 1000 рубл пур аз ашё намоем, то онњоро ба хона бифристем, рањбаладон (проводник)-и ќатора 1000 рубли дигар талаб менамоянд. Боре ба ивази 1000 рубл равѓан харидам ба нияти ба Тољикистон равон кардан, барои бурдани он рањбалад 1000

ruzgor@mail.ru

коне, ки тољикон машѓули кор буданд. Дар он љо Анвар Холов, яке аз њамватанони мо пешвозамон гирифт. Дар ин совхоз 2 бригада, 90 нафар шањрванди Тољикистон кор мекунанд. Ќабл аз он ки ба ташрењи њоли муњољирини кишвар дар ин љо пардозем, месазад, ки ќиссаеро аз забони Анвар Холов пешкаши хонанда намоем, то ибрате шавад барои дигарон. Ў гуфт, ки азбаски дар шањри Турсунзода зиндагї мекард, тавониста буд, ки панљ-шаш адад дўкон ташкил намуда, ба савдо шуѓл варзад, аммо ќадре пул, ки ба даст овард, ба ќиморбозиву майнўшї дода шуд. Дар натиља, маѓозањо аз даст рафтанд, дигар чї кор карданашро намедонист. Дар чунин њол, ба њукумати ноњияи Турсунзода мераваду огоњ мешавад, ки шањрвандонро аз љониби Хадамоти муњољират ба Волгоград ба кор мебаранд. Билахира, тавассути ин барнома ба совхози "Карпов" ба кор оварда мешавад. Воќеаи мазкур, ба наќли ў, 8 сол ќабл иттифоќ афтода буд ва имсол 8 - ум сол аст, ки Анвар Холов, шањрванди Тољикистон корманди мавсимии совхози "Карпов" аст. "Соли аввал, чун расидем, 47 нафар будем, ки њамроњњоям маро њамчун бригардир интихоб намуданд. Њамин тариќ, баъди бригардирї љонишини

гирифт, танњо андоз аз даромад гирифта шуду халос. Ба гуфтаи ў, ки дар ин совхоз одамони гуногунсоња фаъолият менамоянд, маош њам гуногун аст. Ў аз љумла, механизаторонро тамсил кард, ки дар давоми 8 моњи корї 170 - 180 њазор рубл мегиранд. Ёдоварии дигари ў ин буд, камтарин маошро соли гузашта зани 60-солаи тољик, ки косашўї мекард, гирифта буд. Пули ба дастовардаи зани 60-сола 55 њазор рублро ташкил медодааст. Бо бардошт аз суњбати Анвар Холов метавон гуфт, ба таври миёна кормандони совхози "Карпов" 70 -90 њазор рубл тайи як мавсими корї ба даст меоранд, ки бо ба њисоб гирифтани дигари масорифи эшон њадди аќали њаќќи зањмати онњо 12-13 њазор рублро дар як моњ ташкил медодааст. Зимнан, Муњайё Рањмонова, сокини шањри Чкалови Тољикистон, ки чанд сол боз дар совхози "Карпов" фаъолият мекардааст, ин суханњоро тасдиќ кард. Њамзамон Садаф Ањёева, сокини шањри Душанбе ва Абдувалї Мањкамов, сокини шањри Турсунзода ин суханњоро тасдиќ намуда, љињати шароити фаъолияту зист ќаноатмандии хешро изњор намуданд.

БА ЉОЙИ ОХИРСУХАН Хусусияти умдае, ки дар ростои њамаи муњољирини дењќон мушоњида шуд, ин аст, ки аввалан, онњо шиносномањо ва маоши худро дар охири мавсим ба даст мегирифтаанд. Сабаби ин масъаларо Нусрат Исматов, ки бевосита љараёни фаъолияти муњољиринро назорат менамояд, дар он арзёбї кард, ки агар маоши муњољирин сари ваќт дода шавад ва њамчунин дар даст шиноснома дошта бошанд, чун маош кам аст, эњтимол гурезанд. Њолати мазкур борњо ба мушоњида расидааст. Ин њам дар њолест, ки онњо бо корфармо ба муњлати 6-7 моњ шартнома имзо менамоянд ва иљозатномаи корї, њуљљату будубошу роњкирои ба Волгоград омаданро кордињанда пардохт менамояд. Њол он ки дар тасдиќи гуфтањои Нусрат Исматов Саидањмад Мањмадов њамчун "трамплин" истифода шудани Волгоградро аз љониби тољикон инкор намекунад. Ба назари мо, мушкиле, ки муњориљини тољики волгоградиро ба дунбол дорад, ин надоштани суѓуртаи тиббист. Дар иртибот ба ин масъала бошад, Нусрат Исматов гуфт, мањз њамин масъаларо њузури корфармоён бардоштааст ва он бояд њалли худро ёбад. Вале барои тањаќќуќ ёфтани ин амал, албатта, ваќт довар аст.


www.ruzgor.tj

Абарќудратњо ва љањони ислом

ТАЛОШЊОИ НАВ БАРОИ СУЌУТИ НИЗОМИ АСАД ДАР СУРИЯ

Д

ар аввалин њафтаи пирўзии нерўњои давлатї дар дуввумин калонтарин шањри кишвар Алепо, њомиёни мухолифини мусаллањи давлати ин кишвар низ ба љунбиш омаданд. Конгресси Амрико лоињаи ќаблан манъшудаи кўмаки низомї ба мухолифони Асадро дубора баррасї кард ва иљоза дод. Њамчуноне ќаблан њам хабар дода будем, Конгресси ИМА ба интиќоли силоњ ба мухолифони давлати Сурия иљозат дод. Њарчанд њафтае пеш аз ин пешнињоди Обама дар ин замина аз љониби Конгресс ба далели номўътамадии далоили пешнињодшуда рад гардида буд, вале билохира Кохи Сафед вакилони мардумиро мутаќоид сохт, ки дар ин марњила бояд ба мухолифони Башор Асад кўмак намуд.

Дар оѓози кор метавонад ин 500 миллион доллар њазина дошта бошад, аммо дар љараёни роњандозии амалиётњо ба њисоби миёна аз буљаи Амрико бояд миллиард доллар њар моњ масраф шавад. Аз сўи дигар љилавгирї аз хушунат ва ќатлу террор номумкин мегардад". Ин генерали соњбтаљриба њамчунин изњори шубња мекунад, ки амрикоињо нахоњанд тавонист силоњњои химиявии Сурияро ба даст оранд ва онро њифозат кунанд. Вале Дэмпсї њамзамон дар посух ба номаи намояндагони Конгресс изњор дошт, ки "њарбиён тарњи дахолати мустаќими низомиро баъид намедонанд ва онро њоло омода њам кардаанд, ки дар сурати

№10 (010) 06 августи соли 2013

5

York Times истинодан ба манобеъи иктишофии ИМА навишта буд. Ин нашрия навиштааст, ки баъди њамла давлати Сурия чунон вонамуд, сохт, ки гўё кулли "Яхонтњо" аз байн бурда шудаанд, вале дар асл чунин набуд. Рўзнома њамчунин навишт, ки исроилињо бидуни ворид шудан ба њарими њавоии Сурия аз соњили бањр пойгоњи ёдшударо мавриди њамла ќарор додаанд. ЌАЛЪАИ БРЕСТИ РУСИЯ Дар сўњбате дар барномаи "Андешаи хос"-и "Эхо Масква" Александр Прохонов, сиёсатшинос, публистист, нависандаи шинохтаи рус ва сардабири нашрияи "Завтра" гуфта буд, ки Сурия-ин ќалъаи Брест барои Русия аст ва агар он суќут кунад, манфиатњои миллии кишвар дар минтаќа аз даст хоњанд рафт. "Сиёсат ин бозии шањмот аст ва дар ин бозї касе пирўз меояд, ки њаракати њарифро аз ќабл мебинад ва эњсос мекунад. Мањз арзёбии дуруст ба раванди њодисоти љањонї муљиби пешгирї аз тањдидњои амниятї ба манфиатњои њаётии кишварњост. Ва гар мо бар ин назар бошем, ки Вашингтон ва Лондон ба рушди озодиву

Таснифи Бобољони Шафеъ Ин дар њолест, ки нерўњои давлатии Сурия ба пешрафтњои азим даст ёфтанд ва дар шањри Алепо, ки гуфта мешавад пойгоњи аслии мухолифони давлат аст, идораи бахши бузурги ќаламрави онро ба даст гирифтанд. Аз сўи дигар шикасти рўњия миёни мухолифон ба мушоњида расид ва садњо тан баъди эълони ќонуни нави авф силоњ ба замин гузоштанд ва ё ба нерўњои давлатї пайвастанд. Шикасти рўњия аз амалкардњои сарварони мухолифин будааст, ки тарњи воњиди барандозии низоми Асадро надоранд ва бештар ваќт онњоро хориљиён идора мекунанд. Намояндагони Конгресси Амрико дар оѓоз мегуфтанд, ки Кохи Сафед тарњи истифодаи силоњ аз љониби мухолифонро дар даст надорад ва эњтимолияти он низ зиёд аст, ки силоњњои амрикої ба дасти нерўњои террористї афтанд ва ин кори мубориза бо терроризмро ба маротиб дучанд кунад. "Ман зидди онам, ки ИМА ба љанги шањрвандии Сурия кашида шудааст, ман зидди интиќоли силоњ ба шўришчиёни исломии њукумати ин кишварам ва гузашта аз ин ман зидди онам, ки ин иќдом бидуни ба даст овардани ризояти мардуми Амрико аз тариќи намояндагони онњо дар Конгресс амалї мешавад", - гуфта буд конгрессмен Рэнд Пол. Он замон намояндагони парламон аз он дар бим буданд, ки ширкати Амрико дар ин бўњрон на ба манфиати кишвар ва на фоидаи халќи Сурия аст. Замоне Амрико баъди њамлаи террористї ба сафораташ дар Либия ва кушта шудани сафираш Крис Стивен дар ин кишвар ногузир шуда буд дар љанги дохилии он дахолати мустаќим кунад. Аммо вазъ дар Сурия ба гунаи дигар аст. Аз сўи дигар ин далели Обамаро мантиќитар ёфтанд, ки мегуфт, дахолати мустаќим метавонад њар моњ ба буљаи давлат миллиардњо доллар зарар орад. Аз ин рў таќвияти мухолифони давлат аз ворид сохтани сарбозону нерўи дигари техникї бењтар мебошад. Чуноне ин корро дар Афѓонистону Ироќ кард. Ва њоло њарчанд рўирост изњори назар намекунанд, вале дар Афѓонистон ба халосгар зор шудаанд. То поёни мўњлати расман эълоншудаи хуруљи нерўњо каме бештар аз як сол мондааст, вале талафоти низомии Амрико ва муттањидонаш назар ба солњои пеш рў ба афзоиш овардааст. Аз сўи дигар аъзои кумитаи кашфи Конгресс танњо ба он шарт розї шуданд даст аз мухолифат бардоранд, ки агар маъмурияти Обама онњоро аз љараёни татбиќи лоињаи ироашуда пайваста хабар дињад. "Мо бар ин назарем, ки маъмурияти Кохи Сафед метавонад ба пеш њаракат кунад (дар таъмини силоњ ба мухолифини Асад). Аммо нуктаи муњим он аст, ки чун пештара шубњаи мо аз ин тарњ бартараф нашудааст"-гуфт сарвари кумитаи кашф Майк Родљерс. ШУБАЊОТИ ЯК ГЕНЕРАЛИ АМРИКОЇ Аммо бањси иљозати интиќоли силоњ як бањси басо гарм дар Сенати Амрико

тайи як моњи охир буд. Пеш аз он ки ба вараќаи иљозат мўњри Конгресс зада шавад, вакилон бурду бохт аз ин дахолатро њамаљониба мавриди омўзиш ќарор доданд. Сарвари кумитањои муттањидаи ситодњои нерўњои мусаллњаи ИМА Мартин Дэмпси, ки худ як шахсияти таъсиргузор дар иќдомоти низомии ин кишвар дар хориљ ба шумор меравад, дар посух ба пурсиши конгресменњои амрикої мегуфт таъсиси минтаќаи буферї дар имтидоди марзи Сурия барои њимояи мухолифони давлат метавонад зояндаи пойгоњњои эктремистї дар минтаќа гардад ва ин вазъро бўњронитар аз ќабл кунад. Вай мегуфт њарчанд ин монанд ба њамон иќдоми амалишудаи минтаќаи озод аз парвоз дар Либия мебошад, вале њамлаи нерўњои давлатї ба минтаќа талафоти бузургеро ба дунбол хоњад дошт. Ба маънии дигар генерали амрикої бартарияти нерўњои давлатиро бо вуљуди кўмакњои амрикоиву аврупої ва арабї ба мухолифон ќавї арзёбї мекунад ва мегўяд баъид аст, ки минтаќаи буферї ва фазои холї аз парвоз дар Сурия пуртаъсир бошад. "Минтаќа метавонад ба тамаркузи нерўњои экстремистї мусоидат кунад, ки дарди сарњои дигаре дар ояндаи наздик эљод хоњад кард", - мегўяд ў ва илова мекунад: -Њазорњо сарбозони хушкигард лозиманд, ки чун сипар ба ин муќовимат карда тавонанд. Садњо њавопаймо лозим аст, нерўњои аксулљосусии њарбї бояд вориди амал шаванд, воситањои электронии мубориза ба кор андохта шаванд.

зарурат метавонанд роњандозї кунанд. "ЯХОНТЊО"-И РУСЇ ВА ЊАМЛАЊОИ ИСРОИЛЇ Вале то ба имрўз коршиносони њарбї њамеша ба дахолати мустаќими њарбии ИМА дар умури Сурия назари манфї доштаанд ва онро самаровар намедонанд. Њарчанд дар ягон гўшаи даргири олам, ки Вашингтон ё ќудрати минтаќавию љањонї дахолат кардааст, ин дахолат самаровар набудааст. Гирем бо њамон Ироќу Афѓонистонро. Ба гуфтаи коршиноси Маркази амнияти байналмилалии Академияи илмњои Русия Владимир Сотников: "Ин амлиёт барои Вашингтон сермасрафтарин ва гаронтарин хоњад буд. Њатто гаронтар аз ширкати амрикоиоњо дар амалиётњои Либия ва њатто Афѓонистону Ироќ мебошад. Ва ман гумон намекунам андозсупорандагони амрикої омодаанд ин амалиёт ва ин дахолатро маблаѓгузорї кунанд". Аммо ба назар мерасад нуктаи дигар дар ин талошњо дахолати давлати яњудї аст. Аввали моњи июл ин кишвар ба манзури мањви мушакњои русии "Яхонт" ба пойгоњи низомии Латакия њамла бурд ва теъдоди муњими ин мушакњоро нобуд сохт. Вале он замон натавониста буд онњоро куллан аз байн барад. Аз ин рў њоло Исроил омода аст барои анљоми тарњи кашидаи худ як њамлаи шадиди дигарро роњандозї кунад, њарчанд мушкил аст бовар кард, ки ин бор Тел-Авив ба ин муваффаќ мегардад. Дар ин бора 1 августи соли равон рўзномаи амрикоии The New

ruzgor@hotmail.com

демократия дар љањон манфиатдоранду дигар ба њељ, пас мо иштибоњ мекунем ва бозиро мебозем. Вале агар мо ба дарки ин нукта расем, ки ИМА ва Британияи Кабир кишварњо ва режимњои њоким дар Ховари Миёнаро танњо ба ин хотир мешикананд, аз байн мебаранд, ки заминањоро барои љанги ояндаи љањонї муњайё созанд, мо метавонем ба онњо халал расонем". "Бояд акнун таваљљўњро ба нуктаи дигар мутамарказ кард. Ба он ки нерўњои давлатї мухолифони худро аз Алепо берун андохтаанд ва назорати дуввумин шањри калонтарини Сурияро ба даст гирифтаанд. Ин хеле муњим аст. Ва дар назар бояд гирифт, ки киштињои њарбии Чин шояд аллакай ба бандарњои Сурия расидаанд ва киштињои њарбии Русия низ маъмуранд ба њамон самт њаракат кунанд. Ва ин ба он маъност, ки Чин ва Русия дар ин иќдом бо њамоњангї амал мекунанд. Зеро ин ду кишвар дарк кардаанд, ки аз байн рафтани Сурия ин њамла ба Эронро ба дунбол дорад. Ва баъди он дар таљовуз ба ќаламрав марњилаи дигар оѓоз мегардад. Яъне, кишварњои Осиёи Марказї дар маркази таваљљўњи Амрикову Британия ќарор мегиранд ва онњо бидуни мамониат ба Тољикистону Ўзбекистон ва Ќазоќистон ворид мегарданд ва ин вилоятњои мусалмонннишини Чинро зери хатар хоњад гузошт. Ва Маскаву Пекин хуб њам медонанд, ки мубориза барои Сурия ин мубориза барои Чин ва Русия аст",- мегўяд тањлилагри шинохта.

