Page 1

"Намедонам аз ќудои раиси Суди вилояти Суѓд худро чї гуна њимоя кунам"

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

1

САЊИФАИ 12 №30 (358). Чоршанбе, 16-уми октябри соли 2013

ИНТИХОБОТ - 2013

Таќдим аз ЊНИТ: "Бобоназарова - шоу" САЊИФАИ 7

ДАР ОИНА ИСФАРА

Чоркўњ дењаи террористон ё парњезгорон? САЊИФАИ 12

ДАРДЊОИ МУЊОЉИРАТ

"Ту Равшанї? Ё Љумшут?" САЊИФАИ 11

КОМИЛАН ЉИДДЇ

Даллањои молбозор ва интихоботи президентї САЊИФАИ 16

Мушкили № 1-и давлат Нафарони наздик ба президент барои беобрў кардани њукумат ва зери суол бурдани самтњои асосии сиёсатњои Эмомалї Рањмон "мусобиќа" карда истодаанд САЊИФАИ 2


2

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

ФОЉЕА 9-уми октябр боз њодисае рух дод, ки моњияти њукумат дар Тољикистонро ба тамошои ањли олам гузошт. Њељ кас аз маќомот ёрои инро надорад, ба мардум фањмонад, ки гап чї асту ќонуни Тољикистон ва њукумати Эмомалї Рањмон чї ќудрат дорад ва умуман ин ќонун вуљуд дорад ё не. Худи роњбари давлат, ки он рўзњо тањти эйфорияи мадњу саноњо дар Бадахшони пурмушкил ба сар мебурд, пас аз шунидани ин хабар чї андеша карда бошад. Оё ваќти он нарасидааст, ки атрофи роњбари давлат тоза кунад? Зеро њоло њар забонкўтањие, ки ў дорад ва њар шикояте, ки мардум аз ў доранд, асосан аз атрофиёнаш аст. Эмомалї Рањмон дар сиёсатњои бузург шояд забони Русияву Чину Амрикоро ёбад, шояд сохтмони неругоњи Роѓунро ба охир расонад ва нињоят аљаб нест, ки пас аз пирўзї дар интихоботи президентї њайати њукуматашро њам таѓйир дињад ва даст ба ислоњот занад. Аммо аз ин атрофиёнаш, ки бо пасттарин кирдор на фаќат ў, балки њукумату давлати Тољикистонро шарманда мекунанд, метавонад рањої ёбад?

КАДОМ БАНДИ ЌОНУНИ ЉТ «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР» АЪЗОИ ЊУКУМАТРО МУВАЗЗАФ КАРДААСТ, КИ ФАРЗАНДОНАШОНРО БО ЧИЛИМИ АЪЛОСИФАТ ВА ТАППОНЧАИ «МАКАРОВ» ТАЪМИН КУНАНД?!

Фољиаи маъмулї, аммо... Дар садамае, ки ба гуфтаи маќомот, соати 2-и шаби 9-уми октябр бо айби Расули Амонуллоњ, писари 16солаи Амонуллоњи Њукуматуллоњ, раиси КВД "Роњи оњани Тољикистон" дар хиёбони Рўдакї рух дод, се нафар ба њалокат расиданд ва се нафари дигар љароњат бардоштанд. Дар баррасињои интернетї як кас ним кас гуфтанд, ки хуб, чї шудааст, садама, як њодисаи маъмулї, ана имрўз дар фалон љо трактор касеро

Мушкили

Нафарони наздик ба президент барои беобрў кардани њукумат ва зери суол бурдани самтњои асосии сиёсатњои ў "мусобиќа" карда истодаанд. Вокуниши Эмомалї Рањмон чї хоњад буд? задаасту дар як садамаи дигар фалон нафар мурда буданду боз хоњанд мурд. Аммо аксарияти кулл, њатто "доброволетс" - њо ва мардуми "фабрикаи љавоб", ки шабу рўз дар хизмати "њукумати љонољон" њастанд, ин фољиаро сахт мањкум мекунанд. Ин агар то љое

аз мављуд будани аќидањои солим дар раддањои таблиѓотии њукумат далолат мекунад, аз сўи дигар, то љое рабт надоштани ин њодисаро ба њукумати шахси Эмомалї Рањмон таъкид низ менамояд. Вале он иддае, ки гўё мунтазири њамчунин як њодиса буданд, то санги

маломатро бар сари њукумати Эмомалї Рањмон равона кунанд, ишорањои рўйросташонро ба ботинан пўсидани низоми имрўза пинњон надоштанд. Бале, садама бо ширкати фарзанди ноболиѓи раиси КВД "РОТ" ва аз наздикони президент фољиаи оддї буда наметавонад. Аввал ин, ки ноболиѓ! Дуввум, савори автомашинаи "БМВ" (раќами давлатиаш њам "крутой" - 20 - 20)! Саввум, дар маркази шањр, он њам пойтахти Љумњурии Тољикистон бо суръати баланд, ки ба иќрори худи ноболиѓ дар шабакањои иљтимої то 300 километр (!) дар як соат рондани мошинро дўст медоштааст. Чорум, ин ки ба ноболиѓ шањодатномаи ронандагї додааст?! Оддї карда гўем, ин нописандии мардуму њамватанон, болотар аз ин Тољикистону ќонунњояш аст. Ва на фаќат ин ноболиѓ, балки дигар фарзандони болонишинону сарватмандон њам чунин рафтор мекунанд.

Падар чї гуна, писар намуна?

ПУЛИ МОШИНИ 25-30 ЊАЗОР ДОЛЛАРИРО НОБОЛИЃИ 15 СОЛА АЗ КУЉО ЁФТАААСТ?

Аммо аљобат дар он аст, ки ќонуни Тољикистонро на фаќат фарзандон, балки падарони онњо ва худи маќомдорон њам эњтиром намекунанд. Агар иттилои расонањо дар бораи ба Олмон барои табобат рафтани Расули Амонуллоњ дуруст бошад, бо кадом рў падараш ўро ба он љо фиристод, ваќте ин љо писари ў бояд назди тафтишот посух гўяд? Ва маќомоти тафтишотї ба кадом далел гузоштанд, ки писари раиси "РОТ" фирор кунад?


“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

ТО БА КАЙ Пас аз садамаи 9-уми октябр рањбарияти вазорати корњои дохилї (мањз онњо, зеро "сводка" - и вазорат пеш аз пахш шудан мањз аз сўи вазир ва ё муовини вазир "сарчин" мешавад ва мутмаинан, ин садама аз зери назари нафарони аввал гузаштааст) эълон кард, ки паси чанбар љияни Њукумов буд, на писари ў - Расул. Аммо ба унвон пасттарин корманди БДА хуб медонад, ки сабукравњои "20 - 20" , мошинњо бо часпак (наклейка) - њои "КВД "РОТ", њамчунин сари чанбари "мерини тиллої" писарони Њукумов менишинанд, оне, ки њар ид ба онњо "коѓаз" њадя мекунад. Баъдтар вазорати корњои дохилї хабар пахш кард, ки садама бо ширкати ноболиѓи 16 - сола Расули Амонуллоњ иттифоќ афтодааст. Ин, ки чаро дар нињоят "интихоб" сари ў афтод, суолест дигар. Иддае њам мегўянд, соли таваллуди ў на 1997, балки 1995 аст. Агар ноболиѓ сари чанбар бошад, гуноњаш камтар мешавад? Бале. Инро худи Амонуллоњ Њукумов дуруст пай бурдааст. Зеро хуб медонад, ки аз ў нахоњанд пурсид: як ноболиѓи 16 - сола аз куљо пул ёфта, "БМВ"

3

зими љамъият тањия шудааст, ба аъзои њукумати Тољикистон дахл надорад?! Одамони синну солашон гуногун байни худ суол мекунанд, ки кї сабаби сохтакорї дар ин ќазия шуд? Чаро ВКД аввал шахси дигарро гумонбаршуда эълон карду номи писари Њукумовро баъд гирифт? Дар ин љинояти сохтакорї бо роњи руйпўш крадани шахсияти љинояткор кињо боз даст доранд: Амонуллоњ Њукумов? Рамазон Рањимов? Кињо дар баробари маќоми тафтишот њар кореро карданд, ки барои Расули Амонуллоњ фирор аз муљозоти ќонун осон шавад? Хуллас, суолњои мардуи рўз ба рўз зиёд мешаванд. Ва на танњо дар ин маврид...

Аз Шарипов то Ќоимдодов Аз нафароне, ки дар баробари Амонуллоњ Њукумов дар тими Эмомалї Рањмон матрањ њастанд ва нагузоштанд, ки фарзандашон ба љавобгарї кашида шавад ё ба соддагї аз НАСЛИ «ОРИЁИЊО» БЕ ЯРОЌИ ОТАШФИШОН НАМЕГАРДАНД

№ 1-и давлат Фарњод Абдуллоев, писари раиси Суди Олї Нусратулло Абдуллоев, ки дар Шўрои адлия кор мекунад, як зан, корманди ширкати чиниро бо љипи BMV X6 (раќами давлатиаш ЕН 61 62 РТ 01) зада, ба њалокат расонд. Њодисаи аввал дар расонањо он ќадар тобиши њамаљониба надошт. Та-

БАЪДИ ЧУНИН ЗАРБА ЗИНДА МОНДАНИ СЕ КАС МЎЪЉИЗА АСТ

- и 27-30 - њазордоллара харидааст? Ва чаро ў бо худ таппончаи "Макаров" мегардонад, тавре аз аксаш дар Фейсбук бармеояд. Оё он ќалбакист, ё дар њаќиќат яроќи оташфишон аст? Инњоро намепурсанд, зеро инњо дар низоми имрўзаи тафтишот ва судии Тољикистон саволњои фалсафї њастанд. Вале мардум мепурсанд, ки магар талаботи Ќонуни ЉТ "Дар бораи масъулияти падару модар", ки ба иќрори худи президент, ќонуни решаи миллї дошта мебошаду барои ислоњу тан-

марњалањои тафтишоту суд гузарад, Иззатулло Шарипов, муовини вазири адлия ва раиси зиндонњои Тољикистон, Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олї ва Ќозидавлат Ќоимдодов, сафири ин кишвар дар Беларус мебошанд. Соли 2011 Фирдавс Шарипов, писари Иззатулло Шарипов бо мошини гаронќиматаш Lexus RX 300 (раќами давлатиаш 17 12 АВ 01) се духтари Донишгоњи исломиро дар роњи Боѓи њайвонот захмї карда буд. Њамон сол

нњо як хабар буд, ки Фирдавс Шарипов дар садамаи наќлиётї сањм дорад. Прокуратураи генералї эълон карда буд, ки парвандаи љиної боз шудааст, аммо ин парванда бо чї анљомид, дигар маълум нест. Аммо ќазияи писари раиси Суди Олиро пинњон карда натавонистанд, шояд гап дар бораи шањрванди Чин мерафт. Худи Нусратулло Абдуллоев дар ин бора гуфта буд, ки писараш агар гуноњ дорад, бигзор љавобашро дињад ва ў ба ин ќазия дахолат нахоњад кард. Дар ин миён Муњаммад, писари Муњиддин Кабирї, раиси ЊНИТ, ки бо мошин як ноболиѓро дар Вањдат ба њалокат расонд, боздошт ва 40 њазор сомонї љарима шуд. Шояд писарони Иззатулло Шарипов ва Нусратулло Абдуллоев њам љарима шуда буданд, аммо ин њама расонаї нашуд. Аз њама муњим ин аст, ки маќомоти тафтишотї тавонистанд ќазияњои онњоро тањти таъсири падаронашон хаппу дам њал карданд. Дар ин силсила њељ яке шояд ба ќазияи Ќоимдод Ќоимдодов, писари Ќозидавлат Ќоимдодов баробар шуда натавонад. Рўзи 16-уми сентябр гўё писари сафири Тољикистон дар Беларусро дар фурудгоњи байнулмилалии Душанбе бо 2,5 кило маводи мухаддир боздошт карданд. Аммо хабар њамон тавре, ки буд, дигар тафсилоте надошт. Хадамоти гумрук, Фурудгоњи байнулмилалї , вазорати корњои хориљї, сафорати Тољикистон дар Беларус ва Суди олии иќтисодии ИДМ, ки Ќоимдод Ќоимдодов кормандаш буд, аслан тафсилоте пеш наоварданд. Маќомот ќазияро чунон "оба зада, рўфтанд", ки аз он на пай монду на Њайдар. Аммо маќомот як хатои худро њељ ислоњ карда наметавонанд. Ин њодисањо имиљи на фаќат худи онњо, балки дар кулл Эмомалї Рањмон ва њукумати Тољикистонро дар дохилу хориљ хадшадор мекунанд. Бе муболиѓа метавон гуфт, ки паст кардани обрўи њукумат аз сўи афроди ба президент наздик ва наздикони онњо имрўз тренди асосии муњити сиёсиву иљтимоии Тољикистон шудаасту мушкили № 1-и њукумат, давлат ва президент мањсуб мешавад. Пас чаро президент аз ин њама нопокињо худро пок накунад? Ќиёми НУР


4

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

РЎ БА ФАРЊАНГ Дар доираи Лоињаи иљтимоии "Шањри бехатар аз нигоњи кўдакон", ки 13уми октябр дар шањри Душанбе баргузор гашт, 12 нафар ѓолибони озмун, ки дар мавзўи њаракати ќоидањои роњ расм кашиданд, эълон гардиданд. Гузориши «Нигоњ» аз чорабинї.

"Шањри бехатар аз нигоњи кўдакон"

Дар ин озмун зиёда аз 120 кўдаки синну солашон гуногун, ки аксарашон аз 7 то 13-соларо ташкил мекард, иштирок карда, дар давоми як моњ беш аз 130 адад расмњои худро пешнињод карданд.

Бењтарин расмњои кўдакон дар ороиши шањр истифода бурда хоњанд шуд.

Ташкилкунандагони ин лоиња њафтаномаи "Вечерка", сомонаи кўдаконаи www.tajikmama.tj ва ширкати "Авто Сандал" буданд.


ТАСЛИМ - 2013

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

Б

Ахиран, Бобоназарова иќрор кард, ки 3 рўз тамдид намудани муњлати имзољамъкунї бозие беш набудааст. Дар ин љо, шояд барои гурўњи ислоњотчиён бамантиќ мебуд, ки аз пешнињоди Шокирљон Њакимов, муовини раиси ЊСДТ дар бораи байкот намудани интихобот дастгирї менамуданд ва "шоу-амалиёт" бо њамин хотима меёфт? Аммо бо исрори аксарият гурўњи ислоњотчиён аз рўзњои тамдидгардида истифода бурданду аммо баъд фањмиданд, ки ин њам бозї будааст. Дар нишасти хабарие, ки Бобоназарова дар анљоми маъракаи имзољамъкунї баргузор намуд, аз ў суол кардем, агар КМИР даъват кунад, ки имзоњоятонро супоред, ба ќайд мегирем, оё Шумо ризо мешавед? Бобоназарова посух дод, ки "агар аз интихобот равем њам, бо ѓурур меравем". Бо гузашти 3 рўз аз он нишасте, ки Бобоназарова "рафтани боѓурур"-ро ваъда карда буд, ИНИТ эълони онро намуд, ки талаб менамояд номзадашонро ба ќайд гиранд. Ин

овар нокарданист, ки Ситоди интихоботии Ойнињол Бобоназарова натавонист 5% - 210 њазор имзои заруриро барои ба ќайд гирифтани номзадаш дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсї љамъоварї кунад. Аз ин хотир, "Нигоњ" мисли пештар бар ин бовар аст, ки ин њама сањнасозї ё як "шоу" буд. Чї тавр?

11 - уми октябр Ойнињол Бобоназарова, номзади ягонаи Иттињоди неруњои ислоњотхоњ (ИНИТ) эълон дошт, ки миќдори имзоњои зарурї барои сабти номи номзадњоро љамъоварї карда натавонист. ИНИТ ба тарафдории Бобоназарова беш аз 201 њазор имзо љамъоварї намудааст. Мутобиќи ќонунгузорї ба љонибдории номзад бояд имзои 5%-и интихобкунандагон љамъ оварда шавад, ки Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тољикистон ин раќамро 210 њазор муайян намудааст. Ойнињол Бобоназарова дар ин нишаст гуфт, ки ба эълони КМИР дар Тољикистон 4 млн. 120 њазор интихобкунанда мављуд аст, пас имзоњои љамънамудаи ИНИТ беш аз 5% мешавад. Аљиб њам буд, ки Бобоназарова то ин дам намегуфт, 210 њазор бештар аз 5% мебошад. Воќеан, њоло теъдоди аниќи интихобкунандагонро КМИР муайян накардааст ва 5% - и 4 миллиону 120 њазор дар асл бояд 206 њазор бошад. Ин худ далели њавої будан ё боз як монеагузорї аст. Аммо гап дар сари ин њам нест, барои њам Бобоназарова ва њам ИНИТ - у ЊНИТ, ки расман ўро пешнињод кардаанд. Як суоли оддї: оё мешавад бовар кард, ки Иттињоди неруњои ислоњотхоњ, ки ба он на танњо ду њизби сиёсї - ЊНИТ ва ЊСДТ, балки шахсиятњи маъруф (Њољї Акбари Тўраљонзода) ва ахиран, ањзоби сабтиномнашудаву ронда аз Тољикистон ("Ватандор", "Гурўњи 24") низ шомил шуданд, натавонистанд ин миќдор имзоро љамъоварї кунад? Фаќат Њизби нањзати исломиро гирем, ки ба ИНИТ шомил буд ва даъво мекунад, ки беш аз 40 њазор аъзо ва садњо њазор мухлис дорад. Агар њар узви ин њизб, њадди аќал, панљимзогї аз ањли оила ва хешовандонаш љамъоварї мекард, 200 њазор имзоро ба тарафдории Бобоназарова таъмин мекард. ЊНИТ пас аз интихоботи парлумонї дар соли 2010-ум эълон карда буд, ки бо вуљуди монеъву мањдудиятњо тавонистааст њадди аќал 35 дарсади овозњоро соњиб шавад ва ин боиси њароси њукумат аз ин њизб гардидааст, чаро наметавонистааст 5 дарсади имзоњоро љамъоварї кунад? Чаро натавонист??? Чунки намехоњад!!! Посухи дигари мантиќї пайдо кардан ба ин савол имкон надорад. Зеро аз оѓоз - рўзи пешнињод кардани Ойнињол Бобоназарова ва рад шудани номзадии Рањматулло Зойиров, раиси ЊСДТ оќибати ин бозї ё бењтараш, масхарабозї, маълум буд. Аз њушдори ахири Муњиддин Кабирї њам дар бораи он ки нањзатињо бояд ба шикасти муваќќатї омода бошанд, низ метавон хулоса кард, ки натиљаи "раќобати Бобоназарова" ба ў пешакї маълум буд. Имрўз маълум гашт, ки њатто шахсан ба имзољамъкунї баромадани Муњиддин Кабирї ба тарафдории Бобоназарова (оператсия прикрития) бењадаф набуд ва изњороти ў, ки гуфт,

5

«

Пўшида нест, ки номзадњо аз њизбњои маъруф ба киссагии њукумат њамагї ба хотири "намоиши демократия" рўи сањна омадаанд. Аммо ИНИТ бо талошњои бечоранолонааш ва бозињои пайгиронааш њатто бархе аз интихобкунандагони доноро ба чунин хулоса овард, ки ислоњот њам кунад, бояд њамин Эмомалї Рањмон бикунад!

