Issuu on Google+

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

Бозор СОБИР:

Дубора созамат ватан САЊИФАИ 8 №33 (361). Чоршанбе, 6-уми ноябри соли 2013

БО ШОИР

Ман омадам, ки гўям: Ишќ аст миллати ман, САЊИФАИ 12

ФОЉЕАЊОИ ТАЪРИХЇ

Дањ куштори аср Сиёсатмадорон ва сарони давлатњоро чї гуна террор мекунанд? САЊИФАИ 10

ШАРИКИ СТРАТЕГЇ

Њуљуми дуввуми Русия Чаро бояд Русия пойгоњашро аз Тољикистон берун кашад? САЊИФАИ 10

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Таблиѓи номзад дар шањри вайрон САЊИФАИ 16

"Гови дўшої" - и Њамроњхон Зарифї "Говсуд" дар Ашт Чаро "парвандаи Мањаммадюсуф Исмоилов" супоришї аст?

1


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

СИЁСАТ

"Гови дўшої" - и Зарифї Чаро Русия њукумат ва њукумат мардуми Тољикистонро гул мезананд ? Он чї дар Русия бо муњољирини тољик мегузарад ва он чї дар бозори сўзишвории Тољикистон љой дорад далели бармалои он аст, ки шарики стратегии њукумати феълї-Русия њукумати Тољикистон ва њукумат дар навбати худ мардумро фиреб кардан доранд. Мардум, беш аз њама ќисмати огоњи љомиа интизор дошт, ки бо тасвиб шудани Созишномаи дар Пойгоњи њарбии 201 дар Тољикистон вазъи муњољирини мењнатии тољик дар Русия хуб мешавад. Ин интизорї бар он асос меёфт, ки њукумати Тољикистон, пеш аз њама вазири корњои хориљї - Њамроњхон Зарифї расман эълон карда буд: то дигар созишномањоро Русия ба тасвиб нарасонад, созишномаи пойгоњ ба тасвиб нахоњад расид. Зарифї мушаххас нагуфта буд, ки кадом созишномањо, аммо маълум буд, ки сухан дар бораи созишномањои марбут ба муњољирати корї ва маводи нафтї меравад. Танњо иддае аз тањлилгарон назари дигар доштанд, ки њоло ба назар мерасад, онњо њаќ будаанд. Худи созишнома 5-уми октябри соли 2012 байни Владимир Путину Эмомалї Рањмон, рањбарони Русияву Тољикистон имзо шуд. Он замон бо имзои ёддошти тафоњум (меморандум) сари имзои Созишномаи интиќоли маводи нафтии Русия ба Тољикистон, ки бояд бољи гумрукиро аз бензину дигар сўзишвории Русия лаѓв мекард ва њам созишномањо дар бораи шароити будубоши шањрвандони Тољикистон дар Русия ба тавофуќ расида буданд. Созишномаи интиќоли маводи нафтї бояд то 1-уми январи 2013 ва ду созишнома дар соњаи муњољират бояд то 1-уми марти соли 2013 такмил шуда, ба имзо мерасиданд. Аммо ин тавр нашуд. Созишномањо ба имзо нарасиданд. Њамроњхон Зарифї моњи апрели 2013 дар њузури њамтояш Сергей Лавров, ки ба Душанбе омада буд, расман изњор дошт, ки то дигар њуљљатњо имзо нашаванд, созишномаи пойгоњи 201 тасвиб нахоњад шуд. Аммо боз њам ин тавр нашуд... Тањлилгарони мустаќил мегуфтанд, ки барои тасвиби созишномаи пойгоњ муњим созишномањои маводи нафтиву муњољират нестанд. Шояд вазири корњои хориљї дар суханњои худ самимї буд, аммо ба аќидаи мухолифон, Эмомалї Рањмон бар ивази пуштибонии Русия аз ў дар интихоботи президентии 6-уми ноябр созишномаи пойгоњро имзо хоњад кард. Чунин шуд. Аммо ба таърихи начандон дури суњбатњои Њамроњхон Зарифї баргардем. Ў солњои аввалини вазириаш дар яке аз суњбатњояш гуфта буд, ки погоњи низомї ва муњољират ду гови

«

Тољик дар Русия барои рус кўча мерўбад, барои рус хона мепўшад ва бар иловаи ин, пулису ходими муњољирати онро мехўронад. Њукумати Тољикистонро мехўронад. Барои гурўњњои бузурги молиявї - иќтисодие, ки "оила" - ву "наздик ба оила" унвон мешаванд, шароит фароњам меорад ва тиљоратњои онњоро мечархонад. Аммо њоло маълум мешавад, ки ў бояд худ роњи худро пайдо кунад ва касе барои ў масъул нест?

душоие мебошанд, ки якеро набояд кушт. Манзури вазир, аз нигоњи банда, ин буд, ки пойгоњи низомї барои Русия ва муњољирини мењнатї барои Тољикистон муњимтарин масъала, яъне афзалиятанд. Ва агар ба яке аз онњо бартарї дињем, тавозуни муносибатњои ду кишвар халалдор мешавад. "Парлумони ќањрамон" - и Тољикистон Созишномаи маќом ва шароити будубоши пойгоњи низомии 201 - и Русия дар Тољикистонро ба тасвиб расонд. 1-уми октябр. Ќариб як сол пас аз имзои он (Думаи давлатии Русия њанўз моњи апрел онро ба тасвиб расонда буд). 4-уми октябр бояд анљумани ЊХДТ - њизби тањти рањбарии Эмомалї Рањмон баргузор шуда, ўро ба њайси номзад пешнињод мекард. Бархе аз коршиносон, ки њадс мезаданд, анљумани њизби њоким пас аз имзои созишнома баргузор мешавад, дуруст баромад. Эмомалї Рањмон "добро" - и Русияро гирифт. Созишномаи иљозаи сесолаи иќомати шањрвандони Тољикистон дар Русия 29-уми октябр имзо шуд! Созишномае, ки бастанаш зарурате надошт, зеро иќомати чандсоларо ќонунгузории Русия манъ накардааст ва карда њам наметавонад, зеро талаби ќонунгузории байнулмиллист, ки Русия ба тасвиб расонидааст. Созишномае, ки моњиятан зидди мардуми тољик, пеш аз њама оилањои муњољирони корї мебошад ва бидуни шубња сафи артиши 300- 350њазораи бевазану духтарони кайњо ба балоѓатрасидаро афзун хоњад кард. Ва он дар њоле баста шуд, ки беш аз 230 њазор тољик, ки аксарияташон мардонанд, аллакай шањрвандии Русияро ба даст овардаанд ва њудуди 300 њазори дигар дар марњилањои гуногуни натурализатсия ё муќимишавї дар Русия мебошанд. Созишномае, ки ба раванди њамасола то 20-22 њазор љавонони синни издивољро аз канори духтарњои тољик дур бурдани сиёсати муњољирати Русия мусоидат хоњад кард ва таќрибан ба њамин миќдор духтарону занонро бе љуфти био-

«

логї хоњад монд. Созишномае, ки фоњишагарии чанд тан дар солњои 70-и асри гузашта, садњо тан дар солњои 90-и њамон аср ва он њам дар шањрњои калонтарини мамлакатро ривољ дода, ин зуњуроти иљтимоиро, ки солњои 2000ум ба маркази шањру навоњии хурду миёна ва соли 2010 ба тамоми дењоти беш аз 500 сокиндошта бурд, ба фољиаи миллї табдил хоњад дод. Замоне, ки Сафиаллоњ Девонаев, сардори Хадамоти муњољирати назди Њукумати Тољикистон ба Константин Рамадановский, раиси Хадамоти федералии муњољирати Русия њамин созишномаро имзо мекарданд, тобеъони ахирї намояндагии КВД "Тољикхориљакор"-и тобеъ ба Девонаевро бо баргузории як "чистка" дар Маскав бастанд. Аммо ин танњо туфу тањќири Тољикистон аз сўи Русия нест. Њанўз њашт моњ пеш, 6-уми феврали соли равон вазоратњои энергетикаи ду кишвар тавофуќ њосил карда буданд, ки маводи нафтии Русия - бензин, солярка ва ѓайраву њоказоро бидуни пардохти бољи гумрукї ба Тољикистон интиќол медињанд. Њоло моњи дањум шурўъ шуд, аммо њамоно маводи нафтии Русия ба Тољикистон бо бољи гумрукии беш аз 390 долларї барои њар як тонна ворид мешавад. Як нафари иќтисоддон хуб медонад, ки зарари маънавї аз ин "клоунадаи сиёсї" бењисоб асту хисороти иќтисодї аз он садњо миллион долларро (!) дарбар мегирад. Дар ин њашт моњ танњо аз њисоби бољи гумрукї њудуди 100-120 миллион доллар, пеш аз њама мардуми оддии Тољикистон зиён диданд. Ин 100 миллион боз таќрибан 100 миллиони дигар ба иќтисоди Тољикистон зарар ворид кардааст, зеро чун маводи нафтии арзон истифода мешуд, иќтисод њам ба таври дигар нафас мекашид, пеш мерафт ва фоида меовард. Ин 100 млн. сари он беш аз 900 миллион доллар зарари дигар аз 1-уми апрели соли 2010 -ро пур карда, зарари мустаќими иќтисодї аз ин додугирифт" бо Русияро беш аз 1 млрд. доллари ИМА кард. Аммо ду рўзи

пеш Гул Шералї, вазири саноат ва энергетика боз изњор дошт ва ќариб ба зорї омад, ки русњо бољи гумрукиро нињоят лаѓв кунанд. Хулоса, Русия дар масъалаи интиќоли маводи нафтї бидуни бољи гумрукї њукумати Тољикистонро фиреб кард. Дар навбати худ вазорати саноат ин тањќирро дар њаќќи сокинони як кишвари соњибистиќлол раво дид. Даъвои Зарифї, ки то ин созишномањо имзо нашаванд, созишномаи пойгоњи 201 имзо намешавад, пуч баромад. Ба маънои томаш. Фикр намекунем, ки љаноби вазири корњои хориљї аз чунин ранг гирифтани кор хуш бошанд, аммо он ки хамўшї ихтиёр кардааст, боз њам нигаронкунанда аст. Аз њисоби тўл кашидани ду созишномаи муњољират, ки яке муњлати сабти номи шањрвандони Тољикистонро 15 ва дигарї, њузури онњо дар Русияро сесола мекард, чї ќадар хисорот ворид шудааст, як тарафи масъала аст. Тарафи муњимтарини масъала ин аст, ки пардохтњои муњољирин барои будубош таѓйир накардаанд. Як муњољир барои он ки дар Русия як сол кор кунад, бояд расмиву ѓарирасмї, яъне ба шакли пора ба маќомоти рус бояд 100 њазор рубли русї, баробари беш аз 3 њазор доллар пардохт кунад. Агар теъдоди муњољирини моро 1 миллион нафар њисоб кунем, пас Русия 300 миллион рубл, муодили 100 миллион доллари онњоро танњо барои расмиёташ "мехўрад". Њангоми музокироти љонибњо ин њарфњо аслан набуданд ва умуман аз љониби Тољикистон оё ин гуна масъалагузорї шуда буд, ё не, њамон нињодњои масъул медонанд. Аммо яќин як нукта аст: њељ кас дар фикри муњољири бечора набуд ё масъаларо намефањмад! Њељ кас нагуфт, ки чун мехоњед пойгоњатон дар Тољикистон бошад, лоаќал шароити муњољиринро бењтар кунед. Агар чунин набуд, имрўз дар Русия ба таври тањќиромез миллатгароёну скинњедњо он тараф истанд, худи маќомоти масъули рус муњољири кории тољикро "килобайъ" ихрољ ё депортатсия намекарданд. Њоло дар Русия муњољирини мо шароити бадтарини фишору тањќирњоро аз сар мегузаронанд. Ба поезди Тољикистон одамони оддии Русия њамла мекунанд ва ин манзараро милисаву масъули рус тамошо мекунад ва аз ин лањзањо лаззат мебарад. Русия Созишномаи пойгоњи 201 - ро муфт гирифт. Тољикистон чї талаб кард, касе намедонад, асли маќсад аз мардуми кишвар пинњон монд. Русия ваъда дод, ки кўмаки техникї мекунад ба маблаѓи 200 миллион доллар ва њоло аз њисоби бољи нафтї ин маблаѓро аз тољикон љамъ дорад. Ин њам дар њоле, ки ба ќирѓизњо ба маблаѓи беш аз 1 млрд. доллари ИМА кўмаки њарбї ваъда додаасту бољи нафтиро баъди чанд моњ дар баробари Ќирѓизистон бекор кард. Аммо ваќте як нафар назар ба пойгоњњои низомии Русия дар љањон мекунад, пай хоњад бурд: Тољикистон бо имзои созишнома, ки њузури русњоро дар Осиёи Марказї 30 сол тамдид мекунад, обрўи худро дар љањон кост. Чаро? Дар Тартуси Сурия русњо як пойгоњи хеле хурди низомї доранд, ки 50 нафар дар он хизмат мекунанд. Ин пойгоњ ба хотири таъмири киштињои њарбии Русия дар бањри Миёназамин ва он њам дар шароити буњрони низомї эљод шудааст. Њоло тамоми љањон хуб мебинад, ки Русия барои аз даст надодани ин мавќеъ чї ќадар љон меканад. Аз кўмаки низомї ба њукумати Башшор Асад миллиардњо доллар хисорот мебинад. Ќариб 5 њазор нафар аз ин кишвар ба Сурия барои дастгирии режими Асад рафтаанд. Гўё ФСБ - Хадамоти федералии амнияти Русия инро намебинаду намедонад. Дар асл њама хуб медонанд, ки ин њам як гуна кўмаки Русия ба њукумати Сурия аст. Ва агар њарфи маблаѓ бошад, садњо миллионњо доллар!!! Пойгоњи 201 бузургтарин пойгоњи низомии Русия дар хориљи ин кишвар аст! Ва хуш ба њоли русњо, ки ин пойгоњро бидуни њељ гуна пардохт барои 30 сол тамдид карданд. Тољик дар Русия барои рус кўча мерўбад, барои рус хона мепўшад ва бар иловаи ин, пулису ходими муњољирати онро мехўронад. Њукумати Тољикистонро мехўронад. Барои гурўњњои бузурги молиявї - иќтисодие, ки "оила" - ву "наздик ба оила" унвон мешаванд, шароит фароњам меорад ва тиљоратњои онњоро мечархонад. Аммо њоло маълум мешавад, ки ў бояд худ роњи худро пайдо кунад ва касе барои ў масъул нест? Он чї бо муњољири тољик имрўз дар Русия рух медињад, њамин аст, ё касе таърифи дигаре дорад? Чаро муфт пойгоњи низомии 201 - и Русия дар Тољикистон дода шуд? Ба маънии томаш. Дода шуд. Ё муњољират дигар "гови душої" - е, ки Њамроњхон Зарифию њукумати феълї нест? Суолест, ки мардум ба он љавоб шунидан мехоњанд.

Фаромарзи ФОЗИЛ


БОЗ ЊУКУМОВ?! Як рўзи истироњатї њамроњи дўстам ба тамошои кўњњои Шањристон рафтем. Ин матлаб рўи коѓаз намеомад, агар дар ин сафари мо "шлагбаум" - е монеаи сафар ва сабаби мањрумияти мо аз наззораи куњњои зебои Шањристон намешуд. Дар канори роњи Душанбе Хуљанд њайкали як модагурги афсонавї, ки ду кўдакро шир медињад, таваљљўњи њамаро ба худ љалб мекунад. Ќиссаи ин модагург љањонист. Чун дар замони бостон Ромул ва Рем ду бародарро дар нимљазираи Италия як модагург бузург кард ва бародарон шањри Римро поягузорї намуданд. Ин ќисса ба Шањристон чї рабт дорад? Бино ба гуфтаи сокинон, њангоми љустуљўњои археологї дар ин минтаќа олимон муљассамаи хурди ин модагургро пайдо кардаанд ва мардуми Шањристон бо ифтихор њайкали бузурги онро дар канори роњ гузоштаанд. Замоне онњо бо худи Рим муомилаи тиљоратї доштаанд! Аммо сафари мо нишон дод, ки њайкали модагурги сари роњ танњо гурги ин минтаќа нест...

"Шлагбаум" Њайкали модагург аломате буд, ки ба дасти чап гардем ва ба љангалзорњои анбуњи љамоати "Шањристон" - њадафи мо роњ пеш гирем. Аммо ин сафар дер давом надошт. Аз пеши мошин як шлагбаум баромаду њамсафарам шўхї кард: "Ба Чин расидем чї бало?" Хандидем. Нафаре дар назди шлагбаум пайдо шуд ва гуфт, ки иљозаи убур аз ин љо ба пешро надоред. Сабаб пурсидем ва чунин посух гирифтем: - Ин шлагбауми Роњи оњани Тољикистон аст! - Роњбараш кист? - манзури мо аз ин савол ин буд, ки хўљаини ин мањалро пурсем, то иљоза гирем барои идомаи сафар. Посбон посух дод: - Амонулло Њукумов! Ба гуфтаи ин њамсўњбати мо, панљ соли пеш Амонуллои Њукуматулло, сардори ширкати "Роњи Оњани Тољикистон" 500 гектор љангалзори ин мавзеъро ба иљора гирифтааст ва њоло дар ин њудуд як ќатор иншоот, ба мисли бўстонсаройу мењмонхона бунёд шудааст. Ба ќавли ў, се сол

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

3

ГУРГЊОИ "ВАРЗОБИ НАВ" Дар Шањристон як «шлагбаум» вуљуд дорад, ки мардум ба Роњи оњани Тољикистон ва роњбараш Амонуллои Њукуматулло рабт медињанд

Аммо каме дуртар аз шлагбаум чанд чўпонеро дучор омадем, ки дар талу заминњои хушк рама мечаронданд. Аз онњо фањмидем, ки чанд сол боз њуќуќи гузаштан аз шлабгаумро надоранд ва дар ин њудуди дењаи Турсунзодаи љамоати "Шањристон" - и ноњияи Шањристон чорвои худро чаронда наметавонанд. Посбонони љангалзорњои Њукумов онњоро огоњ кардаанд, ки дигар бењуда рамаи худро ба ин љо наоранд. Чўпонон гуфтанд, ваќтњои охир ба далели норасоии хўроки зимистона чорводорї душвор ва саршумори чорво назар ба солњои пешин ба маротиб кам шудааст.

КЎЊСОРИ ШАЊРИСТОН НА ТАНЊО МАКОНИ ДЎСТДОШТАНИИ ЧОРПОЁН АСТ... боз ин шлагбаум бо дастури раиси Роњи оњан монда шуда, одамон ва чорвои мардум аз он намегузарад ва ба љуз наќлиёти Роњи оњан њаракати њамагуна наќлиёт дар ин њудуд манъ аст. Њамсўњбати мо, ки аз муњофизони ин ќаламрави РОТ буд, гуфт, ки барои гузаштан иљозаи худи Њукумовро бояд гирем ва ё ба сардори хадамоти локомотивии ќаторањои боркаши Роњи Оњани Тољикистон дар минтаќаи Суѓд Камолиддин Шарипов мурољиат намоем.

"Хољагии ёрирасон" Камолиддин Шарипов мегўяд, 500 гектор замини љангалзори Шањристонро корхонаи онњо њамчун хољагии ёрирасон гирифтааст ва он чарогоњи "РОТ" мањсуб шуда, танњо чорвои ин корхона дар ин заминњо мечаранд. Ба ќавли ў, сохтмони як ќатор иншоот њам дар ќисме аз замини 500 - гектора дар назар дошта шудааст, ки њамагї аз њисоби даромадњои "РОТ" сохта мешаванд ва танњо барои нигоњубини он 7 - 8 нафар бо љои кор таъмин шуда, ба рушди буљаи ноњияи Шањристон њам сањм мегузоранд.

- Аммо ин њудуди зебо танњо ба РОТ тааллуќ дорад? Оё мардум њам аз он истифода мекунанд? - мепурсем аз Камолиддин Шарипов. - Бале, ин њама барои мардум аст. Иншоотњо анљом ёбанд, мебинед, ки чї тавр љои зебое барои истироњат мешавад. Ватанро мо обод накунем, кї мекунад? Мардуми мањалл ин њудудро на ба Роњи оњан, балки рањбари он Амонуллои Њукуматулло марбут медонанд. Шояд ин тасаввури мардум аз он хотир аст, ки мавсуф яке аз сарватмандони кишвар аст ва њам дасти дароз барои фаъолиятњо дорад. Ба ќавли мардум, Амонуллои Њукуматулло гоњо барои истироњат ба ин мавзеъ меояд ва њам бо рафти корњои сохтмонї ошно мешавад. Воќеан, дуртар аз шлагбаум, дар он љое, ки ба мо дастрас набуд, биноњое ба чашм мерасиданд, ки ба гуфтаи посбон, бўстонсаройи марбут ба роњбари РОТ њастанд...

Њудуди ѓайриќонунї? Аммо то куљо дар чунин чарогоњњое, ки ба хољагии љангал тааллуќ доранд, ба вуљуд омадани чунин амалан мамнўгоњњо ќонунианд? Камолиддин Шарипов мегўяд, ин њудуд дар сатњи њукумат дар ихтиёри РОТ ќарор гирифтааст. Директории Муассисаи хољагии љангал ва шикори Тољикистон дар вилояти Суѓд Озодљон Юсупов мегўяд, аз мављудияти хољагии ёрирасони РОТ хабар надорад ва њам афзуд, ки њамагї ду сол мешавад, ки рањбари ин муассиса аст. Вай гуфт, њељ гуна санадеро, ки 500 гектор љангалзори Шањристон дар ихтиёри РОТ бошад, надорад. Воќеан, ин њам аз суњбати мо бо масъулин рўшан нашуд, ки 500 гектор љангалзорро дар ихтиёри РОТ гузоштан то куљо ба "Барномаи давлатии рушди хољагии љангал Љумњурии Тољикистон барои солњои 2006-2015" мувофиќат мекунад, зеро маќсади ин барнома васеъ кардани замини љангал ва сабзонидани дарахтон аст, на коњиш додани онњо.

"Варзоби нав"

ДАР ТОЉИКИСТОН БОЗ КИЊО БА СОХТАНИ ЧУНИН БИНОЊО ЌОДИРАНД?