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


6

№10 (010) 06 августи соли 2013

Адиб ва рўзгор

www.ruzgor.tj

ки солњои сиюм ба Тољикистон омада, барои халќи тољик хизматњои арзанда кардаанд, дар бораи таќдиру фаъолияти арбобони сиёсиву фарњангии рус, ки њамон даврањо дар кишвари мо маскун шудаанд. Бисёр асари љолиб аст. -Шумо чї гуна асарро тарљума мекунед? Асареро, ки дархўри завќи Шумост ё онеро ки муаллифаш дархост мекунад? -Аслан њамон асареро тарљума мекунам, ки бароям писанд бошад. Зеро ваќте тарљумон ба сари мизи тарљума менишинаду матлаби тарљумашаванда писандаш нест, аз ду сар тарљума њам хуб намебарояд. Аз ин рў ман њам кўшиш мекунам бештар ба тарљумаи он асарњое даст занам, ки дархўри завќи мананд. -Устод, агар бингарем имрўз адабиёти мо то андозае дар як мањдудаи љуѓрофии Тољикистон мондаву ба арсањои васеъ намебарояд. Инљо таќсир дар кї бошад, дар нависандањои мо, ки шояд асарњои хуб наменависанд, ё тарљумонњо, ки ба тарљумаи бењтарин осори ин адибон даст намезананд?

бњои дигарро бояд хонд, то тарљума воќеан арзанда барояд. Масалан, барои тарљумаи китоби "Нигоње ба таърих ва тамаддуни ориёї"-и Сарвари давлат Эмомалї Рањмон ба ман лозим омад, ки китобњои зиёдеро мутолиа намоям. Зеро он гуна

Дар нашри осори адибони мо ба забони русї маљаллаи "Помир"-и Иттифоќи нависандагон сањми бештар дорад ва баъди мутолиаи њар шумораи он кас ба хулосае меояд, ки тарљумонњои баистеъдод њастанд, мисли Искандар Њамроќулов, Комила Камолова, Сергей Сухоян ва бисёр нафарони дигар. Аммо агар дар маљмуъ бигирем, фикр мекунам бањо додан ба вазъи имрўзаи тарљума бисёр мушкил аст. бояд тарљума намуд, ки асар на танњо ба забони русї баргардонида шавад, балки сухани ту ба хонандаи рус њам комилан фањмо бошад, хонандаи рус њам маќсади туро дарк кунад. -Шумо бо ягон маљалла ё худ ташкилотњои эљодии хориљ њамкорї надоред?

АДАБИЁТИ МО ЉАЊОНРО ТАСХИР МЕКАРД, АГАР…

Н

орї Раббимдухт соли 1953-ум дар шањри Душанбе таваллуд ёфтааст. Мактаби русиро дар Душанбе хатм карда, баъдан тањсилашро дар факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоњи давлатии Тољикистон (њоло ДМТ) идома додааст. Аз солњои донишљўї ба тарљумаи осори адибони тољик ба забони русї машѓул аст. То имрўз бархе аз асарњои адибони маъруфи кишвар амсоли Куњзод, Сорбон, Бањманёр, Кароматулло Мирзоев, Мирзо Шукурзода, Равашни Ёрмуњаммад, Маљид Салим, Мењмон Бахтї, Абдулњамид Самад, Ноњид, Рањмат Назрї, Гулназар ва чандин нафари дигарро ба забони русї тарљума намудааст.

-Шумо имрўз аз зумраи нафарони камшуморе њастед, ки ба тарљумаи бадеї машѓуланд. Яъне, Шумо осори адибони классику муосири моро ба забони русї тарљума намуда, бо ин роњ адабиёти тољикро ба хориљиён муаррифї мекунед ва аввалин суоле, ки аз Шумо пурсиданиям ин аст, ки вазъи имрўзи тарљумаи адабиёти мо дар кадом сатњ аст? -Ман ба вазъи тарљума он ќадар бањо њам дода наметавонам. Зеро он осоре, ки ба забони русї тарљума мешаванд, дар аксар маврид нашр намешаванд. Шояд нашр њам шаванд, аммо бо теъдоди кам ва ба дасти мо намерасанд. Яъне, он чизе ки тарљума мешавад мо намебинем, аз ин рў ба он бањо дода њам наметавонем. Дар нашри осори адибони мо ба забони русї маљаллаи "Помир"-и Иттифоќи нависандагон сањми бештар дорад ва баъди мутолиаи њар шумораи он кас ба хулосае меояд, ки тарљумонњои баистеъдод њастанд, мисли Искандар Њамроќулов, Комила Камолова, Сергей Сухоян ва бисёр нафарони дигар. Аммо агар дар маљмуъ бигирем, фикр мекунам бањо додан ба вазъи имрўзаи тарљума бисёр мушкил аст. -Низом Ќосим, шоири маъруфи мо дар вохўрии Сарвари давлат

www.ruzgor.tj

бо зиёиён ба президент пешнињод намуда буд, ки ба рушди фаъолияти маљаллаи "Помир" аз љониби Њукумати кишвар мусоидат карда шавад. Љоннок шудани кори ин маљалла ба рушди бахши тарљумаи адабї то чї њад таъсиргузор аст? -Таъсири бузург дорад. Њадафи таъсиси маљалла њам ба хонандагони хориљ дастрас намудани бењтарин намунањои адабиёти тољик буд, чун он даврон "Помир" дар аксар кишварњои собиќи ИЉШС низ пањн мешуд. Њоло ин маљалла бо теъдоди хеле кам нашр мешавад. Бояд имрўз њам "Помир" бо теъдоди бештар интишор ёфта, дар кишварњои дигар пањн карда шавад, то рисолати худро њамчун тарѓибгари адабиёти тољик иљро карда тавонад. -Дар ин чанд соли охир Шумо кадом асарњои адибони тољикро ба забони русї тарљума намудед? -Охирин китобе, ки тарљума намудам, романи "Ишќи Рўдакї"и Равшани Ёрмуњаммад буд ва ин роман то охири сол дар маљаллаи "Помир" пурра нашр мешавад. Њоло бошад ба тарљумаи асари "Ќотили зархарид"-и Нарзулло Тилло машѓул њастам. -Асари дедективї аст? -Дедективии таърихї. Ин китоб дар бораи русњое ќисса мекунад,

e mail: info@ruzgor.tj

-Ба фикри ман тарљумонњо. Зеро тарљумонњо камшумор шудаанд. Агарчї дар замони Шўравї њам тарљумони бадеї кам буд. Зеро нашриётњои Маскав танњо тарљумаи тањтуллафзии асарњои дар Тољикистон ба забони русї тарљумашударо ќабул мекарданд ва барои ин њаќќи ќалам њам намедоданд. Баъдан бо истифода аз тарљумаи тањтуллафз тарљумонњои рус асарњои адибони тољикро тарљумаи муаллифї (авторизованный) мекарданд. -Имрўз асарњое, ки дар Тољикистон аз тарафи тарљумонњои тољик ба забони русї тарљума мешаванд, дар Русия ба нашр мерасанд? -Бале, аммо хеле кам. Њамон њам дар маљаллаа ё китобњои љашнї. Масалан, агар шумораи маљаллае ба Љумњурии Тољикистон ё ба адабиёти тољик бахшида шуда бошад, дар баъзе онњо осори нависандагони моро дар тарљумаи русї нашр менамоянду халос. -Чаро? - Намедонам, шояд ба тарљумонњои мо бовар намекунанд. -Шояд таваљљуњ њам надоранд… -Мумкин, аммо дар ин маврид чизи аниќе гуфтан мушкил аст. -Барои рушди бахши тарљума ё худ муаррифии њарчї бештари адабиёти тољик дар арсаи байналмиллалї, аќќалан дар Русия, дар давлатњои ИДМ чї иќдомњо бояд гирифта шавад? - Ба фикри ман бояд ин масъала дар сатњи баландтар тарњрезиву амалї карда шавад. Агар дар кишвар ба тарљумонњо таваљљуњи зиёдтар шавад, гумон мекунам ин бахш рушд мекунад. Бояд њаќќи ќалами тарљумонњо баланд бардошта шавад. Дар Шўравї ин масъалањо дар сатњи давлатї њал мешуд. Нависандагону тарљумонњои маъруф ба сафарњои эљодї фиристода мешуданд, барои онњо њама шароит фароњам оварда мешуд ва тарљумонњо имкон меёфтанд дигар аз њама корњо озод шаванду нишинанд сари тарљума. Тарљума кори душвор аст. Барои тарљумаи як китоб дањњо кито-

ruzgor@mail.ru

мешавад. Агар осори адибони тољик њам ба забони англисї тарљума гардад, шояд аз истиќболи гарми хонандаи кишварњои Ѓарб бархўрдор гардад? -Албатта, агар мо осори адабии худро дар арсањои байнамиллал муаррифї карда метавонис-

-Њамчун тарљумони осори бадеї не, надорам. -Агар Шумо бењтарин осори адибони тољикро ба забони русї тарљума карда, ба маљаллањои адабии Русия, ё маљаллањои давлатњои дигари ИДМ ирсол кунед, онњо ин асарњоро ба нашр намерасонанд? -Чанд ваќт пеш масъулони рўзномаи "Литературная газета" ба Абдуѓаффори Абдуљаббор ба воситаи интернет мурољиат карда буданд, ки муаллифони тољике, ки ба забони русї менависанд, асарњои назмии худро ба "Литературная газета" фиристанд, албатта онњо мунташир мешаванд. Фиристоданд, аммо њанўз ягон љавоб наомадааст. Шояд маъќул нашуд ё навбати мо нарасид, намедонам. Ба њар сурат, имрўз осо-

А

тем, аллакай адабиёти мо дар арсаи љањон хонандаи зиёд пайдо мекард. Адабиёти имрўзи мо њам осори арзандаи зиёд дорад, танњо бояд онњо ба арсањои байналмиллалї бароварда шаванд. Сорбон, Бањманёр, Равшани Ёрмуњаммад, Куњзод, Абдулњамиди Самад, Саттор Турсун аз зумраи бењтарин нависандагон њастанд, бояд навиштањои онњо муаррифї шаванд, таблиѓ ва то ба дасти хонандаи љањонї расонида шаванд. Зеро онњо бе гуфтугў нависандагони сатњи љањонї њастанд. -Устод Гулназар њам дар як суњбат гуфта буданд, ки агар "Сармаддењ"-и Бањманёр ба забонњои хориљї тарљума шавад, дар раддаи бетселлерњои адабиёти љањонї љой мегирад… -Албатта. Ман њикояњои "Чашмаи ният", "Ваќти гули бобуна" ва ќиссаи "Санг ва сабу"-и Бањманёрро ба забони русї тарљума кардаам ва гумон мекунам, ки инњо бењтарин тарљумањои ман њастанд. Бањманёр нависандаи бузург аст. Бояд ў дар сатњи љањонї муаррифї карда шавад. Њатто он чизњое, ки муаллифони љавони мо менависанд, агар тарљума ва ба арсаи љањонї бароварда шавад, хонандаи зиёд пайдо мекунад. Зеро менталитети мардуми мо аљиб аст ва ин њатман хонандаро ба сўйи худ мекашад. Аммо бояд ин асарњо аз тарафи тарљумони тољик тарљума карда шаванд, чунки танњо тарљумони тољик он чиро ки нависандаи тољик гуфтан мехоњад дарк ва њадафи ўву љаззобияти асараш-

слан њамон асареро тарљума мекунам, ки бароям писанд бошад. Зеро ваќте тарљумон ба сари мизи тарљума менишинаду матлаби тарљумашаванда писандаш нест, аз ду сар тарљума њам хуб намебарояд. Аз ин рў ман њам кўшиш мекунам бештар ба тарљумаи он асарњое даст занам, ки дархўри завќи мананд.

ри адибони тољикро тарљума карда, дар маљаллањои хориљ нашр кардан низ кори сањл нест. -Ба назари ман ташвишовар аст, ки ягон тарљумоне надорем, ки осори адабии моро ба забони англисї, забони муоширати байналмиллалї тарљума кунад…. - Ин гуна тарљумонњо њастанд, лекин чун талабот нест, ки ба ин кор машѓул мешавад? Воќеан, масоили тарљума бояд дар сатњи давлатї њаллу баррасї шавад. Дар бораи адабиёти мо, таъриху тамаддуни мо аксари дунё маълумоте надоранд. -Хонандањои авруопиву амрикої аксаран ба осори нависандањои кишварњои њамзабони мо - Ирону Афѓонистон таваљљуњи бисёр зоњир мекунанду дар бисёр маврид осори адибони иронї ё афѓон дар Аврупову Амрико ба зумраи китобњои пурфурўштарин шомил

ро то ба зењни хонандаи хориљї расонида метавонад. -Аммо чї кунем, ки тарљума намешаванд… - Агар журналистон, адибон дар бораи бахши тарљума ва манфиатњои он бештар нависанд, ба Њукумат барои дастгирии ин бахш пешниходњо ирсол намоянд, гумон мекунам дастгирї њам меёфт… -Хуб ташаккур барои суњбат… Дар анљом аз номи рўзномаи "Рўзгор" мехоњам Шуморо ба љашни зебои камолотатон тањният гўям. Шумо, тарљумони маъруфи осори адабиёти тољик ба синни мубораки шаст расидед ва таманно мекунем, ки солњои дароз њамин гуна љавону бардам бимонеду дар муаррифии осори адибони тољик дар хориљ аз кишвар њиссагузор бошед. -Ташаккур, Бигзор "Рўзгор" њам њамеша оинаи рўзгори мардум бошад!!!


www.ruzgor.tj

Рўзгори адиб

№10 (010) 06 августи соли 2013

7

ШАБИ ШЕЪР ДАР ШАБИ ЌАДР Р ўзи 3-юми августи соли љорї бошандагони истироњатгоњи Шоњамбариро дар сикилометрии ѓарби пойтахти кишвар шоми ѓайриоддие интизор буд. Бо ибтикор ва рањбарии шоири шинохта ва машњури кишвар Хайрандеш, ки мањфили адабии "Њамешабањор"- и Китобхонаи Миллии Тољикистонро сарварї мекунад, як гуруњи калони шоирону овозхонњои маъруфи тољик ба назди истироњаткунандагони Шоњамбарї омада дар ин љо барои онњо базми шеъру суруди азёднарафтаниеро эњдо намуданд.