« Таќдим аз ЊНИТ: "БОБОНАЗАРОВА - ШОУ" "љамъоварии имзои зарурї барои Бобоназарова имконнопазир аст", паём ё месиљи дигареро дар бораи шикасти Ойнињол Бобоназарова дар зимн дошт. Акнун суоли матрањ ин аст, ки бонуи муњтарам Ойнињол Бобоназарова (шояд инро њеч гоњ ошкор нахоњад кард), акнун фањмидааст, ки ба доми фиреб афтода буд? Ойнињол Бобоназарова метавонад њанўз њам изњорот бидињад, ки раќибаш на танњо Эмомалї Рањмон, балки тамоми њукумат будааст, шояд, нав фањмида бошад, ки дар асл, вай на танњо дар ин раќобат ширкат надошт, балки дар гирдоби бозињои сиёсї сардаргум буд. Вай ба ин гирдоб замоне печид, ки Муњиддин Кабирї, ки дар љаласањои ИНИТ чандон иштироки фаъол надошт, ин љаласањоро ба ќароргоњи њизбаш кашид ва баъдтар, бо бањонаи тањќиромез - "љосўси Ўзбакистон" ном баровардани њамсангараш Рањматилло Зойиров на як бору ду бор хотиррасон карда, аз пешбарии раиси сотсиал-де-

«

мократњо, ташаббускори асосии ИНИТ дар интихобот саркашї кард. Ин магар тањќири шахсияти Рањматилло Зойиров аз номи на танњо нањзатињо, балки тамоми мардуми ислоњотхоњу таѓйирталаби Тољикистон набуд? Буд ва таърих онро њамчунин њам бањогузорї хоњад кард. Рањматилло Зойиров њам дар як мусоњиба бо њафтаномаи "Нигоњ" ошкоро гуфт, ки "фиреб хўрданашро медонад. Худро тањќиршуда њисоб мекунад". Њоло, шояд, вай њам дар ин бора пушти изњороти дипломатї паноњ љўяд, аммо хуб медонад, ки ўро фурўхтанд. Аз афташ, ба њар њол, Додољон Атовуллоев, ки дар як сўњбаташ бо "Нигоњ" гуфта буд, "Кабирї бо њукумат созиш кардааст ва Бобоназарова тўњфа ба ЊХДТ асту ба ин хонум як шоу дар дами пирї лозим аст", ќисман дуруст мегуфт. Аммо афсўс, ки амалиёти "Бобоназарова" ба ин бону не, барои љомеаи ислоњотхоњи тољик не, балки ба як гуруњи хурди манфиатљў лозим будааст ва аз љониби онњо њамчун як шоу ё сањнасозї тањия шуда будааст.

ЊНИТ пас аз интихоботи парлумонї дар соли 2010ум эълон карда буд, ки бо вуљуди монеъву мањдудиятњо тавонистааст њадди аќал 35 дарсади овозњоро соњиб шавад ва ин боиси њароси њукумат аз ин њизб гардидааст, чаро наметавонистааст 5 дарсади имзоњоро љамъоварї кунад?

«

њам таззоди аљиб! Имзоро љамъ наоварда, боз даъво кунї, ки номзади моро ба ќад гиранд. Ба ќавли мардум, "...берун Боѓи Зоѓон". Акнун он њама мушоњидањо аз маъракаи ќабл аз интихоботи президентии Тољикистон нишон медињанд, ки раванди пешнињоди номзадњо "шоу-амалиёт"-еро мемонад, ки натиљаи он аз ќабл пешгўишаванда буд. Гурўњи кории ИНИТ низ чун яке аз љонибњои барномарези "шоу-амалиёт" баромад мекард. "Шоу-амалиёт", яъне агар "амалиёт" амали барномарезишуда барои ба њадаф расидан бошад, "шоу" барномаест, ки бањри дилхўшї, саргармї ва тафрењ намоиш дода мешавад. Пўшида нест, ки номзадњо аз њизбњои маъруф ба киссагии њукумат њамагї ба хотири "намоиши демократия" рўи сањна омадаанд. Аммо ИНИТ бо талошњои бечоранолонааш ва бозињои пайгиронааш њатто бархе аз интихобкунандагони доноро ба чунин хулоса овард, ки ислоњот њам кунад, бояд њамин Эмомалї Рањмон бикунад! Бовар дорем, ки хонандаи њушманди мо дар ин муддат аз гузоришу матлабњое, ки дар ин маврид нашр намудем, шояд дарк намуда бошад, ки "Нигоњ" дар шинохти воќеии ин раванд воќеъбину чирадасттар буд. Њанўз дар оѓози ин "шоу-амалиёт" суол њам карда будем, ки ин тактика аст, ё хиёнат? Гузашти начандон зиёди ваќт ба ин суол посух дода истодааст. Азамати ВАЊЊОБ


6

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

Баробари зиёд гардидани њолатњои иљборан љалб намудани љавонон ба артиш ё худ "облава" дар баъзе аз шањру ноњияњои вилояти Хатлон, созмони љамъиятии мудофеи њуќуќи "Рушд"-и вилояти Хатлон аз маќомоти давлатї хостааст, то дар зудтарин фурсат аз ќонуншиканињои фаровон дар ин мавсим љилавгирї кунад. Ба гуфтаи Юсуф Муњаммадзода, раиси созмони мазкур, дар баъзе аз шањру ноњияњои вилояти Хатлон мавридњои зиёди наќзи њуќуќњои конститутсионии љавонон, аз љумла боздоштњои ѓайриќонунї, таъќиб ва дохил шудан ба манзил бидуни иљозат ва тарсу вањм додани онњо ба мушоњида мерасад. Мавсуф мегўяд, масъулони комиссияњои даъват барои љалби иљбории љавонон ба нерўњои мусаллањ аз усулњои зўрї кор мегиранд ва дар "облава"-и онњо маъмулан аз нерўи одамони мулкї, афроди пањлавононљусса истифода мекунанд: - Чунин рафтори маќомоти алоњида ва он њам дар пешорўи маъракаи сиёсї - интихоботи раиси љумњур фаъолият ва обрўи њукумати феълї ва номзадњои дигарро, агар доир ба ин масъала вокуниш нишон надињанд, доѓдор хоњад кард. Масалан, охири њафтаи гузашта дар дењаи ба номи Љомии љамоати дењоти Мењнатободи ноњияи Бохтар соати 6 - и субњ дар пеши чашми худам чор марди бузургљусса як љавони донишљўро дар роњ боздошта, иљборан ба мошин шинонда, ба суйи комисариати њарбии ноњия бурданд. Инљо суоле ба миён меояд, ки "чаро ба ин љавон аввал даъватномаи расмї надоданд?" Роњбари созмони љамъиятии мудофеи њуќуќи "Рушд" мегўяд, аљибаш ин аст, ки ин амалњои зиддиќонунї дар шоњидии раисони љамоатњо ва намояндагони њокимияти давлатї сурат мегиранд: - Баъди мушоњидаи њодисаи мазкур ваќте ба Рўшанбї Давлатова, раиси љамоати Мењнатободи ноњияи Бохтар, ки њамроњи он чањор марди бузаргљуса буд, мурољиат карда, шарњи ин њолатро хостем, ў дар посух бо лафзи дурушт посух дод: "Чї, барои падари ман хизмат мекунад? Чаро аз мо мегурезад? Ин кор бо фармони раиси ноњия сурат мегирад!". Магар чањор марди ношинос, бидуни муаррифї аз пайи нафаре даванд, одам намегурезад?! То онљое, ки ман маълумот дорам љавонони боздоштшударо дар комиссариатњои њарбї пушти панљараи оњанї нигоњ медоранд ва волидон њатто имкони дидор бо фарзандони худро надоранд, мисли он ки ин љавонон љинояти шадиде содир карда бошад. Ин њам дар њоле мебошад, ки Шералї Амонов - комисари њарбии ноњияи Бохтари вилояти Хатлон зимни суњбат бо мо аз вуљуд доштани "облава" дар ќаламрави ноњия изњори беиттилої намуд. Вай гуфт, дар њудуди ин ноњия ќойидањое љорї карда шудааст, ки аз рўи он масъулини љамоатњои шањраку дењот љавонони синни даъватиро ба комисариати њарбї њозир менамоянд ва вазифаи кормандони комисариати њарбї танњо аз комиссия гузаронидану ба комисариати њарбии вилояти Хатлон бурда супоридани онњо иборат мебошад:

ДАРДИ ЊАЌИЌАТ

Боз "облава"! Аммо чї тавр маќомот роњњои нави ба хизмати њарбї љалб кардани љавононро меандешанд? - Масалан, дар маъракаи даъвати бањории њатмии њарбии љавонон ба сафи ќуввањои мусалањи мамлакат 35-40%-и љавонони ноњия ихтиёран ба комисариати њарбї њозир шуданд. Дар баробари ин аз љамъи тамоми љавонони даъватшуда вазъи саломатии 30-40%-ашон ба талаботњои ќуввањои мусалањ љавоб дода натавонистанд, аз ин рў, онњоро аз комисариати њарбии ноњия гардонидем. Модоме, ки маълумотњо чунин раќамњоро нишон медињанд набояд "облава" дар њудуди ноњия љой дошта бошад. Аммо масъулони созмони мудофеи њуќуќи "Рушд" мегўянд, эъзоми иљборї ё худ "облава" -и љавонон амали ѓайриќонунї буда, љавобгарии љиноятї дар пай дорад. Ба таъкиди ин созмон, амалан маќомоти давлатї ин банди ќонунро нодида мегиранд. Аммо дар њамин замина прокурори гарнизони њарбии минтаќаи Ќўрѓонтеппа зимни як тамоси телефонї ба "Нигоњ" гуфт, то ба њол касе ба ин нињод нафаре аз "облава" ва ё дигар амалњои ѓайриќонунии комиссияњои даъват ба хизмати аскарї шикоят накардааст. Бино ба гуфти Мањмудалї Алимардонов-

прокурори гарнизони њарбии минтаќаи Ќўрѓонтеппа, то ба њол тањќиќи парвандаи љалб гардидани 13 хонандаи мактаб ба хизмати њарбї аз љониби комиссияи њарбии ноњияи Шањритус идома дорад. Масъулони созмони "Рушд" мегўянд, баъзе иттилооте ба дасташон расидааст, ки баъзе шахсони масъули комиссияњои даъват меъёрњои ќонунро зери по мезананд, њатто дахлнопазирии манзилро, ки Сарќонун кафолат додааст, наќз карда, љавононро аз љойгањи хобашон боздошт ва ба комисариатњои њарбї мебаранд. Соле пеш дар ноњияи Панљи вилояти Хатлон љавоне њангоми фирор намуданаш аз "облава" ба дарёи камобе афтид, ки дар натиља сутунмуњрааш осеб дида, бистарии якумра шуд. Айнан чунин њодиса дар ноњияи Ёвони ин вилоят њам рух дода буд ва љавони аз дасти кормандони маќомот гурехта, аз болои пул сарозер афтида буд. Аммо тавре, ки пайвандонаш гуфтанд, то ба њол ягон нафар аз таъќибгарон ба муљозот кашида нашуданд. Ин њама дар њоле мебошад, ки Ѓайбулло

«

"Чї, барои падари ман хизмат мекунад? Чаро аз мо мегурезад? Ин кор бо фармони раиси ноњия сурат мегирад!". Магар чањор марди ношинос, бидуни муаррифї аз пайи нафаре даванд, одам намегурезад?! То онљое, ки ман маълумот дорам љавонони боздоштшударо дар комиссариатњои њарбї пушти панљараи оњанї нигоњ медоранд ва волидон њатто имкони дидор бо фарзандони худро надоранд, мисли он ки ин љавонон љинояти шадиде содир карда бошад.

«

Авзалов, раиси вилояти Хатлон, дар авали моњи равон зимни мулоќоташ бо нахустин гурўњи даъватшавандањо ба сафи артиш дар бинои комсариати њарбии вилояти Хатлон аз бењ гардидани шароити будубош ва таъмин ѓизо дар воњидњои низомї ёдовар шуда гуфта буд: "Ман афсўс мехўрам, ки љавонон дар баъзе ноњияњо аз адои хизмати њарбї сар метобанд. Ин камоли љавонмардї нест. Пеш агар ба хонаи духтардор хостгор мерафт, духтардор мепурсид, ки писаратон хизмат кардааст ё не. Писари хизмат кардагї обрўю манзалат дошт. Њоло њам хуб мебуд, агар ин тенденсия љорї шавад. Чунки артиш ин як мактаби љасорату мардонагист ва мардро обутоб мебахшад". Аммо аксари љавонон зимни суњбатњои сарироњї мегўянд, ки ба суханони масъулин дар бораи хуб будани шароити хизмат чандон боварї надоранд ва онњо ин амалкарди худро ба љалб нагардидани писарони мансабдорону сарватмандон ба хизмати њарбї асоснок кардан мехоњанд. Дар вилояти Хатлон кор то ба дарљае расидааст, ки њукуматњои баъзе аз шањру ноњияњои вилояти Хатлон ба ањолї ваъдањои људо намудани ќитъањои замин ва бе навбат зиёрати хонаи Каъба ва дигар имтиёзњоро арзонї доштаанд, то онњо њавасманд гардида, фарзандону наберањои худро ихтиёран оварда, ба комисариатњои њарбї супоранд. Њатто байни мардум овозањое пањн гардидааст, ки мувофиќи он, ба раисони љамоатњо супориш шудааст, то теъдоди муайяни љавононро ба комиссариати њарбї оварда супоранд, дар акси њол, аз маќомњояшон барканор хоњанд шуд. Ва ин мансабдўстдорон ба хотири њифзи курсињои худ ба баъзе љавонон ваъдаи маблаѓи муайяне медињанд, то ихтиёран ба хизмати аскарї раванд.

Рустами САФАР


БАРДОШТ - Вазъи интихоботї дар Тољикистон баъди, ба истилоњ, аз "бозї" баромадани номзади ИНИТ Ойнињол Бобоназарова чї гуна ба назар мерасад? - Вазъ хеле ором аст. Аз њама таассуфовар дар фазои интихоботї раќобат њис карда намешавад. Номзадњо ба њамдигар дар раќобат нестанд. Аллакай њама чиз маълум аст. Интихобот дигар интгрига надорад. - Сабаб чи буд, ки ИНИТ натавонист имзоњои заруриро барои номзадаш љамъ орад? - Сабаби аввал он буд, ки мўњлат кам буд. Ваќт намерасид барои љамъ кардани имзоњо. Баъдан, ба гуфти худашон, монеањо, бавижа, дар ноњияњо фишорњо зиёд буданд. Раисони ноњияњо сари ваќт ба бланкањо мўњр намегузоштанд. Боз андешањое аст, ки агар ба љои Бобоназа-

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

7

дашон хеле зиёд буд, корро сари ваќт оѓоз накарданд. Агар барваќтар корро сар мекарданд, хубтар буд. Илова бар ин, камбудии дигари мухолифини тољик дар он аст, ки ба ѓайр аз лидеронашон дигар шахсияте надоранд, то барои љомеа шинохта бошанд. Дар навбати худ лидерони ин њизбњо, бахусус раиси ЊНИТ Муњиддин Кабирї бо бањонаи шиддатнок нашудани вазъ аз ширкат дар интихобот даст кашиданд. Дар сатњи иттињоде чун ИНИТ хоњишњои роњбарони њарду њизб ба њам наомад. Њар як њизб назари худро дошт.

Парвиз МУЛЛОЉОНОВ:

"Раванди интихобот шаффоф нест" Хабарнигори "Нигоњ" аз сиёсатшиноси маъруфи тољик - Парвиз Муллољонов дар бораи сабаб ва паёмадњои аз "бозї" берун омадани номзади Иттињоди неруњои ислоњотхоњи Тољикистон (ИНИТ) ва интихоботи президентї суњбат кард рова каси дигар мебуд, имзо љамъоварї мешуд. Ин тарафи масъала бањснок аст. Инљо мо гуфта наметавонем, ки агар Бобоназарова нею дигар кас номзад мешуд, имзои зарурї љамъоварї мешуд. Ман бовар дорам, ки агар фишорњо намешуданд, ЊНИТ бо ин сохтор ва бо ин имконият метавонист, ки имзои заруриро љамъоварї намояд. Агар 40 њазор аъзои ин њизб 6 имзої љамъ мекард, аллакай имзои зарурї љамъ карда мешуд. Њизбњое, ки ба касе маълум нестанд, дар се - чор рўз имзоро љамъ карданду наход ЊНИТ љамъоварї карда натавонад? Ман ба ин чиз боварї надорам. - ИНИТ њамчун мухолифи асосии Эмомалї Рањмон дар раванди интихобот чї хато содир кард? - Хатои асосии ИНИТ дар он буд, ки боварї надоштанд, дар ваќти муайяншуда 210 њазор имзоро љамъ карда наметавонанд. Аз сабабе, ки бовариашон ба ху-

- Агар Ойнињол Бобоназарова сабти ном мешуд ва иштирок мекард, интихобот чї гуна мешуд? - Албатта, натиља њамон мешуд. Президенти кунунї дар сари ќудрат боќї мемонд. Лекин иштироки Бобоназарова сатњи норозиён аз њукумати кунуниро муайян мекард. Яъне бо иштироки хонум Бобоназарова мо мефањмидем, ки захираи эътирозї дар Тољикистон чї ќадар аст. Нафароне, ки ба Бобоназарова овоз медоданд, он тоифаи мардум њастанд, ки як њисси эътирозї доранд ва онро ба воситаи овоз додан ба Бобоназарова иброз мекарданд. Барои њамагон ин љолиб мебуд, ки интихобот як рўњияи раќобат мегирифт. Як рукни асосии интихобот, ки демократия аст, таъмин мегардид. Иштирок накардани Бобоназарова ба фоидаи њукумат нест. Чун ин ба рейтинги Тољикистон дар арсаи байналхалќї таъсири манфї мерасонад.