...Хоњишњои ману дўстам барои идомаи сафар ба сўи љангалзори зеборо посбони шлагбауми 500 - гектораи РОТ - и Амонуллоњи Њукуматулло натиља надод. Ночор роњи Хуљандро пеш гирифтем.

РОЊЊО МОРО БА КУЉОЊОЕ НАМЕБАРАНД Як чўпони њамсўњбати инро њам гуфт, ки сабаби ба он тараф нарафтани онњо шлагбаум нест, балки гургњои вањшии ин љангалзорњоянд ва онњо барои рама хавф эљод мекунанд. Ва на танњо ин гургњо ошкор шуданд. Аз суњбат бо сокинони мањал маълум шуд, ки ин љо як "Варзоби нав" бунёд мешавад. Бўстонсароњо сохта шудаанд ва мешаванд. Сохтмон идома меёбад. На танњо РОТ - и Амонуллоњи Њукум дар ин макон бўстонсарой дорад. Дар канори роњи ин мањал дигар бўстонсароњое низ ќомат афрохта буданд, ки ба ќавли мардум, ба рањбарони кишвару вилоят, аз љумла муовини сарвазир Муродалї Алимардон, раиси вилояти Суѓд - Ќоњир Расулзода ва дигарон тааллуќ доштаанд. Шояд аз њукуматњо бошанд, аммо мардум њамин ќадар мефањманд. Њатто як варзишгоње њам ин љо бунёд шудааст, ки аз Бонки миллї гуфтанд ва назираш дар тамоми Шањристон нест. Ин суол њам дар зењни ман чархид, ки аз он кї истифода мекарда бошад, ваќте дар дењоти атроф, шояд шањрњо барои мардуми оддї чунин як варзишгоњ сохта нашудааст? Истироњат, шароит ва зиндагї фаќат аз сарватмандону давлатмардон? Агар чунин намебуд, мо метавонистем аз тамошои љангалњои Шањристон бањра барем... Ќамари АЊРОР, Хуљанд - Шањристон - Хуљанд


4

ОДАМ ВА ЗАМОНА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

"Мо медонем" Бале, бар асоси тахмину гумон як нафарро муттањам кардан ба аќл рост намегирад, аммо дар системаи судии Тољикистон ин таљрибаи оддї аст. Дар таљрибаи рўзноманигорї банда на як бору ду бор шоњиди ин њол будам, ки як нафарро бар асоси тахмину гумон, на асноду њуљљат гунањкор мекунанд. Намунаи аз њама хотирмон ба ќазияи Зайд Саидов рабт дорад. Чун гап дар бораи љиноятњои иќтисодии ў мерафт, масъули Агентии назорати молиявї ва мубориза бо коррупсия мегуфт, ки беш аз дањ корхонаро Зайд Саидов ѓайриќонунї соњиб шудааст ва љиноятњои иќтисодии ў тариќи ин корхонањо сурат гирифтаанд. Аммо аз рўи гуфтаи наздикону адвокатњои Зайд Саидов, њељ яке аз ин корхонањо расман ба номи ў ва моликияти ў набуданд. Њамагї аз наздиконаш њастанд. Пурсидем, ки ваќте корхона ба номи Зайд Саидов нест, чаро бояд барои љиноёте, ки дар ин корхонањо мешаванд, бояд ў љавоб гўяд? Масъули агентї гуфт, "мо медонем, ки ин њама аз Зайд Саидов аст". Бале, касе шак надорад, ки де - факто дањњо корхонаро Зайд Саидов мечархонд, аммо де - юре, яъне ќонунї, он њама аз ў набуданд. Агентї њаќ аст, аммо ќонун? Ваќте як касро муттањам мекунї, чаро барои ин аснод набошад? Агар санаду њуљљат нест, пас мурофиањои судиро аз нигоњи ќонун мешавад бар асоси "мо медонем" ва тахмину гумонњои дигар "говсуд" унвон кунем? Камбудии љиддии шояд огоњона роњандозишудаи ќонунгузории мо аст, ки барои фасоду љиноятњои иќтисодї шароит фароњам кардааст ва њељ як аз маќомоте, ки барои адолати судї муваззафанд, ин кўшишро надорад, то ин мушкилро бартараф кунад. Шояд онњо хуб медонанд, ки корхонањои амалан тањти назорати "оила" - ву "оилачањо" - и Тољикистон ба чунин роњ фаъолият доранд, вале ќонун ќонун аст ва онро набояд зери пой кард. Аммо њам маќомоти тафтишотї (прокуратура, ВКД, Агентии назорати молиявї ва мубориза алайњи коррупсия) ва њам судњо дидаву дониста ин корро мекунанд, чун супориш гирифтаанд ва парвандаи мавриди назар бояд њамин гуна љараён ёбад - тафтишот аз куљое набошад, њар далелеро, ки зарур аст, ёбад ва агар наёбад, "эљод" кунад. Парвандаи рўзноманигори аштї Мањмадюсуф Исмоилов намунаи барљастаи ин "шоњкорињо" - и системаи судии Тољикистон аст. Мавсуф соли 2011 низ аз рўи моддањои 135 - 136 (тањќиру туњмат, ки хушбахтона, њоло аз Кодекси љиної бардошта шудааст), моддаи 250 (тамаъљўї) ва 189 (мањалчигї) муттањам шуда, суд ўро ба 1500 маоши њадди аќал ва 3 соли мањрумият аз фаъолияти рўзноманигорї мањкум карда буд. Коллегияи судї оид ба парвандањои љиноятии суди вилояти Суѓд бар асоси "Ќонуни авф" 14 октябри соли 2011 ўро аз љавобгарї озод кард.

"Лањзањо" - и таќаллубкорї Муњаммадюсуф Исмоилов аз рўи ду моддаи Кодекси љиноии Тољикистон - 250, ќисми 2, банди"а" - тамаъљўї ва 247, ќисми 2, бандњои "в", "г" - ќаллобї, ки барои аввалї 11 ва барои дуввумї 3 соли мањрумият аз озодї пешбинї шудааст, гунањкор эълон шуд. Суд бо назардошти соњиби ду фарзанди ноболиѓ буданаш њукми ўро се сол кам кард. Ва ин ягона намунаи "илтифот" ё "башардўстї" - и системаи судии Тољикистон буд. Дар асл тамоми иттињомот ва шоњидон сохтаву бофта менамуданд. Ин сохтакорињо аз нигоњи Садриддин Саидов, вакили дифоъи Исмоилов пўшида намонданд. Ў дар анљоми мурофиа батафсил сари сохтакорињо ва таќаллуби воќеии парванда тамаркуз кард. Вакили дифоъ чор лањзаеро, ки ба моддаи 250 , ќисми 2, банди "а" - тамаъљўї рабт доранд ва Исмоилов бар асоси онњо муттањам дониста шуд, ботил баровард: ЛАЊЗАИ АВВАЛ. Гуё Исмоилов шањрванд Шодибой Холматовро тањдид намуда, талаб кардааст, ки њар моњ барои дар њудуди ноњияи Ашт фаъолият намуданаш 400 сомонї дињад, вагарна дар рўзномањои љумњуриявии (таъбири тафтишот ва судя) - "Нигоњ" ва "Имруз нюс" камбудињояшро фош карда, тавассути прокуратура нисбаташ парвандаи љиноятї оѓоз мекунад ва ўро аз Ашт меронад. Ин иттињом аст, аммо сохтакорї дар он аз куљост? Аввал. Дар ин маврид ягон далели воќеї мављуд нест, ба љуз нишондоди љабрди-

28-уми октябр суди сайёри ноњияи Мастчоњ рўзноманигор Муњаммадюсуф Исмоиловро ба 11 соли мањрумият аз озодї мањкум кард. Илова бар ин, Исмоилов пас аз анљоми њукм бояд 3 сол рўзноманигорї накунад ва 6 њазор сомонї маблаѓеро, ки суд мегўяд, аз даъвогарон бо роњи тамаъљўї ва ќаллобї ба даст овардааст, баргардонда дињад. Хабарнигори "Нигоњ" ин мурофиаро пайгирї дошт ва бо тањлили фаъолиятњои Муњаммадюсуф Исмоилов ба хулосае расид, ки ин парванда фармоишї аст.

"Говсуд" дар Ашт Чаро "парвандаи Исмоилов" супоришї аст? моњи июни соли 2013 дар њудуди шањраки Шайдон бо Санавбар Ањадова вохўрда, аз ў бо тањдиди он, ки нисбаташ дар рўзномањои љумњуриявии "Нигоњ" ва "Имруз - нюс" маќолањои бадномкунанда ба нашр мерасонад ва аз ў 100 доллар тамаъ кардааст. Ин ягона иттињоми тоза дар парвандаи Исмоилов аст ва далели тафтишот пеш аз њама сабти аудиоиест, ки тањти раќамњои 1, 2, 3 дар парванда "дўхта" шудаанд. Бояд зикр намоем: дарвоќеъ аз ин сабтњо бармеояд, ки Исмоилов барои гирифтани ин маблаѓ ризоият додааст, яъне ин далел, ки ў

ИН КЎДАК НАМЕДОНАД, КИ ПАДАРАШ 11 СОЛ ПАСИ ПАНЉАРА ХОЊАД МОНД да ва шоњидон, ки онњо њам нишондоди љабрдидаро иќтибос мекунанд. Љабрдида намегўяд, ки Исмоилов мањз аз рўи кадом љиноят ё амалаш дар нашрияњо маќола навишта, ба прокуратура таслим мекард. Агар љабрдида воќеан љурме дорад, пас чаро тафтишот ва суд ўро напурсиданд? Дуюм. Ин "љиноят" соли 2012 рух додааст. Ваќти зиёд гузашта, ягон далел надорад. Сеюм. Ин иттињом бо ширкати Ш. Холматов дар парвандаи ќаблии Исмоилов вуљуд дошт ва суд онро бо ин лањза сафед карда буд. Ба парвандаи нав аз дигар љалб кардани Ш. Холматов чї маъно дорад? Тафтишот дигар шоњиде надорад, ки алайњи Исмоилов истифода кунад? Ин магар таќаллубкорї нест? Ё чаро фикр накунем, ки Ш. Холматов ќасдан алайњи Исмоилов нишондод медињад ва ѓаразе надорад? ЛАЊЗАИ ДУЮМ. Гўё Исмоилов аз Љ. Икромов ва М. Равзаалиев 2000 сомонї тамаъ карда, тањдид кардааст, ки агар надињад, алайњашон дар рўзномањои љумњуриявии "Нигоњ" ва "Имрўз - нюс" маќолањои бадномкунанда ба нашр мерасонад ва тавассути прокуратура нисбаташон парвандаи љиної оѓоз намуда, онњоро ба мањбас мекашад. Ба чанд далел ин иттињом њам бепоя аст. Аввал. Љабрдидагон Икромов ва Равзаалиев на аз сўи тафтишот ва њам на суд пурсида нашуданд, зеро дар Русия будубош доранд. Ваќте љабрдида нест, аз номи ў чї тавр мешавад як нафарро муттањам кард? Дуюм. Ба љои онњо падари Икромов шикоят бурдааст. Ку

мантиќ? Сеюм. Бино ба иттилои мо, Икромов ва Равзаалиев ба Русия фирор кардаанд, чун дар Ашт ба латукўби омўзгори худ муттањам мешаванд ва мавриди љустуљўи маќомот ќарор доранд! Агар падари Икромов алайњи Исмоилов нишондод дод, пас писари ўро дигар кор намегиранд? Шарт њамин? ЛАЊЗАИ СЕЮМ. Гуё Исмоилов аз соњибкор А. Атобоев аз соли 2008 то соли 2013 тањдид кардааст, ки ўро дар рўзномањои љумхуриявии пештара "Нури зиндагї", њозира "Нигоњ" ва "Имрўз - нюс" бадном мекунад ва сирри нонвойхонаи ўро ба хадамоти назорати гигиенї - эпидемиологї ва зидди сўхтор фош менамояд. Ва тайи ин солњо дар тахминан 30 маврид аз 50 то 200 сомонї тамаъљўї карда, дар умум тахминан 5000 сомонї гирифтааст. Аввал. Бар асоси тахмину гумонњо айбдор кардани як нафар хилофи моддаи 339 - и Кодекси љиноии Тољикистон аст. Дуюм. Ваќте раќами 30 - ро ШКД ва прокуратура пешнињод мекунанд ва бо тахминњо оё айб нест? 20 то 50 сомонї ва тайи 5 сол (!) љамъ шудани тахминан 5 њазор сомонї, ки њоло падари ду тифлро барои 11 сол пушти панљара мекашад, ќонун ку он тараф истад, аммо ба фармонњои виљдони тафтишоту суд мухолифат надорад? Сеюм. Агар љиноят 30 маротиба рух додааст, дар куљо ва чї тарз содир шудааст? Шоњидон кињоянд? Моддаи 85 - и Кодекси мурофиавї љиноятии Тољикистон талаб мекунад, ки ин њама мавридњо бояд пурра исбот шаванд. ЛАЊЗАИ ЧОРУМ. Гўё Исмоилов аввалњои

ХОЛАИ МАРЊАБО ЯГОНА НАФАРЕ, КИ АЗ ИСМОИЛОВ ПУШТИБОНЇ МЕКУНАД маблаѓ гирифтанї аст, маълум мешавад. Аммо муњтавои сабти видеої нишон медињад, ки на нафари тамаъљўъ - Исмоилов ба гирифтани пул, балки нафари пулдињанда - зан манфиатдор аст. Зан мекўшад, ки њарчи зудтар пулро дињад. Ва дар ин сабт Исмоилов умуман дар бораи њаљму барои чї гирифтани пул њарфе нагуфтааст! Бубинед (иќтибос аз парванда): "Овози зан №1 - 2000 рубл теяд шудми, 2000 бас неми барои њамин як статя чоп накардан -ку? Овози мард№3 - Не, не, барои вай њам не, барои минбаъд якдигарфањмї. Мардакча." Ин сабт бармало нишон медињад, ки Исмоилов агарчи пул гирифтанист, аммо на барои нашр накардани маќола. Шояд ў ќарз ме-


БЕЌАДРИИ ОДАМ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

5

ба мушкили мардум бетараф набуд. Аз матолиб ва фаъолияти Мањмадюсуф Исмоилов як хулосаи сатњї метавон баровард ва амиќтар равем, мебинем, ки ў дар ноњияи Ашт барои нафароне мушкилофар буд. Навоњие њастанд, ки рањбаронаш солњо ба ин сў сари коранд. Аммо дар Ашт таѓйири роњбарият тайи солњои ахир ду маротиба сурат гирифтааст. Мешавад хулоса кард, ки дар ин таѓйирот сањми матолиби рўзноманигор низ њастанд ва нињоят дар раддањои болої ба хулосае омадаанд, ки аз ў "халос шаванд". Ва ба њамин минвол, "садои Ашт" - ро њам гўё хомўш карданд. Аммо оё дигар касе ба онњо халал намерасонад? Садои Аштро баста мешавад?

Исмоилов кист? Дар бораи шахсияти Мањмадюсуф Исмоилов дар Ашт ва њам доирањои рўзноманигорї андешањои мухталиф вуљуд доранд. Мардуми Ашт аксаран бар ин назаранд, ки ў як шахси якрўй аст ва суханашро беибо мегўяд. Њатто мегўянд, ки ў гоњњо боре сари чорроњаи маркази Шайдон баромада, истеъфои сарвари шўъбаи милиса ва раиси ноњияро талаб кардааст. Ин љасоратро кам касе дар Тољикистон дорад, аммо дар олами мутамаддин ин таљрибаи оддї аст ва ин њаќро ба њар як нафар Сарќонуни як давлати демократї медињад. Бар иловаи ин њама, Исмоиловро як нафари зудбовар ва соддафеъл њам меноманд. Ў ба њар касе, ки бо шикоят аз маќомот ба наздаш меомад, кўмак мекард. Ва рўзи мурофиа њатто њамсараш чанд маротиба ба ў ёдовар шуд, ки "ана, дидї, одамоне, ки ту бовар карда будї, ба сарат об рехтанд!" пурсид, ё кўмакпулї? Ва њам шояд Ањадова дидаву дониста Исмоиловро ба љиноят тела кард? Хулоса, сабти аудиоиро наметавон далели боризи ин донист, ки як нафарро ба 11 сол њукм кунанд. Касе собит карда наметавонад, ки ин суњбатњо ва сабтњо њам супоришї набошанд ва аз сўе тарњрезї нашуда буданд. Дигар маврид дар ин иттињом ин аст, ки Исмоилов аз Санавбар Ањадова 100 сомонї гирифтаасту 400 сомонии дигарро ваќте мегирад ва ба љайб мезанад, кормандони милиса ўро дарњол боздошт мекунанд. Тафтишот мегўяд, ки Ањадова аз тањдиди Исмоилов ба маќомот шикоят кардааст. Аммо чаро ин савол бепосух аст, ки Ањадова чї айб доштааст, то аз Исмоилов тарсад? Ин боз як далели он аст, ки ин љо њадаф рўи об баровардани адолати судї нест, балки танњо "шинондан" - и Исмоилов аст.

носї мавриди омўзиш ќарор мегирифтанд, ки дар куљо тамаъљўї дида мешавад, чун сухан, боз њам такрор шавад мегўем, дар бораи таќдири инсон меравад. Инсоне, ки бояд, ба њукми суд, 11 солро пушти панљара сипарї кунад. Хато намешавад, гўем, ки њукми суд гўё нусхаи дигари айбномаи тафтишот буд. Агарчи матн каме фарќ дошт, сужасозиву бандубасти њукм аз њамон айбнома "нусхабардорї" шуда буд. Бадбахтона, ин таљрибаи имрўзу дирўз нест. Ба ин низоме, ки њоло њаст, системаи судии Тољикистон боз "шоњкорињо" - и дигарро дар батн мепарварад. "Шоњкорињо" е, ки дар дигар љо тањия ва аз сўи суд танњо ба расмият дароварда мешаванд...

"Суд ва судяи одил"

Ваќте кас бо иттињомот алайњи Мањмадюсуф Исмоилов ошно мешавад, дар њар чор лањза бо иборањои "рўзномањои љумњуриявии "Нигоњ" ва "Имруз - нюс" ва "маќолањои бадномкунанда" дучор меояд. Дар сабтњои аудиої, аз њама далели боризтарини парванда дар ин бора сухане нест! Њадафи тафтишот аз овардани номњои ин рўзномањо чї аст? Бадном кардани онњо? Аммо маводе, ки бо ќалами Мањмадюсуф Исмоилов дар ин нашрияњо чоп шудаанд, аз дигар чї бозгўї мекунанд. Масалан, як матлаби ў тањти унвони "Памперс" барои роњи Ашт Хуљанд" ("Нигоњ", №4 (280) 18-уми апрели соли 2012) - ро бигирем, ки масъалаи роњи хароби байни Хуљанду Аштро матрањ кардааст. Пас аз ин матлаб дар ин роњ корњои таъмиркунї анљом дода шуданд ва ваќте мо ба Ашт рафта омадем, натиљаи ин маќоларо дидем. Ё як матлаби дигар дар "Нигоњ" дар бораи њолати риќќатбори беморхонаи Ашт матлаб нашр шуда буд, ки пас аз ин беморхона таљдиду навсозї шуд ва њоло он гуна нест, ки Исмоилов тасвир мекард. Як бинои муосиру замонавист. Онро худи президенти Тољикистон боз кардааст ва инро тамоми Тољикистон тариќи телевизионњои давлатї тамошо кард. Дар суњбат бо мо бархе аз масъулин гуфтанд, ки ин њама дар наќша буд, аммо ба ин суол, ки чаро беморхонањои дигари вилоят, бахусус маркази он њоли табоњ доранду њељ ба наќша намеафтанд, касе посухи мусбате надод. Мо даъво надорем, ки мањз пас аз маќолаи Мањмадюсуф Исмоилов роњњову беморхонаро обод карданд. Аз њама муњим, барои њар аќли солим фањмост, ки як рўзноманигор ва он њам дар музофот чї ќадар метавонад вазъи воќеиро рўшан карда, ба масъулини мањаллу вилояту љумњурї манзараи онро нишон дињад. Агар Тољикистон як давлати дунявию њуќуќбунёд аст, пас ин танњо набояд

Њама суолњое, ки дар боло гузоштем, бояд посухи худро аз сўи судя пайдо кунанд. Судя Диловар Сафаров, гарчи дар оѓоз хеле батафсил ва одилона мурофиаро бурд, дар интињо маълум шуд умуман мўшикофие накардаву њатто ба назар мерасид, ў њам "ради галочки" бояд мурофиаро баргузор мекард ва њукмро мехонд. Вагарна ў бояд пеш аз њама ба ин њолат вокуниш мекард, ки чаро бидуни ширкати љабрдидањои воќеї - Љ. Икромов ва М. Равзаалиев парванда такмил шудааст? Онњо дар Русия њастанд ва бино ба иттилои мо, тањти пайгарди ќонунанд, яъне љиноят содир кардаанд. Боз, ба ќавли мардум, "ѓарриву пештозї" аз болои як нафари дигар чї тавр метавонанд ва он њам тариќи падар шикоят баранд? Шоњиди муомилаи онњо кї аст? Судя дар њукме, ки нињоят баровард, ба ин њолат бањои њуќуќї надод. Чаро? Судя бояд ба ин њолат њам бањо медод, ки чї тур 5 сол (!) Исмоилов гўё аз А. Атобоев мисли "рэкет" пул ситонда мегашту акнун гапи ў соли 2013 ва дар баробари њама баромадааст? Ин њолат њам, ки сабтњои аудиоии далели ягона шайъї барои боздошти Исмоиловро тафтишот ба майлу хостаи худ тафсир кард, мавриди мўшикофии судя ќарор нагирифт. Дар ин сабтњо на оѓоз њаст на анљом, яъне на салому на хайр. То ин сабтњо мусоњибон дар бораи чї суњбат доштанд? Агар имконоти имрўзаи фанниро ба назар гирем, аз як гуфтугўи, содда карда гўем, ошиќу маъшуќ мешавад як сабти ду љинояткорро эљод кард, чун чунин имкон њаст. Хулоса, он сабтњое, ки мавриди назари мо њастанд, далели мустаќими гунањкории Исмоилов буда наметавонанд, чун онљо њељ тамаъљўї вуљуд надорад! Бояд лоаќал ин сабтњо аз сўи мутахассисони забону равонши-

"Нигоњ" ва "Имрўз - нюс"

ИСМОИЛОВ АГАР ТО ИМРЎЗ АЗ МАРДУМ ДИФОЪ МЕКАРД, АКНУН АЗ ХУДАШ шиор бошад. Матбуоти озод як рукни муњимтарини ин гуна љомиа аст. Як нигоњи сатњї ба маќолањои Мањмадюсуф Исмоилов кофист, ки дарёбем: ў дарди мардум, мушкили љомиаро менавишт! Ва ин ба масъулин хуш намеомад! "Нигоњ" ва "Имрўз - нюс" њамчун нашрияњои, тавре тафтишот мегўяд, љумњуриявї, масъули иљрои ин рисолатанд - хизмат ба мардуму миллат! Мањмадюсуф Исмоилов аз моњи декабри соли 2012 то сентябри соли 2013 хабарнигори минтаќавии "Нигоњ" дар Ашт буд ва њамзамон бо "Нигоњ" фурўши "Имрўз - нюс" - ро њам ба зимма дошт. Ў ба мардуми Ашт рўзнома, яъне иттилоъ ва огоњї аз вазъи имрўзи кишварро њам меовард. Шояд ин кори ў њам барои маќомоти мањаллї хуш наомад?