Базми шеъру суруди ноб, базми раббониеро дар шаби 27-уми моњи шарифи Рамазон, дар шаби Лайлатулќадр. Воќеан суруду таронањоеро, ки дар ин мањфил он шаб узви ин гуруњ Умар Темур, овозхони маъруф ва хушсадои кишвар бо фарзандаш Искандари Умар ба самъи њозирин расонданд, таќрибан њама дар васфи Парвардигори азимушшаън ва Пайѓамбари гиромї (с) буданд. Аз таъсири ин таронањо бархе аз њозирин, ба ваљд меомаданд, покўбиву сарафшонї мекарданд.Љавоне, ки дар тан либоси сўфиёна ва риши сунъї дошт, њолати ба самоъ рафтани дарвешонро бо њаракатњои зебояш дар њавои ин таронањо хеле љолиб инъикос мекард. Аммо ин сањнањо дар њошияи муњим-

тарин сањнаи дигари он шаб, ќадршиносї аз офарандагони каломи зебо, сухани мавзун, сурат гирифт. Гап дар ин љост, ки ин мањфил бо рўзи таваллуди ду шоири хеле маъруфи љумњурї Алимуњаммади Муродї ва Ќосимљон Зарифї рост омад. Алимуњаммади Муродї он шаб ба синни мубораки як кам њафтодсолагї ќадам гузошт. Китобњои ў "Моњи хасрав" ва "Чароѓи рўзадор" аз љумлаи камёбтарин китобњои алоќамандони шеъри муосири тољик ба шумор мераванд. Ў шоирест, ки дар адабиёти тољик бо кутањбаёнии хеш шуњрат дорад. Барои намуна ба ёд биёрем шеъри "Зиндагї"-ро ки њамагї аз ду мисраъ иборат аст: Зиндагиро ранљ додам шаст сол, Офарин бар тоќаташ, таркам накард.

Ё бубинед шеъри "Кафш"-и ўро, ки чї гуна дар худ як љањон маъниро ѓунљондааст: Чу попўшї ба пои њар кї сар монї, Ба манзил чун расад беруни дар монї. Шеъри "Соя" бошад танњо аз як мисраъ иборат аст: Соя агарчи сояи гул аст, русиёст. Алимуњаммади Муродї дар баробари он ки шоири хуб аст, боз мураббї ва устоди сахтгиру мењрубон низ мебошад. Њамин Ќосимљон Зарифї, ки дар пањлўяш нишаставу низ зодрўз дорад, яке аз шогирдони бовафову донишманди ў ба шумор меравад. Ќосимљон Зарифї аз љумлаи он шоиронест, ки њамеша дар байни мардуми авом аст ва аз њоли зиндагонии эшон беш аз дигарон огањ аст. Як вижагии ашъори Ќосимљон Зарифї ин аст, ки аксаран бо забони содаи мардум иншо шудаанд ва дарду андўњ, орзуву омоли халќї оддиро ифода мекунанд. Аз ин рў бидуни истисно Зарифї ашъорашро дар куљое, ки ќироат мекунад, ба истиќболи гарм рў ба рў мешавад. Дар ин мањфил ў шеъри ба тозагї иншонамудааш "Хитої"-ро ќироат кард, ки ба њозирин хеле писанд омад. Китобњои ў "Агар дастам мерасид", "Либоси шир" низ дар байни њаводорони шеър талабгорони зиёде доранд. Барои табрики ин ду шоири хушзавќу ширинсухан њамтоёни варзидаашон, аз љумла Сафармуњаммад Аюбии Мањзун, Салими Зарафшонфар, Бахтиёри Амин, Мирзо Кенља, Ѓаффоралї Сафаров, Шарифљон Њакимзода, Шарифљони Мисайзод ва Њотам Файзуллоев, корманди масъули Кумитаи кор бо љавонон назди њукумати ЉТ низ дар њайати њамон гуруњ ба ин истироњатгоњ ташриф оварда буданд. Дар суханронињои худ онњо пањлўњои мухталифи зиндагї ва эљодиёти ин ду шоири намоёнро барои њозирин равшан сохтанд. Шаби хеле хотирмон буд, гуфт Холмањмад ном сокини ноњия Абдурањмони Љомї, ки чанд рўз боз дар ин осоишгоњ бо њамроњии оилааш истироњат мекард. Мо аз ин шабнишинї як љањон маънї гирифтем. Мењру муњаббатамон ба шеъру шоири боз бештар шуд. Бисёр мехостем, ки чунин мањфилњо дар марказњои ноњияњои дурдаст низ тез-тез баргузор мешуданд. "Рўзгор"

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


8

Театр дар рўзгори мо

www.ruzgor.tj

№10 (010) 06 августи соли 2013

Ќ

Ќурбони Собир:

урбони Собир соли 1960-ум таваллуд шуда, соли 1982-юм Донишгоњи давлатии санъати Тољикистонро хатм кардааст. Фаъолияти њунарияшро дар театри шањри Ќурѓонтеппа оѓоз намуда, баъдтар дар театрњои «Ањорун», театри љавонони ба номи Мањмуд Воњид, театри мусиќї-мазњакавии Хуљанд ва театри академї-драмавии ба номи Лоњутї идома додааст. Дар озмунњони театрии љумњуриявї ва байналмиллалї чањор маротиба љоизаи «Бењтарин бозигари наќши мардона»-ро ба даст овардааст. Њунарманди халќии Тољикистон, профессори кафедраи мањорати актёрии ДДСТ ба номи Турсунзода аст. Китобњояш бо номњои «Фаррухнома», «Як љоми пур аз дард» ва «Розњои паси парда» интишор ёфтаанд.

Чаро баъди ин намоиш дигар даст назадед ба коргардонї? - Мехоњам баъди ин суол фиѓон кашам. Аввал бояд гўем, ки чаро Барзу, Султон Усмонов баринњо коргардон дар ин кишвар кореро анљом намедињад? Дар њоле, ки онњо бачањои хеле њирфаиянд дар кори коргардонї ва хеле кор њам аз дасташон меояд. Албатта, ман дар коргардонї њам як шахси омад њастам. Агар имкон медоданд, агар намоиши «Кўшки гардон» соњиб медошт, дунёро мегашт. Чун аз нигоњи эксперементалї ва нављўињо дар театр «Кўшки гардон» хеле љолиб аст. Ин намоиш 30-40 бор дар театри Лоњутї ба намоиш гузошта шуд, ки ин њам кам нест. Аммо тадриљан бачањо пароканда шуданд ва намоиш мурд. Њайф. Охир ин намоиш метавонист бо иштирок дар фестивалњои байналмиллалї хеле дастовардњо барои театри ин кишвар биёрад. -Аз ин хаста шудед? -На, хаста нашудам, ман њоло дар синну соле њастам, ки инсон метавонад дар ин давра баъзе корњоеро анљом дињад, чун инсон дар панљоњсолагї ба ќиёмаш мерасад. Даруни ман пури суханњои нагуфта, энергияи сарфннашуда аст, ки ман метавонам дунёи бачањоро, дунёи шогирдонамро иваз кунам. Дилам мехоњад театри худро дошта бошам. Вуљуди ман метавонад як театрро бо як тими ќавї таъсис

«Барзу мегўяд ба Бишкек биё, аммо ман њељ рафта наметавонам…» -Шумо ба љуз оне ки актёр њастед, њикояву ќисса ва ёддошт њам менависед. Чанде пеш дар Шўрои насри Иттињодияи адибони кишвар осори Шумо мавриди баррасї ќарор дода шуд ва бањои сазовор њам гирифт. Ќаблан Устод Сорбон њам ба навиштањои Шумо дар рўзномаи «Адабиёт ва санъат» бањои баланд дода буданд. Аз ин бармеояд, ки шумо дар навиштан њам то љое комёб шудаед. Мењри коѓазу ќалам чї гуна дар дили Ќурбони Собир љой гирифта? - Ман як умр бар он андешаам, ки њар кас бояд кори худашро кунад. Чун њамаи мо холаи њамакора шавем, њама корамон нимкора мемонад. Аммо ман намедонам худам то чї андоза холаи њамакораам. Агар гап дар сари инсони эљодкор, ба хусус инсони бозигар (актёр) меравад, чун бозигар дар масири зиндагї танњову бекор монад, дар њоле ки бояд маѓзаш, афкораш, њастияш куљое сарф шавад, њатман коѓазу ќалам мегирад ва чизњое њам менависад. Ин нависандагї нест, аммо намешавад инњоро инкор њам кунем, чун дигар се китоби банда аз чоп баромадааст. Аммо њар касе, ки китобњои маро мехонад, бояд донад ки ин ниёзњои инсонест, ки надонистааст эњсосашро куљо сарф намояд ва онњоро рў рўйи коѓаз оварда. Боз мегўям, ки бардоштани номи нависандагї, масъулияти нависандагї хеле вазнин аст. -Шумо гуфтед, њунарманд танњо монад, ба даст коѓазу ќалам мегирад. Аљиб аст донистани он ки њунарманде чун Ќурбони Собир кай танњову бекор монда, кай аввалин чизњояшро навишта? -Ќалам, коѓазу ман дар њамин наздикињо ба њам наомадаем. Ман аз даврони мактабхонї шеър менавиштам. Ман инњоро нест кардаам, чун инњо шеър њам набуданд, бал афкори шеъргунаи кўдаке буданд. Аммо дар рўзномањо нашр шудаву ман барои онњо њаќќи ќалам гирифта будам. Дар замони донишљўї њам баъзе чизњо менавиштам. Ману коѓазу ќалам ошнои деринаем. -Дар «Фаррухнома»-и Шумо ќайдњои зиёде аз солњои гуногун аз дафтари хотираи шумо оварда шудааст. Манзурам ин аст, ки оё Ќурбони Собир воќеан њамин гуна дафтари хотира дорад ё…? - Бале, -Шояд рўзе њам ба дасти хонанда расад? -Њатман, агар зиндагї фурсат дињад. Ба он шакле, ки њаст албатта не. Кор мехоњад. Чаро ки он чизњо хеле содаанд ва шояд аз миёни садњо сањфа як сафња созем, аммо он гуна, ки рўзнома аз байн наравад ва њам ба хонанда чизе дода тавонад. Рўзномаи ман аз

www.ruzgor.tj

њамон лањзае дар китоб оварда мешавад, ки ман аввалин бор Фаррухи Ќосимро дидам. Њамаи ин ќайдњо воќеан аз дафтари хотираи ман њастанд. Устодро Худо биёмурзад, ман дар ин моњи Рамазон њар субњ лањзае бо устод суњбат мекунам, дуруд мефиристонам. -Чї монандї њаст байни кори актёр ва нависанда ва кадоме барои устод осонтар бошад барои ибрози дард? -Барои ман актёрї осонтар аст, агарчї касби актёрї худ осон нест… Худситої нашавад, агар гўям, ки эњтимолан ман њамчун актёр корњоеро њам анљом додам. Аммо дар адабиёт дар њар сурат ман одами тасодуфиям. Адабиёт бисёр мушкил аст. Корњои театрї мисли муљассамањои яхї аст, ки об мешаванд, аммо чизе ки бо ќалам менависї, љовидонист. -Ман хондани навиштањои актёрони маъруфи тољик, рус ё хориљиро бисёр меписандам. Онњо љое дар офаридани чењра, образ, њолат ва задухўрд аз нависанда дида боњунартаранд, чун аз таљрубањои театрии худ истифода мебаранд. Њолатњову задухўрдњоеро ба ќалам меоваранд, ки худ дар сањна ба онњо ворид шудаанд, худро дар дохили онњо њис кардаву дар он њодисањо бозї кардаанд ва аз ин рў зебо тасвир карда метавонанд. Ва ахиран нигоњи онњо ба адабиёт дигар аст. Шумо ба осори адибони мо чї бањо медињед? Осори кињоро хондаву меписандед? -Бо ин фишору задухўрде, ки ман дар зиндагиям дорам, барои хондани китоб хеле ваќт кам мемонад. Гоњо мешавад, ки мо як моњ-ду моњ машѓули наворбардории филм њастем ва ман китоб хонданро пазмон мешавам. Аммо ба њар сурат чун ваќти холї ёфтам, китоб мехонам. Асари бузурги устод Сорбон бо номи «Достони писари Худо» бароям хеле писанд омада буд ва мо ќиссаеро њам аз он бо номи «Куштори 116 шоњзода дар кўшки гардон» ба сањна гузошта будем ва ин намоиш дар фестивали «Парасту» њам бахои баланд гирифт. Аммо агар мушаххасан бигўем, Бањманёр барои ман писанд аст. Абдрофеъро њам хеле дўст дорам. Абдурофеъ худаш хам як инсони шариф аст. Бо донишљўён дар ин бора суњбат њам мекунем, ки як инсоне, ки китобњояш дар барномаи дарсии бисёр кишварњои ќудратманди дунё шомил шуда, бо як пиљаки бисёр одї мегардад. Дар њоле ки ў бояд гули хўрок ва гули либосро дошта бошад. Ман чопи навиштањои Бањманёрро интизор мешавам. Аз сабки навишт, масъалагузорї ва тарзи баёнаш хушам меояд, мах-

e mail: info@ruzgor.tj

сусан «Гавазни чамбаршохи ман». Ман ба њамаи шогридонам хондани асарњои Бањманёр ва дигар нависандагони маъруфамонро тавсия медињам ва онњо мехонанд. -Ман филму баъзе корњои дигари шогирдони Шуморо мебинам ва бисёр хушњол мешавам. Зеро агарчї комилан бенуќс њам нестанд, аммо бозёфтњое њам доранд, ки инсонро ба рушди ояндаи синамову њунар дилгарм мекунанд. Чанд сол пеш як шогирди Шумо-Муњиддин Љўраев филме бо номи «Ормонњо» ба навор гирифта, то андозае ќолабњои дар ин чанд соли охир шахшудаи филмњои тољикиро шикаста буд. Аммо чаро чанд сол аст, ки дигар нопадид аст? -Муњиддин яке аз он бачањое њаст, ки ман умед дорам синамову њунари тољикро аз ин таназзул наљот дода метавонад. Кош ноумед нашавам. Аммо дар ин замона нон ёфтан мушкилтар аст ва њунар њам намета-