- Метавон гуфт, ки ИНИТ бо пешбарии номзади як зан ба маќоми президентї иштибоњ кард? Чун љомеаи суннатии тољик ин чизро на он ќадар хуб ќабул дорад. - Шояд ин њам таъсир карда бошад. Он ќисми мардум, ки як њисси эътироз доштанд ва ба як алтернатива ниёз доштанд, ба касе, ки пешнињод намешуд, ба он одам овоз медоданд. Агарчи одами пешнињодкардаи ИНИТ начандон маъруф њам, ки мешуд, як гурўњи одамон аз рўи эътироз ба ў овоз медоданд. Бисёре аз муњољирон, одамоне, ки дар давраи њукумати кунунї љойи кори доимї наёфтанд, сатњи зиндагиашон боло нарафт, аз афзоиши нархњо норозианд, ба њар номзаде, ки ИНИТ пешнињод мекард, овози худро медод. Шахсият ролро бозї кард, вале на ба ќадрї зарурї. - КМИР иљозат надод, то муњољирон ба тарафдории номзади дилхоњашон имзо гузороранд, дар њоле ки онњо низ

Шаби дарвеш Зулфиќор Шоми 11 октябр дар Маркази омўзиши осори Лев Толстойи шањри Маскав шоми эљодии Темур Зулфиќор баргузор шуд. Дар он намояндагони хадамоти муњољирати Тољикистон, созмонњои тољикон, ањли фарњанг ва адабиёти рус ва муњољирони мењнатї њузур доштанд. Баргузоркунандаи ин мањфил роњбари Маркази фарњангии тољикон дар шањри Маскав Хуршеда Њамроќулова, ки ташаббускори бисёре аз мањфилњои фарњангї дар пойтхти Русия аст, мегўяд, баргузор намудани мањфили эљодие бо Темур Зулфиќоров барояш роњат мебахшад - Бо Темур Зулфиќоров солњои зиёдест, ки дўстї дорем ва хонандааш њастам. Ў дар адабиёти рус сабку услуби навро кашф кард. Ў бо сухани фалсафиаш ва асарњои барљастааш тавонист таваљљуњи ањли адаби русро бештар ба худ љалб намояд. Мушовири ноиби раиси Думаи давлатии Русия оид ба кишварњои мусалмонии Шарќ Генадий Авдеев худро аз љумлаи хонандагони Темур Зулфиќоров

медонад, ки ўро бо љањони маънавии мардуми порсизабон ошно намудааст: - Темур Зулфиќор аз вижагихои адабиёти форсизабонон ба адабиёти рус навоварињоеро ворид кард. Дар адабиёти рус роњи нави адабиеро кашф намуд. Медонам, ки адабиёти форсї дар пешрафти адабиёти љањон наќши барљастае гузоштааст. Ман асарњои Зулфиќоровро мехонам ва алоќаро бо эљодиёти ў нигоњ медорам. Шоми эљодї бештар бо посух ба суолњои хонандагон сурат гирифт. Пурсишњо дар хусуси дидгоњи сиёсии нависанда ќисмати бањсбарангез ва шавќовари мањфил буд. Темур Зулфиќоров дар посухи як суоле давлатдориро ба идора намудани киштии бузурге ташбењ дод ва гуфт, агар нохудои киштї ва њайаташ аз кори худ ноогоњ бошанд, киштиро бо саворагонаш ѓарќ мекунанд: - Киштї ба чапу рост мегардад, суръаташ пасту баланд мешавад, меистад ё

њамчун шањрванди Тољикистон њуќуќи интихоб карданро доранд. Сабаби ин кор ба андешаи шумо дар чист? - Чун онњо фикр мекарданд, ки бахши аъзами муњољирон ба тарафдории номзади мухолифин имзо мегузоранд. Ба њамин хотир, ба муњољирон имконият надоданд, ки ба номзади дилхоњашон имзо гузоранд. Зеро шумори муњољирон хеле зиёд аст ва мумкин буд иштироки онњо ба фоидаи номзади мухолифин њал мешуд. - Оё метавон ба як интихоботи воќеан демократї ва шаффоф умед баст? - Пештар маълум буд, ки барандаи интихобот кї мешавад. Баъди аз маърака берун шудани Бобоназарова он рушантар гардид. Дигар ба ѓайр аз Эмомалї Рањмон шахсияте нест, ки ба натиљаи интихобот таъсир расонад. Интихботи президентии Тољикистон дар нисбати натиља шаффоф мегузарад, аммо раванди интихобот шаффоф нест.

ба пеш медавад. Давлати Тољикистон мисоли киштие дар ињотаи нањангњои бузурге њаракат карда истодааст. Ирон, Чин, Амрико, Туркия, Русия ва дигар кишварњое мисли нањангњои бузург ба суръати киштии давлатдории мо таъсир гузошта истодаанд. Мехоњам роњбарон ба мисли нохудои худогоњ дар миёни нањангњои бузурги љањон тавонад, ки давлатро мисоли киштие бехатар њаракат дињад. Ман тез - тез ба Тољикистон меравам ва мебинам, ки таѓирот ва њаракате дида мешавад. Темур Зурфикоров ягона адиби тољик аст, ки бо талошњои адибони рус ду маротиба номзад ба љоизаи Нобел буд. Аммо далели натиљаи мусбат надодани ин талошњоро баъзе аз адибони рус дар тобиши сиёсии асарњои Зулфиќоров медонистанд. Рузноманигори рус Владимир Бондаренко ќаблан гуфта буд, "дар эътои љоизањои адабии Нобел омили сиёсї низ њамеша наќш дошт ва як далели аслии то имрўз ба ин љоиза ноил нашудани Зулфиќоров њам ин аст, ки на ў ва на шеъраш сиёсатзада нестанд. Соњибёр ТОЛИБ, Маскав


8

ДАР ОИНА

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

Аз ибтидои солњои навадуми асри гузашта ба Чоркўњ "шуњрат"-и дигар зам шуд ва њар гуна афсонаву овозањои бардурўѓ пањн мешаванд, ки бештар ба Ислом марбутанд Ваќте бо нафаре шинос мешавам ва "суоли тољикї" - "Шумо аз куљо?" - ро медињанд, посухам кўтоњ аст: аз Чоркўњи ноњияи Исфара. Баъзан њайрон мешаванд ва баъзан барои тасдиќи он афкоре, ки шунидаанд, мепурсанд: яъне, аз дењаи террористњо? Масалан, дар яке аз масољиди панљваќтаи канори шањри Хуљанд дар моњи шарифи Рамазони гузашта ќориеро аз дењаи Чоркўњ барои гузаронидани хатми Ќуръон даъват карданд ва чун мансабдори шањри Хуљанд аз ин амал огањї ёфтааст, аз имоми њамин ибодатгоњ мепурсад, ки чаро шумо аз дењаи "террористњо" ќорї даъват кардед. Ќисса кўтоњ, бечора имоми масљидро ба нињодњои марбута даъват мекунанд ва фармонаш медињанд, ки зуд ќории чоркўњиро аз хондани идомаи хатми Ќуръон манъ карда, ба дењааш баргардонанд. Њатто роњбарони бахши вилоятии Шўрои уламо низ аз ин амали имом норизоиятї карданд. Ва имом бо узру маъзур ќориро ба дењааш мефиристад. Чанде пеш дар дар хонадони дўстам дар Душанбе соњиби хона маро, ки дертар омада будам, ба дигарон муаррифї намуд ва таъриф зад, ки ман аз дењаи машњури Чоркўњам. Яке аз мењмонон, ки дертар донистам, корманди нињоди ќудратї будааст, як ќад парид, вале фурсате пас худро ба даст гирифта, луќма партофт: "Аз њамон ќишлоќи террористон, гўед..." Агар аз рўи инсоф гўем, нафарони зиёде њам њастанд, чун "Чоркўњ" аз забони ман садо медињад, бо нишони хайр табассуме мезананд ва мегўянд, ки Чоркўњ диёри мардуми Худопарасту парњезгорон аст. Соле як ё ду бор ба дења меравам ва то њол бо террористе рўбарў нашудаам. Њатто ягон нафари зиндониёни мањбаси машњури Гуантанамо аз Чоркўњ нест. Хулосаам чунин аст, ки тасаввуроти њар нафар дар бораи дењаи мо ин баста ба мансаб, маќом ва ѓаразу маќсади эшон мебошад. Аммо дар асл...

Чоркўњ куљост? Як мушоњидаи аљиб кардам. Њарчанд касе шаробнўшеро мањкум намекунад, дар дења дўкони шаробфурўшї нест ва чанд нафари ангуштшумори араќхўр ба шањри Исфара ё дењкадаи њамсояи Ќирѓизистон мераванд. Агар гўем, ки имрўз 70 - 80% боѓоти зардолуи вилояти Суѓдро чоркўњињо саришта ва тиљорат мекунанд, аз мо муболиѓае намегузарад ва онњо бо боѓоти вилояти Суѓд ќаноат накарда, дар баъзе ноњияњои марказ ва љануби кишвар њам ба боѓпарварї машѓуланд ва ё иљораи боѓњои зардолуро низ ба ўњда гирифтаанд. Њамчунин мардуми боѓайрати дења заминњоро аз вилояти Бодкенти Ќирѓизистон ва дигар ноњияњои вилояти Суѓд иљора гирифта, шолї мекоранд. Чоркўњ бо 37 - 38 њазор ањолиаш аз љињати шумора байни шањру дењоти кишвар тахмин дар љойи понздањум, дар байни дењањо шояд танњо аз дењаи Хистеварз, собиќ Ќистаќузи ноњияи Ѓафуров, ки тахмин 60 њазор нуфус дорад, камтар аст ва њама ањолиаш сарбасар тољиканд. Дар ин дења се масљиди љомеъ ва 32 ибодатгоњи панљваќта дари худро ба рўи имондорон боз кардаанд. Мадрасаи исломї њам буд, ки онро тахмин дањ сол пеш баста буданд. Чоркўњро дар даврони Шўравї Бобољон Ѓафуров дар китоби "Тољикон" машњур гардонида, чунин навиштаи олимонро овардааст: "Дигар ёдгории палеолити боло мањаллест, ки бо номи "Хољаѓор" машњур буда, дар водии хурди силсилакўњи Туркистон, дар наздикии дењаи Чоркўњ воќеъ аст (Окладников А. П., 1964). Ин ёдгорї ба охири палеолити

«

кардаанд. Муаллифи китоб С. Хмелнитский ин маќбараро бо ёдгорињои Сомониён баробар донистааст. Имрўзњо бисёр сайёњон аз дуру бар ба зиёрати ёдгории таърихї меоянд ва ба њунари гузаштагони њунарофарини чоркўњињо ќоил мешаванд. Аз рўи гуфтаи бостоншиноси худрўй ва унвонљўй Абдуманнон Рауфзода, чанд аср ќабл дар Чоркўњ корхонаи коѓазсозї њам будааст ва њамчунин ин дењаи ќадима ватани бисёр адибу адибањову олимон будааст.

МУЊИБУЛЛОЊ ЌУРБОН, РЎЗНОМАНИГОР

домани дашти сўзон доман афканда. Понздањ - бист сол пеш дар сар хаёли обод кардани ин дашти лабташна пайдо гардид, зеро дар поёни дашт нањри хурде љорї буд ва бо насоси обкаш метавонист он даштро обшор кунад. Вале масъалаи асосї он буд, ки он сангзор хок надошт. Омўзгори аз љињати љисмонї обутобёфта њар рўз аз замини рўи њавлиаш ва гирду атрофи он, аз нањр хоку ќум канда, онро дар халта андохта, дар пуштора ба дашт мекашонид. Баъзењо ин амали ўро дида, мегуфтанд,

Чоркўњ -

дењаи террористон ё парњезгорон? Мардуми Тољикистон чоркуњиёнро намешиносанд ва дар асл миёни тољикону ќирѓизњо мухолифат вуљуд надорад боло тааллуќ дорад; эњтимол меравад, ки одамон дар ин љо 15-12 њазор сол пеш аз ин, яъне дар ањди кунунии геологї зиндагонї кардаанд. Табаќаи маскуни ин љо мањфуз намондааст, олатњои аз санги чахмоќ сохташударо сел рўфта бурдааст (Несмеянов С. А., Ранов В. А., 1964). Вале ин ёдгорї аз љињати фаровонии анвои олоти чахмоќсанг, ки бо шакл ва сохту пардохти худ аз олоти бошишгоњи Самарќанд фарќ мекунад, љолиби диќќат аст." Дигар аз ёдгории бостонии Чоркўњ, ки бе муњобот ифтихори Тољикистон аст, бинои масљиди ќадима бо номи Њазрати Бобо дар мањаллаи Лангар њаст, ки онро мардуми дења бо номи Њазрати Шоњ медонанд. Дар дохили бинои масљид, ба ќавле, оромгоњи ќањрамон ва лашкаркаш Амир Њамзаи Соњибќирон мављуд аст, вале касе даќиќан гуфта наметавонад ва ё исбот њам карда наметавонад, ки дар ин маќбара кї дафн шудааст. Вале тарњи маќбара, катибањои он ба он далолат мекунанд, ки њар касе бошад, аз мардуми оддї набуда, балки аз ашхоси аъзами садаи нуњ ё дањи он замон будааст. Бо боварї метавон гуфт, ки агар дар Тољикистон њафт ёдгории машњури кишварро интихоб кунанд, ин айвон њатман яке аз онњо мешавад, зеро он ќадимтарин ва арзандатарин нишонањои таърихи фарњанги миллати тољик ба њисоб меравад. Ин гуфтаи моро бостоншиносони рус гўё тасдиќ карда, китоберо аз силсилаи "Ёдгорињои муќаддаси исломї" бо номи "Чорку" ва зерунвони "Бинои чўбинаи аз њама ќадимтарин дар Осиёи Марказї бо ороишњои њаккокишуда" дар Олмон соли 2002 бо шумораи 500 дона чоп

Чоркўњ бо 37 - 38 њазор ањолиаш аз љињати шумора байни шањру дењоти кишвар тахмин дар љойи понздањум, дар байни дењањо шояд танњо аз дењаи Хистеварз, собиќ Ќистаќузи ноњияи Ѓафуров, ки тахмин 60 њазор нуфус дорад, камтар аст ва њама ањолиаш сарбасар тољиканд. Дар ин дења се масљиди љомеъ ва 32 ибодатгоњи панљваќта дари худро ба рўи имондорон боз кардаанд. Мадрасаи исломї њам буд, ки онро тахмин дањ сол пеш баста буданд.

«

Яке аз њазорон њољї... Шумораи њољињо дар ин дења аз њазор нафар кайњо гузаштааст ва имкон надорад, ки аз рўи "Њољї" номи эшонро муайян намуд. Яке аз чунин њољињо, собиќ муаллими мактаб, Бобомўсо Исоев мебошад, ки имрўз ба нафаќа баромадааст... Мо њамроњи муаллим Исоев дар мактаби миёнаи раќами 28, мањаллаи Гузари дења солњо машѓули таълим будем. Солњои 70 - и асри гузашта Бобомўсои љавон аз сафи артиш ба Ватан њамроњи њамсари рус баргашт. Ў аввалин набуд ва то Бобомўсо њам якчанд њамдењањо бо духтарони рус хонадор шуда, ба Ватан баргашта, баъзеи онњо мегуфтанд, ки дар замони љанг он русдухтарон онњоро аз чанголи марг наљот додаанд ва як сабаби хонадории онњо низ њамин буд. Ва муаллимаи забони русии мо њам рањматї Раиса Комиссарова аз њамон љумла буданд, ки шавњарашон аз аскарї оварда, њамчун мусалмони батаќво аз олам гузаштанд. Њамсари русзабони Бобомўсо, номи исломї - Хадича - бонуро гирифта, њамчун мубаллиѓи Ислом дар байни духтарону занон муаррифї шудааст. Бо ќабули ќонунњо дар бораи танзими расму оин ва дар бораи дину ташкилотњои динї таълимдињии Ислом мањдуд гардид ва Њољибибї низ дигар наметавонад барои босавод гардидани занону духтарон сањм гузорад. Вале дар бораи як кори Њољибибї, аз имондории ин зани ботаќво гувоњї медињад, бояд гуфт, зеро ман ёд надорам, ки дигар њољї чунин амали некро дар масири роњи њаљ ба љой оварда бошад. Соли 2002 Њољибибї њамроњи шавњараш Њољибобо ба њаљ рафта буд. Он солњо њанўз бо наќлиёти шахсї рафтан имконият дошт. Хадича - бону ният кард, ки то ба Маккаи Мукаррама расидан њатман як бор Ќуръонро хатм мекунад. Ва њамин тавр њам шуд; Њољибибї то ба сарњади Арабистони Саъудї расидан Ќуръонро пурра фуровард. Њавлии Њољибобо дар

ки муаллим мехоњад ба шутур бо чумча об дињад, магар ин даштро бо хоки пуштора замин карда мешавад? Аммо дар иљрои маќсад акаи Бобомўсо устувору росих буд. Барои ў на зимистон буду на бањор, на њавои абриву на боронї, на барфиву на офтобї. Хоккашонї ба як амали њаррўза табдил ёфта буд ва дертар фарзандонаш низ ќомат бардошта, ба падар мадад мерасониданд. Рўзњо, њафтањо, моњњо ва солњо гузаштанд. Пуштора паси пуштора хок ба дашти сўзон мерехт ва замини корам васеъ мешуд. Нињоят аз замини худаш сохта њосили аввалинро бардошт. Њоло ин гўшаи дашти тафсон ба боѓи љавон ва замини корам табдил ёфтааст. Дар боѓи Њољибобо мевањои гуногун, аз љумла, зардолуву себ, ноку ангур, анору шафтолу месабзанд.