"Садои Ашт" Холаи Марњабо, собиќ њамшираи шафќат, зани 64 - сола ва бо собиќаи 34 соли кор, ягона нафаре буд, ки аз аввал то охир дар мурофиаи судии Мањмадюсуф Исмоилов ширкат карда, низ хулоса баровард: "Њукм одилона набуд!" Вай аз Мањмадюсуф Исмоилов њамчун "хизматгори халќ" ёдовар шуда гуфт, ки ягона нафари мубориз дар ин ноњия буд ва њарфашро натарсида, бебокона ба роњбарон мегуфт. Бархе аз зиёиёни ин ноњия ўро "Садои Ашт" унвон карданд, чун ягона нафаре буд, ки

Ваќте њукми ўро хонданд, ба ќавли мардум, њуш аз сари даъвогарони алайњи ў њам парид. Онњо интизор надоштанд, ки ў чунин њукм мегирад. Ва намехостанд, ки ў чунин њукм гирад. Њарчанд њангоми мурофиа гуфтанд, ки Исмоилов аз рўи ќонун муљозот шавад, ин интизорро надоштанд, ки ўро ба 11 сол равонаи зиндон мекунанд. Дар давоми њамкорї бо "Нигоњ" Исмоилов бештар аз як рўзноманигор, як нафари инќилобиро мемонд. Њис мешуд, дили ў барои ноњияе, ки дар он зиндагї мекунад, месўзад. Он ќадаре, ки ба мо маълум аст, Ашт ягон ноњияест, ки рўзноманигори минтаќавї дорад. Иддае њам Исмоиловро як нафари "тез" меноманд ва мегўянд, саломатиаш њам хуб нест, чун маъюби дараљаи сеюм аст. Љомиаи рўзноманигорї ўро бегуноњ намедонад, аммо њукми алайњи ўро ноодилона мехонад... Њар чї њаст, нест, Мањмадюсуф Исмоилов ягона рўзноманигори мањбуси Тољикистон шуд, ки бо айбњои тахминї зиндонї мешавад. Инро љуз бењурматї ба рўзноманигору љомиаи рўзноманигорї, озодии сухан ва соњибистиќлолу демократї дигар хел намешавад арзёбї кард. Мављуд будани як рўзноманигори мањбус ба обрўи байнулмилалии Тољикистони демократї њам датма мезанад. Бовар дорам, љомиаи шањрвандии Тољикистон ба ин ќазия бетараф нахоњад буд.

Фаромарзи ФОЗИЛ


МУРАД ИН ЗИНДАГЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

Бародарони азиз! Рафиќони муњтарам! Љанобони гиромї! Њамин маъракаи интихоботи имсола људо зўр шуду аммо як хатогии хеле калон дошт: номзадии маро рафиќ Шермуњаммади Шоњиён ба мансаби президентї пешбарї накард. Барои ин кор ман то интихоботи дигарї, яъне 7 соли дигар ба ў на салом мекунаму на гап мезанам. Албатта, кори хуб нашуд. Номзадњои дигар то љон дар бадан доштанд, ба мардум ваъдањои бебаркаш доданд. Баъзеи онњо, умуман нияти Президент шудан њам надоштанд, Шоњи Шоњон ба дасташон имзоњои мардумро дода, "дар назди мардум њам як баромад карда монед - да" - гуфтааст. Мана Олим Бобоев дар як маљлис ба љон омада, мардак барин "ман Президент шуданро њељ намехоњам!" гуфт. Офарин! Чї даркор сафсатахонї? Абдуњалим Ѓаффоров чї? Мардак дар тамоми вохўрињою маљлисњо мардуми шарифи Тољикистонро тарсонда, чун тўтии дастомўз такрор ба такрор гуфтагеш гуфтагї: "Њар як шањрванди љумњурї аз ду бало роњи гурез надорад: 1) Иљрои ќоидаю ќонуни ширкат. 2) Марг". Э њамин њам Президент шуд - мї? Наход њоло ба курсї нанишаста, мардуми бечораро њамин ќадар тарсонї - а? Президент бояд фаќат бо гапи хушу ваъдањои болохонадор одамро ба сайри шањри афсонавї барад. Мисли академик Бухориев Толиббек. Ќандаша ба пули худаш занад! Ин олими серѓайрату унвондор дар маљлисњо тавре баромад мекунад, ки мардум бањузур ба пинак рафта, сари хобашонро мегиранд. Академик - да, медонад, ки мардума бефоида саргаранг кардан маънї надорад. Мана соњибкори серѓайрат Саидљаъфар Усмонов тамоман гапи дигар: программаи аниќи худро дорад. Баъди ба курсии Президентї нишастан корро аз оила сар мекунад. Комилан дуруст! Њар яки мо чї хеле, ки дар оила тарбия гирефтем, њамон тавр пеш меравем. Дигар ягон Донишгоњу Академия ба одам он донишу малакаро наметавонад дињад. Њар корро аз аввал, аз тањкурсї бояд оѓоз намуд, вагарна дер мешавад. Баромади дигар номзад ба курсии Президентї Эмомалї Рањмонро ман шахсан худам дар вохўрию маљлисњо нашунидаам, ба љои ў шахси баваринокаш тавре њикоя мекард, ки ту гўё рў ба рўи омўзгори фанни забону адабиёти тољики ноњияи Њамадонї, дар болои кати чойхонаи "Саодат" нишаста, чойи талх менўшї! Бале! Чї даркор зањмати зиёд? Мардум њама тарафдори Љаноби Олї! Афсонаю ќисса намехонад, ба кори амалї машѓул аст. Ња, суханро аз камбудии интихобот сар кардам, яъне номи маро ба рўйхати номзадњо нанавиштанд. Агар ин хатогї намешуд, ба тарафдории ман мардум на ин ки 210 њазор, балки бештар аз 4 - 5 миллион имзо љамъ мекард. Ва интихоб њам мешудам. Бовар кунед ба суханњои ман. Зеро программаи ман ба дарди ањолии Тољикистон чун малњами шифобахшест. Баъди интихоб шуданам бародари азиз ва гиромї Исмоил Талбаковро ба вазифаи сарвазирї таъин мекардам. Чунки дар њар маљлисе, ки бо ин марди президентзеб мерафтам, мардум њар ќадами моро ба дида бармедошт. Ва дар ваќти сўњбати ин коммунисти асилу маъруф медидам, ки ќомати чанггаштаи интихобкунандагони дар толор нишаста, рост мешавад, чашмонашон аз шодї медурахшанд. Бародари Исмоил агар њамон ваќт ваъда медоданд, ки мо давлати абарќудрати СССР - ро

АГАР НОМЗАДИ 7-УМ МЕБУДАМ... барќарор мекунем, бовар кунед, ки 7 шабу 7 рўз халќ тўю хурсандї мекард... Хайр бо ин номзадњо њама фањмо. Лекин худи маро пурсед, ки бо кадом наќшаи пешакї дар назди интихобкунандагони худ њисобот медодам? Программаи ман мушаххас, фањмо ва хеле кўтоњ аст! Мана худатон хонед: "Агар ман номзади 7-ум ба мансаби Президентї мешудам": 1) Имрўзњо дар наздикшавии фасли зимистон њама аз љаноби Эмомалї Рањмон дархост доранд, ки "Лимити барќ" -ро бекор карда, ба тамоми шањру ноњияњо бемањдудият барќ дода шавад. Не, наметавонад. Дар программаи ман оиди ин масъалаи муњим чунин амадааст, ки "Њамаи шумо садќаи ќувваи электрикї шавед! Барќро ба тамом аз байн бардошта, давлатамонро ба макони чароѓњои бобої табдил хоњем дод! Свет њамаро танбалу муѓамбир кардааст! Бобою бобокалонњои мо барќ надоштанд, вале корњое карданд, ки... " 2) Агар ман номзади 7-ум мебудам, шањри Душанберо ба макони њайвоноти фоидао-

«

Мо тамоми техникаи шањрро барњам зада, навъи техникаи ниёгонамон "ИХ -2" - ро љорї мекунем. Њам ќулай, њам аз љињати экологї безарар. Худатон мулоњиза намоед: Агар писари Амонулло Њукумов дар шањри мо бо мошин нею бо хари додош савор шуда мегашт, њељ гоњ кораш ба суду прокуратура намеафтид ва падараш њам ин ќадар гапи зиёд намешунид.

СУЃД Як манбаъ дар ВКД ба ТоjNews гуфт, "афроди масъул аз вазифа озод шуда, иддае њам ба љазоњои гуногуни интизомї кашида шуданд". Ќаблан, ВКД барои тањќиќи ин њодиса санљиши махсуси хизматї роњандозї карда буд ва муљозоти кормандон дар пайи он сурат гирифтааст. Манбаи мо дар ВКД мегўяд, "тибќи хулосаи санљиши хизматї, онњо барои даѓалона вайрон намудани талаботи низомномањои вазорат, яъне зоњир намудани бемасъулиятї нисбати иљрои вазифањои хизматї, ки боиси љањидани дастгиршуда Тољиев аз тирезаи бинои Шўъбаи корњои дохилї гардидааст, ба муљозот кашида шуданд". Њамчунин, ба њамаи сохторњои маќомоти корњои дохилї оид ба роњ надодан ба чунин камбудињо супоришњои ќатъї дода шудааст. Вобаста ба њолати аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шањри Исфара љањида-

вар - Гову Аспу Хару Бузу Гўсфанд табдил медодам. Њоло бошад ба куљое нигоњ кунї мошин мебинї! Аз мошинњо мо фаќат дарди сар мебинем. Мо тамоми техникаи шањрро барњам зада, навъи техникаи ниёгонамон "ИХ -2" - ро љорї мекунем. Њам ќулай, њам аз љињати экологї безарар. Худатон мулоњиза намоед: Агар писари Амонулло Њукумов дар шањри мо бо мошини Х6 нею бо хари додош савор шуда мегашт, њељ гоњ кораш ба суду прокуратура намеафтид ва падараш њам ин ќадар гапи зиёд намешунид. 3) Агар ман номзади 7-ум мебудам,дигар аскарњоро наметарсонидам аз "облава", яъне мўњлати хизматро натанњо ба 1 сол кам карда, балки тамоман аз байн мебурдам. Гуфтаанд: "ё зўр бош, ё љураи зўр!" Аскарони мо ягон техникаи њарбї (ракета, самолёт, танк...) надоранду ба љўшидани гову тайёр кардони таппак машѓуланд. Дар масъалаи мудофиаи кишвар ба давлати Русия њамкорї мекардам, зеро аз ин давлат, њатто Шайтон њам ба пасаш нигоњ накарда гурехта меравад.

«

БА ЉОИ ПАМФЛЕТ

6

4) Агар ман номзади 7-ум мебудам, дар масъалаи муњољират чунин навигарињоро дохил мекардам: Бигузор мардони ќобили мењнат ба шањрњои Русия рафта бо духтарони рус хонадор шаванд. Дониста монед, ки духтарони тољик њам бешавњар намемонанд; хитойињо шабу рўз ба Тољикистони мо омада, муќимї шуда истодаанд. Мана худи дирўз дар тўйи хонадоршавии як хитої, ки бо Мўњрагули тољик оила барпо кардааст, иштирок намудам. САЊШ-и љамоати дењоти Чоргул ба ин домоди чинї шиносномаи нав бо номи Мањмуд додааст. Дидед, рафиќон? Мо метавонем!!! Ман, умуман ягон духтари тољикро бе шавњар намегузорам, њатто бевањои 50 - 60 - соларо! 5) Агар ман номзади 7 - ум мебудам, дар соњаи кадрњо њам яку якбора таѓйироти заруриро дохил мекардам. Ин чї маънї дорад? Яъне он шахсонеро, ки дар идораю вазоратњои сердаромад ва болої фаъолият доранд, њељ ягон хомўшак њам њаќ надорад, эшонро дарди сар дињанд, то синни 90 - 100 - солагї кор мекунанд, баъдан наздикон, ё хешу таборон кори онњоро идома хоњанд дод! Рафиќон! Наќшањои ман зиёданд, агар номзади 7-ум ба мансаби Президентї мебудам, њамаашро ба Шумо наќл мекардам. Алњол дар њамин љо нуќта мегузорам. Ва интихоботњои оянда дар пешанд... Албатта рў ба рў хоњем шуд! Муваффаќ бошед.

Рустам РАМАЗОНЇ

ЧОРКУЊ: АЗ ВАЗИФА ОЗОД ШУДАНИ МАСЪУЛИНИ ШКД-1 БАРОИ ХУНУКНАЗАРЇ Вазорати корњои дохилии Тољикистон мегўяд, "аз рўи ќазияи Умедљон Тољиев иддае аз кормандони масъули Шўъбаи корњои дохилии Исфара муљозот шудаанд". ни Тољиев Умедљон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини љамоати дењоти Чоркўњи ноњияи Исфараи вилояти Суѓд, ки дар содир намудани љинояти моддаи 187 ќисми 2-и Кодекси љиноятии Љумњурии Тољикистон (Ташкили иттињоди љиної) гумонбар дониста мешавад, санљиши хизматие, ки бо супориши вазири корњои дохилї таъин гардида буд, ба анљом расид. Нисбати Умедљон Тољиев, ки аз бинои маъмурии Шўъбаи 1-и ВКД дар шањри Исфара љањида, фирор кардан мехостааст, парвандаи љиної оѓоз карда шудааст.

Доир ба воќеаи зикршуда маводи гуногун чоп шуданд. Мудири маслињатгоњи њуќуќии шањри Исфара, вакили дифои Тољиев, Бањрихон Исоева ба рўзномаи "Њаќиќати Су?д" гуфтааст, "воќеан, гумонбар пурра ба содир намудани кирдораш иќрор шудааст". Вай гуфтааст, "гумонбаршуда баъди анљоми пурсиши муфаттиш, бо маќсади фирор намудан, аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шањри Исфара ба поён мељањад, ки дар натиља пойи чапи ў љароњат бардошта, дасташ низ каме харошида шудаасту халос".

Бино ба гуфти њимоятчї, худи гумонбар аз љониби ягон корманди маќомот зўроварї надидаасту танњо маќсади гурехтанро дошт ва аз касе гиламанд нест, нафареро айбдор намешуморад. Исоева гуфтааст, "њуќуќу манфиатњои гумонбаршударо њимоя хоњад кард". Бино ба иттилои масъулин, гумонбаршуда баъд аз расонидани ёрии тиббї, бо ќарори Суд дар бораи ба њабс гирифтан, дар муассисаи тафтишотї ќарор дошта, тафтиши пешакї идома дорад.


ДАРДИ МИЛЛЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

7

ят дар айни замон дар Руссия бенињоят сангин аст ва ба њаёти муњољирони мо дар тамоми манотиќи Русия хатар тањдид мекунад. Давлати Тољикистонро зарур аст, ки дар чунин вазъияти фољиабор фавран ба сифати эътироз њаракати њама гуна ќаторањоро ба самти Руссия ќатъ намояд. Аз тарафи Кумитаи њолатњои фавќулодаи Тољикистон рейсњои махсус ташкил намуда, муњољирони хоњишмандеро, ки дар айни замон имкони бо пули худ бозгаштанро надоранд, ба ватан баргардонад. Ба таври расмї ба воситаи шабакањои телевизионии давлатї ва фурудгоњњо эълон намояд, ки дар айни замон сафар ба Русия хатарнок аст ва муњољирон муваќќатан аз сафар ба Русия худдорї кунанд. Вазорати корњои хориљии Тољикистон сафири Русия дар Тољикстонро даъват намуда, аз ў шарњи вазъияти баамаломадаро талаб кунанд ва ба ў нотаи вазоратро супоранд. Худ тасаввур кунед, ки агар чунин њуљум ба ягон шањрванди рус дар Тољикистон сурат мегирифт, чї эътирзњое мешуд. Магар ќазияи њалабонњо фаромўш шуд, ки њатто президенти Русия дахолат карда, рўирост тањдидњо карда буд ва чї гуна њазорњо тољик дар давоми як њафта боздошту аз Русия депорт карда шуда буданд? Чаро мо хомўшем? Њуљум ба ќатораи Тољикистон ин бори дуввум сурат мегирад. Бори нахуст маќо-

Њуљуми дуввуми Русия Чаро бояд Русия пойгоњашро аз Тољикистон берун кашад? Њар рўз хабарњои зидду наќзеро аз њаёти муњољирони тољик дар васоити ахбори омма ва сањифањои гуногуни интернетї мехонем: "Фалон ќадар тољикро аз Русия депорт кардаанд. Фалон тољик аз дасти фашистони рус кушта шудааст. Сартосони рус ба фалон нишонї њуљум карда, ањли оилаи тољикро ба ќатл расонидаанд. Фашистони рус сарсиёњонро мекушанд. Росия давлати фашистї аст ва ѓайра ва њоказо". Вале аз чї бошад, тарафи Тољикистон њамеша хомўшї мегузинад ва сукут ин њама амали фашистони давлатї ва ѓайридавлатии русро тањаммул мекунад? Чаро Њукумати Љумњурии Тољикистон дар љавоб аќалан намегўяд: "Мо двизияи калонтарини шуморо дар Тољикистон ба мўњлати дуру дароз љо додем, вале аз Шумо маблаѓи бузурге талаб накардем. Мо њатто фурудгоњи њарбии Айниро, ки бо миллионњо доллар аз тарафи њиндуњо азнавсозї шуда, тала��горони зиёдеро дорост ба Шумо ройгон бахшида истодаем, вале чаро Шумо аќќалан ба муњољирони мо гузашт намекунед? Чаро Шумо аќаллан пеши роњи фашистонатонро гирифта наметавонед?". Њар сол дањњо куштори тољикон аз тарафи фашистони рус сурат мегирад ва садњо љасадњои ба хун оѓуштаи шањрвандони Тољикстон ба ватан фиристода мешавад, аммо тарафи Тољмикстон хомўш аст, ки хомўш ва њатто ба ќавли мардум "миљљаи масабдорон хам намехўрад". Инак субњи 29 октябр хабари нав кулли Тољикситонро ба ларза овард. Бар пояи хабари сафорати Тољикистон дар Русия, шаби 26 октябр, соати 23:15 таќрибан 20 нафар љавони фашисти рус дар истгоњи роњи оњани "Терновка", воќеъ дар вилояти Астрахан, ба ќатори хатсайри Маскав-Душанбе њуљум карда, тољиконро дашном дода, шиорњои ќавмгароёнаву фашистона зада, шишањои тирезањои 20 вагонро шикаста, ба мусофирони зиёде осебњои гуногун расондаанд. Њeљум ба як ё ду нафар тољик не, њуљум ба ќатораи Тољикистон сурат гирифтааст. Њудуди як ќатаора ин њудуди давлт ба њисоб меравад ва ин њуљум на ба шањрванди алоњида, балки ба давлати Тољикистон. Бояд ќайд кард, ки њуљуми фашистони рус ба ќатораи Душанбе-Маскав њанўз 26-ум ба вуќўъ пайваста буд, вале хабари њуљум бошад 29ум пањн мешавад. То имрўз сафорат куљо буд? Дар куљо хобида буд? Чаро Вазорати корњои хориљї хомўш аст? Чаро сарвари давлат овоз баланд намекунад? Ба иттилои сафорат "ходимони пулиси мањаллї дар љойи њодиса њузур доштаанд ва аммо барои љилавгирї аз он чорае наандешидаанд. Бригадири ќатори Маскав - Душанбе хостааст, дар бораи ин њодиса ба ис-

тгоњи ояндаи Волгоград барќия бифиристад, вале барќияи ўро ба далели он ки миёни Тољикистону Русия дар ин бора созишномае нест, ќабул накардаанд. Ду корманди хадамоти назорати амният дар роњњои оњани вилояти Астрахан, ки ќатори Тољикистонро њамроњї мекарданд, низ чорае барои љилавгирї аз њамлаи нажодпарастон наандешиданд ва аз ин њодиса маќомоти масъулро хабардор њам накарданд". Яъне њатто хомиёни њуќуќи рус тамошобин ва иштирокчии ин шабехуни фашистони рус шуданд. Аз оѓози шабехуни фашистони рус аллакай 4 рўз гузашт ва њатто ягон ВАО-и Русия на давлативу на хусусї аз ин њуљум хабаре пахш накарданд. Барои чї? Барои он ки шояд њодисаи мазкур бо супориши маќомоти давлатии Русия анљом пазируфта бошад. Банда борњо шоњид будам ва њатто иброз дошта будам, ки маќомоти давлатии Русия, аз љумла маќомоти њуќуќ ва њатто суд аз фашистони худ пуштибонї мекунанд. Ба ёд оред марги Хуршедаи нўњсоларо. Ўро гурўњи 15 нафараи фашистон бо дањњо захми корд бо шиорњои "Руссия барои русњо!" ба ќатл расонида буданд. Вале ќотилон танњо чун авбош гунањкор дониста шуда, дар рўзи суд аз толори суд љавоб дода шуданд. Ин аз чї гувоњї медињад? Ин гувоњї аз он медињад, ки фашистони рус аз тарафи Њукумати Русия пуштибонї доранд ва шояд пеш аз содир намудани љиноят кафолати мањбас нашуданашонро њам гирифта бошанд? Мо бояд фаромўш накунем, ки вазъият

дар айни замон дар Русия бенињоят сангин аст ва ба њаёти муњољирони мо дар тамоми манотиќи Русия хатар тањдид мекунад. Фашистони рус дар тамоми шањрњои бузурги ин мамлакат ва њатто ноњияњои алоњида бо дастгирии њукуматњои мањаллї "марш"-њои худро доир намуда, ба сарсиёњон њуљум карда истодаанд. Чунин марш рўзи 4 ноябр бо иљозаи шањрдории Маскав њам ба наќша гирифта шудааст. Мири шањри Маскав аллакай бо рањбарони нажодпарастњои рус мавзўи баргузории рањпаймоии фашистони русро њамоњанг кард ва барои гузаронидани он посухи расмї дод, ки бояд дар хиёбони Перерваи Маскав сурат бигирад ва бо консерти як гурўњи нажодпарастњои рус - "Коловрат" анљом пазирад. Ин аз чї шањодат медињад? Ин аз он шањодат медињад, ки њукумати Россия худ низ фашистонро дастгирї мекунад ва мири шањри Маскав узви њамин гурўњ аст. Ин эътироз, ки аллакай ба таври расмї иљозат дода шуд ва боз дар рўзи 4 ноябр - Рўзи вањдати миллї дар Маскав сурат мегирад, метавонад ба оташи низоъ равѓан резад ва барои "сарсиёњњо", аз љумла муњољирони мо паёмадњои фољиабор дошта бошад. Дарвоќеъ аз хабарњои гуногуни нашршуда, наќлњои муњољирон бармеояд, ки вазъи-

моти расмии Русия бо иштироки Рогозин ва Онишенко ба ќатораи Тољикистон њуљум карда, нисбати тољикон тањќири зиёдеро раво дида буданд. Инак, њуљуми дуввуми Русия бо иштироки фашистони рус сурат гирифт? Дар њуљуми аввал агарчи касе зарар надид, вале асрори вагонњои антисанитарии Њукумов мавриди хандаву тањќир ќарор гирифт, ки обрўи Тољикистонро хеле поён бурд. Дар њуљуми дуввум зарари љимониву молї зиёд расид. Кї кафолат дода метавонад, ки дар оянда чунин њуљумњо такрор намешаванд ва боиси ќатлу куштор намегарданд? Ва нињоят! Агар Русия алайњи фашистонаш чорабинї накунад, бигзор пойгоњи низомии 201 дар Тољикистонро бардорад! Гуфтанд, ки созишномаи пойгоњро имзо кунед. Кардем. Акнун чї? Агар сиёсат ва дўстии Тољикистону Русия чунин бошад, пас ваќти он расидааст, ки боз таљдиди назар шавад. Мо барои муњољирин созишномаи пойгоњро имзо кардем, рафиќ путин! Муњољирини тољикро аз дасти фашистони рус њимоят кунед, агар не, бардоред пойгоњатонро!