Н

а, хаста нашудам, ман њоло дар синну соле њастам, ки инсон метавонад дар ин давра баъзе корњоеро анљом дињад, чун инсон дар панљоњсолагї ба ќиёмаш мерасад. Даруни ман пури суханњои нагуфта, энергияи сарфннашуда аст, ки ман метавонам дунёи бачањоро, дунёи шогирдонамро иваз кунам. Дилам мехоњад театри худро дошта бошам. Вуљуди ман метавонад як театрро бо як тими ќавї таъсис дињад, ки рашки дунё бошад. Барзу њоло њам ба ман занг зада мегўяд, ки ба Бишкек биё, дар инљо одамон ба ту ниёз доранд. Аммо дар ин мамлакат, ман намедонам…

вонад бе вуљуд доштани шароити созгори зиндагї рушд кунад. Муњиддин баъди филми «Ормонњо» ва хизмати њарбї хеле талош кард, ки филмофарияшро идома дихад, сенарияи олиљанобе њам рўйи даст дошт, аммо маблаѓ пайдо карда натавонист. То љое, ки ман медонам Муњиддин њоло дар театри Конибодом фаъолият дорад. Ман дар симои Аъзами Розиќу Муњиддин Љураев ва чанд љавони дигар ояндаи синамову њунари тољикро мебинам. Хайр, корњое, ки то имрўз ин љавонон карданд, дар сатњи миёна аст, аммо офаринашон!!! Барзу Абдураззоќов ё Султони Усмон ё Ќурбони Собир дар синну соли онњо корњоеро, ки имрўз онњо мекунанд, накарда буданд. Ин бачањо хеле дасти дарозтар доранд, њушёртаранд ва интизор меравад дар синну соли Барзу бояд хеле корњоро анљом дињанд. Чашми бад дур! -Шумо коргардони спектакли «Кўшки гардон» будед ва њунари коргардонии Шумо дар тањияи ин сањна чашмрас буд.

ruzgor@mail.ru

дињад, ки рашки дунё бошад. Барзу њоло њам ба ман занг зада мегўяд, ки ба Бишкек биё, дар инљо одамон ба ту ниёз доранд. Аммо дар ин мамлакат, ман намедонам…. - Шояд худи Шумо њам рафтан нахоњед аз Тољикистон? - Ман њељ наметавонам рафта. Бо хасу хори ин Ватан зистан бароям бас аст! -Шумо суханро сари театр овардед. Пурсиданиям, ки ба вазъи имрўзи театрњои мо чї бањо медињед? - Театри мо рўз ба рўз дар њоли шикастан, поён рафтан аст. Аввалан, дар мамлакати мо сатњи озмунњои театриро чун «Парасту» поён бурданд ва шакли он ба «штамп» табдил шуд, муборизаи коргардонњо аз миён рафт. Коргардонњои хуб аз љараён берун монданд. Бубинед, намоише, ки дар «Парасту»и имсола бењтарин эътироф шуд, арзанда буд, аммо он дар сатњи намоишњои миёнаи озмунњои гузашта буд,

ки хеле њайф. Он дар остонаи баъзе фестивалњоямон намеарзид. Ин ќадар сатњи «Парасту» поён рафт, ки намоиши бењтарини он як этюди донишљўиро мемонд. Ин сатњи њунармандони њирфаї бошад, аз дигарон чї гила. Театр миссияи худро гум кардааст. Театр мисли масљид бояд бошад. -Чї кор бояд кард, ки театр рисолаташро дубора ба дўш гирад? Шояд Фаррухњо лозим бошанд? -Албатта, барои ин шахсияти нав, афкори нав, бачањои нав, Фаррухи нав, Барзуи нав даркор аст. Њарчанд бачањо њастанд, аммо… Озмуни театрии љавонон «Нигоњи нав»-ро, бубинед, ки бачањо чї кор карданд? Аммо онњое, ки болотаранд, ба «Нигоњи нав» чї ќадар хусумат доранд. Чаро инњоро дастгирї намекунанд? Инњо наљот медињанд театри кишварро! -Шуморо дар филмњои наве, ки љавонони мо мегиранд, хеле бисёр мебинем. Чун рўз равшан аст, ки аксари ин фил-


Мољарои рўзгор мњо дар сатњи хеле поён тањия мешаванд. Оё ин ба обрўи Шумо латма намезанад? Шояд ба хотири дастгирии шогирдонатон дар ин филмњо бозї кунед, шояд ба хотири маблаѓ ё… - Баъзан шогирдонам аз гиребонам мегиранд, ки агар Шумо ниёз ба пул дошта бошед, мо пайдо мекунем барои Шумо њамон пулро ва дар ин гуна филмњо наќш набозед. Баъди исрори шогирдонам ман дањњо филмро рад кардам. Вале як чизи дигарро њам бояд гўям, ки ман њунарманди Њолливуд ё Болливуд нестам, ман њунарманди тољикам. Ва дар ватани ман санъати синамоиро комилан ба нестї расонидаанд. Њунармандону коргардонњояш њама парешон шуданд. Валерий Ањадов дар Русия муваффаќ аст, Љамшед Усмонов дар Фаронса муваффаќ аст, Маргарита Ќосимова ва Бахтиёр Худойназаров муваффаќанд. Њамин чор нафар кифояанд, ки киностудияи «Тољикфилм» дунёгир бошад. Аммо инњо нестанд ва ба љойи инњо имрўз њар одами чоруми кишвар филм гирифтан мехоњад ва њар одами панљум таъљилан мехоњад, ки Амитабх Баччан ё Љигархонян бошад. Одам њайрон мемонанд. Одамоне, ки умуман дар бораи синамо маълумот надоранд, филм гирифтан мехоњанд. Чї бояд кард? Ман чї кор кунам? Ќиссаеро ба Шумо мегўям. Њабибулло Абдураззоќов ба њайси як устод гоњо гўши маро мекашад. Чанд сол пеш дар як барномаи наврўзї ман савори асп ин тарафу он тараф медавидам ва Њабибулло Абдураззоќов њамонро дидаанду рўзе ба ман гуфтанд: «Ќурбон, ман туро савори асп дар телевизион дидам, чї номаъќулї мекардї дар онљо?» Дар аввал суханони ў хушам наомад, баъд фикр кардам, ки дуруст мегўяд. -Дар коре, ки ту мекунї як зарра эљодиёт бошад, майлаш, аммо љойе ки эљодиёт несту ту бо асп меравї худро байни мардум нишон медињї ин чї кор аст? Ваќте, ки бачањо филм мегиранд ман меравам, ба он хотир ки бо будани ман як љойи филм хуб мешавад. Шумо мегўед барои пул? Онњо чї пул доранд, ки ман пул мегирам аз онњо? Њамаи буљаашонро љамъ кун музди кори якрўза намешавад. Шумо бубинед, њамон бачањое ки меоянд, њатман гарданшон каљ аст ва мегўянд «устод…» Љавон аст, баробари ман нест, ки гўям намеравам. Ва аксаран шогирдони ман њастанд. Ва бо њузури ман филми онњо каме таѓйир меёбад, бачањо каме ба сўйи њирфаият тамоюл мекунанд. Ман барои њамин меравам ва дар њар сурат рафтани ман барои пул нест. -Ман ба наздикї филми Сирољиддин Ѓафуриро бо номи «Сукут» тамошо кардам ва… - Айб буд… Агар ман медонистам, ки њосил њамон аст, ки дидем дар оќибат, ба њељ ваљњ барои бозї дар филм розї намешудам. Охир ў њам шогирди ман аст. Бачањои мо мехоњанд таъљилан муваффаќ шаванд. Муњиддин њам дар филми «Ормонњо» яке аз наќшњои асосиро бозї мекунад. Маро ваќте, ки барои бозї дар филм даъват кард ва ман ба Конибодом омадам, гуфтам ки ин комилан мумкин нест. Муњиддин сухани маро ќабул кард. Мо дигар љавонро интихоб кардем, ў чењраи зебо дошт, аммо бозї карда натавонист, карахт буд. Баъд ноилољ гуфтем, ки Муњиддин акнун маљбурї худат бозї кунї. Охир бубинед, љавонњои мо њамаашон мехоњанд њам коргардон бошанд, њам муаллиф ва њам бозигари наќши асосї. Бачањо бояд донанд, ки оњиста-оњиста бояд рафт сўйи шуњрат. -Устод, як чизи дигарро мехостам аз Шумо пурсам, Шумо профессори кафедраи мањорати актёрии ДДСТ њастед ва бањсњое њам бо ректори собиќи донишкада доштед, ки суњбати мо сари он нест. Фаќат мехоњам бипурсам, имрўз бо ректори нав фаъолияти донишгоњ дар самти таълиму тарбияи њунармандони љавон чї гуна аст? - Бо берун рафтани ректори собиќ ба хаёлам аз фазои Донишкада сиёњие берун рафт. Танњо њамин кифоя аст ки ман дигар њар чизе, ки дар донишкада мешавад, бигўям, ки бад нест. Дили одам мехоњад, ки онњое ба корњои таълиму тарбия машѓул шаванд, ки њаќ дошта бошанд. Дар чанд соли охир ба донишкада одамони тасодуфї бисёр ворид шудаанд ва ман умед дорам, ки ин њам оњиста-оњиста њалли худро меёбад. Аммо бояд гўям, ки хеле устодони хуб њам дарс медињанд, чун Давлат Убайдуллоев, Шералї Абдулќайс, Нозим Меликов. Умед дорем, ки шогирдони мо дар оянда хеле корњои арзанда њам анљом хоњанд дод. -Хуб ташаккур барои суњбат…

www.ruzgor.tj

9

№10 (010) 06 августи соли 2013

ТАВАЉЉУЊ!!! ДАР ЉУМЊУРЇ ТАЛОЌ АЗ ПОРСОЛА БЕШТАР ШУДААСТ!

Тањияи Шукронаи Ањмад

Б

ино ба иттиллои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Њукумати ЉТ дар шашмоњаи соли 2013 4107 њолати бекоршавии аќди никоњ ба ќайд гирифта шудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли 2012 њаштоду як њолат зиёд мебошад. Ин аз чї далолат мекунад? Дар шаш моњ беш аз чањор њазор оила аз њам пошидаст. Ин худ як падидаи номатлуби иљтимої аст. Вале ташвишовараш он аст, ки ин тенденсия нисбат ба соли гузашта рў ба афзоиш дорад. Агар ин раванд дар оянда низ афзоиш ёбад ба љомеъаи мо он чї таъсире хоњад гузошт? Чї пайёмадњое хоњад дошт? Оё ваќт нест, ки оќибатњои ногувори онро љомеъашиносон тањлилу баррасї кунанд? Мавзўи мазкур хеле доманадор аст. Вале мо дар ин љо фикру назари чанд соњибандешаро фаќат дар мавзўи таъсири талоќ дар тарбияи фарзандон пешкаши шумо, хонандагони арљманд мекунем.

1

2

1. Шамсиддин ЌУРБОНОВ, табиб Маќому арзиш ва љойгоњу иззати никоњ дар љомеаи мо хеле ва хеле коста шудааст. Албатта, ин кори шахсии одамон аст. Аммо мардуми мо дар бастани он низ кам масъулият эњсос мекунанд, њамчуноне, ки бар бекор кардани он. Ба њар як инсоне каме огоњ маълум аст, ки кўдаконе, ки дар оилањои људошуда ба камол мерасанд, нисбат ба онњое, ки дар оѓўши падару модар тарбия меёбанд, хеле фарќ мекунад. Дар чењраи онњо осори дарду андуњи људої аз падар ва ё модар як умр боќї мемонад. Онњо шикастаруњу озурдадил ба воя мерасанд. 2. Шуњрат ЌУДРАТОВ, њуќуќшинос Мувофиќи ќонунгузории љумњурї аќди никоњ дар њолате, бекор карда мешавад, ки дар оила фарзанди ноболиѓ, ё ин ки моликияти муштараки бањснок бошад, дар ин њолат аќди никоњ аз тарафи суд бекор карда мешавад. Дар ваќти баррасї намудани ариза оиди бекор кардани аќди никоњ суд љои зисти фарзанди ноболиѓро њам муайян менамояд. Яъне бо кадоме аз волидайн зиндагї кардани онро њал менамояд.

Дар бисёр њолатњо љойи зисти фарзанди ноболиѓ бо модар муайн карда мешавад. Дар ин њолат фарзанди ноболиѓ љои зисташ бо модар мешавад, аммо падари ў пурра дар тарбия, нигоњу бин, тањсилоти фарзанди худ иштирок менамояд. Ба ѓайр аз ин волидайне, ки фарзанд бо ў мемонад, метавонад барои тарбияи фарзанд алимент талаб намояд. Њамин гуна ёрдам аз тарафи дигар волидайн ба фарзанд довталабона расонида шавад. 3. Мањмуд КАБИРЇ, равоншинос Муноќишањои равонї - иљтимої дар оила аксаран ба он оварда мерасонанд, ки албатта кўдакон ба бемории деприватсия (норасоии навозиш) ва сахтии сари дил гирифтор мешаванд. Паёмбари гиромї (с) барои њамин, ки атфол бемории деприватсия нашаванд, мегуфт, ки аз вољиботи имон сари ятимро сила кардан аст. Сабаби талоќи зиёд љанљоли байни шахсии зану мард аст, ки талаботњои якдигариро ба назар намегиранд ё аз уњдаи ќонеъ кардани талаботи њамдигар намебароянд. Ин дар баробари сабабњои инфиродї боз омилњои иљтимої дорад. Муњољирати мењнатии да-

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

3 вомдор ё худ тўлонї таъсири манфии худро дар њаёти хонаводагї, ба хусус дар муноситбати занушавњарї низ расонда истодааст. Норасоии яке аз волидайн дар равони кўдак инкишофи аќлї-зењнии ўро халалдор мекунад. Назорат аз болои кўдак суст мешавад. Дар натиља тарбияи љисмї, зењнї, аќлї, равонї, иљтимої ва маънавї коста мешавад ва аз назми зиндагї ќафо мемонад. 4. Љаннатуллоњи КОМИЛ, исломшинос Ман фикр мекунам, ки сабаби асосии бекоршавии аќди никоњ ин дур будани волидон аз таълимоти исломї мебошад. Тифле, ки бо вуљуди дар ќайди њаёт будани падар ва ё модар аз навозиши пайвастаи яке аз онњо мањрум мешавад, албатта њаммаљињата тарбияи комил намегирад. Илова бар ин аксарияти чунин бачањо ба корњои мардикорї даст мезананд, ки ин амал ба руњияи онњо таъсири љуброннопазире мерасонад. Агар падару модар њарду аз таълимоти исломї бохабар мебуданд, боварии комил дорам, ки масъулияти бештареро дар тарбияи фарзанд эњсос мекарданд.

www.ruzgor.tj


10

Дин ва рўзгор

www.ruzgor.tj

№10 (010) 06 августи соли 2013

АФСЎС, КИ АЙЁМИ ШАРИФИ РАМАЗОН РАФТ... "Ва њар гоњ одамї бо ранљу зиёне дарафтад, њамон лањза ба њар њолат бошад, аз нишаставу хеста ва истода фавран Моро ба дуо мехонад, он гоњ, ки ранљу зиёнаш бартараф шуд, боз ба њоли ѓафлат ва ѓурур чунон бозмегардад, ки гўї њељ Моро барои дафъи зарар ва ранљи худ нахонда, њамин куфрон ва ѓафлат аст, ки аъмоли зишти табањкоронро дар назарашон зебо намудааст". Сураи Юнус, ояи 12

И

нак, дар остонаи хайрбод бо як Рамазони дигар ќарор дорем. Моњи нусрату баракат олами пур аз мушкилоти моро тарк мекунад ва боз мо мемонему њамон мушкилоти фарогири рўзгор, њамон дардњои куњан ва њамон рўзгори нобасомон. Моњи рањмат на танњо аз кишвари мо, балки аз рўи олам рахти сафар барбаст ва моро бо љумла мушкилотамон тани танњо гузошт. Гумони ѓолиб он аст, ки мањз њамин як моњ мо бо ў бинову тавоно будем. Мегуфтем чун ин моњ моњи Худост, пас мушкили мо низ муштарак аст ва дидем, ки он мушкил аслан бароямон мушкил набуд, рўзї осон ба даст меомад, ризќи атфолро фаровонтар аз ќабл меёфтем.