Дар хизмати... мурдаи падар Ваќте Ќонун дар бораи танзими расму оинњо ба тасвиб расид, мардуми Чоркўњ мегуфтанд, ки ин ќонун ба дењаи мо дахл надорад, чунки ќариб чил сол пеш пешвоёни дин дар Чоркўњ - Ќорї Одил, Ќорї Ориф, Домулло Шароф, домулло Сафиюллохон ва чанде дигарон барои кам кардани бидъатњо ва масрафи маросимњои диниву анъанавї камар баста буданд, чунки ин амалњои берун аз дину диёнат ба рўзгори мардум хисороти моддиву маънавии зиёд ворид мекард ва њамон хонаводае, ки наздикашро бой медод, метавон гуфт, хонасалот мешуд. Чил сол муќаддам дар рўзи дафн мол мекуштанд, ба мардуми ба љаноза омада, бо номи хайрот ба андозаи 1, 3 ва ё 5 сўм, ки баробар ба 6, 18 ва 28 сомонии имрўз аст, пул медоданд. Ба ин иктифо накарда, боз ба занњои ба азо омада, ба андозаи ним ё як метр матоъ њамчун "йертиш" (аз ўзбекї "пора" ё "тика") медоданд. Ба хотири њамин матоъ


ИСФАРА азо хеле серодам мегузашт, чунки занњо аз мањаллањои њамсоя њам меомаданд. Бинобар ин дар рўзи азо баъзан то 500 метр матоъ ба занњо таќсим мешуд. Дар рўзи дафни Ќорї Одил, ки яке аз маъруфтарин пешвоёни дин дар ноњия буданд, ањли оила ќарор доданд, ки ба љойи йертиш чойи хушк дињанд. Чи тавре писари шодравон Ќорї Одил, домулло Њадиятуллоњ, ки њамчун мубаллиѓи Ислом дар ноњия шинохта шудаанду солњои зиёд дар масољид имомхатиб ва солњои навад депутати Маљлиси Олї буданд, наќл карданд, дар рўзи дафни падар марњум модарашон пешнињод намуданд, ки дар манзил ду ќуттии калон пур аз лундањои чойи хушк аст ва барои он ки он исроф нашавад, хуб мебуд, ба мардум ба љойи йертиш ва хайрот чойи хушк яклундаї таќсим кунанд. Чун додари марњум Ќорї Ориф, ки аз љонибдорони фаъоли кам кардани бидъату расму оинњои серхарољот буданд, фарзандон - Домулло Сафиюллохон, аввалин хатмкардаи мадрасаи Бухоро аз дења ва Домулло Њадиятуллохони љавон зуд ин пешнињодро пазируфтанд. Албатта, ин кори онњо дар он солњо як љасорати хеле сариваќтї буд. Аз љониби ди-

гар мубориза бар зидди бидъатро аз оилаи худ сар кардан ќулайтар буд, зеро чун ба нафаре мегуфтанд, ки бародар, камбизоатед, шарт нест, ки ба ќарз ѓутида, хайрот дињед ва аз ин коратон ба мурда савобе намерасад, на танњо ќабул, балки гўш кардан намехостанд. Бинобарин чун дар ихтисори бидъат дар рўзи дафни пайванди худ ќадами аввал гузоштанд, тарѓиби суннатњои исломї дар дафну азодорї осонтар шуд. Аммо оѓоз њамеша душвор буд, зеро њамон рўзњои азои шодравон Ќорї Одил садоњое њам шунида мешуд, ки ин амалро аз зихнагї карданд... Чун гоми аввал дар ин роњ гузошта шуд, Ќорї Ориф ва Домулло Сафиюллохон дар њар маъракаву љашн дар дар бораи кам ва сабук кардани расму оинњо, ки ба Ислом дахле надоштанд, сўњбат мекарданд ва њамеша аз Ќуръону њадис ва дигар китобњои муътабар мисолњо мезаданд. Яке аз сабабњои асосии соли 1973 ба њабс гирифтани домулло Сафиюллохон њамин фаъолияти густурдаи таълими исломї буд. Пеш аз он ки ин олими маъруфро ба њабс гиранд, ба ў пешнињод карданд, ки Чоркўњро тарк кунад ва ба Бухоро баргардад ва он љо ба таълими Ислом машѓул шавад. Дар Чоркўњ бояд як таълим - таълими дунявї бошад, на таълими исломї! Вале ин олими баимону донишманд ва якрўйу ростандеш ва якќавла њамоно посухашон дод, ки на, ў дигар ба Бухоро барнамегардад, зеро ватанаш Чоркўњ аст ва аз љониби дигар волидайн пир шудаанд ва ў бояд хизмати онњо ва мардуми онро кунад. Ёддошт заданд, ки аз ин гуфтањояш пу-

шаймон хоњад шуд... Ва њамин тавр њам карданд. Бо бањонаи он ки дар хонааш мењроб сохтааст ва якуним њиссаи гектар заминро азхуд кардааст (дар асл он замини њамсояро харида буд), як сол њабсаш карданд. Ў як ќисми ин мўњлатро дар канори оташдонњои тафсони бузурги хиштпазии њабсхонаи Душанбе гузаронида буд, вале дар мањбас њам Домулло Сафиюллохон ба тарѓиб ва тадриси Ислом машѓул буд. Бе муњобот метавон гуфт, ки дар њабси ин олим душманони Ислом дер карда буданд. Аллакай дањњо шогирди Домулло Сафиюллохон соњибилм шуда, худ ба омўзиши дигарон пардохтанд ва ќисмашон назди Ќорї Ориф омўзиши илмро давом медоданд. Воќеан, ин ду нафар - Ќорї Ориф ва Домулло Сафиюллохон аз бољасораттарин, боѓайраттарин ва ростроњтарин мубаллиѓон ва муаллимони Ислом дар дења буданд. Дуяшон то охирин лањзањои умр ба таълими шогирдон ва кам кардани бидъатњо машѓул буданд. Ва чун баъзењо мепурсанд, ки чаро Ислом дар дењаи Чоркўњ назар ба дигар дењоту шањрњои вилоят хеле пеш рафта, мардум пеш аз њама ба ањли ин оила - бародарон Ќорї Одил ва Ќорї Ориф ва фарзандони Ќорї

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

ки бале, дорад. Аз ў хоњиш карданд, ки дар давра иштирок накунад. Гап дар сари он ки ба њар як нафари дар даври иштирокдошта тахмин се ё панљ сомонї медоданд ва одами пулу молаш ба нисоб расида њаќ надошт аз он пул бигирад. Барои давра, покшўён ва гўрковон чанд сомоние додам ва љамъи харољоти дафн ва азодорї то ба сад сомонї њам нарасид. Пас аз дафни модар ман ба Мулло Мухтор гуфтам, ки аз сабаби рањдурї ман на њамеша ба хизмати модар мушарраф мешудам, бинобарин рухсат дињанд, ман аќаллан як гўсфандчае барои модар бикушам. Мулло Мухтор андак хомўш истода, посухам доданд, ки, дар дења куштани мол дар маросими дафн ќатъиян манъ шудааст, бинобарин ман наметавонам расму оини муќарраршударо вайрон кунам. Ман бо исрор хоњишамро такрор намудам. Бо андак асабоният гуфтанд, ки ман ба писари Мулло Сиддиќ (падарам) гузашт кунам, пагоњ нафаре мурад ва фарзанди ў наздам ояд ва аз ман пурсад, ки мол мекушам, чї посух медињам. Дигар дар ин хусус напурсед. Њамин тавр ман мол накуштам, барои мењмонон таъом њам напўхтем, чунки муво-

Яке аз сабабњои асосии соли 1973 ба њабс гирифтани домулло Сафиюллохон њамин фаъолияти густурдаи таълими исломї буд. Пеш аз он ки ин олими маъруфро ба њабс гиранд, ба ў пешнињод карданд, ки Чоркўњро тарк кунад ва ба Бухоро баргардад ва он љо ба таълими Ислом машѓул шавад. Дар Чоркўњ бояд як таълим таълими дунявї бошад, на таълими исломї!

Одил - Домулло Сафиюллохон ва Домулло Њадиятуллоњ ишора мекунанд. Имрўз маросими дафну азо ва љашн њамон ќадар сабук шудааст, ки метавон гуфт барои оилањои миёнњол гарон намеафтад. Агар гузаронидани маросими дафну азоро гиред, он барои хатто оилањои камбизоат њам мушкилї намеорад, чунки бо 200 - 400 сомонї бемалол нафареро ба хок супоридан имконият дорад. Ин сабукї ба мардум камаш сї сол ин сў хизмат дорад.

Маросими арзонтарини дафн дар Тољикистон Масалан, ман барои дафни модарам майи 2000-ум то 100 сомонї харољот доштам, такрор мекунам, танњо 100 сомонї. Дар он замон "давра" ном расми динї буд, ки њоло аз байн бардоштаанд. Њамон рўз пеш аз дафни модарам айнан чунин маросимро шодравон Мулло Мухтор, имоми масљиди мањаллаи Кунљок, гузарониданд. Тахмин њафт нафарро барои давра љамъ оварданд ва аз њар яки онњо пурсиданд, ки оё дар хона аз 800 доллар зиёд моликият ё пул доранд. Як нафар гуфт,

«

фиќи расму оин оилаи мотамдор чанд рўзи аввал таъом намепўхтааст ва ин корро хешу аќрабо, дўстон ва њамсояњо ба зиммаи худ гирифта, бо навбат ба хонаи мо таъом меоварданд. Бо вуљуди ин, ман ба Душанбе баргашта, њамон моли гуфтаамро садаќа кардам. Мутаассифона, онњое, ки аз Ислом огањии камтар доранд ва ё умуман, дуранд, бидъатро сахт риоя мекунанду ба Исломи асл кор надоранд. Борњо мушоњида кардаам, ки падару модар чашм чор ба фарзанд, вале писар чанд сол аст, ки дар Русия ба зиндагии худ овора аст. Чун хабари марги волидайн мерасад, ба Ватан баргашта, љома ба бар, тоќї ба сар дар хизмати... мурдаи падар ё модар мешаванд. Баъд гов ё якчанд моли майда мекушанд. Мабодо рафта, бигўї, ки ин корат дуруст нест, некї ё хизматро ба волидайн дар зиндагии эшон кардан даркор, ба ту њазор далелу санад аз орияту ќарзи фарзандї ва расму русуми бобоиву аљдодї меорад, ки хун кардан зарур аст. Яъне, бо инсони аз Ислом камогоњ бањс кардан худ як мушкила аст. Ќаблан, яъне, тахмин то чил сол пеш, дар дењаи Чоркўњ чунин анъана буд, ки дар ара-

9

фаи Иди Рамазон мардум љамъ шуда, ба хонањои он нафароне, ки дар давоми сол аз оилаашон нафаре фавтида буданд, мерафтанд, дуъо мехонданд, баъд дар он манзил тановул мекарданд. Ин маърака барои соњиби мурда гарон њам меафтод, зеро маљбур мешуд, гов ё гўсфанд кушад. Вазъият дар ин роњ имрўз чї гуна аст? Имрўз ин расму оини гарон табдил шуда, ба оини хеле осон, сабук ва барои њар як оила ќулай, чунки мисли солњои ќабл оилаи азодор мол намекушад, дастархон намекушояд ва мардум њам намеоянд. Масалан, мардуми мањаллаи Кунљоки Чоркўњ пеш аз намози аср њама дар ќабристон љамъ меоянд. Њар яке аз ќабри гузаштањои худ хабар мегирад ва агар зарур ояд, гирду атрофи онро тоза менамояд. Баъд имомони се масљиди панљваќта, ки дар њудуди ин мањалла аст, ба гирдомадагон дар бораи моњи шарифи Рамазон ба ќадри дониши худ мавиза мекунанд ва дар охир аз ояњои Ќуръон порањо тиловат мешавад. Пас аз адои ин маросим танњо пайвандон, наздикон ва хешу табори азодор дар хонаи ў љамъ меоянд. Ман бехабар аз ин нозукии расму оин дар арафаи ид ба њавлии яке хешонамон, ки чанд моњ ќабл аз олам чашм пўшида буд, барои фотињахонї рафтам ва дарвозаи њавлиро пўшида ёфтам. Дертар ба ман шарњ доданд, ки ин амал, яъне, дар арафаи ид барои фотињахонї рафтан аз байн рафтааст. Дар дигар мањаллањо њам ба њамин наздик расму оин мегузарад. Масалан, дар мањаллаи Лангар мардум дар намози аср дар масљиди машњури Њазрати Шоњ, ки дар њамин мањалла љойгир асту мо дар бораи он маълумот дода будем, гирд меоянд ва ба дунболи салоти аср барои рўњи гузаштагон оятњои Ќуръон ќироат мешавад. Яъне, онњо ба ќабристон намераванд. Шояд сабаби ба гўристон нарафтани мардуми ин мањалла дар он бошад, ки манзили охирати мањалла дар њудуди масљиди Њазрати Шоњ аст ва онњое, ки ба зиёрати ќабри гузаштагонашон рафтан мехоњанд, барояшон ин кор мушкил нест. Аммо ин мазмуни онро надорад, ки мотамдорон фаромўш шудаанд. Бегоњї њамсояњо, хешу аќрабо ва дўстон ба хонаи азодор таъом мебаранд ва аз таъомњои овардаи худ тановул мекунанд. Дар рўзи ид њам мардум ба зиёрати азодорон мераванд, аммо ин албатта, дастаљамъї сурат намегирад ва танњо, чи тавре гуфтем, наздикон мераванд. Дар мањаллаи Гузар бошад, дар рўзњои ид на дар ќабристон ва на дар масљид ба хотири рўњи гузаштагон фотиња намекунанд ва танњо мегўянд, ки аъзои оилаи мадфун метавонанд ба хотири гузаштањои худ ояте бихонанд ва ба зиёрати ќабристон бираванд, аммо на ба таври оммавї ва маљбурї. Табдили маъракањои серхарољот ба расму оини камхарљ ё бехарљ дар ин дења ќариб ки бе мушкилї сурат мегирад. Сабабаш дар он аст, ки дар Чоркўњ уламои аз Ислом бохабар хеле зиёданд ва њар яки онњо барои сабук шудани расму оин сањми худро мегузорад. Боз дар Кунљок ва дигар мањаллањо анъанаи дигари хеле љолиб солњост, ки љорист. Ин ба таври ихтиёрї кофтани ќабр аст. Дар њар мањалла гурўњи ихтиёриён тартиб ёфта, ки кофтани ќабрро ба ўњда гирифтааст ва онњо ин амали худро дар роњи Худо, маљљонї танњо барои савоб ва дуъо ба иљро мерасонданд. Аммо вазъияти молиявии оилањоро ба инобат гирифта, дар як мањалла эълон шудааст, ки ба гўрков њар кї њар чї метавонад дињад. Дар мањаллаи Гузар 15 соли охир умуман, гурковон пул намегиранд. Аз ањли ин мањалла пурсидам, ки охир, онњое, ки ќабр мекобанд, оила доранд, ваќт масраф мекунанд ва магар ба онњо љабр намешавад. Гуфтанд, на, ќабристон бузург аст ва ќисми зиёди замини он холї ва ин замини корамро ба гўрковон таќсим кардаанд ва њар яки онњо ба тикаи худ картошка, сабзї ва ё дигар полезї мекоранд ва ба зиндагиашон андак мададе њаст. Хатнасур ва оше, ки њангоми љашни арўсї медињанду дар дења бо номи оши никоњ маъмул аст, дар доираи муайяни масраф мегузаронанд ва худи сарварони мањаллањо ва имомони масољид имконият намедињанд, ки мусобиќаи худнамоишдињї сурат бигирад ва љашнњои бодабдабаро метавон гуфт, мардум фаромўш кардаанд. (Давомаш дар шумораи оянда)


10

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

Дар ду кишвари њамсоя омодагї ба интихоботи президентї идома дорад. Дар Афѓонистоне, ки муддати беш аз сї сол ба инљониб моњеву соле бидуни љангу хунрезї набуд, мардум талош доранд сари сандуќњои райъдињї њозир гарданд ва ба љонибдории номзадњои арзандаи худ ба ин маќоми олї овоз дињанд. Вале он рўз њанўз нарасида ва њарчанд номзадњо мушаххас мешаванд ва шояд маъракаи таблиѓотии онњо низ шурўъ гардад, вале худи интихобот моњи апрели соли оянда баргузор мешавад. Дар фосилаи њамагї 3 ё 4 рўз Комиссияи марказии интихобот ва райъдињии Тољикистон низ номзадњои ширкаткунанда дар интихоботи президентиро эълон кард. Вале Ойнињол Бобоназарова, ки њамагон ўро довталаби асосї ва ягона алтернатива ба Рањмон медонистанд, ба иллати камбуд дар љамъоварии имзо дар ин рўйхат шомил нашуд. Билохира, кайфияти мубориза барои курсии раёсати љумњурї дар кишвар аз байн рафт. Вале маъракаи таблиѓи номзадњо амалан оѓоз гардид. Дар интихоботи имсолаи Афѓонистон тибќи иттилои расида њудудан 30 нафар чун номзад сабти ном шудаанд, ки дар миёни онњо шахсиятњои матрање чун Залмай Расул, бародари президенти амалкунанда Ќаюм Карзай, собиќ вазири мудофиаи Афѓонистон Абдул Рањими Вардак, вазири пешини молияи ин кишвар Ашраф Ѓанї Ањмадзай, вакилони мардум дар парламон Саид Исњоќи Гелонї ва Абдулрабби Расули Сайёф дида мешаванд. Аз ин афрод иддае барои мардум чењрањои ошноянд, чун аз замони љињод зидди Шўравї ва баъди он дар сањнаи сиёсиву низомии кишвар њузур доранд. Ва яке аз ин шахсон вазири пешини умури хориљии Афѓонистон доктор Абдуллои Абдулло мебошад, ки соли 2009 низ номзад дар интихоботи президентї буд, вале шикаст хўрд. Он замон Абдулло бо Њомид Карзай дар дуввумин давр мебоист сабќат мекард, вале ба таври ѓайримунтазира аз ширкат дар он даст кашид ва њаводорону пайравонашро ноком кард.