Акрами ХОЛИЌ


8

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

Девору дари Ватан шикастем, дареѓ! Аз серї гурусна њам нишастем, дареѓ! Майдон њама аз ѓариби майдон пур шуд, Дар гардани доњї сим бастем, дареѓ! Бозор Собир "Дар адабиёти тољик ќариб њамаи шоирони маъруфи мо, ба шумули Мирзо Турсунзода, Боќї Рањимзода, Мўъмин Ќаноат, Лоиќ Шералї ва Гулрухсор дар васфи Ленин шеърњо навиштаанд. Шояд дар миёни шоирони маъруф танњо Бозор Собир истисно бошад. Аммо номбурда, баъди њиљрат ба Амрико, ба њадде Ленинро ситоиш кард, ки то ин дам ба ин њад ситоиш нашуда буд"1 -навиштааст рўзноманигоре дар як рўзнома. Агарчи ў дар ин навиштори худ андаке ба муболиѓа роњ додааст, аммо, дар њаќиќат, устод Бозор дар замони шўравї ягона шоире буд, ки дар ашъораш мадњи доњиёни пролетариати љањон, ба вижа Ленину Сталин, љой надошт. Аз партия, комсомол низ њељ ваќт ситоиш накарда буд. Баръакс, њамвора ба ифшои бархе аз навоќиси он рўзгори тиллої ва бињиштї пардохта ва њамчун "шоири нофармон" ва "саркаш" ном бароварда буд ва њар чї ки дилаш мехост, мегуфт. Гўйї, ин байти Мавлоно мисдоќи зиндагї ва кори эљодиаш будааст: Њељ одобеву тартибе маљў, Њар чї мехоњад дили тангат, бигў. Албатта, ин тамоюл дар ашъори ў, аз як сў, ба сиришти инсонии вай ва аз сўи дигар, ба рўњияи ќавии миллї дар зењну андешааш иртибот мегирифт. Нињоят, як шоири ростину масъул ва муваззаф њељ гоњ аз навоќис ва беадолатњо чашм намепўшад, балки ба ифшои онњо мепардозад, агар њаводори он љомиа њам буда бошад, зеро рисолати шоир дар пеши љомиа, ба вижа мардум, хеле бузург аст. Ба ќавли шоир: Ин ки гоње мезадам бар обу оташ хешро, Равшанї дар кори мардум буд, маќсудам чу шамъ. Устод Бозор њамин гуна шоири масъул ва мутаањњид буд, ки дар њамон замони тиллоии зиндагию рўзгори халќи тољик низ ба љанбањои манфии он бетафовут набуд, балки ба дидаи интиќод менигарист ва гўйї, як навъ куфрони неъмат мекард ва шодињоро, ки баъд аз њазор сол ба халќаш насиб гашта буд, намедид ва њанўз њам аз ѓаму дарду њасрат сухан мегуфт. Албатта, ин ѓаму дарду њасрати миллат буд, ки бо аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рўи кор омадани Мањмуди Ѓазнавї ва соири сулолањои турк бар чењраи миллати мо нишаста буд ва ин шоири њассос наметавонист, ки онњоро нодида бигирад ва ба дасти фаромўшї бисупорад. Аз ин рў, бо алам ва бо дарду њасрат мегуфт: Њар чї ў аз моли дунё дошт, дод, Хитаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод… "Забони модарї" Нигоњи гарми ман аз фарќи кўњистон Ба сўят чун Зарафшон рўзу шаб љорист. Бухоро бо ѓаму афсўс мебинам, Ки љои бас азизонат Дар оѓўши ту њамчун љои Сино љовидон холист. "Бухоро" Зимнан бояд гуфт, ки мањз дар асри гузашта, асре, ки устод Бозор зиндагию эљод мекард, яъне асри ХХ, халќи тољик баъд аз њазор сол ба озодї даст ёфта буд, соњиби парчам, ки онро аъроб ба торољ бурда буд ва давлату пойтахт, ки онњоро атрок ѓасб карда буданд, гардида буд ва аз мављудияту эњёи хештан дарак медод, ки ў, алораѓми љабру ситамњои таърих ва фишорњои мухтлиф, њаст ва хоњад буд. Ба андешаи шоир: Бандаи дирўза акнун њокимият мекунад, Њељро њар чиз кардї, зинда бош, эй инќилоб! 6 Агарчи чанд аср ќабл яке аз шоирони бузурги миллии мо-Толиби Омулї хеле навмедона, вале воќеъгароёна гуфта буд: Њељему њељро нахарад њељ кас ба њељ, Эй рўзгор, даргузар аз чуну чанди мо! Аз ин хотир, мо мебоист, ки меболидем ва бо тамоми вуљудамон шукр мекардем, ки баъд аз 1000сол соњиби њаќиќии як гўшаи кўчаки ватани бузургамон гардидем ва кишваре ба номи Тољикистон дорем, ки моро дар оѓўши пурмењри худ парвариш менамояд ва ба камол мерасонад. Шукр аз Худованд мекардем, ки тавассути ѓалаби Инќилоби Октябр ва Бухоро ба давлатдории атрок ва охирин намояндаи сулолаи хонадони манѓитиён-амир Олимхон хотима додем ва як давлати озодро, ки ормонњои милливу инсонии моро амалї менамояд ва

ЉАШНВОРА холї аз њар гуна истисмор ва саршор аз шодиву нишоту боландагист, барпо кардем. Иќтисодиёт, илм, техника, адабиёт, фарњанг пеш рафт, тараќќї намуд, занону модарон ба озодї расиданд, иљтимоиву фарњангї шуданд. Дармонгоњу шифохонаву хонањои бепарасторон дари худро ба рўи мардум боз намуд ва онњо аз табобати бепул, тањсили бепул ва соири ѓамхорињои њукумат бархурдор шуданд. Дар як муддати кўтоњ кишвар соњиби омўзгору духтуру муњандису меъмору санъаткор ва ѓайра гардид. Ба вуљуди адабиёти дузабона, ки то аввали асри ХХ идома дошт, хотима дода шуд. Зиндагї шукуфову рангину дилосо гардид. Мардум дар шодиву фарањ мезистанд, њељ гуна камиву костї эњсос намешуд. Љои он буд, ки њама ва њамеша шукронаи ин неъмати Худододу бењамто мекарданд, зеро як љомиае арзи андом намуда буд, ки дар он адолат ва ќонун бо тамоми шукўњу шавкаташ њокимият мекард. Мўрчаву пил баробар кору зиндагї мекарданд. Бою сарватманд вуљуд надошт. Чунин ба назар мерасид, ки аз даврони пайдоиши бобои Одам инсоният чунин љомиа насохта буд, ки њамаи шањрвандонаш дўстонаву баробару бародар бошанд ва яксон аз шодиву нишот бархурдор гарданд. Хусусан ањли адабу санъат дар рафоњу оромишу осоиш мезист ва мавриди ѓамхории давлат ќарор дошт. Ба адибон

бати он ќатрае аз бањра буданд, аз осори устод Бозор дар адабиёту шеъри мо шурўъ нашудаанд, балки пеш аз ў дар зењну осори Ѓаффор Мирзо, Мастон Шералї, Ќутбї Киром, Мањмудљон Воњидов ва дигарон арзи андом кардаанд. Бад-ин маънї, устод Турсунзода, ки рањнамои мумтозу содиќи адабиёти мо баъд аз устодон Айнию Лоњутї дар асри гузашта буданд, чунин мегўянд: "Љои афсўс аст,ки Ѓаффор Мирзо дар достони охирони худ имкониятњои мављудаи худро пурра истифода накардааст ва достон чанд мавридњои бањснок дорад… Ба замми инњо диќќати шоирро бештар њодисањои манфии њаёт љалб менамояд… Дар ин бора гап кушодани ман тасодуфї намебошад. Баъзе шоирони љавонро фаро гирифтани њиссиёти бадбинона, сентименталитзм ва њатто майл ба тасаввуф маро љиддан ба ташвишу хавотир андохтааст. Дар ин љо баъзе шеърњои Мастон Шералї, Ќутбї Киром, Бозор Собирро зикр кардан мехоњем. Љои таассуф аст…".10 Аммо ин гуна њиссиёт, бадбинї, ѓаму њасрат, норизої, ношукрї дар замони бозсозии горбачёвї,ки зоњиран ба ислоњот ва эњёи арзишњои миллї, тозагии забон ва маќоми давлатї гирифтани он нигаронида шуда буданд ва дар зоти худ бад набуданд, ављ мегирад. Аз ин рў, устод Бозор, ки фитратан шоире адолатталаб, њаќгўю њаќљў

ањли он имкони тањлили љиддии рафтори худро, ки оќибати он ба чї менаљомад, тамоман аз даст дода буданд. Њатто шеъри "Аз хоби гарон хез!"-и Иќболро, бе он ки аз мазмуну моњияту њадафи шеър ва муаллифи он бохабар шаванд, сармашќи кори худ ќарор дода буданд ва ба масобаи гимни озодихоњиву истиќлолталабї аз он истифода менамуданд. Касе њам набуд, ки муроди Иќболро аз ин шеър ва соири осораш, ки дорои љанбањои мусбату манфї мебошад, ба мардум, алалхусус равшанфикрону пайравони афкору ашъораш, шарњу тавзењи сањењ бидињад. Аз ин хотир, устод Бозор низ дар ин гирдоби озодихоњї, ки оќибати онро равшан тасаввур намекард, афтод. Албатта, танњо баъд аз фурўпошии Иттињоди Шўравї ва бархурдњои шањрвандї дар кишвар, зиндагї дар Эрон ва ба вижа Амрико, ки аз пурќувваттарин кишвари сармоядорї ва яке аз сабабгорони асосии аз њам рехтани Шўравї мањсуб мешавад, пай бурд ва фањмид, ки сахт иштибоњ кардаву фиреб хурдааст, аммо кор аз кор гузашта буд, зеро он чї ки ў мехост, танњо дар низоми сотсиалистї, яъне Иттињоди Шўравї, шароити сотсиализм, имконпазир буду бас, на Амрикову мамолики сармоядорї, ки бо истисмори одам аз тарафи одам ва нобаробарињои ањли љомиа

Дубора созамат ватан

(Ба истиќболи 75-солагии устод Бозор Собир)

љоизаву унвонњо дода мешуд. Истироњатгоњњо дар кишвар ва хориљ аз он дар ихтиёрашон буд. Иттифоќи нависандагон истироњатгоњ ва дачаи хосси худро дошт. Њар сол тавассути путёвкањо адибон дар гўшаву канори Иттињоди Шўравї (Ќрим, лаби Бањри Сиёњ…) дам мегирифтанд. Ба илму мактабу маорифу фарњанг низ ѓамхории зиёд зоњир карда мешуд. Устод Айнї њамин имконияту шароити мусоидро, ки барои мо дар асри гузашта муњайё шуда буд, дар маќолаи "Њукумати Шурої ба мо чї дод?" хулоса кардаву бо њаяљони хос гуфта буд: "Шумо як ќадар фикр намоед! Дар дунё кадом њукумат аст, ки ба маорифи раият њамин дараља базли љањд намояд, кадом салтанат аст,ки танњо дар роњи илм њамин ќадар маблаѓњои њангуфт сарф кунад?..".8 Аммо инсон, ки табъан талаботаш бењадду њудуд аст, њељ гоњ ва дар њељ гуна љомиа ќаноатманд намешавад, њатто дар љомиањои мутараќќитарин њам ноќаноатмандиву норизої вуљуд дорад. Дигар, њар гуна љомиа аз аносири манфї ва навоќиси љузъї орї нест. Аз љумла Њукумати Шўравї низ холї аз ин гуна нуќсонњо набуд (агарчи дар маљмўъ, одилонатарин ва мардумитарин љомиа дар тўли таърихи њаёти башарї буд). Бинобар ин, бархе аз афроди њушманду огоњ, ба вижа адибону санъаткорон, њамеша њассосият нишон медоданд ва ба ифшои љанбањои манфии њаёт мепардохтанд. Албатта, гоње аз нофањмї ва ношукрї ва ё зери таъсири ташвиќу тарѓиби нерўњои хориљиву дохилї ба ин кор даст мезаданд ва ѓайра. Тавре ки гуфтем, устод Бозор яке аз њамин гуна ашхос буд, ки аз оѓоз ба љанбањои манфии њаёти љомиа нигоњи хосси худро дошт ва гоње аз њузури онњо изњори норизої мекард ва бо дарду алам сухан мегуфт ва аз ашъораш гоњгоњ бўи бадбиниву навмедї ба машом мерасид. Аммо дар ин авохир, яъне поёни солњои њаштодум, алалхусус замони бозсозї, тавре ки худи шоир мегўяд, ба доми ташвиќу тарѓиби Солженитсину Сахарову афкору ашъори Иќболу дигар нерўњои зидди Шўравї гирифтор гардидаву инони ихтиёрро аз даст дода буд,ки ба оќибати амали худ чандон таваљљўњ зоњир намекард. Ў худ дар ин бора чунин менависад: "Мо он замон аблањтарин мардумон будем. Мо њамон замон ва њатто пештар аз он, зери таъсири синонистњо монда будем. Зери таъсири Сахаров, Солженитсин, Собчак, Евтушенко ва сионистони антисоветчик монда будем, ки њар чї онњо мегуфтанд ва мо ќарсак мезадем. Онњо чї мегуфтанд? Масалан, озодии баён мегуфтанд, демократия мегуфтанд, лекин мо мушаххасан намефањмидем, ки ин чї демократия њаст. Онњо њангома мезаданд ва мо њам ба њангомачиёни сионизм табдил шудем, ки онро баъдан фањмидем".9 Аммо инро њам бубояд гуфт, ки ин гуна биниш ва норизоиву навмедию бадбинї, дарду њасрат ва ношукриву ифшои љанбањои манфии њаёти замони Шўравї, ки дар муќобили љанбањои мус-

буд ва ба вижа ба арзишњои миллї арљи фаровон менињод, дар сафи пеши бозсозї ќарор гирифта буд ва њар чи ки аз дасташ меомад, барои эњёву густариши фарњангу тамаддуни мардум ва арзишњои миллї мекўшид, аммо нерўњои манфиатдори дохилї ва хориљї (Ѓарбу Шарќ) аз ин бозсозие, ки Горбачёв шурўъ карда буд, барои худ судљўї менамуданд. Ба вижа империализми байналмилалї, сионизм, пантуркизм, панисломизм ва ѓайра хеле фаъол буданд ва аз ин рухдоди дар оѓоз мусбат, аммо пасон манфию зиёнбору дањшатнок, ки бо аз байн бурдани давлати Шўравї мунљар гардид, барои манфиатњои худ бањрабардорї мекарданд. Аммо равшанфикрони мо аз љумла адибон, мутаасифона, бехабар аз ниятњои шуми онњо ва моњияту оќибати бозсозї, бо эњсоси гарму бошитоб ва таваккул ба Худо дар ин роњ гом мебардоштанд ва ба сўи бесўї, ки бар зарари кишвару миллат буд, њаракат мекарданд. Дар ин замон дар љомиа эњсос бар аќл ѓолиб омада буд ва

(вуљуди бою камбаѓал) асос ёфтаву ихтисос мегирад. Бинобар ин, устод мањз дар њамин љо хуб дарк мекунад, ки љомиаи Шўравї бењтарин љомиа будааст. Ў њамин бартарињои љомиаи Шўравиро дар маќолаи "Шањристони иморатњои осмонхарош", ки дар китоби "Шоиру шеъре агар њаст… "(2006) љой дода шудааст, батафсил наќл менамояд. Ин фиќра аз њамон маќолаи устод аст, ки мо њоло онро ба орият мегирем: "Дар Америка чизе ки зуд мушоњида мешавад, салому табассум аст… Албатта, салому табассумњои сохтаву хушк, вале форам… Љамъияти сармоядорї аз се табаќа иборат аст: сармоядор, миёнањол ва муздур. Саромоядорон аслан дар чашм наменамоянд. Дар пушти сангарњои тиллоияшон фосила гирифтаанд, ки мавриди рашку њасаду ситези мардум нашаванд. Ин табаќа танњо пулу банку моликият мешиносанд. Табаќаи олиљаноби Штатњои Муттањида табаќаи миёнањол мебошад. Њама корњои хайр кори њамин табаќаи башардўст аст, аз љумла кўмакњои башардўстона. Мо


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

Буд чун Модар-Ватан моро замини нозанин, Эй Худои бенавоён, Сталинро зинда кун!..