ва ё гуфт, ки дар он рўз бароям вањй нозил шуд" (ба ривояти Муслим). Аммо дар љои дигар аз Абуњурайра (р) ин ривоятро мехонем, ки дар шарњи рўзаи рўзњои душанбе ва панљшанбе Расусллалоњ (с) фармуданд: "Аъмоли инсон дар рўзи душанбе ва панљшабе арза карда мешавад, пас ман дўст дорам, ки аъмоли ман ваќте арза шавад, ки ман рўзадор бошам". (ривояти Тирмизї). Яъне, аъмоли банда тавассути малоикањо ба Худовандаш дар ин ду рўз пешнињод карда мешавад. Аз ин рў Расули Худо (с) сарењан ба ин ишора кардаанд, ки чун рўзњои душанбе ва панљшабе аъмоли инсон ба Худо пешнињод карда мешавад, дўст дорам, ки дар ин ду рўз рўзадор бошам. Оре, ин њам амали собитшудаи он Њазрат

Бо ин њама ногузирем бо ин моњи шариф то як соли дигар падруд бигўем. Намедонем, ки Рамазони имсол аз мо чї хотироти хуш бурд. Шояд чизе надоштем, ки шоистаи ситоиш пешгоњи Худованди Маннон бошад? Аз як соли пеш ёд меояд. Мо ончунон дар мушкилот ѓўтида будем, ки танњо як чизро медонистем: бояд рўза дорем ва таровињ хонем. Ва чун моњи Шариф аз мо бирафт, бо њамон оњанги хайрбоди таровињи рамазонї дари масљидро њам фаромўш кардем, тањорату ибодатро низ як сў гузоштем. Њарчанд на њамаи мо, балки аксарияти мо. Худованд биёмурзад моро. РЎЗА ПОКИИ ЌАЛБУ РЎЊ АСТ Рўза дар Ислом њамеша ба хотири покии ќалбу рўњ тавсия шудааст ва ин покї бандаро ба Худо наздик мекунад. Ќалби торик ва пургуноњ аз Худо дар гурез аст. Ва агар инсон бихоњад њамеша бо Худо бошад, дар ёди Худо гом занад ва зиндагонии худро дар асоси фармудањои Илоњї ба роњ монад, муртакиби гуноњ нашавад, бояд ќалби худро аз олудагињо нигоњ дорад. Ва як роњи пурсамари наздикї бо Худованд ва покиза нигоњ доштани ќалб ин рўза доштан, истиѓфор кардан, зикри пайвастаи он зоти якто ва ибодату тиловати Ќуръон аст. Ва пайѓамбари гиромї (с) умматро ба ин амалњо пайваста њидоят кардаанд. Он Њазрат (с) ѓайр аз моњи шарифи Рамазон рўзњои хосе рўзадор буданд ва пайравонашонро талќин мекарданд, ки дар чунин рўзњо рўза доштан муљиби дарёфти аљру савоби зиёд мешавад. Ин рўзњо кадом рўзњоянд ва фазилатњошон аз чї иборат аст? Аввалин рўзае, ки баъди анљоми моњи мубораки Рамазон тавсия мешавад, рўзаи шаш рўзи шаввол аст. Дар ин бора ривоятњои зиёде ворид шуда, ки якеро аз забони Абу Аюби Ансорї чун намуна меорем. "Расулаллоњ (с) фармуд: Касе, ки Рамазонро рўза бигирад ва баъди он шаш рўзи шавволро њам рўза бигирад, ў монанди ин аст, ки њамеша ва тамоми сол рўзадор бошад". Дар шарњи ин њадис муфасирин овардаанд, ки њар бандаи мусалмоне, ки шаш рўзи шавволро рўза бигирад, монанди ин аст, ки ду моњ рўза доштааст. Зеро дар муќобили як рўз рўза дањ рўза савоб дода мешавад. Ва тамоми сол сесаду шасту чанд рўз аст. Бинобар ин рўзаи моњи Рамазон баробар ба сесад рўз буда, шаш рўзи шаввол шаст рўз њисоб мешавад. Пас он шаст рўз ба далели ин ки такмилкунандаи як сол аст, ба ин монад, ки шахс њамеша рўзадор бошад. ДАР АРАФАИ ОШУРО НИЗ РЎЗА МЕДОРАНД Бино ба ривояти аз Абуњурайра (р) наќлшуда сањобагон аз Расулаллоњ (с) њукми рўзаи рўзи арафаро пурсиданд ва он Њазрат (с) посух доданд, ки рўзаи он гуноњи соли гузашта ва соли ояндаро мањв мекунад. (Ривояти Муслим). Аз ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт:

www.ruzgor.tj

ЃАЗАЛИ МИРЗО МУЊАММАДАЛИИ СОИБ Афсўс, ки айёми шарифи Рамазон рафт, Сї ид ба як мартаба аз дасти љањон рафт. Афсўс, ки сї пораи ин моњи муборак, Аз даст ба як бор чу авроќи хазон рафт. Моњи Рамазон њофизи ин галла буд аз гург, Фарёд, ки зуд аз сари ин галла шубон рафт. Шуд зеру забар чун сафи мижгон сафи тоат, Шерозаи љамъияти бедордилон рафт. Беќадрии мо чун нашавад фош ба олам, Моње, ки Шаби Ќадр дар ў буд нињон рафт. Бархост тамиз аз башару соири њайвон, Он рўз, ки ин моњи муборак зи миён рафт. Бо ќомати чун тир дар ин маърака омад, Аз бори гунањ бо ќади монанди камон рафт. Бардошт зи дўши њама кас бори гунањро, Чун бод сабук омаду чун кўњ гарон рафт. Чун ашки ѓаюрон ба саропардаи мижгон, Дер омаду зуд аз назари љони љањон рафт. То оташи љўъи Рамазон чењра барафрўхт, Аз номаи аъмол сиёњї чу духон рафт. Аз рафтани Юсуф наравад бар дили Яъќуб, Онњо, ки ба Соиб зи видои Рамазон рафт. Эшони Сайид Имомиддини Ѓозї АЛВИДОЪ, ЭЙ МОЊИ РАЊМАТ, АЛВИДОЪ! Эй њумои ќудсї, эй моњи сиём, Файзи анворат гирифта хосу ом. Сояафкан бар сарам рўзи ќиём, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Эй ту маншури наљотї бањри мо, Манзалатбахшї зи ќурби кибриё. Мекашї ту бандаро сўи Худо, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Ваъдаи рањмат биёмад аввалат, Авсатат гашта баёни маѓфират. З-оташи дўзах халосї охират, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Чењрањо хандон аз иќдоми ту, Њосили фосид ба зери гоми ту. Нур меборад зи субњу шоми ту, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Њури ъйн пурѓам шавад аз рафтанат, Тоби хуршед кам шавад аз рафтанат. Равнаќи бад зам шавад аз рафтанат, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Аз фироќат дидагирёнем мо, Аз људоит дилбирёнем мо. Зери чаккуш ба сандонем мо, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ!

"Расуллалоњ (с) дар рўзи ошуро худаш рўза гирифт ва дигаронро ба рўза гирифтан амр кард". Ба ривояти дигар Расулаллоњ (с) фармуд, ки рўзаи рўзи ошуро гуноњони соли гузаштаро мањв мекунад. Ин њадисро муфассирин чунин шарњ додаанд, ки мурод аз мањви гуноњони соли гузашта гуноњони саѓира аст ва гуноњони кабира танњо бо тавба мањв мешаванд. Дар љои дигаре Расули Худо (с) гуфтаанд, ки агар то соли дигар зинда бошам, рўзи нўњуми муњаррамро рўза мегирам. Нуњуми муњаррам њамон рўзи ошурост. РЎЗАЊОИ СУННАТЇ: ДУШАНБЕ ВА ПАНЉШАНБЕ ВА СЕ РЎЗИ ОХИРИ ЊАР МОЊ То ин замон ривоятњои зиёде расидаанд, ки Расули Худо (с) рўзњои душанбе ва панљшабе рўза мегирифтанд ва инро ба пайравонашон низ тавсия медоданд. Абуќитода мегўяд аз Расулаллоњ (с) аз њукми рўзаи рўзи душанбе пурсида шуд. Он њазрат (с) фармуданд: "Он рўзе аст, ки дар он таваллуд шудаам ва дар он ба пайѓамбарї мабъус шудам

e mail: info@ruzgor.tj

(с) аст. Яъне, се рўзи њар моњро рўза мегирифтанд ва дар насињат ба сањобагон онњоро ба иљрои ин амал, ки дорои савоби зиёд аст, даъват менамуданд. Дар ањодиси набавї мо љо-љо мебинем, ки ин ё он сањобаи киром насињати Расули Худо (с) ба худашро наќл кардааст. Чунончї, Абуњурайра (р) мефармояд: "Дўстам Расулаллоњ (с) маро ба рўза гирифтани се рўз аз њар моњ ва адои ду ракаат намози ишроќ ва ин ки намози витрро пеш аз хобидан бихонам васият кард". Абудардоъ (р) низ гуфта: "Дўстам Расулаллоњ (с) маро ба се чиз васият кард ва то ваќте зинда њастам онњоро тарк накунам: Се рўз рўза аз њар моњ ва намози ишроќ ва бо ин ки то витрро нагузорам, хоб накунам". Дар мавриди се рўз рўзаи њар моњ ин нукта таъкид шудааст, ки афзалтар аз њама агар ин рўзњо рўзњои равшани моњ бошанд, яъне рўзњои сездањ, чордањ ва понздањ. Ва ин дар њадисе мушаххасан аз љониби Расули Худо (с) таъкид шудааст, ки он Њазрат (с) рўза доштани се рўзи њар моњ дар рўзњои сафед, яъне сездањ, чордањ ва понздањро тавсия додаанд".

ruzgor@mail.ru

Бо забони њол мегўяд ба мо, Мекунад њар соате бар мо видоъ, Ѓофиландешї набояд бар шумо, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Ман саодатбахши авлоди башар, Нафъро тарљињ намоям бар зарар. Ман шуморо дур созам аз хатар, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Арзатонро сўи субњон мебарам, Нома аз њар чашми гирён мебарам. Нолањои мустамандон мебарам, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Гар равї бар пойтахти подшоњ, Арз кун з-ин Ѓозизоди пургуноњ. Лутф бинмо, то нагардад рўсиёњ, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ! Раббано фаѓфирлано аз лутфи худ, Кун мушарраф бо љамолат, ай Вадуд. Љумла моёнро ту магзорї љумуд, Алвидоъ, эй моњи рањмат, алвидоъ!


Розњои зиндагї

www.ruzgor.tj

№10 (010) 06 августи соли 2013

11

База Ќурбоновро дашном медод. Дар хотирам њанўз садо медињад: «Козёл Курбанов нас предал, но я его так не оставлю…» Бале, Ќурбонови сармуњосиб, ки аз њељ чиз камбудї надошт, дар гузориш- акти дурўѓини тартибдодаи ревизори Кумитаи нафтрасон бидуни андеша имзо мегузорад. Имзои ў дар гузориши дурўѓин таќдири Кохманро њаллу фасл мекард. Як њафта пеш аз муњокимаи натиљаи ревизия Кохманро ба Кумитаи нафтрасон даъват намуда, муовини раис ба ў мегўяд, ки «барои беобрўй нашудан аризаи аз кор рафтанатро навис». Кохман ревизияро фармоишї гуфта, ариза наменависад. Муовин тамасхуромез илова менамояд: «Агар коллегия ба гузориши ревизори ботаљрибаи кумита бовар накунад, гузориши иловагии сармуњосибатон Ќурбонов кифоя аст, ки вазифаро супоред». Дар рўзи муњокимаи «камбудињои Базаи нафтрасони Ворошилобод», аз рўйи наќли Абдуваддуд ном корманди базаи мазкур, ки дар Кумитаи нафти љумњурї баргузор гардид, њуљум аз чор љониб

Вай на танњо роњбари намуна, балки марди сиддиќ буд; хислати оњанине дошт, ки њељ гоњ ришва намегирифт ва бо маоши хубаш, ки наздики њаштсад сўм буд, зиндагии шоњона дошт. Номи аслиаш Кофман бошад њам, мардум ўро дар мурољиат њамеша «акаи Кохман» мегуфтанд. Кохман забони тољикиро хеле хуб медонист.

С

КОХМАН КЇ БУД? ЧАРО ДАСТ БА ТЕРРОР ЗАД? оли 1980, олмонитабор Кохман, дар идораи Кумитаи нафтрасони Љумњурии Сотсиалистии Шўравии Тољикистон се нафарро бо як хунсардї тавассути туфангчаи «Наган» ба ќатл расонд. Ин террор дар рўзи равшан рух дод ва Шўравиро, ки нав ба Афѓонистон лашкар кашида буд, сахт таккон дод. Террори Тољикистон њукми «махфї»-ро гирифт, вале дар шањраки Ворошилободи собиќ ноњияи Колхозобод ин њодиса аз дањон ба дањон пањн шуда, мардум ангушти њайрат мегазиданд: Кохмане, ки мўрчаро озор намедод, чї тавр се нафарро ба ќатл расонд? Сабаби рух додани террор њамон ваќт аз љониби маќомоти салоњиятдор зуд ошкору равшан гардида бошад њам, вазъи рўњонии Кохмани террорист дар се- чор рўзи ќабл аз њодиса ба ѓайр аз чанд нафар наздикони Кохман дигар ба касе маълум набуд. Ёру дўстон хуб медонистанд, ки Кохман барои шарафу њифзи номаш ба њар амале ќодир аст.