Иттињодњои муваффаќу номуваффаќ Дар Афѓонистони љангзада, ки њанўз њам силоњ њарфи охир дорад, њељ номзаде бидуни эътилоф бо дигаре наметавонад вориди корзори интихоботї гардад. Аз ин рў њар номзад талош дорад аз љумлаи шахсиятњои саршинос миёни ќамву миллатњои мамлакат касонеро љалб намояд, ки миёни ќабоил вазн дошта бошанд. "Љамоати исломї" ва "Њизби исломї" ду нерўи сиёсї ва низомии ба њам зид мебошанд, ки дар солњои љанги шањрвандї муќобили њам сахт љангидаанд. Вале ин бор узви фаъол ва яке аз чењрањои аслии "Љамоати исломї" Абдуллои Абдулло тавонист Муњаммадхони пашту, яке аз шахсиятњои матрањ дар њизби исломиро аз љумлаи муттањидони худ гардонад. Вале то куљо ин иттињод корсоз ва муваффаќ хоњад буд, ваќт нишон медињад. Дар гузаштаи начандон дур њам давлати Раббонї ба хотири коњиш дар ихтилофи назар ва наздик овардани паштутаборон Гулбиддини Њикматёрро сарвазири кишвар таъин кард, вале њатто ин њам ба зиддият миёни ду њизб поён надод. Коршиноси мустаќили созмони тањќиќотии "Шабакаи тањлилгарони Афѓонистон" Кейт Кларк њам ин иттињодро бунёдан заъиф медонад ва мегўяд шояд чандон давом накунад. "Ду љониб њамдигаро дўст намедоранд, вале дар ин марњила чунин иттињодро ба манфиати якдигар медонанд. Абдуллои Абдулло мехоњад бо ин васила таваљљўњи паштуњои кишварро ба худ љалб созад, вале ин амалан номумкин аст, чун Њизби исломї њоло он маъруфиятро, ки ќаблан дошт, надорад". Ашраф Ѓанї, номзади дигари сабти номшуда дар гузашта вазири молия буд ва муддате дар Бонки умумиљањонї низ фаъолият кардааст. Мавсуф яке аз пешвоёни њазорањо Сарвар Даниш, ки дар гузашта волии Дайкундї будааст, ба иттињоди худ љалб кардааст. Муттањиди дуюми Ѓанї генерали узбак Абдурашиди Дустум аст, ки баъди хомўшии тўлонї њафтаи

ЌИЁС

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТЇ:

АЗ ТОЉИКИСТОН ТО АФЃОНИСТОН

љорї садо баланд кард ва барои беназмињои аввали солњои 90 аз сокинони Афѓонистон пузиш хост. Ашраф Ѓанї низ чун Абдуллои Абдулло дар интихоботи соли 2009 ширкат карда буд ва муваффаќ ба касби њамагї 3 дар сади овозњо гардид. Вале ба андешаи Умар Самад, яке аз тањлилгарони дигари масоили Афѓонистон ин бор Ѓанї бо љалби Дустум метавонад ба овози бештар умед бандад, чун узбакњои Шимоли Афѓонистон њамагї аз генерал Дустум пуштибонї мекунанд. Залмай Расул бо бародари марњум Ањмадшоњи Масъуд Ањмад Зиё Масъуд дар иттињод аст. Муттањиди дигари ў Њабиб Саробии њазора мебошад, ки дар айни замон волии вилояти Бомиён аст. Коршиносон бар ин назаранд, ки њам чанг задан ба домани Ањмад Зиё Масъуд ва њам ба як шахсияти матрањ миёни њазорањои Афѓонистон метавонад Залмайро бештар аз дигарон муаррифї кунад. Абдулрабби Расули Сайёф яке аз боризтарин чењрањои љињоди Афѓонистон ва дар гузашта аз муттањидони Ањмадшоњи Масъуд аст, ки дар солњои љанг бо Шўравї шўњрати беандоза касб карда буд. Замоне, ки њукумати Раббонї дар Кобул побарљо буд, калавише дар мавзеъгириаш надошт ва чун сарвари ќабилаи паштунњои Афѓонистон њамеша аз њукумати марказї њимоят мекард. Дар айни замон вакили мардум дар парламон аст. Сайёф бо Исмоилхон, як фармондењи матрањ ва шинохтаи тољиктабори Шимол дар иттињод аст ва барояш дар сурати пирўзї мансаби ноиби президентиро ваъда кардааст.

«

Толибон ва интихобот

Имконоти якранг ва тафовутњо

Дар арафа ва баъди баргузории интихобот дар Афѓонистон эњтимолияти нерў гирифтани њамлањои Толибон ва дигар гурўњњои зиддидавлатї вуљуд дорад. Ин дар њолест, ки аллакай аз имрўз гурўњи Толибон баргузории интихоботи президентиро бо шеваи ѓарбї тањти савол мебаранд. Љери ван Дайк, як тањлилгаре, ки чанде пеш аз љониби гурўњи Толибон рабуда шудаву муддате бо онњо зиста буд, бар ин назар аст, ки барои ин гурўњ демократия ин дини Ѓарб аст ва Ислом итоат аз амри Парвардигор мебошад. Ва онњо њамин њокимияти Худовандиро мехоњанд. Мегўянд демократия њокимияти инсон аст ва низоми он зидди низоми шариат мебошад. Онњо намехоњанд демократия, ки онро дини ѓарбиён медонанд, њокими Афѓонистон шавад. Аз сўи дигар ошкоро мегўянд, ки муќобили онанд, ки ба ивази президенти имрўза боз њам пайрави демократия сари ќудрати Афѓонистон ояд. Ва ин тањлилгар ба ин натиља расидааст, ки њар нерўе њам сари ќудрат ояд, гумоштаи Ѓарб аст ва онњо нахоњанд онро пазируфт. Тибќи иттилои тайидношуда, ки расонањои ѓарбї њамвора таъкид ва интишор медињанд, артиш ва пулиси Афѓонистон 52 000 нафаранд, вале нерўи Толибон на бештар аз 20-30 њазор. Аммо љунбиши имрўзаи Толибон на онест, ки ќаблан буд. Он пайваста дар њоли рушд аз њисоби фирориён аз артиш ва пулис ва сокинони кишвар аст. Ва боз ин ки сатњи фирор аз нерўњои мусаллањ ва хадамоти пулису амният дар ќиёс ба солњои пеш хеле боло рафтааст ва ба 30% расидааст.

Ин дар њолест, ки аллакай аз имрўз гурўњи Толибон баргузории интихоботи президентиро бо шеваи ѓарбї тањти савол мебаранд. Љери ван Дайк, як тањлилгаре, ки чанде пеш аз љониби гурўњи Толибон рабуда шудаву муддате бо онњо зиста буд, бар ин назар аст, ки барои ин гурўњ демократия ин дини Ѓарб аст ва Ислом итоат аз амри Парвардигор мебошад.

«

Инак, дар ду кишвари њамсоя омодагї ба баргузории интихоботи раёсати љумњурї идома дорад. Умумиятњоеро метавон дарёфт ва яке аз он чун дар гузашта чењрањое чанг ба домани њокимият мезананд, ки барои мардум чандон дигар мањбубияте надоранд. Баъди хориљ шудани Ойнињол Бобоназарова аз сабќати интихоботї дар Тољикистон ба љуз президенти амалкунанда ягон номзади дигар шонси пирўзї надорад. Ва агар нек њам бингарем, миёни ин номзадњои сабти номшуда маъруфтарин боз њамин Эмомалї Рањмон аст. Ду кишвари ду сўи руди Ому имсол ва соли оянда дар фосилаи камтар аз шаш моњ бояд роњбари худро интихоб менамоянд. Дар Афѓонистон тибќи ќонун Њамид Карзай дигарбора њаќи ширкат надорад ва бояд канор равад. Аммо дар Тољикистон Конститутсия ба президенти амалкунанда боз як навбати дигар иљозаи интихоб додааст. Дар Афѓонистон низ асосан касоне вориди сањнаи набарди интихоботї шуданд, ки дар гузашта дар њамин сањна будаву бо шикаст берун рафта буданд. Аммо онњо ин бор имкони бештари озмоиши мањбубияти худ доранд, чун президенти амалкунандаи аз ин сабќат берун аст. Афѓонистон дар остонаи таѓйири дидгоњњои сиёсии сарваронаш аст, чун Карзай бо њама амрикоситезї натавонист як сиёсати матрањи муносибат бо хориљиёнро тарњрезї кунад. Дар остонаи хуруљи нерўњои хориљї аз Афѓонистон роњбари нави онро лдозим меояд ин гуна сиёсат дошта бошад, то кишвар бори дигар дастхўши бегонагон нагардад. Афѓонистон дар вазъи љангї президент интихоб мекунад, аммо дар Тољикистон амнияти сартосарї њоким аст. Вале боз њам дар остонаи хуруљи НАТО аз Афѓонистон эњтимолияти бурузи ноамнї дар кишварњои њаммарз бо ин мамлакат,аз љумла Тољикистон вуљуд дорад. Зеро гурўњњои фурсатталаб ва ситезаљўи берунимарзї метавонанд бо вуруд аз Афѓонистон вазъро бўњронї созанд.

Бобољони ШАФЕЪ


ДАРДИ МУЊОЉИР

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

11

Ба андешаи мане, ки чандин сол дар ин кишвар кору зиндагї мекунам ва аз авзоъ каму беш огоњам, сабабњои асосї инњоянд:

Сабаби аввал Бештари русњо мо - тољиконро аз барномаи шабакаи телевизюнии ТНТ "Наша Раша" мешиносанд. Ин барнома дар њаќќи мардуми мо буњтонњо мезанад, моро гўлу гарангу бефањму нашъаманд намоиш медињад. Аввалњо чандон эътибор намедодам. Мегўянд, "саг мељакаду корвон меравад". Аммо ду рухдод косаи сабри маро лабрез гардонд. Рўзе бо як ошнои русам нишаста суњбат доштем, ки љавони дигаре наздамон омад. Ў, ки шиноси њамсуњбатам будааст, каме ширакайф буд. Чун фањмид, ки ман аз Тољикистонам, бо тамасхур гуфт: "- Ту Равшанї? Ё Љумшут?" Гуфтам: "На ину на он. Ман тољикам. Тањќир накун, бародар!" Њамсуњбатам ўро сарзаниш карду аз наздамон ронд. Пас аз ман бахшоиш пурсиду гуфт: "- Наранљ, ин ањмаќ маст аст". Пас аз чанде бо њамшањриёнам суњбат доштаму рухдоди ёдшударо барояшон наќл кардам. Яке гуфт: "- Хайр, ин гапе нест, он љавон содаву маст будааст. Ман њамин гуна суханонро аз як корманди милиса шунидам. Ин њама касофати варсоќихонињои "Наша Раша" аст". Аз ин суханон ба андеша рафтам. Ќалам ба даст гирифтаму маќолае навиштам, бо номи "Тољикон, арманињо ва "Наша Раша"" ("Таджики, армяне и "Наша Раша"). Барои торнамои "Азия-Плюс" фиристодам. Дар муддати кўтоњ онро дањњо сайтњои русї, арманї ва тољикї нашр карданд. Мактубњои хонандагонро хонда, ба натиљае расидам, ки мардум аксаран њамфикри мананд. Бароям басо хушоянд буд, ки арманиёни номдоре чун Самвел Гарибян ва Гегам Халатян, рањбари Иттињоди арманињои Русия, созандагони барномаи "Наша Раша"ро мањкум карда, аз мардуми тољик бахшиш хостанд. Торих гувоњ аст, ки борњо бо гуноњи якду нафар мардумон ва кишварњо душмани њамдигар шудаанд. Хушбахтона, хирад дар маниши мардуми бостонии арман боло гирифту њамватанони худ - Галустян ва Мартиросянро мањкум карданд. Дере нагузашта буд, ки дар паи фишори онњо намоиши сужањои тањќиркунандаи тољикон аз тариќи барномаи "Наша Раша" ќатъ гардид. Мо - тољикон, дар Ватани худ мушт бар сина мекўбему мегўем: "Мо ориёием!" Дусе журналисти бевиљдон миллати моро паст мезаду роњбарони мо хомўш буданд. То он даме, ки мардуми одии тољик садои эътироз аз миллатгароёни "Наша Раша" баланд карданду бо њамкории равшанфикрони арманї пеши роњи интишори барномаи тањќиромезро набастанд, маќомоти кишвар сукут меварзиданд.

Сабаби дуввум Оќибатњои фалокатбори љанги дохилии мо на яку ду, балки дањњову садњоянд. Яке аз онњо ин аст, ки љанг моро дар арсаи љањонї беобрўву шармсор кард. Гоњо мешунавам, ки русњо мегўянд: шумо - тољикон, дар талоши истиќлолият бар русњо ошўб кардед, онњоро аз кишваратон рондед, хонаву чизу чораашонро соњиб шудед, акнун бошад, дар љустуљўи ризќу рўзї боз муњтољи Русия њастеду ба дари мо меоед… Ман мекўшам ба њамсуњбатонам бифањмонам, ки аз ин љанги бародаркуши шармандавор, ки аз љониби душманони дохиливу хориљї бар мо тањмил гардид, њама

"ТУ РАВШАНЇ? Ё ЉУМШУТ?" Чаро тољикон дар Русия аксаран хору зоранд? шањрвандони Тољикистон осеб диданд ва бештар аз њама - худи тољикон. Ин љанги миёни ќавмњо набуд, балки байни гуруњњои сиёсии худи тољикон буд. Аз бесарусомонињо истифода бурда, дуздону ѓоратгарон ба озори мардуми бечора, аз љумла, русњо, пардохтанд. Ин суханонро яке мефањмад, дигаре - не. Аммо дар маљмуъ, аксаран мардуми рус аљаб дилкушоду некандешанд, бадиро ба дил намегиранд.

Сабаби сеюм Кишвари мо нодору бечора аст. Шањрвандонашро наметавонад аз кору шароити хуби зиндагї таъмин кунад. Аз њамин сабаб њам тољикон маљбуранд, ки барои кор рў ба ѓурбат биёваранду бо чї мушкиле бошад, зањмат кашанд, то ки ризќи ањли хонаводаи худро дар Тољикистон таъмин намоянд.

Сабаби чорум Тољикон аксаран касбу кори дуруст надоранд, аз ин сабаб дар Русия маљбуранд ба корњои сахту каммузд даст зананд. Ин њолат дар атрофиён эњсоси нохушеро бедор мекунад. Озарињо ва арманињо дар Русия асосан мардуми бозориянд, бо тиљорати сабзавоту мевањо ва хўрокворї машѓуланд. Молдовињо ва украинињо мутахассисони хуби сохтмонанд. Тољикон бошанд, маљбуранд фаррошї кунанд ё коргари ёрирасон дар корњои сахти сохтмон бошанд. Узбакњову ќирѓизњо низ аз њамин ќабиланд, аммо бо таъсири расонањо, мардуми Русия асосан тољиконро мардуми бечора мепиндоранд.

Сабаби панљум Намояндагињои Тољикистон дар Русия (намояндагињои идорањои муњољират, шуѓ-

ли ањолї, вазоратњои умури дохиливу хориљї) вазифањои худро ба таври бояду шояд иљро намекунанд. Ва низ на њама созмонњои љамъиятї ва муњољират, ки худро муваззаф ба ёрирасон ба њамватанон медонанд, ба муњољирон ёрии муассир мерасонанд. Дар бобати мадад ба муњољирони мењнатї фаъолияти созмонњои муњољирони Арманистону Озарбойљон дар Русия намунаи ибратанд. Онњо барои шањрвандони худ бењтарин шароитро фароњам меоранд ва њамеша дар дифо аз њуќуќи онњо садо баланд мекунанд.

Сабаби шашум Муњољирони кории тољик то имрўз натавонистаанд, ба ягон кишвари дигари кордињанда, ба ѓайр аз Русия, роњ кушоянд. Давлати Тољикистон бояд иќдом намояд, то дар дигар кишварњои пешрафтаи санъатї барои шањрвандони худ љойњои корї пайдо кунад. Дар ин замина таљрибаи давлати Туркия шоистаи ибрат аст. Мегўянд, замоне Туркия њам кишвари пасмондае буд. Саноат суст буд, љойњои корї намерасид. Давлати Туркия бо кишварњои пешрафтаи саноатии Аврупо, хусусан Олмон гуфтушунид намуда, шањрвандонашро онљо барои кор сафарбар менамуд.

Сабаби њафтум Љавонони мо аз хидмати сарбозї гурехта, солњои зиёд дар Русия паноњ мебаранд. Онљо омодаанд њар гуна хориву зории ѓарибиро тоб оваранд, аммо намехоњанд ба Ватан баргарданд, зеро онњоро "военкомату облава" интизор аст. Барои чї хидмати сарбозї обрўву шарафу ифтихормандии худро гум кардааст? Ба њама маълум аст - "муносибатњои ѓайри уставї", њодисањои мањалгарої ва миллат-

гарої байни сарбозон, гоњо бепарвоии маќомоти њарбї нисбати хизмату маишати сарбозон ва ѓайра…

Сабаби њаштум Гоњо намояндагони халќу миллатњои дигар њам ба корњои ношоиста даст зада, худро ба тољикон нисбат медињанд. Дар Маскав кору зиндагї мекардам. Як рафиќи рус, муќими Маскав, ки ба тољикон муносибати хайрхоњона дошт, боре њангоми суњбат арз намуд: - Ба њоли занону кўдакони тољик, ки дар кўчањои пойтахти Русия гадої мекунанд, рањмам меояд. Њар боре, ки аз наздашон мегузарам, кўшиш мекунам њадди имкон бо чанд рубл мадад расонам. Ба ў гуфтам, ки тољикон мемуранду гадої намекунанд. Рафиќам андаке ранљиду гуфт: - Рафтем, бо чашмони худ бубин! Он рўз барф меборид, сармо буд. Дар назди истгоњи метрои "Тургеневская" , дар рўи замини тар коѓазеро густурда љўгизане бо кўдакаш нишаста, сўи роњгузарон дасти талаб дароз карда буд. Дар наздаш навиштаљоте: ""Помогите таджикским беженцам". Ба зан мурољиат кардам: - Гадої мекунї ё не - ихтиёрату расму таомули худат. Аммо чаро худро тољик мешуморї? Чаро обрўи тољиконро паст мезанї? Тољик њеч гоњ гадої намекунад! Љўгизан паст наомад: - Аввал ин, ки гарчи мо љўгием, дар паспортамон "тољик" навиштаанд. Дуввум ин, ки гадої кори савоб аст. Тољикон њамдигарро бе сабабу бе гуноњ куштанд, чаро аз обрўи миллат фикр накарданд?! Гадої бењтар аст аз дилозориву хуни ноњаќ рехтан! Ростї, дар љавоб натавонистам чизе бигўям… Умар ЮНУСОВ, шањри Ростови лаби Дон, Русия

АФЗОИШИ ЊАЉМИ САВДОИ ХОРИЉИИ ТОЉИКИСТОН Њаљми савдои хориљии Тољикистон дар 9 моњи соли равон, аз моњи январ то сентябри соли 2013, беш аз 3,8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намудааст, ки нисбат ба њамин давраи соли гузашта 4,2% зиёд мебошад. Ба иттилои Агентии омори назди Њукумати Љумњурии Тољикистон, содироти мањсулот беш аз 880,1 млн доллар буда, воридот аз 2,9 млрд доллар зиёдтарро ташкил медодааст.