ба табаќаи муздур тааллуќ дорем. Бинобар ин, њар чизе ки ман менависам, аз њамин мавќеъ менависам… Табобат дар Америка бењад гарон аст. Барои як рентгени оддї 800 доллар лозим аст… Дар ин мулк хурду бузург саргарми хариду фурўшанд, ба њама чиз ба чашми харидорї менигаранд… Агар Шўравї динро аз давлат људо медошт, Америка, умуман, ањолиро аз давлат људо кардааст. Ањолї аз кори њукумату роњбарият бехабар аст… Ошнобозї оммавию њатмист. Бе ошнобозї кори кирої ёфтан мушкил аст. Ба мо барин муњољирон, ки ошнову ќавме надорем, фаќат порўкашонию рўбучин мерасад… Аз демократия лоф заданашон маљозист. Ин чї демократист, ки ба Покистони љоњилия яроќи атомї медињанд? Ин чї демократист, ки толибони љоњили бунёдгаройро яроќнок мекунанд? Ин чї демократист, ки Афѓонистони бадбахтро несту нобуд сохтанд? Ман имони комил дорам, ки агар Шўравї дар Афѓонистон мепоист, њоло Афѓонистон як љумњурии ободе бу, њамчун љумњурињои Осиёи Миёна (њарчанд ман ба он таљовузи Шўравї эътироз мекардам) буд. Зеро Шўравї нисбат ба зердастонаш бењад инсоф дошт. Дар њафтод сол аз ќавму ќабилањои парокандаи гумном љумњурию миллатњо сохт, аз ќишлоќаку овулњо шањрњои бузурги замонавї бунёд кард. Вале Америка, чуноне ки мушоњида мешавад, нисбат ба зердастонаш чандон мењрубон нест. Њар кишвари ноободе, ки зери тасарруфи сиёсати Америка буд, таќрибан њамон тавр нообод боќї мондааст. Барои мисол, ќариб саросари љамъияти Покистону Афѓонистон, шаст дарсади љамъияти Эрону Туркия хондану навиштан наметавонанд. Аммо саросари љамъияти Осиёи Миёна босавод аст. Саноату зироаташон низ аз њама зердастони Америка бењтару бештар аст. Хулоса, капитализм маъќул нашуд, сотсиализм њазор маротиба бењтар аст".11 Рўи њамин асос, устод дар дебочаи китоби нави худ-"Хуни ќалам" низ аз бартарињои сотсиализм ва заъфи капитализм сухан дар миён меорад ва мегўяд: "Ман шоири советиам, ќаламу ќоѓазро ба дасти ман мактаби советї дод. Инак, бештар аз 13сол аст, ки муќими Штатњои Муттањида мебошем ва ин 23 соли амрикоии ман ба як рўзи Иттифоќи Советї намеарзад. Мо њанўз ба СССР фахр мекунем, тамѓаи пушти мошинамон досу болѓаи сурхи СССР аст, на байраќи Америка ва худамонро њамчун шањрванди СССР шинос менамоем. Хушбахт буданд касоне, ки дар љамъияти советї мурданд. Ва бадбахтанд касоне ки дар љамъияти капиталистї зиндагї карда, дар љамъияти капиталистї мемиранд. (Ба истсинои як мушт харпул). Љамъияте, ки аз бою камбаѓалон иборат аст, ба њељ ваљњ демократї нест ва демократї намешавад. Ту дар муњити капиталистї њатто барои се рўзак кафолати кору манзилу озуќа надорї, агар имрўз не, фардо ё пасфардо њамчун бехонумон ба сўи

ќуттии ахлоту ба зери кадом кўпруке хоњї рафт. Њељ шахси бовиљдон бо капитализми мурдабозори љањонии дурўѓу даѓо ва туршоби дањшатноки бадахлоќию маразу "бомж"- игарї муросо карда наметавонад. Ва њар касе, ки бо ин паразит мубориза намебарад, бевиљдон аст. Капитализмро њељ илму олиме ихтироъ накардааст. Ин ташкилоти судхўрону савдогарону њаннотону ќаллбонону айёрону чаричинфурўшону кисабурону ќиморбозони њаромхур асту бас. Ва ин капитализм танњо аз коммунистон метарсад. СССР аз њељ аќли солиме сутурда нахоњад шуд ва коммунизм њамчун тилло дар санг дар њар маѓзи бедору њушёре нањуфтааст. Классикони адабиёти асри ХХ Маяковский, Пабло Неруда, Ромен Ролан, Лоњутї, Луи Арагон, Нозим Њикмат, Сиёвуши Касрої, Њушанги Соя, њамагї коммунист буданд. Ман бошам фарзанди сулбии болшевикону коммунистонам. Мане, ки дар маркази Душанбе квартираи чорхонагии бењтарин доштам, акнун дар як апартаменти "бомж"-њо хоњам мурд ва "хокистарамро њамчун ахлот ба њољатхона хоњанд рехт".12 Дар њаќиќат, мањз дар њамин муњољират аст, ки устод афзалият ва бартарии сохти Шўравї ва дурўѓ будани демократияи ѓарб ва љомиаи сармоядориро пурра дарк ва эњсос менамояд. Аз ин рў, дар орзуи он љомиаи адолатгустару саѓирапарвар мешавад ва даст ба ситоиши пешвоёни љомиаи сотсиалистї, ки барои хушбахтии инсоният корњоеро анљом додаанд, ки њатто пайѓамбарон накардаанд, даст мезанад. Шеърњои "Сталин ва Сталинобод", "Дар пояи њайкали Ленин дар Сиэтл", "Америка-бушизм-фашизм", "Шеървораи Саддом Њусейн", "Америка+Британия+Канада+ Сионизм", "Эй Худои бенавоён, Сталинро зинда кун!", "Девори оњанин" (Бахшида ба зодрўзи Сталин), "Аз мастї ватанситезї кардем", "Шоири дастпарвари русам", "Зинда бод дар љањон шўриш", "Зинда бод корпартої!", "Коммунизм", "Зињї, Эрони рўинтан", "Гилотина" ва ѓайра њамин гуна шеърњоеанд, ки дар онњо аз сохти Шўравї ва Ленину Сталин тамљиду њ моят мешаванд ва сармоядориву љањони ѓарб, ба вижа Амрико, ки њукмрони љањон шудан мехоњанд, ба боди интиќод гирифта мешаванд. Масалан, вай дар шеъри "Эй Худои бенавоён, Сталинро зинда кун!" ёди рўзњои хушбахтии даврони Шўравї ва мардуми онро мекунад ва дар поёни он ба Шўравї, ки давлати мењнаткашон, давлати ањли досу путку болѓаву байраќи сурх, давлати ахлоќи воло мањсуб меёфт, руљўъ мекунад ва аз Худо илтиљо менамояд, ки Сталинро, ки воќеан њам на фаќат ифтихори ањли зањматкашон, балки банї башар аст, бори дигар зинда намояд, то дасти бенавоёнро бигирад ва эшонро аз нав хушбахту хушрўз бинамояд: Ёд аз он рўзе, ки аз шаш бахш як бахши замин Аз канори бањри Балтик то лаби дарёи Чин,

Шўравї, эй Шўравї, баргард, муштоќи туем, Рўзу шаб дар њасрати покии ахлоќи туем, Аз фироќи досу путки сурху байроќи туем, Эй Худои бенавоён, Сталинро зинда кун! Аммо ў танњо ба сталинситої, ки шоистаи њамагуна ситоишњост, иктифо наменамояд, балки дар чанд шеъраш аз Ленин, ки Сталин идомадињандаи кори бузургу беназири ў буд, низ ситоиш мекунад. Аз љумла дар шеъри "Дар пояи њайкали Ленин дар Сиэтл", ки дар ѓурбат эљод намудааст, аз Ленин њамчун шахси шинос ва наздиктарин рафиќ ёд менамояд: Мо надорем дар ин шањр шинос, Мо надорем дар ин шањр ќариб. Мо дар ин шањр надорем рафиќ, Ману як њайкали Ленин наздик, Ману як њайкали Ленин тољик. Албатта, ин љо суоли мантиќие пайдо мешавад, ки чаро шоире, ки "53-соли умрашро дар Шўравї гузаронд, аммо њаргиз шеъре дар васфи коммунист Инќилоби Октябр ва Ленин нагуфт", имрўз дар њаќќи Ленин, Сталин, коммунист шеър мегўяд ва аз сохти Шўравї таъриф менамояд? Воќеан, ин амал як навъ парадокс аст, аммо агар жарфтар нигарем, мебинем, ки аз воќеъият моя мегирад, зеро шоир, тавре ки гуфтем, он замон дарку тасаввур намекард, ки љомиаи сармоядорї чї гуна љомиа аст ва ба нохуни пои љомиаи сотсиалистї њам баробар шуда наметавонад. Дигар, ў азобу уќубатро надидаву дар љони хештан насанљида буд, ба ќавли худаш, дар сериву пуриву мастї ба сар мебурд. Дуруст гуфтаанд: "Ќадри сињњатро надонад, он ки ў бемор нест". 17 Гузашта аз ин, вай дар он замон ба њељ гуна мушкилот рў ба рў нашуда буд. Акнун, ки њамаро бо чашмони худ дид, билкул пушаймон шуд, ки дар ваќташ ба кунњи ин масъала нарасид ва ба оќибати он сарфањм нарафт ва ба дунболи эњсосгароёну ањли таассубу хурофот ва ѓарбгароёну мазњабгароён рафт. Эшон ўро гўл заданд, яъне фиреб доданд, зеро Шўравї бењтарин ва боадолаттарин сохти љомиа дар тўли маљудияти инсон будааст. Аз ин хотир, шоир иштибоњи худро мисли дигарон пинњон намекунад, зеро ў шоир аст, масъулият дорад, бояд њаќиќатро бигўяд. Бинобар ин, вай бо тамоми масъулият рўи иштибоњоти худ, ки дар гузашта, дар асари эњсосу нофањмињои мухталиф, роњ дода буд, худаш равшанї меандозад, то барои дигарон ибрат шавад ва дигар њељ гоњ нафањмида ва носанљида ва оќибати корро фикр накарда, ба амале даст назананд. Ба њарфи дигар, устод Бозор мехоњад бигўяд, ки аз содагию нодонї, нофањмї ва фиреб хурдан ба ин роњ рафтааст, на ќасдан. Ў, ки акнун њамаро фањмидаву барои худ равшан кардаву кашф намудааст, садњо бор изњори пушаймонї мекунад. Бинобар ин, вай мехоњад, ки хатоњои дар гузашта кардаи хешро натанњо иќрор шавад, балки љуброн кунад ва дар ободии ватан аз нав сањм бигирад. Шоир ин гуна марому маќсади худро дар шеъри "Дубора созамат Ватан", ки як навъ барномаи амалу зиндагии ў баъд аз муњољират ва сарсониву саргардониву нофањмињо мањсуб меёбад, хеле возењу равшан ба намоиш мегузорад, ки ин, албатта, камоли љавонмардист, ки фаќат аз љониби шоире мисли устод Бозор, ки ба амали нодурусти худ низ бањои сазовор ва њаќќонї медињад, метавонад сурат бигирад. Аз ин рў, ин рафтори вай барои дигарон, ки аз роњи рост инњироф меварзанд ва аълон њам аробаи холиро мекашанд, намунаи ибрат метавонад буда бошад: Дубора созамат Ватан, Ба хишти љони хештан. Сутун занам ба саќфи ту Ба устухони хештан. Сатили обу гил маро Барои сохтори ту. Ду панља хуни дил маро Барои рангубори ту. Барои дар чањор сў Навиштани шиори ту: Бародарї-баробарї, Баробарї-бародарї! Агар чу шиша чашми ман Ба кор меравад, бимон, Ба кор меравад агар Сарам чу санги сохтмон Бимон, бимон, бимон. Дубора созамат Ватан, Ба хишти љони хештан.

9

Сутун занам ба саќфи ту Ба устухони хеш. Тавре ки гуфтем, таълимоти Иќбол як таълимот соф асримиёнагии исломист, зеро ў ба тамоми мазоњири олам аз дидгоњи мазњабї менигарад, на милливу инсонї. Аз ин хотир, дар љомиаи Иќбол њама, алалхусус занон, ки асрњои аср бадбахту беиќбол буданд, боз њам бадбахттару беиќболтар мешаванд, чунки аз нав дар кўи хонашиниву чодаргарої, ки як навъ таъбид ва таъзиби љинсиву инсонї мањсуб меёбад, меафтанд. Устод Бозор ин гуна хусусияти ашъору таълимоти ўро, охируламр, натанњо дарк менамояд, балки, дар мисоли занони кишварњои Шарќ, ба вижа Эрону Афѓонистону Покистон, мебинад ва мушоњида менамояд. Бинобар ин, дар шеъре бадбахтиву нодории ањли љомиаеро, ки Иќбол роњандозї намудааст, бо як танзу зарофати хосси шоирона ба намоиш мегузорад ва мегўяд: Дар сояи як маќбараи сахт баланд, Бо оби хунук нони љавї мехўрданд, Гуфтанд, ки ин маќбараи Иќбол аст, Аз њазрати ў ин њама беиќбол аст. Ў дар љои дигар (бо андак таѓйироте) њамин матлабро як нав такрор мекунад: Аз Балху Бухорову Њарї то Њамадон Зиндони занону мардњо зиндонбон. Инњо, ки дар ин билод беиќболанд, Њамфалсафаи Муњаммади Иќболанд. Бо як сухан, устод Бозор, ки бо сабабњои айниву зењнї, дар гузашта аз љомиаи Шўравї интиќод мекард ва љанбањои манфии онро нишон медод ва њатто як шеър ба васфи Ленину Сталин, њизби коммунист ва сохти Шўравї нагуфта буд, акнун, имрўз ба як шоири ленинситой ва сталингарою тараннумкунандаи сохти сотсиалистї, ба вижа давлати коргару дењќони Шўравї, табдил ёфтааст, зеро вай акнун беадолатњои љамъияти сармоядорї ва демократияи дурўѓини Урупо, ба виж�� Амрикоро бо чашми сар дидаву онро ба љомиаи Шўравї ќиёс намуда, ба чунин хулосаи дуруст омадааст, ки Шўравї боадолаттарин љомиа дар љањон будааст ва инсон мањз дар љомиаи сотсиалистї метавонад саодатманду хушбахт бошад. Аз ин хотир, вай худро шоири советї медонад ва акнун њама љо аз бартарињои љомиаи Шўравї ва сохти сотсиалистї нисбат ба љомиаи сармоядорї сухан мегўяд, сухане ѓайриурфї, аммо самимонаву љавонмардонаву инсондўстона: "Ман шоири советиам, шоири ягон љамъияти дигар нестам. Ман комилан шоири шўравиам… Њар чї гуфтам, њангома кардам ва аз худогоњї шеър гуфтаму аз худшиносї шеър гуфтаму аз замони Шўравї гуфтам… Маро на Эрону на Афѓонистону на Амрико одам кардааст, њамаи моро СССР одам кард, соњиби хона кард, духтур кард ва хўроки бепул дод". 26 "Ман дар Америка фањмидам, ки капитализм чист? Ва бисёр афсўс хўрдам, бисёр дилшикаста шудам дар ѓами Шўравї. Шўравї бењтарин давлати мардуми бечора ва мењнаткаш буд. Табаќаи ман табаќаи камбаѓалон аст ва ман њамеша аз онњо љонибдорї мекунам". 27 "Дар љањон аз системаи сотсиалистї бењтарро надидаам ва вуљуд надорад. Моро дар замони њангомањои демократии амрикої сионистони Москва фиреб дода буданд. Мо сахт фиреб хўрдем. Масалан, Сахаров, Собчак, Солженитсин, Евутушенко њамин озодии баёну озодии сухану демократияро мегуфтанд. Мо дар симову гуфтањои онњо як чизи муќаддасро тасаввур мекардем. Баъд фањмидем, ки онњо сионистњоянд. Сионист, яъне чї? Сионист -иттифоќчии якуми империализм. Ин як ташкилоти љањонии яњудиён аст. Мо фирефтаи њамин њангомањои сионизм шудем ва бењтарин давлати худСССР-ро зери шубња гузоштем, барњам задем, ки ин гуноњи бахшиданї нест!". 28 Албатта, устод бад-ин маънї дар шеърњояш низ изњори назар намудааст, ки ба хониш гирифтани бархе аз онњо дар поёни сухан бесуд нахоњад буд, зеро истиќлолияти имрўзи мо аз њамон озодии асри гузашта, ки баъд аз њазор сол насибамон гардида буд, сарчашма мегирад: Як соат барњам задани капитализм Аз њафт мўъљизаи љањонї мўъљизатар аст. Поянда бод Белшевизм, ки дар њазорон сол Як дафъа миёни ин абўлњавлро шикаст… 29 ХХХ Худо умре агар аз осмонњояш Ба мардум аз бињишти мурдањо мегуфт, Рафиќ Ленин Бињишти зиндањо бинњод. Зињї, њафтод соли сурхи шўрої, Ки мо дар як бињишти зиндањо будем! Тамоман бехабар аз пулпарастї зиндагї кардем. Зињї, њафтод соли сурхи шўрої, Ки мо дар коммунизм зиндагї кардем! ЉАМОЛИДДИН САИДЗОДА


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

Катли афроди саршинос, сарварони давлатњо, сиёсатмадорони варзидаву ходимони шинохтаи давлатї аз љумлаи дањшатафкантарин амалњои террористї ба шумор мераванд. Ваќте дар ИМА президент мавриди њамла ќарор мегирад ва кушта мешавад, ин метавонад ба он маъно бошад, ки њатто дар ин кишвари ќудратманди љањон касе эътимод ба амнияти худ надорад. Хадамоте, ки наметавонад амнияти сарварро њифз кунад, дар њифозати љони миллионњо тан сокини ин ё он кишвар бечора аст. Ва ин гуна террорњо бо гузашти замон дар кишварњои зиёди олам рух додаанд. Њатто мамлакати Шўроњо дар аввалин солњои таъсисаш натавонист љони Ленинро аз марги иљборї нигоњ дорад. Эссерзан Каплин доњиро тир зад ва њарчанд зинда монд, вале тир кушанда омад ва Ленинро тадриљан заъиф кард ва аз олам бибурд. Ба ин монанд рўйдодњо дар Њиндустон, идае аз мамолики Аврупо, Миср, Покистон, Исроил ва ѓайра дар замонњои гуногун рух додаанд. Гуфта мешавад аз соли 1901 ба инљониб, аниќтараш аз замоне, ки 25-умин президенти ИМА Уилям Мак-Кинлї аз тири ба шикамаш расида њолок шуда буд, дањњо тан аз роњбарони кишварњо ва сиёсатмадорони маъруф кушта шуданд. Ахиран сомонаи "Российская газета" бо чопи матлабе љузъиётеро аз кушторњои баландовоза ба риштаи тањлил кашидааст.

Ќатли Франс Фердинанд, вориси тахту тољи Австро-Венгрия 28 июни соли 1914, шањри Сараево. Донишљўи 19-сола Гаврило Принсип дар маконе пайдо шуд, ки, гўё иштибоњан мошин бо эрсгерсорг он љо ворид гардид. Љинояткор филњол аз туфангча истифода кард. Бесуботии сиёсї дар кишварњои Балкан натиљаи сиёсатњои нобихрадона ва таљовузбарангези Австро -Венгрия буд, ки тибќи мантиќи террористони миллигаро ќатли шоњзода бояд ба дарёфти истиќлолияти комили Босния ва Сербистон мусоидат менамуд. Куштори Франс Фердинанд барои Принсип ва шариконаш муљиби дастёбї ба њадаф нашуд, балки сабабгори оѓози љанги аввали љањонї гардид.

Њалокати Александи 1, шоњи Югославия 9 октябри соли 1934, Марсел. Террористи булѓор Владо Черноземский сўи автомобиле тохт, ки дар он шоњи Югославия, вазири умури хориљаи Фаронса Луи Барту, њамчунин дигар соњибмансабон савор буданд. Ќотил тавонист шаш нафарро њамзамон парронад. Тибќи аќидаи пањншуда куштор аз љониби усташњои миллигаро-аъзои созмони шўришчиёни хорватї сурат гирифт, ки хостори људоии Хорватия аз Югославия буданд. Марги шоњ муносибати Югославияро бо чандин кишвари Аврупо, аз љумла Италия, Венгрия, Фаронса, ки эњтимол дошт ба ин сўиќасд шарик буданд, тира кард. Вале кишвар ба њадафе, ки усташњо дунбол мекарданд, баъди 57 сол расид. Љон Кеннедї, президенти ИМА 22 ноябри соли 1963, Даллас. Ли Харви Освалд, љавонмарде, ки дар гузашта сарбози нерўњои бањрї будааст ва он замон дар анбори китобнигањдорї кор мекардааст, президентро аз милтиќе парронд, ки нишонгири оптикї насб карда шуда буд. Он замон Кеннедї дар автомобили рукушод ба Даллас сафари корї анљом медод. Дар арафаи ин куштор ба Кеннедї њушдор дода буданд, ки дар Даллас аз президентии ў чандон розї нестанд ва хуб мешуд, ки аз сафар ба ин минтаќа худдорї кунад. Аммо Освалди боздоштшуда дар роњи интиќолаш аз мањбас ба мањбаси дигар кушта шуд ва сабаби ба ин амал даст заданаш то кунун нокушода монд. Куштори Кеннедї аз пурмуаммотарин куштори асри гузашта мебошад, ки бо гузашти 50 сол њам чун муаммо боќї мемонад. Ноиби президент Линдон Љонсон дар рўзи ќатли Кеннедї дар фурудгоњ ќасам ёд кард.

ЉАЊОН барои мубориза бо људоихоњон сарбозони худро низ эъзом карда буд. 28 нафар ба љурми даст доштан ба ин амали террористї муљозот шуданд. "Бабрњои Тамил" ба роњандозии амалњои террористї дар ќаламрави Њинд идома доданд.

Исњоќ Рабин, сарвазири Исроил 4 ноябри соли 1995, Тел-Авив. Ваќте вай аз гирдињамоии бисёрњазорнафара бармегашт, аз љониби як донишљўи риштаи дин њадафи њамла ќарор гирифт. Донишљў ба сўяш cе маротиба тир андохт, ки билохира сарвазир ба њалокат расид. Худи ќотил дар аввалин даќиќањои боздошт сабаби ба ин амал даст заданашро ошкоро шарњ дод. Вай гуфт, ки бо ин васила мехост Исроилро аз натиљаи сулњи Осло, ки бо та-

Дањ куштори аср

Сиёсатмадорон ва сарони давлатњоро чї гуна террор мекунанд? Анвар Содот, президенти Миср 6 октябри соли 1981, Ќоњира. Њангоми сафороии њарбї дар Ќоњира аз мошини боркаш сарбозон поин шуданд ва ба сўи президент ва атрофиёнаш тирандозї карданд. Содот ва њафт тани дигар аз атрофиёнаш кушта шуданд. Эњтимол меравад фармоишгари ин ќатл "Бародарони мусалмон" буд, њарчанд ин созмон борњо даст доштанаш ба ин кушторро рад кардааст. Њадафи аслї халал расондан ба раванди гуфтушуниди сулњ миёни Миср ва Италия буд, ки Содот ба он кашида шуда буд. Баъдан масъулияти ин кушторро як гурўњи љиної аз Либия ба ўњда гирифт, вале љияни Анвар Содот ба ин ќатл аз ИМА ва Исроил гумонбар шуд. Ќотилон бо ин амал ба њадаф нарасиданд ва кори Содотро басо муваффаќона ноиби ў Њуснї Муборак идома дод. Муборак низ дар љараёни тирпарронї бо Содот њузур дошт, вале бахт ба рўяш хандид, вай сабук аз дасташ љароњат бардошт.

Индира Гандї, Сарвазири Њиндустон 31 октябри соли 1984, Дењлї. Ду тан аз љумлаи муњофизон ваќте сарвазир мехост ба студияи телевизион барои мусоњиба рањсипор гардад, ўро аз автомат ва туфангча парронданд. Он рўзе буд, ки Индира Гандї ба ќароре омад, камзулчаи тирногузарро, ки маъмулан њамеша мепўшид, напўшад. Бар ин назар буд, ки камзулча андоми ўро фарбењ нишон медињад. Куштори Индира Гандиро ба пайдоиши љараёни таассубии динии синкњо дар штати шўришии Панљоб иртибот медињанд. Рўњияи экстремистї баъди њамла ба "Маъбади тиллої" дар шањри Армритсар, ки људоихоњон силоњу муњимоти љангї пинњон карда буданд, боло гирифт. Синкњо ќасам ёд карданд, ки барои тавњин ба муќаддасот ва роњандозии хунрези дар ин макони муќаддас аз њукумат ќасос хоњанд гирифт. Яке аз муњофизони Индира Гандї, ки аз ќабилаи синкњо буд, бо ин гурўњи экстремистї иртибот дошт. Бо вуљуди он ки хадамоти бехатарї сарвазирро аз хатар огоњ карда буд, вале вай њайати посбонони худро дигар накард. Дар сар то сари Њиндустон алайњи ин амали террористї ва аз дўстдории сарвазири мањбуб мардум даст ба эътирозоти оммавї заданд. Панљоб ончунон ба хушунат печид, ки садњо тан аз ањолии мулкї ќурбон шуданд.