Бурњон Салмонов, барои «Рўзгор» Асабоният дошт, аммо дар муошират тамкинро аз даст надода буд. Гурўњи ревизорњои Кумита тўли як моњ фаъолияти Базаи нафтрасонро чи хеле, ки хостанд аз «ѓалбер» гузаронданд. Мехостанд бо њар роњу воситае, ки набошад камбудиеро «ёфта» Кохманро дар назди роњбарият сиёњ карда нишон дињанд. Кохман ба аксари кормандони Базаи нафтрасон боварї дошт; бештари онњо бо худи ў понздањбист сол дар як љо кор карда, ба ќавле намакхўрда њам шуда буданд. Вай на танњо роњбари намуна, балки марди сиддиќ буд; хислати оњанине дошт, ки њељ гоњ ришва намегирифт ва бо маоши хубаш, ки наздики њаштсад сўм буд, зиндагии шоњона дошт. Номи аслиаш Кофман бошад њам, мардум ўро дар мурољиат њамеша «акаи Кохман» мегуфтанд. Кохман забони тољикиро хеле хуб медонист. Аз рўи наќли одамоне, ки ин марди аљибро аз наздик мешинохтанд, Кохманро на танњо дар шањраки Ворошилобод, балки дар навоњии њамсоя одамони зиёде мешинохтанду иззату њурматаш мекарданд. Эњтиромаш аз се љињат буд: аз вазифаи ишѓолиаш- директори Ба-

заи нафтрасон, шахси саховатпешаву дасткушод ва панљ- панљааш њунар. Танњо мезист, услуби хоси сару либоспўшї дошту њар рўз риш мегирифт. – Муљарради миёнасол бошад њам,- мегўяд бобои Аскар, сокини шањраки Ворошилобод,- ба љинси латиф он ќадар майле надошт. Зане бо номи Лилия, аз шањри Душанбе, ки вай њам олмонитабор буд, моње як бор-ду бор мењмонаш мешуд. – Акаи Кохман аз њисоби Базаи нафтрасон дар шањрак кўдакистон ташкил карда, харољоташро аз њисоби худаш мебаровард. Устои хуб буд, ваќтњои бекориаш радиою телевизорњои шикастаи мардумро таъмир карда, аз касе як пули пучак талаб намекарду намегирифт… Дар он солњо Базањои нафтрасон љойи равѓанї ба њисоб мерафт. Дар Кумитаи нафтрасони љумњурї диданд, ки Кохман ба касе пора намедињад ва хушомад њам намегўяд, аз пайи сабўкдўшиаш шуданд. Дар иљрои вазифааш уњдабаро ва камбудие надошт; тозакор буд, агар медид, ки касе даст ба фасод задааст, њамон соат аз кор мерондаш. Албатта, чунин одамони тозакор мисли Кохман, ки наздики дањ ноњияи минтаќаи Ќўрѓонтеппаро бо сўзишворї, ки мустаќим аз Русия, Ќазоќистон ва Туркманистон меомад, таъмин

мекард, маъќул набуд. Кохмани узви ЊКИШ аз нигоњи њизбї низ шахси принсипнок ба њисоб мерафт. Бо вуљуди чунин сифатњои волои як роњбар, борњо аз муовини раиси Кумита пичинг мешунид, аммо Кохман дарк намекард, ки мањз њамин шахс ўро бо њар роњу восита аз вазифааш гирифтанї асту одами наздикашро ба курсии вай шинонданї. Бинобар он, ў моњи декабри соли 1979 ревизори «ботаљриба»ро барои «чаппа» кардани Кохман ба шањраки Ворошилобод фиристод. Ревизор њар чанд зўр зад, барои сиёњ кардани Кохман далеле наёфт. Дид, ки ин фармойиш иљроношуданист, вай бо сарбухи База забон як карду гузориши сиёњеро алайњи Кохман навишта, ба шањри Душанбе бармегардад. Кохман њис кард, ки ўро нољавонмардона ва бо туњмат аз вазифа гирифтанианд. – Ман бо Кохман дўсти наздик будем,ба ман наќл кард њамон соле, ки ин воќеа рух дода буд, Рањматшоњ ном марде, ки дар ноњияи Ќумсангир мудири нуќтаи сўзишворифурўшї шуда кор мекард,- вай дўстдори пиво буду њамеша маро ба пивонўшї даъват менамуд. Дар хонааш як яхчоли калон дошт, ки даруни он пури шишаи пиво буд. Баъди анљоми ревизия ба назди Кохман рафтам. Дар кабинеташ танњою чунон маст буд, ки њайрон шудам. Ба ростї, бори аввал Кохманро дар ин њолати ѓайримуќаррарї дидам. Бо овози баланд сармуњосиби

К

алайњи Кохман буд. Кохман гузоришњои ироашудро дар њаќќаш туњмат хонд ва ягон камбудиро ба гардан нагирифт. Бо вуљуди њамаи ин, ўро ба ќавле аз вазифа сабукдўш эълон менамоянд. Кохман аз ин беадолатї ва туњмати ноњаќ аќлашро бохт. Њангоме ки љаласа хатм шуду одамон ният баромаданро намуданд, ў бо туфанги дар даст доштааш њамаро дошт ва се нафар: муовини раиси Кумита, ревизори кумита ва сармуњосиби худашро бо номи Ќурбонов бо як хунсардї паронд. Дид, ки намойишгарони спектакл љон бохтаанд, худро низ ба ќатл расонид. Аз ин воќеаи хунину мудњиш беш аз сї сол сипарї шудааст. Дар шањраки Ворошилободи ноњияи имрўзаи Љалолиддини Румї онњое, ки бо Кохман кор кардаанд, мегўянд, ки ин террорро замона, шароити носолими љомеа, ки ришваситонї ва ёру ошнобозї зери парда решаи амиќ давонда буд, ба амал овард. Кохман дар синни бачагї, солњои сиюми ќарни гузашта њамроњи волидонаш, ки муњољирони сиёсї буданд, аз ќисмати Поволжеи Русия ба водии Вахш омада, дар корамсозии водии Вахш сањми бузурге гузоштаанд. Дар шањраки Ворошилобод мазори озодаест, ки мардуми тањљойї онро «гўристони немисњо» мегўянд. Бале, садњо олмонитаборњою русњо, аз љумла волидони Кохман низ дар ин љо манзили охирати худро ёфтаанд.

охмани узви ЊКИШ аз нигоњи њизбї низ шахси принсипнок ба њисоб мерафт. Бо вуљуди чунин сифатњои волои як роњбар, борњо аз муовини раиси Кумита пичинг мешунид, аммо Кохман дарк намекард, ки мањз њамин шахс ўро бо њар роњу восита аз вазифааш гирифтанї асту одами наздикашро ба курсии вай шинонданї. Бинобар он, ў моњи декабри соли 1979 ревизори «ботаљриба»-ро барои «чаппа» кардани Кохман ба шањраки Ворошилобод фиристод. Ревизор њар чанд зўр зад, барои сиёњ кардани Кохман далеле наёфт. Дид, ки ин фармойиш иљроношуданист, вай бо сарбухи База забон як карду гузориши сиёњеро алайњи Кохман навишта, ба шањри Душанбе бармегардад. Кохман њис кард, ки ўро нољавонмардона ва бо туњмат аз вазифа гирифтанианд.

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


12

№10 (010) 06 августи соли 2013

Аз рўзгори орифон

www.ruzgor.tj

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

убњ Махсуми Фузайл одамонашро барои овардани љасади эшони Сайидљалолиддин мефиристад. Онњо ба љои воќеа омада њарчанд зиёд мекобанд, вале эшонро намеёбанд. Фузайл чун ин њолатро мебинад фармон медињад, ки тамоми хонаву оѓилњои мардуми гирду атрофро бодиќќат бикобанд. Тамоми лашкари Махсуми Фузайл чанд рўз љасади эшони Сайидљалолиддинро мељўянд. Њатто ба хонаи њамон суфї чанд бор мераванд, аспхонаашро мекобанд, вале эшонро аз он љо пайдо карда наметавонанд.

Сўфї эшони Сайидљалолиддинро пинњонї хурду хўрок медод, табобат мекард. Билохира, баъди гузаштани шаш ё њашт моњ, ваќте гирду атроф каме ором ба назар мерасад, эшони Сайидљалолиддин аз сўфї иљозати рафтанро мепурсад. Сўфї њарчанд мегўяд, ки то як муддат ин љо бошад, ба ў зан медињанд, зиндагиаш, Худо хоњад, хуб мешавад, вале эшон далел пеш меорад, ки дар хона зану фарзанд дорад, шояд ањли хонавода дар ташвиш бошанд, аз худ дарак бояд дод. Хулоса, он сўфї ба эшон дуъои сафари нек медињаду эшони Њољї он хонаро бо ашки чашм тарк менамояд. Ў аз тариќи аѓбаи Каранак аввал ба Тавилдара, сипас ба Ёзѓанд меояд. Баъдан дар хоб падараш эшони Шайх Шањобиддин Валиро мебинад, ки ба ў мегўяд "Писарњоямро ба наздат биёр". Эшони Сайидљалолиддин баъди овардан ва дар Ёзѓанд ба хок супурдани љасадњои бародарони шањидаш, занашро гирифта аз Ёзѓанд ба водии Њисор меояд. Эшони Сайидљалолиддин ошкоро маузер дар пањлў ба хонаи дар Янќўрѓон будаашон меояд. Дар ваќти набудани эшонњо хонаи онњоро ба оилањои афсарони рус дода будаанд. Дар он љо асосан занњо ва фарзандони афсарони рус зиндагї мекардаанд. Ваќте эшони Сайидљалолиддин мусаллањ ба хонааш бармегардад, њама дар њарос мешаванд ва даррав ўро дастгир карда, аз ў кї буданашро мепурсанд. Ваќте мефањманд, ки ў соњиби њамин хона њаст, иљозаташ медињанд, ки дар як гўшааш зиндагонї кунад. Эшони Сайидљалолиддин хонаводааш, аз љумла модари пираш-

www.ruzgor.tj

ро, низ ба ин њавлї меорад. Эшон дар хонаашон як сандуќе доштааст, ки њар бори кушодан аз ќулфи он садои мусиќие баланд мешудааст. Њар боре, ки мусиќї садо медодааст, њамаи занњо ва фарзандони афсарони рус ба хо-

наи онњо медавидаанд, то бубинанд, ки аз сандуќ чї чиз мегиранд. Худи эшон низ эњсос мекард, ки њар як ќадами ў зери назорат аст. Боре муридони ў бо номи сўфї Зубайд ва сўфї Тошї аз Симиганљ ба эшон пешнињод мекунанд, ки Янќўрѓонро тарк намуда, бо ањли

e mail: info@ruzgor.tj

хонаводааш ба дараи Симиганљ, ба дењаи Дара биёяд. Хулоса, эшони Сайидљалолиддин ба он љо мекўчад ва аз ин ба баъд бештари ваќт ба Ўзбекистон пеши муридони падар мерафтааст. Эшони Сайидљалолиддин аз љумлаи он эшонњое будааст, ки аз њисоби дигар халќияту миллатњо низ мурид доштааст. Дар ин љо дар бораи як муриди ў, ки аз тоторњои болшевики мусулмоншуда буд, ќиссаеро наќл мекунем. *** ЌИССАИ ТОТОРИ БОЛШЕВИКИ МУСУЛМОНШУДА Талабаи синфи њафт ё њашт будам,- мегўяд Саидкабир. Дар хона танњо нишаста будам, ки бачањои кўча мўйсафеди тахминан 80-90 - солаеро ба хона оварда гуфтанд, ки ин хешатон њаст ва шуморо мекобад. Баробари дидан он мард гирякунон маро ба оѓўш кашид ва гуфт, ки ман муриди эшони Сайидљалолиддин мебошам. Сабаби мусалмон шудан ва мурид гаштанам эшони Сайидљалолиддин мебошад,- гуфт

ў. Ва сипас наќл кард, ки чї гуна болшевикон ўро барои гирифтани иттилоот аз байни муллову эшонњо тайёр карда будаанд… Ў агарчи тотор буд, вале он замон аз ислом фарсахњо дур буд. Ўро ўзбек гўён ба доираи муллоњо ва эшонњо ќарин карда буданд. Ва-

ruzgor@mail.ru

зифаи ў асосан аз њамин иборат будааст, ки аз гуфтору рафтори муллоњо ва эшонњо сари ваќт роњбарони болшевикњоро огоњ бикунад. Ваќтњои ахир дар бораи эшони Сайидљалолиддин супориш гирифта будааст. Ў бояд дар куљо будани эшони Саидљалолиддинро фањмида, ба рањбарони болшевикњо хабар медодааст. Болшевикњо бисёр мехостанд ўро дастгир карда саволу љавоб кунанд. Эшон инро фањмида худро ошкор намекардааст. Як рўз эшони Сайидљалолиддин ба як ќишлоќ омада, дар хонаи муридаш мењмон мешавад. Аз омадани эшон хабардор шудам,- мегўяд мењмони омада. Вале њанўз дудила будам, ки хабарро бирасонам ва ё не. Дар њамин ваќт дар ќишлоќ овоза мешавад, ки болшевикон вориди

Б

ЌИССАЊО АЗ РЎЗГОРИ

С

ЭШОНИ СУЛТОН...

Султони Њамад, «Рўзгор»

биравам?". Гуфт: "Лозим нест. Ту њоло барои онњо даркорї". Эшон барваќт медонистааст, ки ман киям. Аскарони сурх омада тамоми хонаву дањлезу аловхонаву оѓилњоро кофтанд. Вале эшонро пайдо карда натавонистанд. Баъди чанде буд, ки як муаллимеро шатта зада бурданд, ки ту моро фиреб додї. Хабарро њамин муаллим дода будааст. Ин њодиса эътимоди маро нисбат ба њазрати эшон зиёд кард. Ман бори аввал ба каромоти ў бовар кардам. Дафъаи дуввум бо њамроњии эшон ба зиёрати мазоре рафтанї шудем. Ман медонистам, ки дар роњи њамон мазор маќомоти НКВД дар таги як пул пинњонї дидбонгоње доштанд, ки касеро, ки мехостанд, дар њамон љо аз байн мебурданд ва љасадашро ба дарё ме-

олшевикњо бисёр мехостанд ўро дастгир карда саволу љавоб кунанд. Эшон инро фањмида худро ошкор намекардааст. Як рўз эшони Сайидљалолиддин ба як ќишлоќ омада дар хонаи муридаш мењмон мешавад. Аз омадани эшон хабардор шудам,- мегўяд мењмони омада. Вале њанўз дудила будам, ки хабарро бирасонам ва ё не. Дар њамин ваќт дар ќишлоќ овоза мешавад, ки болшевикон вориди дења шуда хона ба хона тафтиш карда истодаанд. Рости гап, ман худ њайрон шудам, ки ин хабарро кї расонда бошад.