Тољикистон дар ин давра бо 96 кишвари дунё муносиботи тиљорати доштааст, ки аз ин миён 40,1% њаљми гардиши мол ба кишварњои ИДМ ва боќимонда ба кишварњои хориљи дур тааллуќ дорад. Руссия аз шарикони аслии тиљорати Тољикистон буда, дар садри сегонаи аввали шарикони тиљоратии Тољикистон ќарор дорад. Гардиши мол миёни Тољикистону Русия 706,7 млн дол-

ларро ташкил мекунад. Дар миќёси кишварњои ИДМ маќоми дуюм Ќазоќистон бо 475,4 миллион ва дар љойи сеюм Ќирѓизистон бо 148,2 млн доллар ќарор доранд. Аз кишварњои берун аз ИДМ Чин 408,1 млн доллар, Туркия - 475,9 млн доллар ва Эрон - 229,5 млн доллар аз шарикони аслии тиљорати Тољикистон боќї мондаанд.


12

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

НОМАИ БЕТАЊРИР Ба таваљљуњи Президенти Тољикистон - Эмомалї Рањмон, раиси Шўрои адлия - Зафар Азизов, раиси Суди Олии Тољикистон - Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди вилояти Суѓд - Анвар Юсупов

"Намедонам аз ќудои раиси Суди вилоят худро чї гуна њимоя кунам" Ман як шањрванди оддї њастам, лекин ду сол инљониб бегуноњ тањти таъќиби љиноятии маќомотњои прокуратураи вилояти Суѓд ва Раёсати ВКД дар вилояти Суѓд ќарор дорам. Бо умеди дарёфти њаќиќат ва адолати судї маљбур шудам, ки ба Љаноби Олї, Раиси Шўрои адлияи Тољикистон, раиси Суди Олї ва раиси Суди вилояти Суѓд мурољиат мекунам. Ду сол ќабл ман гирифтори ќаллобии Шамсибой Пўлотов, сокини ноњияи Бобољон Ѓафуров, љамоати Њ. Усмонов, кўчаи Ш. Ќурбонов, њавлии 45 шудам. Ин кас њам маѓозаи маро бо арзиши 55 000 доллари ИМА бо роњи ќаллобї аз худ кард ва њам маќомот маро барои гўё бо роњи фиреб тасарруф кардани 15 000 доллари ИМА-и маблаѓи фурўши хонаи ў айбдор дониста ѓайриќонунї ба суд кашиданд. Ин парвандаи нисбатам ѓайриќонунї оѓозгардида санаи 17 сентябри соли 2013 бо таъиноти судяи суди ноњияи Б. Ѓафуров бо асосњои сафедкунанда дар истењсолоти судї ќатъ карда шуд. Њанўз 04 августи соли 2012 зимни ариза ба прокурори вилояти Суѓд навишта будам, ки Ш. Пўлотов бо раиси суди вилояти Суѓд ќудо шудаистода, аз номи ахирї маро метарсонад. Агар тањдид намекард, ман чунин наменавиштам. Тибќи тањдидаш ў 22 сентябри соли 2012 бо раиси суди вилояти Суѓд А. Юсупов ќудо шуда, духтари ўро ба писараш Дилшод Пўлотов келин кардааст. Аз њамон лањза баррасии аризаи ман нисбати кирдори љиноятии Ш. Пўлотов ѓайриќонунї сурат гирифта, баръакс њатто алайњи ман парвандаи љиноятї боз карданд.

Дар асл чї гузашт? Соли 2009 ман бо Пўлотов Шамсибой Юлдошбоевич шинос шудам. Номбурда аз соли 2009 то сентябри соли 2011 бо ман барои пешбурди фаъолияти хољагии дењќонии М. Шукурови ноњияи Б. Ѓафуров њамкорї дошт. Ў моњи март -апрели соли 2010 муайян намуд, ки хољагии мазкур аз њисоби истифодабарии об ва пардохти андозњо ќарз дошта, ман бояд маблаѓ ёбам. Ш. Пўлотов аз ман хоњиш кард, ки њавлии истиќоматии ў, воќеъ дар шањри Ѓафуров, кўчаи Навої, 44 - ро фурўхта, маблаѓи онро барои пешбурди кори хољагии дењќонии М. Шукуров ва пардохти ќарзи хољагї истифода намоям. Ман моњи марти соли 2010 ин хонаи истиќоматиро ба Зоњирљон Эргашев, сокини ноњияи Б. Ѓафуров, љамоати Исфисор, кўчаи Рўдакї, 9 ба маблаѓи 18 000 доллари ИМА фурўхтам. Ман ваъда кардам, ки баъди пурра ба ман пардохт кар-

дани маблаѓи 15 000 доллар ва ба Ш. Пўлотов пардохт кардани 3 000 доллар хонаро ба номи Эргашев З. ба расмият дароварда медињем. Эргашев аз 6 апрел то 17 июни соли 2010 15 000 доллари ИМА-и хариди хонаро ба ман пардохт намуд. Ман маблаѓро барои фаъолияти хољагии дењќонии М. Шукуров истифода бурда, аз ин њисоб аз Ш.Пўлотов 15 000 доллар ќарздор шудам. Ш. Пўлотов хонаро бояд ба З. Эргашев ба расмият дароварда медод, аммо бо сабаби ба номи њамсараш будани он ва ин, ки ин хона бар ивази ќарз ба "Агроинвестбонк" - и шањри Хуљанд гузошта шуда будааст, ўву њамсараш аз моњи июни соли 2010 то 21 июни соли 2011 аз ба расмият даровардани хона ба номи З. Эргашев саркашї карданд. Ман 21 июни соли 2011 ба З. Эргашев забонхат навишта, уњдадор шудам, ки дар давоми 1, 5 моњ 15 000 доллари фурўши хонаи Ш. Пўлотов Ю. - ро баргардонида медињам. Ба ин хотир, охири моњи июл - аввали моњи августи соли 2011 маѓозаи шахсиам воќеъ дар шањри Хуљанд, кўчаи Ф. Ањмедов, мањаллаи "Бањор"-ро ба фурўш гузошта, аз ин хусус дар Радиои "Тироз" эълон додам. Ба маѓоза Баротов Хуршед Дадољонович ба маблаѓи 50 000 доллар харидор шуд. Ш. Пўлотов аз ин бохабар шуда, ба маблаѓи 55 000 доллар харидор будани худро баён кард. Ваъда кард, ки ба ѓайр аз пардохти ин маблаѓ, ў инчунин ману њамсарамро аз њисоби худ ба зиёрати хонаи Худо мефиристад ва маблаѓи 15 000 доллари фурўши хонаашро тарњ карда, ин хонаро ба номи З. Эргашев ба расмият дароварда медињад. Дар асл

«

Бехабар аз маќсади ў ва ба хотири зиёрати хонаи Худо, ман ва њамсарам розигї додем, ки маѓозаро ба ў фурўшем. Ў ба мо бояд 40 000 доллар пули наќд пардохт мекард. Сањарии 6 сентябри соли 2011 Ш. Пўлотов ба хонаи ман омада, дар њузури њамсарам ва писарам Пўлотов Нарзулло Темурљонович њамчун пешпардохт 5 њазор доллар дод. Вай гуфт, ки њоло ба шањри Дубай парвоз дорад ва ваъда кард, ки то 1 октябри соли 2011 аз њисоби маблаѓњои аз Дубай меовардаи худ баќияи пулро ба мо медињад.

«

бошад, Ш. Пўлотов мехостааст бо роњи ќаллобї маѓозаи маро аз худ кунад. Бехабар аз маќсади ў ва ба хотири зиёрати хонаи Худо, ман ва њамсарам розигї додем, ки маѓозаро ба ў фурўшем. Ў ба мо бояд 40 000 доллар пули наќд пардохт мекард. Сањарии 6 сентябри соли 2011 Ш. Пўлотов ба хонаи ман омада, дар њузури њамсарам ва писарам Пўлотов Нарзулло Темурљонович њамчун пешпардохт 5 њазор доллар дод. Вай гуфт, ки њоло ба шањри Дубай парвоз дорад ва ваъда кард, ки то 1 октябри соли 2011 аз њисоби маблаѓњои аз Дубай меовардаи худ баќияи пулро ба мо медињад. Дар баробари ин Ш. Пўлотов бо сабаби хизматчии давлатї буданаш (он замон инспектори хадамоти назорати давлатии танзим дар соњаи наќлиёти вилояти Суѓд буд) аз ман хоњиш кард, ки ваколатномаи бегонакунии маѓозаро ба номи писари хурдиаш Пўлотов Юлдошбой Шамсибоевич дињам. Ману њамсарам бехабар аз ѓаразњои Ш. Пўлотов ба вай бовар карда, бо воситаи сарнотариуси идораи нотариалии давлатии вилояти Суѓд Ф. Абдувањобов ваколатномаи тањти № 5В-2301 аз 06. 09. 2011 - ро бо њуќуќи бегонакунии маѓоза ба номи писари хурдии Ш. Пўлотов - Пўлотов Юлдошбой Шамсибоевич додем. Сипас, Ш. Пўлотов ваколатномаи аз ман гирифтаро бо ѓараз ва бо маќсади ѓайриќонунї бегона кардани молу мулки ѓайр истифода карда, њангоми дар хориља ќарор доштани худ пинњонї маѓозаи маро дар асоси шартномаи хариду фурўши рўякии байни писари хурдиаш Ю. Пўлотов ва писари калониаш Д. Пўлотов тањти № 3Ш-509 аз 12 сентябри соли 2011 ба номи охирї ба расмият даровард. Гўё маѓоза ба маблаѓи 60 њазор сомонї ё худ 12 500 доллар байни додарон хариду фурўш шуд. Охири моњи сентябри соли 2011 Ш. Пўлодов аз Дубай баргашт. Ў њолати байни писаронаш ѓайриќонунї харидуфурўш шудани маѓозаи маро аз ман пинњон дошта, охири моњи октябри соли 2011 дар иштироки Ишанов Сатторхўља Мањмудљонович ба ман танњо маблаѓи 4 800 доллари ИМА пардохт намуда, ваъда кард, ки то 1 феврали соли 2012 боќимонда маблаѓи 30 200 доллари ИМА-и хариди маѓозаро ба ман медињад ва хонаи ба З. Эргашев фурўхташударо ба номи ахирї ба расмият медарорад. Лекин Ш. Пўлотов 17 январи соли 2012 бо писараш Ю. Пўлотов пинњонї маѓозаро ба шањрванд Њољибоев Абдусамад Абдушукурович ба маблаѓи 51 500 доллари ИМА ба фурўш бароварда, дар шартнома ба 70 њазор сомонї фурўхта шудани онро нишон додаанд.

Ѓайр аз ин, Ш. Пўлотов оиди ба номи харидор З. Эргашев ба расмият даровардани хона саркашї кард. Аз рўи шикояти З. Эргашев алайњи ман прокурори вилояти Суѓд парванда боз намуд ва маро муваззаф кард, ки 15 њазор доллари аз ў гирифтаро баргардонда дињам. 1 марти соли 2013 ман ин маблаѓро ба З. Эргашев супоридам. Њамин тариќ, Ш. Пўлотов бо роњи фиреб ва ба расмият даровардани амволи ѓайриќонунї маѓозаи маро аз худ карда, аз 55 њазор доллар танњо 9800 доллар дод ва баќия 45 200 долларро аз худ кард.

Дар ба дари маќомот Дар бораи бо роњи фиреб тасарруф шудани маѓозаам аз сўи Ш. Пўлодов њанўз 4 августи соли 2012 ба прокурори вилояти Суѓд мурољиат карда будам. 3 декабри соли 2012 ба суди шањри Хуљанд мурољиат кардам. Ман талаб кардам, ки ваколатномаи ба 6 сентябри соли 2011 ба Юлдошбой Пўлотов додаи ман, шартномаи хариду фуруши маѓозаам аз 12 сентябри соли 2011 байни писарони Ш. Пўлотов - Пўлотов Юлдошбой ва Пўлотов Дилшод, шартномаи хариду фурўши маѓозаам аз 17 январи соли 2012 байни Пўлотов Дилшодљон ва Њољибоев Абдусамад беэътибор дониста шавад. 10 моњ гузашт. Дар рафти мурофиаи судї кирдори ќаллобии Ш. Пўлотов ва писаронаш пурра исбот шуд. Аммо судяи суди шањри Хуљанд У. Мустафоќулов ба хотири ќудо ва домоди раиси суди вилоят будани љавобгарон Пўлотовњо аз ќабул намудани ќарори ќонунї худдорї карда истодааст. Нисбати аризањои ба маќомоти тафтишот ва прокурори вилоят оиди ќаллобии Ш. Пўлотов пешнињодкардаам ягон ќарори ќонунї ќабул карда нашуда, њуќуќњои шањрвандию конститутсионии ман њамаљониба поймол гардиданд. Баъди ба истењсолоти алоњида људо гардида ба ШВКД ЉТ дар ноњияи Б. Ѓафуров ирсол гаштани ќисми маводњо вобаста ба хариду фурўши маѓозаам ва аз љониби Ш. Пўлотов тасарруф кардани он, танњо як маротиба кормандони фаврии ШВКД ба хонам омада аз ман баёнот гирифта буданд. Лекин аз он лањза мўњлати тўлонї гузашта бошад њам, боз бо њамон сабаби рўйхотирбинии муносибати хешовандии Ш. Пўлотов нисбати њолати аслии кор ва кирдори ќаллобии ў ва писаронаш парвандаи љиноятї оѓоз карда нашуда, номбурда тањти пуштибонии кормандони њифзи њуќуќ ќарор гирифта истодааст. Барои чї то ин дам дар давоми зиёда аз 1 солу 2 моњ (аз лањзаи дар санаи 04 августи соли 2012 ба унвони прокурори


ГУЗОРИШИ ЗИНДА

вилоят пешнињод кардани ариза) ва 8, 5 моњ (аз лањзаи ѓайриќонунї ба истењсолоти алоњида људо карда, ба ШВКД ЉТ дар ноњияи Б. Ѓафуров ирсол гаштани маводњо вобаста ба маѓозаам) нисбати кирдори ќаллобии Шамсибой - ќудои раиси суди вилояти Суѓд то њол парвандаи љиноятї оѓоз карда нашуда истодааст? Ё ин ки барои чї аз ќарори мумкин аст, ки ќабулгардида ман ягон маълумот надорам? Барои чї вобаста ба њолатњои кор ва дар аризањову дархостњо нишондодаам шоњидони аслї пурсида нашуда, маводњо ва далелњо љамъ оварда нашудаанд? Тибќи талаботи моддаи 140 - и Кодекси мурофиавии љиноии Љумњурии Тољикистон ариза дар бораи љиноят дар ќатори дигар њолатњои худиќрориву иттилоот яке аз асосњои муњими оѓози парвандаи љиноятї мебошад. Њарчанд ман дар бораи кирдори љиноятии Шамсибой Пўлотов њанўз моњи июли соли 2012, баъдан бо аризаи ба унвони прокурори вилояти Суѓд аз 4 августи соли 2012 маълум намудаам, лекин то ин дам бањри холисона ва пурра санљидани ваљњњои дар ин аризањо навиштаам, ба хотири ќудои раиси суди вилояти Суѓд - Анвар Юсупов будани Шамсибой Пўлотов њам Раёсати ВКД ва њам прокуратура ягон зарра чораљўї накарда, новобаста аз оне, ки дар кирдори номбурда баръало аломати таркиби љинояти дар банди "а", ќисми 3, моддаи 262 ва банди "б", ќисми 4, моддаи 247 - и Кодекси љиноии Љумњурии Тољикистон дида шавад њам, лекин хешутаборчигиро аз Ќонун волотар дониста, нисбати ў аз оѓози парвандаи љиноятї худдорї карда истодаанд. Бе оѓози парвандаи љиноятї ва гузаронидани њаракатњои тафтишотии пурсишњо ва рўбарўкунињо муайян намудани њолати аслии кор ѓайриимкон мебошад. Ба ман баръало маълум шуд, ки дар рафти њам парвандаи љиноятї ва санљиши аризањоям, ягон корманди маќомоти ВКД ва њам прокуророн њатто ба даъват карда, холисона аз Шамсибой Пўлотов баёнот гирифтану пурсиш гузарондан љуръат намекунанд. Зеро, њангоми ба маќомот даъват шуданаш, Пўлотов Ш. моњирона сухан карда, њолати хешованди ин ё он шахс ва ќудои Раиси Суди вилоят будани худро баён карда, аз номи онњо гап мезанад. Ин њолат хоњу нохоњ омили коррупсиониро ба вуљуд

оварда, боиси рўйхотирбинї ва худдорї аз нисбати хешованди шахси мўътабар оѓоз кардани парвандаи љиноятї мегардад. Тибќи талаботи моддаи 145 КМЉ Љумњурии Тољикистон маќомоти тањќиќ, тањќиќбаранда, муфаттиш ва прокурор вазифадоранд, ки оиди њама гуна љинояти содиршуда аризаю иттилоотро ќабул ва баррасї намуда, дар мўњлати на дертар аз 3 шабонарўз ва дар њолати истисної дар мўњлати 10 шабонарўз оиди натиљаи санљиш ќарор ќабул карда, аз натиљаи он бояд ба аризадињанда хаттї хабар дода шавад. Лекин аз лањзаи ба истењсолоти алоњида људо кардани ќисми маводњо вобаста ба маѓозаам зиёда аз 8 моњ ва аз лањзаи пешнињоди ариза зиёда аз 1 сол сипарї шуда бошад њам, то њол ба ман натиљаи баррасї ва ё ќарори ќабулшуда ягон маълумот мављуд нест, ки ин аз тасдиќи њолатњои дар боло овардаам шањодат медињад. Дар охир мехоњам оиди бањси граждании дар истењсолоти судяи суди шањри Хуљанд У. Мустафоќулов оиди бекор кардани 3 амалиёти нотариалї вобаста ба хариду фурўши маѓозаам ѓайриќонунї ба амаломада маълум намоям. Чї тавре ман ба суд нисбати аризаи даъвогии муќобили даъвои Њољибоев А. пешнињод кардаам ќайд кардам, дар мурофиањои судии аз 6 феврали соли 2013 то 11 марти соли 2013 баргузоргардида њамаи тарафњо ва шоњидон, аз љумла худи љавобгарон оид ба њолатхои кор моњиятан ба пуррагї пурсида шуда, тарафњо ба музокироти судї омодагї доштанд. Дар натиљаи мурофиањои баргузоргардида бо нишондоди шоњидон ва пешнињоди далелњо кирдори ќаллобии Пўлотовњо ва ѓайриќонунї будани амалиётњои гузаронидашуда исбот шуданд. Лекин пеш аз омодагии тарафњо ба музокироти судї 14 марти соли 2013 суд оиди аз љониби љавобгар А. Њољибоев дар бораи харидори бовиљдон эътироф карданаш ба суд супорида шудани аризаи даъвогии муќобили даъво ман хабардор карда шудам. Тибќи талаботи моддаи 140 - КМГ Љумњурии Тољикистон "Љавобгар њуќуќ дорад ба суд то оѓози муњокимаи судї нисбат ба даъвогар аризаи даъвогии муќобили даъво пешнињод кунад, ки он якљоя бо аризаи даъвогии ибтидої баррасї кар-

«

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

Ба ман баръало маълум шуд, ки дар рафти њам парвандаи љиноятї ва санљиши аризањоям, ягон корманди маќомоти ВКД ва њам прокуророн њатто ба даъват карда, холисона аз Шамсибой Пўлотов баёнот гирифтану пурсиш гузарондан љуръат намекунанд. Зеро, њангоми ба маќомот даъват шуданаш, Пўлотов Ш. моњирона сухан карда, њолати хешованди ин ё он шахс ва ќудои Раиси Суди вилоят будани худро баён карда, аз номи онњо гап мезанад.