Уолф Палме, сарвазири Шветсия 28 феврали соли 1986, Стокњолм. Ваќте зану шавњар Палме аз тамошои филми шабона бармегаштанд, дар маркази Стокњолм шахси ношиносе ду маротиба ба сўи онњо тир андохт, ки бо яке аз он тирњо Палме љароњати

маргбор бардошт. Ба љурми даст доштан дар ин куштор як њунарманди номуваффаќ ва нашъаманд бо номи Кристер Петтерссон боздошт гардид. Аммо баъдан вакилони мудофиа исбот карданд, ки гумон аз Кристер иштибоњ аст ва марде, ки барои ин амал њукми якумра гирифта буд, ба озодї баромад. Љиноят то ба охир ифшо нагардид ва аз ин рў сабаби он низ муайян нест. Аз м��ёни дањњо тахмин иртибот доштани ин амали террористї ба ложаи массонии Италия, хадамоти махсуси СССР, ИМА, Африќои Љанубї, људоихоњони курд бештар љолиби таваљљўњ буд. Шветсия мисли пештара Шветсия боќї монд, њарчанд ин то њадде ба обрўи сиёсии ин кишвари Сканданавї таъсири манфї ба љо гузошт. Вориси сарвазир Ингвар Карлссон кобинаи навро таъсис дод, ки баъдан коршоямтарин њайати њукумат унвон гирифт.

Зиё ул-Њаќ, президенти Покистон 17 августи соли 1988, атрофи шањри Лоњур. Президент дар суќути њавопаймо ба њалокат расид ва њамроњ бо ў 40 нафари дигар низ њалок шуданд. Аммо баъди гузаштаи муддате тањлилгарони амрикої, ки бо даъвати њукумати Покистон љойи њодисаро аз назар гузарониданд ва оњанпорањои њавопайморо ташхис намуданд, ба хулосае омаданд, ки ин як амали тарњрезишуаи террористї буд. Дар шикастапорањои њавопаймо онњо изи моддањои таркандаро ошкор карданд. Аз эњтимол дур нест, ки њангоми парвоз халабонњо аввал бо гази зањрогин аз њуш равонда шуда буданд. Президенти кушташуда як сиёсати консерватиро пеш мебурд, ки на барои њамаи аъзои кобина ќобили ќабул буд. Аз сўи дигар чанд моњ пештар аз ин амали террористї вай чандин соњибмансабонро аз вазифа барканор кард ва фањмониданї мешуд, ки Покистон "як кишвари чандон инкишофёфта нест, ки системаи идории демократї дошта бошад" ва худ сарварии њукуматро ба ўњда гирифт. Покистон баъдан, дар замони сарварони дигар њам чандон рушди иќтисодї надошт, вале тањлилгарон чунин арзёбї кардаанд, ки бо марги Зиё ул-Њаќ дар олам як диктатор кам шуд.

Раљив Гандї, собиќ сарвазири Њиндустон 21 майи соли 1991, дар наздикии шањри Мадраса. Духтари маргталаб бо камарбанди дорои маводи тарканда дар наздикии Радљив Гандї худро инфиљор дод. Ин як чорабинии маъмулии пешазинтихоботї буд ва духтар тибќи анъана назди ў омад, то барояш шаддагул таќдим кунад. Маргталаб (ва бино ба тахминњои дигар ду маргталаб) аз љониби созмони "Бабрњои озодсозии Тамил", ки ваќтњои охир дар Шри-Ланка даст ба фаъолиятњои густарда зада буд, тањрик шудааст. Њиндустон соли 1987 ба мухолифатњои дохилии Шри-Ланка дахолат кард ва

шаббуси Исњоќ Рабин сурат гирифтааст, наљот бахшад. Ин њамон созишноми таърихие буд, ки Рабин ва Ёсир Арафот барои танзими сулњи Ховари Миёна имзо карда буданд. Раванди сулњ миёни Фаластин ва Исроил кунд шуд ва то њоло он натиљаи дилхоњ надодааст. Исњоќ Рабин дар њаќиќат бо њисси масъулият муносибат мекард ва мехост ин муколамањо натиља дошта бошанд. Вай наљоти яњудиёнро дар њамин муколамаи сиёсї ва гузаштњо медид.

Беназир Буњутто, сарвазири Покистон 27 декабри соли 2007, Равалпиндї. Баъди суханронї дар гирдињамої маргталаб ўро аз гардан ва сари синааш љароњатдор кард ва сипас, дар миёни издињом худро низ тарконд. Бар асари ин њамла бештар аз 20 нафар кушта шуданд ва теъдоди аз ин бештар захм бардоштанд. Беназир Буњутто, ки дар гузашта сарвазири Покистон буд, баъди бозгашт аз табъиз дубора бо низоми президенти диктатор Парвез Мушарраф дар набарди сиёсї шуд. Ин амал хашми гурўњњои террористиеро ба бор овард, ки низоми коррупсионии Мушаррафро пуштибонї мекарданд. Мушарраф изњор дошт, ки аз ќатли Беназир мутаассиф аст ва ваъда дод, ки ќотилонашро, ки яќинан толибони покистонї мебошанд, пайдо мекунад ва муљозот менамояд. Аммо моњи августи соли 2013 мањз президенти собиќ муттањам ба ќатли сарвазири пешин шуд. 10 октябри соли 2013 боздошт гардид.

Фирўзи МУЊАММАД


ДАР ЃУРБАТ Фотима аз садои баланди худаш дар бистари хобаш якбора тарсида бедор шуд. Модари азизашро дар хоб мурда дар тобут диду тарсид. Аз бистар бархеста, ба ташноб рафту дасту руяшро бо оби сард шуст ва астаѓфуруллоњ гуён сураи ихлосро хонду зери лаб гуфт: "мегўянд, ки одами зиндаро мурда бинї, умраш дароз мешавад". Њамин ваќт садои соњиби хона Каролина баланд шуду ў давида ба он тараф рафт. - Ња, Фатимка, чї шуд? Садои баландат маро тарсонд. - Њељ хоб дидам модарамро. - Ња, хоб дидан гир, шояд рўзе хобат њаќиќат гардад. Ман њам хоб надорам. Биё, пойњои маро масњ кун… Фотима аслан аз як дењаи дурдасти Тољикистон аст. То 30 - солагї дар колхоз кор кард. Ваќте падараш аз олам гузашт, Фотима аз оламу одам дилмонда шуд. Модараш баъди марги падар барљомонда гардида, ўро таъна мекард, ки њанўзам шавњар накардааст. Њамаи њамсолони ў аллакай шавњар карда, соњиби фарзандон буданд. Аз њамсинфон танњо ў шавњар накарда буд. Аввалњо Фотима ба ин чизњо ањамият намедод. Аммо баъдтар парешонхотир гардида, пинњонї гиря мекард. Хоњараш њам ба ќад расида буду касе барои хостгорї аз дари хонаашон намедаромад. Фотима ба таќдир тан дода мехост, ки аќќалан хоњарашро ба ягон одами хуб ба шавњар бидињанд. Фотима зоњиран шабењи мардњо буд. Дар мактаб писарњо ўро масхара карда мегуфтанд, ки мисли мардак аст. Фотима аз ин суханон руњафтода шуда, дар синфи њаштум аз падар хоњиш кард, ки ўро аз мактаб бигираду дар колхоз бурда ба кор монад. Њамин тавр, ў аз синфи њаштум баромаду колхозчї шуд. Бо пули мехнати њалолаш зиндагии хонаводаашонро ба пеш мебурд. Пинњонї аз њама ба писари њамсоя ошиќи зор гашта буд. Аммо чашмони писари њамсоя ўро намедиданд. Писари њамсоя ба духтари шањрие ошиќ шуду ўро ба занї гирифт. Рўзи тўйи писари њамсоя Фотима девонавор дар кунљи хона гириста буд. То имрўз ин розашро касе намедонад. Њанўзам ошиќи писари њамсоя аст. Барои зудбовариаш дар дења ба номи ў лаќабе илова карда буданд: Фотимаи Гулак. Фотима баъди фавти падар бемор шуда, њар хел гапњо мегуфт. Духтури занонае гуфт, ки "хоњарам, ту бояд аз руйи усули тиббї ба шавњар барої, вагарна ба бемории зиёде мепечї" Аммо дар дења њатто муйсафеде њам пайдо намешуд, ки уро ба занї бигирад. Аммо як дугонааш ба муњољирати корї ба Русия рафту баъди як сол ба шавњар баромада, аз он љо омад. Ин дугонааш ба модари Фотима гуфт, ки "њама бачањои тољик дар Русия, инљо шў намеёбї, бењтараш Фотимаро ба Русия фиристед, он љо шў пур". Ин суханони дугонааш Фотимаро њам ба фикр андохту хоњиши Русия рафтанро дар дил пайдо кард. Аз дугонааш хоњиш кард, ки барои ба Русия сафар карданаш кўмак намояд. Дугонааш ба дўстонаш занг зада илтимос кард, ки Фотимаро аз фурудгоњи њавої гирифта ба хонаи иљора баранд. Фотима гову гўсолаи ягонаи хонаашонро фурўхта, аз модар дуо гирифта, роњи Русияро пеш гирифт… Фотимаро як дўсти дугонааш дар фурудгоњ пешвоз гирифта, ба хонаи иљорааш овард. Фотима дар як њуљра 7 нафар занњои муњољирро дида, дар њайрат фитод, ки дар ин ќадар љойи танг онњо чї тавр хоб мераванд. Боз 3000 - рублї њаќќи иљора медоданд. Фотима бо занњо шинос шуда дар бораи муњољирати кориашон пурсон шуд. Яке, ки худро Раъно муаррифї карда буд, гуфт, ки барояш кор меёбад. Акнун бо њамроњии дигар занњо ба бозорњои шањри Свердловск рафта, ќуттињои меваро аз њам људо карда, кам-кам њаќќи мењнаташро мегирифт. Аммо бо ин ќадар пули кам кор кардан хеле душвор буд дар Русия. Фотима, ки забони русиро каму беш медонист, њафтаномаи эълони бепулро аз метро љамъ карда оварда, ба кофтукоби кор пардохт. Ќариб ба 50 корхона рафт, аммо бо сабаби надоштани њуљљати иљозати кор ўро ба ин корхонањо ба кор намегирифтанд. Тасодуфан ба раќами телефони эълони љойи коре занг зада, нишониро гуфта, ба он љо даъваташ карданд. Кор аз нигоњубини як пиразани 64 - сола ва се навбат хўрок пухтан

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

11

Аз силсилаи "Агар зан муњољир бошад"

Канизак Фотима

барои ањли оилаи онњо иборат буд. Њавлии ин пиразан он ќадар пуршукуњ буд, ки Фотима баробари дидани ин ќаср аз њайрат чашмонашро аз тамошои он канда наметавонист. Каролина ўро дидан замон маъќул карду гуфт, ки њар моњ 20 - њазоррублї маошаш медињад. Фотима ба хонаи иљорааш баргашта шиносномаву либосњояшро гирифту хатто бо занњои њамроњаш хайрухуш накарда баромада ба хонаи Каролина омад. Каролина аслан ба сиганњои сарватманд таалуќ дошту соњиби се писар буд. Писаронаш чунон фарбењ буданд, ки баробари диданашон дили Фотимаро ларза фаро гирифт. Каролина сараввал шиносномаи ўро пурсон шуду онро аз дасташ гирифт. Наберањои Каролина тахминан 17 нафар буданд. Он ќадар сарвате доштанд, ки ба гумони Фотима барои хўронидани ними мардуми тољик кофї буд. Фотима барои онњо монда шуда, њар рўз се бор хўрокњои болаззат мепухт. Боз ба замми ин Каролинаро оббозї медоронд. Рўзи саввуми оббозї Каролина бешармона ба ў дарафтод. Фотима, ки дар њаёташ њатто бо марде дастї салом накарда буд, њайрон шуда, рангу рўяш сапсапед канд. Каролина ин њолати ўро дида фањмид, ки ин духтарак бокира асту аз "сиру савдои дунё" бехабар аст. Барои њамин ўро сар дод. Фотима баъди ин рафтор азми рафтан кард. Аммо Каролина ба рўяш шаппотие фароварда гуфт, ки акнун ў ѓуломи онњост. Фотима фањмид, ки ба доми мафияи сиганњо фитодааст. Баъдтар чашмаш ба 15 марду зани синну солашон гуногуни ўзбеку молдаван фитод, ки ѓуломи ин сиганњо буданд.

«

Онњоро низ бо фиреб ба кор даъват карда, сипас хуб таги шаттаву шаллоќ гирифта, дар тањхона нигоњ медоштанд. 6 нафар маъюб буданд. Боре Фотима аз яке пурсид, ки онњоро њар субњ ба мошин бор карда, ба куљо мебаранд. Зани молдаван бо ашки шашќатор посух дод, ки ба гадої. - Ман њам мисли ту ба муњољират омада будам. Ба воситаи эълон ба ин љо омадаму ин бародарон ба номусам таљовуз карда, сипас як поямро маљбурї маъюб карда, чигас доданд ва њар субњ моро ба метроњо бурда, маљбур менамоянд, ки гадої кунем. Медонї ки ин ќадар сарвату давлаташон аз њисоби мо аст. Охир њар рўз то 70 њазор рубли русї љамъ карда меорем... Ин суханони зан Фотимаро аз худ бехуд кард. Бо Каролина муносибати хуб мекард, то ўро њам ба гадої нафиристанд. Фотимаи Гулак ба Фотимаи Канизак табдил ёфт. Каролина як дугонаи аљибе дошт. Мисли мардњо либос мепўшид. Њар ваќте ин дугонааш омаданї шавад, Каролина аз хурсандї худро ороставу пероста карда, ба хидматгорон фармон медод, ки хўрокхои бењтаринро омода кунанд. Боре дар ин суњбатњои мањрамона Каролина Фотимаро љеѓ зада овард. Фотима норозї њам бошад, њамроњи онњо якљоя ба њаммом даромад. Ва бо чашмонаш дид, ки ин зан на зан асту на мард. Боре дар дења овоза шуда буд, ки Назрии њамсояашон на нар на мода аст. Он ваќтњо Фотима мактабхон буду ба ин суханон сарфањм намерафт. Акнун дид, ки чунин њам мешудааст. Ин зан аз рўзи таввалуд бо њамин айб тавлид ёфта буд. Аммо хеле одами нек буд. Ба Каролина гуфт, ки ба Фотима даѓалї накунад. Фотима баъди дидани чунин одами ѓароиб як њафта

Боре дар ин суњбатњои мањрамона Каролина Фотимаро љеѓ зада овард. Фотима норозї њам бошад, њамроњи онњо якљоя ба њаммом даромад. Ва бо чашмонаш дид, ки ин зан на зан асту на мард. Боре дар дења овоза шуда буд, ки Назрии њамсояашон на нар на мода аст. Он ваќтњо Фотима мактабхон буду ба ин суханон сарфањм намерафт. Акнун дид, ки чунин њам мешудааст. Ин зан аз рўзи таввалуд бо њамин айб тавлид ёфта буд.

«

ба худ наомад. Каролина барои ў табиби шиносашро даъват кард. Табиб ба ў њаббњои гуногун навишт. Аммо Фотима бехабар буд, ки Каролинаи маккор ба ў њаббњои хусусияти шањвониро баланд мекардагї медињад. Акнун Фотима баъди истеъмоли ин гуна доруњои шайтонї дигар ба Каролина муќобилият нишон намедод… Фотима бо умеди аз ин љо фирор кардан мезист. Рўзе боз ќурбонии навбати љойи корэълони бардуруѓи онњо украиндухтаре омаду Фотима дилаш ба ин духтараки хеле љавон сўхта суяш чашмакї кард, ки зуд гурехта равад. Аммо ин рафтори ўро писари калонии Каролина мушоњида карда, аз муйњояш дошту ўро ба тањхона бурд. Акнун љойи Фотима њам тањхона гардид. Ба њар њол барояш ин љо аз дидори нафратангези Каролина дида бењтар буд. Ўро њам субњ њамроњи ин ѓуломони маљбурї ба метро бурда мемонданд. Фотимаро он чунон рангу бор карда меоварданд, ки касе гумон намекард, ки ў тољик аст. Симои зоњирии ўро шабењи сиганњо оро медоданд. Боре Фотима тољикрео диду давида наздаш рафт ва бо лањни тољикї пурсид, ки "аз Тољикистонї?". Аммо њамин сония муњофизони Каролина, ки онњоро дар бинои метро нигањбонї мекарданд, давида омада, аз гиребонаш гирифта, аз метро бароварданд. Он шаб ўро хеле азоб доданд. Баъди се рўз Каролина ўро ба наздаш љеѓ зада тањдид кард, ки дигар ба гадої намеравад, фаќат њољатхона мешўяд. Акнун барои њамљинсбозї ин зани фосид духтараки 19 - солаи украиниро истифода мебурд. Духтарак бо Фотима зуд унс гирифта гуфт, ки бояд онњо ягон наќша кашида, аз ин љо гурехта раванд. Шабе ин духтарак Фотимаро назди хонаи хоби Каролина ќаровул монда, худ нотбуки писари калонии ўро рабуд. Ва ба консулгарии Украина дар Самара нома навишт. Баъди як њафта кормандони полис шабона ба хонаи Каролина омаданд. Аз тањхона ѓуломонро бароварда, шиносномањояшонро баргардонданд. Фотима њам шиносномаашро гирифта, ба хонаи иљорааш баргашт. Ба њамхонањояш дар бораи рўзњои дар ѓуломї гузаронидааш чизе наќл накарду хомушона аз паси корёбї дар маркази шањр шуд. Моње дар бозор мардикорї карда, ба ватан баргашт...

Шањлои НАЉМИДДИН


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

БО ШОИР

Фарзона (Иноят Њољиева) ниёз ба муаррифї надорад. Эљодиёташ шиносномаи ў гардидааст. Ин бонуи шеъри тољик 3-юми ноябр, њамагї чанд рўз пеш зодрўз дошт. Мавлуди ифтихори миллат ба шумо њам муборак бод, хонандаи арљманд!

Як шакарханда бомдод фирист, Ба тилисмоти мо кушод фирист. Сура - сура саодат эњдо кун. Оя - оя хату савод фирист. Ќосидеро агар фиристонї, Њурмузоину ринду род фирист. Бо шафаќ, бо сапедаву сабза Хешу њамхуну њамнаљод фирист. Дар миёни ману бањори навин Тозапаймони иттињод фирист. Дар куљо, таќ - таќи фузун зи куљо, Ба муридони худ мурод фирист. Эй фиристандаи ягонатарин, Бар дилам ишќи умрбод фирист. **** Нури ту бар љањони ман мерасаду намерасад, Бар њарами нињони ман мерасаду намерасад. Нолаи гармљўши дил, валвалаи хамўши дил То ту, ай осмони ман, мерасаду намерасад. Сўзи туву маќоми ту, пайки туву саломи ту Бар найи устухони ман мерасаду намерасад. Дил чу гулест барг - барг дар дами љолаву тагарг, Исии мењрубони ман мерасаду намерасад. Ќуфл задаст гўши ман, дар бизан, эй сурўши ман, Таќ - таќи ту ба љони ман мерасаду намерасад. Шеър чу вањйнома аст, аз нафасаш шамома аст, Ќосиди ростони ман мерасаду намерасад. Мерасаду намерасад номаи ман ба номи ту, Номаи бебаёни ман мерасаду намерасад. **** Тариќи зистани бехато намедонам, Чунин тариќати зебо чаро намедонам. Барои тозагии худ далел мељўям, Куљост он санади бебањо, намедонам. Чаро ќадам ба ќадам кўдакона меафтам, Љањонпаноњии он мутакко намедонам. Маро зи ишќ напурседу захмаам назанед, Ман он саодати ноошно намедонам. Ба љуз љавонии маъсуму субњу шоми бадеъ, Дигар чї монд маро дар ќафо, намедонам. Надонам, эй туйи ѓойиб, куљоииву киї, Чунон ки худ кияму аз куљо, намедонам. Гуноњи сахттаринам њамин, ки эй Якто, Туро, чунон ки туї, њолиё, намедонам. **** Чаман андар чаман гўям муборакбодии гулњо, Ки барпо мешавад имшаб шаби эљодии гулњо. Њуруфе дорам, аммо андалебон сахт меранљанд Зи бемаљнунии гулгашту бефарњодии гулњо. Манам њамшањрии лола, манам њамрустои ёс, Пас аз сад ќарн њам шояд чамам дар водии гулњо. Дило, садбарги асрори туро ман нашр хоњам кард Њамин њоло, ки фурсат њаст то барбодии гулњо. Ба зењозењи ту сад хирмани гулро барафшонам, Бизї, бо ханда зї, фархунда зї бар шодии гулњо. **** Дар ин бањортарин лањзањо љавонї кун, Бурун зи њошияи ишќ гулшинонї кун. Дили саломати ту аз тапиш мураххас нест, Сипоси љоизаи ёри осмонї кун. Аз ин њаёти дароз, эй ду аср ѓам хўрда, Ту ними сонияро сарфи шодмонї кун. Бизї, муниртарин ифтитоњњоеро Ба эњтироми њамон як сири нињонї кун. Њазор нома ба номи ту бозмегардад, Њазор нома ба унвони як нишонї кун. Бимон, ки бар башарият шариат омўзї, Њар ибтикор, ки, ай ишќ, метавонї, кун. Дило, ба њурмати ин лањзањои наѓзи наѓз Ту њам љавона бибанду ту њам љавонї кун. **** На дил ба фикри ман асту на ман ба ёди ваям, Дигар зи ишќ намесўзад устухони наям. Ба хасм гў, ки мани рафта боз меоям, Њазорбора, ки љорўб мезанї зи паям. Чу ишќ рафт, шањодат кї медињад дигар, Ба ин њаќиќати ботил, ки ман њанўз њаям. Њазор сол бихонї фаќат муќаддимаам, Ба як нигањ накунад чашми фотењи ту таям. Ханўз лолаякам монда зери пуштаи барф, Агарчи дар назарат бењаёттар зи даям. **** Ман омадам, ки гўям: Ишќ аст миллати ман, Ишќ аст миллати ман, аслу љибиллати ман. Чун номи ман ба номат дар осмон раќам шуд, Бо туст сабз дар сабз милоду рењлати ман. Эй зишт бо ту зебо, эй дина бо ту фардо, Танњо ту метавонї ислоњи иллати ман. Дар ин дайи равонї, бе вањйи хаткашоне Чун аст њолати ту, чун аст њолати ман. Чун ишќи Эзид омад, сад ишќи зид фурў рафт, Иззат шуду шараф шуд хориву зиллати ман. Танњо ту мебарої аз ўњда кардани мо, Бар худ намой охир, бар худ њаволати ман. Эй ишќ, кўњнагиям чун бо навият омехт, То растухез кардї тамдиди мўњлати ман.