дења шуда, хона ба хона тафтиш карда истодаанд. Рости гап, ман худ њайрон шудам, ки ин хабарро кї расонда бошад. Дидам, ки мардуми дења, махсусан ањли хонае, ки њазрати эшон он љо буд, бисёр безобита шуданд. Онњо хабарро дарњол ба њазрати эшон расонданд. Њазрати эшон саросема нашуда ба хондани ду ракаат намози нафл шурўъ кард. Баъди адои ду ракаат намози нафл рўи њавлї баромад. Њамин ки эшони Сайидљалолиддин рўйи њавлї баромад, ба ќудрати Худовандї аз самти кўњ абре пайдо шуд, ки ба замин фаромад. Дар як лањза чунон тумани ѓафсе ќишлоќро печонд, ки дигар аз се- чор ќадам дуртар касе ва чизеро намедидї. Эшон табассумкунон аз њавлї берун шуд. Ба ў гуфтам, ки "њазрат, ман њамроњатон

партофтанд. Ин хатарро танњо ваќти дар роњ будан дарк кардам. Аз тарс араќи сафед маро пахш кард. Ин њолати маро њазрати эшон пай бурда гуфт, ки "ташвиш накашам, њамааш соз мешавад". Ваќте аз пул мегузаштем, дидам, ки одамони дар зери он буда бо дањони воз, панљтирањо дар пањлўяшон хоб рафтаанд. Мо ба мазор рафта зиёрат карда омадем. Аз байн ќариб се соат гузашт. Онњо њанўз хоб буданд. Баъди дидани ин каромоти эшон ман тамоман ба ў ихлос бастам ва аз ў хоњиш кардам маро ба муридї ќабул намояд. Ин тотори собиќ болшевики мусалмоншуда тахминан шаст сол баъд як набераашро бо худ оварда буд, ки аз бозмондагони эшонњо касе ба ў таълими исломї бидињад. (Идома дорад)


Дин ва рўзгор

Д

www.ruzgor.tj

ар маќолаи ёдшуда Саъдиддини Рустам менависад: "Љолиб аст ки нахустин ояе, ки марбут ба ањкоми рўза хондем, њадафи нињоияш таќвост ва боз њамин таъбир айнан дар охири њамин оя таъкид шудааст: "Лаъаллањум таттаќун", яъне о?ози сураи марбут ба рўза ояи 183 аст ва поени ояи марбут ба рўза ояи 187 њамин сура њадаф аз рўза доштанро таќво муаррифї кардааст ва ин нишон медињад, ки тамоми ин барномањо василае њастанд барои парвариши рўњи таќво ва хештандорї ва малакаи парњез аз гуноњ ва эњсоси масъулият дар баробари вазоифи инсонњо. "Зинњор дар он роњ мухолифат напўед, Худо он гуна оёти худро барои мардум баён фармояд то бошад, ки парњезгор шаванд".

№10 (010) 06 августи соли 2013

"Расули онњо Њуд (ъ) бо мењри бародарї ба онњо гуфт: Оё њанўз муттаќї ва Худотарс намешавед"? ва такрори инро дар ояњои 142, 161 ва 177 њамин сура мехонем, ки рсулони Њаќ Солињ (ъ), Лут (ъ) ва Шуъайб (ъ) њар кадом такрор ба такрор ќавми хешро ба парњезгорї даъват намудаанд. Он чї гуфта шуд фаќат муќаддимаи кутоњест ба мавзўи таќво ва шарњи комили он сухани дароз ва тафсири зиёд мехоњад, ки ин љонибро маљол нест. Навиштањои шогирдонаро бо ин дуои Шайх Саъдї мехоњем хатм кунем, ки гуфта: "Ё раб, чунонки хилъати имон бахшидї пирояи таќво каромат кун." Омин! ХУДОВАНД ВА МУСО (Ъ) Дар кутуби муќаддас љо-љо аз мунољоти Паёмбарони бузург-

ЊАР КЇ ТАРСИД АЗ ЊАЌУ ТАЌВО ГУЗИД... (Аввалаш дар шуморањои гузашта)

ТАЌВО ДАР МОЊИ РАМАЗОН Дар воќеъ њамон, ки Паёмбаи ислом (с) фармуданд: "Рўза сипаре аст дар баробари оташи дўзах", он сипар њамон таќво ва парњезгорист. Ва Расули гиромї љойи дигар фармудаанд: Рўза инсонро аз олами њайвоният тадриљан, ба љањони фариштагон мерасонад". Дар ояи 29 сураи Анфол Худованди бузург боз њам ба ањли имон мурољиат мефармояд ва парњезгориро муљиби пўшонидани гуноњон ва омўрзиш лутфи Офаридгор медонад. Њар куљо, ки дар Ќуръони Карим даъват ба ибодат аст, њадаф таќво аст. Масалан, ояи 21 сураи Баќара: "Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед, он кас, ки шумо ва пешиниёнро офарид то парњезгор шавед".. Яъне, натиљаи ин парастиш таќво ва парњезгорї аст. Бинобар ин

ибодатњо ва ниёишњои мо чизе бар љоњу љалоли Худо намеафзояд, њамон гуна, ки тарки онњо чизе аз азамати маќоми ў кам намекунад. Ин ибодатњо синфњои тарбиятї барои омўзиши таќво аст. Таќво њамон эњсоси масъулият ва назоратчии дарунии инсон, меъёри арзиши инсон ва мизони санљиши шахсияти ўст. Имон ва таќво сарчашмаи баракоти маънавї ва баракоти моддист. О?ози даъвати анбиё даъват ба таќво буд ва ба ин ояњои сершумори каломи Њаќ ва суфоришоти Паёмбар (с) гувоњанд. Дар ояи 106 сураи "Њуљарот" мехонем: "Њангоме, ки бародарашон Нўњ (ъ) онњоро гуфт оё њанўз Худотарс ва муттаќї нашудаед"? Ва баъдан дар идома ваќте Худованд аз бурхўрди умматњои мухталиф бо фиристодагонаш наќл мекунад, боз аз таќво ва парњезгорї њарф мезанад.

13

вор бо Худои Карим матлаб омада ва љо-љои дигар мурољиати Парвардигор он эшонро мехонем. Ва чун калом аз номи Худованд меояд, басо ширину муассир аст. Бисёр шуда, ки дар китобњои ќадим аз сўњбати Офаридгор бо њазрати Мусои Калим (а) иќтибос мешавад. Худованд бо расулонаш дар мавриди ахлоќи башарї сўњбат мекунад. Ба дигар маънї, андарзи худовандї масалан ба њазрати Мусо (а) марбути ў нест, балки ба кулли инсоният, њам ба пайравону равандагони роњи Мусои пай?амбар ва њам ба умматони баъдї тааллуќ мегиранд. Дар зер намунае аз мурољиати Худои љањониён ба Мусо алайњиссаломро меорем, ки гумон мекунем барои њар кадоми мо муфид аст. Эй, Мусо! Орзуятро дар дунё дароз макун, ки бад-ин љињат дили ту

сахт ва торик мешавад ва он ки дилаш сахт ва торик аст, аз ман дур аст. Эй, Мусо! Тавре бош, ки ман аз ту шодмон бошам, зеро, ки шодии ман дар он аст, ки амрам иљро гардад ва нофармонии ман нашавад. Дилатро ба тарсу бим бимирон, чароѓи шаб бош, монанди собирон дастњоро ба сўям баланд кун, аз бисёрии гуноњон дод бикаш ба сўйи ман монанди фарёди гунањгороне, ки аз душмани худ фирор мекунанд. Дар ин љињат аз ман ёрї биљў, зеро ки ман неку ёрикунандаам. Эй, Мусо! Њамоно ман Худое њастам, ки ќудрат ва нерўям бар фарози ќудрати бандагон аст, бандагон дар поини нерўям ќарор доранд ва тамоми онон дар баробарам ољизанд. Худатро дар баробари худат мањкам кун, фарзандонро амини динат ќарор мадењ, магар ин ки фарзандат

монанди худат бошад, ки шоистагонро дўст бидорад. Эй, Мусо! Покиза шав ва покиза кун ва ба бандагони шоистаи ман наздик шав. Эй, Мусо! Ту имоми мардум бош дар намозашон ва фармон бидењ дар миёнашон ончунон ба ту фармон медињам, ки њамоно бар ту фиристодам њукми рушан ва бурњоне нуронї ва нуре, ки сухан гўяд ба он чї ки дар пешиниён ва охирину њозирин бошад. Эй, Мусо! Ту бандаи манї ва ман Худои ту. Фаќирро кўчаку хор машмор, ба сарватманд рашк мабар барои чизе андак. Њангоми ёдоварии ман хошеъ бош, њангоми хондан ба рањмати ман тамаъ дошта бош ва бишнав он лаззати Тавротро ба ман бо садои њазин, њангоми ёдоварии ман хотирљамъ бош ва ёдоварї кун њар касро, ки ба ман итминон дорад. Эй, Мусо! Маро парастиш кун, ба ман шарик наёвар, ризои маро ба даст овар, ман њамоно бузургам, пас муборак аст чењраи ман монанди ман чизе нест, ман зиндаи њамешагї ва ѓайри ќобили нобудиам.

ЊУКМИ САЊАРХЎРЇ БАРОИ РЎЗАДОРОН ванди мутаол дар Ќуръони маљид дар ин бора мефармояд: "Ва дар он чї иштибоњан муртакиби он шудаед, бар шумо гуноње нест, вале дар он чї дилњоятон ќасд дошта, масъул њастед" (Сураи Ањзоб, ояти 5). Расули акрам (с) низ мефармояд: "Худованд иштибоњ ва фаромўшии уммати маро ба ман бахшидааст".

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

ЊУКМИ РЎЗАИ ШАХСИ БЕНАМОЗ

Тањияи Ќиёмиддин Сатторї Суол: -Њар гоњ касе дар рўзи моњи Рамазон дар хоб эњтилом гардад, он гоњ барои покї аз љанобат ѓусл кунад, оё ин ѓусл рўзаро ботил намуда, мешиканад? Љавоб: -Ба гумонам, саволкунанда мехоњад дар бораи эњтилом бипурсад, ки оё рўза мешиканад ё не? Чунонки ин мавзўъ барои баъзе номафњум мебошад, бинобар ин, ба посух мепардозаму мегўям, ки эњтилом рўзаро ботил намекунад, зеро инсон њељ гуна дахолате дар он надорад, ќасдона нест ва боиси шикастани рўза намегардад.

Баромадани оби манї дар сурати эњтилом рўзаро ботил намекунад ва табиист, ки ѓусл кардан ба хотири он љанобат низ рўзаро намешиканад, зеро шореъи њаким ба тањорату покизагї дастур дода ва онро бар мусалмонон дар чунин шароит вољиб гардонидааст, то он љо ки агар дар њини ѓусл, об дар гўшњо фурў равад ё бидуни ихтиёр ба њангоми мазмаза кардан дар ваќти ѓусл ё вузў об дар гулў фурў равад, боз њам рўза ботил нахоњад шуд, зеро ин гуна хатоњо ќобили бахшиш мебошад. Худо-

Суол: - Оё рўзаи шахси бенамоз дуруст аст ё ин ки тамоми ибодатњо ба њам марбутанд? Љавоб : - Аз мусалмонон хоста шудааст, ки тамомии ибодатњоро анљом дињад: намозро бихонад, закотро бипардозад, дар моњи Рамазон рўза бигирад ва дар сурати тавоноии молї ва баданї фаризаи њаљро адо намояд. Бинобар ин, касе, ки яке аз ин вољиботро бидуни узри муваљањњи шаръї тарк кунад, нисбат ба дастуроти Худованди мутаол беэътино будааст. Донишмандони исломї назарот ва раъйњои мухталиферо дар ин замина доранд, баъзе ќоиланд ба ин, ки њар касе яке аз ибодатњоро тарк кунад, кофир мешавад; назари баъзе дигар бар ин аст, ки инсон ба тарк кардани намоз ва закот кофир мешавад; баъзе дигар мегўянд: - инсон фаќат бо тарки намоз кофир мешавад, зеро намоз дар дини Худо аз љойгоњи хосе бархўрдор аст

ruzgor@hotmail.com

ва дар ин бора ривояте ворид шудааст, ки Расули акрам (с) мефармояд: "Фосилаи миёни банда ва куфр тарки намоз аст". Ба аќидаи касоне, ки мегўянд: ќасдан тарки намоз намудан муљиби куфр аст ва аз чунин касе рўзаи гирифтааш пазируфта намешавад, зеро аз инсони кофир њељ ибодате пазируфта нест. Баъзе дигар аз уламои исломї бар онанд, ки агар шахсе муътаќид ба Худову Паёмбар ва рисолаташ бошад, дар он иноду шубња надошта бошад, муъмину мусалмон ба шумор меояд ва тарккунандаи яке аз ибодатњоро фосиќ медонанд, на кофир. Ин назарияи ахир муътадилтарин раъй ба њаќиќат аст. Валлоњу аълам. Бинобар ин, њар гоњ касе ба хотири танбалї ё аз рўйи танпарварї бидуни он, ки инкору тамасхўр намояд, баъзе аз вољиботро тарк ва баъзеро адо кунад, ноќисулислом ва заъифулимон шуморида мешавад. Агар он шахс ба тарки баъзе вољибот мудовимат ва истимрор дошта бошад, бар имони чунин кас бояд шубња дошт, вале аз он љо, ки Худованди мутаол подоши њељ кори некро зоеъ нахоњад кард, дар муќобили адои вољибот, аз љумла гирифтани рўза дар моњи шарифи Рамазон савоб мегирад ва дар баробари тарки вољиботи дигар љазо хоњад дид. Дар ин бора дар Ќуръони маљид омадааст: "Пас њар кї њамвазни заррае некї кунад, натиљаи онро хоњад дид ва њар кї ба миќдори заррае бадї кунад, натиљаи онро хоњад дид" (Сураи "Зилзол", ояти 8).

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


14

№10 (010) 06 августи соли 2013

Љавонмардони рўзгор

www.ruzgor.tj

ШИРКАТИ "УМЕД-88":

"Бояд тамоми соњибкорон ва ширкатњои кишвар њамин гуна дар бораи мардум њам фикр кунанд. Шумо тасаввур кунед, "Умед-88" бензинро тахфиф мекунад, агар як ширкат нархи хурокаро њамин гуна арзонтар кунад, ширкати дигар масалан, арзиши алоќањои мобилиро ва њамин гуна њар ширкат дар самти фаъолияти худ на танњо дар бораи нафъи худ, балки дар бораи мардум њам андеша намояд, он гоњ сатњи зиндагї њам хеле боло меравад. Масалан, ман рўзњои љумъа ба мошинам бензини бештар мерезам, зеро медонам ки ин ба нафъи буљаи оилаи ман аст"… Масъулони ширкати "Умед88" мегўянд, ин таљрибаро аслан аз кишварњои Аврупо андўхтаанд ва чанд муддат аст, ки дар њамаи идњои миллї ва њар њафта рўзи љумъа то чанд дарсади нархи маводи сўхтро арзонтар ба фурўш мегузоранд. Бо ин иќдом онњо мехоњанд нахустин шуда њамин гуна як таљрибаро густариш дињанд, зеро ин фарњанги тиљорат аст ва агар њама инро дастгирї кунад, ба манфиати љомеа мебошад". Ба гуфти онњо мусулмони њаќиќї бояд барои хурсанд намудани бародари муъмин тамоми чорањоро бинад ва арзон намудани нарх дар рўзњои иди давлатї ва рўзи љумъа ин як навъ болидахотир намудани мардум ва овардани сабукї ба буљаи оилаи онњо мебошад. Аслан, дар кишварњои Аврупо ва Амрико мо шоњиди он мегардем, ки дар рўзи идњояшон дар тамои маѓозањо тахфиф (арзоншавї) эълон карда мешавад. Дар мамлакатњои араб бошад, ба хотири идњо ва моњи шарифи рамазон тахфиф ва иќдомњои хайриявї эълон карда мешавад. Дар тўли соњибихтиёрии кишвар, мо надидем, ки соњибкоре ба ин иќдоми нек даст зада бошад. Аз ин рў,

Маќсади фаъолият - нафъи љомеаву миллат

Ш

ИРКАТИ "УМЕД-88" тамоми мардуми шарифи Тољикистонро бо фарорасии моњи шарифи Рамазон табрику шодбошї намуда, ба хонадони эшон файзу баракати бепоёнро таманно менамояд. Бигзор дастархони Шумо њамеша пурнозу неъмат ва дар хонадонатон тинљиву амонї бошад. Фаъолияти мо бањри болидагии хотири Шумост!!! "Умед-88" њамеша мекўшад, то ба Шумо - мардуми азизи Тољикистон нафъе расонида бошад. Иди Шарифи Рамазон муборак, њамдиёрони азиз!