«

да мешавад. Пешнињоди аризаи даъвогии муќобили даъво тибќи ќоидањои умумии пешнињоди аризаи даъвогї сурат мегирад". Лекин муњокимаи судї бо аризањои ман њанўз 6 феврали соли 2013 оѓоз шуда, дар ин давра њамаи тарафњо, шоњидон ва худи љавобгар А. Њољибоев оиди њолатњои кор моњиятан ва пуррагї пурсида шуда буданд. Ба сабаби аз љониби љавобгар риоя накардани талаботи моддаи 140 - КМГ ЉТ ва бо сабаби пурсида шудани њамаи тарафњо ва шоњидони кор дар марњилаи ба музокироти тарафњо расидани мурофиа бар асоси даъвоњои ман њамроњ кардани аризаи навро суд бояд иљозат намедод ва даъвои муќобили љавобгар Њољибоев А.-ро ќабул накарда, онро бармегардонд. Ман аз ин амали ѓайриќонунї норозигї кардам, аммо суд бар хилофи талаботи моддаи 140 - КМГ ЉТ аризаи А. Њољибоевро ќабул кард. Суд мутобиќ ба њолатњои исботгардида ногузирии бекор кардани ваколатнома ва шартномањои рўякї ва ќалбакии байни љавобгарон Пўлотовњоро њис карда, ба хотири ќудои раиси суди вилояти Суѓд ва минбаъд ба манфиати ќудои Раиси Суди вилояти Суѓд њал кардани бањс, ќадан даъвои љавобгар А. Њољибоевро ќабул кард. Њанўз 14 декабри соли 2011, яъне 1 моњ пеш аз фурўхта шудани маѓозаам ба А. Њољибоев аз сўи Ш. Пўлотов дар газетаи "Программа", № 50 оиди беэътибор

13

донистани шартномаи хариду фуруши байни додарон Пўлотовњо эълон дода, 19 январи соли 2011 бо замима намудани нусхаи ин газета ба идораи нотариус оиди ба ман додани нусхаи шартномаи хариду фурўш ва ваколатнома мурољиат карда будам. Новобаста аз ин эълон, ки дастраси умум мебошаду 17 январи соли 2012 байни љавобгарон Д. Пулотов ва А. Њољибоев шартномаи хариду фуруши маѓозаам баста шудааст, идораи нотариалии давлатї шартномаи хариду фурўши номбурдагонро ба ќайд гирифтааст. Љавобгарон Д. Пулотов ва А. Њољибоев ва њам љавобгар Ф. Абдувањобов бояд медонистанд, ки иншооти фурухташаванда бањсї аст. Лекин њамаи чавобгарони зикршуда бохабар аз њолати кор пинњонї аз ман маѓозаро хариду фуруш карда, дидаю дониста ин амалиётро дар нотариус ба ќайд гирифтанд. Моддаи 323 - и КМГ ЉТ "Талаб карда гирифтани молу мулк аз бадастоварандаи бовиљдон" ном дорад, лекин А. Њољибоев худро њамчун бадастоварандаи бовиљдон вонамуд карда, бо бањонаи он, ки гуё аз бањси маѓоза хабар надорад ва барои таъмири маѓоза маблаѓи калон сарф кардааст, аз суд хоњишу кўшиш кардааст, ки ў њамчун бадастоварандаи бовиљдон эътироф ва даъвои ман оиди беэътибор донистани њам ваколатнома рад карда шавад. Њол он, ки харидори бовиљдон танњо он шахс эътироф меёбад, ки "Агар молу мулки музднок аз шахсе ба даст оварда шуда бошад, ки "њуќуќи бегона кардани онро надошт" ва бадастоварандаи бовиљдон аз ин "огоњ набуд ва огоњ буда њам наметавонист". Агар А. Њољибев харидори бовиљдон бошад, чаро аз Ш. Пўлотов маблаѓи барои хариди маѓоза додааш 51 500 доллари ИМА-ро талаб намекунад? Ва чаро дар ин ќаллобие, ки барои аз худ кардани маѓозаи ман роњандозї шудааст, шарик мешавад? Аз њис кардани дахолати раиси суд ба бањси љойдошта 9 октябри соли 2013 ман дафъаи чорум дар беморхонаи касалињои дили вилояти Суѓд бистарї шудам ва њоло њам дар беморхонаи мазкур пайваста муолиља мегирам. Мўњтарамон Љаноби Олї, раиси Шўрои адлия, раиси Суди Олї ва раиси Суди вилояти Суѓд! Ин буд таърихи мухтасари сарсонињои ман, як шањрванди оддии Љумњурии соњибистиќлоли Тољикистон. Дар натиљаи ин ќаллобї ман аз маѓозаам ва баробари он аз як бурда ноне, ки барои оила аз он мерасид, мањрум шудам. Барои пардохтани ќарзњо се писарам дар Русия кор мекунанд. Бо умеди дарёфти њаќиќат ва адолати судї маљбур шудам, ки ба шумоён мурољиат кунам. Зеро президенти кишвар борњо оиди риояи ќонуният доир ба мурољиати шањрвандон, поквиљдонї, таъмини волоияти ќонун, њимояи њуќуќу озодињои инсон ва шањрванд, таъмини баробарии њама дар назди ќонун ва суд, адолати судї ва ѓайра муќаррароти Конститутсия ва дигар ќонунњо дилсўзона сухан карда, њамагонро ба иљрои чунин ўњдадорињо њидоят мекунанд, аммо дар мавриди ман ин гуфтањои он касро њељ яке аз масъулин ба назар намегирад. Ман ба ин гуфтањои Љаноби Олї бовар дорам. Њамчунин бовар надорам, ки Анвар Юсупов, раиси суди вилояти Суѓд аз ин њодиса огоњ бошанд ва наздикон аз номи он кас сўистифода мекунанд. Борњо ба маќомот мурољиат карда пурсон шуда будам, ки аз хешутаборчигии онњо худро чї гуна њимоя кунам, посухе нашунидам ва маљбур шудам бо воситаи матбуот ба њимояти худам иќдом кунам. Темурљон ПЎЛОТОВ, соњибмулки аслии маѓозаи "Новопласт", шањри Хуљанд


14

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

ГУЗОРИШИ ЗИНДА


ШАЊРВАНД МЕПУРСАД... НАХОД? ДУХТАРИ МАРО ШАЛЛОЌ ЗАДАНД, МО ЊАМ ШАЛЛОЌ ЗАНЕМ?! - Ду духтарам, Адолату Муњаббат дар синфи 2 "а" дар мактаби миёнаи №18-и ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе мехонанд. Аз моњи сентябри имсол ба синфи онњо як духтари нав бо исми Мавзуна зам шуд. Ў аввал бо духтарам Адолат љанг карда, ўро ба пушт тела дод. Адолат аз мактаб бо захми бардоштааш ба хона омад. Хапу хомўш буд. Аз ў асли воќеаро пурсидам, гуфт, Мавзуна ўро ба пушт тела дода, захмин намудааст. Гуфтам, хайр, кўдаканд, љанг мекунанд боз оштї мешаванд. Як њафта пеш Мавзуна бо духтари дигарам Муњаббат низ љанљол мекунад. Мавзуна духтари беадаб аст. Ин духтар дар мактаб дар назди хосу ом домони духтарамро боло мекунад. Бо њамин гўё Муњаббатро масхара намудааст. Духтарам аз ин амали хилофи одоби ў шармида, љавобан ўро дашном додааст. Њарду мешаванд љанг. Занозанї карда, рўи якдигариашонро мехарошанд. Пас аз баргаштани Муњаббат аз мактаб рўи ўро харошидаву кандагї дида, асли воќеаро пурсидам. Боз гуфтам, инњо кўдаканд, љанг мешаванду пас аз чанд лањзаи дигар оштї. Мудохила накардам, гуфтам, агар ба мактаб равам њам, Мавзунаро сарзаниш намекунам, балки ўро бо шумули духтаронам Адолат ва Муњаббат насињат карда, онњоро ба созиш фаро мехонам. Аммо баракси ин рўзи дигар Мавзуна бо амакаш ба мактаб омада, дар њузури роњбари синфу њамсинфонаш ба рўи Муњаббат бо дасташ ду бор сахт мезанад. Љойи задаи даст сиёњ мешавад. Духтарам аз ѓояти тарси зиёд дар љояш пешоб мекунад. То њол ў метарсад. Ба макаб рафтам ба омўзгорашон гуфтам, чаро шумо аз зарби дасти сахти он марди авбош њангоми даст бардоштан ба духтарам пешгирї накардед? Омўзгор гуфт, ман бовар надоштам, ки он мард ба духтари шумо даст мебардорад, ман фурсат наёфтам духтари шуморо њимоя намоям. Дар ин асно директори мактаб дар рухсатии беморї будааст. Бовар дорам, агар директор мебуд, ин воќеа дар мактаб рух намедод, зеро директор бисёр зани сахтгиру њалим аст. Пас аз ин ба нозири минтаќавї бо ариза мурољиат намудам. Аз байн як њафта гузашт. Њоло њам нозири минтаќавї чораи ќонунї нисбати ин марди авбош наандешидааст. Пас аз ин ба шумораи телефони боварии вазири корњои дохилї Рамазон Рањимов занг задам. Асли воќеаро баён намудам. Њоло интизори баррасии одилонаи онњо мувофиќи ќонун њастам. Ман модари љабрдида аз Вазорати маорифи Тољикистон фањмидан мехостам, ки чї хел мо, волидон фарзандонамонро аз рафтори ин ќабил ашхоси сангдил њимоят кунем? Ё дар дари мактаб посбон монем, ки њар касу нокас ба фарзандонамон даст набардорад ва њолати руњии онњоро дар хурдсолиашон осебпазир нагардонанд? Ё мисли њамон марди авбош рафта, љияни ўро чї тавре, ки духтари маро шалоќ зад, мо њам шалоќ занем? Оё магар кўдакро тела додану шаллоќ задан мисли амаки Мавзуна мумкин аст? Аминам, ки Вазорати маориф ва маќомоти дахлдор нисбати ин њодиса хомўш нанишаста, чораи дахлдор дар доираи ќонуни мављудаи кишвар меандешанд. Агар не, ман корро ин тавр намемонам, њатман то интињояш корро бурда мерасонам! Саломат КАРИМОВА, модари љабрдида, сокини ноњияи Фирдавсии шањри Душанбе

ЛАТИФА Дар кўча эълон овехта шудааст: "Ширкати маъруф ба котиба ниёз дорад. Шарти асосї њуруфчинии босуръат, кор бо компютер ва донистани забони хориљї". Бо суроѓаи нишондодашуда саге меояд ва дар курсии пањлуи директори генералї менишинад. Директор: - Бубахшед, ман наметавонам шуморо ба кор гирам. Дар эълон навишта шудааст, ки котиба бояд њуруфчинї карда тавонад. Саг клавиатураро назди худ кашида бо суръати ѓайриоддї њуруфчинї мекунад. Директор (њайратзада): - Хубу, аммо бо вуљуди ин шуморо ба кор гирифта наметавонам! Кор бо компютер шарти асосї аст. Саг назди компютер нишаста, дар як лањза чандин сомонаро кушода, барномањои зиёдеро боз мекунад. Директор (ќариб дар њолати шок ќарор мегирад): - Аммо котиба бояд забони хориљиро донад! Саг: - Мяу, мяу! *** Дар тарабхонаи љангал ваќти хўроки нисфирўзї. Заргўш: - Чумчаи маро кї гирифтааст зуд биёрад, ки мисли дирўза мекунам. Гург, ки чумчаи заргўшро гирифта буд ба рўбоњ мегўяд, ки чумчаашро бурда дењ ва оњистакак пурс, ки дирўз чї кор кардааст. Ин гўшдароз ба фикрам ба шер хабаркашї мекунад. Рубоњ чумчааро ба заргўш дода мепурсад: - Дирўз ваќте чумчаатро гирифтанд, чї кор кардї? - Бо дастам хўрокамро хўрда будам.

ЧАРО?

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

15

АКСИ ГЎЁ

ЧАРО ВАЌТИ НИСФИРЎЗЇ НАМЕМОНАНД ПАРТОВРО ПАРТОЕМ? - Дар партовгоњњои шањри Душанбе партовро аз соати чанд то чанд партофтан мумкин аст? Чаро дар соати 13:00 намемонанд партовро ба партовгоњ бурда партоем? Чаро зане, ки мутассадии рўбу чини партовгоњи мањалли зисти мост моро дашном дода бо партовњои дастамон бозпас ба хонамон гусел мекунад? Ин зан мегўяд, ки партовњоятонро ваќти шом оварда партоед. Магар ў њаќ аст? Кибриё ЌУРБОНОВА, сокини ноњияи Шоњмансур - Шањрванди гиромї ин ки зани мутассадии рўбу чини партовгоњи мањалли зистатон мегўяд, ки партовро бегоњрўзї ба партовгоњ партоед, дуруст мегўяд. Аммо ў њуќуќи дашном додани ягон касро надорад. Дигар ин ки мувофиќи "Ќоидањои тартиботи љамъяитї, ободонї ва санитарї дар шањри Душанбе" сокинони шањри Душанбе партовњои маиширо бояд бо сатилњои пластмасии сарпўшакдор љамъ карда аз соати 18:00-и шом то 6:00-и субњ ба партовгоњи махсуси мањалли зисташон бароварда партоянд. Зимнан гуфтан ба маврид аст, ки маводу масолењи реза (ќум, хок, партовњои сохтмонї ва ѓайра), ки боиси ифлосшавии кўча мегарданд, бояд дар ќуттиву воситањои махсус ва намкардашуда тавассути мошин бароварда шаванд. Борњои мазкур набояд аз бордони мошин баланд бошад ва он бо болопўши резинї пурра пўшидаву мањкам бошад. Партовтани партовњо, барф, њар гуна ифлосї ва дигар намуди партовњо ба кўчањо, гулзору чаманзор, дарёю каналу селпартовњо ва љуйборњои обраву обёрї, назди сутунњои барќию телефонї, зернерўгоњњо ва трансфоматорњо ва кабинањои телефонњо ќатъиян манъ аст. Сўзонидани партов ва баргњои дарахтон дар кўчаву хиёбонњо, майдону боѓњо ва гулгашташту њавлињо манъ аст. Шањрвандоне, ки ин талаботи "Ќоидањои тартиботи љамъитї, ободонї ва санитарї дар шањри Душанбе"-ро вайрон мекунанд, тибќи Кодекси њуќуќвайронкунии маъмурии Љумњурии Тољикистон ва дигар санадњои меъёрии њуќуќї аз љониби маќомоти ваколатдор ба љавобгарии маъмурї кашида мешаванд. Ба саволи Шумо Рустам ИБРОЊИМОВ, мудири шуъбаи коммуналї-муњандисии дастгоњи раиси шањри Душанбе посух дод.

СИЁЊ НАГУФТАНД, САФЕД ФАЊМИДЕД? ХАТАР БА ТОЉИКИСТОН Якчанд ќоидае њаст, ки амнияти Тољикистон хатарзо мекунад: 1. Бо дўстон дар якљо љамъ нашавед, ки шуморо бо айби гирдињамої гунањкор мекунанд. 2. Бояд дар Тољикистон президент иваз нашавад, барои он, ки боз љанг сар мешавад. 3. Фикри шахсият аз фикри шахсии маќомот фарќ дошта бошад, туро бо экстремизм гунањкор мекунанд. 4. Агар хешу табори президент љиноят содир кунанд, мо бояд хомўш истем. 5. Суду прократура доимо њаќ њастанд, чї њукме баровард бояд ќонеъ бошем. 6. Эмомалиро танќид накун, террорист, девона мебароранд. 7. Дар масљид бояд, гапи имомхатибро набурї, агар халал расонди ба майдаавбоши гунањкор мешавї. 8. Агар бо миллитсия норизо бошї, ту бояд паси панљара равї. 9. Агар ту аъзои ЊХДТ бошиву чї љинояте содир кунї, туро суду прократура мањкам намекунад. 10. Телевизиони давлатї доимо рост мегўянд. 11. Интихоботњо бе таќаллуб мегузаранд, њамаи он камбудињо љидди нестанд. 12. Мубориза барои озодї, коррупсия, шиканља, туро бо љосусї ба манфиати дигар кишварњо гунањкор мекунанд. Рустами Суњроб ЭЪЛОН Дар љустуљўйи шарики боэътимоди тиљоратї барои хариду фурўши пахта њастам. Дар њудуди вилояти Суѓд њаљми калони пахта бо нархи аввалия (аз дењќон) пешнињод мегардад.