**** Субњи меърољи шабнам аст, биё, Зиндагї як њамин дам аст, биё… Омад аз осмону вопас рафт, Шабнам-Исии Марям аст, биё. Тундбоде љанозаи гул бурд, Дар чаманхона мотам аст, биё… Лутф кун, эй абири лоњутї, Ба димоѓе, ки мањкам аст, биё. Аз ту ёќути сурх бистонам, Ки дар он исми аъзам аст, биё. Хурданї нест, диданист бињишт, Ваќти ислоњи Одам аст, биё. Вом гир аз тулуъи оина, Ки ба нурат мусаллам аст, биё. Ту наё, варна сад мањал ої, Боз гўям, ки ин кам аст, биё… Ба мани ташна аз њузури ѓайр Эй ки ѓайби ту мањрам аст, БИЁ **** Биё ба ваќти тулўи шукуфањои сафед, Ту эй савори саманди тилоии хуршед. Биё, ки омаданат рањхате ба зистан аст, Барои ин дили бисмил, ки аз љањон бибурид. Биёву бар њунарам, бин, ки бозгу бикунам, Њар он чиро , ки нагуфтиву гўши ман бишунид… **** Бикун уручи барафрўз шамъи анљумро, Ба рўи шаб, ки бувад гури офтоби шањид. Кунун, ки ханљари Бањром хун бирафшонад, Шикаста чангу буридааст панљаи Ноњид. Биё ба мањфили ин пошхурдагони ѓариб,

ФАРЗОНА **** Азизи дур, ба номат кабўтарона дуруд, Зи боми нуќравари субњ сад тарона дуруд. Чу шањсавораи таќвими тундтоз шудам, Ба дурдасти паровар, ба бекарона дуруд. Ба баргу гул, ба чаман, бар рухи афифи бањор Зи номи шабнами дил дона- дона - дона дуруд. Ба њар касе, ки зи ќайди дирам рањої љуст, Ба офтоб - ба ганљури сад хизона дуруд. Намебарад сўи ту нардбони аслу маљоз, Зи тањтхона ба тоќи нўњошёна дуруд. Њазор ќофила падруд њам, ки бифристї, Њазор ќофила бар номат, эй ягона, дуруд. Ба исми аъзами ту, эй муњаббати сармад, Аз ин гузаштаву оянда љовидона дуруд. **** Бар наљоти ман садоятро фирист, Љазбаи одамрабоятро фирист. Рањ кушо бар гумрањони бечароѓ, Кавкаби фардонамоятро фирист. Љўйборам, ба таяммум карданам, Марњамат кун, гарди поятро фирист. Эй нигоњат номаи тамдиди субњ, Номањоят, номањоятро фирист. Даљлаам, берун зи соњил медамам, Бањри таскинам ќабоятро фирист. Маѓфират кун ин гунањтаркибро, Рањмати бемунтањоятро фирист. Ишќ гуфтам дар лаљанзори касиф, Ёр, ишќи кибриёятро фирист. Гарчи бе посух нишини дар фалак, Чуни чуни ман, чароятро фирист. **** Омўз, асри бисту як, фарњанги бо њам зистан, То њол натавонистааст одам чу одам зистан. Инак, Сиёвушони нав берун зи оташ номаданд, Дар ин љањони рўсабї натвон чу Марям зистан. Бигзаштам аз умри абад, узрам нењ, эй ёри самад, Боре љавонмардї бикун, бигзор як дам зистан. Аз дурдасти кибриё он ёр фармояд маро Бо лўъбатони бешарар дар ин љањаннам зистан. Хуршедро табрик кун бо чашни милёнсолагї, Бахт аст, эй яктотарин, бо ту дар олам зистан. Дар ибтидо будам зулол, охир чаро гаштам залил, Мехостам, мехостам зебо чу шабнам зистан. Шояд баќои як нафас бењ бошад аз умри абас, Њаргиз надорад моњият бисёр ё кам зистан. Фардо насиби мову ту андўњи танњо мурдан аст, Њоло биёб, эй њамзамин, шодии бо њам зистан.

Ки дар паёми ту хонам хамосаи тавњид. Бимон, ки дар лаби ман њам бимонад ояти ишќ, Бизи, ки дар дили ман њам зияд фурўѓи умед. Зи роњи љон бирасидї, чи марњамат кардї, Ба љон, ки љони ту нозам, азизи тозанавид. Биё ба боѓи дилам мужда дењ чу њудњуди бод, Биё ба ваќти тулўи шукуфањои сафед **** Дар рўи пуштањои љигартоби ѓарќи хоб, Хуршед кокулони зарафшони хешро, Оњиста баркушода парешон намудааст. Аз пушти пардањои њарири сапеди субњ, Рўзи наве љамоли муборак кушудааст. Бо дардњои кўњнаву бо орзуи нав, Бо чашми роњбуридаву бо ќалби гумрање, Ман боз пушти шиша нишеман гузидаам. Дар кўча хуни сабзи бањорон дамад, вале, Ман фориѓ аз дамиданаму орамидаам. Эй рўзи нав, ки чењраи худ боз кардаї, Узрам бинењ ки менигарам бар љамоли ту, Бегонавор аз паси оинањои сард. Хуршедро салом дињад гунањои зард. То кай канора љўям аз оѓўши гарми ту Бетоб нестам. Бетоб нестам. Осудањол дар панањи хоб нестам. Аммо чун офтоби хазондида коњилам, Нуре гузар намекунад аз равзани дилам. Њайфо, ки сардљонам, аё рўзи гармхун, Њайфо, ки нављавонаму аз ишќ ѓофилам. Садои ишќ! Давоми рањам чароѓон кун, Маро фаришта кун, оре, маро њам инсон кун. Биё ба чашми ѓизолам набераи Маљнун, Маро ба бар кашу хушбахт чун биёбон кун. Куљо равам, ки рањо ёбам аз љањолати хасм, Маро бигиру ба сандуќи сина пинњон кун. Чу шабнамона ба рўи кафи ту меларзам, Чу ман њаќиќати шаффофи хеш урён кун. Шумораи тилифуни маро зи борон пурс, Зи пушти панљараи сабзи ёд тилфон кун. Агар ба дидани ман ої, эй масењонафас, Њазор сузани хуршед дар гиребон кун, Ту бењ зи ман бишиносї тариќати рафтан, Салоњи туст, њар он чи ту хости, он кун. **** Ин кист, ин нишаста дар чиллахонаи дил Дар чиллахонаи дил њаст он ягонаи дил Кай тан дињад ба мурдан, бар зиллати фусурдан Зеро туйї, туйї, ту узру бањонаи дил Бо номи њазрати Њаќ, эй ишќ, аз њамин дам Дил - ноздонаи ту, ту - ноздонаи дил Њамњаљми шабнаме шуд љуѓрофиёи фикрам Хуршеди ман, бифармо бар бекаронаи дил Номи маро навиштї аз њошия бурунтар Номи туро навиштам ман дар миёнаи дил Бо гардхези айём, бо тундтози даврон Монад ва ё намонад чамъи таронаи дил


БЕЌАДРИИ ОДАМ Ќиссаи муборизаи беамони сардори ШВКД - и ноњияи Њисор - Валиљон Табаров, прокурори ноњияи Њисор Абдуљаббор Шамсов, муовини прокурори Њисор Анвар Шулашов, прокурори ноњияи Шањринав Рањмоналї Эмомов, муовини прокурори Шањринав - Эмом Муродов, раиси Суди ноњияи Шањринав -Муњаббат Саидова бо арўс Савриниссо Турсунзода, ки духтари бокира монданаш баъди 37 рўзи арўсї, дарди сари мансабдорон шуда, моњияту сатњи нињодњои њукумати ин минтаќаро рўи об баровард... "Њич сирре пўшида боќї нахоњад монд". (Аввалаш дар шумораи гузашта)

" Табобати домод" Мулло, ки шахси бомаърифату рўзгордида буд, аз тањти кор бохабар шуд ва минбаъд дуохонии хешро дар ин љода бесамару бефоида дониста, моро ба њоли худ вогузошт. Кадом падару модар хушбахтию фирўзии фарзандони худро намехоњад? Барои њамин падару модар ба Љамшед маслињат доданд, ки хешро муолиља кунад. Аз афташ падару модари ў акнун дарёфтанд, ки писарашон мариз аст ва бояд табобат бигирад. Ў як муддат ба муолиљаи тиббї рў овард. Аммо муолиљаю табобат натиљае набахшид. Илова бар ин, њар рўзро бо тарсу њарос, биму дањшат мегузаронидам, махсусан фарорасии шаб ба домани орзую њавасњои рангоранги љавониям чормаѓзи пуч мерехт... Шањи таърифии хостгорњои нољавонмард гули висолро аз домани арўси ташнаи ишќу муњаббат њамеша бо латукўб ва хархаша љамъоварї мекард. Баъди ин латукўб ман ба нуќтаи номаълуме дуру дароз нигариста, айёми кўдакї, љавонии худро ба хотир меовардаму зор - зор мегиристам. Худоё, наход офаридгор таќдири маро њамин тавр талху сарнавиштамро шўр нигошта? Наход волидонам њамин гуна бистари сангини њамсарї ва њаёти мустаќилонаро бароям раво донистанд? На, эшон њам мисли ман ќурбони суханњои чун шакар ширини хостгорњо ва њамон хеши падарам шуда, аз куљо огањ буданд, ки домод чунин "сиру асроре" доштааст? Тарбияи хуби падару модари азизам маро имкон намедод, ки ин "сиру асрор" и шањро ба ягон шахси дигар њикоя намоям. Зеро кору њоли њар як оила набояд аз остонаи дар берун ояд.

"Арўсталбон" Халќи тољик анъанаи хубе дорад; "Арўсталбон". Баъди бист рўз, ё як моњи тўйи арўсї волидон арўсу домодро ба хонаи худ даъват мекунанд. Ману шавњар, хусуру хушдоманамро волидонам рўзи 12 январ ба хона даъват намуда, обу зиёфат доданд. Дар њавлии мо ягон гапи пасту баланд нисбати Љамшед набуд, њамаи мо боварї доштем, ки ин рўзњои шуму нањси мољарои оилавї байни ману шавњарам мисли хобу хаёл гузашта мераванд. Ва Љамшед билохира шифо меёбад. Байти шоира Зебуниссо: "Навмед набояд шудан аз гардиши айём, њар шом, ки ояд зи паи он сањаре њаст" - ро сармашќи кори худ донистам. Ман фикр мекардам, ки домод аллакай "алови чашм"-и арўсро гирифт, боз чї мехоњад? Нашавад, ки ин љангу љанљол як умр давом ёбад. Бояд њамааш хуб шуда равад. Орзу доштам, ки зиндагии мо наѓз хоњад шуд, тавре ки миёни арўсу домод ягон ваќт њарфи зиёдатие нагузашта бошад. Шавњарам табобат меёбаду зиндагиамонро аз сањифаи тоза оѓоз менамоем... Баъди зиёфату мењмондорї, рўзи дигар боз хушу хурсандона волидонам маро бо хусуру хушдоман ба хонаи шавњарам гусел карданд.

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

13

"Он чї ба сари ман омад, набояд бар сари дигар духтарони тољик биёяд. Арўсии сангини маро набояд, њич духтари Тољикистон бинад, њатто духтарони њамин прокурорњо. Барои њамин бо умеди бахшиши падару модари азиз ва акањои мењрубонам, њар чї ба сарам омад, як - як наќл мекунам. Бигузор њама донанд, ки мансабдорони беинсоф нисбати як духтари тољик чї кор мекунанд...". Савриниссо Турсунзода Тўњмат Баробари баргаштан ба хонаи шавњар боз њамон дегу боз њамон кафгири кўњна! Зарбу лату дашному ситеза... Гўё дар ин хонадон ба љуз зарбу лат чизи дигареро ба домод аслан наомўхтаанд. Дар ягон китоб нахондаам, ки зан барои мард њамчун хўса бояд хизмат кунад. Аммо арўси нозанини љавон дар назди шавњарам Љамшед њамчун "груша" (истилоњи варзишгарони муштзан) хизмат мекард. Ман зиндагониамон вайрон нашавад "сари кафида - зери тоќї" гуфта, оиди лату кўби шавњар ба волидонам, хусуру хушдоман ва аъзоёни оилаи онњо њарфе ба забон намеовардам. Охири моњи январ лату кўби шавњар ба тўњмат печид: " Ту нодухтар будаї, бокира нестї!" Наузанбиллањ! Наход? О домод агар аз ўњдаи кор набарояд, айби духтари бечора дар чист? Дуруст мегуфтаанд, ки овози ... Дигар одам бошад ба љои ў чунон мегашт, ки мисли бирешим мулоиму нафис... Тўњмати ногањонї ва беасоси домоди ноўњдабаро, рости гап, маро тамоман ошуфта кард. Замоне, ки маро волидонам ба Душанбе, барои тањсил равон мекарданд, њамеша гаштаю баргашта таъкид доштанд, ки сари баланди эшонро дар дења миёни

Саргузашти арўси њисорї дўсту душман паст накунам, тањсилро нахуст ба итмом расонаму баъд бо обрўю эътибор ба шавњар бароям. Бо њазор умеду орзу фарзанд ба воя расондаанд... Худованди бузург шоњид, ки ман дар шањр аз хати кашидаи волидонам берун по нагузоштаам, фаќат аз паи омўхтани илму дониш ранљ мебурдам. Ба њар як шабнишинию маъракањои дугонањо ё наздикони худ иштирок намекардам, ваќтњои холиамро њамеша дар китобхонаи Фирдавсї ё дар дења, назди падару модар сипарї мекардам. Агар гўям, ки дугонаи наздик њам надоштам, хато нахоњад шуд, зеро дар тамоми муддати тањсил дугонаи аз њама наздикам китобу омўзиш буд. Тањсилро ба итмом расонида, ба дења баргаштам ва сари баланди волидонамро хам накардам... Аммо ин тўњмати ногањонї ба њиљ як дару деворе намечаспид. Бисёрї аз љинси латиф тањаммули ин гуна тўњматњои бадѓаразона ва њавоиро надошта, хешро ба коми марг њавола мекунанд... Нахуст ин фикру хаёлњо, табиист, ки ба сари ман

«

њам даррасид, вале бо нишони фаросат ва дарки њаќиќат эњсос намудам: ин роњи халосї аз тўњмати беасос ва нољавонмардона шуда наметавонад. Бубояд, ба ќавли шайх Саъдї "бо гул - гулу бо хор - њамчун хор муносибат намуд!" Ва њамзамон дар хонаводаи шавњар шиканља, дашному нафрин ба маротиб боло шуд. Дигар гесўи бо њазор ормону њавасњо бофтаам воситае, ноќиле мешуд, ки шавњарам бо он гулўямро буѓї мекард. Бо вуљуди љавонї ва камтаљрибагиам зуд дарёфтам, ки агар њаёти инсон бо ѓаму андўњ ва љабру ситам оѓоз гардад, њатто як даќиќа ба як сол мубаддал мешудааст. Ва баръакс умри одам хушу гуворо сипарї шавад, соли дароз ба як нафас бармегаштааст. Аз таъсири зарбу лат ва носазогўињо пайваста сарам чун осиёби гардон чарх мегашт ва дилам аз одаму олам монда ба тадриљ сард. Даќиќањое фикри нобуд кардани ин љисми хору зор ба сарам пайдо мешуд, вале падару модари дилреши худро пеши чашм оварда, аз раъйам мегаштам. Намехостам ѓаму

Нони мехўрдаам дар ин хонадон бароям зањр шуд. Њар рўзу шаб шавњар маро зери мушту лагад мегирифт ва аз нолаю фиѓони ман, албатта, хусуру хушдоманам хуб огањї доштанд, зеро њуљраи мо якљоя - дарун ба дарун буд. Њељ яки онњо омада, маро аз зулму шиканљаи шавњарам халос намекард...

«

андўњи эшонро дањчанд гаронтар созам. Чї бояд кард? Аз зарбу лати шавњар дида, тўњмати нољавонмардонаи ў ба љароњати дилам бештар намак мепошид. Наѓз фањмидам, ки пиёлаи шикастаро дигар њич наметавон ширеш кард. Ва хонае, ки пойдевораш бебаќост, он дер ё зуд сарнагун хоњад шуд. Нони мехўрдаам дар ин хонадон бароям зањр шуд. Њар рўзу шаб шавњар маро зери мушту лагад мегирифт ва аз нолаю фиѓони ман, албатта, хусуру хушдоманам хуб огањї доштанд, зеро њуљраи мо якљоя - дарун ба дарун буд. Њељ яки онњо омада, маро аз зулму шиканљаи шавњарам халос намекард... Шаби 28, 29, 30 январ бошад шавњарам маро аз пештара њам бештар зери мушту лагад гирифт. Зарбањои ў чун жолаи бањорї ба сару рўйи ман меборид. Аз байн чї ќадар ваќт сипарї гашт, дар ёд надорам, зеро аз њуш рафтам... Дигар дар ин хонадон сабру тањаммул ягон маъние надошт. Зеро падару модари шавњар низ муносибаташонро ба ман хеле бад карда њамеша дар паи озори ман буданд. Эшон њам нархи сабзию пиёзро напурсида, дар сарам чормаѓз мешикастанд. "Чї хел Њољї ба мо нодухтари худро келин овардааст? Њайфи 5000 доллари сарфкардаи мо... " - гўён бо шўру маѓал рўзи равшанро ба сарам тамоман тор карданд... (давомаш дар шумораи оянда)


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

(Аввалаш дар шумораи гузашта) Баъд набояд фаромўш кунем, ки бархўрдњои лафзиву љисмонии ду миллат бештар айнан дар ин гуна гузаргоњњо ва ё сарњадњои ду давлат рух медињанд. Агар чунин масъала њал гардад, он гоњ худ аз худ боз як нуктаи эњтимолии доѓ бардошта мешавад ва баръакс он ба маркази савдои барои тарафайн муфид табдил меёбад. Агар њалли ин масъала дар салоњияти њукуматњои мањаллї мебуд, шояд масъала кайњо њал мешуд, чунки дар сатњи мањал проблемаро њал кардан осонтар аст. Дар он минтаќањое, ки тољикону ќирѓизон дар њамсоягї зиндагї доранд, низоъ танњо дар њамон замон пайдо мешавад, ки дар кадом кунљи дигари минтаќањои сарњадї ягон кашмакаши ќавмї бархезад ва овозањои бардурўѓ ва воњимадор ба ин мањаллаи орому осоишта мерасад ва мардумро ноором месозад. Вагарна чизе барои талош миёни ин ду миллати њамсоя нест. Ин чизро мо дар дењаи Кўк - Тоше, ки бо дењаи Сомониёни љамоати Чоркўњ њамсарњад аст, дидем. Аслан, ин мањалњоро њамсарњад гуфтан њам хатост, зеро њеч имкони сарњади тољику ќирѓизро људо кардан нест. Ин мањаллро ќирѓизњо Кук - Тош мегўянд. Мо онро Сомониёни ном нињодаем. Ин љо кўчае њаст, ном надорад. Дар як љониби ин кўчаи беном тољикон зиндагї мекунанд, дар љониби дигар ќирѓизњо. Танњо фарќ дар он аст, ки дар дарвозањои тољикон раќами њавлї асту њавлињои ќирѓизњо бе раќаму бе ном. Дар аввали кўча аз љониби ќирѓизњо маѓозае њаст, ки соњиби он Мадмўсо ном ќирѓиз аст. Ў мегўяд, ки харидорони ў њам ќирѓизу њам тољиканд. Рўбарўи ин маѓоза масљиди панљваќтаи

ШИНОХТИ ОШНО

ЧОРКЎЊ - ДЕЊАИ ТЕРРОРИСТОН Ё ПАРЊЕЗГОРОН? Мардуми Тољикистон чоркуњиёнро намешиносанд ва дар асл миёни тољикону ќирѓизњо мухолифат вуљуд надорад ќирѓизњо њаст, ки тољикони наздики он барои ибодат ба ин љо меоянд. Дар тарафи ќибла боз кўчаи дигари беном њаст. Дар ин љо низ дар як сў тољикон дар тарафи муќобил ќирѓизњо зиндагї доранд. Акнун суоле матрањ аст, ки агар рўзе сарњаде бигузарад, чї тавр он сурат мегирад? Мешавад, ки аз миёни кўча симхор кашид? На, њеч гоњ. Зеро агар чунин шавад, роњи мошингард худ аз худ барњам мехўрад ва ягон тољик ё ќирѓиз бо мошин наметавонад ба њавлии худ наздик шавад ва ё боре бо мошин орад. Метавон гуфт, дар ин мањал, ки тољикон онро дењаи Сомониён номидаанду ќирѓизњо Кўк - Тош, аллакай њамон усули минтаќаи озод солњо њукфармост, чунки тољики Соминиён ба масљиди ќирѓиз ба ибодат мераваду аз маѓозаи ќирѓиз харид мекунад ва ќирѓизи Кук - Тош аз роњи тољик истифода мебарад. Боз суоли мантиќї меояд, ки агар мардум дар сатњи як дења минтаќаи озоди зиндагї ва тиљорату ибодатро ташкил карда бошанд, чаро чунин корро дар миќёси як

ноњия кардан нашавад? Ин таљрибаро ба инобат гирифта, бояд аз дењаи Ќаробоѓи Ќирѓизистон то Ворухи Тољикистон минтаќаи озоди тиљоратї бояд эълон кард ва њама гуна посгоњу дидбонгоњњои миёни ду љумњуриро дар ин гузаргоњњо бардошт. Он гоњ сулњу осоиштагї барќарор хоњад шуд, зеро њамаи миллатњо табиатан ба сулњу оштї майл доранд. Аз љумла, њам тољику њам ќирѓиз. Дар охир мехостам аз як кори неки ќирѓизњо ёдрас шавам. Солњои 30-уми асри гузашта дар Тољикистон мардуми андак саводи динидоштаро ба Сибиру Ќазоќистон ва ќисман ба Краснодар њамчун "душмани халќ" бадарѓа мекарданд ё бо шоњидии дурўѓини се нафар њукми ќатл мебароварданд ва ё ба солњои зиёд ба мањбасњо мефиристоданд. Баъзе мулло ва эшонњо аз дењоти Сурху Чоркўњ ба дењањои Самарќандаќ, Муљун, Лайлак ва ѓайраи Ќирѓизистон дар он солњои вањим паноњ бурданд ва ќирѓизњо онњоро нафурўхтанд ва ќисме аз ин тољикони босаводу эшонзода њанўз њам дар ин дењоту шањракњои номбурдаи Ќирѓизистон зиндагї

доранд ва ин аз он далолат мекунад, ки ќирѓизу тољик миёни худ чизе барои талош кардан надоранд ва дар сурати зарурат ба якдигар мадад њам мерасонанд. Хулоса, барои барќарор кардани муносибати њасанаи тарафњо њама заминањо фароњам омадаанд. Рамзи инро ман дар симчўбњое мебинам, ки чанд сол пеш аз маркази вилояти Бодканд тавассути шањри Исфара то ба Конибодом хатти баландшиддати барќ кашида буданд, то ки дар зимистон мо тавонем аз њамсояамон барќ бихарем. Аммо то њол он мавриди истифода ќарор нагирифтааст. Он интизори мулоќоти сарварони ду љониб аст, то ки онњо аќаллан барои мунаввар кардани манзили мардуми як ноњия дар зимистон сањм гузоранд. Ва ин некии бародарони ќирѓиз бе љавоб намемонад, зеро аллакай тољикон исбот карданд, ваќте онњо заминро ба муддати 49 сол ба ќирѓизњо ба иљора доданд. Зеро њамаамон як гуфтаи халќиро медонем, ки даст дастро мешўяд...