Иди Рамазон омаду моњи Рамазон рафт, Сад шукр, ки ин омаду сад њайф, ки он рафт… Дар марњилаи кунунии Тољикистон, ки иќтисоди кишвар рў ба рушд аст, бояд ширкатњои ватанї фаъолияти худро ба нафъи мардум ва пешрафту нумуи давлату миллат ба роњ монанд, на ин ки фаъолияти онњо танњо барои ба даст овардани фоидаи молї ва пур кардани буљаи ширкат бошад. Албатта, ѓанї гардидани буљаи њар ширкат, ин кафолати пешрафт ва рўйи даст гирифтани амалиёти густардатар хоњад буд, аммо набояд фаромўш кард, ки њадафи аслии њама гуна корхона-

www.ruzgor.tj

ву ширкат дар замони муосир бояд сањм гузоштан ба рушди њарчї бештари давлату миллат ва ба нафъи халќи азизи Тољикистон равона гардад. Агар ширкатњои ватанї нафъи халќу миллатро маќсади аслии худ њисобида, фаъолияти худро дар њамин замина роњандозї кунанд, дар ин њол њам ба худ, њам ба мардум ва њам ба давлат аз љониби онњо фоидаи бештар расида, бо ин амал ширкат дар рушди иќтисоди кишвар ва боло бурдани сатњи некуањволии мардум сањм хоњад гузошт. Ва расонањои давлативу хусусї њам бояд корхонаву ширкатњоеро, ки даст ба иќдомњое ба нафъи

e mail: info@ruzgor.tj

мардум мезананд, таблиѓ намуда, ба ин васила агарчї танњо бо сухан њам бошад, фаъолияти онњоро эътироф ва дигар ширкату корхонањоро низ ба ин гуна иќдомот даъват намоянд. "Умед-88", ширкати воридкунандаи маводи сўхт ба Тољикистон яке аз њамин гуна ширкатњои миллиест, ки ба андозаи имконоташ мекўшад то ба њар васила фоидае барои мардуми кишвар расонида бошад. Бубинед, ширкати "Умед-88" имрўз дар Тољикистон ягона нињоде мебошад, ки дар рўзњои

набояд фаромўш кард, ки сабук кардани нарх барои мардум ва бо ин васила ба буљаи оилаи онњо нафъ расонидан худ як иќдоми дурбинона бањри пешрафти кишвар ва рушди иќтисоди миллист. Самад, як ронандаи мошини таксї, ки аз рўйи гуфти худаш муштарии доимии ширкати "Умед-88" аст, дар суњбат ба хабарнигори "Рўзгор" гуфт: " Ман њар рўз ба мошинам аз нуќтањои фурўши сўзишвории ширкати "Умед-88" бензин мерезам. Медонед барои чї, барои он ки аввалан бензини ширкат сифа-

љумъа ва љашнњои миллї нархи маводи сўхтро, нисбат ба дигар рўзњо арзонтар мекунад. Албатта, ин иќдоми кўчак аст, аммо василаи хубест барои нафъ расонидан ба мардуми кишвар. Агар њама ширкатњои мо дар самти фаъолияти худ даст ба њамин гуна иќдомњои оќилонаву дурбинона зананд, ин худ гузоштани як ќадами устувор сўйи пешрафту шукуфоии ватан хоњад буд. Зеро

ти хуб дорад, ягон бор нашудааст, ки аз рўйи бензини онњо ба мошини ман мушкиле пеш омада бошад. "Умед-88" њамеша бензини босифатро ба кишвар ворид мекунад. Сониян, сатњи хизматрасонї дар нуќтањои фурўши сўзишвории ин ширкат хеле баланд аст. Дар мавриди тахфифи рўзњои љумъаву дигар љашнњо њамсуњбати мо гуфт:

ruzgor@mail.ru

мо хостем аввалин шуда ин ќолабро шиканем ва дар ободонии кишвар, таъминоти иљтимоии мардум сањмгузор бошем. Воќеан иќдоми љолибу накў. Бояд ин гуна иќдоми ширкати "Умед-88" барои дигар ширкатњои ватанї њам намунаи ибрат бошад, зеро бењуда нагуфтаанд, ки "дил ба даст овар, ки њаљљи акбар аст"… Аммо танњо бо тахфифи арзиши сўзишворї фаъолияти хайрхоњонаву дурбинонаи ширкати "Умед-88" иктифо намешавад. Ширкати таъминкунандаи маводи сўхт- "Умед-88" дар оѓози моњи мубораки Рамазон таќвимњои рамазониро мунташир карда, ин таќвимњо, ки бо коѓази ранга ба табъ расидаанд, дар назди нуќтањои фурўши маводи сўхти ширкат ба мардум њадя карда шуданд. Дар ин таќвим оятњои Ќуръон, њадис, нияти рўза, дуъои ифтор, тасбењи таровењ ва ќарори Шўрои уламо нисбати закот дарљ гардидааст. Њамчунин, ширкати "Умед-88" тайи чанд соли охир аз њисоби даромадњои молиявии худ хатнасури кўдакони зиёдеро аз оилањои камбизоат гузаронидааст, барои зарардидагони офати табиии чанд сол пеш дар минтаќаи Кўлоб рух дода хонањои истиќоматї бино кардааст. Сарвари ширкати "Умед-88" Раљабалї Одинаев, ба толибилмони вилояти Хатлон 10 000 нусха бењтарин дафтарњои дарсиро таќдим намуд. Ѓамхорї дар њаќќи насли наврас бењтарин ѓамхорї барои ояндаи миллат аст, Ин масъала њамеша дар мадди назари рањбарияти "Умед-88" аст.


Аз рўзгори нобиѓањо

www.ruzgor.tj

№10 (010) 06 августи соли 2013

(Аввалаш дар шуморањои гузашта)

Чаро бењуда мекўшї, ки бигрезї зи оѓўшам, Аз ин сўзандатар њаргиз нахоњї ёфт оѓўше. Наметарсї, наметарсї, ки бинвисанд номатро, Ба санги тираи гўре шаби ѓамноки хомўше.

МЕРАВАМ ХАСТАВУ АФСУРДАВУ ЗОР Њангоме ки ба таронањои Ањмад Зоњир тибќи тартиби хронологии эљодшавии онњо назар мекунем, мебинем, ки аввалин таронаеро ки матнашро ин хунёгари бебадал аз эљоддиёти ин шоираи навовар баргузидааст, матни суруди "Меравам хаставу афсурдаву зор" мебошад. Фурўѓи Фаррухзод ин шеърро иборат аз шаш банди чормисрагї навишта онро "Видоъ" номгузорї кардааст:

Биё, дунё намеарзад, ба ин парњезу ин дурї, Фидои лањзаи шодї кун ин рўъёи њастиро. Лабатро бар лабам бигзор, ки аз ин соѓари пурмай, Чунон мастат кунам, то худ бидонї ќадри мастиро.

АЊМАД ЗОЊИР ВА САД ШОИР Султони Њамад, «Рўзгор» Меравам хаставу афсурдаву зор Сўи манзилгањи вайронаи хеш, Ба Худо мебарам аз шањри шумо, Дили шўридаву девонаи хеш. Меравам то ки дар он нуќтаи дур Шустушўяш дињам аз ранги гуноњ, Шустушўяш дињам аз лаккаи ишќ, З-ин њама хоњиши бељо ва табоњ. Меравам то зи ту дураш созам, Зи нав, ай љилваи умеди мањол, Мебарам зинда ба гўраш созам, То аз ин пас накунад ёди висол. Нола меларзад, мераќсад ашк, Оњ, бигзор ки бигрезам ман, Аз ту, ай чашмаи љўшони гуноњ, Шояд он бењ ки бипарњезам ман. Ба Худо ѓунчаи шоде будам, Дасти ишќ омаду аз шохам чид. Шуълаи оњ шудам, сад афсўс, Ки лабам боз бар он лаб нарасид. Оќибат банди сафар поям баст, Меравам, ханда ба лаб, хунин дил, Меравам, аз дили ман даст бидор, Ай умеди абаси бењосил.

15

Ањмад Зоњир бори аввал ин сурудро соли 1970 дар студияи 49-уми радиои Кобул сабт мекунад ва онро ба албоми раќами 2-и силсиласабтњои студияи радиои Кобул шомил месозад. Оњанги суруд эљоди худи Ањмад Зоњир аст. Он дар пайравї ба оњангњои аврупої сохта ва эљод шудааст. Дар навохтани оњанги ин тарона аз гитори барќї, аккордеон, љозбанд, пионино истифода бурда шудааст.Дар оѓози тарона калимаи аввалро њамчун шањдрез чанд бор ба такрор месарояд. Ањмад Зоњир аз шаш банди шеъри шоира се банди онро дар ин таронааш истифода кардааст. Банди аввалро њамчун наќарот истифода мебарад. Дар ин љо бояд гуфт, ки Ањмад Зоњир дар сурудаш њангоми сурудани банди аввал мисраи чорумро на мисли Фурўѓ "Дили шўридаву девонаи хеш", балки "Дили девонаву шўридаи хеш" месарояд, ки ин албатта иштибоњ аст. Баъди наќарот овозхон банди шашумро месарояд ва дар хотима банди панљумро. Давомнокии ин варианти суруди "Меравам хаставу афсурдаву зор" шаш даќикаву 26 сония њаст. Соли 1975 Ањмад Зоњир ин сурудро бори дигар дар студияи "Афѓон-музик" сабт мекунад ва шомили албоми шумори 6-и бастаи "Афѓон-музик" "Ѓуломи ќамар" месозад. Ин дафъа Ањмад Зоњир ин таронаро бе шањдрез оѓоз ме-

кунад ва мисраи чоруми наќаротро тавре, ки шоира навиштааст, яъне "Дили шўридаву девонаи хеш" њамон тавр дуруст мехонад. Дар ин варианти тарона баъди наќарот аввал банди панљумро месарояд ва сипас банди охиронро, ки мутобиќи мантиќи шоира аст. Ин варианти тарона чор даќиќаву 12 сония давомнокї дорад ва дар иљрои оњанги он аз синтезатор, флейта, љозбанд, саксофон истифода шудааст. ТУРО АФСУНИ ЧАШМОНАМ ЗИ РАЊ БУРДАСТ, МЕДОНАМ Суруди "Туро афсуни чашмонам зи рањ бурдаст, медонам" низ Ањмад Зоњир бори аввал соли 1970 дар њамон студияи 49-уми радиои Кобул сабт карда мисли суруди "Меравам хаставу афсурдаву зор" дар њамон албоми раќами дуи бастаи сабтњои родиої шомил месозад. Шеъри ин таронаро Фурўѓи Фаррухзод "Даъват" ном мондааст. Ин шеър аз њамин чор банди чормисрагии зерин иборат аст: Туро афсуни чашмонам, зи рањ бурдаст, медонам, Чаро бењуда мегўї, дили чун оњане дорам. Намедонї, намедонї, ки ман љуз чашми афсунгар, Дар ин љоми лабонам бодаи мардафгане дорам.

Туро афсуни чашмонам, зи рањ бурдаст, медонам, Ки сар то по ба сўзи хоњиши бемор месўзї. Дурўѓ аст ин агар, пас он ду чашми розгўятро, Чаро њар лањза бар чашми мани девона медўзї?! Ањмад Зоњир дар ин варианти суруди "Туро афсуни чашмонам зи рањ бурдаст, медонам" се банди авали ин шеърро пурра истифода кардааст. Яъне, се банди аввалро дар ин варианти суруд ба он шакле ки шоира навиштааст, Ањмад Зоњир ба њамон шакл месарояд. Њамин сурудро Ањмад Зоњир њафт сол баъд, яъне соли 1977, боз як бори дигар, ин дафъа дар студияи "Афѓонмузик", сабт мекунад ва онро шомили албоми раќами дањ ё худ албоми "Ёри бевафо"-и бастаи сабтњои њамин студия месозад. Ин дафъа низ агарчи Ањмад Зоњир се банди аввали шеърро барои ин варианти сурудаш интихоб карда бошад њам, вале дар тафовут аз варианти суруди соли 1970 сабтшуда байти дуввуми банди аввалро дар сурудаш љой намедињад. Бояд гуфт, ки оњанги суруд моли овозхон ва оњангсози фаронсавї Салватор Адамо мебошад. Дар пайравї ба ин овозхон Ањмад Зоњир дар њарду варианти суруд њатто њуштаккашї мекунад. Дар варианти аввал, ки њафт даќиќа тўл мекашад, мутрибони Ањмад Зоњир дар ваќти навохтани оњанг аз пианино, гитори барќї, аккордеон љозбанд истифода бурдаанд. Варианти дуввуми суруд панљ даќиќаву 11 сония давом мекунад. Дар он аз ионика, гитори барќї, труба, љозбанд, саксафон барин асбобњои мусиќї истифода бурда шудааст. Идома дорад

ДАРУ ТИРЕЗАЊОИ ПЛАСТИКЇ

АЗ МАСОЛЕЊИ БАЛАНДСИФАТИ ТУРКЇ

СИФАТИ АЪЛО, НАРХИ ДАСТРАС, МУЊЛАТИ КЎТОЊ

ruzgor@hotmail.com

info@ruzgor.tj

www.ruzgor.tj


16

№10 (010) 06 августи соли 2013

МУАССИС: ТАШКИЛОТИ w ЉАМЪИЯТИИ w w . r u z g o r«РЎЗГОР» .tj СМК

Рангинкамон

www.ruzgor.tj

Рўзнома дар Вазорати Фарњанги Љумњурии Тољикистон тањти раќами 0216/рз, аз дувоздањуми декабри соли 2012 сабти ном шудааст.

e mail: info@ruzgor.tj

Сармуњаррир: Султони ЊАМАД Веростор: Љањонгири СУЛТОН

ruzgor@mail.ru

* Аксу дастхатњо ба муаллифонашон баргардонида намешавад. * Ба дурустии далелу арќоме, ки дар номањои расида ва эълону рекламањо истифода шудаанд, муаллифонашон масъулият доранд. * Њангоми истифода ва иќтибосњои људогона аз матолиби «Рўзгор» истинод ба манбаъ њатмист.

Суроѓаи мо: шањри Душанбе, кўч. Бухоро 13 Телефон: (907) 91-59-34 Нашрия дар чопхонаи «Мушфиќї» ба табъ расидааст. Теъдоди нашр: 1000 нусха.


Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.