МАН ЌАБУЛ НАДОРАМ!

ИШТИЊОИ РУСЊО ЌОЗГИР АСТ! - Ваќтњои охир чи дар телевизион, чи дар радио, чи дар рўзнома, чи дар интернет чи аз тарафи Русия чи аз тарафи Тољикистон моро аз гуруњи "Толибон" метарсонанд. Њамаи заминњои Тољикистонро ба Русия ройгон вогузор карда истодаем, ки онњо моро аз "Толибон" метарсонанд. Худи он ки Артиши миллї надошта бошем ё ќудрати зада гардонидани њуљуми ногањонии онњо (Толибон)- ро надошта бошем. Дар ягон шабакаи телевизион, радио, сањифаи рўзнома ва интернет во нахўрдаем, ки ягон намояндаи сохторњои ќудратии Тољикистон эътироз карда, зидди ин овозаву њангомањо баромад карда бошанд, то љое бошад њам шањрвандонеро, ки дар изтироб афтодаанд, ором намоянд. Агар фарз кардем, "Толибон" ба Тољикистон њуљум кунад, ман њамчун љавонмард ва патриот ба ин бетараф буда наметавонам. Њатман барои њимояи марзу буми Тољикистон бар зидди "Толибон" ба мубориза бармехезам! Барои њамин ман њамчун патриоти асил ба њуљуми "Толибон" ба Тољикистон роњ намедињам! Ба монанди ман патриотњои асил дар Тољикистон љавонмардони зиёде њастанд, ки барои поси обу хоки ин Ватан, ки исми бузургаш ТОЉИКИСТОН аст, тайёранд, њатто љони худро нисор кунанд! Аммо њуљуми "Толибон" ба Тољикистон ё дигар давлатњои Осиёи Марказї баъди баровардани неруњои њарбии ИМА ва муттањидони ѓарбиаш аз Афѓонистон дар охири соли 2014 танњо миф аст, ки онро машинаи таблиѓотии расонањои русї њадафмандона роњандозї доранд, то муфт худро дар давлатњои Осиёи Марказї, билхоса Тољикистону Ќирѓизистон љойгир намоянд. Русњо њоло њам орзуи дар уќёнуси гарми Њинд оббозї карданро аз сар бадар накардаанд - ку? Маркази оптикии "Окно" дар шањри Норак, се пойгоњи њарбї дар шањри Душанбе, Кўлоб ва Ќурѓонтеппа ва чандин иншоотњои хурду бузургро ройгон таслими русњо кардем. Бар иваз чї гирифтем? Њамоно њам муњољиронамон дар азобанд, њатто онњоро мекушанд. Њамоно њам маводи сўхтро бо бољи гумрукї мехарем. Њамоно њам Русия ба мо фишор меоранд. Њамоно њам дар расонањои русї тољикон манфї муаррифї мешаванд. Иштињои русњо ќозгир аст! Баъди њама чиро дар Тољикистон ройгон вогузор кардан ба русњо кї кафолат дода метавонад, ки Русия фардо ё пасфардо даъвои ройгон истифода бурдани фурудгоњи Айниро намекунад? Кї кафолат медињад, ки баъди ин бо бањонаи "Толибон" Русия сарбозону афсаронашро боз дар марзи Тољикистону Афѓонистон љойгир намекунад? Соњибихтиёрии Тољикистон чї мешавад? Бо ин њама гузаштњо Русия њоло њам ќонеъ нашудааст, дар оянда ў боз чї мехоњад танњо Худованди якто медонад! Ман ройгон вогузор кардани моликияти манќули Тољикистонро ба хориљињо ќабул надорам! Илтимос, ба бањонаи "Толибон" њамаи моликияти манќули Тољикистонро ба хориљињо ройгон вогузор накунед! Ва "Толибон" њам нияти њуљум кардан ба мо надоранд. Аз соли 1996 то 2001 "Толибон" дар Афѓонистон ќудрат доштанд боре њам ба давлатњои њамљавори Афѓонистон њуљум накарданд. Мо шоњиди он будем, ки љанги шањрвандии моро кадом давлатњо сарпарастї мекарданду манфиат мебардоштанд! Агар "Толибон" ба Тољикистон ё дигар кишвари Осиёи Марказї њам њуљум кунад Артиши он имконияти зарбаи љавобиро надошта бошад, ин Артиш ба чї кор ояд?! Мухтор ИБОДОВ, сокини ноњияи Рудакї


КОМИЛАН ЉИДДЇ

“НИГОЊ”, ЧОРШАНБЕ №30 (358) 16. 10. 2013

ПУРБИНИ «НИГОЊ»

ДАЛЛАЊОИ МОЛБОЗОР ВА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТЇ Мирзодиккак ба бозори хариду фурўши чорво ба ноњияи Панљи Хатлон ворид шуду баъди панљ даќиќа ќоил шуд, ки хариду фурўши чорво ва имзољамъкунї барои номзад ба президентї кори сањл набудааст. Даллањои бозор дасти харидоронро њангоми хариду фурўш ончунон метакондаанд, ки агар харидор шахси заиф ва ё дарманд бошад, дасташ аз китфаш канда мешудааст. Дар тули якуним соати дигар ин марди мушоњидакор дарёфт, ки 99 %-и хариду фурўш байни даллаву љаллобони бозор мешудаасту онњо дар 20-30 %-и нархи гусфанду гов "мешиштаанд". Ў худ ба худ андешид, ки "наход ин даллањои бозор њам аз вазиру кабиру тендерњои онњо бохабар бошанд?!" Зиёии њукуматї баъди шиносої бо механизми молбозори тољик сахт андуњгин шуд ва хост, ки дарвоза берун равад, вале посбони дарвоза ў маън кард ва нусхаи шиносномаашро талаб намуд. Мирзодиккаки њайрон аз гўшаш канаи аз кадом мол часпидаро канда ба дасти посбон дод ва гўфт, ки ў шахсї боэътимод барои ишѓоли курсии президентї аз ЊХДТ аст.Аммо чї мегўед, ки посбони дарвоза паст наомад. Баръакс, чолокона канаро гирифта, ба кисаи чапи Мирзодиккак гузошту аз кисаи росташ шиносномаашро кашида гирифт. Ў ному насаб ва љои ќайди Мирзодиккакро хонда, бо садои боварибахше гуфт: -Бародар, дар ин бист сол мо-даллаву љалобони бозор бо њукумату "боло" як шуда, номзадамонро барои ишѓоли курсии президентї пешнињод кардем. Акнун ба шумобаринњову ЊХДТ эњтиёље надорем! Ваќти шумо гузашт!!! Шумо бо њизбатон љасади сиёсї шудед. Њоло њам, ки дер нашудааст, харатро каш, аз инљо! Мирзодиккак чї гуфтанашро намедонист ва аз њарос сабр, аниќтараш сукутро ихтиёр кард. Ў рањмати калон гуфта, шиносномааш ро аз посбони даллањо гирифту асабониву хаста, бо њазорон фикр вориди яке аз ошхонањои ноњия гашт. Бале, ваќти зуромад ў низ мисли таќрибан њар як зиёии дигар ё ба араќ рў меовард ё ба ѓизои пулашро дигарон дода. Мирзодиккак баъди нушидани як пиёла чойи кабуд ва худро дар њалќаи одамон эњсос намуданаш ба артоф назар андухт ва дид, ки дўсташ Ѓалтак бо ду халтаи пур љонибї ў омада истодааст. Мирзодиккак аз шодї дар куртааш намеѓунљид, зеро идонаи ў бо пои худаш омад.... Љўрањо баъди салому алейк, паси мизи ѓизохурї осуда нишаста, аз пешхизмат овардани ним косаи шўрборо дархост карданд. Болои миз дар арафаи Иди Ќурбон, аз мањсулотњои борхалтањои Ѓалтак ѓанї ва рангоранг гардиду беихтиёр ба ёди Мирозодиккак занаш Пахтагул Панљсолаевна расид. Пахтагули коммунист шахси бовариноки номзади пешбаринамудаи ЊКТ буду ду њафта боз дастурхони њукуматї дошт. Ќобилљон њам бенасиб набуд. Ў кори модарашро дида, худро ба ситоди зањматињо зад, чун медонист, ки то њамин њукумат њаст, ў низ дар "гособеспечение" мешаваду то соли 2020 захираи моњии сурх ва иљозатномаи хонафурўшї мегирад. Мирзои аз ин кор бехабар ба таблиѓи маъмулияш оѓоз кард:

Мирзодиккак: - Ќандаша занад раиси мо! Мана, ман роњбари ситод шуда, як имзо љамъ накардаму тариќи радио хабар додаанд, ки 220 њазор имзо љамъ шудааст. Зўр, зўр аст-да! Ѓалтак: - Љои тааљуб надорад, дўстам! Шумо ва раисатон дар сари чиликатон санги осиёб чї, Тољикистонро гардонда истодаед, Тољикистонро! Як-як кайфатон дињад, дар сари дигар чї њам мегардонед. Ин гардон-гардони шумо ба чї меанљомид, Худо худаш медонад. Мирзодиккак: - Шукрона кун, бародар! Мана, ИНИТ сохтанду номзад пешнињод карда, чї шуданд?!! Занашон гапашонро нагирифту мо њукуматињо гунањкор... Ѓалтак: - Инро ба касе гўй, ки туро надонад. Вайяшам номзади њавои дили худатон буд. Ќобилљони зањматї аз додову модараш дур намеравад. Он ки зањматињои Кулоб зидди номзадии Тиллоевич буданд, њама гап. Мирзодиккак: - И-и, њамин ќадар доно шуда будаем-мї мо?! Ѓалтак: - Хеле доноед, аммо баъзан дасти ростатон намедонад, ки дасти чапатон чї мекунад. Мирзодиккак: - Ѓалтакбой, росташро гўям њамаи он имзоњое, ки дигар њизбњои сиёсї љамъоварї кардаанд, дурўѓанд. Ба мисли омори њукуматї. Дар њама љо пешрави њаст мегуянд, лекин дар рўйхати талбандањои Бонки љањонї љумњурї дар сафи пеш истодааст. Агар рейтинги љањонии дуруѓ вуљуд медошт, онљо њам љои якумро соњиб мешудем. Ѓалтак: - Мирзољон ба ту чї шуд, ки яку якбора дилат аз "њукумати љонољонат" монд?! Мирзодиккак: - Баъди пешнињоди номзад аз ЊАТ-њизби афокафоњои тољикнамо худ ба худ "не понял" гуфтам, аз пешнињоди номзади ЊИИТ-

Њизби ислоњоти ислоњи тољик сарам ба дард омад, вале танњо баъди шунидани 220 њазор имзо љамъ кардани номзади ЊДТ-њизби давдавакњои тољикистон "тфу бар ин давлату љомеа" гуфтам... Ѓалтак: -Хуш-хуш... Мирзодиккак: - Чї хуш?! О, барои кулли лоќу пўстак, ки имзо љамъ кардед, барои як кампир њам љамъ кунед, мемуред? !! О, аз њамон хушомадгўю лаганбардрони шуморо дида, њамин кампир зеб медод, маъракаи интихоботиро! Ба фикрам то ахирон заправкачию тракторчию дањмардаро аз хешу аќрабо ва њамтабаќонашон соњибмансаб накунанд, њатто курсии номзади 30-рўзаро њам ба касе доданї нестанд... Ѓалтак: - Агар њамин усули корбарї бошад дар кишвар садњо мардикорбозору занакбозорњо таъсис меёбанду бо корхонакушоии ин мардако теъдоди бекорону камбизоатон меафзояд, ки кам намешавад. Мирзодиккак: - Не, набояд ин хел шавад. Мардум бояд талош кунанд, то ки њуќуќњояшон поймол нашавад. Агар мо мардум бо дурўѓгўиву сохтакорї муросо кунем, њељ гоњ соњиби иззату эњтироми худию бегона намешавем. Ѓалтак: - Бале. Љўраљон дар ин мавзўъ гап хеле зиёд аст. Њоло аз ноњияи Панљ баромада рафтанамон шарт ва зарур, зеро дар њамаи љо ба ќавле девор муш дораду муш гўш. Нашавад, ки мисли Шамсуддини ўзбак моро њам баранду бозпас нагардонанд. Хез-хез, " эњтиёт ними њаёт" гуфтааанд... Љўрањо баъди 7 соат ба шањри Душанбе расиданду оњи сабук кашиданд, зеро муњити пойтахт дар ќиёс ба дигар минтаќањои кишвар ба кулли фарќ мекард. Инљо њоло њам чанд њазор тољики бо нангу номус зинда буданд.

Раиси Шўрои муњаррирон: Саймиддин Дўстов

Њафтанома дар Вазорати фарњанги Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.

МУАССИС: Созмони љамъиятии «ИНДЕМ» («Информатика барои демократия ва рушди миллї»).

Котиби масъул: Эраљи Амон Шўъбаи иттилоот ва сиёсат тел: 600 80 38 Шўъбаи тањќиќот ва тањлил тел: 600 80 38 Шўъбаи иљтимоъ ва иќтисод тел: 600 80 39 Шўъбаи реклом ва огоњиномањо тел: 93 400 77 41

МАНГАР, КИ КЇ МЕГЎЯД...

16

Эмомалї РАЊМОН, президент: - Њољї шудан маънои танњо ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданро надорад, балки таваллуди дуюмбораи маънавї, тањкими ахлоќи њасана, ба даст овардани покии рўњониву ахлоќї ва намунаи инсони комил шудан аст. - И, њамин будааст, ки аксарияти мардуми тољик боз њољї шудани шуморо интизор будаанд-де. Абдуѓанї МАЊМАДАЗИМОВ, сиёсатшинос: - Ормони ман ин аст, ки њокимияти давлатии мо чун "модари ўгай" мардуми тољикро ба "худї" ва "бегона" аз рўи мањал, муносибат ба фасод, ба роњбар таќсим накарда, њамаи мардумро чун як оилаи ягона, ки маъсулияти баробар барои бунёди Ватани босубот ва тараќќикарда доранд, бояд эътироф намояд. -Чашму гўшу њуши њокимияти давлатии мо ба Оила асту боз њам шумо ормон карда гаштед. Файзиниссо ВОЊИДОВА, њуќуќшинос: - Агар, воќеан, ќонуни масъулияти волидон ба мансабдорони тољик дахл медошт ва дар назди ќонун њама баробар мебуданд, писари ноболиѓи Амонулло Њукумов соати 2:30 даќиќаи шаб дар кўчањои пойтахт бо мошинсаворї машѓул намешуд. -Эњ, апаи Файзинисо-апаи Файзиниссо, о, вай зану бачу кач ду то-сето бошад, ки падар ваќти истифодаи масъулияту салоњияташро ёбад. Фикр мекунед, осон аст, барои акаи Амон?! Бечора, то кори Снежокро яктарафа мекунад, ки фишори Зоиршо тангаш меорад, инра якбара мекунад, ки бобои Исмат аз пушташ нафас рост мекунад... Шермуњаммади ШОЊИЁН, раиси КМИР: - Барои иштироки ЊСДТ дар интихобот ягон монеа аз љониби ягон сохтори давлатї нашуда буд. Мутаассифона, намояндагони ЊСДТ нахостанд, номзад ба мансаби президенти Тољикистон пешбарї карда, дар ин раванд ширкат варзанд. -Астаѓфируллањ... Ин њам ѓариву њам пешхезиаш њамин будааст-де. Сафар САФАРОВ, муовини раиси ЊХДТ: - Дар Сарќонун, ки ба тариќи райъпурсї ќабул шуд, омадааст, ки президент ду навбат њафтсолї метавонад дар ин вазифа бошад. Аммо њуќуќшинос Рањматилло Зойиров дидаву дониста онро ѓайриќонунї мегўяд. Агар ба суд дињанд, њамчун њуќуќшинос чї посух мегўяд? - Дигар њуќуќшиносњоро,ки намедонем, аммо ин боз њамон гапашро мегўяд. Фирўз САИДОВ, корманди Маркази тадќиќоти стратегї: - Наздикшавии фасли сармо њамаро ба ташвиш меорад, ки чї хел барои гузаронидани он омода њастем. Солњои охир мушкилоти нерўи барќ дар шањрњо то андозае бартараф шуда истодааст. Ин мушкил аслан њалшаванда аст, вале маблаѓи зиёдро талаб мекунад. -Кампири гузинї бошад, бањона пайдо мешавад, љаноби коршинос.

Дар њафтанома матолибе низ ба нашр мерасанд, ки бо мавќеи идораи он муѓойират доранд. Дар шумора аз аксњое њам аз Шабакаи љањонии Интернет истифода шудааст. Матолиби хусусияти таблиѓотидошта ® метавонанд танњо бо пардохти муайян дар њафтаномаи «Нигоњ» нашр шаванд. Барои дар дигар нашрияњо пурра ё ќисман чоп кардани матолиб ва иќтибосњо аз «Нигоњ» иљозаи хаттии идора ва нишон додани сарчашма дар шакли «аз њафтаномаи «Нигоњ» №_ аз санаи _» њатмист. Њуќуќи муаллифии кулли матлабњои шумора ба идораи њафтаномаи «Нигоњ» ва СЉ «ИНДЕМ» тааллуќ дошта, тибќи ќонунгузории љории Тољикистон ва байналмилалї њифз карда мешаванд.

Ќимати рўзнома дар фурўши чакана на беш аз 2 сомонї Њафтанома дар нашриёти «Мега-принт» чоп мешавад. Теъдод 4 000 Ќимати обуна барои як сол - 71 сомонию 76 дирам. Индекси обуна: 68990 НИШОНИИ ИДОРА: Љумњурии Тољикистон, шањри Душанбе, кўчаи Носирљон МАЪСУМЇ, хонаи 3. Телефон: (44) 600 80 38, 224 25 09

Нигох №30 (358) Чоршанбе, 16-уми октябри соли 2013  

Парвиз МУЛЛОЉОНОВ: "Раванди интихобот шаффоф нест"

Read more
Read more
Similar to
Popular now
Just for you