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... ЌИМАТИ ВАЌТ

ЛАТИФА

ЌАДРИ ЗАР - ЗАРГАР БИДОНАД! - Ваќт гаронбањотарин моли дунёст, вале на њама инро эътироф доранд. Бубинед: - Ќадри 1 сонияро он нафаре донад, ки дар садамаи автомобилї шахси аз њама наздикашро аз даст дода бошад. - Ќадри 1 даќиќаро он шахсе медонад, ки чипта дораду вале аз поезд ё њавопаймо дер мондааст. - Ќадри 1 соатро бошад варзишгари олимпї хеле хуб медонад, ки аз мусобиќа натиљае ба даст оварда натавонистааст. - Ќадри 1 рўзро бояд аз дењќон пурсид, ки дар фасли бањор ба замин донаи умед мекорад. - Ќадри 1 њафтаро бубояд аз омўзгори мактаби миёна пурсид. - Ќадри 1 моњро арўси нав хеле хуб медонад, ки баъди тўйи худ пеш аз муњлат таваллуд мекунад. Ва ќадри 1 солро бояд аз довталаби ноком фањмид, ки имтињоноти ќабулро супорида, аммо аз озмун нагузаштааст ва ё аз сарбозе, ки аз хона барои хариди нон баромада, ба чанги "облава" афтодааст. Абдурасул АБДУЉАМОЛОВ, сокини шањри Исфара

СИЁЊ НАГУФТАНД, САФЕД ФАЊМИДЕД …? - Дурўѓ мегўянд, ки тољикњо - мардуми камбаѓаланд, о дар кўчањои шањр бинед, њама мошинњои хориљї ягон "Москвич" - у "Жигули" нест. - Дурўѓ мегўянд, ки андозњо аз њад зиёд шудааст; андози об, барќ, газ, замин, хона… О то њол аз мо андози њавои нафас мекашидагиамонро нагирифта истодаанд - ку! - Дурўѓ мегўянд, ки фаќат фарзандони коргару дењќон дар артиши миллии Тољикистон хизмат мекунанд. Худи дирўз писари Обид - муаллиму Хол - духтурро низ дар "облава" дошта, ба хизмати њарбї бурдаанд. - Дурўѓ мегўянд, ки суду прократура масъалањои мардумро њал намекунад. Кампири Шоистамоњ парвандаи љиноятиро, ки барои аз алимент саркашї кардани шавњараш буд, дар охир ба фоидаи худ њал кард. Суд шавњарашро маљбур кард, ки њар моњ 6 сомонию 24 дирам барои кўдакони партофтааш супорад. Њоло фарзандони Шоистамоњ худ ќариб оиладор шудаанд. Парвандаи љиноятї дар 18- солагии Шоистамоњ оѓоз шуда буд. Акнун синни ў ба 55 наздик шудааст. - Дурўѓ мегўянд, ки нархи хўрокворї дар Душанбе аз њама ќимат аст. Дар чойхонаи "Саодат" бонуи пешхизмат барои як чойник чой њамагї 5 сомонї гирифт. Донишљў эътиромез гуфт: - О як чойник чой 1-сомонї аст- ку? Пешхизмат њам паст наомада гуфт: - Шумо ќариб 15 даќиќа љойи шояд одами серпулро банд кардед. - О дар чойхона њељ муштарї нест, њама мизњо холї- ку? - Ором шавед, њаќќи хизмат чї? Умуман ин љо фаќат ман суол медињам ту ба суол њаќ надорї! Фирўз ЌУРБОНОВ, сокини шањри Душанбе

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

Домоди маст ба хона меояд ва дарро мекўбад. Хусураш дарро мекушояд. Домодаш як дасташро мори кобра барин бардошта, мепурсад: - Дар хона њаст? Хусураш њарду дасташро кобра карда мегўяд: - Њардуяшон дар хона! Афандї аз хараш афтид. Аз љояш хесту гуфт: - Дар дили худам њам нияти фаромадан буд… **** Суратгир ба девонахонае суратгирї меравад. Як девона дар пушти дарахт пинњон шуда мегўяд, ки маро њамин хел сурат гиред. - Охир, ин чи хел мешавад? - њайрон мемонад суратгир. - Ту наметобї - ку? Девона мегўяд: - Ваќте суратро модарам нигоњ мекунад, ман яке аз пушти дарахт баромада, ўро метарсонам. **** Як марди тољик зани хитої мегирад. Писардор мешавад, аммо писараш дусола нашуда, вафот мекунад. Дўстонаш барои њамдардї баён кардан ба хонааш меоянд. Яке аз дўстонаш мегўяд: - Дўстам, хайр бисёр ѓам нахўр. Худат медон? - ку, чизи хитої њамин ?адар мебарад. **** Автобуси пур аз одам равона асту марде аз ќафояш медавад. Мусофирон аз ханда рудакан шуда, аз тиреза ба марди давидаистода дод мезананд: - Ње мардак давиданро бас кун, ки аз хандая эзорамонро тар мекунем. Мардак дар љавоб мегўяд: - Њозир аниќ эзоратонро тар мекунед, чунки ман ронандаи ана њамин автобус њастам.

ЊИКМАТИ ЯК ДАРАХТ СОЯИ ХЕШ - Дар назди њавлии бобои Аслам, берун аз дарвоза дарахти сершоху барге њаст. Дузди шабрав њангоми гузаштан аз назди он метарсад. Ба ў чунин менамояд, ки милиса аз паси дарахт амалиёти ўро наззора дорад. Ошиќи беќарор бошад, тасаввур мекунад, ки маъшуќааш он љо пинњон шуда, ќасдан ба вохўрї дер карда истодааст. Шохањои дарахт дар назари кўдак бошад, ба деву љини афсонањо, ки бибиаш ба ў њикоя намудааст, шабоњат доранд... Аммо дарахт як дарахти оддї, солњост, ки як хел муѓчаю барг ва гул карда мева медињад, муќобили шамолу тўфонњои сахт истодагарї дорад. Дар зиндагї низ њар шахс ба воќеањои дунё ба ќадри фањмиши хеш посух мељўяд... Рустам РАЊИМОВ, сокини ноњияи Айнї

БАЉОИ 09 - Бо маќсади тањлили њамаљониба ва њалли фаврии мушкилоте, ки дар хизматрасонињои гуногуни бонкї ба миён меояд, дар Бонки миллии Тољикистон хадамоти телефони боварии зер +(992) 44- 600-15-20 фаъолият менамояд. Муштариён метавонанд дар мавриди дучор омадан бо камбудию нуќсонњое, ки њангоми истифода аз хизматрасонињои бонкї рў ба рў шудаанд, бо шумораи номбурда ба Бонки миллии Тољикистон хабар дињанд. Телефони боварї рўзњои корї аз соати 8-00 то 1700 фаъолият мекунад.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ! ШИРКАТЊОИ СОХТМОНИИ ВАТАНИРО ЌАБУЛ НАДОРАМ! - Дар Тољикистон кор бо ширкатњои хориљї бисёр кам ба назар мерасад. Ин ширкатњо асосан ширкатњои сохтмонї буда, ба сохтмони манзилу мактаб ва марказњои савдо машѓуланд. Ба ширкатњои сохтмонии хориљї дар ваќти ба кор даромадан шартнома баста, њаќќи музд, хўроку табобати ройгон ба коргар муайян мешавад. Агар тўли як ё ду сол дар ширкатњои сохтмонии хориљї кор кунї, дар дафтарчаи мењнатї ќайд карда мешавад. Коргарони тољик бо сари баланд метавонанд корро дар ин ширкатњои хориљї давом дињанд. Дар ширкатњои сохтмонии ватанї бошад бе шартнома кор кардан бисёр одат шудааст. Зеро дар сохтмонњои шахсї ё давлатї бе ягон шартнома коргар кор карда, на музди муайян ва на як низоми хубу шароити корї доранд. Баъзе онњо (корфармоён) њатто шартномаи дањонї баста, дар охир коргарон фиреб мехўранд. Масалан, ягон нохўшие рўй медињад, ки ба коргар касе ёрдам њам намедињад. Муњандисон дар дафтари худ аз тарси љонашон ќоидаи техникаи бехатарї гуфта, бе сарпўш (каска), бе камарбанд коргаронро кор фармуда, имзо гузоред, мегўянд. Аммо дар асл њамааш рўи ќоѓазу дурўѓ аст. Хўроки хуб надоранд. Хўрокашон як картошакаву об буда, бо ин коргаронро њатто сарзаниш мекунанд, гўё ки коргарон дар хонаи худ ин хел хўрок намехўрда бошанд. Инчунин корфармоён аз супоридани андоз саркашї карда, ба кормандони Кумитаи андоз гапи дурўѓ мезананд, ки сари њар як коргар андоз месупорад. Баъзеашон аз меъёр зиёд кор мефармоянд, ки боиси дилгир шудани коргарон аз кор мегардад. Маљбур кардани онњо ба кор аз соати 7:00-и субњ то 23:00 - и шаб бисёр хастагиву дилгирии коргаронро меорад. Њангоми лат бардоштан дар сохтмон бо пули худи коргар, ки баъзеашон пули ночиз мегиранд табобат сурат мегирад. Корфармоён бошанд бепарвоянд. Маошро бошад аз муњлати муайян гузаронида, баъд ба коргарон пардохт мекунанд. Сад афсўс мехўрем, ки ин проблемаи муњим дар Тољикистон њалли одилонаи худро наёфта истодааст. Аз ин сабаб, ман корфармоёни холабеѓами ширкатњои сохтмонии ватаниро ќабул надорам! Маќомоти дахлдор (Кумитаи андоз, прократура, суд ва ѓайра) - ро мебояд аз болои баъзе корфармоёни беинсофи ватанї назорат баранд. Бисёр хуб мешуд,ки ширкатњои сохмонии хориљї дар Тољикистон бештар ба корњои сохтмонї машѓул мешуданд ва мо бо онњо шартнома баста, кор мекардем. Зеро шароити хуби корї, хўроки серѓизо ва табобати ройгонро ба коргари сохтмон муњайё мекунанд. Кошки дар мо тезтар танњо шумораи ширкатњои сохтмонии хориљї зиёд шавад! Дунё ба умед, шайтон ноумед! Мањмадшариф ДАВЛАТОВ, сокини ноњияи Рудакї ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад. Телефон барои тамос: 93 502 99 95


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №33 (361) 6. 11. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ТАБЛИЃИ РАЊМОН ДАР ШАЊРИ ВАЙРОН Мирзодиккак ва Ѓалтак бо шунидани овозаи роњпаймонии чандинњазораи љавонон ба шањри Ќурумтеппа омада, дар чойхонаи "Рўз то бегоњ" дар рў ба рўи ќалъаи " Хонуми мир" сикка заданд. Бо кафидани чашми рўз, роњи марказї баста шуд ва гурўње гирду атрофи ќаъларо печонданда, давр мезаданд, то "душманони миллат" ягон моддаи тарканда нагузошта бошанд. Ќаъла бо навиштаљоту аксњои боњашамати номзади раќами 1 ба мансаби президентї оро додаанд. Мирзодиккак ба њамаи ин боифтихор менигарист ва гоњ-гоњ ба ќафаси синааш бо мушт мезаду шеъри Бозор Собирро дар васфи Исмоили Сомонї ќироат мекард: -Аз хуни Сиёвушем! Њамхуни Сиёвушем...!!! Мирзодиккак: - Бародар, њозир Исмоили Сомонии мо њамин кас! Аз Исмоили Сомонии Бозор Собир мегуфтагї устухон њам боќї намондааст. Як ќасри гилин дошт берўзї, њамон њам дар Бухоро мондаву фоидаашро Исломота 21 сол боз дида истодаанд. Ѓалтак: - Оњистатар, дар ин мавзўъ дањон накушо, ки баъди интихобот ё ќаъларо хусусї мекунанд ва ё ба љой дигар мекучонанд? Мирзодиккак; - Чї ягон бор дидї, ки аз шањри Ќурумтеппа ягон чизро ба љое бурда бошанд? Ѓалтак: - Дар замони љанги шањрвандї пољомаи занњорою дар замони осоишта буљети шањњро. Аз ин лињоз то ба имрўз дар маркази вилоят роњњо таъмир нагаштаву наќлиёти љамъияти фаъолият намекунад, шабакањои гармидињї пурра аз фаъолият мондаву интиќоли гази таббии тамоман ќаът гаштааст. Мирзодиккак: - Наъњ назанед. Дар як сол мо 60 миллион сомонї андоз љамъовари мекунем. Њамаи пулњои мо њисобу китоб дорад. Ин љо маркази вилоят ба иљрою масрафи маблаѓњо ду намояндаи президент назорат мекунанд. Ѓалтак: - Бале, чуноне, ки тањлилњо нишон медињанд "шањрї" љамъ мекунаду "вилоятї" таќсим, ба мисли ќонуни љангал. Мирзодиккак;- Мебахшед, масрафи буљети шањр дар маљлиси вакилони шањр тасдиќу баррасї гашта, баъд ба маљлиси вилоятї пешнињод мешавад.

Ѓалтак: - Дар он љо љаноби "вилоятї" дар дасташ ќайчї нишастагї. Њамон пулњои љамъкардаро ќайчї зада бо салоњдиди худаш таќсим мекунад. Аз ин лињоз љанобї "шањрї" ба љойи бунёдкорї аз думболи ду-cе бизнесмени гаштааст, то ки ўро њам мисли дигар раисон дар телевизорњо бинанду шиносанд. Мирзодиккак: - Мана, омаданд! Вањ-вањ ин расму навиштаљотро бин! Ѓалтак: - Мирзољон, дар ќатори љавонон муаллимон, иќтисодчиён, аграномњо ва њатто коммунистњо низ ба љонибдории номзади арзандаи ЊХДТ баромадаанд-ку! Мирзодиккак: - Њарчи дидї, дам фурў банд, Каљтоќї! Мана дар пеши оинаи БДА расми номзади раќами 1. Дар ин љо сиёсатро њар кас ба ќадри мефањмидагияш мефањмад. Мана, боз як гурўњи шиорбадастњо ба замин афтоданд. Ѓалтак: - Канї, ман намебинам, чї гап шуд? Парронданд, ё бомба таркид?! Мирзодиккак: - Худо нишон надињад-е! Аз чуќрињои роњи вайрон гузашта натавониста ба замин афтиданд, Каллаварам! Хайрият митинг тамом шуд. Ин њамњизбони мо ѓайр аз њамон се -чор сухани Шавкат Саидов эљодкарда дигар ягон чизро намедонанд. Дар њамин давраи пешазинтихоботї њам мегўянд, "Љаноби Олї мо бо шумоем!" Намедоданд, ё љурта мекунад. Дар рўзи таблиѓи номзад гапњое мегўянд, ки ба ќавли мардум "харро хандаву бузро бозї" мегирад. Ѓалтак: - Даъвою шариататро дар Душанбе мекунї? Дар ин љо њамма ба митинг рафтагї. Ягон кас чой намеорад. Биёянд њам баъди нисфирўзї масту ширакайф бармегарданд. Барои "Президенти ман" гуфта, њай мебардоранд. Мирзодиккак: - Агар дар Душанбе њам њамин хел роњпаймої шуда бошад, имрўз дар њаќиќат "Рузї президенти ман" мешавад. Рафтем, бинем дар пойтахт чї гап мешуда бошад -а!? Љўрањо аз чойхонаи "Рўз то бегоњ" баромаданд. Мирзодиккак ба ќисме аз љавонон бо нафрат менигарист, зеро онњо баъди анљоми маъракаи сиёсї аксу навиштаљоташонро ба ташкиотчињо бор карда худашон даст дар киса сурудњои ѓарибиро зери лаб замзама мекарданд. Шояд касе аз онњо њам дар хиљолат буд, ки аз ноилољї номзадеро таблиѓ кардааст, ки дар ду дањсола аз ваъда сераш кардаву, маљбур аст дар њавои ин ваъдањо њар сол бо падару бародарони бекораш дар мулки бегона бо азобу шиканља нони баминнат мељўянд. Љўрањо љастаю хеста роњњои солњо боз таъмирнадидаи шањри Ќурумтеппаро, ки њатто наќлиёти љамъиятї надорад, пушти сар карданд. Абрњои сиёњ торафт осмонро мепечониданд. Боридани борону сардињои шадид дар пеш буду, бояд њарду дар фикри бо ангишту њузуми гарон таъмин кардани хонањои сарду торикашон буданд.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Исмоил ТАЛБАКОВ, вакили Маљлиси намондагон: - Эмомалї Рањмон, ки соли 2006 дар интихоботи президентии Тољикистон ба раќибонаш ѓолиб омад, моро сари миз даъват кард ва ман дар он вохўрї низ чандин бор ба ў на Љаноби олї, балки рафиќ Рањмонов, ё Эмомалї Шарипович хитоб кардаам. - Ба ин ки шумо ўро Рањмонов номида бошед, ё шояд Эмомалї гуфта бошед, бовар кардан мумкин албатта. Лекин ба хитоб карданатон, рости гап, њељ бовар карда намешавад. Шояд аз дил гузаронда бошед-а?

Сўњроб ШАРИФОВ, вакили Маљлиси намондагон: - Ин ќитъањо (бањсњои марзї бо Ќирѓизистон дар назар аст) он ќадар њам зиёд нестанд. Минтаќаи Чоркуњ бештар бањсталаб аст. -Ваќте, ними Помирро ба тангчашмони тарафи шарќ таќдим кардед, чизе монанд ба њамин гуфта будед. Ин даъфа њам "он ќадар њам зиёд не" гуфта, Чоркуњро туњфа накунед мегўм, вакилбањамачиризо-ако?!

Саттор ХОЛОВ, вакили Маљлиси намондагон: - Шахсоне, ки љиноят содир мекунанд, инро аз номи як давлат номидан хато аст. Ин хел кушторњо (куштори муњољирони тољик дар Русия) дар њудуди Тољикистон низ њаст. Инро чун сиёсати давлат тобиш додан хуб нест. -Ба Шумову љўрањоятон дар Парлумон аз номи тамоми мардуми Тољикистон бо ким-кадом ќаллоб шартнома баста, роњи ягонаи ин мардумро пулакї кардан мумкину, ба инњо не?!

Файзинисо ВОЊИДОВА, њуќуќшинос - Фикр мекунам, ин даъфа њам аз аз ин таљриба кор хоњанд гирифт, вале имсол "5 номзад" аст, шояд ба онњо аз 1 то 5%-и овозњоро бидињанду болотар 80%и овозњои будаю набударо ба љаноби Рањмон ќоил шаванд. - Шояд ба љаноби Рањмон воќеан 5% фоиз, ё зиёдтар њам овоз дињанд. Оилаву хешу таборашон људо бисёр. Лекин ба њамин раќибонаш, ѓайр аз зану фарзандашон кї овоз медода бошад-а?

Саидљаъар ИСМОНОВ, раиси ЊДТ, номзад ба мансаби президенти Тољикистон: - Ман њамин субњ бозори «Шоњмансур» рафтам, бовар кунед њама маро мешиносанд. Шуруъ аз кабудифурўшу мевафурўш ва њатто аробакаш низ маро шинохт. - Аробакашу зелинпуруша намиданм, неки худуш чупонои ќишлоќи Љаламантоќ-да, суханотон бисяр маъќул шид. Чарагања бепул кардан даркарай. Рости гапа гуптї, барадар. Усмон СОЛЕЊ, сухангўйи ЊХДТ: - Матлаби хубро истифода мекунанд, аммо камбудии муаллиф (Илњомљон Њамидов) танњо дар он буд, ки дар матлаб иќтибос буданашро ишора накардааст. - Одамњои боэътимоду беэътимоди шумо њамаашон бачекои наѓз гўйид, фаќат камтар фаромўшхотир. Чизои майда-чуйдая, масалан ќонуна зуд фаромуш мекунанд.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09


Нигох №33 (361). Чоршанбе, 6-уми ноябри соли 2013